ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 11:45
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
826
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
16.04.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 276; Қонуни ҶТ аз 29.01.2021с., №1766)

 

Қонуни мазкур сиёсати давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқи ва иҷтимоию молиявиро дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ муайян мекунад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- таҳсилоти иловагӣ - низоми таълиму тарбия, ки дар асоси барномаҳои таълимии иловагӣ амалй шуда, ба омузиши илм, техника ва технологияи муосир, эҷодкорӣ, дарёфти ихтисоси нав, бозомузӣ, такмили ихтисос, ки онҳоро шахс метавонад ҳангоми таҳсил дар мактаб, пас аз хатми мактаб ва баъди гирифтани диплом ба таври роӣгон ё пулакӣ дар муассисахои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ берун аз барномаҳои асосии таълимӣ ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ бе махдудият омузад, равона карда шудааст;

- муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ - муассисаҳои давлати ва хусусии таълимӣ, ки фаъолияти онхо ба ташаккули дониш, малака, махорат, кобилият, инчунин инкишофи зехнӣ, маънавӣ ва чисмонии таълимгирандагон нигаронида шудааст;

- кормандони омузгорӣ - шахсоне, ки ба таълиму тарбияи таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ дар асоси касбӣ машгуланд;

- таълимгирандагон - шахсоне, ки аз руи дониш, қобилият, малакаю махорат ва шавку рағбаташон ба шаклҳои гуногуни таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистондар бораи таҳсилоти иловагӣ

Конунгузории Ҷумхурии Точикистон дар бораи таҳсилоти иловагй ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1766).

 

Моддаи 3. Мақсади таҳсилоти иловагӣ

Тахсилоти иловагй ҷузъи таркибии низоми тахҳилот дар Ҷумхурии Тоҷикистон буда, мақсади он инкишофи қобилияти зехнию эчодӣ ва истеъдоди таълимгирандагон, конеъ гардонидани рағбат, эхтиёҷоти маънавй ва талаботи онхо ба интихоб ва гирифтани касб ҳангоми фориғ будан аз таълим дар муассисахои таълимй мебошад.

 

Моддаи 4. Вазифаҳои асосии таҳсилоти иловагӣ

Вазифаҳои асосии тахсилоти иловагӣ аз инхо иборатанд:

- тарбия ва таълимӣ шахрвандон;

  • инкишофи озодона ва ташаккули таҷрибаи иҷтимоию ҷамъиятии шахсият;
  • тарбия дар рухияи инсондустӣ, ватандустӣ ва эхтиром ба рамзҳои давлати, Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон, ҳуқуқу озодихои инсон ва шахрванд (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1766);
  • инкишоф додани хисси эхтиром ба урфу одат, расму оин, анъанахои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ;
  • ташаккули муносибати эхтиромонаи таълимгирандагон нисбат ба оила ва ҷомеа;
  • фарохам овардани шароит барои инкишофи эчодӣ, зехнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии таълимгирандагон;

- ташаккули муносибати бошуурона ва масъулиятноки таълимгирандагон ба мухити зист ва хифзи он;

  • конеъ гардонидани талаботи таълимгирандагон ба интихоби касб;
  • дастгирии таълимгирандагони боистеъдод;
  • ташаккули тарзи хаёти солими таълимгирандагон;

- амалй намудани чорабинихои иттилоотию методӣ, ташкилию оммавӣ ва фархангию маърифатй;

  • такмили худфаъолиятй ва худидоракунии таълимгирандагон;
  • фарохам овардани шароит барои фаъолияти эҳсонкории шахсони вокей ва хукукй бо мақсади рушди таҳсилоти иловагй.

 

Моддаи 5. Принсипхои сиёсати давлати дар соҳаи тахсилоти иловагй

Сиёсати давлати дар сохаи таҳсилоти иловагй ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- дастрас будани таҳсилоти иловагй барои таълимгирандагон дар доираи стандартҳои давлатии тахсилот ва барномахои таълимй, сарфи назар аз миллат, нажод, чине, забон, эътиқоди динӣ, мавкеи сиёсӣ, таҳеил, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии онхо;

  • маблағгузории муассисахои таълимии тахсилоти иловагии давлати;
  • ихтиёрй будани интихоби шакли муассисахои таълимии тахсилоти иловагй;

- хусусияти илмй, дунявӣ ва башардустона доштани тахсилоти иловагй;

  • хифзи манфиатхои таълимгирандагон вобаста ба кушиши онҳо дар бобати инкишофи озодоиа ва хамачонибаи шахсият;
  • муҳайё намудани шароит барои таълимгирандагон дар гирифтани тахсилоти иловагй;

- нигохдорй ва рушди шабакаи муассисахои давлатии таълимии таҳсилоти иловагй;

- ҳамохангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй ва макомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони вокей ва хукукй оид ба ташаккул ва рушди низоми тахсилоти иловагй.

 

Моддаи 6. Тартиби гирифтани таҳсилоти иловагӣ

  1. Шаҳрвандон таҳсилоти иловагиро берун аз барномахои асосии таълимй дар муассисахои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва дигар муассисаҳои таълимй мегиранд.
  2. Гирифтани таҳсилоти иловагӣ ба принсипҳои интихоби ихтиёрии навъҳои муассисахо ва намудхои фаъолият асос ёфта, бо розигии падару модар ё шахсони онхоро ивазкунанда, коллективҳои мехнатӣ, ташкилотҳо ва фондҳои чамъиятӣ амалӣ гардонида мешавад.
  3. Падару модарон бо мақсади истифодабарии самараноки вақти холии фарзандон барои ба муассисахои таълимии тахсилоти иловагй фаро гирифтани онхо вобаста ба майлу хоҳиш, рағбат ва қобилияташон мусоидат менамоянд.

4. Тартиби гирифтани таҳсилоти иловагии калонсолон тибки санадҳои меъёрии ҳукукии Ҷумхурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5.               Шахрвандони хориҷӣ ва шахсони бешахрванд, ки дар Ҷумхурии Точикистон истиқомат доранд, тахсилоти иловагиро бо тартиби мукаррарнамудаи қонунгузории Ҷумх,урии Точикистон гирифта метавонанд.

 

Моддаи 7. Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ

Тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагй мутобики Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» амалй карда мешавад.

 

БОБИ 2. ТАШКИЛ ВА ИДОРАКУНИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

 

Моддаи 8. Тартиби таъсис, азнавташкилдихй ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй

1.                Тартиби таъсис, азнавташкилдихӣ ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ тибки конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон мукаррар карда мешавад.

2. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ бо назардошти эхтиёчоти ичтимоию иктисодй, миллй, фархангию тахсилоти дар сурати мавчуд будани заминай зарурии таълимию методй, моддию техники, кадрхои омузгори ва риояи меъёрхо, коидахо ва стандартной санитарию гигиенӣ таъсис дода мешаванд.

3. Муассис (муассисон)-и муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ инхо буда метавонанд:

  • макомоти ҷумхуриявии давлатии идораи маориф;
  • макомоти иҷроияи махаллии хокимияти давлатӣ;

- шахсони вокеӣ ва хукукӣ, аз ҷумла шахсони вокеӣ ва хукукии хоричӣ.

4. Муассисон метавонанд муассисахои таълимии тахсилоти иловагии муштарак таъсис диханд.

 

Моддаи 9. Сохтор ва низоми муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ

1.               Муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ аз руи шаклхои ташкилию хукукӣ ва моликият давлатӣ ва хусусӣ буда метавонанд.

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ метавонанд дар шакли академияи хурди илмхо, марказхо, аз чумла марказхои эчодии кудакону наврасон, касрхо, хонахои эчодии кудакону наврасон, стансияхо, студияхо, мактабхои санъат, муассисахои таълимии ибтидоии махсуси бадей, мактабхои касбии варзишй, хунарӣ, мусикӣ, мактабхои варзишии кудакону наврасон, мактабхои махсуси варзишии захирахои олимпии кудакону наврасон, клубхо, аз чумла, клубхои тарбияи чисмонию варзишии махалли зист, клубхои тарбияи чисмонию варзишии маъюбон, варзишгоххои кудакона, муассисахои солимгардонӣфаъолият намоянд.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ метавонанд мачмуӣ ва сохавӣ бошанд. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагии мачмуй фаъолияти худро аз руи самтхои гуногуни тахсилоти иловагй (илмию техники, тачрибавию санчишй, чамъиятию гуманитарй, китобдорию китобшиносй, сайёхию кишваршиносй, бадеиго эстетики, экологию табиатшиносй, тарбияи чисмонию варзишй, харбию ватандустй, солимгардонию гигиенӣ) ташкил менамоянд. Ба муассисахои таълимии тахсилоти иловагии мачмуй касрхо ва марказхои эчодии кудакону наврасон дохил мешаванд.

4. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагии сохавй фаъолияти худро аз руи самтхои мушаххаси тахсилоти иловагй ташкил мекунанд. Ба муассисахои таълимии тахсилоти иловагии сохавй марказхои илмию техники, эчодиёти бадеию эстетики, хонахои эчодии кудакону наврасон, клубхои сайёхию кишваршиносй, экологию табиатшиносй, варзишию солимгардонй, харбию ватандустй, стансияхои сайёхони чавон, табиатдустон, техникхои чавон, мактабхои санъат, муассисахои таълимии ибтидоии махсусгардонидашудаи бадей, студияхо, мактабхои варзишии кудакону наврасон, варзишгоххои кудакона ва муассисахои солимгардонй мансуб мебошанд.

5.               Иттиходияхоп эчодии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй ба таршш зайл тасниф  карда мешаванд:

  • ибтидоӣ -намуди иттиходияи эчодии самти инкишофи умумй, ки барои ошкор  намудани  кобилияту истеъдоди таълимгирандагон  ва инкишофи шавку рағбати онхо ба фаъолияти эчодӣ мусоидат менамояд;
  • асосӣ - намуди иттиходияи эчодие, ки шавку рагбати устувори таълимгирандагонро инкишоф дода, ба онхо дониш, махорату малакахои амалӣ медихад ва эхтиёчоти онхоро зимни интихоби касб конеъ мегардонад;
  • олӣ - намуди иттиходияи эҷодие, ки аз руи шавку рагбат барои таълимгирандагони кобилиятноку боистеъдод таъсис дода мешавад.

 

Моддаи 10. Идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ

1.               Ба муассисаи таълимии тахсилоти иловагӣ директори он рохбарй мекунад. Макоми дастачамъии идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ шурои омузгорӣ мебошад.

2. Дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ бо максади таъминоти методӣ ва такмили раванди таълиму тарбия шурои методӣ таъсис дода мешавад.

 

Моддаи 11. Макомоти идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ

1.Муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагӣ аз чониби макомоти зерин идора карда мешаванд:

- макомоти ҷумхуриявии давлатии идораи маориф;

- макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй, ки муассисахои таълимии тахсилоти иловагй дар тобеияти онхо карор доранд;

- макомоти махаллии идораи маориф.

2. Идоракунии муассисахои хусусии таълимии тахсилоти иловагй аз чониби муассис (муассисон) амалй карда мешавад.

 

Моддаи 12. Ваколатхои макомоти идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ

1. Макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф якчоя бо дигар макомоти ичроияи марказии хокимияти давлатй, ки муассисахои таълимии тахсилоти иловагй дар тобеияти онхо карор доранд:

  • сиёсати давлатиро дар сохаи тахсилоти иловагй татбик менамоянд;
  • барномахои рушди тахсилоти иловагиро тахия мекунанд;
  • низомномаи намунавии муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро тахия ва барои тасдик ба Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон пешниход менамоянд;
  • дар бораи меъёрхои таъминоти моддию техники ва молиявии тахсилоти иловагй таклифхо пешниход менамоянд;
  • санадхои меъёрии хукукиро барои муайян намудани кафолатхои ичтимоии кормандони омузгорй, мутахассисони муассисахои таълимии тахсилоти иловагй, новобаста аз тобеият, шаклхои ташкилию хукукй ва молики ят тахия мекунанд;
  • рохбарии таълимию методй ва назорати раванди таълимро дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагй, новобаста аз шакли ташкилию хукукй ва моликият амалй мегардонанд;
  • дигар ваколатхоро тибки конунгузории Ҷумхурии Точикистон амалй менамоянд.

2. Макомоти давлатии чумхуриявии идораи маориф барои фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагй тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Ҷ^умхурии Точикистон ичозатнома медихад.

3.               Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатй дар доираи ваколатхояшон:

  • хачми маблаггузории муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро бо тартиби мукарраргардида муайян ва тасдик менамоянд;
  • нигохдорй ва тахкими заминай моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй, афзоиши шабакаи онхо, назорати истифодаи самараноки китъахои замини ба онхо вобасташударо таъмин менамоянд;

- иловапулиро ба маоши кормандони омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй муайян ва пардохт мекунанд;

- хифзи ичтимоии таълимгирандагон, кормандони омузгорй, мутахассисон ва дигар кормандони муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро таъмин менамоянд.

4. Макомоти махаллии идораи маориф дар доираи ваколатхояшон:

  • барои интихоби намудхои фаъолияти эчодии таълимгирандагон мувофики шавку рагбаташон ва дархости падару модар ё шахсони онхоро ивазкунанда шароит мухайё мекунанд;
  • бо тартиби мукарраршуда такмили ихтисос ва аттестатсияи кормандони сохаи омузгории муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагиро мегузаронанд;

- фаъолияти коллективхои омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй, иттиходияхои чамъиятй, дигар ташкилотхо ва оиларо барои гирифтани тахсилоти иловагии таълимгирандагон хамоханг месозанд, тачрибаи пешкадами онхоро чамъбаст ва пахн менамоянд ва фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро назорат мекунанд;

- дигар ваколатхоро тибки конунгузории Ҷумхурии Точикистон амалй менамоянд.

 

Моддаи 13. Назорати давлатии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагй

1. Назорати давлатии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагй бо максади татбики сиёсати ягонаи давлатй дар сохаи тахсилоти иловагй амалй мегардад.

2. Назорати давлатии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, макомоти махаллии идораи маориф ва макомоти ичроияи махалли ҳокимияти давлатй, ки муассисахои таълимии тахсилоти иловагй дар тобеияти онхо карор доранд, таъмин менамоянд. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1766)

3.               Шакли асосии назорати давлатии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти иловагй аттестатсияи давлатии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй мебошад, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Ҷумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

  1. Аттестатсияи давлатии гайринавбатии муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагй ба таври истисно танхо бо карори Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  2. Аттестатсияи давлатии гайринавбатии муассисахои хусусии таълимии тахсилоти иловагй ба таври истисно танхо бо карори муассис (муассисон) ё мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1766)
  3. Аттестатсияи давлатии кормандони омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй дар хар панч сол як маротиба мутобики тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Ҷумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  4. Ба кормандони омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй аз руи натичаи аттестатсияи давлатй дарачаи муайяни тахассусй дода мешавад.

 

БОБИ 3. РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

 

Моддаи 14. Самтхои асосии тахсилоти иловагй

Тахсилоти иловагй дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагй аз руи самтхои зерин амалй карда мешавад:

  • илмию техники, ки азбар намудани махорату малакахои техникию технологи, васеъ намудани чахонбинии илмй, азхудкунии техникаю технологияи муосир ва илмхои дакик, инчунин ба кори фаъолонаи илмию тахкикотй тайёр шудани таълимгирандагонро таъмин мгнамояд;
  • тачрибавию амалй, ки барои чалб намудани таълимгирандагон ба фаъолияти илмию тахкикотй, тачрибавй, конструкторй ва ихтироъкорй дар сохахои гуногуни илму техника, фархангу санъат, инчунин фарохам овардани шароит барои худтакомули эчодй, ошкор сохтан ва инкишофу дастгирии истеъдодхои чавон мусоидат мекунад;
  • чамъиятию гуманитарй, ки инкишофи кобилияту истеъдоц, малака ва махорати амалии таълимгирандагонро дар самти азхудкунии донишхо дойр ба асосхои илмхои ичтимошо гуманитарй ва омузиши забонхои хоричй таъмин мекунад;

- китобдорию китобшиносй, ки барои боло бурдани шавки маърифатй, фархангию иттилоотй ва такмили малакаю махорати таълимгирандагон бахри муайян ва мустахкам кардани мавкеи онхо дар чахони муосири иттилоотй нигаронида шудааст;

- экологию таатшиносй, ки азбар намудани донишхоро дар бораи мухити зист, ташаккули маърифатй экологии шахе, дар бораи масъалахои экологи ва тачрибаи халли онхо, андухтани донишу малакаро дар сохаи кишоварзй, аз чумла гулпарварй, чангалпарварй, богдорй, занбуриасалпарварй ва чалб кардан ба кори амалии хифзи табиат ва дигар самтхои биологиро пешбинй менамояд;

  • сайёхию кишваршиноей, ки чалби таълимгирандагонро барои омузиши таърихи кишвар ва махалли зист, тамаддуни чахонй, объектхои чугрофй, таърихию фархангй ва зухуроти хаёти ичтимой, азбар кардани малакахои амалй ва махорати сайёхию кишваршиноей таъмин менамояд;
  • бадеию эстетики, ки инкишофи истеъдоду крбилияти эчодии таълимгирандагон, азбар намудани малакахои амалй ва дар сохаи фархангу санъати ватанй ва чахонй дониш андухтани онхоро таъмин менамояд;
  • тарбияи чисмонию варзишй, ки инкишофи кобилияти чисмонии таълимгирандагон, шароити зарурй барои солимии мукаммал, обутобёбй, истирохату фарогат, машгулиятхои тарбияи чисмонй ва варзиш, тайёр кардани захирахои варзишй барои дастахои мунтахаби миллй, азбар кардани малакахои тарзи хаёти солимро таъмин менамояд;
  • харбию ватандустй, ки тарбияи хисси ватандустй, дарки масъулияти шахрвандй ва дарачаи зарурии тайёрии таълимгирандагонро ба хизмати харбй таъмин мекунад;

- солимгардонию гигиенй, ки таъмини шароити заруриро барои истирохати бофарогат, азбар намудани донишхо оид ба тарзи хаёти солим, азхуд намудани малакаи бехдошти саломатии шахей ва ташаккули фархангй гигиении шахсро пешбинй менамояд.

 

Моддаи 15. Шаклхои ташкили тахсилоти иловагй

1.Тахсилоти иловагй дар шакли равиявй мувофики имкониятхои фардй, шавку рагбат, майлу хохиш, кобилият ва дарачаи махорати таълимгирандагон бо назардошти дарачаи тахеилот, ихтисос, собикаи кор, синну сол, хусусиятхои рухию чисмонй, вазъи саломатии онхо дар шаклхои машгулият, махфил, даре, лексия, машгулияти фардй, конференсия, семинар, хониш, саволу чавоб, консерт, мусобика, машк, саёхат, экспедитсия, кори амалй дар озмоишгоххо, устохонахо, гармхона, китъахои замини илмию тачрибавй, дар корхонахои кишоварзй ва саноатй, дар табиат ва дигар шаклхои пешбининамудаи Оинномаи муассисаи таълимии тахсилоти иловагй гузаронида мешавад.

  1. Шумораи таълимгирандагон дар гуруххо вобаста ба соха ва имкониятхои ташкили раванди таълиму тарбия, инчунин тартиби ташкили корхои фардй ва гурухй дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагй тибки талаботи Оинномаи муассисаи таълимии тахсилоти иловагй муайян карда мешавад.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти иловагй ба хатмкунандагон бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф оид ба тахсилоти иловагй хучҷатхои дахлдор медиханд. Намунаи шаҳодатнома (сертификат)-ро макомоти ҷумхуриявии давлатии идораи маориф тасдик. мекунад.

4. Шаҳодатнома (сертификат)-ҳо барои муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти  иловагӣ аз хисоби маблагхои бунети давлатй ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон манъ накардааст ва барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии хусусӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) тайёр карда мешаванд.

 

БОБИ 4. СУБЪЕКТНОи РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

 

Моддаи 16. Субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ

Субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии таҳсиблоти иловагӣ инхо мебошанд:

  • таълимгирандагон;
  • директор, муовин (муовинон)-и директор;

- кормандони омузгорӣ, равоншиносон, китобдорон ва дигар мутахассисоне, ки ба раванди таълиму тарбия чалб шудаанд;

- падару модарони таълимгирандагон ё шахсоне, ки онхоро иваз мекунанд;

- намояндагони корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхое, ки дар раванди таълиму тарбия иштирок мекунанд.

 

Моддаи 17. Ҳукуку ухдадорихо ва хифзи ичтимоии субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагй

1.Ҳукук ва ухдадорихои субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон, Конуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Конуни мазкур, Низомномаи намунавии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй ва дигар санадхои меъёрии хукукин Ҷумхурии Тоҷикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Тоҷикистон онхоро эътироф намудааст, муайян менамоянд (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1766).

2.               Давлат хукукхои таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро химоя намуда, ташкили таълиму тарбияи кудакони ноболиги оилахои камбизоат ва серфарзанд, кудакони маъюб, ятимон на кудакони бепарасторро мутобики конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон таъмин мекунад.

3.               Омузгорон ва дигар кормандони соҳаи омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагӣ, инчунин нафакахуроне, ки қаблан кормандони омузгории чунин муассисахо буданд, ба имтиёзхое, ки конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон барои омузгорон ва дигар кормандони сохаи омузгории муассисахои таълимии давлатӣ пешбинӣ намудааст, хукук доранд.

 

Моддаи 18. Тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй

1.               Кормандони омузгории муассисахои таълимии тахсилоти иловагиро муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбй, олии касбй ва тахсилоти касбии баъд аз муассисахои олии таълимй тайёр мекунанд.

  1. Такмили ихтисоси кормандони омузгории муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагй дар хар панн сол на камтар аз як маротиба аз хисоби маблагхои бунети давлатй амалй карда мешавад.
  2. Такмили ихтьисоси кормандони омузгории муассисахои хусусии таълимии тахсилоти иловагй дар хар панҷ сол на камтар аз як маротиба аз хисоби маблагхои муассис (муассисон) амалй карда мешавад.

 

БОБИ 5. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ҲОНАГӢ ВА ЗАМИНАӢ МОДЦИЮ ТЕҲИИКИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

 

Моддаи 19. Фаъолияти молиявию хочагни муассисахои таълимии тахсилоти иловагй

1.               Фаъолияти молиявию хонагии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй тибки Крнуни ^умхурии Тоникистон «Дар бораи маориф», Крнуни ]^азкур ва дигар санадхои меъёрии хукукй амалй карда мешавад.

  1. Маблаггузории муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагй аз хисоби бунети давлатй ва муассисахои хусусии таълимии тахсилоти иловагй аз хисоби муассис (муассисон) сурат мегирад.
  2. Муассисахои давлатӣ ва хусусии таълимии тахсилоти иловагй метавонанд инчунин аз хисоби манбаъхои иловагй, ки истифодабарии онхоро конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблаггузорй карда шаванд.

4. Кудакони оилахои камбизоат, кудакони маъюб, ятим ва бепарастор дар муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловагй ба таври ройгон тахсил мекунанд.

5.               Манбаъхои иловагии маблаггузории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй инхоянд:

- воситахое, ки муассисахои таълимии тахсилоти иловагй барои расонидани хизматхои иловагии тахсилоти, аз инрои корхо тибки фармоиши корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо ва шахсони вокей, инчунин даромад аз фуруши махсулоти худи ба даст овардаанд;

  • кумаки башардустона;
  • маблагхои эхсонкорӣ, сарватхои моддӣ, ки аз корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо, инчунин шахсони вокеии алохида кабул шудаанд;

- дигар манбаъхое, ки конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон манъ накардааст.

6.               Маблагхои иловагии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй мутобики тартиби  муайяннамудаи моддаи 43 Конуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» танхо барои фаъолияти оинномавӣ истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 20. Заминаи моддию техникни муассисаҳои таълимии тахсилоти иловагӣ

  1. Ба заминай моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй биною иншоот, тачхизот, воситахои алока, накдиёт, китъахои замин, дигар молу мулки манкул ва гайриманкул дохил мешава.нд.
  2. Ба муассисахои таълимии тахсилоти иловагй барои амалй намудани корхои таълимию тарбиявӣ иншоотхои варзишй, фархангй, солимгардонй ва дигар иншоот бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон барои истифодабарй дода мешаванд.
  3. Талабот нисбат ба заминай моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй аз руи меъёрхои дахлдори сохтмонй ва санитарию гигиенй, коидаю стандартхои сохтмон ва нигохдории муассисахои таълимии тахсилоти иловагй ва накшаю барномахои таълимй муайян карда мешавад.
  1. Ҳукукй муассисахои таълимии тахсилоти иловагй ба истифодаи китъахои замине, ки дар худуди он чойгир шудаанд, мутобики Кодекси замини Ҷумхурии Тоҷикистон ва санадхои дахлдори меъёрии хукукй бо тартиби мукарраргардида муайян карда мешавад.
  2. Фондхои асосй ва дигар молу мулки муассисахои давлатй ва хусусии таълимии тахсилоти иловагй, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон, мусодира карда намешаванд.
  3. Молу мулки муассисахои таълимии тахсилоти иловагй аз чониби муассис (муассисон) танхо бо максаддое, ки дар Оинномаи онхо бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муайян шудаанд, барои рушди муассисахои тахсилоти иловагӣ истифода бурда мешаванд.

7.               Истифодаи заминаи моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй бо максадхои хилофи вазифахри асосӣ ва манфиатхои таълим манъ аст.

 

Моддаи 21. Фаъолияти пулакии муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловат

Муассисахои давлатии таълимии тахсилоти иловаги метавонанд бо тартиби мукдррарнамудаи макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф ва конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи маориф фаъолияти пулакиро ба рох монанд.

 

боби 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 22. Ҳамкории байналмилалй дар сохаи тахсилоти иловагй

Макомоти идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти иловагй, муассисахои таълимии тахсилоти иловагй хукук доранд бо макомоти идоракунии маориф ва муассисахои таълимии мамлакатхои хоричй, ташкилоту фондхои байналмилалй бо тартиби мукдррарнамудаи конунгузории Ҷумхурии Точикистон дар сохаи тахсилоти иловагй созишномахо баста, робитахои бевосита мукаррар намоянд.

 

Моддаи 23.  Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокей ва хукукй барои риоя накардани Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарй кашида мешаванд.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал карор додани Конунн мазкур

Қонуни мазкур, пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомали Рахмон

 

        ш. Душанбе

16 апрели соли 2012

             №826

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 11:57
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
828
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
16.04.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ НИЗОМИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 278)

 

Қонуни мазкур низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти онҳоро танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мавзӯи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур

1. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд, инчунин асосҳои ташкили фаъолияти онҳо дар низоми идоракунии давлатӣ мебошад.

2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил, салоҳият ва фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, татбиқ намегардад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мақоми идоракунии давлатӣ - мақоми давлатие, ки вазифаҳои умумии идоракуниро тибқи принсипҳои идоракунии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ менамояд; 

- мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - шакли ташкилии амалисозии идоракунии давлатиест, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, фаъолият менамояд;

- низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - маҷмӯи мақомоте, ки таҳти тобеияти якдигар (муносибатҳои иерархӣ) қарор дошта, функсияҳои идоракунии давлатиро мустақилона ва дар ҳамкории мутақобила татбиқ менамоянд ва ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақсим мешаванд;

- мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ - мақоме, ки дар асоси ваколати ба он вогузорнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ва дигар функсияҳои иҷроияро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- ҳамоҳангсозӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - маҷмӯи ваколат ва функсияҳое, ки бо мақсади таъмини сиёсати ягона дар соҳаи муайян тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ё шахсони мансабдори алоҳида вогузор карда шудаанд;

- ғайритаҷаммӯъсозии ҳокимияти иҷроия - раванди тибқи қонун танзимгардидае, ки дар ҷараёни он қисми функсияи мақоми иҷроияи болоии ҳокимияти давлатӣ ба зиммаи мақоми иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда мешавад;

- ғайримутамарказгардонии ҳокимияти иҷроия - раванди дар асоси қонун вогузор намудани қисми ваколатҳои ҳокимият ва ё функсияҳо аз мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва тавсеаи доираи ваколатҳои мақомоти поёнии идоракунӣ аз ҳисоби мақомоти сатҳи болоӣ;

- шартномаи маъмурӣ - санади ҳуқуқие, ки дар асоси он мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи талабот ва шартҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои ҳокимияти давлатиро (ба истиснои функсияҳои назоратӣ) ба зиммаи мақоми иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо вогузор менамояд;

- назорати дохилӣ - маҷмӯи тадбирҳои мустақили мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба гузаронидани санҷиш ва арзёбии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва шахсони мансабдори ҳамин мақом, ки барои таъмини иҷрои талаботи қонуният, самаранокӣ ва мақсаднокии фаъолияти онҳо нигаронида шудааст;

- назорати хизматӣ - маҷмӯи тадбирҳои мукаммале, ки қонуният, самаранокӣ ва мақсаднокиро дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд ва тавассути он мақоми иҷроияи болоии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба мақоми иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ функсияҳои назоратиро анҷом медиҳад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

Принсипҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ инҳоянд:

- волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- самарабахшии ҳокимияти давлатӣ ва самтгирӣ ба натиҷаҳои ниҳоӣ;

- риояи манфиатҳои ҷамъиятӣ (оммавӣ);

- ҳисоботдиҳии дақиқ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

- ғайритаҷаммӯъсозӣ ва ғайримутамарказгардонии ҳокимияти давлатӣ;

- кордонӣ ва риояи одоб дар амал ва қарорҳои хизматчиёни давлатӣ;

- асоснокӣ ва шаффофият зимни тақсиму истифодаи захираҳо ва молияи давлатӣ;

- шаффофият ва дақиқии ташкил ва фаъолият дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатӣ;

- ошкоро будани низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби қисми фаъоли аҳолӣ ба аванди идоракунии давлатӣ.

Моддаи 5. Низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати умҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешаванд.

3. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва шумораи ниҳоии кормандони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Ваколат ва функсияҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Низомномаи он муқаррар карда мешаванд.

4. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегарданд.

Моддаи 6. Ҳисоботдиҳанда будан ва ҳамоҳангсозӣ дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Тартиби ҳисоботро Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамоянд.

2. Ҳисоботдиҳанда будани мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар ҷараёни назорати хизматӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ карда мешавад.

3. Мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дахлдор ҳамоҳанг месозад.

4. Мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар ҷараёни татбиқи функсияҳои ҳамоҳангсозӣ нисбат ба дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ дорад:

- аз дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумоти дахлдорро ба даст орад;

- ба дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияташ қарор доранд ва вобаста ба онҳо фаъолияти ҳамоҳангсозӣ сурат мегирад, дастур диҳад;

- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намояд.

Моддаи 7. Назорати хизматӣ

1. Дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои таъмини қонуният ва мақсаднокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ назорати хизматӣ вобаста ба ҳисоботдиҳанда будан амалӣ карда мешавад. Тартиби амалӣ намудани назорати хизматиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2. Назорати хизматиро роҳбари мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд.

3. Назорати хизматӣ тибқи тартиби тобеият мутобиқи Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати хизматиро танзим менамоянд, амалӣ карда мешавад.

4. Роҳбаре, ки назорати хизматиро амалӣ менамояд, метавонад аз мақомоти иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дигар ҳуҷҷатҳоро талаб намояд, аз шахсони мансабдор тавзеҳот ва хулоса гирад. Мақомоти дахлдор бояд ҳуҷҷат ва тавзеҳоти зикргардидаро дар мӯҳлати на дертар аз се рӯзи корӣ пешниҳод намоянд, агар мақоми анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ мӯҳлати нисбатан дарозтарро муқаррар накарда бошад.

БОБИ 2. АСОСҲОИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 8. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастгоҳи иҷроия) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти он бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дастгоҳи иҷроия инчунин дигар вазифаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд.

2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи иҷроияро таъсис ва барҳам медиҳад, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия, муовини якум ва муовинони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроия Низомнома ва Сохтори Дастгоҳи иҷроияро тасдиқ мекунад.

3. Функсияҳои асосии Дастгоҳи иҷроия аз инҳо иборатанд:

- таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорат ва санҷиши иҷрои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани маълумот оид ба рафти иҷрои онҳо;

- ҳамоҳангсозии таҳияи сиёсат дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди миллӣ, суботи дохилии сиёсӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дигар самтҳои мубрами рушди давлат ва таъмини таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои мазкур;

- ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили онҳо;

- таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ;

- ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби онҳо ба раванди таҳия ва татбиқи сиёсат оид ба масъалаҳои мубрами рушди давлат;

- ҳамоҳангсозии омодагӣ ба ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти судӣ;

- иттилоотонии ҷомеа оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба натиҷаҳои татбиқи сиёсат дар самтҳои мубрами рушди кишвар;

- амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Моддаи 9. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбари Дастгоҳи иҷроия роҳбарии умумии фаъолияти Дастгоҳи иҷроияро дар асоси яккасардорӣ анҷом дода, барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммаи Дастгоҳи иҷроия гузошташуда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад.

2. Ваколатҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроия дар Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 10. Вазорат

1. Вазорат мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие мебошад, ки татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракуниро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ намуда, инчунин дар доираи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар ҳамин соҳа ҳамоҳанг месозад. 

2. Вазорат функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.

3. Вазоратро дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад. Низомномаи вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. 

4. Ба фаъолияти вазорат вазир роҳбарӣ менамояд, ки ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ва фармон дар ин хусус ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

5. Вазир муовини якум ва муовинон дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

6. Теъдоди муовинони вазир, воҳидҳои сохтории вазорат ва функсияҳои асосии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

7. Муовини якум ва муовинони вазир дар назди вазир ҳисоботдиҳанда мебошанд ва ӯ назорати хизматии фаъолияти онҳоро анҷом медиҳад. Муовинони вазир фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми вазоратро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи вазорат роҳбарӣ менамоянд ва ҳамоҳанг месозанд.

8. Вазорат функсияҳои асосии зеринро анҷом медиҳад:

- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи муайянгардидаи фаъолият;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- андешидани тадбирҳо ва таҳияи пешниҳодот оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи дахлдори идоракунӣ;

- таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти вазорат ва пешниҳоди онҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар асоси қонунҳо амалӣ намудани танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти вазорат ва таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷалб намудани ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба таҳияю татбиқи сиёсат ва барномаҳои стратегии рушди давлат;

- амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи вазорат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

9. Дар вазорат таҳти роҳбарии вазир ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони вазир (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари вазорат дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди вазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоишҳои вазир дар амал татбиқ карда мешаванд. 

10. Дар назди вазорат тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад хадамот, агентиҳо ва дигар мақомотро оид ба масъалаҳои муайяни фаъолият дар соҳаи идоракунии вазорат таъсис диҳад. Функсия ва ваколатҳои мақомоти мазкур дар Низомномаи вазорат ё низомномаҳои ҳамин мақомот пешбинӣ карда мешаванд.

Моддаи 11. Вазир

1. Вазир роҳбарии умумии фаъолияти вазоратро дар асоси яккасардорӣ анҷом дода, барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммаи вазорат гузошташуда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад.

2. Ваколатҳои вазир дар Низомномаи вазорат муайян карда мешаванд.

Моддаи 12. Кумитаи давлатӣ

1. Кумитаи давлатӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие мебошад, ки татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории байнисоҳавиро амалӣ намуда, инчунин дар доираи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар соҳаи дахлдори фаъолият ҳамоҳанг месозад.

2. Кумитаи давлатӣ функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.

3. Кумитаи давлатиро дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад. Низомномаи кумитаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

4. Ба фаъолияти кумитаи давлатӣ раис роҳбарӣ менамояд, ки ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ва фармон дар ин хусус ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

5. Раис муовини якум ва муовинон дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

6. Теъдоди муовинони раис, воҳидҳои сохтории кумитаи давлатӣ ва функсияҳои асосии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

7. Муовини якум ва муовинони раис дар назди раис ҳисоботдиҳанда буда, ӯ назорати хизматии фаъолияти онҳоро анҷом медиҳад. Муовинони раис фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои низоми кумитаи давлатиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи кумитаи давлатӣ роҳбарӣ менамоянд ва ҳамоҳанг месозанд.

8. Функсияҳои асосии кумитаи давлатӣ аз инҳо иборатанд:

- таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи муайяни фаъолият;

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ; 

- таҳияи пешниҳодот оид ба самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои дахлдори идоракунӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати иҷрои онҳо;

- таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи масъалаҳои ба соҳаи фаъолияти кумитаи давлатӣ дахлдошта ва пешниҳоди онҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти кумитаи давлатӣ ва таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷалб намудани ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба таҳияю татбиқи сиёсат ва барномаҳои стратегии рушди давлат;

- амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи кумитаи давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

9. Дар кумитаи давлатӣ таҳти роҳбарии раис ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони раис (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари кумитаи давлатӣ дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди раиси кумитаи давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо қарорҳои раиси кумитаи давлатӣ дар амал татбиқ карда мешаванд.

10. Дар назди кумитаи давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад хадамот, агентиҳо ва дигар мақомотро оид ба масъалаҳои муайяни фаъолият дар соҳаи идоракунии кумитаи давлатӣ таъсис диҳад. Функсия ва ваколатҳои мақомоти мазкур дар Низомномаи кумитаи давлатӣ ё низомномаҳои ҳамин мақомот пешбинӣ карда мешаванд.

Моддаи 13. Раиси кумитаи давлатӣ

1. Раис роҳбарии умумии фаъолияти кумитаи давлатиро дар асоси яккасардорӣ анҷом дода, барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммаи кумитаи давлатӣ гузошташуда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад.

2. Ваколатҳои раиси кумитаи давлатӣ дар Низомномаи кумитаи давлатӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 14. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ менамояд. Ба мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардор ё директор роҳбарӣ менамояд.

2. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.

3. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбар, муовини якум, муовинони роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва бо пешниҳоди роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва шумораи ниҳоии кормандони ҳамин мақомро тасдиқ мекунад. Мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Функсияҳои асосии мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият; 

- ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муайяншудаи фаъолият;

- анҷом додани функсияҳои назоратӣ дар соҳаи муайяншудаи фаъолият;

- таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи функсияҳои худ;

- пешбурди мониторинг ва таҳияи пешниҳод оид ба такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар соҳаи муайяни фаъолият;

- амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

5. Дар мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони роҳбар (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоишҳои роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ карда мешаванд.

6. Ваколатҳои роҳбари мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Низомномаи мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

7. Дар назди мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар мақомот оид ба масъалаҳои муайяни фаъолият дар соҳаи идоракунии мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад. Функсия ва ваколатҳои мақомоти мазкур дар Низомномаи мақоми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё низомномаҳои ҳамин мақомот пешбинӣ карда мешаванд.

Моддаи 15. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва дигар функсияҳоро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад. Ба мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раис, сардор, директор роҳбарӣ менамояд.

2. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.

3. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбар, муовини якум ва муовинони роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

4. Дар мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони роҳбар (аз рӯи вазифа) ва кормандони пешбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоишҳои роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ карда мешаванд.

5. Ваколатҳои роҳбари мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Низомномаи мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

6. Дар назди мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар мақомот оид ба масъалаҳои муайяни фаъолият дар соҳаи идоракунии мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад. Функсия ва ваколатҳои мақомоти мазкур дар Низомномаи мақоми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё низомномаҳои ҳамин мақомот пешбинӣ карда мешаванд.

Моддаи 16. Мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти машваратию маслиҳатӣ таъсис диҳанд, ки дорои ваколатҳои мустақили ҳокимият намебошанд ва функсияҳои идоракунии давлатиро анҷом намедиҳанд.

2. Вазифа ва тартиби фаъолияти мақомоти машваратию маслиҳатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, Низомномаи онҳоро тасдиқ менамоянд.

БОБИ 3. АСОСҲОИ ТАШКИЛИФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИМАРКАЗИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 17. Дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

1. Барои таъмини фаъолияти мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои он дастгоҳи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - дастгоҳ) таъсис дода мешавад.

2. Дастгоҳ таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, илмию таҳлилӣ, иттилоотию ахборотӣ ва дигар намудҳои таъмини фаъолияти мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд.

3. Роҳбари мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ низомномаҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории он, басти вазифаҳои дастгоҳро дар доираи сметаи хароҷоти мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ намуда, оид ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти дастгоҳ фармоиш (қарор) қабул мекунад.

4. Воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба функсия, ваколат ва шумораи ниҳоии кормандон метавонанд дар шакли зерин ташкил карда шаванд:

- сарраёсат;

- раёсат;

- шӯъба;

- бахш.

5. Воҳидҳои сохтории дастгоҳ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб нарафта, ҳамчун воҳидҳои ташкилию иҷроиявии таъминкунанда ва батанзимдароварандаи фаъолияти дастгоҳ буда, қисми таркибии ҷудонашавандаи дастгоҳи дахлдор ба ҳисоб мераванд.

6. Дастури методӣ оид ба таҳияи низомномаҳои дастгоҳ, воҳидҳои сохтории он ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, инчунин Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Моддаи 18. Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

1. Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, аз ҷониби муассиси мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

2. Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- номи пурра ва маҳали ҷойгиршавии мақом;

- соҳаи фаъолият, ваколат ва вазифаҳои мақом;

- ташкили роҳбарӣ, аз ҷумла самтҳои дақиқи ҳисоботдиҳӣ ва низоми назорати дохилӣ;

- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои роҳбари мақом;

- дигар муқаррароти моҳиятан муҳиме, ки аз мушаххасоти фаъолият дар соҳаи идоракунии мақом бармеоянд.

Моддаи 19. Назорати дохилӣ

1. Дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои назорати дохилӣ таъсис дода мешаванд ва фаъолият менамоянд.

2. Назорати дохилӣ бояд инҳоро таъмин намояд:

- риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти мақом;

- ҳифзи молу мулк аз хароҷоти зиёд, расонидани зарар бинобар истифодаи ғайримақсаднок, идоракунии бесалоҳият ва дигар сабабҳои шабеҳ;

- мақсаднок ва самаранок будани фаъолияти мақом ҳангоми иҷрои вазифаҳои он;

- ҷамъоварӣ, нигоҳдошт ва ба иттилои омма расонидани маълумоти саҳеҳ, саривақтӣ ва оэътимод оид ба фаъолияти мақом.

3. Назорати дохилиро дар мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ роҳбари мақом таъмин менамояд ва барои натиҷабахшии он масъул мебошад.

Моддаи 20. Вогузории функсияҳои ҳокимияти иҷроия

1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ метавонанд дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои дорои хусусияти ёрирасон ё функсияи хизматрасонӣ ба аҳолиро ба зиммаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо вогузор намоянд.

2. Вогузории функсияҳои ҳокимияти иҷроия дар ҳолатҳои зайл амалӣ карда мешавад:

- агар чунин имконият тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ ва танзим шуда бошад;

- агар вогузории функсияҳо аз нигоҳи иқтисодӣ асоснок бошад;

- агар ҳангоми иҷрои функсияи мазкур сифати он халалдор нагардад ва ба манфиатҳои оммавӣ зиён наоварад.

3. Вогузор намудани функсияҳо ва амалӣ намудани онҳо дар асоси шартномаи маъмурӣ анҷом дода мешавад.

4. Тартиби вогузор намудани функсияҳо, ба имзо расонидани шартномаи маъмурӣ ва амалӣ намудани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

              

           Президенти 

умҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ  РАҲМОН

        ш. Душанбе,

 16 апрели соли 2012,

          № 828

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ОСОРХОНАҲО ВА ФОНДИ ОСОРХОНАҲО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 12:13
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
838
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.07.2012

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ОСОРХОНАҲО ВА ФОНДИ ОСОРХОНАҲО

 

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 688; ҚҶТ аз 19.03.2013с. №957)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим карда, ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванлонро ҷиҳати баҳрабардорӣ аз ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва ҳифз менамояд.

Боби 1.  Муқарароти умумӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

- осорхона – муассисаи ғайритиҷоратии фарҳангӣ, ки бо мақсади дарёфт, бақайдгирӣ, нурўҳбандӣ, барқароркунӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва намоиши оммавии ашё ва коллексияҳои таърихию фарҳангӣ таъсис дода мешвад;

- сарвати таърихию фарҳангӣ –ашёи осорхонавие, ки дорои аҳамияти умумибашарӣ,таърихӣ, илмию бадеӣ ва фарҳангӣ буда, дар осорхонаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва коллексияҳои шахсӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешавад;

- ашёи осорхонавӣ- ашёи арзишманди қадими ё муосир, ки таърих,сифат ё нишонаҳои махсусаш барои ҷомеа ҳифз, омўзиш ва намоиши оммавии онро зарур месозад;

- коллексияи осорхонавӣ- маҷмўи ашёҳои осорхонавӣ, ки аз рўи хусусиятҳои умумии пайдоиш, намуд ва дигар нишонаҳо дар фонди осорхона гурўҳбандӣ шудаанд;

- фонди осорхона- маҷмўи ашёи осорхонавӣ, ва коллексияи осорхонавӣ, ки ба таври доимӣ дар осорхона қарор доранд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода истифода қарор мегиранд;

- Феҳристи давлатии Фонди осорҳонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати баҳисобгирие, ки маълумоти заруриро дар бораи ҳар як ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад;

- комиссияи харидорӣ – мақоми машваратӣ экспертии осорхона, ки масъалаи интихоб ё харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии дорои аҳамияти таърихию фарҳангиро баррасӣ менамояд;

- харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонивӣ – яке аз воситаҳои асосии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

- экспертизаи иллми ашёи осорхонавӣ – намуд фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ оид ба мавриди таҳқиқот, таҳлил ва арзёбии илм қорор додани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, ки арзиши таърихию фарҳангӣ ва зарурати харидории онҳоро бо хулоса тасдиқ менамояд;

- нигоҳдорӣ – яке аз намудҳои асосии фаъолияти осорхона, ки шароити модди ва ҳуқуқии ҳифзи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро таъмин мекунад;

- табъу нашри ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ – яке аз шаклҳо асосии фаъолияти осорҳона, ки ҳадафашон бо роҳи таҳия кардан ва ба табъ расонидани маҳсулоти чопӣ, ташкили намоишҳои оммавӣ, интишор дар нашрияҳо ва дигар воситаҳо ба аҳли ҷомеа дастрас намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо ба Қонститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикстон онҳоро эътироф кардааст иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Назорати давлатии осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг мебошад.
  2. Мақоми ваколотдори давлатии соҳаи фарҳанг аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 2. Осорхонаҳо дар Ҷумурии Тоҷикистон

 

Моддаи 4. Таъсис ва фаъолияти осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби мақаррнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
  2. Барои таъсиси осорхона инҳо заруранд:

- ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавие, ки шумора ва арзиши таърихию фарҳангиашон бо хулосаи экспертизаи илмӣ тасдиқ карда шудааст;

- бинои ҳифзшаванда ва таҷҳизоти барои нигоҳдорӣ ва намоишии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ мувофиқ;

- сарчашмаҳои маблағгузорӣ.

3. Фаъолияти осорхонаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи онҳо ва қарорҳои муассис (муассисон) сурат гирифта, онҳо метавонанд фаъолияти даромадноки барои мақсадҳои оинномавиашон заруриро амалӣ намоянд. Осорхонаҳо ҳуқуқ доранд бевосита дар бинои осорхона фурӯши расмҳо, суратҳо, китобҳо, тӯҳфаҳо ва дигар ашё бо истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзҳои осорхона, ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии дар онҳо таҷассумёфтаро ба роҳ монанд.(ҚҶТ аз 19.03.2013)

4. Дар бинои осорхона фаъолияти дигар ташкилотҳо, ба истиснои фаъолияти муваққатии бо осорхона мувофиқшудаи муассисаҳои экспертӣ таҳқиқотӣ ва барқарорсозӣ оид ба экспертиза, таҳқиқ ва барқарорсозии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, манъ аст.

Моддаи 41. Осорхона-мамнӯъгоҳ

        1. Осорхона-мамнӯъгоҳ намуди махсуси осорхона мебошад, ки дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ мансуббуда ва манзараҳои табиии ба онҳо алоқаманд таъсис дода мешавад. Дар мавриди зарурӣ дар ҳудуди чунин мамнӯъгоҳ истеҳсолоти анъанавӣ ва дигар намуди фаъолият тибқи оинномаи он амалӣ карда мешавад.
      2. Осорхона-мамнӯъгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва дастрасии шаҳрвандонро ба онҳо таъмин менамояд, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва тарғиби объектҳои зикршударо ба роҳ мемонад, инчунин барои ҳифзи табиат ва туризм шароит фароҳам меорад. (ҚҶТ аз 19.03.2013 № 957)

 

Моддаи 5. Мақсади таъсиси осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зерин таъсис дода мешаванд:

- нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

-  пурагардонии фонди осорхонаҳо бо роҳи харид ва ташкили экспедитсияҳо ва ҳарфиёт;

- омўзиш ва таҳқиқиашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

- нашри маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

- омўзиш ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангӣ берун аз осорхона;

- мунтазам ташкил кардани намоишҳои оммавии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

- тарғиби ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ташкили намоиши ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкили мунтазами намоиши ашёи касбу ҳунарҳои қадима, малака ва таҷрибаи истеҳсоли ашёи арзиши таърихию фарҳангидоштаи муосир.

 

Моддаи 6.Барҳамдиҳии осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
  2. Ҳангоми барҳамдиҳии осорхонаҳои давлатӣ ашёи осорхонавӣва коллексияи осорхонавии он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар осорхонаҳои давлатӣ вобаста карда мешавад ва дар ин хусус мақоми ваколатдри давлатии соҳаи фарҳанг қарор қабул менамояд.

 

Боби 3. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Моддаи 7. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ иборат буда, қисми таркибии мероси таърихию фарҳангии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
  2. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

 

Моддаи 8. Шаклҳои моликият ба ашёи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексяи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатӣ ва хусусӣ буда наметавонад.
  2. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумхурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида намашвад.

 

Моддаи 9. Тартиби харидории ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ

  1. Ҳаридории ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ тавассути комисияи харидорӣ амалӣ мегардад.
  2. Вазифаи комисияи харилорӣ бо роҳи харидан, таъмини ҳифз нигоҳдорӣ, барқароркунӣ ва ба шаҳрвандон дастрас кардани сарватҳо таърихию фарҳангӣ мебошад.
  3. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар асоси хулосаи экспертизаи илмӣ ва санади комисияи харидорӣ бо имзои ҳамаи аъзои он барои Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мешавнд. Ҳулоса экспертизаи илмӣ бо мўҳри осорхона ва имзои эксперт тасдиқ карда мешавад.
  4. Воситаҳои молиявие, ки барои харидории ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ пешбинӣ шудаанд, ба дигар мақсадҳо истифода бурда намешаванд.

 

Моддаи 10. Дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ дар асоси хулоса экспертизаи илмӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тооҷикистон дохил карда мшаванд.
  2. Тартиби ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ бо Низомномаи Фонди осорхонаҳои умҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, муайян карда мешавад.
  3. Ба молики ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии Қисми ѓайридавлатии  Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати соҳаи фарҳанг шаҳодат номаи дахлдор дода мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №957)

 

Моддаи 11. Ҳориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ аз Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ дар асоси хулоса экспертизаи илмӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг аз Фони осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешавад.
  2. Тартиби аз Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавиро Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  3. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ аз Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи дар Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ба қайд гирифтани маълумот дар бораи хориҷ намудани онҳо хориҷ кардан мешаванд.

 

Моддаи 12. Фехристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷкистонро мақоми ваколатдори давлатии соҳои фарҳанг тартиб медиҳад.
  2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумхурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 13. Воридот ва содтроти ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон аз ҷониби молик ё шахси ваколатдори он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шаҳодатномаи дахлдори мақоми ваколаидори давлатии соҳаи фарҳанг аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд.
  2. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қоннунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешавад.
  3. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷмҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

 

Боби 4. Қисми давлатии фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Моддаи 14. Қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикисион

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавие, ки осорхонаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ,  маблағи муассисон ва динар воситаҳо харидорӣ мекунанд, ба қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
  2. Қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнопазир аст.

 

Моддаи 15. Дасигирии давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳури Тоҷикистон

  1. Дасигирии молиявӣ, шароити нигоҳдори ва истифодаи ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг бо мақсади ҳифзи ашёи осорхонавии нодири таърихию фарҳангӣ, беҳдошти фаъолияти осорхонаҳои бузург, ки ашёи осорхонавии муҳимро ҳифзу нигоҳдорӣ мекунанд ва ҷиҳати харидории ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавие, ки аҳамияти сарвати таърихию фарҳангӣ доранд қарорҳои дахлдор қабул карда метавонад. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №957)

 

Моддаи 16. Бегона кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда намешавад.
  2. Дар ҳолатҳои нобуд ё гум шудани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавӣ мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар хориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва колексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд.

 

Моддаи 17. Идоракунии оперативии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонаваии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идоракунии оперативӣ ба осорхонаҳои давлатӣ ва дигар муасисаҳои давлатӣ вобаста карда мешаванд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба осорхонаҳои давлатӣ ё дигар муасисаҳои давлатӣ додани ҳуқуқи идоракунии оперативии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор қабул мекунад.
  3. Осорхонаҳои давлатӣ ё дигар муасисаҳои давлатие, ки ба онҳо ҳуқуқи идоракунии оперативии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд.

- ҳифз ва таъмини бехатарии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

- таҳия ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

- истифодаи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ бо мақасадҳои илмӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва эҷодию истеҳсолӣ.

 

Моддаи 18. Назорати давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорати давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:

- санҷиши ҳолати ҳифз ва шароити нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллнесияи осорхонавӣ;

- ирсоли дархост ва дарёфти маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, ки барои амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.

 

Боби 5. Қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Моддаи 19. Қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қисми давлатии он мансуб нестанд, қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

 

Моддаи 20. Дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба қисми ғайридавлатии Фонди осорхонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи молики онҳо ба тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад.

 

Моддаи 21. Ҳориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ аз қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳолатҳои нобуд ё гум шудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавии осорхонаи  ғайридвалатӣ мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро аз қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мекунад.

 

Моддаи 22. Нигоҳдорӣ ва бақайдгирии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тибқи Низомномаи Фонди осорхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, нигоҳдорӣ карда шаванд.

 

Моддаи 23. Назорати давлатии ҳолати нигоҳдории қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти осорхонаҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Назорати давлатии ҳолатҳои нигоҳдории қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти осорхонаҳои ғайридавлатиро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар шаклҳои зерин амалӣ менамояд:

- санҷиши ҳолати ҳифз ва шароити нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

- аз молики ашёи осорхонавӣ ва коллнексияи осорхонавӣ талаб намудани тнғйири макон ё беҳбуди шароити ҳифзу нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

- ирсоли дархостҳо ва дарёфти маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллнексияи осорхонавии осорхонаҳои ғайридавлатӣ, ки барои амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии Фонди осорхонаҳои ҶЎмҳурии Тоҷикистон зарур аст.

 

Моддаи 24. Дастгирии давлатии осорхонаҳои ғайридавлатӣ ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Мақоми давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ метавонад дастгирии давлатии осорхонаҳои ғайридавлатӣ ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин амалӣ намояд;

- ҷалб намудани муассисаҳои давлатӣ ба барқарорсозии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

- дар ҳолаиҳо зарурӣ дар хазинаҳои давлатӣнигоҳдорӣ намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;

- қисман ҷуброн намудани хароҷоти таъмини бехатарии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ.

 

Моддаи 25. Аҳдҳо оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ҳангоми иҷрои аҳдҳо оид ба ихтнёрдорӣ кардани (туҳфа кардан, хариду фурўш) ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои умҳурии Тоҷикистон тўҳфагир ё харидор ўҳдадор аст, киўҳдадоридар шартнома ё қонун нисбат ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ пешбинишударо ба зимма бигирад. Дар ин маврид давлат ҳуқуқи афзалиятноки харидори дорад. Тибқи ҳуқуқи афзалиятнок харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро аз номи давлат мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг амалӣ менамояд.
  2. Ҳангоми ба мерос гирифтани ашёи осорхонавӣ ва коллексяи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон меросгиранда ўҳдадор аст, ки тамоми масъулият меросгузоро нисбат ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба зимма гирад. Агар дар васиятнома муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошад, баъди ба мерос гирифтани ашё осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ меросгир ҳуқуқ дорад, ки ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ намояд. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №957)
  3. Агар меросгир ўҳдадориҳои худро нисбат ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии бамеросгирифтааш иҷро накунад ё ба таври номатлуб иҷро кунад, давлтҳуқуқ дорад, ки тибқи қонунгузории Ҷуҳурии Тоҷикистон ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро харидори намояд.
  4. Аҳдҳо оид ба тўҳфа кардан, хариду фурўш ё ба мерос гирифтани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистоназ рўзи бақайдгирӣ дар Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷуҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.

 

Боби 6. Таъмини дастрасии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Моддаи 26. Дастрасӣ ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ашёи оморхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷмҳурии Тоҷикистон дстрас мебошад.
  2. Тартиби дастрас намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осоррхонавии Фонди Ҷумҳурии Тоҷикисторо Ҳукумати Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 27. Нашри маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавӣ

  1. Ҳуқуқи нашри нахустини маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексяи осорхонавї ба осорхонае додо мешавад, ки ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба он вобаста шудаанд.(ҚҶТ аз 19.03.2013с. №957)
  2. Осорхонаҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию маърифатӣ дар нашри маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексяи осорхонавии худ мустақил ва масъуланд.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ваколлнексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддӣ фароҳам меорад.

 

Боби 7. Ҳамкориҳои БайналмилалӢ

 

Моддаи 29. Ҳамкориҳои Байналмилалӣ

  1. Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаҳои осорхонашиносӣ, таърихнигорӣ, бостоншиносӣ,иттилоотӣ, инчунин дар ҷаласа ва конфиренсияҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти осорхонаҳо тибқи қонунгузории ҶЎмҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
  2. Осорхонаҳои Ҷумҳури Тоҷикистон ҳуқуқ доданд, ки ба созмонҳои фарҳангии байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, дар татбиқи барномаҳои марбут ба масъалаҳои соҳа иштирок намоянд.

 

Боби 8. Муқарророти ХотимавӢ

 

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 31 Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо»

    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сз 28 феврали соли 2004 «Дар боари осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТОҷикистон, с 2004, №2, мод. 47; с. 2007, №5, мод. 373) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор додо шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

Ш. Душанбе

3 июли соли 2012

№838

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КРИПТОГРАФИЯ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 12:20
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
839
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.07.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КРИПТОГРАФИЯ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 689)

 

Қонуни мазкур асосҳои  ҳуқуқи муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи криптография танзим намуда,тартиби таҳия,истеҳсол ва истифодабарии воситаҳои криптографяро дар рафти мубодила ва нигоҳдории иттилоот муайан мекунад.

 

  Моддаи 1. Мафҳуми асосӣ

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:

-шабакаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда ва телекоммуникаисионӣ –системаи технологӣ,ки барои интиқоли маълумот тавассути хатҳои алоқаи иттилоотӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба он бо техникаи ҳисоббарор даст ёфтан мумкин мебошад;

 -воситаҳои криптографӣ – воситаҳое, ки барои ҳифзи техники маълумоти махфӣ аз дастрасии беиҷозат пешбинӣ шудаанд;

 -воситаҳои ҳимоя аз тақаллуб – воситаҳои дастгоҳӣ, барномавӣ ва дастгоҳии барномавӣ, системаю комплексҳое, ки алгоритмҳои тағйирёбии криптографии иттилоотроба роҳ монда, барои ҳифз кардан аз таҳмили иттилооти дуруғин таъин гардидаанд;

 -воситаҳои бакоддарорӣ – воситаҳое,ки маҷмўи алгоритмҳои тиғйирдиҳии криптографии иттилоотро бо иҷрои як қисми тағйирот тавассути амалиёти дастӣ ё бо истифода аз воситаҳои автоматикунонидашуда дар асоси ҳамин амалиёт ба роҳ мемонад;

             -воситаҳои рамзнависи воситаҳои дастгоҳӣ, барномавӣ ва дастгоҳии барномавӣ, системаҳо ва комплексҳое, ки алгоритмҳои тағйирёбии криптографии иттилоотро ба роҳ мемонад ва барои ҳифзи иттилоот аз дастрасии ғайриқонунӣ ҳангоми интиқоли онҳо тавассути шабакакои автоматикунонидашуда ва ё дар вақти коркард ва нигоҳдории онҳо пешбинӣ гардидаанд;

 - ҳуҷатҳои асосӣ – ҳомили маълумоти асосӣ новобаста ба намуди он;

- воситаҳои таҳияи ҳуҷатҳои асосӣ –воситаҳои техникие, ки тавассути онҳо ҳуҷатҳои асосӣ таҳия карда мешавад.

 

Моддаи 2 Доираи амали Қонуни мазкур

1. Муқарароти Қонуни мазкур ба воситаҳои криптографии мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад, ки барои таъмини ҳифзи иттилоот ҳангоми мубодила ва нигоҳдории он истифода бурда мешавад.

2.Муқарароти Қонуни мазкур нисбати воситаҳои зерин татбиқ карда намешаванд:

- кортҳои вижаи кредитии дорои таҷҳизоти хурди микромошинҳои электронии ҳисоббарорӣ,ки имкониятҳои криптографии онҳо аз тарафи истифодабарандагон тағйир додо намешавад;

- радиотелефонҳои портативӣ ва ё мобилии таъиноти шаҳрвандӣ ки қобилияти рамзнависии дутарафаро надоранд;

-дастгоҳҳои қабулкунанда ва фиристандаи пахши радиоӣ телевизиони тиҷоратӣ ё дигар дастгоҳҳои навъи тиҷоратӣ барои шунавандагони муайан бе ишораи рамзнависии рақамӣ,ки дар он рамзнависӣ бо амалиёти идоракунии видеоӣ ё аудиоканалӣ маҳдуд мебошад;

- воситаҳои рамзнависӣ,ки махсус барои амалиёти бонки ва молиявӣ дар таркиби терминалҳои фурўши чаканае (банкоматҳое), ки имкониятҳои криптографии онро истифодабарандагон тағйир намедиҳанд, таҳия ва истифода карда мешаванд;

- воситаҳои рамзнависии таъмини қайди фискалӣ, ки танҳо дар таркиби дастгоҳҳои назорати касса истифода карда мешаванд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи криптография

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи криптография ба Конститутсиаи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистин инчунин санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Субекиҳои муносибатҳои ҳуқуқи дар соҳаи криптография

Дар соҳаи муносибатҳои криптографӣ давлат дар шахсӣ мақомоти дахлдори давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқуи, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотхои байналмилалӣ, ҳамчун субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дониста мешавад.

 

Моддаи 5. Коркард, истеҳсол ва истифодабарии воситаҳои криптографии

1.Ба воситаи криптографӣ дохил мешаванд:

- воситаҳои ҳимоя аз тақалуб;

- воситаҳои рамзнависӣ:

- воситаҳои бакоддарорӣ;

- ҳуҷатҳои асосӣ

-воситаҳои таҳияи ҳуҷатҳои асосӣ.

2. Воситаҳои криптографӣ ва барномаҳои таҳиякардаи онҳо аз тарафи як ё якчанд нафар, ки барои кор бо воситаҳои криптографӣ роҳ додо шудаанд, нигоҳдорӣ ва мавриди истифода қарор мегиранд,то ки шахси бегона ба онҳо даст наёбад.

3. Нусхаи ҳуҷатҳои техники воситаҳои криптографӣ ва барномаҳои онҳо дар маркази тасдиқкунанда нигоҳ дошта мешавад.

4. Мақомоти дахлдори давлатӣ,инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ воситаҳои криптографиро барои ҳимояи маълумоти махфӣ ҳангоми қабул, интиқол ва нигоҳдории он тавассути шабакаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда ва телекоммуникатсионӣ, инчунин воситаҳои барномавию техникӣ мивриди истифода қарор медиҳанд.

 

Моддаи 6. Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи криптография

Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи криптография тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 7. Сертификатсякунонии воситаҳои криптографӣ

1. Воситаҳои криптографӣ ҳмчун воситаҳои рамзнависии иттилоот бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд.

2.Санҷиш ва хизматгузории сертификатсиони воситаҳои криптографӣ ба зиммаи маркази тасдиқкунандае вогузор карда мешавад, ки он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» фаъолияи менамояд.

 

Моддаи 8. Назорат ба фаъолияти соҳаи криптография

Назорат ба фаъолияти соҳаи криптография аз тарафи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқарароти Қонуни мазкурро риоя намекунад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додони Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор додо шавад

 

         Президенти                                                        Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ш.Душанбе

3 июл соли 2012

№839

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ САВДОИ ХОРИҶӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 12:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
846
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.07.2012
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ САВДОИ ХОРИҶӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012, №7, мод.696. соли 2015, №7-9, мод.703; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №1870)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми июни соли 2012, №819  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №6, моддаи 526 ) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2012, №347  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №6  моддаи499 ) ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти савдои хориҷӣ, принсипҳои асосии фаъолияти савдои хориҷӣ, ҳуқуқу ўҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти савдои хориҷиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти савдои хориҷӣ ва ҳамгироии самараноки он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ равона гардидааст. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
  1. Қонуни мазкур  дар соҳаи танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ, инчунин ба муносибатҳое, ки бевосита бо чунин фаъолият алоқаманданд, татбиқ мегардад.
  2. Муқаррароти Қонуни мазкур, ки ба хизматрасониҳои савдои хориҷии танзими давлатӣ дахл доранд, ба хизматҳои ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидашаванда татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти савдои хориҷӣ – ҳама намуди фаъолияти марбут ба интиқоли мол, дигар молу мулки моддӣ, ҳуқуқҳо ё хизматрасонӣ, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ё дар ҳудуди берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;
 - субъектҳои фаъолияти савдои хориҷӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, ки мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур бо фаъолияти савдои хориҷӣ машғуланд;
- шахс – ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷии  эътирофнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мол – ҳар молу мулки моддӣ, ба истиснои коғазҳои қиматнок, ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ё маблағҳои пулӣ, ки барои мубодила ва фурўш пешбинӣ шудааст;
- содирот – баровардани мол аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди давлати дигар мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воридот – ворид намудани мол аз ҳудуди давлати дигар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- транзит – интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар чунин интиқол танҳо аз қисми роҳе амалӣ гардад, ки берун аз доираи ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва анҷом меёбад; (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
- иҷозатдиҳӣ (ғайриавтоматӣ)  – иҷозате, ки барои амалӣ намудани воридот ё содирот шарти пешакӣ буда, дар ҳолатҳои махсус дар асоси аризаи шахси манфиатдор аз мақомоти давлатӣ дар доираи расмиёти маъмурӣ гирифта мешавад;
- иҷозатдиҳии автоматӣ – иҷозати воридот ё содирот, ки танҳо барои мақсадҳои маъмурӣ ё оморӣ зарур буда, бидуни истисно, дар ҳар ҳолат аз тарафи мақомоти давлатӣ дода мешавад;
      - ҳузури тиҷоратӣ – ҳар шакли бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашудаи ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари иқтисодии шахси хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё бо қонунгузории давлати хориҷӣ иҷозатдодашудаи фаъолияти шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо мақсади савдои мол ё хизматрасонӣ, аз он ҷумла бо роҳи таъсиси шахси ҳуқуқӣ, филиал ё намояндагии шахси ҳуқуқӣ ё иштирок дар сармояи оинномавии (шариконаи) шахси ҳуқуқӣ; (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
- чораҳои маҳдудкунӣ - ҳамаи навъҳои мамнўот, маҳдудиятҳои миқдорӣ, боҷҳои махсус (ба ғайр аз боҷҳои гумрукӣ, андозҳои дохилӣ ва ё ҳаққи хидматрасонӣ), шартҳо, иҷозатномаҳо, иҷозатҳо ва ё чораҳои дигари аз ҷониби мақомоти давлатҳои дахлдор муқарраргардида, ки хусусияти маҳдудкуниро дар фаъолияти савдои хориҷӣ, ба истиснои регламентҳои техникӣ, дороянд;
- маҳдудиятҳои миқдорӣ – дараҷаи интиҳоии арзиши умумӣ ва ё ҳадди ниҳоии молҳои муайяне, ки дар фосилаи муайяни вақт метавонанд содирот ва ё воридот шаванд, ҳамчунин манъи содирот ва ё воридот;
- квота – ҳисса дар арзиш ё миқдори умумии содирот ё воридоти ба шахс ё гурўҳи шахсон (содиркунандагон ё воридкунандагон) тақсимшуда;
- боҷи зиддидемпингӣ – боҷи махсусе, ки ба воридоти мол ҷиҳати талофии оқибатҳои демпинг муқаррар карда мешавад;
- демпинг – воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи пасттар аз арзиши аслии онҳо, ки боиси расонидани зарари моддӣ ба саноати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшуда мегардад ё хатари расонидани онро дорад ва ё бунёди саноатро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас бозмедорад;
- арзиши муқаррарӣ – нархи қиёсӣ барои моли шабеҳе, ки дар кишвари содиркунанда дар ҷараёни муқаррарии савдо пешбинӣ шудааст. Агар ин молҳо дар бозори кишвари содиркунанда фурўхта нашаванд, пас нархи муқаррарӣ нархи болотарини қиёсии моли шабеҳе мебошад, ки барои содирот ба кишвари сеюм бо шароити бозори бо ҳамин шароит дар Тоҷикистон қиёсшаванда пешбинӣ шудааст, ба шарте ки ин нарх намунавӣ бошад ё арзиши истеҳсоли чунин молҳо дар кишвари истеҳсолкунанда ба маблағи қобили қабул барои хароҷоти маъмурӣ, савдо, хароҷоти умумӣ ва барои фоида зиёд карда шуда бошад;  
- боҷи ҷубронӣ – боҷи махсусе, ки ба воридоти молҳо бо мақсади рафъи оқибатҳои ҳар як субсидияи дар кишвари истеҳсолкунанда ё содиркунанда мустақиман ё ба таври ғайримустақим барои истеҳсол ё содироти чунин молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда муқаррар карда мешавад;
- мусоидати молиявӣ (субсидия) – ҳар саҳми мустақим ё ғайрмустақими молиявӣ ё саҳми дигари ҳукумати кишвари истеҳсол ё содиркунанда ва ё мақомоти он, ки тавассути он ба истеҳсолкунанда ё содиркунанда бартарият дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки саҳми молиявии мазкур субсидияе бошад, ки барои андешидани тадбирҳо мутобиқи муқаррароти созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо асос нагардад;
- саноати ватанӣ – истеҳсолкунандагони молҳои шабеҳи ватанӣ дар маҷмўъ ё он истеҳсолкунандагоне, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли молҳои мазкури онҳо қисми асосии ҳамаи ин молҳои истеҳсоли ватаниро ташкил медиҳад;
- молҳои шабеҳ – маҳсулоте, ки аз ҳар лиҳоз бо маҳсулоти баррасишаванда айнияти комил доранд, яъне шабеҳ мебошанд ва ё дар сурати набудани чунин маҳсулот, маҳсулоти дигар, гарчанде аз ҳар лиҳоз шабеҳ набошанд ҳам, хусусиятҳои хеле монанд ба хусусиятҳои маҳсулоти баррасишавандаро доранд;
- истеҳсоли ватанӣ – истеҳсолкунандагони молҳои айниятдошта, шабеҳ ё бевосита рақобаткунанда, ки маҳсулоти умумии онҳо ҳиссаи назарраси ҳаҷми умумии истеҳсоли ватании чунин маҳсулотро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;
- зарари ҷиддӣ – бадшавии умумии назарраси вазъи истеҳсоли ватанӣ.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти
                    савдои хориҷӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.
  Моддаи 4. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Агар дар санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба меъёрҳои дар Қонуни мазкур дарҷгардида меъёрҳои дигар муқаррар шуда бошанд, пас меъёрҳои санади ҳуқуқии байналмилалӣ истифода мешаванд.
Моддаи 5. Принсипҳо ва усулҳои асосии танзими давлатии фаъолияти савдои
                   хориҷӣ (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
1. Принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ инҳо мебошанд:
- ягонагии сиёсати савдои хориҷӣ ҳамчун қисми таркибии сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои фаъолияти савдои хориҷӣ аз тарафи давлат;
- баробарӣ ва поймол накардани ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти савдои хориҷӣ;
- ягонагии ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ; (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
- интихоби чораҳои танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ, ки барои иштирокчиёни фаъолияти савдои хориҷӣ ба он андозае вазнин набошанд, ки ҷиҳати таъмини ноилшавии самаранок ба мақсадҳое, ки барои амалӣ намудани онҳо андешидани тадбирҳои танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ лозим аст, зарур мебошанд;
- ошкорбаёнӣ зимни таҳия, қабул ва истифодаи чораҳои танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ;
- истиснои дахолати беасоси давлат ё мақомоти он ба фаъолияти савдои хориҷӣ ва расонидани зарар ба субъектҳои фаъолияти савдои хориҷӣ ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- масъулияти мутақобилаи давлат ва субъектҳои фаъолияти савдои хориҷӣ.
2. Танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- танзими гумрукию тарифӣ ва ғайритарифӣ;
- муқаррарсозии мамнўият ва маҳдудиятҳо нисбат ба навъҳои алоҳидаи мол ва хизматрасонӣ;
- татбиқи чораҳои дорои хусусияти иқтисодӣ-маъмурии ба рушди фаъолияти савдои хориҷӣ мусоидаткунанда ва бо Қонуни мазкур пешбинигардида. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
Моддаи 6. Низоми миллӣ
1. Ба шахсони хориҷие, ки мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур бо воридот ё содироти мол машғуланд, ҳамон навъ низоме пешниҳод карда мешавад, ки ба шахсони ватанӣ пешниҳод шудааст.
2. Молҳои воридшаванда ба таври мустақим ё ғайримустақим мавриди ситонидани ҳар намуд андозҳои дохилӣ ё пардохтҳои дохилии дигари зиёдтар аз онҳое, ки мустақим ё ғайримустақим нисбат ба маҳсулоти шабеҳи истеҳсоли ватанӣ истифода мешаванд, қарор намегиранд. Нисбат ба молҳои воридотӣ дар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва талаботи марбут ба фурўш дар дохил, ба фурўш гузоштан, харид, интиқол, тақсимот ё истеъмол низоми на камтар мусоид аз низоми барои молҳои шабеҳи ватанӣ пешниҳодшаванда муқаррар карда шуда, бо ҳамин роҳ истифода намудани чунин андозҳо, пардохтҳои дохилӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё талабот ба хотири ҳифзи истеҳсолоти ватанӣ татбиқ карда намешаванд.  
3. Ба хизматрасониҳо ва таҳвилгарони хизматрасоние, ки аз дигар давлат ё ҳудуди хориҷӣ бармеоянд, нисбат ба низоми ба хизматрасониҳои шабеҳ ва таҳвилгарони ватании хизматрасониҳо низоми на камтар мусоид пешниҳод мешавад.   (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
4. Низоми миллӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои дигар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
Моддаи 7. Низоми мусоидати бештар
1. Низоми мусоидати бештар нисбат ба молҳо аз низоме, ки ба моли шабеҳи дар дигар давлат ё ҳудуди дигар истеҳсолшуда ё барои ҳар давлат ё ҳудуди дигар пешбинишуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он дар мавриди воридот ё содирот ба давлат ё ҳудуди хориҷӣ, ҳар намуд боҷу хироҷи гумрукии вобаста ба воридот ё содироти мол, инчунин пардохтҳои байналмилалӣ барои воридот ё содирот ситонидашаванда ва усули андухтани чунин боҷу хироҷ ва дар мавриди қоидаҳо ва расмиёти марбут ба воридоту содирот ва ҳамаи талаботи марбут ба фурўш дар дохил, ба фурўш баровардан, харид, интиқол, тақсимот ва истифода ўҳдадориҳои байналмилалӣ дорад, низоми на камтар мусоид пешниҳод карда мешавад.
2. Низоми мусоидати бештар нисбат ба чораҳои марбут ба савдои хизматрасониҳо низомеро дар назар дорад, ки ба хизматрасониҳо ва таҳвилгарони хизматрасониҳои ҳар кишвар ё ҳудуде пешниҳод шуда, он нисбат ба низоми ба хизматрасониҳо ва таҳвилгарони хизматрасониҳои шабеҳи ҳар кишвари дигар пешниҳодшуда на камтар мусоид аст.    (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
3. Низоми мусоидати бештар ба имтиёзҳое, ки ба кишвари ҳамсоя бо мақсади мусоидат намудан ба савдои наздисарҳадӣ дода шудаанд, инчунин ба имтиёзҳое, ки мутобиқи созишнома дар бораи бунёди минтақаи савдои озод ё иттиҳоди гумрукии дуҷониба ё бисёрҷониба ва ё мутобиқи созишномаи муваққатӣ ҷиҳати мусоидат барои бунёди минтақаи савдои озод ё иттиҳоди гумрукӣ пешбинигардида дода мешавад, дахл надорад.
4. Низоми мусоидати бештар ба молҳои воридшаванда ва хизматрасониҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва дар ҳолати дигар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  
                    фаъолияти  савдои хориҷӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ инҳо мансубанд:
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ;
- таъмини пешбурди сиёсати ягонаи савдо ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи он, қабули қарорҳои дахлдор ва таъмини иҷрои онҳо;
- татбиқи чораҳои махсус ҳангоми амалӣ намудани савдои хориҷии молҳо;
- мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Қонуни мазкур қабул намудани қарорҳо дар бораи  ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои миқдории содирот ва воридоти молҳо;
- мутобиқи Қонуни мазкур муқаррар намудани тартиби иҷозатдиҳии содирот ва (ё) воридоти навъҳои алоҳидаи молҳо, инчунин муайян намудани номгўи молҳои алоҳидае, ки нисбат ба онҳо чунин тартиб истифода мешавад;
- муқаррар кардани квотаҳо барои содирот ва (ё) воридоти навъҳои алоҳидаи мол; (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
- муайян намудани тартиби назорати содирот ва (ё) воридоти навъҳои алоҳидаи мол;
- амалӣ намудани салоҳияти дигари муайяннамудаи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи
                   фаъолияти савдои хориҷӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) инҳо дохил мешаванд:
- гузаронидани мониторинги татбиқи Қонуни мазкур;
- пешниҳоди маълумоти ҳарсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои мониторинги гузаронидашуда;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба истифодаи чораҳои танзими тарифию ғайритарифии фаъолияти савдои хориҷӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти савдои хориҷӣ;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозат барои содирот, воридот ё транзити молҳои алоҳида;
- анҷоми ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти савдои хориҷӣ.
Моддаи 10. Кафолати ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои фаъолияти
                      савдои хориҷӣ
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои фаъолияти савдои хориҷиро кафолат медиҳад.
2. Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани санадҳое, ки ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти савдои хориҷии муайяннамудаи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, зарари ба онҳо расонидашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бо тариқи судӣ аз ҷониби ин мақомот ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 11. Боздоштан ва қатъ намудани фаъолияти савдои хориҷӣ
Фаъолияти субъектҳои савдои хориҷӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо қарори суд боздошта ё қатъ карда  мешавад. Нисбат ба қарор дар бораи боздоштан ё қатъ намудани фаъолияти савдои хориҷӣ бо тариқи судӣ шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 12. Иттилооти махфӣ
1. Ҳар иттилооте, ки аз рўи хусусияташ махфӣ мебошад ё аз ҷониби тарафҳо нисбат ба ҳар як расмиёти бо Қонуни мазкур танзимшаванда ба таври махфӣ пешниҳод мегардад, ҳамчун иттилооти махфӣ баррасӣ мешавад.
2. Иттилооте, ки аз рўи хусусияташ махфӣ мебошад, иттилоотеро дар бар мегирад, ки ифшои он метавонад барои рақиб афзалиятро дар рақобат таъмин намояд ё ба тарафи пешниҳоднамудаи иттилоот ё тарафе, ки аз он иттилоот гирифта шудааст, таъсири назарраси манфӣ расонад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ ё ҳар мақоми давлатие, ки дар расмиёти марбут ба фаъолияти савдои хориҷӣ иштирок менамояд ё шахсони мансабдори онҳо барои ифшои иттилооте, ки дархост дар бораи махфӣ будани он аз ҷониби таҳвилгари он пешниҳод гардида, мутобиқи Қонуни мазкур бе иҷозати махсуси таҳвилгари (соҳиби) иттилоот ба даст оварда шудааст, ҳуқуқ надоранд.
Моддаи 13. Шаффофият
1.  Ҳеҷ як чораи маҳдудкунанда то гузаштани 30 рўз пас аз нашри расмии он эътибор пайдо карда наметавонад, агар бевосита дар Қонуни мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд бо дархости хаттии шахси манфиатдор иттилоотро дар бораи татбиқи Қонуни мазкур пешниҳод намояд.
Моддаи 14. Таъмини шароити мусоид барои дастрасӣ ба бозорҳои
                      хориҷӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии субъектҳои ватании фаъолияти савдои хориҷӣ ба бозорҳои давлатҳои хориҷӣ чораҳо андешида, бо ин мақсад гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мегузаронад, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо мерасонад, инчунин ҷиҳати мусоидат ба инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ ва комиссияҳои байниҳуқуматӣ иштирок менамояд.
БОБИ 2. САВДОИ ХОРИҶИИ МОЛ
Моддаи 15. Ҳуқуқи воридот ва содироти мол
1. Ҳар шахс мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонад  молҳои зеринро, бо назардошти мақоми онҳо, вале бо он маҳдуд нашуда, ворид ё содир намояд:
-  молҳое, ки барои фурўш, коркарди дохилӣ ё берунӣ ва ё ҳар муомилоти дигари тиҷоратӣ, бо назардошти қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти тиҷоратӣ пешбинӣ гардидаанд;
-  молҳои барои эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқӣ, истифодаи шахсӣ ё оилавӣ пешбинигардида;
-  молҳое, ки барои амалӣ гардонидани фаъолияти касбӣ, аз ҷумла фаъолияти соҳибкорон, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва шахсони воқеии  бо фаъолияти касбӣ ё хизматрасонӣ машғулбуда пешбинӣ гардидаанд.
2. Шахсони хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури тиҷоратӣ надоранд (агар онҳо намояндагӣ ё филиал ва ё дар ҳар шакли дигар ташкилоти соҳибкорӣ ва ё касбӣ надошта бошанд), барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани мол дар ҳар марҳилаи воридот бевосита ва ба қадри зарурат барои истифода бурдан аз хизматҳои брокери гумрукӣ (намоянда) ё ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқии маҳаллӣ ҳуқуқ доранд. Вале чунин воридкунандагон барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхтан ё паҳн намудани ин молҳои воридотӣ ҳуқуқ надоранд. Воридкунандагоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури тиҷоратӣ надоранд, молҳои воридотиро танҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие расонида метавонанд, ки барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн намудан ва фурўхтани чунин молҳо ҳуқуқ доранд. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
Моддаи 16. Маҳдудиятҳои миқдорие, ки аз тарафи Ҳукумати
                      Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд
1. Воридот ва содироти мол, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур, бидуни маҳдудиятҳои миқдорӣ амалӣ мегарданд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин метавонад маҳдудиятҳои миқдории содиротро муқаррар намояд:​
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 43-49 Қонуни мазкур ба сифати чораи муҳофизатӣ метавонад маҳдудиятҳои миқдориро ба воридот ҷорӣ намояд.
Моддаи 17. Истифодаи ғайритабъизии маҳдудиятҳои миқдорӣ
1. Дар сурате ки, агар Қонуни мазкур ба муқаррар намудани маҳдудиятҳои миқдории содирот ва (ё) воридоти мол иҷозат дода бошад, чунин маҳдудиятҳо, сарфи назар аз кишвари истеҳсолкунандаи мол татбиқ карда мешаванд.
2. Дар сурате ки, агар ҳангоми муқаррар намудани маҳдудиятҳои воридоти мол тақсимоти ҳиссаҳо барои воридоти мол байни давлатҳои хориҷии манфиатдор сурат гирад, воридоти қаблии мол аз чунин давлатҳо ба назар гирифта мешавад.
Моддаи 18. Огоҳинома дар бораи миқдор
Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд дар давоми мўҳлати муайян дар бораи миқдори умумӣ ё арзиши молҳое, ки ба воридот ё содироташон мутобиқи Қонуни мазкур иҷозат дода шудааст, инчунин дар бораи ҳар гуна тағйирот дар миқдор ё арзиши онҳо огоҳиномаи оммавӣ пешниҳод намояд.
Моддаи 19. Тақсимоти квотаҳо
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд квотаҳоро дар асоси огоҳиномаи оммавӣ дар бораи пешниҳоди аризаҳо тақсим намояд.
2. Огоҳиномаи оммавӣ бояд 8 рўз пеш аз тақсимоти квотаҳо интишор карда шавад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд квотаҳоро дар асоси меъёрҳои обективию оқилона ва шартҳои дар огоҳиномаи оммавӣ зикргардида, ки набояд ҳадафи муҳофизат ё натиҷаи таҳрифсозандаи рақобатро дошта бошанд, тақсим намояд, аз он ҷумла:
- нишондиҳандаҳо дар бораи истифодаи квотаҳои қаблан ҷудогардида аз ҷониби аризадиҳанда;
- тақсимоти квотаҳо ба шахсоне, ки ба онҳо квотаҳо қаблан тақсим нашуда буд.
4. Дар қарорҳо оид ба тақсимоти квотаҳо бояд шартҳое, ки аз ҷониби шахсони квотагиранда иҷро гарданд, аз он ҷумла мўҳлати на зиёдтар аз як сол, ки квотаҳо дар давоми он бояд истифода шаванд, зикр ёбанд.
5. Агар шахсе, ки ба ў квота ҷудо гардида буд, онро мутобиқи шартҳои огоҳиномаи оммавии дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда истифода накунад, мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад қарорро дар бораи тақсимоти квота бекор карда, онро ба шахси дигар ҷудо намояд.
6. Шумораи интиқол дар давраи амали квота номаҳдуд мебошад.
7. Воридкунанда дар интихоби кишвари таҳвилгар, содиркунанда бошад, дар интихоби кишвари таъинот озоданд.
8. Шахсе, ки ба ў квота ҷудо шудааст, наметавонад чунин квотаро ба шахси дигар диҳад ё барои истифодаи он аз тарафи шахси дигар имконият диҳад.
Моддаи 20. Манъи савдои хориҷии мол
1. Воридот ва содироти молҳо ба ҳудуд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин транзити онҳо тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, агар муомилоти чунин молҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ бошад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад воридот, воридоти муваққатӣ ё транзити молҳоро манъ кунад, агар гардиши чунин молҳо мутобиқи қонунгузории кишвари содиркунанда, кишвари истеҳсолкунанда ё кишвари таъиноти онҳо манъ гардида бошад.
Моддаи 21. Пардохтҳое, ки вобаста ба воридот ва содироти мол
                             ситонида мешаванд
1. Ҳамаи пардохтҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба воридот ва содироти мол ситонида шуда, боҷҳои гумрукӣ ё андозҳои дигар намебошанд, набояд аз арзиши тахминии хизматҳои расонидашуда зиёд бошанд  ва моли истеҳсоли Тоҷикистонро ҳифз намоянд ё ба мақсадҳои молиявӣ ситонида шаванд.
2. Моддаи мазкур нисбат ба пардохтҳои вобаста ба воридот ва содироти мол ситонидашаванда, аз ҷумла марбут ба инҳо татбиқ мегардад:
- маҳдудиятҳои миқдорӣ;
- иҷозатдиҳӣ;
- амалӣ намудани назорати асъорӣ;
- хизматрасонии оморӣ;
- тасдиқ намудани мутобиқати маҳсулот ба талаботи ҳатмӣ;
- ташхис ва нозирот.
БОБИ 3. НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 22. Иҷозатдиҳӣ
Мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси меъёрҳо, шартҳо ва расмиёти объективонаю оқилона барои воридот, содирот ё транзити молҳои муайян ҳуқуқ дорад иҷозатдиҳиро ҷорӣ намояд.
       Моддаи 23. Меъёрҳо барои иҷозатдиҳӣ ба воридот, содирот ва транзит
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад иҷозатдиҳии воридот, содирот ё транзитро бо мақсадҳои зерин ҷорӣ намояд:
- ҳифзи сарватҳои миллии дорои арзишҳои бадеӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва бостоншиносӣ;
-  таъмини амнияти миллӣ;
-  ҳифзи ахлоқи ҷамъиятӣ;
-  ҳифзи муҳити зист ё захираҳои тамомшавандаи табиӣ;
-  ҳифзи намудҳои растанӣ ва ҳайвоноти нобудшаванда;
-  ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ;
-  иҷрои қоидаҳои махсус вобаста ба тиллою нуқра.
Моддаи 24. Ваколат барои иҷозатдиҳӣ
1. Иҷозат барои воридот, содирот ё транзити мол аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад, ки он ягона мақоми давлатии дорои ваколат барои қабули қарор аз рўи аризаҳо барои иҷозатдиҳӣ ба воридот, содирот ё транзит мебошад.
2. Ариза барои иҷозатдиҳӣ набояд бинобар хатогиҳои ҷузъӣ дар ҳуҷҷатҳо, ки маълумоти асосии дар онҳо дарҷгардидаро тағйир намедиҳанд, рад карда шавад.
3. Қарор дар бораи рад кардани иҷозатдиҳӣ ба аризадиҳанда бояд дар шакли хаттӣ бо асосноккунии чунин қарор пешниҳод карда шавад.
4. Аз болои қарор дар бораи рад кардани додани иҷозат барои воридот, содирот ё транзити мол ба мақоми болоӣ ё суд шикоят овардан мумкин аст.
5. Тартиби додан, бозхондан ва бекор  намудани иҷозати воридот, содирот ё транзити мол тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
Моддаи 25. Шартҳое, ки бояд аз тарафи иҷозатгиранда иҷро карда
                     шаванд
1. Дар иҷозати додашуда бояд шартҳои асосноккардашуда нишон дода шуда бошанд, ки ҳатман аз тарафи иҷозатгиранда иҷро карда шаванд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои муфассалро барои амалӣ намудани воридот, содирот ё транзити молҳои муайян муқаррар менамояд.
3. Иҷозат ба як ё якчанд намуди мол дар ҳолатҳои зерин дода шавад:
- ба маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои дигаре, ки метавонанд паҳнкунандаи мавҷудоти зараррасон ё беморӣ бошанд, ки боиси зарари назаррас ба ҳаёт ва саломатии инсон, ҳайвонот ва наботот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд, иҷозат танҳо ба як навъи мол дода мешавад;
- ба осори бадеӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва бостоншиносӣ иҷозат ба ҳар моли муайян дода мешавад ё ба миқдори зиёди молҳое, ки  як борро ташкил мекунанд, як иҷозат дода мешавад.
Моддаи 26. Асосҳо барои бекор кардани иҷозат
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозати додашударо танҳо дар он сурат бекор карда метавонад, ки агар:
-  пас аз иҷозатдиҳӣ мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур дар бораи манъи воридот ё содироти молҳое, ки нисбат ба онҳо чунин иҷозат истифода мешавад, қарор қабул шуда бошад;
-  соҳиби иҷозат шартҳои онро вайрон кунад;
- иҷозат бе риояи муқаррароти Қонуни мазкур ё санадҳои қонунгузории дахлдор дода шуда бошад;
-  қарор дар бораи иҷозатдиҳӣ ба маълумоти қалбакӣ асос ёфта бошад ё он бо роҳи фиреб ба даст оварда шуда бошад.
2. Дар ҳолатҳои дар сархати якуми қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, иҷозат барои миқдори моли арзишаш пардохтшуда, вале расониданашуда, ба истиснои ҳолатҳои фавқулодда, набояд бекор карда шавад.
3. Ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла хуруҷи бемории ҳайвонот ё наботот ва ё мавҷудоти зараррасонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати содироти молҳои кишоварзии нисбат ба чунин бемориҳо ва мавҷудоти зараррасон ҳассос ва ё дар ҳолати воридоти онҳо, хуруҷ дар кишвари хориҷӣ, ки чунин молҳо бояд аз он кишвар ворид карда шуда, дар навбати худ боиси хатар барои саломатии инсон, ҳайвонот ва наботот шуда метавонанд, дар бар мегиранд.
Моддаи 27. Мўҳлати қабули қарор дар бораи додани иҷозат аз рўи
                     дархостҳо
 Мўҳлати баррасии аризаҳо барои гирифтани иҷозати воридот, транзит ё содирот, агар онҳо бо тартиби воридшавиашон баррасӣ гарданд, набояд аз 10 рўзи корӣ аз санаи бақайдгирии ариза зиёд бошад.
Моддаи 28. Мўҳлати амали иҷозат
1. Иҷозат дар давоми мўҳлати дар он нишондодашуда, вале на зиёдтар аз як сол амал мекунад. Миқдори таҳвили мол дар давоми мўҳлати мазкур номаҳдуд мебошад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ пешбурди феҳристи иҷозатҳои додашударо анҷом медиҳад.
3. Мундариҷа ва тартиби пешбурди феҳристи иҷозатҳои додашуда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 29. Иҷозатдиҳии автоматӣ
  1. Таҳти иҷозатдиҳии автоматӣ иҷозат барои воридот ва содироти моли ба тариқи автоматӣ гирифташаванда фаҳмида мешавад. Иҷозатдиҳии автоматӣ иҷозате мебошад, ки дар он ариза дар ҳама ҳолатҳо маъқул дониста мешавад ва расмиёти он набояд тариқи маҳдудкунии воридот амалӣ карда шавад.
2. Иҷозатдиҳии автоматӣ бояд дарҳол пас аз қабули ариза дар доираи имкониятҳои маъмурӣ, вале дар давоми мўҳлати на бештар аз 10 рўзи кории баъди пешниҳоди ариза дар шакли зарурӣ ва пурра дода шавад. Иҷозатдиҳии автоматӣ инчунин метавонад дар шакли эзоҳи дорои рақами махсуси бақайдгирӣ дар нусхаи аризаи пешниҳодшуда дода шавад.
3. Иҷозатдиҳии автоматӣ бояд ба ҳар аризадиҳанда, ки дархости гирифтани иҷозатро дар ҳар вақти пеш аз барасмиятдарории гумрукии мол пешниҳод кардааст, дар сурати пардохти боҷ барои додани иҷозат, агар чунин боҷ мутобиқи қонунгузорӣ бояд пардохта шавад, дода шавад. 
4. Иҷозатдиҳии автоматӣ дар давоми як сол амал карда, бо пешниҳоди дархост ба таври автоматӣ тамдид карда мешавад. Миқдори тамдидкунии мўҳлати амали иҷозат номаҳдуд аст.
БОБИ 4. ТАЛАБОТИ МАХСУС
Моддаи 30. Сертификатсия
1. Агар мувофиқи муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон талаб карда шавад, ки молҳои содир ё воридшавандаро бояд сертификатҳои муайян ё ҳуҷҷатҳои тасдиқшудае ҳамроҳӣ намоянд, ки додан ё сертификатсиякунонии онҳо берун аз ваколати мақоми дахлдори давлатӣ мебошад, чунин сертификату ҳуҷҷатҳо бояд аз тарафи мақоми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода ва ё тасдиқ карда шаванд.
2. Тартиби сертификатсияи молҳои воридшаванда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Моддаи 31. Талаботи байторӣ, санитарӣ, фитосанитарӣ ва экологӣ
1. Воридот, транзит ва содироти ҳайвонот, наботот, маҳсулоти чорводорӣ, маҳсулоти аз наботот истеҳсолшуда ва дигар молҳое, ки метавонанд паҳнкунанда ва гузаронандаи мавҷудоти зараровар ва бемориҳои сироятӣ бошанд ва ин метавонад ба ҳаёт ва саломатии инсон, ҳайвонот ва наботот таъсир расонад ё онҳоро таҳти хатар гузорад, метавонад аз кишварҳои муайян ё ҳудуди онҳо дар асоси тавсияҳо ва дастурҳои байналмилалӣ, маълумоти мавҷудаи илмӣ дар бораи вазъи саломатии ҳайвонот ва набототи чунин кишварҳо ё қаламравҳо дар муқоиса бо вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.     (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
2.  Воридот, транзит ва содироти мол бояд ба талаботи байторӣ, санитарӣ ва фитосанитарӣ, ки қонунгузорӣ барои навъи муайяни мол муқаррар кардааст, мутобиқат намоянд.
3. Воридоти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ хатарнок мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таҳти назорати махсус қарор дода шавад.
Моддаи 32. Регламентҳои техникӣ
1. Мутобиқат бо регламентҳои техникии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда метавонад ҳамчун шарт барои воридоти мол муқаррар карда шавад. Мутобиқати моли воридотӣ ба талаботи регламентҳои техникӣ бояд бо сертификат ё эъломияи мутобиқати мақоми ваколатдори давлатии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат тасдиқ карда шавад.
2. Регламентҳои техникӣ, ба маънои қисми 1 моддаи мазкур  меъёрҳои ҳатмиро барои дар муомилот қарор додани молҳо бо мақсади ҳифзи амнияти миллӣ, саломатӣ ва ҳаёти инсон,  ҳайвонот,  наботот ва ҳифзи муҳити зист муқаррар менамоянд. Регламентҳои техникӣ бояд сарфи назар аз маҳалли истеҳсоли мол татбиқ гардида, метавонанд тавсифи мол ё усулҳои коркард ва истеҳсоли ба он дахлдошта, аз ҷумла муқаррароти истифодашавандаи маъмурие, ки мутобиқат бо онҳо ҳатмӣ мебошад, шартҳои техникӣ, истилоҳот, аломатҳо, масолеҳи борбандӣ, тамғаҳо ва шартҳои тамғазаниро дар бар гиранд, зеро онҳо нисбат ба мол, раванд ё усули истеҳсоли молҳо татбиқ карда мешаванд.
3. Мутобиқат бо стандартҳо наметавонад ба сифати шарти ҳатмии воридоти мол муқаррар карда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки стандарт қисми ҷудонопазири регламенти техникӣ бошад.
БОБИ 5. САВДОИ ХОРИҶИИ ХИЗМАТРАСОНИҲО
Моддаи 33. Савдои хориҷии хизматрасониҳо
1. Савдои хориҷии хизматрасониҳо бо усулҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:
   -  аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди ҳар кишвари дигар ва аз ҳудуди ҳар кишвари дигар ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
   - аз ҷониби шахси ватанӣ ба шахси хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
   - аз ҷониби шахси ватанӣ тавассути  ҳузури тиҷоратӣ дар ҳудуди ҳар кишвари дигар ё аз ҷониби шахси хориҷӣ тавассути ҳузури тиҷоратӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  - аз ҷониби шахси воқеии ватанӣ дар ҳудуди ҳар кишвари дигар ё аз ҷониби шахси хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
2. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳар шахс тибқи қисми 1 моддаи мазкур  хизмат расонида метавонад.
БОБИ 6. ЧОРАҲОИ МАХСУС ДАР САВДОИ МОЛҲО
               §1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 34. Чораҳо
  1.  
  2.  
  3.  
  4.  
  5.  
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёт ва шартҳои татбиқи чораҳои махсуси савдои дар қисми 1 моддаи мазкурзикргардидаро бо назардошти муқаррароти созишномаҳои дахлдори Созмони Умумиҷаҳонии Савдо муқаррар менамояд.                      
§2. Боҷҳои зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ
Моддаи 35. Меъёрҳои  татбиқи боҷҳои  зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳамон вақт боҷи зиддидемпингӣ ё ҷубронӣ муқаррар карда метавонад, ки дар асоси таҳқиқоти мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур гузаронидашуда муайян шуда бошад, ки:
- воридоти демпингӣ ё субсидиявӣ нисбат ба дараҷаи истеҳсол ё истеъмоли дохилӣ хеле афзоиш ёфтааст;
- ба сабаби демпинг ё воридоти субсидияшуда нархи маҳсулоти воридотӣ нисбат ба нархи маҳсулоти шабеҳи истеҳсоли ватанӣ хеле паст шудааст ва ё нархи маҳсулоти воридшаванда аз нархи моли шабеҳ хеле паст шуда, барои баланд шудани ин нарх имкон надод, ҳол он ки дар ҳолати дигар ин имконпазир мебуд;
- дар натиҷа ба саноати ватанӣ зарари назаррас расонида шуд ё таҳдиди расонидани чунин зарар ҷой дорад.
2. Боҷи зиддидемпингӣ набояд аз маблағи камтарине, ки барои ҷуброни зарари ба саноати ватанӣ расонидашуда зарур аст ё фарқияти
байни арзиши мўътадили мол ва нархи чунин молҳо дар сурати барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуданашон зиёд бошад.
3. Боҷи ҷубронӣ набояд аз маблағи камтарине, ки барои бартараф намудани зарар дар саноати ватанӣ зарур аст ё арзиши пурраи субсидия зиёд бошад.
Моддаи 36. Расмиёти таҳқиқот
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд дар асоси аризаи хаттие, ки аз намояндагони саноати ватанӣ ё аз номи онҳо ворид гардидааст, таҳқиқот гузаронад. 
2. Ариза аз намояндагони саноати ватанӣ ё аз номи онҳо пешниҳодгардида дониста мешавад, агар:
-  он аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватание пешниҳод шуда бошад, ки ҳаҷми умумии маҳсулоташон 25 фоиз ё зиёдтар аз ҳаҷми умумии истеҳсоли дохилии маҳсулоти шабеҳро ташкил диҳад;
- ҳаҷми умумии  муштараки маҳсулоти истеҳсолкунандагони дар сархати якуми қисми мазкур  пешбинигардида зиёда аз 50 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти шабеҳи истеҳсолкардаи он қисми истеҳсолкунандагони ватаниеро ташкил кунад, ки ариза пешниҳод карда, дархостро дастгирӣ мекунанд ё нисбат ба он эътироз баён менамоянд.
3. Истеҳсолкунандагоне, ки бо воридкунандагон ё содиркунандагони маҳсулоти гўё субсидияшуда ё демпингӣ алоқаманданд ва ё истеҳсолкунандагоне, ки чунин маҳсулотро мустақилона ворид менамоянд, набояд ҳамчун қисми саноати ватанӣ баррасӣ шаванд.  
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд аризаи дар қисми 1 моддаи мазкур  пешбинигардидаро баррасӣ намуда, муайян намояд, ки таҳқиқотро оғоз намудан лозим аст ё не.
5. Сарфи назар аз муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур, агар далелҳои кофии ҷой доштани демпинг ё субсидия, зарари назаррас ё  алоқамандии сабабу оқибат мавҷуд бошанд, мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад дар доираи ваколатҳои худ таҳқиқотро оғоз намояд.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ набояд доир ба аризаҳои воридшудаи дорои пешниҳод дар хусуси оғоз намудани таҳқиқот маълумот диҳад. Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд дар бораи қарор оид ба оғоз намудани таҳқиқот ва ҳар марҳилаи минбаъдаи расмиёт иттилоъ диҳад.
7. Таҳқиқот, ба истиснои ҳолатҳои махсус, бояд дар давоми як соли пас аз оғоз гардиданаш ба итмом расонида шуда, дар ҳеҷ сурат пас аз оғоз шуданаш набояд зиёда аз 18 моҳ давом кунад.
Моддаи 37. Ариза оид ба оғоз намудани таҳқиқот
Ба ариза дар бораи оғоз намудани таҳқиқот бояд ҳамаи далелҳои зарурӣ, аз ҷумла маълумоти зерин замима карда шаванд:
-  тавсифи маҳсулоти эҳтимолан демпингӣ;
- шахсияти аризадиҳанда ва иттилоот оид ба саҳми аризадиҳанда дар ҳаҷми умумӣ ва арзиши истеҳсоли дохилии маҳсулоти дар сархати якуми моддаи мазкур  пешбинигардида;
- номи кишварҳои содиркунанда, номи ҳар содиркунанда ё истеҳсолкунандаи хориҷии ба аризадиҳанда маълум ва рўйхати шахсони маълуме, ки маҳсулоти эҳтимолан демпингиро ворид месозанд;
- иттилоот дар бораи мавҷудияти демпинг ва/ё субсидия, вайрон кардани истеҳсолоти дохилӣ ба сабаби демпинг ё воридоти субсидияшуда ва дар бораи алоқамандии сабабу оқибати байни демпинг ё воридоти субсидияшаванда ва зарар.
Моддаи 38. Тарафҳои манфиатдор
1. Тарафҳои манфиатдор, аз  ҷумла истеъмолкунандагони саноатии маҳсулоти мавриди таҳқиқот ва ташкилотҳои намояндагии истеъмолкунандагон метавонанд дар таҳқиқот иштирок намуда, манфиатҳои худро муҳофизат намоянд ва дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
- бо тарафҳои дорои манфиатҳои мутақобила вохўрда, ақидаи муқобилро шунаванд ва далелҳои муқобилро пешниҳод намоянд;
- фикру ақидаи худро шифоҳан баён намоянд ва агар онҳо сипас дар шакли хаттӣ пешниҳод ва ба дигар тарафҳо пешкаш гарданд, аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба инобат гирифта мешаванд;
- ҳар иттилооти ғайримахфиро дар ихтиёр дошта бошанд. 
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ қабл аз қабули қарор оид ба демпинг ва/ё субсидия, бояд дар бораи далелҳои асосии баррасишаванда, ки барои оғози расмиёти таҳқиқот замина мегузоранд, ҳамаи тарафҳои манфиатдорро огоҳ намуда, ба онҳо имконият диҳад, ки дар давоми 30 рўз далелҳои худро пешкаш намоянд. Пас аз гузаштани ин мўҳлат мақоми ваколатдори давлатӣ бояд қарор қабул намояд.
Моддаи 39. Қабули қарор
Дар сурате, ки агар ҷой доштани демпинг ё субсидия тасдиқ карда шавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ситонидан ё наситонидани боҷҳои зиддидемпингӣ ё ҷубронӣ қарор қабул менамояд.
Моддаи 40. Чораҳои муваққатӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гузаштани 60 рўз аз санаи оғоз гардидани таҳқиқот, агар ҳолатҳои зерин муайян шуда бошанд, ҳуқуқ дорад чораҳои муваққатии зиддидемпингӣ ё ҷуброниро татбиқ намояд:
- эҳтимолияти ҷой доштани демпинг ва/ё субсидия ва зарари пайвастаи ба саноати дохилӣ расонидашуда;
- таъхир зараре расонад, ки барқарор намудани он мушкил хоҳад буд;
- ба тарафҳои манфиатдор имконияти муносиб дода шуд, то маълумоти худро, ки барои ҳифзи манфиатҳояшон заруранд, пешниҳод намоянд.
2. Ҳама гуна қарорҳо оид ба амалисозии чораҳои муваққатӣбояд расман интишор карда шаванд.
  1. Татбиқи чораҳои муваққатӣ дар ҳолати боҷҳои зиддидемпингӣ набояд аз шаш моҳ ва дар ҳолати боҷҳои ҷубронӣ аз чор моҳ зиёдтар давом кунад.
Моддаи 41. Ҷамъоварӣ ва баргардонидани боҷҳо
1. Агар маблағи ниҳоии зиддидемпингӣ ё ҷубронӣ аз боҷи пешакӣ пардохташудаё маблағи бо мақсадҳои замонат ҳисоб кардашуда зиёдтар бошад, пас дар ин сурат фарқияти маблағ ситонида мешавад.
2. Агар пас аз анҷоми таҳқиқот ҷой доштани демпинг ё субсидия тасдиқ нагардад ё боҷи ниҳоӣ нисбат ба боҷи пешакӣ пардохтшуда ва ё маблағи замонат камтар бошад, пас дар ин сурат вобаста ба ҳолат фарқият бояд баргаронида шавад ва ё боҷ аз нав ҳисоб карда шавад.
Моддаи 42. Мўҳлати амал
1. Боҷи зиддидемпингӣ ё ҷубронӣ то замоне эътибор дорад, ки барои бартараф намудани зарар зарур аст, вале ин мўҳлат аз лаҳзаи ҷорӣ гардидани он ё аз рўзи баррасии охирини он, агар ин баррасӣ ҳам демпинг ва ҳам зарарро фаро гирифта бошад, набояд аз 5 сол зиёд бошад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд дар мўҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида зарурати идома додани истифодаи боҷро мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур дар бораи расмиёти таҳқиқот баррасӣ намояд. Боҷ метавонад то ҷамъбасти чунин баррасӣ эътибор дошта бошад.
3. Агар дар натиҷаи баррасии дар қисми 2 моддаи мазкур  пешбинишуда муқаррар карда шавад, ки дар натиҷаи қатъи амали боҷи зиддидемпингӣ ё ҷубронӣ демпинг, субсидия ва зарари ба саноати ватанӣ расонидашуда эҳтимол аст идома наёбад ё такрор нашавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароит бояд боҷи зиддидемпингӣ ё ҷуброниро бекор кунад.
§3. Чораҳои муҳофизатӣ
Моддаи 43. Меъёрҳо барои татбиқи чораҳои муҳофизатӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани зарар ба саноати ватанӣ, инчунин таҳдиди зарар ба саноати ватанӣ бо сабаби афзоиши воридот чораҳои муҳофизатиро татбиқ менамояд, агар мутобиқи талаботи моддаҳои 44-49 Қонуни мазкур муқаррар карда шавад, ки  воридоти маҳсулоти муайян дар давраи муайян ба андозаи мутлақ ё дар муқоиса бо истеҳсолоти дохилӣ ба миқдори афзоишёбанда амалӣ гардонида шудааст ва ё дар шароите амалӣ гардонида шуда бошад, ки чунин воридот ба саноати ватание, ки молҳои шабеҳ ё молҳои бевосита рақобаткунанда истеҳсол мекунад, зарари ҷиддӣ расонидааст ё таҳдиди расонидани чунин зарарро доштааст.
2. Чораҳои муҳофизатии нисбат ба воридоти ҳамаи маҳсулоти дар қисми 1 моддаи мазкур  пешбинигардида, сарфи назар аз кишвари истеҳсол ё кишвари содирот, татбиқ мегарданд.
 
Моддаи 44. Қабули қарор дар бораи татбиқи чораҳои муҳофизатӣ
1. Қарор дар бораи татбиқи чораҳои муҳофизатӣ бояд ба натиҷаҳои таҳқиқоте асос ёбад, ки аз тарафи мақоми дахлдори давлатии ташаббуснишондода, дар доираи ваколатҳои худ гузаронида шудааст.
  1.  
3. Тартиби ташаббус ва гузаронидани таҳқиқот аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 45. Намудҳои чораҳои муҳофизатӣ
1. Чораҳои муҳофизатӣ дар шакли маҳдудиятҳои миқдорӣ ё баланд бардоштани тарифҳо андешида мешаванд. Чораҳои муҳофизатӣ танҳо ба он андозае татбиқ мегарданд, ки барои пешгирӣ ё бартараф намуданизарари ҷиддӣ ва барои осон гардонидани ҷараёни мутобиқсозии истеҳсолот зарур аст. Чораҳои интихобшуда бояд барои ноил шудан ба ин мақсадҳо муносиб бошанд.
2. Агар ба сифати чораи муҳофизатӣ маҳдудияти миқдорӣ истифода гардад, пас он набояд миқдори воридотро поёнтар аз ҳаҷми миёнаи воридоти чунин мол дар давоми се соли нишондиҳандаи қабл аз чунин воридот, ки дар хусуси онҳо чунин маълумот мавҷуд аст, ихтисор намояд, агар асосноккунии дақиқ бо назардошти он, ки дараҷаи дигар барои пешгирӣ ё бартараф намудани зарари ҷиддӣ лозим аст.
Моддаи 46. Мўҳлати амали чораҳои муҳофизатӣ
1. Чораи муҳофизатӣ барои бартараф намудани зарар ба мўҳлати на зиёдтар аз чор соли пас аз лаҳзаи ҷорӣ гардиданаш татбиқ мегардад.
2. Агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи расмиёти дар боби мазкур пешбинигардида муқаррар намояд, ки чораи муҳофизатӣ ҳанўз зарур аст ва дар хусуси дар ҷараёни мувофиқшавӣ қарор доштани истеҳсолот далелҳо мавҷуданд, мўҳлати татбиқ метавонад тамдид карда шавад.
3. Чораи муҳофизатии мутобиқи муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур  тамдидшуда набояд аз мўҳлати то тамдид ҷойдошта дарозтар бошад.
4. Давраи умумии татбиқи чораи муҳофизатӣ набояд аз ҳашт сол зиёдтар бошад.
Моддаи 47. Озодкунӣ (либерализатсия)
1. Агар мўҳлати амали чораи муҳофизатӣ аз як сол зиёдтар бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми мўҳлати татбиқи чора онро тадриҷан озод мекунад.
2. Агар мўҳлати амали чораи муҳофизатӣ аз се сол зиёдтар бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи зарурати татбиқи чунин чораро на дертар аз гузаштанинисфи мўҳлати татбиқи чора баррасӣ намуда, дар мавриди зарурат онро бекор мекунад ё ба озодкунии он суръат мебахшад.
Моддаи 48. Татбиқи чораи муҳофизатӣ
1. Чораи муҳофизатӣ нисбати воридоти маҳсулоте, ки қаблан таҳти чунин чора қарор гирифта буд, то ба охир расидани давраи баробар ба давраи татбиқи ин чора амалӣ намегардад. Чунин мўҳлат аз ду сол камтар буда наметавонад.
2. Дар ҳолатҳои истисноӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нисбат ба воридоти маҳсулот пас аз гузаштани як сол чораи муҳофизатиро бо давомнокии 180 рўз ё камтар аз он татбиқ намояд, агар чунин чораи муҳофизатӣ нисбат ба ҳамин хел маҳсулот дар давоми панҷ соли гузашта зиёда аз ду маротиба истифода нашуда бошад.
Моддаи 49. Чораҳои муҳофизатии муваққатӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар шакли баланд бардоштани тарифҳо барои давраи на зиёдтар аз 200 рўз чораҳои муваққатии муҳофизатиро ҷорӣ намояд, агар муайян гардад, ки далелҳо возеҳан аз он шаҳодат медиҳанд, ки:
- воридоти афзоишёфта боиси зарари ҷиддӣ ба истеҳсолоти ватанӣ гардидааст ё таҳдиди расонидани чунин зарарро дорад;
- таъхир дар татбиқи чораҳои муваққатӣ боиси зараре мегардад, ки минбаъд барқарор намудани он мушкил хоҳад буд.
2. Агар таҳқиқоти минбаъда муқаррар намояд, ки ҳаҷми афзоишёфтаи воридот боиси зарари ҷиддӣ ба саноати ватанӣ нагардидааст ё хатари расонидани чунин зарарро надоштааст, ҳар маблағи мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур  ситонидашуда бояд бетаъхир ба воридкунандагони манфиатдор баргардонида шавад.
3. Давомнокии ҳар чораи муҳофизатӣ бояд бо давомнокии умумии чораҳои дар моддаи 46 Қонуни мазкур пешбинигардида ҳисоб карда шавад.
 
Моддаи 50. Шартҳо ва расмиёт
  1. . Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи тавозуни пардохт дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад маҳдудиятҳои миқдории воридоти молро дар ҳолатҳои зерин ҷорӣ намояд:
- пешгирӣ намудани таҳдиди ногузир ё боздоштани камшавии ҷиддии захираҳои асъор;
2. Чораҳо барои ҳифзи тавозуни пардохт набояд ба манфиатҳои тиҷоратӣ ё иқтисодии кишварҳо ё ҳудуде, ки Тоҷикистон дар ин соҳа бо онҳо ўҳдадориҳои байналмилалӣ дорад, зарар расонанд ва набояд бо мақсади ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ муқаррар ва/ё татбиқ карда шаванд. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
 
Моддаи 51. Истифодаи чораҳо барои ҳифзи тавозуни пардохт
1. Чораҳо барои ҳифзи тавозуни пардохт бояд тибқи зарурат боқӣ монда, тадриҷан бо беҳтар шудани тавозуни пардохт коҳиш дода шаванд. 
2. Чораҳо барои ҳифзи тавозуни пардохт набояд монеи воридоти намунаҳои тиҷоратӣ гарданд ё ба риояи муқаррарот дар бораи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ халал расонанд.
 
БОБИ 7. МИНТАҚАҲОИ САВДОИ ОЗОД ВА НАЗДИСАРҲАДӢ
 
Моддаи 52. Минтақаи савдои озод
1.  Минтақаи савдои озод ҳудуди гумрукиест, ки мутобиқи шартномаи байналмилалӣ бо як ё якчанд давлат ё гурўҳи давлатҳо боҷҳои гумрукӣ ва чораҳои дигари маҳдудкунии савдои молҳои дар ҳамин ҳудуди гумрукӣ истеҳсолшуда дар мавриди амали ҳамаи савдои хориҷии чунин молҳо дар доираи ҳудуди гумрукии мазкур бекор карда шудаанд. Зимнан, субъектҳои минтақаи савдои озод ягон ҳамоҳангсозии муҳиме дар мавриди истифодаи боҷҳои гумрукӣ ва дигар чораҳои танзими савдои хориҷии молҳоро бо кишварҳои сеюм амалӣ наменамоянд.
2. Тартиби амалӣ намудани савдо дар минтақаҳои савдои озод ва ҳудуди дахлдоре, ки дар он низомҳои махсуси амалӣ намудани фаъолияти савдои хориҷӣ муқаррар мегарданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
 
Моддаи 53. Савдои наздисарҳадӣ
1. Савдои наздисарҳадӣ дар асоси шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷии ҳамсарҳад амалӣ гардонида шуда, пешниҳоди низоми махсуси мусоиди фаъолияти савдои хориҷиро дар мавриди савдои хориҷии молу хизматрасоние, ки танҳо барои қонеъ гардонидани талаботи маҳал ба молу хизматрасониҳои дар доираи ҳудуди дахлдори наздисарҳадӣ истеҳсолшуда ва барои истеъмол аз тарафи шахсони воқеии дорои маҳали доимии зист дар ин қаламрав ва шахсони ҳуқуқии дорои маҳали ҷойгиршавӣ дар ин қаламрав таъингардида пешбинӣ менамояд. Зимнан, низоми махсуси мусоиди мазкур ба дигар давлатҳои хориҷӣ ё гурўҳи давлатҳои хориҷие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо шартномаҳои байналмилалӣ оид ба пешбинии пешниҳоди низоми мусоидати бештарро ба имзо расонидааст, дахл надорад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
2. Савдои наздисарҳадӣ метавонад аз тарафи шахсони дорои маҳали доимии ҷойгиршавӣ (маҳали зист) дар қаламрави наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хориҷии дорои маҳали доимии ҷойгиршавӣ (маҳали зист) дар қаламрави наздисарҳадии дахлдоре, ки дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати хориҷии ҳамсарҳад муайян шудааст, танҳо барои қонеъ гардонидани талаботи маҳал ба молу хизматрасониҳои дар доираи ҳудуди дахлдори наздисарҳадӣ истеҳсолшуда ва барои истеъмол дар қаламрави дахлдори наздисарҳадӣ таъингардида амалӣ гардонида шавад. (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870)
3.  Тартиби амалӣ намудани савдои наздисарҳадӣ ва ҳудуди дахлдорро, ки дар он низомҳои махсуси амалӣ намудани фаъолияти савдои хориҷӣ муқаррар мегарданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷии ҳамсарҳад муайян менамояд. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с. №1215), (Қ ҶТ аз 18.03.2022с., №1870) \
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 54. Ҳалли баҳсҳо
1. Субъектҳои фаъолияти савдои хориҷӣ метавонанд оид ба қонунгузории нисбат ба аҳдҳояшон истифодашаванда ва интихоби суд ё арбитражи салоҳиятнок ба мувофиқа расанд.
2. Агар қонунгузории татбиқшаванда ё мақомот оид ба ҳалли баҳсҳо аз ҷониби тарафҳо мувофиқа нашуда бошад, пас қонунгузорӣ ё мақомот оид ба ҳалли баҳсҳо мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 55. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
        Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд
Моддаи 56. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии
                     Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти                
                     тиҷоратии хориҷӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти тиҷоратии хориҷӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, №9, мод.226) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 57. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.   
   
 
 
  Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ Раҳмон
 
Ш.Душанбе
3 июли соли 2012
№846
 
                                                         
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АМНИЯТИ НАҚЛИЁТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 15:14
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
847
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.07.2012

Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар бораи АМНИЯТИ НАҚЛИЁТӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 697; ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳоеро, ки ба таъмини амнияти наклиётӣ ва фаъолияти устувори маҷмуи нақлиёт вобастаанд, танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМЙ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-амнияти нақлиётӣ - ҳолати ҳимоя шудани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситахои нақлиёт аз амалхои дахолати гайриконунй;
-таъмини амнияти наклиётй - амалй намудани тадбирхои аз чониби давлат муайяншудаи хукукй, иктисоди, ташкилй дар сохаи мачмуи (комплекси) наклиёт, ки ба хавфи содир шудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ мутобиқат мекунанд;
-амали дахолати ғайриқонунӣ - амали зиддиҳуқуқӣ (аз ҷумла, амали террористӣ), ки ба фаъолияти бехатарии маҷмуи нақлиёт таҳдид намуда, сабабгори зарар расонидан ба ҳаёт ва саломатии одамон, расонидани зарари моддӣ ва ё боиси хавфи ба вуҷуд омадани чунин оқибатҳо гардад;
мақомоти муайяни давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаи хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ ваколатдор кардааст; (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
гуруҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт - мансуб донистани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба гуруҳҳои муайян бо назардошти дараҷаи хавфи содир амали дахолати ғайриқонунӣ ва оқибатҳои эҳтимолии он;
-объектҳои инфрасохтори нақлиёт - маҷмуи технологие, ки роҳи оҳан, роҳҳои обии дохилӣ,хатсайрҳо пайвастакунандаи, роҳҳои автомобилгард, нақбу пул, гузаргоҳи роҳи оҳан ва автобусҳо, бандарҳои махсуси моҳидорӣ ва дарёӣ, воситаҳои бандарӣ, иншоотҳои гидротехники киштиронӣ, аэродромҳо, фурудгоҳҳо объектҳои низоми алоқа, киштиронию ҳавонавардӣ ва идораи ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад, инчунин дигар биною иншоот, дастгоҳҳо ва таҷҳизоте. ки фаъолияти маҷмӯи нақлиётро таъмин мекунанд;
-арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт -муайян намудани дараҷаи ҳимоя шудани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз хавфи содир шудани амали дахолати ғайриқонунӣ;
-ташкилотҳои махсуси соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ - шахсони ҳуқуқие, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт муқаррар гардидаанд; (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
-субъектҳои инфрасохтори нақлиёт - шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳибмулкони объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт мебошанд ё онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд;
-воситаҳои наклиёт - нақлиётҳои хавоӣ, роҳи оҳан, автомобили, оби, барқӣ ва қубурӣ, ки барои ҳамлу нақл муқаррар шудаанд;
- маҷмӯи нақлиёт - объектҳо ва субъектҳои инфрасохтори нақлиёт, воситаҳои нақлиёт;
-сатхи амнияти наклиётй - дараҷаи ҳимоя шудани маҷмуи нақлиёт, ки ба дараҷаи ҳатари содир шудани амали дахолати ғайриқонунӣ мувофиқат мекунад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти нақлиётӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти нақлиётӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
 
Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои таъмини амнияти нақлиётӣ
1.  Мақсади таъмини амнияти нақлиётӣ фаъолияти устувор ва бехатари маҷмуи нақлиёт, ҳимояи манфиатҳои шахе, ҷамъият ва давлат дар соҳаҳои маҷмуи нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ мебошанд.
2.Вазифаҳои таъмини амнияти нақлиётӣ инхоянд:
-  танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар сохаи таъмини амнияти нақлиётӣ;
 - муайян намудани таҳдидҳо оид ба анҷом додани амалҳои дахолати ғайриқонуни;
  • гурӯҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлнёт;
  • тахия ва татбиқи талабот оид ба таъмини амнияти нақлиёти;
  • таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба таъмини амнияти нақлиёти;
  • тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи таъмини амнияти нақлиёти;
  • санҷиш ва назорат дар соҳаи таъмини амнияти нақлиёти;
-таъмини иттилоотӣ, моддию техники ва илмии техникии амнияти нақлиёти.
 
Моддаи 4. Принсипҳои таъмини амнияти нақлиёти
Принсипҳои таъмини амнияти наклиёти инхоянд:
  • қонуният;
  • риояи мувозинати манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат;
  • масъулияти тарафайни шахс, ҷамъият ва давлат дар соҳаи таъмини амнияти нақлиёти;
  • ҳамгироӣ (интегратсия) бо низоми байналмилалии амният;
  • ҳамкории субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва мақомоти давлатӣ.
 
БОБИ 2. АМНИЯТИ НАҚЛИЁТИ ВА ТАДБИРҲО ОИД БА ТАЪМИНИ ОН
 
Моддаи 5. Таъмини амнияти нақлиёти
1.Таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба зиммаи субъектҳои инфрасохтори нақлиёт вогузор карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2.Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиёти аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
Моддаи 6. Арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ
1.Тартиби арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллй ва корхои дохилй муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
2.  Осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ташкилотҳои махсуси соҳаи таъмини амнияти нақлиёти, мақомоти давлатии амнияти миллй ва мақомоти корҳои дохилӣ бо назардошти талаботи таъмини амнияти нақлиёти арзёбӣ карда мешавад.
3. Натиҷаҳои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти тасдиқ карда мешаванд.
4. Интишори маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт мань acт. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
 
Моддаи 7. Гурухбандии объектҳои инфрасохтори наклиёт ва воситахои нақлиёт
1.Миқдори гуруҳҳо ва меъёри гуруҳбандии объектҳои инфрасохтири нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт бо тартибе муқаррар карда мешаванд, ки он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллй, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи рушди иқтисод муайя карда мешавад. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
2.Объектҳои гуруҳбандишуда ба феҳристи объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт дохил карда мешаванд, ки пешбурди он 6а зиммаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти бо тартиби муқарраргардида вогузор карда мешавад. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
Моддаи 8. Сатхи амнияти наклиёти, объектхои инфрасохтори наклиёти ва воситахои наклиёт
1.Бо мақсади андешидани тадбирҳо оид ба таъмини амнияти нақлиёти дар маҷмуи нақлиёт сатҳҳои гуногуни амнияти нақлиёти муқаррар карда мешаванд.
2.Номгӯи сатҳҳои амнияти нақлиёти ва тартиби эълон намудани онҳо дар ҳолати тағйир ёфтани дараҷаи хавфи содиршавии амали дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти маҷмуи нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 9. Талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ
Талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ, ки сатҳҳои амниятро дар асоси моддаи 8 Қонуни мазкур барои гуруҳҳои гуногуни объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба ҳисоб мегирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти наклиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ, мақомоти корхои дохилӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии сохаи рушди иқтисод муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
 
Моддаи 10. Банакшагирӣ ва татбики чораҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт
1. Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт дар асоси натиҷаи арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои наклиёт нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиётро тахия менамоянд. Нақшаҳои зикршуда маҷмуи чораҳоро оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ пешбинӣ менамоянд. Tapтиби таҳияи нақшаҳои зикршударо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиёти дар мувофиқа бо макомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар мекунад. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
2. Нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиётро мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти тасдиқ мекунад. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
3. Нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби субъектҳои инфрасохтори нақлиёт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
4. Интишори маълумоти нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт на воситаҳои нақлиёт манъ мебошад.
 
Моддаи 11. Маҳдудиятҳо ҳангоми қабул кардан ба коре, ки бевосита ба таъмини амнияти нақлиёти алоқаманд мебошад
1. Ба мансабе, ки бевосита ба таъмини амнияти нақлиёти алоқаманд аст, шахсони зерин қабул карда намешаванд:
-онхое, ки доғи суди доранд;
-онхое, ки дар қайди муассисаҳои мақомоти давлатии тандурустӣ бо сабаби бемориҳои рӯҳӣ, майзадагӣ ё нашъамандӣ мебошанд;
-онҳое, ки ваколатҳояшон дар вазифаи давлатӣ пеш аз муҳлат катъ гардидааст ё аз хизмати давлатӣ, аз ҷумла аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти прокуратура ё мақомоти судӣ бо асосҳое озод карда шудаанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир намудани кирдори бадномкунандаи шарафи хизматчии давлатӣ, дағалона ё пайдарпай риоя накардани интизоми меҳнатӣ ва нобоварӣ нисбат баӯ алоқаманд буда, баъди пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳо ё озод шудан аз хизматӣ давлатӣ камтар аз се сол гузашта бошад;
- онҳое, ки дар асоси натиҷаи тафтиши мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронидашуда хулосаи мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар бораи норавоии фаъолияти чунин шахсон дар объектҳои барои ҳаёт ё саломатии инсон, инчунин барои муҳити зист хатари зиёддошта вучуд дошта бошад.
2.  Номгӯи кору ихтисос ва мансабҳое, ки бевосита бо таъмини амнияти наклиёти алокаманданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 12. Таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи амнияти нақлиёти
1. Бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти нақлиёти аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва алоқа низоми ягонаи давлатии иттилоотии таъмини амнияти нақлиёти таъсис дода мешавад, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
2. Низоми итилоотии мазкур инчунин аз маҳзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон иборат мебошад. Чунин маҳзанҳо дар ҳолати иҷрои навъҳои зерини ҳамлу нақл тартиб дода мешаванд:
-ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ ва байналмилалӣ;
-ҳамлу нақли дохилии дур ва байналмилалӣ тавассути роҳи оҳан;
-ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти обӣ ва автомобили:
-ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, нақлиёти дохилии обӣ ва автомобили аз рӯи хатсайри алоҳида, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиёти дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ сурат мегирад. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
3. Маҳзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсй дар бораи мусофирон дар асоси маълумоти пешниходнамудаи сохторхои зерин тартиб дода мешавад:
-субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагон;
-мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
-давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳо дар доираи ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои амнияти нақлиёти.
4. Ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои мусофират (чиптаҳо) маълумоти зерин ба махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон ирсол карда мешавад:
  • насаб, ном ва номи падар;
  • сана ва ҷои таваллуд;
  • намуд ва рақами ҳуҷҷати тасдиккунандаи шахсият, ки дар асоси он хуччати мусофират (чипта) харида шудааст;
- нуқтаи ба роҳ, баромадан, нуктаи таъиншуда, намуди хатсайри ҳаракат (бе истгоҳи гузариш, транзитӣ);
-санаи мусофират.
5.Тартиби ташкил кардан ва пешбурди махзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон, ҳамчунин пешниҳод намудани маълумоти дар он дарҷгардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
6.Субъекти инфрасохтори нақдиёт ё интиқолдиҳандаи давлати хориҷие, ки молики воситаи нақлиёт мебошад, ҳамлу нақли байналмилалии мусофиронро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медихад ва ё ҳудуди онро тибқи дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, маълумоти ҳуҷҷатҳои мусофират (чиптаҳо)-ро ба маҳзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур ирсол менамояд.
7.Риояи тартиби ирсоли маълумоти дар ҳамин модда пешбинишударо ба махзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи нақлиёт, ки вазифаи танзим ва назоратро дар соҳаи нақлиёт ба зима доранд, назорат мекунанд.
8. Интишори маълумот оид ба захираои иттилоотии низоми ягонаи давлатии иттилоотии таъмини амнияти наклиёти манъ аст.
 
Моддан 13. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиколдиҳандагони воситаҳои нақлиёт дар соҳаи таъмини амнияти нақлиёти
1.   Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ доранд, ки:
  • бо тартиби мукарраршуда аз макоми ваколатдори давлатии сохди амнияти наклиёти маълумотро дар бораи масъалаҳои таъмини амнияти нақлиёти дастрас намоянд;
  • ба мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ доир ба таъмини амнияти нақлиётӣ таклифҳо пешниҳод намоянд. (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
2.   Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагон ӯҳдадоранд, ки:
-бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақдиётӣ фавран дар бораи таҳдидҳои содир кардан ва содир шудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт маълумот диҳанд; (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
-  дастурҳо ва қарорҳои шахсони масъули ваколатдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиётиро дар бораи рафъи риоя нашудани талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ мувофиқи моддаи 9 Қонуни мазкур иҷро намоянд; (ҚҶТ 23.12.2021с., №1846)
-дар ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ, ҳамчунин рафъи оқибати онхо, муқаррар намудани сабабу заминаҳои содир шудани онҳо мусоидат намоянд.
 
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
         
 
         Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикитон                                                                   Эмомалӣ Рахмон
 
     ш. Душанбе
3 июли соли 2012
         №847

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРОТОРИЯИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 15:17
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
859
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.07.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МОРОТОРИЯИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ

ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 709;

Ќонуни ЉТ аз 18.03.2015 с., № 1192)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мараторияи санҷишҳои фаъолияти субъекиҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва (ё) техникаю технологияи навро барои васеъ кардани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамояд, муайян ва тартиби татбиқи мораторияро муқарар, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-мораторияи санҷишҳои – муваққатан боздоштани қисми муайани ваколаиҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайяншудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва (ё) техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд;

корхонаҳои истеҳсолӣшахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродии шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ, ки ҳамчун субъектҳои соҳибкории хурд, миёна ва калон фаъолият намуда, ба истеҳсоли мол,таҷҳизот ва маҳсулоти ниёзи мардум машғуланд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1192)

-молу маҳсулотнатиҷаи ниҳоии фаъолияти субъектҳои соҳибкорие, ки талаботи истемоли истеҳсолӣ ё шахсиро таъмин мекунад;

корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулотшахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар давраи мораторияи санҷишҳо ба шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ таъсис ёфта, молу маҳсулот истеҳсол мекунанд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1192)

санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ – шакли фаъолияти мақоми санҷишкунанда оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъекти хоҷагидор мутобиқи талаботи қонунгузорӣ; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1192)

субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣшахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфиродие, ки дорои шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ мебошад;

шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ – ҳуҷҷате, ки субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ будани шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродиро тасдиқ мекунад ва дар асоси Қонуни мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1192)

- мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, барои мониторинги татбиқи мораторияи санҷишҳо масъул мебошад;

-давраи мораторияи санҷишҳо –мўҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, дар тдавоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ карда шудааст;

-азназаргузаронии профилактики – таҳқиқ ва таҳлили вазъи иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш дар давраи мораторияи санҷишҳо амалӣ мегардад;

-мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш – мақомоти андоз, гумрук ва мақомити ваколатдори давлатие, ки номгўи онҳо дар қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ карда шудааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои

                     фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Комисияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияии санҷишҳои фаъолияти субъекҳои

                    соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

 

1. Комисияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (минбаъд – Комисияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория) мақоми доимоамалкунанда буда, аз намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои адлия, молия,рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, андоз, гумрук, сертификатсия, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва намояндагони бахши хусуси иборат буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи татбиқи моратооияи санҷишҳо таъсис додо мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1192)

2. Ҳайати Комисияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория ва низомномаи он аз ҷиниби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 4. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ

 

Мақомотҳои ваколатдори давлатӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- мониторинги татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

-додани шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба субъектони соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

-ба рўйхат гирифтани субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ.

 

Моддаи 5. Мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъекҳои соҳибкорӣ

                    дар соҳаҳои истеҳсолӣ

 

1. Шахсони ҳуқуқӣ васоҳибкорони инфиродӣ метавонанд барои гирифтани шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ бо аризаи хаттӣ ва замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория муроҷиат намоянд.Номгўи ин ҳҷатҳоро Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория тасдиқ мекунад.

2. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис дар соҳаҳои истеҳсолӣ аз рўи меъёрҳои зерин муайян мекунад:

- истеҳсоли молу маҳсулоти таъиноти истеъмоли истеҳслои ё шахсӣ;

- таъминоти моддию техники истеҳсоли молу маҳсулот;

- ҷалби техникаю техналогияи нав дар таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсили молу маҳсулот (барои субъектҳое, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулотро таъсис додаанд ва ё татбиқи техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот дар крохонаи истеҳсолӣ ҷалб намудаанд)

3. Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория аризаро дар мўҳлати ду моҳ баррасӣ карда, барои додани шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ қорор қабул мекунад.

4. Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар асоси қарори Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мўҳлати на дертар аз 3 рўз қабули қарор ройгон дода мешавад.

5. Агар Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория дар давоми 2моҳ аризаро баррасӣ накарда боша два аз рўи он қарор қабул накарда бошад, аризадиҳанда субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ҳисобида шуда, мақоми ваколатдрои давлатӣ ба ў на дертар аз се рӯзи гузаштани муҳлати баррасии ариза ройгон шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсилиро медиҳад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1192)

6.Тартиби муайянсозии мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, бо назардошти талаботи қисми 2 моддаи мазкур дар низомномаи Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи муайян карда мешавад.

 

Моддаи 6. Истисноҳо аз татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ

                     дар соҳаҳои истеҳсолӣ

 

1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсоли оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад:

-агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбати фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷмш аризаи хаттӣ ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад;

-агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва беҳтарии маҳсулоти хўрокворӣ вобаста бошад;

-дар ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ;

-санҷиши объектҳе, ки тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун объекти сатҳи хавфнокиашон баланд муайян шудаанд.

2. Санҷиши фаъолияти субъекиҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

-дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсоли;

- ҳангоми аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (андозсупорандагон) иҷро нагардидани ўҳдадориҳои андоз;

– тибқи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1192)

3. Мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш мувофиқа талаботи моддаи мазкур ўҳдадоранд, киаз натиҷаи санҷиш ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория ҳисоботи хаттӣ пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 7. Азназаргузаронии профилактикӣ дар давраи амали татбиқи мораторияи

                     санҷишҳои фаъолияти субъекиҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

 

1. Мақомоти ваколатдори лавлатии санҷиш дар давраи амали татбиқи моратирияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ санҷишҳоеро,ки муҳлаташон тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро расидааст, ба азназаргузаронии профилактикӣ иваз менамояд.

2. Азназаргузаронии профилактикӣ бо огоҳонидани мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон;

- таъмини бехатирии молу мулки субъекиҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;

- пешгирии риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории андоз аз ҷониби истеҳсолкунандагони молҳои зераксизӣ ва истифодабарандагони қаъри замин.

3. Огоҳонидани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи азназаргузарониҳои профилактикӣ бо пешниҳоди мактуби мақоми ваколатдори давлатии санҷиш амалӣ карда мешавад.

4. Аз натиҷаи азназаргузаронии профилактикӣ шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатии санҷиш ўҳдадоранд тавсиянома таҳия намуда, онро ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ барои бартараф намудани камбудиҳо ва нусхаи онро ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория барои маълумот пешниҳод намояд.

5. Азназаргузаронии профилактикӣ дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мешавад. Аз рўи натиҷаи азназаргузаронии профилактикӣ ҷарима итаъин кардаи намешавад.

 

Моддаи 8. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқукииҶумҳурии

                     Тоҷикистон

 

1. Амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 6 Қоннуни мазкур, вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи татбиқи мораторияи санҷишҳо боздошта мешаванд:

-Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1192)

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаьолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сўхтор»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи метталҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сдандартонӣ»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификаисияи маҳсулот ва хизматрасонӣ»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растинӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»;

2. Баъди анҷоми мораторияи санҷишҳо фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторияи санҷишҳо тибқи моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур мумкин аст мавриди санҷиш ва азназаргузаронии профилактикӣ қарор дода шавад. Дар дигар ҳолатҳо фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи татбиқи мораторияи санҷишҳо мавриди санҷиш ва азназаргузаронии профилактикӣ қарор дода мешавад.

 

Моддаи 9. Ҳалли баҳсҳо

 

Баҳсҳо оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳо аз ҷониби Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория ва ё суд тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.

 

Моддаи 10. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 11. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

1.Қонуни мазкур пос аз интишори расмӣ мивриди амал қарор дода шавад.

2.Сархати понздаҳуми қисми 1 моддаи 8 Қонуни мизкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 3 июли соли 2012

№ 859

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ ИНФИРОДӢ ДАР НИЗОМИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 15:19
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
860
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.07.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ ИНФИРОДӢ ДАР НИЗОМИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 710)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ташкили баҳисобгирии инфиродии маълумотро оид шахсони дар низоми суғуртаи хатмии нафақавии Ҷумҳурӣи Тоҷикистон суғурчташула муқаррар менамояд.

 

Боби 1. Муқаррароти умимӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асасии зерин истифода мешаванд:

- баҳисобгирии инфиродӣ - тартиби ҷамоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумоти, ки барои таъини нафақа дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ зарур мебошанд;

- шахси суғурташуда – шахси воқеие, ки ба манфиати ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонсуғуртаи ҳатмии нафақавӣ анҷом дода мешавад;

- суғуртакунанда – шахси воқеӣ ва шахси ҳуқуқӣ (корхона, муассиса ва дигар ташкилот новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқашон), тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (минбаъд-саҳми суғурта) – ро пардохт менамоядн;

- муассисаи суғурта – мақоми ваколатдори давлатие, ки баҳисобгирии инфиродиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;

- саҳми суғурта- пардохти ҳатмӣ барои нафақаи суғуртавӣ, ки суғуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи суғурта гузаронад;

- ҳисобҳои актуарӣ -таҳлили молиявии фаъолияти низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ барои дурнамои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат бо назардошти вазъи демографӣ, бозори меҳнат ва вазъияти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ки арзёбии ӯҳдадориҳои молиявии субъектҳои суғртаи ҳатмии нафақавӣ ва пешгӯии оқибати молиявии ҳама гунна тагйиротро дар ин низоми дар бар мегирад;

- бойгонии ҳуҷҷатҳо баҳисобгирии инфиродӣ -сохтори таркибии муассисаи суғурта, ки кабулу ҷамоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷчатҳои баҳисобгирии инфиродии дар натиҷа баҳисобгирии инфиродии маълумот дар бораи шахсони суғурташуда  ташкилёфтаро амалӣменамояд;

- ҳуҷчатҳои баҳисобгирии инфиродӣ- ҳуҷҷатҳоие, ки маълумотиинфиродиро оид ба шахсони суғурташуда ва суғуртакунанда, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ва ё суратҳисоби инфиродӣ ва ё суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ташааккул ёфтаанд, дар бар мегирад;

- суратҳисоби инфиродӣ - варақаи шахсии баҳисобгирии шахси суғурташуда, ки барои баҳисогирӣ ва муомилоти сарсояи нафақавӣ пешбинӣ шудааст ва тамоми муносибатҳои байниҳамдигарии молиявӣ (амалиёти оид ҳисоби маблағ, пардохти саҳми суғуртавӣ, индексацияи онҳо ва пардохтҳои суғуртавӣ) –ро бо муассисаи суғурта инъикос намуда, дар шакли электронӣ ҳамчун маҷмӯи қайдҳо дар мошинҳои хомили иттилоот нигоҳ дошта мешавад;

- ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ - ҳуҷҷатҳои дар асоси маълумоти шиноснома, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ё ҳуҷҷатҳои ташкилӣ - фармоишӣ тартибёфта, ки  дурустӣ ва пуррагиимаълумотро дар бораи шахсони суғурташуда,музди меҳнат, дигар даромадҳо, пардохтҳоииҷтимоӣ, собиқаи суғуртавӣ ва вазъи оилавии онҳо тасдиқ мекунад;

- рашаххаси суғуртавӣ - рақами ягонаи суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда, ки дорои дараҷаи назоратӣ буда, имкон меҳад хатои ҳангоми истифодабарии он дар ҷараёнибаҳисобгирии инфиродӣ оӯйдадорро ошкор намояд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсадҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи хатмии нафақавӣ

Максадхои бахисобгирии инфиродй дар низоми сугуртаи хатмии нафакавй инхр мебошанд:

-фарохам овардани шароит барои таъини нафақаҳои суғуртавӣ мутобиқи натиҷаҳои меҳнати ҳар як шахси суғурташуда;

-таъмини пуррагӣ ва дурустии маълумот дар бораи музди меҳнат ва дигар даромадҳо, собиқаи суғуртавӣ, ки андозаи нафақаи суғуртавиро дар мавриди таъини он муайян мекунанд;

-таъини нафақаҳои суғуртавӣ дар асоси собиқаи суғуртавии шахсони суғурташуда ва саҳми суғуртаи пардохтнамудаи онҳо;

  • ҳавасмандгардонии шахсони суғурташуда барои пардохти саҳми суғурта;
  • фароҳам овардани шароит барои назоратӣ пардохти саҳми суғурта ҷониби шахсони суғурташуда;

-дастгирии иттилоотии пешгуии хароҷоти пардохти нафақаҳои суғуртавй, муайян кардани тарифҳои саҳми суғурта, ҳисобкунии нишондихандаҳои асосии мақроиктисоди, гузаронидани ҳисобҳои актуари;

-  содда кардани тартиби таъини нафақаи шахсони суғурташуда на тезонидани расмиёти он.

 

Моддаи 4. Принсипҳои ташкили баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (минбаъд - баҳисобгирии инфиродӣ) дар асоси принсипҳои зерин ташкил карда мешавад:

-  умумӣ ва ҳатмӣ будани баҳисобгирии маълумот дар бораи шахсони суғурташуда;

  • дастрасии маълумот барои ҳар як шахси суғурташуда, ки муассисаи суғурта дар бораи ӯ дорад;
  • истифода бурдани маълумот дар бораи шахсони суғурташуда танҳо бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқҳои нафақавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • мутобиқати маълумоти пешниходгардида дар бораи хаҷми маблағи саҳми суғуртаи гузаронидашуда, ки ҳар як суғуртакунанда, аз ҷумла шахси воқеӣ саҳми суғуртаро мустақилона мепардозад, бо маълумот дар бораи пардохтҳои воқеӣ ва маблағи воридгардидаи саҳми суғурта;

 

  • мунтазам татбиқ намудани баҳисобгирии инфиродӣ дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатии шахси суғурташуда;
  • нигохдорӣ ва махфияти маълумот дар бораи шахсони суғурташуда.

 

БОБИ 2. ТАШКИЛИ БАҲИСОБГИРИИ ИНФИРОДӢ

 

Моддаи 5. Мақоми ваколатдори давлатии баҳисобгирии инфиродй

Баҳисобгирии инфиродиро мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи хатмии нафақавӣ (минбаъд - муассисаи суғурта), ки аз тарафи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 6. Суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда

  1. Муассисаи суғурта барои ҳар як шахси суғурташуда суратҳисоби инфиродии дорои рақами мушаххаси суғуртавӣ мекушояд. Суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда аз қисмҳои (фаслҳои) умумӣ, махсус ва касбӣ иборат аст. Суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба манбаъҳои иттилоотии муассисаи суғурта дохил карда мешаванд.
  2. Дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда маълумоти зерин нишон дода мешаванд:

 

  • рақами мушаххаси суғуртавӣ;
  • насаб, ном ва номи падар;

-  насаб, ном ва номи падари шахси суғурташуда, ки дар вақти таваллуд дошт;

  • санаи таваллуд;
  • ҷойи таваллуд;

 

  • ҷинс;
  • суроғаи ҷойи зисти доимӣ;
  • силсила ва рақами шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиккунандаи шахсият санаи додани ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо ба суратҳисоби инфироди маълумоти дар сарҳатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум на ҳафтуми қисми мазкур нишондодашуда дохил карда мешавад, номи мақомот ва санаи дода шудани онҳо аз тарафи ҳамин мақомот:
  • шаҳрвандӣ;
  • санаи бакайдгирӣ ба сифати шахси суғурташуда;
  • давраҳои фаъолияти меҳнатӣ ва ё фаъолияти дигаре, ки ба собиқаи суғуртавӣ барои таъини нафақаи суғуртавӣ дохил карда шудаанл собиқаи суғуртавие, ки ба шароити махсуси меҳнат, кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ ва маҳалхои ба онҳо баробаркардашуда вобаста аст. Инчунин дигар давраҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқаи суғуртавӣ шомил кардашуда;
  • музди меҳнат ё дигар даромад, ки аз онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғурта пардохта шудааст;
  • маблағи саҳми суғурта, ки суғуртакунанда ба шахси суғурташуда гузаронидааст;
  • маблағи саҳми суғуртаи пардохтгардида ва воридгардида барои шахси суғурташудаи мазкур;

- маълумот дар бораи сармояи ҳисобишудаи нафақавӣ бо назардошти индексатсияи он;

  • маълумот дар бораи муқаррар намудани нафақаи суғуртавӣ ва индексатсияи андозаи он;
  • маълумот дар бораи бастани суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда.

3. Дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда маълумоти зерин нишон дода мешаванд:

  • маблағи саҳми суғуртавӣ, ки ба қисми андӯхти нафақаи суғуртавй ворид гардидааст;
  • маълумоте, ки натиҷаи ҳарсолаи ҷойгиронии маблағи андӯхти нафақавиро дар сармоягузорй инъикос мекунад;
  • маълумоте, ки натиҷаи ҷойгиронии муваққатии маблағи андухти нафақавиро то давраи нишон додани он дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ инъикос менамояд;
  • маълумоте, ки баҳисобгирии даромадро аз сармоягузории маблағи андухти нафақавй инъикос мекунад;

-маълумоте, ки баҳисобгирии ҳароҷоти заруриро барои сармоягузории маблағи андухти нафақавй инъикос менамояд;

  • маълумот дар бораи ба фонди ғайридавлатии нафақа гузаронидами маблағи андухти нафақавӣ;
  • маълумот дар бораи аз фонди ғайридавлатии нафақа ба муассисаи суғурта гузаронидани маблағи андухти нафақавӣ;
  • маблағи аз ҳисоби маблағи андухти нафақавӣ пардохтгардида.

4 Қисми касбии суратҳсоби инфиродии шахси суғурташуда барои баҳисогирии маблағи аз тарафи суғуртакунанда ҷуброн намудани зарари расонидашуда таъин гардидааст, ки он маълумоти зайлро дар бар мегирад:

  • маблағи товони иловаnfн пардохт ва воридгардида барои шахси суғурташуда;
  • маълумот дар бораи индексатсия;
  • давомнокии собиқаи касбй:
  • маблағи пардохтгардида.

5.               Суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инчунин метавонад дигар қисмҳо (фаслҳо) ва маълумотро, ки барои баҳисобгирии босифати- инфиродӣ тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, дар бар гирад.

6.               Суғуртакунанда маълумоти суратҳисоби инфиродии шахси суғурташударо мунтазам саҳеҳу дақиқ намуда, такмил медихад.

  1. Суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дар шакли электронӣ дар тамоми давраи зиндагиаш ва пас аз фавти ӯ  то мӯхлати пешбининамудаи тартиби нигоҳдошти парвандаи нафақавӣ нигоҳ дошта мешавад.
  2. Пас аз фавти шахси суғурташуда маълумот дар бораи фавти ӯ дар муддати як моҳ аз ҷониби мақоми дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта фиристода мешавад. Маълумоти мазкур дар шакли мақаррарнамудаи муассисаи суғурта фиристода мешавад.

9.               Ошкор намудани маълумоти суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.

 

Моддаи 7. Шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

1.               Муассисаи суғурта ба ҳар як шахси суғурташуда шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ медиҳад, ки дар он рақами мушаххаси суғуртавии суратҳисоби инфиродӣ, санаи ҳамчун шахси суғурташуда ба қайд гирифта шудан, насаб, ном ва номи падари ӯ қайд карда мешавад.

  1. Шахсе, ки тибки шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ нахустин маротиба бо корфармо муносибати меҳнатӣ муқаррар намудааст ва мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон аз музди меҳнати ӯ саҳми суғурта пардохта мешавад, аз ҷойи кораш шаҳодатномаи суғуртаихатмии нафақавии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо мегирад.
  2. Шахси воқей, ки сахми суғуртаро мустақилона месупорад, шаҳодатномаи суғуртаи хатмии нафақавиро бевосита дар муассисаи суғуртаи ҷойи қайди худ ба сифати суғуртакунанда мегирад.
  3. Шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар дасти шахси суғурташуда доими нигоҳ дошта мешавад.
  4. Дар ҳолати тағйир ёфтани маълумот дар бораи шахси суғурташуда, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, тибки Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар суратҳисоби инфиродии ӯ сабт мешаванд ва дар ин маврид муассисаи суғурта ба шахси суғурташуда ба ивази шаҳодатномаи қаблан додашуда шаҳодатномаи нави суғуртаи ҳатмии нафақавии дорои ҳамон рақами мушаххаси суғуртавии суратҳисоби инфиродиро медиҳад.

6.               Дар ҳолати гум кардани шаҳодатномаи  суғуртаи  ҳатмии нафақавӣ:

  • шахси суғурташуда, ки тибки шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ кор мекунад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин музди меҳнат саҳми суғурта пардохта мешавад, вазифадор аст, ки дар давоми як моҳи баъди гум шудани шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ бо ариза ба суғуртакунанда дар хусуси барқарор кардани он муроҷиат намояд ва суғуртакунанда бояд ин аризаро бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи рақами мушаххаси суғуртавии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба муассисаи суғурта пешниҳод намояд;
  • шахси воқеӣ, ки мустақилона саҳми суғуртаро месупорад, ӯҳдадор аст, ки дар муддати як моҳи баъд аз гум кардани шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба муассисаи суғуртаи ҷойи зист бо ариза дар хусуси барқарор намудани он муроҷиат намояд;
  • шахси суғурташуда, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатй ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ бо музди мехдате, ки аз он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғурта пардохта мешавад, кор намекунад, инчунин ба сифати суғуртакунанда ба қайд гирифта нашудааст, бояд дар давоми як моҳи баъди гум шудани шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ бо ариза ба муассисаи суғуртаи ҷойи зист дар хусуси барқарор кардани он муроҷиат намояд;
  • муассисаи суғурта аз рӯи аризаи шахси суғурташуда дар бораи гум кардани шаҳодатномаи сғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар давоми як моҳ. баъди  муроҷиат дар асоси  уратҳисоби инфиродии ба номи ӯ кушодашуда тавассути  суғуртакунанда ё шахсан ба ӯ нусхаи шаҳодатномаи мазкурро медиҳад ва барои ҳалли ин масъала муассисаи суғурта ҳуқуқ, дорад аз шахси суғурташуда иттилои иловагиро, ки шахсият ва маълумоти суратҳисоби инфиродии ӯро тасдиқ менамояд, талаб карда гирад.

7.               Муассисаи сугурта шакли аризаро дар бораи ба шахси суғурташуда ба ивази шаҳодатномаи гумшуда додани шаҳодатномаи нави суғуртаи ҳатмии нафакқавӣ муайян мекунад.

8.               Тартиби додани хуҷҷатҳои тасдиккунандаи қайди баҳисобгирии суғуртаи ҳатмии нафақавии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи  8.  Қоидаҳои  умумии  пешниҳоди  ҳуҷҷатҳои  аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

  1. Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ, ки дар бораи шахсони суғурташуда маълумоти дар қисмхои 2, 3 ва 4 моддаи 6 Қонуни мазкур пешбинишударо доранд, ба муассисаи суғурта бо тартиб ва шакли тасдиқнамудаи муассисаи суғурта пешниҳод мегарданд.
  2. Суғуртакунанда ба муассисаи суғурта ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиеро пешниҳод менамояд, ки дар онҳо доир ба тамоми  шахсоне, ки аз рӯйи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ кор карда, аз музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавӣ пардохта мешавад, маълумот мавҷуд мебошад.
  3. Шахсони вокеӣ, ки мустакилона саҳми суғурта месупоранд, худашон ба сифати суғуртакунанда (шахсони суғурташуда) ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро ба муассисаи суғуртаи ҷойи қайд пешниҳод менамоянд.
  4. Ба шахсони суғурташудае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бекор ҳисобида шудаанд, мақомоти дахлдори давлатии шуғли аҳолӣ маълумот пешниҳод менамояд.

5.               Назорати пешниҳоди дурусти хуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро муассисаи суғурта амалӣ менамояд.

6. Суғуртакунанда дар ҳолатҳои зерин ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта пешниход менамояд:

  • хангоми бори аввал ба қайд гирифтан, аз нав ташкил кардан, барҳам додан ва ба сифати суғуртакунанда аз қайд баровардан;
  • хангоми бақайдгирии ибтидоии шахсони воқеие, ки бояд мавриди суғуртаи ҳатмии нафақавй қарор гиранд;
  • дар вақти ба кор қабул намудани шаҳрвандон ё бастани шартномаи ҳуқуқии гражданӣ тибқи музди меҳнате, ки аз он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавӣ пардохта мешавад ва то ин вақт собиқаи  суғуртавӣ  ва  шаҳодатномаи  суғуртаи  ҳатмии  нафақавӣ надоштанд;

-  дар ҳолате, ки шахси суғурташудаи дар назди ӯ коркунанда шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиро гум карда бошад;

-  дар мавриди тағйир ёфтани маълумоти пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва панчуми қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур оид ба шахсони суғурташудаи дар назди ӯ коркунанда.

7.               Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ метавонанд ҳам дар шакли ҳаттӣ ва ҳам дар шакли электронӣ бо назардошти кафолати саҳеҳияти онҳо, ҳифз аз дахолати ғайриқонунӣ ва бе таҳриф пешниҳод гарданд. Дар ин маврид эътибори қонунӣ доштани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии пешниҳодшуда бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақами тасдиқ карда шавад. Масъалаи дар шакли электронӣ пешниҳод кардани иттилоотро муассисаи суғурта дар якҷояги бо суғуртакунандагони мушаххас ҳал менамояд.

8.               Нусхаи ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродй, ки ба муассисаи суғурта пешниҳод гардидаанд, дар дасти суғуртакунандагон мемонад. Нусхаи ҳуҷчатҳои мазкурро суғуртакунандагон бояд мутобиқи коидаҳои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии мухосибй ва хисобоп! нигох доранд.

9.               Тартиб ва муҳлати аз ҷониби суғуртакунанда ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ бо Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Қоидаҳои умумии қабул, баҳисобгирӣ ва коркарди хуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

Муассисаи суғурта қабул, баҳисобгирӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфироди, инчунин ворид намудани маълумоти дахлдорро ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда бо тартиб ва дар муҳлати бо Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ муқарраргардида амалӣ менамояд.

 

Моддаи 10. Қ,оидаҳои баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи хатмии нафақавӣ

Қоидаҳои баҳисобгирии инфиродии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карла мешаванд.

 

Моддаи 11. Қоидаҳои умумии ташкили бойгонии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

1.  Бахисобгирӣ, пурра намудан, нигоҳдорӣ ва тартиби истифодабарии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии барои нигоҳдорӣ қабулгардидаро бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғурта амалӣ менамояд.

2.               Қоидаҳои ташкили бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғуртаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

3. Муҳлати нигохдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғурта, ки дар шакли хаттӣ ва дар шакли электронй эътибори қонунӣ доштани онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои электронии рақами тасдиқ карда шудааст, дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ на камчар аз се сол мебошад.

4.               Ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии муассисаи суғурта пас аз ба охир расидани муҳлати нигохдориашон, баъди шахси суғурташударо бо онҳо шинос намуда, ба дасташ супоридани маълумоти давраи дахлдори суратхисоби инфиродиаш бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.

 

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахси суғурташуда

1.               Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад:

-  соле як маротиба дар сохтори ҳудудии муассисаи суғуртаи ҷойи зист ё ҷойи кор маълумоти суратҳисоби инфиродиашро ройгон дастрас намояд;

- нусхаи маълумотро. ки суғуртакунанда ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ҷиҳати баҳисобгирии инфиродии ӯ пешниҳод кардааст, аз суғуртакунанда ройгон гирад;

-  дар ҳолати бо маълумоти суратҳисоби инфиродиаш розӣ набудан, бо ариза ҷиҳати ислоҳи маълумоти зикргардида ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ва ё ба суд муроҷиат намояд.

2.               Шахси суғурташуда ӯҳдадор аст:

  • дар сохтори ҳудудии муассисаи суғурта аз қайд гузарад;
  • шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиро гирифта, нигоҳ дорад ва бо дархости суғуртакунанда, кормандони сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ва дигар мақомоти давлатӣ пешниҳод намояд;
  • дар мавриди тағйир ёфтани маълумоти суратҳисоби инфиродиаш ё гум кардани шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ бо ариза ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта муроҷиат намояд;

-  бо дархости сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намояд, ки маълумоти ба суратҳисоби инфиродии ӯ мутобиқи ҳамин Қонун воридшавандаро тасдик мекунанд.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғуртакунанда

1.               Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:

  • аз шахсони суқурташуда дар мавриди ба кор қабул кардани онҳо шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавиашонро талаб намояд;
  • дар мувофиқа бо сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ҳуҷчатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродии ирсолгардидаро пурра ва дақиқ намояд.

2.               Суғуртакунанда ӯҳдадор аст:

-  дар мухлати муқарраргардида ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро пешниҳод намояд;

-  аз сохтори ҳудудии муассисаи суғурта шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, инчунин нусхаи шаходатномаи мазкурро гирифта, онҳоро ба шахсони суғурташудае, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ дар назди ӯ кор мекунанд ва аз музди меҳнаташон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавй пардохта мешавад, бо гирифтани имзо дихад;

-  нусхаи ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгирии инфиродиро, ки ба сохтори ҳудудии муассисаи суғурта  барои ворид намудани маълумот ба суратҳисоби инфиродии ӯ пешни.чол гардидааст, ройгон ба ҳар шахси суғурташуда дихад;

- мутобиқати маълумоти шаҳодатномаи суғуртаи ҳатми нафақавии ба шахси суғурташуда додаро бо маълумоти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси мазкур, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ дар назди ӯ кор мекунад ва аз музди меҳаташ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртавӣ пардохта мешавад, назорат кунад.

 

Моддаи 14. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаи суғурта вобаста ба амалӣ намудани баҳисобгирии инфиродӣ

1.               Муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад:

  • аз суғуртакунандагон сари вақт ва дуруст пешниҳод намуданп ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, талаб кунад;
  • дар мавриди зарурӣ аз рӯи натиҷаи тафтиши эътиборнокии маълумоте, ки онро суғуртакунандагон пешниҳод кардаанд, маълумоти мазкурро ислоҳ карда, ба суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда тағйирот ворид намояд ва дар ин бора ба ӯ хабар дихад;
  • хар сол аз фондҳои ғайридавлатии нафақа оид ба ҳуқуқи нафақавии шахсоне, ки суғуртаи ҳатмии нафақавӣ шудаанд, маълумоти дахлдор гирад.

2.               Муассисаи суғурта ӯҳдадор аст:

  • баҳисобгирии инфиродии шахсони суғурташавандаро пас аз бақайдгирии давлатии суғуртакунанда анҷом диҳад;
  • ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро сари вақт мавриди коркард қарор диҳад ва маълумотро ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда гузаронад;

 

  • чиҳати нигоҳдории боэътимоди ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ва суратҳисоби  инфиродии шахсони суғурташуда чора андешад;
  • аз ҷониби суғуртакунандагон пурра ва дуруст пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродиро назорат намояд;
  • дар бораи вазъи суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда, инчунин оид ба натиҷаи сармоягузории маблағи андухти нафақавиашон соле як маротиба ба онҳо ройгон маълумот ирсол кунад;

 

  • ба шахси суғурташуда тибқи муроҷиаташ иттилои дар суратҳисоби инфиродии ӯ мавҷудбударо соле як маротиба ройгон пешниҳод намояд;
  • ба шахсони суғурташуда ва суғуртакунандагон ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, низоми баҳисобгирии инфиродӣ, тартиби пур кардани шаклҳои ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ва пешниҳод намудани маълумотро шарх дихад;

-  бо дархости шахси суғурташуда суратҳисоби инфиродиашро бо пардохтхои аз он амалигардида муқоиса намояд.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 15. Чавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 16. Ҳалли басҳо

Баҳсҳо оид ба масъалаҳои баҳисобгирии инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

3 июли соли 2012

 860

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АНГИШТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 15:21
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
870
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.07.2012

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АНГИШТ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 720)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилиро дар соҳаи ангишт муқаррар намуда, муносибатҳои байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар ин соҳа танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ангишт- кандании сахти сӯзандае, ки дар натиҷаи пӯсидани набототи куҳан дар зери таъсири омилҳои биокимиёвӣ ва физикию кимиёвӣ пайдо шудааст;

- истихроҷи ангишт - маҷмӯи корҳо оид ба канда гирифтани ангишт аз қаъри замин;

- истифодабарии ангишт - истифодабарӣ тариқи сӯзонидан дар оташдонҳо, хумдонҳо, дастгоҳҳои саноатӣ ва маишии гармидиҳӣ, коркарди он ба мақсади ҳосил кардани захираҳои энергетикӣ дар шакли сахт, моеъ, газмонанд ва маҳсулот барои саноати кимиёвӣ ва тиббӣ;

- таҷдиди сохтори саноати ангишт - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба азнавсозии базаи истеҳсолии самараноки истихроҷи (коркарди) ангишт (сланетсҳои сӯзанда) ба мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли кормандоне, ки дар натиҷаи таҷдиди сохтори саноати ангишт аз кор озод шудаанд, инчунин ҳалли масъалаҳои дорои хусусияти экологии ба чунин таҷдид алоқаманд;

- соҳаи ангишт - қисми таркибии комплекси сӯзишворӣ - энергетикӣ буда, маҷмӯи корҳои ташкилӣ, техникӣ ва ҷараёни технологии вобаста ба ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ, нигоҳдорӣ, коркард, интиқол, фурӯши ангишт ва маҳсулоти коркарди онро дар бар мегирад;

- конҳои ангишт - ҷамъшавии табиии ангишт дар қаъри замин, ки аз рӯи сатҳи кунунии баҳодиҳӣ ва технологияҳои саноатӣ дорои аҳамияти иқтисодӣ мебошанд;

- намудҳои алтернативии сӯзишвории аз ангишт ҳосилшаванда - намудҳои сӯзишвории аз ангишт ҳосилшаванда (гази генератор, сӯзишвории ангишти оболуда, сӯзишвории моеъи синтетикӣ ва ғайра), ки истифодабариашон масрафи захираҳои энергетикии қимат ва камчинро қисман ё комилан иваз мекунанд;

- дастгирии молиявии соҳаи ангишт - маблағе, ки аз буҷети давлатӣ  ва манбаъҳои дигар барои таҷдид ва рушди соҳаи ангишт ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи иқтисодиёт ва аҳолӣ ба сӯзишворӣ ва дигар маҳсулотҳо равона карда шудааст;

- корҳои кӯҳӣ- маҷмӯи корҳо оид ба мустаҳкамкунӣ, таъмини бехатарии корҳо ва нигоҳдории ҳафриёти кӯҳии конҳо ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданок;

- дегазатсия (рафъи газҳо) - ба берун кашида баровардани газҳои хатарноки тарканда ба мақсади кам кардани миқдори онҳо дар шахтаҳо, қабатҳои ангишт ва дар ҷойҳои ангишташон кандашуда то меъёри имконпазири муқарраршуда;

- бартарафсозии оқибати иҷрои корҳои кӯҳӣ - иҷрои корҳо оид ба барҳам додани конҳои ҳафриётшуда ва роҳ надодани шахсон ба ин конҳо, таҷзияи таҷҳизотҳо, барҳам додани биною иншоот, аз нав барқарор кардани заминҳои истифодашуда ва бартарафсозии оқибатҳои дигар, аз ҷумла оқибатҳои экологие, ки дар натиҷаи иҷрои корҳои кӯҳӣ ба вуҷуд омадаанд; 

- ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ - ӯҳдадориҳои давлат ва (ё) ташкилотҳои истихроҷкунанда ва коркарди ангишт (сланетсҳои сӯзанда) дар назди кормандоне, ки дар натиҷаи таҷдиди сохтори саноати ангишт ва ё барҳамдиҳии ин ташкилотҳо аз кор озод ва ё ихтисор шудаанд, инчунин дигар табақаҳо (аъзои оилаи кормандони фавтидаи ин ташкилотҳо) ва қисмҳои ҳарбикунонидашудаи садамавию наҷотдиҳӣ, нафақахӯрон ва маъюбон;

- ташкилоти истихроҷкунанда ва коркарди ангишт - шахси ҳуқуқие, ки барои истихроҷ, коркард, фурӯши ангишт ва маҳсулоти коркарди он таъсис дода шудааст;

- корҳо дар шароити хатарноки меҳнат - ҷараёни истеҳсолот ва иҷрои намуди корҳое, ки бинобар таъсири омилҳои душвор пешгӯишавандаи кӯҳӣ-геологӣ ва газию динамикӣ барои кормандони ташкилотҳои истихроҷкунанда ва коркади ангишт хатар доранд;

- корҳо дар шароити зараровари меҳнат - ҷараёни истеҳсолот ва намуди корҳое, ки таҳти таъсири омилҳои зараровар ба саломатии кормандон иҷро карда мешаванд;

барқароркунии саломатӣ баъди басти корӣ (смена) - маҷмӯи чорабиниҳои таъсиррасонии тиббӣ-биологӣ ба организми коргарон пас аз ивазшавии басти корӣ бо мақсади барқарорсозии осебҳои ҷисмонӣ ва рӯҳие, ки дар шароити зараровари меҳнат расонида шудаанд;

- ангишти ҳиссавӣ - ҷудо намудани ҳиссаи муайяни ангишт барои дастгирии иҷтимоӣ ва маишии кормандон;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт - мақоми давлатӣ, ки фаъолияти соҳаи ангиштро танзим менамояд.

 

Моддаи  2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ангишт

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ангишт ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. 

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур фаъолияти ташкилотҳоро дар ҷараёни иктишоф, истихроҷ, коркарди ангишт, сохтмони шахтаҳо, хизматрасонии садамавию наҷотдиҳӣ ва инчунин бартарафсозии оқибатҳои вобаста ба корҳои кӯҳӣ, таъмини кафолати иҷтимоии кормандони ин ташкилотҳо, аз ҷумла назорати давлатӣ оид ба таъмини бехатариро фаро мегирад.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ, НАЗОРАТ ВА  ДАСТГИРИИ МОЛИЯВИИ СОҲАИ АНГИШТ

 

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ангишт

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ангишт мансубанд: 

- муайян намудани сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими соҳаи ангишт;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт; 

- тасдиқи номгӯйи конҳои ангишти дорои аҳамияти стратегӣ;

- тасдиқ намудани барномаҳои мақсадноки рушд ва таҷдиди соҳаи ангишт;

- тасдиқи барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи ангишт;

- тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаҳо, дастурҳои техникӣ, стандартҳо оид ба сифати ангишт, тартиби коркарди конҳои ангишт.

 

Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт

Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт аз инҳо иборатанд: 

- таҳия ва қабули санадҳои зерқонунӣ дар соҳаи ангишт;

- назорати истифодаи мақсадноки Фонди захираҳои конҳои ангишт;

- додани иҷозатнома оид ба истихроҷ, истифодабарӣ ва коркарди ангишт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият";- муайян намудани тартиби ташкил ва анҷом додани мониторинг ва назорати риояи иҷрои шартҳои қарордодҳо;

- ташкили маркази ягонаи иттилоот оид ба ҷустуҷӯ, иктишоф, истихроҷ ва коркарди ангишт;

- тасдиқи қоидаҳои истифодаи иттилооти геологӣ ва геофизикии конҳое, ки моликияти давлатианд ва ба мақсадҳои таълимӣ, илмӣ, тиҷоратӣ, инчунин берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ин иттилоот ҷиҳати таҳқиқи минбаъда;

- муайян намудани зарари дар натиҷаи риоя накардани талабот оид ба истифодаи оқилонаи конҳои ангишт  расонидашуда;

- муайян намудани тартиби пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии ҳавзаҳои ангиштдошта барои сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ;

- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои барҳамдиҳӣ ва боздошти фаъолияти шахтаҳои  ангишт;

- муайян намудани тартиби ҳисоботи геологӣ оид ба сохтор ва захираи конҳои ангишт;

- ташкили низоми назорат оид ба  риоя кардани талаботи бехатарӣ нисбати равандҳои технологии соҳаи ангишт; 

- ташхиси лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои қарордодӣ ва бақайдгирии онҳо;

- муайян намудани миқдори ангишт барои коркард ҷиҳати таъмини талаботи бозори дохилӣ ба маводи сӯзишворӣ;
- мувофиқа намудани барномаҳои корҳои сейсмологӣ, иктишофӣ - геологӣ бо мақомоти марбута;

- таъмини қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои аҳамияти стратегидоштаи қаъри замин;

- ташкили ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ангишт.

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ангишт

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ангишт дохил мешаванд:

- татбиқи барномаҳои минтақавии давлатӣ дар соҳаи ангишт;

- назорати ҳифзи қаъри замин ва муҳити зист.

 

Моддаи 7. Танзим ва дастгирии давлатии молиявии таҷдиди соҳаи ангишт

1. Ба мақсади таъмини рақобатпазирии соҳаи ангишт дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ ташкилотҳои соҳаи ангишт новобаста аз шакли моликияташон дар самтҳои зерин аз дастгирии давлатии молиявӣ бархурдор мешаванд:
- дастгирии давлатии молиявии соҳаи ангишт ва истеҳсоли намудҳои сӯзишвории алтернативӣ аз ангишт;

- барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии ташкилотҳо оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт, таҷҳизонии техникӣ ва тавсеаи онҳо;

- дастгирии молиявии ташкилотҳои зараровари соҳаи ангишт, ки маҳсулоти онҳо аз рӯи меъёрҳои технологӣ ивазнашаванда аст ё таъмин намудани минтақаҳо бо сӯзишвории дигар бо сабабҳои иқтисодӣ ғайримақсаднок аст;

- маблағгузории фаъолияти ташкилотҳои соҳаи ангишт дар давраи муваққатан паст шудани талабот ба ангишт;

- мутобиқсозии иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи ангишт ба талаботи тавозуни сӯзишворӣ - энергетикии давлатӣ;

- ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи ангишт;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иҷрои корҳои соҳаи ангишт.

2. Дастгирии давлатии молиявии ташкилотҳои соҳаи ангишт бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ амалӣ шуда, набояд ба рақобатпазирии ташкилотҳои нафъовари истихроҷкунанда ва коркарди ангишт таъсири манфӣ расонад.

 

Моддаи 8. Намудҳои дастгирии давлатии молиявии ташкилотҳои соҳаи ангишт

1. Маблағи дастгирии давлатии молиявии ташкилотҳои соҳаи ангишт, иҷрои корҳои иктишофӣ - геологӣ ҳамасола дар буҷети давлатӣ алоҳида нишон дода мешавад.

2. Ташкилотҳои соҳаи ангишт новобаста ба иштироки давлат дар сармояи оинномавии онҳо аз дастгирии давлатии молиявӣ истифода мебаранд.

3. Номгӯи ташкилотҳои соҳаи ангиштро, ки аз дастгирии давлатии молиявӣ истифода мебаранд, бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

4. Ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки маблағи дастгирии давлатии молиявиро тибқи таъиноташон истифода намебаранд, аз номгӯи ташкилотҳои аз чунин дастгирӣ истифодабаранда хориҷ карда шуда, ин маблағ байни дигар ташкилотҳои соҳа бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт аз нав тақсим карда мешавад.

 

Моддаи 9. Танзими давлатии сифат ва истифодаи самарабахши захираҳои ангишт 

1. Сифати ангишт аз рӯи стандарту меъёрҳои техникии истихроҷи ангишт (сланетсҳои сӯзанда) ва маҳсулоти коркарди онҳо муайян карда мешавад.

2. Истифодабарӣ ва коркарди навъҳои ангишти коксшаванда ва антратситҳо мутобиқи шартҳои техникии таъиноти ин намудҳои сӯзишворӣ ба роҳ монда мешаванд.

3. Баҳисобгирии истихроҷ ва коркарди ангиштро дар шахтаҳо ва буришҳо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 10. Танзими давлатии меъёрҳо ва қоидаҳои таъмини бехатарии корҳои соҳаи ангишт

1. Меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иҷрои корҳои соҳаи ангишт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои техникӣ муқаррар карда мешаванд.

2. Ҳангоми истихроҷи ангишт ба мақсади ба ҳадди меъёрҳои муқарраршуда кам кардани хатари таркиши гази шахтаҳо, қабатҳои ангишт ва фазои холишудаи шахтаҳо шамол дода шуда, дегазатсия (рафъи газҳо) гузаронида мешаванд. 

 

Моддаи 11. Талабот оид ба истихроҷ, коркард ва истифодаи ангишт

1. Истихроҷ ва коркарди ангишт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда амалӣ мегардад.

2. Лоиҳаҳои истихроҷ ва коркарди конҳои ангишт мавриди экспертизаи давлатии геологӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва муҳандисӣ-сохтмонӣ қарор дода мешаванд.

3. Тартиб ва тарзи коркарди конҳои ангишт мувофиқи шароити кӯҳию геологӣ ба роҳ монда шуда, истихроҷи самаранок ва пурраи захираҳои қаъри замин таъмин карда мешавад.

4. Захираҳои ангишт аз тарафи ташкилотҳое, ки ба истихроҷ ва коркарди саноатии он машғуланд, бо тартиби муқарраргардидаи назорати сифати ангишт ва сари вақт иҷро намудани корҳои геологӣ ва маркшейдерӣ истифода карда мешаванд. 

5. Истеъмолкунандагон ӯҳдадоранд ангиштро танҳо мувофиқи таъиноташ истифода баранд. Дар ҳолати истифодабарии ангишт дар оташдонҳо, хумдонҳои дастгоҳҳои саноатӣ, дегхонаҳои коммуналӣ ва ҷараёнҳои технологӣ, ки барои онҳо ангишт тибқи талаботи техникии  сӯзишворӣ барои мақсадҳои мазкур номақбул аст, истеъмолкунандагон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

6. Барои оташдонҳо, хумдонҳои дастгоҳҳои саноатӣ ва коммуналӣ ангиште истифода бурда мешавад, ки ба талаботи қоидаҳои техникии сӯзишворӣ ва стандартҳои ин намудҳои сӯзишворӣ мувофиқ бошад.

 

БОБИ 3. ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ КОРҲОДАР СОҲАИ АНГИШТ

 

Моддаи 12. Таъмини бехатарии корҳо дар соҳаи ангишт

1. Иҷрои корҳои кӯҳӣ оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт дар шароити ивазшавии пайдарпаи ҷойҳои корӣ ва тағйирёбии доимии шароити ин ҷойҳои корӣ, ҷойгиршавии мураккаби кӯҳӣ - геологии қабатҳои ангишт ва таъсири номатлуби он ба сатҳи замин ва муҳити зист, риояи принсипҳои зерини бехатарии корҳоро зарур мегардонанд:

- афзалиятнокии таъмини бехатарии ҳаёти инсон ва муҳити зист;

- танзими давлатии меъёрҳо ва қоидаҳои иҷрои бехатарии корҳо;

- ташкили шароити бехатарии меҳнат дар ҳар як ҷойи корӣ, таъмини пешбурди бехатарии равандҳои технологӣ тибқи меъёрҳо ва талаботи пешбурди бехатари корҳои вобаста ба истихроҷ ва коркарди ангишт.

2. Кормандони дар корҳои кӯҳӣ машғул буда, бо воситаҳои махсуси инфиродии муҳофизатӣ, аз ҷумла бо либос ва пойафзоли махсус ройгон таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Хизматрасонии садамавию наҷотдиҳии ташкилотҳои истихроҷкунанда ва коркарди ангишт 

1.Хадамоти хизматрасонии садамавию наҷотдиҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

2. Ташкилотҳои истихроҷкунанда ва коркарди ангишт, новобаста аз шакли моликияташон, дар асоси шартнома аз хизматрасонии ҳатмии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои он истифода мебаранд, инчунин аз ҳисоби худ гурӯҳи садамавию наҷотдиҳӣ ташкил менамоянд.

 

Моддаи 14. Хадамоти ҳифзи меҳнат ва назорати истеҳсолӣ 

Дар ташкилотҳои соҳаи ангишт хадамоти ягонаи ҳифзи меҳнат ва назорати истеҳсолӣ ташкил карда мешавад.

 

БОБИ 4. ХУСУСИЯТҲОИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҚТИМОИИ КОРМАНДОНЕ, КИ БА КОРҲОИ

ШАРОИТАШОН ВАЗНИН, ХАТАРНОК ВА ЗАРАРОВАРИ СОҲАИ АНГИШТ МАШҒУЛАНД

 

Моддаи 15. Иҷозат додани кормандон ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари соҳаи ангишт

1. Барои иҷрои корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари соҳаи ангишт мардҳои синнашон на кам аз 18 - сола дар сурати доштани хулосаи тиббӣ барои иҷрои чунин корҳо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ иҷозат дода мешаванд.

2. Номгӯи корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари соҳаи ангишт, нишондиҳандаи дараҷаи хатарнокӣ ва зарароварии касбии соҳаи ангишт бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

3. Номгӯи касбу вазифаҳои мансуб ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии соҳаи ангишт ба "Рӯйхати ягонаи касбҳо ва вазифаҳо" бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.

 

Моддаи 16. Давомнокии вақти кории кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбӣ машғуланд

Барои кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари зеризаминӣ машғуланд, давомнокии вақти кории ихтисоршуда бо тартиби муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 17. Ҳифзи саломатии кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбӣ машғуланд

1. Кормандоне, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии соҳаи ангишт машғуланд, баъди басти корӣ аз тавонбахшии саломатӣ, инчунин ҳар сол як маротиба аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва ҳангоми беморӣ табобат карда мешаванд. 

2. Хароҷоти тавонбахшии саломатии кормандон дар ҷараёни басти корӣ, табобати давра ба давраи тиббӣ ва табобати кормандони дар қисми 1 моддаи мазкур зикрёфта аз ҳисоби маблағи ташкилоти соҳаи ангишт пардохт карда мешавад.

3. Тартиб ва шартҳои тавонбахшии баъди басти корӣ, табобати давра ба давраи тиббӣ ва  табобати кормандоне, ки ба кори шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии соҳаи ангишт машғуланд, аз ҷониби мақоми давлатии соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешаванд. 

 

Моддаи 18. Музди меҳнати кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбӣ машғуланд

Ҳадди ақалли музди меҳнати кормандони машғули корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбии соҳаи ангишт тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Дастгирии иловагии иҷтимоии кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт ва дигар категорияи шахсон

1. Дастгирии иловагии иҷтимоии кормандон ва нафақахӯрони ташкилотҳои соҳаи ангишт тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

2. Ҳангоми ҳалок ва ё маъюб шудани корманди ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ба корҳои шароиташон вазнин, хатарнок ва зараровари касбӣ машғул буд, ба ҳар як узви оилаи дар таъминоташ қарордошта илова ба ҷубронпулии пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо аз ҳисоби ташкилот кӯмакпулии яквақта дода мешавад.

 

Моддаи 20. Дастгирии иҷтимоии кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт ва дигар категорияи шахсони аз кор озод кардашуда

1. Ба кормандон ва дигар категорияи шахсони аз кор озод кардашуда дар ҳолати барҳамхӯрии ташкилоти соҳаи ангишт, ки дар рӯзи озодкунӣ собиқаи кориашон дар чунин ташкилот на кам аз панҷ сол ва ҳуқуқи таъмини нафақаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат кӯмакпулии яквақта дода мешавад.

2. Дар ҳолати фурӯхтани бастаи (пакети) саҳмияҳои ташкилоти соҳаи ангишт, ки дар мавриди барҳам додани конҳои (буришҳои) ангишт моликияти давлатӣ мебошанд ва инчунин барҳам додани қисмҳои ҳарбикунонидашудаи садамавию наҷотдиҳӣ ангишти ҳиссавӣ ба шахсони зерин ройгон дода мешавад:

- ба кормандоне, ки дар минтақаҳои истихроҷкунанда ва коркарди ангишт, дар хонаҳо ва ошхонаҳои бо бухорӣ ва дигар дастгоҳи бо ангишт гармшаванда зиндагӣ мекунанд, агар онҳо чунин ҳуқуқро то фурӯхтани бастаи саҳмияҳои ташкилоти соҳаи ангишт дошта бошанд; 

- ба оилаҳои кормандони конҳои ангишт ва қисмҳои ҳарбикунонидашудаи садамавию наҷотдиҳӣ, ки дар ҳолати иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ва ё дар натиҷаи бемории касбӣ ҳалок шудаанд, ба зан (шавҳар), падару модар, фарзандон ва дигар аъзои оилаи ғайри қобили меҳнати чунин коргарон бинобар сабаби аз даст додани саробон;

- нафақахӯроне, ки ақаллан даҳ сол дар конҳои ангишт, қисмҳои ҳарбикунонидашудаи садамавию наҷотдиҳӣ кор карда, нафақаашон вобаста ба кори иҷрокардаашон дар ин ташкилотҳо таъин шуда бошад;

- маъюбони меҳнат, маъюбони аз рӯи бемории умумие, ки то маъюб шуданашон ҳуқуқи гирифтани ангишти ҳиссавиро доштанд. 

 

Моддаи 21. Манбаъҳои маблағгузории чораҳои дастгирии иҷтимоии кормандони ташкилотҳои соҳаи ангишт

Чораҳои дастгирии иҷтимоӣ, ки қисмҳои 1 ва 2 моддаи 20 Қонуни мазкур муқаррар намудаанд, аз ҳисоби манбаъҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

 - маблағи буҷети давлатӣ барои таҷдиди соҳаи ангишт дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки як қисми саҳмияи онҳо моликияти давлатӣ буданд ва ё дар давраи барҳамдиҳӣ моликияти давлатӣ мебошанд;

- маблағи ташкилотҳои соҳаи ангишт, ки ҳангоми барҳамдиҳӣ дорои шакли дигари моликият мебошанд.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

        

    Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             ЭмомалӢ РАҲМОН

          ш. Душанбе,

 3 июли соли 2012,

            № 870

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 15:24
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
890
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.2012
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827, аз 08.06.2022 № 1882)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии инсон, манфиатҳои истеъмолкунандагон, олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур нисбат ба фаъолият доир ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҷузъҳои он, ҳамчунин маҳсулоти хӯрокҳои парҳезӣ, кӯдакона ва иловаҳои фаъоли биологӣ татбиқ мегардад. Муқаррароти Қонуни мазкур инчунин ба мавод, маснуот, маводи банду баст ва ёрирасони ба маҳсулоти хӯрокворӣ алоқаманд низ паҳн мегардад.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба ҳайвоноти зинда, агар онҳо бо мақсади тайёр намудани маҳсулоти хӯрокворӣ барои фурӯш ба аҳолӣ пешбинӣ нашуда бошанд, нисбат ба растаниҳо то ҷамъоварии ҳосили онҳо ва мева, маҳсулоти косметикӣ тамоку ва маҳсулоти он татбиқ намегардад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- маҳсулоти хӯрокворӣ - маҳсулоте, ки онро дар шакли табиӣ ё коркардшуда (консервшуда) инсон дар хӯрок истеъмол менамояд, аз ҷумла маҳсулоти хӯроки кӯдакона, парҳезӣ, оби нӯшокии дар зарф ҷой кардашуда, маҳсулоти спиртдор, оби ҷав, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, сақич, инчунин ашёи хоми хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ;
- маҳсулоти хӯроки кӯдакона - маҳсулоти хӯрокворие, ки барои ғизои кӯдакони то 14-сола пешбинӣ шуда, ба талаботи физиологии организми кӯдакон ҷавобгӯ мебошанд;
- маҳсулоти хӯроки парҳезӣ - маҳсулоти хӯрокворие, ки барои хӯрокҳои муолиҷавӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо пешбинӣ шудаанд;
- маҳсулоти хӯроквории функсионалӣмаҳсулоти хӯроквории истеҳсоли табиӣ ё сунъие, ки дорои таъми хуш ва сифатҳои сиҳатибахшанда барои инсон буда, барои истифодаи ҳамарӯза ва мунтазам пешбинӣ шудаанд ва дар баъзе мавридҳо метавонанд ҳамчун усули имконпазири табобат барои шахсони дорои вазъи саломатии ба худ хос муқаррар карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- маҳсулоти хоми хӯрокворӣ - ашёи хоми аз растанӣ, ҳайвонот ё маводи микробиологӣ, минералию сунъӣ тайёршаванда ва об, ки барои омода намудани маҳсулоти хӯрокворӣ истифода бурда мешаванд;
- иловаҳои хӯрокворӣ - моддаҳои табиӣ ё сунъӣ ва пайвастаҳои онҳо, ки бо мақсади тағйир додан ва нигоҳ доштани хусусиятҳои муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ ва (ё) нигоҳ доштани сифати онҳо махсус ворид карда мешаванд;
- иловаҳои фаъоли биологӣ - моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли табиӣ, ки барои истеъмоли якҷоя бо хӯрок ё ба таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ омехта намудан пешбинӣ шудаанд;
- мавод ва маснуоти бо маҳсулоти хӯрокворӣ (минбаъд - мавод ва маснуот) алоқаманд - мавод ва маснуоте, ки барои тайёр кардани банду баст, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, аз ҷумла таҷҳизоти технологӣ, асбобу дастгоҳҳо, борҷома, зарфҳо, асбобу анҷоми ошхона;
- бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ - мавҷудияти боварии асоснок ба маҳсулоти хӯрокворӣ, ки истеъмоли он дар шароити муқаррарӣ барои саломатӣ зарарнок нест ва ба саломатии наслҳои ҳозираву оянда хатар надорад;
- арзиши ғизоии маҳсулоти хӯрокворӣмаҷмӯи хосиятҳои маҳсулоти хӯрокворие, ки мавҷудияти онҳо талаботи физиологии инсонро ба моддаҳо ва энергияи зарурӣ қонеъ мегардонад;
- шаҳодатномаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ - ҳуҷҷате, ки дар он мутобиқат ба талабот оид ба бехатарии маҳсулот тасдиқ карда мешавад;
- сертификатсия - фаъолият оид ба тасдиқи мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;
- сертификати мутобиқат - ҳуҷҷати дар асоси қоидаҳои системаи сертификатсия додашуда, ки мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшударо ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ тасдиқ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои техникӣ - ҳуҷҷатҳое (талаботи техникӣ, дастурҳои технологӣ, дастурамалҳо ва ғайра), ки мутобиқи онҳо омодасозӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ гардонида мешаванд;
- регламенти техникӣ - санади меъёрии техникӣ, ки талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди саноатии партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад;
- коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ - коркарди ҳароратӣ (ба ғайр аз яхкунонӣ ва хунуккунӣ), дуддиҳӣ, консервкунонӣ, пухтан, туршкунонӣ, намакхобонӣ, хушккунонӣ, сиркохобонӣ, ғализкунонӣ, тозасозӣ, афшурасозӣ, ҷавҳарситонӣ ё якҷоякунии ин равандҳо (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827);
- ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон талаботи ҳатмиро дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар менамоянд;
- маҳсулоти хӯроквории қалбакӣ - маҳсулот ва ашёи хоми озуқавории тағйирдодашуда ё барқасдона (сохтакорона) ба маҳсулоту ашёи хоми истеҳсолкунандаи муайян ҳаммонанд истеҳсолшуда, ки хусусият ва сифати номаълум доранд ва маълумот дар бораи онҳо ошкоро нопурра ё шубҳаовар мебошад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- ҳаммонандкунии маҳсулоти хӯрокворӣфаъолият оид ба муқаррар намудани мутобиқати маҳсулоти хӯроквории муайян бо маълумот дар бораи чунин маҳсулот, ки дар ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимагашта ва тамғакоғазҳо нишон дода шудаанд;
- коркарди партовҳои маҳсулоти хӯрокворӣкоркарди маҳсулоти хӯроквории хатарнок барои аз он ҳосил кардани маҳсулоти барои хӯрокворӣ пешбининашуда;
- мӯҳлати истеъмол - марҳилаи вақте, ки аз рӯзи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ то рӯзи қобили истеъмол будани онҳо ҳисоб карда мешавад;
- мониторинг - мушоҳидаи доимии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бо мақсади ошкор намудани мувофиқатии он ба натиҷаи дилхоҳ;
- пеститсидҳо - моддаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, пайвастагиҳо ва омехтаҳое, ки бар зидди организмҳои зараррасон, касалиҳои растанӣ, алафҳои бегона, микроорганизмҳо ва паразитҳо истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- нишондиҳандаҳои органолептикӣнишондиҳандаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба воситаи узвҳои ломиса (таъм, бӯй, намуди зоҳирӣ, ранг) муайян ва арзёбӣ мешаванд;
- маҳсулоти нави хӯрокворӣ - маҳсулоти хӯрокворӣ ё ҷузъи он, ки ба андозаи зарурӣ аз тарафи инсон ба сифати хӯрок истифода нашудаанд, ба истиснои маҳсулоти хӯроквории аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;
- истеҳсолоти аввалия - ҷараёне, ки аз кишт, бордоршавӣ, парвариш, сабзиш, ҷамъоварии ҳосил, шикор ва ҳамлу нақли маҳсулоти хом, ҳайвонот ва моҳӣ барои коркарди минбаъда ё борҷомакунӣ ва тақсимот иборат аст (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- коркарди аввалия - ҷараёни технологии коркарди маҳсулоти хоми озуқаворӣ (ҷамъоварӣ, тоза кардан, хушконидан ва резакунии маҳсулоти растанӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани ҳайвоноти кишоварзии забҳшуда, яхкунонӣ, дуддиҳии гӯшту моҳӣ, консервкунӣ, ҳосил кардани равған ва полоиши он, коркард ва пастеризатсияи шир), ки дар натиҷаи он маҳсулот барои коркарди минбаъда ва ё истеъмолкунии бевосита омода карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- мушоҳидакунӣ - қобилияти мушоҳида намудани ҳаракат, тақсимоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ ё моддаҳое, ки метавонанд ё эҳтимолияти ворид шудани онҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ ё хӯроки ҳайвоноти кишоварзӣ дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот, коркард ва тақсимот ҷой дорад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез - низоми ҳаммонандкунӣ, арзёбӣ, таҳлил ва назорати хатарҳое, ки барои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ муҳим мебошанд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
Моддаи 4. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
1. Ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи тавсияҳои ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ, Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба истифодаи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва дигар созишномаҳои дахлдори байналмилалӣ амалӣ гардонида мешаванд.
2. Агар санади ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон назар ба Қонуни мазкур меъёрҳои дигареро пешбинӣ намуда бошад, пас меъёрҳои санади ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 5. Принсипҳои асосии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827)
Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- масъулияти бевосита;
- арзёбии хатарҳо;
- огоҳонидани пешакӣ;
- назорати пурра;
- мушоҳидакунӣ;
- ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ба дараҷаи баланди имконпазир;
- шаффофият;
- реҷаи миллӣ;
- савдои озод (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
Моддаи 6. Таҳия ва қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба таври зерин таҳия ва қабул мешаванд:
- дар доираи барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон зарурӣ;
- бо назардошти принсипҳои илмӣ ва маълумоти мавҷудаи илмӣ, стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ;
- барои роҳ надодан ба табъизи беасос ва ноҳақ дар байни давлатҳои шароиташон якхела ва ба ҳам монанд, аз ҷумла табъиз дар байни ҳудуди худӣ ва қаламрави давлатҳои дигар (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827);
- дар асоси арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии инсон, ки мутобиқи методологияи соҳавии ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад;
- ба тарзе, ки онҳо маҳдудияти ниҳонии савдои берунаро инъикос нанамоянд.
2. Арзёбии таҳдид ба ҳаёт ва саломатии инсон дар раванди таҳия ва қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба маълумоти илмӣ бо назардошти равандҳо ва усулҳои истеҳсолӣ, усулҳои санҷиш, интихоби намуна, озмоиш ва шароити мутобиқи муҳити зист асоснок карда мешавад.
3. Ҳангоми нокифоягии далелҳои илмӣ ҷиҳати арзёбии холисонаи таҳдид дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар асоси маълумоти мавҷуда, аз ҷумла маълумоти ташкилотҳои соҳавии байналмилалӣ ва иттилоот оид ба чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар дигар давлатҳо чораҳои муваққатӣ андешад.
4. Чораҳои андешидашуда дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ метавонанд сатҳи баландтари ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро нисбат ба сатҳе, ки аз ҳисоби чораҳои дар стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ асоснокшуда ба даст меоянд, таъмин намоянд, агар онҳо аз ҷиҳати илмӣ асоснок шуда бошанд ё тахмин равад, ки сатҳи мазкури ҳифз сатҳи мувофиқ мебошад.
5. Ҳангоми қабули чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, бо назардошти чораҳои муваққатии дар ҳолатҳои фавқулодда қабулшуда, мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ пайдоиши маълумоти нави илмиро назорат менамоянд.
Моддаи 7. Чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми мавҷуд набудани стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ
1. Агар стандартҳо, принсипҳои роҳбарикунанда ва тавсияҳои байналмилалӣ мавҷуд набошанд ё чораи соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба стандартҳо, принсипҳои роҳбарикунанда ва тавсияҳои байналмилалӣ мутобиқат накунад ё агар чунин чора ба савдо таъсири ҷиддӣ расонида тавонад, мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ:
- оид ба мақсади истифодаи чора дар марҳилаи ибтидоии омодагии он огоҳинома нашр менамояд;
- тарафҳои манфиатдорро мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар бораи маҳсулоти хӯрокворие, ки нисбат ба онҳо ин чора амалӣ мегардад, хабардор менамояд ва барои қабули чораи мазкур пешниҳоди асоснокшударо пешниҳод менамояд;
- бо хоҳиши мақомоти салоҳиятдори давлатҳои дигар мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ матни санади меъёрии ҳуқуқиро, ки дар он чораи пешниҳодшуда бо ишораи фарқият аз стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ворид шудааст, пешниҳод менамояд;
- барои пешниҳоди ақидаҳо мӯҳлати кӯтоҳтарин муқаррар намуда, бо хоҳиши тарафҳои манфиатдор машваратҳо мегузаронад.
2. Огоҳинома дар бораи маҳсулот, ки ба онҳо чора истифода мегардад ва асос барои қабули чораи пешниҳодшуда дар давоми на камтар аз 75 рӯзи то саршавии амалиёти қабули он пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 8. Баробарарзишии чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Агар мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ муқаррар намояд, ки чораҳои дар дигар давлат татбиқшаванда ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, олами набототу ҳайвонот ба як андоза ё дар сатҳи нисбатан баландтар аз талабот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯроквории дар давлати дигар татбиқшаванда чораҳои баробарарзиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда ҳисобида мешаванд.
2. Дар бораи эътирофи баробарарзишии чораҳо дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ қарор қабул карда мешавад.
Моддаи 9. Расмиёти назорат ва санҷиши давлатӣ
1. Расмиёти назорат ва санҷиши давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба таври зерин амалӣ мешаванд:
- фавран ва бе таъхири иловагӣ ва табъизи маҳсулоти воридшаванда нисбат ба маҳсулоти ҳаммонанди ватанӣ;
- танҳо дар асоси далелҳо ва иттилоот, ки барои гузаронидани расмиёт заруранд;
- ҳангоми иттиллоотонии арзкунанда оид ба мӯҳлати ба охир расидани расмиёт, камбудиҳои дар ариза мавҷудбуда марҳила ва натиҷаи истеҳсолот;
- ба он тарзе ки ҳифзи махфӣ будани иттилоот таъмин карда шавад;
- бо роҳи интихоби намуна танҳо бо он микдоре, ки барои амалӣ намудани расмиёти санҷиш ва сертификатсиякунонӣ зарур мебошад.
2. Агар баъди гузаронидани назорат ва санҷиши давлатӣ дар хусусиятҳои маҳсулот тағйирот ба амал ояд, расмиёти назорат ва санҷиши маҳсулоти дигаргуншуда танҳо аз рӯи зарурат ҷиҳати муайян кардани ҷавобгӯи талаботи дахлдор будани ин маҳсулот сарфи назар аз тағйирот гузаронида мешавад.
Моддаи 10. Маҳсулоти хӯроквории бехатар
1. Дар муомилот метавонанд танҳо маҳсулоти хӯроквории бехатар ҷой дошта бошанд.
2. Маҳсулоти хурокворӣ бехатар ҳисобида мешавад, агар истеъмоли он ҳангоми истифодаи дуруст ва мувофиқ ба саломатии инсон ба таври мустақим ё ғайримустақим зарар нарасонад. Дар мавриди муайян намудани бехатарии махсулоти хурокворӣ чунин ҳолатҳо ба инобат гирифта мешаванд:
- риояи талаботи бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муқарраршуда дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолот ва тақсимот, талабот ба коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯш, инчунин талабот ба омодасозӣ ва истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ мувофиқи таъиноти онҳо;
- мавҷудияти иттилоот барои истеъмолкунандагон, аз ҷумла иттилоот дар тамғакоғаз ва мутобиқати он бо хусусияти истеҳсолкунанда ё дигар иттилооти дастраси истеъмолкунандагон вобаста ба пешгирии таъсири зарарнок ба саломатии инсон аз навъи мушаххаси маҳсулот.
3. Ҳангоми муайян намудани зарари маҳсулоти хӯрокворӣ ба саломатии инсон инҳо ба эътибор гирифта мешаванд:
- оқибатҳои имкопазирӣ мустақим ё ғайримустақим, кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлати нохуш барои саломатии инсон, инчунин имконпазирии чунин оқибатҳо барои наслҳои оянда;
- имконпазирии таъсири кумулятивии (ғуншавии) заҳролудшавӣ;
- эҳсосоти махсуси саломатии гурӯҳи муайяни истеъмолкунандагон, агар маҳсулот ба чунин гурӯҳи истеъмолкунандагон пешбинӣ шуда бошад.
4. Қобили истеъмол набудани маҳсулоти хӯрокворӣ барои инсон дар асоси истифодаи пешбинишуда, ифлосшавии эҳтимолии он аз муҳити атроф ё бо дигар тарз (пӯсидан, вайроншавӣ ё таҷзия ва ғайра) муайян карда мешавад.
5. Агар маҳсулоти хӯроквории зарарнок як қисми миқдор, силсила ё бори маҳсулоти хӯроквории ҳамон категория ва тавсифот бошад, тамоми маҳсулот дар чунин миқдор, силсила ё бор хатарнок ҳисобида мешавад, агар далели дигар набошад.
Моддаи 11. Маҳсулоти хӯроквории хатарнок
1. Маҳсулоти хӯрокворие хатарнок ҳисобида мешаванд, агар онҳо ба саломатии инсон зарарнок ва (ё) барои истеъмоли инсон номувофиқ бошанд.
2. Маҳсулоти хӯрокворӣ хатарнок ҳисобида мешаванд, агар:
- дар таркибашон микроорганизмҳо, бактерияпаразитҳо, заҳрҳои бактериологӣ ва моддаҳои фаъоли кимиёвии бофтаҳои аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор зиёдтар дошта бошанд;
- дар таркиби худ заҳрҳои табиӣ ё дигар моддаҳои заҳрноки табиии аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор зиёдтар дошта бошанд;
- дар таркибашон намакҳои металлҳои вазнин, боқимондаи пеститсидҳо, дорувориҳои байторӣ, гормондор, микотоксинҳо ва дигар моддаҳоеро дошта бошанд, ки аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор баланд бошанд;
- дар таркибашон иловаҳое дошта бошанд, ки дар навъҳои муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ набояд истифода шаванд ё агар таркиби иловаҳои иҷозатдодашуда дар маҳсулоти хӯрокворӣ аз сатҳи пешбининамудаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор баланд бошад;
- дар таркибашон моддаҳои радиоактивии аз сатҳи меъёрӣ зиёдтар ё агар маҳсулоти хӯрокворӣ аз сатҳи иҷозатдодашуда зиёдтар шуоъ зада бошанд;
- борҷома, маводу маснуоте, ки дар якҷоягӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба талаботи муқарраршуда мутобиқ набошанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- аз ҳайвоноте пайдо шаванд, ки аз назорати пешакӣ ва баъдинаи байтории забҳ гузаронида нашудаанд;
- аз ҳайвоноти бемор ё мурда пайдо шаванд;
- тавсифоти органолептикии онҳо бинобар равандҳои ҷисмонӣ, кимиёӣ, микробиологӣ ва ғайра тағйир ёфта бошанд;
- дар таркибашон моддаҳоеро дошта бошанд, ки арзёбии токсикологиро нагузаштаанд ва хатарнокии онҳо барои истеъмоли инсон санҷида нашуда бошад;
- дар таркибашон омехтаҳои механикӣ дошта бошанд;
- ба борҷомаи онҳо чунин нуқсоне расида бошад, ки он ба ифлосшавии микробӣ, кимиёвӣ ё дигаргуншавӣ мусоидат кунад;
- бо тартиби муқарраршуда истеҳсол, коркард, борҷомакунӣ, борчинӣ ва тақсим карда нашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- бо тартиби муқарраршуда тамғагузорӣ ва нишонагузорӣ нашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- мӯҳлат ва (ё) санае, ки то он лаҳза маҳсулоти мазкур бояд истеъмол шавад (барои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки нисбат ба онҳо муқаррар намудани мӯҳлати истеъмол ҳатмӣ мебошад) нишон дода нашуда бошад ё мӯҳлати истеъмоли онҳо гузашта бошад;
- ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва меъёрӣ мутобиқат накунанд;
- қалбакӣ бошанд.
3. Муомилот ва фурӯши маҳсулоти хӯроквории хатарнок манъ аст.
Моддаи 12. Ҳуқуқҳои истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол, муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, мутобиқи Қонуни мазкур чунин ҳуқуқҳо доранд:
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдори давлатӣ ё ташкилотҳо дар бораи натиҷаи назорати давлатӣ ё арзёбии экспертии истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ иттилооти зарурӣ, дастрас ва саҳеҳ гиранд;
- таъмини махфӣ будани ҳама гуна иттилоот ва паҳн накардани иттилооти махфиро талаб намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- аз болои натиҷаи ташхиси озмоишӣ шикоят намоянд, агар ин натиҷа аз натиҷае, ки истеҳсолкунанда бо истифодаи ҳамин гуна ё усулҳои ҳаммонанди таҳлилӣ гирифта фарқ кунад ва дар озмоишгоҳи арбитражии ваколатдор ва акредитатсияшуда таҳқиқоти арбитражӣ гузаронанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои ҳама гуна қарорҳои нозирони дахлдор, ки ба фаъолияти хоҷагидорӣ вобастагӣ доранд, шикоят намоянд;
- барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 13. Ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарон дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, истеҳсол ва (ё) ба муомилот баровардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок ва нораво барои истеъмол ва ё нодуруст тамғазадашуда манъ мебошад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд:
- талаботи Қонуни мазкурро риоя намоянд;
- ҳангоми истеҳсол ва ба муомилот баровардани махсулоти хурокворӣ низоми таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез ва ё дигар низоми таъмини бехатариро ҷорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- дар маҳсулоти хӯрокворӣ истифодаи ҷузъҳои иҷозатдодашуда, бехатар ва дар доираи иҷозат мавҷудбударо таъмин кунанд;
- мавҷудияти иттилооти кофӣ ва боварибахшро оид ба арзиши ғизонокӣ, таркиб, шароити нигоҳдории мувофиқ, чораҳои пешгирӣ ва омодасозии маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин намоянд;
- шароити мувофиқи нигоҳдорӣ ва (ё) банамоишгузории маҳсулоти хӯроквориро таъмин созанд;
- фурӯши маҳсулоти хӯроквории нодуруст тамғазадашудаи хатарнок ва қобили истеъмол набударо пешгирӣ намоянд;
- маҳсулоти хӯроквории истеҳсол ё ба муомилот воридкардаи худро дар ҳолати ошкор шудани далеле, ки чунин маҳсулоти хӯрокворӣ хатарнок ва қобили истеъмол нестанд ё нодуруст тамғагузорӣ шудаанд, ихтиёран мусодира намоянд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- нуқсонҳои маҳсулоти хӯроквории истеҳсолшуда ё дар муомилот бударо, ки ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ намебошанд, ислоҳ намоянд;
- дастрасии бемамониати нозиронеро, ки дар иншооти зертобеъ назорати давлатиро амалӣ мегардонанд, барои гузаронидани чорабиниҳои нозиротӣ таъмин кунанд;
- дар давоми се сол ҳисоби харид ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва маводи ёридиҳандаро, ки дар истеҳсолот ё муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, анҷом диҳанд. Дар ҳолати истеҳсоли силсилавии маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ё маводи ёридиҳанда барои коркард, чунин ҳисоб аз рӯи рақами миқдор амалӣ мешавад.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ мегардонанд ва таҳвилгарони хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар соҳаи хӯроки умумӣ барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории истеҳсолкунанда, таҳвилшаванда ва фурӯхташаванда масъул мебошанд.
Моддаи 14. Таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба воситаҳои зерин таъмин карда мешавад:
- истифодаи чораҳои танзими давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ мегардонанд, гузаронидани чорабиниҳои ташкилӣ, агрокимиёвӣ, байторӣ, технологӣ, муҳандисию техникӣ, санитарию зиддиэпидемиявӣ ва фитосанитарӣ оид ба иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор ба маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити омода сохтан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши онҳо;
- анҷом додани назорати истеҳсолӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити омода сохтан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯши онҳо;
- татбиқи чораҳои гражданию ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро риоя намекунанд.
Моддаи 15. Маълумот дар бораи бехтарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва дар соҳаи хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, ӯҳдадоранд ба харидорон ва истеъмолкунандагон, инчунин мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва санҷиши бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ оид ба риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии дахлдор ҳангоми истеҳсол ва гардиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасонӣ маълумоти эътимоднок пешниҳод намоянд.
2. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ (оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати бехатарии озуқаворӣ) ба шахсони манфиатдор иттилоотро дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳангоми истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ, маҳсулоти хӯроквории нави дахлдор тадбирҳои пешгирии маҳсулоти хӯроквории хатарнок таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
3. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба воситаи маркази ягонаи иттилоотӣ ба шахсони манфиатдор иттилоот, ҳуҷҷат ва маълумоти ба инҳо вобастаро пешниҳод менамоянд:
- чораҳои пешниҳодшуда ва қабулшуда дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- чораҳои назорат, санҷиш ва сертификатсияи маҳсулоти хӯрокворӣ;
- расмиёти арзёбии таҳдид ва усулҳои муайян намудани сатҳи зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- узвият ва иштирок дар ҷаласаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, низоми ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, мавҷудият ва мазмуни созишномаю шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 16. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мансубанд:
- таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ;
- бамеъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва қабули санадҳои меъёрӣ дар доираи салоҳияти худ;
- амалӣ сохтани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 17. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ваколатҳои зерин дорад:
- мусоидат ба таъсиси таҷрибаи зарурии пешбурди истеҳсолот дар тамоми марҳилаҳои коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи тамоми силсилаи истеҳсол, коркард, фурӯш, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва методикаи таҳлили таваккалҳо ва назорат дар нуқтаҳои хатарнок ё методикаи ҳаммонанде, ки сатҳи баланди бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таъмин менамояд;
- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории ворид ва содиршаванда;
- татбиқи барномаҳои маърифатӣ барои истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва истеъмолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ;
- таъсис ва вусъат додани системаи мушоҳидавии маҳсулоти хӯроквории ворид ва содиршаванда;
- назорати бемориҳои ба воситаи маҳсулоти хӯрокворӣ гузаранда, гузаронидани тафтиши дақиқи заҳролудшавӣ аз хӯрокворӣ;
- ҳамкорӣ бо пажӯҳишгоҳҳо ва озмоишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ барои муайян намудани моҳияти бемориҳои ба воситаи маҳсулоти хӯрокворӣ гузаранда;
- таҳия ва тасдиқи талаботи санитарию гигиенӣ дар объектҳое, ки бо истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо, иловаҳои хӯрокворӣ, воситаҳо ва маводи ёрирасон машғул мебошанд;
- тасдиқи меъёрҳои ҳатмии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар меъёрҳои санитарӣ ва талаботе, ки бехатарии зарурии маҳсулоти хӯроквориро таъмин мекунанд;
- амалигардонии назорати давлатӣ барои иҷрои меъёрҳои санитарӣ дар қисмати риояи талаботи қонунгузории санитарӣ, ки ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро танзим менамояд ва гузаронидани мониторинги натиҷаҳои он;
- амалигардонии назорати давлатии ҷорӣ намудани методикаи таҳлили таваккалҳо дар нуқтаҳои таҳдидомез ва низоми ҳаммонанди таъмини бехатарӣ, ки аз тарафи истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва маводи ёрирасон барои коркарду истеҳсол дар объектҳои таҳти назоратбуда (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- гузаронидани назорати давлатӣ ва (ё) санҷиши давлатии объектҳои истеҳсол, коркард ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва маводи ёрирасон дар асоси методика ва муомилаҳои пешқадам тибқи принсипҳои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- додани сертификати гигиенӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ аз рӯи дархости тарафҳои манфиатдор дар асоси натиҷаи ташхиси санитарию эпидемиологӣ;
- таъин ва гузаронидани таҳқиқҳои озмоишӣ барои арзёбии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар объектҳои таҳти назоратбуда;
- тасдиқи номгӯи референс - озмоишгоҳҳо барои гузаронидани таҳқиқоти арбитражии маҳсулоти хӯроквории таҳти назоратбуда;
- назорати маҳсулоти хӯроквории воридотӣ ва транзитии таҳти назоратбуда;
- ташкил ва гузаронидани ташхиси санитарию эпидемиологии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- муқаррар намудани давраҳои назорати давлатӣ дар объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ дар асоси таҳлили таваккалҳо;
- муайян ва тасдиқ намудани номгӯи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба саломатии инсон хавфи зиёд, миёна ва кам доранд;
- иштирок дар кори Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳое, ки ба ваколатҳои он дохил мешаванд, аз ҷумла таҳия ва аз нав баррасӣ намудани талаботи санитарию гигиенӣ;
- амалигардонии мувофиқат, шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, регламентҳои техникӣ ва стандартҳое, ки ба объектҳои маҳсулоти хурокворӣ истифода мешаванд, лоиҳаи объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, методикаҳои ченкунӣ ва усулҳои санҷиши маҳсулоти ҳӯрокворӣ дар масъалаи риояи тадбирҳои санитарии дахлдор;
- тасдиқи номгӯй, методикаҳои ченкунӣ ва усулҳои санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ оид ба масъалаи риояи чораҳои санитарии дахлдор, озмоишгоҳҳое, ки барои ҳаммонандкунӣ, санҷиш ва арзёбии самаранокии маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ пешбинӣ шудаанд;
- пешбурди феҳристи хулосаҳои ташхиси санитарию эпидемиологӣ.
Моддаи 18. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ
(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ваколатҳои зерин дорад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882):
- дар объектҳои парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи аз набототу ҳайвонот пайдогардида ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ назорати давлатии байторию санитарӣ ва фитосанитарӣ гузаронида, хулосаҳои марбутаи байторию фитосанитарӣ медиҳад, ки шаҳодати бехатарии онҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- назорати иҷрои чораҳои байторию фитосанитариро дар қисмати риояи талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот, инчунин инсонро аз бемориҳои ба воситаи ҳайвонот гузаранда (зоонозҳо) танзим менамоянд, ҷорӣ ва амалӣ менамояд;
- ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ оид ба масъалаҳои низоми таҳлили таваккалҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез ё системаҳои ҳаммонанди таъмини бехатарӣ машварат медиҳад ва омӯзиш мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- назорати давлатии ҷорӣ намудани низоми таҳлили таваккалҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез ва низомҳои ҳаммонанди таъмини бехатарӣ, ки онҳоро истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мебаранд ва таҳти назораташ қарор доранд, амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- бо дархости тарафҳои манфиатдор дар асоси назорати давлатӣ ё натиҷаи арзёбии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки таҳти назораташ қарор доранд, ба маҳсулоти хӯрокворӣ санадҳо, шаҳодатномаҳо ва хулосаҳои санҷиши озмоишгоҳии байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- дар доираи ваколатҳои худ назорати байторӣ ва фитосанитарии маҳсулоти хӯроквории воридотӣ ва транзитиро мегузаронад;
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи регламентҳои техникӣ, мувофиқасозии стандартҳо ва шартҳои техникии истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории аз ашёи хоми ҳайвоноту растанӣ ҳосилшаванда, тасдиқи усулҳои санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва номгӯи онҳоро дар объектҳои таҳти назораташ қарор дошта амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- номгӯи референс-озмоишгоҳҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо барои гузарондани тадқиқоти арбитражии маҳсулоти хӯроквории таҳти назораташ қарордоштаро аккредитатсия намудааст, тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- давра ба давра гузаронидани назорати давлатии объектҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории аз ҳайвоноту растаниҳо ҳосилшударо, ки таҳти назораташ мебошанд, дар асоси таҳлили таваккал муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- талаботи байторию санитарӣ ва фитосанитариро барои объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, ки таҳти назораташ қарор доранд, муқаррар ва тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- андозаҳои ҳатмии бехатарии маҳсулоти хӯроквориро, ки таҳти назораташ қарор доранд, тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882);
- феҳристи хулосаҳои ташхиси байториро пеш мебарад;
- системаи мушоҳидавии маҳсулоти хӯроквории воридшаванда ва ватаниро дар доираи ваколатҳои худ таъсис ва ривоҷ медиҳад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқоворӣ назорат ва санҷиши давлатиро барои маҳсулоти хӯроквории зерин амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882):
- маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшуда (бо иловаи истеҳсоли аввалия ва маҳсулоти коркарди аввалия дар объектҳое, ки танҳо коркарди аввалия иҷро мегардад);
- тамоми маҳсулоти аз ҳайвонот ва растаниҳо тайёршуда, ки дар бозорҳо ба фурӯш бароварда мешаванд;
- маҳсулоти аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшуда, ки аз нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар доираи ваколатҳои худ ва бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ назорати давлатии риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқатро дар корхонаҳое, ки маҳсулоти хӯроквории аз ҳайвоноту растаниҳо ҳосилшавандаро барои коркарди аввалия ҳамчун ашёи хом истифода мебаранд, инчунин ташкилотҳои хӯроки умумӣ, савдо ва нигоҳдории яклухти маҳсулоти хӯроквории коркарднашудаи аз ҳайвоноту растаниҳо ҳосилшударо амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
Моддаи 19. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ ва сертификатсияи маҳсулоти хӯрокворӣ;
- таҳия, ташкили кор оид ба тасдиқи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва шартҳои техникӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ;
- гузаронидани назорати метрологӣ ва санҷиши таҷҳизоти корхонаҳое, ки дар онҳо коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ карда мешаванд, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, озмоишгоҳҳое, ки ба саноати хӯрокворӣ вобаста мебошанд;
- ваколатдоркунонии озмоишгоҳҳо ва сертификатсияи низоми бехатарии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ;
- гузаронидани назорати давлатӣ барои риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, фурӯш ва воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ;
- муқаррар намудани тартиби коркарди партовҳо ва нобуд кардани маҳсулоти хӯрокворие, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ мутобиқ намебошанд.
Моддаи 20. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ (минбаъд - Шӯрои ҳамоҳангсоз) мутобиқи Қонуни мазкур бо мақсади амалигардонии мониторинги муттасил ва арзёбии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, барои таъмини сатҳи зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот пешниҳод ва дастгирии илмӣ ва экспертӣ барои қабули қарорҳои мушаххас, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ таъсис дода мешавад.
2. Шӯрои ҳамоҳангсоз аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин аз ҳисоби намояндагони маъруфи ҷамъиятӣ, илмӣ ва экспертҳо, ки фаъолияти касбии онҳо бо таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста аст, таъсис дода мешавад. Шӯрои ҳамоҳангсоз дар асоси низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 21. Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Талабот ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, шароити истеҳсол, омодасозӣ ва муомилоти онҳо, бехатарии хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ аз рӯи меъёру қоидаҳои дахлдори санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
3. Талабот ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз рӯи регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ барои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ амалӣ мегардонанд, ҳатмӣ мебошанд.
Моддаи 22. Арзёбӣ ва тасдиқи мутобиқат
1. Намудҳои муайяни маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод, маснуот ва хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ арзёбӣ ва тасдиқ карда мешаванд.
2. Мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи истеҳсолкунандагон тасдиқ карда мешаванд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсияи ихтиёрии маҳсулотро гузаронанд.
4. Дар ҳолате, ки агар истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ё иҷрокунандаи хизматрасонии сертификатсияшуда дар соҳаи савдои чакана ё хӯроки умумӣ талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии муқарраршударо вайрон кунад, мақоми аккредитатсияшуда, ки сертификатро додааст, ӯҳдадор аст то бартараф кардани вайронкории ҷойдошта истеҳсол, фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва иҷрои хизматрасониро боздорад. Агар бартараф кардани вайронкорӣ имконпазир набошад, мақоме, ки сертификатро додааст, амали онро қатъ мегардонад.
Моддаи 23. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ, назорати фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо ва дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мутобиқи ваколатҳои дар моддаҳои 17, 18 ва 19 Қонуни мазкур зикргардида амалӣ карда мешавад.
2. Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, бо роҳи гузаронидани назорати нақшавӣ ва ғайринақшавӣ (бе огоҳонидани пешакӣ) мутобиқи сатҳи таваккал ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Назорати давлатии давра ба давра гузарондашавандаи ҳама гуна объекти мушаххас, ки ба он талаботи Қонуни мазкур дахл дорад, инҳоро инъикос менамояд:
- таваккалҳои вобаста ба объект, инчунин технологияи истеҳсол ва (ё) коркард;
- натиҷаҳои назорати давлатии қаблӣ;
- боварибахш будани расмиёти назорат, ки аз тарафи субъекти хоҷагидор барои таъмини риояи талаботи дахлдори санитарӣ, байторӣ ва регламентҳои техникӣ истифода бурда мешаванд;
- мавҷуд будани эҳтимолияти иҷро нагардидани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи субъекти хоҷагидор.
4. Дар нуқтаҳои гузаргоҳии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳалҳои барасмиятдарории гумрукӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, назорат ва санҷиши давлатии онҳо дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827, аз 08.06.2022 № 1882).
Моддаи 24. Мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ
1. Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, инчунин бо мақсади таҳияи чораҳо оид ба пешгирии ворид шудан ба бозори истеъмоли маҳсулоти хӯроквории хатарнок аз тарафи мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
2. Мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ мутобиқи низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
БОБИ 4. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БАРОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 25. Талабот барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Маҳсулоти хӯроквории барои фурӯш пешбинишуда бояд талаботи физиологии инсонро ба моддаҳои зарурӣ ва энергия таъмин намояд, ба талаботи оддии маҳсулоти хӯрокворӣ дар қисмати нишондодҳои органолептикӣ ва физикию кимиёвӣ ҷавобгӯ бошад, ба талаботи муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба таркиби кимиёвии иҷозатдодашуда (аз ҷумла радиоактивҳо), моддаҳои биологӣ ва пайвастагиҳои онҳо ва дигар организмҳои биологӣ, ки барои саломатии инсон хатарнок мебошанд, мутобиқат намоянд.
2. Арзишнокии ғизоии маҳсулоти хӯроки кӯдакона бояд ба ҳолати функсионалии организми кӯдак бо назардошти синни ӯ мутобиқ бошад. Маҳсулоти хӯроки кӯдакона бояд барои саломатии кӯдакон бехатар бошанд.
3. Маҳсулоти хӯроки парҳезӣ бояд дорои хусусиятҳое бошад, ки имкон диҳад онҳо ҳамчун хӯроквории табобатӣ ва пешгирӣ аз беморӣ мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва талабот нисбат ба ташкили хӯроквории парҳезӣ истифода бурда шаванд ва ба саломатии инсон бехатар бошанд.
4. Ҳангоми ташкил намудани хӯрок барои кӯдакони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ташкили истироҳати кӯдакон ва солимгардонии онҳо муассисаю ташкилотҳои масъул уҳдадоранд, ки меъёрҳои таъминот бо хӯрок ва талаботи санитарию эпидемиологиро риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
Моддаи 26. Талабот ба истеҳсоли маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ
1. Маҳсулоти хӯрокворие, ки барои истеҳсоли хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ (парҳезӣ) истифода бурда мешаванд, бояд ба меъёрҳои ҳатмии бехатарии барои истеъмолкунандаи дорои талаботи махсуси парҳезӣ мувофиқи меъёрҳои санитарӣ ва регламентҳои техникӣ қабулшуда мутобиқ бошанд.
2. Иловаҳои хӯрокворӣ (парҳезӣ) метавонанд ба маҳсулоти хӯроквории алоҳида бо назардошти сатҳи дохилкунӣ, ки дар меъёрҳои санитарии дахлдор муайян шудаанд, инчунин барои истеъмоли бевосита ба сифати маҳсулоти хӯроквории мустақил истеҳсол мешавад, дохил карда шаванд.
Моддаи 27. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти нави хӯрокворӣ
1. Ҳангоми коркарди маҳсулоти нави хӯрокворӣ, ҷараёни технологии нави истеҳсол, борҷомакунӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, тамғагузорӣ ва фурӯш, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд талаботи бехатарии чунин маҳсулоти хӯроквориро ба асос гиранд, дар бораи бехатарии чунин маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми истеҳсол ва муомилоти онҳо иттилоот диҳанд, барномаҳои назорати истеҳсолиро барои бехатарии чунин маҳсулоти хӯрокворӣ ва методикаи санҷиши онҳо таҳия кунанд, инчунин мӯҳлати истеъмоли ин навъи маҳсулоти хӯроквориро муқаррар намоянд амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
2. Мӯҳлати истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ барои он маҳсулоти хӯрокворие, муқаррар мешавад, ки бо гузашти мӯҳлати муайян аз лаҳзаи истеҳсол сифати онҳо коҳиш ёфта, хусусиятҳое пайдо мекунанд, ки ба саломатии инсон хатарнок буда, вобаста ба он қобилияти истеъмолии худро барои истифода аз рӯи таъинот гум мекунанд.
3. Нишондодҳои бехатарии маҳсулоти нави хӯрокворӣ, мӯҳлати истеъмоли онҳо, талабот ба борҷомакунӣ ва тамғагузорӣ иттилоот дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ, шартҳои истеҳсол ва муомилоти онҳо, барномаҳои назорати истеҳсолӣ оид ба таъмини бехатарӣ, методикаи санҷишҳо, усулҳои коркарди партовҳо ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок бояд ба ҳуҷҷатҳои техникӣ дохил карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
4. Лоиҳаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ва намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти нави хӯрокворӣ вобаста ба намуди истеҳсол бояд аз ташхиси санитарию эпидемиологӣ ё байторӣ гузарад.
5. Талаботи ҳуҷҷатҳои техникии тасдиқшуда барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти намудҳои мушаххаси маҳсулоти хӯрокворӣ амалӣ мегардонанд, ҳатмӣ мебошанд.
Моддаи 28. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми истеҳсоли онҳо
1. Маҳсулоти хӯроквории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда бояд бехатар, аз ҷиҳати гигиенӣ тоза, қобили истеъмол ва дуруст тамғагузорӣ шуда бошанд ва мутобиқи ҳуҷҷатҳои техникӣ ҳангоми риояи талаботи регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ ва байторӣ истеҳсол шаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
2. Барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ бояд ашёи хоми хӯрокворие истифода шаванд, ки сифат ва бехатарии онҳо ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мутобиқ бошанд.
3. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хоми хӯрокворӣ ба истифодаи иловаҳои хӯрокворӣ, нумӯяи (стимулятори) афзоиши ҳайвонот, аз ҷумла дорувориҳои гормоналӣ, воситаҳои доругӣ, пеститсидҳо, агрохимикатҳое, ки аз ташхиси санитарию эпидемиологӣ ва байторию санитарӣ (ё ташхиси озмоишгоҳи агрохимиявӣ) гузаронида шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
4. Ба маҳсулоти хоми хӯроквории аз ҳайвонот ҳосилшуда барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ тайёршаванда танҳо баъди гузаронидани ташхиси байторию санитарӣ ва аз тарафи истеҳсолкунанда гирифтани хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, ки мутобиқати маҳсулоти хоми хӯроквории аз ҳайвонот ҳосилшавандаро ба талаботи меъёрҳои байторӣ тасдиқ мекунад, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
5. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин истеъмол дар хӯрок, метавонанд иловаҳои хӯрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ истифода карда шаванд. Иловаҳои хӯрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд, бояд ба саломатии инсон зарар нарасонанд.
6. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода намудани иловаҳои хӯроквории барои саломатии инсон хатарнок манъ аст. Номгӯйи иловаҳои хӯроквориро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
7. Мавод ва маснуоти дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифодашуда бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарии чунин маводу маснуот мутобиқ бошанд.
8. Истеҳолкунанда бояд истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории хатарнокро дар мӯҳлати зарурӣ барои бартараф кардани сабабҳое, ки истеҳсоли чунин маҳсулоти хӯроквориро ба миён овардаанд, ҳатман боздорад. Дар ҳолате, ки агар бартараф намудани чунин сабабҳо имконнопазир бошад, ӯ ӯҳдадор аст истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории хатарнокро қатъ кунад, муомилотро боздорад, аз харидорон ва истеъмолкунандагон баргардондани чунин маҳсулоти хӯроквориро таъмин намояд, тибқи тартиби муқарраршуда ташхис, коркарди истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳоро ташкил намояд.
9. Мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ӯҳдадоранд меъёрҳо ва муқарраротро оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти хӯроки парҳезӣ ва кӯдакона, иловаҳои хӯрокворӣ ва фаъоли биологӣ барои таъмини мутобиқати онҳо бо меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар давоми на камтар аз 5 сол ё ҳангоми пайдо шудани маълумоти нави илмӣ аз нав баррасӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
Моддаи 29. Талабот ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми коғазпечкунӣ, борҷомакунӣ ва тамғагузории онҳо
(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882)
1. Маҳсулоти хӯрокворӣ бояд дар шароити аз ҷиҳати гигиенӣ тоза коркард шаванд, дар таркиби худ моддаҳои зараровар надошта бошанд (ё дар меъёри барои организми инсон безарар дошта бошанд), бояд тарзе коғазпеч ва борҷомакунӣ шуда бошанд, ки бехатарии онро ҳангоми нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва фурӯш таъмин карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки коғазпечкунӣ ва борҷомакунии маҳсулоти хӯроквориро амалӣ мегардонанд, ӯҳдадоранд талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро барои коғазпечкунӣ ва борҷомакунии маҳсулоти хӯрокворӣ, тамғагузории онҳо, инчунин маводи истифодабариро барои борҷомакунӣ ва тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
3. Дар тамғакоғазу тамғаи бор ё тавсиякоғазҳои маҳсулоти хӯроквории борпечшуда ғайр аз маълумоте, ки номгӯи онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муайян мекунад, бо назардошти намуди маҳсулоти хӯрокворӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шуда бошад:
- номи маҳсулоти хӯрокворӣ;
- ном, суроғаи пурра ва рақами телефони истеҳсолкунанда, барои маҳсулоти хӯроквории воридшаванда бошад, суроғаи пурра ва рақами телефони воридкунанда;
- шумораи вазни холиси маҳсулоти хӯрокворӣ дар ченакҳои ягонаи муқарраршуда (вазн, ҳаҷм ё адад);
- таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ бо тартиби афзалиятноки таркибёфтаи онҳо, аз ҷумла иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳое, ки дар истеҳсоли онҳо истифода шудаанд;
- арзишҳои калория ва ғизонокӣ бо нишон додани шумораи сафедаҳо, карбогидрадҳо ва равғанҳо дар ченакҳои ягонаи муқарраршуда барои 100 грамми маҳсулоти хӯрокворӣ;
- мӯҳлат ва санае, ки то он маҳсулоти мазкурро истеъмол кардан мумкин аст ё санаи истеҳсол ва мӯҳлати қобили истеъмол будани он;
- шароити нигоҳдорӣ ва истифода, агар маҳсулоти хӯрокворӣ барои таъмини бехатарии он шароити муайяни нигоҳдорӣ ва истифодабариро талаб намояд;
- эҳтиёткорӣ ҳангоми истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ барои гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ (кӯдакон, занҳои ҳомиладор, пиронсолон, варзишгарон ва одамоне, ки ба аллергия моиланд), агар чунин маҳсулот ҳангоми истеъмол ба саломатии онҳо зарар расонида тавонад.
4. Барои баъзе намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба регламентҳои техникии дахлдор мутобиқ мебошанд, мумкин аст ғайр аз муқаррароти дар моддаи мазкур пешбинишуда талаботи ҳатмии махсус барои тамғакоғазкунӣ муқаррар карда шавад.
5. Матни тамғакоғазкунии маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ ба таври ҳатмӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешавад. Тартиби тасдиқи матни тамғакоғазкунии маҳсулоти хӯроки парҳезӣ, маҳсулоти хӯроквории функсионалӣ ва иловаҳои фаъоли биологиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар мекунад.
6. Тамғакоғазҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки барои онҳо рамзҳо истифода мешаванд, бояд рамзҳоеро дошта бошанд, ки онҳоро ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои стандартизатсия ва бамеъёрдарории техникӣ тасдиқ кардаанд.
7. Навиштаҷот дар тамғакоғази маҳсулоти хӯрокворӣ, ки барои истеъмолкунандагон манфиатдор буда, қаллобиро пешгирӣ мекунад ё як маҳсулоти хӯроквориро аз дигар, ба монанди "пурра табиӣ", "органикӣ" "аслӣ", "бе организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ модификатсияшуда" ва ғайра фарқ мекунонад ва маълумоти дигари иловагии дар моддаи мазкур зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки барои иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур нашр шудаанд, санҷида мешаванд.
Моддаи 30. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳо
1. Нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ бояд дар шароите анҷом дода шавад, ки нигоҳдошти бехатарии онҳоро таъмин намояд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯроквориро анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро нисбат ба шароити нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ риоя кунанд ва риояи чунин талаботро дар борхати махсулот бо навиштаҷоти махсус тасдиқ намоянд.
3. Нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ танҳо дар биноҳо ва иншооти махсус ҷиҳозонидашуда, ки ба талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, санитарӣ ва байторӣ мутобиқ мебошанд, иҷозат дода мешавад.
4. Барои ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ бояд воситаҳои нақлиёте истифода шаванд, ки барои ин мақсадҳо махсус ҷиҳозонида шуда, дорои шиносномаи санитарии дар асоси ташхиси гигиенӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ додашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
5. Агар ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯрокворӣ ба вайронкорӣ роҳ дода шавад, ки боиси пайдо намудани хусусиятҳои хатарнок гарданд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли маҳсулоти хӯроквориро амалӣ мекунанд, ӯҳдадоранд дар ин бора соҳибон ва қабулкунандагони маҳсулоти хӯроквориро хабардор намоянд.
6. Маҳсулоти хӯрокворие, ки ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳо ба вайронкорӣ роҳ дода шудааст, фурӯхта намешаванд ва намунаҳои ин маҳсулот барои гузаронидани ташхиси дахлдор ва қабули қарор оид ба истифодаи чунин партовҳо ё нобуд кардани онҳо ба мақоми дахлдори давлатӣ фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
Моддаи 31. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми фурӯхтани онҳо
1. Дар савдои чакана фурӯхтани маҳсулоти хӯроквории коғазпеч ва борҷоманашуда иҷозат дода намешавад, ба истиснои маҳсулоти хӯроквории намудҳои муайян, ки номгӯи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор оид ба назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ё мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
2. Назорати давлатии фурӯши маҳсулоти хӯроквории истеҳсоли ғайрисаноатӣ дар бозорҳо танҳо баъди гузаронидани ташхиси санитарию байторӣ дар озмоишгоҳҳои аккредитатсияшудаи байторӣ ва аз тарафи фурӯшанда гирифта шудани хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, ки мутобиқати чунин маҳсулоти хӯроквориро бо талаботи меъёру қоидаҳои байторию санитарӣ тасдиқ мекунанд, иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
3. Дар ҳолате ки, агар ҳангоми фурӯхтани маҳсулоти хӯрокворӣ ба вайронкорӣ роҳ дода шавад, ки сабабгори пайдоиши хусусиятҳои хатарноки маҳсулоти хӯрокворӣ шудааст, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки маҳсулоти хӯроквориро мефурӯшанд, ӯҳдадоранд чунин маҳсулоти хӯроквориро аз фурӯш бароварда, аз истеъмолкунандагон баргашта гирифтанро таъмин намоянд, маҳсулоти хӯроквории хатарнокро барои ташхис фиристонанд ва коркарди партовҳо ё нобуд кардани онҳоро бо тартиби муқарраршуда ташкил намоянд.
Моддаи 32. Талабот нисбат ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории воридотӣ
1. Маҳсулоти хӯроквории воридшаванда бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мутобиқ бошанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
2. Воридоти маҳсулоти хӯрокворие, ки хатарнок, бесифат, қалбакӣ ва қобили истеъмол набошанд, нодуруст тамғагузорӣ шуда бошанд, ба талаботи регламентҳои техникӣ, санитарию эпидемиологӣ ё байторӣ ва фитосанитарӣ мутобиқ набошанд, манъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827, аз 08.06.2022 № 1882).
3. Ба муомилоти озод баровардани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
4. Шахсоне, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, бояд ба нозири дахлдори сарҳадӣ намудҳо ва ҳаҷми тамоми маҳсулоти хоми хӯроквории аз ҳайвонот ва растаниҳо ҳосилшударо, ки барои истеъмоли шахсӣ ворид мекунанд, эъломия намоянд. Ворид кардани чунин маҳсулот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар онҳо барои саломатии инсон хатари зиёди дошта бошанд, таҳдиди хатари зиёди сирояти бемории ҳайвонот ё хатари зиёди ворид шудани организмҳои зараровар ҷой дошта бошанд, манъ мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
5. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти хӯрокворӣ бе ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бехатарии чунин маҳсулоти хӯроквориро тасдиқ мекунанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
6. Дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти хӯроквории воридшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
7. Дар ҳолате, ки агар шахсони мансабдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бехатарии маҳсулоти хӯроквории воридшаванда ба таври асоснок шубҳа намоянд, шахсони зикршуда оид ба муваққатан боздоштани барасмиятдарории воридшавии чунин маҳсулоти хӯроквориро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
8. Агар маҳсулоти хӯроквории воридшаванда хатарнок ҳисобида шаванд, шахсони мансабдоре, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, назорати давлатии бехатарии озуқавориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, дар доираи ваколатҳои худ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани чунин маҳсулоти хӯроквориро манъ мекунанд ва дар борхати маҳсулот қайд мекунанд, ки ин маҳсулоти хӯрокворӣ барои саломатии инсон хатарнок буда, бояд фурӯхта нашаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827, аз 08.06.2022 № 1882).
9. Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок, бесифат ва қалбакӣ ӯҳдадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи корӣ онҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Дар ҳолати ошкор намудани организмҳои карантинии зараровар дар маҳсулоти хӯрокворӣ, соҳиби чунин маҳсулот ӯҳдадор аст онҳоро таъҷилан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун барорад. Агар маҳсулоти хӯроквории хатарнок дар мӯҳлати муқарраршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда нашаванд, онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов коркард ё нобуд карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
Моддаи 33. Талабот нисбат ба ташкил ва гузаронидани назорати истеҳсолӣ барои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд ташкил ва гузаронидани санҷиши бехатарии истеҳсоли онҳо, риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникиро нисбат ба шартҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквориро амалӣ намоянд.
2. Назорати истеҳсолии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи барномаи назорати истеҳсолот амалӣ карда мешавад, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ таҳия мегарданд. Бо барномаи зикршуда тартиби назорати истеҳсолӣ барои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, методикаи чунин назорат ва методикаи санҷиши шароити истеҳсол ва муомилоти онҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 34. Талабот нисбат ба кормандоне, ки фаъолиятро оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ анҷом медиҳанд
1. Кормандоне, ки бо кори ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти хӯроки умумӣ вобаста мебошанд, ҳангоми иҷрои корҳое, ки алоқаи бевоситаи корманд бо маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот пайдо мешавад, ҳангоми ба кор даромадан муоинаи ҳатмии қаблӣ ва даврагии тиббӣ, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ аз курсҳои омӯзиши гигиенӣ мегузаранд.
2. Бемороне, ки гирифтори бемориҳои гузаранда мебошанд, шахсоне, ки эҳтимолияти ба чунин бемориҳо гирифтор буданашон ҷой дорад, шахсоне, ки ба гирифторони бемориҳои гузаранда алоқа доранд, шахсоне, ки паҳнкунандаи бемориҳои гузаранда буда, вобаста ба хусусиятҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот метавонанд барои паҳншавии чунин бемориҳо хатарнок бошанд, инчунин кормандоне, ки аз муоинаи қаблӣ ва даврагии тиббӣ ва курси омӯзиши гигиенӣ нагузаштаанд, ба корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо алоқаи бевоситаи корманд бо маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот амалӣ мегардад, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 35. Аз муомилот баровардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок
1. Истеҳсолкунанда ё таҳвилгар ӯҳдадор аст, маҳсулоти хӯроквории хатарнокро мустақилона ё дар асоси қарордоди мақомоти давлатии назорат ва санҷиш аз муомилот барорад.
2. Агар истеҳсолкунанда ё таҳвилкунанда шубҳа кунад ва ё муқаррар намояд, ки талабот оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳама гуна марҳилаҳои истеҳсолот, коркард ва муомилоти маҳсулоти хӯрокворӣ вайрон карда шуда, дигар таҳти назорати бевоситаи ӯ қарор намегиранд, ӯ бояд дар ин бора мақомоти дахлдори ваколатдори давлатиро огоҳ намояд ва барои аз муомилот баровардани чунин маҳсулот ташаббускор бошад. Агар маҳсулот ба истеъмолкунанда дастрас шуда бошанд, истеҳсолкунанда ё таҳвилгар ӯҳдадор аст бо усулҳои самаранок ва возеҳу равшан сабабҳои баровардани маҳсулот аз муомилот ва ҳангоми зарурат, агар таъмини сатҳи баланди ҳифзи саломатӣ бо дигар чораҳо имконнопазир бошад, талаб намояд, ки маҳсулотро баргардонанд.
3. Дар ҳолате, ки агар истеҳсолкунанда ё таҳвилгари маҳсулоти хӯроквории хатарнок оид ба аз муомилот баровардани онҳо чора наандешад, чунин маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ аз муомилот бароварда мешаванд ва бо тартиби муқарраргардида барои коркард ҳамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.
Моддаи 36. Ташхис, коркарди партовҳо, нобуд кардани маҳсулоти хатарнок
1. Барои маҳсулоти хӯроквории хатарнок, ки аз муомилот бароварда шудаанд, ташхиси дахлдори (санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, молшиносӣ ва ғ.) аз ҷониби мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ бо мақсади муайян кардани имконияти истифодаи партовҳои онҳо ё нобуд кардан анҷом дода мешавад.
2. Маҳсулоти хӯрокворие, ки соҳиби онҳо баромади онҳоро тасдиқ карда наметавонад ва онҳо нишонаҳои вайроншавӣ дошта, аз ҳамин сабаб ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдиди бевосита доранд, бе гузаронидани ташхис барои коркард ҳамчун партов фиристода ё нобуд карда мешаванд.
3. То фиристодан барои коркард ҳамчун партов ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок соҳиби онҳо ӯҳдадор аст, дар ҳузури намояндаи мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ хусусиятҳои чунин маҳсулоти хӯроквориро бо ҳама гуна усулҳои дастрас ва боварибахш, ки имконияти минбаъд истифодабарии онҳоро аз рӯи таъинот истисно менамояд, тағйир диҳад.
4. Маҳсулоти хӯроквории хатарнок ба нигоҳдории муваққатӣ фиристода мешаванд, ки шароити он имконияти дастрасиро ба ин маҳсулоти хӯрокворӣ дар мӯҳлате, ки барои гузаронидани ташхис, коркарди партов ва нобуд кардан зарур аст, истисно менамояд.
5. Маҳсулоти хӯроквории дар нигоҳдории муваққатӣ ҷойгирбуда ба таври ҷиддӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Барои нигоҳдории чунин маҳсулоти хӯрокворӣ соҳиби онҳо масъул мебошад.
6. Дар асоси натиҷаи ташхиси маҳсулоти хӯроквории хатарнок мақомоти дахлдори назорат ва санҷиши давлатӣ оид ба истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳо қарор қабул мекунад.
7. Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок интихоби усулҳо ва шароити коркарди партовҳо ё нобуд кардани онҳоро мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ё техникӣ бо мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ оид ба истифодаи партов ё нобуд кардани чунин маҳсулоти хӯрокворӣ усулҳо ва шароити коркарди партов ё нобуд кардани он қарор қабул намудааст, мувофиқа мекунад.
8. Имконияти истифодаи маҳсулоти хӯроквории хатарнок ба сифати хӯроки ҳайвонот бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ мувофиқа карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
9. Хароҷоти ташхис, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, коркарди партовҳо ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории бесифат ва хатарнокро соҳиби онҳо пардохт мекунад.
10. Соҳиби маҳсулоти хӯроквории хатарнок ӯҳдадор аст ба мақоми назорат ва санҷиши давлатӣ, ки дар бораи коркарди партов ё нобуд кардани онҳо қарор қабул кардааст, ҳуҷҷат ё тибқи тартиби муқарраршуда нусхаи имзошудаи онро, ки воқеияти истифодаи партовҳо ё нобуд карда шудани чунин маҳсулоти хӯроквориро тасдиқ мекунад, пешниҳод намояд.
11. Мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ, ки оид ба коркарди партов ё нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории хатарнок қарор қабул намудаанд, ӯҳдадоранд назорати истифодаи партовҳо ё нобуд кардани онҳоро бо мақсади пешгирии эҳтимолияти заҳролудшавии одамон ва ҳайвонот, паҳншавии бемориҳо, инчунин ифлосшавии муҳити зист анҷом диҳанд.
12. Маҳсулоти хӯроквории хатарнок, ки дар таркибашон ифлоскунандаҳои муҳити зист доранд, пеш аз нобудсозӣ ё дар раванди нобудсозӣ безарар гардонда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1827).
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 37. Арзиши хизматрасонӣ
Тамоми пардохтҳо вобаста ба ҳама гуна амалҳои маъмурӣ, таҳқиқоти озмоишӣ, ташхисҳо, назорат ва дигар амалиёти вобаста ба таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бояд аз арзиши аслии онҳо зиёд набошанд.
Моддаи 38. Маблағгузории назорати давлатӣ оид ба бехатарии хӯрокворӣ
(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882)
Маблағгузории назорати давлатӣ оид ба бехатарии хӯрокворӣ дар объектҳои таҳти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо қарордошта аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1882).
Моддаи 39. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 40. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 317; с. 2006, №3, мод. 166; с. 2007, №7, мод. 667; с. 2011, №3, мод. 170) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 41.Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
1 августи соли 2012, № 890
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ва мавриди амал қарор додани он аз 31 октябри соли 2001, №426 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, к.2, мод. 319; с. 2006, №2, мод. 64; с. 2007, №6 мод. 481; с. 2011, №1, мод. 4) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 29 июни соли2012, № 894
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе, 19 июли соли 2012, № 389

Pages