ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1719 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ ҶАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ҲУҚУҚИИ СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ Маҷлиси Олии ҶТ 07.08.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1694 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ Маҷлиси Олии ҶТ 04.07.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1690 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.04.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:11
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1168
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
31.12.2014
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №12, мод. 822)
(Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392, аз 03.01.2024 №2040)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкили назорати содирот, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот оид ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- назорати содирот - маҷмўи чораҳое, ки амалӣ намудани тартиби дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи татбиқи низоми назорати содирот ва фаъолияти иқтисодии хориҷиро таъмин менамоянд;
- молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандаашёи хом, масолеҳ, таҷҳизот, маҳсулот, иттилооти илмию техникӣ, технология ва таъминоти барномавӣ, кору хизматрасонӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (ҳуқуқ ба онҳо), молҳое, ки силоҳи қатли ом, воситаҳои таҳвили он ва дигар намудҳои аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ мебошанд, аз ҷумла маҳсулоти таъиноти дуҳадафа, ки бинобар хусусиятҳои худ метавонанд дар сохтани онҳо ё содир намудани амалҳои террористӣ ва тахрибкорӣ (диверсия) ё ҷиноятҳои дигар истифода шаванд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392);
- маҳсулоти таъиноти дуҳадафа - маҳсулот, таҷҳизот, масолеҳ, ашёи хом, таъминоти барномавӣ, технологияҳо ва иттилооти илмию техникие, ки барои мақсадҳои љайринизомӣ истифода мегарданд ва метавонанд барои сохтани силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он истифода шаванд;
- силоҳи қатли ом - силоҳи ядроӣ, кимиёӣ, бактериологӣ (биологӣ);
- воситаҳои таҳвил - мушакҳо, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва дигар системаҳое, ки барои таҳвили силоҳи қатли ом қодир мебошанд;
- фаъолияти иқгисодии хоричӣ - савдои хоричӣ, аз ҷумла содирот, реэкспорт, воридот, реимпорт, транзит, сармоягузорӣ ва фаъолият тавассути кооператсияи истеҳсолӣ  дар самти мубодилаи байналмилалии молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавӣ, маълумотдихӣ, иҷрои кор, хизматрасонӣ ва натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (ҳуқуқ ба онҳо) (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2040);
 - айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда - муайян намудани мансубияти молхо, технологияхо ва таъминоти барномавӣ ба молҳои назоратшаванда (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2040);
- иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ - шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти иқтисодии хориҷиро анҷом медиҳанд ё молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавӣ, иттилоот, натиҷаҳои фаъолияти зеҳниро (ҳуқуқ ба онҳоро) тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд, инчунин шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати содирот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати содирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392).
Моддаи 3. Мақсадҳои назорати содирот
Мақсадҳои асосии назорати содирот аз инҳо иборатанд:
- ҳифзи манфиатҳо ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои ўҳдадориҳо ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, инчунин оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва дуҳадафа (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392);
- фароҳам овардани шароит барои ҳамгироии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
- муқовимат ба терроризм.
Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати содирот
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати содирот мутобиқи принсипҳои зерин ташаккул меёбад:
- иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, инчунин оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва дуҳадафа;
- қонуният, ошкорбаёнӣ ва дастрас будани иттилоот оид ба масъалаҳои назорати содирот;
- афзалияти манфиатҳои амнияти давлат;
- ҳамоҳангсозии расмиёту қоидаҳои назорати содирот бо меъёрҳо ва таҷрибаи эътирофгардидаи байналмилалӣ;
- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи назорати содирот бо мақсади таҳкими амният ва суботи байналмилалӣ, пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он.
Моддаи 5. Усулҳои амалӣ намудани назорати содирот
Назорати содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда;
- назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшаванда, ки тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд;
- татбиқи чораҳои маҷбуркунии давлатии (муҷозотии) муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки тартиби амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷиро нисбат ба молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин истифодаи онҳо вайрон кардаанд.
БОБИ 2. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи назорати содирот, аз ҷумла нисбат ба низомҳои байналмилалии назорати содирот амалӣ менамояд;
- фаъолияти мувофиқашуда ва ҳамкории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати содирот таъмин менамояд;
- бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот Номгўи молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшавандаро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392);
- тартиби амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷиро вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда муайян менамояд;
- барои гузаронидани гуфтушунидҳо ва ба имзо расонидани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот чораҳо меандешад;
- мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи назорати содирот муайян менамояд;
- комиссия оид ба назорати содиротро таъсис дода, низомнома ва ҳайати онро тасдиқ, мекунад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 №2040);
- дигар салоҳиятро дар соҳаи назорати содирот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392).
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
- иҷрои муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии байниидоравиро дар соҳаи назорати содирот таъмин менамояд;
- дар асоси рўйхатҳои назоратии дахлдор дар доираи низомҳои байналмилалии назорати содирот бо ҷалби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо) Номгўи молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшавандаро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392);
- барои амалӣ намудани фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа иҷозатнома медиҳад, инчунин риояи меъёрҳо, қоидаҳо ва шартҳои амали иҷозатномаҳои додашударо назорат менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392);
- дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ корҳоро оид ба иттилоотонии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар бораи мақсадҳо, расмиёт ва қоидаҳои назорати содирот ташкил менамояд;
- ошкор нагардидан, барои мақсадҳои шахси истифода нашудан ё ба шахсони сеюм надодани иттилоотеро, ки дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошад, таъмин менамояд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дигар ваколатҳоро дар соҳаи назорати содирот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ ВОБАСТА БА МОЛҲО, ТЕХНОЛОГИЯҲО ВА ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ НАЗОРАТШАВАНДА
Моддаи 9. Талабот нисбат ба аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда
1. Аҳдҳои иқтисодии хориҷие, ки ба шахси хориҷӣ додани молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандаро пешбинӣ менамоянд, бояд дар сурати мавҷуд будани ўҳдадории хаттӣ бо зикри мақсади истифодаи ниҳоӣ ва кафолат оид ба истифода нашудан барои сохтани силоҳи қатли ом, воситаҳои таҳвили он ва ба мақсадҳои террористӣ баста шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба шартҳое, ки дар асоси онҳо аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд баста шаванд, талаботи иловагӣ муқаррар намояд, аз ҷумла санҷиши аз ҷониби шахси хориҷӣ мутобиқи ўҳдадориҳои эътирофнамуда истифода бурдани молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии аз рўи аҳд гирифташуда.
Моддаи 10. Экспертизаи давлатии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ
1. Аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд аз экспертизаи давлатӣ гузаронида шаванд. Экспертизаи давлатӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронида шуда, дар таҳлили ҳуҷҷатҳо ва иттилооти вобаста ба аҳди иқтисодии хориҷӣ бо мақсади муайян намудани мутобиқати он ба ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳо ва амнияти давлатӣ ифода мегардад.
2. Тартиб ва шартҳои гузаронидани экспертизаи давлатии аҳдҳои иқтисодии хориҷиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 11. Баҳисобгирии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ
1. Иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ўҳдадоранд, ки баҳисобгирии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандаро барои мақсадҳои назорати содирот амалӣ намоянд.
2. Ҳуҷҷатҳои вобаста ба аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд дар давоми се сол нигоҳ дошта шаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.
3. Тартиб ва шарти баҳисобгирии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда барои мақсадҳои назорати содирот аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот муайян карда мешаванд.
Моддаи 12. Айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда
1. Айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин амалӣ намудани тамоми амалҳои зарурии вобаста ба гирифтани иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда ўҳдадории иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад.
2. Иштирокчии фаъолият метавонад бо роҳи бастани шартномаи дахлдор бо ташкилоти экспертие, ки барои анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа иҷозатнома гирифтааст, гузаронидани айнияткунонии маҳсулоти таъиноти дуҳадафаро ба чунин ташкилоти экспертӣ супорад. Масъулият барои дурустӣ ва асоснокии натиҷаҳои айнияткунонии маҳсулоти таъиноти дуҳадафа ба ташкилоти экспертӣ вогузор мегардад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392).
Моддаи 13. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда
1. Бо мақсади таъмини амният, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда муқаррар карда шаванд.
2. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандае, ки нисбат ба шахсон ва давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ муқаррар карда мешаванд, аз манфиатҳои таъмин намудани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
3. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандае, ки аз ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
4. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда нисбат ба шахсон ва давлатҳои алоҳидаи хориҷии бо фаъолияти ба принсипҳои паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он мухолиф машљулбуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ
Моддаи 14. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот
1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо давлатҳои хориҷӣ оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, инчунин технологияҳои сохтани онҳо;
- мусоидат ба ташаккули низоми бехатар ва устувори муносибатҳои байналмилалӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ ва фоидаи мутақобила;
- фаъол гардонидани иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи байналмилалии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, васеъ намудани имкониятҳо барои дастрасии иштирокчиёни ватании фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба бозорҳои ҷаҳонии технологияҳои пешқадам;
- такмили механизмҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатии назорати содирот, ошкор намудани далелҳои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати содирот ва шахсони онҳоро содиркарда.
2. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот тавассути иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалии назорати содирот ва форумҳои байналмилалӣ, гузаронидани гуфтушуниду машваратҳо бо давлатҳои хориҷӣ, мубодилаи мутақобилаи иттилоот, инчунин татбиқи барномаҳои муштарак ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи назорати содирот дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ мегардад.
3. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ дар соҳаи назорати содирот бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои љайридавлатии хориҷӣ ҳамкорӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392).
4. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки механизмҳои дохилидавлатии назорати содирот ба рушди робитаҳо ва мубодилаи иттилоот байни иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мусоидат менамояд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 15. Шикоят аз болои амали (беамалии) мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот ва шахсони мансабдори онҳо
Оид ба амали (беамалии) мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот ва шахсони мансабдори онҳо ҳангоми амалӣ намудани назорати содирот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1392).
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №23-24, мод. 354; с. 2013, №7, мод. 514) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
31 декабри соли 2014 № 1168
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҶЛИСҲО, ГИРДИҲАМОИҲО, НАМОИШҲО ВА РОҲПАЙМОИҲО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:15
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1169
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
31.12.2014

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ МАҶЛИСҲО, ГИРДИҲАМОИҲО, НАМОИШҲО ВА РОҲПАЙМОИҲО

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкил ва  баргузор намудани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо ва роҳпаймоиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини амалӣ шудани ҳуқуқи бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – шаҳрвандон) ба иштирок намудан дар чорабиниҳои мазкур равона шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: 

чорабинии оммавӣ – чорабинии ошкоро, осоишта ва ба ҳама дастрас, ки дар шакли маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, пикетгузорӣ ва роҳпаймоӣ ё дар пайвастшавии мухталифи ин шаклҳои чорабинии оммавӣ баргузор шуда, бо ташаббуси шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ амалӣ карда мешавад;

маҷлис – иштироки якҷояи шаҳрвандон дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда барои муҳокимаи ошкоро ва ҳал намудани масъалаҳои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ё изҳори муносибати онҳо ба амали шахсон ва (ё) фаъолияти ташкилотҳо, рӯйдодҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои марбут ба манфиати умум;

гирдиҳамоӣ – иштироки оммавии шаҳрвандон дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда барои изҳори ошкоро ва (ё) муҳокимаи афкори ҷамъиятӣ дар бораи масъалаҳои мавҷуда, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷамъият ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоии ҳаёти шаҳрвандон, инчунин эътироз намудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба ин масъалаҳо;

намоиш – изҳори оммавии муташаккили ақидаи умумӣ аз ҷониби гурӯҳи шаҳрвандон ва (ё) эътироз намудан оид ба масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, норозигӣ ё дастгирии ягон ташаббус, амал ё мавқеи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ё шаҳрвандон бо истифода аз плакатҳо, транспарантҳо ва дигар воситаҳои аёнии ташвиқот дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда;

пикетгузорӣ – изҳори оммавии манфиатҳои ҷамъиятию сиёсӣ, гурӯҳӣ, шахсӣ ва дигар манфиатҳо аз ҷониби шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандон ё изҳори норозигӣ (бе роҳпаймоӣ), аз ҷумла дар шакли гуруснанишинӣ оид ба ягон масъала бо истифода ё бе истифодаи плакатҳо, транспарантҳо ва дигар воситаҳои аёнии ташвиқот бо ҷойгиршавии шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандон дар назди объекти пикетшаванда дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда;

роҳпаймоӣ – ҳаракати оммавии муташаккили шаҳрвандон дар хатсайри пешакӣ муайяншудаи қисми пиёдагард ё мошингарди кӯча (роҳ), кӯчабоғ, хиёбон, майдон бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳ ба ягон масъала ё изҳори оммавии рӯҳияи иҷтимоӣ-сиёсии худ ва ё эътироз овардан; 

ташкили чорабинии оммавӣ – хабардор намудани иштирокчиёни эҳтимолӣ, пешниҳод кардани ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бурдани ташвиқоти пешакӣ, тайёр ва паҳн намудани  воситаҳои аёнии ташвиқотӣ, инчунин дигар амалҳое, ки бо мақсади ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ содир карда мешаванд;

дастури баргузор намудани чорабинии оммавӣ – ҳуҷҷате, ки ҷадвали вақтии (нақшаи соатии) марҳалаҳои асосии баргузор намудани чорабинии оммавиро бо нишон додани шахсони масъул барои ҳар як марҳала дар бар мегирад;

ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ – ҳуҷҷате, ки тавассути он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ хабар дода мешавад; 

ташкилотчии чорабинии оммавӣ – шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аризаро дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ пешниҳод менамоянд ва тартиби баргузор намудани онро (мақсад, сана, вақт, ҷой, шакли баргузор намудан ва дигар шартҳоро) муайян менамоянд;

намояндагони ташкилотчии чорабинии оммавӣ – шаҳрвандоне, ки ба онҳо ташкилотчии чорабинии оммавӣ ваколатҳои муайян ва вазифаҳои амрдиҳии худ, аз ҷумла оид ба таъмини тартибот ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ, таъминоти техникии он ва дигар ваколатҳоро вогузор менамояд;

иштирокчии чорабинии оммавӣ – шаҳрванде, ки ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар ҷои баргузории он ҳузур дошта, рафтор ва амалҳои ӯ бевосита аз дастгирӣ намудани чорабинии оммавии мазкур ва ниятҳои ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ дарак медиҳанд; 

ҷои кушоди ҷамъиятӣ – заминҳои истифодаи умумӣ, ки майдонҳо, кӯчаҳо, пайроҳаҳо, гузаргоҳҳо, роҳҳо, соҳилҳо, боғҳо, гулгаштҳо, кӯчабоғҳо, аз ҷумла, ҳудуди ба биноҳои мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо ҳамшафатро дар бар гирифта, ба он ҷо даромадани озодона манъ ё маҳдуд нест; 

ҷойҳои махсус мутобиқгардонидашуда – биноҳо, иншоот ва ҳудудҳое, ки махсус барои баргузор намудани чорабиниҳои дахлдор таъин шудаанд, инчунин аз тарафи молик, иҷорагир ё дигар истифодабарандаи қонунии онҳо бо салоҳдиди худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд; 

намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – яке аз муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ё ноҳия, ки дар рафти баргузории чорабиниҳои оммавӣ бевосита иштирок намуда, амалҳоро оид ба чорабиниҳои оммавӣ мувофиқа менамояд; 

намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ – яке аз муовинони сардори мақомоти корҳои дохилӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) ё сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар минтақаи ӯ чорабинии оммавӣ доир мегардад ва оид ба ин масъала дар раёсат ё шӯъбаи корҳои дохилии дахлдор фармон бароварда мешавад; 

намояндагони воситаҳои ахбори омма – намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ, ғайридавлатӣ ё аккредитатсияшудаи хориҷӣ, ки дар чорабиниҳои оммавӣ ҳузур дошта, дар бораи он иттилоот паҳн менамоянд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо,

                     намоишҳо ва роҳпаймоиҳо 

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат аст.

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур 

 

1. Амали Қонуни мазкур ба ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ берун аз ҳудуд ё биноҳои ба ташкилотчии чорабинӣ тааллуқдошта, ба иҷора гирифташуда ё дар истифодаи дигари қонунии ӯ қарордошта, инчунин ба иштирок кардани шаҳрвандон дар онҳо паҳн мегардад. 

2. Маҳдудиятҳо вобаста ба ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, инчунин иштироки шаҳрвандон дар онҳо тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. 

3. Амали Қонуни мазкур паҳн намегардад:

- ба чорабиниҳое, ки дар ҷойҳои махсус мутобиқгардонидашуда баргузор мешаванд; 

- ба маҷлисҳо (конференсияҳо) ва гирдиҳамоиҳои коллективҳои меҳнатӣ, маҷлисҳои (пленумҳо, анҷуманҳо, кoнференсияҳoи) иттифоқҳои касаба, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаҳои онҳо баргузор мешаванд;

- ба корпартоиҳои дар ҳудуди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо баргузоршаванда, ки тартиби баргузор намудани онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат муайян кардааст.

4. Чорабиниҳое, ки дар доираи маъракаи интихобот баргузор мешаванд, анҷом додани маросимҳои динӣ ва дигар чорабиниҳое, ки манъ карда нашудаанд, бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

 

Моддаи 4. Мақсадҳои баргузор намудани чорабинии оммавӣ 

 

Чорабинии оммавӣ бо мақсадҳои изҳори озодона ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ, пешниҳоди талабот дар бораи масъалаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, масъалаҳои сиёсати хориҷии давлат, ҷалб намудани таваҷҷӯҳи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба ин масъалаҳо, инчунин барои ҳимоя ё дастгирии ягон ташаббуси дорои аҳамияти иҷтимоӣ баргузор мешавад.

 

Моддаи 5. Принсипҳои баргузор намудани чорабинии оммавӣ 

 

Баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- қонуният;

- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- шаффофияти қабули қарорҳо; 

- ихтиёрӣ будани иштирок дар чорабинии оммавӣ.

 

Моддаи 6. Ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангоми баргузории чорабиниҳои

                     оммавӣ

 

1. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавӣ бо мақсади таъмини ошкорбаёнии равандҳои ҷамъиятӣ метавонанд ҳузур дошта бошанд. 

2. Намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар чорабинии оммавӣ ҳузур доранд, бояд: 

- бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатҳояшонро дошта бошанд; 

- ба рафти чорабинии оммавӣ дахолат накунанд ва ба амалҳои ташкилотчии чорабинии оммавӣ ва намояндагони ӯ монеъ нашаванд; 

- талаботи қонунии ташкилотчии чорабинии оммавӣ, намояндагони ӯ, намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатиро иҷро намоянд.

 

БОБИ 2. КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН

БА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ОММАВӢ

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ 

 

1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар чорабиниҳои оммавие, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ихтиёран иштирок намоянд. Маҷбур намудани шаҳрвандон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ манъ аст.

2. Давлат ҳуқуқи шаҳрвандон ба баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ва иштирок дар онҳоро бо роҳҳои зерин кафолат медиҳад: 

- ба шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо пешниҳод намудани майдонҳо, кӯчаҳо, пайроҳаҳо, гузаргоҳҳо, роҳҳо, соҳилҳо, боғҳо, гулгаштҳо, кӯчабоғҳо ва дигар ҷойҳои кушоди ҷамъиятӣ барои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ; 

- паҳн намудани иттилоот тавассути воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ;

- мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар муташаккилона баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ.

3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ надоранд ба чорабиниҳои оммавие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баргузор мешаванд, монеъ шаванд.

4. Маҳдудкунии иштироки шаҳрвандон дар чорабиниҳои оммавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ аст.

 

Моддаи 8. Кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодона изҳор кардани андешаҳо ҳангоми

                     баргузор намудани чорабинии оммавӣ 

 

Ташкилотчии чорабинии оммавӣ, шахсони мансабдор ва дигар шаҳрвандон ҳуқуқ надоранд ба иштирокчиёни чорабинии оммавӣ барои изҳори андешаҳои худ, ки ба мақсадҳои чорабинии оммавӣ мухолиф набуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиби муқаррарнамудаи ташкилотчиро дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур вайрон намекунанд, монеъ шаванд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ОММАВӢ

 

Моддаи 9. Ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ 

 

1. Ба ташкили чорабинии оммавӣ инҳо мансубанд:

- огоҳкунии иштирокчиёни эҳтимолии чорабинии оммавӣ ва пешниҳоди ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор;

- бурдани ташвиқоти пешакӣ;

- тайёр ва паҳн кардани воситаҳои аёнии ташвиқот;

- ҷамъоварии маблағи пулӣ барои гузаронидани чорабинии оммавӣ;

- таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммавӣ;

- дигар амалҳое, ки бо мақсади тайёр кардан ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ анҷом дода шуда, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

2. Ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ мумкин аст рамзҳои гуногун, нишонаҳои махсус ва дигар воситаҳои изҳори оммавии афкори ҷамъиятӣ ё шахсӣ, инчунин воситаҳои аёнии ташвиқот истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 10. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ 

 

1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки ӯҳдадории ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавиро ба зимма гирифтаанд, буда метавонанд.

2. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки ташкилотчии чорабинии оммавӣ мебошанд, шахси (шахсони) барои ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ масъулро аз ҳисоби ҳайати роҳбарикунандаи онҳо муайян мекунанд. Шахсе (шахсоне), ки ҳуҷҷатҳои роҳбарияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро оид ба масъули ташкил ва баргузории чорабинии оммавӣ таъин шудани ӯ (онҳо) пешниҳод намудааст (намудаанд) ва дар ариза оид ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба ҳамин сифат зикр гардидааст (гардидаанд), ӯҳдадориро оид ба тибқи Қонуни мазкур ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар шакли хаттӣ қабул мекунад (мекунанд).

3. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ҳуқуқ дорад аз баргузор намудани он даст кашад ва роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки дар бораи додани иҷозат барои баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур қарор қабул кардааст, ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва дар ин хусус иштирокчиёни онро хабардор кунад. 

4. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ шуда наметавонанд:

- шахсе, ки суд ӯро ғайри қобили амал донистааст ё қобилияти амалашро маҳдуд кардааст;

- шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё қасдан содир намудани ҷиноят ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат доғи судӣ дорад ва ё шахсе, ки нисбати ӯ ду ва зиёда маротиба барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаҳои 106, 460, 479 ва 480 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷазои маъмурӣ таъин шудааст, дар давоми мӯҳлате, ки шахс ба ҷазои маъмурӣ кашидашуда ҳисоб меёбад;

- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;

- ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки фаъолияташон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт, манъ ё барҳам дода шудааст.

5. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ҳуқуқ дорад:

- талаб намояд, ки чорабинии оммавӣ дар ҷой ва вақти дар ариза зикргардида баргузор  шавад, агар талаботи дар аризаи мазкур дарҷгардида ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад;

- дар сурати ғайриқонунӣ манъ кардани чорабинии оммавӣ товони зарари ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ расонидашударо талаб намояд; 

- аз ҳамаи иштирокчиёни чорабинии оммавӣ риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиби баргузор намудани  чорабинии оммавиро, ки ӯ муқаррар кардааст, талаб намояд ва дар ҳолати ба талаботи қонунии ӯ итоат накардани иштирокчиён аз намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷои баргузор намудани чорабинии оммавӣ дур кардани ин шахсонро хоҳиш намояд;

- дар сурати аз тарафи иштирокчиёни чорабинии оммавӣ содир намудани амалҳои зиддиҳуқуқӣ, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, инчунин вайрон кардани тартиби баргузор намудани чорабинии оммавӣ, ки ӯ муқаррар кардааст, чорабиниро боздорад ё онро қатъ намояд; 

- намояндагони худро барои иҷрои вазифаҳои амрдиҳӣ оид ба ташкил ва баргузории чорабинии оммавӣ ваколатдор намояд ва дар ҳолати ҷамъоварии маблағҳои пулӣ ва таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммавӣ, ваколатҳои намояндагонашро, ки ба ин масъалаҳо машғуланд, ба таври хаттӣ ба расмият дарорад; 

- бо роҳи истифодаи воситаҳои ахбори омма, паҳн кардани варақаҳо, тайёр намудани шиорҳо ва дигар шаклҳои таблиғот барои дастгирии мақсадҳои чорабинии оммавӣ ташвиқоти пешакӣ барад.

6. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ӯҳдадор аст:

- дар чорабинии оммавии баргузоршаванда доимо ҳузур дошта бошад;

- дар бораи вақт, ҷой, шумораи иштирокчиёни эҳтимолӣ ва тартиби баргузор намудани чорабинии оммавӣ тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни мазкур ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ариза пешниҳод намояд;

- нишони фарқкунандаи ташкилотчии чорабинии оммавиро дошта бошад ё шахсеро, ки барои иҷрои вазифаҳои амрдиҳӣ ваколатдор намудааст, бояд бо нишони фарқкунанда таъмин намояд, ки бо талаби намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ва корманди мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод карда мешаванд;

- риояи шартҳои гузаронидани чорабинии оммавиро, ки дар ариза дар бораи баргузор намудани  чорабинии оммавӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд; 

- дар ҳолати аз ҷониби иштирокчиён риоя нагардидани талаботи ташкилотчӣ чорабинии оммавиро боздорад ё онро қатъ намояд;

- талаботи қонунии намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони  мақомоти корҳои дохилиро иҷро кунад;

- ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисӯхториро таъмин намояд; 

- ҳифзу нигоҳдории биноҳо, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом ва дигар молу мулк, инчунин дарахтону буттаҳоро дар ҷои баргузор намудани  чорабинии оммавӣ таъмин намояд;

- дар сурати манъ кардан ё боздоштани чорабинии оммавӣ қарорро дар ин бора ба маълумоти иштирокчиёни он расонад;

- аз иштирокчиёни чорабинии оммавӣ талаб намояд, ки рӯи худро пинҳон накунанд, аз ҷумла ниқоб, воситаҳои пинҳон кардан, дигар ашёеро, ки махсус барои душвор гардонидани муқаррар кардани шахсият таъин гардидаанд, истифода набаранд; 

- аз иштирокчиёни чорабинии оммавӣ риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва дастури баргузор намудани чорабинии оммавӣ, инчунин қатъ намудани вайронкуниро талаб намояд;

- шахсеро, ки талаботи қонунии ташкилотчии чорабинии оммавиро иҷро намекунад, аз ҷои баргузории чорабинии оммавӣ дур намояд;

- дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз баъд аз баргузор шудани чорабинии оммавӣ хароҷотро вобаста ба таъмини ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии тиббӣ ва тоза намудани ҳудуде, ки тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар қаламрави он чорабинии оммавӣ баргузор шудааст, пардохт намояд.

7. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 6 ҳамин модда, барои зарари расонидаи иштирокчиёни чорабинии оммавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 11. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ 

 

1. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ шаҳрвандон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ эътироф мешаванд, ки дар он ихтиёран иштирок доранд. 

2. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ ҳуқуқ доранд:

- дар таҳия ва қабули қарорҳо, дигар амалҳои дастҷамъона мувофиқи мақсадҳои чорабинии оммавӣ иштирок намоянд; 

- ҳангоми баргузор намудани  чорабинии оммавӣ рамзҳои гуногун ва дигар воситаҳои изҳори оммавии афкори коллективӣ ё фардӣ, инчунин воситаҳои ташвиқотро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, истифода баранд; 

- қарорҳо, талабномаҳо ва дигар муроҷиатномаҳоро қабул карда, ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо пешниҳод намоянд.

3. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ ӯҳдадоранд: 

- талаботи қонунии ташкилотчии чорабинии оммавӣ, намояндагони ӯ, намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро иҷро намоянд;

- тартиботи ҷамъиятӣ ва дастури баргузор намудани чорабинии оммавиро риоя намоянд; 

- талаботи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии ҳаракат ва истифодаи воситаҳои нақлиётро дар сурати баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо истифодаи воситаҳои нақлиёт риоя намоянд. 

4. Ба иштирокчиёни чорабинии оммавӣ манъ аст:

- пинҳон кардани рӯи худ, аз ҷумла истифода бурдани ниқоб, воситаҳои пинҳон кардан, дигар ашёе, ки махсус барои душвор гардонидани муқаррар кардани шахсият таъин гардидаанд;

- бо худ доштани силоҳи оташфишон, газӣ, сард, дигар намуди силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои оташзананда, тарканда, заҳролудкунанда, заҳролуд, предметҳои силоҳмонанд ва предметҳое, ки ба сифати силоҳ истифода мешаванд;

- халал расонидан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо;

- ба вуҷуд овардани монеаҳо барои кори муназзами ташкилотҳо;

- ҷойгир кардани хаймаҳо ва дигар иншооти муваққатӣ;

- таъсир расонидан дар ин ё он шакл ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади халал расонидан ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизматиашон, инчунин ба намояндагони ҷамъиятие, ки ӯҳдадориҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро мекунанд;

- истифодаи плакатҳо, транспарантҳо ва дигар воситаҳои аёнии ташвиқот, ки даъвати бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё таблиғоти ҷанг, хусумати иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ ё нажодӣ ва паст задани шаъну шарафи шахсиятро дар бар мегиранд;

- амал намудан бо методҳое, ки ба амнияти ҷамъиятӣ, ҳаёт ва саломатии иштирокчиёни чорабиниҳои мазкур ё дигар шахсон таҳдид мекунанд;

- бо худ овардани машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда, истеъмол намудани онҳо ва ё дар ҳолати мастӣ қарор доштан.

5. Баррасии муроҷиатҳои иштирокчиёни чорабинии оммавӣ ва қабули қарорҳо вобаста ба онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 12. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ 

 

1. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчии (ташкилотчиёни) он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар ҳудуди он гузаронидани чорабинии оммавӣ ба нақша гирифта шудааст, дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз то санаи баргузории он пешниҳод карда мешавад. 

2. Агар баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар ҳудуди якчанд воҳидҳои марзиву маъмурӣ пешбинӣ шавад ва ё миқдори эҳтимолии иштирокчиёни он зиёда аз 1000 нафарро ташкил диҳад, ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад.

3. Дар ариза нишон дода мешаванд:

- мақсад, шакл ва ҷои баргузор намудани чорабинии оммавӣ;

- санаи баргузоршавӣ, вақти оғоз ва анҷоми чорабинии оммавӣ;

- самти ҳаракат;

- шумораи эҳтимолии иштирокчиён;

- насаб, ном, номи падари ташкилотчӣ (ташкилотчиён), шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ масъул, ҷои истиқомат, кор ва ё таҳсили онҳо;

- чораҳо оид ба таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ;

- чораҳое, ки ба хизматрасонии тиббӣ ва тоза намудани ҳудуд баъд аз баргузор шудани чорабинии оммавӣ алоқаманданд;

- санаи пешниҳоди ариза ва рақами телефонҳои иртибот.

4. Ба ариза дар шакли хаттӣ ӯҳдадории ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ ё шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани он масъул оид ба ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ тибқи Қонуни мазкур замима карда мешавад.

5. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ ё шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани он масъул имзо карда мешавад. 

6. Аризаи тибқи қисмҳои 3-5 ҳамин модда тартибдодашударо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар рӯзи пешниҳод шуданаш ба қайд мегирад.

7. Мӯҳлати пешниҳоди ариза аз рӯзи бақайдгирии он дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 13. Тартиби баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ва

                        қабули қарор дар бораи он

 

1. Роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё муовини ӯ ӯҳдадоранд, ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавиро баррасӣ намуда, на дертар аз 5 рӯз пеш аз рӯзи баргузор наму­дани чорабинии оммавӣ ба шакли хаттӣ ба ташкилотчии (ташкилот­чиёни) чорабинии оммавӣ дар бораи қарори қабулгардида хабар диҳанд. 

2. Баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ бояд ошкоро сурат гирад. Барои баррасии аризаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкилотчии чорабинии оммавӣ даъват карда мешавад. Дар ҳолати ҳозир нашудани ташкилотчии чорабинии оммавӣ, баррасии ариза бе иштироки ӯ сурат мегирад. 

3. Расмиёти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар гардида, ба ташкилотчиёни он ҳуқуқи пешниҳоди мавқеи худ дода мешавад. 

4. Агар аризаи аз ҷониби ташкилотчии чорабинии оммавӣ пешниҳодгардида ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯй набошад, дар вақти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ ё шахси (шахсони) барои ташкил ва баргузор намудани он масъул дар бораи номутобиқатиҳои ошкоргардида маълумоти муфассалро пешниҳод менамояд. 

5. Аз рӯи натиҷаи баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд: 

- ба чорабинии оммавӣ иҷозат дода шавад;

- ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ барои тағйир додани вақт ва ҷои баргузор намудани чорабинӣ ё самти ҳаракати иштирокчиён таклиф пешниҳод карда шавад; 

- чорабинии оммавӣ манъ карда шавад. 

6. Тартиби пардохти хароҷот вобаста ба таъмини ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии тиббӣ ва тоза намудани ҳудуди дахлдор пас аз гузаронидани чорабинии оммавӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар қаламрави он гузаронидани чорабинии оммавӣ ба нақша гирифта шудааст, муайян карда мешавад.

7. Роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё муовини ӯ дар вақти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳаракати мӯътадили нақлиёт ва фаъолияти ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар мувофиқа бо ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ сана, ҷой ва вақти гузаронидани онро тағйир диҳанд.

 

Моддаи 14. Ҷой ва вақти баргузор намудани чорабинии оммавӣ 

 

1. Чорабинии оммавӣ дар ҷойҳои махсус мутобиқгардонидашуда ва ҷойҳои кушоди ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳое, ки истифодаи онҳо бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи дахлдор мутобиқи моддаи 15 Қонуни мазкур маҳдуд ё манъ гардидааст, баргузор мешавад. 

2. Чорабинии оммавӣ метавонад аз соати 8 то соати 18 баргузор гардад.

 

Моддаи 15. Ҷойҳое, ки барои баргузор намудани чорабинии оммавӣ маҳдуд ё манъ карда

                        шудаанд 

 

1. Ба ҷойҳое, ки дар онҳо баргузор намудани чорабинии оммавӣ маҳдуд ё манъ карда шудааст, мансубанд:

- ҳудудҳо, биноҳо, иншооте, ки амнияти шаҳрвандонро таъмин намекунанд; 

- ҷойҳои наздик ба истеҳсолот ва объектҳои хатарнок ва зарарнок, бунгоҳҳои нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ, фурудгоҳҳо, пулҳо, нуқтаҳои ҷудошавии роҳҳои оҳан, қубурҳои нафтугазгузар ва хатҳои баландшиддати барқ, нерӯгоҳҳо, объектҳои дорои хатари сӯхтору таркиш;

- ҳудудҳое, ки ба қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳое, ки судҳо ҷойгир карда шудаанд, ҳудуд ва биноҳои муассисаҳои иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ бевосита ҳамшафат мебошанд;

- қисмҳои ҳарбӣ ва дигар объектҳое, ки дар онҳо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда нигоҳ дошта мешаванд;

- ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, зиёратгоҳҳо, қабристонҳо ва иншооти маросимҳои динӣ, мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва боғҳои миллӣ; 

- ҷойҳое, ки бо фаъолияти объектҳои таъминоти ҳаёт, инфрасохтори нақлиёт ё иҷтимоӣ алоқаманд буда, ҳаракати пиёдагардон, воситаҳои нақлиёт, дастрасии шаҳрвандонро ба биноҳои истиқоматӣ ё объектҳои инфрасохтори нақлиёт ё иҷтимоӣ таъмин мекунанд;

- беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ.

2. Баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар назди биноҳое, ки дар онҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷой гирифтаанд, набояд ба кори мӯътадили ин мақомот мамониат намояд. Ҳадди имконпазири масофаҳои байни биноҳои зикргардида ва ҷойҳои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор муайян карда мешавад.

 

Моддаи 16. Ташвиқоти пешакӣ 

 

1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ва дигар шаҳрвандон ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи гирифтани иҷозат барои баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар байни шаҳрвандон бе мамониат ташвиқот бурда, ба онҳо ҷой, вақт, мақсадҳои баргузор намудани чорабинии оммавӣ ва дигар маълумоти бо тайёр кардан ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ алоқамандро хабар диҳанд, аз ҷумла, дар бораи риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, инчунин шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро барои иштирок кардан дар чорабинии оммавии баргузоршаванда даъват намоянд.

2. Барои бурдани ташвиқоти пешакӣ мумкин аст воситаҳои ахбори омма ва даъватҳои шифоҳӣ истифода гардида, варақаҳо, плакатҳо ва эълонҳо тайёр ва паҳн карда шаванд. Воситаҳои ахбори омма бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар бораи чорабинии оммавии баргузоршаванда иттилоот паҳн намоянд.

3. Ташвиқоти пешакӣ дар шаклҳое, ки шаъну шарафи инсон ва шаҳрвандро паст мезананд, инчунин бар зидди пойдории тартиботи ҷамъиятӣ равона шудаанд, роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 17. Таъминоти моддию техникӣ ва ташкилии баргузор намудани чорабинии

                        оммавӣ  

 

1. Таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчиён ва иштирокчиёни он аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва маблағҳое, ки барои баргузор намудани чорабинии мазкур ҷамъоварӣ карда шудаанд, анҷом дода мешавад.  

2. Дар ҳолатҳои зарурӣ масъалаҳои таъминоти ташкилии баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчиёни чорабиниҳои оммавӣ бо намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ мувофиқа карда мешаванд. 

3. Истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатие, ки аз ҳисоби давлатҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин воситаҳои моддию техникӣ ва молиявии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ барои таъмини баргузор намудан ва маблағгузории чорабиниҳои оммавӣ манъ аст.

 

Моддаи 18. Тартиб ва асосҳои манъ кардани баргузории чорабинии оммавӣ  

 

1. Баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо асосҳои зерин манъ карда мешавад, агар:

- мақсади чорабинии оммавии баргузоршаванда таблиғи амал ва ё худи амале бошад, ки бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд;

- баргузории чорабинии оммавӣ дар ҷой ё вақти барои баргузор намудани дигар чорабинии оммавии пешакӣ таъйиншуда ё дар ҷои барои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ манъ ё маҳдудкардашуда пешбинӣ карда шавад;

- чорабинии оммавӣ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон халал расонад ё барои фаъолияти муназзами ташкилотҳо монеаҳо ба вуҷуд орад;

- чорабинии оммавӣ барои ҳаёт, саломатӣ ва амнияти  шаҳрвандон хатари воқеӣ ба вуҷуд оварад, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро вайрон намояд;

- чорабинии оммавӣ бо вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур баргузор шавад. 

2. Дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ таклиф карда мешавад, ки чорабинии оммавӣ дар ҷои дигар, дар вақти дигар ё дар дигар шакл баргузор шавад.

3. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилотчии чорабинии оммавӣ қабул намудани таклиф, розигии ӯ бояд дар шакли хаттӣ изҳор гардида, ба роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар муҳлати на дертар аз даҳ рӯз то  санаи баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 19. Шикоят овардан ба қарорҳо ва амалҳо (беамалӣ), ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба

                         баргузор намудани чорабинии оммавӣ вайрон мекунанд 

 

Нисбат ба қарорҳо ва амалҳои (беамалии) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ вайрон мекунанд, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷyмҳypии Тоҷикистон ба суд шикоят оварда шавад.

 

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии

                       ҳокимияти давлатӣ 

 

1. Намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ дорад:

- аз ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ риояи тартиби ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ва тартиботи ҷамъиятиро ҳангоми баргузории он талаб намояд;

- дар бораи боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур қарор қабул намояд. 

2. Намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадор аст:

- дар чорабинии оммавӣ ҳузур дошта бошад; 

- ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ барои баргузор намудани он муосидат намояд; 

- дар якҷоягӣ бо ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, риояи қонуниятро ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ таъмин намояд.

 

Моддаи 21. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ 

 

1. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад:

- дар ҳолати аз ҳадди муқарраргардида зиёд шудани шумораи иштирокчиён аз ташкилотчии чорабинии оммавӣ қатъ намудани ҳамроҳшавии шаҳрвандонро ба чорабинии оммавӣ талаб намояд;

- аз ташкилотчиён ва иштирокчиёни чорабинии оммавӣ риояи тартиби ташкил ва баргузор намудани онҳо ва тартиботи ҷамъиятиро талаб намояд; 

- бо хоҳиши ташкилотчии чорабинии оммавӣ шахсонеро, ки талаботи қонунии ӯро иҷро намекунанд, аз ҷои баргузории чорабинии оммавӣ дур намояд;

- нисбат ба шахсоне, ки дар ҷои баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар ҳолати мастӣ қарор доранд ё тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятиро дағалона вайрон мекунанд, чораҳо андешад. 

2. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ уҳдадор аст:

- дар доираи ваколатҳои худ ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ мусоидат намояд; 

- дар якҷоягӣ бо ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, инчунин риояи қонуниятро ҳангоми баргузории чорабинии оммавӣ таъмин намояд.

 

Моддаи 22. Боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бо талаби намояндаи

                       ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ 

 

1. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад ба баргузории чорабинии оммавӣ роҳ надиҳад, боздоштан ё қатъ кардани онро дар ҳолатҳои зерин талаб намояд:

- вайрон кардани тартиби ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст;

- дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи манъи баргузор намудани чорабинии оммавӣ;

- ба миён омадани асосҳо барои манъ кардани чорабинии оммавӣ, ки дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд; 

- аз тарафи ташкилотчии чорабинии оммавӣ иҷро накардани уҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 10 Қонуни мазкур; 

- аз тарафи ташкилотчӣ ва иштирокчиёни чорабинии оммавӣ содир гардидани амалҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст. 

2. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ то боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ уҳдадор аст аз ташкилотчии чорабинии оммавӣ бартараф намудани вайронкуниҳое, ки ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ монеа мешаванд, талаб кунад. Агар ин вайронкуниҳо дар муддати муқарраргардида бартараф нашуда бошанд, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ тибқи талаботи қисми 1 моддаи 23 Қонуни мазкур чорабинии оммавиро қатъ менамояд. 

3. Баъд аз бартараф гардидани вайронкуниҳо, бо мувофиқаи байни ташкилотчии чорабинии оммавӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии оммавӣ метавонад давом дода шавад.

 

Моддаи 23. Тартиби боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ аз тарафи намояндаи

                        ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ 

 

1. Дар ҳолати боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ: 

- ба ташкилотчӣ дар хусуси боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бо асосноккунии сабабҳои боздоштан ё қатъ намудани он супориш медиҳад; 

- барои иҷро кардани супориш муҳлат муқаррар менамояд;

- дар сурати аз тарафи ташкилотчии чорабинии оммавӣ иҷро накардани супориш дар бораи боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бевосита ба иштирокчиёни чорабинии оммавӣ муроҷиат менамояд;

- барои иҷро кардани супориши такрорӣ муҳлат муқаррар менамояд.

2. Дар ҳолати иҷро нагардидани супориши такрорӣ дар бораи боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ташкилотчии чорабинии оммавиро дар бораи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ огоҳ мекунад ва дар ҳолати зарурат ҳуқуқ дорад қувваи ҷисмонӣ ва воситаҳои махсусро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд. 

3. Тартиби боздоштан ё қатъ кардани чорабинии оммавӣ, ки дар қисми 1  ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ҳангоми рӯй додани бетартибиҳои оммавӣ, харобкорӣ, сӯхтор ва дигар ҳодисаҳое, ки амалиёти фавриро талаб мекунанд, татбиқ намегардад. Дар ин ҳолатҳо қатъ намудани чорабинии оммавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                      «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 109; с. 2011, №6, мод. 446; с. 2013, № 7, мод. 512; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 403) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014,

№1169

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:18
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1173
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
31.12.2014

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574)

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

–  хизмати дипломатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон – фаъолияти касбии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

кормандони хизмати  дипломатӣ – хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти хизмати дипломатӣ мансабҳои дипломатиро ишғол менамоянд;

кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд кормандони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);

коркунони техникии хизмати дипломатӣ – шахсоне, ки мансабҳои маъмурию техникиро дар мақомоти хизмати дипломатӣ ишғол менамоянд; 

ҳайати хизмати дипломатӣ – кормандон ва коркунони техникии хизмати дипломатӣ;

аъзои оилаи ҳайати хизмати дипломатӣ – ҳамсар, фарзандони ноболиғ, инчунин фарзандоне, ки то расидан ба синни ҳаждаҳ маъюб шудаанд;

муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ;

хизмати консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон – як қисми таркибии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчуниин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574).

 

Моддаи 3. Низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатӣ

 

1. Мақомоти хизмати дипломатӣ мақомоти давлатие мебошанд, ки фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.

2. Низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва муассисаҳои тобеи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди кишвар бо мақсади таъмини фаъолияти вазорат таъсис дода шудаанд, ташкил медиҳанд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ намуда, низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатиро роҳбарӣ менамояд.

4. Тартиби ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатиро бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти робита бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 4. Вазифаҳои мақомоти хизмати дипломатӣ

 

Вазифаҳои асосии мақомоти хизмати дипломатӣ аз инҳо иборатанд:

- таҳияи таклифҳо дар бораи консепсияи умумӣ, стратегия ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба амалӣ кардани сиёсати хориҷии иқтисодӣ;

- бо воситаҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва манфиатҳои дигари он дар арсаи байналмилалӣ;

- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандону шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;

- амалӣ намудани муносибатҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- таҳлил кардани маҷмӯи масъалаҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷию дохилии давлатҳои хориҷӣ, инчунин фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ;

- таъмин намудани мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилооти зарурӣ барои татбиқи сиёсати хориҷӣ;

- иҷро намудани дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 5. Доираи фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ

 

Мақомоти хизмати дипломатӣ мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда фаъолияти зеринро анҷом медиҳанд:

- ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамоянд;

- оид ба масъалаҳои муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунанд;

- гузаронидани гуфтушунидҳо ва имзо намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил менамоянд;

-  таклифҳоро оид ба имзо, қабул, тасдиқ, иҷро, боздоштан ва бекор кардани амали шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамроҳшавӣ ба онҳо таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;

-  иҷрои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар таҳияи таклифҳо оид ба мутобиқсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои мазкур ширкат мекунанд;

- дар муайян намудани сиёсат ва таҳияи чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимоя ва амнияти онҳо, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва молиявӣ, табодули илмию техникӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд;

-  дар ҷалби сармоягузории мустақим барои амалигардонии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла аз ҳисоби қарзҳо ва грантҳои аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ пешниҳодшаванда иштирок менамоянд;

- иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ, конференсияҳо, форумҳо таъмин намуда, барои баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонию минтақавӣ мусоидат мекунанд;

- манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи муҳити зист, азхудкунии захираҳои Уқёнуси ҷаҳонӣ ва омӯзиши фазои кайҳонӣ таъмин менамоянд;

-   дар таъмини ташрифотии табодули ҳайатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ иштирок карда, риояи имтиёзҳо ва масуниятҳои дипломатию консулиро назорат менамоянд;

- ба барқарор ва амалӣ намудани робитаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд;

- фаъолияти хизмати консулиро дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба роҳ мемонанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574)

- ба рушди ҳамкорӣ бо ҳамватаноне, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, мусоидат мекунанд; 

- фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд;

- дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии хориҷӣ мусоидат карда, дар доираи салоҳияти худ фаъолияти муассисаҳои ба онҳо хизматрасонро назорат менамоянд  (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);

- бо истифодаи воситаҳои дипломатӣ сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини сулҳу суботи фарогир, амнияти минтақавию умумиҷаҳонӣ татбиқ мекунанд;

- ба паҳн кардани иттилоот дар бораи сиёсати хориҷию дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии кишвар дар хориҷи он мусоидат менамоянд; 

- дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, муассисаҳои хориҷӣ, намояндагиҳои вазоратро дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои тобеи он бо кадр таъмин менамоянд, инчунин тайёрӣ, таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кадрҳои хизмати дипломатиро ташкил мекунанд;

-  бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳияти онҳо мансуб ҳамкорӣ мекунанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);

-  ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма оид ба вазъи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳанд;

- фаъолияти алоқаи мустақили дипломатию хаткашониро таъмин карда, шабакаи махсуси телекоммуникатсионии худро истифода мебаранд, инчунин бо тартиби муқарраргардида маводи чопиро ба табъ мерасонанд;

- ташкили низоми бехатарии мақомот ва муассисаҳои худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он таъмин мекунанд;

- фаъолияти дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро мекунанд.

 

Моддаи 6. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти хизмати дипломатӣ 

 

1. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти хизмати дипломатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва суратҳисоби махсуси мақомоти хизмати дипломатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Мақомоти хизмати дипломатӣ бо нақлиёт, биноҳои хизматӣ, воситаҳои алоқа ва дигар таҷҳизоту молу мулки зарурӣ таъмин карда мешаванд.

3. Тартиби мустақилона соҳибихтиёрӣ ва истифода кардани молу мулки ғайриманқул ва дигар асбобу ашёи вобаста ба амалисозии хизмати дипломатӣ дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574).

 

Моддаи 7. Алоқа, бойгонӣ, бехатарӣ ва маводи чопӣ дар низоми ягонаи мақомоти хизмати

                     дипломатӣ

 

1. Мақомоти хизмати дипломатӣ дар фаъолияти худ аз шабакаи мустақили алоқа, телекоммуникатсия ва хадамоти хаткашонӣ истифода мебаранд.

2. Бо мақсади нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва маводи барои иҷрои вазифаҳо ва пешбурди фаъолияти хизмати дипломатӣ зарур бойгонии хизмати дипломатӣ ташкил карда мешавад. 

3. Мақомоти хизмати дипломатӣ низоми бехатарии иншооти ба онҳо мансубро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ташкил медиҳанд. 

4. Мақомоти хизмати дипломатӣ маводи чопиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ мерасонанд.

 

БОБИ 2. ҲАЙАТИ КАДРИИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ ВА МАНСАБҲОИ ДИПЛОМАТӢ

 

Моддаи 8. Ҳайати кадрии хизмати дипломатӣ 

 

1. Ба ҳайати кадрии хизмати дипломатӣ дохил мешаванд:

- кормандоне, ки мансабҳои штатии дипломатиро дар мақомоти хизмати дипломатӣ ба таври доимӣ ишғол менамоянд;

- кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);

- коркуноне, ки мансабҳои штатии маъмурию техникиро дар мақомоти хизмати дипломатӣ ишғол менамоянд;

-  кормандоне, ки барои таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин аспирантура ва докторантура аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд;

- кормандоне, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ) дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори муваққатӣ бо тартиб ва шартҳое, ки дар ташкилотҳои байналмилалии мазкур амал мекунанд, фиристода мешаванд. Давраи кори чунин кормандони хизмати дипломатӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта ба собиқаи хизмати дипломатиашон ворид карда мешавад.

2. Шумораи ҳайати мақомоти хизмати дипломатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 9. Мансабҳои дипломатӣ

 

1. Барои кормандони хизмати дипломатӣ мансабҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

 - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ;

- Консули генералӣ;

- Мушовир - фиристода (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);

- мушовир;

- консул;

- котиби якум;

- ноиби консул;

- вакили консулӣ;

- котиби дуюм;

- котиби сеюм;

- атташе.

2. Барои фаъолият дар мансабҳои дипломатии мақомоти хизмати дипломатӣ муҳлатҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

- барои атташе, котиби сеюм, котиби дуюм ва вакили консулӣ – ду сол;

-  барои ноиби консул ва котиби якум – се сол.

3. Муҳлати фаъолият дар мансабҳои дипломатӣ аз консул боло муқаррар карда намешавад.

 

Моддаи  10. Таъйин намудан ба мансабҳои дипломатӣ

 

1. Ба мансабҳои дипломатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олӣ ва барои кор дар хизмати дипломатӣ қобилияти заруриро доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешаванд.

2. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешаванд.

3. Таъйин ва озод кардан ба мансабҳои дигари хизмати дипломатӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

4. Кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, дар асоси пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати дипломатӣ дар Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба тариқи гузариш тибқи талаботи Қонуни мазкур таъин карда мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574).

5. Корманди хизмати дипломатӣ баъди анҷоми кор дар муассисаҳои хориҷӣ ба мансабе таъйин карда мешавад, ки он аз мансаби ишғолнамудаи ӯ пеш аз ба кор рафтан ба хориҷа як зина боло бошад, ба шарте ки нисбат ба вай ҷазои интизомии дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинишуда татбиқ нагардида бошад. Дар мавриди холӣ набудани чунин мансаб корманди хизмати дипломатӣ ба мансаби баробар ва на пастар аз он мансабе, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба хориҷа рафтанаш ишғол мекард, таъйин карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574)

6. Барои шахсоне, ки бори аввал ба мақомоти хизмати дипломатӣ ба кор қабул карда мешаванд, санҷиши ҳатмии воридшавӣ ба мансаб ба муҳлати се моҳ муайян карда мешавад, ба истиснои хизматчиёни давлатӣ, ки ба таври гузариш ба хизмати дипломатӣ қабул гардидаанд. 

7. Тартиб ва шартҳои санҷиш аз тарафи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Тағйир ва ишғоли мансабҳо дар хизмати дипломатӣ 

 

1. Ба мансаби дигар гузаронидани кормандони хизмати дипломатӣ мутобиқи зарурати хизматӣ, бо назардошти дараҷаи ихтисос, тайёрии касбӣ ва принсипи ҷойивазкунӣ (ротатсия) амалӣ карда мешаванд.

2. Ба мансабҳои холӣ таъйин кардани кормандон мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3. Мансаби корманди хизмати дипломатӣ дар давраи кор дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст як маротиба баланд бардошта шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки муҳлати фаъолияти ӯ дар хориҷа аз рӯи зарурати хизматӣ тамдид гардида бошад.

 

Моддаи 12. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ

 

1.  Дар низоми хизмати дипломатӣ ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ амал мекунад. Дар доираи ҷойивазкунӣ (ротатсия) кормандони хизмати дипломатӣ бо назардошти тахассусашон ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода мешаванд ё ин ки фаъолияти худро дар воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

2. Корманди хизмати дипломатӣ уҳдадор аст қарори барои кор ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристоданро бо тартиби ҷойивазкунӣ (ротатсия) иҷро намояд.

3. Бе сабабҳои узрнок даст кашидани корманди дипломатӣ аз рафтан барои кор ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори интизомӣ ба шумор рафта, метавонад барои ба ҷазои интизомӣ кашидани ӯ асос гардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574).

4. Тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574).

5. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ ба чунин намудҳо тақсим мешавад:

-  берунӣ  – ҷойивазкунӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дохилӣ – ҷойивазкунии кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574)

6. Муҳлати кори кормандони хизмати дипломатӣ дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи кор байни фаъолият дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду то се солро ташкил медиҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574).

7. Муҳлати фаъолияти бефосилаи ҳайати хизмати дипломатӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз се сол зиёд бошад. Аз рӯи зарурати хизматӣ ва бо розигии корманди хизмати дипломатӣ муҳлати мазкур мумкин аст аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон як маротиба ва ба муҳлати то як сол тамдид карда шавад.

8. Амали қисми 5 ҳамин модда нисбат ба шахсони ба мансаби дипломатӣ мутобиқи қисми 2 моддаи 10 Қонуни мазкур таъйингардида паҳн намегардад.

 

Моддаи 13. Маҳдудиятҳои қабул шудан ба хизмати дипломатӣ ва адои хизмати дипломатӣ

 

1. Шаҳрванд дар ҳолатҳои зерин наметавонад ба хизмати дипломатӣ қабул гардад ва корманди хизмати дипломатӣ наметавонад дар мансаби дипломатӣ қарор дошта бошад:

- надоштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- доштани шаҳрвандии давлати дигар.

2. Дар сохтори мақомоти хизмати дипломатӣ ба шахсоне, ки бо ҳамдигар хешовандони наздик ҳисоб меёбанд (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, фарзандхондаҳо, инчунин бародарон, хоҳарон, падару модар ва фарзандони зан ва ё шавҳар, қудоҳо, келинҳо, домодҳо), иҷозати кор кардан дода намешавад, агар дар кор онҳо тобеи бевосита ва ё таҳти назорати якдигар қарор дошта бошанд.

3. Нисбати кормандони хизмати дипломатӣ маҳдудиятҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ва хизмати давлатӣ пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 14.  Аттестатсияи ҳайати хизмати дипломатӣ

 

1. Ҳайати хизмати дипломатӣ бо мақсади муайян намудани мувофиқат ба мансаб дар се сол як маротиба аз аттестатсияи хизматӣ мегузарад.

2.Тартиби гузаштани аттестатсия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 15.  Бозхонди ҳайати хизмати дипломатӣ

 

1. Ҳайати хизмати дипломатӣ, ки дар муассисаҳои хориҷӣ кор мекунанд, ҳангоми содир намудани кирдорҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё давлати иқомат барои онҳо ҷавобгарӣ муқаррар намудааст, ҳамчунин дар ҳолатҳои аз ҷониби онҳо ва ё аъзои оилаи онҳо содир гардидани кирдорҳои ношоям ё амалҳое, ки ҳангоми иҷрои минбаъдаи ваколатҳои хизматӣ мумкин аст ба оқибатҳои вазнин оварда расонад, метавонанд пеш аз муҳлат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонда шаванд.

2. Амали қисми 1 моддаи мазкур инчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ҳайати хизматрасониро иҷро менамоянд, паҳн мегардад.

 

 Моддаи 16. Тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ

 

1. Кормандони хизмати дипломатӣ метавонанд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё давлатҳои дигар барои таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти илмӣ фиристода шаванд. Дар ин ҳолат онҳо ба захираи кадрии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.

2. Корманди хизмати дипломатӣ баъди хатми таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва ё фаъолияти илмӣ ба мансабе таъйин мешавад, ки аз мансаби то давраи ба захираи кадрии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданаш паст набошад.

3.  Муҳлати таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва ё фаъолияти илмии корманди хизмати дипломатӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ё муассисаҳои илмӣ ба собиқаи кори ӯ дар хизмати дипломатӣ дохил карда мешавад.

 

БОБИ 3. РУТБАҲОИ ДИПЛОМАТӢ

 

Моддаи 17. Рутбаҳои дипломатӣ

 

1. Ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои дипломатӣ дода мешавад.

2. Рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, дода мешавад.

3. Рутбаҳои дипломатиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 18. Додани рутбаҳои дипломатӣ

 

1. Рутбаҳои дипломатии Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаҳои I ва II аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. 

2. Рутбаҳои дипломатӣ ба дигар кормандони хизмати дипломатӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо хадамоти кадрии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муҳлатҳои дар қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида дода мешаванд.

3. Рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

4. Рутбаҳои дипломатӣ якумра дода мешаванд. Корманди хизмати дипломатиро аз рутбаи дипломатӣ танҳо бо ҳукми суд барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳрум кардан мумкин аст.

5. Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дипломатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. 

 

Моддаи 19. Муҳлати қарор доштан дар рутбаҳои дипломатӣ

 

1. Барои кормандони хизмати дипломатӣ муҳлатҳои зерини қарор доштан дар рутбаҳои дипломатӣ муқаррар карда мешаванд:

- барои атташе, котиби сеюм, котиби дуюми дараҷаи II ва I, котиби якуми дараҷаи II – ду сол;

- барои котиби якуми дараҷаи I ва мушовири дараҷаҳои II – се сол.

2. Муҳлати қарор гирифтан дар рутбаҳои дипломатӣ аз мушовири дараҷаи I боло муқаррар карда намешавад.

3. Ба муҳлати дар рутбаҳои дипломатӣ қарор доштани кормандони хизмати дипломатӣ дохил карда мешаванд:

- давраи фаъолияти кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд;

- давраи хизмати дипломатӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- давраи хизмати дипломатӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- давраи фаъолияти хизмати дипломатӣ дар намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);

- давраи фаъолият дар ташкилотҳои байналмилалӣ, агар корманд ба ҳайати кадрҳои хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил бошад;

- фаъолияти илмию таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- давраи гузаштани такмили ихтисос дар муассисаҳои таълимию илмӣ бо роҳхати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- давраи таҳсили кормандоне, ки ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, аспирантура, докторантура ва муассисаҳои илмӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудаанд.

 

БОБИ 4. ҲУҚУҚ, УҲДАДОРӢ, ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ

ВА МАСЪУЛИЯТИ ҲАЙАТИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

 

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳайати хизмати дипломатӣ

 

1. Ҳайати хизмати дипломатӣ вобаста ба иҷрои ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад:

-  аз тамоми ҳуқуқ ва озодиҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додаанд, истифода барад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);

-  дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳое, ки бо иҷрои вазифаҳо ва фаъолияти хизмати дипломатӣ алоқаманданд, иштирок кунад;

-  иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва маводеро, ки барои иҷрои мансабҳои хизматӣ заруранд, бо тартиби муқарраргардида ба даст орад;

- ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди минбаъда ва такмили фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

- ба пешравии мансабӣ дар хизмати дипломатӣ бо назардошти сатҳи таҳсилот, тайёрии касбӣ ва тахассус пешниҳод карда шавад;

- барои тайёрӣ, таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ, инчунин фаъолияти илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла сафарҳои хизматӣ ба хориҷа пешбарӣ карда шавад;

- ҳангоми будубош дар хориҷа аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муқарраргардида истифода барад;

- ҳуқуқҳои дигареро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, истифода намояд.

2. Ҳайати хизмати дипломатӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ уҳдадор аст:

-  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);

- риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва шахсони ҳуқуқиро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ таъмин намояд;

- ҳифзи моликияти давлатиро дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи он таъмин намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);

- вазифаҳо ва фаъолиятеро, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд, софдилона иҷро намуда, ба таври шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ муаррифӣ намояд;

- фармону супоришҳои роҳбарони мақомоти хизмати дипломатиро, ки дар доираи салоҳияташон содир шудаанд, иҷро намояд;

-  интизоми меҳнатӣ, инчунин меъёрҳои одоби дипломатиро риоя кунад;

-  сатҳи ихтисоси касбии худро такмил диҳад;

-  маълумоти дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро ошкор накунад;

- қонунгузорӣ, анъана ва одатҳои давлати будубошро эҳтиром намояд;

- уҳдадориҳои дигареро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, иҷро намояд.

 

Моддаи 21. Ҳавасмандгардонии ҳайати хизмати дипломатӣ

 

1. Барои кормандони ҳайати хизмати дипломатӣ намудҳои зерини ҳавасмандгардонӣ муқаррар карда шудаанд:

- баланд бардоштан ба мансаб;

- пеш аз муҳлат додани рутбаи дипломатӣ;

- ғайринавбатӣ додани рутбаи дипломатӣ;

- мукофотҳои идоравӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд; 

- мукофотонидан бо туҳфаи арзишнок;

- дигар намуди ҳавасмандгардоние, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 2. Ҳайати хизмати дипломатӣ барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шавад.

 

Моддаи 22. Ҷавобгарии интизомии ҳайати хизмати дипломатӣ

 

1. Ҳангоми содир намудани кирдори интизомӣ нисбати ҳайати хизмати дипломатӣ ҷазои интизомии зерин татбиқ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574):

- сарзаниш;

- танбеҳ;

- огоҳсозӣ дар бораи ба мансаб мувофиқ набудан;

- ба муддати як сол таъхир намудани додани рутбаи навбатии дипломатӣ ва ё таъйин намудан ба мансаби баландтар;

- паст кардани мансаб ва ё рутбаи дипломатӣ;

- аз кор озод кардан.

2. Ҷазои интизомӣ нисбати ҳайати хизмати дипломатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574).
 

БОБИ 5. КАФОЛАТ ВА ҶУБРОН, ТАЪМИНИ МОДДИЮ ИҶТИМОИИ

 ҲАЙАТИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

 

Моддаи 23. Кафолат ва ҷубронпулиҳо ба ҳайати хизмати дипломатӣ ҳангоми кор дар хориҷа

 

1. Ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо назардошти мушкилоти адои хизмат ва хатарҳои бо он алоқаманд, инчунин хусусияти хоси давлати хориҷӣ таъминоти моддию иҷтимоӣ фароҳам оварда мешавад.

2. Иқомат кардан дар хориҷа ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо набояд ягон зараре расонад.

3. Ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо назардошти вазъият ва шароити давлати иқомат бо хизматрасонии тиббии дахлдор таъмин карда мешаванд. 

4. Ба ҳайати хизмати дипломатӣ, ки дар муассисаҳои хориҷӣ кор мекунанд, инчунин ба аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳашон зиндагӣ мекунанд, ҳангоми беморӣ хароҷоти хизматрасонии тиббӣ, инчунин хароҷоти ҷойгиронии фаврии корманд ё аъзои оилаи ӯ ба муассисаи табобатии статсионарӣ ва таъмини онҳо бо хизматрасонии тиббӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои протезмонии дандонҳо ва амалиёти ҷарроҳии нақшавӣ) пардохт карда мешавад.

5. Ҳайати хизмати дипломатӣ, ки барои кор ба муассисаҳои хориҷӣ фиристода мешаванд ва аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳашон ба давлати иқомат сафар менамоянд, ба пардохти хароҷоти сафар ба ҳар ду тараф, ки бо рафтуомади корманди хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи ӯ ба маҳалли муайяншуда алоқа дорад, ҳуқуқ дорад. 

6. Ҳайати хизмати дипломатӣ ба рухсатии ҳарсолаи асосӣ ва иловагии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда ва рухсатии пардохтнашаванда ҳуқуқ дорад. 

7. Ҳангоми ба рухсатии меҳнатии навбатӣ баромадан ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо, хароҷоти сафар аз давлати иқомат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозпас гаштан пардохт карда мешавад.

8. Ба корманди хизмати дипломатӣ, ки дар муассисаҳои хориҷӣ кор мекунад, хароҷоти таҳсили кӯдакони ноболиғ, ки ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунанд, ҷуброн карда мешавад, агар дар давлати иқомат муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шакли ройгон мавҷуд набошад. 

9. Ҳангоми ба кор шурӯъ намудани ҳайати хизмати дипломатӣ дар давлати таъиншуда ба ӯ дар ҳаҷми як маоши мансабиаш пул дода мешавад.

10. Корманди хизмати дипломатӣ дар давраи фаъолияташ дар хориҷа бояд бо назардошти шумораи аъзои оила, ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекунанд, мансаби ишғолнамуда ва вазъи маҳал бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шавад.

11. Агар хароҷоти воқеӣ оид ба нигоҳдории манзил аз меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад, он аз ҳисоби маблағи махсуси муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

12. Дар ҳолати рух додани низоъҳои мусаллаҳона ва ё дар ҳолатҳои таҳдид ба амнияти муассисаҳои хориҷӣ ва ҳайати кормандони онҳо, инчунин дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ ва дигар вазъият дар мавзеи ҷойгиршавии муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарӣ, ҳимояи ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматдошта тадбирҳои зарурӣ меандешад.

13. Зараре, ки ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва ё ба аъзои оилаи онҳо дар вақти иқомат дар хориҷа, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ё дигар амалҳои бо он алоқаманд расонида шудааст, бо тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҷуброн карда мешавад.

14. Дар ҳолати фавти корманди хизмати дипломатӣ дар давраи кор дар муассисаҳои хориҷӣ ё ин ки қабл аз гузаштани як соли муҳлат аз қатъи кор дар муассисаи хориҷии мазкур бо сабаби гирифтани зарари ҷисмонӣ дар натиҷаи амали террористӣ ва ё амалҳои дигаре, ки хусусияти зӯроварӣ доранд, ба ворисони ӯ (дар сурати пешниҳод кардани шаҳодатнома оид ба мерос) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулии якдафъина пардохт карда мешавад. 

15. Дар ҳолати фавти корманди ҳайати хизмати дипломатӣ дар давраи кор дар муассисаҳои хориҷӣ ба аъзои оилаи онҳо ҷубронпулиҳои зерин пардохт карда мешаванд:

- кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби маблағи муассисаҳои хориҷӣ;

- хароҷоти бозгашти аъзои оилаи марҳум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интиқоли ҷасади корманди фавтида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

16. Корманди хизмати дипломатӣ, ки барои кор ба муассисаҳои хориҷӣ фиристода шудааст, ҳангоми ба итмом расидани муҳлати хизмат дар муассисаҳои хориҷӣ ҳуқуқ дорад, ки воситаи нақлиёти шахсии дар давлати иқомат мавриди истифода қарордошта ва таҷҳизоту дигар воситаи рӯзгорашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пардохти боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ворид намояд.

17. Тартиби пардохт ва андозаи ҷубронпулиҳо барои ҳайати хизмати дипломатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 24. Кафолатҳои иловагӣ ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар давлатҳои

                      хориҷӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ё низоъҳои мусаллаҳона кор мекунанд

 

1. Ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ё низоъҳои мусаллаҳона кор мекунанд, иловапулӣ ба маоши мансабӣ бо асъори хориҷӣ дар ҳаҷми 20 фоизи музди меҳнати мансабӣ пардохт карда мешавад.

 2. Номгӯи давлатҳои дар шароити ҳолати фавқулодда ва ё низоъҳои мусаллаҳона қарордоштаро бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 25. Муносибатҳои меҳнатии ҳайати хизмати дипломатӣ

 

Муносибатҳои меҳнатии кормандони хизмати дипломатӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

 

Моддаи 26. Пардохти музди меҳнати ҳайати хизмати дипломатӣ

 

1. Музди меҳнати ҳайати хизмати дипломатӣ, ки дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574).

2. Музди меҳнати ҳайати хизмати дипломатӣ дар муассисаҳои хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва моддию маишии давлати иқомат муайян карда мешавад.

3. Андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба ҳайати хизмати дипломатӣ барои рутбаи дипломатӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Ба ҳайати хизмати дипломатӣ барои харидани либосу анҷом як маротиба дар ду сол ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ муқаррар гардида, он аз маблағи махсуси мақомоти хизмати дипломатӣ пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 27. Таъминоти нафақавӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати хизмати дипломатӣ

 

Таъминоти нафақавӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони хизмати дипломатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 6. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

 

Моддаи 28. Қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии ҳайати хизмати дипломатӣ

 

Барои қатъ гардидани хизмати дипломатӣ ҳолатҳои зерин асос шуда метавонанд:

- аризаи хаттӣ дар хусуси бо хоҳиши худ аз кор рафтан;

- ба синни ниҳоии нафақа расидани корманди ҳайати хизмати дипломатӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;

- бе сабаби узрнок саркашӣ намудани корманд аз фиристодан барои кор ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҷойивазкунӣ (ротатсия);

- пешниҳод кардани маълумоти бардурӯғ аз ҷониби ҳайати хизмати дипломатӣ оид ба даромад ва вазъи молумулкӣ;

- риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

- маҳрум шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё гирифтани шаҳрвандии давлати хориҷӣ;

- асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                        «Дар бораи хизмати дипломатӣ»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 666; с. 2006, №11, мод.471) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014,

№1173

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1183
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.03.2015

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 205)

 

Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба ташкил ва фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, инчунин тартиб, шартҳои эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

 

1. Қонуни мазкур нисбати арбитражи байналмилалии тиҷоратии доимоамалкунанда, ки тибқи муқаррароти боби 2 Қонуни мазкур таъсис дода мешавад ва арбитражи байналмилалии тиҷоратии якборамалкунанда, ки барои баррасии баҳси мушаххас дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад, татбиқ мегардад.

2. Ба арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ бо созиши тарафҳо мумкин аст баҳсҳои аз муносибатҳои шартномавӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, ки ҳангоми амалисозии савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ байни субъектони онҳо ба миён меоянд, супорида шаванд, агар яке аз ташкилотҳои тиҷоратии тарафҳо берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад.

3. Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ инчунин метавонад дигар баҳсҳоеро баррасӣ намояд, ки хусусияти иқтисодӣ дошта, бо созиши тарафҳо супоридани ҳалли баҳс ба арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ пешбинӣ гардида, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад.

4. Амали Қонуни мазкур ба судҳои ҳакамӣ паҳн намегардад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- арбитраж – арбитражи байналмилалии тиҷоратии доимоамалкунанда (минбаъд – арбитражи доимоамалкунанда), арбитражи байналмилалии тиҷоратии якборамалкунанда, ки барои баррасии баҳси мушаххас таъсис ёфтааст (минбаъд – арбитражи якборамалкунанда);

- арбитр –шахси воқеие, ки аз ҷониби тарафҳо интихоб гардидааст ё бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои ҳалли баҳсҳо дар арбитраж таъин гардидааст;

- баррасии арбитражӣ –ҷараёни баррасии баҳс дар арбитраж бо баровардани ҳалномаи арбитражӣ;

- Дастури арбитраж –санаде, ки тартиби ташкили фаъолияти арбитражи доимоамалкунандаро муайян намуда, аз ҷониби муассиси он таҳия ва тасдиқ карда шудааст;

- созишномаи арбитражӣ –созишномаи хаттии тарафҳои шартнома оид ба вогузории баҳси бавуҷудомада ё бавуҷудоянда, ки дар шакли шартнома, тавзеҳоти арбитражӣ дар шартнома, ё тавассути мубодилаи мактубҳо, барқияҳо, факсҳо, ҳуҷҷатҳои электронӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ифодакунандаи иродаи субъектҳо ва мазмуни он баста мешавад;

- суди босалоҳият – суди низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти баррасии парвандаҳоро оид ба баҳси тарафҳои шартномаи дахлдор дорад;

- тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон –асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

- тавзеҳоти арбитражӣ – қисми таркибии шартнома, созишномаи арбитражии тарафҳо дар хусуси ҳалли баҳсҳое, ки аз шартнома бо нишон додани эзоҳот бармеоянд;

- ҳалномаи арбитражӣ –санаде, ки аз ҷониби арбитраж дар натиҷаи моҳиятан ҳал намудани парванда қабул карда шудааст.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи арбитражи байналмилалии

                    тиҷоратӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти арбитраж

 

Фаъолияти арбитраж ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- баробарҳуқуқии тарафҳо;

- интихоби озоди ҳайати арбитраж, ҳуқуқи татбиқшаванда, расмиёт ва забони мурофиаи арбитражӣ аз ҷониби тарафҳо;

- тобеияти шартномавии парвандаҳои баррасишаванда;

- афзалияти принсипҳои умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ;

- мустақилияти арбитраж ва арбитрҳо;

- махфиёна будани муҳокимаи арбитражӣ;

- мусоидат ба хотимаёбии баҳс бо роҳи созиши оштии тарафҳо;

- қатъӣ будани ҳалномаи арбитражии аз ҷониби арбитраж қабулгардида.

 

БОБИ 2.

ТАРТИБИ ТАЪСИСИ АРБИТРАЖ ВА МАҚОМОТИ ОН

 

Моддаи 5. Вазъи ҳуқуқии арбитраж

 

1. Арбитраж ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, фаъолияташро музднок амалӣ менамояд.

2. Арбитражи доимоамалкунанда шахси ҳуқуқӣ мебошад.

3. Ҳама гуна дахолат ба фаъолияти арбитражи доимоамалкунанда манъ аст.

 

Моддаи 6. Таъсиси арбитражи доимоамалкунанда

 

1. Арбитражи доимоамалкунанда дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мақсади асосии фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ бо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ мебошад.

2. Арбитражи доимоамалкунанда дорои Оинномаи аз ҷониби муассиси он тасдиқкардашуда мебошад ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.

 

Моддаи 7. Сохтори арбитражи доимоамалкунанда

 

Сохтори арбитражи доимоамалкунанда, ваколати мақомоти он тибқи Оиннома ва Дастури арбитраж мутобиқ ба муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

 

Моддаи 8. Мақомоти арбитражи доимоамалкунанда

 

1. Мақомоти арбитражи доимоамалкунанда аз раис, муовинони раис ва Раёсат иборат мебошад.

2. Раёсати арбитражи доимоамалкунанда аз раиси арбитражи мазкур, муовинони ӯ ва дигар аъзои Раёсат иборат мебошад, ки аз ҳисоби арбитрҳо таъин карда мешаванд.

3. Раиси арбитражи доимоамалкунанда аз ҷониби муассиси ҳамин арбитраж таъин карда мешавад. Муовинони раис ва аъзои Раёсат бо пешниҳоди раиси арбитражи доимоамалкунанда аз ҷониби муассиси ҳамин арбитраж таъин карда мешаванд.

4. Раис, муовинони ӯ ва аъзои Раёсати арбитражи доимоамалкунанда ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Ваколати мақомоти арбитражи доимоамалкунанда

 

1. Раёсати арбитражи доимоамалкунанда бо пешниҳоди раиси ҳамин арбитраж рӯйхати тавсиявии арбитрҳоро тасдиқ намуда, дигар вазифаҳоро мутобиқи Оинномаи арбитражи доимоамалкунанда анҷом медиҳад.

2. Раиси арбитражи доимоамалкунанда ҳама гуна амалҳоро оид ба идоракунии арбитраж, ба истиснои амалҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ё Оинномаи арбитражи доимоамалкунанда ба ваколати истисноии Раёсати арбитражи мазкур мансуб дониста шудаанд, анҷом медиҳад.

3. Муовинони раиси арбитражи доимоамалкунанда вазифаҳоеро анҷом медиҳанд, ки аз ҷониби раиси ҳамин арбитраж барои амалисозии онҳо ваколатдор шудаанд.

 

Моддаи 10. Арбитражи якборамалкунанда

 

Арбитражи якборамалкунанда бо тартиби дар Қонуни мазкур пешбинишуда таъсис дода мешавад.

 

БОБИ 3.

СОЗИШНОМАИ АРБИТРАЖӢ

 

Моддаи 11. Мазмун ва шакли созишномаи арбитражӣ

 

Созишномаи арбитражӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Созишнома басташуда ҳисоб мешавад, агар шартҳои он дар ҳуҷҷати байни тарафҳо имзошуда, ё тариқи мубодила бо мактубҳо, хабардор намудан тавассути телетайп, телеграф ё бо истифодаи дигар воситаҳои алоқаи электронӣ, ки бақайдгирии чунин созишномаро таъмин менамояд ва ё тавассути мубодилаи аризаи даъвогӣ ва бозхонди даъво, ки дар он яке аз тарафҳо мавҷудияти созишномаро тасдиқ намуда, тарафи дигар онро рад накардааст, пешбинӣ шуда бошад. Истинод дар шартнома ба ҳуҷҷате, ки тавзеҳоти арбитражиро дорад, ба шарте созишномаи арбитражӣ ба ҳисоб меравад, ки шартнома дар шакли хаттӣ баста шуда бошад ва истиноди мазкур тавзеҳоти номбаршударо қисми таркибии он гардонад.

 

Моддаи 12. Тартиби баррасии баҳсҳо

 

Агар тарафҳо дар созишномаи арбитражӣ супоридани баҳсро барои баррасӣ ба арбитраж пешбинӣ намуда бошанд, дар сурати дар созишнома  набудани тартиби дигари баррасии баҳс, тибқи Дастури арбитраж баррасии баҳс мувофиқашуда эътироф карда мешавад. 

 

Моддаи 13. Чораҳо оид ба таъмини даъво

 

Муроҷиати тарафҳо бо дархости андешидани чораҳо оид ба таъмини даъво то ва ё дар давраи баррасии парванда дар арбитраж ба суди босалоҳият, инчунин баровардани таъинот аз ҷониби суди босалоҳият оид ба андешидани чораҳои қабулгардида наметавонад созишномаи арбитражиро бекор кунад.

 

Моддаи 14. Пешниҳоди даъво оид ба моҳияти баҳс ба суди босалоҳият

 

1. Суди босалоҳияте, ки ба он вобаста ба масъалаи предмети созишномаи арбитражӣ даъво пешниҳод карда шудааст, агар ҳар яке аз тарафҳо дар ин бора на дертар аз пешниҳоди аризаи аввалаи худ вобаста ба моҳияти баҳс хоҳиш карда бошанд, даъворо бе баррасӣ мемонад. Суди босалоҳият агар ба хулосае ояд, ки созишномаи арбитражӣ беэътибор аст ё эътибори худро гум намудааст ва ё иҷронашаванда аст, қонеъ гардонидани чунин хоҳишро рад мекунад.

2. Пешниҳоди даъво ба суди босалоҳият оид ба масъалае, ки предмети созишномаи арбитражӣ мебошад, барои баррасии ин парванда ва қабули ҳалномаи арбитражӣ монеа шуда наметавонад.

 

БОБИ 4.

ҲАЙАТИ АРБИТРАЖИ ТИҶОРАТӢ ВА ВАКОЛАТИ ОН

 

Моддаи 15. Арбитрҳо

 

1. Ба ҳайси арбитр шахси воқеие интихоб (таъин) карда мешавад, ки ба синни бисту панҷ расида, дорои таҳсилоти олӣ мебошад ва нисбати тарафҳо мустақил буда, бевосита ё бавосита ба натиҷаи баррасии парванда манфиатдор намебошад ва барои иҷрои уҳдадориҳои арбитр розигӣ додааст.

2. Арбитре, ки баҳсро танҳо баррасӣ менамояд, бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва собиқаи кории на камтар аз дусолаи ҳуқуқшиносӣ дошта бошад. Дар ҳолати баррасии дастҷамъонаи баҳс раиси арбитраж бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад.

3. Талабот нисбати номзадҳо ба арбитр метавонанд аз ҷониби тарафҳо бевосита мувофиқа карда шаванд ё бо Дастури арбитраж муайян карда шаванд.

4. Арбитр шахсе шуда наметавонад, ки:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун судяи суди босалоҳият интихоб ё таъин гардидааст;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суд ғайри қобили амал ё дорои қобилияти амали маҳдуд эътироф гардида бошад;

- доғи судии бардоштанашуда ё барҳамнахӯрда дошта бошад;

- узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

- хизматчии давлатӣ бошад.

 

Моддаи 16. Интихоби арбитрҳо

 

1. Шумораи ҳайати арбитраж барои ҳалли баҳс бо созиши тарафҳо муайян гардида, ҳангоми набудани чунин созиш се арбитрро дар бар мегирад.

2. Ҳеҷ касро бинобар мансубият ба шаҳрвандӣ ё табаияташ аз ҳуқуқи арбитр шудан маҳрум кардан мумкин нест, агар тарафҳо дар ин хусус ба созиши дигаре наомада бошанд.

3. Тарафҳо метавонанд бо созиши ҳамдигар тартиби интихоби арбитр ё арбитрҳоро бо шарти риояи муқаррароти қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муайян намоянд.

4. Ҳангоми набудани созиш оид ба тартиби интихоби арбитр ё арбитраж:

- агар бо созиши тарафҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар ҳолати аз се нафар иборат будани ҳайати арбитраж, даъвогар дар аризаи худ як арбитрро нишон медиҳад, ҷавобгар оид ба арбитри дуюм вобаста ба даъво хабар медиҳад ва ду арбитри ба ҳамин тартиб интихобшуда арбитри сеюмро (арбитр-раисро) интихоб менамоянд. Агар тарафҳо дар муҳлати 30 рӯзи аз ҷониби ҷавобгар гирифтани нусхаи аризаи даъвогӣ арбитрҳоро таъин накунанд ё ду арбитр дар муҳлати 10 рӯз арбитри сеюмро интихоб накунанд, ҳайати арбитражи доимоамалкунанда аз ҷониби раиси ҳамин арбитраж таъин карда мешавад;

- агар бо созиши тарафҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар ҳолати интихоби ҳайати арбитражи доимоамалкунанда ё арбитражи якборамалкунанда  тарафҳо оид ба арбитр дар муҳлати 30 рӯз аз лаҳзае, ки ҷавобгар аризаи даъвогиро гирифтааст ё мебоист гирад, ба созиш наоянд, арбитри арбитражи доимоамалкунанда ё арбитражи якборамалкунанда аз ҷониби раиси ҳамин арбитраж интихоб карда мешавад.

5. Агар бо созиши тарафҳо ё шартномаи байналмилалӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар сурати мавҷудияти тартиби мувофиқашудаи интихоби арбитр аз ҷониби тарафҳо (мутобиқи     қисми 1 ҳамин модда), агар яке аз тарафҳо чунин тартибро риоя накунад ва ё тарафҳо ё ду арбитр ба созиш наоянд, ё ин ки шахси сеюм ягон амалеро дар доираи тартиби интихоби арбитр риоя накунад, аз ҷониби раиси ҳамин арбитраж нисбати ҳайати арбитраж барои баррасии баҳси мушаххас чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

6. Ҳангоми интихоб ва таъин намудани арбитр раиси арбитражи доимоамалкунанда талаботеро ба инобат мегирад, ки зимни риояи онҳо таъини арбитри баландихтисос, мустақил ва беғараз таъмин мешавад.

7. Қарорҳое, ки мутобиқи қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда қабул гардидаанд, мавриди шикоят қарор дода намешаванд.

 

Моддаи 17. Асосҳои рад намудани арбитр, эксперт (коршинос), тарҷумон

 

1. Рад намудани арбитр танҳо дар ҳолатҳое ҷой дошта метавонад, ки нисбати беғаразӣ ё мустақилияти ӯ шубҳаи асоснок мавҷуд бошад, аз рӯи шарти созишномаи тарафҳо соҳибихтисос набошад. Тараф метавонад ба арбитре, ки таъин (интихоб) намудааст ва ё дар таъини (интихоби) он иштирок кардааст, танҳо вобаста ба ҳолатҳое, ки ба ӯ баъди таъини (интихоби)  арбитр маълум гаштааст, раддия изҳор намояд.

2. Шахсе, ки аз эҳтимоли арбитр таъин (интихоб) шуданаш огоҳ гаштааст, уҳдадор аст вобаста ба ҳолатҳое, ки метавонанд боиси шубҳаи асоснок оид ба беғаразӣ, мустақилият ё салоҳиятнокии ӯ гарданд, иттилоъ диҳад. Агар арбитр аз чунин ҳолат то таъин (интихоб) шуданаш огоҳ накунад, вай уҳдадор аст ҳарчи зудтар ба тарафҳо оид ба ҳамаи ҳолатҳо дар ҷараёни баррасии парванда иттилоъ расонад.

3. Арбитр метавонад худрадкунӣ изҳор намояд.

4. Эксперт (коршинос) ва тарҷумон низ вобаста ба асосҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда муайян гардидаанд, метавонанд мавриди радкунӣ қарор гиранд.

 

Моддаи 18. Тартиби рад намудани арбитр, эксперт (коршинос), тарҷумон

 

1. Тарафҳо метавонанд бо созиши худ тартиби рад кардани арбитр, эксперт (коршинос) ва тарҷумонро муайян намоянд.

2. Ҳангоми мавҷуд набудани созиш оид ба тартиби рад кардани арбитр тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад ҳангоми мавҷуд будани асосҳо дар муҳлати 15 рӯз ба ҳайати арбитраж дар бораи рад намудани арбитр аризаи хаттӣ пешниҳод намояд. Ин муҳлат аз рӯзи хабардор шудани тарафи манфиатдор дар бораи таъин намудани арбитри дахлдор ҳисоб карда мешавад. Агар арбитре, ки нисбати ӯ раддия изҳор шудааст, дар бораи худрадкунӣ хабар надиҳад, инчунин агар дигар тараф бо худрадкунӣ розӣ набошад, масъала аз ҷониби ду арбитри ҳайати арбитраж то оғози таҳқиқи парванда ҳал карда мешавад. Агар онҳо то оғози таҳқиқи парванда ба созиш наоянд ё агар раддия нисбати ду ва зиёда арбитр ё нисбати арбитри танҳо изҳор шуда бошад, масъаларо дар бораи рад кардани арбитри (арбитрҳои) арбитражи доимоамалкунанда ё арбитри (арбитрҳои) арбитражи якборамалкунанда ҷиҳати баррасии баҳси мушаххас раиси арбитражи мазкур ҳал менамояд.

3. Масъалаи рад кардани эксперт (коршинос) ё тарҷумон аз ҷониби ҳайати пурраи арбитраж ҳал карда мешавад. Ҳангоми баррасии масъала дар бораи рад кардани арбитр (арбитрҳо), эксперт (коршинос) ва тарҷумон аз ҷониби арбитраж таҳқиқи парванда мавқуф гузошта мешавад.

4. Аз рӯи қарори раиси арбитраж дар бораи рад кардани арбитр (арбитрҳо), эксперт (коршинос) ва тарҷумон шикоят оварда намешавад.

 

Моддаи 19. Қатъ гардидани ваколати арбитр

 

1. Агар арбитр имконияти воқеии анҷом додани вазифаҳои дахлдорро надошта бошад ё бо сабабҳои дигар истеҳсолоти парвандаро кашол диҳад, бояд аз қабули ваколатҳо ё амалӣ намудани вазифаҳои дахлдор даст кашад. Ваколати арбитр инчунин бо созиши тарафҳо қатъ мегардад. Агар тарафҳо ба созиш наомада бошанд, ҳар яке аз тарафҳои баҳси арбитражи доимоамалкунанда метавонад ба раиси арбитражи мазкур, тарафи баҳси арбитражи якборамалкунанда бошад, метавонад бо дархост оид ба қабули қарор дар бораи қатъи ваколатҳои арбитр ба раиси арбитраж муроҷиат намояд. Аз болои қарори мазкур шикоят оварда намешавад.

2. Дигар ҳолатҳои қатъ гардидани ваколатҳои арбитри арбитражро Дастури арбитраж муайян менамояд.

3. Ваколати арбитрҳо ва арбитри танҳо дар ҳолати раддия ё худрадкунӣ низ қатъ мегардад.

 

Моддаи 20. Иваз кардани арбитр

 

Агар ваколатҳои арбитр бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи моддаҳои 16-19 Қонуни мазкур қатъ гарданд, арбитри дигар мутобиқи тартибе, ки ба таъин намудани арбитри ивазшаванда татбиқ шуда буд, таъин карда мешавад.

 

Моддаи 21. Ҳуқуқи арбитраж ҷиҳати баровардани қарор дар бораи ваколати худ

 

1. Арбитраж метавонад дар бораи ваколати худ, аз ҷумла аз рӯи изҳори норозигӣ нисбати мавҷудият ё ҳақиқӣ будани созишномаи арбитражӣ қарор қабул намояд. Барои ин мақсадҳо тавзеҳоти арбитражӣ бояд ҳамчун созише, ки ба шартҳои дигари шартнома вобастагӣ надорад, маънидод карда шавад. Ҳалномаи арбитражӣ дар бораи беэътибор донистани шартнома боиси беэътибории тавзеҳоти арбитражӣ аз рӯи қонун намегардад. Аризаи тараф дар бораи ваколат надоштани ҳайати арбитраж пеш аз изҳор намудани норозигӣ аз рӯи даъво пешниҳод шуда метавонад. Аз ҷониби тараф таъин намудани арбитр ё иштироки ӯ дар таъин намудани арбитр тарафро аз ҳуқуқи пешниҳоди чунин ариза маҳрум намесозад.

2. Ариза дар хусуси ба суиистифодаи ваколатҳо роҳ додани ҳайати арбитраж бояд фавран пас аз он дода шавад, ки масъалаи ба ақидаи тараф, аз доираи ваколати арбитраж бароянда дар рафти баррасии парванда ба миён гузошта мешавад. Ҳайати арбитраж метавонад дар ҳамаи ин ҳолатҳо аризаи дертар пешниҳодшударо қабул намояд, агар вай сабаби дер монданро узрнок эътироф намояд.

3. Аз рӯи аризаҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинигардида ҳайати арбитраж то баровардани ҳалнома аз рӯи моҳияти баҳс таъинот қабул менамояд.

4. Агар ҳайати арбитраж худро салоҳиятнок шуморад, ҳар кадоме аз тарафҳо дар муҳлати 15 рӯзи баъди гирифтани огоҳинома метавонад аз Раёсати ҳамин арбитраж қабул намудани қарори қатъиро оид ба ваколат хоҳиш намояд.

5. То ҳалли масъалаи вобаста ба ваколати арбитраж баррасии парванда боздошта мешавад.

 

Моддаи 22. Ваколатҳои арбитраж оид ба тадбирҳои таъминотӣ

 

1. Агар бо созиши тарафҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳайати арбитраж метавонад бо хоҳиши ҳар кадоме аз тарафҳо дар бораи қабул намудани тадбири таъминотӣ аз ҷониби ягон тараф оид ба предмети баҳсе, ки онро зарур мешуморад, таъинот барорад. Ҳайати арбитраж метавонад аз ҳар кадоми тарафҳо пешниҳод намудани таъминоти заруриро вобаста ба ин тадбирҳо талаб намояд.

2. Ҳайати арбитраж ё тараф бо розигии он метавонад ба суди босалоҳият ё суди дахлдори давлати хориҷӣ бо дархости таъмини даъво ё далелҳо муроҷиат намояд.

3. Суди босалоҳият дар доираи салоҳияти худ ва мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дархостро баррасӣ менамояд.

 

БОБИ 5.

ХАРОҶОТИ БАРРАСИИ БАҲСҲО ДАР АРБИТРАЖ

 

Моддаи 23. Таркиби хароҷоти баррасии арбитражӣ

 

1. Таркиби хароҷоти баррасии арбитражӣ аз инҳо иборат мебошад:

- ҳаққи (гонорари) хизмати арбитр (арбитрҳо);

- хароҷоти арбитрҳо бинобар иштирокашон дар баррасии арбитражӣ, аз ҷумла хароҷоти роҳкиро то маҳалли баррасии баҳс, истиқомат ва ғизо;

- маблағе, ки ба экспертон (коршиносон), мутахассисон ва тарҷумонҳо пардохт мешавад;

- хароҷоти арбитр вобаста ба азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттӣ ва шайъӣ дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо;

- хароҷоти шоҳидон;

- хароҷоти пардохти ҳаққи хизмати намояндаи тарафе, ки ҳалномаи арбитражӣ ба манфиати ӯ қабул шудааст;

- хароҷот барои таъминоти ташкилӣ ва моддии баррасии арбитражӣ.

2. Дар арбитражи андозаи ҳаққи хизмати арбитр мутобиқи ҷадвали қиёсии ҳаққи хизмати арбитр, ки Дастури арбитраж пешбинӣ кардааст, муайян карда мешавад.

3. Ҳангоми дар Дастури арбитраж мавҷуд набудани нишондод оид ба андозаи ҳаққи хизмати арбитр, арбитраж метавонад андозаи ҳаққи хизмати арбитрро дар ҳар кадом ҳолати мушаххаси баррасии баҳс бо назардошти арзиши даъво, мураккабии баҳс, вақти барои баррасии арбитражӣ сарфкардаи арбитр ва дигар ҳолатҳои дахлдори парванда муайян намояд.

 

Моддаи 24. Тақсими хароҷоти ҳалли баҳс дар арбитраж

 

1. Агар тартиби дигаре бо созиши тарафҳо пешбинӣ нашуда бошад, хароҷоти ҳалли баҳс дар арбитраж  мутаносибан ба талаботи қонеъкардашуда ё радкардашуда, аз ҷониби арбитраж тақсим карда мешавад.

2. Агар талабот оид ба рӯёнидани хароҷоти сарфшуда дар ҷараёни баррасии арбитражӣ изҳор ва аз ҷониби арбитраж қонеъ гардонда шуда бошад, хароҷот барои пардохти ҳаққи хизматрасонии намояндаи тарафе, ки ҳалномаи арбитражӣ ба манфиати  вай қабул гардидааст, инчунин дигар хароҷоти бо баррасии арбитражӣ алоқаманд бо ҳалномаи арбитражӣ ба зиммаи тарафи дигар вогузошта мешавад.

3. Тақсими хароҷоти баррасии баҳс дар қарор ё ҳалномаи арбитраж дарҷ мегардад.

 

БОБИ 6.

БАРРАСИИ ПАРВАНДА ДАР АРБИТРАЖ

 

Моддаи 25. Баробарҳуқуқии тарафҳо

 

Ҳайати арбитраж принсипи баробарҳуқуқии тарафҳоро ба роҳбарӣ гирифта, ҳангоми баррасии баҳс бояд ба ҳар як тараф ҳамаи имкониятҳоро барои изҳори мавқеъ ва ҳифзи ҳуқуқҳояшон пешниҳод намояд. 

 

Моддаи 26. Муайян намудани қоидаҳои баррасии арбитражӣ

 

1. Ҳангоми риояи муқаррароти Қонуни мазкур тарафҳо метавонанд бо салоҳдиди худ оид ба тартиби баррасии парванда аз ҷониби ҳайати арбитраж ба созиш оянд.

2. Дар сурати набудани чунин созиш ҳайати арбитраж баррасии парвандаро бо тартибе анҷом медиҳад, ки онро барои баровардани қарори қонунӣ ва асоснок зарур мешуморад. Дар баробари ин ҳайати арбитражи якборамалкунанда уҳдадор аст, ки  муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намуда, фикру мулоҳизаҳои тарафҳоро ба инобат гирад, ҳайати арбитражи доимоамалкунанда бошад, муқаррароти Дастури арбитражро риоя намояд.

 

Моддаи 27. Маҳалли баргузории баррасии арбитражӣ

 

1. Тарафҳо метавонанд бо салоҳдиди худ оид ба маҳалли баргузории муҳокимаи арбитражӣ ба созиш оянд. Ҳангоми набудани чунин созиш маҳалли баргузории баррасии арбитражӣ аз ҷониби ҳайати арбитраж бо назардошти ҳолатҳои парванда ва ақидаи тарафҳо муайян карда мешавад.

2. Агар тарафҳо ба созиши дигаре нарасида бошанд, муҳокимаи арбитражӣ метавонад дар ҷойе баргузор шавад, ки ҳайати арбитраж барои гузаронидани машварати арбитрҳо, шунидани шоҳидон, экспертон (коршиносон) ё тарафҳо, инчунин барои азназаргузаронии молҳо, дигар молу мулк ва ё ҳуҷҷатҳо зарур мешуморад.

 

Моддаи 28. Забони баррасии арбитражӣ

 

1. Тарафҳо метавонанд бо салоҳдиди худ оид ба забон ё забонҳое, ки дар ҷараёни баррасии арбитражӣ истифода мешаванд, ба созиш оянд. Дар ҳолати набудани чунин созиш забон ё забонҳое, ки ҳангоми баррасӣ бояд истифода шаванд, аз тарафи арбитраж муайян карда мешаванд. Чунин намуди созиш ё муайянкунӣ, агар дар онҳо тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, нисбати ҳама гуна муроҷиати хаттии тарафҳо, ҳама гуна баррасии парванда ва ҳалномаи арбитражӣ, қарор ва ё дигар хабари арбитраж дахл дорад.

2. Арбитраж метавонад амр кунад, ки ҳама гуна далелҳои ҳуҷҷатӣ бо тарҷума ба забон ё забонҳое, ки тарафҳо вобаста ба онҳо ба мувофиқа расидаанд ё аз ҷониби арбитраж муайян гардидаанд, пешниҳод карда шаванд.

 

Моддаи 29. Оғози баррасии арбитражӣ

 

1. Агар тарафҳо ба мувофиқаи дигар нарасида бошанд, истеҳсолот оид ба парванда дар арбитраж барои баррасии баҳси мушаххас аз ҳамон рӯзе оғоз мегардад, ки ҷавобгар аризаи даъвогиро гирифтааст.

2. Истеҳсолот оид ба парванда дар арбитражи доимоамалкунанда бо тартибе, ки дар Дастури арбитраж муайян гардидааст, оғоз меёбад.

 

Моддаи 30. Шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ

 

1. Даъвогар талаботи худро дар аризаи даъвогӣ дар шакли хаттӣ баён намуда, онро ба арбитраж месупорад. Нусхаи аризаи даъвогӣ аз ҷониби арбитраж ба ҷавобгар супорида мешавад.

2. Дар аризаи даъвогӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:

- номи арбитраже, ки ба он ариза пешниҳод карда мешавад;

- санаи додани аризаи даъвогӣ;

- насаб, ном, номи падари даъвогар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он, инчунин насаб, ном, номи падари намоянда ва суроғаи он, агар аризаро намоянда пешниҳод карда бошад;

- насаб, ном, номи падари ҷавобгар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он;

- номи ташкилот, суроғаи почта ва маълумоти (реквизитҳои) бонкӣ (агар тарафҳо шахси ҳуқуқӣ бошанд);

- моҳияти вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии даъвогар ва талаботи ӯ;

- ҳолатҳое, ки даъвогар талаботи худро асоснок месозад ва далелҳое, ки ин ҳолатҳоро тасдиқ мекунанд;

- нархи даъво, агар даъво боиси арзёбӣ бошад, инчунин ҳисоби маблағҳои ситонидашаванда ё баҳснок.

3. Дар аризаи даъвогӣ рақами телефонҳо, факсҳо, почтаи электронии даъвогар, намояндаи ӯ, ҷавобгар, дигар маълумотро, ки барои баррасӣ ва ҳалли парванда аҳамият доранд, зикр кардан мумкин аст.

4. Аризаи даъвогиро даъвогар ё намояндаи ӯ, ки барои имзои ариза ва пешниҳоди он ба арбитраж ваколатдор мебошад, имзо мекунад.  Агар даъвогар шахси ҳуқуқӣ бошад, имзо бо муҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад.

5. Мувофиқи Дастури арбитраж вобаста ба мазмуни аризаи даъвогӣ талаботи иловагӣ пешбинӣ кардан мумкин аст.

 

Моддаи 31. Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд

 

Ба аризаи даъвогӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:

- нусхаи аризаи даъвогӣ мутаносибан ба теъдоди ҷавобгарон;

- ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намояндаи даъвогар;

- ҳисоби маблағҳои ситонидашаванда ё баҳсноке, ки аз ҷониби даъвогар, намояндаи ӯ имзо шудаанд, бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди ҷавобгарон.

 

Моддаи 32. Изҳори назар ба аризаи даъвогӣ

 

1. Ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба даъвогар ва арбитраж изҳори назар ба аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, дар он норозигии худро ба даъво баён намояд. Изҳори назар ба аризаи даъвогӣ ба даъвогар ва арбитраж бо тартиб ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи Дастури арбитраж пешниҳод карда мешавад. Агар муҳлати пешниҳоди изҳори назар ба аризаи даъвогӣ бо Дастури арбитраж муайян нашуда бошад, он гоҳ изҳори назар дар муҳлати  то 10 рӯз баъди гирифтани  нусхаи аризаи даъвогӣ  пешниҳод карда мешавад.

2. Дар ҷараёни баррасии  парванда тараф ҳуқуқ дорад талаботи даъво ё норозигиашро нисбати даъво тағйир диҳад ё ба он илова намояд ва ё аз даъво ё норозигӣ даст кашад.

 

Моддаи 33. Баргардонидани аризаи даъвогӣ

 

1. Арбитраж аризаи даъвогиро дар ҳолатҳои зерин бармегардонад:

- байни тарафҳо созишномаи арбитражӣ мавҷуд набошад;

- даъво ба арбитраже пешниҳод шуда бошад, ки он дар созишномаи арбитражӣ пешбинӣ нашудааст;

- предмети даъво аз доираи созишномаи арбитражӣ баромада бошад;

- аризаи даъвогӣ аз ҷониби шахсе ба имзо расида бошад, ки барои имзо кардани он ваколат надорад;

- даъвогар оид ба баргардонидани аризаи даъвогӣ ариза пешниҳод карда бошад;

- дар истеҳсолоти ҳамин арбитраж ё арбитражи дигар парвандае мавҷуд бошад, ки байни ҳамин тарафҳо вобаста ба ҳамин предмет ва асосҳо баҳс меравад.

2. Ҳангоми баргардонидани аризаи даъвогӣ арбитраж таъинот мебарорад.

3. Баргардонидани аризаи даъвогӣ барои муроҷиати такрории даъвогар ба арбитраж бо аризаи даъвогӣ ба ҳамин ҷавобгар оид ба ҳамин предмет ва асосҳо монеъ шуда наметавонад, агар аризадиҳанда норасоиҳои ҷойдоштаро, ки дар таъиноти арбитраж оиди баргардонидани аризаи даъвогӣ зикр шудаанд, бартараф намуда бошад.

 

Моддаи 34. Аризаи даъвогӣ ва изҳори норозигӣ ба он

 

1. Талабот ба аризаи даъвогӣ аз ҷониби тарафҳо мувофиқа карда мешавад ё аз ҷониби арбитражи якборамалкунанда ва дар арбитражи доимоамалкунанда бошад, бо Дастури арбитраж муайян карда мешавад.

2. Ҳангоми набудани созиши дигар, дар ҷараёни баррасии парванда ҳар яке аз тарафҳо метавонад талаботи даъво ё норозигӣ ба даъворо тағйир диҳад ё ба он илова намоянд.

 

Моддаи 35. Гирифтани иттилооти хаттӣ

 

1. Иттилооти хаттӣ он вақт гирифташуда ба ҳисоб меравад, ки ба шахси (воқеӣ ё ҳуқуқии) қабулкунанда  шахсан ё ба маҳалли зисти доимии ӯ ё ба ҷойи воқеъ гардидани корхонаи ӯ ва ё суроғаи почтавиаш дастрас шуда бошад, агар бо созиши тарафҳо тартиби дигар муқаррар нашуда бошад. Ҳангоме ки муайян кардани ҷойи расонидани иттилооти хаттӣ дар ҳақиқат ғайриимкон бошад, он гоҳ иттилооти хаттӣ дар сурате гирифташуда ба ҳисоб меравад, ки ба маҳалли муайяни зисти охирин ё ба ҷойи воқеъ гардидани корхона ё суроғаи почтавии ӯ тавассути мактуби фармоишӣ ирсол шуда бошад.

2. Иттилоот дар рӯзи расонидани он ё кӯшиши расонидан (додан) ба қабулкунандаи он мутобиқи қисми 1 ҳамин модда гирифташуда ба ҳисоб меравад. 

 

Моддаи 36. Даст кашидан аз ҳуқуқ ба норозигӣ

 

Агар тараф донад, ки ягон муқаррароти Қонуни мазкур, ки аз он тарафҳо метавонанд даст кашанд ё ягон талаботи бо созишномаи арбитражӣ пешбинигардида риоя нагардидааст, вале бо вуҷуди он дар таҳқиқи парванда иштироки худро бе изҳори норозигӣ оид ба риоя нагаштани чунин норозигӣ бо деркунии беасос ё дар муҳлати дар Қонуни мазкур ё Дастури арбитраж пешбинишуда идома диҳад, он гоҳ бо гузаштани ин  муҳлат ӯ аз ҳуқуқ ба норозигӣ дасткашида ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 37. Баррасӣ ва таҳқиқи парванда тибқи ҳуҷҷатҳо

 

1. Бо шарти риояи созиши тарафҳо арбитраж дар хусуси  гузаронидани баррасии шифоҳии парванда барои пешниҳоди далелҳо ё музокироти шифоҳӣ ва ё дар бораи амалӣ намудани баррасии парванда танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳо ва дигар мавод қарор қабул мекунад. Аммо дар ҳолатҳое, ки тарафҳо барои гузаронидани музокироти шифоҳӣ ба созиш наомаданд, арбитраж бояд чунин баррасиро дар ҳар як марҳилаи баррасии арбитражӣ, агар дар ин бора яке аз тарафҳо хоҳиш намояд, гузаронад.

2. Огоҳинома оид ба ҳамагуна баррасӣ ё муҳокимаи арбитражӣ, ки бо мақсади азназаргузаронии молҳо, дигар молу мулк ва ё ин ки ҳуҷҷатҳо гузаронида мешаванд, бояд ба тарафҳо тавре равона карда шавад, ки онҳо барои ҳозиршавӣ ба баррасӣ ё муҳокимаи дахлдор вақти кофӣ дошта бошанд.

3. Ҳамаи аризаҳо, ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилооте, ки аз ҷониби яке аз тарафҳо ба арбитраж пешниҳод мешаванд, бояд ба тарафи дигар супорида шаванд. Ба тарафҳо ҳама гуна хулосаҳои экспертон (коршиносон) ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки аҳамияти далелро доранд ва арбитраж ҳангоми қабули ҳалномаи арбитражӣ ба онҳо такя менамояд, бояд супорида шаванд.

 

Моддаи 38. Пешниҳод накардани норозигӣ оид ба даъво, дигар ҳуҷҷатҳо ё ҳозир нашудани

                       тарафҳо

 

1. Ҳангоме, ки ҷавобгар норозигии худро нисбати даъво бе нишон додани сабабҳои узрнок ва набудани мувофиқаи байни тарафҳо пешниҳод накунад, ҳайати арбитраж баррасии парвандаро идома дода, пешниҳод нашудани норозигиро ба даъво, ҳамчун эътирофи талаботи даъвогар ҳисоб намекунад.

2. Дар ҳолате, ки тарафи ба арбитраж даъватгардида бо сабабҳои аз ҷониби арбитраж узрнок эътирофнашуда ба баррасӣ ҳозир нашавад, ё далелҳои ҳуҷҷатиро пешниҳод нанамояд, ҳайати арбитраж ҳуқуқ дорад баррасии парвандаро идома дода, ҳалномаи арбитражиро дар асоси далелҳои мавҷудбуда қабул намояд.

 

Моддаи 39. Ҳуқуқи тарафҳои баррасии арбитражӣ

 

Тарафҳое, ки дар баррасии арбитражӣ иштирок менамоянд, ҳуқуқ доранд:

- бо маводи парванда шинос шаванд ва онҳоро нусхабардорӣ намоянд;

- далелҳо пешниҳод намоянд;

- ба арбитрҳо дархост ва раддия изҳор намоянд;

- ба иштирокчиёни муҳокимаи арбитражӣ саволҳо дода, баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд;

- далелҳои худро оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷараёни муҳокима ба вуҷуд меоянд, пешниҳод намоянд;

- нисбати дархост ва далелҳои тарафи дигар норозигӣ изҳор намоянд;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди босалоҳият оид ба иҷрои маҷбурии ҳалномаи арбитраж дархост  намоянд;

- бо тартиби дар Қонуни мазкур муқарраргардида аз болои санадҳои арбитражӣ шикоят намоянд.

 

Моддаи 40. Аз ҷониби арбитраж таъйин шудани эксперт (коршинос)

 

1. Агар тарафҳое, ки дар баррасии арбитражӣ иштирок менамоянд, ба созиши дигаре наомада бошанд, арбитраж метавонад:

- як ё якчанд экспертро (коршиносро) барои пешниҳоди хулоса ба он оид ба масъалаи мушаххасе, ки аз ҷониби арбитраж муайян карда мешавад, таъин намояд;

- аз тараф талаб намояд, ки ба эксперт (коршинос) иттилооти дилхоҳи ба парванда дахлдорро пешниҳод кунад ё ҷиҳати пешниҳод намудан барои азназаргузаронӣ ё азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо, молҳо ва ё дигар молу мулк, ки ба парванда дахл доранд, имконият фароҳам оварад.

2. Ҳангоми набудани мувофиқаи дигари тарафҳо, агар тараф дар ин хусус дархост намояд ё арбитраж инро зарур шуморад, эксперт (коршинос) бояд пас аз пешниҳоди хулосаи хаттӣ ё шифоҳии худ дар баррасии парвандае иштирок намояд, ки дар он ба тарафҳо имконият дода мешавад ба ӯ савол диҳанд ва пешниҳоди мутахассисро барои додани нишондод оид ба масъалаҳои баҳснок мутахассисонро даъват намоянд.

 

Моддаи 41. Мусоидати суди босалоҳият дар пешниҳоди чораҳои таъминотӣ ва гирифтани

                       далелҳо

 

1. Тарафҳои баррасии арбитражӣ ҳуқуқ доранд ба суди босалоҳият оид ба андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини даъво бо ариза муроҷиат намоянд.

2. Ариза оид ба таъмини даъворо, ки дар арбитраж баррасӣ мешавад, тараф ба суди босалоҳияти маҳалли баррасии арбитражӣ ё ҷойгиршавии молу мулке, ки нисбати он чораҳои таъминотӣ қабул мешаванд, пешниҳод мекунад.

3. Ариза оид ба таъмини даъвое, ки дар арбитраж баррасӣ мешавад, аз ҷониби суди босалоҳият бо баровардани таъинот оид ба таъмини даъво ё рад намудани таъмини он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

4. Таъинот оид ба таъмини даъво, ки дар арбитраж баррасӣ мешавад, мумкин аст аз ҷониби суди босалоҳият, ки ин таъинотро баровардааст, аз рӯи аризаи яке аз тарафҳо бекор карда шавад.

5. Арбитраж ё тараф бо розигии арбитраж метавонад ба суди босалоҳият дар хусуси мусоидат намудан барои гирифтани далелҳо муроҷиат намояд. Суди босалоҳият ин муроҷиатро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.      

 

Моддаи 42. Мусоидат барои гирифтани далелҳо

 

1. Ҳайати арбитраж ё тараф бо розигии он метавонад ба суди босалоҳият ё суди давлати хориҷӣ дар хусуси мусоидат намудан ба гирифтани далелҳо оид ба масъалаи дар арбитраж баррасишаванда муроҷиат намояд.

2. Суди босалоҳият дар доираи салоҳияти  худ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дархостро баррасӣ менамояд.

 

БОБИ 7.

БАРОВАРДАНИ  ҲАЛНОМАИ АРБИТРАЖӢ ВА ҚАТЪ КАРДАНИ БАРРАСИИ  ПАРВАНДА

 

Моддаи 43. Меъёрҳое, ки оид ба моҳияти баҳс татбиқ мешаванд

 

1. Арбитраж баҳсро мувофиқи меъёрҳое баррасӣ менамояд, ки тарафҳо ба сифати ҳуқуқи татбиқшаванда нисбати моҳияти баҳс интихоб намудаанд. Ҳама гуна нишондод ба ҳуқуқ ё низоми ҳуқуқии ягон давлат бояд на ҳавола ба меъёрҳои коллизионии он, балки  бевосита ҳамчун ҳавола ба ҳуқуқи моддии ҳамон давлат маънидод карда шавад.

2. Ҳангоми набудани ягон нишондоди тарафҳо арбитраж ҳуқуқеро татбиқ менамояд, ки мутобиқи меъёрҳои коллизионӣ муайян шудааст ва онро татбиқшаванда меҳисобад.

3. Дар ҳамаи ҳолатҳо арбитраж мутобиқи шартҳои шартнома ва бо назардошти одатҳои тиҷоратие, ки нисбати ҳамин аҳд татбиқ мешаванд, ҳалнома қабул менамояд.

 

Моддаи 44. Муқаррар кардани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ

 

1. Ҳангоми татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ ҳайати арбитраж мазмуни меъёрҳои онро тибқи тафсири расмии он, амалияи татбиқ ва доктринаи давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар менамояд.

2. Тарафҳо уҳдадоранд далелҳоеро пешниҳод намоянд, ки мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷиро тасдиқ менамоянд ва ба онҳо барои асосноккунии талаботи худ ё норозигиашон истинод меоранд ва ба тарзи дигар барои муқаррар кардани мазмуни ин меъёрҳо ба ҳайати арбитраж мусоидат намоянд.

3. Ҳайати арбитраж метавонад бо мақсади муқаррар кардани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида барои мусоидат намудан ва шарҳдиҳӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба намояндагии расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, муроҷиат намояд ё экспертонро (коршиносонро) ҷалб намояд.

 

Моддаи 45. Ҳалномаи арбитражӣ дар ҳайати дастҷамъона

 

Ҳайати дастҷамъонаи арбитраж ҳалномаи арбитражиро бо аксарияти овозҳо қабул менамояд. Масъалаҳои мурофиавиро арбитр-раис, агар вай аз ҷониби тарафҳо ва дигар арбитрҳо ваколатдор шуда бошад, ҳал карда метавонад.

 

Моддаи 46. Созиши оштӣ

 

1. Агар дар ҷараёни таҳқиқи парванда тарафҳо созиши оштӣ баста бошанд, ҳайати арбитраж баррасиро  қатъ намуда, созиши оштии бадастомадаро дар намуди ҳалномаи арбитражӣ бо шартҳои мувофиқанамудаи тарафҳо сабт менамояд.

2. Ҳалномаи арбитражӣ дар асоси шартҳои мувофиқанамудаи тарафҳо тибқи муқаррароти моддаи 43 Қонуни мазкур қабул карда мешавад ва бояд нишондодеро дошта бошад, ки он аз ҷониби арбитраж қабул гардидааст.

3. Ҳалномаи арбитражӣ дар асоси шартҳои мувофиқанамудаи тарафҳо ба монанди дигар ҳалномаҳои ҳайати арбитраж оид ба моҳияти баҳс эътибори баробар дошта, бояд иҷро карда шавад.

 

Моддаи 47. Ҳалномаи арбитражӣ

 

1. Ҳангоми моҳиятан баррасӣ намудани баҳс арбитраж ҳалнома қабул менамояд.

2. Ҳалномаи арбитраж қатъӣ буда, аз лаҳзаи қабул карданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 51 Қонуни мазкур аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 48. Шакл ва мазмуни ҳалномаи арбитражӣ

 

1. Ҳалномаи арбитражӣ бояд дар шакли хаттӣ қабул карда шавад ва аз ҷониби арбитр ё ҳайати дастҷамъонаи арбитраж имзо гардад. Ҳангоми аз ҷониби ҳайати дастҷамъонаи арбитраж қабул шудани ҳалнома дар он имзои аксарияти арбитрҳо кифоя  аст, ба шарте ки сабаби набудани имзои арбитрҳои дигар нишон дода шаванд.

2. Агар тарафҳо ба созиши дигаре наомада бошанд, инчунин агар аз талаботи моддаи 46 Қонуни мазкур муқаррароти дигаре барнаояд, дар ҳалномаи арбитраж бояд сабабҳое нишон дода шаванд, ки дар асоси он ҳалнома қабул шудааст.

3. Дар ҳалномаи арбитражӣ бояд санаи қабул ва маҳалли баргузории муҳокимаи арбитражӣ нишон дода шавад. Ҳалномаи арбитражӣ дар маҳалли баргузории муҳокимаи арбитражӣ қабулшуда ҳисобида мешавад.

4. Баъди қабули ҳалнома ба ҳар як тараф нусхаи он, ки мувофиқи қисми 1 ҳамин модда аз ҷониби арбитрҳо ба имзо расидааст, супорида мешавад.

 

Моддаи 49. Қатъ гардидани баррасии баҳс дар арбитраж

 

1. Оид ба қатъ гардидани парванда арбитраж таъинот қабул мекунад.

2. Ҳайати арбитраж дар ҳолатҳои зерин оид ба қатъи парванда таъинот мебарорад, агар:

- даъвогар аз талаби худ даст кашад ва ҷавобгар нисбати қатъи баррасии парванда норозигиашро баён накунад, ҳайати арбитраж қонунӣ будани манфиатдории ҷавобгарро оид ба гирифтани ҳалнома дар бораи баҳс эътироф накунад;

- тарафҳо оид ба қатъ намудани таҳқиқи парванда ба созиш омада бошанд;

 - арбитраж ба хулоса ояд, ки давом додани баррасии парванда вобаста ба сабабҳои дигар ғайриимкон мебошад.

3. Таъиноти арбитраж қатъӣ буда, аз лаҳзаи қабул гардиданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 51 Қонуни мазкур аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

4. Ваколатҳои ҳайати арбитраж дар як вақт бо анҷоми баррасии парванда, ба истиснои ваколатҳое, ки дар моддаи 44 ва қисми 3   моддаи 46 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, қатъ мегардад.

 

Моддаи 50. Ислоҳ ва тафсири ҳалномаи арбитражӣ. Ҳалномаи арбитражии иловагӣ

 

1. Ҳар як тараф дар муҳлати 30 рӯз пас аз гирифтани ҳалнома, агар тибқи Дастури арбитраж ё бо созиши тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, тарафи дигарро огоҳ намуда, метавонад аз ҳайати арбитраж хоҳиш намояд, ки хатои ҳисобӣ, саҳву ғалати нашрӣ ва ё дигар хатоҳои ба инҳо монандро ислоҳ намоянд, инчунин банд ё қисми мушаххаси ҳалномаи арбитражро тафсир кунад.

 

2. Агар ҳайати арбитраж хоҳишро асоснок шуморад, бояд дар  муҳлати 30 рӯз пас аз гирифтани хоҳиш, агар тибқи Дастури арбитраж муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба ҳалномаи арбитражӣ ислоҳоти заруриро ворид созад ё онро тафсир диҳад. Ин гуна ислоҳ ё тафсир қисми таркибии ҳалномаи арбитражӣ ҳисобида мешавад.

3. Ҳайати арбитраж дар  муҳлати 30 рӯз аз рӯзи қабул гардидани ҳалномаи арбитражӣ, агар Дастури арбитраж тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, метавонад бо ташаббуси худ хатоҳоеро, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, ислоҳ намояд ва ба тарафҳо огоҳиномаро оид ба ин ислоҳ ирсол намояд.

4. Агар тарафҳо ба созиши дигар наомада бошанд ва Дастури арбитраж муқаррароти дигаре пешбинӣ накарда бошад, ҳар як тараф тарафи дигарро метавонад дар  муҳлати 30 рӯз аз рӯзи гирифтани ҳалномаи арбитражӣ огоҳ намуда, аз ҳайати арбитраж хоҳиш намояд, ки нисбат ба талаботе, ки дар рафти  таҳқиқи парванда изҳор шудаанду дар ҳалномаи арбитражӣ ифода наёфтаанд, ҳалномаи арбитражии иловагӣ қабул намояд.  Агар тибқи Дастури арбитраж тартиби  дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва ҳайати арбитраж ин хоҳишро асоснок шуморад, он бояд дар  муҳлати 60 рӯз ҳалномаи арбитражии иловагӣ барорад.

5. Ҳайати арбитраж дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад барои ислоҳи хатоҳо, пешниҳоди тафсир ва қабули ҳалномаи арбитражии иловагӣ муҳлати дар қисмҳои 1 - 4 ҳамин модда пешбинишударо дароз намояд.

6. Муқаррароти моддаи 45 Қонуни мазкур нисбати ислоҳҳо ва тафсири ҳалномаи арбитраж, инчунин нисбати ҳалномаи арбитражии иловагӣ татбиқ мегардад.

 

БОБИ 8.

МАВРИДИ БАҲС ҚАРОР ДОДАНИ ҲАЛНОМАИ АРБИТРАЖӢ

 

Моддаи 51. Дархост оид ба бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ

 

1. Дархост ҳамчун воситаи истисноии мавриди баҳс қарор додани ҳалномаи арбитражӣ мебошад. Дархост ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ бо асосҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешниҳод карда мешавад.

2. Ҳалномаи арбитражӣ мумкин аст аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое бекор карда шавад, ки тарафҳои дархосткунанда чунин далелҳое пешниҳод намоянд, ки:

- яке аз тарафҳо ҳангоми бастани созишномаи арбитражӣ пурра ё қисман ғайри қобили амал бошад, ё созишнома мутобиқи ҳуқуқе, ки тарафҳо ин созишномаро ба он тобеъ кардаанд ва дар ҳолати набудани чунин нишондод аз рӯи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор бошад;

- тараф ба таври дахлдор оид ба таъини арбитр ё баррасии парванда огоҳонида нашуда бошад, ё бо дигар сабабҳои узрнок натавонистааст баёноти худро пешниҳод намояд;

- ҳалномаи арбитражӣ оиди баҳсе бароварда шудааст, ки таҳти шартҳои он қарор нагирифтааст ё ин ки муқарраротеро дар бар мегирад, ки масъалаҳои он аз доираи созишномаи арбитражӣ берун мебарояд. Дар баробари ин, агар ҷудо намудани баъзе муқаррарот аз масъалаҳое, ки бо созишнома фаро гирифта нашудаанд, мумкин бошад, он гоҳ танҳо ҳамон қисми ҳалномаи арбитражӣ бекор карда мешавад, ки ба масъалаҳои фаронагирифтаи созишномаи арбитражӣ дахл дорад;

- ҳайати арбитраж ё тартиби баррасии парванда ба созиши тарафҳо мувофиқат накунад, агар чунин созиш ба Қонуни мазкур мухолиф набошад.

3. Ҳалномаи арбитражӣ, инчунин мумкин аст аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое бекор карда шавад, ки предмети баҳс тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад предмети баррасии арбитражӣ гардад ё ҳалномаи арбитражӣ ба тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад.

4. Дархост оид ба бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ дар муҳлати як моҳ аз рӯзе, ки тарафи изҳоркунандаи дархост ҳалномаи арбитражиро гирифтааст, пешниҳод карда мешавад.

5. Ҳангоми пешниҳоди дархост ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бекор намудани ҳалномаи арбитражӣ, суди мазкур бо дархости яке аз тарафҳо баррасии дархостро оид ба бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ метавонад ба муҳлати муқаррарнамудаи худ, аммо на зиёда аз як моҳ, мавқуф гузорад, то ин ки ба арбитраж имконияти оғози баррасии парванда ё андешидани дигар амалҳоро диҳад, ки ба ақидаи арбитраж метавонанд асосҳои бекор намудани ҳалномаи арбитражиро бартараф намоянд.

 

БОБИ 9.

ИҶРОИ ҲАЛНОМАИ АРБИТРАЖӢ

 

Моддаи 52. Иҷрои ҳалномаи арбитражӣ

 

Ҳалномаи арбитражӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида мешавад.

 

Моддаи 53. Эътироф ва мавриди иҷро қарор додани ҳалномаҳои арбитражи хориҷӣ

 

Ҳалномаҳои арбитражи хориҷӣ сарфи назар аз он, ки дар кадом давлати хориҷӣ қабул шудаанд, мутобиқи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мавриди иҷро қарор дода мешаванд.

 

Моддаи 54. Асосҳои рад кардани эътироф ё мавриди иҷро қарор додани ҳалномаи

                       арбитражӣ

 

1. Ҳалномаи арбитражӣ сарфи назар аз он, ки дар кадом давлат қабул карда шудааст, танҳо дар ҳолатҳои зерин метавонад мавриди эътироф ё иҷро қарор нагирад:

1) бо хоҳиши тарафе, ки ҳалнома муқобили он равона гардидааст, агар ин тараф ба суди босалоҳият, ки дар он эътироф ё мавриди иҷро қарор додани ҳалномаи арбитражӣ баррасӣ мешавад, далелҳои зеринро пешниҳод намояд, ки дар он:

- яке аз тарафҳо дар созишномаи арбитражӣ ғайри қобили амал бошад;

- созишномаи мазкур, ки ба он тарафҳо тобеъ мебошанд, мутобиқи қонун беэътибор бошад ва ҳангоми ҷой надоштани чунин ҳолат – мувофиқи қонуни давлате, ки дар он ҳалнома бароварда шудааст;

- тарафе, ки ба муқобили вай ҳалномаи арбитражӣ бароварда шудааст, бо таври дахлдор оид ба таъини арбитр ё баррасии арбитражӣ огоҳонида нашудааст ё вобаста ба дигар сабабҳо натавонистааст баёнот диҳад;

- ҳалномаи арбитражӣ нисбати баҳсе бароварда шудааст, ки он бо созишномаи арбитражӣ пешбинӣ нагардидааст ё таҳти талаботи он қарор дода нашудааст ва ё муқарраротеро оид ба масъалаҳое дорад, ки аз доираи созишномаи арбитражӣ берун мебарояд, ба шарте ки муқаррароти мазкур масъалаҳоеро, ки созишнома фаро гирифтааст, имкони ҷудо кардан аз он қисми ҳалномаи арбитражӣ надошта бошад, ки дар он муқаррароти созишномаи арбитражӣ оид ба моҳияти баҳси баррасишаванда метавонад эътироф ва иҷро шавад;

- ҳайати арбитраж ё муҳокимаи арбитражӣ ба созиши тарафҳо мувофиқат накунад ё ин ки ҳангоми набудани ин мувофиқа ба қонуни давлате, ки дар он арбитраж баргузор гардидааст, мувофиқат накунад;

- ҳалномаи арбитражӣ барои тарафҳо ҳатмӣ нагаштааст ё бекор гардидааст ё ин ки иҷрои он аз ҷониби суди кишваре, ки тибқи қонуни он ҳалномаи арбитражӣ боздошта шуда бошад;

2) агар суд муайян намояд, ки:

- объекти баҳс наметавонад мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон предмети баррасии арбитражӣ бошад;

- эътироф ва ба иҷро расонидани ин ҳалномаи арбитражӣ ба тартиботи оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамояд.

2. Агар дар суде, ки дар сархати панҷуми банди 1 қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, дархост оид ба бекор кардан ё боздоштани иҷрои ҳалномаи арбитражӣ изҳор гардида бошад, суде, ки дар он эътироф ё иҷрои ҳалномаи арбитражӣ пурсида мешавад, дар сурати зарур шуморидани он метавонад қабул кардани ҳалномаи худро мавқуф гузорад ва инчунин метавонад бо дархости ҳамон тарафе, ки оид ба эътироф ва ба иҷро расонидани он хоҳиш намудааст, тарафи дигарро уҳдадор намояд, ки таъминоти дахлдорро пешниҳод намояд.

 

Моддаи 55. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Эмомалӣ Рањмон

 

ш. Душанбе, 18 марти соли 2015,

№ 1183

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАФТ ВА ГАЗ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:29
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1190
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.03.2015
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НАФТ ВА ГАЗ
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 январи соли 2015, № 1729
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2015, № 795
ҷонибдорӣ гардидааст.
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи нафт ва газ муқаррар намуда, ба рушди соҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- нафт - моеи равғании сӯзанда, ки дар қабати такшини замин паҳн шуда, аз омехтаи мураккаби карбогидридҳо, баъзе намудҳои сикланҳо, аренҳо ва пайвастагиҳои оксигендор, нитрогендор ва сулфурдор иборат мебошад ва маъдани фоиданок ба ҳисоб меравад;
- гази табиӣ - карбогидридҳое, ки дар ҳарорати муайян ва фишори мӯътадили атмосферӣ дар ҳолати омехтаи газмонанд қарор дошта, пас аз ҷудо шудани карбогидридҳои моеъ ҳамчун гази холис боқӣ мемонанд;
- иншооти лӯлаҳои интиқоли нафт ва газ - маҷмӯи лӯлаҳо, ки тавассути онҳо нафт ва газ ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- ҳамлу нақли нафт ва газ - интиқоли нафт ва газ ба иншоот ва воситаҳои махсусгардонидашуда бо мақсади коркард ва истифодабарии минбаъдаи онҳо;
- иктишоф - ҳама гуна намудҳои таҳқиқоти геологию геофизикӣ, пармакунии сохторӣ ва параметрии бо ҷустуҷӯ ва кашфи конҳои нафт ва газ алоқаманд;
- иктишофи сейсмикӣ - таҳқиқоти геофизикии қаъри замин барои муайян намудани таркиб ва ҳаҷми нафт ва газ;
- ҳудуди шартномавӣ - ҳудуди геологию кӯҳии ба қитъа ҷудокардашуда, ки дар он шахси дорои иҷозатнома барои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ, сохтмонӣ ва истихроҷии нафт ва газ тибқи шартнома ҳуқуқ дорад;
- майдонҳои ояндадор - майдонҳое, ки сохтори геологиашон дар натиҷаи омӯзишӣ геологӣ, иктишофи сейсмикӣ ва арзёбии таҳқиқоти гузаронидашуда муайян карда мешавад;
- иншооти лӯлаи магистралии нафт ва газ - иншооти муҳандисие, ки аз қисми хатти лӯла, таҷҳизоти руизаминии ба он алоқаманд барои ҳамлу нақли нафту газ, инчунин лӯлаҳо то нуқтаи бор кардани нафт ва газ иборат аст (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- амалиёти нафтугазӣ - маҷмӯи корҳои лоиҳакашӣ, иктишофи сейсмикӣ ва геологӣ доир ба истихроҷ, сохтмон ва истифодабарии конҳо;
- истихроҷи нафт ва газ - маҷмӯи корҳое, ки ба истихроҷи нафт ва газ аз қаъри замин, коркарди онҳо, аз ҷумла ашёи минералии дар ҷойҳои нигоҳдории муваққатии нафт ва газ алоқаманд мебошанд;
- конденсати газ - омехтаи карбогидрадҳое, ки дар шароити ҳарорату фишори муқаррарӣ дар қабати замин ё ҳангоми истихроҷи конҳои гази табиӣ дар натиҷаи пастшавии фишор ва ҳарорати газ, ба ҳолати моеъ мубаддал мегарданд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- гази табиии моеъ - гази табиие, ки ба таври сунъӣ барои осонии нигоҳдорӣ ва интиқол ба ҳолати моеъ табдил дода шудааст;
- талафоти технологӣ - талафоти барқарорнашавандаи нафт, газ, конденсати газ, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ, ки дар натиҷаи пайомадҳои хосиятҳои аввалии физикӣ ва химиявии он, таъсири омилҳои метеорологӣ ва дараҷаи такомули равандҳои технологии истифодашуда, воситаҳои техникӣ ва чорабиниҳои сарфаи нафт, газ, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ ҳангоми истихроҷ, ҷамъоварӣ, тайёркунӣ, коркард (истеҳсол), интиқол ва нигоҳдорӣ ба амал меоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ - мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки танзими давлатии лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти нафт ва газро амалӣ месозад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафт ва газ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафт ва газ ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, хизматрасонии садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла назорати давлатӣ оид ба таъмини бехатарӣ дар соҳаи нафт ва газ фаро мегирад.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ НАФТ ВА ГАЗ
Моддаи 4. Ҳуқуқ ба молу мулк
1. Конҳои нафт ва газ моликияти истисноии давлат мебошанд. Нафт ва гази истихроҷшуда вобаста ба шартҳои иҷозатнома метавонанд, моликияти шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла моликияти муштараки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ бошанд.
2. Молу мулке, ки тибқи шартҳои иҷозатнома арзиши онро давлат дар намуди нафт ва гази истихроҷшуда пардохт намудааст, молу мулки давлатӣ ҳисобида мешавад. Иҷозатномадор ҳуқуқи истисноии истифодабарии ин молу мулкро дошта, дар давоми мӯҳлати амали иҷозатнома барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии мақсадноки он масъул аст.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нафт ва газ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нафт ва газ:
- муайян намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;
- тасдиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, интиқол, нигоҳдорӣ ва муомилоти маҳсулоти нафт ва газ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;
- таъсиси Фонди ҷумҳуриявии захиравии конҳои нафт ва газ;
- тасдиқи ҳайати комиссия ва Низомнома оид ба тартиби гузаронидани озмун барои додани ҳуқуқи истифодабарии майдонҳои ояндадори конҳои нафт ва газ;
- тасдиқи қоидаҳои истифодабарии маълумоти геологӣ ва геофизикие, ки моликияти давлатӣ мебошанд, барои мақсадҳои таълимӣ, илмӣ, тиҷоратӣ ва ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти минбаъда барои баровардани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- муқаррар намудани тартиби ба тавозуни давлатӣ дохил кардани захираҳои нафт ва газ ва аз тавозуни давлатӣ хориҷ кардани онҳо;
- тасдиқ намудани хатти сохтмони лӯлаҳои магистралӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- дигар салоҳияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) аз инҳо иборатанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, интиқол, нигоҳдорӣ ва муомилоти маҳсулоти нафт ва газ;
- таҳия ва тасдиқ намудани санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрию методӣ, стандартҳо ва маводи дастурӣ;
- додани иҷозатнома барои истеҳсол, коркард, истифодаи шабакаҳои иншооти нафтӣ ва газӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо тибқи қонунгузории соҳаи иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқа намудани лоиҳаҳо, нақшаҳо ва ҳисоботҳо оид ба корҳои омӯзишии геологӣ, иктишофӣ, тадқиқотӣ, геофизикии сохторҳо ва майдонҳои нафту газ, истихроҷ ва коркарди конҳои нафт, конденсати газ ва гази табиӣ, низоми технологӣ, сохтмони иншооти пармакунии чоҳҳо, барҳамдиҳӣ, боздошт, муваққатан хобондани конҳо ва чоҳҳои нафту газ, коркарди нафту газ ва истифодабарии маҳсулоти истеҳсолшаванда, воридоту содироти маҳсулоти нафт ва гази табиии моеъ;
- таҳия ва тасдиқ намудани дастурамал оид ба муайян намудани талафоти табиии маҳсулоти нафтӣ, гази табиии моеъ ва табиӣ ҳангоми интиқол, қабул, нигоҳдорӣ ва фурӯши он, меъёр ва тарзи ҳисобкунии ҳаҷми нафт, газ ва конденсати газ ҳангоми истихроҷ, маблағи зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани талабот оид ба истифодабарии мақсадноки конҳои нафт ва газ расонида шудааст, гузаронидани чоҳҳои нафтӣ, газӣ, интиқолӣ ва назоратӣ ба дигар уфуқҳо, талафоти технологии нафт, газ ва конденсати газ ҳангоми истихроҷ;
- таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳо оид ба тартиби барҳамдиҳӣ ва боздошти фаъолияти чоҳҳои нафтӣ ва газӣ;
- муайян намудани қоидаҳои коркарди (истихроҷи) конҳои нафт, газ ва конденсати газ;
- ташкил ва гузаронидани ташхиси лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои шартномавӣ ва бақайдгирии онҳо;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисоботи солона оид ба рафти иҷрои шартномаҳо, конҳои нафт ва газ, рӯйхати иштироккунандагони озмун барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии қаъри замин, инчунин ҳайати комиссия ва Низомнома оид ба тартиби гузаронидани озмун барои додани ҳуқуқи истифодабарии майдонҳои ояндадори конҳои нафт ва газ;
- тасдиқ намудани дастурамал оид ба муайян намудани талафоти нафт, маҳсулоти нафтӣ ва гази табиии моеъ дар корхонаҳои коркарди нафт ва газ;
- мувофиқа намудани барномаи иҷрои чораҳо барои гузаронидани корҳои иктишофи сейсмикӣ ва ҷустуҷӯӣ бо мақомоти давлатии дахлдор;
- мувофиқа кардани тағйирот ба барномаи солонаи корҳо, ки аз тарафи иҷозатномадорон пешниҳод гардидааст;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯйи қитъаҳои қаъри замини дорои аҳамияти стратегӣ (нафт зиёда аз 2 миллион тонна ва газ зиёда аз 1 миллиард метри мукааб);
- таъмини истифодабарии мақсаднок ва самараноки қитъаи қаъри замини аҳамияти стратегидошта;
- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
Моддаи 7. Тартиб, шартҳо, мӯҳлати иҷро ва ҳудуди шартномавӣ
1. Тартиби ба имзо расонидан, иҷро намудан, тағйир додан ё қатъ кардани шартномаҳо оид ба истифодабарии қаъри замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
2. Шартнома оид ба гузаронидани корҳои иктишофӣ ба мӯҳлати то 5 сол ба имзо расонида шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ тамдид мегардад.
3. Иҷозатномадор барои тамдид намудани мӯҳлати иҷрои шартнома ҳуқуқи афзалиятнок доранд, ба шарте ки аз тарафи онҳо ӯҳдадориҳои дар шартнома муайянгардида иҷро шуда бошанд.
4. Дар ҳолати муайян шудани захираи нафт ва газ иҷозатномадор ҳуқуқ дорад, ки барои тамдиди мӯҳлати иҷрои шартнома то арзёбии тиҷоратии нафт ва гази кашфшуда ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд.
5. Ҳудуди шартномавӣ метавонад як ва ё якчанд майдонро дар бар гирад. Майдони ба сифати ҳудуди шартномавӣ ҷудокардашуда бо майдон ва чуқурии муайянкардашуда маҳдуд карда мешавад.
6. Агар дар рафти амалиёти нафтугазӣ маълум гардад, ки сарҳади ҷуғрофии кон аз ҳудуди шартномавӣ берун мебарояд, масъалаи мазкур аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳал карда мешавад.
7. Шартҳои баргардонидани ҳудуди шартномавӣ ба ҳолати аввала дар шартнома муайян карда мешаванд.
8. Баргардонидани қисмҳои ҳудуди шартномавӣ бо роҳи аз нав барасмиятдарории қитъаи геологии ҷудокардашуда бо ихтисор кардани қисмҳои баргардонидашуда аз ҳудуди шартномавӣ ва шартнома амалӣ карда мешавад.
БОБИ 3. ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ КОРҲО ОИД БА ОМӮЗИШИ ЗАХИРАҲО ВА ИСТИХРОҶИ НАФТ ВА ГАЗ
Моддаи 8. Хусусиятҳои пешбурди корҳо оид ба омӯзиши захираҳо ва истихроҷи нафт ва газ
Иҷозатномадор оид ба омӯзиши захираҳо ва истихроҷи нафт ва газ дар ҳудуди қитъаи замини ҷудошуда ӯҳдадор аст:
- пешбурди корҳоро дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда тибқи стандартҳо, қоидаҳо ва меъёрҳои тасдиқгардида амалӣ намояд;
- нишондиҳандаҳои кӯҳию техникӣ ва геологию физикии қаъри замини нафт ва газдошта, таркиби нафт, газ, конденсати газ ва омехтаҳои ба он ҳамроҳро муайян намояд;
- тарзу усулҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро, ки талафшавӣ ва пастшавии сифати нафт ва газро дар қаъри замин пешгирӣ мекунанд, ҷорӣ намояд;
- мувофиқи дастурамалҳои соҳавӣ корҳоро дар чоҳҳо ва дигар иншоот, ки истифодаи минбаъдаашон самаранок намебошад, қатъ намояд;
- корҳои бехатариро пеш барад;
- заминҳои дар натиҷаи амалиёти нафтугазӣ зарардидаро барқарор намояд;
- ҳангоми кашфи конҳои нафт ва газ мақоми ваколатдори давлатиро бетаъхир огоҳ намояд;
- сарватҳои зеризаминӣ ва муҳити зистро ҳифз кунад;
- лоиҳаи сохтмони анборҳои нафт ва газро бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа намояд;
- баъд аз муайян гардидани ҳаҷми захираҳои нафт ва газ лоиҳаи тарзи истифодабарии конҳоро таҳия карда, барои мувофиқа ба мақоми ваколатдор дар соҳаи бехатарии саноат пешниҳод намояд;
- барои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо мақсади ҷустуҷӯ ва баҳодиҳӣ пас аз анҷоми корҳои геологию иктишофи сейсмикӣ маълумотҳоро оид ба тақсими маҳсулот дар созишнома нишон диҳанд.
Моддаи 9. Ҷудо намудани қитъаҳои замин бо мақсади истихроҷи нафт ва газ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин бо мақсади пешбурди корҳои геологӣ, омӯзишӣ, лоиҳакашӣ, коркард ва истифодабарии қаъри замини нафт ва газдошта дар мадди аввал шартҳои зеринро мегузорад:
- афзалияти истифодабарии қитъаи замини барои намуди муайяни фаъолият ҷудошуда;
- таъмини бехатарии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- афзалиятнокии заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва таъиноти дигар, ки тибқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии онҳо ба дигар мақсадҳо иҷозат дода намешавад ва ё маҳдуд карда шудааст.
2. Муносибатҳое, ки байни соҳибмулк ва истифодабарандагони қитъаҳои замин оид ба коркард ва истифодабарии қари замини нафт ва газдошта ба миён меоянд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 10. Барқарор кардани қитъаҳои замине, ки барои пешбурди корҳои геологӣ оид ба омӯзиши захираҳои нафт ва газ ҷудо карда шудаанд
1. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст, ки қитъаи замини барои истихроҷи нафт ва газ истифодашударо ба ҳолати аввала баргардонад, инчунин ҷуброни талафи маҳсулоти кишоварзиро тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намояд.
2. Пеш аз мӯҳлат даст кашидани шахси иҷозатномадор аз истифодабарии қитъаи замини ба ӯ барои пешбурди корҳои иктишофи қаъри замин ҷудокардашуда, ҳадди ақалли ҳатмии корҳои иктишофиро кам намекунад.
Моддаи 11. Талаботи асосӣ оид ба истифодабарии конҳои нафт ва газ
1. Талаботи асосӣ оид ба истифодабарии конҳои нафт ва газ аз инҳо иборат мебошанд:
- таъмини бехатарии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- бунёди сохтори чоҳ, ки ҳифзи боэътимоди қабатҳои нафтдиҳандаи заминро таъмин мекунад;
- таъмини бехатарии пешбурди корҳо ва назорати сохтмон ва истифодабарии чоҳҳо;
- пешгирӣ ва бартарафсозии фаввораҳо;
- таъмини бехатарии лӯлаҳои интиқолии байни конҳои нафт ва газ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- ҷорӣ намудани низоми ҷамъоварии нафт ва газ ва нигоҳдории фишори қабатҳои нафтдиҳанда;
- истифодабарии техника, технология ва усулҳои муосири истифодабарии қабатҳои нафтдиҳандаи замин барои вусъат бахшидан ба истихроҷи нафт ва газ.
2. Дар як иншоот якҷоя истифода бурдани маводи геологие, ки ҷудокунии техникӣ ва технологии онҳо бе ташкили низоми боэътимоди ченкунии нишондиҳандаҳои технологӣ дар алоҳидагӣ ғайриимкон аст, манъ мебошад.
БОБИ 4. ИНШООТИ ЛӮЛАҲОИ МАГИСТРАЛИИ ИНТИҚОЛИ НАФТ ВА ГАЗ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)
Моддаи 12. Муносибатҳои шахсони ҳуқуқӣ - истифодабарандагони лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ бо истеҳсолкунандагон
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)
Муносибатҳои шахсони ҳуқуқӣ - истифодабарандагони лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ бо истеҳсолкунандагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома танзим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
Моддаи 13. Лоиҳакашии иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)
1. Лоиҳакашии иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газро ташкилотҳое, ки иҷозатнома доранд, иҷро менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
2. Экспертизаҳои экологӣ, иқтисодию техникии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмон ва таҷдиди иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
Моддаи 14. Тартиби истифодабарии иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)
1. Соҳибмулкони иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ дар мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газро аз истифодабарӣ бароранд ё самти истифодаашонро тағйир диҳанд. Дар сурати дастрас намудани чунин розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки иншооти мазкурро фурӯшанд, таъиноти истифодабариашонро иваз ё таҷзия намоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
2. Соҳибмулкони иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ ҳуқуқ доранд иншооти худро мустақилона ва ё дар асоси шартномаҳои интиқоли нафт ва газ барои пешбурди хоҷагидорӣ истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
3. Истифодабарии лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
4. Истифодабарандагони лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ ӯҳдадоранд корҳои зеринро ба анҷом расонанд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981):
- гузаронидани назорати ташхисии ҳолати техникии лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ тибқи қоидаҳои техникӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- баҳисобгирии ҳаҷми нафт ва гази тавассути лӯлаҳои магистралӣ интиқолшаванда (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
БОБИ 5. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ИСТИФОДАБАРИИ ИНШООТИ ИСТИХРОҶ ВА ЛӮЛАҲОИ МАГИСТРАЛИИ ИНТИҚОЛИ НАФТ ВА ГАЗ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)
Моддаи 15. Талабот оид ба бехатарии истифодабарии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)
Талаботи асосӣ оид ба таъмини бехатарии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ инҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981):
- истифодабарии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафту газ ва таъмини нигоҳдории воситаҳои бехатарии онҳо мутобиқи лоиҳа, меъёрҳо, қоидаҳо ва шартҳои техникӣ (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- ба лоиҳа ворид намудани меъёрҳо, шартҳои техникӣ, қоидаҳо ва чорабиниҳои махсус оид ба таъмини бехатарии фаъолият;
- пешгирӣ намудани оқибатҳои ҳолатҳои садамавии эҳтимолӣ;
- манъ кардани дахолати шахси бегона ба фаъолияти иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафту газ, ки ба эҳтимоли халалдоршавии бехатарии кори онҳо оварда мерасонад (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- гузаронидани экспертизаи давлатӣ оид ба арзёбии дараҷаи бехатарии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафту газ дар давраи лоиҳакашӣ ва ба истифода супоридани он (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- таъмини назорати истифодаи бехатарии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафту газ ва ҳолати техникии онҳо (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981);
- тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани санҷиши малакаю дониши коргарони хизматрасон дар қитъаҳои хатарнокиашон баланд;
- гузаронидани экспертизаи экологии давлатии ҳуҷҷатҳо оид ба арзёбии дараҷаи таъсиррасонии иншооти истихроҷ ва лӯлаҳои магистралии интиқоли нафту газ ба муҳити зист (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
Моддаи 16. Ташкили корҳо доир ба бартарафсозии оқибатҳои садама
1. Иҷозатномадор барои истифодабарии лӯлаҳои магистралӣ ӯҳдадоранд барои бартараф намудани оқибатҳои садамае, ки сабаби вайроншавии иншооти мазкур мегардад, бояд чораҳои бетаъхиру самаранок андешида, оид ба ин ҳолат мақоми давлатии дахлдорро хабардор намоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
2. Иҷозатномадор барои истифодабарии лӯлаҳои магистралӣ хараҷоти зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
Моддаи 17. Тартиби истифодабарии қитъаи замин аз тарафи шахсони ҳуқуқии дорои лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ
(Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981)
1. Шахсони ҳуқуқии дорои лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ дар ҳудуди қитъаи замини ҷудошуда бо назардошти минтақаи муҳофизатӣ ҳуқуқ доранд, корҳои хизматрасонӣ ва таъмири асосии таҷҳизот, пешгирии садамаҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
2. Лоиҳаҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта барои ҷудо намудани қитъаи замин дорои ҳуқуқҳои афзалиятнок мебошанд. Қитъаҳои замин барои сохтмони иншооти лӯлаҳои магистралии интиқоли нафт ва газ тибқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.06.2023 № 1981).
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Тартиби ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо аз тарафи суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 марти соли 2015 № 1190

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:34
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1197
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.03.2015
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2015, №3, мод.219; с.2018, №5, мод.281)
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530, аз 19.07.2019 № 1636, аз 23.12.2021 № 1838)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, назорати давлатии онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии давлатии илм ва афзун намудани сатҳи зеҳнию фарҳангии шаҳрвандон равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣрасмиёте, ки дар натиҷаи амалигардонии он мутобиқати фаъолияти субъектҳои соҳаи илм ва (ё) илму техника ба талаботи стандартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эътироф карда мешавад;
- аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ - баҳодиҳӣ, муайян кардани донишҳои касбӣ, маҳорат ва сатҳи касбии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, инчунин додани дараҷаву унвонҳои илмӣ ба онҳо (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);
- дотсент, профессор - унвонҳои илмие, ки бо дархости ташкилоти илмӣ ё муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистондода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);
- Кодекси намунавии одоби илмӣ - маҷмӯи қоидаву меъёрҳои рафтор, ақидаву принсипҳои ахлоқии ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ танзим менамояд;
- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - комиссияе, ки низоми миллии аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олиро танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);
- коллективи муваққатии илмӣ - иттиҳодияи ихтиёрии шахсони воқеӣ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалигардонии фаъолияти илмӣ бо тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномавӣ таъсис дода мешавад;
- корманди илмӣ (муҳаққиқ) - шахси воқеие, ки дар ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё воҳиди сохтории ташкилоти илмӣ кор карда, дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад, натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ба даст меорад ва татбиқ менамояд;
- корҳои илмию таҳқиқотӣ - корҳои вобаста бо ҷустуҷӯи илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, озмоишҳо бо мақсади афзун намудани дониши мавҷуда ва андӯхтани дониши нав, санҷиши фарзияҳои илмӣ, муқаррар намудани қонунияти рушди табиат ва ҷомеа, ҷамъбасти илмӣ, асосноккунии илмии лоиҳаҳо;
- корҳои таҷрибавию конструкторӣ - маҷмӯи корҳое, ки ҳангоми омодасозӣ ё навсозии маҳсулот, таҳия намудани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ ё технологии намунаҳои таҷрибавӣ, омода намудан ва аз озмоиш гузарондани намунаҳои таҷрибавӣ ва намунаҳои фоиданок анҷом дода мешаванд;
- лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ - ҳуҷҷатҳое, ки аз мазмуни кори илмию техникӣ иборат буда, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингиро бо асосноккунии мақсаду вазифаҳо, муҳимият, навгонӣ, аҳамияти илмию амалӣ ва мувофиқи мақсад будани иҷрои корҳои банақшагирифта дар бар мегиранд;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника мақоми давлатие, ки сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии байнисоҳавиро дар соҳаи илм ва (ё) илму техника амалӣ менамояд;
- мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илмро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838);.
- мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - мақомоти давлатие, ки сиёсати давлатиро оид ба илм ва фаъолияти илмию техникӣ дар соҳаи дахлдор амалӣ менамоянд;
- маърӯзаи миллӣ оид ба илму техника - ҳисоботи ҳарсолае, ки таҳлили ҳолат ва тамоюли рушди илми ҷаҳонӣ ва миллӣ, пешниҳод оид ба такомули иқтидори илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосноккунии самтҳои афзалиятноки рушди илмро дар бар мегирад;
- натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии дорои донишу дастовардҳои нав, ки дар ҳама гуна ҳомили иттилоотӣ сабт шудааст;
- номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат , дараҷаҳои илмие, ки бо дархости шӯроҳои диссертатсионӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони илмӣ (муҳаққиқон) ва (ё) илмию техникӣ пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ (диссертатсия) дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530, аз 19.07.2019 № 1636);
- рафтори ношоями илмӣ - амали ношоистаи корманди илмӣ (муҳаққиқ), ҳамчун сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), инчунин харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ (рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), лоиҳаҳои дипломӣ, хатмкунӣ ва курсӣ) бо мақсади минбаъд ҳимояи ошкори он аз номи худ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530), аз 19.07.2019 № 1636);
- сиёсати давлатӣ оид ба илму техника - интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва дастгирии давлатии онҳо, инчунин низоми ҷорӣ намудани натиҷаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар соҳаҳои хоҷагии ҳалқ;
- субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин иттиҳодияҳои онҳо, ки фаъолияти асосии онҳо ба кашфиёти илмӣ ва истифодаи дастовардҳои нави илмӣ ва (ё) илмию техникӣ равона шудааст;
- таҳқиқоти илмӣ - таҳқиқоти илмии амалӣ, бунёдӣ, стратегӣ, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар доираи корҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ бо усулу воситаҳои дахлдори илмӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегарданд;
- таҳқиқоти илмии бунёдӣ - фаъолияти назариявӣ ва (ё) озмоишӣ, ки ба андӯхтани донишҳои нав оид ба қонуниятҳои асосии рушди табиат, инсон ва ҷомеа равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);
- таҳқиқоти илмии амалӣ - таҳқиқоте, ки бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои мушаххас ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмии бунёдӣ равона шудаанд;
- ташкилоти илмӣ - шахси ҳуқуқие, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, таҷрибавию технологиро иҷро менамояд ва яке аз мақомоти идоракунандаи он мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) мебошад, ки бо тартиби муқарраргардида аз аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ гузаштааст;
- унвонҷӯии дараҷаи илмӣ - фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, ки берун аз аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои навиштани рисолаи илмӣ (диссертатсия) равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);
- фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст;
- ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣҳуҷҷате, ки маълумот оид ба татбиқи кори илмию техникӣ, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи мувофиқи мақсад будани иҷрои минбаъдаи корҳои банақшагирифта ё оид ба натиҷаи лоиҳаву барномаи илмӣ ва илмию техникии анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
Моддаи 3. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
1. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои арзёбии ҳолат ва таҳияи дурнамои рушди илмию техникӣ, бо мақсади ҷалб намудани захираҳои давлатӣ ба таҳқиқоти илмие, ки аҳамияти бунёдӣ доранд, барои амалигардонии афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмию техникӣ, таҳияи ҷараёнҳои нави технологӣ ва маҳсулоти рақобатпазир муайян карда мешаванд.
2. Самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ таҳия гардида, бо тартиби муқараргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
3. Интихоби самтҳои афзалиятноки рушди илму техника ва асосноккунии иқтисодии онҳо аз рӯи зарурати амалисозии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, инчунин аҳамияти самтҳои алоҳидаи рушди илму техника дар давраи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат асос меёбад.
Моддаи 4. Мақсад ва самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника
1. Мақсади асосии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника иборат аст аз:
- рушд, ҷойгиронии босамар ва истифодаи оқилонаи иқтидори илмию техникии кишвар;
- афзун намудани саҳми илму техника дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ;
- таҳкими муносибатҳои мутақобилаи илму маориф;
- рушди инфрасохтори инноватсионӣ;
- афзун намудани самараи истеҳсолоти ҷамъиятӣ;
- беҳтар намудани вазъияти экологӣ;
- таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
2. Самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба илму техника инҳо мебошанд:
- ташкил намудани шаклҳои гуногуни паркҳои технологӣ;
- муттаҳид намудани ташкилотҳои ихтисоси маҳдуди илмию лоиҳавӣ ба ташкилотҳои ягонаи илмӣ;
- афзун намудани натиҷабахшии барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ;
- ташаккул додани низоми муосири таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ (муҳаққиқон);
- такмил додани низоми интихоби лоиҳаҳои инноватсионӣ ва барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ ба таври озмун.
Моддаи 4(1). Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838)
Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ фаъолияти субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро оид ба иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ пешбинӣ менамояд. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тавассути мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838).
Моддаи 5. Принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Танзими давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- эътироф намудани илм ҳамчун соҳаи аҳамияти иҷтимоидошта, ки сатҳи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи кишварро муайян мекунад;
- ҳифзи манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат ҳангоми анҷом додани таҳқиқоти илмӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);
- баробарии ҳама субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар назди қонун;
- озодии интихоби самтҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, усулҳои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ барои субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- кафолати рушди афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ;
- ҳамкории ташкилоту муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ;
- ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ба сармоягузории соҳаи илм ва илму техника;
- ҳатмӣ, беғараз ва босалоҳият будани экспертизаи давлатии барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- тайёр кардан ва аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ;
- ҳамгироии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ тавассути таъсис додани маҷмааи таълимию илмӣ ва паркҳои технологӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавие, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин ташкилотҳои илмии вазоратҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636).
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мансубанд:
- таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва ташкили анҷом додани он;
- тасдиқ намудани Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;
- тасдиқи қоидаҳои аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- таъсиси мукофотҳо дар соҳаи илм, стипендияи давлатии илмӣ ва тасдиқи тартиби додани онҳо;
- тасдиқи қоидаҳои баҳисобгирии давлатии лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;
- тасдиқи тартиби ташкил ва анҷомдиҳии таҳқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636)
- тасдиқи тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);
- тасдиқи тартиби додани унвонҳои илмӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);
- тасдиқи низомнома оид ба шӯрои диссертатсионӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);
- тасдиқи тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии (диссертатсияҳои)ҳимояшуда (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дохил мешаванд:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо назардошти мақсаду афзалиятҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсии кишвар;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани қоидаҳои баҳисобгирии давлатии лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ҳамоҳангсозии онҳо;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Номгӯи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин анҷом додани аккредитатсияи онҳо;
- таҳия ва тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) илмӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби ташкил ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва иҷрои корҳои таҷрибавию конструкторӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дохил мешаванд:
- иштирок дар таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо назардошти мақсаду афзалиятҳои рушди соҳаи дахлдор;
- иштирок дар таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаи дахлдор;
- ташкили корҳо оид ба таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва татбиқи онҳо дар соҳаи дахлдор;
- тасдиқи ҳисоботҳо оид ба иҷрои лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи дахлдор, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8(1). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838)
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи илм;
- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- назорат ва баҳогузории фаъолияти илмии муассисаҳо ва ташкилотҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1838).
Моддаи 9. Ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636)
Ба ваколатҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низомнома оид ба шӯрои диссертатсионӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани дараҷаҳои илмӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додани унвонҳои илмӣ;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии (диссертатсияҳои) ҳимояшуда;
- ҳамкории байналмилалӣ оид ба аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ;
- гузаронидани нострификатсияи (баробарарзишии) ҳуҷҷатҳо доир ба дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд;
- таҳия ва тасдиқи шиносномаи ихтисосҳои илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи онҳо дараҷа ва унвонҳои илмӣ дода мешаванд;
- таҳлил ва мониторинги фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба тайёр намудани кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636).
БОБИ З. СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
1. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ фаъолияти худро дар шакли дастҷамъӣ ё фардӣ амалӣ менамоянд.
2. Субъектҳои фаъолияти дастҷамъонаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инҳо мебошанд:
- ташкилотҳои илмӣ;
- иттиҳодияҳои шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ таъсис дода мешаванд;
- коллективҳои муваққатии илмӣ;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон.
3. Кормандони илмӣ (муҳаққиқон), муҳандисию техникӣ ва кормандони дигаре, ки бо ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд, инчунин олимоне, ки мустақилона фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро амалӣ менамоянд, шахсони фардии амалисозандаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мебошанд.
4. Ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодӣ, ҳимоя аз рақобати носолим, ҳуқуқҳои баробар барои иштирок дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ кафолат дода мешавад. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки хизматрасонии озмоишгоҳҳои (лабораторияҳои) истифодаи дастҷамъиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
5. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқ доранд, ки объектҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳуқуқи фурӯхтан ва барои фурӯш пешниҳод намуданро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
6. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари субъектҳои дастҷамъӣ ва фардӣ амалӣ мегардонанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
7. Иштирокчиёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие шуда метавонанд, ки ҳуқуқи иштирок карданро дар фаъолияти мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармоягузор, фармоишгар ба даст овардаанд, аз ҷумла онҳое, ки таъминоти иттилоотӣ, барномавӣ, ташкилию усулӣ ва техникии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом медиҳанд.
8. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ вазифадоранд, ки корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкториро, ки ба таъмини амнияти миллӣ равона шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
Моддаи 11. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корманди илмӣ (муҳаққиқ)
1. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ҳуқуқ дорад:
- ҷустуҷӯи илмӣ ва (ё) илмию техникиро анҷом дода, усули таҳқиқотро дар доираи самтҳои таҳқиқоти ташкилоти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар он кор мекунад, мутобиқи тахассуси худ интихоб намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмунҳои кушод оид ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он иштирок кунад;
- бо таклифи тарафи манфиатдор дар таҳияи самту афзалиятҳои сиёсати давлатӣ оид ба илму техника, анҷом додани ташхиси барномаву лоиҳаҳо, арзёбӣ ва пешгӯии натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии амалисозии онҳо, таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок кунад;
- дар мувофиқа бо корфармо дар асоси озмун аз ҳисоби маблағи фондҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағ гирад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии илмӣ иштирок кунад;
- дар тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ ба сифати роҳбари илмии (мушовири) унвонҷӯи унвони илмӣ ширкат варзад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун барои ишғол намудани вазифаи холии кормандони илмӣ иштирок намояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҷойи кори асосӣ дар коллективҳои муваққатии илмӣ ва илмию техникӣ ва (ё) ҷои кори иловагӣ кор кунад;
- барои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳама намуди захира, аз ҷумла захираи моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, зеҳнӣ, иттилоотӣ ва табииро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, истифода барад;
- ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои шахсии молумулкӣ ва ғайримолумулкӣ дошта бошад;
- дар мувофиқа бо корфармо дар конфронсу симпозиумҳо ва семинару маҷлисҳо, аз ҷумла чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ширкат варзад;
- тахассуси илмиашро такмил диҳад;
- аз ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти илмӣ истифода намояд.
2. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст:
- ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намояд;
- фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо риоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон бе расонидани зарар ба ҳаёту саломатии одамони дигар, инчунин муҳити зист амалӣ гардонад;
- ташхиси барномаю лоиҳаҳо ва рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро воқеъбинона анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);
- талаботи Кодекси намунавии одоби илмиро риоя намояд;
- вазифаҳои дигарро дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд.
Моддаи 12. Ташкилотҳои илмӣ
1. Ташкилотҳои илмӣ метавонанд ба фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла татбиқи ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, инчунин иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ҳамчун намуди асосии фаъолият машғул шаванд.
2. Ташкилотҳои илмӣ метавонанд давлатӣ ва ғайридавлатӣ бошанд. Тағйир додани шакли моликияти ташкилотҳои илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
3. Ташкилотҳои илмӣ аз ташкилотҳо (ё муассисаҳо)-и илмию тадқиқотӣ, ташкилотҳо (ё муасисаҳо)-и илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳо (ё муассисаҳо)-и таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳавию конструкторӣ, лоиҳавию технологӣ ва ташкилотҳои дигар, ки фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонанд, иборат мебошанд.
4. Ташкилотҳои илмӣ фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ амалӣ менамоянд.
5. Ташкилотҳои илмӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ мегиранд.
6. Ташкилотҳои илмӣ ҳуқуқ доранд, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ иштирок кунанд.
7. Дар ташкилоти илмӣ шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) таъсис дода мешавад, ки тартиби таъсис ва салоҳияти онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ муайян мекунанд.
8. Ба ваколати шӯрои илмӣ (илмию техникӣ) мансубанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636):
- муайян кардани мавзӯи фаъолияти илмии ташкилот;
- омодасозии тавсияҳо оид ба таъсис додани воҳидҳои сохтории ташкилот бо мақсади таъмини иҷрои корҳо оид ба мавзӯи фаъолияти илмии ташкилот;
- арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмии воҳидҳои сохтории ташкилот, коллективҳои муваққатии илмӣ, кормандони алоҳидаи илмии ташкилотҳо ва тасдиқ намудани нақшаи кори илмӣ ва ҳисобот оид ба фаъолияти ташкилот;
- қабул намудани қарор оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли вазифаҳои холии кормандони илмӣ;
- иҷро намудани вазифаҳои дигари пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот.
Моддаи 13. Академияҳои илмҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба илму техника ва инноватсия, таҳияи самтҳои афзалиятноки рушди илм, ташхиси илмию техникии таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, корҳои илмии барои гирифтани мукофоти илмӣ пешниҳодшуда, таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи илму техника, муттаҳидсозии касбии олимон барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.
3. Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, ташкилотҳои (ё муассисаҳои) илмӣ ва ташкилотҳои (ё муассисаҳои) хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ дохил мешаванд.
4. Сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, тартиби фаъолият ва маблағгузории ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоии ба ҳайати онҳо дохилшударо оинномаи академияҳои илмҳои номбурда муайян мекунад.
5. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта ташкилоти худидораи давлатӣ буда, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ амал мекунанд.
6. Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро оид ба масъалаҳои муҳимтарини фанҳои табиӣ, техникӣ ва гуманитарӣ анҷом дода, дар ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмии бунёдӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда иҷро мешаванд, ширкат меварзанд.
7. Маблағгузории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
8. Академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ оид ба таҳқиқоти илмии анҷомдодашуда ва натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳисобот медиҳанд.
9. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавии илмҳои мақоми давлатидошта, ки бо истифодаи маблағи буҷети давлатӣ иҷро шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат супорида мешаванд.
10. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ омодасозӣ ва нашри маърӯзаи ҳарсолаи миллӣ оид ба илму техникаро ҳамоҳанг месозад.
11. Ба академияҳои илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои илмии онҳо, ташкилотҳои хизматрасонии илмӣ ва соҳаи иҷтимоӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин вобаста карда мешаванд.
Моддаи 14. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо
1. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо дар соҳаҳои дахлдори илму техника тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
2. Академияҳои ҷамъиятии илмҳо ҳуқуқ доранд, ки бо ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо шартнома ба имзо расонда, барои онҳо таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд ва дар асоси озмун дар татбиқ намудани барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ иштирок намоянд.
Моддаи 15. Коллективи муваққатии илмӣ
1. Коллективи муваққатии илмӣ бо мақсади таъмин намудани иҷрои саривақтии корҳо оид ба ҳалли мушкилоти минбаъдаи илмию техникӣ ва иҷтимоию техникӣ, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ, ки ба таъсис ва азхудкунии намудҳои нави маҳсулот ва технология, қарорҳои нави ташкилию техникии дорои хусусияти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ равонагардида таъсис дода мешавад.
2. Тартиби таъсис додан ва шартҳои фаъолияти коллективҳои муваққатии илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 16. Фаъолияти илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ
1. Намуди асосии фаъолияте, ки аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад, дар баробари фаъолияти таълимӣ, инчунин фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла амалисозии ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, инчунин анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ мебошад.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин кормандони илмии онҳо дорои ҳуқуқи баробари иштирок дар озмунҳои лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ ва барномаҳои илмию техникие мебошанд, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд.
3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд озмоишгоҳҳои илмӣ, донишкадаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳанд.
4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд баробари дар ҷараёни таълим ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илм, ба он олимони ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷумла ташкилотҳои илмию таҳқиқотии хориҷиро ҷалб намоянд.
5. Ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми донишгоҳи таҳқиқотӣ дода мешавад.
БОБИ 4. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ НИСБАТ БА КОРМАНДИ ИЛМӢ (МУҲАҚҚИҚ)
Моддаи 17. Тахассуси корманди илмӣ (муҳаққиқ)
1. Тахассуси корманди илмӣ (муҳаққиқ)-ро муайян мекунад:
- мавҷудияти таҳсилоти олӣ;
- соҳиб будан ба таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530);
- мавҷудияти дараҷаи илмӣ;
- мавҷудияти унвони илмӣ;
- мавҷудияти унвони илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё академияҳои соҳавие, ки мақоми давлатӣ доранд;
- ҳаҷм ва сатҳи корҳои илмии нашршуда, таҳқиқоту корҳои иҷрошуда;
- арзёбии ҷомеаи илмӣ дар соҳаи дахлдори дониш.
2. Корманди илмие (муҳаққиқе), ки дараҷа ва унвони илмӣ дорад, ҳамчун корманди илмии тахассуси олӣ эътироф мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636).
Моддаи 18. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ
1. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ташкилотҳои дигаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқи машғул шуданро бо таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ пайдо кардаанд, амалӣ мегардад.
2. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ инчунин дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои илмии хориҷӣ анҷом дода мешавад.
3. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура бо мақсади таъмин намудани шароити зарурии омодасозӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат ташкил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530, аз 19.07.2019 № 1636).
4. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар шакли унвонҷӯии дараҷаи илмӣ низ амалӣ мегардад.
5. Тартибу шартҳои тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ бо Қонуни мазкур ва санадҳои қонунгузории дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 19. Дараҷаҳои илмӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос,  доктори илм ва доктори ҳабилитат эътироф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
2. Дараҷаҳои илмие, ки дар кишварҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.
Моддаи 20. Унвонҳои илмӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмии академии узви ҳақиқӣ (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавии илмҳо, ки мақоми давлатӣ доранд, инчунин унвонҳои илмии дотсент ва профессор дода мешаванд.
2. Унвонҳои илмии академӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои интихоботе, ки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои илмҳои соҳавии мақоми давлатидошта анҷом медиҳанд, дода мешаванд. Шарти муҳим барои додани унвонҳои илмии академӣ мавҷудияти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 № 1530).
3. Тартиби додани унвонҳои илмӣ дар академияи ҷамъятии илмҳо бо оинномаи он муайян карда мешавад.
4. Унвонҳои илмие, ки дар давлатҳои дигар дода шудаанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд.
БОБИ 5. АСОСҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 21. Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, инҳоянд:
- қобили қабул будани танқид ва мубоҳиса, муносибати боэҳтиромона нисбат ба муноқиз (оппонент), роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ;
- арзёбии ҳақиқати ақидаҳои илмӣ новобаста ба синну сол, ҷинс, нажод ва нуфузу унвонҳои корманди илмии ин ақидаҳоро асосноккунанда;
- дастоварди умумӣ эътироф шудани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- беғаразии фаъолияти корманди илмӣ (муҳаққиқ);
- ошкоро будани таҳлили танқидии таҳқиқот.
Моддаи 22. Меъёрҳои ахлоқие, ки фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро танзим менамоянд
Меъёрҳои ахлоқии зерин бояд дар ҷараёни анҷом додани таҳқиқоти илмӣ риоя шаванд:
- озодии академӣ ҳангоми анҷом додани таҳқиқоти илмӣ;
- риояи аниқи қоидаҳои ба даст овардан ва интихоб намудани маълумоте, ки дар фанни мушаххаси илмӣ истифода мешаванд;
- ташкили низоми боэътимоди ҳимоя ва нигоҳдории маълумоти аввалия;
- ҳуҷҷатгузории пурраи натиҷаҳои муҳими илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- ошкоро будани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ барои арзёбии танқидӣ;
- роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ;
- таваҷҷӯҳ ба навоварӣ дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- мусоидат намудан ба рушди илмии кормандони ҷавон (муҳаққиқон);
- паҳн накардани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникие, ки бо шарти риояи махфият ба даст оварда шудаанд;
- муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм;
- худдорӣ аз усулҳои фишороварӣ ба муноқизи илмӣ;
- нашри ҳатмии натиҷаи корҳое, ки аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ иҷро мешаванд, ба истиснои натиҷаи корҳое, ки мӯҳри махфият доранд;
- эътирофи ҳатмии хатоҳои илмии худ, ки дар нашрияҳои пешина роҳ дода шудаанд.
Моддаи 23. Кодекси намунавии одоби илмӣ
1. Ташкилотҳои илмӣ ӯҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро риоя намоянд.
2. Ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба муқаррароти Кодекси намунавии одоби илмӣ, ки асосҳои ахлоқии рафторро дар ҷараёни фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ муайян мекунад, асос меёбад.
3. Таҳия ва тасдиқи Кодекси намунавии одоби илмӣ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Кодекси намунавии одоби илмӣ ӯҳдадориҳои ахлоқии зерини корманди илмиро дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар бар мегирад:
- масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқии корманди илмӣ (муҳаққиқ) барои оқибатҳои иҷтимоӣ ва экологии дар амал татбиқ намудани кашфиёти худ;
- огоҳонидани ҷомеа дар хусуси эҳтимолияти ба зарари инсоният истифода бурдани кашфиёти илмӣ;
- шахсан масъул будан барои сифати муътамади иттилоот ва маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- масъулияти ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавони кормандони илмӣ дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва софдилии илмӣ;
- вобаста набудани ҳақиқати илмӣ ба ғаразу манфиатҳои шахсии корманди илмӣ (муҳаққиқ);
- эътироф намудани хатоҳои илмии худ бо мақсади дубора анҷом надодани таҳқиқоти такрории нолозиме, ки хароҷоти иловагиро талаб мекунад;
- софдилӣ, хоксорӣ ва хушмуомилагии илмӣ;
- роҳ надодан ба азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ);
- ҳифз намудани ақидаҳои худ, новобаста ба ҳар гуна нуфузу вазъ.
5. Ташкилотҳои илмӣ Кодекси одоби илмиро вобаста ба соҳаи худ ва хусусиятҳои таҳқиқоти илмии анҷомдодашаванда таҳия ва қабул менамоянд.
Моддаи 24. Масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
1. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ғайр аз масъулияти фардӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ масъулияти иҷтимоӣ дорад, ки ба донишу имконияти техникӣ ва робитаҳои байналмилалии ӯ вобаста аст.
2. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст иттилооти софдилона ва кушоди илмиро оид ба ҳолатҳои зерин паҳн кунад:
- оқибатҳои истифодаи аслиҳаи муосир;
- хатарҳо дар соҳаи захираҳо барои рушди минбаъда;
- оқибатҳои экологии рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ;
- шаҳришавӣ ва ғайрисаноатикунонӣ;
- таҳдиди терроризм ва омилҳои дигари хатарнок.
3. Фаъолияти иҷтимоию сиёсии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бояд ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна шаклҳои табъиз равона карда шавад.
БОБИ 6. ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА (Ё) ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
Моддаи 25. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва принсипҳои он
1. Рушд ва дастгирии фаъолияти низоми миллии илм бо риояи тақсимоти вазифаҳои стратегӣ, коршиносӣ ва маъмурии идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника;
- мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 19.07.2019 № 1636);
- шӯрои илмии (илмию техникии) ташкилоти илмӣ.
2. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар асоси мутобиқати принсипҳои танзими давлатӣ ва худидоракунӣ сурат мегирад.
3. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ озодии эҷодиёти илмиро маҳдуд намекунад.
4. Барои ташкилотҳои илмии давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиши давлатии иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва корҳои озмоиширо муқаррар менамояд.
5. Роҳбарони ташкилотҳои илмии давлатӣ ва ташкилотҳои илмии академияи соҳавии илмҳо, инчунин ташкилотҳои илмии ғайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби пешбининамудаи оинномаи онҳо таъин (интихоб) ва аз вазифа озод карда мешаванд.
6. Идоракунии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- бартарии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо мақсади афзун намудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;
- шаффофият, беғаразӣ ва баробарии субъектони фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳангоми дарёфти дастгирии давлатӣ;
- самара ва натиҷабахшии иқтисодии дастгирии давлатии субъектони фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва инноватсионӣ;
- рушди самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ;
- беғаразӣ ва мустақилии экспертизаи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот;
- омодасозии мутахассисони баландихтисос оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- рушди ҳамкории илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- ҳавасмандкунӣ ва фароҳам овардани шароит барои иштироки соҳибкорон дар рушди фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва инноватсионӣ.
Моддаи 26. Таъминоти иттилоотии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
1. Субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳуқуқи мубодилаи иттилоотро доранд, ба истиснои маълумоте, ки ба сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ мансуб мебошанд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ташкили махзан ва низоми иттилоотии давлатиро дар соҳаи илму техника, ки ҷамъоварӣ, бақайдгирии давлатӣ, коркарди таҳлилӣ, нигоҳдорӣ ва ба истифодабарандагон расондани ахбороти илмӣ ва техникиро амалӣ менамоянд, таъмин мекунанд.
3. Давлат ба субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дастрас намудани иттилооти мазкур ва ҳуқуқи ба даст овардани онро кафолат дода, ҳуқуқи ворид шудан ба махзану низоми байналмилалии иттилоотро дар соҳаи илму техника таъмин менамояд.
4. Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои илмии давлатӣ, ки дар онҳо махзани маълумот ва заминаи иттилоотии илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амал мекунанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳифзи махзани маълумот ва заминаи иттилотӣ, таҳвили онҳоро бо тартиби муқарраршуда таъмин менамояд.
Моддаи 27. Маблағгузории фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
1. Бо мақсади таъмин намудани кафолатҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва шароити моддии рушди илм ҳамасола дар доираи имкониятҳои воқеии молиявии буҷети давлатӣ маблағгузории давлатии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ анҷом дода мешавад.
2. Маблағгузории фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ инчунин аз ҳисоби маблағи буҷетҳои маҳаллӣ, фондҳои илмӣ, ташкилотҳои илмӣ, сарчашмаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
3. Шартнома оид ба татбиқи лоиҳаву барномаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ байни субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ё мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ барои тамоми мӯҳлати амалисозии онҳо, вале на бештар аз се сол ба имзо расонда мешавад.
Моддаи 28. Маҳдудкунии баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- тартиби анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро, ки ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саломатии шаҳрвандон, муҳити зист таҳдид карда метавонанд, муқаррар кунад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи баъзе натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмию техникиро бо роҳи ҷорӣ намудани низоми махфият нисбат ба онҳо ва назорати иҷрои он маҳдуд кунад;
- талаботи сертификатсионӣ ва метрологиро нисбат ба баъзе намудҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҷорӣ намояд.
Моддаи 29. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
1. Ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ мансубанд:
- донишҳои наве, ки ба таври назариявӣ ё озмоишӣ ба даст оварда шудаанд ва (ё) дар ҳар шакл изҳор шудаанд ва ё дар ҳар гуна ҳомилҳои моддии иттилоотӣ сабт шудаанд, ки имконияти кушодан ва (ё) истифодаи амалии онро фароҳам меоранд;
- намунаву ҷараёнҳои озмоишӣ (лабораторӣ), ки дар асоси донишҳои нав таъсис дода шудаанд, инчунин ҳуҷҷатгузорӣ ба объекту ҷараёнҳои мазкур.
2. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникии корманди илмӣ (муҳаққиқ) ва ташкилоти илмӣ ниҳоӣ, фосилавӣ ва иловагӣ буда метавонанд.
3. Ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки ҳамчун натиҷаи тадқиқоти илмии бо шартнома ё супориши техникӣ пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.
4. Ба натиҷаҳои фосилавии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷараёни анҷом додани тадқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникии бо шартнома ё супориши техникӣ пешбинишуда таъсис дода ё ба даст оварда шудаанд.
5. Ба натиҷаҳои иловагии фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ донишҳо ва (ё) объектҳое дохил мешаванд, ки дар ҷараён ё дар натиҷаи анҷом додани таҳқиқоти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи шартнома ё супориши техникӣ таъсис дода шудаанд ё ба даст оварда шудаанд, лекин бо ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ нашудаанд ва танҳо бо мақсадҳое истифода бурда мешаванд, ки аз мақсадҳои дар шартнома ё супориши хизматӣ қайдгардида фарқ мекунанд.
Моддаи 30. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
1. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо мақсади муқоисаи беғаразонаи ҳаҷми захираҳои сарфшудаи молиявӣ, моддӣ, зеҳнӣ ва захираҳои дигар, муайян намудани натиҷабахшии илмӣ ва амалии (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, мудофиавӣ) таҳқиқоти иҷрошудаи бунёдӣ ва амалии илмӣ ва (ё) илмию техникӣ амалӣ мегардад. Арзёбии натиҷаи самтҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ҳангоми муайян намудани ояндадор будани онҳо, қабул намудани қарор оид ба давом додан ё қатъ намудани маблағгузорӣ, тафриқаи андозаи фонди музди меҳнат, инчунин аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ истифода мешаванд.
2. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ аз рӯи меъёрҳои навгонӣ, аҳамияти онҳо барои илм ва амалия, беғаразӣ, ва исботшавандагӣ арзёбӣ мегарданд. Арзёбии натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Ҳангоми қабул намудани натиҷаи корҳои иҷрошудаи илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва таҷрибавию технологӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи илм ва (ё) илму техника ва мақомоти ваколатдори соҳавӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ арзёбии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ташкил мекунанд.
Моддаи 31. Экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Экспертизаи илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ" анҷом дода мешавад.
БОБИ 7. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ КОРМАНДИ ИЛМӢ (МУҲАҚҚИҚ)
Моддаи 32. Ҳифзи иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
1. Музди меҳнати корманди илмӣ (муҳаққиқ)-и ташкилотҳои давлатии илмӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки фармоиши давлатиро оид ба анҷом додани таҳқиқоти илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ иҷро менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад.
2. Таъмини нафақа ва таъминоти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Давлат барои корманди илмӣ (муҳаққиқ) шароит муҳайё карда, мақоми сазоворро барои он кафолат медиҳад ва бо роҳҳои зайл ҳимоя менамояд:
- барои корманди илмие (муҳаққиқ), ки дорои дараҷаи илмӣ мебошад ва дар муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ, новобаста ба шакли моликият, кор мекунад, имтиёзҳо оид ба иловапулиро барои дараҷаи илмӣ нигоҳ медорад;
- ба корманди илмӣ (муҳаққиқ), ки дар муассисаи давлатӣ фаъолият менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашударо пешниҳод мекунад;
- имтиёзҳои дигарро, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Моддаи 33. Ҳавасмандгардонии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
1. Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ корманди илмӣ (муҳаққиқ)-е, ки ба рушди илму техника саҳм гузоштааст, метавонад:
- барои гирифтани ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника пешниҳод карда шавад;
- барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда шавад;
- барои гирифтани мукофотҳои ҳамасола барои таҳқиқоту корҳои беҳтарини илмӣ, дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илм пешниҳод карда шавад.
2. Ба корманди илмӣ (муҳаққиқ) ташкилоти илмии давлатӣ бо мақсади омодасозӣ, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, марказҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои пешқадам, аз ҷумла ташкилотҳои илмии хориҷӣ то муддати як сол рухсатӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, ҷойи кор ва мансаби шахси мазкур бе нигоҳдории музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 34. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 36. Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод. 94; с.2004, № 5, мод. 336; с.2007, №7, мод. 697; с.2008, №12, қ.2, мод. 1011; с.2013, №7, мод. 535; №12, мод. 904) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 марти соли 2015 № 1197

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:35
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1214
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
08.08.2015

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №7-9, мод. 702)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

нақлиёти автомобилӣ – маҷмӯи иборат аз воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, объектҳои инфрасохтори таъмини истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳҳои автомобилгард;

 - воситаҳои нақлиёти автомобилӣ – воситаҳое, ки барои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва дигар роҳҳо пешбинӣ гардидаанд (автомобилҳои сабукрав, автобусҳо, микроавтобусҳо, автомобилҳои боркаш ва махсус); 

- сӯзишвории муҳаррик – бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъи табиӣ ва намудҳои дигари дорои энергия, ки дар муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ истифода мешаванд;

- сифати сӯзишвории муҳаррик – маҷмӯи хусусиятҳои физикию кимиёвии сӯзишвории муҳаррик, ки дараҷаи мутобиқати онро ба талаботи стандарти давлатӣ ва (ё) шартҳои техникӣ нишон медиҳанд;

- таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ – маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба коҳиш додан ва пешгирӣ намудани таъсири манфии нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ равона шудааст;

- ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникӣ – корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки ба хизматрасонии техникӣ ва (ё) таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин азнавтаҷҳизонии онҳо бо воситаву таҷҳизоти иловагии коҳишдиҳандаи ғализии моддаҳои зараровари (ифлоскунандаи) ихроҷшуда ва ҳадди ҷоизи садо, ларзиш ва таъсироти манфии физикӣ машғул мебошанд;

- объектҳои  инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ – корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки заминаи истеҳсолӣ дошта, ба хизматрасонии техникӣ ва (ё) таъмир ва нигоҳдории воситаҳои нақлиёт, таъмини онҳо бо сӯзишвории муҳаррик, нигоҳдории борҳои тавассути нақлиёти автомобилӣ кашонидашаванда, ҷамъоварӣ, коркард ва нобудсозии партовҳои дар натиҷаи истифода ва нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пайдошаванда машғул мебошанд;

- гази истифодашуда – омехтаи газҳое, ки дар натиҷаи сӯхтани сӯзишвории муҳаррик пайдо шудаанд;

- заҳрнокии газҳои истифодашуда – нишондиҳандаи таъсири зиёновари моддаҳои зараровар (ифлоскунанда) ба инсон, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ландшафт, ки дар партовҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҷой доранд;

- амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ – ҳолати муҳофизатии инсон ва ҷамъият, инчунин муҳити зист аз оқибати зараровари истифодаи нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ;

- таснифоти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ – тақсимоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, қисмҳои таркибии сохти онҳо ва таҷҳизоти иловагӣ тибқи талаботи экологӣ дар асоси қоидаҳои амалкунандаи истифодабарии техникӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини амнияти экологии

                      нақлиёти автомобилӣ 

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур

 

Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:

- пешгирӣ, коҳиш додан, назорати маҷмӯии ифлосшавии муҳити зист ҳангоми истеҳсол, истифода ва нобудсозии нақлиёти автомобилӣ, инчунин  пайдошавии партовҳо, пасмондаҳо, дигар таъсироти манфие, ки дар натиҷаи истифодаи нақлиёти автомобилӣ пайдо мешаванд;

- баланд бардоштани сатҳи умумии ҳифзи муҳити зист аз таъсири техногенӣ, ки ҳангоми истеҳсол ва истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин дар натиҷаи нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодашуда ба вуҷуд меоянд;

- таъмини амнияти истеҳсол ва истифодаи нақлиёти автомобилӣ барои муҳити зист ва саломатии аҳолӣ.

 

Моддаи 4. Принсипҳои таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ 

 

Таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад: 

- афзалиятнокии таъмини амнияти экологӣ ҳангоми ташаккули сиёсати давлатӣ оид ба нақлиёт;

- ҳифзи саломатӣ, таъмини шароити мусоиди экологӣ барои ҳаёт, меҳнат ва фароғати инсон;  

- ҳатмӣ будани танзими давлатии фаъолият дар соҳаи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ҳангоми истеҳсол, истифода ва нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин қисмҳо ва маводи техникии истифодашаванда; 

- дастгирии давлатии иқтисодӣ, танзим ва ҳавасмандгардонии фаъолият оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

- илман асоснок будани қарорҳои қабулшаванда дар соҳаи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ.

 

БОБИ 2.

ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ 

 

Моддаи 5. Чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии  нақлиёти автомобилӣ 

 

1. Чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ҷузъи таркибии барномаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва барномаҳои мақсаднок дар соҳаи рушди нақлиёти автомобилӣ маҳсуб меёбанд.

2. Ҳангоми таҳияи нақшаҳои генералии рушди шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин ҳудудҳои фароғатӣ чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ба инобат гирифта мешаванд. 

3. Чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ вобаста ба такмили воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва технологияҳо, истифодаи намудҳои нави сӯзишвории муҳаррик, инчунин тағйирёбии талабот ба ҳифзи муҳити зист мунтазам аз нав баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти экологии

                     нақлиёти автомобилӣ 

 

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ мансуб мебошанд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

- маблағгузории назорати давлатӣ оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- муқаррар намудани тартиби умумӣ ва принсипҳои маҳдудкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо мақсади таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти экологии

                    нақлиёти автомобилӣ

 

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ дохил мешаванд:

- таҳия ва амалисозии чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

- ҳамоҳангсозии лоиҳаву барномаҳо, ки ба рушди таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ равона гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;

- таҳияи самтҳои афзалиятноки таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

- назорати амалисозии чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии

                      шаҳрак ва деҳот оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ 

 

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худ-идоракуниии шаҳрак ва деҳот ваколатҳои худро оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 9. Омодасозии касбии кормандони роҳбари-кунандаи ташкилотҳои нақлиётӣ ва

                      ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ  

 

1. Роҳбарони ташкилотҳои нақлиётӣ уҳдадоранд барои таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ шахси масъулро таъин ё вобаста намоянд.

2. Роҳбарони чунин ташкилотҳо ва шахсони масъул уҳдадоранд бо тартиби муқарраргардида аз курсҳои махсуси омодагӣ оид ба масъалаҳои амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ гузаранд.

3. Дар ҳама муассисаҳои таълимие, ки ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилиро тайёр мекунанд, барномаҳои махсуси омӯзишӣ оид ба таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ карда мешаванд.

        

БОБИ 3.

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ

НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА СӮЗИШВОРИИ МУҲАРРИК

 

Моддаи 10. Бамеъёрдарории таъсири воситаи нақлиёти автомобилӣ ба муҳити зист

 

Меъёрҳои экологии  партовҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва сатҳи ҷоизи садои нақлиёт, ларзиш ва таъсироти дигари манфии физикии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин муҳлати ҷорӣ намудани ин меъёрҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 11. Таснифоти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

 

1. Воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз давлатҳои дигар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати зиёда аз шаш моҳ ворид карда мешаванд ва барои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард пешбинӣ гардидаанд, ба дараҷаҳои экологӣ ҷудо карда мешаванд. Дараҷаи экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ вобаста ба меъёрҳои техникии партовҳо барои намунаи (модели) мушаххаси воситаи нақлиёти автомобилӣ дар лаҳзаи истеҳсоли он муқаррар карда мешавад.

2. Таснифоти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба партовҳои моддаҳои зараровар (ифлоскунанда) мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки ба талаботи амниятӣ, меъёрҳои санитарӣ, ҳифзи меҳнат, экология, стандартҳои байналмилалию давлатӣ ва регламентҳои техникӣ мутобиқ мебошанд, муқаррар карда мешавад.  

3. Тартиби анҷом додани таснифоти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Чораҳо оид ба коҳиш додани таъсири нақлиёти автомобилӣ ба вазъи экологӣ

 

Бо мақсади коҳиш додани таъсири нақлиёти автомобилӣ ба вазъи экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зерин андешида мешаванд:

- гузаронидани санҷиши ҳолати экологии нақлиёти автомобилӣ;

- ҷорӣ намудани шартҳои техникӣ ба сӯзишвории муҳаррик;

- ташкили истеҳсол ва фурӯши сӯзишвории муҳаррики аз ҷиҳати нишондодҳои экологӣ тоза;

- назорати пайдарпайи сифати сӯзишвории муҳаррик;

- ҷорӣ намудани технологияи коркарди дубора ё безараргардонии аккумуляторҳо;

- амалисозии хизматрасонии техникӣ дар шафати роҳҳо.

 

Моддаи 13. Талаботи экологӣ ҳангоми азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 

 

1. Ҳангоми азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникӣ дараҷаи экологии воситаи нақлиёти автомобилиро тибқи стандартҳо ва меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян  намуда, номгӯи таҷҳизоти насбшударо, ки ғализии моддаҳои зараровари (ифлоскунандаи) ихроҷшуда ва ҳадди ҷоизи садо,  ларзиш ва таъсироти манфии физикиро коҳиш медиҳад, нишон медиҳанд. Ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникӣ уҳдадоранд ҳангоми риоя нагардидани муқаррароти мазкур ба таври ройгон камбудиҳои воситаҳои нақлиёти автомобилро бартараф намоянд. 

2. Соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми истифодаи онҳо мутобиқати ин воситаҳоро ба талаботи экологии истифодабарӣ, ки барои ҳамин  дараҷаи экологии воситаи нақлиёти автомобилӣ муқаррар гардидааст, таъмин менамоянд.

3. Тағйир додани сохти воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки боиси паст шудани дараҷаи экологии он мегардад, манъ аст.

 

Моддаи 14. Таъмини амнияти экологии объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ

 

Таъмини амнияти экологии объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон ва таҷдиди онҳо, аз ҷумла ҳудудҳои аз ҷониби экологӣ осебпазир, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 15. Бақайдгирии омилҳои экологӣ ҳангоми нархгузорӣ ба объектҳои инфрасохтори

                       нақлиёти автомобилӣ

 

1. Ҳангоми нархгузорӣ ба объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ дар сурати тағйирёбии шакли моликият, инчунин муфлисшавӣ, омилҳои экологӣ ва андозаи зарари расондашуда аз ҷониби объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ  ба муҳити зист мутобиқи нарх ва усулҳои тасдиқгадидаи ҳисоб намудани андозаи зарар, дар сурати мавҷуд набудани онҳо, аз рӯи хароҷоти воқеии барқароркунии ҳолати халалдоршудаи муҳити зист бо назардошти зарари расондашуда, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта ба назар гирифта мешаванд. 

2. Фаъолияти бақайдгирии омилҳои экологӣ ҳангоми нархгузорӣ ба объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ аз рӯи натиҷаҳои аудити экологӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, амалӣ мегардад. 

 

Моддаи 16. Чораҳои  зиёд  намудани  дараҷаи  экологии  воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

 

1. Бо мақсади афзун намудани дараҷаи экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҷиҳозонидани онҳо бо воситаву таҷҳизоти иловагии коҳишдиҳандаи заҳрнокии газҳои истифодашуда, ки ба маҷмӯи воситаҳои ташкилоти истеҳсолкунанда дохил намешаванд ва ба меъёрҳои техникии партовҳо таъсир мерасонанд, сурат мегирад.

2. Ҷиҳозонидани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо воситаву таҷҳизоти иловагии коҳишдиҳандаи  заҳрнокии газҳои истифодашуда ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 17. Уҳдадориҳои шахсони ба фурӯши яклухт ва чаканаи сӯзишвории муҳаррик

                       машғулбуда

 

Шахсоне, ки дар асоси иҷозатнома ба таҳвил, нигоҳдорӣ ва фурӯши яклухт ва чаканаи сӯзишвории муҳаррик машғуланд,  барои риояи  чораҳои зерин  уҳдадоранд:

- мутобиқати сифати сӯзишвории муҳаррик ба талаботи стандарти давлатӣ ва (ё) шартҳои техникӣ;

- бо тартиби муқарраргардида гузаштан аз назорати сифати сӯзишвории муҳаррик;

- гузаштан аз санҷиши воситаҳои техникӣ оид ба мутобиқат ба меъёрҳои техникии муқарраркардашуда ва талаботи байналмилалии амалкунанда.

 

Моддаи 18. Таъмини амнияти экологии нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии

                        истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ,

                        аккумуляторҳо ва равғанҳои муҳаррики истифодашуда

 

1. Усулҳои истифодашавандаи нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аккумуляторҳо ва равғанҳои муҳаррики истифодашуда пешгирӣ, коҳиш додан ва назорати маҷмӯии таъсири номатлуби онро ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ пешбинӣ менамояд. 

2. Шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пас аз анҷоми муҳлати истифодабарӣ  барои нобудсозӣ ба ташкилоте, ки дар он шина ва покришкаҳои истифодашудаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ қабул ва (ё) таҷзия мегарданд, супорида мешаванд.

3. Аккумуляторҳои истифодашуда пас аз анҷоми муҳлати истифодабарӣ барои коркард ба ташкилоте, ки ҷамъоварии марказонидашуда ва (ё) нобудсозии  онҳоро анҷом медиҳад, супорида мешаванд.  Ташкилоти мазкур бояд барои амалисозии чунин фаъолият тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологиро дошта бошад. Аккумуляторҳои истифодашуда аз партовҳои истеъмолӣ алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.

4. Равғани истифодашудаи муҳаррик аз партовҳои истеъмолӣ алоҳида ҷамъ оварда мешавад. Дар фазои кушод сӯзондани он ё ба системаи корез ва сарчашмаҳои об партофтани равғани истифодашудаи муҳаррик манъ аст. Ҷамъоварӣ, нобудсозӣ ва ҷойгиронии равғани истифодашудаи муҳаррикӣ дар асоси иҷозатнома оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, таҳвил ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок анҷом дода мешаванд.

5. Нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аккумуляторҳо ва равғанҳои истифодашудаи муҳаррик бо назардошти технологияи муосир тибқи меъёру қоидаҳои сохтмон ва санитарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

6. Тартиби ҷамъоварӣ, таҳвил ва нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилии  истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аккумуляторҳо ва равғанҳои муҳаррики истифодашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ 4.

НАЗОРАТИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

 

Моддаи 19. Назорати давлатӣ 

 

1. Назорати амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояшон анҷом дода мешавад.

2. Тартиби ташкил ва гузаронидани назорати экологӣ, инчунин санҷишҳои интихобии мутобиқати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба меъёрҳои экологии партовҳо, маҳдудсозӣ ва қатъ намудани истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилии дараҷаҳои гуногуни экологиро санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

3. Назорати мутобиқати воситаҳои нақлиёти автомобилии дар истифода қарордошта ба меъёрҳои экологии партовҳо ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, инчунин муоинаи давлатии техникии онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ анҷом дода мешавад.

4. Назорати сифати сӯзишвории муҳаррик дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояшон анҷом дода мешавад.

5. Мақомоти дахлдори давлатӣ уҳдадоранд истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар сурати мутобиқ набудани онҳо ба меъёрҳои амалкунандаи экологии партовҳо боздоранд. 

6. Амрномаи мақомоти дахлдори давлатӣ ва талаботи шахсони мансабдори онҳо барои иҷро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 20. Назорати истеҳсолӣ 

 

1. Назорати истеҳсолӣ, аз ҷумла гузаронидани таҳқиқоту озмоишҳои лабораторӣ дар ҷараёни нигоҳдорӣ, таҳвил ва фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, иҷрои кору хизматрасонӣ, аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини амнияти экологӣ ва (ё) безарарии чунин маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ амалӣ карда  мешавад.

2. Назорати истеҳсолӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои санитарӣ ва стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

3. Шахсоне, ки назорати истеҳсолиро амалӣ менамоянд, барои саривақтӣ, пурра ва аниқ будани он масъул мебошанд.

 

Моддаи 21. Назорати ҷамъиятӣ 

 

Назорати ҷамъиятии таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 22. Ҳамкории байналмилалӣ оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёти

                       автомобилӣ 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории байналмилалиро оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мутобиқи принсипҳои муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ менамояд. 

 

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 8 августи соли 2015,

№ 1214

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:37
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1225
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
08.08.2015
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, №7-9 , мод.713; соли 2017, №5 қ1, мод.284, №7-9, мод.583; соли 2018, №5, мод.279; соли 2021, №12, қ.2, мод.708)
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми майи  соли   2015, № 87 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2015  , №6  , моддаи 607 ) қабул гардидааст.
                                                               Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли  соли 2015, №89    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, №7-9, моддаи 728 ) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби фаъолияти субъектҳои онро муқаррар намуда, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмин менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин  истифода мешаванд:
- барномаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд;
- муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ – муассисаи таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки раванди муттасили таҳсилоти миёнаи касбиро ба роҳ монда, нақшаю барномаҳои таълимиро амалӣ менамояд;
  • нақшаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки омўзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд;
- Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ – маҷмўи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту мўҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд;
- стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ – маҷмўи меъёрҳое, ки талаботи ягонаро барои тахассусҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар менамоянд;
- такмили ихтисос – низоми афзун намудани маҳорату малакаи касбии омўзгорон, кормандони илмӣ ва дигар кормандони зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- тахассус – намуд ва дараҷаи омодагии касбии хатмкунанда барои пешбурди фаъолияти касбӣ ё давом додани таҳсил, ки дар ҳуҷҷати дорои таҳсилоти марбута дарҷ гардидаанд;
- таҳсилоти миёнаи касбӣ – зинаи таҳсилот, тарбия ва инкишофи шахсияти таълимгиранда, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда шуда, ба онҳо шаҳрвандон метавонанд баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ дохил шаванд;
- таҷрибаомўзии истеҳсолӣ (касбӣ) – қисми амалии раванди таълиму тарбия, ки аз ҷониби муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мувофиқа бо муассисаю ташкилотҳои соҳаи дахлдор ба роҳ монда мешавад;
- таълимгиранда – тарбиягиранда, хонанда, донишҷўй, шунавандаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- устои таълими истеҳсолӣ – шахси дорои таҳсилоти касбии муҳандисию омўзгорӣ, ки машғулиятҳои амалӣ ва таълими истеҳсолиро ба нақша мегирад ва онҳоро ба таълимгирандагон омўзонида, ба касб интихоб карданашон мусоидат менамояд;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот – ҳуҷҷати намунаи давлатие, ки ба шахсони аз аттестатсияи давлатии хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ гузашта дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф амалӣ гардида, ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- дастрас будани таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- баланд бардоштани мақоми низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ дар кишвар;
- хусусияти башардўстона ва дунявӣ доштани таълим ва тарбия;
- пайдарҳамӣ ва муттасилии раванди таълиму тарбия;
- дастгирии маърифатнокӣ ва истеъдодҳо;
- истифодаи имкониятҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ;
- расонидани ёрии иҷтимоӣ ба таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ; (ҚҶТ аз 30.05.17с.№1427)
- таъмини рушди бомароми низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ.
Моддаи 4. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ
Давлат афзалияти дастрасии таҳсилоти миёнаи касбиро бо роҳҳои зерин ба шаҳрвандон  кафолат медиҳад:
- дар доираи фармоишҳои давлатӣ дар асоси озмун як маротиба гирифтани таълими ройгон дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии таълимгирандагон дар низоми давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- муҳайё кардани шароит барои таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- таъмини интихоби озоди шаклҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаи таълимӣ ва тахассус;
- расонидани ёрӣ ва дастгирии таълимгирандагони болаёқат аз рўи имконият;
- ҳуқуқи баробари хатмкардагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, барои идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот;
- таъминот, хароҷот ва таҳсили кўдакони ятиму бепарастор, кўдакони дорои имконияти маҳдуд, маъюбон ва шахсони дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ;
- таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил.
 
БОБИ 2. НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Моддаи 5. Низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ
Низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ аз сохторҳои зерин иборат мебошад:
- Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- барномаҳои таълимӣ;
- шакл ва меъёри гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- субъектҳои раванди таълиму тарбия дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- мақомоти идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ.
Моддаи 6. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва барномаҳои таълимӣ
1. Барои зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар карда мешавад, ки он аз нишондиҳандаҳои зерин иборат аст:
- ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаи таълимӣ ва шарту шароити иҷрои он;
- ҳаҷми ҳадди ақал ва ниҳоии соатҳои таълимӣ;
- талаботи асосӣ ва дараҷаи тайёрии хатмкунандагон;
- мўҳлати азхудкунии барномаҳои таълимӣ.
2. Стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ:
- муқаррар намудани маҷмўи таъминоти таълимию методӣ, тартиб додани нақша ва барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимӣ ва методӣ, муқаррарот оид ба назорати таҳсилоти миёнаи касбиро дар бар мегиранд;
- талаботи ягонаро барои тахассусҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар менамоянд; 
- давра ба давра вобаста ба талаботи муосир таҷдид карда мешаванд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
3. Барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рўи шакл ба барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ тақсим карда мешаванд, ки:
- барои ноил гаштан ба татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, муттасил баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таҳсилоти  таълимгирандагон, омодагии босифати онҳо чун кормандони соҳибтахассус равона карда шудаанд;
- мундариҷаи таҳсилоти миёнаи касбиро муайян менамоянд;
- бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 7. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ шахсони ҳуқуқӣ буда, дар намудҳои зерин фаъолият менамоянд:
- коллеҷҳо;
- коллеҷҳои сохтории муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки таъсис ва тартиби фаъолияташонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд дар доираи фармоиши давлатӣ ройгон ва берун аз доираи фармоиши давлатӣ тибқи қарордод пулакӣ фаъолият намоянд.
Моддаи 8. Муассисони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ шуда метавонанд:
- мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Муносибатҳои байни муассисон ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 9. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дорои маълумотҳои зерин мебошад:
- ном, мақом ва маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;
- муассис (муассисон);
- санаи таъсисёбӣ;
- шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
- шўъба, филиал, намояндагиҳо, паркҳои технологӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ;
- мақсади раванди таълиму тарбия, намуд ва шаклҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ;
- тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла забони таълим, тартиби хориҷ ва барқарор намудани таълимгирандагон, мўҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳонҳо, реҷаи кори муассисаи таълимӣ, тартиботи дохилии фаъолияти муассиса, инчунин хизматрасонии пулакӣ ва тартиби пешниҳоди он;
- тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо таълимгирандагон ва падару модари (шахсони ивазкунандаи) онҳо;
- сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла тартиби ташаккул ва истифодаи объектҳои моликият, манбаъҳои маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникӣ, намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ;
- тартиби идоракунии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла салоҳияти муассис ( муассисон), тартиби ба кор қабул намудан, ҷобаҷогузории кормандон, шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ;
- ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои иштирокчиёни раванди таълиму тарбия;
- дигар маълумотҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. (ҚҶТ аз 30.05.17с.№1427)
2. Оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро муассиса таҳия намуда, баъд аз тасдиқи муассис (муассисон) бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ мегузаронад.
Моддаи 10. Тартиби қабули таълимгирандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Тартиби қабули таълимгирандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Қабули таълимгирандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад аз тариқи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки тартиби ташкил ва гузаронидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амалӣ карда шавад.
3. Шумораи умумии қабули таълимгирандагонро, ки барои таҳсил аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ қабул карда мешаванд, ҳар сол мақомоти дахлдори давлатӣ мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда муайян менамоянд.
4. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси шартнома қабул карда мешаванд.
5. Дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ба даст овардани холҳои гузариш аз фанҳои таълимии дахлдор) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба довталабони зерин имтиёз дода мешавад:
- ятимон;
- бепарасторон;
- кўдакони маъюб (тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ);
- маъюбони гурўҳҳои I ва II, ки тибқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор таҳсили онҳо манъ карда нашудааст;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизмати ҳарбиро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд;
- дигар шаҳрвандоне, ки барои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.
 (ҚҶТ аз 30.05.17с.№1427), (ҚҶТ аз 17.05.18с. №1528)
Моддаи 11. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Мўҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ то 4 сол, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 3 сол ва барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимии соҳаи тиб ва фарҳангро мувофиқ ба хусусиятҳои тахассусҳо хатм менамоянд, то 4 сол муқаррар карда мешавад.
2. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли рўзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.
3. Шаклҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо назардошти талабот ва имкониятҳои таълимгирандагон интихоб карда мешаванд.
4. Номгўи тахассусҳое, ки аз рўи онҳо имконияти гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо дар шакли рўзона мумкин аст, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, муқаррар карда мешавад.
5. Раванди таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад тавассути низоми кредитӣ ва ё анъанавӣ амалӣ карда шавад.
6. Таълимгирандагоне, ки дар коллеҷҳои сохторӣ таҳсилро аз рўи барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба итмом нарасонидаанд, вале аз аттестатсияи ҷорӣ бомуваффақият гузаштаанд, метавонанд таҳсилро ба тариқи гузариш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои таълимӣ давом диҳанд.
7. Ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи хатми зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо мўҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ шудааст, шарти асосии идомаи таҳсил дар зинаи минбаъдаи таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб меравад.
8. Таълимгирандагоне, ки бо таҳсилоти миёнаи асосӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсил менамоянд, дар баробари гирифтани тахассус таҳсилоти миёнаи умумӣ низ гирифта метавонанд.
Моддаи 12. Ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ пас аз гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбиро пайдо мекунанд.
2. Ба таълимгирандагоне, ки таҳсилро аз рўи барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ анҷом додаанд ва аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти марбута дода мешавад.
3. Ба таълимгирандагоне, ки аз аттестатсияи хатм нагузаштаанд ё зинаи таҳсилотро пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома дода мешавад. Аттестатсияи такрории хатм барои шахсони мазкур бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф гузаронида мешавад.
4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ доранд, ба хатмкунандагон дар бораи таҳсилоти марбута ҳуҷҷати намунаи давлатӣ медиҳанд. Ҳуҷҷати намунаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
5. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ нагузаштаанд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилотро бо мўҳри худ тасдиқ мекунанд.
6. Муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, ба хатмкунандагони худ намунаи ҳуҷҷатҳоеро месупоранд, ки бо ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ эътибори баробар доранд.
7. Ҳуҷҷате, ки ба итмом расидани таҳсилоти касбиро тасдиқ мекунад, диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад.
Моддаи 13. Тартиби таъсис, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия, аккредитатсия, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аз қайди давлатӣ мегузаранд.
2. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дода мешавад.
3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ба истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо менамоянд.
4. Аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
5. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ вазъи ҳуқуқии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, феҳристи самтҳои таълим (тахассусҳо)-ро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва аз рўи он муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд ба хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ диҳанд, ҳамчунин зинаҳои таҳсилот ва тахассусро муқаррар менамояд.
6. Филиалҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъди гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар доираи барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
7. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
 
БОБИ 3. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ
              КАСБӢ
Моддаи 14. Низоми идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва сохтори он
1. Ба низоми идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассиси (муассисони) муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва маъмурияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд.
2. Фаъолияти мақомоти идоракунӣ ба таъмини иҷрои барномаи давлатии рушди маориф дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, риояи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, амалӣ гардидан ва рушди низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ мутобиқи талаботи иқтисодиёти бозорӣ ва равандҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа нигаронида мешавад.
3. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти идоракунии ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
4. Идоракунии давлатию ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ самти афзалиятноки идоракунии низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ буда, фаъолияти субъектҳои идоракунии шакли ҷамъиятӣ ва давлатиро танзим  намуда, ба амалишавӣ ва рушди он равона шудааст.
5. Сохтори ташкилии низоми идоракунии давлатию ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз инҳо иборат аст:
- мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти идоракунии давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- мақомоти идоракунии давлатию ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ (маҷлисҳои умумӣ, конфронсҳои иштирокчиёни раванди таълимӣ) ва шўроҳои ҷамъиятие, ки аз ҳисоби намояндагони таълимгирандагон, падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва кормандони соҳаи омўзгорӣ интихоб шудаанд.
6. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти идоракунии давлатию ҷамъиятии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
Моддаи 15. Моҳият, мақсад ва принсипҳои идоракунии таҳсилоти
миёнаи касбӣ
1. Идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ маҷмўи чорабиниҳоро оид ба танзими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои дар амал татбиқ намудани мақсадҳои ин зинаи таҳсилот дар бар мегирад.
2. Мақсадҳои асосии идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ инҳо мебошанд:
- таъмини ҳамаҷонибаи низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки ба ташкили фаъолият ва инкишофи он равона шудааст;
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ташкили фаъолият ва рушди низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки барои қонеъ намудани талаботи марбутаи таълимии таълимгирандагон равона шудааст;
- татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки иштироки таълимгирандагонро дар идоракунии муассисаи марбута таъмин менамояд.
3. Принсипҳои асосии идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ инҳо мебошанд:
- ҳамгироии идоракунии ҷамъиятӣ ва худидоракунии иштирокчиёни раванди таълиму тарбия;
- ҷанбаи демократӣ ва давлатӣ-ҷамъиятии идоракунӣ;
- мустақилияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои умумидавлатии марбут ба таҳсилоти миёнаи касбӣ ва татбиқи онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии дар идоракунии таҳсилоти миёнаи касбӣ иштироккунанда;
- ҳамроҳшавӣ ба барномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои байналмилалии марбута.
Моддаи 16. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мансубанд:
- тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, тартиби таҳия ва тасдиқи стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- муайян намудани меъёрҳои таъминоти моддию техникӣ ва молиявии таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таълимгирандагони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- тасдиқ намудани шакли ҳуҷҷати намунаи маҳаллӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф оид ба таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- роҳбарии умумӣ ба таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- тасдиқи нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва назорати иҷрои онҳо;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- танзими иҷрои вазифаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва роҳбарии илмию методии раванди таълиму тарбия; (ҚҶТ аз 23.12.2021.№1834)
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони дахлдори муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дахлдор;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 23.12.2021.№1834)
4. Ба ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, дохил мешаванд:
- таъмини раванди таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи талаботи низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, стандартҳои тахассусии таҳсилоти миёнаи касбӣ, нақша ва барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- ташкил ва гузаронидани такмили ихтисос, бозомўзӣ, таҳсилоти иловагӣ, аттестатсияи омўзгорон ва кормандони ихтисосҳои (фанҳои) тахассусии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- роҳбарии умумӣ ва назорати  фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва маблағгузории онҳо;
- баррасӣ ва пешниҳоди нақша ва барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимии (ғайр аз адабиёти илмию таълимии тахассусӣ ва соҳавӣ)  муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии сохтории худ барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва нашри онҳо вобаста ба имкониятҳои молиявӣ;
- бо тартиби муқарраргардида иштирок намудан дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба онҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд:
- ба роҳ мондани  маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо дар доираи меъёрҳои муқарраргардида;
- таъмини  ҳифзи иҷтимоии таълимгирандагон ва кормандони соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- дастгирии молиявии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар доираи имкониятҳои буҷети маҳаллӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 17. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ, такмили сифати омодасозии хатмкунандагон, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва риояи стандартҳои давлатӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ нигаронида шудааст.
2. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.12.2021.№1834)
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Моддаи 18. Субъектҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
Ба субъектҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дохил мешаванд:
- таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- кормандони соҳаи омўзгорӣ (омўзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ, ходимони илмӣ);
- кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- падару модарони (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагон;
- намояндагони  муассисаву дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касаба, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ иштирок мекунанд.
Моддаи 19. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои субъектҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, баъди анҷоми таҳсил ҳуқуқи гирифтани таҳсилотро дар зинаи минбаъдаи таҳсилот доранд ва метавонанд ба муассисаҳои дигари таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва тахассус мувофиқро таъмин мекунанд, ба таври истисно гузаранд. Тартиби мазкурро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.
2. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо стипендия, ёрдампулӣ, хизматрасонии тиббӣ ва солимгардонӣ, инчунин дастгирии дигари моддие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таъмин карда мешаванд.
3. Таълимгирандагон ҳангоми таҷрибаомўзии истеҳсолӣ (касбӣ) бо тартиби муқарраргардида бо ҷойи кор, шароити бехатари меҳнат ва дар асоси шартнома оид ба тайёр намудани кадрҳо бо музди меҳнат таъмин карда мешаванд.
4. Таълимгирандагоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ дар асоси шартнома таҳсил менамоянд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурўҳҳои таҳсили ройгон гузаранд.
5. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ўҳдадоранд:
- интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро риоя намоянд;
- бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ наоянд. Дар сурати риоя накардани талаботи меъёри мазкур таълимгирандагон бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати як сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд; (ҚҶТ аз 28.08.17с. №1464)
- донишҳои назариявию амалӣ омўзанд ва маҳорати касбиро аз рўи тахассуси интихобнамуда ба даст оранд;
- дар мўҳлати муқарраргардида талаботҳои дар нақша ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодшударо иҷро намоянд.
6. Кормандони соҳаи омўзгорӣ ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд:
- шараф ва эътибори касбияшонро ҳимоя намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома дар идора кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намоянд;
- ба мақомоти идоракунии ҷамъиятӣ намояндагони худро интихоб кунанд ва худ интихоб шаванд, дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои алоқаманд ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла ба воситаи мақомоти идоракунии ҷамъиятӣ, иштирок намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба фармоиши роҳбарияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ шикоят кунанд;
- хизматрасонии воҳидҳои сохторӣ, аз ҷумла  китобхона, хадамоти шўъбаҳои иҷтимоию маишӣ, муолиҷавӣ ва ҷузъҳои дигари муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, инчунин захираҳои иттилоотиро мувофиқи оинномаи онҳо ва (ё) шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд.
7. Кормандони соҳаи омўзгорӣ ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ўҳдадоранд:
- самаранокии раванди таълиму тарбияро  таъмин  кунанд;
- савияи донишу ихтисоси худро пайваста баланд бардоранд;
- вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташударо босифат иҷро намоянд;
- аз рафтор ва суханҳое, ки боиси мураккаб гардидани фазои  ахлоқию маънавии муассисаҳои таълимӣ мегарданд, худдорӣ намоянд.
8. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модарони (шахсони онҳоро ивазкунандаи) таълимгирандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
9. Субъектҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дорои ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои дигаре низ мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаҳои таълимӣ муқаррар намудаанд.
Моддаи 20. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
- мустақилият дар амалӣ намудани раванди таълиму тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти илмӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ;
- ба муассис (муассисон) барои тасдиқ пешниҳод намудани тағйиру иловаҳои ба оинномаи муассисаи таълимӣ воридшаванда; (ҚҶТ аз 30.05.17с.№1427)
- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи худ ва назорат намудани иҷрои онҳо;
- таҳия ва тасдиқи нақшаи кории раванди таълим, ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо;
- ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълимӣ ба раванди таълиму тарбия;
- назорат намудани сатҳи сифати таълим ба воситаи гузаронидани  аттестатсияи мобайнӣ ва хатми давлатии таълимгирандагон;
- ҷорӣ намудани шаклҳои нави таълим, аз ҷумла таълими кредитӣ;
- ташкил намудани такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои омўзгорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани тадбирҳо барои ҷалби сарчашмаҳои иловагии молиявӣ бо мақсади амалигардонии фаъолияти оинномавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани имтиёзҳои иловагӣ ба таълимгирандагони эҳтиёҷманд тибқи талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маводи зарурӣ таъмин кардани онҳо;
- тасдиқ намудани сохтор, ҷадвали вазифаҳо, музди меҳнат ва тақсими ўҳдадориҳои вазифавии кормандони муассисаи худ;
- муқаррар намудани иловапулӣ ба маоши вазифавии омўзгорони муассисаи худ мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таҳкими заминаи моддию техникии муассисаи худ ва мутобиқи талаботи меъёрӣ таъмин намудани он бо таҷҳизот ва ашёи таълимӣ;
- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии дигари танзимкунандаи раванди таълиму тарбия дар доираи ваколатҳои худ;
- амалӣ намудани намуди дигари фаъолият, ки оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ кардааст.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои иҷрои амалҳои зерин ўҳдадоранд:
- дар ҳаҷми пурра татбиқ гардидани барномаҳои таълимӣ тибқи нақшаи таълимӣ ва ҷадвали раванди таълим, тақвияти касбияти таълимгирандагони худ;
- ҳифзи ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ дар раванди таълиму тарбия;
- риояи ҳуқуқ ва озодиҳои таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ;
- тарғиби тарзи солими ҳаёт дар байни таълимгирандагон, риоя намудани меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ;
- мусоидат ба фаъолияти омўзгорон, дигар кормандон ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ;
- масъул будан барои бақайдгирӣ, ҳифз ва нигоҳдории молу мулк, ашё ва таҷҳизоти таълимӣ;
- иҷрои ўҳдадориҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
 
БОБИ 5. ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ
Моддаи 21. Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, инчунин вазорату идораҳое, ки дар сохторашон чунин муассисаҳои таълимиро доранд, амалӣ карда мешавад.
2. Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудаанд, аз ҷониби мақомоти мазкур амалӣ карда мешавад.
3. Фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ғайридавлатӣ аз ҷониби муассис (муассисон) мутобиқи шартномаи тарафайн маблағгузорӣ карда мешавад. Дар асоси шартномаи байни муассис (муассисон) ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ин фаъолият метавонад қисман ё пурра тавассути худмаблағгузорӣ амалӣ гардонида шавад.
4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ суратҳисобҳо кушода метавонанд.
5. Хизматрасонии молиявӣ ва амалиёти пулии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, тавассути мақомоти хазинадорӣ амалӣ мегарданд.
6. Фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад. 
7. Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар сурате фаъолияти ғайритиҷоратӣ маҳсуб мешавад, ки даромадҳо аз чунин фаъолият танҳо барои иҷрои мақсадҳои оинномавӣ сарф карда шаванд.
Моддаи 22. Шартномаҳои муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо
1. Муассисаҳои таълимӣ, ки дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ мебошанд ва аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) маблағгузорӣ мешаванд, дар доираи фармоиши давлатӣ барои қабули таълимгирандагон метавонанд  мутобиқи шартномаҳо бо мақомоти давлатӣ бо мақсади ҳамкорӣ дар тайёр намудани кадрҳои зинаи марбутаи таҳсилот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намоянд.
2. Муассисаҳои таълимӣ, ки дорои иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ мебошанд ва аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) маблағгузорӣ мешаванд, илова ба фармоиши давлатӣ барои қабули таълимгирандагон, метавонанд омодагӣ ва бозомўзии мутахассисони зинаи марбутаи таҳсилотро мутобиқи шартномаҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо пардохти хароҷоти таълим бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
3. Шартнома оид ба тайёр намудани кадрҳо байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии аз аккредитатсия гузашта ва ташкилоти фармоишгари кадрҳо аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ва (ё) буҷети маҳаллӣ метавонад талаботи зеринро дар бар гирад:
- шумораи шахсоне, ки барои таҳсил қабул мешаванд, тартиби таҳсили онҳо ва тахассуси пешбинишуда;
- тахассус, ки онро ташкилоти фармоишгари кадрҳо фармудааст;
- иштироки ҷонибҳои манфиатдор дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ;
- шароити пардохти музди меҳнати таълимгирандагон ҳангоми таълими истеҳсолӣ, аз ҷумла таҷрибаомўзии истеҳсолӣ (касбӣ);
- интихоб ва маблағгузории иншоот барои гузаронидани таълими истеҳсолӣ;
- таъмини шароити мусоид ва бехатари меҳнат барои таълимгирандагон дар рафти таълими истеҳсолӣ;
- коромўзии кормандони соҳаи омўзгорӣ ва кадрҳои дигар дар ташкилотҳои фармоишгари кадрҳо;
- иштироки намояндагони ташкилоти фармоишгари кадрҳо дар аттестатсияи хатм;
- тақсимот ва бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон мувофиқи тахассус (касб);
- мўҳлати фаъолияти меҳнатии хатмкунанда дар ташкилоти фармоишгари кадрҳо;
- идомаи таҳсили хатмкунанда дар муассисаҳое, ки гирифтани таҳсилоти олии касбиро аз рўи тахассусҳои фармудаи ташкилоти фармоишгари кадрҳо таъмин менамояд.
4. Бастани шартнома бо шахсони то 18-сола ва қатъ намудани амали он бо розигии падару модар (шахсони онҳоро  ивазкунанда) амалӣ мешавад.
5. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хизматрасонии иловагии пулакии таълимӣ пешниҳод менамоянд, ки тибқи барномаҳои таълимии марбута ва стандартҳои давлатии таҳсилот пешбинӣ нашуда, аммо дар оинномаи муассисаи таълимӣ дарҷ гардидаанд. Даромади аз ин намуди фаъолият бадастомада бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.
Моддаи 23. Ҳуқуқи молумулкӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ
Ҳуқуқи молумулкӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 24. Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамкориҳои байналмилалии таълимӣ ва илмиро дар шаклҳои зерин амалӣ менамоянд:
- иштирок дар доираи барномаҳои байналмилалӣ, лоиҳаҳои рушд ва такмили таҳсилоти миёнаи касбӣ ва идоракунии он;
- иштирок дар доираи барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мубодилаи таълимгирандагон, кадрҳои омўзгорӣ ва илмӣ, ки бо масъалаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ машғуланд;
- бо шарикони хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ вобаста ба масъалаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ташкили анҷуманҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо, ки дар онҳо масъалаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ мегарданд;
- иштирок дар барномаҳои таҷрибаомўзӣ ва коромўзӣ барои кормандони соҳаи омўзгорӣ дар хориҷа;
- бастани шартномаҳо оид ба ҳамкориҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ;
- таъмини эътибори баробари ҳуҷҷатҳо доир ба таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ.
2. Маблағе, ки муассисаҳои таълимӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меоранд, барои рушди муассисаҳои таълимӣ, таҳкими заминаи моддию техникии онҳо ва ба таври иловагӣ пардохт намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф карда мешавад.
Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ Раҳмон
 
Ш. Душанбе
8 августи соли 2015
№1225
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ (ФЕРМЕРӢ)

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1289
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.03.2016

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ (ФЕРМЕРӢ)

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №3, мод. 142)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои онро муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти хоҷагидории мазкур равона шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

  • хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) (минбаъд - хоҷагии деҳқонӣ) - субъекти соҳибкорӣ, ки дар он истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъолияти якҷояи гурўҳи шахсони воқеӣ дар қитъаи замин ва молу мулки ба онҳо тааллуқдошта асос ёфтааст;
  • аъзои хоҷагии деҳқонӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Ҳуқуқ ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ва шаклҳои он

  1. Ба таъсиси хоҷагии деҳқонӣ танҳо шаҳрвандони қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳуқуқ доранд.
  2.  Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи як нафар ё гурўҳи шахсони воқеӣ дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад:
  • бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо шумораи аз 1 то 50 нафар аъзо;
  • бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе назардошти шумораи аъзо.
  1. Хоҷагии деҳқоние, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз тарафи як нафар ва (ё) бо теъдоди аз 2 то 50 шахси воқеӣ дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя таъсис дода мешавад, фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ амалӣ менамояд.
  2. Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, бо сабт намудани калимаҳои «Хоҷагии деҳқонӣ» дар номи худ амалӣ намояд.

 

Моддаи 4. Узвият дар хоҷагии деҳқонӣ

  1. Узвият дар хоҷагии деҳқонӣ бо назардошти талаботи зерин муайян карда мешавад:

– нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ - дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ инъикос намудани саҳми замини ҳар як узви хоҷагӣ дар қитъаи замини истифодаи якҷоя ва дар шартномаи аз ҷониби гурўҳи шахсони воқеӣ оид ба фаъолияти якҷоя ба имзорасонидашуда нишон додани ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои он (ба истиснои хоҷагии деҳқонии иборат аз як шахс);

– нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ - дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ инъикос намудани ҳуқуқи ҳар як муассис дар ташаккулёбии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ (агар қитъаи замини истифодашаванда ба иҷора гирифта нашуда бошад), ҳамчунин дигар дороиҳо (саҳми молу мулкӣ) дар асоси иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он.

  1. Шахсе, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун корманди кироя фаъолият мекунад, узви хоҷагии деҳқонӣ намебошад.

 

Моддаи 5. Хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун шакли хоҷагидорӣ

  1. Хоҷагии деҳқонӣ сохтор, самти фаъолияти худ, ҳаҷми истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурўши маҳсулот, инчунин ҳалли дигар масъалаҳоро вобаста ба пешбурди хоҷагӣ мустақилона муайян менамояд.
  2. Хоҷагии деҳқонӣ метавонад дар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисоб кушояд ва муҳру бланкаҳои дорои номи худро дошта бошад.
  3.  Хусусияти таъсис ва фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ бо шакли интихобнамудаи муассис (муассисон) муайян гардида, бо Қонуни мазкур, Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

 

Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ

Хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

 

БОБИ 2. ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ

ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ БЕ ТАЪСИСИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

 

Моддаи 7. Хусусиятҳои ташкили фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ

  1. Хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби зиёда аз як шахс таъсис дода шудааст, дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя амал менамояд, ки дар он ғайр аз маълумоти пешбининамудаи Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти зерин нишон дода мешавад:

– шумораи аъзо, насаб, ном, номи падари ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ;

– ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба зиммаи роҳбари хоҷагии деҳқонӣ вогузор менамояд;

– ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ;

– тартиби баромадан ё хориҷ кардан аз узвият;

– тартиби қабули узви нав ба хоҷагии деҳқонӣ;

– молу мулк ва андозаи саҳми замини узви хоҷагии деҳқонӣ дар қитъаи замини истифодаи якҷоя, ки шахси мазкур бо онҳо ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ ворид шудааст (бо нишон додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молу мулк ва андозаи саҳми замин);

– тартиби даъвати маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ;

– тартиби ҳалли баҳсҳо;

– тартиби нархгузорӣ, фурўхтани маҳсулоти истеҳсолшуда ва тақсими даромад байни аъзои он;

– тартиби қатъ кардани шартнома.

  1. Ҳангоми тағйир ёфтани шумораи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва шартномаи фаъолияти якҷоя тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, иқтибос дар ин хусус дар давоми на дертар аз як моҳ ба ҷамоати деҳот (шаҳрак), мақомоти маҳаллии андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 8. Мақомоти идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ

  1. Мақомоти идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ инҳо мебошанд:

– роҳбари хоҷагии деҳқонӣ;

– маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ.

2. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба сифати мақоми иҷроия фаъолияти хоҷагии деҳқониро дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба роҳ мемонад.

3. Мақоми олии идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ (иборат аз 2 то 50 нафар) маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ мебошад.

 

Моддаи 9. Салоҳияти маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ

  1. Ба салоҳияти маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ мансуб мебошанд:

– ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;

– қабули шаҳрвандон ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ ва баровардан аз узвияти он (инчунин ҳангоми қабули мерос);

– интихоб ба вазифа ва аз вазифа озод кардани роҳбари хоҷагии деҳқонӣ;

– баррасӣ ва тасдиқ намудани ҳисоботи солона ва муҳосибавӣ;

– тақсими фоидаи софи хоҷагии деҳқонӣ мувофиқи андозаи саҳми замин ё қитъаи замин ва молу мулки аъзои хоҷагии деҳқонӣ, баррасии масъалаҳои ҷуброни зарар;

– ба иҷора додан ё гирифтани қитъаи замин, гирифтан ё додани қарз, ба гарав гузоштани молу мулк ва ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;

– қабули қарор дар бораи қатъи фаъолият ва азнавташкилдиҳии хоҷагии деҳқонӣ;

– баррасии дигар масъалаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

2. Узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад дар маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок карда, нисбати масъалаи баррасишаванда ақидаи худро иброз намояд ва овоз диҳад.

3. Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва қарорҳои қабулкардаи он дар сурате салоҳиятнок ҳисобида мешаванд, агар дар маҷлис на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок дошта бошанд.

4. Қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ доир ба масъалаҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муайян шудаанд, бо тарафдории на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои дар маҷлис иштирок дошта қабул карда мешаванд. Оид ба масъалаҳои дигар, аз ҷумла доир ба интихоби раисикунандаи маҷлис, қарорҳо бо ҷонибдории аксарияти шумораи умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ қабул карда мешаванд.

5. Қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунандаи маҷлис ва аъзои иштирокдошта имзо мекунанд. Иҷрои қарорҳои маҷлиси хоҷагии деҳқонӣ барои аъзои он ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 10. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ

1. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ яке аз аъзои он мебошад, ки ба ин вазифа аз ҷониби маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ интихоб карда мешавад.

2. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– роҳбарии умумӣ ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ;

– додани ваколатнома аз номи хоҷагии деҳқонӣ;

– намояндагии хоҷагии деҳқонӣ дар мақомоти давлатӣ, дар муносибат бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

– тибқи шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул ва аз кор озод намудани коргарони кироя;

– ба роҳ мондани баҳисобгирию ҳисоботдиҳӣ дар хоҷагии деҳқонӣ;

– аз номи хоҷагии деҳқонӣ имзо кардани шартномаҳо ва дигар аҳдҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ;

– иҷрои ваколатҳои дигар дар доираи қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шартномаи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ.

  1. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо қарори маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешавад:

– бо хоҳиши худ;

– дар ҳолати иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ваколатҳои худ;

– ғайри қобили амал эътироф шудан;

– вафот;

– дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ВА ИДОРАКУНИИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

БО ТАЪСИСИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

 

Моддаи 11. Ташкили фаъолият ва идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ

1. Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар асоси оиннома ва агар муассисон зиёда аз як нафар бошанд - дар асоси шартномаи таъсисӣ фаъолият менамояд.

2. Оинномаи хоҷагии деҳқонӣ маълумоти зеринро дарбар мегирад:

– номи хоҷагии деҳқонӣ;

– маҳалли ҷойгиршавии хоҷагии деҳқонӣ;

– мақсад ва намуди фаъолият;

– маълумот оид ба қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ бо нишон додани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда;

– маълумот оид ба ҳайат, ваколати мақомоти идоракунӣ ва тартиби қабули қарорҳо аз ҷониби онҳо;

– ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ;

– расмиёти қабули узви нав ба ҳайати хоҷагии деҳқонӣ ва баровардани узв аз ҳайати он;

– тартиби ташаккулёбии сармояи оинномавӣ (шарикона);

– муқаррарот оид ба ҷавобгарӣ аз рўи уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тартиби даъвати маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ;

– дигар маълумоти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Хусусиятҳои ташкили фаъолият ва идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунугузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 4. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

 

Моддаи 12. Намудҳои фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ

Намудҳои фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурўши маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд.

 

Моддаи 13. Муносибатҳои хоҷагии деҳқонӣ бо давлат

  1. Хоҷагии деҳқонӣ барои уҳдадориҳои давлат ва давлат барои уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ масъул нестанд.
  2. Зарари ба хоҷагии деҳқонӣ дар натиҷаи дахолати мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
  3. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дахолат намоянд.

 

БОБИ 5. МОЛУ МУЛКИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

 

Моддаи 14. Молу мулки хоҷагии деҳқонӣ

  1. Ба молу мулки хоҷагии деҳқонӣ дарахту ниҳолҳо дар қитъаи замин, бино (иморат, иншоот), чорвои маҳсулдиҳанда ва корӣ, парранда, техникаи кишоварзӣ, техникаю таҷҳизоти дигар, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом ва молу мулки дигари барои амалӣ кардани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ зарур, инчунин ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқӣ бегона намудани он дохил мешаванд.
  2. Самара, маҳсулот ва даромаде, ки хоҷагии деҳқонӣ дар натиҷаи истифодаи молу мулк ва фаъолияти якҷояи аъзои он ба даст меорад, даромади умумӣ ва ё молу мулки ҳиссагии умумии ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ ба ҳисоб мераванд ва дар мувофиқа байни онҳо истифода бурда мешаванд.
  3. Ҳиссаи молумулкии аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар ҳолати вуҷуд доштани моликияти ҳиссагӣ бо ҳуҷҷатҳои таъсисии хоҷагии деҳқонӣ муқаррар карда мешавад. Номгўи объектҳои ба таркиби молу мулки хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дохилшаванда ва тартиби ташаккули молу мулки хоҷагии мазкур дар ҳуҷҷатҳои таъсисии хоҷагии деҳқонӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки хоҷагии деҳқонӣ

  1. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ молу мулки худро якҷоя соҳибӣ мекунанд ва истифода мебаранд. Тартиби соҳибӣ ва истифодабарии молу мулки хоҷагии деҳқонӣ ва номгўи молу мулки тақсимнашаванда дар шартнома дар бораи фаъолияти якҷояи аъзои хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ё дар ҳуҷҷатҳои таъсисии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ муайян карда мешавад.
  2. Тартиби ихтиёрдории молу мулки хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя, барои хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бошад, тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  3. Молу мулки хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқии зиёда аз як нафар, ҳамчун моликияти якҷоя ба аъзои хоҷагии мазкур тааллуқ дорад, агар дар шартномаи байни аъзои хоҷагии деҳқонӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
  4. Хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дорои ҳуқуқи моликият ба молу мулке мебошад, ки дар натиҷаи фаъолияти ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда ба даст овардааст.

 

Моддаи 16. Тақсими молу мулк ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ

  1. Ҳангоми баромадани узви хоҷагии деҳқонӣ аз ҳайати он шахси мазкур танҳо баъди анҷом ёфтани соли кишоварзӣ ҳуқуқи мустақилона истифода намудани қитъаи заминеро, ки ба саҳми замини худ мувофиқ мебошад, пайдо мекунад.
  2. Узви хоҷагии деҳқонӣ дар мавриди баромадан аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ ба ҷубронпулии дар молу мулки тақсимнашавандаи хоҷагии деҳқонӣ баробар ба ҳиссаи молу мулкаш, ба истиснои ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ҳуқуқ дорад. Андоза ва муҳлати пардохти ҷубронпулӣ бо розигии узви мазкури хоҷагии деҳқонӣ ё дар сурати ба созиши дуҷониба нарасидан, бо тартиби судӣ муайян карда мешаванд. Муҳлати пардохти он аз рўзи додани ариза оид ба баромадан аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ наметавонад аз як соли кишоварзӣ зиёд бошад.
  3. Ҳангоми барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии хоҷагии деҳқонӣ молу мулки хоҷагии деҳқонӣ байни аъзои он мутобиқи муқаррароти Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Қитъаи замини хоҷагии деҳқонии мазкур байни аъзои он мувофиқи саҳми замин тақсим карда мешавад.
  4. Дар ҳолати муфлисшавии хоҷагии деҳқонӣ молу мулки пас аз иҷрои уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ боқимонда, инчунин қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ байни аъзои он бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи мазкур тақсим карда мешавад.

 

Моддаи 17. Ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми аз аъзогӣ баромадани узви хоҷагии деҳқонӣ

  1. Ба ҳар як узви аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ бо таъсис ва бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ баромада арзиши қисми молу мулк мувофиқ ба ҳиссаи узви мазкур дар фаъолияти якҷоя, бо тартиб ва дар муҳлатҳои дар оиннома, шартномаи таъсиси ё шартнома оид ба фаъолияти якҷоя пешбинишуда пардохт ё дар шакли асл (натура) иваз карда мешавад.
  2. Қисми молу мулк ё арзиши он, ки бояд ба узви баромада дода шавад, аз рўи тавозуни (баланси) дар лаҳзаи баромадани ў тартиб додашуда муайян карда мешавад.

 

Моддаи 18. Ба мерос гирифтани молу мулки хоҷагии деҳқонӣ

Ба мерос гирифтани молу мулк ва ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ, ки бо ҳуқуқи бегона намудан ба даст оварда шудааст, мутобиқи муқаррароти Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 6. ДОДАНИ ҚИТЪАИ ЗАМИН БАРОИ ТАШКИЛИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

 

Моддаи 19. Додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ

  1. Қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якумраи меросӣ бо ҳуқуқӣ бегона намудан ё бе ҳуқуқӣ бегона намудан дар асоси аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо (шаҳрҳо) дода мешавад.
  2. Қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун қоида дар як мавзеъ яклухт дода мешавад.
  3. Дар мавриди аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ баромадани узви он ва таъсис додани хоҷагии деҳқонии мустақил, қитъаи замин барои узви мазкур дар асоси саҳми замини ў бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми соли кишоварзӣ дода мешавад. Тартиби мазкур ҳамчунин дар сурати аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ баромадани гурўҳи аъзои он ва дар қитъаи замини ҷудокардашуда ташкил намудани хоҷагии мустақили деҳқонӣ ва ё ҳамроҳ шудан ба дигар хоҷагии деҳқонӣ татбиқ карда мешавад.
  4. Хоҷагии деҳқонӣ барои пешбурди фаъолияти худ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова қитъаи заминро ба иҷора ё барои истифодабарии муҳлатнок гирад. Хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меорад.

 

Моддаи 20. Меъёри додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ

Қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудан ё бе ҳуқуқӣ бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии он барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо тартиби муқарpaрнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаҳои зерин дода мешаванд:

– аз замини ташкилотҳои азнавташкилшавандаи кишоварзӣ - баробар ба саҳми замине, ки дар ташкилотҳои мазкур аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он барои ҳар узв муайян карда шудааст;

– аз фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) - баробар ба саҳми миёнаи муайяншудаи замин дар мавзеи ҷойгиршавии қитъаи замин ба шахси воқеие, ки хоҳиши таъсис додани хоҷагии деҳқониро дорад.

 

Моддаи 21. Додани қитъаи иловагии замин ба хоҷагии деҳқонӣ

Ба хоҷагии деҳқонӣ барои истифодаи муҳлатнок ё ҳамчун иҷора аз ҳисоби заминҳои гурўҳҳои зерин қитъаи иловагии замин дода мешавад:

– аз гурўҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ - заминҳои нав азхудкардашуда, истифоданашаванда, заминҳои иншооти обёриашон азкормонда ва барои кишт нобоб;

– аз гурўҳи заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии ҷангал, ки барои истеҳсолоти кишоварзӣ мутобиқ мебошанд (ба ғайр аз заминҳои ҷангали гурўҳи якум), ҳамчунин аз заминҳои чарогоҳҳо барои чаронидани чорво вобаста ба саршумори он дар хоҷагии деҳқонӣ;

– аз гурўҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин - заминҳое, ки барои истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқ буда, барои эҳтиёҷоти шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои дигари аҳолинишин муваққатан истифода бурда намешаванд.

 

Моддаи 22. Тартиби ташаккули фонди махсуси замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ

  1. Барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳои зерин фонди махсуси заминро таъсис медиҳанд:
  • заминҳое, ки аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд ё ба қатори заминҳои камарзиш гузаронида шудаанд;
  • қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо қатъ гардидааст;
  • заминҳои захираи давлатӣ;
  • гурўҳи заминҳое, ки аз рўи таъинот истифода бурда намешаванд;
  • заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки аз дарахту буттазор холӣ буда, барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқанд;
  • заминҳои нав азхудкардашуда.
  1. Тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур ба ҳуқуқи истифодабарандагони заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки ҳуқуқи истифодабарии онҳо бо ҳуқуқи бегона намудан дода шудааст, татбиқ карда намешавад.
  2. Иттилоот дар бораи қитъаҳои замине, ки ба фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ гузаронида шудаанд, бо истифодаи воситаҳои мавҷудаи иттилоотӣ ба маълумоти умум бе таъхир расонида мешавад.

 

Моддаи 23. Тартиби додани қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди махсус барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ

  1. Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкил намудани хоҷагии деҳқониро доранд, барои гирифтани қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) ариза медиҳанд.
  2. Дар ариза мақсади гирифтани қитъаи замини дархостшуда, масоҳат ва рўйхати аъзои хоҷагии деҳқонии ташкилшаванда нишон дода мешаванд.
  3. Қарор дар хусуси ба шаҳрвандон додани қитъаи замин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) дар давоми як моҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  4. Дар ҳолати мавҷуд набудани фонди махсуси замин аризаи шаҳрванд (шаҳрвандон) дар хусуси гирифтани қитъаи замин барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ба навбат гузошта мешавад.
  5. Шахсони мансабдор барои риояи муҳлати қабули қарор дар хусуси додани қитъаи замин ва ба шаҳрвандон пешниҳод намудани маълумот оид ба мавҷудияти қитъаҳои замини тақсимнашудаи фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.

 

Моддаи 24. Ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хочагихои махсус

  1. Додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлатии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, муассисаҳои тадқиқотӣ, илмию истеҳсолӣ, таълимӣ, таҷрибавӣ, литсейҳои касбии техникӣ, инчунин аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии об бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Ташкили хоҷагии деҳқонии самтҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ ё ниҳолпарварӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии мазкур бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур сурат мегирад.

 

Моддаи 25. Тасдиқи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ

  1. Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» тасдиқ карда мешавад.
  2. Ба истифодабарии қитъаи замин баъд аз бақайдгирии давлатӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми қабули узви нав ва баромадан аз узвияти хоҷагии деҳқонӣ, азхудкунии заминҳои нав аз ҷониби хоҷагии деҳқонӣ ва ҳолатҳои дигари тағйир додани марзи қитъаи замин, хоҷагии деҳқонӣ мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур аз нав ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Ба ҳар як узви нав ва аз узвият баромадан хоҷагии деҳқонӣ аз нав шаҳодатномаи саҳми замин дода мешавад.
  3. Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замини ба иҷора додашуда дар асоси шартномаи иҷора ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

 

БОБИ 7. МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

 

Моддаи 26. Қабули шаҳрвандони дигар ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ

Ба хоҷагии деҳқонӣ тибқи қарори маҷлиси аъзои хоҷагӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати узв метавонанд қабул шаванд:

  • шаҳрвандоне, ки вориси ҳуқуқии узви фавтида ё бедарак ғоиб эътирофшудаи хоҷагии деҳқонӣ мебошанд;
  • шаҳрвандоне, ки дар истифодаи якумраи меросӣ бо ҳуқуқи бегона намудан қитъаи замин доранд;
  • дар ҳолатҳои дигар бо қарори маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ.

 

Моддаи 27. Ҳуқуқҳои хоҷагии деҳқонӣ

Хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад:

  • дар қитъаи замини худ мустақилона хоҷагидорӣ намояд, низоми зироаткорӣ ва истеҳсолиро интихоб намояд;
  • молики маҳсулоти истеҳсолкарда ва даромади аз фурўши он бадастоварда бошад;
  • қитъаи замин ё қисми онро ба иҷора дихад;
  • аз истифодабарии замин бо розигии аъзои хочагӣ даст кашад ва саҳми замин ё қисми онро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои нав муайян намояд;
  • канданиҳои фоиданоки маъмулӣ (peг, шағал, хок, санг), манбаъҳои об, инчунин дигар хусусиятҳои муфиди қитъаи замини хоҷагии деҳқониро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад;
  • молу мулки ташкилот ва шаҳрвандони алоҳидаро харидорӣ намояд, ба иҷора гирад ё муваққатан истифода барад;

тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро бо ҳуқуқи бегона кардани он ба гарав монад;

  • барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ шартномаҳо ба имзо расонад;
  • сервитути хусусиро ба қитъаи замин муқаррар намояд;
  • ихтиёран молу мулки худро (зироатҳои кишоварзӣ, чорво, воситаҳои асосӣ ва дигар молу мулкро) суғурта кунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;
  • нақшаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва диверсификатсияи истеҳсолотро тартиб дода, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти давлатӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар асоси ҷойгиронии фармоиши давлатӣ ба роҳ монад;
  • ба маҳсулоти кишоварзии истеҳсолнамудаи худ мустақилона нарх гузорад;
  • бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисоди хориҷиро амалӣ созад;
  • дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти тухмипарварӣ ва зотпарварӣ машғул шавад;
  • дар ҳолати аз ҷониби давлат гирифта шудани қитъаи замин ҷуброни зарарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд ва гирад;
  • аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.

 

Моддаи 28. Ҳуқуқҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ доранд:

  • сарфи назар аз ризояти аъзои дигари хоҷагии деҳқонӣ, баъд аз анҷом ёфтани соли кишоварзӣ аз ҳайати он бо саҳми замини худ бароянд ва хоҷагии деҳқонии алоҳида таъсис диҳанд;
  • аз ҳуқуқи истифодаи саҳми замин даст кашанд;
  • дар ҳолати баромадан аз ҳайати хоҷагии деҳқонӣ дар мавриди тақсимнопазирии молу мулки хоҷагии деҳқонӣ ҷубронпулии ҳиссаи худро талаб намоянд ва гиранд;
  • бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқӣ бегона намудани он аҳдҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ (хариду фурўш, туҳфа, иваз, гарав) банданд;
  • аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

 

Моддаи 29. Уҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он

  1. Хоҷагии деҳқонӣ ва аъзои он уҳдадоранд:
  • қитъахои заминро самаранок ва тибқи таъиноти мақсаднок истифода баранд;
  • ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ба халалдоршавии ҳолати агроэкологӣ, мелиоративӣ ва санитарию гигиении замин роҳ надиҳанд;
  • ҳуқуқҳои заминистифодабарандагони дигарро халалдор ва маҳдуд насозанд;
  • ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ усулҳоеро истифода намоянд, ки пешгирии паҳншавии касалиҳо, ҳашароту зараррасонҳои растанӣ ва чорворо таъмин менамоянд;
  • оиннома ва шартнома оид ба фаъолияти якҷояро риоя намоянд;
  • қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, амнияти экологӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва тақсимоти фоидаи софро риоя намоянд;
  • иҷрои уҳдадорихои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

2.               Хоҷагии деҳқонӣ инчунин уҳдадор аст:

  • аз ҳисоби даромади хоҷагии деҳқонӣ барои барқарор ва афзун намудани ҳосилхезгардонии замин дар асоси қарори маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ маблағ ҷудо намуда, чорабиниҳои илман асосноки агрокимиёвӣ ва экологию биологиро ба роҳ монад;
  • пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҳаққи хизмати обрасонӣ, истифодаи барқ ва дигар пардохтҳоро дар муҳлатҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
  • талаботи низоми ҳисоботи муҳосибӣ, уҳдадориҳои шартномавӣ ва низоми ҳисоби қарзиро риоя намояд;
  • ба мақомоти маҳаллии идораи замин, идоракунии давлатии кишоварзӣ ва омори ноҳия (шаҳр) маълумотро дар бораи ҳолат ва дигар маълумоти омориро дар муҳлати муайяншуда пешниҳод намояд;
  • бо кормандони кироя шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба имзо расонад ва ба онҳо на кам аз андозаи ҳадди ақалли муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон музди меҳнат пардохт намояд.

 

Моддаи 30. Бошишгоҳи саҳроӣ

  1. Бошишгоҳи саҳроӣ сохтмони муваққатии навъи сабук (сохтмони ғайриасосӣ) буда, дар қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ, танҳо бо мақсадҳои хоҷагидорӣ, бе гирифгани қитъаи замини сохтмони мазкур аз гардиши кишоварзӣ, сохта ва истифода бурда мешавад.
  2. Сохтмони бошишгоҳи саҳроӣ дар сурати зиёда аз 3 гектар будани қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ дар ҳудуди то 0,01 гектар, дар ҳолати зиёда аз 10 гектар будани қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ то 0,03 гектар ва дар ҳолати зиёда аз 20 гектар будани қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ то 0,05 гектар амалӣ карда мешавад.
  3. Бошишгоҳи саҳроӣ дар қитъаи замин бо риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои зиддисўхторӣ, талаботи санитарӣ ва экологӣ тибқи лоиҳаи намунавии мақоми ваколатдори меъморӣ ва сохтмони ноҳия (шаҳр) ҷойгир карда мешавад.

 

Моддаи 31. Асосҳои қатъ гаштани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ

  1. Фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
  • қатъ гаштани ҳуқуқи заминистифодабарӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • пешниҳоди аризаи роҳбари хоҷагии деҳқонии аз тарафи як нафар шахси воқеӣ таъсисдодашуда;
  • дар асоси қарори маҷлиси аъзо;
  • ҳангоми муфлисшавӣ;
  • дар асоси қарори суд.
    1. Баҳсҳое, ки дар натиҷаи қатъ гардидани фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ба миён меоянд, бо мувофиқаи тарафҳо ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 32. Тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии хоҷагии деҳқонӣ

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар ҳолат ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 33. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) хоҷагиҳои деҳқонӣ

  1. Хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият, намояндагӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) ташкил намоянд.
  2. Иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) дохил мешаванд, мустақилият ва ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи заминро нигоҳ медоранд.
  3. Маҷбуран ба иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) дохил намудани хоҷагии деҳқонӣ манъ аст.

 

БОБИ 8. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ

 

Моддаи 34. Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ

  1. Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
  • дастрасӣ ба техника ва технологияи муосири кишоварзӣ, хариди навъҳои тухмиҳои хушсифати зироатҳо ва намудҳои чорвои хушзот;
  • татбиқи чораҳо оид ба ҳимояи бозори дохилии кишоварзӣ;
  • ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба истеҳсолоти кишоварзӣ;
  • таҳия ва пешниҳоди дастуру тавсияҳо оид ба истифодаи технологияи кишоварзӣ, дастовардҳои таҷрибаи пешқадам ва инноватсионӣ;
  • ташаккулдиҳии муносибатҳои иқтисодии бозорӣ ва ҷорӣ намудани механизми босамари дастгирии молиявӣ;
  • таъмини иттилоот оид ба ҳаҷми истеҳсол ва нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохилӣ ва беруна;
  • дигар шаклҳои дастгирӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
    1. Дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, ки дар онҳо иншооти объектҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла роҳ, хатҳои барқ, обрасонӣ, алоқа ва шабакаҳои ирригатсионию мелиоративӣ мавҷуд нестанд, сохтмони онҳо аз тарафи давлат анҷом дода мешавад. Объектҳои мазкур тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
    2.  Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ метавонад бо ҷойгиронии фармоиши давлатии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин тибқи барномаҳои мақсаднок, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, амалӣ гардад.
    3. Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқонӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 35. Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва таъминоти иҷтимоии аъзои хоҷагии деҳқонӣ

  1. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо суғуртаи иҷтимоии давлатӣ фаро гирифта шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нафақа ва дигар имтиёзҳо таъмин карда мешаванд.
  2. Муносибатҳои меҳнатии аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва шаҳрвандоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
  3. Давраи дар хоҷагии деҳқонӣ кор кардани аъзо ва шаҳрвандоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, ба собиқаи умумӣ ва бефосилаи кории онҳо ҳисоб карда мешавад. Собиқаи кории шахсони мазкур аз тарафи хоҷагии деҳқонӣ дар асоси сабтҳои дафтарчаи меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи узвияти суғуртаи иҷтимоӣ ҳисоб карда мешавад. Пешбурди дафтарчаи меҳнатӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбари хоҷагии деҳқонӣ таъмин карда мешавад.

 

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 36. Муқаррароти интиқолӣ

  1. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки то эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур таъсис дода шудаанд. уҳдадоранд дар муддати ду сол аз рўзи мавриди амал қарор додани он фаъолияти худро ба муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқ намоянд. Дар ин давра ворид намудани тағйирот ба маълумоти бақайдгирии давлатӣ ё дар заминаи чунин хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифтани хоҷагиҳои нави деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ бидуни пардохти боҷи давлатӣ анҷом дода мешавад.
  2. Фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ ҳангоми дар муддати муқарраргардида иҷро накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур бо тартиби судӣ қатъ карда мешавад.

 

Моддаи 37. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 38. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №526 «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 333) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 39. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

 

ш. Душанбе, 15 марти соли 2016

№ 1289

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯГУЗОРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:52
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1299
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.03.2016

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ САРМОЯГУЗОРӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, № 3, мод. 152)

 

(ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1547)

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 феврали соли 2016, № 357

қабул гардидааст.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2016, № 196

ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба сармоягузорӣ танзим намуда, асосҳои ташкилӣ, молиявӣ, ҳуқуқию иқтисодии ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузориро бо роҳи пешниҳоди низоми ҳуқуқии баробар ва кафолати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон муайян менамояд (ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1547).

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

- сармоягузорӣ - аз ҷониби сармоягузор дар шакли дороиҳои моддӣ ва ғайримоддӣ гузоштани сармоя дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани фоида;

- сармоягузор - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ташкилот бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро амалӣ менамояд;

- фаъолияти сармоягузорӣ - раванди сармоягузорӣ, ки марҳилаҳои таҳия, иҷро ва идоракунии лоиҳаҳои вобаста ба сармоягузориро дар бар мегирад;

- сармоягузории дарозмуҳлат - гузоштани сармоя ба лоиҳаи сармоягузорӣ бо давомнокии зиёда аз даҳ сол;

- сармоягузори хориҷӣ - давлати хориҷӣ, шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ташкилоти хориҷӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, шаҳрванди хориҷӣ, инчунин ташкилоти байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории кишвари будубоши худ сармоягузорӣ менамояд;

- сармоягузори ватанӣ - шахси воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, сармоягузориро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- сармоягузори ақаллият - сармоягузоре, ки сармоягузориро дар ҳаҷми камтар аз даҳ фоизи саҳмияҳои овоздор амалӣ менамояд (камтар аз даҳ фоизи овозҳо аз шумораи умумии овоздиҳии иштирокчиён);

- сармоягузориҳои мустақим - аз тарафи сармоягузор соҳибӣ, харидорӣ намудани на камтар аз даҳ фоизи ҳисса, ҳиссаҳо (саҳм) дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилоти тиҷоратӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ё аз нав таъсис дода мешавад, инчунин сармоягузорӣ ба воситаҳои асосии филиали шахси ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёбанда (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547);

- сармоягузории такрорӣ - сармоягузориҳо ба объектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби даромад ё фоидаи сармоягузороне, ки аз сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст;

- баҳси сармоягузорӣ - баҳсе, ки аз уҳдадориҳои шартномавӣ байни сармоягузорон, мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) иштирокчиёни дигари фаъолияти сармоягузорӣ, ки вобаста ба фаъолияти сармоягузор ба вуҷуд меояд;

- лоиҳаи сармоягузорӣ - лоиҳаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳими тиҷоратӣ, ки ҷалби сармоягузориро барои рушди соҳаи муайяни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547);

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ - мақоми давлатие, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи сармоягузорӣ татбиқ менамояд;

- грантҳои аслии давлатӣ - молу мулке, ки ба сармоягузор барои истифодаи муваққатӣ ва ройгон ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ дода мешавад;

- имтиёзҳои сармоягузорӣ - афзалиятҳои хусусияти мақсаднокдошта, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузорӣ ба сармоягузорон пешниҳод мегарданд;

- равзанаи ягона барои сармоягузорон - шакли марказонидашудаи мусоидат ба сармоягузорон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ, ки кам намудани иштироки сармоягузоронро дар ҷамъоварӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳо ва маҳдуд кардани алоқаи мустақими онҳоро бо мақомоти давлатӣ пешбинӣ менамояд;

- экспроприатсия - азхудкунии маҷбурии муздноки молу мулк аз ҷониби давлат ба манфиати ҷомеа;

- экспроприатсияи бавосита (ғайримустақим) - тадбирҳои танзимкунандаи давлат, ки мақсади ба таври мустақим маҳрум намудани шахсро аз молу мулк надоранд, вале сармоягузориҳои он арзиши молиявӣ ва самаранокии худро гум мекунанд;

- милликунонӣ - ба моликияти давлат даровардани молу мулк бо пардохти арзиши онҳо ва ҷуброни зараре, ки вобаста ба милликунонӣ ба соҳибмулк расидааст;

- реквизитсия - дар ҳолатҳои офати табиӣ, садама, бемориҳои сироятӣ (эпидемия), талафоти ҳайвонот (эпизоотия) ва дигар ҳолатҳои фавқулода тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз молик мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба манфиати ҷомеа маҷбуран гирифтани молу мулк бо пардохти арзиши он ба молик.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармоягузорӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармоягузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

Моддаи 3. Намудҳои дороиҳо, ки ба фаъолияти сармоягузорӣ гузошта мешаванд

1. Сармоягузор метавонад ба фаъолияти сармоягузорӣ молу мулк ва ҳуқуқ ба онҳоро, ки ба у ҳамчун моликият ва дигар асоси ҳуқуқӣ мансуб мебошад, гузорад, аз ҷумла:

- молу мулки ғайриманқул;

- воситаҳои пулӣ;

- саҳмияҳо, ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ (шарикона) ва дигар шаклҳои иштирок дар шахси ҳуқуқӣ (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547);

- ҳуқуқҳои молумулкӣ;

- моликияти зеҳнӣ ва дигар намудҳои ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ;

- дигар объектҳои ҳуқуқҳои граждание, ки дар муомилот бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда нашудаанд.

Моддаи 4. Шаклҳои амалӣ намудани сармоягузориҳои хориҷӣ

Сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқ доранд сармоягузориро дар шаклҳои зерин амалӣ намоянд:

- ташкили корхонаҳо, ки пурра ба сармоягузорони хориҷӣ тааллуқ доранд, инчунин филиалҳо ва намояндагиҳо, ки ба шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мансубият доранд ё ба воситаи ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба корхонаҳои мавҷуда (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547);

- таъсиси шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба даст овардани ҳисса дар корхонаҳои мавҷуда;

- ба даст овардани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мустақилона ё бо иштироки шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани ҳуқуқи консессияҳо барои истифодаи объектҳои моликияти давлатӣ ва захираҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба даст овардани дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ;

- дар дигар шаклҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Моддаи 5. Маҳдудиятҳо ҳангоми амалӣ намудани сармоягузориҳо

1. Сармоягузорон ҳуқуқ доранд сармоягузориро ба объект ва намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ба истиснои намудҳои фаъолият, ки барои фаъолияти сармоягузорӣ бинобар зарурати таъмини манфиатҳои миллӣ маҳдуд ва ё манъ карда шудаанд, амалӣ намоянд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

2. Сармоягузорӣ ба молу мулки шахсони ҳуқуқие, ки дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Моддаи 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва вазифаҳои он

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ки вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

- ба сармоягузорон дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои мақомоти давлатии дахлдор ва шахсони ҳуқуқӣ мусоидат менамояд;

- муроҷиати сармоягузорон оид ба масъалаҳои дар ҷараёни фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бавуҷудомадаро баррасӣ намуда, робитаи байни мақомоти дахлдори давлатӣ ва сармоягузоронро таъмин менамояд;

- иттилоотро дар хусуси имкониятҳои сармоягузорӣ, барномаҳо, лоиҳаҳо ва шартҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва интишор менамояд;

- оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сармоягузорӣ пешниҳодҳо таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур менамояд;

- ба сармоягузорон дар ҳалли масъалаҳо ва баҳсҳои бамиёномада, аз ҷумла бо тартиби то судӣ мусоидат менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузориро ба имзо мерасонад;

- вазифаҳои дигареро, ки ба ҷалби сармояи мустақим, пешбурди сармоягузорӣ, дастгирӣ ва ҳимояи сармоягузорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, амалӣ менамояд.

БОБИ 2 . НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ САРМОЯГУЗОРӢ

Моддаи 7. Кафолати баробарҳуқуқии сармоягузор

Давлат баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷӣ ва ватаниро кафолат дода, ба поймолкунии ҳуқуқи сармоягузорон вобаста ба мансубияти шаҳрвандӣ, миллат, забон, ҷинс, нажод ва эътиқоди динӣ роҳ намедиҳад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

Моддаи 8. Кафолати ҳифзи ҳуқуқи сармоягузор

1. Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ва устувории қонунгузорӣ дар соҳаи сармоягузориро кафолат медиҳад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

2. Сармоягузор ба ҷуброни зарари мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи аз тарафи мақомоти давлатӣ қабул намудани санадҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф, инчунин амалҳои ғайриқонунии (беамалии) шахсони мансабдори онҳо расонидашуда, ҳуқуқ дорад.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории шартҳои созишномаҳо ва шартномаҳоро, ки байни сармоягузорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, қафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки тағйиру иловаҳо дар шартнома бо созиши тарафҳо ворид карда шудаанд.

4. Дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, ки боиси бадшавии шартҳои амалисозии фаъолияти сармоягузорӣ мегарданд, сармоягузороне, ки сармоягузории дарозмуҳлат мекунанд, дар давоми даҳ сол аз рӯзи мавриди амал қарор дода шудани ин қонунҳо барои интихоби шароити ба онҳо мусоид ҳуқуқ доранд.

5. Бадшавии шароити сармоягузорӣ ин ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки ҳолатҳои зеринро пешбинӣ менамоянд:

- афзоиши - гаронии андоз нисбат ба гаронии андоз аз рӯзи оғози маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ;

- ҷорӣ намудани маҳдудияти миқдорӣ ба ҳаҷми сармоягузорӣ ва дигар талаботи иловагӣ вобаста ба андозаи сармоя, муқаррар намудани дигар ҳолатҳои маҳдудкунӣ ё манъкунӣ;

- ҷорӣ намудани маҳдудият нисбат ба ҳиссаи саҳми сармоягузори хориҷӣ дар сармояҳои оинномавии (шариконаи) шахсони ҳуқуқӣ (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

6. Низоми мазкур нисбат ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои амнияти миллӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, маънавиёт ва ахлоқ алоқаманд мебошанд, паҳн намегардад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

Моддаи 9. Кафолатҳо ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузорон

1. Дар баробари кафолатҳо ва тадбирҳои умумии ҳимояи сармоягузорон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад кафолат ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузориро пешбинӣ намояд.

2. Кафолат ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузорӣ метавонанд ҳангоми амалисозии сармоягузорӣ, ки ҳаҷми умумии онҳо на камтар аз маблағи ҳамарзиши панҷ миллион доллари Штатҳои Муттаҳидаи Америка бо пулли миллиро ташкил медиҳад, пешниҳод шаванд.

3. Кафолат ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузории дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба сармоягузорон дар доираи созишнома ва шартномаҳои дахлдор дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ", "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ", "Дар бораи консессияҳо" ва "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 10. Кафолати ҳуқуқи истифодаи даромадҳо

1. Сармоягузорон ҳуқуқ доранд:

- дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳо кушоянд;

- бо салоҳдиди худ даромади аз фаъолият бадастовардаро баъди супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ истифода намоянд.

2. Ба сармоягузорони хориҷӣ ҳуқуқи ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани маблағи даромади онҳо бо асъори хориҷӣ, ки бо роҳи қонунӣ дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ ба даст омадаанд, кафолат дода мешавад.

Моддаи 11. Муомилоти асъорӣ

1. Сармоягузорон дар доираи фаъолияти сармоягузорӣ ҳуқуқи мубодилаи озоди пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асъори дигари озодона мубодилашаванда, инчунин хариди асъори хориҷӣ ва дигар амалиёти асъориро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" доранд.

2. Маҳдудиятҳо оид ба интиқоли маблағ бо асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ барои сармоягузорон метавонанд танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастомада ҷорӣ карда шаванд.

Моддаи 12. Кафолати иштироки сармоягузор дар хусусигардонии моликияти давлатӣ

1. Сармоягузор метавонад дар хусусигардонии объекти моликияти давлатӣ тавассути ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба молу мулки давлатӣ ё ҳисса, ҳиссаҳо (саҳм) дар сармояи оинномавии ташкилоти хусусигардондашаванда иштирок намояд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

2. Тартиб ва шартҳои хусусигардонии моликияти давлатиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" муайян менамояд.

Моддаи 13. Ошкорбаёнӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ нисбат ба сармоягузорои ва дастрасӣ ба иттилооти марбут ба татбиқи фаъолияти сармоягузорӣ

1. Давлат ба сармоягузорон дастрасии ройгонро ба маҳзани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолат медиҳад.

2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба манфиатҳои сармоягузорон дахл доранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр, инчунин дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ҷойгир карда мешаванд.

3. Иттилооти дигари марбут ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи кафолат, афзалиятҳо ва имтиёзҳои сармоягузорӣ, грантҳои аслии давлатӣ, равзанаи ягона барои сармоягузорон, имкониятҳои сармоягузорӣ, барномаҳо, лоиҳаҳо ва шартҳои амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ, ҳисобот оид ба амалисозии фаъолияти сармоягузорӣ, созишномаҳои сармоягузории имзошуда дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар фаъолияти сармоягузорӣ иштирок мекунанд, ҷойгир карда мешаванд.

4. Сармоягузорон, аз ҷумла сармоягузорони ақаллият, бо дастрасии озоди ройгон ба маълумот дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳои вобаста ба молу мулки ғайриманқул, иҷозатномаҳо ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда инчунин ба дигар маълумоти пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ алоқаманданд ва дорои сирри тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда намебошанд, таъмин карда мешаванд (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

Моддаи 14. Кафолати ҳуқуқҳои сармоягузор ҳангоми экспроприатсия ва реквизитсия

1. Молу мулки сармоягузор миллӣ гардонида намешавад.

2. Экспроприатсия, аз ҷумла экспроприатсияи бавоситаи (ғайримустақим) сармоя дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қабули чораҳои баробар ба экспроприатсияи сармоя манъ аст, ба истиснои экспроприатсия ба манфиати давлат ё ҷомеа, дар асоси поймол нагаштани ҳуқуқ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пардохти саривақтӣ, муносиб ва самарабахши ҷуброн.

3. Сармоягузорӣ ва дигар дороиҳои сармоягузорон, ба ғайр аз ҳолатҳои фавқулода, офатҳои табиӣ, садама, касалиҳои сироятӣ (эпидемия), талафоти ҳайвонот (эпизоотия), таҳти реквизитсия қарор намегиранд.

4. Қарор дар бораи реквизитсия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

5. Экспроприатсия, экспроприатсияи бавосита (ғайримустақим) ва реквизитсияи молу мулки сармоягузор, бо пардохти арзиши молу мулк анҷом дода мешавад.

6. Арзиши молу мулк аз рӯзи қабули қарор дар бораи экспроприатсия ё реквизитсия дар асоси нархҳои ҷории бозорӣ ё ба усули дигари нархгузорӣ аз тарафи нархгузорони мустақил бо асъоре, ки сармоягузорӣ шудааст, ё дигар асъори қобили қабули сармоягузор муайян карда мешавад.

7. Аз лаҳзаи пайдоиши ҳуқуқ ба ҷуброн ва то лаҳзаи пардохти он ба маблағи ҷубронпулӣ дар ҳаҷми меъёри миёнаи солонаи тиҷоратӣ дар рӯзи пардохти ҷубронпулӣ фоизҳо бо асъоре, ки бо он сармоягузорӣ анҷом дода шудааст ва ё бо ягон асъори дигари ба сармоягузор қобили қабул ҳисоб карда мешаванд.

8. Шахсе, ки молу мулкаш реквизитсия карда шудааст, ҳуқуқ дорад пас аз қатъ гардидани амали ҳолатҳое, ки боиси реквизитсия гардидаанд, баргардонидани молу мулки нигоҳдошташударо талаб намояд ва дар сурати барнагардонидани он ба суд муроҷиат намояд.

9. Сармоягузор метавонад қонунӣ будани мақсади истифодаи экспроприатсия ва реквизитсия, арзёбии арзиши молу мулки экспроприатсия ва ё реквизитсиягардида ва расмиётеро, ки мақомоти давлатӣ ҳангоми татбиқи экспроприатсия ва реквизитсия риоя намудаанд, дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар суди ҳакамӣ, суди байналмилалии арбитражӣ ва арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ мавриди баҳс қарор диҳад.

Моддаи 15. Додани ҳуқуқи сармоягузор ба шахси дигар

1. Сармоягузор метавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои (гузаронидани қарз) худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси дигар диҳад (гузашт кунад). Додани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз рӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ё фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунад, баъди мувофиқа бо мақоме, ки барои амалӣ кардани ин намуди фаъолият иҷозатнома ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ додааст, анҷом дода мешавад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

2. Додани ҳисса дар молу мулки шахсони ҳуқуқӣ, ки дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфарморо ишғол менамоянд, инчунин бо розигии мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 3.08.2018 с., № 1547).

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар он ҳолат ҳуқуқи давлати хориҷӣ, мақоми ваколатдори он ё агентии суғуртаро аз рӯи шартномаи суғуртавӣ вобаста ба сармоягузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф менамояд, ки сармоягузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузориҳоро воқеан амалӣ карда ва (ё) уҳдадориҳои шартномавиро дар ҳаҷми пурра ба иҷро расонида бошад.

Моддаи 16. Кафолати ҳуқуқи сармоягузор барои ба хориҷ баровардани молу мулк ва иттилоот

Сармоягузоре, ки дар ибтидо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулк ва иттилоотро дар шакли ҳуҷҷат ё дар шакли сабтҳои электронӣ ба сифати сармоягузорӣ ворид кардааст, ҳуқуқ дорад бе мамоният (бе гирифтани иҷозатнома, квотакунонӣ ва истифодаи тадбирҳои дигари танзими ғайритарифии фаъолияти савдои хориҷӣ) молу мулк ва иттилооти мазкурро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ баъди анҷоми муҳлати сармоягузорӣ мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барорад.

Моддаи 17. Ҳуқуқи сармоягузор барои истифодаи захираҳои табиӣ

1. Ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва захираҳои дигари табиӣ аз тарафи сармоягузор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

2. Ҳангоми ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба бино ва иншоот, якҷоя бо ин объектҳо ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин низ мувофиқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузор мегузарад.

Моддаи 18. Кафолатҳо барои сармоягузоре, ки сармоягузории такрориро анҷом медиҳад

1. Сармоягузор метавонад бо салоҳдиди худ фоидаи пас аз пардохти андозҳо бадастомадаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран сармоягузорӣ намояд.

2. Ҳангоми амалӣ кардани сармоягузории такрорӣ сармоягузор ба пуррагӣ аз ҳимояи ҳуқуқӣ, кафолатҳо ва имтиёзҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, истифода менамояд.

Моддаи 19. Шартномаҳои консессионӣ

Ҳуқуқ ба сармоягузорон нисбати объектҳои консессионӣ дар асоси шартномаҳои консессионие, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" баста шудаанд, дода мешавад.

Моддаи 20. Сармоягузориҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Барои амалӣ намудани сармоягузориҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ татбиқ карда мешаванд.

БОБИ 3. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОР ВА САРМОЯГУЗОРӢ

Моддаи 21. Имтиёзҳои сармоягузорӣ

Имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва дигар имтиёзҳо ба сармоягузорон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳо, шартномаҳои сармоягузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 22. Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти сармоягузорӣ

(Қонуни ҶТ 3.08.2018 № 1547)

1. Давлат дастгирии иттилоотӣ, молиявӣ ва молумулкӣ, аз ҷумла пешниҳоди грантҳои аслии давлатиро ба сармоягузорон, субъектҳои дигари фаъолияти сармоягузорӣ, ташкилотҳое, ки суғуртаи қарзҳо ва сармоягузориро аз хавф анҷом медиҳанд, амалӣ менамояд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ ва шартномаҳои дигар метавонад тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба сармоягузорон грантҳои аслии давлатиро пешниҳод намояд.

3. Андозаи грантҳои аслии давлатӣ, шартҳои истифода ва ба моликият додани он, инчунин баргардонидани гранти аслӣ дар сурати пеш аз муҳлат қатъ намудани шартнома тибқи созишномаи байни сармоягузор ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ муайян карда мешаванд (ҚҶТ 3.08.2018 с., № 1547).

Моддаи 23. Равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорон

1. Бо мақсади мусоидат ба сармоягузорон ҳангоми хизматрасонии давлатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ равзанаи ягонаро барои сармоягузорон таъсис медиҳад.

2. Равзанаи ягона вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- қабул ва машваратдиҳии сармоягузорон оид ба масъалаҳои хизматрасонии давлатӣ;

- қабули аризаи сармоягузорон барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ, мусоидат дар омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои хизматрасонии давлатӣ;

- ҳамроҳӣ намудани лоиҳаи сармоягузорӣ дар мақомоти давлатӣ ҳангоми гирифтани хизматрасонии давлатӣ;

- мусоидат дар ҳалли масъалаҳои сармоягузорон дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии дахлдор;

- мониторинги ҷараёни пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, инчунин баррасии дархост ва муроҷиатҳои сармоягузорон дар мақомоти давлатӣ.

3. Тартиби ташкил ва фаъолияти равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузоронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

БОБИ 4. ТАЛАБОТ НИСБАТИ САРМОЯГУЗОР

Моддаи 24. Уҳдадориҳои сармоягузорон

1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузор бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунад.

2. Бо мақсади мониторинги иҷрои уҳдадориҳо дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузорӣ сармоягузор ҳисоботи семоҳаро бо шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ пешниҳод менамояд.

3. Сармоягузор набояд амалеро содир намояд, ки боиси рақобати бевиҷдонона гардад, ё амалеро (беамалиеро) анҷом диҳад, ки ба роҳ надодан, аз байн бурдан ё маҳдуд намудани рақобат, расонидани зарар ба ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар равона шудааст.

4. Сармоягузор ҳангоми амалӣ намудани сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тайёр кардани кормандони баландихтисос аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Моддаи 25. Муносибатҳои меҳнатӣ байни сармоягузор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муносибатҳои меҳнатӣ байни сармоягузор ва кормандон, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 26. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сармоягузор оид ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Сармоягузорон барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаҳо, шартномаҳои сармоягузорӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ҳуқуқ доранд.

2. Музди меҳнат, мукофотпулӣ ва дигар шаклҳои ҷуброн, ки аз тарафи сармоягузор ба корманди хориҷӣ пардохт карда мешаванд, инчунин даромадҳои дигари ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамониат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 27. Назорат дар соҳаи сармоягузорӣ

Назорат дар соҳаи сармоягузорӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Моддаи 28. Ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ

1. Баҳсҳои байни иштирокчиёни фаъолияти сармоягузорӣ мувофиқи шартҳои пешбининамудаи созишнома ва шартномаҳои басташудаи байни тарафҳо ҳал карда мешаванд. Дар сурати мавҷуд набудани чунин созишнома ва шартномаҳо, баҳсҳои сармоягузории байни иштирокчиёни фаъолияти сармоягузорӣ аз рӯи имкон ба воситаи машварати байни тарафҳо ҳал карда мешаванд.

2. Дар сурати ғайриимкон будани ҳалли баҳсҳо мувофиқи созишнома ва шартномаҳои басташуда, баҳсҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар суди ҳакамӣ, суди байналмилалии арбитражӣ, ва арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, ки бо розигии тарафҳо муқаррар гардидааст, ҳал мегарданд.

Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" аз 12 майи соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 5, мод. 365) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 31. тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

15 марти соли 2016, № 1299

 

 

Pages