ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
953
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
19.03.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 196;

Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., №1296)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва дигар асосҳои тайёрии варзиширо муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур нисбат ба муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ё соҳибкорони инфиродӣ, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд, татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- барномаи тайёрии варзишӣ - ҳуҷҷате, ки барои тайёр кардани варзишгарон тибқи талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ таҳия гардида, самтҳои асосӣ ва шароити тайёрии варзиширо дар ҳар як зинаи он муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- тайёрии варзишӣ - фаъолияти мақсаднок оид ба тайёр кардани варзишгарон ба мусобиқаҳои варзишӣ бо роҳи ташаккул ва такмили маҳорати варзишии онҳо, ки мувофиқи талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ ва барномаҳои тайёрии варзишӣ амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- муассисаи тайёрии варзишӣ - ташкилоти ғайритиҷоратии давлатӣ ва хусусӣ, ки намуди асосии фаъолияти онро тайёрии варзишӣ ташкил менамояд ва он ба амалӣ намудани барномаҳои тайёрии варзишӣ равона карда шудааст;

- стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ - маҷмӯи талаботи таҳия ва тасдиқшудаи тайёрии варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиш (ба истиснои варзиши амалию ҳарбӣ, амалию хизматӣ ва намудҳои варзиши миллӣ), ки барои муассисаҳои амаликунандаи тайёрии варзишӣ ҳатмӣ мебошанд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёрии варзишӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёрии варзишӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ ва кафолатҳои давлатии татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи тайёрии варзишӣ

 

1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё соҳибкорони инфиродие, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд;

- фароҳам овардани шароит ба муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин соҳибкорони инфиродӣ ҷиҳати дастрасии баробари тайёрии варзишӣ;

- дастгирии баробари давлатӣ нисбат ба муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд;

- ҳаматарафа вусъат бахшидан ба рушди фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тайёрии варзишӣ;

- таъмини иттилоотию илмии тайёрии варзишӣ;

- таъмини дастрасии тайёрии варзишӣ барои маъюбон, шахсони имкониятҳои ҷисмонӣ ва равонияшон маҳдуд ва дигар шахсоне, ки ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шудаанд.

2. Ба шаҳрвандон озодии интихоби намуди варзиш, муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд, кафолат дода мешавад.

3. Тартиб, шакл ва андозаи дастгирии давлатии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ 2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ

 

Моддаи 5. Субъектони соҳаи тайёрии варзишӣ

 

Ба субъектони соҳаи тайёрии варзишӣ инҳо мансубанд:

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ);

- мақоми ваколатдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ;

- муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд;

- ташкилотҳои илмӣ ва тиббӣ, ки фаъолияти онҳо ба таъмини тайёрии варзишӣ алоқаманд мебошад;

- варзишгароне, ки дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд, аз тайёрии варзишӣ мегузаранд;

- кормандони муассисаҳои тайёрии варзишӣ, аз ҷумла мураббиён ва дигар мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд;

- соҳибкорони инфиродӣ, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ

 

Дар соҳаи тайёрии варзишӣ мақоми ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- таҳияи барномаҳои давлатии тайёрии варзишӣ ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо;

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ;

- ташкили тайёрии варзишии варзишгарон ва номзадҳо ба дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои варзиш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- таҳия ва тасдиқи стандартҳои давлатӣ (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- тасдиқи барномаҳои тайёрии варзишӣ дар асоси пешниҳоди федератсияҳои варзишӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишӣ  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- гузаронидани аттестатсия ва додани дараҷа ва унвонҳои тахассусӣ ба кормандон (мураббиён) ва роҳбарони муассисаҳои давлатии тайёрии варзишӣ;

- таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоту либос ва асбобу анҷоми варзишӣ;

- таъминоти илмию методӣ ва тиббӣ;

- назорати манъи истифодаи маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг) дар варзиш;

- ташкили таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ;

- муқаррар намудани тартиби татбиқи назорати фаъолияти муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд;

- таъмини кафолати давлатии татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи тайёрии варзишӣ;

- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тайёрии варзишӣ

 

Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тайёрии варзишӣ аз инҳо иборатанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ дар маҳал;

- ташкили тайёрии варзишии варзишгарон - аъзои дастаҳои мунтахаби варзишии маҳаллӣ;

- таъсиси муассисаҳои тайёрии варзишии маҳаллӣ, таъминоти молиявӣ ва моддию техникии онҳо;

- мусоидат кардан ба фаъолияти субъектони соҳаи тайёрии варзишӣ дар маҳал;

- ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

 

Моддаи 8. Вазифаҳои асосии тайёрии варзишӣ

 

Вазифаҳои асосии тайёрии варзишӣ аз инҳо иборатанд:

- ҳавасманд гардонидани варзишгарон барои муваффақ шудан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ;

- робитаи мутақобилаи тайёрии варзишӣ ва фаъолияти мусобиқавӣ;

- робитаи мутақобилаи тайёрии варзишӣ ва тарбияи ҷисмонӣ;

- таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд;

- ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои хоси инфиродӣ, имкониятҳои вазифавӣ ва вазъи саломатии варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд;

- пайдарпайӣ ва муттасилии амалӣ намудани тайёрии варзишӣ;

- ҳавасманд гардонидани кормандони (мураббиёни) муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои комёбиҳои варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои расмии варзишии умумиҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои расмии варзишии байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ муваффақ шудаанд;

- тарғиби тарзи ҳаёти солим.

 

Моддаи 9. Таъмини тайёрии варзишӣ

 

1. Тайёрии варзишӣ дар зинаҳои зерин амалӣ крада мешавад:

– варзишӣ–солимгардонӣ;

– тайёрии ибтидоии варзишӣ;

– машқӣ–варзишӣ;

– мукаммалгарднии маҳорати варзишӣ;

– варзиши маҳорати олӣ  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

2. Мазмуни тайёрии варзишӣ дар ҳар як зина бо барномаҳои тайёрии варзишӣ муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

3. Ташкили тайёрии варзишӣ бе истифодаи барномаҳои тайёрии варзишии тасдиқшуда иҷозат дода намешавад.

4. Ташкили тайёрии варзишӣ чорабиниҳои машқӣ (гурӯҳӣ ё инфиродӣ), мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои барқарорсозии ҷисмониро дар бар мегирад.

5. Дохил кардан ба давраи дахлдори тайёрии варзишӣ ва гузаронидан ба дигар зинаи тайёрии варзишӣ танҳо бо розигии варзишгарон бо шарти иҷро намудани талаботе, ки барномаҳои тайёрии варзишӣ пешбинӣ менамоянд, амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

 

Моддаи 10. Барномаҳои тайёрии варзишӣ

 

1. Дар барномаҳои тайёрии варзишӣ оид ба сатҳи маҳорати варзишии варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, ташкили гурӯҳҳои машқӣ, реҷа ва ҳаҷми машқҳои иловагӣ дар зинаҳои тайёрии варзишӣ стандартҳои давлатӣ муқаррар карда мешаванд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

2. Барномаҳои тайёрии варзишӣ аз тарафи муассисаҳои тайёрии варзишӣ бо назардошти стандартҳои давлатӣ татбиқ карда мешаванд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

3. Муассисаҳои тайёрии варзишӣ метавонанд барномаҳои намунавии тайёрии варзиширо аз рӯи намудҳои алоҳидаи варзиш, ки мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ намудааст, истифода намоянд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

4. Тартиб, мӯҳлат ва шакли татбиқи барномаҳои тайёрии варзиширо муассисаҳои тайёрии варзишӣ мустақилона муқаррар менамоянд.

 

Моддаи 11. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои тайёрии варзишӣ

 

1. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои тайёрии варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Фаъолияти муассисаҳои тайёрии варзишӣ бо назардошти талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаҳои тайёрии варзишӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст ва оинномаи муассисаҳои тайёрии варзишӣ, ки дар асоси низомномаи намунавӣ таҳия гардидааст, танзим карда мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296).

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаи тайёрии варзишӣ

 

1. Муассисаи тайёрии варзишӣ шахси ҳуқуқие мебошад, ки дар соҳаи тайёрии варзишӣ фаъолияти молиявӣ, хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ амалӣ менамояд.

2. Муассисаи тайёрии варзишӣ ҳуқуқҳои зеринро дорад:

- барои амалӣ намудани фаъолияти оинномавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳои иловагии молиявӣ ва воситаҳои моддиро ҷалб намояд;

- интихоб, ба кор қабул намудан ва ҷобаҷогузории кадрҳоро ба роҳ монад, сохторро муқаррар кунад, фаъолияти идоракуниро анҷом диҳад, басти корӣ (штат)-ро тасдиқ кунад,  музди меҳнати кормандон, аз ҷумла иловапулӣ ба маошҳои вазифавӣ, тартиб ва андозаи мукофотонидани онҳоро дар доираи фонди пардохти музди меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд;

- тайёрии варзиширо мутобиқи оинномаи муассиса ва стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ мустақилона амалӣ намояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- аз номи худ ё аз номи дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мусобиқаҳои расмии варзишӣ иштирок кунад;

- варзишгаронро барои гузаштан аз  тайёрии варзишӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур ва низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаи тайёрии варзишӣ ва санадҳои меъёрии дохилии муассисаи тайёрии варзишӣ мустақилона интихоб намояд;

- дар мавриди иҷро накардани талаботи пешбининамудаи стандартҳои давлатӣ ва барномаҳои тайёрии варзишии зинаҳои дахлдор варзишгаронро хориҷ кунад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- фаъолияти дигарро, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва бо оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ пешбинӣ гардидааст, амалӣ намояд.

3. Муассисаи тайёрии варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор мебошад:

- дар ҳаҷми пурра барномаҳои тайёрии варзиширо татбиқ намояд;

- талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ ва тартиби муқаррарнамудаи таъминоти тиббии варзишгаронеро, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, риоя кунад;

- қоидаҳои манъи истифодаи маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг)-ро дар варзиш риоя кунад;

- бехатарии ҳаёт ва саломатии варзишгаронеро, ки аз тайёрии варзишӣ дар муассисаи тайёрии варзишӣ мегузаранд ва кормандони (мураббиёни) худи муассисаро таъмин намояд;

- ӯҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.

4. Муассисаҳои тайёрии варзишӣ доир ба натиҷаи фаъолияти худ ҳисоботи омориро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебаранд.

 

Моддаи 13. Оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ

 

1. Оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ бояд дорои маълумотҳои зерин бошад:

а) номи муассисаи тайёрии варзишӣ бо нишон додани шакли ташкилию ҳуқуқии он;

б) маҳалли ҷойгиршавии мақоми идоракунии муассисаи тайёрии варзишӣ;

в) намудҳои варзише, ки оид ба онҳо тайёрии варзишӣ амалӣ карда мешавад;

г)  сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаи тайёрии варзишӣ, аз ҷумла дар қисми:

- истифодаи молу мулки муассисаи тайёрии варзишӣ;

- маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти муассисаи тайёрии варзишӣ;

- амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ё дигар фаъолияти даромаднок аз тарафи муассисаи тайёрии варзишӣ;

- манъи бастани шартномаҳое, ки оқибатҳои онҳо ба бегонашавии молу мулки муассисаи тайёрии варзишӣ ё молу мулки аз ҳисоби маблағи ин муассиса харидашуда, ки моликияти муассиса мебошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тартиби ихтиёрдории молу мулке, ки муассиса аз ҳисоби даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва ё дигар фаъолияти даромадноки ба даст овардааш харидорӣ намудааст;

д) тартиби идоракунии  муассисаи тайёрии варзишӣ, аз ҷумла:

- ваколатҳои муассиси (муассисони) муассисаи тайёрии варзишӣ;

- сохтор, тартиби ташкили мақомоти идоракунии муассисаи тайёрии варзишӣ, ба роҳ мондани фаъолият ва ваколатҳои онҳо;

- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ;

е) тартиби аз нав ташкил намудан ё барҳам додани муассисаи тайёрии варзишӣ;

ё) ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектони раванди тайёрии варзишӣ;

ж) маълумот дар бораи филиалу намояндагиҳои муассисаи тайёрии варзишӣ;

з) номгӯйи санадҳои меъёрии дохилӣ, ки фаъолияти муассисаи тайёрии варзиширо муайян менамоянд;

к) тартиби тасдиқи санадҳои меъёрии дохилӣ, ки асоси ташкили  тайёрии варзиширо муқаррар менамоянд, аз ҷумла:

- қоидаи қабул ва интихоби варзишгарон барои гузаштан аз тайёрии варзишӣ;

- тартиб ва асос барои пеш аз мӯҳлат қатъ кардани шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ бо варзишгароне, ки аз ин тайёрӣ мегузаранд;

- номгӯи маълумоте, ки вобаста ба амалӣ намудани тайёрии варзишӣ махфӣ мебошанд;

л)  дигар маълумотҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

2. Оинномаи муассисаи тайёрии варзиширо муассиси (муассисони) муассисаи тайёрии варзишӣ тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 14. Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ

1. Аз тайёрии варзишӣ гузаштани варзишгар дар асоси шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ, ки байни варзишгар ё намояндаи қонунии ӯ ва муассисаи тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё соҳибкорони инфиродӣ, ки ба тайёрии варзишӣ машғуланд, ба имзо расонида мешаванд, амалӣ мегардад.

2. Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ мутобиқи талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти шартномаи намунавӣ, ки шакли он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидааст, ба имзо расонида мешаванд.

3. Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ шартҳои ҳатмии зеринро дар бар мегирад:

- оид ба зинаҳои тайёрии варзишӣ ва пардохти маблағи тайёрии варзишӣ, агар дар шартнома тайёрии варзишии ройгон пешбинӣ нашуда бошад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1296);

- дар бораи маълумот оид ба мавҷудияти шартномаи суғуртаи ҳаёт ва саломатии варзишгар;

- дар бораи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо, аз ҷумла варзишгаре, ки аз номи даста ва муассисаи тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё соҳибкорони инфиродие, ки дастаро ташкил додаанд ё аз номи дастаи мунтахаби варзишии сатҳи дахлдор баромад мекунанд, агар ӯҳдадории мазкур дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ байни варзишгар ва муассисаи тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё соҳибкорони инфиродӣ дар як вақт бо шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ пешбинӣ нашуда бошад;

- дар бораи номгӯи маълумоте, ки вобаста ба амалӣ намудани тайёрии варзишӣ махфӣ мебошанд;

- оид ба ҷавобгарии тарафҳо, асосҳо ва тартиби тағйир ва қатъ намудани шартнома.

 

БОБИ 3. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ

МУАССИСАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШӢ

 

Моддаи 15. Таъминоти молиявии фаъолияти муассисаи тайёрии варзишӣ

 

1. Таъминоти молиявии фаъолияти муассисаи давлатии тайёрии варзишӣ бо назардошти хароҷоти нигоҳдории молу мулки ғайриманқуле, ки ба ин муассиса тааллуқ дорад, инчунин аз тарафи муассиси (муассисони) он ё муассисаи тайёрии варзишӣ аз ҳисоби маблағи ҷудокардаи муассис (муассисон) амалӣ карда мешавад.

2. Таъминоти молиявии фаъолияти муассисаи давлатии тайёрии варзишӣ аз ҳисоби буҷети сатҳи дахлдор амалӣ карда мешавад.

3. Тартиби маблағгузории фаъолияти муассисаи хусусии тайёрии варзиширо муассиси (муассисони) он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

4. Муассисаи давлатии тайёрии варзишӣ ҳуқуқ дорад тайёрии варзиширо аз рӯи шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ бо пардохти арзиши он аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ илова ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатии сатҳи дахлдор барои гузаштани варзишгарон аз тайёрии варзишӣ дар ҳаҷми ба муассис (муассисон) мувофиқашуда амалӣ намояд. Муассисаи тайёрии варзишӣ масъалаҳо оид ба бастани шартномаҳо, муайян намудани ӯҳдадориҳо ва дигар шартҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи мазкур мухолифнабударо  мустақилона ҳал менамояд.

 

Моддаи 16. Таъминоти илмию методӣ ва тиббии тайёрии варзишӣ

 

1. Таъминоти илмию методӣ ва тиббии тайёрии варзиширо ташкилотҳои илмӣ ва тиббӣ, инчунин сохторҳои таркибии дахлдори муассисаҳои тайёрии варзишӣ амалӣ менамоянд.

2. Муассисаҳои тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё соҳибкорони инфиродие, ки тайёрии варзиширо амалӣ менамоянд, барои таъминоти тиббии варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, бо тартиби хизматрасонии тиббии тайёрии варзишии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқарраркардашуда дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ шароит муҳайё менамоянд.

3. Тартиби таъминоти илмию методии тайёрии варзишӣ аз тарафи муассисаи тайёрии варзишӣ мустақилона муайян карда мешавад.

 

Моддаи 17. Фаъолияти инфиродӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ

 

Фаъолияти инфиродие, ки дар соҳаи тайёрии варзишӣ бо мақсади ба даст овардани фоида амалӣ карда мешавад, фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобида мешавад. Шахсони воқеӣ, ки чунин фаъолиятро анҷом медиҳанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати соҳибкорони инфиродӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд

 

1. Варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ пешбинишуда истифода менамоянд.

2. Варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, ҳуқуқ доранд:

- аз иншооти варзишии муассисаи тайёрии варзишӣ, инчунин аз таҷҳизоту либос ва асбобу анҷоми варзишӣ истифода намоянд, агар дар шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ ҳолати дигаре пешбинӣ нашуда бошад;

- барномаи тайёрии варзиширо аз рӯйи як ё якчанд намуди варзиш дар ҳаҷми муқаррарнамудаи барномаҳои тайёрии варзишӣ мутобиқи талаботи стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ азхуд намоянд;

- бо хизматрасонии тиббии босифат таъмин карда шаванд.

3. Варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, ӯҳдадоранд:

- шартҳои шартномаро дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ риоя намоянд;

- талаботи барномаҳои тайёрии варзиширо риоя намоянд;

- қоидаҳои манъи истифодаи маводҳои барангезандаю нерӯафзо  (допинг)-ро дар варзиш риоя кунанд ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назорат оид ба истифодаи ин мавод гузаранд;

- маълумотҳои мазмунашон бо оиннома ва санадҳои меъёрии дохилии муассисаи тайёрии варзишӣ, инчунин шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзишӣ муайянкардашударо махфӣ нигоҳ доранд.

4. Таҳқиқоти илмӣ ва тиббӣ дар рафти гузаштани тайёрии варзишии варзишгар танҳо бо розигии хаттии ӯ амалӣ шуда метавонанд.

5. Корфармо ӯҳдадор аст дар асоси аризаи хаттии корманде, ки аз тайёрии варзишӣ мегузарад, ба ӯ рухсатии бемузди меҳнатӣ баробар ба 30 рӯзи тақвимӣ дар як сол барои аз худ намудани барномаҳои тайёрии варзишии зарурӣ бо мақсади иштироки ӯ дар мусобиқаҳои варзишӣ дар асоси даъватномаи муассисаи тайёрии варзишӣ пешниҳод намояд.

6. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ӯҳдадоранд дар асоси аризаи хаттии таълимгирандае, ки аз тайёрии варзишӣ мегузарад, ба ӯ рухсатии баробар ба 30 рӯзи тақвимӣ дар як сол бо мақсади иштироки ӯ дар мусобиқаҳои варзишии зарурӣ дар асоси даъватномаи муассисаи тайёрии варзишӣ пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 19. Муносибатҳои меҳнатии кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзишӣ

 

1. Муносибатҳои меҳнатии кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзиширо қонунгузорӣ оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

2. Дар вақти иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзишӣ ҳуқуқ доранд усулҳои тайёрии варзишӣ, дастурҳои методӣ ва маводи тасдиқкардашударо мутобиқи барномаҳои тайёрии варзишӣ озодона интихоб намоянд.

3. Ғайр аз асосҳои бо қонунгузорӣ оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида асосҳои қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманди (мураббии) муассисаи тайёрии варзишӣ шуда метавонанд:

- дар давоми як сол такроран ва дағалона вайрон кардани оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ;

- истифодаи зӯроварӣ, аз ҷумла, ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, нисбат ба шахсияти варзишгаре, ки аз тайёрии варзишӣ мегузарад;

- риоя накардани қоидаҳои манъи истифодаи маводи барангезандаю нерӯафзо (допинг) дар варзиш.

4. Ба кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзишӣ барои комёбиҳои варзишгароне, ки ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои расмии байналмилалии варзишӣ муваффақ шудаанд, бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ мукофотпулӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 20. Тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, аттестатсияи кормандон (мураббиён) ва роҳбарони муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва ба онҳо додани дараҷа ва унвонҳои тахассусӣ

 

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ роҳбарии тайёрии касбӣ ва бозомӯзии кормандони соҳаи тайёрии варзишӣ, аз ҷумла тайёрии касбӣ ва бозомӯзии мураббиёнро амалӣ намуда, шумораи қабулро барои муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки тайёрии касбӣ ва бозомӯзии чунин кормандонро амалӣ менамоянд, муқаррар карда, инчунин такмили ихтисоси ин кормандонро ташкил менамояд.

2. Барои кормандон (мураббиён) ва роҳбарони муассисаҳои тайёрии варзишӣ, кормандони (мураббиёни) дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аттестатсия гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаи он ба кормандон (мураббиён) ва роҳбарони мазкур дараҷа ва унвонҳои тахассусӣ дода мешавад.
3. Тартиби умумии гузаронидани аттестатсия, додани дараҷа ва унвонҳои тахассусӣ ба кормандон (мураббиён) ва роҳбарони муассисаи тайёрии варзишӣ, дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Эмомалӣ РАҲМОН
               ш. Душанбе, 19 марти соли 2013,

№ 953

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:39
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
954
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.03.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

 

(Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, с. 2013, №3, мод. 197)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

    Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

  Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- зӯроварӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад;

- пешгирии зӯроварӣ дар оила - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд; 

- зӯроварии ҷисмонӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила, ки дар натиҷаи  истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ боиси расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ шудааст; 

- зӯроварии рӯҳӣ дар оила - таъсиррасонии қасдонаи рӯҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи  таҳдид, таҳқир, иръоб ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд, инчунин ба вайроншавии инкишофи рӯҳӣ, ҷисмонӣ ё шахсият оварда мерасонад; 

- зӯроварии шаҳвонӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила, ки ба озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии дигар узви оила таҷовуз мекунад, инчунин ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки нисбат ба узви ноболиғи оила содир шудаанд;

 - зӯроварии иқтисодӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила вобаста ба маҳрум сохтан аз манзили истиқоматӣ, хӯрок, либос, молу мулк ё воситаҳое, ки ҷабрдида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқ дорад ва ин кирдор метавонад боиси вайрон гардидани солимии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё сар задани дигар ҳолатҳои ногувор гардад;

- ҷабрдида аз зӯроварӣ дар оила (минбаъд - ҷабрдида) - узви оила, ки ба ӯ аз ҷониби дигар узви оила қасдан зарари ҷисмонӣ, маънавӣ ё моддӣ расонида шудааст;

- амрномаи муҳофизатӣ - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ё шахсе, ки таҳдиди содир намудани онро мекунад, дода мешавад;

- субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила - мақомоти давлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхона, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои пешгирии зӯроварӣ дар оила масъул мебошанд.

   Моддаи 2.  Мақсадҳои Қонуни мазкур

   Мақсадҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият;

- танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;

- мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;

- ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила;

- ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда;

- мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.

 

      Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

     Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, дар ақди никоҳ мебошанд ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки бо пешбурди хоҷагии умумӣ якҷоя зиндагӣ мекунанд, татбиқ мегардад.

  Моддаи 5. Принсипҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила
Пешгирии зӯроварӣ дар оила ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- қонуният;
- инсондӯстӣ;
- махфӣ будани иттилоот оид ба зӯроварӣ дар оила;
- дастгирӣ ва таъмини пойдории оила;
- иштироки аҳли ҷомеа, мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ дар низоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳифзи ҳаёт ва саломатии аъзои оила;
- бартарии чораҳои пешгирикунанда нисбат ба чораҳои ҷавобгарӣ;
- ногузирии ҷавобгарӣ барои зӯроварӣ дар оила.

   Моддаи 6. Ҳуқуқҳои ҷабрдида
Ҷабрдида ҳуқуқҳои зеринро дорад:
- кӯмаки тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро гирад;
- бо розигии хаттиаш дар марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон ҷойгир карда шавад;
- маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва дигар иттилоотро оид ба ҳифзи амнияташ гирад;
- ба мақомоти худфаъолияти  ҷамъиятӣ бо мақсади маҳкумкунии ҷамъиятии рафтори шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда муроҷиат намояд;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ё суд дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда муроҷиат намояд.

 

БОБИ 2. СУБЪЕКТҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ
                                                                 ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

     Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мансубанд:
- таъмини татбиқи сиёсати  давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила; 
- тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила; 
- тасдиқ намудани низомнома ва оинномаи намунавии марказҳои ёрирасон;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

      Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
    Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- таҳия, тасдиқ ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- таъсис додани муассисаҳое, ки ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандонро аз зӯроварӣ дар оила амалӣ менамоянд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

      Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Мақомоти давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии  зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- таҳлили сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- андешидани тадбирҳои иттилоотию таблиғотӣ оид ба пешгирии  зӯроварӣ дар оила;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

      Моддаи 10. Ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
    Комиссияҳо оид ба ҳуҳуқи кӯдак доир ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд: 
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар байни ноболиғон;
- татбиқи чораҳои зарурӣ нисбат ба ҷабрдидаи ноболиғ ва офиятбахшии ӯ дар ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- намояндагӣ дар мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои қонунии ноболиғоне, ки таҳти зӯроварӣ дар оила қарор гирифтаанд;
- баррасии масъалаи ба хонаи кӯдакон фиристодани кӯдакони мунтазам таҳти зӯроварӣ дар оила қарордошта;
- ҷиҳати андешидани тадбирҳои дахлдор ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод намудани маълумот оид ба шахсоне, ки нисбат ба узви ноболиғи оила зӯроварӣ содир намудаанд ё таҳдиди содир намудани онро кардаанд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

      Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
   Мақомоти корҳои дохилӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии  зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- қабул, баррасии муроҷиатҳо ва дигар маълумот дар хусуси зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир шудани он бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ошкор намудани сабаб ва шароитҳои барои зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
- ба қайд гирифтани шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ва нисбати ӯ татбиқ намудани чораҳои тарбиявию пешгирикунанда;
- ҳангоми муроҷиат ба ҷабрдида фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ ва дар ҳолати зарурӣ ба муоинаи тиббӣ фиристодани ҷабрдида;
- бо розигии хаттии ҷабрдида ба марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон фиристодани ӯ;
- додани амрномаи муҳофизатӣ ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда;
- тартиб додани мавод, оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- ба қайд гирифтани оилаҳое, ки дар онҳо мунтазам ҳодисаҳои зӯроварӣ ҷой доранд ва татбиқ намудани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати устувор намудани оила;
- пешбурди баҳисобгирии омории ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила; 
- ташкили курсҳои махсуси таълимӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

     Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти соҳаи маориф оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
   Мақомоти соҳаи маориф оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- ҳамкорӣ бо падару модар ё дигар намояндаи қонунии ноболиғ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон;
- ошкор намудан ва ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намудани маълумот оид ба тарбиягирандагон ва таълимгирандагоне, ки таҳти зӯроварӣ дар оила қарор гирифтаанд;
- андешидани тадбирҳои иттилоотию таблиғотӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

      Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
  Мақомоти соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- таҳия ва дар амалияи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ҷорӣ намудани тавсияҳои методӣ оид ба расонидани кӯмаки аввалияи тиббию равонӣ ба ҷабрдидагон;
- расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, ҳамчунин расонидани кӯмаки равонӣ, равонпизишкӣ, наркологӣ ва пешгирию табобатӣ ба ҷабрдида ва шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда;
- пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муроҷиати ҷабрдида ва кӯмаки тиббии ба ӯ расонидашуда; 
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

    Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Мақомоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- ҳангоми муроҷиат ба ҷабрдида фаҳмонидани ҳуқуқҳои иҷтимоии ӯ ва расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба ҷабрдида;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани ҷабрдида ва шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.

        Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот ҳамоҳанг сохта, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иштирок мекунанд, барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он тадбирҳои заруриро меандешанд.
2. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳудуди дахлдор оид ба  пешгирии зӯроварӣ дар оила корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғотӣ ва ташвиқотиро амалӣ намуда, ҷиҳати пойдории оила тадбирҳо меандешанд.
3. Корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бартарафсозии оқибатҳои он тадбирҳои заруриро меандешанд ва метавонанд ба ҷабрдидагон, ки кормандон ё аъзои онҳо мебошанд, барои барқарорсозии саломатиашон кӯмак расонанд.

    Моддаи 16. Марказҳои ёрирасон
1. Марказҳои ёрирасон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ дар шакли муассиса таъсис дода мешаванд. Марказҳои ёрирасон шахси ҳуқуқӣ буда, ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мансубанд ва фаъолияти худро дар асоси низомнома ё оиннома амалӣ менамоянд.
2. Марказҳои ёрирасон оид ба пешгирӣ ва ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқӣ аз зӯроварӣ дар оила вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- иштирок дар татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила;
- қабули ҷабрдидагон;
- ба таври ройгон ба ҷабрдида расонидани кӯмаки зарурии тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ;
- додани паноҳгоҳ барои будубоши муваққатии ҷабрдида;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ бо розигии ҷабрдида пешниҳод намудани  маълумот дар бораи далелҳои ошкоршудаи таҳдиди воқеии содир намудани зӯроварӣ дар оила ё далелҳои содир шудани чунин зӯроварӣ;
- таҳлил ва ҷамъбасти сабаб ва шароитҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳсозии аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила;
- бо дархости дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пешниҳод намудани  маълумот доир ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила;
- вазифаҳои дигаре, ки низомнома ё оинномаи маркази ёрирасон пешбинӣ намудаанд.

       Моддаи 17. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои  ҷабрдидагон 
1. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон вобаста ба эҳтиёҷоти мушаххас бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар мувофиқа бо мақомоти соҳаи тандурустӣ дар беморхонаҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ё дармонгоҳҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ таъсис дода шуда, шахси ҳуқуқӣ намебошанд. Реҷаи кории марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон бояд ба реҷаи кории беморхона ва дармонгоҳ мувофиқ бошад. 
2. Хароҷоти офиятбахшии тиббию иҷтимоии ҷабрдида аз ҷониби шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда тибқи нархномаи барои муассисаҳои тандурустӣ муқарраргардида ҷуброн карда мешавад. 
3. Ҷабрдида дар марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ дар асоси аризаи ӯ ё роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад. Барои дар марказҳои мазкур ҷойгир кардани ҷабрдидаи ноболиғ розигии падар, модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, мақомоти васоят ва парасторӣ зарур мебошад.
4. Ҷабрдида дар марказҳо ё бахшҳои  офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ дар давоми мӯҳлате, ки барои муолиҷаи тиббӣ ва офиятбахшии равонию иҷтимоии ӯ зарур аст, нигоҳ дошта мешавад. 
5. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ  барои ҷабрдидагон вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва дигар намудҳои кӯмак;
- ҳангоми зарурат фиристодани ҷабрдида барои муолиҷаи дахлдор;
- ҳангоми зарурат бо розигии ҷабрдида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудани  маълумот дар бораи зӯроварии содиршуда;
- бо дархости дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пешниҳод намудани  маълумот доир ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила.

 

БОБИ 3. ЧОРАҲОИ ФАРДИИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА. МАБЛАҒГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА
     Моддаи 18. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила

1. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои таъсиррасонии мақсаднок ба шуур ва рафтори шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ҷиҳати пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ӯ ва таъмини амнияти ҷабрдида татбиқ карда мешаванд.
2. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила аз инҳо иборат мебошанд:
- сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ овардани шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда;
- амрномаи муҳофизатӣ;
- дастгиркунии маъмурӣ;
-татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тиббӣ; 
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарию модарӣ, бекор кардани фарзандхондӣ, васоят ё парасторӣ;
- ҷойгир кардани ҷабрдида дар марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон.
3. Чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила бо назардошти хислатҳои фардии шахсе, ки нисбат ба ӯ ин чораҳо татбиқ карда мешаванд ва хавфнокии кирдори содирнамудаи ӯ интихоб карда мешаванд.
4. Шахсони манфиатдор метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои қарор дар бораи  татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила шикоят кунанд.

       Моддаи 19. Асосҳои татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила
1. Асосҳо барои татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳолатҳои зерин шуда метавонанд:
- аризаи ҷабрдида ё маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- ошкор намудани ҳолати зӯроварӣ дар оила аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ; 
- маълумоте, ки аз ҷониби дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пешниҳод шудаанд.
2. Ариза ва маълумот оид ба содир шудани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир шудани он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

     Моддаи 20. Сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта
1. Сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта бо шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ва ҷабрдида аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила бо мақсади ошкор кардани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии зуроварӣ дар оила шудаанд, фаҳмонидани оқибатҳои иҷтимоию ҳуқуқии он, барқарорсозӣ ва таҳкими устувории оила гузаронида мешавад.
2. Сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта дар бинои хизматии субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, инчунин дар ҷои зист, таҳсил ё ҷои кор гузаронида мешавад.
3. Шахсе, ки бо ӯ сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта гузаронида мешавад, дар бораи қатъ кардан ва минбаъд такрор накардани кирдори зиддиҳуқуқӣ огоҳонида мешавад.
4. Сӯҳбати хусусияти тарбиявидошта бо ноболиғон дар ҳузури падару модар, омӯзгор ё дигар намояндаи қонунии онҳо гузаронида мешавад.

    Моддаи 21. Амрномаи муҳофизатӣ 
1. Барои баровардани амрномаи муҳофизатӣ муроҷиат оид ба ҳолати содир шудани зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир намудани он асос мебошад.
2. Шахсе, ки амрномаи муҳофизатиро гирифтааст, ӯҳдадор аст талаботи дар он пешбинишударо иҷро намояд. Дар  ҳолати иҷро накардани талаботи зикргардида шахси мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
3. Амрномаи муҳофизатӣ ба шахси мукаллафи зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда, ки ҳангоми баровардани он ба синни 16- солагӣ расидааст, дода мешавад.
4. Амрномаи муҳофизатӣ ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда аз ҷониби сардор ё муовинони сардори мақомоти корҳои дохилии маҳалли содир шудани зӯроварӣ дар оила дар муддати 24 соат аз лаҳзаи содир шудани зӯроварӣ дар оила ё ҷой доштани таҳдиди содиршавии он ё аз лаҳзаи додани ариза дар бораи содир шудани зӯроварӣ дар оила дода мешавад. 
5. Амрномаи муҳофизатӣ ба мӯҳлати то 15 рӯз дода мешавад. Дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ӯ мумкин аст мӯҳлати амрномаи муҳофизатӣ бо дархости сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва розигии прокурор то 30 рӯз дароз карда шавад.
6. Дар амрномаи муҳофизатӣ насаб, ном  ва номи падари шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ё  таҳдиди содир кардани онро намуда, вақт ва ҷойи додани амрнома, ҷой, вақт ва ҳолати содир кардани  зӯроварӣ дар оила ё таҳдиди содир кардани он,  талаботи пешбинишуда  ва мӯҳлати амали онҳо, оқибатҳои  ҳуқуқӣ дар сурати давом додани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ ва риоя накардани талаботи амрномаи мазкур, мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси амрномаи муҳофизатиро бароварда зикр мегарданд.
7. Амрномаи муҳофизатӣ нисбати шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда метавонад талаботи зеринро пешбинӣ намояд:
- манъ кардани ҳама гуна зӯроварӣ нисбати ҷабрдида,  бар хилофи хоҳиши ҷабрдида анҷом додани ҷустуҷуӣ, пайгирӣ, ташриф, муошират ва дигар муносибатҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои ҷабрдидаро маҳдуд месозанд;
- тавсия барои дар вақти муайян ба манзили истиқоматӣ ҳозир шудан;
- манъ кардани истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва моддаҳои мадҳушкунанда дар вақти амали амрномаи муҳофизатӣ.
8. Иҷро накардани талаботи дар қисми 7 моддаи мазкур зикргардида, ки боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардидааст, мӯҳлати амали амрномаи муҳофизатиро бознамедорад. 
9. Аз болои амрномаи муҳофизатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст. Шикоят дар мӯҳлати то се шабонарӯз бояд баррасӣ гардад. Шикоят ба суд амали амрномаи муҳофизатиро бознамедорад.
10. Нусхаи амрномаи муҳофизатӣ ба ҷабрдида дода мешавад.
11. Назорати иҷрои талаботи амрномаи муҳофизатӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилие, ки онро баровардааст, амалӣ карда мешавад.

      Моддаи 22. Дастгиркунии маъмурӣ
 Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, ки таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дорад ва кофӣ набудани амрномаи муҳофизатӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҷабрдида, шахси мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиркунии маъмурии шахси зӯроварӣ дар оила содирнамударо анҷом медиҳад.
Моддаи 23. Маблағгузории фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила
Фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила аз ҳисоби буҷети давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
     Моддаи 24. Риояи махфияти маълумот вобаста ба зӯроварӣ дар оила
Маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ ва оилавии ҷабрдидагон иттилооти махфӣ буда, бояд ифшо нашаванд. Ифшо намудани иттилооти мазкур аз ҷониби шахсе, ки вобаста ба вазъи хизматӣ аз зӯроварӣ дар оила бохабар шудааст, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

      Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

     Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

№ 954

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:42
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
955
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.03.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод. 198)

 

Қонуни мазкур асосҳои танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба танзим медарорад, инчунин вазъи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, заминаҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва ҷавобгарии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро муайян мекунад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

         Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
         Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: 
- суғуртаи ҳатмии нафақавӣ - шакли танзими давлатии муносибатҳои нафақавӣ, ки ба ташкили баҳисобгирии пардохти саҳмҳои нафақавӣ асос ёфтааст;
- ҷуброни суғуртавӣ - иҷрои ҳатмии ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар назди шахси суғурташуда дар мавриди фаро расидани ҳолатҳои суғуртавӣ бо роҳи пардохтҳои иҷтимоӣ;
- маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ - маблағҳое, ки дар идоракунии мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ қарор доранд; 
- буҷети муассисаи суғурта - шакли ташаккул ва сарфи маблағҳо бо мақсадҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- андӯхти нафақавӣ - маблағҳои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ супоридашудаи шахси суғурташуда ва даромадҳо аз ҳисоби истифодабарии ин маблағҳо, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии ӯ қайд гардидаанд. 
               Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ
            Моддаи 3. Мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ
1. Суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (минбаъд - муассисаи суғурта), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ менамояд.
2. Давлат барои  ӯҳдадориҳои муассисаи суғурта дар назди шахсони суғурташуда масъулияти иловагӣ дорад.
         Моддаи 4. Таваккалҳои иҷтимоӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ
1. Таваккали иҷтимоӣ дар Қонуни мазкур аз ҷониби шахси суғурташуда ҳангоми аз даст додани музди меҳнат (пардохт, подош ба манфиати шахси суғурташуда) ё дигар даромад эътироф карда мешавад. 
2. Намудҳои таваккалҳои иҷтимоӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ инҳо мебошанд: 
- фаро расидани пиронсолӣ; 
- маъюбӣ; 
- маҳрум шудан аз саробон;
- фавти нафақагир.
Моддаи 5. Ҳолати суғуртавӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ
Ҳолати суғуртавӣ татбиқи яке аз намудҳои таваккали иҷтимоӣ мебошад, ки дар қисми 2 моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 6. Ҷуброни суғуртавӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ
1. Дар мавриди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ муассисаи суғурта ӯҳдадор аст ба шахси суғурташуда ҷуброни суғуртавии зеринро пардохт намояд:
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ;
- нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон;
- кӯмакпулӣ барои дафни нафақагири фавтидае, ки дар рӯзи фавт кор намекард.
2. Таъин, пардохт ва муайян намудани давраи ҷуброни суғуртавӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда  мешаванд. 
       Моддаи 7. Саҳмҳои нафақавӣ 
      Маблағҳои саҳмҳои нафақавии барои шахси суғурташуда ба буҷети муассисаи суғурта воридгардида дар суратҳисоби инфиродии ӯ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ  дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ба ҳисоб гирифта мешаванд.
      Моддаи 8. Андӯхти нафақавӣ
 1. Андӯхти нафақавии шахсони суғурташуда аз ҳисоби саҳмҳои нафақавии супоридашудаи суғуртакунандагон ва ё шахсони суғурташуда ташаккул меёбад ва дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ба ҳисоб гирифта мешавад.
2. Тартиби пардохти маблағҳои андӯхти нафақавии шахсони суғурташуда бо қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.   
      Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ 
Ба ваколатҳои мақомоти давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дохил мешаванд:
-  тасдиқи буҷети муассисаи суғурта ва ҳисобот дар бораи иҷрои он;
- муқаррар намудани тартиби қабул ва иҷрои буҷети муассисаи суғурта; 
- муайян намудани тартибу  шартҳои ташаккулёбӣ, ҷобаҷогузорӣ ва сармоягузории маблағҳои андӯхти нафақавӣ;
- муайян намудани тартиби нигоҳдории маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- идоракунии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- таъмини устувории молиявӣ ва тавозуни низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, аз ҷумла бо роҳи таъмини воридоти маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳаҷме, ки буҷети муассисаи суғурта пешбинӣ намудааст;
- муайян намудани тартиби истифодаи маблағҳои озоди муваққатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- амалӣ намудани назорати давлатӣ ва назорати татбиқи ҳуқуқи шахсони суғурташуда ба ҷуброни суғуртавӣ.
      Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои муассисаи суғурта 
Муассисаи суғурта ӯҳдадор аст: 
 - асосноккунии андозаи тарофаи саҳмҳои нафақавиро тайёр намояд; 
- дар асоси маълумоти баҳисобгирии инфиродӣ нафақаи суғуртавиро сари вақт таъин, бозҳисобӣ ва пардохт намояд, кӯмакпулиро барои дафни нафақагири фавтида, ки дар рӯзи фавташ кор намекард, пардохт кунад; 
- назорати асосноккунии пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои таъин, бозҳисобии маблағҳои нафақаи суғуртавӣ, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок бинобар шароити махсуси меҳнат амалӣ намояд;
- лоиҳаи буҷети муассисаи суғуртаро таҳия намуда, иҷрои онро таъмин намояд; 
- ба суғуртакунандагон, шахсони суғурташуда, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз вазъи молиявии худ мунтазам бо тартиби муқарраргардида иттилоъ диҳад ва барои таъмини устувории молиявиаш тадбирҳо андешад; 
- истифодаи мақсадноки маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро таъмин ва назорат намояд; 
- маблағҳои аз рӯи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ воридгардидаро ба ҳисоб гирад; 
- махзани маълумоти давлатии тамоми гурӯҳҳои суғуртакунандагон, аз ҷумла, шахсони воқеиро, ки ихтиёран ба муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ шомил гардидаанд, баҳисобгирии инфиродии  маълумотро дар бораи тамоми гурӯҳҳои шахсони суғурташуда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ  дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" таъсис диҳанд; 
- реҷаи пешбурди қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташударо мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд; 
- дар фаслҳои дахлдори қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ба қисми маблағҳои андӯхти нафақаи суғуртавӣ ворид шудани маблағҳои саҳмҳои нафақавӣ, андозаи нафақаи суғуртавии таъиншуда ва маблағҳои пардохтро аз ҳисоби маблағҳои андӯхти нафақавӣ сари вақт ба ҳисоб гирад; 
- ташкили баҳисобгирии саривақтии даромад аз сармоягузории маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар фаслҳои дахлдори қисми махсуси суратҳисоби  инфиродии шахсони суғурташуда таъмин намояд;
- ба суғуртакунандагон вобаста ба масъалаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ройгон маслиҳат диҳад ва дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ маълумот диҳад; 
- тавассути сохтори ҳудудии худ барои шахсони суғурташуда доир ба масъалаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ машваратҳои ройгон ташкил намояд. 
    
                       БОБИ 3. НИЗОМИ МОЛИЯВИИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ
Моддаи 11. Буҷети муассисаи суғурта 
1. Маблағҳои буҷети муассисаи суғурта моликияти давлатӣ маҳсуб ёфта, ба муассисаи суғурта бо ҳуқуқи идораи оперативӣ вобаста карда шудаанд, вале ба таркиби буҷетҳои дигар дохил намешаванд ва мавриди мусодира, андозбандӣ ва ситонидани дигар пардохтҳои ҳатмӣ қарор намегиранд. 
2. Буҷети муассисаи суғурта барои соли молиявӣ бо назардошти тавозуни ҳатмии даромаду хароҷоти буҷети мазкур таҳия карда мешавад. Буҷети муассисаи суғурта ва ҳисоботи иҷрои он ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. 
3. Дар таркиби буҷети муассисаи суғурта маблағҳои андӯхти нафақавӣ, ки ба сармоягузорӣ равона гардидаанд, пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андӯхти нафақавӣ, инчунин хароҷоти буҷети муассисаи суғурта, ки бо ташаккулёбӣ ва сармоягузории маблағҳои андӯхти нафақавӣ, пешбурди қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ва пардохти қисми андӯхтии нафақаи суғуртавӣ алоқаманд мебошанд, ба таври алоҳида  ба ҳисоб гирифта мешаванд. 
4. Маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар суратҳисоби муассисаи суғурта дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"  нигоҳ дошта мешаванд.

    Моддаи 12. Ташаккулёбии буҷети муассисаи суғурта
    Буҷети муассисаи суғурта аз ин ҳисоб ташаккул меёбад: 
- саҳмҳои суғуртавӣ; 
- маблағҳои буҷети давлатӣ; 
- маблағҳои товон ва дигар муҷозоти молиявӣ;
- даромад аз ҷобаҷогузорӣ ва сармоягузории маблағҳои озоди муваққатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- саҳмҳои ихтиёрӣ ва маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба сифати суғуртакунандагон ё шахсони суғурташуда онҳоро пардохт накардаанд; 
 - манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

     Моддаи 13. Харҷи маблағҳои буҷети муассисаи суғурта
1. Маблағҳои буҷети муассисаи суғурта таъиноти мақсаднок дошта, ба мақсадҳои зерин равона мегарданд: 
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба пардохт ва индексатсияи нафақаи суғуртавӣ ва кӯмакпулӣ барои дафни нафақагире, ки дар рӯзи фавташ кор намекард, барои ба суратҳисоби инфиродии шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурташуда гузаронидани маблағҳои арзишаш баробари маблағҳои андӯхти нафақавии дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси мазкур баҳисобгирифташуда; 
- дастрасгардонии нафақае, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети муассисаи суғурта пардохт карда мешавад;
- таъминоти молиявӣ ва моддию техникии фаъолияти ҷории муассисаи суғурта, аз ҷумла таъминоти сохтори ҳудудии он.
2. Хароҷоте, ки дар буҷети муассисаи суғурта барои соли дахлдор пешбинӣ карда нашудааст, танҳо баъди ворид намудани тағйирот ба буҷети мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 
3. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии фаъолияти ҷории муассисаи суғурта бо назардошти таъминоти сохтори ҳудудии он набояд аз ду фоизи буҷети муассисаи суғурта зиёд бошад.

     Моддаи 14. Фонди захиравии муассисаи суғурта
1. Барои таъминоти дурнамои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати устувории молиявии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар ҳолати ба вуҷуд омадани маблағҳои зиёдатии буҷети муассисаи суғурта фонди захиравӣ таъсис дода мешавад. 
2. Тартиби ташаккулёбӣ ва хароҷоти фонди захиравии муассисаи суғурта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

    Моддаи 15. Назорати истифодаи маблағҳои  буҷети муассисаи суғурта
Назорати истифодаи маблағҳои буҷети муассисаи суғурта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор амалӣ карда мешавад.

      Моддаи 16. Тарофаи саҳмҳои нафақавӣ
1. Тарофаи саҳмҳои нафақавӣ аз андозаи саҳмҳои суғуртавӣ иборат буда, барои ба воҳиди ченаки заминавӣ ҳисобӣ намудани саҳмҳои нафақавӣ пешбинӣ шудааст.
2. Тарофаи саҳмҳои нафақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ 
       Моддаи 17. Ҷавобгарӣ  барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

       Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
     Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

№ 955

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:45
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
961
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.03.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАТБУОТИ ДАВРӢ ВА ДИГАР ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013 №3, мод. 201; с. 2016, №5, мод. 365;

Қонуни ҶТ аз 24.02.2017, №1407)

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- агентиҳои иттилоотӣ - шахсони ҳуқуқии тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташудае, ки барои  ҷамъоварӣ, коркард, таҳия ва интишори иттилоот фаъолият менамоянд;

- ақида -  баҳодиҳӣ, баёни нуқтаи назар, шарҳ, инчунин изҳори андеша оид ба муносибат ба зуҳурот, раванд ва ё шахсият аст, ки  дар онҳо хулосаи тасдиқшаванда ё радшавандаи далелҳо вуҷуд надорад;

- ахбори оммавӣ (иттилооти оммавӣ) - хабарҳо ва маводи чопӣ, аз он ҷумла садоию симоӣ ва дигар маълумот дар бораи шахс, ашё, далелҳо, воқеаҳо, падидаҳо ва инчунин ақидаҳо аст, ки тавассути воситаҳои чопӣ, аудиоӣ ва видеоӣ барои доираи васеи истифодабарандагон паҳн мегарданд;

- аккредитатсия  - номнавис шудани намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳои дахлдор барои дастрасӣ ба иттилоот ва интишори он;

- воситаҳои ахбори омма -  матбуоти даврӣ, ҳамчунин агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизиону радио, кинохроникаҳо, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ мебошанд, ки дар як сол на камтар аз як маротиба тавассути эфир ё кабел паҳн мешаванд;

- журналист -  шахси воқеиест, ки ба ҷамъоварӣ, таҳрир ва омода намудани ахбору мавод барои редаксияи воситаҳои ахбори омма машғул буда, бо ин редаксия тавассути шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё дигар муносибатҳои шартномавӣ алоқаманд аст ва аз рӯи ваколати ба ӯ додашуда фаъолият менамояд ва ё узви иттиҳодияҳои касбии журналистон мебошад;

- матбаа - макони ба чоп расонидани воситаҳои ахбори оммаи чопӣ;

- матбуоти даврӣ - рӯзномаву ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, солнома ва маҷмӯаву буллетенҳое, ки номи доимӣ, рақами ҷорӣ дошта, дар вақту замони муайян (на камтар аз як маротиба дар як сол) ба табъ мерасанд;

- муассис - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори оммаро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд;

- ношир - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки интишори нашрияи даврии чопиро амалӣ мегардонад, аз ҷумла ҷиҳатҳои ташкилӣ, молиявию техникӣ, технологӣ ва дигар таъминоти интишори онро ба ӯҳда дорад;

- паҳнкунандаи воситаи ахбори омма - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки дар асоси шартнома бо редаксияи воситаи ахбори омма маҳсулоти онро паҳн менамояд;

- раддия - талаби хаттии шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар хусуси рад намудани маълумоти нодурусти дар воситаҳои ахбори омма паҳншуда, ки шаъну шараф ва эътибори кории ӯро паст мезанад;

- редаксияи воситаҳои ахбори омма - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё ташкилотҳои (зерсохторҳои) онҳо, ки нашри воситаи ахбори оммаро амалӣ мегардонанд;

- сармуҳаррир (муҳаррир) - шахсе, ки редаксияи воситаи ахбори оммаро роҳбарӣ менамояд ва нисбат ба нашри он қарори ниҳоӣ қабул мекунад;

- сензура - аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, аз редаксияи воситаи ахбори омма талаб намудани мувофиқаи пешакии мавод ё маълумоти интишоршаванда;

- ҷавоб - вокуниши хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба чопи маълумоти нодурусти халалдоркунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаашон дар воситаҳои ахбори омма.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)

 

Моддаи 3. Озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма

1. Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.

2. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.

3. Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар  воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.

4. Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст.

5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 4. Забони воситаҳои ахбори омма

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма фаъолияти худро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ва бо забонҳои дигар амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 5. Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма

Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори оммаро таъмин менамояд. Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба таври маблағгузории мақсаднок, кӯмаки молиявӣ ва дигар намудҳои дастгирии давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 6. Роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан

1. Интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.

2. Воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда ҷавобгаранд.

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИСЁБӢ  ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ

ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори омма

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд.

2. Ба таъсиси воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд:

- шахсони ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасида ва шахсоне, ки бо қарори суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда шудаанд;

- ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудааст;

- шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;

- шахсони ҳуқуқие, ки дар сармояи (фонди) оинномавии онҳо сармоягузории хориҷӣ зиёда аз 25 фоизро ташкил медиҳад.

3. Воситаҳои ахбори омма мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ таъсис дода мешаванд.

4. Воситаҳои ахбори омма, ки сохтори таркибӣ ва тобеи шахси ҳуқуқии таъсисдодашуда мебошанд, бе мақоми шахси ҳуқуқӣ ташкил карда мешаванд ва фаъолият мекунанд.

 

Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма

1. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма, ки дар шакли ташкилоти тиҷоратӣ таъсис дода мешаванд, шартномаи таъсисӣ ва оиннома мебошанд.

2. Ҳуҷҷатҳои таъсисии воситаҳои ахбори омма, ки дар шакли ташкилоти ғайритиҷоратӣ таъсис дода мешаванд, инчунин воситаҳои ахбори оммаи тиҷоратие, ки  аз ҷониби як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд, оиннома мебошад.

3. Шартномаи таъсисӣ байни муассисон баста мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)

4. Дар шартномаи таъсисӣ муайян карда мешаванд:

- номгӯй (насаб, ном ва номи падар) ва макони ҷойгиршавии (макони зисти) муассисон;

- намуд, ном, забон, мақсад, ихтисос ва даврияти воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

- шакли ташкилию ҳуқуқии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

- андоза ва тартиби ташаккулёбии сармояи оинномавии воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

- манбаъҳои маблағгузории воситаи ахбори оммаи таъсисдодашаванда;

- тартиби тақсимоти фоида ва ҷуброни зарар, агар  воситаҳои ахбори омма ташкилоти тиҷоратӣ бошанд;

- тартиби боздоштан ва қатъ кардани нашри воситаи ахбори омма;  (ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)

- дигар муқаррароте, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.

5. Оинномаи редаксияи воситаи ахбори омма аз тарафи муассиси (муассисони) он тасдиқ карда мешавад. Дар оиннома муайян карда мешаванд:

- намуд, ном, забон, мақсад, ихтисос, даврият ва теъдоди нашри воситаи ахбори омма;

- суроғаи ҳуқуқии (макони ҷойгиршавии) редаксияи воситаи ахбори омма;

- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассис (муассисон) ва редаксияи воситаи ахбори омма;

- манбаъҳои маблағгузории воситаи ахбори омма;

- тартиби ташкили воситаи ахбори омма;

- тартиби тақсимоти фоида ва ҷуброни зарар, агар воситаи ахбори омма ташкилоти тиҷоратӣ бошад;

- тартиби боздоштан ё қатъ кардани нашри воситаи ахбори омма;  (ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)

- тартиби азнавташкилёбӣ ва барҳамдиҳии воситаи ахбори омма;

- тартиби қабули оиннома ва ворид намудани тағйиру илова ба он;

- дигар муқаррароте, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.

6. Дар мавриди зерсохтори шахси ҳуқуқӣ будани воситаи ахбори омма фаъолияти он тибқи низомномае, ки аз ҷониби мақоми болоии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 9. Мақомоти идоракунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма

1. Мақомоти идоракунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма муассисони онҳо мебошанд. Дар баробари ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муассисӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, муассиси воситаҳои ахбори омма вазифадор аст:

- редаксияи воситаҳои ахбори оммаро ташкил диҳад;

- барнома ва самти асосии фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро муайян кунад;

- бо редаксияи воситаҳои ахбори омма шартнома бандад;

- интишори воситаҳои ахбори оммаро таъмин кунад;

- риояи қонунгузориро дар бобати воситаҳои ахбори омма таъмин кунад;

- вобаста ба ҳама гуна тағйироти оинномавӣ ва ташкили фаъолияти воситаи ахбори омма ва редаксияи он ба мақомоти ваколатдори давлатии бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма сари вақт хабарнома пешниҳод карда, барои барасмиятдарории тағйирот чораҳо андешад.

2. Дар шартномаи байни муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма инҳо муайян карда мешаванд:

- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма;

- шартҳои омодасозӣ ва интишори воситаи ахбори омма;

- тартиби маблағгузории фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма;

- тартиби муҳайёсозии шароити меҳнатии истеҳсолӣ ва маишию иҷтимоии кормандони редаксияи воситаи ахбори омма;

- тартиби муносибати тарафайн бо шахсони сеюми ба фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма ҷалбшаванда;

- ӯҳдадории тарафҳо;

- дигар муқаррароте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

3. Редаксияи воситаи ахбори омма дар асоси оиннома амал мекунад. Он метавонад муассиси воситаи ахбори омма бошад. Фаъолияти редаксияи воситаи ахбори омма дар асоси мустақилияти касбӣ ба роҳ монда мешавад.

4. Сармуҳаррир (муҳаррир) роҳбарии редаксияи воситаи ахбори оммаро ба ӯҳда дорад. Сармуҳаррир (муҳаррир) бо қарори муассиси воситаи ахбори омма ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сармуҳарир (муҳаррир) аз номи редаксияи воситаи ахбори омма бо муассис шартнома мебандад. Сармуҳаррир (муҳаррир) дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур, оиннома ва шартномаи байни муассис ва редаксияи воситаи ахбори омма амал мекунад.

5. Ҳайати таҳририя мувофиқи тартиби пешбининамудаи оинномаи (низомномаи) воситаи ахбори омма ташкил карда мешавад. Сармуҳаррир (муҳаррир) раиси ҳайати таҳририя мебошад.
6. Муассис ё дигар шахси ҳуқуқие, ки воситаи ахбори оммаро бо маводи моддию техникӣ таъмин мекунад, ношири он буда метавонад.

 

Моддаи 10. Бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма

1. Воситаҳои ахбори омма ва ё редаксияҳои онҳо, новобаста аз шакли моликият, мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.

2. Мақсади бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба расмият даровардани воқеияти ҳуқуқии таъсисёбӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ гаштани фаъолияти онҳо, инчунин ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид намудани маълумот дар бораи онҳо мебошад.

3. Бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ҳамчун шахси ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бақайдгирии шахсони ҳуқуқиро ба танзим медарорад, сурат мегирад.

4. Барҳамдиҳии воситаҳои ахбори омма мутобиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 11. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма

1. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма сурат мегирад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

2. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бо мақсади пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма, таъмини шаффофияти фаъолият ва ҳифзи манфиатҳои онҳо гузаронида мешавад.

3. Мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма дастгирии давлатии онҳоро, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, амалӣ мегардонад.

4. Ариза барои баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма аз ҷониби муассис ё шахси ваколатдори муассис пешниҳод шуда, дар муддати муқарраршуда баррасӣ мегардад. Барои баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба андозаи муқарраршуда боҷи давлатӣ ситонида мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)

5. Дар ариза дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бояд нишон дода шаванд:

- маълумот дар бораи муассис;

- ном, забон (забонҳо) ва намуди воситаҳои ахбори омма;

- мақсад ва вазифаҳо;

- ихтисос;

- ҳудуди паҳншавӣ;

- даврият;

- манбаи маблағгузорӣ;

- макони ҷойгиршавии (суроғаи ҳуқуқии) воситаҳои ахбори омма ва редаксияи онҳо;

- теъдоди нашр;

- маълумот дар бораи он, ки муассис (муассисон) ва редаксияи воситаи ахбори омма дар дигар воситаҳои ахбори омма муассис, мудири ваколатдор, ношир, паҳнкунанда (бо нишон додани андозаи саҳми ҳар яки онҳо дар сармояи оинномавӣ) мебошанд.

6. Ба ариза дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

- иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;

- оинномаи воситаи ахбори омма.

7. Агар воситаи ахбори омма ташкилоти ғайритиҷоратӣ бошад, инчунин муассиси воситаи ахбори оммаи тиҷоратӣ як шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бошад, ба ариза замима кардани шартномаи таъсисӣ талаб карда намешавад.

8. Дар ҳолати пас аз баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма тағйир ёфтани маълумоти дар қисми 5 ҳамин модда зикргардида, воситаҳои ахбори омма бояд мутобиқи тартиби муқарраршуда аз расмияти азнавбаҳисобгирӣ гузаранд. Дар ҳолатҳои дигар муассис ё редаксияи воситаи ахбори омма ӯҳдадор аст, ки дар муддати як моҳ мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии воситаҳои ахбори оммаро дар бораи тағйироти мазкур ба таври хаттӣ хабар диҳад.  (ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)

9. Баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма бо шаҳодатнома дар бораи баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма тасдиқ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)

 

Моддаи 111. Боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма

                        (ҚҶТ аз 14.05.16, №1314)

  1. Ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои аз тарафи воситаҳои ахбори омма содир шудани амалҳое, ки ба мақсадҳои оинномавиашон мухолифат мекунанд, мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ба муассиси (муассисони) ё редаксияи ин воситаҳои ахбори омма огоҳиномаи хаттӣ мефиристад ва мўҳлати бартараф кардани онҳоро муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 14.05.16, №1314; ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)
  2. Дар сурати аз ҷониби воситаҳои ахбори омма риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё прокурорҳои тобеи ў ба муассиси (муассисони) ё редаксияи воситаҳои ахбори омма дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо амри хаттӣ фиристода, мўҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 14.05.16, №1314; ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)
  3. Агар дар мўҳлати муқарраршуда қонунвайронкуниҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ў ва ё мақоми ваколатдори баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма метавонанд ба суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма муроҷиат намоянд.  (ҚҶТ аз 14.05.16, №1314)
  4. Тартиби боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро дар давраи вазьияти фавқулода қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.  (ҚҶТ аз 14.05.16, №1314)

 

Моддаи 112. Қатъ гардидани фаъолияти воситаҳои ахбори омма

                       (ҚҶТ аз 14.05.16, №1314)

1. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо асосҳои зерин қатъ мегардад:

– бо қарори муассис;  (ҚҶТ аз 14.05.16, №1314)

– бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, табдил додан) воситаҳои ахбори омма;  (ҚҶТ аз 14.05.16, №1314; ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)

– бо ҳалномаи суд.  (ҚҶТ аз 14.05.16, №1314)

2. Фаъолияти воситаҳои-ахбори омма, сарфи назар аз мавҷудияти баҳисобгирии давлатӣ бо ҳалномаи суд қатъ карда мешавад. Воситаи ахбори оммаи фаъолияташ қатъкардашуда бо номи дигар сабт шуда наметавонад  (ҚҶТ аз 14.05.2016, №1314).

 

Моддаи 12. Бе қайди баҳисобгирӣ паҳн кардани воситаҳои ахбори омма

1. Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки ҳуҷҷатҳои расмӣ ва буллетенҳои худро бе қайди баҳисобгирӣ интишор ва паҳн намоянд.

2. Муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ҳуқуқ доранд маводи ахборӣ ва ҳуҷҷатҳои барои фаъолияташон заруриро бе баҳисобгирии давлатӣ нашр ва паҳн намоянд. Ба ҳисоб гирифтани фаъолияти бо ёрии воситаҳои техникии чоп, аудио, аудиовизуалӣ омода кардани мавод, ки барои паҳн намудан таъин нашудаанд ё ҳамчун дастнавис нусхабардорӣ мешаванд, талаб карда намешавад.

3. Ҳангоми бо теъдоди камтар аз сад нусха  нашр гардидани маҳсулоти чопӣ баҳисобгирии давлатии воситаҳои ахбори омма талаб карда намешавад.

 

Моддаи 13. Муносибатҳои молумулкӣ ва молиявии муассис, ношир ва редаксияи воситаҳои

                      ахбори омма

Муносибатҳои молумулкӣ ва молиявии муассис, ношир ва редаксияи воситаҳои ахбори омма мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи байни онҳо муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 14. Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ

Воситаҳои ахбори омма ҳангоми истифодаи мавод бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя намоянд.

 

Моддаи 15. Маълумот дар бораи воситаи ахбори омма

1. Ҳар як шумораи воситаи ахбори омма бояд дорои маълумоти зерин бошад:

- номи воситаи ахбори омма;

- номи муассиси (муассисони) воситаи ахбори омма;

- насаб, ном ва номи падари сармуҳаррир (муҳаррир);

- рақами тартибии шумора ва санаи нашр, барои рӯзнома - ҳамчунин рӯзи ба нашр имзо шуданаш;

- индекс барои воситаҳои ахбори оммаи даврии  чопие, ки тавассути ташкилотҳои алоқа паҳн карда мешаванд;

- теъдоди нашр;

- нарх (дар мавриди бо нархи тиҷоратӣ фурӯхта шудани нашрия) ё худ нишони "нархаш озод" ё "ройгон";

- нишонии воситаи ахбори омма, ношир, матбаа;

- рақами шаҳодатномаи баҳисобгирии давлатӣ ва номи мақоме, ки онро додааст.

2. Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳангоми оғози ҳар як барнома ва дар мавриди муттасил намоиш додан ва шунавонидани барнома бояд ҳар шабонарӯз камаш чор маротиба номи идораи телевизион ва радиоро эълон намоянд.

 

Моддаи 16. Паҳн намудани воситаҳои ахбори омма

1. Маҳсули воситаи ахбори оммаро бевосита редаксияи он ё дар асоси шартнома ва ё дигар воситаи қонунӣ ташкилотҳои паҳнкунандаи нашрияи даврӣ, ҳамчунин шахсони воқеӣ паҳн мекунанд.

2. Бе нишон додани маълумоти воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маҳсули онҳо манъ аст.

3. Мамониат ба паҳн намудани воситаи ахбори омма, ҳамчунин пурра ё қисман мусодира намудани он, агар оид ба он қарори суд мавҷуд набошад, манъ аст.

4. Ташкилотҳои паҳнкунандаи воситаи ахбори омма ҳуқуқ надоранд, ки бо сабабҳои мухолифати андешаҳои сиёсӣ аз паҳн намудани он даст кашанд.

 

Моддаи 17. Маҳфуз доштани нусхаҳои ахбори паҳншуда

Редаксияи воситаи ахбори омма, ношир ва матбаа дастхатҳо ва нусхаҳои ба табъ расидаро бояд баъди интишор дар мӯҳлати на камтар аз як сол маҳфуз доранд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқ ба навиштани ҷавоб

Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаашро нашр кардааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоби худро нашр кунад. Ҷавоб баъди ба редаксияи воситаи ахбори омма расидан бояд на дертар аз шумораи навбатии он нашр карда шавад.

 

Моддаи 19. Ҳуқуқ ба радия

1. Шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти бардурӯғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашри раддияро талаб намояд.

2. Агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба ҳақиқат мувофиқ будани маълумоти паҳннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд. Агар шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ матни раддияи худро пешниҳод карда бошад, дар мавриди ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ будани матни он, раддия дар воситаи ахбори омма нашр карда мешавад.

3. Раддия ё ҷавоб бояд дар бахши махсус ва ё дар ҳамон саҳифа, бо ҳамон ҳуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд. Ҳаҷми матни раддия набояд аз ҳаҷми маълумоти радшаванда зиёд бошад.

 

Моддаи 20. Асосҳои рад кардани раддия

Дар мавридҳои зерин редаксияи воситаи ахбори омма ӯҳдадор аст, ки нашр намудани раддияро рад намояд:

- агар дар матни раддия суиистифода аз озодии сухан сурат гирифта бошад;

- агар раддия мухолифи қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд бошад;

- агар раддия бе зикри насаб, ном, номи падар ва бе имзо бошад.

 

Моддаи 21. Баррасии ариза оид ба нашри раддия аз тарафи суд

Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани мӯҳлати барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд.

 

Моддаи 22. Нашри ахбори расмӣ

1. Воситаҳои ахбори оммае, ки онҳоро мақомоти давлатӣ таъсис додаанд, вазифадоранд ахбори расмии ин мақомотро нашр намоянд.

2. Воситаҳои ахбори омма вазифадоранд қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро дар бораи дар ҳамон воситаи ахбори омма нашр кардани он ройгон ва дар мӯҳлати муқарраршуда нашр намоянд.

 

БОБИ 3. МУНОСИБАТИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА БО

МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШКИЛОТҲО

 

Моддаи 23. Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот 

1. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад.

2. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.

3. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад.

4. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мӯҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд.

5. Дар ҳолати аз додани маълумот саркашӣ намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, намояндаи воситаи ахбори омма ба мақомоти болоӣ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонад.

 

Моддаи 24. Радкунӣ ва таъхир дар пешниҳоди иттилоот

1. Радкунии пешниҳоди иттилооти дархостшаванда дар мавриде имконпазир аст, ки он дорои маълумоти дар моддаи 6 қонуни мазкур зикргардида бошад. Хабарнома дар бораи радкунӣ ба воситаи ахбори омма дар муддати се рӯзи баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот супорида мешавад.

2. Таъхир дар пешниҳоди иттилооти дархостшаванда имконпазир аст, агар пешниҳоди маълумоти талабшаванда дар мӯҳлати се рӯз аз имкон берун бошад. Хабарнома оид ба таъхир ба дархосткунанда дар мӯҳлати се рӯз баъди гирифтани дархости хаттии иттилоот бо нишон додани сабаби таъхир ва мӯҳлати пешниҳоди иттилоот супорида мешавад.

3. Дар ҳолати рад намудани пешниҳоди иттилоот, воситаи ахбори омма метавонад ба мақомоти болоӣ ё мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд.

 

Моддаи 25. Истифодаи мавод ва эҷодиёти муаллифон

1. Воситаҳои ахбори омма эҷодиёти муаллифонро бо риояи ҳуқуқи муаллифӣ истифода карда метавонанд.

2. Ҳеҷ шахс ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ахбори оммаро ба нашри маводи радкардаи редаксияи он вазифадор намояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

3. Дар вақти нашри маводи пешниҳодшуда ихтисор ва таҳрири матн равост, ба шарте ки мазмуни аслии он таҳриф нашавад.

4. Нашри мавод аз дигар воситаҳои ахбори омма бо нишондоди ҳатмии сарчашмаи он ва бе таҳриф мумкин аст.

 

Моддаи 26. Ҳолатҳои махсуси фош накардани ахбор

Воситаҳои ахбори омма ва журналист ҳуқуқ надоранд:

- насаб, ном ва номи падари шахсеро, ки бо шарти ифшо нанамудани номаш ахбор додааст, зикр намоянд, ғайр аз мавридҳое, ки онро суд талаб мекунад;

- маълумоти тафтишоти пешакиро бе иҷозати хаттии прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда, ошкор намоянд;  (ҚҶТ аз 24.02.17, №1407)

- дар ахборашон натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххасро, ки аз рӯи он қарор эътибори қонунӣ пайдо накардааст, мавриди муҳокима қарор диҳанд;

- бе розигии ноболиғ ва намояндаи қонунии вай хабареро интишор кунанд, ки боиси зикри шахсияти ноболиғи қонунвайронкунанда гардад.

 

Моддаи 27. Ҳифзи сарчашмаи ахбор (иттилоот)

1. Журналист ва редаксияи воситаи ахбори омма барои  фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот ӯҳдадор нестанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

2. Фош кардани сарчашмаи иттилоъ ва ё маълумот танҳо бо розигии соҳиби чунин иттилоъ ва ё маълумот ва ё дар асоси қарори суд мумкин аст.

3. Иттилоъ ва ё маълумоти тибқи қарори суд фошшударо танҳо бо мақсадҳои дар қарори суд зикршуда истифода бурдан мумкин аст.

 

БОБИ 4. ҲУҚУҚҲО, ӮҲДАДОРИҲО ВА АККРЕДИТАТСИЯИ  ЖУРНАЛИСТ

 

Моддаи 28. Ҳуқуқҳои журналист

1. Журналист ҳуқуқ дорад:

- ахборро ҷустуҷӯ, дастрас, таҳрир  ва интишор намояд;

- вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсӯҳбат шавад;

- ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун манъ кардааст;

- бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад;

- зимни санҷиши далелу ҳолатҳои вобаста ба маводи дастрасгардида ба мутахассисон муроҷиат намояд;

- аз навиштани маводи хилофи эътиқодаш даст кашад;

- иттилоот ва маводи омоданамудаашро бо номи худ ва ё номи шартӣ (тахаллус) интишор намояд;

- барои ройгон дастрас намудани  иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад;

- аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри ӯ, дар рафти таҳрири редаксияи воситаи ахбори омма таҳриф шудааст, номашро гирад;

- оид ба нигоҳ доштани сирри муаллифӣ пешакӣ гуфтугӯ кунад.

2. Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

 

Моддаи 29. Ӯҳдадориҳои журналист

Журналист ӯҳдадор аст:

- оинномаи фаъолияти редаксияи воситаҳои ахбори оммаро, ки бо вай муносибати меҳнатӣ дорад, риоя кунад, аз рӯи нишондодҳои он амал намояд;

- саҳеҳияти ахбори гирифтаашро санҷад;

- пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд;

- хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи  зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба шарте ки ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;

- иҷрои супоришеро, ки сармуҳаррир (муҳаррир) ё редаксияи воситаи ахбори омма додааст, рад намояд, ба шарте ки он мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

- ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад;

- ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ӯро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, пешниҳод кунад;

- воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади   дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурӯғ, маълумотҳои тӯҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.

 

Моддаи 30. Аккредитатсияи журналистони воситаҳои ахбори омма

1. Воситаҳои ахбори омма дар мувофиқа бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, метавонанд  намояндагони худро дар онҳо ҳамчун журналист аккредитатсия намоянд.

2. Журналисти ваколатдор ҳуқуқ дорад дар маҷлисҳо ва дигар чорабиниҳои ин мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо иштирок намояд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стенограмма, протокол ва ҳуҷҷатҳои дигар шинос шавад ва дар мавриди зарурӣ онҳоро нусхабардорӣ намояд.

 

БОБИ 5. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ  ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА

 

Моддаи 31. Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҳамкориҳои байналмилалии редаксияҳои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 32. Фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ ҳуқуқ доранд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Ин фаъолият бо роҳи кушодани филиалҳо, намояндагиҳо ва ё аккредитатсияи журналистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Филиал ва намояндагиҳои воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин агентиҳои иттилоотии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд ва ба ҳисоб гирифта  мешаванд.

3. Хабарнигорони хориҷиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида аккредитатсия менамояд ва аккредитатсияашонро бекор мекунад.

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 34. Ҳолатҳои озод кардан аз ҷавобгарӣ

Сармуҳаррир (муҳаррир) ва ҳамчунин журналист барои дар воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маълумоте, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, дар чунин ҳолатҳо аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд:

- агар ин маълумот дар нашрияҳои чопӣ ба табъ расида бошад;

- агар ин маълумот аз агентиҳои иттилоотӣ ё хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо гирифта шуда бошад;

- агар маълумот дар нутқҳои муаллиф, ки мустақиман ба мавҷ мераванд ва ё дар матнҳое дарҷ шуда бошад, ки мувофиқи Қонуни мазкур набояд таҳрир шаванд;

- агар маълумот дар суханрониҳои расмии шахсони мансабдори давлатӣ, аз ҷумла аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан садо дода бошад.

 

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, с. 1990, №24, мод. 421; Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, №10, мод. 144; №11, мод. 175; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 48; фасли XIII; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли VII; с. 1999, №12 мод. 335; с. 2002, №4, қ. 1,  мод. 269) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН

 

       ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

            № 961

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:47
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
964
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.06.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №6, мод. 402)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи танзими асъор ва назорати асъор муқаррар намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) Асъор - пули миллии мамлакатҳои хориҷӣ.

2) Пули миллӣ  - сомонӣ, ки як воҳиди он ба 100 дирам баробар аст.

3) Сарватҳои асъорӣ: 

- асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматнок ва ҳуҷҷатҳои пардохтии бо асъори хориҷӣ ифодаёфта;

- пули миллӣ, коғазҳои қиматнок ва ҳуҷҷатҳои пардохтии бо пули миллӣ ифодаёфта танҳо ҳангоми бо онҳо анҷом додани амалиёт байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ва ё байни ғайрирезидентҳо.

4) Танзими асъор - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқэҷодкунӣ ва ташкилии мақомоти давлатӣ, ки асосҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории  сарватҳои асъорӣ  муқаррар менамоянд.

5) Назорати асъор - маҷмӯи чораҳои меъёрӣ, маъмурӣ ва ташкилие, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ё мақомоти дигари бо қонун ваколатдоршуда бо мақсади таъмини риояи тартиби иҷрои амалиёти асъорӣ ва санҷиши онҳо анҷом дода мешаванд.

6) Амалиёти асъорӣ:

- амалиёте, ки бо гузаштани ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳо ба сарватҳои асъорӣ, инчунин бо истифодаи онҳо ҳамчун воситаи муомилот ва пардохт алоқаманд мебошанд;

- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ворид ё ирсол намудани сарватҳои асъорӣ;

- аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, содир ё ирсол намудани сарватҳои асъорӣ;

- кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ.

7) Резидентҳо:

- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шаҳрвандоне, ки дар мамлакати хориҷӣ мутобиқи қонунгузории он мамлакат ҷойи истиқомати доимӣ доранд;

- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат доранд;

- шахсони ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда, филиалҳо, намояндагиҳо ва воҳидҳои дигари онҳо дар хориҷи кишвар;

- намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳангоми  иштирок дар муносибатҳои бо Қонуни мазкур танзимшаванда.

8) Ғайрирезидентҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент намебошанд.

9) Бонки ваколатдор - ташкилоти қарзӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ амалиёт анҷом медиҳад.

10) Бонки хориҷӣ - ташкилоти  қарзие, ки дар давлати хориҷӣ таъсис ёфта, ҳуқуқи анҷом додани амалиёти бонкиро дорад.

11) Шартномаи асъорӣ - қарордод (аҳд), шартномаҳои таъсисӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар асос ва ё барои иҷрои онҳо амалиёти асъорӣ анҷом дода мешавад.

12) Шахси ваколатдор - шахси воқеие, ки бо  амалиёти мубодилаи асъор ҳамчун соҳибкори инфиродӣ машғул мебошад ва шахси ҳуқуқие, ки хизматрасонии махсусро бо асъори хориҷӣ анҷом медиҳад.

13) Нуқтаи мубодилаи асъор - ҷои махсусе, ки шахси воқеии ваколатдор ва ё бонки ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар он амалиёти мубодилаи асъори хориҷиро анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими  асъор  ва назорати асъор 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф  намудааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМИ АСЪОР

           Моддаи 3. Мақсад, вазифа ва принсипҳои танзими асъор
1. Мақсади танзими асъор ҳимояи манфиати иқтисодии давлат, амалӣ кардани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба асъор ва таъмини  устувории низоми асъори кишвар мебошад.
2. Вазифаҳои танзими асъор инҳоянд:
- муайян кардани соҳаи истифода ва тартиби муомилоти сарватҳои асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян кардани тартиби анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини фаъолияти самаранок ва ҳамгироии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ. 
3. Принсипҳои асосии танзими асъор инҳоянд:
- таъмини волоияти қонун;
- истифодаи ҳадди ақалли чораҳои маъмурӣ;
- роҳ надодани дахолати беасоси мақомоти танзими асъор ва назорати асъор ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ.

        Моддаи 4. Мақомоти танзими асъор
    1. Мақомоти танзими асъор Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ тибқи қонун ваколатдоршуда мебошанд. 
   2. Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари танзими асъор мутобиқи Қонуни мазкур дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул мекунанд, ки иҷрои талаботи онҳо барои тамоми резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ҳатмӣ мебошад.
  3. Санадҳои аз ҷониби мақомоти дигари танзими асъор қабулшаванда бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми давлатии танзими асъор дорои вазифаҳои зерин мебошад:
- тартиби ба резидентҳо додани иҷозатномаро барои  фаъолияте, ки бо анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ  вобаста мебошад, муайян менамояд;
- соҳа ва  тартиби истифода,  муомилоти асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматнокро бо асъори хориҷӣ муайян мекунад;
- тартиби анҷомдиҳии амалиёти асъориро барои резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, аз ҷумла барои бонкҳои ваколатдор муайян менамояд;
- шаклҳои ягонаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи амалиёти асъорӣ, тартиб ва муҳлати пешниҳоди онҳоро барои резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, аз ҷумла барои бонкҳои ваколатдор муқаррар менамояд; 
- омори амалиёти асъориро таҳия ва нашр менамояд;
- қурби расмии пули миллиро нисбат ба асъори хориҷӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ муайян ва эълон менамояд;
- вазифаҳои дигареро, ки Қонуни мазкур ва санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.

           Моддаи 5. Фаъолияте, ки гирифтани иҷозатномаро талаб менамояд
   1. Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон додашаванда амалӣ карда шуда, намудҳои зеринро дар бар мегирад:
- мағозаҳои савдои бебоҷ;
- хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ;
- нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони ваколатдор;
- миёнаравӣ дар бозори байналмилалии  асъор.
   2. Тартиб ва қоидаҳои додани иҷозатнома, асосҳои рад намудан ва ё бозхондани иҷозатнома, инчунин  фаъолияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси онҳо қабулнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

      Моддаи 6. Ҳаққи хизмати баррасии дархост ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ
   1. Резидентҳо барои баррасии дархост ҷиҳати гирифтани иҷозатнома ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳаққи хизмат ва барои гирифтани иҷозатнома ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт мекунанд.
  2. Барои шахсони воқеӣ ҳаққи хизмати баррасии дархост ба андозаи панҷ  ва барои шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад.
  3. Ҳангоми рад шудани дархост ҷиҳати додани иҷозатнома, ҳаққи хизмати баррасии дархост баргардонида намешавад.
   4. Барои шахсони воқеӣ хироҷи иҷозатномадиҳӣ ба андозаи даҳ  ва барои шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад.

       Моддаи 7. Амалиёти асъорӣ байни резидентҳо ва   ғайрирезидентҳо
Амалиёти асъорӣ байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо бе маҳдудият анҷом дода мешавад.

    Моддаи 8. Амалиёти асъорӣ  байни резидентҳо
   Амалиёти асъорӣ  байни резидентҳо ба истиснои ҳолатҳои зерин манъ аст:
1) Амалиёте, ки дар он яке аз тарафҳо Бонки миллии Тоҷикистон ва ё Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2) Амалиёте (аҳде), ки бонкҳои ваколатдор ва шахсони ваколатдор бо асъори хориҷӣ мутобиқи иҷозатномаи гирифтаашон ва ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими асъор бо сарватҳои асъорӣ анҷом медиҳанд.
3) Пардохти ҳаққи хизмати бонкҳо барои  амалиёти бонкӣ, инчунин пардохти маблағи ҷаримаҳо аз рӯи шартномаҳои хизматрасонии бонкӣ бо асъори хориҷӣ.
 4) Гузоштани пасандозу амонат бо асъори хориҷӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ба номи худ ва ё шахсони воқеии дигар.
5)  Харид, фурӯш, додани даромад ва ё пардохти коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо.
6) Пардохт ва интиқоли маблағ  аз рӯи шартномаҳои содиротӣ (воридотӣ) ҳангоми истифодаи эътиборномаҳои интиқолӣ (аккредитивҳо).
7) Ҳисоббаробаркунӣ бо резидентҳое, ки фаъолияти дар қисми 1 моддаи 5  Қонуни мазкур пешбинишударо анҷом медиҳанд.
8)  Пардохти хароҷоти сафарҳои хизматӣ ба кишварҳои хориҷӣ.
9) Бо мақсадҳои хайрия интиқол ё додани сарватҳои асъорӣ байни шахсони воқеӣ.
10) Интиқол ва ё додани (гирифтани) сарватҳои асъорӣ ба (аз) ташкилотҳои хайриявӣ.
11) Амалиёт аз рӯи шартномаҳои экспедитсияҳои нақлиётӣ, боркашонӣ ва кироя (фрахт, чартер) ҳангоми аз ҷониби ирсолкунанда ва ё экспедитор, боркашон, кироякунанда анҷом додани хизматрасонӣ вобаста ба содир ё ворид намудани мол ва ё транзити мол ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз рӯи шартномаҳои суғуртаи молҳои мазкур.
12) Пардохти андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
13)  Амалиёти зерини шахсони воқеӣ:
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чун туҳфа додани сарватҳои асъорӣ;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чун туҳфа додани сарватҳои асъорӣ;
-  ба мерос гузоштан ё ҳамчун мерос гирифтани сарватҳои асъорӣ;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқол додани асъори хориҷӣ;
-  аз бонки ваколатдор ва ё шахси ваколатдор харидан ва ё ба онҳо фурӯхтан, инчунин майда кардан ва  иваз намудани асъори нақди хориҷӣ.

     Моддаи 9. Амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ
   1. Бонкҳои ваколатдор амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бе маҳдудият анҷом медиҳанд.
  2. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳо амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тавассути бонкҳои ваколатдор ва шахсони ваколатдор бо тартиби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода метавонанд.

         Моддаи 10. Содиру ворид намудан, интиқол ва ирсоли сарватҳои асъорӣ 
  1. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани асъори хориҷии нақд ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфта аз ҷониби резидентҳо ва ғайрирезидентҳо бе маҳдудият бо риояи талаботи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  2. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додан ва ё ирсол намудани асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфта аз ҷониби шахсони воқеӣ - резидентҳо ва ғайрирезидентҳо бе маҳдудият бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
  3. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани пули нақди миллӣ ва коғазҳои қиматноки бо пули миллӣ ифодаёфта бе маҳдудият анҷом дода мешавад.
4. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани асъори  хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфта аз ҷониби шахсони воқеӣ - резидентҳо ва ғайрирезидентҳо тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти гумрук анҷом дода мешавад. 
5. Шахсони воқеӣ - резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ҳуқуқ доранд асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфтаро, ки қаблан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид, интиқол ё ирсол шудаанд, бо риояи талаботи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи дар декларатсияи гумрукӣ ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ворид, интиқол ё ирсоли онҳо нишондодашуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бароранд.  
6. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пули нақди миллӣ ва коғазҳои қиматноки бо пули миллӣ ифодаёфта тибқи талаботи муқаррарнамудаи  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти гумрук  бароварда мешаванд.

        Моддаи 11. Суратҳисобҳои асъории резидентҳо
1. Резидентҳо метавонанд дар бонкҳои ваколатдор бе маҳдудият суратҳисобҳои бонкӣ (пасандозӣ, амонатӣ ва дигар)-ро бо асъори хориҷӣ кушоянд.
2. Резидентҳо - шахсони воқеӣ ҳисоббаробаркунии амалиёти асъориро тавассути суратҳисобҳои дар бонкҳои ваколатдор кушодашуда, ба истиснои ҳисоббаробаркунии амалиёти асъории дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинишуда, анҷом медиҳанд. 
3. Резидентҳо - шахсони ҳуқуқӣ ҳисоббаробаркунии амалиёти асъориро тавассути суратҳисобҳои дар бонкҳои ваколатдор кушодашуда, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда, анҷом медиҳанд.
4. Резидентҳо метавонанд дар бонкҳои хориҷӣ бе маҳдудият суратҳисобҳои бонкӣ (пасандозӣ, амонатӣ ва дигар)-ро кушоянд. Резидентҳое (ба истиснои бонкҳои ваколатдоре), ки чунин суратҳисобҳоро кушодаанд, бояд дар муддати на дертар аз даҳ рӯзи корӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти андозро оид ба кушодани онҳо огоҳ намоянд.
5. Тартиби кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои дар моддаи мазкур зикргардида бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

       Моддаи 12. Суратҳисобҳои асъории ғайрирезидентҳо
  1. Ғайрирезидентҳо метавонанд дар бонкҳои ваколатдор суратҳисобҳои бонкӣ (пасандозӣ, амонатӣ ва дигар) бо пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ кушоянд.
  2. Ғайрирезидентҳо метавонанд бе маҳдудият асъори хориҷӣ ва ё пули миллиро аз суратҳисобҳои худ дар бонкҳои хориҷӣ ба суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор, инчунин аз суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор ба суратҳисобҳои худ дар бонкҳои хориҷӣ гузаронанд.
  3. Ғайрирезидентҳо метавонанд асъори хориҷиро байни худ бе маҳдудият бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор интиқол диҳанд.
  4. Тартиби кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

     Моддаи 13. Баргардонидани асъори хориҷӣ ва пули миллӣ
  1. Резидентҳо уҳдадоранд дар муҳлати пешбиникардаи шартнома  барои ба суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор ворид шудани дороиҳои зерин чораҳои зарурӣ андешанд:
- пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ, ки аз ҷониби ғайрирезидент ҷиҳати пардохт барои содироти мол (кор ё хизматрасонӣ) ба резидент интиқол дода шудааст;
- пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ, ки ҷиҳати пешпардохт барои ворид кардани мол (кор ё хизматрасонӣ) ба ғайрирезидент интиқол  шудааст (дар ҳолатҳои аз ҷониби ғайрирезидент қисман ё пурра иҷро нашудани уҳдадориҳо).
2. Резидентҳо ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои зерин ҳангоми ҳисоббаробаркунии содироту воридоти мол (кор ё хизматрасонӣ) ба суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор пули миллӣ ё асъори хориҷиро ворид накунанд:
- ба суратҳисоби худ дар бонки хориҷӣ ё шахси сеюм ворид кардани пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ барои иҷрои уҳдадориҳо мутобиқи шартномаҳои асъорӣ;
- ба суратҳисоби худ дар бонки хориҷӣ ворид кардани пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ барои таъмини фаъолияти воҳидҳои сохтории худ дар хориҷа;
- дар ҳолати қатъ гаштани уҳдадориҳои ғайрирезидент ҳангоми ҳисоббаробаркунии мутақобилаи талабот;
- қатъ гаштани уҳдадориҳои аввалаи ғайрирезидент ҳангоми бо уҳдадориҳои нав ва ё тартиби дигари иҷро иваз шудани онҳо байни ҳамон як шахс;
- ба шахси сеюм гузашт кардани ҳуқуқи талаб кардани иҷрои уҳдадориҳо;
- гирифтани суғуртапулӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати суғуртавӣ аз рӯи шартномаҳои суғуртаи хавфҳо бинобар аз ҷониби ғайрирезидент иҷро нашудани уҳдадориҳо.
3. Бонкҳои ваколатдор, ки амалиёти асъории резидентҳоро анҷом медиҳанд, бояд аз онҳо  нишон додан ё аниқ кардани муҳлати ба суратҳисобҳои бонкӣ ворид кардани асъори хориҷиро аз рӯи шартномаи (аҳди) содироту воридоти мол (кор ё хизматрасонӣ)  ҳатман талаб намоянд.
4. Резидентҳо вазифадоранд ҳангоми тағйирёбии муҳлати иҷрои уҳдадориҳо ё ба миён омадани ҳолатҳое, ки барои дар муҳлати таъйиншуда ворид шудани асъори хориҷӣ ба суратҳисобҳо таъсир мерасонанд,  бонки ваколатдорро огоҳ намуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва далелҳои асоснок пешниҳод намоянд.

       Моддаи 14. Амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя  
   Амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя инҳо мебошанд:
- сармоягузории мустақими резидентҳо ба кишварҳои хориҷӣ;
- хариди коғазҳои қиматнок, саҳмияҳои хазинаҳои маблағгузорӣ; 
- иштирок дар ташкили сармояи оинномавӣ ва дигар амалиёт бо коғазҳои қиматноки ҳосилавӣ;
- гирифтан ва ё додани қарзҳои тиҷоратӣ, ки муҳлати пардохташон бештар аз як сол мебошад;
- кушодани суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби резидентҳо дар бонкҳои хориҷӣ;
- дигар амалиёте, ки мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ҳамчун амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя эътироф карда мешаванд.

       Моддаи 15. Огоҳ намудан дар бораи амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя
   1. Резидентҳо амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармояро бо шарти огоҳ намудани Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода метавонанд.
  2. Резидентҳо, аз ҷумла бонкҳои ваколатдор Бонки миллии Тоҷикистонро оид ба оғози амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз санаи оғози иҷрои уҳдадориҳои шартномаи асъорӣ ва ҳангоми кушодани суратҳисоб дар бонки хориҷӣ дар муҳлати на дертар аз даҳ рӯзи корӣ огоҳ месозанд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз санаи гирифтани огоҳинома ба резидентҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда медиҳад.

      Моддаи 16. Пешниҳоди ҳисобот, маълумот ва ҳуҷҷатҳо
1. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти асъорӣ анҷом медиҳанд, уҳдадоранд ба мақомоти танзими асъор, мақомот ва агентҳои назорати асъор ҳисобот, маълумот ва ҳуҷҷатҳоро оид ба ҳамин амалиёт бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти танзими асъор пешниҳод намоянд.
2. Бонкҳои ваколатдор аз резидентҳо ва ғайрирезидентҳо нишон додани мақсаду таъйиноти пардохт ва интиқоли маблағи пулии марбут ба амалиёти асъории тавассути онҳо анҷомдодашавандаро талаб менамоянд. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳо уҳдадоранд  талаботи мазкурро иҷро ва инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мақсаду таъйиноти пардохт ва интиқоли маблағи пулиро пешниҳод намоянд.

 

БОБИ 3. НАЗОРАТИ АСЪОР

        Моддаи 17. Мақсад ва вазифаҳои назорати асъор
1. Мақсади назорати асъор таъмин ва назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муқарраргардидаи анҷоми амалиёти асъорӣ аз ҷониби резидентҳо ва ғайрирезидентҳо мебошад.
2. Вазифаҳои назорати асъор  иборатанд:
- муайян кардани мувофиқати амалиёти асъорӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муқарраргардидаи анҷомдиҳии онҳо;
- санҷиши асоснокии пардохтҳо ва интиқолҳои марбут ба амалиёти асъорӣ ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои анҷомдиҳии онҳо;
- санҷиши пуррагӣ ва воқеӣ будани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии амалиёти асъорӣ.

        Моддаи 18. Мақомот ва агентҳои назорати асъор
  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати асъорро мақомоти назорати асъор - Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои бо қонунгузорӣ барои онҳо муқарраргашта ва агентҳои назорати асъор анҷом медиҳанд.
  2. Агентҳои назорати асъор бонкҳои ваколатдор ва шахсони ваколатдоре мебошанд, ки мувофиқи талаботи Қонуни мазкур ва иҷозатномаҳои гирифтаашон вазифаи назорати риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва тартиби муқарраргардидаи анҷоми  амалиёти асъориро ба уҳда доранд.
  3. Агентҳои назорати асъор ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
  4. Мақомоти назорати асъор санадҳои меъёрии ҳуқуқии назорати асъорро танҳо дар ҳолатҳо ва доираи муайянкардаи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти танзими асъор қабул карда метавонанд. Санадҳои мазкур масъалаҳои танзими асъорро дар бар гирифта наметавонанд.

       Моддаи 19. Ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомот ва агентҳои назорати асъор
  1. Мақомот ва агентҳои назорати асъор дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ доранд:
- санҷиши риояи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва тартиби муқарраргардидаи гузаронидани амалиёти асъориро аз тарафи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо анҷом диҳанд; 
- санҷиши баҳисобгирии пурра ва воқеии гузаронидани амалиёти асъории резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро анҷом диҳанд;
- аз резидентҳо ва ғайрирезидентҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумотро оид ба гузаронидани амалиёти асъорӣ талаб намоянд. Ҳуҷҷат ва маълумоти мазкур бояд дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз санаи талаб кардани онҳо пешниҳод карда шаванд. 
  2. Мақомоти назорати асъор дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ доранд:
- ба резидентҳо ва ғайрирезидентҳо барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор амру дастур  диҳанд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад; 
- чораҳои таъсиррасонии пешбининамудаи қонунгузориро барои риоя накардани талаботи қонунгузории танзими асъор ва назорати асъор татбиқ намоянд;
- тартиби пешниҳоди ҳисоботҳо оид ба амалиёти асъорӣ ва санҷиши масъалаҳои марбут ба риояи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва тартиби муқарраргардидаи анҷоми амалиёти асъориро муайян намоянд. 
     3. Бо мақсади амалӣ кардани назорати асъор агентҳои назорати асъор дар доираи ваколатҳои худ ҳангоми анҷоми амалиёти асъорӣ метавонанд аз резидентҳо ва ғайрирезидентҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зеринро талаб намоянд:
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ;
- ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ - соҳибкори инфиродӣ;
- ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва бақайдгирии давлатӣ барои шахси ҳуқуқӣ;
- ҳуҷҷатҳое, ки бақайдгирии давлатии андозсупорандаро тасдиқ мекунанд;
- ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷоми амалиёти асъорӣ асос мебошанд, аз ҷумла шартномаҳои асъорӣ, ваколатномаҳо, нусхаи қарорҳои мақоми идоракунии шахсони ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои савдо (музоядаҳо), ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳвили  (супоридани) мол (кор ё хизматрасонӣ), санадҳои дигари мақомоти давлатӣ;
- ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби бонкҳои ваколатдор ва шахсони ваколатдор ба расмият дароварда мешаванд, аз ҷумла маълумотномаи   суратҳисоби бонкӣ, ҳуҷҷатҳои дигаре, ки анҷоми амалиёти асъориро тасдиқ мекунанд;
- ҳуҷҷатҳое, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани пули миллӣ, асъори хориҷӣ ва дигар сарватҳои асъориро тасдиқ мекунанд;
- иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба истифодаи сарватҳои асъорӣ ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба огоҳ намудан дар бораи оғози амалиёти асъории  марбут ба ҳаракати сармоя.
     4. Агентҳои назорати асъор уҳдадоранд:
- риояи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъорро ҳангоми аз ҷониби онҳо анҷом додани амалиёти асъорӣ, аз ҷумла амалиёти бо супориши муштариён анҷомдодашаванда таъмин намоянд;
- пурра ва воқеӣ будани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба амалиёти асъориро таъмин намоянд;
- оид ба ҳодисаҳои риоя нашудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби муштариён, аз ҷумла дар бораи аҳд ва амалиёти шубҳанок ҳангоми анҷоми  амалиёти асъорӣ аз ҷониби онҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдор оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромади бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар расонанд;
-  бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими асъор ба мақомоти назорати асъор оид ба амалиёти асъорӣ маълумот пешниҳод намоянд.
     5. Ба бонкҳои ваколатдор ҳангоми аз ҷониби резидентҳо ва ғайрирезидентҳо пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинигардида ва ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои нодурусту беэътимод,  гузаронидани амалиёти асъорӣ манъ аст.
     6. Мақомот, агентҳои назорати асъор ва шахсони мансабдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд сирри тиҷоратӣ, бонкӣ ва хизматии ҳангоми амалӣ кардани ваколатҳояшон маълумшударо махфӣ нигоҳ доранд.
   7. Ҳангоми андешидани тадбирҳо ва ё иҷрои вазифаю уҳдадориҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд, мақомот, агентҳои назорати асъор ва шахсони мансабдори онҳо барои риоя нашудани талаботи қисми 6 моддаи мазкур ҷавобгар намебошанд.

       Моддаи 20. Ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳо
   1. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти асъориро анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд:
- ба санадҳои санҷише, ки мақомот ва агентҳои назорати асъор тартиб додаанд, шинос шуда, оид ба  онҳо шарҳу эзоҳ диҳанд;
 - аз рӯи қарор ва амалҳои (беамалии) мақомот, агентҳои назорати асъор ва шахсони мансабдори онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят намоянд;
- ҳуқуқҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намоянд.
   2. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти асъориро анҷом медиҳанд, уҳдадоранд:
- ба мақомот ва агентҳои назорати асъор ҳамаи ҳуҷҷат ва маълумоти дархостшавандаро оид ба амалиёти асъорӣ дар муҳлати  муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- баҳисобгирии амалиёти асъории анҷомёфтаро пеш баранд, дар бораи онҳо ҳисобот дода, ҳифз ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳоро на камтар аз панҷ сол аз рӯзи анҷомёбӣ таъмин намоянд;
- дастуру талаботи мақомоти назорати асъорро оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда иҷро намоянд.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

     Моддаи 21. Тартиби махсуси анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ                       
   1. Дар ҳолати ба миён омадани таҳдид ба бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувории низоми молиявӣ, аз ҷумла қурби пули миллӣ ба муҳлати на бештар аз 6 моҳ тартиби махсуси анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ ҷорӣ карда мешавад, ки тибқи он амалиёти асъории резидентҳо ва ғайрирезидентҳо метавонад маҳдуд ё манъ карда шавад.
  2. Тартиби махсуси анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

       Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

         Моддаи 23. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 21, мод.251; с.1997, № № 23-24, мод.333, фасли XXXVIII; с.1998, №10, мод.119, фасли VII; с.1999, № № 9, мод.231; с.2002, № 4, қ.1, мод.284; с.2004; № 12, қ.1 мод.691; с.2007, № 7, мод.676) аз эътибор соқит дониста шавад.

           Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни  мазкур
       Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,

13 июни соли 2013,

№ 964

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КООПЕРАТИВҲО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
991
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.06.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КООПЕРАТИВҲО

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 519)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии таъсис, фаъолият ва барҳамдиҳии кооперативҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

      Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
   Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- кооператив - иттиҳодияи мустақил ва ихтиёрии бо тартиби муқарраргардида бақайдгирифташуда мебошад, ки дар асоси узвияти шахсон бо мақсади қонеъ намудани талаботи муштараки иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар талаботи онҳо, инчунин саъю кӯшиши шахсони мазкур тавассути муттаҳидкунии молу мулк (аъзоҳаққии саҳмӣ) ва таъсиси ташкилоти ба таври демократӣ идорашавандаи молу мулки якҷоя таъсис дода мешавад;
- ҷубронпулӣ - пардохти хароҷоти шахсони мансабдори кооператив вобаста ба кори ихтиёрии мунтазами онҳо дар кооператив, агар он дар оинномаи кооператив пешбинӣ шуда бошад;
- мукофотпулӣ - як қисми даромади софи кооператив, ки ба ҳамаи шахсони мансабдори кооператив ё шахсони алоҳидаи он барои хизматрасонӣ пардохт мешавад, агар он дар оинномаи кооператив пешбинӣ шуда бошад;
- даромад - маблағҳои молиявии бо ҷамъбасти фаъолияти иқтисодии кооператив бадастомада, ки дар ҳисоботи молиявии кооператив бо назардошти ҳамаи хароҷоту ҳиссаҷудокуниҳо ба фонди истеҳлокӣ ва қарзҳои беэътимод инъикос ёфтаанд; 
- даромади соф - қисми даромадҳое, ки баъд аз ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои кооператив ва пардохти ҳамаи андозҳо боқӣ мемонад;
- пардохтҳои саҳмӣ - қисми даромади софи кооператив, ки дар байни аъзои он мувофиқи саҳми пардохтаи аъзои кооператив аз рӯи шартҳои дар оиннома пешбинишуда тақсим карда мешавад; 
- пардохти кооперативӣ - қисми даромади софи кооператив, ки мутаносибан дар байни аъзои он мувофиқи андозаи иштирокашон дар фаъолияти иқтисодии кооператив пардохта мешавад; 
- аъзоҳаққии саҳмӣ  - саҳми узви кооператив ба фонди саҳмии он, ки дар шакли маблағҳои пулӣ ё молу мулк ворид шудааст;
- аъзои кооператив - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ба қарори таъсисёбии аъзои кооператив имзо гузоштаанд ё ин ки ба узвияти кооператив баъд аз бақайдгирии он қабул гардидаанд;
- шахси мансабдори кооператив - шахсе, ки ба ӯ мутобиқи Қонуни мазкур ё оинномаи кооператив барои ба фаъолияти кооператив дастур додан ё чунин фаъолиятро роҳбарӣ намудан ваколат дода шудааст;
- вакил - намояндаи шумораи муайяни аъзои кооператив, ки барои иштирок дар маҷлиси вакилони кооператив тибқи тартиби дар оинномаи кооператив пешбинишуда интихоб шудааст.

           Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооперативҳо
      Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооперативҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

     Моддаи 3. Шаклҳои кооперативҳо
1. Кооперативҳо метавонанд дар ду шакли зерин таъсис дода шаванд:
- кооперативи ғайритиҷоратӣ;
- кооперативи тиҷоратӣ.
2. Кооперативи ғайритиҷоратӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, мутобиқи оинномаи кооператив асосан ба аъзои худ хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи ғайритиҷоратӣ, ки дар натиҷаи хизматрасониҳо ба шахсони сеюм ба даст оварда шудааст, дар байни аъзои он тақсим карда намешавад ва ин даромад ҷиҳати рушди минбаъдаи он сарф карда мешавад. Дар сурати асосан ба шахсони сеюм хизмат расондани кооперативи ғайритиҷоратӣ, он бояд ба кооперативи тиҷоратӣ табдил дода шавад.
 3. Кооперативи тиҷоратӣ ташкилоти тиҷоратӣ буда, мутобиқи оиннома асосан ба шахсони сеюм хизмат мерасонад. Даромади софи кооперативи тиҷоратӣ метавонад дар байни аъзои он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив тақсим карда шавад.

      Моддаи 4. Доираи фаъолияти кооперативҳо
  1. Кооперативҳо метавонанд фаъолияти худро дар соҳаҳои матлубот, истеҳсолот, сохтмон, манзил, коммуналӣ, коркард, фурӯши маҳсулот, таъминот, хизматрасонӣ, савдо, кишоварзӣ, суғурта, қарздиҳӣ ва дигар соҳаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд. 
2. Кооперативҳое, ки дар соҳаи қарздиҳӣ фаъолият мекунанд, ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ мебошанд. Тартиби фаъолияти кооператив дар соҳаи қарздиҳӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти бонкӣ ба танзим дароварда мешавад.
3. Тартиби фаъолияти кооперативҳо дар соҳаи суғурта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта ба танзим дароварда мешавад.

     Моддаи 5. Принсипҳои таъсис ва фаъолияти кооперативҳо
Таъсис ва фаъолияти кооперативҳо ба принсипҳои зерин асос меёбанд: 
- узвияти ихтиёрӣ ва ошкоро дар кооператив;
- кӯмаки мутақобила ва ҳифзи бартариҳои иқтисодӣ барои аъзои кооператив;
- идоракунии демократӣ;
- расидан ба ҳадафҳо доир ба беҳтаркунии шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии аъзои кооператив;
- нигоҳдории мустақилияти иқтисодӣ ва соҳибкории аъзои кооператив;
- таъмини дастрасии аъзои кооператив ба таҳсилот ва омӯзиш;
- пешбурди фаъолияти шаффофи кооператив.

        Моддаи 6. Давлат ва кооперативҳо
   1. Давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооперативҳо ва аъзои он кафолат дода, ба рушди кооперативҳо мусоидат менамояд.
  2. Давлат ва мақомоти давлатӣ наметавонанд ба фаъолияти кооперативҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, дахолат намоянд.

 

БОБИ 2. ТАЪСИС ВА БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 7. Таъсиси кооператив ва номи фирмавии он
   1. Кооператив аз ҷониби на камтар аз се шахси воқеӣ  ё шахсони ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад. 
   2. Номи фирмавии кооператив бояд ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ва дорои калимаи "кооператив" бошад.
3. Ба дигар ташкилот, ба ғайр аз кооперативи бо тартиби муқарраргардида бақайдгирифташуда, амалӣ намудани фаъолият таҳти ном ё номгузории дорои калимаи "кооператив" ё ҳамрадифи он бо дигар забон манъ мебошад.

          Моддаи 8. Бақайдгирии давлатии кооператив
1. Бақайдгирии давлатии кооператив мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад.
2. Кооператив аз рӯзи бақайдгирии давлатиаш мақоми шахси ҳуқуқиро  мегирад.

 

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кооператив
1. Кооператив ҳуқуқ дорад:
- аъзои кооперативи дигар ё иттиҳодия (ассотсиатсия) ва ташкилоти дигар бошад; 
- оинномаи худро тасдиқ ва ба он тағйиру иловаҳо ворид намояд, ӯҳдадориҳои аъзои амалкунандаро дар оянда омӯхта, муайян намояд;
- аз аъзои кооператив пардохти зарари иқтисодиро талаб намояд, агар оинномаи кооператив инро пешбинӣ намуда бошад.
2. Кооператив ӯҳдадор аст:
- Феҳристи аъзои кооператив ва саҳмҳои онҳоро ба роҳ монад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии муҳосибии мувофиқро ба роҳ монад;
- нусхаи оиннома, рӯйхати аъзои кооператив ва маълумотро дар бораи онҳо барои гузаронидани санҷиш дар ҳар вақти муносиб ва аз рӯи суроғаи бақайдгирифташудаи кооператив ройгон пешниҳод намояд;
- ҳуҷҷатҳои молиявии худро барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ ба аудитори мустақил мутобиқи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив пешниҳод намояд.
3. Кооперативҳо инчунин дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

        Моддаи 10. Оинномаи кооператив
1. Оинномаи кооператив, ки аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои он тасдиқ шудааст, ҳуҷҷати таъсисии кооператив маҳсуб меёбад.
2. Оинномаи кооператив бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- номи фирмавии кооператив;
- суроғаи кооператив;
- мақсадҳои кооператив;
- мақсадҳое, ки мувофиқи онҳо маблағҳои молиявии кооператив метавонанд мавриди истифодабарӣ қарор дода шаванд;
- арзиши номиналии як саҳми кооператив;
- шартҳо ва тартиби қабул ба узвияти кооператив;
- тартиби пардохти аъзоҳаққиҳои саҳмӣ, дохилшавӣ ба узвияти кооператив ва дигар маблағҳо, инчунин шартҳои интиқол ва ба пули нақд табдил додани саҳмҳои кооператив;
- тартиби гузашт кардани саҳм;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои кооператив ва дараҷаи ҷавобгарии онҳо вобаста ба қарзҳои кооператив; 
- шартҳои баромадан аз узвияти кооператив; 
- тартиби даъват ва гузаронидани маҷлисҳои умумии аъзои кооператив ва дигар маҷлисҳо, машваратҳо, тартиби овоздиҳӣ;
- ваколат ва ӯҳдадориҳои маҷлиси умумии аъзо ва раёсати кооператив;
- тартиби интихоб, таъин, мӯҳлати ишғоли вазифа, муваққатан дур ва озод кардани аъзои раёсат ва дигар шахсони мансабдори кооператив аз вазифа;
- ваколатҳои шахсони мансабдори кооператив оид ба имзо кардани ҳуҷҷатҳо ва истифодаи мӯҳри кооператив;
- тартиби ташаккул, фаъолият ва тақсимоти фонди захиравӣ, инчунин тартиби муайян намудани ҳаҷми маблағи ба фонди захиравии кооператив воридшаванда; 
- тартиби тақсимоти даромади соф ва ҷуброни зарарҳои ҳамасолаи кооператив;
- масъалаҳои марбут ба мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ, ки ба шахсони мансабдори кооператив пардохт карда мешаванд, агар онҳо пешбинӣ шуда бошанд;
- дар сурати иваз шудани маҷлиси умумии аъзои кооператив ба маҷлиси вакилон, тартиби интихоби вакилон ё шахсони онҳоро ивазкунанда, шумораи аъзои алоҳидаи кооператив, ки аз ҷониби ҳар як вакил намояндагӣ карда мешавад, шартҳои ваколат ва мӯҳлати фаъолияти онҳо дар вазифа, вале на зиёда аз се сол;
- тартиби намояндагии ташкилоти аъзои кооператив дар маҷлиси умумии аъзои кооператив, тартиби овоздиҳии вакилон, мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳо, вале на зиёда аз се сол ва озод намудани вакилон аз вазифаҳояшон;
- ӯҳдадориҳои шахсони мансабдори кооператив;
- дигар маълумотҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.

 

БОБИ 4. УЗВИЯТ ДАР КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 11. Шартҳои узвият дар кооператив 
Шахсони зерин аъзои кооператив шуда метавонанд:
- шахси воқеӣ, ки ба синни шонздаҳ расидааст ва ба талаботи пешбининамудаи оинномаи кооператив ҷавобгӯ мебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;
- шахси ҳуқуқӣ, ки мутобиқи Қонуни мазкур ҳамчун кооператив ё ҳамчун дигар шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст ва ба талаботи пешбининамудаи оинномаи кооператив ҷавобгӯ мебошад.

       Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аъзои кооператив 
1. Ҳуқуқҳои аъзои кооператив:
-  истифода бурдан аз ҳамаи хизматрасониҳои кооператив; 
- интихоб кардан ё интихоб шудан ба мақомоти идоракунии кооператив;
- дар бораи фаъолияти кооператив маълумоти пурра гирифтан;
- як ҳиссаи даромади софи кооперативро, ки барои тақсимот дар байни аъзои он пешбинӣ шудааст, инчунин намудҳои дигари маблағҳои дар оинномаи кооператив пешбинишударо гирифтан; 
- аз имтиёзҳое, ки оинномаи кооператив барои аъзои худ пешбинӣ намудааст, истифода бурдан; 
- бо ихтиёри худ аз кооператив баромадан ва гирифтани маблағҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив; 
- барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намудан.
2. Аъзои кооператив, инчунин метавонанд дорои дигар ҳуқуқҳое, ки Қонуни мазкур, оинномаи кооператив ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ намудаанд, бошанд. 
3. Ӯҳдадориҳои аъзои кооператив:
- риоя намудани талаботи оинномаи кооператив;
- пардохти аъзоҳаққии саҳмӣ мувофиқи тартиби дар оинномаи кооператив пешбинишуда; 
- ширкати меҳнатии шахсӣ ва ё бо тарзи дигар ширкат варзидан дар фаъолияти кооператив; 
- ҷавобгарии иловагӣ (субсидиарӣ) вобаста ба ӯҳдадориҳои кооператив аз рӯи андоза ва тартибе, ки Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив пешбинӣ намудааст.
4. Аъзои кооператив, инчунин дорои дигар ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, оинномаи кооператив ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

         Моддаи 13. Аъзоҳаққии саҳмии аъзои кооператив ва маҳдудиятҳо барои аъзои кооператив дар истифодаи ҳуқуқҳои худ то пардохти маблағҳои дахлдор
1. Аъзоҳаққии саҳмии аъзои кооператив сармояи аввалияи кооперативро ташкил медиҳад ва барои пӯшонидани хароҷоти вобаста ба таъсис ва ташкили фаъолияти он пешбинӣ шудааст.
2. Аъзоҳаққии саҳмии ба кооператив воридшаванда метавонад аз пул, коғазҳои қиматнок, ашё, ҳуқуқи молумулкӣ, ҳуқуқ ба маҳсули натиҷаҳои моликияти зеҳнӣ ва дигар молу мулк иборат бошад. 
3. Ҳуқуқи истифодаи замин наметавонад ба сифати аъзоҳаққии саҳмӣ истифода шавад. Қитъаҳои замини аъзои кооператив метавонанд ба кооператив дар асоси иҷора пешниҳод карда шаванд. Андозаи иҷорапулӣ ва шартҳои иҷора, инчунин шартҳои пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани иҷора бо қарордоди тарафҳо муайян карда мешаванд. 
4. Дар сурати хориҷ шудан аз узвияти кооператив, шахс метавонад шартномаи иҷораи қитъаи заминро пеш аз мӯҳлат қатъ намояд. 
5. Узви кооператив ӯҳдадор аст, ки дар давоми на зиёда аз як сол аз санаи бақайдгирии давлатии кооператив пурра пардохти аъзоҳаққии саҳмии худро супорад. 
6. Таркиб ва андозаи аъзоҳаққии саҳмӣ, инчунин пардохти онро оинномаи кооператив  муқаррар менамояд. 
7. Пардохти аъзоҳаққии саҳмии аъзои кооператив наметавонад молу мулки ба гаравмонда бошад.

          Моддаи 14. Тартиби овоздиҳӣ дар кооператив
Ҳар як узви кооператив, новобаста ба миқдори саҳмҳои доштааш танҳо як овоз дорад. Узви кооператив шахсан овоз медиҳад. Агар оинномаи кооператив овоздиҳиро ба воситаи ваколатнома пешбинӣ намояд, дар ин ҳолат узви кооператив наметавонад зиёда аз ду аъзои дигари кооперативро дар маҷлиси умумии аъзои кооператив намояндагӣ кунад. Дар ҳолати намояндагии ташкилот ҳамчун узв, ҳуқуқи овоздиҳиро танҳо шахси ваколатдор дошта метавонад.

      Моддаи 15. Маҳдудият дар соҳибии саҳмҳо барои аъзои кооператив 
1. Узви кооператив ҳуқуқ надорад, ки бештар аз сӣ фоизи саҳмҳои кооперативро соҳиб шавад.
2. Ин маҳдудият ба кооперативе, ки узви кооператив мебошад, дахл надорад.

       Моддаи 16. Маҳдудият дар гузашт намудани саҳмҳои аъзои кооператив
Узви кооператив, собиқ узв ё вориси узви фавтидаи кооператив метавонад саҳми худро танҳо ба узви амалкунанда ё ояндаи кооператив гузашт намояд, ба шарте ки чунин гузаштнамоӣ ба фоидаи кооператив бошад. Тартиби гузашт кардани саҳм дар оинномаи кооператив муайян карда мешавад.

       Моддаи 17. Масъулияти узви кооператив, ки бо андозаи саҳм ё кафолат маҳдуд шудааст 
 1. Узви амалкунанда ё собиқи кооператив аз рӯи ӯҳдадориҳои кооператив дар доираи арзиши ақалли саҳмҳо, ки моликияти ӯ мебошанд ё аз тарафи ӯ имзо гардидаанд, масъул мебошад.
 2. Агар оинномаи кооператив андозаи масъулияти аъзоро аз арзиши ақалли саҳмҳо, ки моликияти онҳо мебошанд, ё аз тарафи онҳо имзо гардидаанд, бештар муайян намуда бошад, масъулият ба маблағи муқаррарнамудаи оинномаи кооператив паҳн мегардад.

        Моддаи 18. Масъулияти узви собиқи кооператив ва ворисони фавтидаи узви кооператив вобаста ба ӯҳдадориҳои (қарзҳои) кооператив 
1. Узви собиқи кооператив аз рӯи ӯҳдадориҳои кооператив дар он шакле ки онҳо дар давраи қатъи узвияти ӯ қарор доштанд, вале на зиёда аз ду сол пас аз баромадани ӯ аз кооператив, масъул мебошад.
2. Ворисони узви фавтидаи кооператив дар доираи арзиши ақалли саҳмҳои дар моликият буда ё имзонамудаи узви фавтидаи кооператив барои ӯҳдадориҳои кооператив, дар он шакле, ки онҳо пас аз фавти узви кооператив  вуҷуд доштанд, вале на зиёда аз ду сол баъд аз фавти ӯ, масъул мебошанд.

      Моддаи 19. Ҳуқуқи аз кооператив баромадани узви кооператив 
1. Узви кооператив зимни риояи шартҳо ва огоҳонидани кооператив метавонад мутобиқи тартиби дар оинномаи кооператив пешбинишуда аз кооператив барояд.
2. Огоҳсозӣ дар бораи аз кооператив баромадани узви он дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи оинномаи кооператив, вале на зиёда аз як сол амалӣ мегардад.

      Моддаи 20. Тартиби хориҷ намудан аз узвият дар кооператив 
Узви кооператив бо қарори на камтар аз се ду ҳиссаи иштироккунандагон ва овоздиҳандагон дар маҷлиси умумии аъзои он метавонад аз узвияти кооператив хориҷ карда шавад, дар сурате ки ӯ муқаррароти Қонуни мазкур, оинномаи кооператив ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя накунад. Раёсати кооператив ба чунин узв маълумотро дар шакли хаттӣ на дертар аз ҳафт рӯз қабл аз баргузории маҷлиси умумии аъзои кооператив пешниҳод менамояд.

 

БОБИ 5. СОХТОРИ ТАШКИЛӢ ВА ИДОРАКУНИИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 21. Мақомоти идоракунӣ ва назоратии кооператив
Мақомоти идоракунӣ ва назоратии кооператив инҳо мебошанд:
- маҷлиси умумии аъзои кооператив;
- шӯрои нозирони кооператив;
- раёсати кооператив.

           Моддаи 22. Маҷлиси умумии аъзои кооператив
1. Мақоми олии идоракунии кооператив маҷлиси умумии аъзои он мебошад.
2.  Маҷлиси умумии аъзои кооператив аз ҷониби раёсат ҳар сол аз рӯи зарурат, вале на дертар аз шаш моҳ баъд аз ба итмом расидани соли молиявӣ, даъват карда мешавад.
3. Агар дар оинномаи кооператив тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, хабарнома дар бораи гузаронидани маҷлиси умумӣ ба ҳар як узви кооператив ё вакил, ки ҳуқуқи дар маҷлиси умумии аъзои кооператив иштирок карданро дорад, на дертар аз понздаҳ рӯз қабл аз санаи баргузории чунин маҷлис расонида мешавад. Хабарнома ҷой ва вақти гузаронидани маҷлиси умумии аъзои кооператив, рӯзнома ва масъалаҳои пешниҳодшударо дар бар гирифта, зимнан дигар масъалаҳо бе розигӣ ва овоздиҳии ҳадди аксари аъзои иштироккунанда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.
4. Шумораи умумии аъзои кооператив агар зиёда аз сад нафарро ташкил диҳад, дар он сурат маҷлиси вакилони кооператив метавонад маҷлиси умумии аъзои кооперативро, ки дар он ҳар як вакил шумораи муайяни аъзоро намояндагӣ мекунад, иваз намояд. Шумораи вакилон дар кооператив набояд аз панҷоҳ нафар камтар бошад. Маҷлиси вакилони кооператив дорои ваколатҳои дар моддаи 23 Қонуни мазкур пешбинигардида мебошад.
5. Ҳар як узви кооператив метавонад ба ҳайси вакил интихоб шавад. Ба овоздиҳии вакилон аз рӯи ваколатнома иҷозат дода намешавад.
6. Тартиби интихоби вакилон ё шахсони онҳоро инвазкунанда, ки ҳар як вакил онҳоро намояндагӣ менамояд, инчунин мӯҳлати ишғоли вазифаҳои онҳо аз ҷониби вакилон тибқи оинномаи кооператив муқаррар мегарданд.

           Моддаи 23. Ваколатҳои  маҷлиси умумии аъзои кооператив
  Маҷлиси умумии аъзои кооператив ваколатҳои зерин дорад:
- тасдиқи оиннома ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он;
- баррасӣ ва тасдиқи протоколи маҷлиси умумии аъзои кооператив;
- баррасии ҳисоботи аудиторҳо, раёсат ва дигар ҳисобот; 
- тасдиқи ҳисоботи молиявӣ;
- қабули қарорҳо дар бораи пардохтҳои кооператив, даромадҳо ва тартиби ҷуброни зарар ва фоидаи соф мутобиқи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив;
- тасдиқи қарорҳо дар бораи қабул ва хориҷ намудани аъзои кооператив;
- интихоби аъзои раёсат;
- таъини аудиторҳои кооператив;
- баррасӣ ва муқаррар намудани андозаи ҳадди аксари қарзгирӣ аз ҷониби кооператив;
- тасдиқи тартиби пешбурди маҷлиси умумии аъзои кооператив; 
- муқаррар намудани фондҳои кооператив ва тартиби истифодаи онҳо;
- таъсис ва барҳамдиҳии намояндагӣ ва филиалҳои кооператив;
- ҳалли масъалаҳои вобаста ба иштироки кооператив дар фаъолияти дигар кооперативҳо, иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо) ва ташкилотҳои дигар;
- ҳалли масъалаҳои вобаста ба пардохти аъзоҳаққии иловагӣ;
- ҳалли масъалаҳои вобаста ба азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии кооператив;
- баррасии дигар масъалаҳои дар Қонуни мазкур ё оинномаи кооператив пешбинишуда.

           Моддаи 24. Тартиби даъвати маҷлиси умумии ғайринавбатии аъзои кооператив
   1. Шӯрои нозирони кооператив метавонад дар ҳолати зарурӣ маҷлиси умумии ғайринавбатии аъзои кооперативро даъват намояд. Ҳамаи аъзо ё вакилон доир ба рӯзномаи барои муҳокима пешниҳодшудаи маҷлис дар шакли хаттӣ на дертар аз ҳафт рӯз хабардор карда мешаванд. Дар сурати пешниҳод шудани тағйирот ба оиннома бошад, аъзо ва вакилон на дертар аз понздаҳ рӯз бояд огоҳ карда шаванд.
  2. Маҷлиси умумии ғайринавбатии аъзои кооператив аз ҷониби раёсати кооператив, инчунин ҳангоми гирифтани дархости дахлдор дар бораи гузаронидани чунин маҷлис, ки на кам аз сеяки аъзои кооператив ба он имзо гузоштанд, даъват карда мешавад. Дар сурате ки, агар кооператив бештар аз сесад нафар аъзо дошта бошад, дархост дар бораи гузаронидани маҷлиси ғайринавбатии аъзои кооператив бояд аз ҷониби на камтар аз сад нафар имзо карда шавад. Чунин дархост бояд ба рӯзномаи маҷлиси умумии ғайринавбатии аъзои кооператив ворид карда шавад.
  3. Агар раёсати кооператив дар давоми як моҳи пас аз гирифтани дархост оид ба гузаронидани маҷлиси умумии ғайринавбатии аъзои кооператив онро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин модда баргузор карда натавонад, аъзои кооперативе, ки ин дархостро омода кардаанд, ҳуқуқ доранд бо фиристодани хабарномаи дахлдор ба ҳамаи аъзои кооператив чунин маҷлисро доир намоянд.

     Моддаи 25. Овоздиҳӣ дар маҷлиси умумии аъзои кооператив
  1. Дар маҷлиси умумии аъзои кооператив қарорҳо бо аксари овозҳои аъзои иштироккунандаи кооператив ё вакилон қабул карда мешаванд. 
  2. Агар дар оинномаи кооператив ҳолати дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар сурати ба таври баробар тақсим шудани овозҳо, қарорҳо қабулнашуда ҳисобида мешаванд.
 3. Интихоби шахсони мансабдори кооператив ба таври овоздиҳии кушода гузаронида мешавад. Зимнан бо талаби аъзои кооператив овоздиҳии пинҳонӣ низ гузаронида мешавад.
 4. Маҷлиси умумии аъзои кооператив дар ҳолате салоҳиятнок мебошад, ки дар он аз се ду ҳиссаи аъзо ва ё вакилони кооператив иштирок дошта бошанд.
 5. Агар дар вақти таъиншудаи баргузории маҷлиси умумии аъзои кооператив шумораи пешбинишудаи аъзо ё вакилони кооператив иштирок накунанд, чунин маҷлис доирнашуда ҳисобида мешавад. Дар чунин ҳолат, маҷлис дар мӯҳлати на бештар аз сӣ рӯз бо ҳамон рӯзномаи маҷлиси баргузорнашуда доир карда мешавад. Маҷлиси умумии такроран таъиншуда, новобаста ба шумораи аъзои кооператив ё вакилони ҳузурдошта, салоҳиятнок ҳисобида мешавад. Чунин маҷлиси аъзои кооператив ҳуқуқ дорад ҳамаи он масъалаҳои ба салоҳияти маҷлиси умумии аъзои кооператив дохилшавандаро, ба истиснои масъалаҳои вобаста ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба оинномаи кооператив, баррасӣ намояд. Қарорҳои дар чунин маҷлис қабулшуда ба он шарте эътибор доранд, ки аз се ду ҳиссаи аъзо ё вакилони иштироккунандаи кооператив ба тарафдории онҳо овоз дода бошанд.

     Моддаи 26. Протоколи маҷлиси умумии аъзои кооператив 
  1. Протоколи маҷлиси умумии аъзои кооператив ба дафтари қайди протоколҳо дохил карда шуда, дар он маълумоти зерин дарҷ карда мешавад:
- шумора, насаб, ном ва номи падари аъзо ё вакилони кооператив, ки дар маҷлиси умумии аъзои кооператив иштирок намуданд, инчунин насаб, ном ва номи падари раисикунандаи маҷлис; 
- оғоз ва анҷоми маҷлиси умумии аъзои кооператив;
- ҳамаи қарорҳо ва шумораи овоздиҳандагоне, ки ба тарафдории онҳо овоз додаанд.
 2. Протоколи маҷлиси умумии аъзои кооператив ба иштироккунандагони он барои шиносоӣ пешниҳод карда мешавад. Баъд аз тасдиқ ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, раисикунандаи маҷлиси умумии аъзои кооператив ва котиби он мӯҳтавои протоколро тасдиқ намуда, ба он имзо мегузоранд.

      Моддаи 27. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шӯрои нозирони кооператив
    1. Дар кооперативи дорои шумораи зиёда аз сад аъзо, шӯрои нозирони кооператив таъсис дода мешавад, ки он аз рӯи фаъолияти раёсати кооператив назорат мебарад. 
  2. Аъзои шӯрои нозирони кооператив дар маҷлиси умумии аъзои кооператив интихоб карда мешаванд. Шумора, мӯҳлати фаъолият ва ваколати шӯрои нозирони кооперативро оинномаи кооператив муайян менамояд. Шӯрои нозирони кооператив аз байни ҳайати худ раиси шӯрои нозирони кооперативро интихоб мекунад. Узви шӯрои нозирони кооператив наметавонад ҳамзамон узви раёсати кооператив ё раиси кооператив бошад. Аъзои шӯрои нозирони кооператив ҳуқуқи аз номи кооператив анҷом додани амалҳоро надоранд. Мутобиқи оинномаи кооператив ваколатҳои шӯрои нозирон назорати иҷрои қарорҳои маҷлиси умумии аъзои кооперативро низ дар бар мегиранд. 
   3. Кооперативҳое, ки камтар аз сад аъзо доранд, метавонанд бе шӯрои нозирон фаъолият намоянд. 
   4.  Шӯрои нозирони кооператив ҳуқуқҳои зерин дорад: 
- дархост намудани ҳисоботи раёсати кооператив дар бораи фаъолияти кооператив, санҷидани ҳуҷҷатҳо ва пули нақди хазинаи кооператив, назорат намудан аз болои захираҳои моддиву истеҳсолӣ ва дигар ҳуқуқҳое, ки дар оинномаи кооператив муайян шудаанд, инчунин вогузор намудани ин ваколатҳо ба ӯҳдаи дигар шахсон;
- талаб намудани гузаронидани аудити берунӣ;
- боздошти ваколати раёсати кооператив аз рӯи шартҳои муайян намудаи оинномаи кооператив ва ба ӯҳдаи худ гирифтани ваколатҳои он. 
   5. Шӯрои нозирони кооператив дорои ӯҳдадориҳои зерин мебошад: 
- гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии тавозунӣ ва солонаи кооператив, ибрози андешаҳои худ дар бораи тақсимоти пешниҳодшудаи даромади соф ва зарари солонаи кооператив, омода намудани пешниҳодҳо дар бораи пӯшонидани хароҷот, инчунин иттилоотдиҳӣ оид ба натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашуда дар маҷлиси умумии аъзои кооператив; 
- пешниҳоди ҳисобот ба маҷлиси умумии аъзои кооператив дар бораи фаъолияти худ. Ҳисоботи мазкур дар давоми понздаҳ рӯзи баъд аз пешниҳод шуданаш дар маҷлиси муштараки шӯрои нозирон ва раёсати кооператив мавриди баррасӣ қарор мегирад. Қарорҳои ҷаласаи муштараки шӯрои нозирон ва раёсати кооператив ба маҷлиси умумии солонаи аъзои кооператив пешниҳод карда мешаванд;
- дар сурати боздоштани ваколати раёсати кооператив, дар муддати на камтар аз сӣ рӯз маҷлиси умумии аъзои кооперативро барои қабул намудани қарор дар бораи фаъолияти ояндаи раёсати кооператив даъват менамояд;
- барои зараре, ки бинобар сабаби иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои худ ва риоя накардани оинномаи кооператив ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст ҷавобгар аст.

          Моддаи 28. Ҳайати раёсати кооператив
     1. Ҳар як кооператив дорои раёсат мебошад, ки онро на камтар аз ду нафар ва на зиёда аз панҷ нафар аъзо ташкил медиҳад. Ба ҳайати раёсат раис ва хазинадор, ки онҳоро аъзои раёсати кооператив аз байни аъзои синнашон ба ҳаждаҳ расида интихоб мекунанд, дохил мешаванд.
       2. Интихоб, таъин, мӯҳлати ваколатҳо, боздоштани ваколатҳо ё аз вазифа озод намудани аъзои раёсати кооператив мутобиқи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив амалӣ карда мешаванд.
    3. Ҳангоми пеш аз мӯҳлат қатъ шудани ваколати узви раёсати кооператив ва дар сурати аз ҳадди ақалли муқарраршуда камтар шудани шумораи аъзои раёсат, раёсати кооператив метавонад узви кооперативро барои фаъолият дар раёсат то баргузории маҷлиси умумии навбатии аъзои кооператив ваколатдор намояд.

          Моддаи 29. Ваколатҳои раёсати кооператив
     1. Раёсати кооператив ваколатҳои зерин дорад:
- қабул намудани қарор дар бораи намояндагии манфиатҳои кооператив дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ; 
- қабул намудани қарор дар бораи бастани аҳдҳо бо шахсони сеюм;
- роҳандозӣ ё анҷом додани роҳбарии умумӣ ба фаъолият ва истифодаи молу мулки кооператив;
- қабули қарор дар бораи ба кор қабул кардан ва аз кор озод намудани кормандони кирояи кооператив;
- кушодани суратҳисобҳо дар бонкҳо ва дигар ташкилоти қарзӣ;
- қабул намудани қарор роҷеъ ба аризаҳо дар бораи қабул ба узвияти кооператив; 
- талаб намудани ҳисоботи кормандоне, ки кооператив онҳоро ба кор қабул намудааст; 
- иттилоъдиҳӣ ба аъзои кооператив дар бораи натиҷаҳои бадастомадаи фаъолияти кооператив, ҳавасмандгардонии аъзои кооператив, ташаккул додани таваҷҷӯҳ ва ҳисси масъулият нисбат ба кооператив;  
- манзур намудани пешниҳодҳо дар бораи тақсимоти даромади соф ва зарарҳое, ки дар тӯли соли гузаштаи молиявӣ ба вуҷуд омадаанд, андозаҳои мукофотпулӣ ва пардохтҳои кооперативӣ дар маҷлиси умумии аъзои кооператив тибқи Қонуни мазкур ва оинномаи кооператив;
- дар назди маҷлиси умумии аъзои кооператив оид ба фаъолияти раёсати кооператив барои соли гузаштаи молиявӣ ҳисобот додан, инчунин пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба беҳтар кардани хизматрасониҳо ба аъзои кооператив;
- баррасӣ ва қабули тадбирҳои фаврӣ оид ба масъалаҳое, ки дар ҳисоботи аудиторҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд;
- истифодабарӣ аз ҳамаи ваколатҳои зарурӣ барои таъминоти ҳамаҷониба ва идоракунии муносиби фаъолияти кооператив, ба истиснои ваколатҳои маҷлиси умумии аъзои кооператив ва ҳама маҳдудиятҳое, ки маҷлиси умумии аъзои кооператив ё оинномаи кооператив муқаррар намудаанд. 
     2. Раёсати кооператив баҳисобгирии мукаммал ва зарурии фаъолияти худро вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳояш, ки ба онҳо аудитор ё мақомоти роҳбарикунандаи кооператив бо мақсади гузаронидани санҷиш дастрасӣ дорад, амалӣ менамояд.
   3. Раёсати кооператив, раис ва хазинадори кооперативро интихоб намуда, шарт ва мӯҳлати фаъолияти онҳоро муайян менамояд, инчунин метавонад шахсони дигарро барои мусоидат дар иҷрои вазифаҳои раёсати кооператив ҷалб намояд. 
     4. Интихоби раиси кооператив раёсати кооперативро аз ӯҳдадориҳои амалисозии роҳбарии фаъолияти кооператив озод намекунад.

         Моддаи 30. Ҷаласаҳои раёсати кооператив
    1.Баргузории ҷаласаҳои раёсати кооператив аз рӯи зарурат муайян гардида, ҳар семоҳа на кам  аз як маротиба гузаронида мешавад. 
     2. Ҷаласаи раёсати кооперативро ҳангоми иштироки бештар аз нисфи шумораи умумии аъзои он гузаронидан мумкин аст. 
   3. Қарорҳо бо шумораи бештари овозҳои аъзои иштироккунандаи раёсати кооператив қабул карда мешаванд. 
  4. Протоколи ҷаласаи раёсати кооперативро котиби ҷаласа тартиб медиҳад. Дар протокол шумора, насаб, ном ва номи падари иштирокчиён ва қарорҳои қабулшуда дарҷ мегарданд. 
Моддаи 31. Масъулияти аъзои раёсати кооператив
Аъзои раёсати кооператив бояд бо дарназардошти манфиатҳои кооператив оқилона ва аз рӯи виҷдон амал намоянд ва барои ҳар як зарар ё талафоте, ки дар натиҷаи иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои худ ё вайрон намудани Қонуни мазкур, оинномаи кооператив ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, пурра ҷавобгар бошанд.

         Моддаи 32. Пардохтҳо ба шахсони мансабдори кооператив
     Аъзои шӯрои нозирон, раёсат ва дигар шахсони мансабдори кооператив метавонанд соҳиби мукофотпулӣ ё ҷубронпулӣ гарданд, агар ин пардохтҳоро оинномаи кооператив пешбинӣ намояд. Тартиби пардохт, маблағи мукофотпулӣ ва ё ҷубронпулиро маҷлиси умумии аъзои кооператив муайян мекунад.

 

БОБИ 6. МОЛУ МУЛКИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 33. Манбаъҳои ташаккули молу мулки кооператив
   Молу мулки кооператив аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбад:
- аъзоҳаққиҳои саҳмии аъзои кооператив, ки андозаи ҳадди ақалли онҳо, тибқи оиннома ба соҳибмулкашон фақат баъд аз баромадан аз аъзогии кооператив бо дарназардошти маҳдудиятҳо дар мӯҳлат ва тақсимоти зарари муқаррарнамудаи оиннома баргардонида мешаванд;
- даромади софи ба фонди кооператив интиқолдодашуда; 
- хайрияҳо аз ҷониби шахсони сеюм;
- аъзоҳаққиҳое, ки оинномаи кооператив пешбинӣ менамояд, аз  ҷумла дар асоси ҳаҷму андозаи ширкати узви кооператив дар фаъолияти иқтисодии кооператив;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

           Моддаи 34. Амалиётҳо барои қарзгирӣ
    Кооперативе, ки оинномааш гирифтани қарзҳоро пешбинӣ менамояд, мувофиқи қарори маҷлиси умумии аъзои кооператив андозаи аксари қарзҳоеро, ки кооператив метавонад аз аъзои худ ё шахсони сеюм гирад, муайян менамояд. 
       Моддаи 35. Фонди захиравӣ
    1. Кооперативе, ки дорои даромад аз натиҷаи фаъолияти иқтисодӣ мебошад, фонди захиравӣ ташкил дода, онро нигоҳдорӣ мекунад, ки маблағҳои он мутобиқи Қонуни мазкур барои кафолати пӯшонидани зарарҳои кооператив истифода мешаванд. Маблағҳои фонди захиравии кооператив дар байни аъзои кооператив тақсим  карда намешаванд. 
  2. Дороиҳои пардохтпазири фонди захиравӣ бояд на камтар аз панҷоҳ фоизи маблағҳои онро ташкил диҳанд. 
 3. Ҳар як кооператив ба фонди захиравии худ на камтар аз бист фоизи даромадҳоро дар ҷамъбасти соли молиявӣ ҷудо менамояд. Агар андозаи фонди захиравӣ баробари панҷоҳ фоизи маблағи сармояи саҳмии кооператив бошад, кооператив ҳуқуқ дорад ҳиссаҷудокуниро ба фонди захиравӣ то панҷ фоизи даромад кам намояд.

     Моддаи 36. Тақсимоти даромади соф ва зарари кооператив
   1. Даромади софе, ки дар ҷамъбасти соли молиявӣ ба даст меояд, бо тартиби зерин тақсим карда мешавад:
- пардохтҳои саҳмӣ ба аъзои кооператив. Андозаи пардохтҳои саҳмӣ дар таносуби фоизӣ бо аъзоҳаққии саҳмӣ набояд аз андозаи дукаратаи андозаи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон зиёд бошад; 
- пардохтҳо ба аъзои кооператив мувофиқи иштироки онҳо дар фаъолияти хоҷагидории кооператив; 
- пардохти мукофотпулиҳо ба шахсони мансабдори кооператив; 
- ворид намудани ин маблағҳо ба дигар фондҳои кооператив бо андоза ва мувофиқи шартҳои дар Қонуни мазкур ё оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои кооператив пешбинишуда. 
   2. Зарарҳои кооператив аз фонди захиравии кооператив ва ё аз ҳисоби кам шудани андозаи саҳмҳои зиёдкардашуда ва ё аз ҳисоби пардохти иловагии аъзоҳаққии саҳмӣ пӯшонида мешаванд. 
   3. Пардохтҳо ба аъзои кооператив мувофиқи иштироки онҳо дар фаъолияти хоҷагидории кооператив ва пардохти мукофотпулиҳо ба шахсони мансабдори кооператив ба хароҷоти кооператив дохил карда  мешаванд. 
  4. Мукофотпулӣ ва пардохтҳои кооперативӣ зимни муайян кардани даромади кооператив ба ҳисоб гирифта намешаванд.

 

БОБИ 7. ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ АУДИТОРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 37. Гузаронидани санҷиши аудитории кооператив
   1. Аудити молиявӣ дар кооператив аз ҷониби аудитори мустақил ё кооперативи дар соҳаи аудит махсусгардонидашуда на кам аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад. Аудити кооперативҳои соҳаи қарзӣ аз ҷониби ташкилоти аудиторие, ки дар рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, гузаронида мешавад. 
   2. Дар ҳисоботи аудитор ғайр аз маълумоти дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" пешбинишуда, инчунин масъалаи ноил шудани кооператив ба ҳадафаш ҷиҳати мусоидат ба манфиатҳои иқтисодии аъзои он инъикос меёбад. 
  3. Дар сурати аз тарафи аудитор ошкор намудани вайронкорӣ дар фаъолияти кооператив, ӯ вазифадор аст, ки дар бораи он ба раёсат, шӯрои нозирони кооператив, намояндагӣ ва филиалҳои он ва то ҳадди имкон, ба аъзои он хабар расонад.

       Моддаи 38. Пешниҳоди ҳисоботи молиявии солона
 Кооператив дар мӯҳлати на дертар аз се моҳ баъди ба анҷом расидани соли молиявӣ ҳисоботи молиявиро барои ҳамин сол таҳия намуда, ба шӯрои нозирони кооператив пешниҳод менамояд.

 

БОБИ 8. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ КООПЕРАТИВ

 

Моддаи 39. Азнавташкилдиҳии кооператив
   1. Азнавташкилдиҳии кооператив метавонад мувофиқи қарори маҷлиси умумии аъзои кооператив амалӣ шавад. Чунин қарор бо на кам аз чор се ҳиссаи овозҳои иштироккунандагони маҷлиси умумии аъзои кооператив қабул карда мешавад. 
  2. Ҳангоми азнавташкилдиҳии кооператив санади супурдан ё ҳисоботи тавозуни тақсимот, ки муқарраротро дар бораи ворисии ҳуқуқӣ оид ба ҳамаи ӯҳдадориҳои кооперативи азнавташкилшуда вобаста ба ҳамаи қарздиҳандагон ва қарздорон дар бар мегирад, тартиб дода мешавад. Санади супурдан ё ҳисоботи тавозуни тақсимот аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои кооператив тасдиқ шуда, ба мақомоти бақайдгирии давлатӣ барои аз қайди давлатӣ гузаронидани кооперативи навташкил ва ё барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешниҳод карда мешавад. 
    3. Кооператив мувофиқи қарори якдилонаи аъзои он метавонад ба ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ табдил дода шавад.

   Моддаи 40. Барҳамдиҳии кооператив
    1. Кооператив бо қарори маҷлиси умумии аъзои он ё бо қарори суд барҳам дода мешавад. 
   2. Қарор дар бораи барҳамдиҳии кооператив бо аз чор се ҳиссаи овозҳои аъзои кооператив, ки дар маҷлиси умумии аъзои кооператив оид ба ҳамин масъала иштирок доранд, қабул карда мешавад.
   3. Суд метавонад дар бораи барҳамдиҳии кооператив қарор қабул намояд, агар кооператив дар давоми зиёда аз ду сол фаъолияти худро амалӣ насозад ё агар шумораи аъзои он аз шумораи ҳадди ақалли дар моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинишуда камтар бошад. 
   4. Тартиби барҳамдиҳии кооперативро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Молу мулки кооперативи барҳамдодашуда, ки пас аз иҷрои талаботи қарздиҳандагон боқӣ мемонад, дар байни аъзои он мутаносиби саҳмҳояшон тақсим карда мешавад.

 

БОБИ 9.  МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ

        Моддаи 41. Баррасии баҳсҳо
   Баҳсҳо оид ба таъсиси кооператив, интихоби шахсони мансабдори он, гузаронидани маҷлису машваратҳо, роҳбарӣ ва пешбурди фаъолияти кооператив аз тарафи маҷлиси умумии аъзои кооператив ва ё суд баррасӣ карда мешаванд.

        Моддаи 42. Бақайдгирии кооперативҳои истеҳсолӣ, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур таъсис гардидаанд
    1. Кооперативҳое, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" ба қайд гирифта шудаанд, бояд дар мӯҳлати на дертар аз ду сол аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур, санадҳои дохилии худро ба Қонуни мазкур мутобиқ созанд.
  2. Дар мавриди иҷро нагардидани талаботи қисми 1 моддаи мазкур кооперативҳо аз рӯзи гузаштани мӯҳлати муқарраршуда барҳамдодашуда  дониста мешаванд.
  3. Кооператсияи матлубот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"  фаъолият менамояд.
4. Кооперативҳое, ки мутобиқи Қонуни мазкур ташкил шудаанд, танҳо дар асоси ихтиёрӣ метавонанд ба низоми кооператсияи матлубот аъзо шаванд.

      Моддаи 43. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти  Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

      Моддаи 44. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с.2002, №11, мод.687;  с.2010, №12, қ.1, мод.819) аз эътибор соқит дониста шавад.

      Моддаи 45. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,

22 июли соли 2013,

№ 991

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 10:32
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
993
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.07.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 521; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 411;

Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1503)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти аудиториро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар ҷараёни амалӣ намудани он ба миён меоянд, танзим менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- аудит - санҷише, ки дар асоси шартнома бо дархости фармоишгар аз тарафи аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ мутобиқи стандартҳои аудит, бо мақсади изҳор намудани ақидаи мустақил оид ба саҳеҳӣ ва мутобиқати ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти марбут ба ҳисоботи молиявӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ё стандартҳои миллии ҳисобдорӣ гузаронида мешавад; 

- фаъолияти аудиторӣ - фаъолияти соҳибкорӣ оид ба гузаронидани аудит ва дигар хизматрасонии марбут ба он, ки аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ амалӣ менамояд;

- аудити беруна - санҷише, ки нисбат ба субъекти санҷидашаванда аз ҷониби аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудитории мустақили ба роҳбарияти он ҳисоботдиҳанда набуда гузаронида мешавад; 

- аудити дохилӣ - фаъолияти мустақил ва беғаразонаи сохтори таъсисдодашуда ё басти алоҳидаи аудитори дохилии субъекти  хоҷагидорӣ оид ба гузаронидани санҷиш, арзёбӣ ва машваратдиҳии низоми идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат ба риояи қонунгузорӣ, фаъолияти самаранок ва натиҷабахши субъекти хоҷагидорӣ амалӣ мегардад; 

- аудити ҳатмӣ - санҷиши ҳарсолаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии шахсони ҳуқуқӣ;

- аудити ташаббусӣ - аудите, ки бо ташаббуси субъекти санҷидашаванда ё дигар фармоишгари аудит бо назардошти ӯҳдадориҳои мушаххас, мӯҳлат ва ҳаҷми аудит гузаронида мешавад;

- мақоми ваколатдори давлатии танзими фаъолияти аудиторӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи  марказии ҳокимияти давлатӣ, ки фаъолияти аудиториро  танзим менамояд; 

- аудитор - шахси воқеие, ки ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷавобгӯ буда, дорои Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ мебошад; 

- аудитори инфиродӣ - шахси воқеие, ки фаъолияти аудиториро мустақилона амалӣ намуда, дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад; 

- ташкилоти аудиторӣ - шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур барои амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ таъсис дода шуда, дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

 - ташкилоти касбии аудиторон - ташкилоти ғайритиҷоратии аз аккредитатсия гузаштае, ки аудиторон ва ё муҳосибони касбиро муттаҳид менамояд; 

- стандартҳои аудит - талаботи ягона оид ба тартиби амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ, барасмиятдарории натиҷаҳо ва назорати сифати он; 

- стандартҳои миллии аудит - стандартҳое, ки барои истифода аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидаанд;

- стандартҳои байналмилалии аудит - стандартҳое, ки Федератсияи байналмилалии муҳосибон ба нашр расонида, мақоми ваколатдори давлатӣ барои истифода тасдиқ кардааст;

- Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ - ҳуҷҷате, ки аз тарафи Комиссияи тахассусии аттестатсиякунонӣ ва иҷозатномадиҳӣ дода шуда, тахассуси касбии аудиторро тасдиқ менамояд; 

- аккредитатсия - ваколатҳои эътирофшудаи ташкилоти касбии аудиторон, ки бо шаҳодатнома дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидаанд; 

- Кодекси одоби касбии аудиторон - маҷмӯи қоидаҳои одоби фаъолияти касбии аудиторон, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, риояи онҳо барои аудиторон, аудиторони инфиродӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва ташкилотҳои касбии аудиторон ҳатмӣ мебошад; 

- сирри аудиторӣ - маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки  аз ҷониби аудитори инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ зимни фаъолияти аудиторӣ ба даст омадаанд ва онҳо ҳуқуқ надоранд онро ба шахси сеюм диҳанд ё бе розигии хаттии субъекти санҷидашаванда фош кунанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- субъектҳои дорои манфиати умум - ташкилотҳои дорои аҳамияти  ҷамъиятӣ, ки меъёрҳои муайянкунандаи аҳамияти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд; 

- субъекти санҷидашаванда - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, филиал  ва намояндагии шахсони ҳуқуқӣ, ки мавриди аудит қарор мегиранд; 

- фармоишгари аудит - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродиро барои гузаронидани аудит тибқи шартнома ҷалб менамояд; 

- ҳисоботи молиявӣ - маҷмӯи маълумоте, ки ҳолат ва натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳоро дар асоси нишондодҳои баҳисобгирии муҳосибӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ё миллӣ дар бар мегирад; 

- хулосаи аудиторӣ - ҳуҷҷати хаттии расмие, ки мутобиқи стандартҳои аудит тартиб дода ва пешниҳод шуда, ақидаи мустақили аудитори инфиродӣ ё ин ки ташкилоти аудиториро оид ба натиҷаҳои аудити гузаронидашуда дар бар мегирад; 

- хулосаи носаҳеҳи аудиторӣ - хулосаи аудиторие, ки дорои маълумоти носаҳеҳ ва ё нопурра оид ба ҳисоботи молиявӣ ва иттилооти пешбининамудаи стандартҳои аудит буда, истифодабарандагонро ба иштибоҳ меандозад; 

- бархӯрди манфиатҳо - ҳолате, ки аудиторон, аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ зимни фаъолияти аудиторӣ зери таъсири манфиатҳои шахсӣ қарор гирифта, хулосаҳои носаҳеҳи аудитории молиявӣ медиҳанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти  аудиторӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

 

1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, филиалу намояндагии онҳо, аз он ҷумла филиалҳо ва намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, татбиқ мегардад.

 2. Қонуни мазкур нисбат ба санҷиши аудитории муассисаҳои буҷетӣ татбиқ намегардад. 

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти аудиторӣ

 

Фаъолияти аудиторӣ ба принсипҳои асосии зерин асос меёбад:

- қонуният;

- мустақилият;

- беғаразӣ;

- салоҳияти касбӣ;

- махфият;

- поквиҷдонӣ; 

- воқеият;

- риояи стандартҳои аудит.

 

БОБИ 2.

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ

 

Моддаи 5. Мақоми ваколатдори давлатӣ

 

Мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул мекунад, ки фаъолияти аудиториро танзим менамоянд;

-  стандартҳои аудитро таҳия ва тасдиқ менамояд;

- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ риоя шудани шарту талаботи иҷозатномаро назорат менамояд;

- риоя шудани стандартҳои аудитро аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ назорат мекунад;

 - шакл, ҳаҷм ва тартиби ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардани ҳисоботҳоро барои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ муайян мекунад;

 - қоидаҳои аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро таҳия ва тасдиқ менамояд;

-  аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро мегузаронад;

- пешбурди Феҳристи давлатии бақайдгирии аудиторонеро, ки соҳиби Шаҳодатномаи  тахассусии аудиторӣ ва иҷозатнома мебошанд, анҷом медиҳад;

- Феҳристи аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро пеш мебарад;

- нашри феҳристҳоро  дар сомонаи расмии худ таъмин менамояд;

- тартиби пешбурди Феҳристи бақайдгирии давлатии аудиторон ва аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро тасдиқ  менамояд; 

- қоидаҳои санҷиши ташкилотҳои касбии аудиторонро муайян менамояд;

- оид ба масъалаҳои фаъолияти аудиторӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоти аудиторӣ, ташкилотҳои касбии аудиторон ва дигар ташкилотҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд;

- Кодекси одоби касбии аудиторонро тасдиқ менамояд;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

 

БОБИ 3.

ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ
 

Моддаи 6. Фаъолияти аудиторӣ

 

1. Фаъолияти аудиторӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Аудитори инфиродӣ ва ташкилоти аудиторие, ки дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти аудиториро доранд.

3. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ ба замми фаъолияти аудиторӣ, хизматрасонии зеринро аз рӯи соҳаи фаъолияти худ анҷом дода метавонанд:

- таҳлил кардани ҳисоботи молиявӣ;

- иҷрои расмиёти мувофиқашуда;

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти молиявӣ;

- ташкил, барқарор ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, маслиҳати муҳосибӣ;

- пешниҳоди хизматрасонии аудити дохилӣ;

- маслиҳатҳо марбут ба андоз, ташкил, барқарор ва пешбурди баҳисобгирии андозӣ, тартиб додани ҳисоббаробаркуниҳои андозӣ ва эъломияҳо;

- тартиб додани ҳисоботи омории ташкилотҳо;

- таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, банақшагирии сармоягузорӣ ва молиявӣ;

- таълими пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, андозбандӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва банақшагирии молиявӣ; 

- автоматикунонии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, тавсияҳо оид ба автоматикунонии пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, таълими пешбурди автоматикунонидашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ;

- таҳия ва интишори тавсия ва маводи методӣ оид ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва гузаронидани аудит фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва банақшагирии молиявӣ, инчунин оид ба хизматрасонии вобаста ба соҳаи фаъолияти худ мутобиқи стандартҳои аудит;

- хизматрасонии ҳуқуқие, ки бо фаъолияти аудиторӣ алоқаманд аст.

4. Агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ аз рӯи соҳаи фаъолияти худ, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, иҷозатномаи дахлдор зарур бошад, ташкилоти аудиторӣ ва ё аудитори инфиродӣ ҳуқуқ надоранд, ки бе чунин иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷати иҷозатномадиҳӣ ин хизматрасониро ба ҷо оваранд. 

 

Моддаи 7. Стандартҳои аудит 

 

1. Стандартҳои аудит ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалии аудит ҷудо мешаванд.

2. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ ӯҳдадоранд, ки аудитро мутобиқи стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит ва Қонуни мазкур гузаронанд.

 

Моддаи 8. Намудҳои аудит

 

1. Аудити беруна ва дохилӣ намудҳои аудит ба ҳисоб мераванд.

2. Аудити беруна аудити ҳатмӣ ва ташаббусиро дар бар мегирад. Аудити ҳатмӣ аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ гузаронида мешавад.

3. Бо аудити ҳарсолаи ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд:

- субъектҳои дорои манфиати умум;

- дигар субъектҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Субъектҳои санҷидашаванда, ки бояд ба аудити ҳарсолаи ҳатмӣ фаро гирифта шаванд, ӯҳдадоранд бо ташкилоти аудиторӣ оид ба гузаронидани аудити ҳатмӣ шартнома ба имзо расонида, ба гузаронидани аудити саривақтӣ ва мукаммал мусоидат намоянд.

5. Аудити ҳатмии ҳарсола на дертар аз 30 июни соли баъд аз соли ҳисоботӣ гузаронида мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)

6. Аудити дохилӣ бо тартиби  муқаррарнамудаи субъекти хоҷагидор амалӣ мегардад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)

 

Моддаи 9. Ташкилоти аудиторӣ

 

1. Ташкилоти аудиторӣ дар шакли ташкилию ҳуқуқии ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои ҷамъиятҳои саҳомӣ, таъсис дода мешавад.

2. Дар сармояи оинномавии ташкилоти аудиторӣ ҳиссаи аудитор (аудиторон) ва ё ташкилоти аудитори байналмилалӣ бояд сад фоиз бошад.

3. Ташкилоти аудитории байналмилалӣ фаъолияти аудиториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳангоми аз тарафи он таъсис додани ташкилоти  аудитории дахлдор - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад амалӣ намояд, ба истиснои ташкилоти аудитории байналмилалие, ки дар асоси созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ аз тарафи ниҳодҳои молиявӣ тариқи озмун барои гузаронидани санҷиши аудитории татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷалб карда мешавад.

4. Ташкилоти аудиторие, ки фаъолияти аудиториро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, ба истиснои иштирок дар ассотсиатсия ё ин ки иттифоқи ташкилотҳои аудиторӣ наметавонад иштирокчии (соҳибмулки) дигар шахси ҳуқуқӣ - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

5. Шумораи аудиторони ташкилоти аудиторӣ бояд на камтар аз се нафар бошад. 

6. Роҳбар ё идоракунандае, ки ваколатҳои мақоми иҷроияи ташкилоти аудиторӣ дар асоси шартнома ба ӯ вогузор карда шудаанд, бояд аудитор бошад.

7. Ташкилотҳои аудиторӣ дар фаъолияти худ мустақиланд. Дахолати мақоми ваколатдори давлатӣ, субъектҳои санҷидашаванда ва  шахсони сеюм ба фаъолияти ташкилотҳои аудиторӣ роҳ дода намешавад. Таъсиррасонӣ ба фаъолияти аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ, инчунин ба кормандони онҳо бо мақсади монеъ шудан ба гузаронидани санҷиши мустақилонаи аудиторӣ, дар кадом шакле, ки набошад, роҳ дода намешавад. 

8. Ба ташкилотҳои аудиторӣ машғул шудан ба дигар намуди фаъолият, ба истиснои фаъолияти аудиторӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ аз рӯи соҳаи фаъолияти худ, ки дар қисми 3 моддаи 6  Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, манъ аст.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти аудиторӣ ва аудитори  инфиродӣ

 

1. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори  инфиродӣ ҳуқуқ доранд:

- ҷиҳати баровардани қарор оид ба гузаронидани аудит бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии субъекти санҷидашаванда пешакӣ шинос шаванд;

- шакл ва усулҳои гузаронидани аудитро дар асоси стандартҳои аудит, инчунин шумора ва ҳайати шахсии гурӯҳи аудиторонеро, ки санҷиш мегузаронанд, мустақилона муайян намоянд;

-  ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагидории зарурӣ ва дигар иттилоот оид ба фаъолияти субъекти санҷидашаванда, аз ҷумла ҳисоботҳо ва  ҳуҷҷатҳои аудиторони дохилӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва назоратиро дар ҳаҷми пурра талаб карда, санҷида бароянд, инчунин мавҷудияти воқеии молу мулк ва ӯҳдадориҳои субъекти санҷидашавандаро нишон диҳанд;

- ҳангоми барӯйхатгирии дороию ӯҳдадориҳои фармоишгари аудит иштирок намоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)

- аз шахсони масъули субъекти санҷидашаванда аз рӯи масъалаҳои дар рафти санҷиши аудиторӣ бамиёномада тавзеҳот ва маълумоти иловагии барои гузаронидани аудит заруриро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ талаб намоянд;

- дар мувофиқа бо субъекти санҷидашаванда тасдиқи маълумоти дахлдорро оид ба фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории субъекти санҷидашаванда, ки барои гузаронидани аудит зарур мебошанд, аз шахсони сеюм гиранд;

 - дар мувофиқа бо субъекти санҷидашаванда мутахассисони гуногунсоҳаро, ки бо муассисони (иштирокчиён, соҳибмулкон) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсони барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул робитаи хешовандӣ ё манфиати молиявӣ надоранд, дар асоси шартнома барои иштирок дар гузаронидани аудит ҷалб намоянд;

- дар ҳолати аз тарафи субъекти санҷидашаванда риоя накардани талаботи шартномаи гузаронидани аудит, инчунин дар сурати аз тарафи субъекти санҷидашаванда пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани аудит заруранд ва (ё) ошкор гардидани ҳолатҳое, ки ба ақида оид ба саҳеҳияти ҳисоботи молиявии субъекти санҷидашаванда таъсири калон мерасонанд ё метавонанд таъсири калонтар расонанд, аз гузаронидани аудит ё  изҳори ақида ва додани хулосаи аудиторӣ даст кашанд;

- дигар ҳуқуқҳоро, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, амалӣ намоянд. 

2.  Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ ӯҳдадоранд:

- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ, Кодекси одоби касбии аудиторон ва стандартҳои аудитро риоя намоянд;

- ба назорати берунаи сифати аудит ва санҷишҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ гузарондашаванда  монеъ нашаванд;

- баҳисобгирии шартномаҳои басташуда оид ба хизматрасонии аудитиро амалӣ намоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)

-  хизматрасонии босифати аудиторӣ ва касбиро иҷро намоянд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)

 - ба субъекти санҷидашаванда иттилоот оид ба камбудиҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти бо ҳисоботи молиявӣ алоқамандро пешниҳод намоянд;

- мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ  оид ба фаъолияти аудиторӣ ҳисобот пешниҳод намоянд;

– талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»-ро риоя намуда, оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд; (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1114)

- як нусхаи хулосаҳои аудитро оид ба натиҷаи аудити гузаронидашуда дар худ нигоҳ дошта, маҳфузияти онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин намоянд.

 

Моддаи 11. Аудитор

 

1. Аудитор фаъолияти худро аз рӯи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва ё ба сифати аудитор дар ҳайати танҳо як ташкилоти аудиторӣ амалӣ менамояд.

2. Аудитор наметавонад иштирокчии (соҳибмулки) бевосита ё бавоситаи зиёда аз як ташкилоти аудиторӣ бошад.

3. Аудитор дар назди ташкилоти аудиторие, ки дар он фаъолият менамояд, барои зарарҳои расонидааш дар натиҷаи гузаронидани аудити бесифат, ифшои сирри тиҷоратӣ ва дигар амалҳое, ки боиси зарар дидани ташкилоти аудиторӣ гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудитор

 

1. Аудитор ҳуқуқ дорад:

- ҳуҷҷатҳои муҳосибии зарурӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагидории субъекти санҷидашавандаро дастрас намуда, тафтиш намояд;

- аз шахсони мансабдори субъекти санҷидашаванда оид ба масъалаҳои дар рафти аудит пайдогардида дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ тавзеҳот гирад;

- нисбат ба қарори ғайриқонунии ташкилотҳои касбии аудиторон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.

2. Аудитор ӯҳдадор аст:

- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ, Кодекси одоби касбии аудиторон ва стандартҳои аудитро риоя намояд;

- узви ташкилоти касбии аудиторон бошад;

- курсҳои таълимиро аз рӯи барномаи такмили ихтисос бо тартиби муқаррагардида хатм намояд;

– оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабардор намояд; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1114)

- сирри аудиториро ошкор насозад.

 

Моддаи 13. Ташкили аудити дохилӣ

 

1. Аудити дохилӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ташкил карда шуда, ба манфиати соҳибмулконаш амалӣ мегардад ва тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳои дохилии дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияшуда, стандартҳои эътирофшудаи аудити дохилӣ ва талаботи Кодекси одоби касбии аудиторон  танзим карда  мешавад.

2. Объектҳои аудити дохилиро роҳбарияти субъектҳои хоҷагидор тибқи мақсадҳои худ ҷиҳати ташкил, банақшагирӣ, инчунин мониторинги фаъолияти субъекти хоҷагидор ва сохторҳои таркибии он муайян мекунад.

3. Ба сохторҳои аудити дохилӣ аз ҷониби соҳибмулкони субъектҳои хоҷагидор аудиторҳои дохилӣ ва ё гурӯҳи аудиторҳои дохилӣ таъин карда мешаванд, ки ба ин гурӯҳ инчунин метавонанд тафтишотчиён ва комиссияҳои тафтишотӣ низ дохил карда шаванд.

4. Роҳбарони субъектҳои хоҷагидор, хусусан субъектҳои дорои манфиати умум, вобаста ба ҳаҷми корҳои баҳисобгирӣ метавонанд:

- хадамоти аудити дохилиро ҳамчун сохтори таркибӣ таъсис диҳанд;

- ба басти корӣ вазифаи аудитори дохилиро ворид намоянд ё дар асоси шартнома вазифаҳои аудити дохилиро ба аудитори инфиродӣ ва ё ташкилоти аудиторӣ вогузор намоянд.

5. Талаботе, ки ба роҳбарони сохтори аудити дохилӣ вогузор карда мешаванд:

- Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ дошта бошанд;

- доғи судӣ надошта бошанд.

6. Талаботе, ки нисбат ба кормандони сохтори аудити дохилӣ вогузор карда мешаванд:

- дорои таҳсилоти олӣ буда, собиқаи кории на кам аз 3 сол дар соҳаи иқтисодӣ, молиявӣ, назоратию тафтишотӣ ва ё соҳаи ҳуқуқӣ ё фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дошта бошанд;

- дорои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ буда, собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳаи иқтисодӣ, молиявӣ, назоратию тафтишотӣ ва соҳаи ҳуқуқӣ, инчунин фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дошта бошанд;

- надоштани доғи судӣ.

 

Моддаи 14. Вазифаҳои аудити дохилӣ

 

1. Вазифаҳои аудити дохилӣ вобаста ба талаботи сохти идоракунии субъект ва сохтори таркибии он, аз ҷониби роҳбарияти субъектҳои хоҷагидор муайян гардида, бе маҳдудияти зерин амалӣ гардад:

- назорати ҳолати дороӣ ва пешгирии зарар;

-  тасдиқи иҷрои маҷмӯи расмиёти назорати дохилисоҳавӣ;

- таҳлили фаъолияти самарабахши низоми назорати дохилӣ ва таҳрири иттилоот.

2. Ба вазифаҳои аудити дохилӣ шомил мебошанд:

- санҷиши низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорати дохилӣ,  мониторинги онҳо ва таҳия намудани тавсияҳо оид ба беҳдошти кори ин низом;

- санҷиши иттилооти муҳосибӣ, фаврӣ ва дар ҳамин асос таҳия кардани ҳисобот, инчунин омӯзиши махсуси моддаҳои алоҳидаи ҳисоботдиҳӣ, аз он ҷумла амиқ санҷидани амалиёти муҳосибӣ ва бақияҳои ҳисоби муҳосибӣ;

- санҷиши татбиқу риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин талаботи сиёсати баҳисобгирӣ, низомномаҳо, қарорҳо ва дастурҳои роҳбарият ва соҳибмулкон;

-  тафтишоти махсуси ҳолатҳои алоҳида;

- таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба бартараф сохтани камбудиҳои ошкоршуда ва додани тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ.

 

Моддаи 15. Ташкилоти касбии аудиторон

 

1. Ташкилоти касбии аудиторон ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, дар асоси оинномае, ки дар маҷлиси умумии аъзояш қабул гардидааст, фаъолият менамояд.

2. Сохтори ташкилоти касбии аудиторон бо оинномаи он муайян карда мешавад.

3. Қоидаҳои гузаронидани аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

4. Шаҳодатнома оид ба аккредитатсия дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.

5. Аудиторон метавонанд танҳо аъзои як ташкилоти касбии аудиторон бошанд.

 

Моддаи 16. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти касбии аудиторон

 

1. Ташкилоти касбии аудиторон ҳуқуқ дорад:

- аз рӯи созишнома бо ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ назорати берунаи сифати хизматрасонии ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродиро амалӣ намояд;

- таҷрибаи амалии аудиторон ва ташкилотҳои аудиториро таҳлил, ҷамъбаст ва интишор намояд;

 - манфиати аудиторон ва ташкилотҳои аудиториро дар ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, хориҷӣ ва байналмилалӣ ҳимоя намояд;

- вобаста ба фаъолияти аудиторӣ баҳсҳои ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторонеро, ки аъзои онҳо мебошанд, баррасӣ намояд;

- таҳқиқи дараҷаи эътимоднокӣ ва бартарияти (рейтинги) ташкилотҳои аудиториро гузаронад ва дар нашрияҳои даврӣ натиҷаҳои онро интишор намояд;

- дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит иштирок намояд;
- аз рӯи стандартҳои аудит ва дигар масъалаҳои фаъолияти аудиторӣ тавсияҳо пешниҳод намояд;

- дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба ҷо оварад.

2. Ташкилоти касбии аудиторон  ӯҳдадор аст:

- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи фаъолияти аудиторӣ риоя намояд;

- аъзои худро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ таъмин намояд;

- ба рушди аудит, зиёд кардани самараи он, ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти аудиторон ва ташкилотҳои аудиторӣ мусоидат намояд;

- оид ба такмили ихтисоси аудиторон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ курсҳо ташкил намуда, дар бораи хатми онҳо сертификат диҳад;

- ба риоя кардани талаботи Кодекси одоби касбии аудиторон ва стандартҳои аудит аз ҷониби аудиторон ва ташкилотҳои аудиторӣ ёрӣ расонад;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти худ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод намояд.

 

Моддаи 17. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фармоишгари аудит

 

1. Фармоишгари аудит ҳуқуқ дорад:

- ташкилоти аудиторӣ ё  аудитори инфиродиро, бо назардошти талаботи Қонуни мазкур мустақилона интихоб намояд;

- тамоюл ва ҳаҷми санҷиши аудиториро ҳангоми санҷиши аудити ташаббусӣ муайян намояд;

- аз ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ маълумоти заруриро оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки эродҳои аудитор ба онҳо асос ёфтаанд, талаб намояд;

- хулосаи аудиториро дастрас намояд;

- аз хизматрасонии ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ дар ҳолати аз тарафи онҳо иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ аз рӯи шартнома даст кашанд;

- дигар ҳуқуқҳоро, ки дар шартномаҳои хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузорӣ мухолиф намебошанд, амалӣ намояд.

2. Фармоишгари аудит ӯҳдадор аст:

- барои гузаронидани аудити ҳатмӣ мутобиқи Қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида, онро сари вақт гузаронад;

- ба ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ барои гузаронидани аудити саривақтӣ ва босифат дар мӯҳлати муайяннамудаи шартнома оид ба гузаронидани санҷиши аудиторӣ шароит фароҳам оварад;

- подоши хизматрасонии аудитори инфиродӣ ва ташкилоти аудиториро мутобиқи шартномаи хизматрасонии аудиторӣ, аз ҷумла дар ҳолати мувофиқ набудани натиҷаи хулосаи аудиторӣ аз нуқтаи назари субъекти санҷидашаванда ва инчунин дар ҳолати бо сабабҳои ба онҳо новобаста  нопурра иҷро намудани хизматрасонии аудиторӣ аз тарафи ташкилоти аудиторӣ ё ин ки аудитори инфиродӣ сари вақт пардохт намояд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъекти санҷидашаванда

 

1. Субъекти санҷидашаванда ҳуқуқ дорад:

- аз ташкилоти аудиторӣ ё аудитори  инфиродӣ маълумоти заруриро оид ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гузаронидани аудит дахл доранд, дастрас намояд;

- бо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хулоса ва эродҳои ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ба онҳо асос ёфтааст, шинос шавад;

- аз ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ маълумотро оид ба камбудиҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти бо ҳисоботи молиявӣ алоқаманд дастрас намояд;

- дигар ҳуқуқҳоро, ки аз шартномаи хизматрасонии аудиторӣ бармеоянд, амалӣ намояд. 

2. Субъекти санҷидашаванда ӯҳдадор аст:

 - ба ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ барои сари вақт ва пурра гузаронидани аудит ёрӣ расонида, маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани аудит пешниҳод намояд, инчунин аз шахсони сеюм маълумоти заруриро барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ талаб карда гирад;

- бо мақсади маҳдуд накардани доираи масъалаҳое, ки ба гузаронидани аудит вобастаанд, ба фаъолияти ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ дахолат нанамояд, ба шарте ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;

- бо мақсади саркашӣ ё мамониат кардан барои гузаронидани аудит ба ягон амал (беамалӣ) роҳ надиҳад;

- дигар ӯҳдадориҳоро, ки аз шартномаи хизматрасонии аудиторӣ бармеоянд, иҷро намояд.

 

Моддаи 19. Иҷозатномадиҳӣ  барои фаъолияти аудиторӣ

 

Иҷозатнома барои фаъолияти аудиторӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.

 

Моддаи 20. Аттестатсияи фаъолияти аудиторӣ

Тартиби гузаронидани аттестатсияи фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 21. Асос ва тартиби бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ

 

1. Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад, агар:

- аудитор Шаҳодатномаи  тахассусиро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ гирифта бошад;

- ҳукми суд оид ба пешбинӣ намудани ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти аудиторӣ дар мӯҳлати муайян эътибори қонунӣ пайдо карда бошад;

- талаботи моддаҳои 25 ва 27 Қонуни мазкур риоя нашуда бошанд;

- талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит аз тарафи аудитор мунтазам риоя нашуда бошанд;

- муқаррар шуда бошад, ки хулосаи аудиторӣ бе гузаронидани санҷиши аудиторӣ аз тарафи аудитор имзо шудааст;

 - дар мӯҳлати ду соли тақвимӣ паи ҳам аудитор бо фаъолияти аудиторӣ машғул нашуда бошад.

2. Қарор оид ба бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ қарори асоснок мебарорад.

3. Шахсе, ки Шаҳодатномаи тахассусии аудиториаш бекор карда шудааст, ҳуқуқ дорад аз рӯи қарори қабулнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ дар давоми се моҳ ба суд шикоят намояд.

4. Шахсе, ки Шаҳодатномаи тахассусии ӯ дар асоси сархатҳои якум, сеюм ва панҷуми қисми 1 моддаи мазкур бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки такроран дар бораи гирифтани шаҳодатнома оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар давоми ду соли қабул карда шудани қарор дар хусуси бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ бо ариза муроҷиат намояд.

5. Шахсе, ки Шаҳодатномаи тахассусии ӯ дар асоси сархати дуюми қисми 1 моддаи мазкур бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки дар мӯҳлати пешбининамудаи ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи гирифтани шаҳодатнома оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ такроран бо ариза муроҷиат намояд.

 

Моддаи 22. Шартнома дар бораи гузаронидани аудит

 

1. Муносибатҳои байни ташкилотҳои аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ, фармоишгарони аудит ва субъектҳои санҷидашаванда дар асоси шартнома оид ба гузаронидани аудит, ки дар шакли хаттӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида мешавад, ба роҳ монда мешаванд.

2. Дар шартнома оид ба гузаронидани аудит мақсади шартнома, мӯҳлат, ҳаҷм ва шартҳои пардохт, стандартҳои аудит, ки тибқи онҳо аудит гузаронида мешавад, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва ҷавобгарии  тарафҳо, махфияти  маълумоти бадастомада, иттилоот дар бораи иҷозатномаи ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ва дигар шартҳои мувофиқакардашудаи тарафҳо пешбинӣ карда мешавад.

 

Моддаи 23. Хусусиятҳои гузаронидани аудити субъектҳои манфиати  умум

 

1. Аудити субъектҳои дорои манфиати умум мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит ва талаботи Қонуни мазкур гузаронида мешавад.

2. Аудити субъектҳои дорои манфиати умумро ташкилотҳои аудиторӣ мегузаронанд.

 

Моддаи 24. Хулосаи аудиторӣ

 

1. Хулосаи аудиторӣ аз рӯи натиҷаи аудити гузаронидашуда тартиб дода мешавад. Ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ аз рӯи натиҷаи аудити гузаронидашуда метавонад, ки мутобиқи стандартҳои аудит аз изҳори ақида ва додани хулосаи аудиторӣ даст кашад.

2. Шакл ва мундариҷаи хулосаи аудиторӣ бояд ба талаботи стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит мутобиқ бошанд.

3. Дар хулосаи аудиторӣ рақам ва санаи гирифтани иҷозатномаи ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ нишон дода мешавад. Хулосаи аудиторӣ аз тарафи аудитор - иҷрокунанда бо нишон додани рақам ва санаи гирифтани Шаҳодатномаи тахассусии  аудиторӣ ба имзо расонида, бо мӯҳри ташкилоти аудиторӣ ва ё аудитори инфиродӣ тасдиқ карда мешавад.

4. Ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ танҳо ба фармоишгари аудит ва шахсоне, ки дар шартномаи гузаронидани аудит чун фармоишгари аудит зикр карда шудаанд, хулосаи аудиторӣ пешниҳод менамояд.

5. Хулосаи аудитории ташкилоти аудиторӣ ё аудитори  инфиродӣ, ки дар санаи додани хулосаи аудиторӣ дорои иҷозатномаи дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ намебошанд, беэътибор дониста мешавад.

6. Дар ҳолати номутобиқатии хулосаи аудиторӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маълумоти воқеӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 5 моддаи мазкур оварда шудаанд, чунин хулоса метавонад бо қарори суд беэътибор дониста шавад.

7. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ барои додани хулосаи носаҳеҳ ва ё бардурӯғ масъул мебошанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)

 

Моддаи 25. Сирри аудиторӣ

 

1. Маълумот ва ҳуҷҷатҳои дастраскарда ва (ё) тартибдодаи ташкилоти аудиторӣ ва кормандони он ё аудитори инфиродӣ ҳангоми гузаронидани аудит сирри аудиторӣ маҳсуб меёбанд, ба истиснои:

- маълумоти ифшонамудаи худи  субъекти санҷидашаванда ё фармоишгари аудит, ки ба ӯ дар Қонуни мазкур пешбинигардида ё бо розигии худи ӯ расонида шудааст;

- маълумоти субъекти санҷидашаванда оид ба имзо расонидани шартнома дар бораи гузаронидани аудити ҳатмӣ; 

- маълумот оид ба андозаи пардохти хизматрасонии аудиторӣ.

2. Ташкилотҳои аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ, аудиторҳо ва шахсони ба гузаронидани аудит ҷалбкардаи онҳо ӯҳдадоранд, ки  махфияти сирри аудиториро  риоя намоянд.

3. Ташкилотҳои аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ, аудиторҳо ва шахсони ба гузаронидани аудит ҷалбкардаи онҳо ӯҳдадоранд, ки маълумот ва ҳуҷатҳои гирифтаашон ва (ё) тартибдодаашонро зимни фаъолияти аудиторӣ ҳифз намоянд ва ҳуқуқи ба шахсони сеюм додани  маълумот ва ҳуҷҷатҳои зикршуда ё бе розигии хаттии фармоишгари аудит фош кардани  онҳоро надоранд.

4. Ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ қарордоштаи дорои маълумот оид ба амалиёти субъекти санҷидашаванда, ки бо ӯ  шартномаи хизматрасонии аудиторӣ ба имзо расонида шудааст, танҳо бо қарори суд ба шахси  бо ҳамин қарор ваколатдоршуда  пешниҳод карда мешаванд.

5. Намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин намояндагони ташкилоти касбии аудиторон  ҳангоми назорати сифати хизматрасонии аудиторӣ ҳуқуқи дастрас кардани маълумоти дорои  сирри аудитро доранд. Дар ин сурат шахсоне, ки мутобиқи қонунгузорӣ ба маълумоти дорои сирри аудиторӣ дастрасӣ пайдо менамоянд, ӯҳдадоранд, ки махфияти чунин маълумотро риоя кунанд.

6. Ҳангоми маълумоти дорои сирри аудиториро фош кардани ташкилоти аудиторӣ, аудиторони инфиродӣ, аудитор, мақомоти ваколатдори давлатие, ки фаъолияти аудиториро танзим мекунанд ва (ё) дигар шахсоне, ки ба ин маълумот дастрасӣ доранд, субъекти санҷидашаванда, инчунин ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз шахси гунаҳкор ҷуброни зарари  расонидашударо талаб намоянд.

7. Пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ошкор намудани сирри аудиторӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда шуморида намешавад. (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1114)

 

Моддаи 26. Назорати сифати аудит ва намудҳои он

 

1. Ташкилоти аудиторӣ ӯҳдадор аст расмиёти сифати аудитро мутобиқи стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит ва Кодекси одоби касбии аудиторон  таҳия ва назорат намояд.

2. Назорати дохилӣ ва берунаи сифати аудит намудҳои назорати сифати аудит ба ҳисоб мераванд.

3. Назорати дохилии сифати аудитро ташкилоти аудиторӣ тибқи стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит мустақилона анҷом медиҳад.

4. Назорати берунаи сифати аудити ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои касбии аудиторон анҷом дода мешавад.

5. Мавзӯи назорати берунаи сифати аудит, риоя намудани талаботи Қонуни мазкур, стандартҳои миллӣ ё байналмилалии аудит ва Кодекси одоби касбии аудиторон аз тарафи ташкилоти аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ ба ҳисоб меравад.

6. Қоидаҳои гузаронидани назорати берунаи сифати аудит аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 27. Маҳдудияти ҳуқуқи гузаронидани аудит

 

1. Аудит дар мавридҳои зерин ва аз ҷониби инҳо гузаронида  намешавад:

- аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва кормандони ташкилоти аудиторие, ки муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсон, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд;

- аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва кормандони ташкилоти аудиторие, ки бо муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсон, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд, робитаи хешовандӣ доранд;

- аз тарафи ташкилотҳои аудиторие, ки роҳбарони онҳо муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсоне, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд;

- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ, ки роҳбарони онҳо бо муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсон, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд, робитаи хешовандӣ доранд; 

- агар аз ҷониби ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ дар назди субъекти санҷидашаванда ё ин ки аз ҷониби субъекти санҷидашаванда дар назди онҳо, ба истиснои ӯҳдадориҳо оид ба гузаронидани аудит, ӯҳдадориҳои молиявӣ мавҷуд бошад;

- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ нисбати субектҳои санҷидашавандае, ки дар давоми ду соли охир бевосита пеш аз давраи гузаронидани аудитро дар бар мегиранд, хизматрасонии вобаста ба соҳаи фаъолияти худ, ки  дар сархатҳои сеюм, чорум, панҷум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва дувоздаҳуми қисми 3 моддаи 6 Қонуни мазкур зикр шудааст, пешниҳод карда шудааст;

- ҳолатҳои дигаре, ки бо  стандартҳои аудит муайян гардидаанд.

2. Тартиб, андоза ва шакли пардохт барои гузаронидани аудит (аз он ҷумла аудити ҳатмӣ) ва хизматрасонӣ аз рӯи соҳаи фаъолияти худ мувофиқи шартномаҳо муайян карда мешаванд ва набояд ба иҷрои ин ё он талаби субъектҳои санҷидашаванда ё фармоишгарони аудит оид ба мазмуни натиҷаҳое вобаста бошад, ки дар натиҷаи аудит ё ин ки дигар хизматрасонӣ аз рӯи соҳаи фаъолияти худ бароварда мешаванд.

3. Ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ҳуқуқ надорад, ки як субъекти санҷидашавандаро паи ҳам зиёда аз се давраи ҳисоботи солона мавриди аудит қарор диҳад.

4. Ҳангоми ба миён омадани шартҳое, ки дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ҳуқуқ надорад аудити ду давраи солонаи ҳисоботии минбаъдаи субъекти санҷидашавандаи мазкурро низ гузаронад.

 5. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ ҳуқуқ надоранд ба амалҳое даст зананд, ки боиси пайдо гардидани бархӯрди манфиатҳо ё хатари ба миён омадани чунин ихтилофҳо мегарданд. Дар сурати пайдо шудани ин ҳолатҳо, инчунин чораҳои пешгирӣ намудани онҳо бо Кодекси одоби касбии аудиторон муқаррар мешавад.

 

Моддаи 28. Суғуртаи фаъолияти аудиторӣ

1. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ вазифадоранд доир ба ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарари молумулкӣ зимни фаъолияти аудиторӣ ба миён меоянд, шартномаи суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқиро ба имзо расонанд.

2. Суғуртаи ҷавобгарии ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 4.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 29. Муқаррароти хотимавӣ

 

1. Ташкилотҳои аудитории таъсисёфта то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар қисми мухолифат доштан ба шакли ташкилию ҳуқуқии он бояд дар мӯҳлати се моҳ бо шакли ташкилию ҳуқуқии пешбинишуда  аз нав таъсис дода шаванд.

2. Ташкилотҳои аудиторӣ дар давоми се моҳи баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур бояд ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ҳайати кормандони фаъолияткунандаи ташкилоти аудиториро ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур мутобиқ намоянд. Дар сурати риоя накардани талаботи моддаи мазкур мӯҳлати амали иҷозатномаи   ташкилоти аудиторӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад.

 

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 160) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ РАҲМОН

 

     ш. Душанбе,

22 июли соли 2013,

            № 993

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ ХОҶАГИДОРӢ ВА ИСТЕҲСОЛОТИ БИОЛОГӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 10:35
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1001
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.07.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ ХОҶАГИДОРӢ ВА ИСТЕҲСОЛОТИ БИОЛОГӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 529; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.04.2019 с., № 1592)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти хоҷагидории биологиро муқаррар намуда, ба истеҳсол, коркард,  нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти тозаи экологӣ равона карда шудааст (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592).

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ  

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:  

- хоҷагидории биологӣ - шакли фаъолияти хоҷагидории кишоварзӣ, ки дар он барои парвариши растаниҳо, нигоҳубини ҳайвоноти кишоварзӣ танҳо моддаҳои ғизоии табиӣ ва воситаҳои гайрикимиёвии мубориза бар зидди ҳашароти зараррасону касалиҳо истифода шуда, он ба нигохдории мувозинати табиӣ, организмҳои зинда ва муҳити зист мусоидат менамояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592);

маҳсулоти тозаи экологӣ - маҳсулоти кишоварзӣ, ки мутобиқи талаботи хоҷагидории биологӣ истеҳсол, коркард ва фурӯхта шуда, бо мафҳумҳои дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ истифодашавандаи «биологӣ», «органикӣ» ва «табиӣ» ҳаммаъно мебошад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592);

истеҳсолоти биологӣ - раванди истехсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки бе истифодаи моддаҳои сунъии кимиёвӣ (нуриҳои минералӣ, пеститсидҳо, воситаҳои танзимкунандаи инкишофи растанӣ, иловаҳо ба хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ) амалӣ гардида, инчунин сертификатсия ва гардиши маҳсулоти тозаи экологиро дар бар мегирад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592);

регламенти техникии истеҳсолоти биологӣ - санади меъёрии техникие, ки талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста бо бехатарии маҳсулоти тозаи экологӣ, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592);

стандарти истеҳсолоти биологӣ - қоида, дастур ва ё тавсифҳои ба маҳсулоти тозаи экологӣ дахлдошта (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592);

усулҳои хоҷагидории биологӣ - усулҳои истеҳсолот, ки дар истеҳсоли маҳсулоти тозаи экологӣ истифодаи маводи сунъӣ ва организмҳои генашон тағйирёфтаро истисно менамоянд ва онҳо пурра ба регламентҳои техникӣ ва стандартҳои  истеҳсолоти биологӣ мутобиқат мекунанд; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- низоми экологӣ - маҷмӯи ягона, устувор, мустақилона инкишофёбанда ва танзимшавандаи ҷузъиёти зинда ва ғайризиндаи муҳити зист дар ҳудуди қитъаи муайяни биосферӣ, ки тавассути мубодилаи моддаҳо, энергия ва иттилоот байни ҳам алоқаманд мебошанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592);

- бозрасӣ - санҷиши маҳсулоти тозаи экологӣ ё низоми муқарраргардидаи назорати маҳсулот, ашёи хоми коркардшуда ва расонидашаванда, маҳсулот дар ҷараёни коркард ва баъд аз тайёр шудан, санҷиши мутобиқати маҳсулот ба талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои истеҳсолоти биологӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- тамғаи миллии маҳсулоти тозаи экологӣ - навиштаҷоте, ки дар шакли чопӣ ё графикӣ дар рӯи борҷомаи маҳсулоти тозаи экологӣ тасвир ёфта, бо мақсади нишон додани ҷойи истеҳсол ва ба талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида ҷавобгӯй будани маҳсулоти тозаи экологӣ гузошта мешавад$ (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- Феҳристи давлатии маҳсулоти тозаи экологӣ - махзани давлатии иттилоотӣ дар бораи маҳсулоти тозаи экологӣ, ки пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592).

Моддаи 2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи  хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ

 Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

Моддаи 3. Вазифаҳои  Қонуни мазкур

Вазифаҳои асосии Қонуни мазкур  аз инҳо иборатанд:  

- муайян намудани принсипҳои хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;

- тибқи талаботи истеҳсолоти биологӣ муқаррар намудани қоидаҳои истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти тозаи экологӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- муайян намудани татбиқи усулҳои биологии беҳтаргардонии сифати маҳсулоти тозаи экологӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- истифодаи усулҳои биологӣ барои ба даст овардани маҳсулоти сифатан ҷавобгӯи биологӣ;

- рушди бозори маҳсулоти тозаи экологӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- татбиқи низоми истифодаи оқилонаи маҳсулоти тозаи экологӣ ва захираҳои табиӣ;  (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- пешгирии истифодаи ҳар гуна технологияи олудакунанда, моддаҳои сунъии кимиёвӣ дар истеҳсолоти биологӣ;  

- ҳифз кардан ва афзун намудани гуногунии намудҳои растаниҳои худрӯй бо роҳи созгории истеҳсолоти биологӣ;

 - пешгирии муҳити зист аз олудашавӣ ва риоя кардани  мувозинати низоми экологӣ дар рафти истеҳсолоти биологӣ;

- мусоидат кардан ба рушди устувори истеҳсолоти биологӣ, ҳифзи гуногунии генетикии низоми экологӣ бо мақсади нигоҳдории шароити рушди маҳсулоти тозаи экологӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- муҳайё кардани шароити мусоид барои инкишофи истеҳсолоти биологӣ.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ

Принсипҳои асосии амалӣ намудани хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ:  

- риоя кардани мувозинати экологии табиат ва барқарор намудани захираҳои он;  

- татбиқи усулҳои самарабахши истифодаи захираҳои табиии барқарорнашаванда ва нигоҳдории гуногунии биологӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- татбиқи механизми истифодаи самараноки замин;

- таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тозаи экологӣ (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592);

- истифодаи навъҳои тухмии серҳосили ба маҳал мувофиқ;

- истифодаи воситаҳои ғайрикимиёвӣ ба муқобили ҳашароти зараррасон, касалӣ ва алафи бегона; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- истифодаи оқилонаи захираҳои об.

Моддаи 5. Танзими раванди истеҳсолоти биологӣ

1. Субъектҳои хоҷагидор сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи истеҳсолоти биологӣ ҳуқуқи фаъолият карданро доранд, ӯҳдадоранд бо мақсади амалӣ гардонидани фаъолияти пешгирифта дар мақомоти ваколатдори давлатӣ расмиёти бақайдгирии маҳсулоти тозаи экологии истеҳсолшударо риоя намоянд. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

2. Фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолоти биологӣ дар асоси маълумотҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- ном ва суроғаи субъекти хоҷагидор;

- маҳалли воқеъгардидаи қитъаҳо ва биноҳое, ки амалиёти истеҳсолӣ ба роҳ монда мешавад;

- хусусияти амалиёти истеҳсолӣ ва хосияти маҳсулоти тозаи экологӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- риоя кардани ӯҳдадориҳое, ки аз муқаррароти Қонуни мазкур бармеоянд;

- номи мақоми бозрасӣ ва сертификатсияи маҳсулоти тозаи экологӣ. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ХОҶАГИДОРӢ ВА ИСТЕҲСОЛОТИ БИОЛОГӢ

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ мансубанд:

- муайян кардани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;

- қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;

- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ;

- мутобиқ намудан ба меъёргирии давлатии хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ

Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ инҳоянд:

- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ;

- ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намудани онҳо;

- пешбурди Феҳристи давлатии маҳсулоти тозаи экологӣ (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592);

- таҳияи қоидаҳои махсуси борҷома ва тамғагузории маҳсулоти тозаи экологӣ; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

БОБИ 3. СЕРТИФИКАТСИЯ ВА ШАРТҲОИ ИСТЕҲСОЛОТИ МАҲСУЛОТИ ТОЗАИ ЭКОЛОГӢ

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

Моддаи 8. Сертификатсияи маҳсулоти тозаи экологӣ

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

Сертификатсияи маҳсулоти тозаи экологӣ дар асоси регламентҳои техникӣ ва стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

Моддаи 9. Шартҳои истеҳсолоти биологӣ

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

1. Шахси дар истеҳсолоти биологӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ӯҳдадор аст, шартҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро, ки бо регламентҳои техникӣ ва стандартҳои дахлдор муқаррар карда шудаанд, риоя намояд. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

2. Дар истеҳсолоти биологӣ бояд талаботи зерин риоя карда шаванд:

- татбиқи принсипҳои хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ;

- истифода накардани нуриву моддаҳои кимиёвӣ ва петсидҳо, ангезандаҳои сунъии нумӯъ, эмулгатерҳо, ки регламентҳои техникӣ ва стандартҳои  муқарраргардида манъ кардаанд; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- истифодаи технологияи парвариши растаниҳо барои нигоҳдорӣ ва ғанигардонии таркиби хок ҷиҳати пешгирии бодлесшавӣ ва шусташавии замин (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592);

- истифодаи тухмӣ ва ё ниҳолу кӯчате, ки бо усулҳои истеҳсолоти биологӣ сабзонида ва парвариш карда шудааст;

- истифода накардани организмҳои генашон тағйирёфта ва ҳосилаи онҳо, ба истиснои воситаҳое, ки дар байторӣ истифода мешаванд;

- риояи стандартҳои истеҳсолоти биологӣ ҳангоми парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ ва тайёр кардани хӯроки чорвою парранда; (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- истифодаи усулҳои хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ бо мақсади пешгирии бемории чорво, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин усулҳо дар муолиҷаи чорво натиҷае намедиҳанд.

Моддаи 10. Шартҳои истифодабарии растаниҳои худрӯй ва меваи онҳо дар соҳаи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ

1. Растаниҳои худрӯй ва меваҳои онҳо, инчунин дигар набототи худрӯй бояд тавре ҷамъоварӣ карда шаванд, ки дар натиҷа ба низоми экологӣ зарар нарасад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

2. Дар ҳудуди чарогоҳҳо бояд қитъаҳое интихоб карда шаванд, ки растаниҳои худрӯй ва меваи онҳо бо моддаҳои кимиёвӣ коркард нашуда бошанд.

БОБИ 4. ҚОИДАҲОИ ИСТЕҲСОЛ, КОРКАРД, НИГОҲДОРӢ, ҲАМЛУ НАҚЛ, БОРҶОМА, ТАМҒАГУЗОРӢ ВА ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ ТОЗАИ ЭКОЛОГӢ

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

Моддаи 11. Қоидаҳои истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти тозаи экологӣ

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

1. Маҳсулоти тозаи зкологӣ бояд аз дигар намуди маҳсулот алоҳида коркард шуда, тамғагузорӣ ва нигоҳ дошта шавад. Агар маҳсулоти тозаи экоологӣ аз дигар маҳсулотҳо ҷудо гузошта ва мувофиқан тамғагузорӣ нашуда бошад, дар якҷоягӣ нигоҳ доштан, ҳамлу нақл ва фурӯши онҳо манъ аст. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

2. Барои ҳифзи муҳити зист ҳангоми коркард, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти тозаи экологӣ бояд меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалии санитарию гигиенӣ, регламентҳои техникӣ ва  стандартҳои маҳсулоти тозаи экологӣ қатъӣ риоя карда шаванд. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

3. Дар хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ бояд шартҳои истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, борҷома, тамғагузорӣ ва фурӯши маҳсулоти тозаи экологӣ, ки бо шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, талаботи  регламентҳои техникӣ  ва стандартҳои истеҳсолоти биологӣ қатъӣ риоя карда шаванд. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

4. Дар истеҳсолоти биологӣ ҳамчун борҷома бояд мавод, контейнер ё зарфҳои сертификатсияшуда истифода шаванд, ки истеҳсоли технологияҳои муосир бошанд.

5. Маводи борҷома, контейнер ё зарфҳое, ки дар истеҳсолоти биологӣ истифода мешаванд, бояд ба меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалии  санитарию гигиенӣ мутобиқат кунанд.

Моддаи 12. Воридот ва содироти маҳсулоти тозаи экологӣ

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

1. Қоидаҳои воридот ва содироти маҳсулоти тозаи экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

2. Маҳсулоти тозаи экологии воридотӣ бояд дорои сертификате бошад, ки онро мақоми ваколатдори мамлакати воридкунанда оид ба сертификатсия ба чунин маҳсулот додааст. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

Моддаи 13. Қоидаҳои тамғагузорӣ намудани маҳсулоти тозаи экологӣ

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

1. Маҳсулоти тозаи экологӣ мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғагузорӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

2. Тамғаи борҷома ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маҳсулоти тозаи экологӣ бояд дорои чунин маълумот бошанд: (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

- ном ва суроғаи истеҳсолкунанда ё корхонаи коркард;

- номи маҳсулот бо зикри усули татбиқшудаи истеҳсолоти биологӣ;

- ном ва рамзи мақоми ваколатдор оид ба бозрасӣ ва сертификатсия;

- шартҳои нигоҳ доштан;

- мӯҳлати коршоямӣ;

- ишора дар бораи тартиби нигоҳ доштани чунин маҳсулоти тозаи экологӣ бо дигар маҳсулот. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

3. Дар рӯи борҷома бояд тамғаи миллии маҳсулоти тозаи экологӣ, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр  ва ба қайд гирифта шуда, мавриди истифода  қарор дорад сабт шуда бошад ва дар бораи ба талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида ҷавобгӯй будани маҳсулоти мазкур ишора карда шавад. (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1592)

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 14.  Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

          

               ш. Душанбе,

        22 июли соли 2013,

№ 1001

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ КӮҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 10:38
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1003
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.07.2013
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ КӮҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» 
 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2013, №7,мод.531, аз 23.12.2021 № 1829)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ин минтақаҳо, нигоҳ доштан, самарабахш ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ равона шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдминтақаҳои кӯҳӣ) - ҳудудҳое, ки дорои хусусиятҳои хоси табиӣ (баландиҳои табиии минтақавӣ) буда, ба ташаккули экосистемаҳо, тарзи ҳаёт ва пешбурди фаъолияти хоҷагидории аҳолии дар ин ҳудудҳо истиқоматкунанда таъсир мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- иртифоъсанҷӣ (гипсометрия) - чен кардани баландии минтақаҳои кӯҳӣ;
- баландиҳои табиии минтақавӣ - тағйирёбии мунтазами шароитҳо ва ландшафтҳои табиӣ, ки бинобар тағйирёбии иқлим ва баландии сатҳи баҳр, бо пайдоиши минтақаҳои табиии кӯҳии миёна, баланд ва баландтар ба амал омадааст (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- ҳифзи минтақаҳои кӯҳӣ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва тарзи зиндагии анъанавии аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ равона шудаанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ - низоми идоракунии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки самтҳои асосӣ ва муҳими рушди минтақаҳои кӯҳиро муайян менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои куҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829).
Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ ва принсипҳои асосии он
1. Сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ ҷузъи таркибии сиёсати умумидавлатӣ буда, тавассути чорабиниҳо дар самти дастгирии минтақаҳои кӯҳӣамалӣкарда мешавад.
2. Сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- афзалияти дастгирии давлатии минтақаҳои кӯҳӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ;
- ҳифзи асосҳои иқтисодӣ ва экологии минтакаҳои кӯҳӣ;
- дастрасии иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣдар амалисозии сёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ;
- дастрасии иттилоот оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ;
- оқилона ва самаранок истифода бурдани захираҳои табии минтақаҳои кӯҳӣ;
- таъмини муҳити мусоиди зист барои аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ.
Моддаи 4. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур инҳоянд:
- муҳайё намудани шароит барои беҳсозии зисти аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ, таъмини кору фаъолияти онҳо, ҳамчунин кам кардани фарқияти сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ нисбат ба дигар минтақаҳо;
- нигоҳдорӣ ва ҳифзи захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ;
- таъмини ҳифзи муҳити зист, системаҳои табиии экологӣ ва ландшафтҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- фароҳам овардани шароити сармоягузорӣ ва ҷалб намудани сармояҳо барои рушди минтақаҳои кӯҳӣ;
- инкишоф додани соҳибкории хурд ва миёна дар минтақаҳои кӯҳӣ;
- анҷом додани дигар вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 5. Ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳӣ
1. Ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳӣ ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:
- ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии миёна, ки дар баландии аз 1000 то 1500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида дорои шароити мӯътадили табиӣ мебошанд;
- ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии баланд, ки дар баландии аз 1500 то 2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, дорои шароити нисбатан мӯътадили табиӣ мебошанд;
- ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии баландтар, ки дар баландии аз 2000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, дорои шароити хосаи табиӣ буда, барои саломатӣ, зисти аҳолӣ ва кору фаъолияти онҳо таъсир мерасонанд.
2. Номгӯи ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии дорои шароити хосаи табиӣ мутобиқи иртифоъсанҷӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 6. Захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ
1. Захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба шахсони воқеӣва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ҳуқуқи истифодабарии объектҳои захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳиро доранд, онро бояд мақсаднок истифода баранд.
Моддаи 6(1). Ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829)
1. Дар минтақаҳои кӯҳӣ системаҳои табиии экологӣ, ландшафтҳои табиии кӯҳӣ, қисматҳои табиӣ ва иқлими кӯҳӣ таҳти муҳофизати махсус қарор доранд.
2. Ҷойгиронии объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти минтақаҳои кӯҳӣ пас аз гузарондани арзёбии экологии таъсири фаъолияти пешбинишуда ба муҳити зист иҷозат дода мешавад.
3. Зараре, ки ба муҳити зист дар натиҷаи амалисозии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои кӯҳӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829).
БОБИ 2. ИДОРАКУНӢ ВА ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МИНТАҚАҲОИ КӮҲӢ
Моддаи 7. Субъектҳои танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ
Субъектҳои танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, тартиби иштироки онҳоро дар ҷараёни рушди минтақаҳои кӯҳӣ Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба (минтақаҳои кӯҳӣ)
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаҳои кӯҳӣ инҳоянд:
- ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- таъмини ҳамкории мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсадноки рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ;
- амалӣ намудани дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣоид ба минтақаҳои кӯҳӣ
Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ инҳоянд:
- ташаккули фондҳои маҳаллии мақсадноки рушди минтақаҳои кӯҳӣ;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушд ва ҳифзи минтақаҳои кӯҳӣ (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии варзишию кӯҳгардӣ ва экологӣ (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- иштирок дар танзим ва истифодаи захираҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ;
- таъмини дастгирии иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ;
- фароҳам овардани шароит барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар намудааст.
Моддаи 10. Ҳадафҳои танзими давлатии рушди миитақаҳои кӯҳӣ
Танзими давлатии рушди минтақаҳои кӯҳӣ аз ҳадафҳои зерин иборат мебошад:
- таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулот;
- инкишофи саноати коркарди маҳсулот;
- паст кардани сатҳи камбизоатӣва бекории мавсимӣ;
- инкишофи инфрасохтор барои ташкили шаклҳои гуногуни саёҳат(туризм) ва истироҳат дар минтақаҳои кӯҳӣ;
- мусоидат ба афзуншавии ҳаҷми маҳсулоти маҳаллӣ;
- ривоҷи истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳу меваҳои худрӯи шифобахш;
- оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ;
- дастгирӣ ва рушди заминистифодабарии лалмӣ, боғдорӣ ва ангурпарварии кӯҳӣ, чорводории чарогоҳҳои кӯҳӣ(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- рушди технологияҳои рақамӣ ва воситаҳои коммуникатсионӣ;
- рушди системаҳои саноатӣ, ирригатсионию мелиоративӣ, шабакаҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ;
- рушди хоҷагидории манзилию коммуналӣ (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1829);
- таъмини дастрасии захираҳои қарзии имтиёзнок барои корхонаҳо ва соҳибкороне, ки дар минтақаҳои кӯҳӣфаъолият менамоянд;
- инкишофи инфрасохтори иҷтимоӣва муҷаҳҳазонии муҳандисии минтақаҳои кӯҳӣ;
- бо маводи илми, иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ таъмин кардани маҳалҳои аҳолинишин дар минтақаҳои кӯҳӣ;
- пардохти музди меҳнат бо назардошти коэффитсиентҳои муқаррарнамудаи ноҳиявӣ ва фоизҳои иловагӣ ба музди меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 11. Манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои рушди минтақаҳои кӯҳӣ
Маблағгузории чорабиниҳои рушди минтақаҳои кӯҳӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ -накардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 12. Истифодабарии захираҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ
1. Истифодабарандагони захираҳои табиӣ бояд манбаъҳои барқароршавандаи захираҳои табииро бо восита ва усулҳое истифода баранд, ки ба барқароршавии онҳо дар мӯҳлати нисбатан кӯтоҳ мусоидат намоянд.
2. Истифодабарандагони захираҳои табиӣ бояд талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи табиат риоя намоянд.
3. Тартиби истифодабарии захираҳои табиӣ ва имтиёзҳоро дар минтақаҳои кӯҳӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 13. Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 14. Ҷавобгарӣбарои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣмавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 июли соли 2013, № 1003.
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 10:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1018
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.09.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №8-9, мод. 651)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия танзим намуда, тартиби истифодаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикиро муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

     Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
  Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- сарфаҷӯии энергия - истифодаи оқилона ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсол, таҷдид, интиқол ва истеъмоли энергия;
- намудҳои алтернативии сӯзишворӣ - намудҳои гуногуни сӯзишворӣ (гази моеъ, биогаз, гази генераторӣ, маҳсулоти коркарди биомасса, сӯзишвории ангишти моеъ ва ғайра), ки барои кам ё комилан иваз намудани истифодабарии захираҳои сӯзишворию энергетикии аввалияи гаронбаҳо ва камчин истифода бурда мешаванд;
- манбаъҳои барқароршавандаи энергия - манбаъҳои гуногуни ба намудҳои истихроҷии сӯзишворӣ номарбути ҳамеша мавҷуд, ки такроран дар муҳити ҷараёни офтоб, бод, обҳои гарми зеризаминӣ, биомасса ва дарё пайдо мешаванд;
- самаранокии энергия - истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ бо дарназардошти дараҷаи инкишофи техника ва технологияи мавҷуда ва риояи талаботҳои ҳифзи муҳити зист, ноил шудан ба истифодаи самараноки захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок карда шудааст;
- нишондиҳандаи самаранокии энергия - муайян намудани фарқи мутлақ ё нисбии андозаи истеъмоли воқеӣ ё талафоти захираҳои сӯзишворию энергетикӣ барои маҳсулоти (кор ва хизматрасониҳо) таъиноти гуногун дар муқоиса бо меъёри муқаррарнамудаи стандартҳои давлатӣ;
- сарфи ғайриистеҳсолии захираҳои энергетикӣ - риоя нагардидани сарфи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ки ба талаботи муқаррарнамудаи стандартҳои давлатӣ ё санадҳои дигари меъёрӣ, дастури технологӣ ва маълумоти шиносномаи таҷҳизоти фаъол вобаста мебошад;
- талафоти захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ - фарқи байни истеъмол ва истифодаи самараноки миқдори захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ дар ҳар давраи расонидан, интиқол, табдил ва истеъмоли онҳо ва ҳамчунин талафоти онҳо дар натиҷаи истифодаи бесамарона;
- сӯзишвории шартӣ - воҳиди ҳисоби сӯзишвории органикӣ барои муқоисаи намудҳои гуногуни сӯзишворӣ аз рӯи гармидиҳии ҳарораташ баробари 7000 ккал/ кг;
- меъёри талафот - дараҷаи талафоти захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикие, ки аз миқдори муқарраршудаи умумии онҳо дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва шиносномаи таҷҳизот зикр шудаанд ё бо тартиби муқарраршуда тасдиқ карда шудаанд;
- захираҳои сӯзишворию энергетикӣ - маҷмӯи ҳамаи намудҳои сӯзишворӣ, энергияи табиӣ ва табдилшаванда;
- захираҳои мустаъмали сӯзишворию энергетикӣ - захираҳои ҳамчун энергияи иловагӣ аз маҳсулоти пасмонда ё партови истеҳсолоти асосӣ ҳосилшаванда;
- шиносномаи энергетикӣ - ҳуҷҷати бо дастур муайяншудаи меъёрӣ, ки дар он аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти энергетикӣ нишондиҳандаҳои воқеии самаранокии энергия ва имконияти сарфаи захираҳои энергетикӣ дарҷ ёфтаанд;
- таҳқиқоти энергетикӣ (энергоаудит) - ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот дар бораи истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ бо мақсади ҳосил кардани иттилооти дуруст дар бораи ҳаҷми захираҳои энергетикии истифодашаванда, дар бораи нишондиҳандаҳои самаранокии энергия, ошкор намудани имкониятҳои сарфаҷӯии энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ бо дарҷи натиҷаҳо дар шиносномаи энергетикӣ.

          Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
   Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

        Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур 
  1. Амали Қонуни мазкур вобаста ба фаъолияти зерин татбиқ мегардад:
- истеҳсоли захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ аз ҷониби ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилӣ ҳуқуқӣ;
- амалӣ кардани мониторинг ва ҳавасмандгардонӣ барои истифодаи самараноки захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ дар рафти истихроҷ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, табдил, тақсим ва истеъмол;
- таҳия ва татбиқи технологияҳои самараноки истихроҷ, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, табдил, тақсим ва истеъмоли захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ ва ҳамчунин намудҳои самараноки сӯзишворӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои бо энергия коркунанда, асбобҳои ҳисобкунӣ, назорат ва танзими истеъмоли энергия;
- хадамоти давлатӣ ва раёсатҳо оид ба мушоҳида ва назорати самараноки истихроҷ, коркард, интиқол ва истифодаи захираҳо ва маҳсулоти энергетикӣ, энергияи барқ ва гармӣ ва системаҳои обрасонӣ;
- ҳамбастагии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо фаъолияти ҳифзи муҳити зист;
- таъминоти молиявӣ, иттилоотӣ ва кадрии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- стандартизатсия ва сертификатсияи таҷҳизоти сарфакунандаи энергия, масолеҳ, иншоотҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, маҳсулот ва объектҳои дигари истеъмолкунандаи энергия.
2. Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи объектҳои гражданӣ, саноатӣ, коммуналӣ ва мудофиа, инчунин системаи таъмини об, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон татбиқ мегардад.

       Моддаи 4. Принсипҳои танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
  Танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- самаранок ва оқилона истифода бурдани захираҳои сӯзишворию энергетикӣ бо назардошти шартҳои истеҳсолӣ, технологӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ;
- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии истифодабарии таҷҳизот, мавод ва технологияи дорои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- ба таври доимӣ гузаронидани чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- банақшагирии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар гузаронидани чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.

 

БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ
ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ

      Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия 
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошад:
- амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- назорат ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия; 
- муайян кардани номгӯи молҳое, ки иттилоот дар бораи самаранокии энергетикӣ ва қоидаҳои дарҷи чунин иттилоотро доранд;
- муқаррар намудани талаботи самаранокии энергетикии молҳо, корҳо, хизматрасонӣ, ҷобаҷогузории фармоишҳо оид ба таъмини эҳтиёҷоти давлатӣ;
- муқаррар намудани тартиби амалӣ кардани назорати давлатӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- муқаррар намудани қоидаҳои таъсис додани системаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва таъмини амалии он;
- муайян кардани шаклу усулҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмӣ ва корҳои санҷишию конструкторӣ дар соҳаи мазкур;
- муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- тасдиқи барномаҳои давлатӣ бо мақсади муҳайё намудани шароити ташкилӣ, моддӣ, техникӣ, молиявӣ оид ба иҷрои талабот нисбат ба истифодабарии партовҳо;
- бунёди низоми молиявӣ ва иқтисодие, ки истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагонро ба истифодаи самараноки захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ба тавозуни энергетикӣ ҷалб кардани намудҳои алтернативии сӯзишворӣ ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, инчунин ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда ба сармоягузорӣ ва маблағгузории чорабиниҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳавасманд мегардонад;
- таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- татбиқи дигар салоҳиятҳо дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки ба қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд.

         Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия 
   Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- таҳияи усулҳои меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилию иқтисодии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- таҳия ва тасдиқи низомномаи ташхиси энергетикӣ ва экспертизаи сарфаҷӯии энергия дар соҳаҳои иқтисод;
- муайян намудани талаботи самаранокии энергетикии биноҳо, иморатҳо ва иншоотҳо;
- муқаррар намудани қоидаҳои ташхиси сатҳи истеъмоли энергия ва самаранокии энергетикии таҷҳизоти электрикӣ дар биноҳои бисёрквартирадор;
- таъмини назорати давлатии истифодабарии самараноки захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;
- ҳаллу фасли масъалаҳое, ки бо дастрасии истеҳсолкунандагони энергияи барқ ва гармӣ ба шабакаҳои энергетикӣ бо риояи меъёрҳои зарурии техникӣ ва низомҳои дигари кор алоқаманданд;
- таҳия ва ҳамоҳангсозии барномаҳои соҳавии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, истифодаи намудҳои алтернативии сӯзишворӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки онҳоро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ донистаанд;
- ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, ки барои ҷорӣ намудани дастовардҳои илм, техника ва технологияи муосир дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия равона карда шудаанд;
- иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалии ба соҳаи мазкур алоқаманд;
- иҷрои дигар ваколатҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
          Моддаи 7. Танзими давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия 

    Танзими давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- муайян намудани талабот нисбат ба муомилот ва молҳои ҷудогонае, ки ҳангоми кор фармудани онҳо захираҳои сӯзишворию энергетикӣ истифода мешаванд;
- манъ ва маҳдуд кардани истеҳсол ва муомилоти молҳое, ки самаранокии энергетикии паст доранд, ба шарте ки чунин молҳои энергияро самаранок истифодабаранда ба миқдоре дар муомилот мавҷуданд ва ё ба муомилот бароварда мешаванд, ки талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ гардонида тавонанд;
- муайян намудани ӯҳдадории ба ҳисоб гирифтани захираҳои истифодашавандаи сӯзишворию энергетикӣ ва тартиб додани тавозуни энергетикӣ;
- муайян намудани талабот нисбат ба самаранокии энергетикии бино ва иншоот ва бехатарии онҳо барои муҳити зист ва инсон;
- додани шиносномаи энергетикӣ;
- муайян намудани талабот нисбати шиносномаи энергетикӣ;
- амалӣ гардонидани чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар биноҳои бисёрквартирадор;
- муайян намудани талабот нисбати самаранокии энергетикии молҳо, корҳо, хизматрасониҳо, ҷобаҷогузории фармоишҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
- муайян намудани талабот нисбати барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- муайян намудани талабот нисбати барномаҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, дар ташкилотҳо бо иштироки давлат ва ташкилотҳое, ки бо намудҳои фаъолияти танзимшаванда машғуланд; 
- муайян намудани асосҳои амалӣ нашудани системаи давлатии иттилоотӣ вобаста ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- интишори иттилоот дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- таҳия ва иҷрои барномаҳои иттилоотӣ ва таълимӣ;
- муайян намудани тартиби иҷрои муқаррароти пешбининамудаи Қонуни мазкур;
- амалӣ намудани чорабиниҳои дигари танзими давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

          Моддаи 8. Таъмини самаранокии энергетикӣ дар муомилоти мол
     1. Молҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд ва молҳое, ки аз хориҷ ворид мегарданд, дар ҳуҷҷатҳои техникиашон ва дар тамғақоғазашон бояд оид ба самаранокии энергетикӣ маълумот дошта бошанд. Талаботи мазкур ба молҳои зерин дахл дорад:
- асбобҳои маишии истеъмолкунандаи энергия;
- компютерҳо, асбобҳои дигари электронии компютерӣ ва техникаи ташкили кор;
- маводи сохтмон ва таҷҳизоти техникии корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои сохтмонӣ;
- дигар намуди молҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
2. Қоидаҳои ба кор бурдани партовҳои истеҳсолот, истеъмол ва истифодаи онҳо бо мақсади ҳосил кардани захираҳо ва маҳсулоти иловагии сӯзишворию энергетикиро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

       Моддаи 9. Таъмини самаранокии энергетикии бино ва иншоот
     1. Бино ва иншоот бояд ба талаботи қоидаҳои таъмини самаранокии энергетикие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҷавобгӯ бошанд.
     2. Самаранокии энергетикии бино ва иншоот бояд талаботҳои зеринро дарбар гиранд:
- нишондиҳандаҳое, ки бузургии нисбии сарфи захираҳои энергетикиро муайян мекунанд;
- муқаррар намудани талаботе, ки ба самаранокии энергетикии бино ва иншоот аз рӯи лоиҳаҳои меъморӣ, технологияи функсионалӣ, конструкторӣ ва муҳандисию техникӣ сохташуда таъсир мерасонанд.
  3. Талаботи самаранокии энергетикии бино ва иншоот бояд бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар панҷ сол як бор мавриди таҷдиди назар қарор гирад.
4. Талаботи самаранокии энергетикӣ нисбати бино ва иншооти зерин татбиқ намегардад:
- бино ва иншооти динӣ;
- бино ва иншооте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои меросӣ, фарҳангӣ (осорхонаҳо, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ) мансубанд;
- бино ва иншооти муваққатии мӯҳлати хизматашон камтар аз ду сол;
- дигар бино ва иншооте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
5. Мавриди истифода қарор додани бино ва иншооти навсохт, таҷдидшуда, аз таъмири асосӣ, таҷдиди таҷҳизоти техникӣ, модернизатсия ва васеъшавӣ гузашта, ки ба талаботи самаранокии энергетикӣ ҷавобгӯй нестанд ва бо асбобҳои ҳисобу ченкунии истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ муҷаҳҳаз намебошанд, манъ аст.
6. Санҷиши мувофиқатии бино ва иншооти баистифодадодашаванда ба талаботи самаранокии энергетикӣ ва мувофиқи талабот муҷаҳҳаз будани онҳо бо асбобҳои баҳисобгирии истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори назорати давлатии энергетикӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

        Моддаи 10. Таъмини ҳисоби истифодаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ
1. Тамоми ҳаҷм ва сифати истихроҷ, истеҳсол, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва истеъмолшавандаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ ҳатман бояд ба ҳисоб гирифта шаванд. Усул ва тартиби ҳисоби захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикии истеъмолшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
2. Ҳисоби захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикии истеъмолшаванда мутобиқи стандартҳо, меъёру қоидаҳои метрологӣ иҷро карда мешавад.
3. Назорати давлатии омории ҳаҷму тартиби муомилоти захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ, истифодаи самараноки онҳоро мақоми ваколатдори соҳаи омор, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ менамояд.
4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ шакли ҳисоботи давлатии оморро оид ба ҳаҷм ва феҳристи истеҳсол, истифодаи самарнокии захираҳо ва маҳсулоти энергетикиро барои ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо таҳия ва барои тасдиқ ба мақомоти ваколатдори соҳаи омор ирсол менамояд.

 

БОБИ 4. ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ ЭНЕРГЕТИКӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
          Моддаи 11. Экспертизаи давлатии энергетикӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия 

1. Вазифаҳои асосии экспертизаи давлатии энергетикӣ аз муайян кардани мувофиқати хулосаҳои лоиҳавӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба стандартизатсияи нишондиҳандаҳои истифодаи самараноки энергия, мавҷуд будани системаи дахлдори ҳисобу китоб ва ҳамчунин асосноккунии чорабиниҳои пешбинишуда оид ба сарфаҷӯии энергия иборат мебошанд.
2. Экспертизаи давлатии энергетикӣ аз рӯи намудҳои зерини фаъолият ва қарорҳои лоиҳавӣ гузаронида мешавад:
- истихроҷ, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, истеҳсол, табдил, истифода ва безараргардонии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ;
- ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмони корхонаҳо, биноҳо ва иншооти нав, азнавсозӣ, таҷҳизонии техникӣ, такмил додан ва васеъ кардани онҳо, аз ҷумла техникаю технологияи татбиқшаванда ва ҳамчунин лоиҳаҳои азнавсозии биноҳо ва иншооти мавҷуда;
- лоиҳаҳои барномаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёт;
- лоиҳаҳои стандартҳо, санадҳои меъёрию техникӣ, тартибу қоидаҳо дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.
3. Экспертизаи давлатии энергетикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

          Моддаи 12. Таҳқиқоти энергетикӣ
    1. Таҳқиқоти энергетикии объекти истифодаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ, раванди технологӣ новобаста аз шакли моликият гузаронида мешавад.
  2. Ҳадафҳои асосии таҳқиқоти энергетикӣ аз инҳо иборатанд:
- ҷамъоварии маълумоти воқеӣ дар бораи ҳаҷми захираҳои истифодашавандаи энергетикӣ;
- муайян кардани нишондиҳандаҳои самаранокии энергия;
- муайян кардани имконияти сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- тартиб додани рӯйхати чорабиниҳои намунавии барои омма дастрас оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва муайян кардани хароҷоти онҳо.
3. Ба таҳқиқоти энергетикӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
4. Аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти энергетикӣ шахси таҳқиқоти мазкурро гузаронида шиносномаи энергетикиро бо тавсияномаҳои дахлдор оид ба самаранокии энергия тартиб медиҳад ва онро ба фармоишгар месупорад.
5. Шиносномаи энергетикие, ки аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти энергетикӣ гузаронида шудааст, бояд дорои иттилооти зерин бошад:
- дар бораи дараҷаи таъмин будан бо асбобҳои ҳисоби истифодаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ;
- дар бораи ҳаҷм, намудҳо ва тағйири захираҳои сӯзишворию энергетикие, ки истифода бурда мешаванд;
- дар бораи нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикии объекти таҳқиқ;
- дар бораи ҳаҷми талафи захираҳои энергетикӣ;
- дар бораи имкониятҳои сарфаҷӯии энергия, аз ҷумла дар хусуси арзёбии имкониятҳои сарфаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ дар шакли аслӣ ва арзишӣ.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад ба шиносномаи энергетикие, ки аз рӯи натиҷаи таҳқиқи ҳатмии энергетикӣ тартиб дода шудааст, ҳамчунин ба шиносномаи энергетикии дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тартибдодашуда, аз ҷумла ба шаклу моҳияти он талаботи иловагӣ муқаррар намояд.
7. Шиносномаи энергетикии бино ва иншоотҳо, ки баъди сохтан, бозсозӣ, таъмири асосӣ, таҷҳизонии техникӣ, такмил ва васеъ кардан ба истифода дода мешаванд, дар асоси маълумоти воқеӣ дар муқоиса бо ҳуҷҷати лоиҳавӣ тартиб дода мешавад.

        Моддаи 13. Гузаронидани таҳқиқоти ҳатмии энергетикӣ
   1. Гузаронидани таҳқиқоти ҳатмии энергетикӣ барои объектҳои мансуби мақомоти зайл заруранд:
- мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- ташкилотҳое, ки бо истихроҷ, истеҳсол, интиқол, табдил ва тақсими захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ машғуланд;
- ташкилотҳое, ки хароҷоти умумии онҳоро дар соли тақвимӣ барои истеъмоли гази табиӣ, маҳсулоти нафт, энергияи гармӣ, ангиштсанг ва энергияи барқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
- ташкилотҳое, ки дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз ҳисоби буҷети давлатӣ пурра ё қисман маблағгузорӣ карда мешаванд;
- ҳангоми ба истифода додани объекти нав, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ.
2. Таҳқиқоти энергетикӣ дар объектҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, мутобиқи барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

 

БОБИ 5. ТАЪМИНИ ИТТИЛООТИИ ЧОРАБИНИҲО ДАР СОҲАИ САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
        Моддаи 14. Таъмини иттилоотии чорабиниҳо дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
 
  1. Таъмини иттилоотии чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бояд мунтазам бо роҳҳои зерин сурат гирад:
- таъсис додани системаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- дар воситаҳои ахбори омма нашр намудани барномаҳои давлатии соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳия гардидаанд;
- аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма интишор кардани барномаҳои мавзӯии телевизионӣ ва пахши радиоӣ, барномаҳои иттилоотию маърифатӣ оид ба чорабиниҳо ва тарзу усулҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, дар бораи комёбиҳои назаррас, аз ҷумла иттилооти хориҷӣ ва дигар иттилооти муҳими соҳаи мазкур;
- бо иттилоот таъмин намудани истеъмолкунандагон дар бораи самаранокии энергетикии асбобҳои барқии маишӣ ва молҳои дигар, ки нисбати онҳо дар Қонуни мазкур оид ба хариду фурӯшашон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот муқаррар гардидааст ва ҳамчунин нисбати биноҳо, иморатҳо, иншоотҳо ва объектҳои дигари бо истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ алоқаманд;
- интишори иттилоот дар бораи имконияти сарфаҷӯии энергия, аз ҷумла оид ба системаҳои инфрасохтори коммуналӣ ва тадбирҳои зиёд кардани самаранокии энергия;
- ташкили озмун барои сохтмони объектҳо ва ворид намудани  мавод, таҷҳизот ва технологияҳое, ки  самаранокии баланди энергетикӣ доранд;
- амалӣ намудани фаъолияти дигари иттилоотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Бо мақсади дастгирии манфиатҳои ҷамъият ва давлат, баҳри ноил шудан ба мақсадҳои фоиданоки ҷамъиятӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва ҳамчунин таъмини иттилоотии чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд маълумотҳои зеринро мунтазам интишор намоянд:
- иттилоот дар бораи талаботе, ки Қонуни мазкур ба моликони манзилҳои истиқоматӣ, манзилҳои ғайриистиқоматии биноҳои бисёрквартирадор, шахсони масъули нигоҳдорандаи биноҳои бисёрквартирадор муқаррар намудааст;
- рекламаи иҷтимоӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Ташкилотҳое, ки истеъмолкунандагонро бо захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ таъмин мекунанд, вазифадоранд ба истеъмолкунандагони мазкур аз тарзу усулҳои сарфаи захираҳои энергетикӣ ва самараноктар истифода бурдани онҳо мунтазам маълумот диҳанд, аз ҷумла ин иттилоотро дар шабакаи "Интернет", дар ҳомилҳои коғазӣ ва воситаҳои дигари дастрас ҷойгир намоянд.
4. Маълумот дар бораи хароҷоти умумии пардохти арзиши захираҳои дар давраи тақвимӣ истифодашудаи энергетикӣ бояд дар тавзеҳномаи ҳисоботи солонаи муҳосибот нишон дода шаванд.

       Моддаи 15. Системаи давлатии иттилоот дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия 
1. Системаи давлатии иттилоот дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо мақсади ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ додани иттилоот дар бораи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва оид ба амалӣ сохтани қоидаҳои он, ҳамчунин гирифтани маълумоти холисона дар бораи энергияталабии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соҳа ба соҳа), имконияти кам кардани чунин энергияталабӣ ва таблиғи комёбиҳои бузурги соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия таъсис дода мешавад.
2. Таъсиси системаи давлатии иттилоот дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Идораи системаи давлатии иттилоот дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бояд ҳатман маълумоти зеринро дошта бошад:
- дар бораи барномаҳои давлатӣ ва соҳавии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, рафти иҷрои онҳо;
- дар бораи ҳаҷми истифодаи захираҳои энергетикӣ, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷамъбаст карда шудаанд;
- дар бораи таъминнокӣ бо асбобҳои ченкунии захираҳои истифодашавандаи энергетикӣ нисбати фондҳои манзилии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ;
- иттилооти рафти коркард, мураттабгардонӣ ва таҳлили нишондодҳои шиносномаҳои энергетикӣ, ки аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти ҳатмии энергетикӣ, ҳамчунин маълумоти феҳристи ташкилотҳо дар соҳаи таҳқиқоти энергетикӣ тартиб дода шудаанд;
- дар бораи миқдор ва натиҷаҳои асосии таҳқиқоти ҳатмии энергетикӣ;
- дар бораи маҳсулот, ҷараёнҳои технологие, ки бо истифодаи захираҳои энергетикӣ алоқаманданд ва дорои самараи зиёди энергетикӣ мебошанд, оид ба чорабиниҳои самараноки сарфаҷӯии энергия ва самтҳои ояндадори сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- дар бораи ҳаҷми дастгирии давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- дар бораи риоя нашудани қонунгузории сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- маълумоти дигари муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.

 

БОБИ 6. САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ ДАР ТАШКИЛОТҲО БО ИШТИРОКИ ДАВЛАТ. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
      Моддаи 16. Таъмини сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия оид ба ҷобаҷогузории эҳтиёҷот тибқи супоришоти давлатӣ

   1. Фармоишгарони давлатӣ ва мақомоти ваколатдори ҷобаҷогузории супоришҳои эҳтиёҷоти давлатӣ дошта, бояд супоришҳои молрасонӣ, корҳо, хизматрасониро тибқи талаботи самаранокии энергетикӣ барои ин молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо иҷро намоянд.
2. Талаботи самаранокии энергетикӣ барои молҳо, корҳо, хизматрасониҳо, ки барои иҷрои ҷобаҷогузории супоришҳои эҳтиёҷоти давлатӣ амалӣ мегарданд, инҳоро дар бар мегиранд:
- дастур ба намуду категорияи молҳо, корҳо, хизматрасониҳо, ки талаботи мазкур ба онҳо дахл доранд;
- талабот нисбати аҳамияти самаранокии энергетикӣ барои молҳо, корҳо, хизматрасониҳо;
- талабот нисбати хусусияти параметрҳои молҳо, корҳо, хизматрасониҳое, ки ба ҳаҷми захираҳои сӯзишворию энергетикӣ мавриди истифода таъсир мерасонанд;
- нишондиҳандаҳои дигаре, ки самаранокии энергетикиро барои молҳо, корҳо, хизматрасониҳо инъикос менамоянд.
3. Талабот нисбати самаранокии энергетикӣ, барои молҳо, корҳо, хизматрасониҳои эҳтиёҷоти давлатӣ пешбинишуда, сабаби мамоният ва маҳдудиятҳо ҷиҳати иҷрои супоришҳои молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳоро дар бар гирад, ки натиҷаи онҳо сарфи ғайриистеҳсолии захираҳои энергетикӣ ва ҳамчунин номувофиқатӣ ба меъёру стандартҳои экологӣ буда метавонад.
4. Мақомоти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ваколатдори иҷрои супоришҳои эҳтиёҷоти давлатӣ мебошанд, бо мақсади риояи талаботи самаранокии энергетикӣ барои молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо ҳангоми қабул кардани қарор дар бораи намудҳо, категорияҳои молҳо, корҳо, хизматрасониҳо ва (ё) ҳангоми муқаррар намудани талабот нисбати молҳо, корҳо ва хизматрасониҳои мазкур бояд ҳолатҳои зеринро ба ҳисоб гиранд:
- барои иҷрои ҷобаҷогузории супоришҳои эҳтиёҷоти давлатии молҳо, корҳо ва хизматрасонҳо бояд дастовардҳои баланди сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия истифода бурда шаванд;
- дар иҷрои супоришҳои молрасониҳо, корҳо ва хизматрасониҳои эҳтиёҷоти давлатӣ, бояд пастравии хароҷоти фармоишгар бо назардошти нархи тахминии молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо, аз ҷумла паст намудани хароҷот ба захираҳои сӯзишворию энергетикӣ таъмин карда шаванд.

        Моддаи 17. Самтҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия 
1. Дастгирии давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- мусоидат намудан ба фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- мусоидат намудан ба тарҳрезӣ ва истифодаи объектҳо, технологияҳо, масолеҳе, ки энергияро самараноктар истифода мебаранд;
- мусоидат намудан барои сохтмони хонаҳои истиқоматии бисёрквартирадоре, ки энергияро самаранок истифода мебаранд;
- дастгирии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки ба натиҷаҳои баланди мақсадноки сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ноил шуданро пешбинӣ менамоянд;
- иҷрои барномаҳои ҳавасмандгардонии истеҳсол, воридот ва фурӯши молҳои самаранокии баланди энергия дошта, барои миқдоран зиёд кардани онҳо, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон, муқаррар намудани мамоният ва маҳдудиятҳои истеҳсол ва муомилоти моли моҳиятан ҳаммонанде, ки дар натиҷаи истифодаи он  метавонад захираҳои энергетикӣ бесамар сарф шаванд;
- мусоидат намудан ба фаъолияти маърифатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва дастгирии иттилоотии чорабиниҳо оид ба он;
- мусоидат кардан барои ташкил ва иҷрои корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ, таҷрибавӣ - конструкторӣ оид ба тайёр кардани мавод ва таҷҳизоти самараноки энергетикӣ ва раванди технологии истеҳсоли онҳо;
- ҳавасмандгардонии навоварони истеҳсолот оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- самтҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.
2. Дастгирии давлатии фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия метавонад, аз ҷумла бо татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳи ҷуброни як қисми пардохти фоизи қарзи ташкилотҳои қарзии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия амалӣ карда шавад.

               БОБИ  7. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
         Моддаи 18. Назорати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
 
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.
2. Назорати давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар ҷараёни ҳамаи корҳое, ки бо иктишофу истихроҷ, коркард, мубодила, интиқол, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ алоқаманданд, гузаронида мешавад.

 

БОБИ 8. СТАНДАРТИЗАТСИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ ДАР СОҲАИ САРФАҶӮӢ ВА
САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
       Моддаи 19. Стандартизатсия ва регламентҳои техникӣ 

  1. Стандартизатсия дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл амалӣ карда мешавад:
- дохил кардани нишондиҳандаҳои истифодаи самаранокии энергия ба регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва ба дигар санадҳои меъёрии таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсол ва истеъмолкунандаи энергия, асбобҳои ҳисобу назорат, воситаҳои нақлиёт, мошинҳо ва асбобҳои таъиноти маишӣ, конструксияҳои бинокорӣ, масолеҳи гарминигоҳдоранда;
- дохил намудани нишондиҳандаҳои сарфи захираҳои энергетикӣ ба равандҳои истеҳсолот ва объектҳои манзилию маишӣ, аз ҷумла сарфи энергия барои гарм кардан ва шамол додани хона, гарм кардани об, обрасонии марказонидашуда (барои ошомидан ва киштукор) ва рӯшан кардани бино, сӯзишвориро сарф намудани воситаҳои нақлиёт ва ҳамчунин намудҳои дигари маҳсулоте, ки энергияро истеъмол мекунанд;
- таҳия ва мавриди истифода қарор додани регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва шартҳои техникие, ки асосҳои методологӣ, ташкилӣ ва техникии истеъмол ва сарфаҷӯии энергияро муайян месозанд;
- муайян намудани меъёри истеъмоли энергия ва сӯзишворӣ, инчунин муқаррар намудани талабот нисбати технологияҳо ва таҷҳизоти истеъмолкунандаи энергия;
- дохил кардани параметрҳои сифати барқ, гармӣ, гази табиӣ ва моеъ ба регламентҳои техникӣ ва стандартҳо.
2. Меъёрҳои техникӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бамеъёргирии техникӣ, талаботи техникии риояашон ҳатмии бо бехатарии маҳсулот алоқаманд, равандҳои коркард, истеҳсол, истифода, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, безарар ва нобуд кардани партови онҳо бояд амалӣ карда шаванд.

       Моддаи 20. Сертификатсия
    Маҳсулоти истеъмолкунандаи энергия ва ҳамчунин захираҳои сӯзишворию энергетикӣ мувофиқи нишондиҳандаҳои истифодаи самаранокии энергия бояд сертификатсия шаванд. Сертификатсияи ҳатмӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳоеро, ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

      Моддаи 21. Метрология
1. Ҳангоми истихроҷ, истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, тақсим ва истеъмоли захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ҳамчунин дар мавриди сертификатсияи онҳо бо мақсади таъмини ягонагии ченак назорати ҳатмии метрологӣ ва назорати самаранокии ин равандҳо ва мувофиқати онҳо ба стандарту меъёрҳои муқарраргардидаи техникӣ анҷом дода мешавад.
2. Объектҳои назорати давлатии метрологии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, аз инҳо иборат мебошанд:
- воситаҳои ченак;
- системаҳои иттилоотию ченак;
- намунаҳои стандартии  таркиб ва хосияти мавод ва масолеҳ;
- комплексҳо ва ҷузъҳои баҳисобгирии энергия ва ҳомилони энергия;
- тарзу усули чен кардан;
- объектҳои дигари пешбинишудаи меъёру қоидаҳои метрология.
3. Истеҳсолкунандагон ва истифодабарандагони захираҳои сӯзишворию энергетикӣ вазифадоранд, ки ягонагии ченакро дар мавриди амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия таъмин намоянд.
4. Назорати давлатии метрологияро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва амалӣ менамояд.

        Моддаи 22. Меъёрҳои сарф ва талафоти захираҳои сӯзишворию энергетикӣ
1. Сарфи сӯзишворӣ ва энергия бояд ба меъёрҳои иқтисодӣ ва техникӣ мувофиқат намояд.
2. Системаи меъёрҳои сарфи сӯзишворӣ ва энергия меъёрҳои имрӯзаю ояндаро барои равандҳои технологӣ, дастгоҳу таҷҳизот, маҳсулот, асбобҳои барқии маишӣ ва баъзе намудҳои кору хизматрасонӣ дар бар мегирад.
3. Ҳаҷми хароҷот ва меъёрҳои сарфи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ҳатман ба шиносномаҳои энергетикии таҷҳизот, нақшаҳои реҷавӣ, дастурамалҳои технологии истифодабарии онҳо дохил карда мешаванд.
4. Тартиби таҳия, тасдиқ ва таҷдиди назар кардани меъёрҳои сарфи сӯзишворию энергияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва онҳо дар ҳар панҷ сол бо назардошти комёбиҳои технологияҳои пешқадам бояд таҷдиди назар карда шаванд.
5. Меъёрҳои талафи аз тарафи субъектҳои монополияи табиӣ дар ҷараёни истихроҷ, истеҳсол ва ҳамлу нақли захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ, аз ҷумла энергияи барқро бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба энергетика Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
6. Меъёрҳои сарфи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ ба шиносномаи энергетикии таҷҳизот, нақшаҳои таъмир, дастурамалҳои энергетикӣ ва дастурамалҳо оид ба истифодабарӣ, ҳамчунин ба шартҳои техникии ҳама намуди мошину механизмҳои истеъмолкунандаи энергия ҳатман дохил карда мешаванд.

 

БОБИ 9. МЕХАНИЗМҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА МОЛИЯВИИ САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
      Моддаи 23. Чораҳои иқтисодии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия 

Чораҳои иқтисодии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз инҳо иборат мебошанд:
- дастгирии лоиҳаву барномаҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани кӯмакпулӣ, қарз ва имтиёзҳои дигари ҳавасмандгардонӣ барои самаранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ;
- чораҳои роҳ надодан ба ғайрисамаранок истифода ва беҳуда талаф додани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ;
- ҳавасманд кардани навоварони соҳаи тарҳрезӣ, ҷорикунандагони технология ва таҷҳизоти сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.

        Моддаи 24. Маблағгузории барномаҳо дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
   Барномаҳои давлатӣ, ҳамчунин таҳқиқотҳои илмӣ, лоиҳаҳои сарфаҷӯӣ ва чораҳои самаранок истифода бурдани захира ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ метавонанд аз ҳисоби буҷети давлатӣ, воситаҳои худӣ ва ҷалбшавандаи ташкилотҳо, сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шаванд.

         Моддаи 25. Ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия 
Ҳавасмандгардонӣ барои самаранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин сурат мегирад:
- додани қарзҳои кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат;
- муқаррар кардани нархи мавсимии гази табиӣ, барқ ва гармӣ, инчунин нархи тағйирёбандаи шабонарӯзии ин намудҳои энергия;
- баҳисобгирии арзиши захираҳои энергетикӣ, хароҷоти татбиқи чорабиниҳои сарфаҷӯии энергия, хароҷоти дастгоҳҳои энергетикӣ бо истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ оид ба зиёд кардани самараи истеъмоли энергия таҳия мешаванд;
- дастгирии давлатӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳа ва барномаҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- мошину таҷҳизот, асбобҳо, воситаҳои техникии воридотии дорои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки ҳангоми иҷрои барномаҳои давлатии сарфаҷӯии энергия бо тартиби муқарраргардида метавонанд аз боҷи гумрукӣ озод карда шаванд;
- ҳавасмандгардонии субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо дар сохтмони объектҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо истифодаи манбаъҳои алтернативӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- ба шабакаҳои системаи энергетикӣ васл кардани манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо тартиби муқарраргардида.

        Моддаи 26. Чораҳои таъсиррасонӣ дар мавриди ғайрисамаранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ
1. Чораҳои таъсиррасонӣ дар мавриди ғайрисамаранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
2. Асос барои татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ ҷиҳати ғайрисамаранок истифода бурдани захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ инҳоянд:
- талафоти аз меъёр зиёди захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикӣ ва истифодаи таҷҳизоту мавод ва равандҳои технологии ғайрисамаранок;
- аз меъёри муқарраргардида барзиёд сарф кардани сӯзишворӣ, барқ ва гармӣ;
- набудани асбобҳои баҳисобгирӣ, ё мувофиқ набудани онҳо ба қоидаю меъёрҳои ҷорӣ.

 

БОБИ 10. ФОНДИ РУШДИ МАНБАЪҲОИ  БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ, САРФАҶӮӢ ВА
САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ
        Моддаи 27. Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия

1. Бо мақсади дастгирии давлатии соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергияро таъсис медиҳад.
2. Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия сохтори мустақил буда, тартиби ташкил ва фаъолияти он дар асоси Низомнома, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.

         Моддаи 28. Сарчашмаҳои Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
1. Сарчашмаҳои Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд:
- маблағҳои ихтиёран супурдаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- маблағгузории давлатӣ;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Истифодаи маблағҳои Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия тибқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи Фонди мазкур амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
     Моддаи 29. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
 
    1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
   2. Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия инҳоянд:
- мубодилаи ба ҳамдигар муфид бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ оид ба технологияҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалии соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- марҳила ба марҳила бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани нишондиҳандаҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- ташкил ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия.

      Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

       Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯии энергия"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи сарфаҷӯии энергия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 242) аз эътибор соқит дониста шавад.

      Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе,

19 сентябри соли 2013,

№1018

 

Pages