ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:54
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1326
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.07.2016
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 майи соли 2016 № 453
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2016 № 251
ҷонибдорӣ карда шуд.
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1946)
Қонуни мазкур тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, ҳамроҳшавӣ, бақайдгирӣ, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба хусусияти онҳо (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ) ва номашон (шартнома, созишнома, конвенсия, протокол, паймон, мубодилаи мактубҳо, ёддоштҳо ва ё шартномаҳои байналмилалии дигар), бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ паҳн мегардад.
2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба созишномаҳои сармоягузорӣ, консессионӣ (имтиёздиҳӣ) ва созишномаҳои дигар, ки хусусияти хусусию ҳуқуқӣ дошта, бо санадҳои алоҳидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд, паҳн намешавад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - шартномаҳои байналмилалӣ) - яке аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки бо давлати хориҷӣ (давлатҳои хориҷӣ) ё созмони байналмилалӣ (созмонҳои байналмилалӣ) дар шакли хаттӣ ба имзо расонида шуда, бо ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда мешавад, сарфи назар аз он ки ин шартнома дар як ё якчанд ҳуҷҷати бо ҳам алоқаманд оварда шудааст, инчунин новобаста ба номи мушаххаси он;
- созмони байналмилалӣ - созмони байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ);
- парафгузорӣ - баимзорасонии қаблии лоиҳаи мувофиқашудаи шартномаи байналмилалӣ ё меъёрҳои алоҳидаи он бо ишораи сарҳарфи насаб ва номи намояндагони ҷонибҳои дар гуфтушунидҳо иштироккунанда ҳамчун шаҳодати мувофиқа намудани матни лоиҳаи шартномаи байналмилалӣ ё яке аз тарзҳои муқаррар сохтани яксонии матни лоиҳаи шартномаи байналмилалӣ;
- ваколат - ҳуқуқи намояндагӣ намудан аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси қарори шахси мансабдор ё мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба таври дахлдор бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахси мазкур ба расмият дароварда шудааст ва ба ҷониби иштирокчии гуфтушунидҳо ё маҳфуздоранда бо мақсади қабул намудани матни шартномаи байналмилалӣ ё муқаррар намудани яксонии он, ба имзо расонидани шартномаи байналмилалӣ, изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, иҷро намудани амали дигар, ки ба шартнома дахл дорад, супорида мешавад;
- бастани шартномаи байналмилалӣ - пайдарпайии марҳилаҳои (амалҳои ҳуқуқии) пешбининамудаи Қонуни мазкур оид ба ташаккулдиҳии мазмуни шартномаи байналмилалӣ, қабули матни он ва изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ;
- баимзорасонӣ - марҳилаи бастани шартномаи байналмилалӣ ё тарзи изҳори ризояти ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, дар сурате, агар шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ намояд, ки баимзорасонӣ чунин эътибор дорад ё ба тарзи дигар созиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни дигари гуфтушунид дар хусуси он муқаррар шудааст, ки баимзорасонӣ бояд чунин эътиборро дошта бошад ё нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани чунин эътибор ба баимзорасонӣ аз ваколати намояндаи он бармеояд ва (ё) ҳангоми гуфтушунид изҳор шудааст;
- расмиёти дохилидавлатӣ - тасдиқ (ратификатсия) ё тасдиқи шартномаи байналмилалӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тасдиқ (ратификатсия) - тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, ки дар Қонуни мазкур ва ё шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст ва аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда шудааст;
- тасдиқ - тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расида, тасдиқи иловагии онро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба љайр аз баимзорасонӣ, пешбинӣ менамояд;
- ҳамроҳшавӣ - тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалии эътиборпайдонамуда, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда нашудааст;
- тавзеҳот - изҳороти якҷониба бо ифода ва номи дилхоҳ, ки аз ҷониби давлат ё созмони байналмилалӣ ҳангоми баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаи байналмилалии бисёрҷониба ё ҳамроҳшавӣ ба он арз ёфтааст, ки тавассути он ин давлат ё созмони байналмилалӣ мехоҳад амали ҳуқуқии муқаррароти алоҳидаи шартномаи байналмилалӣ дар мавриди татбиқи онҳо нисбат ба ин давлат ё ин созмони байналмилалӣ истисно карда шавад ё таљйир дода шавад;
- бекор кардан (денонсатсия) - дасткашӣ бо тартиби муқарраргардидаи ба расмият даровардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шартномаи байналмилалии басташуда ва яке аз тарзҳои қатъ гаштани амали шартномаи байналмилалӣ;
- маҳфуздоранда - давлат, созмони байналмилалӣ ё шахси мансабдори асосии иҷрокунандаи он, ки ба онҳо барои нигоҳдорӣ нусхаи аслии шартномаи байналмилалӣ супорида шуда, нисбат ба ин шартномаи байналмилалӣ вазифаи дар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пешбинишударо иҷро менамоянд;
- Феҳристи давлатии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон - низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳои аз ҷониби маҳфуздоранда расман тасдиқшудаи шартномаҳои байналмилалӣ, маълумотҳои ҳатмӣ ва дигар тафсилоти иттилоотӣ оид ба онҳоро дар бар мегирад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 4. Мувофиқасозӣ ва экспертизаи ҳуқуқии шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади иштирокчии онҳо шудан дорад, инчунин лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ
1. Шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади иштирокчии онҳо шуданро дорад, инчунин лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ, бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мақсаднок будани бастани шартномаҳои байналмилалӣ аз нигоҳи сиёсати хориҷӣ хулоса медиҳад.
3. Шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади иштирокчии онҳо шуданро дорад, инчунин лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди экспертизаи ҳуқуқӣ қарор мегиранд.
Моддаи 5. Таклифҳо дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо
1. Мақомоти давлатӣ тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ таклифҳои зерин пешниҳод менамоянд:
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои дорои хусусияти байниидоравӣ.
2. Таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилалӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати на дертар аз чордаҳ рӯзи тақвимӣ то санаи ба имзо расонидани онҳо пешниҳод карда мешаванд.
3. Таклифҳо дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо то пешниҳод шуданашон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии дахлдор дар доираи ваколатҳои онҳо мувофиқа карда мешаванд.
4. Таклифҳо дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо бо тартиби дар моддаҳои 7, 10, 12-15 Қонуни мазкур пешбинишуда амалӣ карда мешаванд.
5. Таклифҳо дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, қабули шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо иборатанд аз:
- лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо;
- асосноккунии мақсаднок будани баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо;
- хулосаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мутобиқати бастани шартномаи байналмилалӣ ба мақсадҳои сиёсати хориҷӣ;
- хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мутобиқати лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- арзёбии оқибатҳои эҳтимолии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва оқибатҳои дигари бастани шартномаҳои байналмилалӣ;
- нусхаҳои ба таври расмӣ тасдиқшудаи матни шартномаҳои байналмилалӣ;
- тарҷумаи матни шартномаҳои байналмилалӣ ба забони давлатӣ, ки бо муҳри мақомоти давлатии барои бастани онҳо масъул тасдиқ шудаанд;
- номгӯи давлатҳои иштирокчии шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба;
- номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сабаби эътибор пайдо кардани шартномаи байналмилалӣ зарурати ба онҳо ворид намудани таљйиру иловаҳо ба миён меояд;
- ҳангоми зарурат лоиҳаҳо ва асосноккунии тавзеҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба, инчунин матни тавзеҳот ба шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба, ки аз ҷониби дигар давлатҳо изҳор шудаанд.
6. Тартиби баргузории гуфтушунидҳо, баимзорасонӣ ва барои тасдиқ (ратификатсия) пешниҳод намудани шартномаҳои байналмилалиро вобаста ба кумаки беруна Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1946).
Моддаи 6. Забони шартномаҳои байналмилалӣ
1. Шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ба забонҳои давлатии ҷонибҳои иштирокчии гуфтушунидҳо баста мешаванд. Бо розигии ҷонибҳо забони дигар низ ҳамчун забони шартномаҳои байналмилалӣ интихоб шуда метавонад.
2. Шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба бо забонҳое, ки аз ҷониби тарафҳо иштирокчии гуфтушунидҳо муайян гардидаанд, баста мешаванд.
3. Таљйиру иловаҳо ба шартномаҳои байналмилалӣ бо забонҳое, ки онҳо баста шудаанд, ворид карда мешаванд.
Моддаи 7. Қарорҳо дар бораи маъқул донистани матн, баимзорасонии шартномаҳои байналмилалӣ ва додани ваколат барои иҷро намудани амалҳои мазкур, инчунин ба анҷом расонидани парафгузорӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1946)
1. Қарорҳо дар бораи маъқул донистани матнҳо ва баимзорасонии шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин дар бораи додани ваколат барои иҷро намудани амалҳои мазкур, дар намуди санадҳои зерин қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1946):
- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи мақомоти давлатӣ баста мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Парафгузорӣ аз ҷониби намояндаи мақомоти давлатӣ, ки барои бастани шартномаи байналмилалӣ масъул мебошад, бо назардошти хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдор сурат мегирад.
Моддаи 8. Ваколат барои иҷро намудани амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалӣ
1. Дар асоси қарорҳои тибқи муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур қабулшуда ваколат ба иҷро намудани амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ба расмият даровардани ваколатҳо дар шакли хаттӣ тасдиқ карда мешавад.
2. Агар ҳуқуқи баимзорасонии шартномаи байналмилалӣ мутобиқи сархати якуми қисми 1 моддаи 7 Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси мансабдори дигар бевосита пеш аз баимзорасонӣ дода шавад, ваколати чунин шахси мансабдор аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ бе қабули қарори дар моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинишуда тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 9. Бидуни барасмиятдарории ваколатнома иҷро намудани амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалӣ
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад тамоми амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалиро бе барасмиятдарории ваколатнома иҷро намояд.
2. Дар асоси қарорҳои тибқи моддаи 7 Қонуни мазкур қабулгардида шахсони зерин бе барасмиятдарории ваколатнома Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд:
- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади анҷом додани тамоми амалҳое, ки ба бастани шартномаҳои байналмилалӣ вобастаанд;
- роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ бо мақсади қабул намудани матни шартномаҳои байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлате, ки дар назди он аккредитатсия шудаанд;
- намояндагоне, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати намояндагӣ намудан дар конференсияҳои байналмилалӣ ё созмонҳои байналмилалӣ, ё яке аз мақомоти он бо мақсади қабули матни шартномаи байналмилалӣ ваколатдор шудаанд.
БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАСДИҚИ (РАТИФИКАТСИЯИ) ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, ТАСДИҚ ВА ҲАМРОҲШАВӢ БА ОНҲО
Моддаи 10. Тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ
Шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда мешаванд.
Моддаи 11. Шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор дода мешаванд
Шартномаҳои байналмилалии зерин мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор дода мешаванд:
- шартномаҳое, ки мавзӯи онҳо ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд мебошад;
- шартномаҳое, ки иҷрои онҳо таљйир додани қонунҳои амалкунанда ё қабули қонунҳои навро талаб менамояд, инчунин қоидаҳои дигарро нисбат ба қоидаҳои дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда муқаррар менамоянд;
- шартномаҳо дар бораи муайян намудани сарҳади ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар, аз ҷумла шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шартномаҳо дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ, дар бораи масъалаҳои халъи силоҳ ё назорати байналмилалии аслиҳа, таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, инчунин дар бораи сулҳ, дӯстӣ, ва кумаки мутақобила ва шартномаҳои байналмилалӣ дар бораи амнияти дастҷамъона;
- шартномаҳо дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттиҳодияҳои байнидавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, агар чунин шартномаҳои байналмилалӣ ба онҳо супоридани қисми ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии (ё қисми ваколатҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намоянд ё ҳатмияти ҳуқуқии қарорҳои мақомоти онҳоро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намоянд;
- шартномаҳо дар бораи пешниҳод ва гирифтани қарзҳои давлатӣ ва имтиёзҳои андозбандӣ, ба истиснои грант ва дигар кумакҳои бебозгашт (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1946);
- шартномаҳо дар бораи истифодаи захираҳои табиӣ аз ҷониби субъектони ҳуқуқи байналмилалӣ;
- шартномаҳо дар бораи масъалаҳои вобаста ба иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шартномаҳое, ки ҳангоми ба имзо расонидани онҳо ҷонибҳои иштирокчии гуфтушунидҳо дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) минбаъдаи онҳо қарор қабул намудаанд.
Моддаи 12. Тартиби пешниҳод намудани таклифҳо дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ
1. Мақомоти давлатӣ тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинишуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ваколати худ дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд.
2. Таклифҳо дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан тавассути мактуб ва қарори дахлдор пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1946).
Моддаи 13. Тасдиқи шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор намегиранд
Шартномаҳои байналмилалӣ, ки гузаронидани расмиёти дохилидавлатиро пешбинӣ намуда, мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор намегиранд, ба тариқи зайл тасдиқ мегарданд:
- шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд ва шартномаҳои байниидоравӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 14. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1946)
Моддаи 15. Қарорҳо дар бораи ҳамроҳшавӣ ба шартномаҳои байналмилалӣ
Қарорҳо дар бораи ҳамроҳшавӣ ба шартномаҳои байналмилалӣ қабул карда мешаванд:
- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор мегиранд ва ҳамроҳшавӣ ба онҳо аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад - аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор нагирифта, ҳамроҳшавӣ ба онҳо аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад - аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор нагирифта, ҳамроҳшавӣ ба онҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад - аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 16. Татбиқи муваққатии шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шартномаҳои байналмилалӣ ё муқаррароти алоҳидаи онҳо дар қисме, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, то эътибор пайдо намудани онҳо муваққатан татбиқ мегарданд, агар чунин тартиб дар шартномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ шуда бошад.
2. Агар дар шартномаҳои байналмилалӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад ва ё оид ба ин тартиб бо давлатҳои хориҷӣ ё созмонҳои байналмилалии шартномаҳои байналмилалиро баимзорасонида созиш ба даст оварда нашуда бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи муваққатии шартномаҳои байналмилалӣ ё муқаррароти алоҳидаро аз рӯзи ирсоли огоҳинома ба давлатҳои хориҷӣ ё созмонҳои байналмилалие, ки нисбат ба онҳо шартномаҳои байналмилалӣ муваққатан татбиқ мешаванд, оид ба нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иштирокчии шартномаҳои байналмилалӣ нагаштан, ки дар асоси қарорҳои дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, қатъ менамояд.
3. Қарор дар бораи иштирокчии шартномаҳои байналмилалии муваққатан татбиқшаванда нагардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муқаррароти алоҳидаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. 4. Татбиқи муваққатии шартномаҳои байналмилалии эътиборпайдонакарда аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз як сол зиёд бошад.
Моддаи 17. Тавзеҳот ба шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба
1. Ҳангоми баимзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба ё ҳамроҳшавӣ ба онҳо тибқи шартҳои шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тавзеҳот изҳор намудан мумкин аст.
2. Тавзеҳотро ҳар вақт, бо тартиби изҳоршуда бекор кардан мумкин аст, агар шартномаи байналмилалии бисёрҷониба тартиби дигарро пешбинӣ накунад.
3. Қабул намудани тавзеҳоти ибрознамудаи дигар ҷониби аҳдкунанда ба шартномаи байналмилалии бисёрҷониба ё изҳори норозигӣ ба он тибқи шартҳои шартномаи байналмилалии бисёрҷониба ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар асоси хулосаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ваколатҳои он мавзӯи танзими тавзеҳот мансуб аст, анҷом дода мешавад.
БОБИ 4. ИҶРОИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 18. Таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ
1. Шартномаи байналмилалӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷрои ҳатмӣ ва бовиҷдонона қарор мегирад.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ чораҳо андешида, шахси мансабдор ё мақомотеро, ки ба зиммаи он вазифаи назорати иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ вогузор мешавад, муайян менамояд.
3. Мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ иҷрои уҳдадорӣ ва амалисозии ҳуқуқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, таъмин менамоянд, инчунин иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни дигари шартномаҳои байналмилалиро мушоҳида менамоянд.
4. Мушоҳидаи умумии иҷрои шартномаҳои байналмилалиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
5. Мониторинги таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 19. Андешидани чораҳо дар сурати риоя накардани шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби иштирокчиёни дигар
1. Дар сурати риоя накардани уҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалӣ аз ҷониби иштирокчиёни он, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ё якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи худи шартнома таклифҳо пешниҳод менамояд.
2. Дар сурати риоя накардани муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби иштирокчиёни он, инчунин дар ҳолатҳои дигари бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пешбинигардида амали чунин шартномаҳои байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида қатъ ё боздошта шуда метавонад.
Моддаи 20. Эътибор пайдо намудани шартномаҳои байналмилалӣ
Шартномаҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва дар муҳлатҳое, ки шартномаи байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, эътибор пайдо мекунанд.
БОБИ 5. ИНТИШОР, БАҚАЙДГИРӢ, БАҲИСОБГИРӢ ВА НИГОҲДОРИИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 21. Интишори шартномаҳои байналмилалӣ
1. Шартномаҳои байналмилалии эътиборпайдонамуда бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмӣ интишор мегарданд.
2. Шартномаҳои байналмилалии эътиборпайдонамуда, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шудаанд, бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мешаванд.
3. Агар шартномаҳои байналмилалӣ ба забони давлатӣ матни яксон надошта бошанд, яке аз матнҳои яксон онҳо бо забони баимзорасида, инчунин тарҷумаи шартномаҳои байналмилалӣ ба забони давлатӣ дар маҷмӯаи "Бюллетени шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" интишор мегарданд.
Моддаи 22. Бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалӣ
1. Бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалӣ тибқи Феҳристи давлатии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Пешбурди феҳристи мазкурро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Шакл ва тартиби пешбурди Феҳристи давлатии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Бақайдгирии шартномаҳои байналмилалӣ дар мақомоти дахлдори созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
4. Нусхаҳои асл ё расман аз ҷониби маҳфуздоранда тасдиқшудаи шартномаҳои байналмилалӣ, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, дар муддати ду ҳафта аз рӯзи баимзорасонии онҳо ё аз маҳфуздоранда гирифтани нусхаҳои аз ҷониби маҳфуздоранда расман тасдиқшуда барои нигоҳдорӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд. Нусхаҳои шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман тасдиқшуда (дар асоси нусхаҳои расман аз ҷониби маҳфуздоранда тасдиқшудаи шартномаҳои байналмилалӣ) бо забонҳои басташудаи онҳо дар муддати ду ҳафта аз рӯзи баимзорасонӣ ё аз маҳфуздоранда гирифтан аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои нигоҳдории доимӣ ирсол мегарданд.
5. Нусхаҳои асли шартномаҳои байналмилалӣ, ки аз номи мақомоти давлатӣ баста шудаанд, дар бойгонии мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Нусхаҳои расман тасдиқшудаи ин шартномаҳои байналмилалӣ дар муддати ду ҳафта аз рӯзи баимзорасонӣ ё аз маҳфуздоранда гирифтани нусхаҳои расман тасдиқшуда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд.
Моддаи 23. Иҷро намудани вазифаҳои маҳфуздоранда
1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд, агар мутобиқи шартҳои шартномаҳои байналмилалии мазкур чунин вазифаҳо ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда бошанд.
2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз номи онҳо баста шудаанд, иҷро менамоянд, агар тибқи шартҳои шартномаҳои байналмилалии мазкур чунин вазифаҳо ба уҳдаи онҳо вогузор шуда бошад.
3. Мукотиба бо мақомоти давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ё шахсони мансабдори асосии иҷрокунандаи онҳо, ки вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷонибаро иҷро мекунанд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
БОБИ 6. ТАЉЙИР ДОДАН, ҚАТЪ НАМУДАН ВА БОЗДОШТАНИ АМАЛИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 24. Тартиби ворид намудани таљйирот ба шартномаҳои байналмилалӣ
1. Ворид намудани таљйирот ба шартномаҳои байналмилалӣ мутобиқи шартҳои дар шартномаҳои байналмилалӣ зикршуда, меъёрҳои ҳуқуқи байнамилалӣ ва муқаррароти Қонуни мазкур амалӣ мегардад.
2. Таклифҳо дар бораи ворид намудани таљйирот ба шартномаҳои байналмилалӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 4 ва 5 Қонуни мазкур пешниҳод карда мешаванд.
3. Қарорҳо дар бораи ворид намудани таљйирот ба шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд.
4. Таљйироти ба шартномаҳои байналмилалӣ воридшуда мутобиқи шартҳо ва бо тартиби эътибор пайдо намудани шартномаҳои байналмилалӣ эътибор пайдо мекунанд.
5. Қарорҳо дар бораи тасдиқ (ратификатсия) ё тасдиқ намудани таљйирот ба шартномаҳои байналмилалӣ мутобиқи шартҳои дар шартномаҳои байналмилалӣ зикршуда ва бо тартиби дар моддаҳои 10 ва 13 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул мегарданд.
Моддаи 25. Қатъ гаштани амали шартномаҳои байналмилалӣ
Амали шартномаҳои байналмилалӣ мутобиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ ё дар ҳар вақт бо ризояти ҳамаи иштирокчиён қатъ мегардад.
Моддаи 26. Таклифҳо дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ
1. Боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ ё бекор кардани (денонсатсияи) онҳо тибқи шартҳои шартномаҳои байналмилалӣ, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти Қонуни мазкур амалӣ мегардад.
2. Мақомоти давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ дар доираи ваколатҳои худ таклифҳо пешниҳод мекунанд.
3. Мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи онҳо баста шуда, бо мақомоти давлатии дахлдор ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд.
4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳоро дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи мақомоти давлатӣ баста шудаанд, баррасӣ менамояд ва ба онҳо дар хусуси мувофиқи мақсад будани боздоштани амал ё бекор кардан (денонсатсия) хулоса медиҳад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1946).
Моддаи 27. Қабул намудани қарорҳо дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ
1. Қарорҳо дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда (ратификатсияшуда) аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд.
2. Қарорҳо дар бораи боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ ё бекор кардани (денонсатсияи) онҳо қабул мегарданд:
- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд - аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд - аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи мақомоти давлатӣ баста шудаанд - аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Амалигардонии санадҳои байналмилалие, ки тавассути онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ризояти худро ба ҳатмӣ будани шартномаи байналмилалӣ ё нияти худро ҷиҳати боздоштан ё қатъ гардонидани амали шартномаи байналмилалӣ изҳор мекунад
1. Агар дар шартномаҳои байналмилалӣ мубодила ва ё супоридани тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба маҳфуздоранда пешбинӣ шуда бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарорҳо дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ тасдиқномаҳоеро ба имзо мерасонад, ки онҳо бо муҳри ӯ, инчунин имзои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
2. Мубодилаи тасдиқномаҳо, ҳуҷҷатҳо дар бораи тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ ё қабули шартномаҳои байналмилалӣ ё супоридани чунин тасдиқномаҳо барои нигоҳдорӣ ба маҳфуздоранда, ҳуҷҷатҳои дар бораи тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшавӣ, ирсоли ҳуҷҷатҳо дар бораи қатъ гардонидан, боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ ё дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 348; с. 2001, №7, мод. 484; с. 2005, №12, мод. 654; с. 2013, №7, мод. 539) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 июли соли 2016 № 1326
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӢ ВА ПОЛИГРАФӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:56
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1327
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.07.2016

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӢ ВА ПОЛИГРАФӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 607)

 

Қонуни мазкур принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи мазкур равона карда шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ношир (муассисаи нашриявӣ, нашриёт) – шахсе, ки интишори маҳсулоти чопиро амалӣ мегардонад, аз ҷумла ҷиҳатҳои ташкилӣ, молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва таъминоти дигари интишори онро ба уҳда дорад;

- худношир - шахси воқеӣ, ки дастнависи маҳсулоти чопиро таҳия ва таҳрир намуда, аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ ба чоп месупорад;

- муаллиф – шахси воқеӣ, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии ў офарида шудааст;

- корхонаи полиграфӣ (матбаа, истеҳсолкунандаи маҳсулоти чопӣ) -шахси ҳуқуқӣ, ки теъдоди муайяни маҳсулоти чопиро истеҳсол менамояд;

- маҳсулоти  чопӣ– китоб, брошура, албом, матбуоти даврӣ, плакат, буклет ва маҳсулоти дигари корхонаи полиграфӣ, новобаста аз адади чоп ва тарзи истеҳсоли он;

- маводи нашрӣ – маҷмўи маълумот (нусхаи асли дастнавис, мақола, тақриз, шарҳи мухтасар, сарсухан, ҷадвал, тасвир, акс, диаграмма), ки барои таҳияи дастнависи маҳсулоти чопӣ истифода мешавад;

- фаъолияти ноширӣ – фаъолият вобаста ба омодасозии дастнависи маҳсулоти чопӣ барои чоп;

- фаъолияти полиграфӣ– фаъолият вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти чопӣ;

- фармоишгари маҳсулоти чопӣ – шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки ҳуҷҷатгузории фармоиши маҳсулоти чопиро ба расмият дароварда, хароҷоти молиявии онро ба зимма мегирад ва соҳиби маҳсулот мегардад;

- фурўшандаи маҳсулоти чопӣ – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба фурўши маҳсулоти чопӣ машғул мебошанд;

- матбуоти даврӣ– рўзномаву ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, моҳнома, солнома ва маҷмўаву буллетенҳое, ки номи доимӣ ва рақами ҷорӣ дошта, дар вақту замони муайян (на камтар аз як маротиба дар як сол) ба чопмерасанд;

- сензура – аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, аз ношир ё корхонаи полиграфӣ талаб намудани мувофиқаи пешакии маводи нашрӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсади фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ

Мақсади фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ:

- қонеъ намудани талаботи маънавии шахс, ҷомеа ва давлат;

- мусоидат намудан ба рушди фарҳанги миллӣ бо роҳи афзоиши номгўй, адади нашр ва ҳаҷми маҳсулоти чопӣ;

- баланд бардоштани сатҳи фарҳангии аҳли ҷомеа тариқи дастрасӣ ба маҳсулоти чопӣ, муаррифии арзишҳои башардўстӣ, дар асл ва тарҷума чоп кардани асарҳои машҳури адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ;

- фароҳамсозии имконот барои худифодасозӣ ҳамчун муаллиф, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи  сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк.

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ фароҳам овардани шароити баробар ва бозори рақобатпазир ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар соҳа ва мусоидат ба пешрафти он мебошад.

 

Моддаи 5. Озодии фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ

1. Фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод буда, муассисаҳои нашриявӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва фурўшандагони маҳсулоти чопӣ дар муайян кардани самти фаъолият, доираи мавзўъ, интихоби муаллифон, адади нашр, нархи маҳсулоти чопӣ ва тахфифи он, муқаррар намудани шаклҳои робита бо якдигар ва бо дигар ташкилоту корхонаҳо мустақил мебошанд.

2. Ба сензураи дастнависи маҳсулоти ба чоп омодашуда ва инҳисор дар фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

3. Ҳеҷ шахс ҳуқуқ надорад, ки ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопиро вазифадор намояд, ки маҳсулоти чопӣ ва маводи дигари қаблан радкардаи онҳоро чоп намояд ва ба фурўш барорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 6. Маводи нашрие, ки чоп, фурўш ва паҳнкунии онҳо манъ аст

1. Чоп, фурўш ва паҳнкунии маҳсулоти чопии дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зўрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.

2. Чоп, фурўш ва паҳнкунии маводи нашрӣ ва маҳсулоти чопии дорои маълумоти бардурўғ ё туҳматомезу иғвоангез, ки шаъну эътибори шахсони воқеӣ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, ба ҳаёти шахсии шахсони воқеӣ дахолат мекунанд, манъ аст.

 

Моддаи 7. Истеҳсол намудани ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ

Истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, субъектҳои ба чопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ ва паҳн намудани онҳо бо тартиби мақаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 8. Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ

Ношир ва корхонаи полиграфӣ ҳангоми истифодаи маводи нашрӣ уҳдадоранд муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намоянд.

 

Моддаи 9. Маълумотномаи маҳсулоти чопӣ

1. Нусхаи китоби чопшуда бояд маълумоти зеринро дошта бошад:

- номи китоб (асосӣ, қиёсӣ, аслӣ, алтернативӣ);

- ном ва суроғаи ҳуқуқии ношир, нашриёт;

- макон ва соли чопи китоб;

- ному суроғаи ҳуқуқии корхонаи полиграфӣ;

- рақами фармоиш ва адади чоп;

- индексҳои таснифотӣ, таснифоти фаъолияти универсалии рақами байналмилалии стандартии китоб;

- нарх ё ишораи «нархи озод» ё «ройгон».

2. Нусхаи маҳсулоти чопӣ бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- ном ва суроғаи ҳуқуқии ношир, нашриёт;

- макон ва соли чоп;

- ном ва суроғаи ҳуқуқии корхонаи полиграфӣ, санаи ба қайд гирифта шудан ва рақами он;

- рақами фармоиш ва адади чоп.

 

Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти ноширї ва полиграфї

 1. Субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ мебошанд.

2. Муносибатҳо байни субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ, ҳамчунин муносибатҳои онҳо бо дигар субъектҳои фаъолият дар асоси оиннома ва шартнома (созишнома)-и тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда, танзим мешаванд.

 

Моддаи 11. Фаъолияти худноширї

Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки дастнавис ва ё маводи дигари худро, дар таҳрири бевоситаи худ ва аз ҳисоби маблағи шахсӣ чоп намоянд, агар муҳтавои он хилофи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.

 

БОБИ 2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӢ ВА ПОЛИГРАФӢ

 

Моддаи 12. Таъсиси муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ таъсис диҳанд.

2. Ба таъсиси муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ ҳуқуқ надоранд:

- шахсони то ҳаждаҳсола ва шахсоне, ки бо ҳукми суд ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд ё аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти мазкур маҳрум гаштаанд, ё бо ҳалномаи суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда шудаанд;

- ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудааст.

 

Моддаи 13. Мақоми идоракунии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ

1. Мақоми идоракунии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўшимаҳсулоти чопӣ муассисони онҳо мебошанд.

2. Муассис самтҳои фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўшимаҳсулоти чопиро муайян ва оинномаи онҳоро тасдиқ мекунад.

3. Муассис ҳуқуқ дорад ҳамчун ношир, истеҳсолкунанда ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ амал намояд.

4. Муассис вазифадор аст:

- барои фаъолияти муътадили муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ шароит муҳайё созад;

- барнома ва самтҳои асосии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопиро муайян намояд;

- бо роҳбарияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопии таъсисдодааш шартнома бандад;

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳисобот ва маълумотро оид ба фаъолияти худ пешниҳод намояд.

 

Моддаи 14. Бақайдгирии давлатии ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ

1. Бақайдгирии давлатии ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ мегардад.

2. Мақомоти давлатӣ, судӣ, прокуратура, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ҳуқуқ доранд маводҳои расмӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводи таъиноти истифодаи хизматиро бе қайди давлатӣ чоп намоянд.

3. Қатъ гардидани фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 15. Баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ

Баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИИ НОШИР, КОРХОНАИ ПОЛИГРАФӢ

ВА ФУРӮШАНДАИ МАҲСУЛОТИ ЧОПӢ

 

Моддаи 16. Ҳуқуқҳои ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ

1. Ношир ва корхонаи полиграфӣ ҳуқуқ доранд:

- нақшаи чопи маҳсулоти чопиро мустақилона таҳия ва тасдиқ намоянд;

- барои омодасозии маҳсулоти чопӣ ба чоп ва фурўши он аз мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ фармоиш қабул намоянд;

- дар хусуси истифода ва чопи асарҳои муаллифони ватанӣ дар хориҷа ва асарҳои муаллифони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ шартномаҳо банданд;

- аз муаллиф ва ё вориси ў дар мавриди чопи асарҳояш ҳуқуқ ва ваколатҳои дахлдор ба даст оранд;

- асарҳои илмӣ, бадеӣ ва санъатро дар мувофиқа бо муаллиф барои дарёфти мукофотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ пешниҳод намоянд;

- дар чорабиниҳои байналмилалии нашриявӣ иштирок карда,  маҳсулоти чопии худро дар мувофиқа бо муаллиф ба намоишгоҳҳо, озмунҳои миллӣ ва байналмилалӣ пешниҳод намоянд.

2. Фурўшандаи маҳсулоти чопӣ ҳуқуқ дорад аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳсулоти чопиро барои фурўш қабул намояд ва бо онҳо шартнома бандад.

 

Моддаи 17. Уҳдадориҳои ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ

1. Ношир уҳдадор аст:

- фаъолиятро танҳо дар асоси бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатӣ ба роҳ монад;

- маҳсулоти чопиро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ ба чоп таҳия созад;

- ба воқеият ҷавобгў ва ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани муҳтавои маҳсулоти чопиро риоя намояд;

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;

- дастнависи маҳсулоти чопиро ҳатман бо рамзи (грифи) ношир, маълумоти чопӣ ва бо рақами стандарти байналмилалии китоб ба чоп пешниҳод намояд;

- дастнависи маҳсулоти чопии дорои моҳияти илмӣ, таълимӣ ва диниро танҳо пас аз гирифтани тавсиянома ва иҷозати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ ба чоп омода созад.

2. Корхонаи полиграфӣ уҳдадор аст:

- фаъолиятро танҳо дар асоси бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатӣ ба роҳ монад;

- маҳсулоти чопиро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ  чоп намояд;

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;

- маҳсулоти чопиро ҳатман бо розигии ношир, фармоишгари маҳсулоти чопӣ ҳамчунин бо рамзи (грифи) ношир ва маълумотномаи маҳсулоти чопӣ чоп намояд;

- бо тавсия ва ё иҷозати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ маҳсулоти чопии дорои моҳияти илмӣ, таълимӣ ва диниро чоп намояд;

- бо иҷозати муаллиф (мураттиб) ва ношир, нусхаи аслии маводи нашриро пурра ё қисман чоп ё нусхабардорӣ намояд;

- нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопиро ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ, ки номгўйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, саривақт ва ройгон дастрас намояд.

3. Фурўшандаи маҳсулоти чопӣ уҳдадор аст, ки маҳсулоти чопиеро, ки дар он муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи стандартҳои байналмилалӣ, миллӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя нашудаанд, бе рамзи (грифи) ношир, маълумотномаи маҳсулоти чопӣ ба чоп расидаанд, инчунин бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ба фурўш набарорад.

 

БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСАИ НАШРИЯВӢ,

КОРХОНАИ ПОЛИГРАФӢ ВА ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ ЧОПӢ

 

Моддаи 18. Ҳамкориҳои байналмилалӣ

1. Ҳамкориҳои байналмилалии муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ  ва фурўши маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ таъсис диҳанд.

 

Моддаи 19. Содирот ва воридоти маҳсулоти чопӣ

Содирот ва воридоти маҳсулоти чопӣ аз ҷониби ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 20. Тартиби баррасии баҳсҳо оид ба фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ

Баҳсҳо вобаста ба фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Ҷавобгарӣбарои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкурбо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи  табъу нашр» (Ахбори  Шўрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, с. 1994, № 1,  мод. 28; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 3, мод. 48; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1999, № 12, мод. 329; с. 2002, №11, мод.726; с. 2004, №5, мод. 338; с. 2005, №12, мод.656) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

23 июли соли 2016, №1327

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДЎСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1338
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.07.2016

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДЎСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 616)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳоро муайян намуда, ба танзими муносибатҳо вобаста ба фаъолияти мазкур равона карда шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо – маҷмўи чорабиниҳои вобаста ба тоза намудан аз минаҳо, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида, таблиғоти манъи истифодаи минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии захираҳои онҳо бо мақсади кам кардани таъсири зарари минаҳо ба ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳити зист, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва ҷалби кумаки ташкилотҳои башардўстона амалӣ карда мешаванд;

- тоза намудан аз минаҳо – маҷмўи чорабиниҳои вобаста ба бартараф намудани хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ, аз ҷумла робита бо ҷомеа, тадқиқоти техникӣ ва ғайритехникӣ, аломатгузорӣ, безараргардонӣ, ҳуҷҷатгузорӣ баъд аз тоза намудан ва супоридани ҳудуди тозашуда;

-мина – лавозимоти ҷангие, ки бо мақсади расонидани зарар ба инсон ва техника пешбинӣ гардида, дар зери замин ё болои он гузошта мешавад;

- минаи зиддипиёдагард  – минаҳое, ки барои расонидани зарар ба инсон пешбинӣ гардидаанд;

- лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ – лавозимоти таркандаи ҷангие, ки мавриди истифода қарор дода шудаанд, аммо бо сабабҳои гуногуни техникӣ ё дигар сабабҳо натаркидаанд; 

- ҳудуди хатарнок – қитъае, ки бинобар мавҷуд будани минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ё эҳтимолияти мавҷуд будани онҳо хатарнок мебошад;

- сапёр – шахси воқеии аз ҷиҳати касбӣ омодагардида, ки ба тоза намудан аз минаҳо машғул аст;

- стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо – меъёрҳое, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, беҳсозии сифат ва самараи фаъолияти зидди минаҳо бо роҳи таъмини идоракунӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳо, муайян намудани талабот ва шартҳои техникӣ таҳия гардидаанд;

- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо  –қоидаҳое, ки тавассути онҳо субъектҳо барои  тоза намудан аз минаҳо салоҳиятдор мебошанд;

- кафолати сифат – раванди умумии арзёбии тоза намудани майдонҳо аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ мувофиқи талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо;

- кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида – кумаке, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ё ғайрибуҷетӣ ба зарардидагон ва аъзои оилаи онҳо бо мақсади барқарор намудани саломатӣ, фарогирӣ бо лоиҳаҳои даромаднок, дастгирии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ расонида мешавад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо

 

Фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- инсондўстӣ ва шафқат;

- таъмини бехатарӣ;

- дастрасии иттилоот;

- риояи ҳатмии талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ

БАШАРДӮСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО

 

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо

 

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо мансубанд:

- таҳия намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- тасдиқи стандартҳо, стратегия ва нақшаҳои миллии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- муайян намудани мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо

 

Мақоми ваколатдор оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо (минбаъд – мақоми ваколатдор) дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- бо тартиби муқарраргардида бастани шартномаҳо ва созишномаҳо дар бораи ҳамкорӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- таҳияи стандартҳо, стратегия ва нақшаҳои миллии фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- таҳия ва тасдиқи тартибу қоидаҳо ва дастурҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- додани шаҳодатнома дар бораи акредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- тасдиқи нақшаву барномаҳои омўзишии субъектҳое, ки ба тоза намудан аз минаҳо машғуланд ва назорати иҷрои онҳо;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкории байналмилалӣ оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо

 

Ба ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо дохил мешаванд:

- мусоидат ба гузаронидани чорабиниҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- иштирок дар татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- таъмини фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо бо захираҳои инсонӣ, восита ва таҷҳизоти барои омўзиш зарур;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо

 

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид бамасъалаҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо дохил мешаванд:

- мусоидат ба гузаронидани чорабиниҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- иштирок дар татбиқи нақшаву барномаҳо оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ БАШАРДӮСТОНАИ ЗИДДИ МИНАҲО

 

   Моддаи 8. Аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо

 

1. Барои гузаронидани фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор тибқи талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо субъектҳои зерин аккредитатсия карда мешаванд:

-   шахсони ҳуқуқӣ;

-  ташкилотҳои байналмилалие, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома ба имзо расондаанд.

2. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо ба муҳлати се сол дода мешавад.

3. Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи стандартҳо дар рафти фаъолият аккредитатсияи субъектҳои мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдор бекор карда мешавад.

 

Моддаи 9. Сапёрон

 

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузаштан аз муоинаи тиббӣ, омўзиш аз рўи барномаи омодасозии сапёрон ва аттестатсия тибқи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо ба тоза намудан аз минаҳо роҳ дода мешаванд.

2. Кормандони мақоми ваколатдор, аз ҷумла кормандони оперативӣ, нозирони кафолат ва назорати сифат, ки ба идоракунӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати тоза намудан аз минаҳо ҷалб гардидаанд, сапёр шуда метавонанд.

3. Ҳаёт ва саломатии сапёрон аз ҷониби субъектҳое, ки дар моддаи 8 Қонуни мазкур номбар шудаанд, бояд суғурта карда шаванд.

4. Субъектҳои аккредитатсияшуда уҳдадоранд сапёронро бо либоси расмӣ ва таҷҳизот мувофиқи стандартҳо таъмин намоянд.

5. Реҷаи кори сапёрон бо назардошти шароити маҳал аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.

6. Ҳифзи иҷтимоии сапёрон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 10. Тоза намудани ҳудудҳои хатарнок аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ

 

1. Ҳудудҳои хатарнок бояд аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян гардида, зери назорат гирифта шаванд.

2. Субъектҳои аккредитатсияшуда бояд ҳудудҳои хатарнокро то сатҳи муқаррарнамудаи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тоза намоянд.

 

Моддаи 11. Огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ

 

1. Ҳудудҳои хатарнок бо тавора ва аломатҳои огоҳкунанда нишонагузорӣ карда мешаванд.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сарҳадӣ барои таъмини нигоҳдории аломатҳои огоҳкунандаи хатар дар маҳалҳо ва минтақаҳои сарҳадӣ мусоидат менамоянд.

3. Огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян ва дар мувофиқа бо мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегарданд.

4. Мақоми ваколатдор бо мақсади омодасозӣ бо волонтёрон, намояндагони мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба огоҳсозӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ҷалб мегарданд, курсҳои омўзишӣ ва такмили ихтисос мегузаронад.

 

Моддаи 12. Барномаҳои расонидани кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида

 

Барномаҳои расонидани кумак ба шахсони аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ зарардида аз ҷониби мақоми ваколатдор таҳия гардида, дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Супоридани ҳудудҳои аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тозашуда

 

1. Субъектҳои аккредитатсияшуда ҳудудҳои аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тозашударо ба мақоми ваколатдор тибқи санади дахлдор месупоранд. Мақоми ваколатдор пас аз назорат ва кафолати сифат ҳудуди тозашударо мувофиқи талаботи стандартҳои миллӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ  месупорад.

2. Агар ҳудуди тозашуда дар минтақаи назорати сарҳадӣ ҷойгир шуда бошад, нусхаи ҳуҷҷатҳои  ҳудуди тозашуда ба мақомоти ҳифзи сарҳади давлатӣ супорида мешавад.  

 

Моддаи 14. Ҳамкории байналмилалӣ

 

1. Мақоми ваколатдор бо тартиби муқарраргардида бо мақсади мубодилаи таҷриба, иттилоот, таҷҳизот ва дастовардҳои илмию техникӣ, тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба фаъолияти башардўстонаи зидди минаҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад.

2. Мақоми ваколатдор ва субъектҳои аккредитатсияшуда дар тоза намудан аз минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ дар кишварҳои эҳтиёҷманд бо тартиби муқарраргардида иштирок карда метавонанд.

 

Моддаи 15. Уҳдадориҳо дар доираи татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ

 

Мақоми ваколатдор татбиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистонро таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои чорабиниҳо дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид ҳисобот пешниҳод менамояд.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 16.  Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди  амалқарор додани  Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода   шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ  Раҳмон

 

ш. Душанбе,

23 июли соли 2016, №1338

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:59
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1339
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.07.2016
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 июни соли 2016 № 471
қабул карда шуд.
 
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2016 № 265
ҷонибдорӣ карда шуд.
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2025)
Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳукуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (минбаъд - мақомоту ташкилоти дахлдор), ирсол гардидаанд, танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- муроҷиатҳо - ариза, дархост, таклиф, шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар шакли хаттӣ, электронӣ ё шифоҳӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод шудаанд;
- ариза - хоҳиш дар бораи мусоидат намудан ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар ё пешниҳод намудани маълумот дар бораи вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, норасоиҳо дар фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор ё танқиди фаъолияти шахсони мансабдор, роҳбарон ва кормандони мақомоту ташкилоти дахлдор;
- дархост - хоҳиш дар бораи аз ҷониби шахси ваколатдор дар доираи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани амали муайян барои қонеъ намудани талаботи муроҷиаткунанда;
- таклиф - тавсия оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, беҳгардонии соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлат ва ҳаёти ҷомеа;
- шикоят - изҳори норозигӣ нисбат ба амали (беамалии) шахсони мансабдор, роҳбарон ва шахсони ваколатдоршудаи мақомоту ташкилоти дахлдор ҷиҳати ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳо ё манфиати қонунии вайронгардидаи худ ё шахсони дигар;
- муроҷиаткунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор оид ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиата қонунии шахсони дигар муроҷиат намудааст;
- муроҷиати электронӣ - муроҷиате, ки ба суроғаи расмии почтаи электронии мақомоту ташкилоти дахлдор ворид гардидааст ё дар сомонаи расмии мақомоту ташкилоти дахлдор дар шабакаи Интернет ҷойгир карда шудааст;
- муроҷиати шифоҳӣ - муроҷиате, ки зимни қабули шахсӣ ба шахси мансабдор ё ваколатдоршудаи мақомоту ташкилоти дахлдор изҳор гардидааст ё тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) баён шудааст;
- муроҷиат тавассути воситаҳои ахбори омма - муроҷиати дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма вобаста ба фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор нашр ё тавассути воситаи ахбори омма паҳнгардида;
- муроҷиати дастҷамъона - муроҷиати ду ва зиёда шахсон ё аз номи гурӯҳи шаҳрвандон пешниҳодгардида;
- муроҷиати такрорӣ - муроҷиати хаттӣ, шифоҳӣ ё электронии такрорӣ ба ҳамон як мақомоту ташкилот, ки дорои далелҳои нав намебошад, бо зикри масъалаҳое, ки доир ба онҳо вобаста ба муроҷиати қаблӣ моҳиятан ҷавоб гардонида шудааст ва дар муроҷиати навбатӣ ваҷҳ ё ҳолатҳои нав оварда нашудаанд;
- шахсони баррасикунандаи муроҷиат - шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори мақомоту ташкилоти дахлдор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муроҷиатҳоро моҳиятан баррасӣ менамоянд;
- китоби арзу шикоятҳо - китоби шакли ягона, ки барои қайди муроҷиатҳо доир ба фаъолияти мақомоту ташкилоти дахлдор, соҳибкорони инфиродӣ, сифати хизматрасонӣ, иҷрои корҳои муайян, молҳои истеҳсолнамудаи онҳо ва дигарҳо пешбӣнӣ шудааст.
Моддаи 2. Принсипҳои Қонуни мазкур
Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният;
- адолат;
- баробарӣ дар назди қонун;
- инсондӯстӣ;
- ошкорбаёнӣ;
- илмият;
- талаботи ягона ба муроҷиатҳо;
- таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шахсони муроҷиаткунанда;
- пурра, ҳамаҷониба, холисона ва дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ кардани муроҷиатҳо;
- шаффофияти фаъолият ҳангоми баррасити муроҷиатҳо.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор татбиқ мегардад, ба истиснои муроҷиатҳое, ки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофивии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, муроҷиатҳои дигар, ки нисбат ба онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳод ва баррасӣ пешбинӣ шудааст.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур ба мукотиботи байни мақомоти давлатӣ ва сохторҳои зертобеи онҳо паҳн намегардад.
БОБИ 2. КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ БА МУРОҶИАТ
Моддаи 5. Манъ будани маҳдудкунии ҳуқуқ ҳангоми пешниҳоди муроҷиатҳо
Ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқи муроҷиат маҳдудкунӣ вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, инчунин шакли моликият, маҳалли ҷойгиршавӣ, шакли ташкилию ҳуқуқии шахсонни ҳуқуқӣ манъ аст.
Моддаи 6. Кафолати амнияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба муроҷиати онҳо
1. Таъқиб намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар муроҷиати онҳо ба мақомоту ташкилоти дахлдор вобаста ба танқиди фаъолияти мақомоту ташкилот ё шахсони мансабдору-роҳбарони онҳо ҷиҳати барқарор ё ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ ё ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар манъ аст.
2. Ҳангоми баррасии муроҷиат бидуни розигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ифшо намудани маълумоти дар муроҷиат зикргардида инчунин, маълумоти ба ҳаёти шахсӣ ва (ё) фаъолияти шахси ҳуқуқӣ алоқаманд манъ аст. Маълумоти дар муроҷиати хаттӣ дарҷгардида, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор ирсол карда шуда, ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоту ташкилот ва шахсони ваколатдоршуда мансуб аст, ошкор кардани маълумот ба ҳисоб намеравад.
БОБИ 3. ҲУҚУҚ, УҲДАДОРИҲО ВА ТАЛАБОТ БА МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ
Моддаи 7. Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муроҷиат
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва (ё) тавассути намояндагони ваколатдори худ дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиат намоянд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи худро оид ба муроҷиатҳо озодона ва ба таври ихтиёри амалӣ менамоянд. Маҷбур намудани шахс барои муроҷиат кардан ё ширкат намудан дар пешниҳоди он манъ аст.
3. Амалӣ намудани ҳуқуқ ба муроҷиат набояд ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони дигарро халалдор созад.
Моддаи 8. Уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зимни пешниҳоди муроҷиатҳо
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд:
- матни муроҷиатҳои хаттӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашударо дар шакли хондашаванда пешниҳод намоянд;
- ба шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдори дигар эҳтиромона муносибат намоянд, ба истифодаи ифодаҳои қабеҳу таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёту саломатӣ ва молу мулки шахси баррасикунандаи муроҷиат ё аъзои оилаи он роҳ надиҳанд;
- оид ба иваз намудани маҳалли будубош, суроғаи маҳалли истиқомат, рақами телефонҳо, суроғаи почтаи электронӣ сари вақт мақомоту ташкилоти баррасикунандаи муроҷиатро огоҳ намоянд;
- уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд.
Моддаи 9. Қабули шахсӣ
1. Дар мақомоту ташкилоти дахлдор маҳал, рӯз ва соати қабули муроҷиаткунандагонро роҳбарони он муайян мекунанд. Шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда уҳдадоранд дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор муроҷиаткунадагонро шахсан қабул намоянд.
2. Қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (намояндагони онҳо) дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоту ташкилоти дахлдор, дар рӯз ва соати муайянгардида тибқи ҷадвали қабул гузаронида мешавад. Ин иттилоот бояд тавассути дар лавҳаи эълонҳо насб намудани ҷадвали қабул, ҷойгир намудани он дар сомонаҳо ва воситаҳои дигари техникӣ дастраси шаҳрвандон бошад.
3. Муҳтавои муроҷиатҳои шифоҳӣ дар китоби қабули муроҷиаткунандагон дарҷ карда мешавад. Дар сурате, ки ҳодиса ва ҳолатҳои дар муроҷиати шифоҳӣ иброзгардида аён бошанд ва санҷиши иловагиро талаб накунанд, посух ба муроҷиаткунандагон бо розигии онҳо зимни қабули шахсӣ мумкин аст ба тариқи шифоҳӣ дода шавад ва дар ин бора дар китоби қабули муроҷиаткунандагон қайд гузошта мешавад. Агар муроҷиати шифоҳӣ дар рафти қабули шахсӣ бинобар зарурати санҷиши иловагӣ ҳалли худро наёбад, ҳуҷҷати алоҳида дар шакли варақаи қабули муроҷиаткунанда ба расмият дароварда шуда, дар он муҳтавои муроҷиат қайд карда мешавад ва он ҳамчун муроҷиати хаттӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
4. Муроҷиатҳои хаттии зимни қабули шахсӣ супоридашуда, ба қайд гирифта шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.
5. Шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда ҳуқуқ надоранд, қабули шахсони воқеӣ ва намояндаи шахсони ҳуқуқиро рад намоянд, агар масъалаҳои дар муроҷиат зикршуда ба салоҳияти ҳамин мақомоту ташкилот мансуб бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қаблан зимни қабули шахсӣ муроҷиати муроҷиаткунанда айнан бо ҳамин мазмун ҳал гардида, дар ин хусус ӯ хабардор бошад ё ин ки тавассути мактуб ҷавоб (муроҷиати такрорӣ) ирсол гардида бошад.
6. Агар дар муроҷиат масъалаҳое гузошта шуда бошанд, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоту ташкилоти дахлдор дохил намешавад, ба муроҷиаткунанда дар хусуси ба кадом мақомот муроҷиат намудан фаҳмонида мешавад.
7. Агар муроҷиаткунанда зимни қабули шахсӣ нисбати шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршудае, ки қабули шахсиро анҷом медиҳад муносибати беэҳтиромона зоҳир намуда, ба истифодаи ифодаҳои қабеҳ, таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёту саломатии ӯ ё аъзои оилааш роҳ диҳад, шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршуда ҳуқуқ дорад қабулро қатъ намояд.
8. Бо қарори роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор қабули шахсии сайёр, инчунин номнавис намудани пешакиро барои чунин қабул ташкил кардан мумкин аст.
9. Ҳангоми қабули шахсӣ бо қарори роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор ва розигии хаттии муроҷиаткунанда мумкин аст воситаҳои техникии махсус ба монанди, сабти видеоӣ ё аудиоӣ, расмгирӣ истифода шаванд.
10. Зимни муроҷиати шифоҳӣ муроҷиаткунанда бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намоянд. Намояндаи муроҷиаткунанда, инчунин бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколаташро пешниҳод намояд.
Моддаи 10. Талабот ба муроҷиатҳои хаттӣ
1. Шахси воқеӣ дар муроҷиати хаттӣ бояд насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат, маълумот оид ба маҳали воқеии истиқомат (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад), муҳтавои муроҷиатро дарҷ намуда, онро имзо намояд.
2. Дар муроҷиати шахси ҳуқуқӣ бояд номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, сана, рақами содиротӣ ва муҳтавои муроҷиат нишон дода шаванд. Муроҷиат бояд аз ҷониби шахси мансабдор ё ваколатдоршуда имзо карда шавад.
3. Ба муроҷиатҳое, ки тавассути намояндаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешаванд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима карда мешавад.
4. Муроҷиатҳои хаттӣ тавассути хизматрасонии алоқаи почта, зимни қабули шахсӣ, тавассути хаткашон ё бо роҳи сабт намудани арзу шикоят ё таклифҳои худ дар китоби арзу шикоятҳои мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳод карда мешаванд.
5. Ҳангоми зарурат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои тасдиқи ваҷҳҳояшон ҳуҷҷатҳо (мавод) ё нусхаи онҳоро ба муроҷиати хаттиашон замима менамоянд.
Моддаи 11. Талабот ба муроҷиатҳои электронӣ
1. Муроҷиатҳои электронӣ дар шакли ҳуҷҷати электронии бо имзои электронии рақамӣ тасдиқшуда ва дорои дигар маълумотҳои барои ҳуҷҷатҳои электронӣ ҳатмӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пешниҳод карда мешавад.
2. Дар муроҷиатҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи почтаи электронии муроҷиаткунандагон ва муҳтавои муроҷиат зикр карда мешаванд.
3. Муроҷиатҳои электронӣ метавонанд дорои маълумоти иловагӣ дар бораи муроҷиаткунанда бошанд, аз ҷумла суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, рақами факс, рақами телефон ва дигарҳо.
Моддаи 12. Талабот ба муроҷиатҳо тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ)
1. Муроҷиатҳое, ки ба воситаи алоқаи телефонӣ (мобилӣ) ба мақомоту ташкилоти дахлдор арз карда мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.
2. Зимни муроҷиат намудан тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) бояд муҳтавои муроҷиат, насаб, ном ва номи падари муроҷиаткунанда, суроғаи маҳалли истиқомат ё ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ, рақами телефон (мобилӣ) суроғаи почтаи электронӣ баён карда шаванд.
3. Шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршуда, ки муроҷиати телефонӣ (мобилӣ)-ро қабул намудааст, дар шакли варақаи қабули муроҷиати телефонӣ (мобилӣ) ҳуҷҷати алоҳида, таҳия мекунад, ки дар он муҳтавои муроҷиат, насаб, ном ва номи падари муроҷиаткунанда, суроғаи маҳалли истиқомат ё ҷоигиршавии шахси ҳуқуқӣ, рақами телефон (мобилӣ), суроғаи почтаи электрониро дарҷ карда, онро бо имзои худ тасдиқ менамояд.
БОБИ 4. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД ВА МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ВА БАРРАСИИ ОНҲО
Моддаи 13. Тартиби пешниҳоди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
1. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бевосита ба мақомоту ташкилоти дахлдор, ки баррасии масъалаҳои дар муроҷиат дарҷгардида ба салоҳияти онҳо мансуб аст ё бо тартиби тобеияти идоравӣ ба мақомоти болоӣ, ки шахси амалаш мавриди шикоят қароргирифта тобеи он аст, пешниҳод карда мешаванд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шахсан ё тавассути намояндаи ваколатдори худ муроҷиати хаттии худро ба мақомоту ташкилоти дахлдор ба воситаи алоқаи почта ё почтаи электронӣ ирсол намоянд. Ба манфиати шахсони ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони қонунии онҳо ё мақомоти ваколатдор муроҷиатҳоро пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2025).
Моддаи 13(1). Хусусияти пешниҳод ва баррасии муроҷиати ноболиғон
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2025)
1. Ноболиғоне, ки метавонанд ақидаҳои худро мустақилона ифода кунанд, ҳуқуқ доранд дар бораи риояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоту ташкилотҳои дахлдор бевосита муроҷиат намоянд. Ба манфиати ноболиғон инчунин метавонанд намояндагони қонунии онҳо, мақомоти васоят ва парасторӣ ва мақомоти ваколатдори дигар муроҷиат намоянд.
2. Ноболиғон ҳангоми муроҷиат ҳуқуқ доранд фикру ақидаҳои худро озодона ва бе таъсиррасонии мақомоту ташкилот ва шахсони дигар баён намоянд.
3. Баррасии муроҷиати ноболиғон аз ҷониби мақомоту ташкилотҳои дахлдор ҳангоми зарурат бо иштироки намояндагони қонунии ноболиғон, инчунин мақомоти васояту парасторӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2025).
Моддаи 14. Муҳлати пешниҳоди муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
1. Барои пешниҳоди ариза, дархост, таклиф аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муҳлат муқаррар карда намешавад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шикоятҳои худро дар муддати се сол аз рӯзи огоҳ шудани онҳо оид ба вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ пешниҳод намоянд.
3. Барқарор намудани муҳлати бо сабабҳои узрнок гузаронидашуда (бемории вазнин, маъюбӣ, сафари хизматии дарозмуддат ва ғайра), ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ гардидаанд, ба ваколати роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор (шахси бо супориши ӯ баррасикунандаи муроҷиат) мансуб мебошад
Моддаи 15. Қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
1. Муроҷиатҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пешниҳод шудаанд, бояд аз ҷониби мақомоту ташкилоти дахлдор қабул карда, дар варақаи иттилоотӣ ба қайд гузошта ва бо додани рақами алоҳида ба ҳар як муроҷиат ба ҳисоб гирифта шаванд. Рад кардани қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст.
2. Муроҷиатҳои воридгардида, новобаста ба тобеияти идоравии онҳо, бояд дар мақомоту ташкилоти дахлдор ба қайд гирифта шаванд.
3. Баҳисобгирии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоту ташкилоти баррасикунандаи муроҷиат анҷом дода мешавад.
4. Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии омориро оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
5. Масъулият оид ба ташкили қабул, бақайдгирӣ, дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ намудан ва баҳисобгирии омории муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба зиммаи роҳбарони мақомоту ташкилоти дахлдор вогузор карда мешавад.
6. Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон мебошад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
Моддаи 16. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зимни баррасии муроҷиати онҳо
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муроҷиат пешниҳод намудаанд, ҳуқуқ доранд:
- дар баррасии муроҷиат бевосита ширкат намоянд;
- шахсан ба шахсони мансабдор ва ваколатдоршудае, ки муроҷиатро баррасӣ мекунанд, ваҷҳҳои худро изҳор кунанд;
- барои тасдиқи муроҷиати худ ҳуҷҷатҳо ва маводи иловагиро пешниҳод ё дар бораи талаб кардани онҳо дархост намоянд;
- бо маводи ҷамъовардашуда шинос шаванд, агар ин ҳолат ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигарро халалдор насозад, инчунин ҳуҷҷатҳо дорои маълумоти сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда набошанд;
- оид ба рафти баррасии муроҷиат маълумот гиранд; - аз рӯи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиат изҳоршуда ҷавоби хаттӣ гиранд, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур зикргардида, дар бораи фиристодани муроҷиат ба мақомоту ташкилоти дахлдори дигар, ки ҳал кардани масъалаҳои дар муроҷиат изҳоршуда ба салоҳияти онҳо мансуб аст;
- то моҳиятан баррасӣ гардидани муроҷиат ҷиҳати бозпас намудани он дархост намоянд;
- ҷуброни зарари расонидашударо аз шахсони гунаҳгор бо тартиби муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд;
- нисбат ба натиҷаи баррасии муроҷиат ё аз амал (беамалӣ)-и шахсони баррасикунандаи муроҷиат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти болоӣ ва (ё) суд шикоят намоянд;
- ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.
Моддаи 17. Уҳдадориҳои мақомоту ташкилоти дахлдор, ки муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамоянд
1. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба мақомоту ташкилоти дахлдор воридгардида бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
2. Мақомоти баррасикунандаи муроҷиат уҳдадоранд:
- баррасии воқеъбинона, холисона, беғаразона ва саривақтии муроҷиатҳоро таъмин намуда, масъалаҳои гузошташударо ҳангоми зарурат бо иштироки муроҷиаткунандагон, даъвати шахсони дахлдор санҷанд;
- барои пурра, холисона ва ҳаматарафа баррасӣ намудани муроҷиат аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва аз мақомоту ташкилоти дахлдор маводи заруриро талаб намоянд;
- барои барқарор кардан ва (ё) ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҷӯӣ намоянд;
- аз рӯи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиат гузошташуда, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 4 моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ посухи хаттӣ диҳанд;
- муроҷиаткунандаро дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи қабули қарор оид ба ирсоли муроҷиат барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба дигар мақомоту ташкилоти дахлдор хабардор намоянд;
- муроҷиатро асоснок ва тибқи қонун ҳал намуда, иҷрои онро назорат намоянд;
- посух ба муроҷиат бояд бо забони давлатӣ ва ҳангоми мавҷуд будани дархост инчунин бо забоне, ки муроҷиат навишта шудааст, вобаста ба ҳар як масъалаи гузошташуда, бо асосноккунии тасдиқ ё рад намудани ҳолатҳои зикршуда ва бо назардошти меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба роҳбарӣ гирифта шудаанд, омода карда шавад;
- доир ба натиҷаи баррасии муроҷиат ба муроҷиаткунанда иттилоот диҳанд;
- тартиби шикоят намуданро ба муроҷиаткунанда нисбати натиҷаи баррасии муроҷиат (посух ба муроҷиат) фаҳмонида диҳанд;
- маълумотҳоро оид ба баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мунтазам таҳлил намуда, барои бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, тадбирҳо андешанд;
- уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд.
Моддаи 18. Муҳлати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
1. Муроҷиатҳои ба мақомоту ташкилоти дахлдор пешниҳодшуда дар давоми си рӯз ва муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати понздаҳ рӯз аз рӯзи ба қайд гирифта шуданашон баррасӣ карда мешаванд.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 20 Қонуни мазкур роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор ҳуқуқ дорад муҳлати баррасии муроҷиатро ба муддати на зиёдтар аз сӣ рӯз тамдид намуда, дар ин хусус ба муроҷиаткунанда дар муҳлати се рӯз хабар расонад.
Моддаи 19. Фиристондани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои баррасӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор аз рӯи тобеият
1. Муроҷиатҳои хаттие, ки ҳалли масъалаҳои дар он гузошташуда ба салоҳияти мақомот ва ташкилоти дахлдор мансуб нест, дар давоми се рӯз аз рӯзи ба қайд гирифтан ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдоре, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиатҳо дарҷгардида ба тобеияти онҳо мансубанд, ирсол карда мешавад. Дар ин хусус муроҷиаткунанда ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад.
2. Мақомоту ташкилоти дахлдор дар мавриди ба баррасии дигар мақомоту ташкилот ирсол намудани муроҷиати хаттӣ, ҳангоми зарурат метавонанд аз онҳо оид ба натиҷаи баррасии муроҷиат маълумот талаб намоянд.
3. Ба шаҳси мансабдор ё роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор, ки қарор ё амал (беамалӣ)-и ӯ мавриди шикоят қарор гирифтааст, ирсол намудани шикоят барои баррасӣ манъ аст.
4. Агар муроҷиат маълумотҳои заруриро барои ирсол намудани он ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдор надошта бошад, он дар муҳлати се рӯз ба муаллиф баргардонида мешавад ва ба ӯ ҳуқуқи бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти болоӣ ва (ё) суд шикоят овардан нисбат, ба қарор ё амал (беамалӣ) тавзеҳ дода мешавад.
Моддаи 20. Моҳиятан баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
1. Муроҷиатҳое, ки ба мақамоту ташкилоти дахлдор ворид гардидаанд, аз ҷониби шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда, ки баррасии муроҷиатҳо ба зиммаашон вогузор карда шудааст, баррасӣ карда мешаванд.
2. Барои пурра, холисона ва дар муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ намудани муроҷиатҳо шахсони мансабдор ва шахсони ваколатдоршуда ҳуқук доранд ҳангоми зарурат барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ дар доираи ваколатҳои худ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоту ташкилоти дахлдор мавод талаб намоянд. Мақомоту ташкилоти дахлдор тибқи дархости мақомоти баррасикунандаи муроҷиат уҳдадоранд дар муҳлати панҷ рӯз пас аз ворид шудани дархост маълумоти талабшударо ирсол намоянд, ба истиснои ҳуҷҷатҳое (мавод), ки дорои маълумоти сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд ва ба онҳо тартиби махсуси пешниҳод муқаррар гардидааст. Дар сурати ғайриимкон будани пешниҳоди маълумот, мақомоту ташкилоти пешниҳодкунандаи маълумот дар ин хусус бояд дар муҳлати се рӯз ба таври хаттӣ мақомоти баррасикунандаи муроҷиатро хабардор намоянд.
3. Муроҷиатҳои хаттӣ дар сурате баррасишуда эътароф карда мешаванд, агар ҳамаи масъалаҳои дар муроҷиат зикрёфта ҳал гардида, барои таъмини ҳифз, амалигардонӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии муроҷиаткунанда чораҳо андешида, ба муроҷиаткунанда ҷавоби хаттӣ ирсол шуда бошад.
4. Дар сурати дар ҳузури муроҷиаткунанда ҳал гардидани масъалаҳои дар муроҷиат зикршуда, ба муроҷиаткунанда ҷавоби хаттӣ фиристонда намешавад, агар ӯ ҷавоби хаттиро талаб накунад. Дар чунин ҳолат натиҷаи баррасии муроҷиат бевосита дар худи матни муроҷиат ё дар китоби арзу шикоятҳо қайд гардида, муроҷиаткунанда бо имзо онро тасдиқ менамояд.
5. Муроҷиати шифоҳӣ дар сурате баррасигардида ҳисоб меёбад, ки ҳамаи масъалаҳои зимни қабули шахсӣ ё тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) изҳоршуда ҳал гардида, барои таъмини ҳифз, амалигардонӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳо андешида, дар ин хусус муроҷиаткунанда хабардор шуда бошад.
6. Ҳангоми дар муроҷиатҳо мавҷуд набудани дархост, таклиф ё шикоят вобаста ба фаъолияти мақомоту ташкилот ё дар онҳо зикр гардидани сипосмандӣ, чунин муроҷиатҳо ба маълумот гирифта шуда, ба онҳо ҷавобҳо ирсол карда намешаванд.
7. Шахсони мансабдор ё ваколатдоршудаи мақомот ё ташкилоти дахлдор, ҳангоми зарурат метавонанд бевосита муроҷиатҳоро бо баромадан ба маҳал (баррасии сайёр) баррасӣ намоянд.
8. Посухи муроҷиатҳоро роҳбар ё шахси ба он ваколатдоршудаи мақомоту ташкилоти дахлдор имзо менамояд.
9. Посух ба муроҷиатҳои дар шакли электронӣ ё тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) пешниҳодшуда, ба суроғаи почтаи электронии дар муроҷиат нишондодашуда ё ин ки дар шакли хаттӣ ба суроғаи маҳалли истиқомати шахсони воқеӣ ё ҷойгиршавии шахсони ҳуқуқӣ ирсол карда мешавад.
Моддаи 21. Баррасии муроҷиатҳои алоҳида
1. Муроҷиатҳои хаттӣ ва электроние, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
2. Муроҷиатҳои хаттӣ ва электроние, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он ба таври аниқ зикр ёфтаанд, вале бидуни ризоят ва иҷозати муроҷиаткунанда пешниҳод шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.
3. Муроҷиатҳое, ки нисбат ба қарори суд пешниҳод шудаанд, дар муҳлати се рӯз аз рӯзи ба қайд гирифта шудан ба муроҷиаткунанда, ки онро ирсол намудааст, бо тавзеҳ додани тартиби шикоят овардан нисбат ба қарори суд баргардонида мешаванд.
4. Муроҷиатҳои дастҷамъона бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд. Ҳангоми зарурат, агар муроҷиатҳои дастҷамъона диққату эътибори махсуси ҷамъиятиро талаб намоянд, онҳо ба таври сайёр дар маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии муроҷиаткунандагон баррасӣ қарда мешаванд, агар аз муроҷиатҳо тартиби дигар барнаояд.
5. Агар ҳалли масъалаи дар муроҷиат зикргардида ба якчанд мақомот ё ташкилот вобаста бошад, муроҷиат дар қисми дахлдор аз ҷониби мақомот ё ташкилоте, ки ба он муроҷиат ворид гардидааст, баррасӣ карда шуда, ба муроҷиаткунанда доир) ба салоҳияти мақомот ё ташкилоти дигар мансуб будани қисми масъалаи пешниҳодшаванда ва ҳуқуқи ӯ ба муроҷиат ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдор фаҳмонида мешавад.
6. Дар сурати ба якчанд суроға ирсол шудани ҳамон як муроҷиат, ки аз ҷониби мақомоту ташкилоти салоҳиятдор, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, баррасӣ карда мешавад. Дар ин сурат мақомоту ташкилоти дигар бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур муроҷиатро ба мақомоту ташкилоти салоҳиятдор ирсол менамоянд.
7. Муроҷиатҳое, ки дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма нашр ё тавассути онҳо паҳн гардидаанд, бо тартиб ва муҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ шуда, аз натиҷаи он ба шахсони манфиатдор хабар расонида мешавад.
8. Мақомоту ташкилоти дахлдор ҳангоми қабул намудани муроҷиатҳои хаттие, ки дар он ифодаҳои қабеҳ ё таҳқиркунанда, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк баён гардидаанд, ҳуқуқ доранд чунин муроҷиатҳоро бе ҷавоб монанд. Дар ин хусус ба муроҷиаткунанда оид ба номумкин будани суиистифода аз ҳуқуқи муроҷиат хабар дода мешавад ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти салоҳиятдор шикоят пешниҳод карда мешавад.
9. Агар хондани матни муроҷиатҳои хаттӣ ғайриимкон бошад, ба чунин муроҷиатҳо посух дода намешавад ва дар ин хусус дар муҳлати се рӯз аз рӯзи ба қайд гирифтани муроҷиат бе муроҷиаткунандае, ки муроҷиатро ирсол намудааст, дар сурати хонда шудани ному насаб ва суроғаи маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавӣ хабар дода мешавад.
10. Муроҷиатҳои такрориро баррасӣ намуда, шахси мансабдор ё шахси ваколатдоршуда ҳуқуқ доранд, мукотиботро бо муроҷиаткунанда бинобар беасос будани муроҷиати навбатӣ қатъ намоянд, агар муроҷиати зикргардида ва муроҷиати қаблӣ ба ҳамон як мақомоту ташкилоти дахлдор бо ҳамон як муҳтаво ирсол шуда, натиҷаҳои санҷиши мукаммал мавҷуд бошанд. Аз натиҷаи қатъ гардидани баррасии муроҷиати такрорӣ муроҷиаткунанда хабардор карда мешавад.
11. Агар додани посух аз рӯи моҳияти масъалаҳои дар муроҷиатҳо гузошташуда бе ифшо намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда ғайриимкон бошад, ба муроҷиаткунанда дар ин хусус хабар дода мешавад.
12. Дар сурати бартараф гардидани сабабҳое, ки бинобар ҷой доштани онҳо муроҷиат баррасӣ нагардида буд, муроҷиаткунанда ҳуқуқ дорад ба мақомоту ташкилоти дахлдор такроран муроҷиат намояд.
Моддаи 22. Бе баррасӣ монондани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муроҷиатҳои хаттӣ бе баррасӣ мононда мешаванд, агар:
- тавассути намояндагони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод гардидаанд, вале онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳояшонро надоранд;
- ба талаботи пешбининамудаи қисмҳои 1, 8 ва 9 моддаи 21 Қонуни мазкур ҷавобгӯ набошанд;
- ҳангоми қабули шахсӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти муроҷиаткунанда ё намояндаи ӯ пешниҳод карда нашаванд;
- ба талаботи моддаҳои 9-12 Қонуни мазкур ҷавобгӯ набошанд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 23. Ҷуброни зарари расонидашуда ва хароҷоти сарфшуда зимни баррасии муроҷиатҳо
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд барои барқарор намудани зарар ва ҷуброни зарари маънавии дар натиҷаи амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии мақомоту ташкилоти дахлдор зимни баррасии муроҷиат расонидашуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд.
2. Дар сурати аз тарафи муроҷиаткунанда дидаву дониста дар муроҷиат нишон додани маълумоти бардурӯғ, хароҷоти мақомоту ташкилоти дахлдор, ки зимни баррасии он сарф шудааст, бо қарори суд аз муроҷиаткунанда рӯёнида мешавад.
Моддаи 24. Назорати риояи тартиби баррасии муроҷиатҳо
Мақомоту ташкилоти дахлдор дар доираи салоҳияти худ риояи тартиби баррасии муроҷиатҳоро назорат карда, муҳтавои муроҷиатҳои дохилшударо ҳар нимсола мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати ошкор ва бартараф сохтани сабабҳои риоя нагардидани ҳуқуқу озодиҳо ва бартараф сохтани сабабҳои риоя нагардидани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тадбирҳо меандешанд.
Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни Мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 26. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №24, мод. 368; с. 1998, №10, мод. 79; с. 2006, №11, мод. 469; с. 2007, №7, мод. 666; с. 2010, №12, қ 1, мод. 805; с. 2012, №7, мод. 687) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
23 июли соли 2016 № 1339
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 17:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1349
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.07.2016

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 627; Қонунҳои ҶТ аз 02.01.2018 с., №1487; аз 2.01.2019 с., № 1573)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти суғуртавиро муқаррар намуда, ба таъмини ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ равона гардидааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1.  Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фаъолияти суғуртавӣ – фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба бастан ва иҷрои шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ), ки дар асоси иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- мақоми назорати суғуртавӣ – Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои танзиму назоратро дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ анҷом медиҳад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- суғуртакунӣ – муносибатҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои қонунии молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавии муайян аз ҳисоби фондҳои пулии аз мукофотҳои суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) пардохтшуда, инчунин маблағҳои дигари ташкилотҳои суғуртавӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ ташаккул ёфтаанд;

- объекти суғурта – манфиатҳои молумулкӣ ё шахсии ғайримолумулкии суғурташаванда, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, дар шартномаи суғурта пешбинӣ шудаанд;

- иштирокчиёни касбии бозори суғурта – ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), брокери суғуртавӣ, ташкилотҳои актуарӣ, адҷастерӣ, сюрвейери суғуртавӣ, ки дар асоси иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ фаъолият мекунанд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- суғуртаи ҳатмии давлатӣ – суғуртае, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад;

- суғуртаи умумӣ – суғуртаи шахсӣ, молумулкӣ, суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои суғурта, ки ба соҳаи суғуртаи ҳаёт дахл надоранд;

- суғуртаи ҳаёт – намуди суғурта, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро дар ҳолатҳои фавти шахси суғурташуда ё дар давоми зиндагии ў то ба охир расидани муҳлати суғурта ва ё то синну соли дар шартномаи суғурта дарҷгардида пешбинӣ менамояд;

- суғурта ҳангоми рух додани ҳодисаи муайян дар ҳаёт – намуди суғуртаи захиракунанда, ки бо маблағи муқарраршуда амалӣ намудани пардохти суғуртавиро дар сурати фарорасии  ҳодисаи қаблан қайдгардида (бастани  ақди никоҳ ё таваллуди фарзанд) дар ҳаёти шахси  суғурташуда пешбинӣ менамояд;

- суғурта аз ҳодисаи нохуш – намуди суғурта, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро бо маблағи муқарраршуда ва (ё) ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани хароҷоти суғурташуда дар ҳолати фавт, бемории касбӣ, қисман ё пурра гум кардани коршоямӣ ё расидани зарар ба саломатии шахси суғурташуда, дар натиҷаи рух додани ҳодисаи нохуш пешбинӣ менамояд;

- суғурта ҳангоми беморӣ – намуди суғурта, ки амалигардонии пардохти суғуртавиро бо маблағи муқарраршуда ва (ё) ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани хароҷоти шахси суғурташуда бо сабаби беморӣ ё иллати дигари саломатӣ пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи воситаҳои нақлиёт – намуди суғурта, ки амалигардонии пардохти суғуртавиро ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории воситаи нақлиёт, аз ҷумла дуздидан ё рабудан, инчунин дар натиҷаи расидани зарар ба он, вайрон ё нобуд шудан пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи борҳо – намуди суғурта, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории бор, аз ҷумла бағоҷ, молҳо ва дигар намудҳои маҳсулот дар натиҷаи вайрон ё нобуд шудан ва гум шудани онҳо, новобаста ба тарзи интиқолашон расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи молу мулк – намуди суғурта, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории молу мулк дар натиҷаи вайрон, нобуд шудан ё дуздидани он расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ – намуди суғурта, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро) барои  зараре, ки ба манфиатҳои  молумулкии  шахс  вобаста  ба уҳдадории ў оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм дар натиҷаи суғуртакунии ҳамаи хавфҳо расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқиисоҳибони воситаҳои нақлиёт – намуди суғурта, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро) барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба уҳдадориҳои ў оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм, бинобар аз ҷониби ў истифода бурдани воситаи нақлиёт, аз  ҷумла ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии интиқолдиҳанда расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи қарзҳо – намуди суғурта, ки пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро ҳангоми пайдо шудани зарарҳои қарздиҳанда дар натиҷаи аз тарафи суғурташаванда (қарзгиранда) иҷро нагардидани уҳдадориҳояш дар назди қарздиҳанда пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи ипотекавӣ – намуди суғуртае, ки қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро барои зарари расонидашуда дар натиҷаи иҷро нагардидани уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи қарзгиранда тибқи шартномаи қарзи ипотекавӣ, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи кафолатҳо – намуди суғурта, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни зарари ба манфиатҳои молумулкии шахси кафолатдиҳанда дар натиҷаи иҷрои кафолат ё замонати ба уҳда гирифтааш расонидашударо пешбинӣ менамояд;

- суғурта аз дигар талафоти молиявӣ – намуди суғурта, ки амалӣ намудани пардохти ҷуброни суғуртавиро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарар дар натиҷаи гум кардани кор, аз даст додани даромад, офатҳои табиӣ, хароҷоти ғайричашмдошт, талафи нархи бозорӣ ва дигар зарарҳо дар натиҷаи анҷом додани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи хароҷоти судӣ – намуди суғурта, ки амалӣ намудани пардохти ҷуброни суғуртавиро ҳангоми зарар дидани суғурташаванда (шахси суғурташуда) дар натиҷаи хароҷоти сарфкардааш вобаста ба муҳокимаи судӣ пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи шахсӣ – суғуртаи манфиатҳои молумулкии шахси воқеӣ марбут ба ҳаёт, саломатӣ, қобилияти меҳнатӣ, ки ба шахсияти худи суғурташаванда, инчунин шахси дигари дар шартнома зикргардида (шахси суғурташуда) вобаста аст;

- ташкилоти суғуртавӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти суғуртавиро дар асоси иҷозатномаи дахлдори мақоми назорати суғуртавӣ ба роҳ мемонад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- седент – ташкилоти суғуртавие, ки қисми хавфи суғурташударо ба азнавсуғуртакунӣ додааст;

- суғурташаванда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки бо ташкилоти суғуртавӣ шартномаи суғуртаро бастааст;

- шахси суғурташуда – шахси воқеӣ, ки ба фоидаи ў шартномаи  суғуртаи шахсӣ баста шудааст ва ё шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо шартномаи суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ, ҷавобгарии ў суғурта карда шудааст;

- фоидагиранда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби суғурташаванда барои гирифтани пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) дар шартномаи суғуртавӣ таъин шудааст ва дар полиси суғуртавӣ дарҷ гардидааст;

- азнавсуғуртакунӣ – фаъолияти як ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба ҳимояи манфиатҳои молумулкии ташкилоти суғуртавии (азнавсуғурташавандаи) дигар, ки бо базиммагирии уҳдадориҳо аз тарафи охирин ҷиҳати  анҷом додани пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) аз рўи шартномаи суғурта алоқаманд мебошад;

- азнавсуғуртакунии факултативӣ (ихтиёрӣ) – азнавсуғуртакуние, ки ҳангоми он азнавсуғурташаванда ҳуқуқ дорад уҳдадорӣ ё қисми онро нисбати пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) аз рўи шартномаи асосии басташуда ба ташкилоти азнавсуғуртакунӣ супорад, ташкилоти азнавсуғуртакунӣ ҳуқуқ дорад уҳдадории мазкур ё қисми онро аз нав суғурта намояд ё ин ки азнавсуғуртакунии онро рад намояд;

- азнавсуғуртакунии облигаторӣ(ҳатмӣ) – азнавсуғуртакуние, ки ҳангоми он азнавсуғурташаванда уҳдадор аст ба ташкилоти азнавсуғуртакунӣ барои азнавсуғуртакунӣ уҳдадорӣ ё қисми онро нисбати пардохти  суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) аз рўи шартномаи асосии басташуда супорад ва ташкилоти азнавсуғуртакунӣ уҳдадор аст  уҳдадории мазкур ё қисми онро аз нав суғурта намояд;

- ташкилоти азнавсуғуртакунӣ – шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба бастан ва иҷрои шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ дар асоси иҷозатномаи дахлдори мақоми назорати суғуртавӣ амалӣ менамояд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- азнавсуғурташаванда – ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки қисми хавфи суғуртавии аз рўи шартномаи суғурта қабулкардаашро ба ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар мувофиқи шартҳои бо шартномаи азнавсуғуртакунӣ муайяншуда медиҳад;

- суғуртаи муштарак – фаъолият оид ба суғурта, ки нисбати объекти суғуртавӣ бастани шартномаи суғуртаро аз ҷониби якчанд ташкилоти суғуртавӣ бо суғурташаванда пешбинӣ менамояд, ки дар асоси он хавфҳои суғуртавӣ, андозаи маблағи суғуртавӣ ва мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) байни ташкилотҳои суғуртавӣ ба ҳиссаҳои бо шартномаи мазкур муқарраргардида тақсим карда мешаванд;

- суғуртаи мутақобила – суғуртаи молу мулк, манфиатҳои дигари молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси мутақобил бо роҳи таъсисдиҳии ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила ва дар онҳо муттаҳид намудани маблағҳои зарурӣ;

- ҷамъияти суғуртаи мутақобила – ташкилоти ғайритиҷоратӣ, ки суғуртаи молу мулк ва манфиатҳои дигари молумулкии аъзои худро амалӣ менамояд;

- суғуртаи гурўҳӣ – суғуртакунӣ аз рўи як шартномаи суғуртавӣ, ки дар он метавонад ҳаёт, саломатӣ ва (ё) молу мулки якчанд шахс суғурта карда шавад;

- суғуртаи ҷамъшаванда – суғуртае, ки аломатҳои амонат ва пасандозкунии маблағҳои пулиро дошта, пардохти суғуртавиро ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғуртавӣ пешбинӣ менамояд, аз ҷумла дар сурати ба охир расидани муҳлати дар шартномаи суғурта муқарраргардида ва ё ҳодисаи дигари бо шартномаи суғурта пешбинигардида, вобаста ба он ки кадоме аз онҳо дар вақти муайяншуда пештар ба амал меоянд;

- хавфи суғуртавӣ – ҳодисаи эҳтимолӣ, ки дар ҳолати рух додани он суғурта анҷом дода мешавад; 

- тарифи суғуртавӣ – арзиши воҳиди рўйпўшкунии суғуртавӣ;

- сирри суғуртавӣ – сирри тиҷоратии суғурташаванда, шахси суғурташуда ё фоидагиранда ва ё маълумоти дигар оид ба суғурташаванда, шахси суғурташуда ё фоидагиранда, ки дар амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва шахси фаъолияти миёнаравии суғуртавиро анҷомдиҳанда (агент, брокер) маълум гардидааст;

- пардохти суғуртавӣ – маблағи пулӣ, ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда (фоидагиранда) дар доираи маблағи суғуртавӣ ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба шахси суғурташуда мепардозад;

- мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) – маблағи пулии дар шартнома дарҷшуда, ки онро суғурташаванда уҳдадор аст ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо тартиб ва дар муҳлатҳои дар шартномаи суғурта муқарраргардида пардохт намояд;

- маблағи суғуртавӣ – маблағи пулие, ки ба он объекти суғуртавӣ суғурта карда шудааст ва он ҳаҷми ниҳоии масъулияти ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) ҳангоми  рух додани ҳодисаи суғуртавӣ дар бар мегирад;

- ҳодисаи суғуртавӣ – воқеае, ки ҳангоми рух додани он ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи қонун ва шартномаи суғурта бояд пардохти суғуртавиро (пардохти ҷуброни суғуртавиро) анҷом диҳад;

- ҷуброни суғуртавӣ – маблағе, ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи шартномаи суғуртавӣ ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ барои пўшонидани зарари ба молу мулки суғурташуда расонида пардохт менамояд;

- захираҳои суғуртавӣ – уҳдадориҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз рўи шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ), ки дар асоси ҳисобҳои актуарӣ арзёбӣ мегарданд;  

- агенти суғуртавӣ – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба ташкили бастани шартномаҳои суғурта аз ном ва бо супориши ташкилоти суғуртавӣ анҷом медиҳад;

- брокери суғуртавӣ – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба хизматрасонии брокери суғуртавӣ барои анҷом додани амалиёти ҳуқуқӣ ва дигар амалҳо нисбати бастан, тағйир додан, қатъ намудан ва иҷрои шартномаҳои суғуртаро бо супориши шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (суғурташавандагон) аз номи худ, вале аз ҳисоби шахсони мазкур ё иҷрои амалиёти ҳуқуқӣ, ё дигар амалҳоро нисбати бастан, тағйир додан, қатъ намудан ва иҷрои шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) аз номи суғурташавандагон (азнавсуғурташавандагон) ё ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва аз ҳисоби онҳо иҷро менамояд, инчунин фаъолияти машваратиро оид ба масъалаҳои суғуртавӣ анҷом медиҳад;

- актуарий – шахси воқеие, ки фаъолиятро оид ба ҳисобҳои иқтисодию риёзӣ ба таври касбӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ ё гражданию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд;

- ташкилоти актуарӣ – шахси ҳуқуқие, ки дорои мутахассисони соҳиби ҳуҷҷати иҷозатдиҳандаи аз тарафи мақоми назорати суғуртавӣ додашуда мебошад ва фаъолият оид ба анҷомдиҳии ҳисобҳои иқтисодию риёзии ҳаҷми уҳдадориҳо, меъёри мукофотҳои (ҳаққи) суғуртавиро аз рўи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ, инчунин арзёбии фоидаоварӣ ва даромаднокии намудҳои суғурта, ки аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) гузаронида мешаванд ё ба нақша гирифта мешаванд, бо мақсади таъмин намудани сатҳи зарурии пардохтпазирӣ ва устувории молиявии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) анҷом медиҳад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- адҷастер – шахси воқеие, ки бо арзёбӣ ва танзими зарарҳо машғул буда, намояндаи ваколатдори ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мебошад;

- ташкилоти адҷастерӣ – шахси ҳуқуқие, ки манфиатҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба танзими эродҳои аз ҷониби суғурташаванда пешниҳодшударо вобаста ба ҳодисаи суғуртавӣ намояндагӣ менамояд, инчунин хавфро баъди ҳодисаи суғуртавӣ арзёбӣ намуда, уҳдадориҳои ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) ба асос гирифта, маблағи ҷуброни суғуртавиро муайян менамояд ва хулосаи экспертӣ тартиб медиҳад;  

- ассистанс – аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ  пешниҳод намудани кумак дар шакли пулӣ ва (ё) аслию моддӣ тавассути мусоидати техникӣ ё тиббӣ ба суғурташавандае (шахси суғурташудае, фоидагирандае), ки дар натиҷаи рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ҳангоми саёҳат ё дур будан аз ҷойи истиқомат ба ҳолати душвор дучор омадааст;

- ташкилоти ассистансӣ – шахси ҳуқуқие, ки ба суғурташавандагон (шахсони суғурташуда, фоидагирандагон) дар натиҷаи рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ҳангоми саёҳат ё дур будан аз ҷойи истиқомат ба душворӣ дучор омадаанд, хизматрасониро пешниҳод менамояд;

- сюрвейери суғуртавӣ – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки оид ба азназаргузаронӣ ва ташхиси объекти суғуртавӣ то бастани шартномаи суғурта, гузаронидани таҳлили далелҳо ва ҳолатҳои хавфнок, муайян намудани дараҷаи хавф, тартибдиҳии хулосаи экспертӣ нисбати объекти суғуртавии таҳқиқшаванда хизмат мерасонад;

- аннуитет (рента) – маблағи пулие, ки аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ ба шахси воқеӣ тибқи шартномаи (созишномаи) басташуда давра ба давра дар давоми якчанд сол ё якумра пардохта мешавад;

- суғуртаи аннуитетӣ – намуди суғуртаи шахсӣ, ки бастани шартномаҳои суғуртаро аз рўи пардохтҳои дарозмуҳлат ва амалӣ намудани пардохтҳои суғуртавии давриро дар шакли нафақа ё аннуитет (рента) ҳангоми ба синну соли муайян расидани шахси суғурташуда, гум кардани қобилияти  меҳнатӣ (вобаста ба синну сол,  бо сабаби маъюбӣ ё беморӣ), фавти саробон, бекорӣ ё дар ҳолатҳои дигаре, ки ба камшавӣ ё аз даст додани даромадҳои шахсии суғурташуда оварда мерасонанд, пешбинӣ менамояд;

- шартномаи суғурта – шартномае, ки тибқи он суғурташаванда уҳдадор аст ҳаққи суғуртавиро мутобиқи шартнома пардохт намояд ва ташкилоти суғуртавӣ уҳдадор аст ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавии бо шартнома пешбинишуда ба суғурташаванда ё шахси сеюм (фоидагиранда), ки ба фоидаи ў шартнома баста шудааст, пардохти суғуртавиро (пардохти ҷуброни суғуртавиро) анҷом диҳад;

- пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) – иттиҳодияи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки фаъолияти суғуртавиро аз рўи намудҳои алоҳидаи суғуртавӣ ё хавфҳои суғуртавӣ дар асоси шартномаи рафоқати оддӣ (шартнома дар бораи фаъолияти муштарак) якҷоя бо мақсади таъмини устувории фаъолияти суғуртавӣ амалӣ менамоянд;

- портфели суғуртавӣ – маҷмўи ҳама шартномаҳои суғуртавии басташуда;

- полиси суғуртавӣ – ҳуҷҷате, ки воқеияти баста шудани шартномаи суғурта ва тибқи талаботи шартномаи мазкур мавриди амал қарор гирифтани уҳдадориҳои ташкилоти суғуртавиро оид ба пардохти ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) тасдиқ менамояд; 

- регресс – ҳуқуқи талаби бозпаси тарафҳои муносибати суғуртавӣ оид ба ҷуброни маблағи пардохтшуда;

- ҳодисаи нохуш – ҳодисаи ногаҳонӣ ва кўтоҳмуддате, ки сарфи назар аз иродаи инсон рух дода, дар натиҷаи он ба ҷисми суғурташуда таъсири берунии механикӣ, барқӣ, кимиёвӣ ё гармӣ расидааст, инчунин аз таъсири офатҳои табиӣ саломатии ў зарар дида, ў маъюб гаштааст ё фавтидааст;

- молик - бенефитсиар (манфиатгир) - як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё микдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо ахд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1573);

- қоидаи суғурта – ҳуҷҷати таҳиянамудаи ташкилоти суғуртавӣ, ки шартҳои анҷомдиҳии суғуртаро оид ба намуди муайяни он муқаррар менамояд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Объекти суғурта ва субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ

1. Манфиатҳои молумулкӣ ё шахсии ғайримолумулкӣ объекти суғурта шуда метавонанд, аз ҷумла суғуртаи вобаста ба:

- ҳаёт, саломатӣ, қобилияти меҳнат, таъминоти нафақавӣ ва дигар манфиатҳои шахси суғурташуда;

- соҳибӣ, идоракунӣ ва истифодаи молу мулк;

- расонидани зарар ба шахси сеюм (воқеӣ ё ҳуқуқӣ) ё худ ба молу мулки ў.

2. Объектҳои суғуртаи ҳаёт манфиатҳои молумулкие мебошанд, ки бо расидани шаҳрвандон ба синну соли муайян ё то ба охир расидани шартномаи суғурта ва ё то рух додани ягон ҳодиса дар ҳаёти шахс, инчунин бо фавти онҳо (суғуртаи ҳаёт) алоқаманданд.

3. Объектҳои суғуртаи умумӣ:

- манфиатҳои молумулкии вобаста ба расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон, инчунин бо фавти онҳо дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё беморӣ (суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо);

- манфиатҳои молумулкии вобаста ба пардохти маблағ ҷиҳати ташкил ва расонидани ёрии тиббию доруворӣ (хизматрасонии тиббӣ) ва хизматрасонии дигари дар натиҷаи бад шудани саломатӣ ё ҳолати ҷисмонии шахси суғурташуда, ки ташкил ва расонидани чунин хизматрасонӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда, ки дараҷаи хатари ба ҳаёт ва саломатии шахси воқеӣ таҳдидкунандаро коҳиш медиҳанд ё онҳоро (суғуртаи тиббиро) бартараф мекунанд;

 - манфиатҳои молумулкии вобаста ба хавфи нобудшавӣ (нестшавӣ), норасоӣ ё зарар дидани молу мулк (суғуртаи молу мулк);

- манфиатҳои молумулкии суғурташаванда (шахси суғурташуда) вобаста ба хавфи нагирифтани даромад, пайдоиши хароҷоти пешбининагардидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (суғуртаи хавфҳои молиявӣ);

- манфиатҳои молумулкии вобаста ба хавфи пайдошавии зарар аз фаъолияти соҳибкорӣ бинобар риоя накардани уҳдадориҳо аз ҷониби контрагентҳои соҳибкор ё худ тағйирёбии шартҳои ин фаъолият, ки бо ҳолатҳои ба соҳибкор новобаста, аз ҷумла бо хавфи ба даст наовардани даромадҳои пешбинишуда (суғуртаи хавфи соҳибкорӣ);

- манфиатҳои молумулкии вобаста ба хавфи фарорасии ҷавобгарӣ барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва ба молу мулки шаҳрвандон, молу мулки шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои дигар, инчунин хавфҳои фарорасии ҷавобгарӣ барои риоя накардани шартнома.

4. Ҳангоми бастани шартномаи суғурта ба якҷоякунии объектҳои суғуртаи умумии сархатҳои якум бо дуюм, инчунин сархатҳои аз сеюм то шашуми қисми 3 ҳамин модда пешбинигардида роҳ дода мешавад.

5. Субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ иштирокчиёни бозори суғурта мебошанд.

 

Моддаи 4. Шаклҳо, соҳаҳо, гурўҳҳо ва намудҳои суғурта

1. Бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани танзими давлатӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти суғуртавӣ суғурта ба шаклҳо, соҳаҳо, гурўҳҳо ва намудҳо ҷудо карда мешавад.

2. Суғурта дар шаклҳои ихтиёрӣ, ҳатмӣ ва ҳатмии давлатӣ амалӣ мегардад.

3. Суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси шартномаи суғурта ва қоидаҳои суғуртакунӣ, ки шартҳои умумӣ ва тартиби амалигардонии онро муайян менамоянд, амалӣ мегардад.

4. Қоидаҳои суғурта дорои муқаррарот оид ба субъектҳо ва объектҳои суғурта, ҳодисаҳои суғуртавӣ, хавфҳои суғуртавӣ, тартиби муайян намудани маблағи суғуртавӣ, тарифи суғуртавӣ, ҳаққи суғуртавӣ, тартиби бастан, иҷро ва қатъ намудани шартномаҳои суғурта, ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо, муайян намудани ҳаҷми зиён ё зарар, тартиби муайянкунии маблағи пардохти суғуртавӣ (пардохти ҷуброни суғуртавӣ), ҳолатҳои рад кардани пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) ва муқаррароти дигар мебошанд. Қоидаҳои суғурта аз тарафи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ё иттиҳодияҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мустақилона дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур таҳия гардида, бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

5. Суғуртаи ҳатмӣ ба объектҳои афзалиятноки суғурта, ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардида, аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ, новобаста ба шакли моликияташон, ки ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, амалӣ мегардад.

6. Суғуртаи ҳатмии давлатии ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ амалӣ карда мешавад. Ҳаққи суғуртавӣ дар чунин ҳолат аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.

7. Суғурта аз рўи соҳаҳо ба суғуртаи ҳаёт ва суғуртаи умумӣ (яъне гурўҳҳои дигари суғурта, ки ба суғуртаи ҳаёт мансуб нестанд) ҷудо мешавад.

8. Соҳаи «суғуртаи ҳаёт» гурўҳҳои зерини шаклҳои ихтиёрии суғуртаро дар бар мегирад:

- суғуртаи ҳаёт;

- суғурта ҳангоми фарорасии ҳодисаи муайян дар ҳаёт;

- суғуртаи аннуитетӣ.

9. Соҳаи «суғуртаи умумӣ» гурўҳҳои зерини шаклҳои ихтиёрии суғуртаро дар бар мегирад:

- суғурта аз ҳодисаҳои нохуш;

- суғурта дар ҳолати ба беморӣ гирифтор шудан;

- суғуртаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;

- суғуртаи нақлиёти роҳи оҳан;

- суғуртаи нақлиёти ҳавоӣ;

- суғуртаи нақлиёти обӣ;

- суғуртаи борҳо;

- суғуртаи молу мулк аз зарар, ба истиснои гурўҳҳои дар сархатҳои сеюм - ҳафтуми ҳамин қисм зикргардида;

- суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ;

- суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони нақлиёти ҳавоӣ;

- суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони нақлиёти обӣ;

- суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ, ба истиснои гурўҳҳои дар сархатҳои нуҳум - ёздаҳуми ҳамин қисм нишондодашуда;

- суғуртаи қарзҳо;

- суғуртаи ипотекавӣ;

- суғуртаи кафолатҳо;

- суғурта аз дигар талафоти молиявӣ;

- суғуртаи хароҷоти судӣ;

- гурўҳҳои дигари суғурта, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

10. Ҳангоми бастани шартномаи суғурта ташкилоти суғуртавӣ намуди суғуртаро дар шакли ҳуҷҷати дахлдор таҳия намуда, ба суғурташаванда дар доираи як ё якчанд гурўҳҳои суғурта пешниҳод менамояд. Ташкилоти суғуртавӣ ҳуқуқ дорад танҳо баъди бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа  намудани  қоидаҳои суғурта ва гирифтани иҷозатнома бо тартиби муқарраргардида, фаъолият оид ба бастани шартномаи суғуртаро дар шакли шартномаи ҳамроҳшавӣ бо додани полиси суғуртавӣ ба суғурташаванда амалӣ намояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

11. Намуди суғурта маҳсули суғуртавиест, ки ташкилоти суғуртавӣ онро дар шакли санади меъёрӣ таҳия намуда, ба суғурташаванда дар доираи як ё якчанд гурўҳи суғурта тавассути бастани шартномаи суғурта пешниҳод менамояд. Ташкилоти суғуртавӣ ҳуқуқ дорад танҳо баъди бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа намудани қоидаҳои суғурта ва гирифтани иҷозатнома оид ба бастани шартномаи суғурта дар шакли шартномаи ҳамроҳшавӣ бо додани полиси суғуртавӣ ба суғурташаванда фаъолият намояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

12. Ҳар як намуди суғуртаи ҳатмӣ гурўҳи алоҳидаи суғурта ба ҳисоб меравад. Муҳтавои ҳар як гурўҳ дар шакли суғуртаи ҳатмӣ ва талаботи иловагӣ аз рўи шартҳои  гузаронидани он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғуртаи ҳатмӣ муқаррар карда мешавад.

13. Якҷоякунии соҳаҳо ва гурўҳҳои суғурта аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

14. Аз рўи шартномаҳои суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ хавфи худи суғурташаванда ва танҳо ба манфиати ў суғурта шуда метавонад.

 

Моддаи 5. Кафолатҳои давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ

1. Давлат риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти суғуртавиро кафолат медиҳад.

2. Дахолати мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигар ба фаъолияти субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ роҳ дода намешавад, агар он ҳуқуқҳои мақоми назорати суғуртавиро, ки бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, халалдор насозад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

3. Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 6. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти суғуртавӣ

Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти суғуртавӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 2. БОЗОРИ СУҒУРТА

 

Моддаи 7. Иштирокчиёни касбии бозори суғурта

1. Фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар асоси иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ амалӣ мегардад, ба истиснои фаъолияти актуарийҳо, ки аз ҷониби мақоми мазкур аттестатсия карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

2. Маълумот дар бораи иштирокчиёни касбии бозори суғурта бо тартиби муқарраркардаи мақоми назорати суғуртавӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

3. Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта  маълумотро дар бораи иштирокчиёни касбии бозори суғурта, номи он, макони ҷойгиршавӣ, роҳбар, иштирокчиён (саҳмдорон), рақам, таърихи додан, муҳлати эътибори иҷозатнома, намуди фаъолияти суғуртавӣ, ки ба амалигардонии он иҷозатнома дода шудааст, намудҳои суғурта, ки дар доираи намуди мувофиқи фаъолияти суғуртавӣ (барои ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила) амалӣ мегарданд, номи сомонаи расмии иштирокчиёни касбии бозори суғурта, филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва макони ҷойгиршавии онҳо, дар бораи қабули қарор оид ба боздошт, барқароркунии амали иҷозатнома ё бозхонди иҷозатнома, сабабҳо ва таърихи аз Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта бароварданро дар бар мегирад.

4. Дар ҳолати тағйирёбии маълумот оид ба иштирокчиёни касбии бозори суғурта маълумоти мазкур дар муҳлати на дертар аз панҷ рўзи корӣ баъд аз санаи тағйирёбии он ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид карда мешавад.

5. Номи (номи фирмавии) иштирокчии касбии бозори суғурта - шахси ҳуқуқӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- шакли ташкилию ҳуқуқии иштирокчии касбии бозори суғурта;

- намуди фаъолияти иштирокчии касбии бозори суғурта бо истифодаи калимаи «суғуртакунӣ» ва (ё) «азнавсуғуртакунӣ» ё «суғуртакунии мутақобила», ё худ «брокери суғуртавӣ», инчунин калимаҳои аз чунин калимаву ибораҳо сохташуда;

- нишонаи фардикунонии иштирокчиёни касбии бозори суғурта.

6. Иштирокчии касбии бозори суғурта - шахси ҳуқуқӣ барои пурра истифода бурдани номи иштирокчии дигари касбии бозори суғурта ҳуқуқ надорад. Муқаррароти мазкур ба ҷамъиятҳои фаръӣ ва филиалҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта татбиқ намегарданд. 

 

Моддаи 8. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)

1. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар шакли ҷамъияти саҳомӣ ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ташкилоти давлатии суғуртавӣ дар шакли корхонаи воҳиди давлатӣ таъсис дода мешавад. 

2. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) чунин вазифаҳоро амалӣ менамояд:

- арзёбии хавфҳои суғуртавӣ;

- гирифтани ҳаққи суғуртавӣ;

- ташаккул додани захираҳои суғуртавӣ;

- пурра намудани дороиҳо;

-  муайян намудани андозаи зиён ё зарар;

- анҷом додани пардохти  суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ);    

- дигар амалҳои вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои шартномаи суғурта.

3. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо мақсади гирифтани даромади иловагӣ, инчунин ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузории (маблағгузории) захираҳои суғуртавии муваққатан озод машғул шаванд.

4. Ҳангоми таъсис додани ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва амалигардонии фаъолият бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ бояд талаботи зерин риоя карда шаванд:

- сармоягузори хориҷӣ уҳдадор аст ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохтпазирии ў ва хулосаи аудиториро (то санаи охирин) пешниҳод намояд;

- на кам аз 50 фоизи аъзои мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавиро, ки бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ таъсис ёфтааст, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил диҳанд;

- ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки розигии пешакии мақоми назорати суғуртавиро барои зиёд намудани андозаи сармояи оинномавӣ аз ҳисоби маблағи сармоягузорони хориҷӣ ва (ё) ҷамъиятҳои фаръии онҳо барои бегонакунии саҳмияҳои худ (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ) ба манфиати сармоягузорони хориҷӣ (аз ҷумла, барои фурўш ба сармоягузорони хориҷӣ) гирад, саҳмдорони ватанӣ (иштирокчиён) бошанд, уҳдадоранд, ки розигии пешакии мақоми назорати суғуртавиро барои бегонакунии саҳмияҳои (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии) ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) ба онҳо тааллуқдошта ба манфиати сармоягузорони хориҷӣ ва (ё) ҷамъиятҳои фаръии онҳо гиранд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) таъсисёбанда ва ташкилоти суғуртавии бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ ташкилшаванда уҳдадоранд, ки андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавиро дошта бошанд, ки он дар лаҳзаи гирифтани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ пурра ва дар шакли пулӣ  бо пули миллӣ пардохт гардида бошад.

5. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо мақсади расонидани маълумот дар бораи фаъолияти худ ба суғурташавандагон, шахсони суғурташуда, фоидагирандагон ва шахсоне, ки хоҳиши бастани шартномаи суғуртаро доранд, бояд сомонаи электронии худро дошта бошад ва дар он иттилооти зерин ҷойгир карда шавад:

- номи пурраи ташкилот, суроға (макони ҷойгиршавӣ), рақами телефонҳо, реҷаи кории ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), филиалҳо ва намояндагиҳои он;

- маълумоти дахлдори хизматӣ дар бораи роҳбарони ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда, аз ҷумла маълумот дар бораи рақами мушаххаси бақайдгирии давлатӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, дар бораи рақами бақайдгирӣ дар Феҳристи ягонаи иштирокчиёни касбии бозори суғурта, инчунин маълумот дар бораи иҷозатномаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва муҳлати амали он;

- номгўи намудҳои суғуртаи амалишаванда;

- қоида ва тарифҳои суғуртавӣ;

- ҳисоботи солонаи муҳосибавии (молиявии) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо хулосаи аудитории тасдиқкунандаи эътимоднокии он барои соли ҳисоботӣ;

- ҳисоботи молиявии солонаи маҷмўӣ бо хулосаи аудитории тасдиқкунандаи эътимоднокии он барои се соли ҳисоботии гузашта;

- рейтингҳои ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз ҷониби агентиҳои рейтингӣ додашуда (дар ҳолати соҳибшавӣ);

- маълумот дар бораи фаъолияти ташкилоти суғуртакунанда (азнавсуғуртакунӣ), таҷрибаи кори он тибқи намудҳои суғурта;

- маълумот оид ба иштирок дар иттиҳодияҳои касбӣ, иттифоқҳо, пулҳо ва ассотсиатсияҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- маълумоти дигаре, ки зарурати нашри он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

6. Маълумот оид ба фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки дар қисми 5 моддаи мазкур қайд шудааст, дар муҳлати панҷ рўзи корӣ баъд аз рўзи қабули қарори дахлдор аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар сомонаи он ҷойгир карда мешавад. Дар сурати зарурати бақайдгирии он ё огоҳонидан оид ба қарори қабулкардаи мақоми назорати суғуртавӣ- мувофиқан аз рўзи бақайдгирӣ ё огоҳкунӣ ҷойгир карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 9. Иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта

1. Иштирокчиёни касбии бозори суғурта бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти худ, муаррифӣ ва ҳимояи манфиатҳои умумии аъзои худ метавонанд иттифоқҳо, пулҳо ва ассотсиатсияҳо таъсис диҳанд.

2. Ба Феҳристи иштирокчиёни касбии бозори суғурта маълумот оид ба иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар асоси нусхаи шаҳодатномаҳои бақайдгирии давлатии чунин иттиҳодияҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо, ки ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод шудаанд, ворид мегарданд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 10. Пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)

1. Пулҳои суғуртавӣ барои таъмини устувории молиявии  иштирокчиёни он, аз тарафи онҳо иҷро намудани уҳдадориҳо оид ба пардохти суғуртавӣ (пардохти ҷуброни суғуртавӣ), ки ҳаҷмашон метавонанд аз маблағҳои худии (сармояи) як ташкилоти суғуртавӣ зиёд бошанд, таъсис ёфта, дар асоси принсипҳои суғуртаи муштарак ё азнавсуғуртакунӣ амал менамоянд.

2. Пулҳои азнавсуғуртакунӣ барои васеъ намудани имкониятҳои молиявии аъзои худ тавассути аз тарафи онҳо амалӣ намудани азнавсуғуртакунии қисми барзиёдии нигоҳдории шахсии аъзои пул аз рўи шартномаи суғурта созмон дода мешаванд. Уҳдадориҳо оид ба пардохти суғуртавӣ (пардохти ҷуброни суғуртавӣ), ки аз маблағҳои худии (сармоявии) аъзои  пули суғуртавӣ барзиёданд, аз номи пули суғуртавӣ барои азнавсуғуртакунӣ дода мешаванд.

3. Иштирокчиёни пули азнавсуғуртакунӣ - ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дорои иҷозатнома барои амалисозии азнавсуғуртакунӣ, инчунин ташкилотҳои хориҷии азнавсуғуртакунӣ буда метавонанд. Шумораи иштирокчиёни пули суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) маҳдуд нест.

4. Иштирокчиёни пули суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) принсипу муносибатҳои ягонаро бо шартҳои суғуртакунӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар доираи фаъолияти пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) анҷом дода, табодули маълумот дар бораи шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) оид ба арзёбии хавфҳои суғуртавӣ, муайян намудани зиён ё зарар, мақомоти идоракунии пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), салоҳияти онҳо, тартиби ширкат дар дигар пулҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), расмиёти баромадани иштирокчиёни пули суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз пули дахлдорро муайян менамоянд.

5. Маълумот дар бораи фаъолияти пули суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар сомонаи пули мазкур ё дар сомонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) - пешсафи пули суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир карда мешавад.

6. Хусусиятҳои ташкил ва фаъолияти пулҳои суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 11. Ташкилотҳои фаръии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)

1. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои фаръии худро таъсис диҳанд.

2. Ташкилоти фаръии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқи созмон додан ё доштани ташкилоти фаръиро надорад.

3. Ташкилоти фаръии суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки дар номи худ калимаи «фаръӣ»-ро нишон диҳад ва номи ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) асосиро истифода барад.

 

Моддаи 12. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)

Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо назардошти хулосаи мақоми назорати суғуртавӣ, ки барои бақайдгирии давлатии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дода шудааст, амалӣ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 13. Брокерҳо ва агентҳои суғуртавӣ

1. Фаъолияти брокерҳо ва агентҳои суғуртавӣ аз рўи фаъолияти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ ба манфиатҳои ташкилотҳои суғуртавӣ ё суғурташавандагон бо мақсади ба онҳо расонидани хизмат оид ба интихоби суғурташаванда ва (ё) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), шартҳои суғуртакунӣ (азнавсуғуртакунӣ), барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, бастан ва назорати шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ), ба он дохил намудани тағйирот, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ҳангоми танзими талабот дар ҳолати анҷомдиҳии пардохти суғуртавӣ (пардохти ҷуброни суғуртавӣ), ҳамкорӣ бо ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), амалисозии фаъолияти машваратӣ равона гардидааст. Ҳамин гуна фаъолият, ки аз ҷониби суғурташаванда ва  ташкилоти суғуртавӣ (кормандони он) нисбат ба шахсони суғурташуда анҷом дода мешавад, ба фаъолияти брокер ва агенти суғуртавӣ тааллуқ надорад.

2. Ба сифати брокер ва агенти суғуртавӣ шахсоне, ки доғи судии барҳамнахўрда ё бардоштанашуда доранд ё ин ки дар давоми ду сол ташкилоти суғуртавиро то аз ҷониби мақомоти судӣ муфлис эътироф шудан ё то ба охир расидани се сол аз рўзи муфлис эътироф шудан роҳбарӣ намудаанд, инчунин шахсони дар мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ, ҷамъиятҳои фаръӣ ва вобастаи он мансаб ишғол менамоянд, ҳуқуқи фаъолият намуданро надоранд.

3. Брокер ва агенти суғуртавӣ барои иҷро накардан ё ба таври  номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳое, ки аз фаъолияти онҳо бармеоянд, аз ҷумла, барои ифшои маълумоти сирри тиҷоратии ташкилоти суғуртавӣ ва маълумоти шахси суғурташаванда, оид ба дурустӣ, воқеият, пуррагӣ ва сари вақт пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аз ҷониби онҳо иҷро гардидани ваколатҳояшон ҷавобгар мебошанд.

4. Брокер ва агенти суғуртавӣ бо тартиб ва шартҳои дар шартномаи байни ташкилоти суғуртавӣ ва агент ё брокери суғуртавӣ,     ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дар ҳолати гирифтани мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ аз суғурташаванда уҳдадоранд, ки нигоҳдории маблағи пулӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ ва суғурташаванда пешниҳодшударо таъмин намоянд ва ба ташкилоти суғуртавӣ оид ба истифодаи варақаҳои полиси суғуртавиро ҳисобот пешниҳод намоянд, варақаҳои полиси суғуртавии истифоданашуда ва вайронгардидаро баргардонанд.

5. Брокер ва агенти суғуртавӣ ҳуқуқ доранд, ки аз ташкилоти суғуртавӣ маълумот оид ба андозаи сармояи оинномавӣ, захираҳои суғуртавӣ, иҷозатнома барои амалигардонии суғуртакунӣ, азнавсуғуртакунӣ, муҳлати фаъолият ба сифати субъекти фаъолияти суғуртавӣ, оид ба намуд ва шартҳои суғуртакунии амалишавандаро талаб кунанд.

6. Брокер ва агенти суғуртавӣ наметавонанд аз рўи шартномаҳои суғуртаи ба фоидаи шахсони сеюм аз ҷониби онҳо басташуда, худро ба сифати фоидагиранда дарҷ кунанд. Ташкилоти суғуртавӣ, новобаста ба услубҳо, муҳлати амалигардонии полиси суғуртавӣ ва санаи ба ташкилоти суғуртавӣ ворид гардидани мукофоти суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) аз ҷониби суғурташаванда ба брокер ва агенти суғуртавӣ интиқолшуда, уҳдадор аст шартномаҳои суғуртаи аз ҷониби брокер ва агенти суғуртавӣ аз номи он ва (ё) ба манфиатҳои ташкилоти суғуртавӣ басташударо иҷро намояд.

7. Агентҳои суғуртавӣ ба суғурташавандагон, шахсони суғурташуда, фоидагирандагон, шахсоне, ки хоҳиши бастани шартномаи суғуртаро доранд, маълумот оид ба фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ, инчунин тибқи талаби онҳо маълумот оид ба фаъолияти худ, ваколатҳо ва ном, аз ҷумла, рақами телефон, реҷаи корӣ, макони ҷойгиршавӣ (барои агенти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ), номгўй ва арзиши хизматрасонии худро пешниҳод менамоянд.

8. Ташкилотҳои суғуртавӣ ҳангоми бастани шартномаи хизматрасонӣ бо брокери суғуртавӣ номгўи хизматрасонии аз ҷониби брокери суғуртавӣ пешниҳодшаванда, ҳуқуқу уҳдадориҳои он, тартиби иҷрои шартнома, муҳлати амали он, арзиши хизматрасонӣ (андозаи маблағи ҳавасмандгардонии брокери суғуртавӣ), тартиби ҳисоббаробаркунӣ, аз он ҷумла тартиб ва муҳлати ба ташкилоти суғуртавӣ аз ҷониби брокери суғуртавӣ интиқол намудани  маблағҳои пулии барои пардохти шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ)  гирифташударо (агар чунин фаъолият аз ҷониби брокери суғуртавӣ амалӣ гардад) муайян менамоянд.

9. Дар сурати ба манфиати ташкилоти суғуртавӣ аз ҷониби брокери суғуртавӣ амалӣ намудани фаъолияти миёнаравӣ ў уҳдадор аст дар ин бора суғурташавандаро огоҳ намояд ва ҳуқуқи аз рўи як шартномаи суғурта аз ташкилоти суғуртавӣ ва суғурташаванда гирифтани маблағи ҳавасмандгардонӣ барои хизмати расонидашударо надорад. Брокерҳои суғуртавӣ ҳуқуқ доранд, ки фаъолияти дигари хизматрасонии вобаста ба суғурта ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашударо, ба истиснои фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ, азнавсуғуртакунӣ ва агенти суғуртавӣ, амалӣ созанд. Брокер ва агенти суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд хизматрасониро аз рўи суғуртаи ҳатмӣ амалӣ намоянд.

10. Брокерҳои суғуртавие, ки маблағҳои пулиро аз суғурташавандагон (азнавсуғурташавандагон) ба ҳисоби пардохти шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) қабул менамоянд, маблағи мазкурро ба суратҳисоби бонкии худ барои интиқол ба ташкилоти суғуртавӣ дар муҳлати на дертар аз се рўзи корӣ ворид менамоянд. Брокерҳои суғуртавӣ ҳуқуқи анҷомдиҳии амалиёти дигарро бо истифодаи маблағи аз рўи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ба суратҳисоби мазкур воридшуда надоранд.

11. Фаъолияти брокерҳои суғуртавии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои амалигардонии фаъолияти миёнаравӣ, ба сифати брокери суғуртавӣ иҷро намудани азнавсуғуртакунӣ иҷозат дода мешавад.

12. Брокери суғуртавӣ уҳдадор аст тибқи талаби суғурташаванда маълумотро оид ба номи худ, макони ҷойгиршавӣ, иҷозатнома барои амалигардонии фаъолияти миёнаравӣ ба сифати брокери суғуртавӣ, номгўи хизматрасонии ташкилоти суғуртавие, ки ба манфиатҳои он суғуртакунӣ амалӣ мегардад, пешниҳод намояд. Брокери суғуртавӣ маълумотро оид ба иштирок кардан ё накардан (бо нишон додани саҳм) дар сармояи оинномавии ташкилоти суғуртавӣ, намуд ва шартҳои суғуртакунӣ, инчунин таҳлили натиҷаҳои хизматрасонии суғуртавиро бо назардошти талаботи суғурташаванда пешниҳод менамояд.

13. Брокери суғуртавӣ ба ташкилоти суғуртавӣ маълумотро оид ба хавфи суғуртавӣ, объекти суғурта, предмети суғурта, эҳтиёҷи он  ба суғуртакунӣ, ки аз суғурташаванда дастрас намудааст, инчунин маълумот ва ҳуҷҷатҳои дигарро барои бастан ва идома додани шартномаи суғурта ва иҷрои уҳдадориҳои худ бо тартиб ва ҳаҷме, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи байни ташкилоти суғуртавӣ ва брокери суғуртавӣ муқаррар намудаанд, пешниҳод менамояд.

14. Назорати фаъолияти брокери суғуртавӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ, инчунин иҷрои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои бо шартномаи байни ташкилоти суғуртавӣ ва брокери суғуртавӣ пешбинигардида аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ амалӣ  гардонида мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

15. Брокер ва агенти суғуртавӣ уҳдадоранд, ки ба суғурташаванда, шахси суғурташуда, фоидагиранда, инчунин шахсоне, ки хоҳиши бастани шартномаи суғуртаро доранд, аз рўи дархости онҳо мафҳумҳои дар қоида ва шартномаи суғурта мавҷударо фаҳмонанд. Брокер ва агенти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ уҳдадоранд, маълумоти дар қисмҳои 7 ва 12 моддаи мазкур пешбинигардидаро дар сомонаи худ ҷойгир намоянд.

16. Ташкилотҳои суғуртавӣ феҳристи агентҳо ва брокерҳои суғуртавиро, ки бо онҳо шартнома оид ба хизматрасонии вобаста ба суғуртаро бастаанд, пеш мебаранд ва маълумотро (насаб, ном, номи падар (дар ҳолати мавҷудият) ё номи брокер ва агенти суғуртавӣ, рақами шаҳодатнома ё шартнома) дар сомонаи худ ҷойгир менамоянд.

17. Фаъолияти агентҳои суғуртавӣ ва брокерҳои суғуртавӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии вобаста ба бастан ва иҷро намудани шартномаҳои суғурта (ба истиснои шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ) ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ ё брокерҳои суғуртавии хориҷие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ва барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома нагирифтаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

 

Моддаи 14. Актуарийҳои суғуртавӣ (ташкилоти актуарӣ)

1. Актуарийҳои суғуртавӣ бо супориши ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) намудҳои зерини хизматрасониро анҷом медиҳанд:

- баҳисобгириҳои эҳтимолии рух додани воқеаҳои суғуртавӣ, муайян намудани такроршавӣ ва дараҷаи вазнинии оқибати зарари расонидашуда дар гурўҳҳои алоҳидаи хавфҳо ва аз рўи маҷмўи суғуртавӣ;

- асосноккунии хароҷоти зарурӣ барои ташкили раванди суғуртакунӣ ва ҳисоб намудани арзиши аслии хизматрасонии суғуртавӣ;

- муқаррар намудани андозаи тариф оид ба ҳар як намуди суғурта (азнавсуғуртакунӣ) бо дарназардошти хусусияти дарозмуддат ва кўтоҳмуддат будани амалисозии онҳо барои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- арзёбии натиҷаҳои фаъолияти сармоягузории ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо истифодаи ҳисобҳои актуарӣ;

- банақшагирии даромадҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз рўи намудҳои гуногуни суғурта (азнавсуғуртакунӣ).

2. Актуарийи суғуртавӣ бояд забони давлатиро донад, дорои таҳсилоти олии математикӣ, техникӣ ё иқтисодии бо ҳуҷҷати дахлдори тасдиқгардидаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, инчунин шаҳодатномаи тахассусии тасдиқкунандаи дониши ў дар соҳаи ҳисобҳои актуарӣ бошад.

 

Моддаи 15. Адҷастерҳои суғуртавӣ (ташкилоти адҷастерӣ)

1. Адҷастерҳои суғуртавӣ бо супориши ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) намудҳои зерини хизматрасониро амалӣ менамоянд:

- азназаргузаронӣ ва ташхиси объекти суғуртавӣ баъд аз рух додани ҳодисаи суғуртавӣ;

- таҳлили далелҳо ва ҳолатҳои ба миён омадани хавфи ҳодисаи суғуртавӣ;

- муқаррар намудани сабабҳои осеббинии объекти суғуртавӣ, расонидани зиён ё зарар ба объекти мазкур ва мавҷуд будани ҳодисаи суғуртавӣ;

- ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ - муқаррар намудани дараҷаи осеб ва андозаи зараре, ки дар натиҷаи ҳодисаи суғуртавӣ расонида шудааст;

- муайян намудани маблағи ҷуброни суғуртавии пардохтшаванда;

- тартиб додани хулоса (санад) оид ба ҳодисаи суғуртавӣ барои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).

2. Адҷастерҳои суғуртавӣ фаъолияти худро тибқи шартномаи бо ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) басташуда амалӣ менамоянд.

3. Хулосаи (санади) тартибдодаи адҷастерҳои суғуртавӣ, метавонад дар мавриди ҷуброни зарар ва ҳалли баҳсҳо аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) истифода бурда шавад.

4. Адҷастерҳои суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд ба сифати ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) амалиёти суғуртавӣ ва азнавсуғураткуниро анҷом диҳанд, фаъолияти миёнаравиро оид ба суғуртакунӣ амалӣ намоянд ва дар фондҳои оинномавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) саҳмгузор бошанд.

 

Моддаи 16. Ассистанси суғуртавӣ

1. Ҳаққи хизматрасонии ассистанси суғуртавиро ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бе иштироки суғурташавандагон (шахсони суғурташуда) пардохт менамояд.

2. Ассистанси суғуртавӣ ҳуқуқ надорад, ки ба сифати ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) амалиёти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакуниро  анҷом диҳад, фаъолияти миёнаравиро оид ба суғуртакунӣ амалӣ намояд ва дар фондҳои оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) саҳмгузор бошад.

 

Моддаи 17. Сюрвейери суғуртавӣ

1. Сюрвейери суғуртавӣ фаъолияти худро мутобиқи шартномае, ки бо ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ё суғурташаванда бастааст, иҷро менамояд.

2. Сюрвейери суғуртавӣ ҳуқуқ надорад, ки ба сифати ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) амалиёти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакуниро  анҷом диҳад, фаъолияти миёнаравиро оид ба суғуртакунӣ амалӣ намояд ва дар фондҳои оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) саҳмгузор бошад.

 

Моддаи 18. Суғурташаванда

1. Суғурташаванда шартномаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии манфиатҳои шахсӣ, молумулкӣ ва ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ мебандад.

2. Суғурташаванда метавонад шартномаҳои суғуртаи шахсии шахсони сеюмро ба манфиати охирин (шахсони суғурташуда)бандад.

3. Барои гирифтани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) аз рўи шартномаҳои суғурта суғурташаванда ҳуқуқ дорад ҳангоми бастани шартномаҳои суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ шахсони сеюм (фоидагирандагон)-ро дарҷ намояд, инчунин дар давоми амали шартномаи суғуртавӣ аз рўи салоҳдиди худ онҳоро иваз намояд.

4. Суғурташаванда ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ ҳуқуқи интихоби ташкилоти суғуртавиро дорад.

 

БОБИ 3. АМАЛИСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ

 

Моддаи 19. Ҳодисаи суғуртавӣ

1. Ҳангоми суғуртаи ҳатмӣ ва ҳатмии давлатӣ намудҳои ҳодисаҳои суғуртавӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми суғуртаи ихтиёрӣ бо шартномаи суғуртавӣ муайян карда мешаванд.

2. Далели рух додани ҳодисаи суғуртавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор ва дигар маълумот, ки боэътимод будани онҳо боиси шубҳа намегардад, бо қарори суд ва дигар мақомот, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси хулосаи дахлдори экспертӣ муқаррар карда мешавад.

3. Асосноккунии ҳодисаи суғуртавии рухдода ва зарари расонидашуда бо гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳодисаи мазкур аз мақомоти дахлдор ба зиммаи суғурташаванда вогузор карда мешавад. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ суғурташаванда ҳуқуқи аз ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) талаб намудани маблағи суғуртавии дахлдор (ҷуброни суғуртавӣ) ва иҷрои уҳдадориҳои дигарро пайдо мекунад, ки онҳоро шартномаи суғурта ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар навбати худ аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадории дахлдор ба вуҷуд меояд.

 

Моддаи 20. Маблағи суғуртавӣ, пардохти суғуртавӣ ва ҷуброни суғуртавӣ

1. Андозаи маблағи суғуртавӣ, пардохти суғуртавӣ ва ҷуброни суғуртавӣ дар асоси шартномаи суғуртавӣ муайян карда мешаванд. Ҳангоми суғуртаи ҳатмӣ ва ҳатмии давлатӣ онҳо набояд аз андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кам бошанд. 

2. Тартиб ва муҳлати додани маблағи суғуртавӣ, пардохти суғуртавӣ ва ҷуброни суғуртавӣ ҳангоми суғуртаи ихтиёрӣ бо шартномаи суғуртавӣ муайян карда мешаванд.

3. Ҳангоми суғуртаи молу мулк маблағи суғуртавӣ наметавонад аз арзиши воқеии молу мулк (арзиши суғуртавӣ) дар лаҳзаи бастани шартнома зиёд бошад. Маблағи суғуртавии дар шартнома дарҷгардида мавриди баҳси тарафҳо қарор гирифта наметавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ташкилоти суғуртавӣ исбот намояд, ки суғурташаванда онро ба иштибоҳ андохтааст. Агар маблағи суғуртавии бо шартнома муайяншуда аз арзиши суғуртавии молу мулк (арзиши молу мулк) зиёд бошад, шартномаи суғурта дар он қисми маблағи суғуртавӣ, ки он аз арзиши суғуртавии  молу мулк (арзиши  молу мулк) дар лаҳзаи бастани шартнома зиёд аст, эътибор надорад.  

4. Ҳангоми суғуртаи молу мулк ё масъулият ҷуброни суғуртавӣ набояд аз ҳаҷми зарари воқеӣ, ки ба суғурташаванда (шахси суғурташуда) расидааст, зиёд бошад.

5. Агар маблағи суғуртавӣ аз арзиши суғуртавии  молу мулк кам бошад, ҳаҷми ҷуброни суғуртавӣ тибқи таносуби маблағи суғуртавӣ ба арзиши суғуртавии молу мулк  коҳиш меёбад, агар дар шартномаи суғурта тартиби дигар  пешбинӣ нашуда бошад.

6. Агар молу мулк аз ҷониби якчанд ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба он маблағе, ки дар маҷмўъ аз арзиши суғуртавии молу мулк зиёд аст, суғурта шуда бошад (суғуртаи дукарата), ҷуброни суғуртавии аз ҳамаи ташкилотҳои суғуртавӣ оид ба суғуртаи мазкур гирифташаванда набояд аз арзиши суғуртавии молу мулк зиёд бошад. Дар ин ҳолат ҳар як ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷуброни суғуртавиро мутаносибан ба натиҷаи тақсими арзиши суғуртавии  молу мулк ба маблағи суғуртавии умумӣ аз рўи ҳама шартномаҳои суғурта пардохт менамояд.

7. Шартномаи суғуртаи молу мулк метавонад бо қарори ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) иваз намудани ҷуброни суғуртавиро бо ҷуброни зарар (пурра ё қисман) дар шакли молумулкӣ (аслӣ) (дар доираи ҷуброни суғуртавӣ) пешбинӣ намояд.

8. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқ дорад, ки назорати беосеб нигоҳ доштани молу мулки суғурташударо анҷом диҳад ва дар ҳолати муқаррар намудани далелҳои муносибати бесарусомонона ё нигоҳдории номатлуби молу мулки суғурташуда ба суғурташавандагон оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида таъиноти барои иҷро ҳатмӣ пешниҳод намояд ва дар сурати иҷро накардани он ҳуқуқ дорад андозаи маблағи суғуртавиро кам кунад.

9. Ҳангоми суғуртаи ихтиёрии шахсӣ маблағи суғуртавӣ бо шартномаи суғуртавӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми суғуртаи ихтиёрии шахсӣ ба суғурташаванда (шахси суғурташуда, фоидагиранда), новобаста ба додани маблағ аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин шартномаи суғуртавии дигар ё бо тартиби ҷуброни зарар, пардохти суғуртавӣ дода мешавад.

10. Пардохти маблағи суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ, пардохти суғуртавӣ) аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда дар асоси ҳуҷҷатҳо ва хулосаҳои тиббӣ,  мақомоти судӣ, тафтишотӣ ва ташкилотҳои дахлдори дигар анҷом дода мешавад.

11. Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки пардохти ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро) аз рўи шартномаи суғуртаи масъулият анҷом додааст, дар доираи ин маблағ ҳуқуқи талаби регрессӣ нисбат ба шахси гунаҳкор, ки бо айби ў ба суғурташаванда ё шахсони сеюм зиён  (зарар) расонида шудааст, мегузарад. Агар суғурташаванда аз даъвои худ нисбат ба шахси мазкур ё аз ҳуқуқҳое, ки иҷрои ин талаботро таъмин менамоянд, даст кашад, дар ин ҳолат ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз пардохти он қисми ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ), ки бояд аз ин шахс меситонид, озод карда мешавад.

12. Агар суғурташаванда ё шахсе, ки ба манфиати ў пардохти ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) анҷом дода мешавад, ҷуброни пурраи зиёнро (зарарро) аз шахси гунаҳкори зиёнрасонида (зараррасонида) гирифта бошад, дар ин сурат ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз додани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) озод мегардад. Ҳангоми аз тарафи шахси гунаҳкор қисман додани ҷуброни зиён (зарар), ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пардохти ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро) бо дарназардошти маблағе, ки шахси мазкур аз шахси гунаҳкор гирифтаст, анҷом медиҳад.

13. Дар лаҳзаи аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагиранда аз рӯи шартномаи суғурта пардохт намудани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ухдадор аст расмиёти зерини санҷиши дахлдори суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагирандаро аз рӯи шартномаи суғурта анҷом диҳад:

  • ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҷои истиқомати суғурташаванда ё молик- бенефитсиар ва фоидагирандаи шахси воқеиро талаб намояд, шахсияти онҳоро муайян кунад ва санҷад;
  • ном, рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи ташкилоти хориҷӣ, рақами бақайдгирии давлатӣ, ҷойи бақайдгирии давлатӣ ва ҳуқуқ ба моликият, инчунин суроғаи маҳалли ҷойгиршавии суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагирандаи шахси ҳуқуқиро муайян намояд.
  1. Пеш аз он ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда ё молик - бенефитсиар ва фоидагиранда ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ)-ро аз рӯи шартномаи суғурта пардохт намояд, ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ухдадор аст, ки шахси сиёсии бонуфуз будан ё набудани суғурташаванда ё молик- бенефитсиар ва/ё фоидагиранда, инчунин дорои хавф будани онҳоро тибқи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» муайян намуда, чораҳои дахлдор андешад. Дар сурати ошкор кардани хавф ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки пеш аз пардохт намудани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ) аз рӯи шартномаи суғурта оид ба ахд/амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни зикргардида хабар диҳад.
  2. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро на камтар аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ ва баста шудани суратҳисоб нигоҳ дорад (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1573).

 

Моддаи 21. Суғуртаи муштарак

1. Ҳангоми мавҷуд будани созишномаи дахлдор оид ба суғуртаи муштараки байни ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), яке аз онҳо метавонанд ташкилотҳои дигари суғуртавиро дар муносибатҳои бо суғурташавандагон доштаашон муаррифӣ намоянд ва дар назди охирин танҳо аз рўи ҳиссаи худ масъул монанд.

2. Ҳангоми суғуртаи муштарак шартҳои шартномаи суғурта тибқи қоидаҳои суғуртаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муайян карда мешаванд, ки ба худ  вазифаҳо ва салоҳияти ташкилоти суғуртавии пешбарро бо шартҳои муайянкардаи шартномаи суғуртаи муштарак қабул кардааст. Ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дар шартномаи суғуртаи муштарак ширкаткунанда ҳуқуқ доранд шартномаҳои суғуртавиро бо  шартҳои дигар, ки дар қоидаҳои онҳо аз рўи намуди суғуртаи мазкур пешбинӣ нашудааст, банданд.

3. Дар суғуртаи муштарак иштироки он ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки дар иҷозатномаи ў намуди суғуртаи мазкур дарҷ нагардидааст, манъ аст.

 

Моддаи 22. Азнавсуғуртакунӣ

1. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқ дорад иҷрои қисми уҳдадориҳои худро оид ба суғуртакунӣ дар ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар  бо роҳи азнавсуғуртакунӣ таъмин намояд.

2. Азнавсуғуртакунӣ ба намудҳои мутаносиб ва номутаносиб тақсим мешавад. Мавҷуд будани иҷозатномаи азнавсуғуртакунӣ ба соҳиби иҷозатнома ҳуқуқ медиҳад, ки фаъолиятро дар самти азнавсуғуртакунии мутаносиб ва номутаносиб амалӣ намояд.

3. Ҳангоми азнавсуғуртакунии мутаносиб ташкилоти азнавсуғуртакунӣ ба зиммаи худ уҳдадорӣ қабул менамояд, ки пардохти ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро)  ҳангоми фарорасии шартҳои бо шартномаи суғуртавии дахлдор пешбинишуда дар  ҳаҷми мутаносиби ҳиссаҳои уҳдадориҳои суғуртавӣ, ки аз ташкилоти суғуртавӣ (седент) аз рўи шартномаи азнавсуғуртакунӣ қабул кардааст, анҷом диҳад.

4. Ҳангоми азнавсуғуртакунии номутаносиб ташкилоти азнавсуғуртакунӣ ба зиммаи худ уҳдадорӣ қабул менамояд, ки пардохти ҷуброни суғуртавии (пардохти суғуртавии) ҳаҷми зарарро ба андозаи зиёда аз миқдори маблағҳои нигоҳдории худии ташкилоти суғуртавӣ (седент) дар ҳолати ба амал омадани шартҳои бо шартномаи суғуртавии дахлдор пешбинишуда амалӣ намояд.

5. Муносибати байни ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки қисми масъулияти худро медиҳад ва ташкилоти суғуртавие (азнавсуғуртакуние), ки масъулияти мазкурро ба зимма мегирад, тибқи шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба танзим дароварда мешавад. Дар ин маврид уҳдадории ташкилоти суғуртавӣ (седент) дар назди суғурташаванда пурра боқӣ мемонад.

6. Супоридани минбаъдаи қисми хавфи пардохт аз рўи шартномаи азнавсуғуртакунӣ аз ҷониби ташкилоти азнавсуғуртакунӣ ба ташкилотҳои азнавсуғуртакунии дигар иҷозат дода мешавад.

7. Азнавсуғуртакунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки уҳдадориҳои суғуртавии қабулнамударо аз ҳисоби маблағҳои худӣ рўйпўш карда наметавонанд, ҳатмӣ мебошад.

8. Азнавсуғуртакунии хавфҳоро ҳам дар ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом додан мумкин аст.

9. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ бо азнавсуғуртакунӣ фаро гирифта намешавад.

10. Ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон амалкунанда (муштарак ё пурра бо сармояи хориҷӣ таъсисёфта) ҳуқуқи қабул намудани хавфро ба азнавсуғуртакунӣ аз рўи намудҳои суғуртае, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома гирифтаанд,  доранд.

11. Азнавсуғуртакунӣ ба тарзи факултативӣ (ихтиёрӣ) ва облигаторӣ (ҳатмӣ) амалӣ мегардад:

- ҳангоми азнавсуғуртакунии факултативӣ (ихтиёрӣ) ташкилоти суғуртавӣ (седент) ва ташкилоти азнавсуғуртакунӣ бо уҳдадориҳои шартномавии пешакӣ алоқаманд нестанд. Қарор дар бораи зарурат ва ҳаҷми азнавсуғуртакунӣ, инчунин оид ба додани хавфҳо ба азнавсуғуртакунӣ аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ (седент) ва ташкилоти азнавсуғуртакунӣ аз рўи ҳар як хавф бо тартиби алоҳида қабул карда мешавад. Азнавсуғуртакунии ихтиёрӣ дар сурате истифода бурда мешавад, агар хавфи ба азнавсуғуртакунӣ додашаванда тибқи шартномаи азнавсуғуртакунии амалкунанда пўшонида нашавад;

- азнавсуғуртакунии облигаторӣ (ҳатмӣ) тибқи шартнома амалӣ гардида, дар асоси он як шахс (ташкилоти азнавсуғуртакунӣ) мувофиқи маблағи муайянгардида, яъне мукофоти азнавсуғуртакунӣ (ҳаққи азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор мегардад, ки ҳиссаи хавфи муқарраршудаи шахси дигарро (ташкилоти суғуртакуниро, азнавсуғурташавандаро) ба  масъулияти худ гирад.

12. Ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ дар ҳолати мавҷуд набудани ташкилотҳои азнавсуғуртакунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд на камтар аз 5 фоизи хавфҳои аз рўи шартномаҳои асосии суғурта дар ташкилотҳои азнавсуғуртакунии хориҷӣ қабулшударо, ки рейтинги баланди байналмилалӣ доранд, аз нав суғурта кунанд.

 

Моддаи 23. Суғуртаи ҷамъшаванда

1. Суғуртаи рух додани воқеаи муайян дар ҳаёти шахси суғурташуда ҳангоми ба вуқўъ омадани ҳодисаи пешакӣ дарҷгардида амалисозии пардохти суғуртавиро ба андозаи маблағи муқарраршуда пешбинӣ менамояд.

2. Суғуртаи ҳаёт бо иштироки суғурташаванда дар даромади сармоягузории ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) маҷмўи намудҳои суғуртаи ҷамъшаванда мебошад, ки анҷомдиҳии пардохти суғуртавиро бо маблағи қайдшуда ё пардохтҳои суғуртавиро бо намуди нафақа ё аннуитет (рента) дар ҳолатҳои фавти шахси суғурташуда ё дар давоми зиндагии ў то ба охир расидани муҳлати суғурта ё то синну соли дар шартномаи суғурта муайянгардида ба он шарте, ки суғурташаванда (шахси суғурташуда, фоидагиранда) дар фоидаи дар натиҷаи фаъолияти маблағгузорӣ, афзоиши маблағи суғуртавӣ ва воридшавии мукофоти суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) иловагӣ ташкилоти суғуртавӣ бадасторанда ширкат меварзад, пешбинӣ менамояд. Тартиби иштироки  шахси суғурташуда (фоидагиранда) дар даромаде, ки ташкилоти суғуртавӣ дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ (маблағгузорӣ) ба даст меорад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 24. Мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ)

1. Мукофоти суғуртави (ҳаққи суғуртави)-ро суғурташаванда бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохт менамояд.

2. Андозаи мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) аз рўи шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ тибқи маблағи суғуртавӣ, ки суғурташаванда бо ташкилоти суғуртавӣ мувофиқа кардаанд, муайян карда мешавад.

3. Андозаи мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) аз рўи суғуртаи ҳатмии давлатӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4.  Андозаи мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) аз рўи суғуртаи ҳатмӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ тибқи дастурамали тасдиқнамудаи ў барои ҳар як намуди мушаххаси суғуртаи ҳатмӣ, ки бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа гардидааст, муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

5. Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти ҳаққи суғуртавиро ҳангоми суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ ташкилоти суғуртавӣ бо розигии суғурташаванда дар асоси шартнома муқаррар менамояд.

6. Корфармоён - шахсони ҳуқуқӣ  уҳдадоранд бо супориши кормандони худ, ки шартномаи суғуртаи ихтиёрии аз ҳодисаҳои нохуш ё ҳаётро бастаанд, аз ҳисоби музди меҳнати онҳо (даромадашон) ҳаққи суғуртавиро нигоҳ дошта, ба суратҳисоби  ташкилоти суғуртавӣ гузаронанд.

7. Ташкилоти суғуртавӣ ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми зиёдшавии хавфи рух додани ҳодисаи суғуртавии объекти суғурташуда, бо розигии суғурташаванда андозаи ҳаққи суғуртавиро баланд намояд, агар ҳудуди ҷадвали ҳаққи суғуртавӣ (тарифҳо) чунин имкониятро дода тавонад.

 

Моддаи 25. Тарифи суғуртавӣ

1. Тарифи суғуртавӣ ҳамчун меъёри андозаи ҳаққи суғуртавӣ мустақилона аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ бо назардошти объекти суғурта ва хусусияти хавфи суғуртавӣ муайян карда мешавад.

2. Ташкилотҳои суғуртавӣ уҳдадоранд тарифҳои суғуртавии аз лиҳози актуарӣ (иқтисодӣ) асоснокшударо, ки тибқи услуби баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ анҷом дода мешаванд, истифода намоянд.

3. Талабот нисбат ба услуби баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ, аз ҷумла ба таркиб ва мазмун, тарз ва принсипҳои баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ (андозаи тарифҳои асосӣ ва коэффитсиенти онҳо ё ифодаи ниҳоии коэффитсиентҳои нишондодашуда) аз рўи намудҳои суғурта, нисбат ба тартиби истифодаи маълумоти оморӣ аз рўи намудҳои суғуртаро мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

БОБИ 4. ТАЪМИНИ УСТУВОРИИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

ВА ПАРДОХТПАЗИРИИ ТАШКИЛОТҲОИ СУҒУРТАВӢ (АЗНАВСУҒУРТАКУНӢ)

 

Моддаи 26. Шартҳои таъмини устувории молиявию иқтисодӣ ва пардохтпазирии

ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)

1. Кафолатҳои таъмини устувории молиявӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тарифҳои суғуртавии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда, захираҳои суғуртавии кофӣ барои иҷрои уҳдадориҳо (оид ба суғуртакунӣ, суғуртаи муштарак, азнавсуғуртакунӣ ва суғуртаи мутақобила), маблағҳои худӣ (сармоя), азнавсуғуртакунӣ мебошанд.

2. Маблағҳои худии (сармояи) ташкилотҳои суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ (ба истиснои ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила) сармояи оинномавӣ, сармояи захиравӣ, сармояи иловагӣ, фонди ҳавасмандгардонӣ, инчунин фоидаи тақсимнашударо дар бар мегиранд.

3. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд маблағҳои худиро (сармояро) дар асоси шартҳои гуногуншаклӣ, бозоргирӣ, баргардонӣ ва даромаднокӣ  сармоягузорӣ (маблағгузорӣ) намоянд.

4. Мақоми назорати суғуртавӣ вобаста ба тахассуси ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва хусусияти шартҳои намудҳои суғурта, номгўи дороии барои сармоягузорӣ иҷозатдодашуда, инчунин тартиби сармоягузории маблағҳои захираҳои суғуртавиеро, ки талаботи пешбинишударо ба эмитентҳои коғазҳои қиматнок ё барориши коғазҳои қиматнок, ба таркиби дороие, ки ҷойгиршавии маблағҳои худӣ дар он иҷозат дода шудааст, муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

5. Сармоягузории маблағҳои худӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мустақилона ё ба тарзи додани қисми маблағҳо ба идоракунии ба боварӣ асосёфтаи ташкилоти идоракунанда анҷом дода мешавад.

6. Ташкилотҳои суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ (ба истиснои ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобила) бояд дорои сармояи (фонди) оинномавии ҳадди ақалли пурра бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда бошанд, ки андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

7. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадоранд талаботи устувории молиявӣ ва пардохтпазириро дар қисмати ташаккулёбии захираҳои суғуртавӣ, тартиб ва шартҳои сармоягузории (маблағгузории) маблағҳои худӣ (сармоя) ва маблағҳои захираҳои суғуртавӣ, таносуби меъёрии маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулкарда, инчунин  дигар талаботро, ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар кардаанд, риоя намоянд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

8. Тартиби ҳисобкунии таносуби меъёрии маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи (аз ҷумла, муайянсозии нишондиҳандаҳои барои чунин ҳисобкунӣ истифодашаванда) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

9. Дар ҳолати аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)  риоя нагардидани таносуби меъёрии маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои ба зиммагирифта ташкилоти мазкур уҳдадор аст, ба мақоми назорати суғуртавӣ нақшаи солимгардонии вазъи молиявиро пешниҳод намояд, ки нисбат ба он талаботи мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар мегардад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 27. Захираҳои суғуртавӣ

1. Барои таъмини иҷрои уҳдадориҳо оид ба суғуртакунӣ, азнавсуғуртакунӣ ва суғуртаи мутақобила ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) захираҳои суғуртавиро ташкил медиҳанд.

2. Ташаккулёбии захираҳои суғуртавӣ бо мақсади анҷомдиҳии пардохтҳои суғуртавии (ҷубронҳои суғуртавии) минбаъда аз рўи шартномаҳои суғуртакунӣ, азнавсуғуртакунӣ ва иҷрои амалҳои дигар тибқи шартномаҳои мазкур (уҳдадориҳои суғуртавӣ) бояд ба арзёбии актуарии уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) асос ёбад.

3. Ташкилоти суғуртавӣ уҳдадор аст маблағҳои захиравии суғуртавиро бо шартҳои диверсификатсия, бозоргирӣ, баргардонӣ ва даромаднокӣ бо тартиби тасдиқнамудаи мақоми назорати суғуртавӣ сармоягузорӣ ё бо тарзи дигар ҷойгир намояд. Ташкилотҳои суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд маблағҳои захиравии суғуртавиро барои сармоягузории векселҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷойгир намоянд ва аз ҳисоби маблағҳои захиравии суғуртавӣ қарз диҳанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

4. Сармоягузории маблағҳои захиравии суғуртавиро ташкилотҳои суғуртавӣ мустақилона ё бо роҳи додани қисми маблағҳо ба идоракунии ба боварӣ асосёфтаи ташкилоти идоракунанда анҷом медиҳанд.

5. Ташаккулёбии захираҳои суғуртавӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

6. Маблағҳои захираҳои суғуртавӣ танҳо барои иҷрои уҳдадориҳои суғуртавӣ истифода мегарданд.

 

Моддаи 28. Интиқоли портфели суғуртавӣ

1. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) метавонад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст уҳдадориҳоро аз рўи шартномаҳои суғурта (портфели суғуртавӣ) ба як ё якчанд ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ба истиснои ҷамъиятҳои суғуртавии мутақобилаи ба талаботи устувории молиявӣ ва пардохтпазирӣ ҷавобгў, бо назардошти уҳдадориҳои азнавқабулшуда ва дорои иҷозатнома оид ба амалисозии намудҳои суғурта, ки аз рўи онҳо портфели суғуртавӣ (ивази ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) интиқол дода мешавад, супорад.

2. Пурра ё қисман интиқол намудани портфел бе розигии пешакии мақоми назорати суғуртавӣ ба ҷо оварда намешавад. Ҳангоми интиқол намудани портфели суғуртавӣ ва гузашт намудани созишнома ба ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар ҳуқуқи суғурташавандагон набояд халалдор гардад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

3. Ба таркиби портфели суғуртавии интиқолшаванда дохил мешаванд:

- уҳдадориҳо аз рўи шартномаҳои суғурта, ки ба захираҳои суғуртавии ташаккулёфта мувофиқ мебошанд;

- дороие, ки барои пўшонидани захираҳои суғуртавии ташаккулёфта қабул гардидааст.

4. Асосҳои интиқоли портфели суғуртавӣ ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) чунин мебошанд:

- бозхонди иҷозатномаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)  барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ бо ташаббуси мақоми назорати  суғуртавӣ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- риоя нашудани талаботи муқарраргардидаи устувории молиявӣ ва пардохтпазирӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки ба бадшавии вазъи молиявии он оварда мерасонад, агар интиқоли портфели суғуртавӣ бо нақшаи барқарорсозии пардохтпазирии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пешбинӣ шуда бошад;

- қабули қарор аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба азнавташкилкунӣ ё барҳамдиҳӣ;

- қабули қарор аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба ихтиёран рад кардани амалисозии фаъолияти суғуртавӣ ё намудҳои  алоҳидаи суғуртакунӣ;

- асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудааст.

5. Интиқоли портфели суғуртавӣ дар асоси шартнома оид ба интиқоли портфели суғуртавии байни ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) интиқолдиҳандаи портфели суғуртавӣ ва ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) қабулкунандаи портфели суғуртавӣ басташуда, инчунин санади қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ  анҷом дода мешавад. Талабот ба мазмуни шартнома ва санади қабулу интиқоли зикргардида аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

6. Ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) интиқолдиҳандаи портфели суғуртавӣ дар сомонаи худ хабарномаро оид ба мақсади интиқолдиҳии портфели суғуртавӣ ҷойгир менамояд, инчунин ин хабарномаро дар нашрияҳои муайяннамудаи мақоми назорати суғуртавӣ нашр менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

7. Рад кардани ивазкунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунии)  ба қатъшавии пеш аз муҳлати шартномаи суғуртавӣ ва ба суғурташаванда баргардонидани қисми мукофоти суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) мутаносибан ба фарқи байни муҳлати шартномаи суғурта басташуда ва муҳлате, ки дар давоми он шартномаи мазкур амал кардааст ё ба пардохти маблағи харидашаванда аз рўи шартномаи суғуртаи ҳаёт анҷом меёбад.

8. Ташкилоти суғуртавие (азнавсуғуртакуние), ки портфели суғуртавиро қабул менамояд, уҳдадор аст:

- санҷиши мутобиқати шартномаҳои суғуртавиро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилоти мазкур аз рўи шартнома оид ба интиқоли портфели суғуртавӣ ташкил намояд;

- ба ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) интиқолдиҳандаи портфели суғуртавӣ маълумотро дар бораи фаъолият ва вазъи молиявии худ пешниҳод намояд;

- ба ташкилотҳои азнавсуғуртакунӣ оид ба ивазкунии азнавсуғурташаванда дар шартномаҳои азнавсуғуртакунии аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) басташуда, ки интиқолдиҳандаи портфели суғуртавӣ аст ва ба зиммаи ташкилоти қабулкунанда гузаштани иҷрои уҳдадориҳои шартномаҳои суғуртавии дар портфели суғуртавии интиқолшуда дохил гардидаанд, хабар медиҳад;

- амалиёти дигарро, ки аз шартнома оид ба интиқолдиҳии портфели суғуртавӣ бармеояд, иҷро менамояд.

 

Моддаи 29. Баҳисобгирӣ ва ҳисобот

1. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) баҳисобгирии муҳосибавӣ, ҳисоботи муҳосибавӣ (молиявӣ), ҳисоботи оморӣ, инчунин ҳисоботи дигари барои амалисозии назорат дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ зарурро (минбаъд - ҳисобот бо тартиби назорат) анҷом медиҳанд.

2. Дар ҳисобот бо тартиби назорат маълумоти зерин дарҷ мегарданд:

- таносуби меъёрии маблағҳои худии (сармояи) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва уҳдадориҳои қабулгардида;

- таркиб ва андозаи захираҳои суғуртавии ташаккулёфта ва натиҷаҳои тағйирёбии онҳо;

- таркиб ва сохтори дороие, ки дар он маблағҳои худии (капитали) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир шудаанд;

- таркиб ва сохтори дороие, ки дар он маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир шудаанд;

- амалиёт оид ба азнавсуғуртакунӣ бо нишон додани маълумот дар бораи азнавсуғурташаванда ва ташкилоти азнавсуғуртакунӣ;

- сохтори натиҷаи молиявии фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз рўи намудҳои алоҳидаи суғуртакунӣ;

- ҳайати саҳмдорон (иштирокчиён) ва ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- маълумоти дигаре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми назорати суғуртавӣ пешбинӣ гардидааст.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

3. Талаботи баҳисобгирии муҳосибии амалиёт оид ба суғуртакунӣ, суғуртаи муштарак, азнавсуғуртакунӣ  ва суғуртаи мутақобила (аз ҷумла хусусиятҳои истифодаи нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ), инчунин хусусиятҳои ташаккулёбии маълумоти дар ҳисоботи муҳосибии (молиявии) ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) кушодашаванда, аз ҷумла, намунаҳои шаклҳои ҳисоботҳои муҳосибӣ (молиявӣ) бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар  мегарданд.

4. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳисоботи оморӣ ва ҳисобот оид ба назоратро аз рўи шакл ва тартиби аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ муқарраршуда таҳия менамоянд ва ин ҳисоботҳо ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод мегарданд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

5. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳисоботҳои муҳосибиро (молиявиро) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мураттаб месозанд.

6. Брокерҳои суғуртавӣ ҳисоботҳои омориро аз рўи шакл ва бо тартибе, ки мақоми назорати  суғуртавӣ муқаррар кардааст, таҳия намуда, онҳоро ба мақоми назорати  суғуртавӣ пешниҳод менамоянд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

7. Шарт ва шакли пешниҳоди ҳисоботҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва брокерҳои  суғуртавиро дар шакли ҳуҷҷатҳои электронӣ ва таносуби назоратии нишондиҳандаи онро мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар намуда, ба маълумоти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва брокерҳои суғуртавӣ на дертар аз рўзи охирини давраи ҳисоботии дахлдор бо роҳи ҷойгир намудани маълумоти мазкур дар сомонаи расмии худ анҷом медиҳад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

8. Ташкилоти  болоии суғуртавии гурўҳҳои суғуртавӣ уҳдадор аст ба мақоми назорати  суғуртавӣ ҳисобот оид ба тартиби  назоратро дар асоси муттаҳидгардонӣ аз рўи шакл, тартиб ва дар муҳлате, ки онҳоро мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар кардааст, пешниҳод намояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

9. Мақоми назорати суғуртавӣ дар сомонаи расмии худ маълумоти маҷмўӣ оид ба фаъолият ва ҳисоботи субъектҳои фаъолияти суғуртавиро ҷойгир менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 30. Назорати дохилӣ

1. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст низоми назорати дохилии таъминкунандаи ноилшавӣ ба мақсадҳои зеринро ташкил кунад:

- самаранокӣ ва натиҷагирии (аз ҷумла, безарарии) фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳангоми иҷро намудани  амалиёти суғуртавӣ ва амалиёти дигар;

- самаранокии идоракунии дороиҳо, аз ҷумла таъмини ҳифзи онҳо, маблағҳои худӣ (сармоя), захираҳои суғуртавӣ ва уҳдадориҳои дигари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- самаранокии идоракунии хавфҳои ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунӣ (ошкорсозӣ, арзёбии хавфҳо, муайянсозии  дараҷаи кофии хавфҳои базиммагирифтаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), чораҷўӣ оид ба нигоҳдории сатҳи хавфҳо, ки ба устувории молиявӣ ва пардохтпазирии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таҳдид намекунад);

- боэътимодӣ, пуррагӣ, воқеияти ҳисоботҳои муҳосибӣ (молиявӣ), ҳисоботи оморӣ, ҳисобот оид ба тартиби назорат, таҳия ва пешниҳоди саривақтии чунин ҳисобот;

- риояи қоидаҳои одоб, принсипҳои касбият ва салоҳиятнокӣ аз  ҷониби кормандони ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1573).

2. Мутобиқи ваколатҳои муайяннамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилию фармоишии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) назорати дохилиро анҷом медиҳанд:

- мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- сармуҳосиби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)  (муовинони ў);

- аудитори дохилии (хадамоти аудити дохилии) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- шахси мансабдор, сохтори таркибии барои риояи қоидаҳои назорати дохилӣ ва татбиқи барномаҳо оид ба амалисозии онҳо масъул, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» таҳия гардидаанд (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1573);

- актуарий;

- кормандон ва сохторҳои таркибии дигари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мутобиқи ваколатҳои бо ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилию фармоишии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муайянгардида.

 

Моддаи 31. Аудити дохилӣ

1. Бо мақсади таъмини  сатҳи зарурии боэътимодии назорати дохилӣ, арзёбии самараи он ва санҷиши мутобиқати фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоида ва стандартҳои иттиҳодияҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба муқаррароти ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилию фармоишӣ ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аудити дохилиро ташкил намуда, бо ин мақсад шахси мансабдорро таъин менамояд ва ё сохтори таркибиро таъсис медиҳад.

2. Бо мақсади таъсиси аудити дохилӣ ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) низомнома дар бораи ташкил ва амалисозии аудити дохилиро тасдиқ менамояд, ки он иборат аст аз:

- мақсад ва вазифаҳои аудити дохилӣ;

- объектҳои аудити дохилӣ мутобиқи шаклҳои идоракунии хавфҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- шаклу усулҳои аудити дохилӣ;

- тартиби амали аудитори дохилӣ, хадамоти аудити дохилӣ ҳангоми ошкорсозии норасоиву камбудиҳо дар фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- таркиби ҳисобот оид ба натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашуда, шаклу тартиби пешниҳоди он;

- тартиби амалисозии назорат (аз ҷумла, гузаронидани санҷишҳои такрорӣ) оид ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ошкоркардаи аудитори дохилӣ, хадамоти аудити дохилӣ дар фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- тартиби иттилоотонии саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ, аъзои ҷамъияти суғуртакунии мутақобила доир ба норасоиҳои аз ҷониби мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ роҳдодашуда, ҳангоми қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорони (иштирокчиён) ташкилоти суғуртавӣ, инчунин маҷлиси умумии аъзои ҷамъияти суғуртаи мутақобила;

- ваколат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аудитори дохилӣ, хадамоти аудити дохилӣ;

- шакл ва тартиби арзёбии хавфҳо ва самараноки идоракунии хавфҳо;

- тартиби амалӣ намудани арзёбии мақсаднок ва босамар будани амалиёт ва муомилоти анҷомёбанда;

- шакл ва тартиби амалӣ намудани санҷиши таъмини нигоҳдории дороӣ;

- шакл ва тартиби иштирок дар гузаронидани таҳлили ҳолати молиявии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- муқаррароти дигаре, ки ба қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

3. Низомнома дар бораи аудити дохилиро Шўрои директорони (Шўрои назоратии) ташкилоти суғуртавӣ ё дар ҳолати набудани он, маҷлиси умумии саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ, маҷлиси умумии аъзои ҷамъияти суғуртаи мутақобила тасдиқ менамояд.

4. Аудитори дохилӣ ва роҳбари хадамоти аудити дохилӣ дар асоси қарори Шўрои директорони (Шўрои назоратии)  ташкилоти суғуртавӣ, раёсати ҷамъияти суғуртаи мутақобила ба вазифа таъйин ва аз  вазифа озод мегарданд ва ба  Шўрои директорони (Шўрои назоратии) ташкилоти суғуртавӣ, маҷлиси умумии аъзои ҷамъияти суғуртаи мутақобила тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд ё дар ҳолати мавҷуд набудани Шўрои директорони (Шўрои назоратии) ташкилоти суғуртавӣ дар асоси қарори маҷлиси умумии саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод гардида, ба маҷлиси умумии саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд.

5. Ба шахси ба вазифаи аудитори дохилӣ ё роҳбари хадамоти аудити дохилӣ таъйиншуда  дар ду (чанд) вазифа кор кардан иҷозат дода намешавад.

6. Аудитори дохилӣ ва роҳбари хадамоти аудити дохилӣ метавонанд ба ҳайати комиссияи санҷишии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) шомил гарданд.

7. Аудитори дохилӣ, роҳбар ва кормандони хадамоти аудити дохилӣ, ки пештар вазифаҳоро дар сохторҳои дигари таркибии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ишғол менамуданд, метавонанд баъд аз гузаштани дувоздаҳ моҳ аз рўзи хотимаёбии кор дар  ин сохторҳои таркибӣ дар санҷиши фаъолияти сохторҳои мазкур ширкат варзанд.

8. Аудитори дохилӣ, хадамоти аудити дохилӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:

- санҷиш ва таъмини самараи фаъолияти низоми назорати дохилии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- санҷиши мутобиқати фаъолияти ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо ва стандартҳои иттиҳодияҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва дохилии ташкилию-фармоишии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- санҷиши риояи қоидаҳои назорати дохилӣ ва татбиқи барномаҳои амалисозии он аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» таҳия гардидаанд (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1573);

- санҷиши эътимоднокӣ, пуррагӣ, воқеияти ҳисобот ё маълумоти дигари дархостшаванда ва пешниҳоди саривақтии  он аз ҷониби сохторҳои таркибии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)  (аз ҷумла, муассисаҳои мустақил) ба мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- таҳлили сабабҳои роҳ додан ба камбудиву норасоиҳо дар натиҷаи санҷиши фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ошкоргардида;

- додани тавсия оид ба пешгирии камбудиву норасоиҳо, ки дар натиҷаи санҷиши қаблии фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) камбудиву норасоиҳои ба ин монанд ошкор гардида буданд;

- арзёбии хавфҳо ва самаранокии идоракунии онҳо;

- амалисозии арзёбии мақсаднок ва босамари амалиёту муомилот;

- амалисозии санҷиши таъмини нигоҳдории дороӣ;

- ширкат дар таҳлили  вазъи молиявии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва таҳияи номгўи чорабинӣ оид ба пешгирӣ аз муфлисшавӣ;

- мувофиқасозии ҳисоботҳо, аз ҷумла ҳисоботҳои фосилавӣ оид ба иҷрои ҳар як чорабинӣ, ки тибқи нақшаи барқарорсозии пардохтпазирии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пешбинӣ гардидааст;

- амалисозии санҷиши эътимоднокӣ, пуррагӣ, воқеияти ҳисоботу маълумотҳо бо назардошти нақшаи барқарорсозии пардохтпазирии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҳисоботҳо, аз ҷумла ҳисоботҳои фосилавӣ оид ба иҷрои ҳар як чорабинии бо нақшаи барқарорсозии пардохтпазирии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пешбинишуда ба мақоми назорати суғуртавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин назорати пешниҳоди саривақтии онҳо.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

9. Аудитори дохилӣ ва хадамоти аудити дохилӣ ҳуқуқ доранд:

- санҷиши ҳама самтҳои фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), аз ҷумла филиалҳо ва воҳиди дигари мустақил ва кормандони ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) амалӣ намоянд;

- аз роҳбарон ва кормандони ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва сохтори таркибии он ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумоти барои амалисозии ваколатҳои худ зарурро гиранд;

- ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумотҳо, аз ҷумла ба файлҳои компютерии  иттилоотӣ, бе ҳуқуқи ворид намудани тағйирот ба онҳо дастрасӣ дошта бошанд.

10. Аудитори дохилӣ ва хадамоти аудити дохилӣ уҳдадоранд:

- нигоҳдорӣ ва баргардонидани ҳуҷҷатҳо, мавод ва маълумоти аз воҳидҳои сохтории ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) гирифтаро таъмин намоянд;

- ҳангоми амалисозии ваколатҳои худ махфияти маълумоти гирифтаро риоя намоянд;

- оид ба ҳамаи холатҳои норасоӣ ва камбудиҳо, ки дар натиҷаи санҷиши фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ошкор гардидаанд, мақоми иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), мақоми дастҷамъии иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва роҳбари воҳиди сохтории ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) огоҳ намоянд;

- назоратро оид ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ошкоргардида, риояи чораҳои тавсиянамудаи аудитори дохилӣ ва хадамоти аудити дохилӣ бо мақсади пешгирии содир накардани  норасоӣ ва камбудиҳои ба ин монанд дар фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) амалӣ намоянд.

11. Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда аудитори дохилӣ ва хадамоти аудити дохилӣ ҳисоботҳои семоҳа тартиб дода, ба мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҳисоботҳои солонаро ба маҷлиси умумии ҳарсолаи саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавӣ, аъзои ҷамъияти суғуртаи мутақобила пешниҳод менамоянд.

12. Ҳисоботҳои зикршуда дар баробари маълумот оид ба норасоиву камбудиҳои дар натиҷаи санҷиши фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ошкоргардида ва дар бораи оқибатҳои онҳо маълумоти ҷараёни бартарафсозии норасоиву камбудиҳои  қаблан ошкоргардидаро доро мебошанд.

13. Дар ҳолати ошкор гардидани норасоиҳо аз рўи натиҷаи санҷиш, дар шакли қабули қарор аз ҷониби мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳмдорон (иштирокчиён) мансуб, аудитори дохилӣ, роҳбари хадамоти аудити дохилӣ дар шакли хаттӣ саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти суғуртавиро, ки зиёда аз як фоизи саҳмияҳоро доро мебошанд (ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавии ташкилоти суғуртавӣ), на дертар аз понздаҳ рўз аз лаҳзаи ошкор гардидани чунин норасоиҳо хабар медиҳанд.

14. Бо дархости мақоми назорати суғуртавӣ ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст ҳисоботҳои аудити дохилӣ ва (ё) хадамоти аудити дохилиро дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод намояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 32. Аудити ҳатмӣ ва нашри ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти

суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)

1. Ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳатман таҳти санҷиши аудитӣ қарор дода мешавад.

2. Ташкилоти аудитӣ аз рўи натиҷаи аудити ҳатмии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст хулосаи аудитӣ оид ба ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) тартиб диҳад, ки он бояд дорои фаслҳо оид ба иҷрои талаботи устувории молиявӣ ва пардохтпазирӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии қабулнамудаи мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар намудааст ва самараи ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

3. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба мақоми назорати суғуртавӣ хулосаи дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодаро якҷоя бо ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солона пешниҳод менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

4. Ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) на дертар аз 1 июли соли навбатии баъд аз соли ҳисоботӣ якҷоя бо хулосаи дар қисми 2 моддаи мазкур нишондодашуда нашр мегардад.

5. Ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) он вақт нашргардида ҳисобида мешавад, агар дар сомонаи расмии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир ё дар воситаҳои ахбори омма, ки дастраси шахсони манфиатдори ин ҳисобот мебошанд, нашр шуда бошад.

6. Маълумот дар бораи нашри ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз ҷониби худи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба мақоми назорати суғуртавӣ бо тартиби аз тарафи мақоми мазкур муқарраргардида пешниҳод мегардад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

7. Хулосаи аудитӣ  оид ба боэътимодии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) солонаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), иҷро гардидани талаботи устувории молиявӣ ва пардохтпазирӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва дар бораи самараи ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) якҷоя бо ҳисоботи мазкур нашр карда мешавад.

 

БОБИ 5. ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ

ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ

 

Моддаи 33. Вазифаҳои танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ

1. Вазифаҳои асосии танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ чунин мебошанд:

- таъсис ва нигоҳдории низоми суғуртавии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули инфрасохтори бозори суғурта;

- танзими бозори суғурта ва назорат аз рўи фаъолияти суғуртавӣ;

- ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон;

- вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғурта муайян намудааст.

2. Сиёсати давлатиро дар соҳаи суғурта мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ амалӣ ва назорати фаъолияти суғуртавиро мақоми назорати суғуртавӣ таъмин менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 34. Назорати фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

1. Назорати фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта (назорати суғуртавӣ) бо мақсади аз ҷониби онҳо риоя намудани қонунгузорӣ дар соҳаи суғурта, огоҳкунӣ ва аз ҷониби иштирокчиён риоя накардани муносибатҳо, ки бо Қонуни мазкур ва қонунгузорӣ дар соҳаи суғурта танзим гардидаанд, таъмини ҳимояи ҳуқуқҳо, манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони дигари манфиатдор ва давлат, рушди босамараи бозори суғурта амалӣ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

2. Назорати суғуртавӣ дар асоси принсипҳои қонуният, ошкорбаёнӣ ва ягонагии ташкилӣ амалӣ мегардад.

3. Назорати суғуртавиро Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

4. Мақоми назорати суғуртавӣ иттилооти зеринро дар матбуоти муайян нашр ва (ё) дар сомонаи худ ҷойгир менамояд:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- тавзеҳоти масъалаҳои мансуб ба вазифаҳои мақоми назорати суғуртавӣ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта, Феҳристи иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта;

- санадҳо оид ба маҳдудкунӣ, боздоштан ё аз нав ба расмият даровардани иҷозатнома барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ;

- санадҳои бозхонди иҷозатнома оид ба амалисозии фаъолияти суғуртавӣ;

- маълумоти дигар оид ба масъалаҳои санҷиш ва назорат дар бораи фаъолияти суғуртавӣ;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ.

5. Назорати суғуртавӣ инҳоро дар бар мегирад:

- иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта, Феҳристи иттиҳодияҳои иштирокчиёни касбии бозори суғурта;

- назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи суғурта  бо роҳи гузаронидани санҷиш ва ҳангоми зарурат гузаронидани санҷиши таъхирнопазири субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- додани хулосаҳо барои бақайдгирии давлатии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);

- мувофиқасозӣ бо мақсади зиёд намудани андозаи сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузории хориҷӣ барои бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ амалӣ намудани муомилот оид ба бегонакунии саҳмияҳои (ҳиссаҳо дар сармояҳои оинномавии) ташкилотҳои суғуртавӣ, барои кушодани намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷии суғуртавӣ, азнавсуғуртакунӣ, брокерӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки фаъолияти суғуртавиро амалӣ менамоянд, инчунин барои кушодани филиалҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо сармоягузории хориҷӣ;

- қабули қарор дар бораи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ оид ба боздошт ва маҳдудкунии ваколатҳои мақоми иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ уҳдадоранд:

- талаботи қонунгузориро дар соҳаи суғурта риоя намоянд;

- ҳисоботҳои муқарраргардида оид ба фаъолият, маълумот оид ба вазъи молиявӣ, инчунин ҳуҷҷатҳо ва маълумотро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- таъиноти мақоми назорати суғуртавӣ дар хусуси бартарафсозии риоя накардани қонунгузорӣ дар соҳаи суғуртаро иҷро намуда, маълумоту ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷро гаштани онро дар муҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод намоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- аз рўи дархости мақоми назорати  суғуртавӣ дар муҳлатҳои муқарраргардидаи ин дархостҳо маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои амалисозии назорати суғуртавӣ зарур, аз ҷумла ҳуҷҷатҳоро оид ба вазъи молиявии худ пешниҳод намоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- ба мақоми назорати суғуртавӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии филиалҳо ва намояндагиҳое, ки берун аз макони ҷойгиршавии субъекти фаъолияти суғуртавӣ ҷойгиранд, бо нишон додани суроғаи (маҳалли ҷойгиршавии) онҳо, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки ваколатҳои роҳбарони онҳоро тасдиқ менамояд, пешниҳод намоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- ҳуҷҷатҳои номзадҳои ба мансабҳои роҳбар ва сармуҳосиби субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ таъиншавандаро ба мақоми назорати суғуртавӣ барои мувофиқа пешниҳод намоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

- ба мақоми ваколатдор оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» доир ба ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок оид ба анҷом додани пардохти суғурта ё гирифтани он  иттилоъ  диҳанд (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1573).

7. Бо мақсади сари вақт ошкор намудани хавфҳои пардохтнопазирии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ мақоми назорати суғуртавӣ бо тартиби муқарраргардида мониторинги фаъолияти субъектҳои фаъолияти суғуртавиро бо истифодаи нишондиҳандаҳои молиявӣ (коэффитсиентҳо), ки тавсифкунандаи вазъи молиявии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ва устувории онҳо нисбати омилҳои хавфҳои дохилӣ ва берунӣ мебошанд, амалӣ менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

8. Мониторинги фаъолияти субъектҳои фаъолияти суғуртавиро мақоми назорати суғуртавӣ дар асоси принсипҳои мустақилият, воқеият, истифодабарии қоидаҳои ягонаи муқарраркунандаи талабот ба субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ, маҷмўӣ, фаврият ва асосноккунии арзёбии фаъолияти онҳо амалӣ менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 35. Пешгирии фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолим  дар бозори суғуртавӣ

Пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва бартарафсозии фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолимро дар бозори суғуртавӣ мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо мақоми назорати суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти зиддиинҳисорӣ таъмин менамоянд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 36. Мақомоти идоракунии  ташкилоти суғуртавӣ  (азнавсуғуртакунӣ)

1. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо тартиби ҳатмӣ мақомоти идоракуниро ташкил медиҳад, ки он аз мақоми идоракунӣ, мақоми иҷроия ва назоратӣ иборат аст.

2. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқии худ, уҳдадор аст дорои мақомоти идоракунӣ, сармуҳосиб, роҳбари аудити дохилӣ ва актуарийи масъул бошад, ба истиснои ҳолатҳои мавҷудияти шартномаи басташуда бо шахси муносиб оид ба ваколатдиҳии вазифаҳои суғуртавӣ, ки бо Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ қабулгардида пешбинӣ гардидааст.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 37. Талаботи тахассусӣ ва дигар талаботе, ки ба роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ

(азнавсуғуртакунӣ) ва брокери суғуртавӣ пешниҳод карда мешаванд        

1. Роҳбарони (аз ҷумла шахсе, ки вазифаи роҳбари ягонаи мақоми иҷроия, роҳбари мақоми дастҷамъонаи иҷроияро амалӣ менамояд) субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ бояд забони давлатиро донад, дорои таҳсилоти олии  иқтисодӣ ё молиявие бошанд, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи таҳсилоти олӣ эътироф шудааст ва дорои собиқаи кори на кам аз дусола ба сифати роҳбари воҳиди субъекти фаъолияти суғуртавӣ ё дигар ташкилоти молиявӣ бошанд.

2. Сармуҳосиби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ҷамъияти суғуртаи мутақобила ва брокери суғуртавӣ ба талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мутобиқат карда, забони давлатиро донад, собиқаи кории  на камтар аз ду сол аз рўи ихтисос дар ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ё дигар ташкилоти молиявӣ дошта бошад.

3. Аудитори дохилӣ ва роҳбари хадамоти аудити дохилӣ бояд забони давлатиро донад, таҳсилоти олии иқтисодӣ, молиявӣ ё ҳуқуқшиносӣ, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти олии мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътироф шудааст ва собиқаи кори на камтар аз ду сол аз рўи ихтисос дар ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), дигар ташкилоти молиявӣ ё аудиторӣ дошта бошад.

4. Ба вазифаи аудитори дохилӣ ва роҳбари хадамоти аудити дохилӣ шахсони зерин таъин шуда наметавонанд, агар онҳо:

- вазифаи роҳбари ягонаи мақоми иҷроия, сармуҳосиби ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) ба уҳда дошта бошанд ва ё ба ҳайати мақоми иҷроияи дастҷамъии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)  давоми ду сол пеш аз таъин шуданашон ба вазифаи аудитори дохилӣ ва роҳбари хадамоти аудити дохилӣ  шомил бошанд;

- саҳмдори (иштирокчии) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бошанд;

- бо роҳбари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ё бо шахсе, ки роҳбари ягонаи мақоми иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мебошад ё ба ҳайати Шўрои директорон (Шўрои назоратӣ) ё мақоми иҷроияи дастҷамъии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) шомил буда ё бо сармуҳосиби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муносибатҳои хешутабории наздик дошта бошанд.

5. Роҳбарон (аз ҷумла, роҳбари ягонаи мақоми иҷроия) ва сармуҳосиби субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ бояд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат кунанд.

6. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки дар шакли хаттӣ мақоми назорати суғуртавиро оид ба таъин ба вазифа ва аз вазифа озод кардани шахсони дар қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда зикргардида дар давоми на дертар аз даҳ рўзи кории баъд аз рўзи қабули чунин қарор огоҳ намояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1487)

 

Моддаи 38. Андозбандии фаъолияти суғуртавӣ

Андозбандии фаъолияти суғуртавӣ мутобиқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 39. Баррасии баҳсҳо

Баҳсҳо вобаста ба фаъолияти суғуртавӣ бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 40. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 41. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010, № 681  «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 840; с. 2014, №3, мод. 154)  аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 42. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

23 июли соли 2016, №1349

 

Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович... Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 20:00
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъерии ҳуқуқӣ

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович... Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 20:03
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:03
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1394
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
24.02.2017
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 17)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1486, аз 23.12.2021 № 1836, аз 22.06.2023 № 1976)
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 октябри соли 2016 № 584
қабул карда шуд.
 
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2017 № 334
ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолонро танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- андрагогика - соҳаи илм, фанни таълимӣ, ки хусусият, шакл ва усулҳои таҳсилоти калонсолонро муайян мекунад;
- андрагог - мутахассиси дорои маҷмӯи дониш, малака ва маҳорати махсус, ки калонсолонро бо назардошти хусусиятҳои хоси таълимӣ ва синнусолии онҳо меомӯзонад;
- валидатсия - эътирофи салоҳияти касбии бадастовардаи таълимгирандаи калонсол дар доираи таҳсилоти ғайрирасмӣ ва ғайриасосӣ, новобаста ба вақт ва ҷойи ба даст овардани онҳо ва аз рӯи натиҷаҳо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (шаҳодатнома);
- курс - шакли таҳсилоти иловагӣ, ки тибқи он дар доираи барномаҳои муайянгардида шунавандагон дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти касбии муайянро ба даст меоранд;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон - муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолияти онҳо ба ташаккули дониш, малака, маҳорат ва барои қонеъ гардондани талаботи маърифатӣ ва касбии таълимгирандагони калонсол равона гардидааст (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023№ 1976);
- низоми таҳсилоти муттасил - низоми муассисаҳои таълимии расмӣ, ғайрирасмӣ ва ғайриасосӣ якҷоя бо шаклҳои гуногуни фаъолияти худомӯзӣ, ки барои шахсони синну соли гуногун дар тӯли ҳаёти онҳо гирифтани таҳсилотро таъмин менамояд;
- салоҳияти касбӣ - қобилияти ба кор бурдани дониш, малака ва маҳорат, амали бомуваффақиятона дар асоси таҷриба ҳангоми ҳалли вазифаҳои умумӣ ё соҳаи муайян;
- таҳсилоти махсус - мукаммал гардондани дониш ва малака, ки барои фаъолияти бомуваффақият дар низоми тақсимоти технологӣ ва ҷамъиятии меҳнат заруранд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976);
- барномаи таълимии модулӣ - ҳуҷҷате, ки маҷмӯи модулҳои таълимиро дар бар гирифта, талабот ба сатҳи азхудкунии салоҳияти таълимгирандагон, мақсаду вазифаҳо, мазмуни таълим ва тарзи ташкили раванди таълимро ифода менамояд;
- баҳодиҳӣ - маҷмуи равандҳое, ки барои арзёбии сифати таҳсилоти касбӣ ва натиҷаи таҳсил тавассути воситаҳои баҳодиҳӣ истифода шуда, бо ҳуҷҷати дахлдори намунаи давлатӣ тасдиқ гардидаанд;
- модули таълимӣ - як қисми анҷомёфтаи барномаи таълимӣ мебошад, ки дар доираи он якчанд курси таълимӣ, фанҳо ё қисмҳои онҳо аз худ карда мешаванд ва як ё якчанд воҳиди салоҳиятро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976);
- таҳсилот дар тӯли ҳаёт - таҳсил, мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ, малака, маҳорат ва салоҳияти касбӣ аз ҷониби шахс дар тамоми умр;
- таҳсилоти калонсолон - маҷмӯи равандҳои таҳсилот, ки бо кумаки он калонсолон салоҳияти касбӣ, қобилият ва дониши худро инкишоф дода, дараҷаи тахассуси касбӣ ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро барои қонеъ гардонидани талаботи худ ва ҷомеа интихоб менамоянд;
- таҳсилоти расмии калонсолон - раванди муттасили таълим, ба дастовардани салоҳияти касбии таълимгирандаи калонсол дар муассисаҳои таълимии аз қайди давлатӣ гузашта;
- таҳсилоти ғайрирасмӣ - раванди таълимии берун аз муассисаи таълимии таҳсилоти расмӣ ҷараёнгиранда, ки додани ҳуҷҷати намунаи давлатиро дар назар надошта, бо неруи зарурӣ ба шароитҳои гуногуни фазоӣ ва вақт фавран мутобиқ шудан, дархостҳои таълимгирандагони синну соли гуногун, рӯоварӣ ба талаботи умумӣ ва шахсии онҳо бо мақсади мутобиқ шудан ба шароитҳои тағйирёбандаи ҳаёт, инчунин худинкишофии эҷодӣ;
- таҳсилоти ғайриасосӣ - азхудкунии номуташаккил ва хусусияти мақсаднок надоштаи таҷрибаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки дар фаъолияти ҳаётии ҳамарӯзаи шахс амалӣ мегардад ва аз хусусияти асосии раванди ба таври дидактикӣ (шакл ва усулҳои таълим) ташкилшуда (дар оила, кор, иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ) маҳрум аст;
- таълимгиранда - хонанда, донишҷӯ, шунаванда, коромӯз ва шогирд;
- таълимгирандаи калонсол - шахси болиғи қобили амали аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ инкишофёфта, ки дорои мустақилияти иқтисодӣ буда, ба рафтораш худ эҳсоси масъулият дорад;
- худомӯзӣ - ба даст овардани дониш, малака, маҳорат ва салоҳият бо роҳи машғулиятҳои мустақилона бе кумаки омӯзгор.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти калонсолон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти калонсолон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсади таҳсилоти калонсолон
1. Таҳсилоти калонсолон бо мақсади мусоидат ба инкишофи шахсияти инсон, такмили муттасили салоҳияти касбӣ, таҳкими неруи эҷодӣ ва қонеъгардонии талаботи калонсолон ба дониш, малака ва маҳорат, мутобиқшавӣ ба вазъи имрӯза, меҳнати касбӣ, инкишофи маънавӣ ва такомули шахсӣ ташкил карда мешавад.
2. Таҳсилоти калонсолон мусоидат менамояд ба:
- инкишофи қобилияти мустақилона, дар гурӯҳ ё дар шароити таълимоти муташаккил дар муассисаҳои таълимии барои ин мақсад махсус таъсисдодашуда ба даст овардани ва салоҳияти нав, ки ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият мусоидат мекунад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976);
- таъмини бошуурона ва самаранок дохилшавии шахс ба меҳнат бо роҳи пешниҳоди таҳсилоти касбӣ, инчунин инкишофи қобилияти мустақилона ё дар гурӯҳ офаридани неъматҳои нави моддӣ ва арзишҳои нави ботинӣ ё эстетикӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976).
Моддаи 4. Вазифаҳои асосии таҳсилоти калонсолон
Вазифаҳои асосии таҳсилоти калонсолон инҳо мебошанд:
- васеъ намудани имконияти интихоб ва қонеъ гардонидани талаботи калонсолон ба таҳсилот ва таъмини сифати хизматрасонии таълимӣ;
- фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс ва васеъ намудани иштироки калонсолон дар раванди таҳсил;
- қонеъ гардондани талаботи калонсолон дар интихоб ва омӯзиши касб, малака, маҳорат, такмили ихтисос, иваз намудани касб ва ба даст овардани салоҳияти касбӣ, ки барои фаъолияти бомуваффақияти меҳнатӣ зарур мебошанд;
- фароҳам овардани шароит барои эътирофи салоҳияти касбии калонсолон новобаста ба вақт ва ҷойи ба даст овардани онҳо (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976);
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976);
- мусоидат ба таълимгирандаи калонсол дар мутобиқшавии иҷтимоӣ, ки фаъолияти самаранокро дар ҷомеа таъмин менамояд;
- ғанӣ гардондани дониш, малака ва маҳорати барои калонсол муҳим, ки ба шахси калонсол барои қонеъ гардондани талаботи таълимӣ зарур мебошад;
- қонеъ гардондани талаботи ҷомеа ба мутахассисони босалоҳият (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976);
- рушди таҳсилоти калонсолон ҳамчун низоми ягонаи таъминкунандаи кафолати ҳуқуқи ҳар як шахс ба таҳсилоти муттасил;
- фароҳам овардани шароит барои ҳамгироии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;
- муҳайё сохтани шароит ва имконият барои таҳсилоти иловагии калонсолон;
- рушди қобилияти хондани мустақилона ва дигаронро омӯзондан.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон инҳоянд:
- эътирофи ҳуқуқ ба таҳсилот дар тӯли ҳаёт;
- дастрас ва ихтиёрӣ будани гирифтани таҳсилот;
- ошкорбаёнӣ дар таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳое, ки ба манфиатҳои аҳолии калонсол дар соҳаи маориф дахл доранд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976);
- муттасилӣ ва пайдарҳамии таҳсилоти калонсолон;
- баҳисобгирии хусусият ва талаботи таълимии гурӯҳҳои гуногуни калонсолон;
- ҳамкорӣ ва шарикии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ;
- дастгирии давлатии соҳаи таҳсилоти калонсолон;
- мусоидат барои гирифтан ва идома додани таҳсилот ба шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоии махсус эҳтиёҷ доранд.
Моддаи 6. Ҳуқуқи калонсолон ба таҳсил
1. Шаҳрвандони калонсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба гирифтани таҳсилро доранд.
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди калонсол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба гирифтани таҳсилро доранд.
3. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони калонсол ба таҳсил инҳо мебошанд:
- дастрасии баробар ба таҳсилот дар тӯли ҳаёт;
- қонеъ гардондани талаботи гуногуни шахсӣ ба дониш, малака ва маҳорат;
- ғанӣ гардондани донишу малака, ки барои иштироки самаранок дар шаклҳои гуногуни фаъолияти иҷтимоӣ зарур мебошанд;
- интихоби озоди самти омӯзиш ва муассисаи таълимӣ;
- рухсатии пардохтнашаванда бо нигоҳ доштани ҷойи кор дар давраи таҳсил;
- хизматрасонии таълимии баробар ба шароити таълимгирандагони муассисаҳои таълимии расмӣ.
4. Калонсолоне, ки бо қарори суд ҳуқуқҳои онҳо маҳдуд карда шудаанд, аз ҳуқуқ ба таҳсил маҳрум шуда наметавонанд. Танҳо тарзи татбиқи он метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.
Моддаи 7. Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.
БОБИ 2. НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН
Моддаи 8. Низоми таҳсилоти калонсолон
Низоми таҳсилоти калонсолон аз сохторҳои зерин иборат мебошад:
- стандартҳои давлатии таҳсилот;
- таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;
- барномаҳои таълимӣ;
- шакл ва меъёри гирифтани таҳсилот;
- субъектҳои раванди таълим ва тарбия дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;
- мақомоти идоракунии таҳсилоти калонсолон.
Моддаи 9. Стандартҳои давлатии таҳсилоти калонсолон, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ ва барномаҳои таълимӣ
1. Таҳсилоти калонсолон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, консепсия, стратегия, барномаҳои давлатии таҳсилоти калонсолон ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон ба роҳ монда мешаваад.
2. Барномаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аз рӯи шакл ба барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, иловагӣ ва касбӣ тақсим шуда:
- барои ба даст овардани татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотӣ, баландбардории омодагии касбӣ ва таҳсилоти таълимгирандагон, омодагии босифати онҳо ҳамчун корманд ва мутахассисон равона гардидаанд;
- мундариҷаи таҳсилоти калонсолонро муайян мекунанд;
- аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ карда мешаванд.
3. Барномаҳои таълимӣ барои таҳсилоти расмии калонсолон дар асоси дастовардҳои андрагогика мувофиқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия карда мешаванд.
4. Иҷрои стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон ҳатмӣ мебошад.
5. Барои ташкили раванди таҳсилоти касбии калонсолон барномаҳои таълимии анъанавӣ ё модулӣ истифода мешаванд.
6. Номгӯи касбҳои таҳсилоти касбии калонсолон бо Маълумотномаи ягонаи тахассусии касбҳои кормандон мутобиқи сатҳҳои Таснифоти миллии тахассусҳо гурӯҳбандӣ ва рамзгузории Таснифоти касбҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976).
7. Барои санҷиши технологияҳои нави таълимӣ ва ҷорӣ намудани мундариҷаи нави таълим, ташкили раванди таълим бо назардошти талаботи махсуси калонсолон (камсаводон, маъюбон ва дигар гурӯҳи калонсолон) дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон барномаҳои таълимии махсус таҳия карда мешаванд.
8. Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вогузор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976).
Моддаи 10. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
1. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон бо назардошти талаботи иҷтимоиву иқтисодӣ, миллӣ, фарҳангиву таълимии калонсолон дар сурати вуҷуд доштани заминаи зарурӣ таъсис дода мешаванд.
Моддаи 11. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва намудҳои он
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар шаклҳои зерин амалӣ месозанд:
- таълимӣ-истеҳсолӣ;
- марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;
- марказҳои таълимии иҷтимоӣ-соҳибкорӣ, аз ҷумла корхонаҳои фаръӣ;
- марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо;
- марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ;
- курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ;
- муассисаҳои бозомӯзии аҳолӣ;
- муассисаҳои такмил, баландбардории ихтисос ва бозомӯзии кормандон.
3. Таҳсилоти калонсолон метавонад тавассути иштироки калонсолон дар семинарҳои омӯзишӣ, гирифтани таълим аз омӯзгорони алоҳида, шогирдӣ ва омӯзиш дар истеҳсолот, худомӯзӣ амалӣ шавад.
4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон фаъолияти худро метавонанд дар доираи фармоиши давлатӣ ройгон ва илова бар фармоиши давлатӣ мувофиқи шартнома пулакӣ амалӣ созанд.
5. Намудҳои муассисаҳои таълимӣ барои калонсолон мувофиқи сатҳ ва самти аз ҷониби онҳо татбиқшавандаи барномаҳои таълимӣ муайян карда мешаванд.
6. Таҳсилоти калонсолон аз рӯи барномаҳои асосӣ ва иловагии таълимӣ, барномаҳои асосии таълимоти касбӣ амалӣ карда мешавад.
7. Барои азхудкунии барномаҳои иловагии таълимӣ калонсолон бе пешниҳоди талабот ба сатҳи таҳсилот роҳ дода мешаванд, агар барои татбиқи ин барномаҳои таълимӣ шартҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд.
8. Таҳсилоти калонсолон дар доираи таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти махсус, таҳсилоти касбӣ, таҳсилоти иловагӣ, худомӯзӣ ва таҳсилоти касбӣ, ки имконияти татбиқи ҳуқуқ ба таҳсилотро таъмин менамоянд, ба роҳ монда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976).
9. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон фаъолият менамоянд:
- таҳсилоти миёнаи умумӣ ва марказҳои таълимӣ;
- таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
- таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (донишкадаҳои такмили ихтисос, академияи таҳсилоти баъдидипломӣ);
- таҳсилоти иловагӣ;
- муассисаву ташкилотҳои дигаре, ки раванди таълими калонсолонро амалӣ менамоянд.
Моддаи 12. Муасссиси (Муассисони) муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
1. Муассиси (Муассисони) муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон инҳо шуда метавонанд:
- мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- иттиҳодияҳои (ассотсатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Муносибатҳои байни муассис (муассисон) ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 13. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
1. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешавад ва маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- дар бораи ном, мақом ва ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;
- дар бораи муассис (муассисон);
- дар бораи санаи таъсис;
- дар бораи шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
- дар бораи филиалҳо, намояндагиҳо ва зерсохторҳои дигар;
- дар бораи мақсади раванди таълим ва тарбия, намуд ва шакли барномаҳои таълимии ҷоришаванда;
- тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла забони таълим, тартиби хориҷ намудани таълимгиранда, муҳлати таълим, реҷаи кори муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, тартиби дохилии фаъолияти муассиса, ҳамчунин дар бораи расонидани хизматрасонии пулакӣ ва тартиби пешниҳоди онҳо;
- дар бораи тартиби ташкили муносибатҳои байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва таълимгирандагон;
- фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон, аз ҷумла тартиби ташаккул ва истифодаи моликият, сарчашмаи маблағгузорӣ ва таъмини моддиву техникӣ, шаклҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва хизматрасонии пулакӣ;
- тартиби идоракунии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон,, аз ҷумла салоҳияти муассис (муассисон), тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди таълим ва тарбия;
- дигар маълумотеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1486).
2. Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолонро муассис (муассисон) таҳия ва тасдиқ мекунад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии муассисаи мазкурро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1486).
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН
Моддаи 14. Идоракунии таҳсилоти калонсолон
1. Идоракунии таҳсилоти калонсолон аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон ва маъмурияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон амалӣ карда мешаванд.
2. Идоракунии таҳсилоти калонсолон ба таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди таҳсилоти калонсолон, риояи стандартҳои давлатии таҳсилот, татбиқ ва рушди соҳаи таҳсилоти калонсолон мувофиқи талаботи иқтисодиёти бозор ва равандҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа равона мегардад.
3. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1486)
Моддаи 15. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон
1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дохил мешавад:
- тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии таҳсилоти калонсолон ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;
- таъсиси муассисаи давлатии "Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон";
- муайян намудани меъёри таъминоти молиявии таҳсилоти калонсолон ва кафолатҳои иҷтимоӣ ба кормандони соҳаи таҳсилоти калонсолон, таълимгирандагони муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон;
- муайян намудани расмиёти валидатсия;
- амалӣ намудани салоҳияти дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;
- таҳияи барномаҳои махсус барои калонсолон (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976);
- банақшагирӣ, ташаккул ва рушди шабакаи муассисаҳои таълимӣ, ки ба талаботи категорияҳои гуногуни аҳолии калонсол нигаронда шудааст;
- тасдиқи дастурамали тавсиявӣ оид ба таҳияи барномаҳои таълимии модулӣ барои ташкили раванди таҳсилоти касбии калонсолон дар заминаи курсҳои кутоҳмуддати таълимӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976);
- роҳбарии умумии соҳаи таҳсилоти калонсолон;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти калонсолон;
- тасдиқ намудани шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ барои хатмкунандагони таҳсилоти касбии калонсолон дар заминаи курсҳои кутоҳмуддати таълимӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976);
- татбиқ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1836).
4. Ба ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон доранд, мансубанд:
- таъмини раванди таҳсилоти касбии калонсолон мувофиқи талаботи низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон, стандартҳои давлатии таҳсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ, нақша ва барномаҳои таълимии калонсолон;
- ташкил ва гузаронидани такмили ихтисос, бозомӯзӣ, таҳсилоти иловагӣ, иштирок дар гузаронидани аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;
- роҳбарӣ ва назорати умумии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва маблағгузории онҳо;
- иштирок дар раванди назорат, аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ва барҳамдиҳии онҳо бо тартиби муқарраргардида;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон мансубанд:
- мусоидат дар ташкили муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;
- маблағгузории муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти калонсолон, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии онҳо дар доираи меъёрҳои муқарраргардида;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон ва кормандони соҳаи таҳсилоти калонсолон;
- расонидани кумаки молиявӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 16. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
1. Назорати давлатии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон бо мақсади татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи таҳсилоти калонсолон ва таъмини сифати таҳсилот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар тобеияти онҳо муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон қарор доранд, амалӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1836).
2. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти расмии калонсолон бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- иҷозатномадиҳӣ;
- аттестатсияи давлатӣ;
- баҳогузории фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;
- назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон.
Моддаи 17. Ҳисоботи оморӣ ва маълумот дар бораи таҳсилоти калонсолон
1. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳогузории ҳолат ва тамоюли рушд дар соҳаи таҳсилоти калонсолон ҳисоботи давлатии оморӣ муқаррар карда мешавад.
2. Шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки бо таҳсилоти калонсолон машғуланд, уҳдадоранд дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботҳои омориро пешниҳод намоянд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон нашри маълумоти оморӣ ва маводи дигарро оид ба ҳолати таҳсилоти калонсолон таъмин менамояд.
БОБИ 4. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ, ТАЪМИНОТИ ИЛМИВУ МЕТОДӢ ВА КАДРИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН
Моддаи 18. Самтҳои асосии таҳсилоти калонсолон
Таҳсилоти калонсолон аз рӯи самтҳои зерин амалӣ мешавад:
- касбӣ, ки аз ҷониби калонсолон ба даст овардани ихтисос, касб, тахассус, дониш, маҳорат ва малака, азхудкунии техникаи муосир ва омодагии техникиро ба фаъолияти меҳнатӣ таъмин менамояд;
- ба даст овардани салоҳияти касбӣ, ки рушди қобилият, бадасторӣ ва такмили малакаҳои амаливу маҳорати калонсолон, азхудкунии донишро аз рӯи касбҳои асосӣ таъмин менамояд;
- баланд бардоштан ва такмили ихтисос, ки ба баландбардорӣ, такмили дониш, малака ва маҳорати касбӣ мусоидат мекунад;
- бозомӯзии кадрҳо, ки барои бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар асоси донишу салоҳияти бадастовардашуда аз рӯи касбҳои доштаашон мусоидат мекунад;
- такмил ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бекор;
- таҳсилоти иловагии калонсолон, ки гирифтани дониш ва салоҳиятро илова бар таҳсилоти асосӣ ва махсус пешбинӣ менамояд;
- самтҳои дигари таҳсил бо назардошти талаботи калонсолон.
Моддаи 19. Шаклҳои ташкили таҳсилоти калонсолон
1. Таҳсилоти калонсолон дар доираи низоми таҳсилоти муттасил таҳсилоти расмӣ, ғайрирасмӣ ва ғайриасосии бо амалия ва назария асос ёфтаро, фаро мегирад.
2. Таҳсилоти калонсолон ба таври алоҳида, мувофиқи шавқу рағбат, майлу ҳавас, бо назардошти сатҳи таҳсилот, тахассус, собиқаи корӣ, синну сол, вазъи саломатӣ дар шаклҳои гуногуни ташкилӣ, аз қабили машғулият, дарс, лексия, машғулияти алоҳида, конфронс, семинар, хониш, саёҳат, корҳои амалӣ дар озмоишгоҳҳо ва устохонаҳо, дар корхонаҳои кишоварзӣ ва саноатӣ ва дар шаклҳои гуногуни бо нақшаи таълимии муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон пешбинишуда ташкил карда мешавад.
3. Шумораи таълимгирандагон дар гурӯҳҳо вобаста ба самт ва имконияти раванди таълим, инчунин тартиби ташкили раванди таълими алоҳида ё гурӯҳӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон муайян карда мешаванд.
4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагони худ аз рӯи натиҷаи таҳсилоти касбӣ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ медиҳанд.
5. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон метавонанд таҳсилоти фосилавӣ ва расмиёти валидатсияро амалӣ намоянд. Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 20. Асосҳои илмӣ ва таъминоти илмии соҳаи таҳсилоти калонсолон
1. Соҳаи таҳсилоти калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастовардҳои андрагогика, илму техникаи муосир, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ ташкил карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дигар академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дастовардҳои илмӣ, техникӣ, технологӣ, инноватсионӣ ва фарҳангиро дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1976).
3. Таъминоти илмии соҳаи таҳсилоти калонсолонро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос, дигар муассисаҳои илмию методӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилотҳои дахлдор амалӣ менамоянд.
Моддаи 21. Тайёр намудан ва такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон
1. Тайёр намудан ва такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорони соҳаи таҳсилоти калонсолон дар сохтори муассисаҳое ба роҳ монда мешаванд, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро амалӣ менамоянд.
2. Фаъолияти мутахассис дар соҳаи таҳсилоти калонсолон аз таълимдиҳӣ, маслиҳатдиҳӣ, расонидани кумаки иҷтимоӣ ва иҷрои вазифаҳои ташкиливу идоракунӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон иборат аст. Соҳаҳои фаъолияти мутахассис инҳоанд:
- омӯзгорӣ;
- илмиву методӣ;
- фарҳангиву маърифатӣ;
- тадқиқотӣ;
- идоракунӣ.
3. Мутахассис дар соҳаи таҳсилоти калонсолон, ки аз омодагии касбӣ гузаштааст, метавонад ба сифати омӯзгори фанни андрагогика, омӯзгор дар муассиса, ташкилот ва корхонаҳои соҳаҳои гуногун ба сифати мушовир, коршинос, корманди илмӣ ва корманди иҷтимоӣ фаъолият намояд.
4. Шахсоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ё олии касбӣ ва маҳорати зарурии касбӣ дар соҳаи андрагогика ва педагогика доранд, метавонанд дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шаванд.
5. Мутахассисон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон тибқи тартиби муқарраргардида аз аттестатсия мегузаранд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия сатҳи тахассуси касбии онҳо муайян карда мешавад.
6. Пурра намудани ҳайати кормандони соҳаи таҳсилоти калонсолон аз ҷониби муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ба танзим дароварда мешавад. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон уҳдадоранд, ки барои кормандони нав таълими асосҳои андрагогикаро ба роҳ монанд.
7. Давлат барои такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон бо роҳи ҷорӣ намудани барномаҳои андрагогика дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мусоидат менамояд.
8. Барои рушд ва такмили таъминоти илмиву методии таҳсилоти калонсолон иттиҳодияҳои таълимиву методӣ ва иттиҳодияҳои дигар таъсис дода шуда метавонанд.
9. Такмили ихтисоси мутахассисон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти калонсолон на камтар аз як маротиба дар панҷ сол аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) амалӣ карда мешавад.
БОБИ 5. СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН
Моддаи 22. Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон инҳоянд:
- таълимгирандагон;
- таълимгирандагони калонсол;
- кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон;
- падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагони калонсоли маъюб ва дорои имконияти маҳдуд;
- намояндагони корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки дар амалисозии раванди таълиму тарбия иштирок мекунанд.
Моддаи 23. Мақоми таълимгирандаи калонсол
Ба сифати таълимгирандаи калонсол субъектҳои фаъолияти таълим, ки дорои қобилияти амал мебошанд ва ба соҳаи меҳнати музднок ҷалб гардидаанд, бекорон, маъюбони калонсол, хизматчиёни ҳарбии ба эҳтиёт ҷавобшуда, шахсоне, ки дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум адои ҷазо менамоянд, муҳоҷирон ва таълимгирандагон эътироф карда мешаванд. Ба ҳайати таълимгирандагони калонсол инчунин шахсоне тааллуқ доранд, ки бо ягон сабаб мақоми корманди маошгирандаро аз даст додаанд.
Моддаи 24. Гурӯҳҳои таълимгирандагони калонсол
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти расмии калонсолон ва иттиҳодияҳои онҳо фаъолиятро бо назардошти манфиатҳо ва талаботҳои таълимии гурӯҳҳои зерини аҳолии калонсол ба роҳ мемонанд:
- кормандони соҳаи меҳнати касбӣ;
- бекорон;
- шахсоне, ки муваққатан кор намекунанд;
- шахсоне, ки бо хонакорӣ машғуланд;
- шахсоне, ки ба фаъолияти меҳнати фардӣ машғуланд;
- шахсоне, ки ба соҳаи меҳнати касбӣ баъди танаффуси дарозмуддат баргаштаанд;
- нафақахӯрон аз рӯи вазъи саломатӣ (маъюбон);
- муҳоҷироне, ки аз давлат ва минтақаҳои дигар баргаштаанд ва ё барои исттиқомати доимӣ омадаанд;
- шахсоне, ки нияти иваз кардани касб ва ё соҳаи машғулиятро доранд ё аллакай онҳоро иваз кардаанд.
Моддаи 25. Ҳайати таълимгирандагони калонсолон ва ҳуқуқҳои онҳо
1. Ба ҳайати таълимгирандагони калонсол дохил мешаванд:
- таълимгирандагони коргаре, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ шабона ва ғоибона мехонанд;
- таълимгирандагони шуъбаҳои шабона ва ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
- таълимгирандагоне, ки дар ҷойи кор касб меомӯзанд (шогирдӣ);
- шунавандагони курсҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисос;
- шахсоне, ки азнавтайёркуниро барои аз худ намудани касб ё ихтисоси дигар мегузаранд;
- шахсоне, ки касби навро дар шакли гузаштани курсҳо ё шакли дигар аз худ мекунанд;
- иштирокчиёни барномаҳои нақшавии таҳсил;
- иштирокчиёни барномаҳои таҳсилоти ғайрирасмии самтҳои гуногун;
- шахсоне, ки ба худомӯзӣ машғуланд.
2. Таълимгирандагони калонсол ҳуқуқ доранд ба:
- истифодаи адабиёт, маводи дастуруламалӣ, таҷҳизоти таълимӣ ва воситаҳои иттилоотиву техникӣ;
- эътирофи расмии тахассус, касб, дониш, салоҳият, маҳорату малака, ки бо роҳи ғайрирасмӣ ва дар асоси таҷрибаи фаъолияти касбӣ ба даст оварда шудаанд;
- ғамхорӣ, кумак ва мусоидат аз ҷониби хадамоти иҷтимоии дахлдор ба таълимгирандагони калонсоли маъюб ва дорои имконияти маҳдуд;
- интихоби муассисаи таълимӣ;
- фароҳам овардани шароит барои таълим бо назардошти хусусияти инкишофи рӯҳиву ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ;
- гузаштан ба муассисаи таълимии дигар барои идома додани таҳсилот аз рӯи касб, ихтисос, равия, омодагӣ ё шакли дигари таълим бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор шудан барои идомаи таҳсил дар муассисаи таълимие, ки барномаҳои таълимии сатҳи дахлдорро амалӣ менамояд;
- иштирок дар идоракунии раванди таълими муассисаи таълимӣ;
- шикоят кардан аз болои санадҳои муассисаҳои таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истифодаи ройгони захираҳои китобхона ва захираҳои иттилоотӣ, махзани таълимӣ, таҷрибавӣ ва илмии муассисаи таълимӣ;
- якҷоя бо фаъолияти меҳнатӣ гирифтани таҳсилот бе зарар барои азхудкунии барномаи таълимӣ, иҷрои нақшаи инфиродии таълим;
- гирифтани таҳсилоти босифат новобаста ба шакл ва намуди ташкили фаъолияти таълимӣ мувофиқи мақсад ва вазифаҳои барномаҳои татбиқшаванда;
- баҳогузории объективии дониш, малака ва салоҳият аз рӯи фанҳои ба барномаи таълимӣ дохил кардашуда ва дастрасии озод ба маълумот оид ба ба баҳогузории дастовардҳои шахсӣ;
- иштироки озод дар машғулиятҳое, ки дар нақшаи таълимӣ пешбинӣ нашудаанд.
Моддаи 26. Кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
1. Ба ҳайати кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон кормандони соҳаи омӯзгорӣ (мутахассисон, омӯзгорон, андрагогҳо, устоҳои таълимӣ) ва кормандони дигар, ки ба раванди таълиму тарбия ҷалб гардидаанд, дохил мешаванд. Кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон дорои ҳуқуқ, имтиёз, кафолати иҷтимоӣ, уҳдадорӣ, масъулиятҳое мебошанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳаи омӯзгорӣ муқаррар карда шудаанд.
2. Дар сурати ба кор қабул кардани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва роҳбарӣ афзалият ба шахсоне дода мешавад, ки дорои таҷрибаи кории кофӣ бо таълимгирандагони калонсол, сертификат дар бораи муваффақона гузаштан аз курси таълимӣ аз рӯи барномаҳое, ки дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти кор бо таълимгирандагони калонсолро медиҳанд, мебошанд.
Моддаи 27. Ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва ҳифзи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
1. Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, Оинномаи муассиса ва Низомномаҳои намунавии муасссисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва калонсолон муайян карда мешаванд.
2. Давлат мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолонро ҳифз менамояд ва ташкили таҳсили шаҳрвандон аз оилаҳои камбизоат, серфарзанд ва маъюбонро таъмин менамояд.
3. Кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ҳуқуқ ба имтиёзҳое доранд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд.
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ ВА ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН
Моддаи 28. Фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
1. Муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти калонсолон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти калонсолон аз ҳисоби муассис (муассисон) маблағгузорӣ карда мешаванд.
2. Муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти калонсолон, метавонанд инчунин аз ҳисоби манбаъҳои иловагие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда шаванд.
3. Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон инҳоянд:
- маблағҳое, ки муассисон ҷудо мекунанд;
- маблағҳои корхона, муассиса ва ташкилотҳо (илмиву техникӣ, таълимӣ, фаъолияти дигари соҳибкорӣ, тиҷоратӣ);
- грантҳои мақсадноки фондҳои давлатӣ, байнидавлатӣ ва дигар намудҳои грантҳо;
- маблағҳое, ки аз гузаронидани чорабиниҳо ва хизматрасониҳои пулакӣ ба даст оварда мешаванд;
- даромад аз фаъолияти ноширӣ;
- маблағҳое, ки муассисаи таълимии таҳсилоти калонсолон барои хизматрасонии иловагии таълимӣ, кор, иҷрои дархости корхона, муассиса, ташкилотҳои дигар ва шахсони воқеӣ ба даст меоранд, ҳамчунин фоида аз фурӯши маҳсулоти худӣ;
- кумакҳо.
Моддаи 29. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
1. Ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бино, иншоот, воситаҳои алоқа, воситаҳои нақлиёт, қитъаи замин ва молу мулки дигари манқул ва ғайриманқул дохил мешаванд.
2. Барои пешбурди раванди таълиму тарбия ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бино, иншоот ва объектҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
3. Талабот ба заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон мувофиқи меъёрҳои дахлдори сохтмонӣ ва моддию техникӣ, қоида ва стандартҳои сохтмонӣ ва нигоҳдории муассисаҳои таълимӣ, нақша ва барномаҳои таълимӣ муайян карда мешаванд.
4. Ҳуқуқи муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон ба истифодаи қитъаи замине, ки дар ҳудуди ин муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон қарор доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
5. Молу мулки муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аз ҷониби муассис (муассисон) танҳо бо мақсади дар Оиннома пешбинӣ гардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон истифода шуда метавонанд.
6. Истифодаи заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо мақсади ба манфиатҳои раванди таълим мухолиф манъ аст.
Моддаи 30. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии пулакиро амалӣ намоянд.
БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН
Моддаи 31. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон
Мақомоти идоракунии таҳсилоти калонсолон, муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳуқуқ доранд, ки дар бораи ҳамкории байналмилалӣ созишномаҳо банданд, бо мақомоти идоракунии соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, ташкилот ва фондҳои байналмилалӣ робитаҳои бевосита барқарор намоянд.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон
 
ш.Душанбе
24 феврали соли 2017 № 1394
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:06
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1396
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
24.02.2017

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 19)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо равона шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- кумакҳои унвонии иҷтимоӣ - ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат расонидани кумакҳои пулӣ ё моддӣ;

- меъёри эҳтиёҷот - аз ҳадди ниҳоии муқарраршуда паст будани индекси сатҳи некуаҳволии шаҳрванд (оила);

- шаҳрвандон (оилаҳо) -и камбизоат - шаҳрвандон (оилаҳо) - е, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд;

- вазъияти душвори зиндагӣ - ҳолате, ки вазъи зиндагии муқаррарии шаҳрванд (оила)-ро  халалдор намуда, ҳалли мушкилоти онро душвор гардонидааст;

- феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ - махзани маълумоти автоматонидашуда дар бораи шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби воҳиди сохтории мақомоти ваколатдори давлатӣ ташкил карда мешавад, дорои иттилоот дар бораи аризаҳо, таъйини кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва маълумоти дигар дар бораи кумакҳои иҷтимоӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсади расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Мақсади расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ иборат аст аз:

- мусоидат намудан ба коҳиш додани вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад;

- муҳайё намудани шароите, ки ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад;

- таҳкими дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ;

- истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ.

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Принсипҳои асосии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ инҳоянд:

- дастрасии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- ба эътибор гирифтани муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ва муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

- давра ба давра баровардани шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат аз сатҳи камбизоатӣ;   

- истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинигардида бо роҳи тақсимоти онҳо ба манфиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат.

 

Моддаи 5. Маблағгузории кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Маблағгузории хароҷот оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 6. Ҳуқуқ ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

1. Шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.

2. Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ шахсони зерин аз ҳайати оила ба назар гирифта намешаванд:

- шахсоне, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд;

- шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд;

- шахсоне, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо менамоянд.

 

БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ  РАСОНИДАНИ КУМАКҲОИ

УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои

                      унвонии иҷтимоӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ:

- сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ менамояд;

- мақоми ваколатдори давлатиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муайян менамояд;

- тартиби баррасии муроҷиатҳо, андоза, таъйин ва расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро муайян менамояд;

- меъёри эҳтиёҷот ва тартиби муайян намудани шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, инчунин рӯйхати шахсонеро, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд, муқаррар мекунад;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ қабул ва тасдиқ менамояд;

- дигар салоҳиятҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои

                     унвонии иҷтимоӣ

  Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ваколатҳои зеринро дорад:

- сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ татбиқ менамояд;

- шакл ва намудҳои ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муқаррар мекунад;

- қарорҳои дахлдорро оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ қабул мекунад;

- феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоиро пеш мебарад;

- дигар ваколатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти

                    худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти расонидани кумакҳои

                    унвонии иҷтимоӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тадбирҳоро оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ менамоянд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ МУРОҶИАТ ва шаклҳои

КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 10. Муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

1. Муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли хаттӣ аз тарафи шаҳрванд ва ё аз номи оилаи ӯ, мақомоти васояту парасторӣ, дигар намояндаи қонунии шаҳрванд ба шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ҷойи истиқомат пешниҳод карда мешавад.

2. Шакли ариза ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 11. Шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

1. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаклҳои зерин расонида мешаванд:

- кумаки пулӣ;

- кумаки моддӣ.

2. Кумаки пулӣ ба андозаи умумӣ бо назардошти аъзои оилаҳои камбизоат, ки ба гирифтани кумаки пулӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин карда мешавад.

3. Дар ҳолати зиндагии якҷояи якчанд оила, ки даромади оилавии алоҳида доранд, кумаки пулӣ ба ҳар оила дар алоҳидагӣ таъйин карда мешавад.

4. Кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ расонида мешавад.

5. Кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо дар намуди сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, либос, пойафзол, маводи санитарию гигиенӣ, дигар ашёи зарурии аввалиндараҷа, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ харидорӣ мешаванд, пурра ё қисман пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо пешниҳод карда мешавад.

6. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд кумакҳои моддии дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинигардидаро ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат расонанд.

 

БОБИ 4. ТАРТИБИ ТАЪЙИН ВА ҚАТЪ НАМУДАНИ

КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 12. Таъйин кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

 Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Индикаторҳое, ки ҳангоми муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон

                       (оилаҳо)-и камбизоат ба ҳисоб гирифта мешаванд

1. Барои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат индикаторҳои асосии зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:

- ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон,  ноболиғон ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила;

- даромади пулию молии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- моликияти шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- ҳолати манзили истиқоматӣ;

- қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта;

- шумора ва намудҳои чорвои шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- дигар индикаторҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ барои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат заруранд.

2. Индикаторҳои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ тағйир ёфта метавонанд.

 

Моддаи 14. Давраҳои таъйин намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

1. Кумаки пулӣ аз рӯзи муроҷиат барои гирифтани кумаки мазкур таъйин карда мешавад, агар дар муддати як моҳ ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида бошанд.

2. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ метавонанд дар тамоми давраи ҷорӣ гардидани низоми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъйин карда шаванд.

 

Моддаи 15. Азнавҳисобкунии андозаи кумаки пулӣ

Азнавҳисобкунии андозаи кумаки пулӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронда мешавад:

- тағйир ёфтани даромади оила;

- тағйир ёфтани ҳайати оила;

- зиёдшавии меъёри эҳтиёҷот;

- дигар ҳолатҳое, ки барои азнавҳисобкунии андозаи кумак асос шуда метавонанд.

 

Моддаи 16. Асосҳои қатъ намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

 Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бо асосҳои зерин қатъ карда мешаванд:

- аз ҷониби шаҳрванд (оила)-и камбизоат рад кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

- аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ошкор гардидани далели нодурустии маълумоти пешниҳодшуда дар бораи даромадҳо, молу мулк, ҳайати оила ва маълумотҳои дигаре, ки барои пешниҳод намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ зарур мебошанд;

- вафоти шахси танҳои гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

- дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 17. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати

                       қабули қарор дар бораи расонидани  кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

1. Кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми баррасии ҳуҷҷатҳо ҷиҳати қабули қарор дар бораи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд:

- ҳуҷҷатҳои заруриро барои пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ талаб намоянд;

- бо аризадиҳанда суҳбату вохӯриҳо гузаронанд;

- барои муайян кардани ҳайат ва дараҷаи эҳтиёҷоти оилавӣ бо роҳи пурсиши аризадиҳанда, хешовандон,  дигар аъзои оила, ки якҷоя зиндагонӣ мекунанд ва ҳамсояҳо таҳқиқот гузаронанд;

- иттилоот ва маълумотномаҳои заруриро аз  мақомоти дахлдор талаб намоянд;

- дурустӣ ва асоснокии маълумотнома ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои таъйин намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, санҷанд.

2. Кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо уҳдадоранд:

- дурустии ба расмият даровардани ариза, мутобиқати мундариҷаи маълумоти он бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои заруриро барои пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ санҷанд;

- аризадиҳандаро дар бораи оқибатҳои пинҳонкунии пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ, ки ҳуқуқ ба пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва (ё) андозаи он аз онҳо вобаста аст, инчунин мақоми таъйинкунандаи кумакҳои унвонии иҷтимоиро дар бораи тағйироти ҳайати оила ва маҳалли бақайдгирӣ огоҳ намоянд.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, ки аз натиҷаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қарори қабулшуда ба таври хаттӣ ҷавоб ирсол намояд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон (оилаҳо)-е, ки барои гирифтани кумакҳои

                       унвонии иҷтимоӣ муроҷиат намудаанд

1. Шаҳрвандон (оилаҳо)-е, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муроҷиат намудаанд, ҳуқуқ доранд дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ маслиҳати ройгон гиранд.

2. Гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ уҳдадоранд:

- мақоми ваколатдори давлатиро дар бораи тағйироте, ки барои тағйирёбӣ, идомадиҳӣ ва қатъи пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба онҳо (оилаи онҳо) асос шуда метавонанд (маълумот дар бораи ҳайати оила, бекор кардани маъюбӣ, даромадҳо, дигар маълумоте, ки ба андозаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъсир мерасонанд), дар муддати ду ҳафта пас аз санаи тағйироти мазкур хабардор намоянд;

- ҷиҳати мустақилона бартараф намудани вазъи душвори зиндагӣ имкониятҳоро истифода баранд.

 

БОБИ 5. ФЕҲРИСТИ КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 19. Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

1. Бо мақсади баҳисобгирӣ, назорат оид ба дуруст ва сари вақт ба шаҳрвандон (оилаҳо) пешниҳод кардани кумаки унвонии иҷтимоӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъсис дода мешавад.

2. Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» ташаккул ва истифода бурда мешавад.

3. Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз иттилооти инфиродии аз аризадиҳандагон ва  гирандагони  кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин аз маълумот ва махзани маълумоти дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ гирифташуда ташаккул дода мешавад.

4. Таркиби иттилооти инфиродӣ дар бораи шаҳрвандон (оилаҳо) дар феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, тартиби пешбурди феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, муҳлат ва шакли ба он пешниҳод намудани маълумот ва истифода бурдани иттилоот дар феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ нигоҳдошташуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

 

        ш. Душанбе

24 феврали соли 2017

              №1396

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:16
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1414
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
30.05.2017
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 271)
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024)
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 апрели соли 2017 № 731
қабул карда шуд.
 
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 397
ҷонибдорӣ карда шуд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом, таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экспертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян мекунад.
2. Хусусиятҳои таҳия, тасдиқ, қабул, бақайдгирӣ, мавриди амал қарор додан, интишор, тағйир додан, ворид намудани илова, қатъ кардан ё боздоштани амали намудҳои алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ (шахсони мансабдори онҳо)-ро дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим мекунанд, муайян карда мешаванд.
3. Қонуни мазкур муносибатҳои зеринро танзим намекунад:
- тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, ҳамроҳшавӣ, бақайдгирӣ, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
 - тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва қатъ намудани амали санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632);
- оид ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- санади меъёрии ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад;
- умумиҳатмӣ будани санади меъёрии ҳуқуқӣ - иҷрои ҳатмии санади меъёрии ҳуқуқии бо тартиби муқарраршуда қабулгардида ва мавриди амал қарордодашуда аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- қонунгузорӣ - санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар маҷмӯъ ё дар соҳаи муайян танзим мекунанд;
- низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - маҷмӯи санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ки қувваи ҳуқуқӣ, ягонагӣ, гурӯҳбандӣ ва мутобиқатии онҳоро таъмин мекунад;
- санадҳои қонунгузорӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ - санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар асос ва барои иҷрои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи бештари ҳуқуқидошта қабул мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024);
- ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ - аз тарафи мақомот ё шахсони мансабдори муайяннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба баррасии мақоми қонунгузор пешниҳод намудани лоиҳаи қонун ё таклифҳои қонунгузорӣ;
- фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ - фаъолияти расмии субъекти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба таҳия, қабул, интишор ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда - халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024);
- техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ - қоидаҳои таҳия, қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, тафсир, интишор, мураттабсозӣ, мавриди амал қарор додан, боздоштан ва қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- санади тафсири расмӣ - ҳуҷҷати расмии мақоми ваколатдор, ки дар он мазмуни санади меъёрии ҳуқуқӣ ё муқаррароти меъёрии он шарҳ дода мешавад;
- ихтилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - мухолифат ё номувофиқатии байни меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳамон як муносибати ҷамъиятиро танзим мекунанд;
- норасоӣ дар қонунгузорӣ - ҷой надоштани меъёри (меъёрҳои) ҳуқуқӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё набудани санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятии дахлдор, дар ҳолати ошкор гардидани талабот ва зарурати танзими меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз шарту моҳияти мазмуни низоми ҷории ҳуқуқии давлат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд;
- мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ - фаъолият оид ба тартиб овардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба низоми ягонаи таркибан мувофиқашуда даровардани онҳо;
- қувваи ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ - хусусияти эътибори расмӣ ва умумиҳатмӣ пайдо намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ, имконияти танзими меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ, оқибатҳои ҳуқуқии он барои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, инчунин таносуби байниҳамдигарии он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- қиёси қонун - бинобар набудани меъёрҳои қонуни танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ нисбати онҳо татбиқ намудани меъёрҳои қонуне, ки муносибатҳои ҷамъиятии шабеҳро танзим менамояд;
- қиёси ҳуқуқ - бинобар набудани меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва меъёрҳои шабеҳи он нисбати муносибатҳои ҷамъиятӣ татбиқ намудани принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқ, мазмуни қонун, талаботи бовиҷдонӣ, хирад ва адолат;
- таҳлили таъсири танзимкунӣ - дар асоси далелҳои воқеӣ муайян намудани оқибатҳои мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоӣ ва бо дарназардошти таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои соҳибкорон ва давлат қабул намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- мутобиқат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- қонуният;
- бартарияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, нисбат ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ;
- адолатнокӣ;
- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;
- илмият;
- касбият;
- ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ.
Моддаи 4. Афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
1. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда мешавад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсаду мазмуни қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ҳамаи субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаро ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
2. Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, тавассути қонун танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Моддаи 5. Ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
1. Ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:
- пешниҳоди маълумот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
- интишори санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида дар нашрияҳои расмӣ, воситаҳои дигари ахбори омма ё бо тарзу воситаҳои дигар расонидани ин санад ба маълумоти омма, аз ҷумла бо воситаҳои электронӣ;
- муҳайё намудани имконият ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор барои шиносоӣ бо мазмуни санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида.
2. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои муҳокимаи умум тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин дар сомонаҳои расмии субъектҳои ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда мумкин аст интишор карда шавад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор ҳуқуқ доранд бо мазмуни чунин лоиҳа шинос шаванд. Таклифу пешниҳодҳои воридшуда ҳангоми такмили лоиҳа бояд аз ҷониби субъекти ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда баррасӣ гарданд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 03.01.2024 № 2024).
3. Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, татбиқ намегардад.
Моддаи 6. Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ
1. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда мешавад.
2. Технологияи иттилоотӣ дар давраҳои банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи лоиҳа, қабул, интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастрас намудани маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода мешавад.
3. Истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ метавонад бо роҳҳои зерин амалӣ карда шавад:
- ҷойгир намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сомонаҳои расмии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (ба истиснои лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд);
- истифодаи сомонаҳои расмӣ бо мақсади муҳокимаи пешакии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ҷойгир намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда дар сомонаҳои расмии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (ба истиснои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд) (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024);
- истифодаи шаклҳои электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- истифодаи махзанҳои ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- истифодаи шакли электронии паҳн намудани иттилооти ҳуқуқӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар ҳамаи давраҳои ҳуқуқэҷодкунӣ;
- паҳн намудани иттилоот оид ба ҷаласаҳои мақомоти қонунгузор, дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- паҳн намудани иттилооти дигар оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ.
Моддаи 7. Субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда ва ваколатҳои онҳо
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024)
1. Ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда дохил мешаванд: халқи Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
2. Дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, субъекти ҳуқуқэҷодкунанда намебошанд.
3. Ваколатҳои субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
4. Субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда метавонанд якҷоя санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия, қабул ва интишор намоянд, агар он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда бошад. Тағйир додан, боздоштан ва қатъ намудани амали санади меъёрии ҳуқуқии якҷоя қабулгардида аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаи онро якҷоя қабулнамуда амалӣ мегардад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
5. Субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда наметавонанд якҷоя санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул кунанд, агар як субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар муносибат бо дигар субъекти ҳуқуқэҷодкунанда мақоми болоӣ бошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 8. Талаботи умумӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ
Талаботи умумӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ аз инҳо иборатанд:
- қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби субъекти ваколатдори ҳуқуқэҷодкунанда;
- қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мутобиқати санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътибори ҳуқуқиашон баландтар;
- таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ бо дарназардошти принсипҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;
- сифатнокии санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун заминаи самаранокии танзими ҳуқуқӣ;
- интишор кардан ва ба маълумоти омма расонидани санади меъёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 9. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тафовути намудҳои онҳо ва салоҳияти субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
2. Ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- қонунҳои конститутсионӣ;
- кодексҳо, қонунҳо;
- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармоишҳои вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024);
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
3. Тартиби ҷойгиршавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисми 2 моддаи мазкур қувваи ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд.
4. Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар қисмати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат накарданашон, амал мекунанд.
Моддаи 10. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
1. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегиранд ва бевосита амал мекунанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
2. Тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, ҳамроҳшавӣ, бақайдгирӣ, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Моддаи 11. Қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Агар барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани (имплементатсияи) меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи дохилидавлатӣ зарур бошад, мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд.
2. Барои иҷрои уҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мавридҳои зерин қабул карда мешаванд, агар:
- мавзӯи танзими санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, масъалаҳои мансуб ба доираи танзими қонунгузориро дар бар гирифта, вале бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нашуда бошанд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолиф бошанд;
- иҷрои уҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бе қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон бошад;
- иштироккунандагони шартномаи байналмилалӣ дар бораи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори миллӣ аҳду паймон карда бошанд.
Моддаи 12. Вогузории ваколати ҳуқуқэҷодкунӣ
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд қисме аз ваколатҳои ҳуқуқэҷодкунии худро, агар ин мухолифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад, ба мақомоти давлатии дахлдор вогузор намоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
2. Дар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба вогузории ваколат нишон дода мешавад, ки ба кадом мақомот ва ба кадом муҳлат ваколати мушаххас вогузор мегардад, ҳамчунин доирае, ки дар он мақомот ваколати ба он вогузоршударо татбиқ менамояд, муқаррар карда мешавад.
3. Мақомоте, ки ба он ваколат вогузор карда шудааст, ҳуқуқ надорад онро ба мақомоти дигар вогузор намояд.
4. Мақомоте, ки дар асоси ваколати вогузоршуда санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд, дар санади меъёрии ҳуқуқии худ ба қонун ва дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки мувофиқи он ваколати дахлдор ба он вогузор гардидааст, истинод меорад.
Моддаи 13. Вориси ҳуқуқӣ нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда
1. Дар сурати азнавташкилдиҳии мақомоти давлатии (ворид намудани тағйирот ба салоҳияти шахси мансабдори ваколатдори давлатии) дорои ҳуқуқи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ба вориси ҳуқуқии он якҷоя бо салоҳияти қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ, салоҳияти тағйир додан, илова кардан ва қатъ намудани амали санади меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда мегузарад.
2. Агар ба мақомоти давлатии барҳамдодашуда (мансаби ихтисоргардида) ва ё аз нав ташкил кардашуда, ба вориси ҳуқуқӣ барои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор салоҳият дода нашуда бошад, салоҳияти тағйир додан ё қатъ кардани амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда ба мақомоти болоӣ ё худ ба мақомоти дигари салоҳиятдори давлатӣ ё ин ки ба шахси мансабдори дар санади меъёрии ҳуқуқии барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ пешбинишуда мегузарад.
3. Тағйир ёфтани вазъи ҳуқуқии мақомоти давлатӣ (шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ), ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабул мекунад, сабаби қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулшуда намегардад.
4. Дар мавриди дигар шудани номи мақомоти давлатӣ ва ё азнавташкилдиҳии он бо роҳи муттаҳидсозӣ, ҳамроҳкунӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ, ки дар натиҷа номи ин мақомот тағйир меёбад, бояд ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои номи пешина дар қисмати дигар шудани номашон тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. То ворид намудани чунин тағйиру иловаҳо амали санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки номи пешинаро доранд, пурра ба мақомоте паҳн мегардад, ки номаш дигар шудааст.
5. Агар мақомоти давлатӣ тақсим ё ҷудо шавад, дар қарор оид ба азнавташкилдиҳии он бояд тақсими дақиқи салоҳият пешбинӣ карда шавад. Дар баробари ин мақомоти давлатие, ки дар бораи тақсим ё ҷудо шудани ин мақомот қарор қабул кардааст, уҳдадор аст дар давоми шаш моҳ тамоми тағйиру иловаҳои заруриро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ворид намояд.
Моддаи 14. Амали бевоситаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё дар санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор додани он тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, санади меъёрии ҳуқуқӣ бевосита амал мекунад.
2. Барои татбиқи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардааст, ягон дастури иловагӣ талаб карда намешавад.
3. Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ таъкид шуда бошад, ки ягон меъёри ҳуқуқии он дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии иловагӣ татбиқ карда мешавад, пас ин меъёр мутобиқи санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ ва иловагӣ татбиқ карда мешавад. То қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқии иловагӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои дахлдорро қаблан ба танзим медароварданд ва беэътибор дониста нашудаанд, дар қисмати ба санади меъёрии ҳуқуқии нав мухолифатнадошта амал мекунанд.
Моддаи 15. Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон - номгӯи соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
2. Пешбурди Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
3. Мақомоти давлатӣ уҳдадоранд Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ намоянд.
БОБИ 2. НАМУДҲОИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 16. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё қисмҳои таркибии онҳо, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
Моддаи 17. Қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида
1. Қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардида, масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳуриро танзим мекунад.
2. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда ва ё бекор кардани он танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 18. Қонуни конститутсионӣ
Қонуни конститутсионӣ санади меъёрии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, мавзӯи танзим ва тартиби қабули он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Моддаи 19. Кодекс
Кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.
Моддаи 20. Қонун
Қонун санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми қонунгузор қабул мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим мекунад.
Моддаи 21. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки мувофиқан дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи салоҳиятҳои пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ қабул карда мешаванд.
2. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 22. Фармон ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад.
2. Санади меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фармон қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
3. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти фардӣ доранд ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 23. Қарор ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва фармоиш қабул мекунад.
2. Санади меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
3. Қарорҳои хусусияти фардидошта ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 24. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024)
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
2. Вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
3. Барои ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ роҳбарони вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фармоишҳо, кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои хусусияти меъёрӣ надошта қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 25. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
1. Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон санади меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунанд.
2. Қарорҳои хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доштаи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва амрҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 26. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва раисони шаҳру ноҳия
1. Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия ва раисони шаҳру ноҳия дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар доираи салоҳияташон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунанд.
2. Қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд ва амрҳои раисони шаҳру ноҳияҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 27. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асос ва барои иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияташ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли қарор қабул мекунад.
2. Қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хусусияти фардӣ ва ташкилию амрдиҳӣ доранд, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд.
Моддаи 28. Дастур, низомнома, оиннома
1. Дастур санади меъёрии ҳуқуқиест, ки тартиби фаъолияти ягон мақоми давлатӣ ва ё воҳиди сохтории онро танзим менамояд.
2. Низомнома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки ба таври дақиқ вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти мақомоти давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибатҳои мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
3. Оиннома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, тартиби фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ ё воҳидҳои сохтории онҳо, ҳамчунин муносибати онҳоро бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон муайян менамояд.
4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешбининамудаи моддаи мазкур тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар моддаҳои 21-27 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул ё тасдиқ гардида, бо онҳо дар якҷоягӣ воҳиди томро ташкил медиҳанд.
Моддаи 29. Қоида, дастурамал ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Қоида санади меъёрии ҳуқуқиест, ки меъёрҳои дорои хусусияти умумиро мушаххас мегардонад, тартиби ташкил ва амали намуди фаъолиятро оид ба масъалаҳои ҷорӣ дақиқ муайян менамояд.
2. Дастурамал санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мазмун ва масъалаҳои муфассали танзимро дар соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ дақиқ муайян менамояд.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини иҷрои меъёрҳои онҳо, мумкин аст тартиб, дастури техникӣ ва дигар намудҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шаванд(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешбининамудаи моддаи мазкур тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии бо моддаҳои 21-27 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул ё тасдиқ мегарданд ва бо онҳо дар якҷоягӣ воҳиди томро ташкил медиҳанд.
БОБИ 3. БАНАҚШАГИРИИ ТАҲИЯИ ЛОИҲАИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 30. Мақсади банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷузъи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ буда, бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ташкили низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
- паҳн ва дастрас намудани иттилооти ҳуқуқӣ доир ба рушди низоми ҳуқуқии кишвар;
- ҷалби мақомоти дахлдор, муассисаҳои илмӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
- такмили раванди таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, возеҳ намудани доираи танзими ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 31. Нақшаи таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро таҳия ва тасдиқ намоянд.
2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки таҳияашон ба онҳо супорида шудааст ё нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки онҳо мақсади бо ташаббуси худ таҳия намуданашонро доранд, инчунин, нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби ҳамин вазорат, кумитаи давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қабулшавандаро таҳия ва тасдиқ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
3. Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, инчунин, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки қабулашон ба салоҳияти онҳо дохил мешавад, тасдиқ мекунанд.
4. Субъекти дахлдори ҳуқуқэҷодкунанда ҳуқуқ дорад нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар сомонаи расмии худ ҷойгир намояд.
Моддаи 32. Муҳлати амали нақшаҳо
1. Нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд ҷорӣ ва дарозмуҳлат бошанд.
2. Нақшаҳои ҷории таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба муҳлати то як сол таҳия карда мешаванд.
3. Нақшаҳои дарозмуҳлати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба муҳлати зиёда аз як сол таҳия мегарданд. Дар нақшаҳои дарозмуҳлат мақсадҳо ва афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқэҷодкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳо, консепсияҳо, дурнамо ва самтҳои инкишофи қонунгузории ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шуда, тадбирҳо дар соҳаи мураттабсозии қонунгузорӣ муайян карда мешаванд. Нақшаҳои дарозмуҳлат дар нақшаҳои ҷории фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мушаххас гардонида мешаванд.
Моддаи 33. Сохтори нақшаҳо
1. Дар нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд:
- номи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки намуд ва мавзӯи танзими онро инъикос мекунад;
- муҳлати таҳия;
- субъектҳое, ки барои таҳияи лоиҳа масъуланд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
2. Ҳангоми таҳияи нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳодҳои мақомоти дахлдор, муассисаҳои илмӣ, инчунин, пешниҳодҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо метавонанд ба инобат гирифта шаванд.
3. Субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандае, ки нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тартиб медиҳанд ва тасдиқ менамоянд, метавонанд ба нақшаҳо дигар талаботро, ки таҳияи ин лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро инъикос менамояд, дохил намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
4. Нақшаҳои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии берун аз нақшаро бо пешниҳоди субъекти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, супориши мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё бо ташаббуси худи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ истисно намекунанд.
БОБИ 4. ХУСУСИЯТҲОИ БАНАҚШАГИРӢ, ТАҲИЯ, ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИЕ, КИ БА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ТАЪСИРИ ИМКОНПАЗИР ДОРАД
Моддаи 34. Банақшагирии таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад
1. Ташаббуси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир доранд, ба Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
2. Таҳиякунанда пас аз қабули қарор дар бораи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ огоҳиномаи дорои маълумоти зеринро ҷойгир менамояд:
- намуд ва номи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- маълумот дар бораи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад;
- муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- муҳлате, ки дар муддати он аз ҷониби таҳиякунанда пешниҳодҳо вобаста ба ҷойгир намудани огоҳинома қабул карда мешаванд ва он наметавонад аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ҷойгир намудани огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кам бошад.
3. Оид ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои субъектҳои соҳибкорӣ уҳдадорӣ ва ё маҳдудиятҳоро пешбинӣ менамоянд, инчунин, маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:
- тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад;
- баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда;
- тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад;
- тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ);
- арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор.
4. Таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид карда нашудаанд, танҳо пас аз мувофиқа бо субъекти қабулкунандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷозат дода мешавад.
5. Мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ метавонад ба таҳиякунанда огоҳиномаро баргардонад, агар дар огоҳинома маълумоти дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинишуда дарҷ нагардида бошад.
Моддаи 35. Машваратҳои оммавӣ оид ба огоҳинома дар бораи омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мегардад
1. Таҳиякунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар муддати на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгиркунии огоҳинома оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мебошад, машваратҳои оммавӣ мегузаронад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки то ба итмом расидани муҳлати баргузории машваратҳои оммавӣ пешниҳодҳои худро дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузоранд.
3. Аз рӯи натиҷаи баррасии пешниҳодҳои воридшуда, дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома, таҳиякунанда қарори асоснокро оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё даст кашидан аз омода намудани он қабул менамояд.
4. Дар сурати қабули қарор оид ба рад намудани таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, таҳиякунанда маълумоти заруриро дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир менамояд ва оид ба қарори қабулгардида мақомот ва шахсони дар қисми 2 ҳамин модда дарҷгардида, дигар шахсони қаблан оид ба ҷойгир намудани огоҳинома хабардодашуда, инчунин, шахсонеро, ки аз ҷониби онҳо дархостҳо пешниҳод гардида буданд, хабардор менамояд.
5. Дар сурати қабули қарор оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, таҳиякунанда матни он ва таҳлили таъсири танзимкуниро тибқи талаботи моддаи 36 ҳамин Қонун омода менамояд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳиякунанда метавонад пешниҳодҳоеро, ки аз рӯи натиҷаи машваратҳои оммавӣ қабул карда шудаанд, ба инобат гирад.
6. Баъди гузаштани муҳлати машваратҳои оммавӣ, мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ ба таҳиякунанда дар бораи ба охир расидани он хулоса медиҳад.
Моддаи 36. Омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мебошад
1. Таҳлили таъсири танзимкунӣ аз ҷониби мақомоти давлатие, ки оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ масъул мебошад, омода карда шуда, аз ҷониби роҳбари он ба имзо расонида мешавад ва маълумоти зеринро бояд дар бар гирад:
- намуд ва номи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- маълумот дар бораи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбати онҳо татбиқ мегардад;
- муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- маълумот дар бораи ҷойгир намудани огоҳинома оид ба таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- маҷмӯи таклифҳои аз рӯи натиҷаи ҷойгиронии огоҳинома оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии воридгардида ва хулосаи таҳиякунанда оид ба онҳо;
- тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад;
- ифодаи мақсадҳои дахолати давлат;
- тавсифи мухтасари лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда, аз ҷумла чораҳои пешбининамудаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда, уҳдадорӣ ва маҳдудиятҳо барои субъектҳои соҳибкорӣ, асосноккунии интихоби роҳи ҳалли чунин мушкилот;
- тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилоти баррасишуда (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ);
- арзёбии муфассали хароҷоти буҷети давлатӣ эҳтимолияти оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҳолати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё роҳи дигари интихобшудаи ҳалли мушкилот;
- нишондиҳандаҳои арзёбии инкишоф ва даврияти ҷамъоварии он;
- санаи эҳтимолии мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар сурати қабули он.
2. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир карда мешавад.
3. Дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ҷойгир намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ, машваратҳои оммавӣ гузаронида мешавад.
4. Таҳиякунанда уҳдадор аст, ки таклифҳои дар муҳлати муқарраршуда воридшударо дар робита ба гузаронидани машваратҳои оммавии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ баррасӣ намояд.
5. Аз рӯи натиҷаи машваратҳои оммавӣ, таҳиякунанда метавонад қарори асоснокро оид ба рад намудан аз таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё оид ба омода ва қабули минбаъдаи он қабул намояд. Дар сурати қабули қарор оид ба рад кардани таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳиякунанда дар сомонаи расмӣ маълумоти дахлдорро ҷойгир менамояд.
6. Дар сурати қабули қарор дар бораи омодасозии минбаъдаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, таҳиякунанда бо дарназардошти натиҷаҳои машваратҳои оммавӣ, лоиҳаи ниҳоии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкуниро омода месозад.
Моддаи 37. Таҳлили таъсири танзимкунӣ
1. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба танзими муносибатҳо дар соҳаи соҳибкорӣ равона гардидаанд, мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода мешаванд.
2. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки меъёри андоз, андозаи пардохтҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ муқаррар менамоянд, лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин, лоиҳаҳое, ки барои беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё қисмҳои алоҳидаи он равона гардидаанд, мавриди таҳлили таъсири танзимкунӣ қарор дода намешаванд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ лоиҳаи баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ озод намояд.
4. Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 38. Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ
1. Лоиҳаи ниҳоии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир карда мешавад.
2. Дар давоми 5 рӯзи тақвимӣ аз санаи ҷойгир намудани лоиҳаи ниҳоии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ хулосаро оид ба гузаронидани расмиёти машваратҳои оммавӣ омода менамояд. Ба хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳодҳои аз рӯи натиҷаи машварати оммавӣ қабулшуда замима мегарданд.
3. Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир карда мешавад.
4. Лоиҳаи ниҳоии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст аз ҷониби мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда танҳо дар ҳолати мавҷуд будани таҳлили таъсири танзимкунӣ ва хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкуние, ки дар қисми 2 ҳамин модда ва қисми 6 моддаи 35 Қонуни мазкур пешбинӣ карда шудаанд, баррасӣ гардад.
Моддаи 39. Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Портали интернетӣ) махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад.
2. Портали интернетӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ таҳия ва пеш бурда шуда, аз фаслҳои зерин иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024):
- Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ;
- Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Паҳнкунии иттилоот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо аз Портали интернетӣ тавассути шабакаи Интернет сурат мегирад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд ройгон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷустуҷӯ кунанд, аз назар гузаронанд, дастрас ва чоп намоянд.
4. Портали интернетӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
5.  Тартиби пешбурди Портали интернетӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкуниро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
БОБИ 5. ТЕХНИКАИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ
Моддаи 40. Талаботи умумии техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ нисбат ба санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд мутобиқати дохилӣ дошта, аз рӯи мантиқ тартиб дода шавад ва ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷавобгӯ бошад.
2. Ҳангоми навиштани матни санади меъёрии ҳуқуқӣ аввал қоидаҳои умумӣ ва сипас қоидаҳои махсус ҷойгир карда мешаванд.
3. Мафҳумҳо ва истилоҳоти дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашаванда бояд фаҳмо ва ҳаммаъно бошанд.
4. Мазмуни матни моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо дар дигар моддаҳо, қисмҳо ё бандҳо дар ҳамон як санади меъёрии ҳуқуқӣ набояд такроран баён карда шаванд.
5. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва қисмҳои таркибии он бояд возеҳу мухтасар ва фаҳмо бошад, мазмуни асосии матни онро дақиқ ифода намояд.
6. Меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд мушаххас ва дар замони ҳозира ифода шуда, бештар дар шакли тасдиқӣ баён карда шаванд.
7. Тартиби мавриди амал қарор додан ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар қоидаҳои хотимавии худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё санади меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи намуди якхела дар бораи мавриди амал қарор додани он баён мешавад. Дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав масъалаи беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар қоидаҳои хотимавии худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё санади меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи намудашон якхела ифода мешавад.
Моддаи 41. Нишонаҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ
Санади меъёрии ҳуқуқӣ дорои нишонаҳои зерин мебошад:
- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- мақоми ҳуқуқэҷодкунанда, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст;
- номе, ки мавзӯи танзими онро ифода мекунад;
- рамзи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- имзои шахсе (шахсоне), ки расман ваколатдори (ваколатдорони) имзо намудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор мебошад (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида);
- макон ва санаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- рақами санади меъёрии ҳуқуқӣ (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида);
- рақам ва санаи бақайдгирии давлатӣ барои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд;
- муҳри дорои нишони давлатии мақомоте, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст.
Моддаи 42. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ
Ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ ном дорад, ки дар маркази қисми болоии матн нишон дода мешавад. Номи санадҳои қонунгузорӣ бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо ҳарфҳои хурд навишта шуда, бо ҳарфи калон оғоз меёбад. Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ мавзӯи танзими ҳуқуқии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мазмуни асосии онро инъикос менамояд. Дар охири номи санади меъёрии ҳуқуқӣ нуқта гузошта намешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кодекс, қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабул ё тасдиқшавандаи мушаххас ҳангоми дар шакли мухтасар ифода ёфтан, ки намуд ва номи онҳоро инъикос менамояд, бо ҳарфҳои хурд навишта шуда, бо ҳарфи калон оғоз меёбанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 43. Таркиби санади қонунгузорӣ
1. Таркиби санади қонунгузорӣ метавонад аз муқаддима, қисм, фасл, зерфасл, боб, параграф, модда, қисм дар модда, банд, зербанд ва сархат иборат бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
2. Муқаддима қисми таркибии санади қонунгузорӣ буда, дар он мақсади қабул кардани санади қонунгузорӣ, мавзӯъ ва вазифаҳои асосии он инъикос карда мешаванд. Ба муқаддима амру дастурҳои меъёрӣ дохил карда намешавад.
3. Қисм ҷузъи таркибии мустақили санади қонунгузорӣ буда, фаслҳои санадҳои қонунгузории ҳаҷман калонро дар бар мегирад. Қисм бо рақами римӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Қисм метавонад ном дошта бошад ва пас аз рақамҳо бо ҳарфҳои калон навишта шуда, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи қисм нуқта гузошта намешавад.
4. Фасл қисми таркибии санади қонунгузорӣ буда, бобҳо ё параграфҳои ин санади қонунгузориро дар бар мегирад. Фасл бо рақами римӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Вобаста ба ҳаҷм фасл метавонад ба зерфаслҳо тақсим шавад. Фасл дорои ном буда, бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи фасл дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи фасл нуқта гузошта намешавад.
5. Зерфасл қисми таркибии фасли санади қонунгузорӣ буда, аз бобҳо ё параграфҳои санади қонунгузорӣ иборат аст. Зерфасл бо рақамҳои арабӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Зерфасл дорои ном буда, бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Номи зерфасл дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи зерфасл нуқта гузошта намешавад.
6. Боб қисми таркибии санади қонунгузорӣ буда, моддаҳои мазмунан ба ҳам наздики ин санади қонунгузориро дар бар мегирад. Боб бо рақами арабӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Боб ном дошта, бо ҳарфҳои калон навишта шуда, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи боб нуқта гузошта намешавад. Боби санади қонунгузории ҳаҷмаш калон мумкин аст ба параграфҳо тақсим карда шавад.
7. Параграф қисми матни дохили фасл, зерфасл ё боб мебошад, ки бо аломати параграф "§" ифода мегардад. Параграф бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он нуқта гузошта мешавад. Параграф дорои ном буда, бо ҳарфҳои хурд навишта мешавад, вале бо ҳарфи калон оғоз ёфта, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи параграф нуқта гузошта намешавад.
8. Модда қисми ҳатмии таркибии санади қонунгузорӣ буда, дорои муқаррароти меъёрии мукаммал мебошад. Модда бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ ишора мегардад ва пас аз он нуқта гузошта мешавад. Модда ном дошта, мазмуну моҳияти онро ифода мекунад, ба истиснои моддаи қонуне, ки тавассути он ба қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад. Номи модда пас аз рақамҳо бо ҳарфҳои хурд навишта мешавад, вале бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири номи модда нуқта гузошта намешавад. Моддаҳо метавонанд дар боб ё параграф муттаҳид гардида, аз қисмҳо иборат бошанд.
9. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, мазмуни ягона дорад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад, ишора мегардад ва метавонад ба бандҳо ё сархатҳо тақсим шавад. Қисми модда наметавонад аз як банд ё як сархат иборат бошад. Агар модда аз як қисм иборат бошад, рақамгузорӣ карда намешавад. Қисми моддаи санади қонунгузорӣ бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 03.01.2024 № 2024).
10. Банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, баъд аз муқаддимаи қисм ва аломати баён ":" бо фосила оғоз меёбад ва бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида ")" гузошта мешавад. Бандҳо метавонанд ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи хурд оғоз гардида, дар охири он нуқтавергул ";" гузошта мешавад, ба истиснои банди охирон, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
11. Зербанди банди қисми моддаи санади қонунгузорӣ ҷузъи таркибии он буда, баъд аз муқаддимаи банд ва аломати баён ":" бо фосила оғоз меёбад ва бо ҳарфҳои хурди алифбои тоҷикӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида ")" гузошта мешавад. Зербандҳо метавонанд ба сархатҳо тақсим шаванд. Зербанд бо ҳарфи хурд оғоз гардида, дар охири он нуқтавергул ";" гузошта мешавад, ба истиснои зербанди охирони қисми модда, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 03.01.2024 № 2024).
12. Сархатҳо ҷузъи таркибии қисм, банд ё зербанд буда, пас аз муқаддимаи қисм, банд ё зербанд ва аломати баён ":" бо аломати нимтире "-" ҷудо мегарданд ва бо ҳарфҳои хурд навишта мешаванд. Ҳар як сархат бо нуқтавергул ";" ба охир мерасад, ба истиснои сархати охирони қисми модда, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
13. Рақамгузории қисм, фасл, боб ва моддаи санади қонунгузорӣ бояд пайдарпай бошад.
14. Рақамгузории қисмҳо ва бандҳо дар моддаҳо, параграфҳои ҳар як боб, зерфасл ва фасл, инчунин, зерфаслҳои ҳар як фасли санади қонунгузорӣ мустақил мебошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
15. Дар қисмҳои таркибии санади қонунгузорӣ истифодаи аломатҳои дар Қонуни мазкур пешбининашуда манъ аст.
16. Санади қонунгузории калонҳаҷм метавонад мундариҷа дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
Моддаи 44. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ
1. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ метавонад аз муқаддима, боб, параграф, банд, зербанд ва сархат иборат бошад.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки дар моддаҳои 21-27 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, бояд муқаддима дошта бошанд ва дар он ишора ба санади меъёрии ҳуқуқӣ (модда, қисм ё банди он), ки дар асос ва барои иҷрои он қабул мегардад, нишон дода шавад. Ба муқаддима амру дастурҳои меъёрӣ дохил карда намешавад.
3. Боб чун қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ бандҳои мазмунан ба ҳам наздики санади меъёрии ҳуқуқии зерқонуниро дар бар мегирад. Боб бо рақами арабӣ ишора гардида, баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Боб ном дошта, бо ҳарфҳои калон навишта ва дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи боб нуқта гузошта намешавад. Боби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии ҳаҷмаш калон мумкин аст ба параграфҳо тақсим карда шавад.
4. Параграф қисми матни дохили боб мебошад, ки бо аломати параграф "§" ифода мегардад. Параграф бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он нуқта гузошта мешавад. Параграф дорои ном буда, бо ҳарфҳои хурд навишта мешавад, вале бо ҳарфи калон оғоз ёфта, дар маркази сатр ҷойгир карда мешавад. Дар охири номи параграф нуқта гузошта намешавад.
5. Банд қисми ҳатмии таркибии санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ буда, дорои муқаррароти меъёрии мукаммал мебошад. Банд ном надорад ва бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ ишора мегардад, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Бандҳо метавонанд дар боб ё параграф муттаҳид гардида, ба зербандҳо ё сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад. Агар санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ аз як банд иборат бошад, рақамгузорӣ карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
6. Зербанди банди санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ҷузъи таркибии он буда, баъд аз муқаддимаи банд ва аломати баён ":" бо фосила оғоз меёбад ва бо рақами арабӣ ишора гардида, пас аз он аломати қавси пӯшида ")" гузошта мешавад. Зербандҳо метавонанд ба сархатҳо тақсим шаванд. Зербанд бо ҳарфи хурд оғоз гардида, дар охири он нуқтавергул ";" гузошта мешавад, ба истиснои зербанди охирон, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
7. Сархатҳо ҷузъи таркибии банд ё зербанд буда, пас аз муқаддимаи банд ё зербанд ва аломати баён ":" бо аломати нимтире "-" ҷудо гардида, бо ҳарфҳои хурд навишта мешаванд. Ҳар як сархат бо нуқта вергул ";" ба охир мерасад, ба истиснои сархати охирони банд ва ё зербанди охирон, ки дар охири он нуқта гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
8. Рақамгузории бобҳо ва бандҳои санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ пайдарпай мебошад. Рақамгузории параграфҳои ҳар як боби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ мустақил мебошад.
9. Дар қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ истифодаи аломатҳои дар Қонуни мазкур пешбининашуда манъ аст.
Моддаи 45. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқкунанда ва бо дигар санад қабул ё тасдиқшаванда
1. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқкунандае, ки дар моддаҳои 21-27 ҳамин Қонун пешбинӣ гардидааст аз муқаддима ва банд иборат мебошад. Муқаддима дорои маълумот дар бораи асосҳои қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, ҳолатҳои воқеӣ ва асосҳое мебошад, ки боиси қабули ҳамин санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ гардидаанд. Ба муқаддима амру дастурҳои меъёрӣ ва истифодаи калимаҳои мураккаби ихтисоршуда дохил карда намешаванд. Муқаддима рақамгузорӣ карда намешавад. Банд қисми ҳатмии таркибии санади қабул ё тасдиқкунанда буда, дорои муқаррароти меъёрии мукаммал мебошад. Банд ном надорад ва бо фосила оғоз ёфта, бо рақами арабӣ ишора мегардад, ки баъд аз он нуқта гузошта мешавад. Санади қабул ё тасдиқкунандае, ки аз як банд иборат мебошад, рақамгузорӣ карда намешавад. Бандҳо метавонанд ба сархатҳо тақсим шаванд. Банд бо ҳарфи калон оғоз гардида, дар охири он нуқта гузошта мешавад. Дар банд, ки қабул ё тасдиқи санад пешбинӣ мегардад, номи санади қабул ё тасдиқшаванда дарҷ карда шуда, бо калимаҳои "қабул карда шавад (замима мегардад)" ё "тасдиқ карда шавад (замима мегардад)" ба итмом мерасад. Дар ҳолати қабул ё тасдиқи якчанд санадҳо номи санадҳои қабул ё тасдиқшаванда пайдарпай ё дар шакли алоҳида дарҷ карда шуда, бо калимаҳои "қабул карда шаванд (замимаҳои 1, 2, ...)" ё "тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, ...)" ба итмом мерасанд.
2. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқшаванда метавонад аз муқаддима, қисм, фасл, зерфасл, боб, параграф, банд, зербанд ва сархат иборат бошад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки дар моддаҳои 28-29 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, метавонанд муқаддима дошта бошанд. Муқаддима қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқшаванда буда, дорои маълумот дар бораи мақсади қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, мавзӯъ ва тарзи танзими ҳуқуқии он мебошад. Ба муқаддима дохил кардани амру дастурҳои меъёрӣ ва истифодаи калимаҳои мураккаби ихтисоршуда манъ аст. Муқаддима рақамгузорӣ карда намешавад. Тартиби ифодаи қисм, фасл ва зерфасли санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқшаванда мутобиқи талаботе, ки дар моддаи 43 Қонуни мазкур нисбати қисм, фасл ва зерфаслҳо пешбинӣ шудаанд, сурат мегирад. Тартиби ифодаи боб, параграф, банд, зербанд ва сархатҳои санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқшаванда мутобиқи талаботе, ки дар моддаи 44 Қонуни мазкур нисбати боб, параграф, банд, зербанд ва сархатҳо пешбинӣ шудааст, сурат мегирад.
3. Дар кунҷи рости болои санадҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба санади қабул ё тасдиқкунанда, сана ва рақами қабул ё тасдиқ ишора карда мешавад. Дар навбати худ санадҳои мазкур низ мутобиқи моддаи 47 ҳамин Қонун метавонанд замима дошта бошанд.
4. Санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунии қабул ё тасдиқшавандаи калонҳаҷм метавонад мундариҷа дошта бошад.
Моддаи 46. Хусусиятҳои таркибии кодекс
1. Кодекс дорои ном мебошад ва метавонад мундариҷа, қисми умумӣ ва қисми махсус дошта бошад.
2. Қисми умумии кодекс муқаррароти ҳуқуқии умумиро, ки заминаи татбиқи меъёрҳои қисми махсус мебошанд дар бар гирифта, аз муқаррароти зерин иборат аст:
- муқаррароти умумӣ (принсипҳо, тафсири мафҳумҳо ва институтҳои асосӣ);
- муқаррароти махсуси меъёрӣ;
- дигар ҳолатҳои ибтидоии меъёрӣ, ки барои татбиқи меъёрҳои қисми махсус заминаи ҳуқуқӣ мегузоранд.
3. Қисми махсуси кодекс ба таври мушаххас амали ҳуқуқӣ ё зиддиҳуқуқӣ, оқибатҳои ҳуқуқиро барои иҷро ва риоя накардани онҳо пешбинӣ намуда, метавонад дорои чунин муқаррарот бошад:
- меъёрҳои рафтори имконпазир, ҳатмӣ ва ё манъкунанда;
- қоидаҳои оқибатҳои ҳуқуқӣ барои риоя ва иҷро накардани меъёрҳои ҳуқуқӣ пешбиникунанда.
Моддаи 47. Эзоҳ ва замима
1. Эзоҳ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади дақиқ намудани моҳияти меъёрҳои ҷудогона истифода бурда мешавад.
2. Эзоҳ дар охири меъёр ё меъёрҳои ҷудогонае, ки нисбати онҳо эзоҳот дода мешавад, дар сатри алоҳида навишта, дар он дақиқ қайд карда мешавад, ки эзоҳот мафҳуми меъёри кадом қисмҳои таркибии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
3. Агар дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷадвал, сурат, харита, нақша, номгӯй ва дигар маводи шарҳдиҳанда оварда шаванд, пас онҳо метавонанд ҳамчун замима нишон дода шаванд. Дар ин ҳолат моддаҳои (бандҳои) дахлдори он бояд ба ин замимаҳо ишора намоянд. Қисмҳои таркибии ҷадвал, номгӯй ва нақшаҳои замимашаванда вобаста ба ҳаҷм, мақсад, моҳият, гурӯҳбандӣ ва дигар хусусиятҳои онҳо мустақилона рақамгузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
4. Замимаи шарҳдиҳанда ва ё пурракунандаи муҳтавои санади меъёрии ҳуқуқӣ, қисми таркибии он мебошад, ки барои осон намудани кор дар варақҳои алоҳида оварда мешавад. Дар ин ҳолат истинод ба замима тавассути истилоҳи "мутобиқи" сурат мегирад.
5. Замима бояд сарлавҳа ва рақами тартибӣ дошта бошад, ки робитаи онро бо матни асосии санади меъёрии ҳуқуқӣ нишон медиҳад. Нишонаҳои номбурда дар кунҷи рости болои замима навишта мешаванд.
6. Санади меъёрии ҳуқуқӣ бо замимаҳо бояд рақамҳои пайдарпайи саҳифаҳоро дошта бошад.
Моддаи 48. Истифодаи истинод дар санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Истинод ба қисмҳои таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолате истифода мешавад, ки нишон додани робитаи мутақобилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё худ пешгирии такрори онҳо зарур бошад.
2. Дар мавриди истинод намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои таркибии онҳо) инҳо зикр карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024):
- ишора ба меъёри дақиқ (дар мавриди зарурӣ то сархат), ки ба он истинод карда мешавад (ҳангоми истинод кардан ба қисми таркибии алоҳидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ);
- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- номи санади меъёрии ҳуқуқӣ.
3. Дар мавриди истинод намудан ба санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ илова ба нишонаҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда рақам ва санаи қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ низ зикр карда мешаванд.
4. Дар ҳолатҳои якчанд маротиба ба санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ истинод кардан танҳо намуди санад, рақам ва санаи қабули он ва ё шакли мухтасари он зикр карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
5. Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё худ ба қисми таркибии он дар ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ танҳо бо истифодаи калимаҳои "мазкур" ва ё "ҳамин" истинод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 49. Талаботи забонӣ ба матни санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул карда мешавад.
2. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, сода ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд.
Моддаи 50. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шавад.
2. Ҳамон як истилоҳ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад.
3. Дар ҳолати зарурати дақиқ намудани истилоҳот ва мафҳумҳои дар санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодашуда дар санад моддае (қисме, банде) оварда мешавад, ки дар он моҳияти ин истилоҳоту мафҳумҳо шарҳ дода мешавад.
4. Истилоҳоти махсус мумкин аст дар санади меъёрии ҳуқуқӣ танҳо бо ҳамон маъное истифода гардад, ки он дар соҳаи махсуси дахлдор истифода мешавад. Истилоҳоти махсус бояд дар санади меъёрии ҳуқуқӣ шарҳ дода шавад.
Моддаи 51. Талабот ба сабку услуби санади меъёрии ҳуқуқӣ
Дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ истифодаи чунин калимаву ибораҳо манъ аст:
- забони гуфтугӯи халқӣ (лаҳҷавӣ ва шевагӣ), ифодаҳои маҷозӣ ва пуробуранг;
- мафҳумҳои (истилоҳоти) гуногуни ҳаммаъно;
- истифодаи калима ва истилоҳоти бегонаи ғайримаъмул дар сурати дар забони давлатӣ мавҷуд будани чунин калима ва истилоҳот;
- ибора ва таркибҳои норавшан, мулоҳизот, хитобу даъватҳои умумӣ;
- калимаҳои мураккаби ихтисоршуда (аббревиатура), ба истиснои ҳолатҳои зарурӣ ва бо нишон додани шакли пурраи онҳо (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632);
- истилоҳоти ғайримеъёрӣ.
Моддаи 52. Тартиби нишон додани номи мақомоти давлатӣ ва мафҳумҳо дар санади меъёрии ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024)
1. Номи мақомоти давлатӣ, ки дар санади меъёрии ҳуқуқӣ зикр меёбад, дақиқ ва айнан мутобиқи номи пурраи расмиашон, ки дар оиннома ва низомномаи онҳо, дар қарор оид ба таъсис, номгузорӣ ва тағйири номи онҳо пешбинӣ шудаанд, навишта мешаванд.
2. Мафҳумҳои умумӣ (калимаву ибораҳо), ки мақомоти давлатиро ифода менамоянд, дар санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолатҳое истифода мешаванд, ки ин мафҳуми умумӣ ҳар кадом мақомоти дахлдори давлатиро дар назар дошта бошад.
3. Агар дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ чандин бор зикр кардани номи мақоми давлатӣ, ҳамчунин мафҳуми бо чанд калима ифодашавандаро чандин маротиба такрор кардан зарур бошад, номи мақомоти давлатӣ ё мафҳум дар муқаррароти меъёрӣ, ки он бори аввал истифода шудааст, пурра зикр меёбад, зимни ин дар қавсайн ифодаи шартии он, ки дар муқаррароти минбаъда ишора мегардад, навишта мешавад. Ҳамин қоида нисбати номи санади меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад, агар пурра зикр кардани номи он мақсаднок набошад.
Моддаи 53. Тартиби пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632)
Дар санади меъёрии ҳуқуқие, ки уҳдадории мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар менамояд, кирдорҳое муайян карда мешаванд, ки барои онҳо қонунгузорӣ метавонад ҷавобгарии дахлдорро муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
Моддаи 54. Тартиби пешбинӣ намудани муқаррароти интиқолӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд муқаррароти интиқолӣ дошта бошанд. Дар муқаррароти интиқолӣ ҳолати муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар натиҷаи амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулгардида ба вуҷуд омадаанд, инъикос гардида, муҳлат ва тарзҳои гузариш ба муносибатҳои нав муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 55. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Дар мавриди қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав, агар санади меъёрии ҳуқуқии қаблан қабулгардида қисман ба меъёрҳои ба санади меъёрии ҳуқуқии нав воридшуда мухолиф бошад, ба он тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд. Матни чунин тағйиру иловаҳо дар шакли таҳрири нави моддаҳои дахлдор ва қисмҳои таркибии онҳо, ҳамчунин ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба ин моддаҳо ва қисмҳои таркибии онҳо ифода карда мешавад.
2. Тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инчунин метавонанд бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои дахлдор ворид карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
3. Дар сурати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ зарурати таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии баробардараҷа оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ё аз эътибор соқит намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вуҷуд ояд, ин лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар маҷмӯъ таҳия ва пешниҳод карда шаванд. Агар ҳангоми таҳияи лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд ояд, ин лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар маҷмуъ таҳия ва пешниҳод карда шаванд, агар дар лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ё аз эътибор соқит намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баъди қабули санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ ба таври истисно дар мавридҳое иҷозат дода мешавад, ки таҳияи онҳо муҳлати тӯлониро талаб намояд. Дар ин маврид супориши мақомоти (шахси мансабдори) ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар бораи таҳияи лоиҳаи номгӯи мазкур тайёр карда, дар он мақомоти давлатии таҳиякунандаи ҳамин номгӯй ва муҳлати пешниҳоди он ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 56. Техникаи ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо
1. Агар тағйиру иловаҳои ба санади меъёрии ҳуқуқӣ воридшаванда аз нисфи матни санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) зиёд бошанд ва ё онро душворфаҳм гардонанд, санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) дар таҳрири нав баён карда мешавад.
2. Агар тағйири меъёрҳоро дар таҳрири нав пурра баён кардан зарур набошад, матни онҳо бо роҳи хориҷ, илова ва иваз намудани баъзе калима, ибора, ҷумла ва рақамҳо ислоҳ карда мешавад. Ҳангоми илова, иваз ва хориҷ намудани калима, ибора ва рақамҳо дар матни санади меъёрии ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо бо роҳи дар ҳар як қисми таркибӣ илова, иваз ва хориҷ намудани калима, ибора ва рақамҳо сурат мегирад. Дар сурати ҷой доштани зарурати чандин маротиба илова, иваз ва хориҷ намудани ҳамон як калима, ибора ва рақам дар матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаи мазкур метавонад истифода нашавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
3. Дар сурати аз санади қонунгузорӣ хориҷ намудани фасл, зерфасл, боб, параграф, модда ва аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хориҷ кардани фасл, зерфасл, боб, параграф, банд рақами тартибии онҳо мувофиқан тағйир дода намешавад. Агар қисми таркибии модда ва ё банди санади меъёрии ҳуқуқӣ хориҷ карда шавад, дар ин сурат қисмҳои таркибии боқимондаи модда ва ё банд ба тартиб дароварда мешаванд, ба истиснои сархатҳо, ки онҳо мустақилона ҷобаҷогузорӣ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 03.01.2024 № 2024).
4. Дар сурати ба санади меъёрии ҳуқуқӣ илова намудани фасл, зерфасл, боб, параграф, модда ва ё банд ба онҳо рақамҳои тартибии фасл, зерфасл, боб, параграф, модда ва ё банди пешинаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузошта, дар тарафи рости қисми болои ин рақамҳо бо рақамҳои арабӣ аз рақами як сар карда рақамгузорӣ карда мешавад, ки ин намуд рақамгузорӣ (ишора) номида мешавад.
5. Агар ба қисми таркибии модда ва ё банди санади меъёрии ҳуқуқӣ қисми таркибии нав илова карда шавад, рақамгузории қисмҳои боқимондаи таркибии модда ва ё банд ба тартиб оварда мешавад, ба истиснои сархатҳо, ки онҳо мустақилона ҷобаҷогузорӣ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
6. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти (шахси мансабдори) ҳуқуқэҷодкунанда, ки онро қабул намудааст, бо роҳи қабул намудани ҳамон намуд санади меъёрии ҳуқуқие, ки ин тағйиру иловаҳо ба он ворид карда мешаванд, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
7. Тағйиру иловаҳо ба кодекс бо роҳи қабул намудани Қонун ворид карда мешаванд.
8. Тағйиру иловаҳоро ба санади меъёрии ҳуқуқии қабул ё тасдиқшуда мақомоти (шахси мансабдори) ҳуқуқэҷодкунанда, ки онро қабул ё тасдиқ намудааст, бо роҳи қабул кардани ҳамон намуди санади меъёрии ҳуқуқие, ки ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бо чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ё тасдиқ шудааст, ворид менамояд.
9. Дар сурати якчанд маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки онро душворфаҳм мегардонанд, мақоми (шахси мансабдори) ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул ё тасдиқ намудааст, метавонад онро бо дарназардошти тағйиру иловаҳои воридгардида ва воридшаванда дар таҳрири нав қабул ё тасдиқ намояд.
10. Санади меъёрии ҳуқуқие, ки тавассути он тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад, вобаста ба матни тағйир ё илова метавонад дар алоҳидагӣ, якҷоя дар шаклҳои танҳо ва ё ҷамъ номгузорӣ карда шавад.
Моддаи 57. Тартиби аз эътибор соқит донистан ва боздоштани амали санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Агар санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ё қисми таркибии он ба меъёрҳои ба санади нав дохилшуда мухолиф ё худ ба воситаи он бекор шуда бошад, бояд аз эътибор соқит дониста шавад. Дар ҳолати аз эътибор соқит надонистани чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ он дар қисме амал мекунад, ки ба санади меъёрии ҳуқуқии нав қабулгардида мухолифат надошта бошад.
2. Ҳангоми аз эътибор соқит намудани санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ, дар як вақт санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё қисми онҳо, ки тибқи онҳо ба ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд, аз эътибор соқит дониста мешаванд.
3. Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) дар ҳолатҳои зарурӣ мумкин аст ба муҳлати муайян боздошта шавад.
4. Санади боздошт қабул мегардад:
- бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қарорҳои якҷояи онҳо;
- бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024);
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо фармоиш ва қарорҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024);
- бо қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо ва қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- бо қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо.
БОБИ 6. ТАҲИЯ ВА БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ ЛОИҲАИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 58. Таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби худи мақоми ҳуқуқэҷодкунанда ё бо супориши он аз ҷониби мақомот, муассиса ва ташкилоти тобеъ таҳия карда мешавад. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар мувофиқа бо мақомоти давлатии манфиатдор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар метавонанд таклифҳои худро оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 03.01.2024 № 2024).
2. Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда метавонад дар асоси шартнома ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро супориш диҳад.
3. Мақоми ҳуқуқэҷодкунанда метавонад таҳияи лоиҳаи алтернативии санади меъёрии ҳуқуқиро ба якчанд мақомот, муассиса, ташкилот ва шахсон супорад ё бо онҳо шартнома бандад, инчунин барои лоиҳаи беҳтарин озмун эълон намояд.
Моддаи 59. Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Бо қарори мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ё мақомоти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои таҳия ё такмили лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои дигар ва олимони алоҳида гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
2. Гурӯҳи корӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро мутобиқи нақшаи тасдиқгардида таҳия менамояд.
Моддаи 60. Мукаммал ва мушаххас намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
Агар барои мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ қабули дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур бошад, дар лоиҳаи асосӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мавриди амал қарор додани он ба мақомоти дахлдор дар муҳлати муқарраркардаи мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда таҳия ва қабул намудани чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ супориш дода мешавад.
Моддаи 61. Ҷалб намудани мақомоти давлатӣ ба таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёт ва соҳаҳои дигари идораи давлатӣ вазорату идораҳо, мақомоти дигари давлатӣ, ки барои ҳолат ва рушди ин соҳаҳо масъуланд, ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 62. Тартиби мувофиқа кардани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ то қабул ё тасдиқи он бо мақомот ва идораҳои манфиатдор мувофиқа карда мешавад.
2. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ - узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. Лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, бо тартиби муқаррарнамудаи онҳо бо мақомоти манфиатдор мувофиқа карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
3. Тартиби мувофиқа кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро, ки аз ҷониби ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд, Дастури ин мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда муайян мекунад.
4. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
5. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақомоту идораҳо, корхона, муассисаю ташкилотҳои манфиатдор мувофиқа карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 63. Ирсоли лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои қабули минбаъдаи он
1. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаи ваколатдори дахлдор бо замимаи чунин ҳуҷҷатҳо ирсол мегардад:
- мактуби ирсолӣ;
- маълумотномаи асосноккунандаи зарурати қабул намудани лоиҳаи дахлдор, номгӯи мақомот ва ташкилоте, ки лоиҳа бо онҳо мувофиқа гардидааст, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- хулосаи коршиносон, ки дар натиҷаи экспертизаи мустақил тайёр шудаанд - ҳангоми зарурат (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024);
- асоснокгардонии молиявию иқтисодии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки амалисозии он хароҷоти молиявиро талаб мекунад;
- ҳуҷҷатҳои дигар, ки ба асосноккунии муқаррароти лоиҳа ё ба лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дахл доранд - бо хоҳиши мақоми ҳуқуқэҷодкунандае, ки лоиҳаро пешниҳод намудааст.
2. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақоми ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар як вақт ҳам дар ҳомили коғазӣ ва ҳам дар ҳомили электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пешниҳод карда мешавад.
3. Масъалаҳои дигари тартиби пешниҳоди лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақоми ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор муайян карда мешаванд.
4. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо риоя накардани талаботи моддаи мазкур ба баррасии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод мегардад, бидуни баррасӣ баргардонида мешавад. Баъди бартараф кардани норасоиҳо лоиҳа бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 64. Экспертизаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо қарори мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда метавонад мавриди экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ, зиддикоррупсионӣ, зиддитабъизӣ, таҳлили таъсири танзимкунӣ, молиявию иқтисодӣ, экологӣ, илмию техникӣ ва ё махсуси илмӣ қарор дода шавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
2. Ба сифати коршинос ташкилот ва шахсоне ҷалб карда мешаванд, ки дар таҳияи ҳамин лоиҳа бевосита иштирок накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
3. Дар баҳодиҳии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ коршиносон мустақил буда, ба мавқеи мақоми ҳуқуқэҷодкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо супориши он экспертиза гузаронида мешавад, вобаста нестанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
4. Лоиҳаи санади қонунгузорӣ, ки ба экспертизаи мустақили илмӣ пешниҳод карда шудааст, дар ҷаласаи мақомоти қонунгузор танҳо дар мавриди мавҷуд будани хулосаи коршинос баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
5. Экспертизаи зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" гузаронида мешавад.
6. Экспертизаи зиддитабъизии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз" гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
БОБИ 7. ИНТИШОРИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 65. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба ғайр аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, дар нашрияҳои расмӣ ройгон интишор карда мешаванд.
2. Ҳангоми интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар воситаҳои ахбори омма истинод ба сарчашмаи нашри расмӣ ҳатмӣ мебошад.
3. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ ва тарҷумаи онҳо ба забони русӣ сурат мегирад ва ҳангоми зарурат тарҷумаи онҳо ба дигар забонҳо аз тарафи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар шакли нопурра ё иқтибос аз онҳо мумкин нест, ба истиснои ҳолатҳои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои муқаррароти алоҳидае, ки набояд интишор шаванд.
Моддаи 66. Сарчашмаҳо ва тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Сарчашмаи расмии интишори санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзномаҳои "Ҷумҳурият", "Садои мардум", "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ба нашрияҳои расмӣ ворид шудаанд, бояд дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ интишор гарданд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
2. Сарчашмаи расмии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе рӯзномаҳои вилоятӣ ва шаҳрии дахлдор мебошанд. Сарчашмаи расмии интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия, раисони шаҳру ноҳия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот рӯзномаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии дахлдор мебошанд.
3. Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 67. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳар моҳ як маротиба бо забони давлатӣ ва забони русӣ чоп мешавад.
2. "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар намуди шумораҳои алоҳида дар ҳаҷми бемаҳдуд (дар мавридҳои алоҳида дар чанд қисм) чоп мешавад ва аз се фасл иборат аст.
3. Дар фасли аввал санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешаванд.
4. Дар фасли дуюм санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои тафсири расмии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешаванд.
5. Дар фасли сеюм санадҳои хусусияти меъёринадоштаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маводи иттилоотӣ чоп карда мешаванд.
6. Интишори расмӣ дар "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тавассути нусхабардории матни пурра ва дақиқи санади меъёрии ҳуқуқии нашршаванда, инчунин замимаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби хронологӣ бо тамоми нишонаҳои он, ки моддаи 41 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
7. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" нашр шудаанд, чун асоси маҷмӯи хронологии қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешаванд.
Моддаи 68. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024)
Моддаи 69. Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" нашрияи расмӣ мебошад, ки ҳар моҳ як маротиба бо забони давлатӣ ва забони русӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва шакли электронии он, ки аз соли 2011 бо шакли коғазӣ эътибори якхела дорад, дар сомонаи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
2. "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар намуди шумораҳои алоҳида дар ҳаҷми бемаҳдуд (дар мавридҳои алоҳида дар чанд қисм) чоп мешавад ва аз чор фасл иборат аст.
3. Дар фасли якум санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода мешаванд. Дар фасли дуюм фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар фасли сеюм қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда мешаванд. Фасли чорум санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, инчунин маводи иттилоотиро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
4. Интишори расмӣ дар "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тавассути нусхабардории матни пурра ва дақиқи санади меъёрии ҳуқуқии нашршаванда, инчунин замимаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби хронологӣ бо тамоми нишонаҳои он, ки моддаи 41 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
5. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъмин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 70. Интишори ғайрирасмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд дар нашрияҳои чопӣ ва электронии ғайрирасмӣ низ интишор гарданд.
2. Интишори ғайрирасмии санади меъёрии ҳуқуқӣ баъди интишори расмии он амалӣ мегардад. Дар ин маврид сарчашмаи нашри расмӣ ҳатман нишон дода мешавад.
Моддаи 71. Санаи интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Санаи интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ рӯзи аз чоп баромадани матни пурраи расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ дар нашрияи расмӣ ҳисобида мешавад.
2. Дар ҳолати дар вақтҳои гуногун дар якчанд нашрияҳои расмӣ интишор гардидани санади меъёрии ҳуқуқӣ, рӯзи интишори расмӣ ва муҳлати эътибор пайдо кардани он аз рӯзи аввали интишори санади меъёрии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 72. Интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав
Санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба он якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, истифодабарии онро душвор мегардонад, бо қарори мақоми ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади мазкурро қабул кардааст, метавонад дар нашрияи расмӣ бо дарназардошти тағйиру иловаҳо дар таҳрири нав интишор шавад.
Моддаи 73. Шартҳои амалӣ гардонидани санади меъёрии ҳуқуқӣ
Баъд аз қабул ё тасдиқ кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ ва мавриди амал қарор додани он, бояд тарзи дурусти амалӣ гардонидани санади меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул ё тасдиқ кардаанд, бо риояи талаботи зерин ба роҳ монда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024):
- сари вақт ба маълумоти иҷрокунандагон расонидани санади меъёрии ҳуқуқии қабулшуда;
- таъмини молиявӣ, моддиву техникӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилию техникии амалисозии санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- таъмини риояи муҳлати дар амал татбиқ намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 74. Дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғайр аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, озод мебошад.
2. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор уҳдадоранд:
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрасии васеъро барои гирифтани маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин нусхаҳои онҳо аз матни расмӣ таъмин намоянд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар сомонаҳои Интернет ҷой диҳанд, дигар роҳҳои ба маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидани маълумотро оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба онҳо дахл доранд, таъмин созанд;
- давра ба давра маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаашонро нашр кунанд.
БОБИ 8. АМАЛИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР ЗАМОН, МАКОН ВА НИСБАТ БА ШАХСОН
Моддаи 75. Тартиби мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Тартиби мавриди амал қарор додани санади меъёрии ҳуқуқиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби мавриди амал қарор додани он муқаррар менамоянд.
2. Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ муҳлати мавриди амал қарор додан муқаррар нашуда бошад, пас ин санад аз рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
3. Агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқие, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегирад, муҳлати мавриди амал қарор додан муқаррар нашуда бошад, пас ин санад аз рӯзи имзо, бақайдгирӣ, қабул ё тасдиқ мавриди амал қарор дода мешавад.
4. Санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҷавобгарии ҳуқуқиро муқаррар ё пурзӯр менамояд, андози навро муқаррар мекунад ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамояд, на кам аз як моҳ баъди интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад.
Моддаи 76. Қувваи бозгашти санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Санади меъёрии ҳуқуқӣ қувваи бозгашт надорад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо.
2. Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст қувваи бозгашт дода шавад. Меъёр дар бораи додани қувваи бозгашт дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё дар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мавриди амал қарор додани он пешбинӣ мегардад.
3. Агар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудан ё вазнин кардани ҷавобгарии ҳуқуқиро пешбинӣ намояд, инчунин андози навро муқаррар кунад ё шароити андозсупорандагонро вазнин намояд, ба он додани қувваи бозгашт манъ аст.
Моддаи 77. Муҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Санади меъёрии ҳуқуқӣ амали бемуҳлат дорад, агар дар он ё дар санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мавриди амал қарор додани он муҳлати дигари амал нишон дода нашуда бошад.
2. Муҳлати муваққатии амали санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст барои тамоми санад ё қисмҳои таркибии алоҳидаи он муқаррар гардад. Дар ин ҳолат дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ё қисми таркибии дахлдори он ё дар санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мавриди амал қарор дода шуданаш бояд муҳлати амали он нишон дода шавад. Бо гузаштани муҳлати нишондодашуда амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё қисми таркибии он қатъ мегардад.
3. То ба охир расидани муҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқии муваққатӣ (қисми таркибии он) мақоме (шахси мансабдоре), ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, метавонад дар бораи ба муҳлати нав тамдид намудани муҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ё оид ба додани хусусияти бемуҳлат ба он қарор қабул кунад.
Моддаи 78. Қатъи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
- ба охир расидани муҳлати амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он);
- бо тартиби муқарраршуда тибқи қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститутсионӣ донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он);
- аз эътибор соқит донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) ё боздошти амали санади меъёрии ҳуқуқӣ (қисми таркибии он) аз ҷониби мақомоте (шахси мансабдоре), ки санади мазкурро қабул намудааст ё дигар мақомоти (шахси мансабдори) барои ин амал ваколатдор.
2. Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ тибқи санади меъёрии ҳуқуқии ҳамон дараҷа ё дараҷаи болоӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади суд қатъ мегардад.
Моддаи 79. Доираи амали санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, агар дар онҳо ё дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мавриди амал қарор додани онҳо тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди дахлдор амал мекунанд.
Моддаи 80. Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба шахсон
1. Амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он қарор доранд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта (ба истиснои шахсоне, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда муқаррар кардаанд) татбиқ мегардад.
2. Амали санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба намояндагони дипломатӣ ва кормандони ташкилотҳои ҳориҷӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад.
Моддаи 81. Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда бо мақсади пурракунӣ ва таҳлили иттилоот оид ба ҷараёни татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мушаххас гузаронида мешавад. Дар мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мақомоти дигари давлатӣ, ки вазифаҳои назоратӣ ва тафтиширо иҷро мекунанд, ширкат меварзанд. Мақомоти татбиқи ҳуқуқ барои мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолона мусоидат мекунанд, мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро бо иттилооти кофӣ оид ба ҷараёни татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин менамояд.
2. Натиҷаи мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили ҳуқуқэҷодкунӣ, таъмини сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва самаранокии онҳо ба инобат гирифта мешавад.
3. Мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷузъи мониторинги ҳуқуқӣ буда, барои иҷрои вазифаҳои умумии таҳлили мунтазам ва ҳаматарафаи рушди қонунгузории ҷумҳурӣ, ташаккули соҳаю институтҳои нави ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, тағйири мавзӯъ ва усулҳои танзими ҳуқуқӣ, таъсири омилҳои объективӣ ва субъективӣ ба қонунгузорӣ мусоидат мекунад.
БОБИ 9. ТАФСИРИ РАСМИИ САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 82. Зарурат ва тартиби тафсири расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Дар сурати ошкор намудани носаҳеҳӣ ва гуногунфаҳмии санади меъёрии ҳуқуқӣ, амалияи ихтилофноки истифодаи он, мақомоти (шахси мансабдори) санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабулнамуда дар санади тафсир, ки хусусияти расмӣ ва ҳатмӣ дорад, тафсири меъёри онро пешниҳод менамояд.
2. Санади тафсирии расмӣ метавонад аз тарафи дигар мақомоте низ қабул шавад, ки онҳо мувофиқи қонунгузорӣ барои тафсири ин ё он санади меъёрии ҳуқуқӣ ваколатдор карда шудаанд.
3. Санадҳои тафсири расмии мақомоти дигар, ки ваколатдоранд ин ё он санади меъёрии ҳуқуқиро тафсир кунанд, дар он шакле қабул мегарданд, ки бо Қонуни мазкур қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор аз ҷониби онҳо пешбинӣ шудааст.
4. Санади тафсири расмӣ бо санадҳои зерин қабул мегардад:
- бо қонуни конститутсионӣ барои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо қонун барои қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;
- бо қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қарорҳои якҷояи онҳо;
- бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо фармоишу қарорҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқан барои санадҳои меъёрии ҳуқуқии онҳо (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
5. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи судиро оид ба амалияи татбиқи қонунгузорӣ ҷамъбаст намуда, тавзеҳоти дастурӣ медиҳанд ва онҳо барои судҳо, мақомоту шахсони мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд.
6. Ҳангоми тафсири санади меъёрии ҳуқуқӣ ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо мумкин нест.
7. Маънои санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ дар мавриди тафсир пурра мутобиқи қонун фаҳмонида ва дақиқ карда мешавад.
БОБИ 10. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ ИХТИЛОФОТИ ҲУҚУҚӢ ВА РОҲҲОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОНҲО
Моддаи 83. Мутобиқати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024)
Қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат кунанд ва аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гарданд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 84. Тартиби ҳалли ихтилофи байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Ихтилофи байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногундараҷа тибқи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ҳал карда мешавад.
2. Санади меъёрии ҳуқуқии баробардараҷа нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқии ҳамин дараҷа ҳангоми мавҷуд будани ихтилофҳо дар ҳолатҳои зерин қувваи бештари ҳуқуқӣ дорад, агар:
- ин санади меъёрии ҳуқуқӣ аз рӯи ҳамон як мавзӯи танзим нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ баъдтар қабул шуда бошад;
- мавзӯи танзими ин санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки умумӣ мебошад, махсус бошад.
3. Дар сурати ба меъёрҳои қонунҳо ихтилоф доштани меъёрҳои қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот меъёрҳои қонунҳо амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 85. Роҳҳои бартараф намудани ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо роҳҳои зерин бартараф карда мешаванд:
- бо ҳам мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда;
- қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё боздоштани амали онҳо;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав;
- тафсири расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилидавлатӣ (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст.
Моддаи 86. Бартараф кардани норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ
1. Дар ҳолати пайдо кардани норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ мақоми ҳуқуқэҷодкунанда, ки онро қабул кардааст, вазифадор аст ба он тағйиру иловаҳои дахлдоре ворид намояд, ки норасоиро бартараф месозанд.
2. То ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор норасоиҳо бо роҳи истифодаи қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ бартараф карда мешаванд.
3. Истифодаи қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ дар мавриди маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, инчунин муқаррар намудани ҷавобгарӣ манъ аст.
БОБИ 11. БАҲИСОБГИРӢ, БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА МУРАТТАБСОЗИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ
Моддаи 87. Баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
1. Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди бақайдгирии давлатӣ, ба ҳисоб гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинигардида аз ҷониби мақоми (шахси мансабдори) онро қабул ё тасдиқнамуда ва қонунҳо пас аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз пас аз қабул ё тасдиқ дар шакли нусхаҳои қабул ё тасдиқшуда ва дар шакли электронӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирӣ, қайди давлатӣ ва дохил намудан ба Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шаванд.
Моддаи 88. Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ягонаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба он санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 2 моддаи 9 Қонуни мазкур номбаршуда, ворид карда мешаванд.
2. Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин маълумот мебошад:
- номи мақоми қабул ё тасдиқнамудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- санаи қабул ва рақами санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- номи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- рамзи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маълумот дар хусуси бақайдгирии давлатӣ барои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шаванд;
- маълумот оид ба интишори расмии санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо, боздошти амал ё беэътибор донистани санади меъёрии ҳуқуқӣ.
3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби хронологӣ ворид карда мешаванд.
4. Тартиби пешбурди Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 89. Санҷиш ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024)
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ба санадҳои қонунгузорӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати як моҳ месанҷад ва бақайдгирии давлатии онҳоро амалӣ мекунад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи мазкур танҳо баъд аз санҷиш, бақайдгирӣ ва интишори расмӣ эътибор пайдо менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, оқибати ҳуқуқӣ надоранд ва ҳамчун эътиборнадошта наметавонанд барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор ва татбиқи муҷозот барои иҷро накардани муқаррароти онҳо асос гарданд. Ҳангоми ҳалли баҳсҳо ба ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истинод овардан мумкин нест.
3. Дар мавриди аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шудани бақайдгирии санади меъёрии ҳуқуқӣ вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардаанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
4. Дар сурати ошкор гардидани мухолифати санади меъёрии ҳуқуқии вазорат, кумитаи давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии навқабулшуда Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар бораи бартараф кардани мухолифати ҷойдошта хабарнома ирсол менамояд. Субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда уҳдадоранд дар муҳлати як моҳ аз санаи қабули хабарномаи Вазорати адлия мухолифатро бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ва ё аз эътибор соқит кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ бартараф карда, санади меъёрии ҳуқуқиро барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Дар сурати аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунандаи дахлдор дар давоми як моҳ пешниҳод нагардидани санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати бартараф кардани мухолифат Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани он қарор қабул намуда, онро барои маълумот ва аз эътибор соқит намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдор мефиристад. Қарор дар бораи аз Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мегардад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 90. Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 91. Назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024)
1. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи муқаррароти боби мазкурро аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мунтазам санҷиш ва назорат мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
2. Барои амалӣ намудани ваколати мазкур Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се моҳ нақшаи гузаронидани санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро тасдиқ менамояд. Нусхаи нақшаи гузаронидани санҷишҳо ба воситаи почта ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар нақша дарҷ гардидаанд, фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати дастрас намудани маълумот оид ба қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ бе риояи тартиби муқарраршуда ва ё бидуни бақайдгирии давлатӣ дар амал татбиқ намудани ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳуқуқ дорад санҷиши ғайринақшавиро гузаронад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
4. Дар сурати муайян намудани санади меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмие, ки аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул гардида, ба қайди давлатӣ гирифта нашудаанд, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беэътибор донистани онҳо протокол тартиб дода, чопи онро дар нашрияи расмӣ таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
5. Барои риоя накардани тартиби бақайдгирии давлатӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шахсони мансабдори онҳо ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632, аз 23.12.2021 № 1820, аз 03.01.2024 № 2024).
Моддаи 92. Мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо дар маҳалҳо уҳдадоранд мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд. Мақомоти мазкур нусхаҳои назоратии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар қисми 2 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинишударо пеш мебаранд ва саривақт ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба онҳо таъмин менамоянд.
2. Мақомоти давлатии дигар ва шахсони мансабдор уҳдадоранд мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба соҳаи фаъолияти онҳо дахл доранд, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи худро тибқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, сари вақт ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба онҳо таъмин намоянд.
3. Ҳангоми мураттабсозӣ тағйиру иловаҳои қабулгардида ба санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо роҳҳои зерин ворид карда мешаванд:
- ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо бо ҳарфҳои сиёҳ навишта шуда, дар охири он дар қавсайн намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ, санаи қабул ва рақами он нишон дода мешаванд;
- ҳангоми дар таҳрири нав ифода намудани қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, он бо ҳарфҳои сиёҳ навишта шуда, дар охири он дар қавсайн намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ, санаи қабул ва рақами он нишон дода мешавад;
- ҳангоми хориҷ намудани қисми таркибии санади меъёрии ҳуқуқӣ, дар тарафи рости он ба ҳарфҳои сиёҳ калимаҳои "хориҷ карда шуд" навишта шуда, дар қавсайн намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ, санаи қабул ва рақами он нишон дода мешавад.
4. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор уҳдадоранд, ки дастрасии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳои ба онҳо воридшударо ба воҳидҳои сохтории худ таъмин намоянд.
Моддаи 93. Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми электронии мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ мебошад.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд.
3. Пешбурди Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар муҳлати 15 рӯз ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
5. Тартиби таъсис, пешбурд ва ворид кардани иттилооти ҳуқуқии дигар ба Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2024).
БОБИ 12. МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛӢ ВА ХОТИМАВӢ
Моддаи 94. Муқаррароти интиқолӣ
1. Сохтори таркибии санади меъёрии ҳуқуқие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур қабул ё тасдиқ карда шудааст, дар шакли аввала то қабул ё тасдиқ намудани он дар таҳрири нав нигоҳ дошта мешавад.
2. Дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқие, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур қабул ё тасдиқ карда шудааст, сохтори таркибии он мумкин аст тағйир дода нашуда, дар шакле ифода ёбад, ки ҳангоми қабул ё тасдиқи санади меъёрии ҳуқуқии мазкур амал мекард (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1632).
Моддаи 95. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 3, мод. 99; с. 2010, № 3, мод. 152; с. 2011, № 6, мод. 442) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 96. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 майи соли 2017, № 1414
 
 

Pages