Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботи оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобаствагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Ҳуқуқи корпоративӣ: назария, қонунгузорӣ ва таҷриба

  Дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри  соли 2011 мизи мудаввар доир ба мавзўи «Ҳуқуқи корпоративӣ: назария, қонунгузорӣ ва таҷриба» баргузор гардид, ки дар он олимони соҳаи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, соҳибкорон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар мутахассисон иштирок доштанд. 

      Мизи мудаввари мазкурро директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор М.З.  Раҳимов ифтиттоҳ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки масъалаҳои танзими ҳуқуқи корпоротивӣ дар кишвари мо дар даврони иқтисоди бозорӣ ахамияти мухим дорад. Зеро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муносибатҳои корпоротивӣ бо назардошти раванди иқтисоди бозорӣ зарурият ба такмилро дорад. Хусусан он санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки ба танзими шаклҳои ташкилӣ ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла ширкат ва ҷамъиятҳои хоҷагӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ бахшида шудаанд. Ҳамзамон дар адабиёти ҳуқуқии кишвар ба масъалаи зикршуда начандон диққати назаррас дода шудааст.
      Дар мизи мудаввар 5 маърўза мавриди муҳокима қарор гирифт, аз ҷумла:  
 Сардори Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ У.Меликов доир ба мавзўи «Оинномаи ташкилотҳои тиҷоратӣ тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маъруза намуд. Дар маърўза қайд шуд, ки оиннома ҳуҷҷате мебошад, ки тавассути он  муносибатҳои байни худи муассисон ва муносибатҳои муассисон бо шахси ҳуқуқии бавуҷудоянда танзим карда мешавад. Тибқи талаботи моддаи 53 Кодекси гражданӣ шахсони ҳуқуқӣ дар асоси оиннома ё шартномаи таъсис ва оиннома ва ё танҳо шартномаи таъсис амал мекунад.  
     Меликов У.А.  қайд намуд, ки ҳангоми қайди давлатии шахсони ҳуқуқӣ тавассути равзанаи ягона, айни ҳол оиннома талаб карда намешавад (қ. 3 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»). Номбурда инчунин зикр намуд, ки тибқи қ. 3 моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,  оиннома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибати онҳоро бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд. 
    Ш. К. Ғаюров дар мавзўи «Мафҳум ва аҳамияти иттилооти инсайдерӣ дар ҳуқуқи корпоративӣ» маъруза намуда, назари худро оид ба масоили мазкур баён намуд. Ба ақидаи ў калимаи англисии «insidӯr» ду маъно дорад: 1) аъзои ҷамъият ва ё ташкилот, шахси боэътимод; 2) инсоне, ки асрореро медонад. Ҷиҳати этимологии мафҳуми мазкур ба таърифи ҳуқуқии он бетаъсир намондааст. Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қимматнок» иттилооти инсайдерӣ ҳамчун маълумоти муҳим фаҳмида мешавад, ки ба шахсони сеюм дастрас набуда ва истифодаи ғаразноки он метавонад ба муомилоти устувори қоғазҳои қимматнок таъсири манфӣ расонад. Инсайдер метавонад аз афзалияти иттилоотии худ сўистифода кунад. Манфиатҳои қонунии дигар шахсон беасос маҳдуд ва ё вайрон  карда мешаванд. 
  Сулаймонов Ф.С.- дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзўи «Истифодаи асъори хориҷӣ дар муносибатҳои корпоративӣ-ҳуқуқӣ» баромад намуда қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи корпоративӣ чизи нав мебошад, гарчанде ки дар дигар кишварҳо масъалаи мазкурро хеле  пештар мавриди баррасӣ қарор гирифта корҳои зиёди илмӣ дар соҳаи мазкур вуҷуд дошта бошад. Масалан, дар Федератсияи Россия дар асоси Консепсияи инкишофи қонунгузории гражданӣ муносибатҳои корпоративӣ ба сифати объекти танзими қонунгузории граждании ҳисобида мешавад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ бошад муносибатҳои корпоративӣ қисми таркибии муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ аз ҷониби баъзе олимони ҳуқуқшинос эътироф карда мешавад. 
   Пулотов А., сармутахассиси Шўъбаи байналхалқии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзўи «Роҷеъ ба масъалаи фаъолияти соҳибкории субъектони хоҷагидории хориҷӣ дар Тоҷикистон ба воситаи ташкилотҳои тиҷоратие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст»  баромад намуд.  Дар маърўзаи  мазкур фикру ақидаҳои олимон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкории субъектҳои хоҷагидории хориҷӣ дар Тоҷикистон ба воситаи ташкилоти тиҷоратии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додашуда таҳти баррасӣ қарор гирифтаанд. 
     Каримова Ф.Ш., мутахассиси Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи  «Таносуби мафҳуми «муассис» ва «иштирокчӣ» дар ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ » баромад намуд. Дар қонунгузории мо мафҳумҳои «иштирокчӣ» ва  «саҳмдор» ҳаммаъноянд, аммо  мафҳуми «муассис» ва «иштирокчӣ (саҳмдор)» фарқ мекунанд. Аммо таҳлили қонунгузорӣ нишон медиҳад, ки на ҳама вақт қонунгузор мафҳуми зикршударо аз ҳамдигар фарқ менамояд. 
  Фарқи мафҳумҳои зикршуда дар конунгузорӣ зарур аст, зеро онҳо дорои ҳолати ҳуқуқии гуногун мебошанд. Дар қонунгузорӣ нисбат ба муассисон масъулияти алоҳида  пешбинӣ шудааст, ки мутобиқи он: «Муассисони ҷамъияти саҳомӣ аз рўи ўҳдадориҳои вобаста ба таъсиси он ки то лаҳзаи бақайдгирии давлатии ҳамин ҷамъияти саҳомӣ  ба миён омадаанд, масъулияти иловагӣ доранд (м.12 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»). Ҳамчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд» муқаррар шудааст, ки «муассисони ҷамъият оид ба уҳдадориҳое, ки бо таъсиси ҷамъият алоқаманданд ва то бақайдгирии давлатии он пайдо шудаанд, масъулияти муштарак доранд.
Ҳамзамон дар муҳокимаи мавзўҳои номбурда  дотсентон  А. Ғафуров,  А.Неъматов ва дигар мутахассисон иштирок намуда атрофи паҳлўҳои баҳсталаби  масъалаҳои назария ва қонунгузории корпоротивӣ ибрози ақида намуданд.  Дар охир иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки мавзўи мазкур зарурият ба таҳлили илмӣ-амалии ҳаматарафаро дорад ва бинобар ин дар оянда вобаста ба паҳлўҳои гуногуни ҳолати ҳуқуқии шаклҳои ташкили  ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ силсилаи мизҳои мудаввар ва конфронси ҷумҳуриявӣ ташкил кардан қобили таваҷҷуҳ мебошад.