Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Нишасти матбуотии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    26 январи соли 2012 соати 9-00 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуоти баргузор гардид. 

    Директори Марказ д.и.ҳ. профессор Рахимов М.З. аз натиҷаи фаъолияти кори дар соли 2011 ва нақшаҳо барои соли 2012 муфассал гузориш дод. Дар асоси мақсаду  вазифаҳои оинномавӣ Марказ таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ, консепсияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин гузаронидани  экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаҳои қонунҳо, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад, ҳамзамон таҳияи самтҳои афзалиятноки  тадқиқоти  илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи эҷоди ҳуқуқ, мусоидат ба инкишофи илми ҳуқуқ, гузаронидани тадқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории ҶТ бо қонунгузории  давлатҳои хориҷа ва  санадҳои ҳуқуқии  байналмиллалиро ба роҳ мемонад. Зикр гардид, ки дар соли сипаришуда ба зиёда аз 150 лоиҳаи қонун бо 1500 таклифу  пешниҳодҳо, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд, экспертизаи ҳуқуқӣ омода гардид.
     Кормандони Марказ ба зиёда  аз 50  санади зерқонунӣ экспертизаи  ҳуқуқӣ  дода,  дар  ҳайати  зиёда аз  20 гурўҳҳои  корӣ  оид  ба  таҳияи  лоиҳаи қонунҳо  ва барномаи давлатӣ  дар  соҳаҳои  ҳуқуқэҷодкунӣ  иштирок намудаанд.
    Дар соли 2011 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  якҷоягӣ бо  Вазорати адлия Консепсия пешгўии инкишофи  қонунгузорӣ  ва  шаш  Барномаҳои давлатӣ оид ба  татбиқи  Консепсияи мазкур ва  нақшаи  таҳияи  лоиҳаҳои  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқиро  дар  самт  ва  соҳаҳои  гуногун  барои  солҳои  2012-2015 таҳия  намудааст. Аввалин  маҷаллаи илмӣ-таҳлилии «Қонунгузорӣ»- низ соли  сипаришуда   бо  ибтикори муассисии Марказ ба  нашр расид.
    Соли  2011 бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳои тарафайн, инчунин омўзиши таҷрибаи мушобеҳи мақомотҳои тахассусии дигар давлатҳо ва дар ин ҷода ривоҷ додани муносибатҳои байналмилалӣ  бо Ҷумҳурии Беларус  ва Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқотҳои ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус Ёддошти тафоҳум ва бо Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Белорус Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки як қатор масъалаҳои дигар мавриди ҳамкории тарафҳо қарор дода шудаанд.
    Ҳамзамон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро таҳия намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  кардааст, ки  аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. 
     Номгўи зиёда 1000 мавзўъҳои илмӣ-тадқиқотиро муайян намуда, 100 мақолаи илмӣ-амалӣ ва 10 китоби илмӣ, методӣ, аз ҷумла: китобҳои Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» Тафсири Кодекси мурофиаи судии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Техникаи қонунгузорӣ», «Маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(ба истиқболи ҷашни 20 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), низ  дар  соли  2011  нашр  гардида, барои кормандони мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти судӣ ва соҳаҳои дигари идоракунӣ  эҷод гардидааст, ки  ба  мақомотҳои  зикршуда  ройгон дастрас  шудааст.
     Бо  ташаббуси  Марказ  як  қатор  конференсия,  семинар  мизҳои  мудаввар  доир  ба  соҳаҳои  гуногун  аз  ҷумла дар  мавзўи  “Техникаи  қонунгузорӣ  ва  ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон”, “Рушди  қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолият”, “Ҳуқуқ, коррупсия ва ҷомеа”, “Нақши  Конститутсияи Тоҷикистон  дар  рушди  қонунгузории  миллӣ”  ва  “Ҳуқуқи  корпоративӣ: назария, қонунгузорӣ  ва  таҷриба” баргузор гардида, кормандони Марказ дар 60 конференсияи илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, бо маърўзаҳо баромад намуданд. 
    Зиёда аз 150 маводи  иттилоотии ҳуқуқӣ дар маҷаллаю рўзномаҳо ба чоп расида, 250 баромад дар телевизиону радио ва 30 вохўрӣ бо аҳолӣ дар вилояти Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе гузаронида шудааст. 
    Аз сомонаи Марказ бошад 50000 нафар шаҳрвандон, муассисаю ташкилотҳо ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санадҳои байналмилалии ба тасвибрасида, тавассути  шабакаи  интернетӣ истифода  бурда маълумоти заруриро дастрас  намудаанд.
    Соли  2012  Тоҷикистонро  чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ   дар  пеш  истодааст. Дар ин ҷода  Маркази  миллии  қонунгузорӣ  тасмим  гирифтааст ба  пешвози ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум), 15-солагии Ваҳдати миллӣ, 20-солагии ҳамроҳшавии СММ конфронсҳои  ҷумҳуриявӣ ва  мизи  мудаввар баргузор намояд. Инчунин таҳия ва пешниҳоди як қатор лоиҳаи қонунҳо ва тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда, инчунин  тафсир ва нашри Кодекси мурофиаи гражданӣ, тафсири Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» -ро ба нақша гирифтааст, ки  баҳри  дар  амал  татбиқ  намудан  ва  баланд  бардоштани  сатҳи маърифати  ҳуқуқии  шаҳрвандон  саҳм  хоҳад  гузошт. 
      Дар анҷоми нишасти матбуоти, ки намояндагони Васоитиахбори омма иштирок доштанд масоили гунини соҳаҳо ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла рӯзноманигорон оид ба техникаи ҳуқуқэҷодкуни дар қонунгузориии ҷорӣ, ва ба хотири ҳар чи беҳтар қабул гардидани қонунҳо  ба қонцепцияи пешгуии инкишофи қонунгузори дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоссазоҳир намудаанд, ки аз ҷониби маъсулини Марказ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.