ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1920 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1921 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1923 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ НАҚЛИЁТИЮ ЭКСПЕДИТСИОНӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:59
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
165
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
03.03.2006

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ НАҚЛИЁТИЮ ЭКСПЕДИТСИОНӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2006, №3, мод. 155)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2005, № 205 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 12, моддаи 729) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2006, № 181 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 43) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии танзими фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ва усулҳои амалӣ гардонидани онро бо мақсади муҳайё сохтани шароит  барои таъмини талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёт ба хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ва рушди минбаъдаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   муайян менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ–шакли махсусгардонида-шудаи фаъолият оид ба хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ мебошад, ки экспедитор тавассути шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ амалӣ мегардонад;

- хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ- шакли хизматрасонӣ оид ба ташкили расонидани бор, иҷрои амалиётҳои вобаста ба расонидани бор мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ мебошад;

-экспедитор – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ буда, хизматрасонии нақлиётию экспедитсиониро мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ анҷом медиҳад;

 -мизоҷ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи шартномаи бо экспедитор басташуда хизматрасонии нақлиётию экспедитсиониро  истифода мебаранд;

-боринтиқолдиҳанда –шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки вазифадор аст борро ба ҷои таъиншуда расонад ва онро ба борқабулкунанда ё намояндаи вай супорад;

-терминал-маҷмўи воситаҳои техникию муҳандисие мебошад, ки барои ҳамоҳангсозии кори намудҳои гуногуни нақлиёт ҳангоми амалисозии интиқоли бор, амалиётҳои расонидани бор ва идоракунии он пешбинӣ шудааст;

- боркашонии интермодалӣ- як намуди боркашонии байналмилалӣ, ки он бе ивази зарф бо намудҳои гуногуни нақлиёт интиқол додани борро ифода менамояд;

- санади умумии суғурта –  санадест, ки мувофиқи шартҳои он ҳамаи борҳои қабулшаванда ва ё интиқолшаванда дар давоми вақти муайян ва дар ҳаҷми муайян таҳти масъулияти суғуртакунанда қарор дорад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

Қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсади фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

Мақсади фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ аз инҳо иборат аст:

-таъмини сатҳи кафолатноки сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

-ҳавасмандгардонии инкишофи фаъолияти нақлиётию экспедитсионии миллӣ бо мақсади таъмини фаъолияти устувори комплекси хоҷагии кишвар, воридшавии Тоҷикистон ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба ҳайси шарики баробарҳуқуқ.

 

Моддаи 4. Вазифаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

Вазифаҳои асосии фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини баробарии ҳуқуқу масъулияти  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ гардонидани фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ;

-муҳайё кардани  шароит барои инкишофи соҳибкорӣ ва   рақобати солим дар  соҳаи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ;

- рақобатпазир гардондани ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионии маҳаллӣ дар бозори байналмилалӣ;

-ташкил намудани фазои ягонаи экспедитсияи нақлиётӣ дар саросари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талабот ва меъёри ягонаи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ;

 -ҳавасмандгардонӣ барои ҷорӣ кардани технологияҳои пешқадами хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ, боркашонии контейнерӣ ва контрейлерӣ;

-таъмини мутобиқсозӣ ва ҳамгироии  кори намудҳои мухталифи нақлиёт, пеш аз ҳама дар марказҳои умумишабакавии нақлиётӣ;

-муҳайё намудани шароит барои ташкили боркашонии мустақими омехта, инкишофи интиқоли интермодалӣ дар гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётӣ;

-зиёд намудани номгўи хизматрасонӣ ва беҳтар кардани сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ ба мизоҷон;

-барои мизоҷон муҳайё намудани шароити интихоби озоди экспедитор ва инчунин ба экспедитор муҳайё намудани шароит барои интихоби озоди боринтиқолдиҳанда;

-таъмини бехатарии фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ дар асоси ҷорӣ кардани меъёри ягонаи стандартҳо ва системаи сертификатсиякунонӣ.

 

Моддаи 5. Аккредитатсияи давлатии фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

Аккредитатсияи давлатии фаъолияти ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионӣ аз тарафи мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 6. Сертификатсияи фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

Воситаҳои нақлиёт, терминалҳо ва дигар ҷузъҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ ва ҳамчунин хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ сертификатсия  карда мешаванд.

Иншоотҳои ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионӣ ва хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда мешаванд. 

 

Моддаи 7. Қоидаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ

1. Қоидаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсиониро мақоми ваколатдори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

2. Дар қоидаҳои фаъолияти нақлиётию экспедитсионӣ талаботи зерин муайян карда мешаванд:

- рўйхати ҳуҷҷатҳои экспедитор (ҳуҷҷатҳое, ки баста шудани шартномаи экспедитсияи нақлиётиро тасдиқ мекунанд);

- талабот нисбати сифати хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ;

- тартиби хизматрасонии нақлиётию экспедитсионӣ.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқҳои экспедитор ва мизоҷ

1. Экспедитор ҳуқуқ дорад бори дар ихтиёраш бударо то пардохтани музд ва ҷуброни маблағи ба манфиати мизоҷ харҷкардааш ё то замони    ўҳдадориашро оид ба пардохти музд ва ҷуброни хароҷот ба таври бояду шояд   иҷро кардани мизоҷ боздорад. Дар ин ҳолат мизоҷ хароҷоти нигоҳ доштани амволро низ мепардозад. Ҷавобгарии боре, ки бинобар дар мавридҳои пешбининамудаи ҳамин қисм барои онро нигоҳ доштан экспедитор  зарар дидааст, ба зиммаи мизоҷ аст.

2. .Экспедитор метавонад то пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла маълумот  дар бораи хусусиятҳои бор, дар бораи шартҳои ҳамлу нақли он ва дигар маълумоте, ки ба экспедитор барои иҷрои вазифаҳояш заруранд, ба иҷрои ўҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи   экспедитсияи нақлиётӣ шурўъ накунад.

Экспедитор ҳамчунин ҳуқуқ дорад дурустии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва   маълумоти пешниҳодкардаи мизоҷро дар бораи хусусияти бор, шартҳои ҳамлу нақли он ва дигар маълумоти барои иҷрои вазифаҳояш зарурро, ки дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ гардидааст, тафтиш намояд.

3. Агар дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, экспедитор метавонад бо назардошти манфиати мизоҷ намуди нақлиёт, хатти сайри боркашонӣ, навбати боркашониро бо навъҳои гуногуни нақлиёт интихоб намояд ё тағйир диҳад. Дар ин маврид экспедитор вазифадор аст,ки мизоҷро бо тартиби муайянкардаи шартнома аз тағйироти дар қисми 6 моддаи мазкур  зикршуда фавран огоҳ гардонад.

4. Экспедитор ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зерин бо назардошти манфиати мизоҷ аз риояи дастури ў даст кашад:

- агар   дар ҳолатҳои ба ў новобаста розигии мизоҷро дар бораи риоя накардани тартиботи муайянкардаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешакӣ напурсида бошад  ё худ дар давоми як шабонарўз ҷавоби дархосташро гирифта натавониста бошад;

- агар дастурҳои мизоҷ носаҳеҳ ё худ ба шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ номувофиқ бошанд ва экспедитор дар ҳолатҳои ба вай новобаста имконияти аниқ кардани дастури мизоҷро надошта бошад.

5. Экспедитор  ҳуқуқ надорад аз номи мизоҷ, агар ин дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ  пешбинӣ нашуда бошад, дар бораи суғуртаи бор шартнома бандад.

6. Мизоҷ ҳуқуқ дорад, ки:

- хатти сайри боркашонӣ ва навъи нақлиётро интихоб намояд;

- аз экспедитор, агар ин дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ шуда бошад, пешниҳод кардани  маълумотро дар бораи рафти боркашонӣ талаб кунад;

- ба экспедитор мувофиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ дастур диҳад.

 

Моддаи 9. Ўҳдадориҳои экспедитор

Экспедитор ўҳдадор аст:

- мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ хизмат расонад;

- оид ба риоя накардани дастури мизоҷ ва ё дар давоми як шабонарўз нагирифтани ҷавоби  дархосташ мизоҷро аз риоя нашудани дастураш  бо тартиби муайянкардаи шартнома огоҳ намояд;

- ба мизоҷ ҳуҷҷати экспедиторӣ ва ҳамчунин нусхаҳои асли шартномаҳоеро диҳад, ки мутобиқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ аз номи  мизоҷ  дар асоси ваколатномаи ў бастааст.

 

Моддаи 10. Ўҳдадориҳои  мизоҷ

Мизоҷ ўҳдадор аст:

- ба экспедитор барои иҷрои ўҳдадориҳои дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинигардидаи ў, ки ҷиҳати назорати гумрукӣ, санитарӣ ва дигар намудҳои назорати давлатӣ заруранд, дар бораи хусусиятҳои бор, шартҳои ҳамлу нақли он маълумоти пурра, аниқ ва дуруст пешниҳод намояд;

- ба экспедитор аз рўи тартиби пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ музд диҳад ва ҳамчунин хароҷоти ба манфиати мизоҷ кардаи ўро ҷуброн намояд.

 

Моддаи 11. Асосҳои умумии ҷавобгарӣ

1. Экспедитор ва мизоҷ барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани вазифаҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ва Қонуни мазкур  дар асоси боби 24 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба андозаи муайянкардаи он ҷавобгаранд.

2. Дар боркашонии равобити байналмилалӣ ҳадди ҷавобгарии экспедитор барои иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ аз 666,7 (ҳадди ҷавобгарии экспедитор барои иҷро накардани шартнома аз ҳисоби 1000 воҳиди шартӣ) воҳиди ҳисобкунии як ҷой ё воҳиди дигари борбардорӣ, ба истиснои ҷавобгарии экспедитор, ки дар қисми 2 моддаи 14 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, зиёд буда наметавонад.

3. Барои мақсадҳои Қонуни мазкур ҳангоми хизматрасонии экспедитсионие, ки бо боркашонии равобити байналмилалӣ алоқаманд аст, таҳти мафҳуми воҳиди ҳисобкунӣ воҳиди ҳуқуқи махсуси иқтибосии муайянкардаи Фонди байналмилалии асъор ҳисобида мешавад. Арзиши асъори миллӣ дар воҳидҳои ҳуқуқи махсуси иқтибосӣ аз рўи тарзу усули муайян намудани арзише, ки Фонди байналмилалии асъор ба санаи дахлдор барои аҳдҳо ва муомилоти худ татбиқ менамояд, ҳисоб карда мешавад. Арзиши асъори миллӣ дар рўзи қабул гардидани қарори суд ё дар рўзи муқаррарнамудаи созишномаи тарафҳо ба арзиши воҳидҳои ҳуқуқи махсуси иқтибосӣ мутобиқ  гардонида мешавад.

4. Агар экспедитор исбот карда натавонад, ки бори барои экспедитсияшавӣ қабул карда гирифтааш ба сабаби амал ё беамалии ў қасдан ва ё бинобар беэҳтиётии дағалона гум ё камомад шудааст ва ё зарар дидааст (вайрон шудааст), қоидаҳои маҳдудкунии ҷавобгарӣ, ки дар қисми 2 ҳамин модда ва қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, татбиқ карда намешаванд.

5. Дар сурати яктарафа даст кашидан аз иҷрои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ мизоҷ ё экспедитор ба ҷониби дигар товони зарари бекор кардани шартномаро медиҳад ва ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома  ҷарима месупорад.

 

Моддаи 12. Асос ва андозаи ҷавобгарии экспедитор дар назди мизоҷ барои гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор

1. Экспедитор дар назди мизоҷ барои гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор дар асоси шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ба андозаи зерин ҷавобгар мебошад:

- бо зикри қимати он ҳангоми гум шудан ё камомади бор- ба андозаи қимати зикршуда ё як қисми қимати зикргардида мутаносиби қисми камомади бор;

- бе зикри қимати он ҳангоми гум шудан ё камомади бор - ба андозаи қимати воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор ё қисми камомади он;

- бо зикри қимати он ҳангоми зарар дидани (вайрон шудани) бор- ба андозаи паст фуромадани қимати зикршуда ва дар сурати набудани имконияти барқарор кардани бори зарардида, ба андозаи қимати зикршуда;

- бе зикри қимати он ҳангоми зарар дидани (вайрон шудани) бор - ба андозаи паст фуромадани қимати воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор ва дар сурати набудани имконияти барқарор кардани бори зарардида ба андозаи  қимати воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор.

Экспедитор музди пешпардохтаи мизоҷро, ки ба қимати бор дохил нашудааст, мутаносиби қимати бори гумшуда, камомад ё зарардида (вайроншуда) тибқи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ бармегардонад, ҳамчунин  дар баробари ҷуброни зарари воқеӣ ба мизоҷ ба андозаи муқаррарнамудаи ҳамин модда товони фоидаи аз дастрафтаро медиҳад.

2. Ҳангоми хизматрасонии экспедитсионӣ, ки бо боркашонии равобити байналмилалӣ  алоқаманд аст, андозаи ҷавобгарии зерин муаяйн карда мешавад:

- ҷавобгарии экспедитор барои  ҳар килограмми вазни умумии бори гумшуда, камомад ё зарардида (вайроншуда), аз ду воҳиди ҳисобкунӣ (воҳиди ҳуқуқи махсуси иқтибосии муаяйнкардаи Фонди байналмилалии асъор) зиёдтар буда наметавонад;

- фоидаи аз дастрафта пурра, вале на бештар аз андозаи ҷавобгарии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷуброн карда мешавад.

3. Арзиши воқеии бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи бор бо нархе муайян карда мешавад, ки дар шартнома ё суратҳисоби фурўшанда зикр ёфтааст ва дар сурати набудани ин гуна нарх он бо нархи миёнаи ҳамин гуна моли дар он ҷо мавҷудбуда, ки бор бояд дар рўзи қонеъгардонии ихтиёрии чунин талаб ё, агар талаб ихтиёран қонеъ гардонида нашуда бошад, дар рўзи қабул гардидани қарори суд дода мешуд, муайян карда мешавад.

4. Баъди сӣ рўзи гузаштани мўҳлати боррасонӣ, ки дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ муайян карда шудааст ва ё агар чунин мўҳлат дар шартнома муайян карда нашуда бошад, дар давоми мўҳлати маъқули барои расонидани бор зарурӣ ва аз рўзи барои ҳамлу нақл борро қабул карда гирифтани экспедитор гумшуда ҳисоб меёбад. Агар экспедитор мизоҷро аз тартиби муайяннамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ сари вақт огоҳ гардонида бошад, боре, ки расонида шудааст, вале ба ихтиёри боргирандаи дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ зикргардида ё ба шахси ваколатдори ў ба сабаби напардохтани музди экспедитор супурда нашудааст, гумшуда ҳисоб намеёбад.

 

Моддаи 13. Огоҳ кардан аз гум шудан, камомад ё зарар дидани  (вайрон шудани) бор

1. Боргирандаи дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ зикршуда ё шахси ваколатдори ў экспедиторро  аз гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) бор хаттӣ огоҳ менамояд.

2. Дар сурати бо усули маъмулӣ қабул карда гирифтани бор, агар муқаррар намудани гум шудан, камомад ё зарар дидани (вайрон шудани) онро муайянкардан имконнопазир бошад, экспедитор  на дертар аз сӣ рўзи тақвимии қабул карда гирифтани бор огоҳ карда мешавад. Рўзи чунин огоҳномаро гирифтани экспедитор рўзи огоҳ гаштани ў ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 14. Асос ва ҳадди ҷавобгарии экспедитор  барои вайрон кардани мўҳлати иҷрои ўҳдадорӣ аз рўи  шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ

1. Экспедитор зарареро, ки ба мизоҷ барои вайрон кардани мўҳлати иҷрои ўҳдадории шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ расидааст, ба истиснои ҳолатҳои рафънопазир, ҷуброн мекунад.

2. Барои риоя нашудани мўҳлати иҷрои ўҳдадории шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ, экспедитор ба мизоҷ барои ҳар шабонарўз (зимнан шабонарўзҳои нопурра ҳамчун шабонарўзҳои пурра ҳисоб мешаванд) ё соати (агар мўҳлат бо соат зикр шуда бошад) гузаронидани мўҳлат ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома, вале на зиёдтар аз ҳаштод фоизи музди (хизматонаи) экспедитор ноустуворона (ҷарима) месупорад ва ҳамчунин агар бар асари қувваи рафънопазир ё бо айби мизоҷ риоя нашудани мўҳлати иҷрои ўҳдадории шартномавиро исбот карда натавонад, зарари аз ин ба мизоҷ расидаро ҷуброн менамояд.

 

Моддаи 15. Асос ва ҳадди ҷавобгарии мизоҷ дар назди  экспедитор

1. Мизоҷ дар назди экспедитор дар ҳолатҳои зерин ҷавобгар мебошад:

- барои зараре, ки бинобар иҷро нашудани ўҳдадорӣ оид ба пешниҳоди маълумоти дар Қонуни мазкур зикрёфта ба экспедитор расидааст;

- барои даст кашидан аз пардохти  хароҷоти экспедитор ба мақсади иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ ва супоридани ҷарима ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома.

2. Мизоҷ барои сари вақт напардохтани хизматонаи экспедитор ва дер ҷуброн кардани хароҷоте, ки экспедитор ба нафъи мизоҷ кардааст,   барои ҳар рўзи гузарондани мўҳлати пардохт ба андозаи муқаррарнамудаи шартнома, вале на бештар аз хизматонаи  экспедитор ва хароҷоти ба манфиати мизоҷ кардаи ў ноустуворона месупорад.

 

Моддаи 16. Иддао  ва даъво 

Ҳангоми вайрон шудани шартҳои шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ тарафҳо ҳуқуқи пешниҳод намудани иддао ва даъворо тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.

 

Моддаи 17. Суғурта кардан

Хизматрасониро оид ба бастани шартномаи суғуртаи бор экспедитор амалӣ мекунад, агар он бевосита дар шартномаи экспедитсияи нақлиётӣ пешбинӣ шуда бошад.

Экспедиторе, ки санади умумии суғурта дорад, барои ба расмият даровардани шартномаи суғурта барои ҳар як гурўҳи борҳо ўҳдадор намебошад.

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 19. Тартиби  мавриди амал қарор  додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас  аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                    Э.Раҳмонов

             ш. Душанбе  3 марти соли 2006

             №165

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФОНДҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ НАФАҚА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:46
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
149
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.12.2005

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФОНДҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ НАФАҚА

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 12, мод.661;  с. 2011, № 6, мод. 448;

Ќонуни ЉТ аз 27.11.2014 с., № 1162)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии марбут ба таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии фондҳои ғайридавлатии нафақаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, татбиқи ҳуқуқҳои   шаҳрвандонро барои таъминоти ихтиёрии иловагӣ бо нафақа таъмин менамояд.

Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое, ки ҳангоми анҷом додани таъминоти нафақаи давлатӣ ба миён меоянд, татбиқ намегардад. Қонуни мазкур барои маҳдуд сохтани ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  суғуртаи ихтиёрии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода бурда намешавад.

 

Боби 1.

Муқаррароти умумӢ

 

Моддаи 1. Фондҳои ғайридавлатии  нафақа

 

Фонди ғайридавлатии нафақа (минбаъд–Фонд) шакли махсуси ташкилию ҳуқуқии ташкилоти ғайритиҷоратии махсусгардонидашуда оид ба таъмини шаҳрвандон бо нафақа ба тарзи ихтиёрӣ мебошад.

Фонд новобаста аз системаи давлатии таъминоти нафақа ва илова ба он фаъолият менамояд.

Намуди истисноии фаъолияти Фонд аз таъмини ғайридавлатии ихтиёрии  шахсони воқеӣ бо нафақа дар асоси шартномаҳои нафақа иборат мебошад.

Фаъолияти Фонд аз ҷамъоварии саҳмҳои нафақа, ҷамъоварии активҳои нафақа ва баҳисобгирии ўҳдадориҳои нафақавӣ, ҷойгиркунонии активҳои нафақа бо мақсади гирифтани даромад аз сармоя, таъин ва пардохти нафақаҳои ғайридавлатӣ ба гирандагон ба тарзи ихтиёрӣ  иборат аст.

Шахсони ҳуқуқие, ки ба талаботи Қонуни мазкур нисбати фондҳо  ба истифодаи калимаҳои «фонди ғайридавлатии нафақа» мувофиқат намекунанд   дар номи худ дар ҳама ҳолатҳо ҳуқуқ надоранд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои байналмилалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода шудаанд

 

Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

cаҳмгузор – шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки саҳмгузории  нафақаро ба манфиати гиранда дар асоси шартномаи нафақа анҷом медиҳад;

маблағи гарав- маблағи пулие, ки Фонд ба саҳмгузор - гиранда мепардозад ё бо супориши саҳмгузор ҳангоми бекор кардани шартномаи нафақа ба дигар фонд мегузаронад;

диверсификатсия - талаботи ҳатмӣ оид ба ҳифзи активҳои Фонд ҷиҳати маҳдудсозии ҷойгиркунонии онҳо бо мақсади муҳофизат аз хатари аз ҳад зиёд ва беасос;

шахсони мансабдори Фонд- шахсоне, ки сиёсати Фондро муайян мекунанд ё ваколатдоранд дар амалиёти асосии Фонд иштирок намоянд ё воқеан иштирок мекунанд, сиёсати Фондро ташаккул медиҳанд, сарфи назар аз он, ки онҳо ройгон кор мекунанд ё барои он подош мегиранд;

даромади сармоягузорӣ - даромаде мебошад, ки дар натиҷаи сармоягузории активҳои нафақавӣ ба даст меояд;

активҳои нафақа -  шакли активҳои пулии (маблағҳои пулии) Фонд, ки аз ҳисоби саҳмҳои нафақа ва қисми даромад аз ҷойгиркунонии онҳо ташаккул ёфта, дар ҳисобномаҳои нафақа  ба ҳисоб гирифта шудаанд;

саҳми нафақа - маблағи пулие, ки саҳмгузор мутобиқи шартҳои шартномаи нафақа ба манфиати гиранда мегузаронад;

шартномаи нафақа - созишнома байни Фонд ва саҳмгузор ба манфиати гиранда, ки мутобиқи он саҳмгузор ўҳдадор мешавад, ки саҳми нафақавиро гузаронад ва Фонд ўҳдадор мешавад, ки ба гиранда нафақаи ғайридавлатиро мутобиқи нақшаи интихобнамудаи нафақа пардозад;

маблағи ҷамъшудаи нафақа – маблағи умумии саҳмҳои нафақавӣ ва даромаде,  ки ба манфиати гиранда дар ҳисобномаи нафақаи ў ҷамъ шудааст ва андозаи ўҳдадориҳои пулии Фондро дар назди гиранда муайян менамояд;

қоидаҳои Фонд – ҳуҷҷате, ки муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ҳуқуқу ўҳдадорӣ ва масъулияти Фонд, саҳмгузор ва  нафақагирро муайян менамояд;

ҳисобномаи нафақа – усули баҳисобгирии таҳлилии муомилоти саҳмҳои нафақа ва пардохти нафақа;

нақшаи нафақа – маҷмўи шартҳое, ки тартиби ташаккули маблағи ҷамъшудаи нафақавӣ  ва пардохти нафақаро муайян менамояд;

нафақаи ғайридавлатӣ – маблағи пулие, ки ба гиранда мутобиқи шартҳои шартномаи нафақа таъин ва пардохт карда мешавад;

гиранда – шахси воқеие, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд буда, ба ў мутобиқи шартномаи басташудаи нафақа нафақаҳои ғайридавлатӣ бояд пардохта шаванд ё пардохта мешаванд;

ширкати идоракунанда (минбаъд-идоракунанда) – шахси ҳуқуқие, ки дорои иҷозатнома (литсензия) буда, идоракунии активҳои Фондро дар асоси шартномаи бо Фонд баста шуда  амалӣ мегардонад.

 

БОБИ 2.

ТАЪСИС ВА ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ФОНД,

ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БАРОИ  ФАЪОЛИЯТИ ОН

 

Моддаи 4. Таъсиси Фонд

 

Фонд аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ ҳангоми мавҷудияти маҷмўи саҳмҳои муассисон (саҳми муассис) тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Фонд шахси ҳуқуқӣ буда, дар асоси ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи Фонд амал намуда, ҳуқуқ дорад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои худро кушояд.

Маблағҳои пулии аз тарафи муассисон ҳамчун маҷмўи саҳмҳо гузошташуда, ки барои фаъолияти оиномавии Фонд пешбинӣ шудааст, моликияти Фонд  мебошад.

Фонд вобаста ба ўҳдадориҳои худ бо ҳама маблағҳои пулӣ ва амволи марбутааш ҷавобгў буда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулиятро ба зимма дорад. Фонд вобаста ба ўҳдадориҳои давлат, муассисон, саҳмгузорон ва гирандагон ҷавобгў намебошад.

Муассисон, саҳмгузорон ва гирандагон, инчунин давлат вобаста ба ўҳдадориҳои Фонд ҷавобгар намебошанд.

 

Моддаи 5. Маҷмўи саҳмҳои муассисони  (саҳми муассиси) Фонд

 

Бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои саҳмгузорон ва гирандагон муассисони Фонд маҷмўи саҳмҳои муассисон (саҳми муассис)-ро ташаккул медиҳанд, ки он набояд аз андозаи панҷоҳ ҳазоркаратаи   ҳадди ақали музди меҳнат камтар бошад.

Ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолият оид ба таъмини ғайридавлатии нафақа маҷмўи саҳмҳои муассисон (саҳми муассис) бояд пурра пардохта шавад.

 

Моддаи 6. Бақайдгирии давлатии Фонд ва иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият

 

Бақайдгирии давлаатии Фонд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақаидгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амали карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №737)

Фонд аз рўзи гирифтани иҷозатнома ба иҷрои фаъолияти оинномавӣ ҳуқуқ пайдо мекунад. Иҷозатнома тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад.

 

Моддаи 7. Ҳуҷҷатҳои таъсисии Фонд

 

Ҳуҷҷатҳои таъсисии Фонд  аз инҳо  иборатанд:

- оинномае, ки  муассисони (муассиси) Фонд тасдиқ намудааст;

- шартномаи таъсисӣ, ки байни муассисони Фонд баста шудааст ва тартиби таъсиси Фондро муайян менамояд (дар ҳолати зиёда аз як нафар будани муассис).

Дар оинномаи Фонд бояд инҳо инъикос гарданд:

- номи пурра ва мухтасари Фонд бо ҳатман ворид намудани калимаҳои «Фонди ғайридавлатии нафақа» ва суроғаи ҳуқуқии он;

- мавзўъ (предмет) ва мақсади фаъолияти Фонд, тартиби идоракунии он;

- мақомоти идора, назорат, тафтиш ва салоҳияти онҳо, тартиби интихоб, бозхонд, инчунин масъулияти шахсони мансабдор;

- сохтор ва ваколати мақомоти идоракунандаи Фонд, меъёри намояндагӣ дар мақомоти идоракунанда;

- тартиби қабули қарор;

- тартиби анҷом додани назорати фаъолияти Фонд;

- тартиби ҳисоботдиҳии Фонд;

- тартиби нашри ҳисобот;

- тартиби тақсими даромад аз ҷойгиркунонии активҳои нафақа;

- тартиби азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии Фонд ва тақсими амволи  он;

- тартиби ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ.

Шартномаи таъсисӣ бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:

- номи Фонд;

- суроғаи  ҳуқуқии Фонд;

- мавзўи (предмети) фаъолияти Фонд;

- маълумот оид ба муассисони Фонд;

- андозаи саҳми муассисон ҳангоми таъсиси Фонд, инчунин тартиб ва шартҳои интиқоли он ба Фонд;

- дар бораи  мақомоти идоракунандаи Фонд ва номгўйи ўҳдадориҳои муассисон оид ба таъсис ва таъмини фаъолияти Фонд.

 

БОБИ 3.

ФАЪОЛИЯТИ ФОНД

 

Моддаи 8. Вазифаҳои Фонд

 

Фонд вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

- нақшаҳои нафақаро таҳия менамояд;

- барои таъмини   нафақа шартномаҳо мебандад;

- саҳмҳои нафақаро ҷамъ мекунад ва ҳисобномаҳои нафақаро пеш мебарад;

- бо мақсади анҷом додани фаъолияти оинномавӣ амволи худро ташаккул медиҳад, инчунин маблағҳои пулии онҳоро ҷойгир менамояд;

- бо  идоракунанда шартномаҳо мебандад;

- тавассути идоракунанда активҳои Фондро ҷойгир менамояд;

- ба Фонд пурра ва сари вақт ворид гардидани саҳмҳои нафақа ва иҷрои ўҳдадориҳои худро дар назди гирандагон назорат менамояд;

- таъин ва пардохти нафақаро анҷом медиҳад;

- даромадро аз фаъолияти сармоягузорӣ мувофиқи талаботи Қонуни мазкур тақсим мекунад;

- дар ҳолати қатъ гардидани шартномаи нафақавӣ маблағҳои дар ҳисобномаи  нафақавӣ бударо (маблағи гаравро) ба саҳмгузор-гиранда пардохт менамояд ё ба дигар Фонд интиқол медиҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида баҳисобгирии муҳосибавиро анҷом медиҳад;

- оид ба фаъолияти худ ба мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд;

-  ба саҳмгузорон ва гирандагон оид ба  ҳолати ҳисобномаҳои нафақавиашон, инчунин лоиҳаҳое, ки бо активҳои нафақа сармоягузорӣ мешаванд, маълумот медиҳад.

 

Моддаи 9. Қоидаҳои Фонд

 

Қоидаҳои Фонд бояд инҳоро дар бар гирад:

- номгўйи шакли нақшаҳои нафақа, ки Фонд истифода мебарад ва сабти онҳо;

- шарт ва тартиби бастани шартномаи нафақа, тағйир додан ва қатъи амали шартнома;

- тартиби ба Фонд гузаронидани саҳмҳои нафақа;

- тартиби ташаккул ва ҷойгиркунонии активҳои нафақа;

- тартиб ва шарти пардохти нафақа;

-  ҳуқуқу ўҳдадориҳои саҳмгузорон ва гирандагон;

- шартҳои масъулияти Фонд дар назди саҳмгузорон ва гирандагон;

- шартҳои ба миён омадан ва қатъ гардидани ўҳдадориҳои Фонд;

- тартиби ба дигар фондҳои ғайридавлатии нафақа гузаронидани маблағҳое, ки дар ҳисобномаҳои нафақавӣ мавҷуданд;

-тартиби баргардонидани маблағҳо, ки дар ҳисобномаҳои нафақавӣ мавҷуданд (пардохти маблағи гарав) дар ҳолати қатъ гардидани шартномаи нафақавӣ;

-меъёрҳои муайян намудани ҳаҷми пардохти хизматрасонии Фонд, идоракунанда ва маҳфуздоранда (депозитарий) ва тартиби дар мавриди онҳо фароҳам овардани иттилоот ба саҳмгузорон ва гирандагон;

- шарт ва тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қоидаҳои Фонд.

Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қоидаҳои Фонд, ки ба ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои саҳмгузорон ва гирандагон дахл дорад, танҳо ҳангоми розигии шахсони зикргардида иҷозат дода мешавад.

Қоидаҳои Фонд метавонанд дорои дигар муқаррароте бошанд, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун нестанд.

Қоидаҳои Фонд бояд мутобиқи ҳамин Қонун таҳия гардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор ба қайд гирифта шаванд.

Қоидаҳои Фондро Шўрои Фонд тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 10. Шартномаи нафақа

 

Шартномаи нафақа бояд  инҳоро  дар бар гирад:

- номи тарафҳо;

- мавзўи (предмети) шартнома;

- ҳуқуқу ўҳдадорӣ ва масъулияти тарафҳо;

- шакли нақшаи нафақа;

- шарт ва тартиби гузарондани саҳм;

- шарт ва тартиби пардохти даромади сармоягузорӣ;

- тартиби пардохти нафақа;

- мўҳлати амал ва қатъи шартнома, тартиб ва шартҳои бекор кардан ё тағйир додани шартнома;

- реквизити тарафҳо;

- тартиби танзими баҳсҳо ва дигар муқаррароте, ки хилофи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд.

 

Моддаи 11. Ўҳдадориҳои Фонд

 

Фонд ўҳдадор аст:

- фаъолияти худро мутобиқи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи Фонд анҷом диҳад;

- ҳангоми аз ҷониби саҳмгузор вайрон кардани шартҳои нақшаи интихобнамудаи нафақа ё қатъи гузаронидани саҳмҳои нафақа ҳисоби фоизҳоро ба маблағе, ки дар ҳисобномаи нафақа ҷамъ шудааст, то гузаштани мўҳлати шартномаи нафақа идома диҳад;

– тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намояд; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1162)

- нигоҳдории нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои муайян кардани шахсият зарур аст, на камтар аз панҷ соли баъди анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ таъмин намояд; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1162)

- баҳисобгирии алоҳидаи саҳмҳои нафақавии гирандагон, баҳисобгирии активҳои нафақа ва даромадро вобаста ба сармояҳо анҷом диҳад.

Фонд ҳуқуқ надорад бо тартиби яктарафа қароре қабул кунад, ки ҳуқуқи саҳмгузорон ё гирандагонро вайрон ё маҳдуд намояд.

Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои гирандагон ба Фонд манъ аст:

-  намуди фаъолияти худро тағйир диҳад;

- қарз диҳад, оид ба иҷрои ўҳдадориҳои пулии шахсони сеюм кафолат диҳад ва амволи Фондро ба гарав гузорад;

- ба истиснои саҳмҳои нафақа қарз ё дигар навъи воситаҳои қарзӣ гирад;

- ҳамчун муассиси ташкилот бо масъулияти пурраи амволӣ баромад кунад;

- вомбаргҳо ва билетҳои лотерея барорад;

- эмиссияи (баровардани) коғазҳои қиматноки худро анҷом диҳад.

 

Моддаи 12. Ҳуқуқу  ўҳдадориҳои саҳмгузорон ва гирандагон

 

Ҳуқуқу  ўҳдадориҳои саҳмгузорон ва гирандагони Фонд мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаҳои Фонд, шартномаҳои нафақа танзим мегардад.

Саҳмгузорон ҳуқуқ доранд:

- аз Фонд мутобиқи шартномаи нафақа дар ҳаҷми пурра иҷро намудани ўҳдадориҳояшонро талаб намоянд;

- ҳамзамон ба сифати гиранда баромад кунанд;

- шартномаи нафақаро бекор кунанд, маблағҳои дар ҳисобномаҳои нафақа мавҷударо тибқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи шартнома ба дигар фондҳо гузаронанд ва ҷиҳати ворид намудаи тағйирот ба шартнома ташаббус зоҳир кунанд;

- нақшаи нафақаро интихоб намоянд;

- ҳангоми барҳамдиҳии Фонд як қисми амволро мутаносибан ба маблағе, ки дар ҳисобномаи нафақа ҷамъ шудааст, гиранд;

- оид ба ҳолати ҳисобномаҳои нафақа ва фаъолияти Фонд иттилооти пурра гиранд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати амали Фонд шикоят пешниҳод кунанд.

Гирандагон ҳуқуқ доранд:

- нафақа гиранд;

- ба истиснои ҳолатҳои аз ҷониби Фонд иҷро накардани ўҳдадориҳои худ маблағҳои дар ҳисобномаҳои нафақа ҷамъшударо на бештар аз як маротиба дар се сол ба дигар фондҳои нафақа гузаронанд;

- маблағҳои дар ҳисобномаҳо ҷамъшударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мерос васият намоянд ё ба дигар кас диҳанд;

- ҳамзамон ба сифати саҳмгузор баромад кунанд;

- шартномаи нафақаро бекор кунанд ва ҳангоми  барои зисти доимӣ хориҷ шудан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳангоми барҳамдиҳии Фонд ё ба миён омадани ҳолатҳои фавқулоддаи раднашаванда маблағҳои дар ҳисобномаҳои нафақа ҷамъшударо гиранд;

- оид ба ҳолати ҳисобномаҳои нафақа ва фаъолияти Фонд маълумоти пурра ба даст оранд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба амали Фонд шикоят пешниҳод кунанд.

Саҳмгузорон ва гирандагон вазифадоранд:

- сари вақт, тибқи ҳаҷм ва мўҳлатҳои пешбининамудаи шартномаи нафақа саҳмҳоро гузаронанд;

- ҳангоми қатъи пардохти саҳмҳои нафақа маблағҳои ҷамъшударо то ба охир расидани мўҳлати шартномаи нафақа дар активҳои Фонд нигоҳ доранд;

- сари вақт Фондро дар хусуси тағйироте, ки ба иҷрои ўҳдадориҳояшон дар назди Фонд таъсир мерасонад, огоҳ намоянд.

 

Моддаи 13. Сирри тиҷоратӣ

 

Маълумот оид ба андозаи саҳмҳои нафақа дар ҳисобномаҳои нафақа ва пардохтҳои нафақа сирри тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад.

Фонд ҳуқуқ надорад маълумоти дорои сирри тиҷоратиро ба шахсони сеюм диҳад. Маълумоти зикргардида метавонад, танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар шахс дода шавад.

Пешниҳод намудани маълумот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ифшои сирри хизматӣ, тиҷоратӣ ва ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда намебошад. (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1162)

Кормандони мақоми ваколатдор ҳуқуқ надоранд маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ва дигар маълумоти марбут ба Фонд ва мизоҷони онро, ки вобаста ба мансаби ишғолнамуда барояшон маълум гардидааст, ошкор созанд.

 

Моддаи 14. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ

 

Фонд мутобиқи санадҳои меъёрӣ дар бораи  баҳисобгирии муҳосибавӣ, ки мақоми ваколатдор тасдиқ намудааст, бо назардошти хусусиятҳои хоси фаъолияти вобаста ба таъмини ғайридавлатии нафақа баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳиро анҷом медиҳад.

Баҳисобгирии муҳосибавӣ бояд гирифтани ҳисоботро тибқи мўҳтаво ва шакле, ки ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалии  баҳисобгирии муҳосибавӣ мебошанд, таъмин намояд.

Ҳангоми баҳисобгирии муҳосибавӣ Фонд набояд амволи барои таъмини фаъолияти оинномавӣ таъингардида ва активҳои нафақаро омехта намояд.

Фонд вобаста ба ҳар як нақшаи нафақа бо ҳаҷми саҳмҳои муайянгардидаи нафақа баҳисобгирии маблағҳои нафақаи ҷамъшуда ва пардохтшударо алоҳида пеш мебарад.

Соли ҳисоботдиҳӣ соли тақвимӣ буда, аз 1 январ то 31 декабрро дар бар мегирад.

Ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ ва мувозинаҳо вобаста ба амволи барои анҷом додани фаъолияти оинномавӣ таъингардида ва активҳои нафақа алоҳида таҳия мегардад.

Ҳисоботдиҳии муҳосибавии Фонд дар қисми активҳои нафақа вобаста ба натиҷаи соли ҳисоботӣ бо хулосаи аудити мустақил тасдиқ мегардад, ки қисми ҷудонопазири ҳисоботи солона оид ба фаъолияти Фонд мебошад.

Фонд ба мақоми ваколатдори анҷомдиҳандаи вазифаҳои назоратӣ ва мақоми дахлдори давлатӣ тибқи тартиб ва мўҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод менамояд. Фонд ўҳдадор аст на камтар аз як маротиба дар як сол ҳисоботи молиявиро нашр кунад.

Фонд ҳифзи ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисобномаҳои нафақаи саҳмгузорон ва гирандагонро аз санаи ба охир расидани   ўҳдадории Фонд дар ҷараёни се сол таъмин менамояд.

 

БОБИ 4.

АМВОЛИ ФОНД

 

Моддаи 15. Амволи Фонд

 

Амволи Фонд иборат аст аз:

- амволи худӣ, ки барои анҷом додани фаъолияти оинномавӣ таъин гардидааст;

- активҳои нафақа;

- фонди эҳтиётӣ.

Даромадҳои аз истифодаи маблағҳои худии Фонд ба дастомада дар ҳаҷми пурра ба Фонд марбутанд.

 
Моддаи 16. Активҳои нафақа

 

Активҳои нафақа аз ҳисоби саҳмҳои нафақа ва қисми даромад аз ҷойгиркунонии онҳо, ки дар ҳисобномаҳои нафақа ба ҳисоб гирифта шудаанд, ташаккул меёбад.

Маблағҳои дар ҳисобномаҳои нафақа ҷамъшуда барои пардохти ўҳдадориҳои қарзӣ ва дигар ўҳдадориҳои саҳмгузорону гирандагон истифода намегарданд ва аз ҷониби  мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври баҳснопазир ситонида намешаванд.

Ситонидан танҳо бо қарори суд сурат гирифта метавонад.

 
Моддаи 17. Фонди эҳтиётӣ

 

Фонд барои таъмини кафолати иҷрои ўҳдадориҳо дар назди гирандагон вобаста ба пардохти нафақа фонди эҳтиётӣ таъсис медиҳад.

Фонди эҳтиётӣ аз ҳисоби зайл ташаккул меёбад:

- саҳми даромади ҳарсолаи сармоягузорӣ;

- сарфаи маблағе, ки барои таъмини фаъолияти оинномавии Фонд нигаронида шудааст. Фонди эҳтиётӣ дар Фонд алоҳида ба ҳисоб гирифта шуда, маблағи он дар шакли бозоргир нигоҳ дошта мешавад.

БОБИ 5.

ҶОЙГИРКУНОНИИ АКТИВҲОИ  НАФАҚА

 

Моддаи 18. Принсипҳои ҷойгиркунонии активҳои нафақа

 

Активҳои нафақа бояд мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи принсипҳои эътимоднокӣ, ҳифз, бозоргирӣ ва диверсификатсия ҷойгир карда  шаванд.

 
Моддаи 19. Ҷойгиркунонии активҳои нафақа

 

Активҳои нафақа ба манфиати гирандагон танҳо бо мақсади ҳифз ва афзоиши онҳо ҷойгир карда  мешаванд.

Активҳои нафақа чунин ҷойгир карда мешаванд:

- ба коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба коғазҳои қиматноки ташкилоте, ки дар биржаи сармояҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиш дорад;

- ба депозитҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба амволи ғайриманқул ва дигар навъи активҳое, ки ба принсипҳои ҷойгиркунонии дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинишуда мутобиқ мебошанд.

Фаъолияти Фонд оиди ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои нафақа ва сармоягузории онҳо фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобида намешавад.

 

Моддаи 20. Идоракунии активҳои нафақа

 

Фонд вазифаҳои идоракунии активҳои нафақавиро мустақилона анҷом медиҳад ё вазифаҳои идоракунии активҳои худро ба ширкати идоракунанда, ки барои идораи активҳои нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иҷозатнома   мебошад, вомегузорад.

Фонд ҳуқуқ дорад барои идоракунии активҳои нафақа ҳамзамон бо як ё якчанд ширкати идоракунанда шартнома бандад.

Идоракунанда  ҳуқуқ дорад барои идоракунии активҳои нафақа ҳамзамон бо ду  ё якчанд  фондҳо шартнома бандад.

Идоракунанда барои ҳифз, баргардонидашаванда будани активҳои Фонд ва афзоиши он дар асоси шартномаи гарав ба маблағи на камтар аз 120 фоиз аз арзиши активҳои додашудаи Фонд масъулияти пурраи моддӣ ва молиявӣ дорад.

Барои иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ширкати идоракунанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои гарав ва сармоягузории дуҷонибаи байни идоракунанда ва Фонд басташуда масъулият дорад.

Идоракунанда иҷрои талаботро оид ба диверсификатсияи активҳои нафақа, нигоҳ доштани қобилияти харидории онҳо аз ҳисоби интиқоли сармоя ба лоиҳаҳое, ки даромадро кафолат медиҳанд, таъмин менамояд.

Идоракунанда активҳои нафақа ва даромадро алоҳида ба ҳисоб гирифта, аз рўи онҳо дар мўҳлати  муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шўрои Фонд ва мақоми танзимкунанда ҳисобот пешниҳод менамояд.

Идоракунанда ҳуқуқ надорад вазифаи идоракунии активҳои Фондро ба шахси сеюм интиқол диҳад.

Аз активҳои нафақа ситонидани қарзҳои идоракунанда иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 21. Ҳифзи активҳои нафақа, ки дар коғазҳои қиматнок ҷойгир карда шудаанд

 

Баҳисобгирӣ ва интиқоли ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок, ки ба активҳои нафақа ҷойгир карда шудаанд, дар асоси шартнома барои хизматрасонии маҳфуздоранда (депозитарий) сурат мегирад.

Маҳфуздоранда метавонад танҳо шахси ҳуқуқие бошад, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти касбӣ вобаста ба коғазҳои қиматнок иҷозатнома дорад.

Маҳфуздоранда баҳисобгирии ҳуқуқ ба коғази  қиматнокро, ки дар он активҳои нафақаи Фонд ҷойгир карда шудааст, бояд алоҳида аз баҳисобгирии ҳуқуқ ба амволи марбут ба маҳфуздоранда ё дигар шахсон, бо роҳи кушодани ҳисобномаи алоҳида пеш барад.

Маҳфуздоранда наметавонад коғазҳои қиматноки Фондро барои дигар мақсадҳо, аз ҷумла барои амалиёти кредитӣ ва асъорӣ, инчунин  пардохти қарзҳои худ ва дигар ўҳдадориҳо истифода барад.

Барои вайрон кардани шартҳои шартномаи бо Фонд басташуда маҳфуздоранда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 22. Тақсими даромади сармоягузорӣ

 

Даромади сармоягузорӣ аз ҷойгиркунонии активҳои нафақа  тақсим  мешавад:

- барои афзоиши активҳои нафақа – 70 фоиз;

- барои Фонди эҳтиётӣ – 10 фоиз;

- барои пўшонидани хароҷоти Фонд ҷиҳати таъмини фаъолияти оинномавӣ ва молиявию хоҷагӣ – на бештар аз 20 фоиз.

 

БОБИ 6.

МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ФОНД ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН

 

Моддаи 23. Мақомоти идоракунии Фонд

 

Ҳайат ва сохтори мақомоти идоракунии Фонд тибқи Қонуни мазкур ва оинномаи  Фонд муайян карда мешавад.

Сохтори мақомоти идоракунии Фонд бояд ҳатман мақоми дастаҷамъӣ– Шўрои Фондро дар бар гирад, ки бо тартиби  муаяйнкардаи  оинномаи Фонд  созмон дода мешавад.

Оинномаи Фонд бояд таъсиси Шўрои сарпарастон-мақоми дастаҷамъиро, ки вазифаҳои назоратӣ ва таъмини назорати ҷамъиятии фаъолияти Фондро ба ўҳда дошта бошад, пешбинӣ намояд.

Бо мақсади назорати фаврии фаъолияти мақомоти иҷроияи Фонд тибқи оиннома комиссияи тафтишотии Фонд таъсис дода мешавад.

Муассиси (муассисони) Фонд:

- оинномаи Фондро тасдиқ менамояд;

- ҳайати Шўрои Фондро ташкил ва низомномаи  Шўрои Фондро тасдиқ менамояд.

 
Моддаи 24. Шўрои Фонд

 

Мақоми доимоамалкунандаи идоракунии Фонд – Шўрои Фонд мебошад. Шўрои Фонд роҳбарии умумии фаъолияти Фондро амалӣ менамояд. Сохтор, тартиби таъсис, салоҳият ва мўҳлати ваколати Шўрои Фонд, тартиби қабули қарорҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи Фонд муайян менамояд.

Аъзои Шўрои Фонд барои иҷрои вазифаҳояшон метавонанд мукофотонида шаванд, ба шарте, ки ин дар оинномаи Фонд дар назар дошта шуда бошад. Маблағи мукофоти аъзои Шўрои Фонд  дар ҳаҷми  муайян муқаррар карда мешавад.

Ба салоҳияти Шўрои Фонд дохил мешаванд:

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи Фонд;

- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани директори генералии Фонд, муовинони ў ва сармуҳосиб;

- интихоб ва муайян намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои ҷойгиркунонии активҳои нафақа ва маблағҳои худии Фонд;

- бастани шартнома бо идоракунанда ва бозхондани шартномаҳо;

- бастани шартнома бо маҳфуздоранда (депозитарий);

- ҷалби аудиторҳо ва баҳодиҳандагони мустақил;

- тасдиқи қоидаҳои Фонд ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;

- тасдиқи низомнома оид ба мақоми иҷроия, Шўрои сарпарастон ва комиссияи тафтишот;

- тасдиқи тартиби тақсими даромадҳои сармоягузорӣ;

- тасдиқи сметаи хароҷот оид ба таъмини фаъолияти оинномавии Фонд ва барои рушди он;

- тасдиқи ҳисоботи солона ва мувозинаи муҳосибавӣ бо назардошти хулосаи аудит;

- қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳии Фонд ё муроҷиат ба суд ҷиҳати барҳамдиҳии он;

- вогузории қисми ваколатҳои худ ба зиммаи  Раиси Шўрои Фонд;

- ҳалли дигар масъалаҳое, ки мутобиқи муқаррароти оиннома тахти салоҳияти он карор дорад.

Ба Шўрои Фонд Раиси Шўро роҳбарӣ менамояд.

 
Моддаи 25. Мақоми иҷроияи Фонд

 

Бо мақсади амалӣ намудани роҳбарии фаврии фаъолияти Фонд оинномаи Фонд метавонад мақоми ягонаи иҷроия (директори генералӣ, раис) ва ё мақоми дастаҷамъии иҷроияи Фондро (дирексияи иҷроияро) пешбинӣ намояд.

Мақоми иҷроияи Фонд фаъолияти худро дар доираи ваколатҳое, ки Қонуни мазкур ва оинномаи Фонд муайян намудааст, анҷом медиҳад ва тибқи оинномаи Фонд ва низомнома дар бораи мақоми иҷроияи Фонд, ки Шўрои Фонд тасдиқ мекунад, амалӣ мегардонад.

Шахсони мансабдори Фонд ўҳдадоранд, ҷавобгўи  талаботи  ҳадди ақали муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор бошанд. Шахсони мансабдори Фонд, ки интихоб (ё таъин) гардидаанд, тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати мутобиқат ба талаботи ҳадди ақали муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор аз мувофиқаи ҳатмии мақоми ваколатдор мегузаранд.

Шахс наметавонад аъзои Шўрои Фонд, роҳбар  (директори генералӣ) ё сармуҳосиби Фонд бошад, агар:

- дорои маълумоти олии  соҳавӣ  набошад;

- доғи судӣ дошта бошад, ки  он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барҳамхўрда  ё бардошта нашуда бошад;

- агар ў роҳбари (сармуҳосиби) шахси ҳуқуқӣ бошад, ки бо роҳи барҳамдиҳӣ таҳти расмиёти муфлисӣ қарор дорад;

- агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи дохил шудан ба ҳайати мақомоти идоракунандаи  шахси ҳуқуқӣ ё машғул шудан бо фаъолияти касбӣ маҳрум гардида бошад.

Роҳбари (директори генералӣ) Фонд бояд дар мансабҳои роҳбарикунанда дар фондҳо, ширкатҳои суғурта ё дигар ташкилотҳои молиявӣ на камтар аз панҷ сол   таҷрибаи  корӣ дошта бошад.

Сармуҳосиби Фонд бояд вобаста ба ихтисос на камтар аз панҷ сол  ва ба сифати сармуҳосиб на камтар аз се сол таҷрибаи корӣ дошта бошад.

 

Моддаи 26. Шўрои сарпарастон

 

Бо мақсади назорати фаъолияти Фонд ва ҳифзи манфиатҳои саҳмгузорон ва гирандагон Фонд Шўрои сарпарастон таъсис медиҳад.

Тартиби таъсис ва ваколатҳои Шўрои сарпарастонро оиннома ва низомнома оид ба   Шўрои сарпарастон, ки бо қарори Шўрои Фонд тасдиқ шудааст, муайян менамояд.

Ба Шўрои сарпарастони Фонд намояндагони ваколатдори муассисон, саҳмдорон ва гирандагон дохил карда мешаванд. Ҳангоми овоздиҳӣ саҳмдорон ва гирандагон бояд на камтар аз нисфи овозҳоро дошта бошанд.

Аъзои Шўрои сарпарастон вазифаҳои худро беподош иҷро мекунанд.

Аъзои Шўрои сарпарастон наметавонанд дар як вақт аъзои Шўрои Фонд бошанд.

Ҳайати Шўрои сарпарастон бояд аз се нафар кам набошад.

 

Моддаи 27. Комиссияи тафтишот

 

Бо мақсади таъмини назорати фаъолияти молиявии Фонд комиссияи тафтишот таъсис дода мешавад. Тартиби фаъолият ва ҳайати комиссияи тафтишот мутобиқи низомномаи комиссияи тафтишот ва оинномаи Фонд муайян карда мешавад.

 

БОБИ 7. 

ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТ

ОИД БА ТАЪМИНИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ НАФАҚА

 

Моддаи 28. Назорати фаъолияти Фонд

 

Назорати давлатӣ ва тафтиши фаъолияти Фонд аз ҷониби мақоми ваколатдоре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, анҷом дода мешавад.

Мақоми ваколатдор:

  • назорат ва тафтишро ҷиҳати риоя шудани талабот аз ҷониби субъектҳои муносибатҳо оид ба таъмини ғайридавлатии нафақа, таъсис ва ҷобаҷокунии маблағҳои эҳтиётии нафақа, таъсис ва сармоягузории маблағҳои ҷамъшудаи нафақа тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
  • дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати масъалаҳои танзими фаъолияти Фонд, аз ҷумла тартиб ва тавсияҳои методӣ оид ба муайян намудани меъёрҳои иттилоотӣ ва намудҳои ҳисобот, инчунин оид ба масъалаҳои назорат нисбати фаъолият қарор қабул мекунад;
  • қоидаҳои Фондро ба қайд мегирад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухолифат карда наметавонад.

Низомнома, сохтор ва вазифаҳои мақоми ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Хароҷоти нигоҳдории мақоми ваколатдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардад.

 

Моддаи 29. Комиссияи давлатӣ оид ба дараҷабандии хатар

 

Барои дараҷабандии хатар ба активҳои молиявии Фонд, ки ширкатҳои идоракунанда истифода мебаранд ва маҳдудиятҳои вобаста ба он барои фаъолияти сармоягузорӣ дар назди мақоми ваколатдор аз ҳисоби намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва намояндагони фондҳои ғайридавлатии нафақа комиссияи давлатӣ таъсис дода мешавад.

Комиссияи давлатӣ тадбирҳои диверсификатсиониро оид ба ҳифзи активҳои нафақаи Фонд таҳия менамояд, ки маҳдудсозии сармоягузориҳоро барои ҳамон як манбаъ, инчунин маҳдудиятҳоро вобаста ба навъи актив дар бар мегирад.

Ширкати идоракунанда, ки бо он Фонд шартнома бастааст, бояд  талаботи диверсификатсияро қатъиян риоя намояд.

 

Моддаи 30. Муносибати байниҳамдигарии Фонд бо мақомотҳои  давлатӣ

 

Дахолати мақомотҳои давлатӣ ба фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақавӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои вайрон кардани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи фондҳо, ки барои онҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 31. Андозбандии Фонд

 

Фонд мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда  мешавад.

 

БОБИ 8.

АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ  ВА  БАРҲАМДИҲИИ ФОНД

 

Моддаи 32. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Фонд

 

Фаъолияти Фонд метавонад бо роҳи зайл қатъ карда  шавад:

- азнавташкилдиҳӣ (муттаҳидшавӣ, тақсимшавӣ,  ҳамроҳшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилёбӣ);

- барҳамдиҳӣ.

Азнавташкилдиҳии Фонд дар асоси қарори Шўрои Фонд бо мувофиқаи мақоми ваколатдор мутобиқи хулосаи аудитори мустақил анҷом дода мешавад.

Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ бояд ҳуқуқҳои амволӣ ва дигар ҳуқуқҳои Фонд таъмин карда шаванд.

Фондҳое, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ аз нав таъсис меёбанд, бояд мувофиқи Қонуни мазкур аз қайди давлатӣ гузаранд ва иҷозатнома   гиранд.

Барҳамдиҳии Фонд бо қарори суд анҷом дода мешавад.

Ҳангоми барҳамдиҳии Фонд активҳои нафақа танҳо барои қонеъгардонии талаботи саҳмгузорон ва гирандагон равона карда мешавад.

Маблағҳо аз фурўши амволе, ки моликияти Фонд мебошад ва барои таъмини фаъолияти оинномавии он таъин гардидааст, ҳангоми нокифоягии активҳои нафақа ва ҳама гуна кредитҳо мутобиқи навбати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (тибқи тартибе, ки барои ташкилотҳои қарздиҳанда пешбинӣ шудааст)  барои қонеъгардонии талаботи саҳмгузорон ва гирандагон  равона карда мешавад.

Маблағҳои пулии дар Фонд боқимонда, аз ҷумла фоида аз фурўши амволи он, баъди иҷрои ҳамаи ўҳдадориҳо барои мақсадҳое, ки дар оинномаи Фонд зикр гардидаанд, равона карда мешаванд.

Ҳангоми барҳамдиҳии Фонд ваколати идоракунандаи корҳои Фонд ба зиммаи комиссияи барҳамдиҳӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст, мегузарад.

Аз лаҳзаи дар мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии Фонд ворид намудани сабт дар хусуси қатъ гардидани фаъолият  барҳамдиҳии Фонд хотима ёфта ва  Фонд барҳамхўрда ба ҳисоб меравад.

Комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор аст саҳмгузорон ва гирандагонро дар хусуси барҳамдиҳии Фонд тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ созад.

 

БОБИ 9.

Муқаррароти хотимавЇ

 

Моддаи 33. Баррасии баҳсҳо

 

Баҳсҳои саҳмгузорон ва гирандагон бо Фонд бо роҳи гуфтушунид ва машварати байни онҳо ё тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 34. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 35. Тартиби мавриди амал қарор додани  Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода  шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,  28 декабри соли 2005,

№ 149

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
102
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.07.2005
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми майи соли 2005, № 60 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 5, моддаи 339)  қабул гардидааст
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июли соли 2005, № 97 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 6, моддаи 418) ҷонибдорӣ гардидааст
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7,  мод. 404; с.2007, №3, мод.160;
с.2012, №4, мод. 254; Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1144)
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асоси ҳуқуқӣ ва вазифаҳои асосии фаъолияти экспертизаи давлатии судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки ҳангоми ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи давлатии судӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи экспертизаи давлатии судӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Вазифаи экспертизаи давлатии судӣ
Вазифаи экспертизаи давлатии судӣ муайян кардани ҳолатҳое мебошад, ки онҳо бо қарорҳои судҳо, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, инчунин дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба воситаи ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ бояд исбот карда шаванд.
 
БОБИ 2.
ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ
 
Моддаи 4. Мафҳуми фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ
Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ – фаъолиятест оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ аз рӯи таъиноти суд, қарорҳои судя, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ ва дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби муассисаҳои махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додааст, бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ тавассути донишҳои махсус дар соҳаи илм, техника, санъат ё ҳунар муқаррар кардани ҳолатҳое, ки бояд исбот карда шаванд.
 
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ
Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ ба принсипҳои қонуният, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустақилияти коршиноси (эксперти) судӣ (минбаъд – коршиноси судӣ), мустақилии муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, салоҳиятнокӣ, беғаразӣ, мукаммалӣ ва пуррагии экспертиза, асоснокии илмии воситаҳо ва тарзу усулҳои гузаронидани тадқиқот, риояи одоби касбӣ асос меёбад.
 
Моддаи 6. Риояи  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд  ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти
                      экспертизаи давлатии судӣ
1. Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ дар ҳудуд ва шаклҳое, ки ҳамин Қонун ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, амалӣ карда мешавад.
2. Экспертизае, ки муваққатан маҳдуд кардани озодии шахс ё дахлнопазирии ӯро тақозо мекунад, дар асос ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, гузаронида мешавад.
3. Шахсе, ки гумон дорад амалиёти муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ё коршиноси судӣ боиси махдуд шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда метавонад.
 
Моддаи 7. Салоҳиятнокӣ, беғаразӣ, мукаммалӣ ва пуррагии экспертизаи давлатии судӣ
1. Коршиноси судӣ экспертизаро дар асоси илмӣ ва амалӣ, дар ҳудуди ихтисоси дахлдор, мукаммал ва пурра бо истифодаи комёбиҳои муосири илм ва техника мегузаронад.
2. Хулосаи коршиноси судӣ бояд ба муқаррарот ва сатҳи муосири рушди илм асос ёфта, имконият диҳад, ки он дар заминаи маълумоти мақбули умум санҷида шавад.
 
Моддаи 8. Объектҳои экспертиза ва таъмини нигаҳдории онҳо
1. Далелҳои шайъӣ, намунаҳо барои экспертиза, ҳуҷҷатҳо, ашё, ҳайвон, ҷасадҳо ва қисмҳои онҳо, инчунин маводи парванда, ки аз рӯи он экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, объектҳои экспертиза буда метавонанд.
2. Экспертиза нисбати шахс низ гузаронида мешавад.
3. Объектҳое, ки хусусиятҳои одам, ҷасад, ҳайвон, ашё, мавод ё модда, ҳолати ҷои воқеа, намунаҳо барои муқоиса ва ғайраро инъикос мекунанд ва ба коршиноси судӣ барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса лозиманд, намунаҳои экспертиза мебошанд.
4. Ҳангоми гузаронидани экспертизаҳои давлатии судӣ он объектҳои экспертизаро, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода шудаанд, бо иҷозати мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, танҳо ба андозае, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса зарур аст, осебдор ё сарф кардан мумкин аст. Иҷозати мазкур бояд дар қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ ё дар дархости дахлдор мавҷуд бошад.
5. Агар экспертизаи давлатии судиро дар ҷои воқеа гузаронидан зарур бошад, ё объекти экспертизаро ба муассисаи экспертизаи давлатии судӣ интиқол додан ғайриимкон бошад, мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардаанд, бояд ба коршиноси судӣ дастрасии бемамониати объект ва имконпазирии экспертизаи онро таъмин  намоянд.
6. Таъмини нигоҳдории объектҳои экспертизаи давлатии судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)
 
Моддаи 9. Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба экспертизаи судӣ ва криминалистӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вобаста ба экспертизаи судии тиббӣ ва судии равонпизишкӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии криминалистӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии соҳаи гумрук дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба экспертизаи судии маводи нашъаовар дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобаста ба экспертизаи судии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва савдо дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
2. Фаъолияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судиро оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҳамин Қонун ва қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.
3. Ғайр аз муассисаи экспертизаи давлатии судии равонпизишкии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ ташкил кардан ва гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ мумкин нест. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
4. Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ ташкил ва гузаро-нидани экспертизаи давлатии судиро дар асоси муносибати ягонаи илмию методӣ ба амалияи экспертиза, омодагии касбӣ ва ихтисоси коршиносони судӣ ба амал мебароранд.
5. Муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ экспертизаи давлатии судиро мувофиқи соҳае мегузаронанд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо муайян кардаанд.
6. Фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ оид ба ташкил ва гуза-ронидани экспертизаи давлатии судӣ барои дигар давлатҳо мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 10. Мазмуни фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ
Мазмуни фаъолияти экспертизаи давлатии судӣ аз инҳо иборат аст:
1)  ташкили фаъолияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ;
2) гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ё маъмурӣ; (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)
3)  тадқиқоти илмӣ дар соҳаи экспертизаи давлатии судӣ;
4)  таъмини илмию методии экспертизаи давлатии судӣ;
5)  интихоб, тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси коршиносони судӣ.
 
Моддаи 11. Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ
Экспертизаи давлатии судиро бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиноси судӣ мегузаронад.
 
Моддаи 12. Намудҳои экспертизаи давлатии судӣ
1. Ба намудҳои экспертизаи давлатии судӣ экспертизаи ибтидоӣ, иловагӣ, такрорӣ, комиссионӣ ва комплексӣ мансубанд.
2. Экспертизаи ибтидоӣ – экспертизаи судие мебошад, ки аввалин бор аз рӯи парванда барои ҳалли масъалаи мавриди назари суд, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузаронида шудааст.
3. Экспертизаи иловагӣ – экспертизаи судӣ буда, дар мавридҳое гузаронида мешавад, ки хулосаи коршиноси судӣ аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи пештара ба таври кофӣ равшан намебошад ё коршиноси судӣ масъалаҳои дар наздаш гузошташударо пурра ҳал накардааст, ё ҳал кардани масъалаҳои иловагӣ бо экспертизаи пештара алоқаманданд, ки ба ҳамон ё дигар коршиноси судӣ супорида мешавад.
4. Экспертизаи такрорӣ – экспертизаи судӣ буда, дар мавридҳое гузаронида мешавад, ки хулосаи коршиноси судӣ аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи давлатии судии пештара ба қадри кофӣ асоснок нест ё дурустии он боиси шакку шубҳа мегардад, ё меъёрҳои мурофиавии гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҷиддан вайрон карда шудаанд, ки ба дигар коршиноси судӣ ё коршиносони судӣ супорида мешавад.
5. Экспертизаи комиссионӣ - экспертизаи судиест, ки комиссияи коршиносони судии як ихтисос мегузаронанд.
6. Экспертизаи комплексӣ - экспертизаи судиест, ки комиссияи коршиносони судии ихтисосҳои гуногун дар мавридҳое мегузаронанд, ки агар барои муқаррар кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятнок тадқиқот дар асоси соҳаҳои мухталифи донишҳо зарур бошад.
 
Моддаи 13. Таъмини илмию методии фаъолияти экспертизаи  давлатии судӣ
1. Ташкили таъмини илмию методии фаъолияти экспертизаи дав-латии судӣ ба зиммаи вазоратҳо ва идораҳое гузошта мешавад, ки ба системаи онҳо муассисаҳои махсусгардонидашуда ва хадамоти идоравии экспертизаи давлатии судӣ дохил мешаванд.
2. Масъалаҳои муҳимтарини рушди экспертизаи давлатии судии дорои хусусияти байниидоравиро Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва амалӣ менамояд, ки  Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
 
БОБИ 3.
ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ РОҲБАРИ МУАССИСАИ
ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ  ВА КОРШИНОСИ СУДӢ
 
Моддаи 14. Ҳуқуқҳои роҳбари муассисаи экспертизаи  давлатии  судӣ
1. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳуқуқ дорад:
1) қарор ё таъинот, инчунин дархостро дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ, объектҳои таҳқиқ ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани он пешниҳод шудаанд, иҷро накарда баргардонад, агар дар ин муассиса коршиноси ихтисоси мушаххас, асоси моддию техникии зарурӣ ё шароити махсуси гузаронидани экспертиза мавҷуд набошанд;
2) ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст дар бораи ба ҳайати комиссияи коршиносон дохил намудани шахсонеро дархост намояд, ки дар ин муассиса кор намекунанд, агар донишҳои махсуси онҳо барои додани хулоса зарур бошанд;
3) гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо иштироки дигар муассисаҳое, ки дар қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ нишон дода шудаанд, ташкил намояд.
2. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳуқуқ надорад:
1) бе қарор ё таъинот, инчунин дархост дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ объекти экспертиза ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ заруранд, талаб намояд;
2) мустақилона, бе мувофиқаи мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба гузаронидани экспертиза шахсонеро ҷалб намояд, ки онҳо дар ин муассиса кор намекунанд;
3) ба коршинос чунин дастур диҳад, ки ҷараёни экспертизаро пешакӣ ҳал кунад ва мазмуни хулосаро оид ба экспертизаи давлатии судии мушаххас муайян намояд.
3. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳақ дорад аз мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ҷуброни хароҷотеро талаб намояд, ки бо амалҳои зерин алоқаманд мебошад:
1) подоши нигоҳдошти объектҳои экспертиза, ки барои экспертизаи давлатии судӣ пешниҳод шудаанд;
2) ҳамлу нақли объектҳо баъд аз экспертизаи онҳо;
3) нигоҳ доштани объектҳои экспертиза дар муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ баъди анҷоми экспертизаи давлатии судӣ ва нигоҳ доштани онҳо зиёда аз мӯҳлатҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ;
4) барҳам додани оқибатҳои таркиш, сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, ки дар натиҷаи ба ин муассиса овардани объектҳои дорои хавфи зиёд сар задааст, агар мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, дар бораи қоидаҳои махсуси муомила бо объектҳои мазкур хабар надода бошад ё онҳо ба таври бояду шояд бастабандӣ  нашуда бошанд.
 
Моддаи 15. Вазифаҳои  роҳбари муассисаи экспертизаи  давлатии судӣ
1. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ вазифадор аст:
1) дар баробари гирифтани қарор ё таъинот, инчунин дархост дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ гузаронидани экспертизаро ба коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судии мушаххас, аз ҷумлаи  кормандони ҳамин муассиса супорад, ки доир ба саволҳои гузошташуда донишҳои махсус доранд;
2) ба коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ ҳангоми ба вазифа таъин шудан ҳуқуқ ва вазифаҳояшонро фаҳмонда диҳад;
3) коршиноси судиро дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ, саркашӣ ё даст кашидан аз додани хулоса огоҳ намояд ва аз ӯ забонхати дахлдор гирад, ки он якҷоя бо хулосаи коршинос ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристода мешавад;
4) мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо тар-тиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд ва риояи онро назорат кунад;
5) назорати пуррагӣ ва босифати экспертизаи давлатии судии гузаронидаро, бо риояи принсипи мустақилияти коршиноси судӣ, таъмин намояд;
6) баъди анҷоми экспертиза хулосаи коршиноси судӣ, объектҳои экспертиза ва маводи парвандаро ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин ё дархост кардааст, равон намояд.
7) иштироки коршиноси судиро дар маҷлиси судӣ, амалиётҳои судӣ ва тафтишотӣ таъмин намояд.
2. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ барои гузарони-дани экспертизаи давлатии судӣ вазифадор аст мавҷудияти таҷҳизот, асбоб, мавод ва воситаҳои таъминоти иттилоотӣ, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарии истеҳсолӣ, нигоҳ доштани объектҳои экспертиза ва маводи парвандаро таъмин намояд.
3. Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ барои вайрон кардани муқаррароти ҳамин Қонун ва иҷро накардани вазифаҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда нишондодашуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
 
Моддаи 16. Коршиноси судӣ
Коршиноси судӣ корманди муассисаи экспертизаи давлатии судӣ мебошад, ки экспертизаи давлатии судиро бо тартиби иҷрои вазифаҳои хидматии худ мегузаронад.
 
Моддаи 17. Талаботи касбӣ ва тахассусӣ ба коршиноси судӣ
1. Вазифаи коршиноси судиро дар муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ шахсе ишғол карда метавонад, ки таҳсилоти олӣ ё махсус дошта бошад ва тайёрии минбаъдаро аз рӯи ихтисоси мушаххаси коршиносӣ бо тартиби дар муассисаи экспертизаи давлатии судии муқарраршуда гузашта бошад.
2. Дараҷаи тайёрии касбии коршиноси судӣ ва ба ӯ додани ҳуқуқи мустақилона гузаронидани экспертизаи давлатии судиро комиссияи  тахассусӣ муайян мекунад, ки онро роҳбари вазорат ё идорае, ки муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ба сохтори он дохил мешавад, таъсис додааст.
 
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои коршиноси судӣ
1. Коршиноси судӣ ҳуқуқ дорад:
1) объектҳо, аз ҷумла намунаҳоеро барои экспертиза гирад, ки ҳангоми додани хулоса заруранд;
2) дар бораи додани объектҳои экспертиза ва маводи парванда, ки барои додани хулоса заруранд, дархост диҳад;
3) бо иҷозати мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, бо маводи парванда, ки ба мавзӯи экспертиза мансуб аст, шинос шавад, маълумотеро, ки барои додани хулоса зарур аст, навишта гирад ё нусхабардорӣ намояд;
4) барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҷалб намудани дигар коршиносон ва мутахассисонро дархост намояд;
5) бо иҷозати мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, дар гузаронидани амалиётҳои мурофиавӣ иштирок намояд ва ба иштирокчиёни онҳо вобаста ба мавзӯи экспертизаи давлатии судӣ савол диҳад;
6) бо мувофиқаи мақоме (шахсе), ки экспертизаро таъин кар-дааст, оид ба масъалаҳои дар наздаш гузошташуда, инчунин дигар ҳолатҳое, ки бо ташаббуси коршиноси судӣ дар ҳудуди салоҳияти вай муқаррар карда шудааст, хулоса диҳад;
7) диққати мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд ва дигар иштирокчиёни мурофиаро ба ҳолатҳое, ки бо мавзӯи экспертиза, аз ҷумла бо ташаккули саволҳои барои коршиноси судӣ алоқаманд, ҷалб намояд;
8) бо протоколи амалиёти мурофиавӣ, ки дар он иштирок кардааст, инчунин бо қисми дахлдори протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва дар хусуси пуррагӣ ва дурустии дар протокол дохил кардани амалиётҳои ӯ эродҳое баён намояд, ки онҳо бояд ба протокол дохил карда шаванд;
9) товони хароҷотеро, ки ҳангоми истеҳсолот аз рӯи парванда ба вуҷуд омадааст ва товони зарареро гирад, ки бо амалиётҳои ғайриқонунии мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, расонида шудаанд;
10) аз гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ даст кашад, агар:
- тартиби мурофиавии таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ вайрон карда шуда бошад, агар ин ҳолат гузаронидани экспертизаи давлатии судиро мушкил гардонад ё гузаронидани онро ғайриимкон гардонад;
- объектҳои экспертиза ва маводи парванда барои додани хулоса корношоям ё нокифоя бошанд ва ба коршиноси судӣ дар пурра кардани онҳо рад карда шуда бошад;
- шароит, воситаҳои методӣ ва таҷҳизоте, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулоса заруранд, мавҷуд набошад;
- барои ҳаёт ва саломатии коршиноси судӣ хатари воқеӣ мавҷуд бошад.
2. Коршиноси  судӣ  ҳуқуқ надорад:
1) супоришро дар бораи гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ, ба истиснои роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ, бевосита аз ягон мақом ё шахс гирад;
2) бо иштирокчиёни мурофиа оид ба масъалаҳое, ки бо гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ алоқаманд мебошанд, алоқаю робитаи шахсӣ ба роҳ монад, агар асос бошад, ки коршиноси судӣ ба натиҷаи кор манфиатдор аст;
3) барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ мустақилона мавод ҷамъ намояд;
4) ба истиснои шахс ё мақоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба ягон кас дар бораи натиҷаҳои экспертизаи давлатии судӣ хабар диҳад;
5) объектҳои экспертизаро нобуд кунад ё хусусиятҳои онҳоро бе иҷозати мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, тағйир диҳад.
 
Моддаи 19. Вазифаҳои коршиноси судӣ
Коршиноси  судӣ вазифадор аст:
1) экспертизаи пурра гузаронад ва оид ба масъалаҳои дар назди ӯ гузоштаи мақоме (шахсе), ки ӯро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардааст, хулосаи хаттии илман асоснок ва холисона диҳад;
2) аз додани хулоса даст кашад, агар масъалаҳои гузошташуда берун аз доираи донишҳои махсуси ӯ бошанд;
3) ҳангоми интихоби тарзу усули экспертиза талаботи ҳаддалимкон беосеб нигоҳ доштани объектҳои экспертизашавандаро ба назар гирад;
4) ба мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад хароҷотнома ва ҳисоботи хароҷоти суратгирифтаро пешниҳод намояд;
5) бо даъвати мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, барои ба иштирокчиёни мурофиа нишон додани хулоса ҳозир шавад, ба саволҳои онҳо посух диҳад, инчунин мазмуни хулосаро фаҳмонда диҳад;
6) ба мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси худро нишон диҳад;
7) бо талаби мақоме (шахсе), ки мурофиаи ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ё маъмуриро мебарад, инчунин бо талаби тарафҳои иштироккунандаи маҷлиси судӣ, дар бораи таҷрибаи касбӣ ва муносибати худ бо иштирокчиёни мурофиа маълумот диҳад, дар сурате ки агар ӯ бо шахсони мазкур ягон муносибат дошта бошад, аз гузаронидани экспертиза ва додани хулоса даст кашад;
8) маълумотро дар бораи амалиёти тафтишотии бо иштироки ӯ гузаронидашуда ва ҳолатҳои дар ин маврид ошкор гардида, маълумоти маҷлиси пӯшидаи судӣ, инчунин маълумоти ба ӯ маълумшудаи холатҳоеро, ки ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда дохил мешавад, ошкор накунад.
 
Моддаи 20. Кафолатҳои мустақилияти коршиноси судӣ ва дурустии хулосаи ӯ
1. Коршиноси судӣ ҳангоми гузаронидани фаъолияти экспер-тизаи давлатии судӣ мустақил аст ва наметавонад аз мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ба тарафҳо ва дигар шахсони ба натиҷаи кор манфиатдор ягон вобастагӣ дошта бошад.
2. Мустақилияти коршиноси судӣ ва дурустии хулосаи ӯ таъмин мегардад:
1) бо тартиби таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, қонунгузории мурофиавии гражданӣ, қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд;
2) бо тартиби мурофиавӣ таъин кардани коршиноси судӣ;
3) бо мавҷудияти муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, ки аз суд, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ вобастагӣ надоранд;
4) бо фароҳам овардани шароити моддию техникӣ барои фаъолияти коршиноси судӣ;
5) бо пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноии коршиноси судӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ ва бе сабабҳои узрнок саркашӣ кардан ё даст кашидан аз додани хулоса;
6) бо имконпазирии таъини экспертизаи давлатии судии иловагӣ, такрорӣ, комиссионӣ ва комплексӣ;
7) бо ҳозир будани иштирокчиёни мурофиа дар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ;
8) бо бавуҷуд овардани низоми интихоб, тайёрии касбӣ, такмили ихтисоси коршиноси судӣ.
3. Аз тарафи судҳо, судяҳо, мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, муфаттишон ва прокурорҳо, инчунин дигар мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ бо мақсади гирифтани хулоса ба нафъи яке аз иштирокчиёни мурофиа ё ба манфиати дигар шахсон ба фаъолияти коршинос дахолат кардан мумкин нест.
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти коршиноси судӣ дахолат мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
БОБИ 4.
ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ
 
Моддаи 21. Асосҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ
1. Асосҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ таъиноти суд, қарорҳои судя, шахси таҳқиқкунанда, муфаттиш ё прокурор, инчунин дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, аз рӯзи ворид гардидани қарор ё дархости дахлдор  таъиншуда ҳисоб карда мешавад.
2. Дар қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ бояд санаи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ, ном, насаб, вазифаи шахс ё номи мақоме, ки экспертизаро таъин кардааст, номи муассисаи экспертизаи судие, ки ба он экспертизаи давлатии судӣ супорида мешавад, асосҳои таъин кардани экспертиза нишон дода шуда, саволҳои дар назди коршиноси судӣ гузошташуда, рӯйхати ашё ва маводе, ки ба ӯ барои экспертиза дода шудаанд, оварда шаванд; дар мавридҳои зарурӣ шартҳои махсуси сару кор бо объектҳои экспертиза, инчунин дигар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории мурофиавӣ шарҳу эзоҳ дода мешаванд.
3. Мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, объектҳои экспертиза ва маводи парвандаро, ки барои гузаронидани экспертиза ва додани хулосаи коршиноси судӣ заруранд, медиҳад.
4. Мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, барои экспертиза намунаҳоро мегирад ва онҳоро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парванда ҳамроҳ мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ намунаҳо бо иштироки коршиноси судӣ, ки ба вай гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ супорида шудааст ё мутахассис гирифта мешаванд.
5. Дар сурате, ки агар гирифтани намунаҳо як қисми экспертиза буда, аз тарафи коршиноси судӣ бо истифодаи объектҳои барои экспертизаи давлатии судӣ пешниҳодшуда ба ҷо оварда шавад, намунаҳо баъд аз тамом шудани экспертизаи давлатии судӣ ба мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристонида мешаванд ё як вақти муайян дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ нигоҳ дошта мешаванд.
6. Экспертизаи давлатии судӣ метавонад бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё намояндагони онҳо барои муқаррар кардани ҳолатҳое гузаронида шавад, ки ба ақидаи шахсони мазкур, барои ҳифзи манфиатҳои онҳо истифода шуда метавонанд. Дархости шахсони мазкур дар бораи гузаронидани экспертиза бояд маълумотеро дар бар гирад, ки дар қисми дуюми ҳамин модда нишон дода шудаанд.
7. Хусусиятҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеиро боби 5 ҳамин Қонун муайян мекунад.
 
Моддаи 22. Маҳдудиятҳо ҳангоми ташкил ва гузаронидани  экспертизаи давлатии  судӣ
1. Ба муассисаи экспертизаи давлатии судӣ гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ супорида намешавад ва дар мавридҳое, ки гузаронидани экспертизаи давлатии судии мазкур оғоз карда шудааст, он фавран қатъ карда мешавад, агар ҳолатҳои тасдиқкунандаи ба натиҷаи кор манфиатдор будани роҳбари ҳамин муассиса муқаррар карда шавад.
2. Коршиноси судӣ дар сурати мавҷуд будани асосҳои пешбиникардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштирок дар гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ бояд рад карда шавад, агар экспертиза ба ӯ супорида шуда бошад, вазифадор аст гузаронидани онро фавран қатъ намояд.
3. Экспертизаи давлатии судӣ иҷронашуда ҳисобида мешавад ва хулосаи коршинос ба сифати исбот истифода карда намешавад, агар экспертизаи давлатии судӣ бо вайронкунии талаботи пешбиникардаи қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда ташкил ва гузаронида шуда бошад. Дар ин маврид масъалаи таъин кардани экспертизаи давлатии судии такрорӣ ҳал карда  мешавад.
4. Дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ духтуре, ки то таъин кардани экспертиза ба шахси номбаршуда ёрии тиббӣ расонидааст, иштирок карда наметавонад.
 
Моддаи 23. Экспертизаи давлатии судии иловагӣ ва такрорӣ
1. Экспертизаи давлатии судии иловагӣ дар сурате таъин карда мешавад, ки агар хулосаҳои коршиноси судӣ зери шубҳа гузошта нашаванд, вале онҳоро чун хулосаҳои басо равшан ё комил ҳисобидан мумкин набошад ё аз сабаби нопуррагии экспертиза саволҳои наве пайдо шаванд, ки барои муқаррар кардани ҳақиқат аҳамият дошта бошанд. Экспертизаи давлатии судии иловагӣ ба шахсе, ки экспертизаи асосиро гузаронидааст ё ба дигар коршиноси судӣ супорида мешавад.
2. Экспертизаи давлатии судии такрорӣ дар сурате таъин карда мешавад, ки агар хулосаи коршиноси судӣ асоснок набошад ё дар дурустӣ, аниқӣ ва асоснокии хулосаи ӯ шубҳа ба вуҷуд омада бошад, инчунин экспертизаи такрорӣ ҳангоми ошкор кардани зиддияти байни хулосаҳои якчанд коршиноси судӣ гузаронида мешавад. Экспертизаи давлатии судии такрорӣ ба дигар коршиноси судӣ ё гурӯҳи дигари коршиносони судӣ супорида мешавад.
3. Агар натиҷаҳои экспертизаи давлатии судии ибтидоӣ ва такрорӣ ба ҳам мувофиқат накунанд, коршиноси судие, ки экспертизаи такрориро гузаронидааст, вазифадор аст, ки дар хулосаи худ сабабҳои ин ихтилофро нишон диҳад.
4. Дар сурати таъин кардани экспертизаи давлатии судии иловагӣ ва такрорӣ асосҳои таъин кардани онҳо нишон дода мешаванд. Дар вақти таъин кардани экспертизаи давлатии судии такрорӣ хулосае, ки баъди тамом шудани экспертизаи давлатии судии ибтидоӣ тартиб дода шудааст, ё санад дар бораи имконнопазирии додани хулоса, инчунин тамоми маводи иловагие, ки дар ихтиёри шахс ё мақоми экспертизаи давлатии судии навро таъинкарда мавҷуд аст, пешниҳод карда мешаванд.
 
Моддаи 24. Экспертизаи давлатии судии комиссионӣ
1. Экспертизаи давлатии судии комиссионӣ метавонад аз тарафи комиссияе, ки мутахассисони салоҳиятдори ҳамон як соҳаро дар бар мегиранд, гузаронида шавад.
2. Хусусияти комиссиявии экспертизаи давлатии судиро мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ё роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ муайян менамояд.
3. Комиссияи коршиносони судӣ бо назардошти зарурат барои ҳал кардани масъалаҳои дар наздаш гузошташуда, мақсад, пайдарҳамӣ ва ҳаҷми экспертизаи дарпешистодаро мувофиқа мекунад.
4. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии комис-сионӣ, ҳар яке аз коршиносони судӣ экспертизаро дар ҳаҷми пурра мегузаронад ва онҳо натиҷаҳои ба даст овардашударо якҷоя таҳлил мекунанд.
5. Коршиносони судӣ ба як фикру ақидаи умумӣ омада, хулосаи якҷоя ё маълумотномаро дар бораи имконнопазирии додани хулоса таҳия карда, имзо мекунанд. Дар сурати байни коршиносони судӣ ба вуҷуд омадани ихтилофот, ҳар яке аз онҳо аз рӯи масъалаҳое, ки боиси ихтилофот гардидаанд, хулосаи алоҳида медиҳанд.
 
Моддаи 25. Экспертизаи  давлатии  судии  комплексӣ
1. Экспертизаи давлатии судии комплексӣ – экспертизаи давла-тии судие, ки онро комиссияи коршиносони судии дорои ихтисосҳои мухталиф дар сурате мегузаронад, ки агар барои муқаррар намудани ҳолате, ки барои парванда аҳамият дорад, гузаронидани экспертиза дар асоси донишҳои соҳаҳои гуногун зарур бошад.
2. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплексӣ ҳар яке аз коршиносони судӣ экспертизаро дар доираи салоҳияти худ мегузаронад ва дар ифодаи посухҳо танҳо дар соҳаи фаъолияти ӯ, ки донишҳои махсусро тақозо мекунад, иштирок менамоянд.
3. Дар хулосаи коршиносони судӣ, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплексӣ иштирок мекунанд, нишон дода мешавад, ки ҳар як коршиноси судӣ кадом экспертизаро ва дар кадом ҳаҷм гузаронидааст, ӯ кадом ҳолатҳоро муайян кардааст ва ба кадом хулоса омадааст. Ҳар як коршиноси судӣ, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии комплексӣ иштирок мекунад, он қисми хулосаро имзо менамояд, ки дар он тавсифи экспертизаи гузаронидаи ӯ мавҷуд аст ва  барои он ҷавобгар мебошад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
4. Хулосаи умумиро коршиносони судие мебароранд, ки дар арзёбии натиҷаҳои ҳосилшуда ва ифодаи ҳамин хулоса салоҳиятноканд. Агар асоси хулосаи умумӣ далелҳое бошанд, ки онҳоро як ё якчанд коршиноси судӣ муқаррар кардаанд, он бояд дар хулоса нишон дода шавад. Дар сурати пайдо шудани ихтилофи назар байни коршиносони судӣ, ҳар яке аз онҳо мувофиқи қисми 2 ҳамин модда хулосаи алоҳида медиҳад.
5. Ташкили экспертизаи давлатии судии комплексӣ ба зиммаи роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ гузошта мешавад.
 
Моддаи 26. Ҳозир будани иштирокчиёни мурофиа ҳангоми гузаронидани экспертизаи
                       давлатии судӣ дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ
1. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ он иштирокчиёни мурофиа ҳозир буда метавонанд, ки ба онҳо қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳуқуқро додааст.
2. Иштирокчиёни мурофиа, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҳозир мебошанд, ҳақ надоранд ба ҷараёни экспертиза дахолат кунанд, вале метавонанд шарҳу эзоҳҳо ва ба коршиноси судӣ саволҳои ба мавзӯи экспертизаи давлатии судӣ дахлдоштаро диҳанд.
3. Ҳангоми аз тарафи коршиноси судӣ тартиб додани хулоса, инчунин дар давраи маҷлиси машваратии коршиносони судӣ ва тавсияи хулосаҳо, агар экспертизаи давлатии судиро комиссияи коршиносони судӣ гузаронад, ҳозир будани иштирокчиёни мурофиа мумкин нест.
4. Агар иштирокчии мурофиа, ки дар гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ иштирок дошт, ба коршиноси судӣ халал расонад, коршиноси судӣ ҳақ дорад экспертизаро боздорад ва аз мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, бекор кардани иҷозати дар экспертизаи давлатии судӣ ҳозир будани ин иштирокчии мурофиаро дархост намояд.
5. Хусусиятҳои ҳозир будани иштирокчии мурофиаро дар гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ боби 5 ҳамин Қонун муайян менамояд.
 
Моддаи 27. Мӯҳлатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ
Мӯҳлатҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судиро дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ дастурамалҳо дар бораи ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ, ки вазорату идораҳои дар қисми якуми моддаи 9 Қонуни мазкур номбаршуда қабул менамоянд, муайян мекунанд.
 
Моддаи 28. Хулосаи коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони   судӣ  ва  санад  дар  бораи
                       имконнопазирии  додани  хулоса
1. Дар асоси экспертизаи гузаронидашуда, бо назардошти натиҷаҳои он ва мувофиқи донишҳои махсус коршиноси судӣ аз номи худ (комиссия аз номи коршиносони судӣ) хулосаи хаттӣ медиҳад ва барои хулосаи додашуда шахсан ҷавобгар мебошад. Хулосаро коршиноси (коршиносони) судӣ имзо мекунад ва он бо мӯҳри муассисаи экспертизаи давлатии судӣ тасдиқ карда мешавад.
2. Дар хулосаи коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ бояд нишон дода шавад:
1) вақт ва ҷои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ;
2) асосҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ;
3) маълумот дар бораи мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст;
4) маълумот дар бораи муассисаи давлатии судӣ, дар бораи коршиноси судӣ (насаб, ном, номи падар, таҳсилот, ихтисос, собиқаи кор аз рӯи ихтисос, унвони илмӣ, рутба, вазифаи ишғолнамуда), ки ба он гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ супорида шудааст;
5) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ кардани коршиноси судӣ дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ, саркашӣ ё рад кардан аз додани хулоса;
6) саволҳое, ки дар назди коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ гузошта шудаанд;
7) объектҳои экспертиза ва маводи парванда, ки ба коршиноси судӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ пешниҳод карда шудаанд;
8) маълумот дар бораи иштирокчиёни мурофиа, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ҳозир мебошанд;
9) мазмун ва натиҷаҳои экспертиза, асосноксозӣ ва ифодаи хулосаҳо оид ба саволҳои гузошташуда.
3. Маводе, ки хулосаи коршиноси судӣ ё комиссияи коршино-сони судиро шарҳ медиҳад, ба хулоса замима карда мешавад ва қисми таркибии он мебошад. Ҳуҷҷатҳое, ки ҷараён, шароит ва натиҷаҳои экспертизаро нишон медиҳанд, дар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ маҳфуз дошта мешаванд. Бо талаби мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, ҳуҷҷатҳои зикршуда барои ҳамроҳ кардан ба парванда дода мешаванд. Агар то оғози экспертиза коршиноси судӣ боварӣ ҳосил кунад, ки саволҳои гузошташуда аз доираи донишҳои махсуси ӯ берун мебароянд ва комёбиҳои илм, техника, таҷрибаи амалӣ имкон намедиҳанд, ки ба ин саволҳо посух дода шавад, ё маълумоти ибтидоии мавҷуда барои додани хулосаи экспертизаи давлатии судӣ кофӣ нестанд ё корношоям мебошанд, ӯ дар бораи имконнопазирии додани хулоса санад тартиб медиҳад.
4. Хулосаи коршиноси судӣ ё санад дар бораи имконнопазирии додани хулоса аз тарафи роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ  ба шахс ё мақоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст, фиристода мешавад.
 
Моддаи 29. Арзёбии хулосаи коршиноси судӣ
Хулосаи коршиноси судӣ мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти дақиқӣ, беғаразӣ ва пуррагии экспертизаи гузаронидашуда, инчунин самарабахшӣ ва бунёдии усулҳои истифодашудаи экспертиза арзёбӣ карда мешавад. Хулосаи коршиноси судӣ барои суд, прокурор, муфаттиш ё шахсе, ки таҳқиқ мебарад, ҳатмӣ намебошад, вале бо хулоса розӣ набудани онҳо бояд асоснок карда шавад.
 
БОБИ 5.
ХУСУСИЯТҲОИ   ГУЗАРОНИДАНИ  ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДИИ
ШАХСИ ВОҚЕӢ
 
Моддаи 30. Гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ
1. Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ дар сурати мавҷуд будани шароите, ки барои гузаронидани экспертизаи дахлдор зарур аст, инчунин дар сурати таъмини риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсоне, ки мавриди экспертиза қарор мегиранд, гузаронида мешавад.
2. Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 
Моддаи 31. Шароит ва ҷои гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ
1. Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ дар муассисаи тиббӣ ё дигар муассисаи экспертизаи давлатии судӣ, инчунин дар ҷои дигаре гузаронида шуда метавонад, ки дар он ҷо шароитҳое, ки барои гузаронидани экспертизаи дахлдор ва таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсе, ки нисбати ӯ экспертиза гузаронида мешавад, мавҷуданд.
2. Агар ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ зарурати хобондани шахс дар беморхона ба миён ояд, онро бо тартиби пешбиникардаи моддаҳои 32-35 ҳамин Қонун ва талаботи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхона ҷойгир кардан мумкин аст.
3. Ба муассисаи тиббӣ ё дигар муассиса бурдани шахсеро, ки ба экспертизаи давлатии судӣ ба таври маҷбурӣ равона карда шудааст, мақом ё шахсе таъмин мекунад, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст.
 
Моддаи 32. Ихтиёрӣ ва маҷбурӣ гузаронидани экспертизаи  давлатии судии шахси воқеӣ
1. Экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ метавонад ба таври ихтиёрӣ ё маҷбурӣ гузаронида шавад.
2. Агар экспертизаи давлатии судӣ ба таври ихтиёрӣ гузаронида шавад, ба муассисаи экспертизаи давлатии судӣ бояд розигии хаттии шахсе дода шавад, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад.
3. Агар шахсе, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ таъин карда шудааст, ба синни 16 солагӣ нарасида бошад ва ё аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шуда бошад, барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ розигии хаттиро намояндаи қонунии ин шахс медиҳад.
4. Доираи шахсонеро, ки ба экспертизаи давлатии судӣ ба таври маҷбурӣ равона карда шуда метавонанд, қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Агар дар қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазирии ба экспертизаи давлатии судӣ маҷбуран равона кардани шахс дастури мустақим набошад, муассисаи экспертизаи давлатии судӣ ҳуқуқ надорад, ки нисбати ин шахс экспертизаи давлатии судиро ба таври маҷбурӣ гузаронад.
 
Моддаи 33. Асосҳо ва тартиби дар беморхона ҷой додани шахс
1. Агар ҳангоми таъин ё гузаронидани экспертизаи давлатии судии тиббӣ ё экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ зарурияти хобонидани шахс дар беморхона ба миён ояд, шахс дар беморхонаи дахлдор дар асоси қарор ё таъинот дар бораи таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ ҷой дода мешавад. Тартиби дар беморхона ҷой додани шахсро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Шахсоне, ки дар ҳабсанд, барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ дар беморхонаҳое ҷой дода мешаванд, ки махсус барои нигоҳ доштани шахсони мазкур мувофиқ карда шудаанд.
3. Барои гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпи-зишкӣ шахс дар беморхонаи равонпизишкӣ танҳо дар асоси таъиноти суд, қарори судя, прокурор, инчунин қарори муфаттиш, мақоми таҳқиқ бо розигии прокурор ҷойгир карда мешавад. Беморхонаҳои равонпизишкӣ барои дар онҳо ҷойгир кардани шахсоне, ки дар ҳабс мебошанд ё барои дар онҳо ҷойгир кардани  шахсони дар ҳабс набуда таъин карда мешавад.
4. Мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст ва шахсро дар беморхона ба таври маҷбурӣ ҷойгир кардааст, вазифадор аст дар давоми 24 соат дар ин бора ба яке аз аъзои оилаи шахси ҷойгиркардашуда, хешу табори ӯ ё бо дастури вай ба дигар шахсон ва дар сурати набудани шахсони мазкур, ба мақоми корҳои дохилии ҷои зисти шахси мазкур хабар диҳад.
 
Моддаи 34. Мӯҳлатҳои дар беморхона будани шахс
1. Шахс дар беморхона барои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ ба мӯҳлати то 30 рӯз метавонад ҷойгир карда шавад.
2. Дар сурати зарурат бо дархости асосноки коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ мӯҳлати дар беморхона будани шахс бо таъиноти суд, қарори судя, прокурор, инчунин муфаттиш ва таҳқиқкунанда бо розигии прокурор дароз карда мешавад.
3. Дархости коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судӣ дар бораи дароз кардани мӯҳлати дар беморхона нигоҳ доштани шахс бояд ба суд (судя), прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунандае, ки парванда дар истеҳсолоти ӯ мебошад, на дертар аз 10 шабонарӯз пеш аз тамом шудани мӯҳлати муқарраркардаи нигоҳдорӣ пешниҳод гардад.
4. Суд (судя), прокурор, муфаттиш ва таҳқиқкунанда дар мӯҳлати 3 шабонарӯз аз рӯзи гирифтани дархост қарори дахлдор қабул менамояд ва оид ба он коршиноси судӣ ё комиссияи коршиносони судиро хабар медиҳад.
5. Дар сурати аз тарафи суд (судя), прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда рад кардани дароз намудани мӯҳлати дар беморхона будани шахс, вай аз он ҷо фавран озод карда мешавад.
6. Роҳбари беморхона дар бораи таъиноти суд (судя), қарори прокурор, муфаттиш, таҳқиқкунанда оид ба дароз кардани мӯҳлат ба шахсе, ки дар беморхонаи зикршуда мебошад, хабар медиҳад.
7. Дар мавридҳои истисноӣ бо худи ҳамон тартиб дарозкунии такрории мӯҳлати дар беморхона будани шахс мумкин аст. Зимнан мӯҳлати умумии дар беморхона будани шахс ҳангоми гузаронидани як экспертизаи давлатии судӣ аз 90 шабонарӯз зиёд шуда наметавонад.
8. Барои вайрон кардани мӯҳлати дар беморхона нигоҳ доштани шахс, ки ҳамин модда муқаррар кардааст, шахс, ҳимоятгар, намояндаи қонунӣ ё дигар намояндагони вай, ки ба иштирок дар парванда роҳ дода шудаанд, инчунин роҳбари беморхона бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда метавонанд.
 
Моддаи 35. Ҳифзи ҳуқуқ  ва  манфиатҳои  қонунии  шахси воқеие, ки нисбати ӯ экспертизаи
                       давлатии судӣ гузаронида  мешавад
1. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ манъ аст:
1) маҳдуд кардани ҳуқуқ, фиреб додан, ба кор бурдани зӯрӣ, таҳдид ва дигар чораҳои ғайриқонунӣ бо мақсади гирифтани маълумот аз шахси воқеие, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад;
2) озмудани воситаҳои нави доруворӣ, тарзу усулҳои тадқиқот, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳо, инчунин гузаронидани тадқиқоти таҷрибавии биотиббӣ ва ба сифати объект истифода кардани шахси воқеие, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад.
2. Шахси воқеие, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, ҳуқуқ дорад ба коршиноси судӣ шарҳу эзоҳе диҳад, ки он ба мавзӯи ҳамин экспертизаи давлатии судӣ мансуб мебошад.
3. Коршиноси судӣ дар хусуси маълумотҳои гирифтааш аз шахси воқеие, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида шудааст ва ба мавзӯи ҳамин экспертизаи давлатии судӣ мансубият надоранд, пурсиш карда намешавад.
4. Вохӯрии шахси дар беморхона ҷойдодашуда бо ҳимоятгар, намояндаи қонунӣ ё дигар намояндагони ӯ, ки ба иштирок дар парванда роҳ дода шудаанд, дар шароите ташкил карда мешавад, ки имконияти аз тарафи шахси сеюм гирифтани маълумотро истисно менамояд.
5. Ба шахси дар беморхона ҷойдодашуда бояд имконияти воқеии пешниҳод кардани арзу шикоятҳо ва дархостҳо дода шавад. Шикоятҳое, ки мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахси дар беморхона ҷойгиргардида пешниҳод шудаанд, набояд тафтиш шаванд ва дар давоми 24 соат ба шахсе, ки ба суроғаи ӯ навишта шудааст, фиристода шавад.
6. Шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, ҳуқуқ доранд ҷуброни хароҷоти бо гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ алоқамандро дар асос ва бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд.
 
Моддаи 36. Шартҳои гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ  нисбати шахсоне, ки дар ҳабс
                       ва дар беморхонаҳои  равонпизишкӣ нигоҳ дошта намешаванд
1. Экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ нисбати шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, дар беморхонаҳои равонпизишкии дорои бахши экспертизаи судӣ ва дар дигар беморхонаҳои равонпизишкӣ гузаронида мешавад. Дар беморхонаҳои мазкур ҷойгир кардани шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, мумкин нест.
2. Дар дигар беморхонаҳои равонпизишкӣ ҷойгир кардани шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, гузаронидани экспертизаи давлатии судиро набояд душвор гардонад.
3. Шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешаванд, дар давраи гузаронидани экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ аз ҳуқуқҳои беморони беморхонаҳои равонпизишкӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нигоҳдории тандурустӣ муқаррар кардааст, истифода мекунанд.
4. Агар ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии тиббӣ ё судии равонпизишкӣ зарурати мушоҳида ба хобонидани шахс пайдо шавад, суд, прокурор, инчунин муфаттиш, таҳқиқкунанда бо розигии прокурор шахсро дар муассисаи тиббии дахлдор ҷойгир мекунад ва оид ба ин дар қарори таъин кардани экспертизаи давлатии судӣ нишон дода мешавад.
5. Шахсе, ки дар ҳабс нигоҳ дошта намешавад, дар муассисаи муолиҷавию равонпизишкӣ бо розигии прокурор ё муовини ӯ, ё бо таъиноти суд ҷойгир карда мешавад.
6. Дар ҳолати аз тарафи шахси дар ҳабс нигоҳ доштанашаванда ва ба иллати вазнини рӯҳӣ гирифтор набуда содир кардани амалиётҳои ба ҳаёт ва саломатии атрофиён таҳдидкунанда ё кори беморхонаҳои равонпизишкиро ҷиддан вайронкунанда маъмурияти беморхона дар ин бора ба мақоми корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавӣ фавран хабар медиҳад, ки он бояд нисбати вайронкунанда чораҳое андешад, ки онҳо ба қатъ кардани амалиётҳои мазкур равона карда шуда бошанд.
 
Моддаи 37. Шароити гузаронидани экспертизаи давлатии судӣ нисбати шахсоне, ки дар
                       беморхонаҳои равонпизишкӣ дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд
1. Экспертизаи давлатии судии равонпизишкӣ нисбати шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, дар беморхонаҳои равонпизишкӣ, ки барои дар онҳо ҷойгир кардани шахсони мазкур таъин карда шудаанд, гузаронида мешавад.
2. Таъмини амният ва посбонии беморхонаҳои мазкурро мақо-моте ба амал мебароранд, ки ба зиммаи онҳо таъмини амният ва посбонии ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан гузошта шудааст.
3. Ба шахсони дар ҳабс нигоҳ дошташаванда, ки дар беморхонаҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда ҷойгир карда шудаанд, меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд. Зимнан меъёрҳое, ки ба кор бурдани чораҳои ҷазо ва ҷавобгарии моддии шахсони мазкурро пешбинӣ менамоянд, инчунин асосҳои истифода бурдани силоҳ нисбат ба шахсоне дахл надорад, ки онҳо дорои аломатҳои ошкорои иллати вазнини рӯҳӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
4. Тартиби амалиёти ҳамкории шахсоне, ки амният ва посбонии беморхонаҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишударо таъмин менамоянд, бо кормандони тиббии беморхонаҳои мазкур якҷоя аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1144)
 
Моддаи 38. Маҳдудият дар татбиқи тарзу усулҳои тадқиқот  ҳангоми   гузаронидани  
                        экспертизаи   давлатии  судии  шахси  воқеӣ
1. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ ба кор бурдани тарзу усулҳои тадқиқот, ки бо расонидани ҳисси дарди сахт алоқаманданд, ё ба саломатии шахс таъсири манфӣ расонида метавонанд, тарзу усулҳои ҷарроҳӣ, инчунин тарзу усулҳои истифодаашон дар амалияи ҳифзи саломатӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, мумкин нест.
2. Шахсе, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, бояд дар шакли барои ӯ дастрас дар бораи он тарзу усулҳои тадқиқот, ки нисбати ӯ ба кор бурда мешаванд, аз он ҷумла тарзу усулҳои алтернативӣ дар бораи эҳтимолияти дарднокӣ ва ҳолатҳои иловагӣ огоҳ карда шавад. Ахбори мазкур инчунин ба шахсе, ки ба намояндаи қонунии шахси таҳти экспертизаи давлатии судӣ қарордошта дархости дахлдорро изҳор кардааст, расонида мешавад.
3. Расонидани ёрии тиббӣ ба шахсе, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, танҳо дар асос ва бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
4. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ дар муассисаи тиббӣ аз онҳо намунаҳо гирифта мешаванд, ки онҳо барои гузаронидани экспертиза заруранд ва дар ин бора дар хулосаи коршиноси судӣ нишон дода мешавад. Намунаҳоро духтур ё дигар мутахассис дар ҳузури ду коркуни тиббии ҳамин муассисаи тиббӣ мегирад. Аз шахсоне, ки ба таври ихтиёрӣ барои экспертизаи давлатии судӣ равон карда шудаанд, маҷбуран гирифтани намунаҳо манъ аст.
 
Моддаи 39. Ҳозир   будани   иштирокчиёни   мурофиа ҳангоми гузаронидани экспертизаи
                      давлатии судии шахси воқеӣ
1. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии судии шахси воқеӣ он иштирокчиёни мурофиа ҳозир буда метавонанд, ки ба онҳо ин гуна ҳуқуқро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст. Ҳозир будани дигар иштирокчиёни мурофиа бо иҷозати мақом ё шахсе, ки экспертизаи давлатии судиро таъин кардааст ва шахсе, ки нисбати вай экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад ё намояндаи қонунии ӯ роҳ дода мешавад.
2. Ҳангоми гузаронидани экспертиза, ки дар рафти он бараҳна кардани шахсе сурат мегирад, ки нисбати ӯ экспертизаи давлатии судӣ гузаронида мешавад, танҳо шахсони ҳамҷинс иштирок карда метавонанд. Маҳдудиятҳои мазкур ба духтурон ва дигар коркунони тиббие, ки дар гузаронидани экспертизаи номбаршуда иштирок мекунанд, дахл надорад.
 
 
БОБИ 6.
ТАЪМИНОТИ  МОЛИЯВӢ ВА МОДДИИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ
 
Моддаи 40. Маблағгузории муассисаҳои экспертизаи  давлатии  судӣ
1. Маблағгузории муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки музди гузаронидани экспертизаҳои судӣ, тадқиқоти илмӣ ва дигар корҳои бо онҳо алоқамандро пардохт менамоянд, сурат мегирад. Тартиби пардохти маблағро аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Пардохти музди экспертизаи давлатии судии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ аз ҳисоби тарафе сурат мегирад, ки экспертиза бо талаби он гузаронида мешавад, оид ба ин дар қарор ё таъинот дар бораи таъини экспертизаи давлатии судӣ нишон дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)
3. Маблағи хароҷоти гузаронидани экспертизаи давлатии судии парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с., №804)
 
Моддаи 41. Таъминоти моддии фаъолияти коршиноси судӣ
Пардохти музди меҳнат, ҳавасмандгардонӣ ва таъминоти дигари моддии коршиноси судӣ мувофиқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
 
БОБИ 7.
ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ
 
Моддаи 42. Гузаронидани экспертизаи давлатии  судӣ бо хоҳиши   мақомоти салоҳиятноки
                       дигар давлатҳо
Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии судиро бо хоҳиши мақомоти салоҳиятноки дигар давлатҳо қонунгузории мурофиавӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамоянд.
 
Моддаи 43. Ҷалб намудани мутахассисони дигар давлатҳо барои якҷоя гузаронидани
                         экспертизаҳои давлатии судӣ
Роҳбари муассисаи экспертизаи давлатии судӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқ дорад бо розигии шахс ё мақоме, ки экспертизаи давлатии судиро таъин мекунад, ба ҳайати комиссияи экспертиза мутахассисони ихтисосманди дигар давлатҳоро дохил намояд. Ин гуна комиссияҳои муштарак экспертизаҳои давлатии судиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд.
 
Моддаи 44. Ҳамкории байналмилалии илмӣ дар соҳаи фаъолияти   экспертизаи давлатии
                       судӣ
Муассисаҳои экспертизаи давлатии судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ ва криминалистии дигар давлатҳо робитаҳои байналмилалии илмӣ муқаррар намоянд, конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои якҷояи илмӣ гузаронанд, бо таҷриба, иттилооти илмӣ ва нашрияҳои чопӣ мубодила намоянд ва дар соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ нашрияҳои муштарак  созмон диҳанд.
 
БОБИ 8.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 45. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 46.  Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Э.Раҳмонов
 
ш. Душанбе, 25 июли соли 2005
№ 102

СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАКТАБИ №65 НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Дшб, 03/02/2020 - 16:57

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
89
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.03.2005

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)

Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар ба танзим дароварда, табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

- гендер - ҷанбаи иҷтимоии муносибатҳои байни мардону занон, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, ҳуқуқ, фарҳанг, маориф ва илм зоҳир мегардад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);

- сиёсати гендерӣ - фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятие, ки ба таъмини баробарии муносибатҳои мутақобилаи мардон ва занон равона шудааст;

- баробарҳуқуқӣ - ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти баробари мардон ва занон дар назди қонун;

- баробарии гендерӣ - баробарии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, ки ба ҳарду ҷинс озодона инкишоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иштирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва азхудкунии натиҷаи он имконият медиҳад;

- имконияти баробар - таъмини шароити якхела барои амалигардонии ҳуқуқи мардону занон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз рӯи принсипҳои умумии эътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);

- табъизи ҷинсӣ - ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ аз рӯи аломати ҷинсӣ(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Моддаи 3. Манъи табъизи ҷинсӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)

Табъизи мардону занон аз рӯи ҷинс манъ аст(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Вайронкунии принсипе, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст, (гузаронидани сиёсати давлатӣ ё содир кардани амалиёти дигаре, ки мардону занонро аз рӯи ҷинс дар мавқеи нобаробар қарор медиҳад), табъизи ҷинсӣ шуморида мешавад ва бояд бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур бартараф карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Чораҳои зерин табъизи ҷинсӣ намебошанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);

- чораҳои махсуси ҳифзи саломатии мардону занон;

- муҳофизати махсуси занон вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак;

- чораҳои амалӣ гардонидани нуқтаҳои Қонуни мазкур.

Моддаи 3(1). Принсипҳои асосии таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)

Кафолатҳои давлатии баробарҳукуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- қонуният;

- баробарҳуқуқии мардону занон;

- нораво будани табъиз аз рӯи ҷинс;

- ошкорбаёнӣ ва шаффофият (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Моддаи 4. Вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таъмини имкониятҳои баробари мардону занон (баробарии гендерӣ)

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд:

- омӯзиши гендерии хизматчиёни давлатии ҳамаи мақомотро тавассути системаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои дастгоҳи идораҳои давлатӣ мунтазам ба роҳ монанд;

- барои амалигардонии имконияти баробари мардону занон, аз он ҷумла ба воситаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эҳё ва эҷод кардани расму оин ва гузаронидани чорабиниҳои дигари мушаххас, бартараф намудани сабабу шартҳои ба баробарҳуқуқии комил халалрасонанда мусоидат намоянд;

- барномаҳои махсуси рафъи табъиз аз рӯи ҷинсро таҳия ва дар ҳаёт ҷорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);

- ба барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мустаҳкам кардани пойдории ҷомеа ва нақшаҳои минтақавии амалиёт оид ба инкишофи соҳаи иҷтимоӣ, дар баробари дигар чораҳо, инчунин чораҳои таъмини баробарии гендериро ҳамроҳ кунанд.

Моддаи 5. Иштироки баробари мардону занон дар идоракунии давлатӣ

Давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Давлат баробарии мардону занонро дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд.

Моддаи 6. Кафолатҳои давлатии таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи маориф ва илм

Муассисаҳои маориф ва илмии ҳамаи шаклҳои моликият вазифадоранд:

- ба мардону занон барои таҳсилоти асосии умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, ҳамаи намудҳои таълими касбӣ ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълимӣ ва илмӣ шароити баробар фароҳам оваранд;

- курсҳои махсуси таълими гендерӣ ҷорӣ намуда, ба инкишофи таҳқиқот барои масъалаҳои баробарҳуқуқии мардону занон, маърифатнокии гендерии шаҳрвандон мусоидат кунанд;

- барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиеро, ки тарғиби табъизро аз рӯи ҷинс истисно менамоянд, истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);

- барои духтарон ва писарони деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҳангоми дохил шудан ва давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ шароити имтиёзнок муҳайё намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Амали ин модда ҷараёни таълим ва такмили ихтисоси муассисаҳои таълимии ҳарбиро низ фаро мегирад.

Моддаи 7. Баҳисобгирии вазъияти оилавии мардону занон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва меҳнатӣ

Ҳангоми қабул ба кор, болоравӣ дар хизмат, таълими касбӣ, муқаррар намудани низоми меҳнат, инчунин аз кор озод кардани кормандон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқ ва кафолатҳои мардону занон ва вазъияти оилавӣ бояд ба назар гирифта шавад.

Корфармо вазифадор аст барои мардону занон, аз он ҷумла вобаста ба танаффуси иҷозатдодаи қонунгузорӣ дар фаъолияти меҳнатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини тифл, адои хизмати ҳарбӣ тибқи даъват, иҷрои дигар вазифаҳои давлатӣ системаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дошта бошад.

БОБИ 2. КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ МАРДОНУ ЗАНОН ҲАНГОМИ АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ҲУҚУҚИ ИНТИХОБОТ

Моддаи 8. Таъмини имкониятҳои баробари иштироки мардону занон дар интихобот

Системаи интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардону занон барои иштирок дар раванди сиёсӣ ҳуқуқҳои баробари интихобот ва кафолатҳои онро таъмин менамояд.

Моддаи 9. Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми ташкили комиссияҳои интихобот

Ҳангоми ташкили ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ принсипи конститутсионии баробарии ҳуқуқ ва баробарии имкониятҳои мардон ва занон ба асос гирифта мешавад.

БОБИ 3. КАФОЛАТҲОИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 10. Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ва адои хизмат

Ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, инчунин адои он ба муқаррар кардани ягон хел маҳдудияти бавосита ё бевосита ё афзалияти вобаста ба ҷинс роҳ дода намешавад.

Роҳбарони мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори дахлдор вазифадоранд қабули баробари шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ мувофиқи қобилият ва тайёрии касбӣ новобаста ба ҷинсияти довталаб таъмин намоянд.

Барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ, ки бо роҳи гузаронидани озмунҳо сурат мегирад, иштироки мардону занон бо шартҳои баробар таъмин карда мешавад.

Ба эълон кардани озмунҳо танҳо барои намояндагони як ҷинс роҳ дода намешавад.

Моддаи 11. Таъмини иштироки баробари мардону занон дар озмунҳо барои ишғоли вазифаҳо дар хизмати давлатӣ

Озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хизмати давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронида мешаванд.

Ба зиммаи хадамоти кадрҳои мақомоти давлатӣ вазифаи ба комиссияҳои озмунҳо ба ғайр аз ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ва тайёрии касбии шахсони иштирокчии озмун ва пешниҳод намудани дигар маълумоте, ки қонун талаб мекунад, инчунин далелҳо дар бораи таносуби шумораи мардону занони коркунанда дар вазифаҳои дахлдори мақомоти давлатӣ гузошта мешавад.

Чунин маълумот аз ҷониби ҳадамоти кадрҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, болоравӣ дар хизмат, зиёд кардани маош пешниҳод карда мешаванд.

БОБИ 4. КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАР БАРОИ МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОҲАИ ИҶТИМОӢ - ИҚТИСОДӢ

Моддаи 12. Вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва роҳбарони ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият вазифадоранд баробар дастрас будани захираҳои иқтисодии ҷамъиятро барои мардону занон, аз ҷумла дастрас будани амволи манқул ва ғайриманқул, замин, дороии молиявӣ, кредитҳо, ҳамчунин фаъолияти соҳибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадҳои қонунгузорӣ манънашударо таъмин намоянд.

Моддаи 13. Мусоидат ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ

Бо мақсади мусоидат кардан ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ корфармо (роҳбари мақоми давлатӣ, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият) корҳои зеринро ба ҷо меоварад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941):

- барои мардону занон ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатӣ имкониятҳои баробар муҳайё менамояд;

- ба мардону занон ҷойҳои (вазифаҳои) холии корро баробар дастрас мегардонад;

- барои мардону занон ҳангоми иҷрои кори якхела ё коре, ки қиматаш баробар аст, музди меҳнати (мукофоти) баробар медиҳад;

- барои такмили ихтисос, бозомӯзӣ, болоравӣ дар хизмат имконияти баробар муҳайё менамояд;

- шароити якхелаи бехатарии меҳнатро, ки барои ҳаёт ва саломатии ҳам мардон ва ҳам занон зарур аст, таъмин менамояд.

Моддаи 14. хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)

Моддаи 15. Кафолати баробарии гендерӣ дар мавриди ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон

Дар сурати ба таври оммавӣ аз кор озод намудани коргарони ташкилот бояд таносуби шумораи маъмулии кормандони ин ташкилоту муассисаҳо аз рӯи ҷинсҳо риоя карда шавад.

Моддаи 16. Ба шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ворид кардани чораҳои таъмини имкониятҳои баробари мардону занон

Ҳангоми танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ тавассути шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ба онҳо ворид кардани нуктаҳое ҳатмист, ки баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон, беҳтар намудани шароитро барои мутобиқ гардондани ӯҳдадориҳои касбӣ ва оилавии онҳо таъмин намояд.

Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, дигар намояндагони кормандон, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадоранд рафти иҷрои ин шартномаю созишномаҳоро назорат намоянд.

Моддаи 17. Мушоҳидаҳои назоратӣ (мониторинг) оид ба риояи баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ

Мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили системаноки вазъи таъмини баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, пешгӯии тағйири вазъ, дар мавриди зарурат, барои таҳияи чораҳои пешгирӣ ва рафъи далелҳои табъизи ҷинсӣ, инчунин барои тайёр намудани таклифҳо оид ба ташкили барномаҳои иҷтимоии давлатӣ ба таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар ин соҳа мушоҳидаи (мониторинги) доимӣ ташкил менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).

Натиҷаи мушоҳидаҳои назоратӣ дар воситаҳои ахбори омма инъикос карда мешавад.

БОБИ 5. МЕХАНИЗМИ ТАЪМИНИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО

Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар доираи салоҳияти худ:

- мақомоти ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендериро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

- сиёсати ягонаи давлатиро дар бобати ноил шудан ба баробарии иҷтимоии мардону занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян мекунад ва иҷрои онро таъмин менамояд;

- барномаҳои мақсадноки (соҳавии) ҷумҳуриявиро дар бобати таъмини баробарҳуқуқии ҷинсҳо тартиб медиҳад ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад;

- фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар бобати ҳимоя ва таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, масъалаҳои интихоб кардан ва ба мансабҳои масъулиятнок таъин намудани занон, тарбияи насли навраси кадрҳои роҳбарикунандаро, аз ҷумлаи занону духтарон ба роҳ мемонад ва назорат мекунад.

Моддаи 19. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ риояи Қонуни мазкурро мушоҳида менамояд ва ҳисоботи ҳарсоларо оид ба риояи Қонуни мазкур дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад.

Моддаи 20. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

Иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки бо мақсади амалигардонии принсипи конститутсионии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон ташкил ёфтаанд, ҳуқуқ доранд:

- дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба масъалаҳои таъмини имкониятҳои баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ иштирок намоянд;

- дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ аз номи мардону занон намояндагӣ ва ҳуқуқҳояшонро ҳимоя кунанд.

Моддаи 21. Назорати давлатии риояи қонунгузорӣ оид ба баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо равона гардидаанд, аз ҷониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

1 марти соли 2005 № 89

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ БИОЛОГӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:30
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
88
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.03.2005

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ БИОЛОГӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №3, мод. 128; соли 2007, №7, мод.692)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми декабри соли 2004, № 1269 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 12 (қисми 3), соли 2004, моддаи 706) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 602 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 78) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Боби I. Муқаррароти  умумӣ

            Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

            Қонуни мазкур намудҳои фаъолияти  вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истифода бурдан, воридот, содирот, истеҳсол ва фурўши организмҳои бо истифодаи усули биотехнологияи замонавӣ аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро танзим намуда, ба кам намудани хавфи таъсири номатлуби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба саломатии инсон, гуногунии биологӣ, мувозинати экологӣ ва ҳифзи  муҳити  зист нигаронида шудааст.

                                                                                                                                               

            Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки  дар Қонуни мазкур  истифода мешаванд

            Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

            организм-тамоми мавҷудоти зиндае, ки қобилияти дучандшавии маводи генетикиро доро мебошад;

            организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - ҳар гуна организм, ба истиснои организми инсон, ки маводи генетикиаш бо роҳҳои ғайри дурагакунӣ ё ба таври ғайри табиии дучандшавӣ тағйир дода шудааст;

            микроорганизм - организмҳои зиндаи хурд, ки дар табиат паҳн гардидаанд ва суръати  баланди афзоиш ва паҳншавӣ дошта, ба гузаронидани маводи генетикӣ қобилият доранд;

            биотехнологияи ҳозиразамон - истифодаи усулҳои навшудаи кислотаҳои нуклеинӣ ва усулҳои омехташавии ҳуҷайраҳо, ки  аз   усулҳои  хоси селексия ва беҳтаркунии навъҳо фарқ намуда, монеаҳои табиии такрористеҳсолкунӣ ё усулҳои навшударо бартараф месозад;

            истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - фаъолият ё маҷмўи намудҳои фаъолияте, ки мақсади он ба даст овардан ва ба фурўш баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, аз ҷумла таҳқиқ, озмоиш ва ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии онҳо мебошанд;

            истифодабарӣ дар системаҳои  маҳдуд - ҳар кадом амалиёте, ки дар рафти он микроорганизмҳо (организмҳо) дар фазо ё  муҳити маҳдуди ҷудо карда  ва таҳти назорат қарорёфта бо истифодаи чораҳои махсуси ҷудокунӣ  барои  маҳдуд ё  истисно кардани  робитаи чунин организмҳо бо одамон ва  муҳити  зист аз ҷиҳати генетикӣ тағйир меёбанд ё организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта парвариш ва афзоиш меёбанд, ҷамъ мешаванд, истифода мегарданд, интиқол ва нобуд сохта ва ё безарар гардонида мешаванд;

            истифодабаранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истеҳсол ва фурўхтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд ё кушода, инчунин  бо ба даст овардан, озмудан, истеҳсол ва фурўхтани маҳсулоти аз ин организмҳо ҳосилшуда  масъул аст ва ба амал мебарорад;

            ворид намудани мақсаднок ба муҳити зист - дидаю дониста ба муҳити зист ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки қабули чораҳои махсуси ҷудокуниро тақозо намекунанд ва бо дараҷаи баланди бехатарӣ барои одамон ва муҳити зист фарқ мекунанд;

            ворид намудани беғаразона ба муҳити зист- ҳар ҳодисаи ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки натиҷаи ғаразнок надошта бошад;

            воридсозӣ ба бозор- таҳвилдиҳии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ба музд ё ба таври ройгон ба тарафи сеюм;

            садама- ҳодисае, ки боиси беғаразона ба муҳити зист ворид намудани микроорганизмҳои (организмҳои) зиёд дар рафти истифодаи онҳо дар системаҳои маҳдуд  гардида, барои саломатии одамон ва муҳити зист оқибатҳои фаврӣ ё минбаъда дошта метавонад;

            маҳсулоти истеҳсолшуда аз организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - маҳсулоте, ки аз як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо иборат аст ё дорои як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо буда, ба бозор ворид карда мешавад;

            маҳсулоти коркардшуда - маҳсулоте, ки бо роҳи коркарди организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, баъзе қисмҳои онҳо ё баъзе метаболитҳо (мубодилаи  моддаҳо) ва моддаҳои ҳосилкардаи онҳо ба даст оварда шудааст;

            маҳсулоти тозашуда - маҳсулоте, ки аз организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо роҳи коркард, тозакунӣ ба даст оварда шудааст (масалан: инсулин, энзимҳои гуногун, равған ва монанди инҳо);

            санҷиши саҳроӣ - таҷрибае, ки аз омўзиши организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар шароити саҳро иборат буда, дар зери назорат қарор дорад ва  боварӣ ҳаст, ки ин организмҳо баъди ба итмом расидани таҷриба дар муҳит боқӣ намемонанд;

            парвариш, истеҳсол дар шароити саҳро, паҳншавӣ  ба ҳудудҳо  - ба муҳити зист мақсаднок ворид сохтани организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо мақсади парвариш, истеҳсол ё афзоиш додан, ки аллакай хусусият ва мақсади таҷрибавӣ надорад;

            баҳодиҳии хатар - арзёбии оқибатҳои бевоситаю бавоситаи фаврӣ ё минбаъдаи ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё қисми таркибии онҳо барои саломатии  одамон ва муҳити зист; 

            танзими хатар - таҳия ва истифодаи маҷмўи чорабиниҳо барои амалӣ шудани мониторинги хатар ва чораҳое, ки дар сурати рўй додани садама андешида мешаванд;

            интиқоли байнисарҳадии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - бо ҳар гуна роҳ гузаронидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо, инчунин маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда аз ҳудуди як давлат ба ҳудуди давлати дигар;

            интиқоли байнисарҳадии мақсаднок - ҳар гуна амалиёти содиротию воридотии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки бо иҷозати мақомоти салоҳиятноки давлатӣ мутобиқи қоидаҳои миллӣ ва байналмилалӣ сурат мегирад;

            интиқоли байнисарҳадии беғаразона- надониста аз сарҳад гузаронидани ҳар гуна организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки оқибати он бояд аз нуқтаи назари бехатарии биологӣ ва бехатарии саломатии одамон бо дидани чораҳои дахлдор арзёбӣ карда шавад;

            воридкунанда- шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳуқуқии давлат қарор дошта, воридотро ба амал мебарорад ва воридоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, таркиби чунин организмҳо ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;

             содиркунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳуқуқии давлат қарор дошта, содиротро ба амал мебарорад ва содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, таркиби чунин организмҳо ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;

            огоҳнома - ҳуҷҷатест, ки тавассути он шахс дар бораи фаъолияте, ки амалӣ мегардонад, бо мақсади гирифтани иҷозат Комиссияи миллиро оид ба бехатарии биологӣ огоҳ месозад;

             минтақаи бехатарии генетикӣ - ҳудуде, ки дар он ба ягон фаъолияти вобаста ба истифодабарии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта роҳ дода намешавад;

            маводи  генетикӣ – маводҳое, ки  аз организмҳои  зиндаи тағйирдодашудаи  алоҳида, ё дар натиҷаи  комбинатсияи якчанд организмҳои зиндаи ба таври  генетикӣ тағйирдодашуда  ба вуҷуд оварда шудаанд;

            инженерияи  генӣ –  фаъолияте, ки   бо усули нави  биотехнологӣ таркиби наслии организмҳои зиндаро дигаргун намуда, организмҳои  сифатан навро  ба  вуҷуд  меорад.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ

            Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳукуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф  кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Фаъолияти вобаста ба бехатарии биологӣ

            Муқаррароти Қонуни мазкур ба намудҳои фаъолияте, ки ба ин масъалаҳо  алоқаманданд, татбиқ мешавад:

            - дар системаҳои сарбаста бо мақсадҳои гуногун ба даст овардан, афзоиш додан, воридоту содирот  намудан, санҷидан ва истифода бурдани микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвоноти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо истифодаи тарзу усулҳои биотехнологияи замонавӣ;

            - ба муҳити зист ва ба бозор ворид сохтани мақсадноки организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо истифодаи усулҳои биотехнологияи замонавӣ, аз ҷумла ҳар гуна таркиби зиндае, ки онҳо ба такрористеҳсолкунии организмҳо қобиланд, аз қабили тухмӣ, бехмева, қаламча, гарди гул ва ғайра;

            - беғаразона ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба муҳити зист;

            -ба муҳити зист ва бозор ворид намудани мақсадноки маҳсулоти коркардшуда, ки дорои организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё   қисматҳои ғайризиндаи организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёбанда  дар намуди коркардшуда ё коркарднашуда;

            - ҳамаи намуди тадқиқоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, аз ҷумла тадқиқоти лабораторӣ, клиникӣ, саҳроӣ, таҷрибавию саноатӣ;

            - беғаразона ё  ғайриқонунӣ аз сарҳад гузаронидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;

  • нигоҳдорӣ, гўронидан, нобуд намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, безараркунии партовҳо, ки натиҷаи истифодаи усулҳои биотехнологияи замонавӣ мебошанд;

-амалиётҳои оид ба воридоту содироти мақсадноки  организмҳои  аз  ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта  ва  маҳсулоти  аз  онҳо  ҳосилшуда.

   Таҳти амали Қонуни мазкур организмҳое, ки бо усули инженерияи генӣ ба даст омада, бо ҳосил намудан, санҷидан ва фурўхтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта пешбинӣ гардидаанд, маҳсулотҳои тозакардашуда, аз ҷумла доруҳои фармасевтӣ, ки барои инсон ва истифода дар соҳаи байторӣ таъин шудаанд, фаъолият оид ба интиқол, новобаста ба тарзи интиқол, инчунин амалиёт оид ба фурўш ва воридоту содирот, ки бо санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд, қарор намегиранд.

 

            Моддаи 5. Талаботи асосӣ оид ба  муайян намудани дараҷаи хатари воқеӣ

            Вобаста ба дараҷаи хатари воқеӣ барои саломатии инсон ва муҳити зист, ки ҳангоми амалӣ гардидани намудҳои фаъолияте, ки Қонуни мазкур ба танзим медарорад, барои системаҳои маҳдуд  дараҷаҳои зерини хатар муқаррар карда мешаванд:

            - дараҷаи I-ба фаъолияти дорои хатари начандон зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои ғайрипатогенӣ ё бидуни хатар муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;

            - дараҷаи II- ба фаъолияти дорои хатари кам, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои шартан патогенӣ (касалиовар) муқоиса мешавад,  мутобиқат менамояд;

            - дараҷаи III- ба фаъолияти дорои хатари мўътадил (миёна), ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои қобили гузаронидани сироятҳо муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;

            - дараҷаи IV – ба фаъолияти дорои хатари зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои қобили паҳнкунии инфексияҳои махсусан хавфнок муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд.

            Намудҳои фаъолияте, ки бо микроорганизмҳо дар системаи маҳдуд дар ҳаҷме, ки аз тадқиқоти лабораторӣ зиёд аст ва ҳамчунин дар системаҳои кушода амалӣ карда мешавад, ба дараҷаҳои III ва  IV- и хатар мансуб аст.

            Моддаи 6. Иҷозатномадиҳӣ  (литсензиядиҳӣ) ба фаъолият дар соҳаи бехатарии биологӣ

       (Моддаи 6  хориҷ карда шуд, тибқи Қ ҶТ аз 30.07.07с №330 )

 

 

 

Боби II.  Идоракунии давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ

Моддаи  7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ инҳо мансубанд:

- тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар ин соҳа;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои таъмини бехатарии биологӣ;

- муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ;

- равона кардани сиёсат ба нигоҳдории гуногунии биологӣ чун сарвати миллӣ, ки бехатарии биологии мамлакатро таъмин менамояд;

- таъсис ва тасдиқи Комиссияи миллӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи  8. Салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба  таъмини бехатарии биологӣ

Ба салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ инҳо дохил мешаванд:

- амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ;

- танзим ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба татбиқи стратегия ва нақшаи миллии амалиёт барои нигоҳдории гуногунии биологӣ;

- таҳияи лоиҳаҳо ва ташкили кор оид ба нигоҳдории гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ;

- тартиб додани маърўзаҳо, ҳисобот, шиносномаҳои экологӣ, лоиҳаҳои миллии ҳифзи табиат ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат;

- муайян намудани захираҳои биологӣ;

 - таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии байналмилалӣ ва муқаррар кардани равобит бо ташкилотҳои байналмилалӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 

Боби III. Истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати  генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд

Моддаи 9. Ташкили фаъолият ва баҳодиҳии хатар дар системаҳои маҳдуд

            Барои ташкили фаъолият оид  ба истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд  истифодабаранда бояд ба ин фаъолият аз нуқтаи назари хатарнокӣ барои саломатии инсон ва муҳити зист баҳо дода, онро ба яке аз дараҷаҳои хатаре, ки дар қисми 1 моддаи 5 номбар шудааст, нисбат диҳад ва ба  Комиссияи миллӣ огоҳномаро пешниҳод намояд.

            Ҳангоми баҳодиҳӣ ҷиҳатҳое, ки ба ҷудо кардани партовҳо ва қабули чораҳои зарурӣ барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист дахл доранд, махсусан ба назар гирифта мешаванд.

            Баҳодиҳӣ ва дидани чораҳои доир ба муҳофизат, ки дар қисми 1 ҳамин модда  пешбинӣ гардидаанд, бояд давра ба давра, инчунин дар ҳолатҳои зерин аз нав дида шаванд:

            - агар исбот шуда бошад, ки баҳодиҳӣ нодуруст гузаронида шудааст, дар ин ҳолат маълумотҳои нави тадқиқоти илмӣ ё техникӣ ба эътибор гирифта мешавад;

            - ё ин ки дидани чораҳо оид ба ҷудокунӣ комилан мувофиқ нестанд ё дараҷаи муқарраргардидаи хатар барои истифода дар  системаҳои сарбаста тағйир ёфтааст.

 

            Моддаи 10. Ахбороти махфӣ оид ба микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

            Дар огоҳномае, ки ба  Комиссияи миллӣ дархосткунанда мефиристад, асосҳои заруриро пешниҳод намуда, нишон медиҳад, ки кадом ахборотро ба сифати  ахбори махфӣ баррасӣ намояд.

            Қарор дар бораи махфӣ донистани ахборот аз ҷониби  Комиссияи миллӣ баъди бо дархосткунанда маслиҳат намудан қабул гардида, дар бораи қарори қабулшуда вай огоҳ карда мешавад.

            Ахбороти зерин махфӣ шуморида намешавад:

            - тавсифоти умумии микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, ном ва суроғаи дархосткунанда,  мақсад ва маҳалли истифодабарӣ;

            - дараҷаи хатаре, ки ба он фаъолият оид ба истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд ва чораҳои оид ба ҷудо кардан (изолятсия) марбут дониста мешаванд;

            - хулосае, ки дар натиҷаи омўзиши баҳодии хатар барои саломатии инсон ва муҳити зист пешниҳод карда шудааст;

            - тарзу усулҳо ва нақшаи мониторинг, инчунин чораҳое, ки дар ҳолати садама дида мешаванд.

             Комиссияи миллӣ ҳақ надорад, ки ба тарафи сеюм ягон ахбороти махфӣ донисташударо фош намояд ва ўҳдадор аст ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки бо ахбороти ба дастомада алоқаманд аст, ҳифз кунад.

            Агар дархосткунанда бо ягон сабаб огоҳномаро бозхонд намояд,  Комиссияи миллӣ бояд махфиятро нисбати ахбороти гирифтааш риоя кунад.

 

Моддаи 11. Санҷиши пеш аз истифодабарии микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд

            Комиссияи миллӣ пеш аз истифодабарии микрооганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд месанҷад, ки:

            - оё нақшаи таъҷилӣ барои истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд дар мавриди ғайрисамаранок будани чораҳои оид ба ҷудокунӣ   метавонад оқибатҳои ҷиддии фаврӣ ва минбаъдаро нисбат ба саломатии инсон  ва ё муҳити зист берун аз маҳали ҷойгиршавии дастгоҳ дошта бошад, тайёр карда шудааст;

            - оё дар бораи чунин нақшаҳои таъҷилӣ оид ба ҳатмӣ будани ҳамроҳкунӣ  барои истифодабарии чораҳои бехатарӣ ба мақомоти барои пешгирии садама манфиатдор  ба таври зарурӣ  ахборот пешниҳод намудааст. Ахборот бояд муҳим ва ошкоро бошад.

Комиссияи миллӣ ба мақоми салоҳиятноки дигар мамлакатҳо иттилоотеро,  ки дар қисми 1 ҳамин модда  пешбинӣ шудааст, мутобиқи қоидаҳои  байналмилалии  соҳаи мазкур пешниҳод менамояд.

           

            Моддаи 12. Чораҳои огоҳкунӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ 

            Дар сурати гирифтани ахбороти нав ё ҳангоми тағйир ёфтани шароити истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд, ки он метавонад аз нуқтаи назари хатарҳои эҳтимолӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, истифодагар ўҳдадор аст дар ин бора фавран ба Комиссияи миллӣ хабар дода, огоҳномаро тағйир диҳад.

            Агар баъди додани иҷозат Комиссияи миллӣ ахборот гирад, ки истифодаи мазкур дар системаҳои маҳдуд  метавонад барои саломатии инсон ва муҳити зист оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, вай бояд аз истифодагар тағйир додани шароити истифодаро талаб намояд ва агар ин талаб иҷро карда нашавад, барои боздоштан ё манъ кардани фаъолият чораҳо бинад.

 

            Моддаи 13. Ўҳдадории истифодабаранда ҳангоми рўй додани садама

            Дар сурати рўй додани садама истифодабаранда бояд дар ин хусус фавран ба Комиссияи миллӣ хабар дода, ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд:

            - иттилоот дар бораи ҳолатҳои садама;

            - маълумот дар бораи намуд ва миқдори истифодашудаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;

            - ҳар гуна иттилооте, ки барои баҳодиҳии оқибатҳои садама нисбати саломатии инсон ва муҳити зист зарур аст;

            - маълумот дар бораи чораҳои дидашуда.

            Дар сурати рўй додани садама Комиссияи миллӣ:

            - дар ин бора фавран аҳли ҷомеаро хабардор намуда, ба дараҷаи хатари ба амаломада барои саломатии инсон ва муҳити зист баҳо медиҳад ва онро нишон медиҳад;

            - ба садама баҳои пурра дода, дар сурати зарурат барои пешгирии чунин садамаҳо дар оянда, инчунин ба оқибатҳои имконпазири чунин садамаҳо роҳ надодан тавсия медиҳад;

            - андешидани чораҳои зуруриро таъмин менамояд ва аз рўи вазъият ба мақоми  салоҳиятноки  давлате, ки ба чунин садамаҳо дахл карданаш мумкин аст, фавран хабар медиҳад.

 

Боби IV. Ба муҳити зист дохил кардани мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

 

            Моддаи 14. Тартиби ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

            Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пеш аз ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо ба мақсади тадқиқот, санҷиш, инкишоф ё дигар мақсад, ба истиснои истеҳсолот барои баровардан ба бозор, бояд ба Комиссияи миллӣ огоҳнома пешниҳод намоянд.

            Огоҳнома бояд инҳоро дар  бар гирад:

            - ҷамъи ҳуҷҷатҳои техникӣ бо ахбороти дар Низомнома пешбинишуда барои баҳодиҳии хатарҳои пешбинигардидаи фаврӣ ё минбаъда организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо барои саломатии одамон ва ё муҳити зист мумкин дошта бошанд;

            - баҳои таъсир ва хатар барои саломатии одамон ва ё муҳити зист, ки бинобар ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта  ва ё таркиби чунин организмҳо ба вуҷуд омадааст;

            - ё иттилооте, ки дархосткунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ё берун аз он дар бораи натиҷаҳои ворид сохтани чунин организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё чунин таркиби ин  организмҳо гирифтааст ва огоҳнома дар ин бора пештар ё дар худи ҳамон вақт дода шудааст.

            Комиссияи  миллӣ  метавонад иҷозат диҳад, ки  дар ҷои муайян ба муҳити зист ворид сохтани таркиби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамон як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар ҷойҳои гуногун бо ҳамон як мақсад ва дар давраи маҳдуд  дар  як огоҳнома  ба  расмият дароварда шавад.

            Дар сурати минбаъд дохил кардани ҳамон организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамон таркиби ин организмҳо, ки дар бораи он ҳамчун қисми ҳамон як барномаи тадқиқот (санҷиш) огоҳ карда шуда буд, дархосткунанда бояд огоҳномаи нав пешниҳод намуда, ба он маълумотҳои огоҳномаҳои пештараро ва ё маълумотҳои натиҷаҳои қайдшудаи воридсозиҳои пештараро дохил намояд.

            Дар сурати тағйир ёфтани шароити воридсозии  мақсаднок, ки он барои саломатии одамон ва ё муҳити зист оқибатҳо дошта метавонад ё пайдо шудани ахбороти нав дар бораи хатар дархосткунанда ўҳдадор аст:

- чораҳои дар огоҳнома пешбинишударо аз нав дида барояд;

            - дар ин бора ба Комиссияи миллӣ  хабар диҳад;

            - барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист чораҳои зарурӣ бинад.

            Агар иттилоот оид ба оқибатҳои зиёди имконпазири ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта баъди гирифтани иҷозати дахлдор аз ҷониби истифодабаранда маълум гардад, Комиссияи миллӣ бояд аз  ў тағйир додани шароити воридсозиро талаб намояд. Дар сурати итоат накардан Комиссияи миллӣ боз доштан ё манъи ин фаъолиятро талаб мекунад.

 

            Моддаи 15. Тартиби дида баромадани дархостҳо

            Дархосткунанда фаъолиятро танҳо баъди гирифтани иҷозат, ки онро Комиссияи миллӣ додааст ва дар сурати риояи шароитҳои муқарраргардидаи он, аз ҷумла оид ба муайян намудани минтақаи бехатарии генетикӣ оғоз карда метавонад. Ҳудудҳои табиӣ, ки давлат ҳифз менамояд (мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва боғҳои ботаникӣ) аз истифода ва паҳн намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта озод буда, ҳудудҳои бехатарии генетикӣ мебошанд.

            Агар Комиссияи миллӣ чунин шуморад, ки дархосткунанда таҷрибаи кофии ба муҳити зист дохил кардани организмҳои муайяни  аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро дорад, он гоҳ бо назардошти мувофиқати меъёрҳое, ки дар Низомнома муқаррар шудааст, метавонад татбиқи қоидаҳои одии воридсозиро иҷозат диҳад.

            Иҷозате, ки Комиссияи миллӣ барои ба муҳити зист  ворид сохтани мақсадноки растаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро медиҳад, ҳангоми бақайдгирии навъҳо барои санҷиши   арзишҳои агрономӣ ва технологӣ ҳатмӣ буда, онро ба мақсади истеҳсол дар ҷумҳурӣ Комиссияи давлатӣ оид ба санҷиши навъҳои растаниҳо ба амал мебарорад.

            Ҳамаи навъҳое, ки аз организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба вуҷуд омада, ба шароитҳои санҷиш ба арзишҳои агрономӣ ва технологӣ мувофиқанд, дар феҳристи навъҳои растаниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

 

Боби V. Ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ  тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

Моддаи 16 . Тартиби ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

            Ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда танҳо дар асоси иҷозате,   ки  Комиссияи миллӣ  мутобиқи талаботи боби lV Қонуни мазкур додааст, сурат мегирад.

            Агар фаъолияти оид ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда амалиёти воридоту содиротро фаро гирад, он таҳти амали моддаҳои  18-24 қарор мегирад.

            Иҷозате, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, танҳо дар сурати иҷрои шартҳои зерин дода мешавад:

            - мутобиқати ин организмҳо  ва маҳсулот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

            - мутобиқати онҳо ба талаботе, ки ба баҳодиҳии хатарҳо барои саломатии инсон ва муҳити зист мансуб аст.

            Моддаи 17.  Огоҳнома оиди бори нахуст ба бозор баровардани организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Пеш аз бори нахуст ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда истеҳсолкунанда ё аз рўи вазъият воридкунанда ба Комиссияи миллӣ огоҳнома пешниҳод менамояд, ки бояд дорои  мазмуни зерин бошад:

            - ахбороти дар назар доштаи  Низомнома, ки дар он аз ҷумла маълумотҳои ба дастовардаи истифодабаранда дар рафти тадқиқот, санҷиш ва инкишоф ифода ёфта, мутобиқи нуқтаҳои боби IV Қонуни мазкур гузаронида шудааст;

            - баҳои хатар барои саломатии одамон ва муҳити зист;

            - шароити ба бозор баровардани маҳсулот, аз ҷумла шароитҳои хоси истифода ва кору амал, инчунин тавсия оид ба борбандӣ ва нишону тамғазанӣ.

            Агар дар асоси натиҷаҳои ягон воридсозӣ ба муҳити зист, ки дар бораи он пештар огоҳ карда буданд ва барои он тибқи талаботи Қонуни мазкур иҷозат гирифта шудааст ё дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дархосткунанда ба хулоса омадааст, ки ба бозор баровардан ва истифода бурдани маҳсулот барои саломатии инсон ва муҳити зист хатар надорад, вай метавонад дар огоҳнома дар бобати татбиқи қоидаҳои оддии иҷозат хоҳиш намояд.

            Дархосткунанда дар огоҳнома маълумотеро, ки дар натиҷаи ба муҳити зист ворид сохтани ҳамин хел организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё   таркиби организмҳои мазкур ба даст овардааст, дохил менамояд, ки дар бораи он вай пештар огоҳнома додааст ё онро дар   саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он амалӣ гардондааст.

            Барои ҳар кадом маҳсулоти наве, ки ҳамин хел  организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамин хел таркиби организмҳои мазкурро дорад, ё аз онҳо ё аз таркиби онҳо иборат буда, вале барои истифодаи дигар таъин шудааст, огоҳномаи алоҳида фиристонида мешавад.

 

Боби VI. Воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ  тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

 

Моддаи 18. Фаъолияти асосӣ оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳатӣ генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда

Фаъолият оид ба  воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда дар мавридҳое сурат мегирад, ки шартҳои пешниҳоди огоҳнома ва шартҳои иҷозатнома, ки дар моддаҳои 20 ва 21 пешбинӣ гардидаанд, иҷро шуда бошанд, ё талаботи махсус доир ба огоҳнома, мувофиқакунӣ, иҷозатномадиҳӣ, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф  кардааст, иҷро шуда бошанд.

Фаъолият оид ба воридоту содирот бояд ба талаботи зерин ҷавобгў бошад:

- дар сурати зарурат истифода бурдани тартиби ризоияти асосноки пешакии Комиссияи миллӣ мутобиқи моддаи 19  ҳамин Қонун;

- баҳодиҳии хатарҳо мутобиқи талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур;

- риояи талабот оид ба тамғаю нишонгузорӣ, интиқол ва кору амал;

- таъмини мубодилаи иттилоот;

- паҳн накардани иттилооти махфӣ ва риояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ;

- пешгирӣ намудани ҳамлу нақли ғайриқонунӣ, интиқоли беғаразонаи байнисарҳадӣ ва таъмин намудани қабули чораҳои мувофиқ дар ҳолати рўй додани ҳолатҳои фавқулодда.

 

Моддаи 19. Тартиби ризоияти асосноки пешакӣ

Тартиби ризоияти асосноки пешакӣ инҳоро дар бар мегирад:

- муқаррар кардани намудҳои фаъолият, ки нисбати онҳо ин қоидаҳо татбиқ мегарданд;

- огоҳ намудан дар бораи мақсади  ба амал баровардани воридоту содирот;

- иҷозат додани фаъолият оид ба воридоту содирот;

- дар сурати зарурат аз нав дида баромадани қарори пештар қабулкардаи Комиссияи миллӣ.

Ба тартиби ризоияти асосноки пешакӣ фаъолияти оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мансуб аст, ки бо мақсадҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

- истифодаи  онҳо дар системаҳои  маҳдуд дар миқёси мамлакат;

-санҷишҳои саҳроӣ дар  саросари  мамлакат;

- ғаразнок ворид намудани онҳо ба муҳити зист ва ба бозор баровардан.

 

Моддаи 20. Огоҳсозии Комиссияи миллӣ

Воридкунандагон пеш аз амалӣ сохтани воридоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ўҳдадоранд дар ин бора Комиссияи миллиро огоҳ намоянд.

Комиссияи миллӣ тартиби пешниҳоди огоҳномаро муқаррар намуда, онро ба маълумоти тарафҳои манфиатдор мерасонад.

Дархосткунанда барои дуруст будани ахбороте, ки ба Комиссияи миллӣ мувофиқи дархости он ба тариқи огоҳнома ё бо дигар роҳ пешниҳод намудааст, масъул аст.

Комиссияи миллӣ дар мўҳлати 90 рўзи қабули огоҳнома ба дархосткунанда дар бораи қабули он дар шакли хаттӣ тасдиқнома ирсол менамояд.

 

Моддаи 21. Қарори Комиссияи миллӣ оид ба додани иҷозат ба воридот

Қарори Комиссияи миллӣ оид ба додани иҷозат ба воридот ба талаботи моддаи 18 ҳамин Қонун,  аз ҷумла  ба  маълумотҳои баҳодиҳии  хатарҳо асос карда мешавад.

Комиссияи миллӣ дар мўҳлати пешбининамудаи қисми 4 моддаи 20 ҳамин Қонун  бояд дархосткунандаро  огоҳ намояд, ки:

- воридот мумкин аст бе додани иҷозат бо нишон додани шартҳои он амалӣ гардонида шавад,  ё 

- воридот мумкин аст танҳо дар асоси иҷозатномае, ки Комиссияи миллӣ додааст, амалӣ гардонида шавад.

Комиссияи миллӣ дар мўҳлати  90 рўз баъди тасдиқи қабули огоҳнома яке аз ин қарорҳоро қабул мекунад:

- ба амалӣ гардонидани воридот  бо шартҳо ё бидуни онҳо бо возеҳ кардани он, ки онҳо барои воридоти минбаъдаи ҳамон организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз он ҳосилшуда чи тавр татбиқ карда мешавад, иҷозат диҳад;

- воридотро манъ намояд;

- мутобиқи Низомнома пешниҳоди иттилооти иловагиро талаб намояд;

- мўҳлати қабули қарорро дар даврае, ки барои баҳодиҳии  иттилооти иловагии аз дархосткунанда ё дигар манъбаҳо қабулгардида зарур аст, дароз намояд.

 

Моддаи 22. Аз нав дида баромадани қарори Комиссияи  миллӣ

Комиссияи миллӣ қарореро, ки мутобиқи моддаи 21 қабул намудааст, метавонад аз нав дида барояд ва дар асоси  иттилооти нави илмӣ дар бораи таъсири зарарноки маҳсулот ба саломатии одамон ва ё муҳити зист онро тағйир диҳад. Дар чунин ҳолатҳо Комиссияи миллӣ ба дархосткунанда фавран дар бораи қарори худ, инчунин дар бораи сабабҳое, ки боиси рад ё тағйирот гардидааст, хабар медиҳад.

Дархосткунанда метавонад аз Комиссияи миллӣ бо роҳи ирсоли огоҳнома аз нав дида баромадани қарореро, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни мазкур  қабул шудааст, талаб намояд, агар чунин шуморад, ки:

- вазъияти муайянкунандаи натиҷаи баҳодиҳии хатарҳо, ки дар қабули қарор асос ёфта буд, тағйир ёфтааст;

- вай дорои ахбороти иловагии техникӣ ва илмӣ мебошад, ё исботи он мавҷуд аст, ки қарор  аз ҷиҳати илмӣ  асоснок набуд;

- Комиссияи миллӣ ўҳдадор аст қарорро аз рўи огоҳномае, ки тибқи далелҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда дода шудааст, қабул намояд ва дар ин бора ба дархосткунанда хабар диҳад.

 

Моддаи 23. Баҳодиҳии  хатарҳо

Баҳодиҳии хатарҳо бояд дар асоси принсипҳои илмӣ ва транспарентнокӣ бо назардошти талаботи Низомнома ва бо истифодаи усулҳои дахлдори баҳодиҳии хатарҳо сурат гирад. Мақсади баҳодиҳӣ ошкор ва муайян намудани таъсири манфии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ба саломатии одамон ва муҳити зист бо назардошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ  мебошад.

Комиссияи миллӣ ҳал менамояд, ки баҳодиҳиро ба хатарҳо кадом мақомоти салоҳиятдор ё муассисаҳои илмӣ ба амал мебарорад.

Комиссияи миллӣ ўҳдадор аст тасдиқ намояд, ки баҳодиҳии хатарҳо гузаронида шудааст ва дар асоси он мутобиқи моддаи 21 ҳамин Қонун қарор қабул кардан мумкин аст.

Комиссияи миллӣ оид ба баҳодиҳии хатарҳо, ки вобаста ба микроорганизмҳо ва дар баъзе ҳолатҳо дигар организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои  маҳдуд гузаронида шудааст, масъул аст.

Хароҷоти молиявӣ барои гузаронидани баҳодиҳии хатарҳо аз ҳисоби дархосткунанда сурат мегирад.

 

 Моддаи 24. Оид ба банду баст ва  интиқоли  организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Воридкунанда пеш аз амалӣ намудани воридот бояд тасдиқ намояд, ки содиркунандаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда инҳоро таъмин мекунад:

- банду баст кардан, индентификатсия, ҳаммонандсозӣ, тамғазанӣ ва интиқолро ба дараҷае, ки гузаронидани  ин амалиёт ҷиҳати  содирот мувофиқ аст;

- иҷрои дигар шартҳое, ки  Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст.

Воридкунанда ўҳдадор аст мутобиқати ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ирсолшавандаро ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба интиқоли байнисарҳадии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо таъмин  намояд.

 

Моддаи 25. Чорабиниҳо дар ҳолати ғайриқонунӣ кашонидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Дар ҳолати ғайриқонунӣ кашондани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мақоми  махсуси ваколатдори  давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ ҳақ дорад аз мамлакати содирот баргардонидан ё нобуд сохтани онҳоро аз ҳисоби худ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, талаб  кунад.

Оид ба ҳодисаҳои ғайриқонунӣ кашондани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба мақомоти салоҳиятноки байналмилалӣ хабар дода мешавад.

Дар сурати интиқоли байнисарҳадии беғаразонаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мақоми махсуси ваколатдори  давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ барои огоҳсозӣ, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пешбинӣ кардааст, инчунин барои хориҷ намудани ҳар гуна хатарҳо барои саломатии одамон ва муҳити зист чораҳо меандешад.

Комиссияи миллӣ ахборотро дар бораи чораҳои роҳ надодани вазъияте, ки метавонад ҳангоми интиқоли байнисарҳадии беғаразонаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосил шуда ба амал ояд, ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад.

 

Моддаи 26. Тартиби огоҳонидани  аҳли ҷомеа дар сурати ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта

Тартиби додани иҷозат барои ба муҳити зист ва бозор  ворид  намудани мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ошкоро мебошад. Транспарентнокии фаъолияте, ки нисбати он иҷозат пурсида мешавад, аз ҷониби Комиссияи миллӣ таъмин мегардад.

Комиссияи миллӣ бояд дар мўҳлати 10 рўзи гирифтани огоҳнома дар ин бора ба аҳли ҷомеа бо нишон додани тарзи ба даст овардани маълумот хабар диҳад.

Тавзеҳоти аҳли ҷомеа дар давоми 30 рўзи огоҳ сохтани он қабулгардида, ҳангоми қабули қарор оид ба додани иҷозати намуди дархостшавандаи фаъолият Комиссияи миллӣ онро ба эътибор мегирад. Вобаста ба тавзеҳоти воридшуда мумкин аст муҳокимаҳои оммавии ҳар ҷиҳати проблемаи баррасишаванда ташкил карда шаванд.

Комиссияи миллӣ иштироки аҳли ҷомеаро дар қабули қарорҳо оид  ба додани иҷозат ба намудҳои фаъолияте, ки Қонуни мазкур танзим менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таъмин мекунад.

 

Боби VII. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 27. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ

Баҳсҳо оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ ва баҳсҳои ба он алоқаманди молумулкӣ аз тариқи суд ҳал карда мешаванд.

 

   Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Э.Раҳмонов

 

              ш. Душанбе  1 марти соли 2005

              № 88                                                           _______________________

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАДАМОТИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ, СОХТОРҲОИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ ВА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ НАҶОТДИҲАНДАГОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
83
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.03.2005

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ХАДАМОТИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ, СОХТОРҲОИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ ВА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ НАҶОТДИҲАНДАГОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №3, мод. 122.

Қонунҳои ҶТ аз 5.03.2007 с., № 227; аз 29.12.2010 с., № 645; аз 02.01.2019 с., № 1566)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми ноябри соли 2004, № 1257 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 1, соли 2005, моддаи 1) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 597 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 73) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур асосҳои умумии ташкилию ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ҳуқуқу ўҳдадориҳо ва масъулияти наҷотдиҳондагонро муқаррар месозад, асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки дар рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ (минбаъд - ҳолатҳои фавқулодда) иштирок мекунанд, танзим менамояд.

 

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ – маҷмўи мақомоти идора ва қувваю воситаҳоест, ки баҳри  ҳалли масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, тибқи вазифа дар  низоми ягона муттаҳид  карда шудаанд, ки асоси онро сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ташкил медиҳанд.

Сохтори садамавию наҷотдиҳӣ – сохтори мустақил,  ё як ҷузъи ҳайати хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ буда, барои анҷом додани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ таъин гардидааст. Асоси онро  наҷотдиҳандагони бо техникаи махсус, таҷҳизот, асбобу анҷом ва мавод ҷиҳозонидашуда ташкил медиҳанд.

Наҷотдиҳанда – шахсе, ки аз аттестатсия  гузашта, барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ омода аст.

Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ – амалиёт  барои наҷоти одамон, арзишҳои моддию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда, маҳдуд намудан ва ё то ҳадди имкон кам кардани сатҳи таъсири омилҳои хатарноки ба онҳо хос мебошанд. Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дорои омилҳое мебошанд, ки ба ҳаёт ва саломатии шахсони ба ин кор мутасаддӣ   таҳдид намуда, омодагии  зарурӣ, либосу анҷом ва таҷҳизоти махсусро талаб мекунанд.

Корҳои таъхирнопазир ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - фаъолиятест, ҷиҳати таъмини ҳамаҷонибаи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, расонидани ёрии тиббӣ ва дигар намудҳои ёрӣ ба аҳолии ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда зарардида, фароҳам овардани шароити лозимӣ барои ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва нигоҳ доштани қобилияти кории  онҳо.

Вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон – маҷмўи ҳуқуқу ўҳдадориҳоест, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва давлат ба наҷотдиҳандагон кафолат додааст. Хусусиятҳои мақоми наҷотдиҳандагон бо назардошти иштироки онҳо дар  гузаронидани корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва таҳдиди онҳо ба ҳаёту саломатии наҷотдиҳандагон муайян мешаванд.

Воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ – маҳсулоти техникӣ, илмию техникӣ ва зеҳнӣ, аз ҷумла, воситаҳои махсуси алоқа ва идоракунӣ, техника, таҷҳизот, асбобу анҷом, амвол, мавод ва воситаҳои методии видеоӣ ва аксҳо оид ба технологияи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, инчунин маводи барномавӣ ва маҷмўи маълумот барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва дигар воситаҳоест, ки барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ  муқаррар гардидаанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ,  сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта,  аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1566).

 

Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва наҷотдиҳандагон

Принсипҳои асосии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва наҷотдиҳандагон иборатанд аз:

-башардўстӣ ва шафқат, ки вазифаҳои наҷоти ҳаёт, нигоҳ доштани саломатии одамон ва ҳифзи муҳити зистро ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, дар мадди аввал  мегузоранд;

-яккасардории роҳбарӣ ба хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ;

-хатари асоснок ва таъмини бехатарӣ ҳангоми гузаронидани  корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва корҳои таъхирнопазир;

-омодагии доимии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ба аксуламали фаврӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда.

 

Моддаи 4. Дастгирии давлатии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва наҷотдиҳандагон

Давлат ба хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, ки қувваи ягонаи системаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба ҳисоб мераванд,  ҳамаҷониба кўмак мерасонад, аз ин рў:

-барои хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ маҷмўи имтиёзҳоро муқаррар мекунад;

-ба ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар омода намудан ва ҷиҳозонидани хадамот ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии таъсисдодашуда ҳамкорӣ намуда, инчунин дар омода намудани шаҳрвандоне, ки хоҳиш доранд аз рўи барномаи тайёр намудани наҷотдиҳандагон таълим гиранд, ёрӣ мерасонад;

-маҷмўи тадбирҳоро оид ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва аъзои оилаҳои онҳо пешбинӣ менамояд.

Моддаи 5. Намудҳои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Ба корҳои садамавию наҷотдиҳӣ корҳои ҷустуҷўию наҷотдиҳӣ, наҷотдиҳии кўҳӣ, аз газ наҷотдиҳӣ, корҳои зидди фавворазанӣ, корҳои садамавию наҷотдиҳие, ки ба хомўш кардани сўхторҳо ва рафъи оқибатҳои тиббию санитарии ҳолатҳои фавқулодда вобастаанд, инчунин дигар корҳое, ки номгўяшонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, мансубанд.

Боби 2. Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ  ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

 

Моддаи 6. Вазифаҳои хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Вазифаҳои асосии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ инҳоянд:

-дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идоракунӣ, қувва ва воситаҳои хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ барои интиқол додани онҳо ба минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ва иҷрои корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои онҳо;

-назорати омодагии иншооту ҳудудҳои таҳти хизматрасонӣ қарордошта барои дар онҳо гузаронидани корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;

-рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар иншооту ҳудудҳои таҳти  хизматрасонӣ қарордошта.

Ғайр аз ин, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зиммаи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ чунин вазифаҳо метавонанд гузошта шаванд:

-иштирок дар таҳияи нақшаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар иншоот ва ҳудудҳои таҳти хизматрасонӣ қарордошта ва нақшаҳои ҳамкорӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар дигар иншоотҳо ва ҳудудҳо;

-иштирок дар гузаронидани экспертизаҳои пешбинишуда, ҷиҳати татбиқи лоиҳаю қарорҳо дар иншоотҳо ва ҳудудҳои таҳти хизматрасонӣ қарордошта, инчунин  дар равандҳое, ки метавонанд ба таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавкулодда дар иншооти зикргардида таъсир расонанд;

-назорат дар соҳаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда;

-иштирок  дар назорат оид ба риояи талаботи технологӣ ва муҳандисию техникӣ дар соҳаи пешгирии ҳолатҳои фавқулодда;

-иштирок дар омода намудани қарорҳо оид ба таъсисдиҳӣ, ҷойгиронӣ, муайян кардани ҳайати феҳристӣ  (номенклатура) ва ҳаҷмҳои эҳтиётии  захираҳои моддӣ  барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда;

-тарғибу ташвиқи донишҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, иштирок дар омода сохтани аҳолӣ ва кормандони ташкилотҳо барои амалиёт дар шароити ҳолатҳои фавқулодда;

-иштирок дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои ташкил ва гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва корҳои таъхирнопазир;

-таҳияи пешниҳодот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои таъминоти ҳуқуқӣ ва техникии фаъолияти хадамот ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, ҳифзи иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва дигар кормандони хадамот ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ;

-иштирок дар таҳия, истеҳсоли воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва инчунин, дигар вазифаҳои дар чорчўбаи вазифаҳои башардўстона қарордошта, ки ба ўҳдаи системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда гузошта шудаанд.

Номгўи пурраи вазифаҳои ба зиммаи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва  сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ гузошташуда дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки махсус барои ҳалли масоили ба ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда сафарбар карда шуда, аз рўи масъулияташон дар низомнома ё ин ки оинномаҳои  хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва  сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ зикр гардидаанд, муайян карда мешаванд.

Моддаи 7. Таъсиси хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Хадамоти садамавию наҷотдиҳи ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳи метавонанд ба тарзи зерин таъсис дода шаванд:

- дар асоси штати дойми - хадамоти садамавию наҷотдиҳии касби ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, аз хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-куҳии ҷумҳуриявӣ, зиддифавворави, наҷотдиҳи аз газ, оташнишонӣ, наҷотдиҳӣ дар об, дигар воҳидҳо ва сохторҳом махсусгардонидашудаи наҷотдиҳии   фаври дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1566);

- дар асоси гайриштати - сохторҳои гайриштатии садамавию наҷотдиҳи, аз ҷумла сохторҳои ихтиёрии наҷотдиҳии куҳи, зиддифавворави, наҷотдпҳӣ аз газ, оташнишони, наҷотдиҳи дар об;

-дар асосҳои ҷамъиятӣ - сохторҳок садамавию наҷотдиҳии ҷамъиятӣ (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 645).

 Хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ ташкил карда мешаванд:

- дар мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи  пешниҳоди мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии дахлдор дар мувофиқа бо мақомоти махсуси давлатии барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ваколатдоршуда (минбаъд - мақомоти ваколатдори ҷумҳуриявӣ):

- бо қарори вазорату идораҳои даҳлдор дар ташкилотҳое, ки  як ё якчанд намуди фаъолият дошта,  ҳангоми татбиқи онҳо мавҷудияти ҳатмии хадамоти садамавию наҷотдиҳии худ бо пешниҳоди роҳбарони ташкилотҳо дар доираи шумораи муайяншудаи штатӣ дар мувофиқа бо мақомоти минтақавии махсус барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ваколатдоршуда (минбаъд – мақомоти ваколатдори минтақавӣ) пешбинӣ шудааст.

Низомнома ва оимномаҳои хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавпю наҷотдиҳии касбӣ, аз ҷумла қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии куҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданин назди Ҳукуматп Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 645).

Сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ғайриштатиро ташкилотҳо бо  тартиби ҳатмӣ аз ҷумлаи кормандони худ, агар инро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда бошад,  ё бо қарори маъмурияти ташкилот бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, таъсис медиҳанд.

Сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ҷамъиятӣ аз ҷониби иттиҳодияҳое, ки вазифаи оинномавиашон иштирок дар иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошад, таъсис дода мешаванд.

Моддаи 8. Ҳайати хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Ҳайат ва сохтори хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои  садамавию наҷотдиҳӣ аз тарафи мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳоро таъсисдиҳанда, бо назардошти вазифаҳои ба зиммаи онҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда гузошташуда ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 9. Мукаммалсозии ҳайати хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Мукаммалсозии ҳайати хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ба таври ихтиёрӣ анҷом дода мешавад.

Дар хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, ба муассисаҳои таълимии оид ба тайёр намудани наҷотдиҳандагон, ба вазифаи наҷотдиҳанда он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, ки соҳиби таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ буда, ҳангоми санҷиши тиббӣ барои иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ муносиб дониста шудаанд ва ба талаботи дараҷаи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, инчунин ба талаботи рўҳию ахлоқӣ ҷавобгў мебошанд.

Ба иҷрои бевоситаи вазифаҳои наҷотдиҳандагон дар хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, шаҳрвандоне роҳ дода мешаванд, ки ба синни 20 расидаанд, дорои таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ мебошанд ва аз рўи барномаи тарбияи наҷотдиҳандагон таълим гирифта, мувофиқи тартиби муайяншуда барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ аз ҷониби сохторҳои махсуси ваколатдори Кумитаи  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузаштаанд (ҚҶТ аз 5.03.2007 с., № 227).

Ҳангоми қабули шаҳрвандон ба хадамоти садамавию наҷотдиҳии сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ ба вазифаи наҷотдиҳандагон бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад.

 

Моддаи 10. Баҳисобгирии қайди хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Ҳамаи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ бояд ҳатман ба таври баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шаванд.

Баҳисобгирии  қайди хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳиро тибқи тартиби муқарраргардида мақомоти махсуси маҳаллии ҳокимияти давлатии барои ҳалли вазифаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда ваколатдоршуда, дар доираи салоҳияти худ анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 11. Фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Хусусияти махсус доштани фаъолияти  хадамоти  садамавию  наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ тақозо мекунад, ки ҳамаи кормандони хадамоти  садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои  садамавию наҷотдиҳии касбӣ фармону дастурҳои роҳбарони хадамот ва сохторҳои мазкурро бечунучаро иҷро намоянд. Талаботи мазкур ба сохторҳои ғайриштатӣ ва ҷамъиятии садамавию наҷотдиҳӣ ҳангоми иштироки онҳо дар иҷрои корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои   ҳолатҳои фавқулодда низ дахл дорад.

Қатъ кардани кор чун воситаи ҳалли баҳси коллективи  меҳнатӣ дар хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ манъ аст.

Хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ инчунин метавонанд фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ дар иншоот ва минтақаҳо дар асоси шартнома (қарордод) амалӣ намоянд.

Омодагии хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ ба аксуламал  дар ҳолатҳои фавқулодда ва ба роҳ мондани корҳо, ҷиҳати рафъи онҳо дар ҷараёни аттестатсия ва санҷишҳое, ки мақомоти ба ин масъалаҳо ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти худ мегузаронанд, тафтиш карда мешавад.

 

Моддаи 12. Аттестатсияи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Ҳамаи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ бояд аз аттестатсия гузаранд.

Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки аз аттестатсия нагузаштаанд ва ё ҳангоми тафтиш омодагии худро дар ҳолатҳои фавқулодда ва гузаронидани корҳо ҷиҳати рафъи онҳо нишон дода натавонистаанд, ба хизматрасонии ташкилотҳо аз рўи шартнома ва ба иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ҷалб карда намешаванд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми аттестатсияи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, метавонанд дар ҳолати ба талаботи касбӣ ҷавобгў набудани фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои касбии садамавии наҷотдиҳӣ, ки аз тарафи ин ё он ташкилотҳо таъсис ёфтаанд, ё ба онҳо ба таври шартномавӣ хизмат мерасонанд, фаъолияти ин ташкилотҳоро пурра ё қисман боздоранд.

 

Моддаи 13. Ҷалби хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда

Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар  мавридҳои зерин ҷалб карда мешаванд:

-мувофиқи нақшаҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда  дар иншоот ва ҳудуде, ки хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳии мазкур ба онҳо хизмат мерасонанд;

-мувофиқи нақшаҳои ҳамкорӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар дигар иншоот ва ҳудуд;

-аз рўи тартиби муқарраргардида ҳангоми сар задан ва авҷ гирифтани ҳолатҳои фавқулодда;

-бо қарори шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ки роҳбарии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳиро ба ўҳда доранд, ё ба ин  мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси дархости мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимити давлатӣ инчунин ташкилотҳое, ки дар ҳудудашон ҳолатҳои фавқулодда ба амал омадаанд  ваколатдоранд, ё ки мувофиқи ваколаташон  дар асоси дархости роҳбарияти ҳолатҳои фавқулодда, ё ин ки дар мувофиқа бо мақомот ва роҳбарияти  зикргардида, рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда муайян шудааст.

Ҷалб намудани хадамоти  садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 14. Роҳбарӣ ба корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда

Роҳбарӣ ба тамоми қувваҳо ва воситаҳое, ки барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардидаанд ва ташкили ҳамкории миёни онҳо аз ҷониби роҳбарони хадамоту сохторҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба амал бароварда мешавад.

Роҳбарони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои  садамавию наҷотдиҳие, ки аввалин шуда ба минтақаи ҳолати фавқулодда ҳозир шудаанд, ваколати роҳбарии рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро ба ўҳдаи худ мегиранд ва то омадани роҳбарони  амалиёт оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои  пешгирӣ  ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда муайян намудаанд, ё аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилотҳо муқаррар гаштаанд ва онҳо барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи баамаломада ваколатдоранд, ин вазифаро иҷро менамоянд.

Қарорҳои роҳбарони рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, барои тамоми шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд, ҳатмӣ аст, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ба фаъолияти роҳбарони рафъи оқибатҳои  ҳолатҳои фавқулодда дар хусуси роҳбарӣ ба корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда дахолат намояд, ба ғайр аз ҳолатҳои мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифа дур намудани онҳо ва ба зиммаи худ гирифтани вазифа ё таъин намудани шахси дигари мансабдор.

Ваколати роҳбарии рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти ташкилотҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дар мавридҳои зарурати фавқулодда роҳбарони рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҳуқуқ доранд оид ба масъалаҳои зерин мустақилона қарор қабул намоянд:

-дар хусуси гузаронидани чорабиниҳои тахлиявӣ (эвакуатсионӣ);

-дар хусуси манъ намудани фаъолияти ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд;

-дар хусуси гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар иншоот ва ҳудуди ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд;

-дар хусуси маҳдуд намудани рафтуомади одамон ба минтақаи ҳолати фавқулодда;

-дар хусуси бекор кардани брони захираҳои моддии рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи  ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд;

-дар хусуси истифода аз воситаҳои алоқа, нақлиёт  ва дигар амволи  ташкилотҳои дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгирбуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дар хусуси ба корҳои оид ба рафъи оқибатҳои  ҳолатҳои фавқулодда ҷалб намудани сохторҳои ғайриштатӣ ва ҷамъиятии садамавию наҷотдиҳӣ, инчунин наҷотдиҳандагони ба ҳайати сохторҳои мазкур дохилнабуда, дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷате, ки аз аттестатсия барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ гузаштани онҳоро тасдиқ мекунад;

-дар хусуси ихтиёран ҷалб намудани аҳолӣ барои иҷрои корҳои таъхирнопазир, инчунин шахрвандони алоҳидае, ки наҷотдиҳанда нестанд, аммо барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ розӣ шудаанд;

-дар хусуси андешидани дигар чораҳои зарурие, ки дар рафти авҷи ҳолатҳои фавқулодда ва рафти корҳо ба миён омадаанд.

Роҳбарони рафъи ҳолатҳои фавқулодда вазифадоранд ҷиҳати  ҳарчӣ тезтар огоҳонидани мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилотҳо аз қарорҳои дар ҳолати зарурати фавқулодда қабулкардаи худ тамоми чораҳоро андешанд.

Роҳбарони рафъи ҳолатҳои фавқулодда, роҳбарони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ барои ба даст овардани маълумоти пурра ва дақиқ дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, ки барои ташкили  кор ҷиҳати рафъи оқибатҳои онҳо заруранд, ҳуқуқ доранд.

Дар ҳолати аз нигоҳи технологӣ ғайриимкон гаштани иҷрои ҳамаи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, роҳбарони рафъи ҳолатҳои фавқулодда метавонанд, ҷиҳати қисман ва ё пурра манъ намудани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ қарор қабул намоянд ва оид ба наҷоти одамони дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда буда чораҳои  аввалиндараҷа андешанд.

 

Моддаи 15. Ҷуброни хароҷоти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ҷиҳати рафъи ҳолатҳои фавқулодда

Ҷуброни хароҷоти интиқол ва ҷойгирнамоии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ  ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки барои иҷрои корҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардидаанд, таъминоти моддӣ-техникӣ, молиявӣ ва ғайра, онҳо, инчунин барои пардохти музди меҳнати наҷотдиҳандагон, кормандони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, додани мукофот ба онҳо, додани рухсатиҳои иловагии пардохтшаванда, хизмати тиббӣ ва пардохти маблағ ба наҷотдиҳандагони муваққатан ғайри қобили меҳнат, ки ҳангоми иҷрои корҳои мазкур зарар дидаанд, мувофиқи шартнома оид ба хизматрасонии ташкилотҳо ва ё аз воситаҳои барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷудокардашуда, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 16. Мусоидат ба хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар татбиқи фаъолияти онҳо

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки ба минтақаҳои ҳолати фавқулодда раҳсипоранд, ёрии ҳамаҷониба расонанд, аз ҷумла онҳоро бо нақлиёт ва воситаҳои моддию техникии зарурӣ таъмин намоянд.

Нақлиёти таъҷилии сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, бояд ранги ороишии намунаи муқарраргашта ва бонгҳои садоӣ ва равшании махсус дошта бошанд.

Ҳангоми ба ҷои иҷрои корҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда рафтани нақлиёти таъҷилии сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ онҳо ҳуқуқи дар навбати аввал дар фурўдгоҳҳо, нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ бо маводи сўзишворию равғанҳои молиданӣ таъмин шудан, инчунин ҳуқуқи дар навбати аввал гузаронидани корҳои таъмириро дар нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ ва фурудгоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, доро мебошанд.

Бо мақсади таъмини омодагии мунтазами хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ барои иҷрои корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои  садамавию наҷотдиҳии мазкур  дар мўҳлате, ки бо роҳбарони хадамот ва сохторҳои номбурда мувофиқа шудааст, ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ дар сохторҳои ҳарбию оперативии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд (ҚҶТ аз 5.03.2007 с., № 227).

 

Моддаи 17. Ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин анҷом дода мешавад:

- ҷалби фаврии воситаҳои зарурӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда;

-таҳияи пешниҳодоти мувофиқашуда ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, инчунин дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва аъзои оилаи онҳо;

-ба таври ягона таҳия кардани заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ;

-ба роҳ мондани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсоли воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дар масъалаҳои таъминоти моддию техникии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ;

-ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ миёни хадамоти садамавию  наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва қувваҳои дигар ҳангоми иҷрои корҳо оид ба  рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар  минтақаҳои дахлдор;

-ҳалли масъалаҳои омодасозии наҷотдиҳандагон, шахсони мансабдори хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки дар иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавкулодда иштирок мекунанд.

Ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ, ки ваколатдори соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 18. Кўчонидан, ба дигар намуди кор гузаронидан ва барҳам додани хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Асоси ба ҷои дигар кўчонидан, ба дигар  намуди  кори садамавию наҷотдиҳӣ гузаронидан ё барҳам додани хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, инчунин барои барҳам додани сохторҳои ғайриштатии садамавию наҷотдиҳӣ, ки таъсиси ҳатмии онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, қатъ гаштани фаъолияти ташкилотҳое, ки аз ҷониби ин хадамот хизмат расонида мешавад ва ё бартараф гардидани хатари сар задани ҳолатҳои фавқулодда, ки ин қувваҳо барои рафъи оқибатҳои онҳо таъин гардидаанд, ба шумор меравад.

Қарор дар хусуси ба ҷои дигар кўчонидан, ба дигар намуди кор гузаронидан ё барҳам додани сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, инчунин қарор дар бораи барҳам додани сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ғайриштатӣ, ки таъсиси ҳатмии онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз тарафи мақомоте, ки қарори таъсиси онҳоро қабул намудааст, қабул карда мешавад.

Барҳамдиҳии сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 19. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ

Маблағгузорӣ ва таъминоти моддии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ аз ҳисоби маблағҳои зерин амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 645):

-маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, фондҳо ва дигар маблағхои буҷетии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин маблағҳои молиявии ташкилотҳое, ки хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳиро таъсис дода, нигоҳ медоранд;

-маблағҳои молиявие, ки аз татбиқи шартномаҳои хизматрасонӣ ба ташкилотҳо ба даст оварда мешаванд;

-аз ҳисоби маблағҳои захиравии молиявие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷудо карда мешаванд;

 -фондҳои ҷамъиятие, ки аз ҳисоби ҳаққи аъзогӣ ва хайрияҳои ихтиёрии шаҳрвандон ва ташкилотҳо барои ҳимоя  ва наҷоти одамон,  расонидани ёрӣ ба онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ташкил гардидаанд;

-манбаъҳои дигар, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.

Тартиби таъминоти моддии хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданин назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 645; аз 02.01.2019 с., № 1566).

 

Боби 3. Наҷотдиҳандагон ва вазъи ҳуқуқии онҳо

 

Моддаи 20. Наҷотдиҳандагон

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди гузаштан аз муоинаи тиббӣ, иҷрои меъёрҳои омодагии ҷисмонӣ, таълим аз рўи барномаи омодасозии наҷотдиҳандагон ва аттестатсия аз рўи иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, ба мақоми наҷотдиҳанда соҳиб мегарданд.

Ҳангоми қабули қарор аз тарафи мақомоти аттестатсионӣ  дар бораи додани мақоми наҷотдиҳанда ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рўи намунаи муқарраршуда шаҳодатнома, дафтарчаи наҷотдиҳанда, нишонаи махсус (жетон), ки дар он ному насаб, гурўҳи хун ва рақами қайди наҷотдиҳанда сабт шудааст, дода мешавад.

Дафтарчаи наҷотдиҳанда барои ба қайд гирифтани иштироки наҷотдиҳанда дар корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда таъин гардидааст. Низомномаи дафтарчаи наҷотдиҳандаро мақомоти давлатии ба ин масъала  ваколатдор тасдиқ мекунад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 20 солагӣ расидаанд, метавонанд наҷотдиҳанда шаванд.

Наҷотдиҳандагоне, ки аз аттестатсия нагузаштаанд, мақоми наҷотдиҳандаро аз даст  медиҳанд. 

 

Моддаи 21. Ҳуқуқҳои наҷотдиҳандагон

Наҷотдиҳандагоне, ки ба корҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардидаанд, ҳуқуқ доранд ҳангоми рафтан ба ҷои иҷрои корҳои зикргашта ба ҳама навъҳои нақлиёт бенавбат чипта харанд.

Ҳангоми иҷрои корҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, наҷотдиҳандагон ҳуқуқҳои зеринро доранд:

-доштани маълумоти пурра ва дақиқе, ки барои иҷрои вазифаҳояшон заруранд;

-бемамониат гузаштан ба ҳудуд ва иншооти истеҳсолии ташкилотҳо, биноҳои истиқоматӣ барои иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;

-талаб намудани риояи чораҳои амниятии муқарраршуда аз ҳамаи шахсони дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгирбуда;

-доштани либосу анҷом ва таҷҳизот мувофиқи технологияи иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ;

-тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наҷоти одамон ва дар ҳолатҳои зарурати фавқулодда истифода бурдани воситаҳои алоқа, нақлиёт, амвол ва дигар воситаҳои моддии ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд.

Наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбие, ки дар ҷараёни иҷрои  вазифаҳои тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқарраргашта, инчунин дигар наҷотдиҳандагоне, ки ҳангоми иҷрои корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда осеб  дидаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса ва марказҳои барқароркунии саломатӣ  барои табобати тиббӣ ва психологии  ройгон ҳуқуқ доранд.

Наҷотдиҳандагон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақаи имтиёзнок  ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 22.  Кафолати  фаъолияти наҷотдиҳандагон

Дар ҷараёни иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, наҷотдиҳандагон танҳо ба роҳбарони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки дар ҳайати он мебошанд, итоат менамоянд.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад наҷотдиҳандагонро ба иҷрои вазифаҳо ва корҳое, ки шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар накардааст, маҷбур намояд.

 

Моддаи 23.  Ўҳдадориҳои  наҷотдиҳандагон

Наҷотдиҳандагон ўҳдадоранд:

-ба иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда омода бошанд, омодагии ҷисмонӣ, махсус, тиббӣ ва рўҳии худро такмил диҳанд;

-малакаву маҳораташонро ҳангоми фаъолият дар ҳайати сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ такмил диҳанд;

-технологияи иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳиро бечунучаро риоя намоянд;

-фаъолона зарардидагонро ҷустуҷў намоянд, ҷиҳати наҷот додани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд, ба онҳо кўмаки аввалияи тиббӣ ва дигар намудҳои ёриро расонанд;

-дар вақти гузаронидани корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда фармони сардорони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки наҷотдиҳандагон ба ҳайати онҳо дохил  мешаванд, бечунучаро иҷро намоянд;

-бо мақсади роҳ надодан ба зуҳури ҳолатҳои фавкулодда ба шаҳрвандон қоидаҳои бехатарии рафтор ва тарзи амалиётро ҳангоми ба вуқўъ омадани онҳо фаҳмонанд.

Ўҳдадориҳои наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ дар оинномаҳо ва дастурамалҳои дахлдор муайян мегарданд ва қисми таркибии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба ҳисоб мераванд.

Моддаи 24. Тартиби кор (хизмат) ва истироҳати наҷотдиҳандагон

Тартиби кори (хизмати) наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ тибқи қоидаҳои низоми кории дохилӣ, ҷадвали навбатдорӣ, ҷадвали дарсӣ ё чорабиниҳои дигар оид ба омодагии махсус муайян карда мешавад.

Тартиби баҳисобгирии иштироки наҷотдиҳандагон дар корҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар асоси дафтарчаи наҷотдиҳанда анҷом дода мешавад.

Ҳангоми иҷрои корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, тартиби кор ва давомнокии рўзи кории наҷотдиҳандагон мумкин тағйир ёбад. Дар чунин маврид рўзи корӣ аз тарафи роҳбарони амалиётҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, бо назардошти хусусияти ҳолатҳои фавқулодда, шароити иҷрои  корҳо оид ба рафъи онҳо ва бо тавсияи духтурон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 25. Пардохти музди меҳнати наҷотдиҳандагон

Манбаи музди меҳнати наҷотдиҳандагони хадамот ва сохторҳои касбии садамавию наҷотдиҳӣ  муқаррар карда мешаванд:

- барои хадамот ва сохторҳои касбии садамавию наҷотдиҳӣ, ки ба сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва муассисаҳои дигари ҷумҳуриявӣ, мансубанд аз ҳисоби маблағҳои буҷетии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда (ҚҶТ аз 5.03.2007 с., № 227);

- барои хадамотҳо ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии муассиса ва ташкилотҳо аз ҳисоби маъмурияти ин муассиса ва ташкилотҳо;

- барои хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ, ки дар асоси шартнома фаъолият менамоянд, аз ҳисоби маблагҳое, ки дар асоси шартнома ворид мегарданд (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 645; аз 02.01.2019 с., № 1566).

 

Моддаи 26. Ҳуқуқ ба манзил

 

Ба наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои наҷотдиҳии касбии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо кумитаҳои давлатӣ ва муассисаҳо ва  инчунин аъзои оилаашон, ки ҳамроҳи онҳо зиндагӣ мекунанд, манзили истиқоматӣ аз рўи тартиб ва меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст,  дода мешавад.

Барои беҳтар кардани шароити манзилӣ ва бо манзил таъмин намудани наҷотдиҳандагони мўҳтоҷ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳо, дар сурати доштани имкониятҳои молиявии мувофиқ, метавонанд дар асоси тартиботи дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараркардашуда утоқҳои манзилӣ харанд, ё ин ки хонаҳои истиқоматӣ созанд.  

Оилаҳои наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои  садамавию наҷотдиҳии  касбие, ки ҳангоми  иҷрои вазифаҳои хизматӣ вафот кардаанд, инчунин оилаҳои наҷотдиҳандагоне, ки барои иҷрои корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардида, ҳангоми иҷрои корҳои мазкур ҳалок   гаштаанд (вафот кардаанд), ба гирифтани манзил (беҳтар кардани шароити манзилӣ) эҳтиёҷ доранд, ҳуқуқи гирифтани он (беҳтар кардани шароити манзилӣ)-ро нигоҳ медоранд. Манзили истиқоматӣ ба оилаҳои мазкур дар навбати аввал  дода мешавад.

Наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои  садамавию наҷотдиҳии касбӣ барои дар навбати аввал ба хонаҳояшон гузаронидани хати телефон ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 27. Кафолатҳои суғуртавии наҷотдиҳандагон

Ҳаёт ва саломатии наҷотдиҳандагон бояд ба таври ҳатмӣ суғурта карда шавад. Тартибу шартҳои суғуртаи ҳаёт ва саломатии наҷотдиҳандагон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 28. Ҳифзи иҷтимоии  аъзои оилаи наҷотдиҳандагон

Аъзои оилаи наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои бар зиммаи онҳо мувофиқи  шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ гузошташуда вафот кардаанд, инчунин аъзои оилаҳои дигар наҷотдиҳандагоне, ки дар давраи иштирок дар гузаронидани корҳои  рафъи оқибатҳои  ҳолатҳои фавқулодда вафот кардаанд, дар тўли як сол ҳуқуқи имтиёзҳоеро, ки онҳо чун аъзои оила  мувофиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода  мебурданд, нигоҳ медоранд.

Таъмини нафақаи аъзои оилаҳои наҷотдиҳандагон дар ҳолати аз даст додани сарпараст мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода  мешавад.

 

Моддаи 29. Шаҳрвандоне, ки наҷотдиҳанда набуда, ҷиҳати иҷрои корҳо ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда мешаванд

Дар ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ шаҳрвандони алоҳидае, ки наҷотдиҳанда нестанд, метавонанд бо хоҳиши худи онҳо ба иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ҷалб карда шаванд.

Қарор дар бораи ба иҷрои корҳои наҷотдиҳию садамавӣ ҷалб намудани шаҳрвандоне, ки наҷотдиҳанда нестанд,  аз  тарафи роҳбарони  мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилотҳо, роҳбарони рафъи ҳолатҳои фавқулодда қабул карда мешавад.

 

Боби 4. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 30.  Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки дар вайрон кардани Қонуни мазкур гунаҳгор дониста мешаванд, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз  интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе

1 марти соли 2005

№ 83

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:25
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
82
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.03.2005

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25-уми ноябри соли 2004, № 1255

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 11, соли 2004, моддаи 620) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11-уми феврали соли 2005, № 596

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 72) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 3, мод. 121; с. 2008, № 3, мод.186; с. 2014, № 11, мод. 657; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1287; аз 17.05.2018 с., № 1524)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкил ва фаъолият, таъинот, вазифа, сохтор, салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудҳои санҷиш ва назорати фаъолияти онҳоро муайян менамояд.

 

Моддаи 1. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қӯшунҳои сарҳадӣ) намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Сарҳади давлатӣ), тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

 

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Фаъолияти Қушӯнҳои сарҳадӣ дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:

  • қонуният;
  • эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • таъмини амнияти давлат;
  • эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии дигар давлатҳо ва мустаҳкамии сарҳадҳои давлатӣ;
  • ҳамкории мутақобилаи ҳамаҷониба ва судманд бо мақомоти сарҳадии давлатҳои ҳамҳудуд;
  • ҳалли осоиштаи масъалаҳои сарҳад;
  • ягонагии системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мутамарказонии идоракунии онҳо;
  • яккасардорӣ;
  • мувофиқати шакл, усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкорои фаъолият;
  • ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъяитӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 4. Вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ инҳоянд:

  • ҳифз ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;
  • таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сарҳади давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ бармеоянд;
  • иштирок дар ҳалли масъалаҳои мудофиа ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;
  • ёрирасонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, боигарии табиӣ ва муҳити зист дар хатти сарҳадӣ.

 

Моддаи 5. Роҳбарӣ ва идоракунии Қӯшунҳои сарҳадӣ

Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Роҳбарии бевосита ва идоракунии оперативии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамзамон сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.

Муовини якум ва муовинони Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287)

 

Моддаи 6. Ваколатҳои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба

                      роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- тибқи тартиби муқарраргардида роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро амалӣ намуда, дар он Шӯрои ҳарбиро ташкил ва ҳайати онро тасдиқ менамояд, ваколатҳои шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадиро дар ҳалли масъалаҳои оперативӣ, ташкилӣ- штатӣ, кадрӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳо муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);

- ситодҳои (гурӯҳҳои) оперативиро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии амалиётҳои муштарак ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар Сарҳади давлатӣ, бо ҷалби қувва ва воситаҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкил менамояд;

- Қӯшунҳои сарҳадиро дар муносибат бо мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ менамояд;

- оид ба сохтор ва шумораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, андозаи маблағгузории буҷетӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои фармонҳо ва қарорҳоро оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, ҷойгиркунонӣ, азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, консепсия, нақшаи такмил ва рушди Қӯшунҳои сарҳадиро пешниҳод менамояд;

- сохтор ва штати қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадиро тасдиқ намуда, ба онҳо дар доираи шумораи муқарраргардида, фондҳои таъминоти пулӣ, музди меҳнат, инчунин штати воситаҳои нақлиёт, техникаи ҷангӣ ва махсус тағйироти зарурӣ ворид менамояд;

- оинномаи Қӯшунҳои сарҳадиро барои тасдиқ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи  Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқарраргардида рутбаи аввалини афсарӣ, рутбаи ҳарбии пеш аз мӯҳлати афсар, рутбаи як зина баландтар аз рутбаи ҳарбии дар штат барои мансаби ҳарбии ишғолкарда пешбинишударо медиҳад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);

- бо тартиби муқарраргардида афсарон ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадиро ба вазифаҳои ҳарбие, ки аз ҷониби афсарони калон ишғол карда мешаванд, таъин ва озод менамояд, рутбаи афсарии калонро то полковник  медиҳад;

- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохил намудани вазифаҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба номгӯи вазифаҳое, ки аз ҷониби афсарони олирутба ишғол карда мешаванд, таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба хизматчиёни ҳарбӣ додани рутбаҳои олии афсарӣ, инчунин озод намудани онҳо аз хизмати ҳарбӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- намояндагони расмии Қӯшунҳои сарҳадиро дар давлатҳои ҳамҳудуд  дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин менамояд;

- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ёрӣ мерасонанд, таклифҳо  пешниҳод менамояд;

- нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳуқуқҳое, ки дар Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, истифода мебарад;

- тартиби аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ додани ахбороти оперативӣ, маҳсулоти махсуси техникӣ ва дигар воситаҳоро ба идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ муқаррар менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд;

- маблағҳоеро, ки барои нигоҳдории Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷудо гардидаанд, тақсим  менамояд;

- меъёр ва тартиби хароҷоти воситаҳои молиявиро барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ вобаста ба анҷом додани  фаъолияти разведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ амалӣ мегардонанд, муқаррар менамояд;

- дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси қабули намояндагони идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ, инчунин фиристонидани намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба давлатҳои хориҷӣ қарор қабул намуда, бо ин мақсад дар доираи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ хароҷоти молиявиро муайян менамояд;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 61. Ваколатҳои Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ:

- роҳбарии  бевосита  ва идоракунии оперативии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро таъмин намуда, барои омодагии хизматӣ-ҷангӣ ва тарбияи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ шахсан масъул мебошад;

- доир ба ташкили ситодҳои (гурӯҳҳои) оперативӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии амалиёти муштарак ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар Сарҳади давлатӣ, бо ҷалби қувва ва воситаҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - раиси Кумита) таклифҳо пешниҳод менамояд;

- доир ба сохтор, шумораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, штатҳои қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба раиси Кумита  таклифҳо пешниҳод менамояд;

- оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, ҷойгиркунонӣ ва азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, консепсия, нақшаи такмил ва рушди Қӯшунҳои сарҳадӣ ба раиси Кумита таклифҳо  пешниҳод менамояд;

- гузаронидани фаъолияти разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқиро дар системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд;

- афсарон ва прапоршикҳоро бо тартиби муқарраргардида  ба вазифаҳои ҳарбӣ таъин ва аз вазифаҳои ҳарбӣ озод менамояд, рутба ҳарбии прапоршик, прапоршики калон ва рутбаҳои ҳарбии афсариро то рутбаи ҳарбии капитан медиҳад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);

- дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ёрӣ мерасонанд, ба раиси Кумита таклифҳо  пешниҳод менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.

(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 7. Сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳо, отрядҳои сарҳадӣ, қисмҳои ҳарбӣ, комендатураҳо, дидбонгоҳҳо (заставаҳо), нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, Донишкадаи сарҳадӣ, муассисаҳои тиббӣ-ҳарбӣ, таълимӣ, воҳидҳои махсус ва воҳидҳои таъминоти ақибгоҳӣ иборат мебошанд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287).

Шумораи штатӣ ва сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 8. Ҳимояи маълумот дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хизмати ҳарбӣ бо тарзи ихтиёрӣ шомил шудаанд ва ба онҳо барои шиносоӣ бо маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсат дода мешавад, аз расмиёти иҷозат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мегузаранд. Вайрон намудани ӯҳдадории ошкор накардани сирри давлатӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

 

Моддаи 9. Қувва ва воситаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Ба мафҳуми қувва ва воситаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохил мешаванд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти хизматӣ-ҷангиро дар ҳимоя ва ҳифзи Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд. Ба фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои пайваста, фаъол, аз рӯи вақту макон ба ҳам мувофиқашуда, ки барои таъмини фаъолияти ҳарбӣ, оперативӣ (разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ), ҳарбии техникӣ, намояндагии сарҳадӣ, иттилоотию таҳлилӣ, маъмурӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки дар Сарҳади давлатӣ, дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ, ноҳияҳои наздисарҳадӣ, минтақаҳои масъул ва гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд, тааллуқ доранд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

Мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ аз мақомоти разведка ва мақомоти назорати сарҳадӣ иборат мебошанд.

Мақомоти разведка фаъолияти разведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯиро бо мақсади ба даст овардани маълумот дар бораи душмани эҳтимолӣ, дигар маълумоти ҷолиби диққат, барои ошкор сохтан, пешбинӣ намудан ва барҳам додани фаъолияти разведкавӣ-тахрибӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар Сарҳади давлатӣ ва ҳудуди наздисарҳадиро бо воситаҳо ва усулҳои махсус (оперативӣ) амалӣ менамояд.

Мақомоти назорати сарҳадӣ чунин фаъолиятро амалӣ менамоянд:

- назорати давлатии риояи низоми Сарҳади  давлатӣ,    низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳо ба воситаи Сарҳади давлатӣ;

- ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки ба низоми муқарраргардидаи Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таҳдид мекунанд;

- якҷоя бо дигар мақомоти махсуси ваколатдори назорати давлатӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани шахсон, воситаҳои нақлиёт, бор, мол ва ҳайвонот;

- дигар вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар қонунгузорӣ  муқаррар  гардидаанд.

(ҚҶТ аз 20.03.08 №365)

 

Моддаи 10. Ҳамкории Қӯшунҳои сарҳадӣ бо дигар мақомот

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти худро дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликият, дар мувофиқа бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Бо мақсади таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мувофиқа бо раиси Кумитаи  давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаҳои вайронкунии Сарҳади давлатӣ, ки аз рӯи онҳо таҳқиқ мегузаронад, инчунин оид ба ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳудуди он баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд  иттилоъ медиҳад.

Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мувофиқа бо раиси Кумитаи  давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сарҳадӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ҳамкорӣ менамояд.

(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 11. Фаъолияти намояндаҳои расмии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Намояндагони расмии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар давлатҳои ҳамҳудуд фаъолияти худро дар асоси созишномаҳои дутарафа иҷро менамоянд.

 

Моддаи 12. Риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷро намудани фаъолияти худ риоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кафолат медиҳад.

Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шахсони мансабдори онҳо фақат тибқи асос, доира ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, мумкин аст. Ҳамзамон ба хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон манъ аст.

Шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифадоранд, ки ба шаҳрвандон аз рӯи дархости онҳо оид ба сабаби аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ маҳдуд карда шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ахборот ва тавзеҳот диҳанд.

Маълумоти дар рафти фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрванд ба даст омада, ки ба шаъну шарафи ӯ алоқамандӣ доранд ё ба манфиатҳои қонунии ӯ зарар расонида метавонанд, бо розигии шаҳрванд ба ҳеҷ кас, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, хабар дода намешаванд.

Шаҳрванде, ки амал ва ё беамалии шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадиро боиси поймол шудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ меҳисобад, ҳуқуқ дорад, ки ба мақомоти болоии Қӯшунҳои сарҳадӣ, прокуратура ё суд шикоят намояд.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқ ва вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ ӯҳдадоранд:

- тавассути тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври ғайриқонунӣ тағйир додан ва убури Сарҳади давлатиро дар маҳал роҳ надиҳанд;

- ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зада гардонида, моҷароҳои мусаллаҳона ва дигар моҷароҳоро дар Сарҳади давлатӣ пешгирӣ намоянд, аз ин қасдҳои ҷинояткорона аҳолӣ, моликияти давлатӣ ва дигар шаклҳои моликиятро ҳимоя намоянд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524);

- вайронкунандагони Сарҳади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд;

- аз тарафи шахсон ва воситаҳои нақлиёт берун аз гузаргоҳҳо ё бо тарзи ғайриқонунӣ гузаштани Сарҳади давлатиро пешгирӣ намоянд ва ба онҳо роҳ надиҳанд;

- иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ бармеоянд, таъмин намоянд;

- риояи қоидаҳои низоми Сарҳади давлатиро, ки хусусияти иҷозатӣ ё огоҳкунӣ доранд, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро назорат намоянд;

- фаъолияти қӯшунӣ, разведкавӣ, оперативию қӯшунӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомӣ - гузариро анҷом диҳанд;

- пешбарии парвандаҳоро оид ба қонуншиканиҳои маъмурие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо вогузор намудааст, анҷом диҳанд, дар доираи салоҳияти худ ин парвандаҳоро баррасӣ намоянд ва қарорҳои оиди онҳоро иҷро кунанд;

- аз рӯи парвандаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо гузоштааст, таҳқиқи пешакӣ баранд;

- қонуншиканиҳоеро, ки бо таъмини ҳифзи Сарҳади давлатӣ вобастаанд пешгирӣ намоянд;

- дар мавриди зарурат ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳадӣ гузаронанд;

- назорати муҳоҷиратиро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амалӣ намоянд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқҳои зеринро доранд:

- дар заминхое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доимӣ) дода мешаванд, иншооти заруриии муҳандисию техникӣ бунёд намоянд, сохтмони хатҳои алоқа ва коммуникатсияро анҷом диҳанд, техника ва силоҳро ҷойгир ва истифода кунанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

- ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳар қитъаи маҳал қарор дошта бошанд ва дар он озодона рафту омад кунанд, аз моликон ва истифодабарандагони қитъаҳои замин дар минтақаи сарҳад ҷудо намудани ҷойро барои рафту омади нарядҳои сарҳадӣ, таҷҳизонидан ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани гузаргоҳҳои миёни панҷараҳо, гузаргоҳҳои миёни дигар монеъаҳо талаб намоянд;

- бо мақсади пешгирӣ ва рафъи вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ҳуҷҷатҳои зарурии шахсон, ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиётро санҷанд, воситаҳои нақлиёт ва борҳои дар онҳо бударо аз назар гузаронанд;

- тавассути нарядҳои сарҳадӣ шахсонеро, ки барои вайронкунии Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гумонбар шудаанд, нигоҳ доранд ва шахсан аз назар гузаронанд, чунин шахсонро ба ихтиёри ҷузъу томҳо, қисмҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ё ҷойҳои дигар барои ошкор намудани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ баранд;

- шахсонеро, ки низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, ҷиҳати тартиб додани протокол ба мӯҳлати то 3 соат ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои муқаррар кардани шахсият ва муайян намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ то 3 шабонарӯз ба таври маъмурӣ дастгир намоянд ва аз ин ҳолат ба таври хаттӣ ба прокурор дар муддати 24 соат аз лаҳзаи дастгир кардан хабар расонанд;

- дастгиршудагонро аз назар гузаронанд, ҳамчунин азназаргузаронии шахсӣ ва дар мавриди зарурат гирифтани чизу чораи ҳамроҳи онҳо буда ва ҳуҷҷатҳои онҳоро анҷом диҳанд. Дар хусуси ҳар як ҳолати ба таври маъмурӣ дастгир кардан, азназаргузаронии шахсии дастгиршуда, азназаргузаронӣ ва гирифтани чизу чораи ҳамроҳи ӯ буда протокол тартиб дода мешавад;

- бо иҷозати прокурор шаҳрвандони хоричӣ ва шахсони бешаҳрвандиеро, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд, ва дар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон оиди онҳо дар бораи ба мақомоти сарҳади давлатҳои ҳамҳудуд супоридан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маъмурӣ берун кардан карор ва ҳалномаи зарурӣ қабул шудааст, то вақти барои иҷрои қарор ва ҳалномаи зарурӣ боздоранд;

- шахсонеро, ки ба таври маъмурӣ боздошта шудаанд, дар биноҳои махсуси барои ин мақсадҳо таҷҳизонидашудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ нигоҳ доранд;

- ҳаракати шахсон ва воситаи нақлиётро дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ муваққатан маҳдуд ё манъ намоянд, ҳамчунин шаҳрвандонро ба нуқтаҳои алоҳидаи маҳал роҳ надиҳанд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524);

- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.

Дар сурати ҷорӣ намудани низоми вазъияти фавқуллода дар ҳудуди наздисарҳадӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иловагӣ танҳо дар доираи ҳимояи Сарҳади давлатӣ вогузор шаванд.

 

Моддаи 14. Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иборат мебошад. Таъмини Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳайати шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин ба роҳ монда мешавад:

- бо хизматчиёни ҳарбӣ – ба таври ихтиёрӣ дохил гардидан ва даъват намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ;

- бо кормандони ғайриҳарбӣ – ба таври ихтиёрӣ ба кор даромадан.

Ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ (ғайр аз хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро ба тариқи даъват адо мекунанд) шаҳодатномаҳои хизматие, ки намунааш аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, дода мешавад.

Хизмати ҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Фаъолияти меҳнатии кормандони ғайриҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Тайёр кардан, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисоси кадрҳо  ва мутахассисони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мактабҳои таълимии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои таълимӣ (мактабҳо), инчунин дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ дар мактабҳои  таълимии ҳарбии дигар давлатҳо ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 15. Кормандони ғайринизомии Қӯшунҳои сарҳадӣ

                      (бо ҚҶТ аз 20.03.08с., №365 хориҷ карда шуд)

 

Моддаи 16. Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ва техникаи ҳарбӣ дар фаъолияти

                       Қӯшунҳои сарҳадӣ

                           (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳимояи Сарҳади давлатиро дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ анҷом дода, ҷиҳати зада гардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ кардани кӯшиши рабуда ба хориҷа бурдани ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои налиётӣ, силоҳ ва техникаи ҳарбиро истифода мебаранд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148; аз 17.05.2018 с., № 1524)

Силоҳ ва техникаи ҳарбиро ҳамчунин дар ин мавридҳо истифода бурдан мумкин аст: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

- бар зидди шахсон, ҳайвопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва воситаҳои наклиётие, ки Сарҳади давлатиро бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузаранд (гузаштаанд), дар ҷавоби қувваи истифодабурдаи онҳо ё дар ҳолатҳое, ки пешгирии сарҳадшиканӣ ё дастгир намудани сарҳадшиканон бо усулҳои дигар имкон надорад;

- барои ҳифзи шаҳрвандон аз ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад;

- барои озод кардани гаравгонон;

- барои зада гардонидани ҳуҷум ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсоне, ки оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ вазифаи хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онҳо дар сурате, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид мекунад;

- барои зада гардонидани ҳамла ба ҷузъу томҳо ва объектҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, аз ҷумла барои расонидани кӯмак ба киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар вақти баргардонидани ҳуҷум ба онҳо.

Пеш аз истифодаи силоҳ ва техникаи ҳарбӣ дар бораи истифодаи онҳо бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпарронии огоҳкунанда сурат гирад.

Силоҳ ва техникаи ҳарбӣ ҳангоми зада гардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамлаи ногаҳонӣ ё мусаллаҳона ба хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт, муқобилияти мусаллаҳона, бо силоҳ гурехтани шахсони дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огоҳӣ ба кор бурда мешавад (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148; аз 17.05.2018 с., № 1524).

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд, барои безарар сохтани ҳайвононе, ки ба ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон таҳдид мекунанд, ҳамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёрӣ силоҳро истифода баранд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

Ба кор бурдани силоҳ ва техникаи ҳарбӣ манъ аст: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

- ба муқобили занон ва ноболиғон, ба истиснои ҳолатҳои ҳуҷуми мусаллаҳона аз тарафи онҳо ё муқобилияти мусаллаҳона ва ё ҳуҷуми гурӯҳие, ки ба ҳаёт таҳдид мекунанд;

- ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки мусофир доранд;

- ба муқобили шахсоне, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд ё қасди убури онро доранд, агар амал аниқ тасодуфӣ бошад ё бо сабаби фалокат, таҳти таъсири омилҳои бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад.

Ҳангоми иҷрои вазифаҳои марбут ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ воситаҳои махсус (дастбанд ё воситаи дигар барои дастбандӣ, калтаки резинӣ, моддаҳои ашковар, воситаҳои садо ва рӯшноидиҳандае, ки таъсири ба тарафи дигар ҷалб кардани диққатро доранд, асбобҳо барои манъи маҷбурии нақлиёт), қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла усулҳои ҷангии муҳориба ва сагҳои хизматиро ба кор мебаранд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

 

Модддаи 17. Ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва аъзои оилаи онҳо

 

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳуқуқҳо, имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷуброни давлатӣ, инчунин аз вазъи ҳуқуқие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо муқаррар кардаанд, истифода мебаранд.

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамчун намояндагони ҳокимият баромад мекунанд ва таҳти ҳимояи давлат мебошанд.

Иҷрои талаботи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад. Дар сурати ғайриқонунӣ будани чунин талабот нисбати амалҳои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда мешавад.

Амалҳои ғайриқонунӣ нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шаҳрвандоне, ки ба онҳо дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ ёрӣ мерасонанд, ки дар итоат накардан, таҳқир кардан, муқобилият нишон додан, таҳдид намудан, расонидани зарари ҷисмонӣ ва ё сӯиқасд намудан ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо зуҳур ёфтаанд, инчунин дигар амалҳое, ки ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои иҷрои вазифаҳояшон халал мерасонанд, ҷавобгарии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо пешбинӣ мекунад.

Кормандони ғайринизомии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳолати ҷалб намудани онҳо ба чорабиниҳои ба муҳофизат ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ дахлдошта, ки ба ӯҳдадориҳои хизматии онҳо алоқамандии бевосита надоранд, аз ҳуқуқҳои ба хизматчиёни ҳарбӣ додашуда истифода мебаранд.

Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз маоши моҳонаи вазифавӣ ва маоши моҳона барои рутбаи ҳарбӣ, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил медиҳад, иловапулӣ барои собиқаи хизмат ва дигар иловапулиҳо иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 18. Масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳадди салоҳияти худ, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, мустақилона қарор қабул менамоянд. Барои амалҳои ғайриқонунии худ онҳо мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чавобгарӣ кашида мешаванд. Хизматчиёни іарбии Ѕӯшуніои саріадҳ барои вайрон намудани тартиби муѕаррарнамудаи ѕонунгузории ӣуміурии Тоӣикистон дар бораи танзими анъана ва ӣашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

Дар ҳолати аз тарафи хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷро намудани фармони (фармоиши) ғайриқонунӣ шахси мансабдоре, ки ин фармонро (фармоишро) баровардааст, ҷавобгар аст.

 

Моддаи 19. Силоҳу аслиҳа ва воситаҳои таҷҳизотии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ бо силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус, молу мулки ҳарбӣ-техникӣ, ки барои иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда заруранд, таъмин карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

Таъмири силоҳу аслиҳа ва техникаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар корхонаҳои таъмирии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар корхонаҳои дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мудофиа ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия буда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар корхонаҳои давлатҳои хориҷа бо тартиби дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст муайянгардида гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

Назорати сифати силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус, молу мулки ҳарбӣ-техникӣ ва дигар молу мулк, корҳо ва хизматрасониҳоро, ки аз тарафи корхонаҳо иҷро мешаванд, намояндагони ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Моддаи 20. Таъминоти молиявӣ ва моддӣ-техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Меъёр ва тартиби таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо пешниҳоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 21. Назорати прокурорӣ

 

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 1 марти соли 2005

№ 82                                                                   

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 13:10
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
72
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
09.12.2004
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699; с. 2008, №10, мод. 805, мод. 817; с. 2013, №12, мод. 896; с. 2015, №3, мод. 215)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424, № 436, аз 28.12.2013 № 1052, аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498, аз 29.01.2021 № 1769, аз 23.12.2021 № 1847, аз 15.03.2023 № 1959)
Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
- истеъмолкунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ)- ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рӯзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд;
- гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон - доираи васеи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муайян ва ба мурофиа ҷалб намудани онҳо ба сифати даъвогар, инчунин муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадории онҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо имконнопазир мебошад (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769);
- истеҳсолкунанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро ҷиҳати фурӯш барои истеъмолкунандагон истеҳсол мекунанд;
- иҷрокунанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли моликият, инчунин соҳибкори инфиродие, ки корро барои истеъмолкунандагон тибқи шартномаи бемузд ё музднок иҷро мекунанд ё хизмати онҳоро ба ҷо меоваранд;
- фурӯшанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро тибқи шартномаи хариду фурӯш ба истеъмолкунанда мефурӯшанд;
- чеки мол - талони хазинадорӣ бо суроғаи фурӯшанда ва сабти маблағ, ки ба мол, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва хариду фурӯши он мансуб мебошад;
- чеки хазинадорӣ - талони дар мошини назоратии хазина чопшуда бо зикри маблағи гирифташуда, санаи фурӯш, номи ташкилоте (соҳибкори инфиродие), ки молро барои фурӯш истеҳсол мекунад;
- стандарт - стандарти давлатӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, бинокорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тибқи қонун талаботи ҳатмиро ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар менамояд;
- сифати мол (кор, хизматрасонӣ) - маҷмӯи хусусиятҳои моле (коре, хизматрасоние), ки ба талаботи муқарраргардида ва ё эҳтимолии истеъмолкунанда (бехатарӣ, коршоямӣ, хусусиятҳои истифода, боэътимодӣ, камхарҷӣ, талаботи иттилоотии завқӣ ва ғайра) - ро қонеъ гардонидани он нисбат дорад;
- мӯҳлати кафолат - мӯҳлати тақвимӣ (ба ҳисоби моҳ) ё кор (ба ҳисоби соат, давраи хизмат, километри гашт ва ҳоказо), ки дар ин муддат мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) бояд ба тамоми талаботи сифате ҷавобгӯ бошад, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ муайян карда шудааст;
- мӯҳлати коршоямӣ - даврае, ки баъди гузаштани он мол (натиҷаи кор) барои истифода кардан аз рӯи таъиноташ корношоям дониста мешавад;
- мӯҳлати хизмат - даврае, ки дар ҷараёни он истеҳсолкунанда ӯҳдадор мешавад ба истеъмолкунанда имконияти аз рӯи таъинот истифода бурдани мол (натиҷаи кор)-ро муҳаё намояд ва бехатарии мол (иҷрои кор)-ро барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунанда ва ҳамчунин барои муҳити зист кафолат медиҳад;
- мӯҳлати нигоҳдорӣ - даврае, ки дар рафти он мол (натиҷаи кор, ё хизматрасонӣ), дар сурати риоя шудани шартҳои муқарраргардидаи нигоҳдорӣ, хусусиятҳои дар ҳуҷҷати меъёрӣ ва ё дар шартнома зикршуда, ки талаботро нисбати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар кардааст, нигоҳ медорад;
- нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) ё худ моли дорои сифати номатлуб - номувофиқатии мол (кор, хизматрасонӣ) ба стандарт, ба шартҳои шартнома ё худ ба талаботи оддии сифати мол (кор, хизматрасонӣ);
- нуқсони ҷиддии мол (кор, хизматрасонӣ) - нуқсоне, ки истифодаи мол (кор, хизматрасонӣ)-ро мутобиқи таъиноташ номумкин ё нораво мегардонад ё онро бартараф кардан мумкин нест ва ё баъди рафъаш боз зоҳир мешавад, ки барои бартараф кардани он маблағи калон лозим аст ё худ бар асари он истеъмолкунанда ба андозаи зиёдтар аз баҳрае маҳрум мешавад, ки ҳангоми имзои шартнома ба он умед баста буд;
- бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист ҳангоми истифода, нигаҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии он, инчунин бехатарии ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобастагӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Моддаи 3. Ҳуқуқи истеъмолкунанда
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:
- ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он;
- ба дастрасӣ ба иттилоот дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1847);
- ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи мол (кор, хизматрасонӣ) (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769);
- ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ);
- ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ);
- ба иваз намудан ё баргардондани моли дорои сифати номатлуб (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1847);
- ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ);
- ба иваз намудани моли дорои сифати номатлуб (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769) ;
- ба ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст;
- ба бартараф намудани нуқсон ва камбудии мол (кор, хизматрасонӣ) (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769) ;
- ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193);
- ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон;
- ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурӯшанда).
Моддаи 4. Таъмини ҳуқуқи истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда
Ҳуқуқ доштани истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо роҳи ба барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани масъалаҳо оид ба асосҳои дониши истеъмолӣ (матлуботӣ) ва ҳамчунин бо роҳи ташкили системаи огоҳонии истеъмолкунанда аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо таъмин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Дар фанҳои таълимӣ мавзӯъҳо оид ба асосҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 5. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ)
Истеъмолкунанда дар вақти барояш муносиб бо назардошти тартиботи кори фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ба интихоби озодонаи моли (кори, хизматрасонии) хушсифат ҳуқуқ дорад.
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда дар интихоби озодонаи мол (кор, хизматрасонӣ) ёрӣ расонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Ба баъзе гурӯҳҳои истеъмолкунандагон дар хизматгузории тиҷоратӣ, маишӣ ва дигар намудҳои хизматгузории истеъмолкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз ва бартарият дода мешавад.
Ба муқаррар намудани бартариятҳо, маҳдудиятҳои бевосита ё худ бавосита ҳангоми интихоби мол (кор, хизматрасонӣ), ғайр аз бартарие ё маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, роҳ дода намешавад.
Моддаи 6. Сифат ва миқдори мол (кор, хизматрасонӣ)
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда моле диҳад (кореро иҷро намояд, хизмате расонад), ки сифат ва миқдори он ба шартнома мувофиқ бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498).  
Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шартҳо оид ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ), фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст барои мақсадҳое, ки чунин мол (кор, хизматрасонӣ) одатан истифода мешавад, ба истеъмолкунанда мол диҳад (корро иҷро намояд, хизмат расонад) (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498, аз 29.01.2021 № 1769).
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ҳангоми бастани шартнома доир ба мақсадҳои мушаххаси харидории мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) аз ҷониби истеъмолкунанда огоҳ шуда бошад, фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда молеро диҳад (кореро иҷро намояд, хизмате расонад), ки он мувофиқи ин мақсадҳо барои истифода коршоям бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 29.01.2021 № 1769).
Ҳангоми фурӯши мол аз рӯи намуна ва ё тавсиф фурӯшанда ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда моли ба намуна ва ё тавсиф мувофиқро диҳад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498).
Агар бо стандарт нисбати сифати мол (кор, хизматрасонӣ) талаботи ҳатмӣ пешбинӣ шуда бошад, фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ба истеъмолкунанда молеро супорад (коре, хизматеро ба ҷо оварад), ки он мувофиқи ин талабот бошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 29.01.2021 № 1769).
Истеъмолкунанда фақат маблағи миқдори муайяни моли гирифтааш (кори, хизмати ба ҷо овардааш) - ро пардохт менамояд.
Баҳисобгирии моли (кори, хизматрасонии) ҳаққонӣ гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати ҳаққонӣ барояш иҷрокарда) - ро фурӯшанда бо воситаҳои ченаке, ки мақомоти давлатии стандартизатсия ва метрология санҷида, тамға задаанд, таъмин менамояд. Ин асбобу анҷомҳо ва дигар асбобу анҷомҳои ҳисобгирии инфиродии миқдори моли гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати расонида) моликияти фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) буда, аз тарафи онҳо хизматгузорӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424).
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ба истеъмолкунанда назар ба миқдори пешбининамудаи шартнома камтар мол супурда (кору хизматро ба ҷо оварда) бошад, пас фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ӯҳдадор аст, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, зарари ба истеъмолкунанда расидаро пурра ҷуброн намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 23.12.2021 № 1847).
Дар шартнома пешбинӣ намудани шартҳое, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандаро нисбат ба ҳуқуқҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ маҳдуд месозанд, манъ аст.
Моддаи 7. Ӯҳдадориҳои истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ҷиҳати муқаррар намудани мӯҳлатҳои хизмат, коршоямӣ ва кафолати мол (кор)
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193)
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ӯҳдадор аст мӯҳлати хизмати моли (кори) истифодааш дарозмуддат, аз ҷумла маснуоти комплектӣ (ҷузъу қисмҳо, агрегатҳо)-ро, ки бо мурури замон барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунанда хавфнок шуда, ба амволи ӯ ё ба муҳити зист зарар расонда метавонад, муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Мӯҳлати хизмати мол (кор) бо воҳиди вақт ва ҳамчунин бо воҳидҳои дигари ченак (километр, метр ва ғайра) вобаста ба таъинот ва хусусияти мол ҳисоб карда мешавад.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ба маҳсулоти озуқа, ороишиву атриёт, доруворӣ, молҳои кимиёвӣ, рӯзгор ва ба дигар молҳои ҳаммонанд мӯҳлати коршоямӣ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Фурӯхтани мол (иҷрои кор) баъди гузаштани мӯҳлати муқарраршудаи коршоямиаш ва ҳамчунин моле (иҷрои коре), ки бояд ба он мӯҳлати хизмат ё мӯҳлати коршоямӣ муқаррар карда шавад, вале муқаррар нагардидааст, манъ аст.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор мебошад, ки дар давраи мӯҳлати кафолатии муайяншуда ё мӯҳлати кафолатии иловагии муқаррарнамудааш талаботи истеъмолкунандаро тибқи Қонуни мазкур қонеъ гардонад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Моддаи 8. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ)
Истеъмолкунанда ҳангоми риояи шартҳои муқарраршуда истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии мол (кор, хизматрасонӣ), ки барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунанда, муҳити зист бехатар бошад, инчунин ба амволи ӯ зиён нарасонад, ҳуқуқ дорад.
Талаботе, ки бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ)-ро барои ҳаёту саломатии истеъмолкунанда, муҳити зист таъмин месозад, инчунин расидани зарарро ба амволи истеъмолкунанда пешгирӣ менамояд, ҳатмӣ буда, тибқи қонун муқаррар карда мешавад.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо воситаҳои ахбори умум дар бораи моле (коре, хизматрасоние) , ки барои ҳаёт, саломатӣ, амвол ва муҳити зист хавфу хатар дорад, аз ҳисоби фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) иттилоот дошта бошад.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ӯҳдадор аст дар давоми мӯҳлати муқаррарнамудаи кафолат ё мӯҳлати коршоямии мол (кор) бехатарии мол (кор) - ро таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Зараре, ки дар натиҷаи таъмин накардани бехатарии мол (кор) ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда расонида шудааст, бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.
Агар барои бехатарии истифодаи мол (кор, хизматрасонӣ) нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии он риояи қоидаҳои махсус (минбаъд - қоидаҳо) зарур бошад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ӯҳдадор аст ин қоидаҳоро дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи мол (кор, хизматрасонӣ) дар тамғакоғаз, зикр намояд, нишонагузорӣ кунад ё ба дигар тарз зикр намояд ва фурӯшанда (иҷрокунанда) вазифадор аст, ки ин қоидаҳоро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар ба мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи қонунҳо ё бо стандартҳо талаботи ҳатмӣ муқаррар шуда бошад, ки бехатарии онро барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунандагон, муҳити зист ва пешгирии зарарро ба амволи истеъмолкунанда таъмин мекунанд ва ҳамчунин воситаҳое, ки бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандаро таъмин менамоянд, бояд бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия карда шавад. Номгӯи мол (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла моли (кори, хизматрасонии) воридотӣ, бидуни маълумоти бо забонҳои давлаӣ ва русӣ ва дар мавриди зарурат бо хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ ва мутобиқати он ба талаботи зикргардидаи қисми шашуми ҳамин модда, инчунин бидуни маълумоти алифбои рақамӣ ва хатҳои рамзӣ манъ мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар муқаррар карда шавад, ки ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда риоя гардидани қоидаҳои муқаррарнамудаи истифода, нигоҳдорӣ ё интиқоли мол (кор) он ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда, муҳити зист зарар мерасонад ё расонда метавонад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор аст, истеҳсоли (фурӯши) онро то бартараф намудани сабабҳои зарар фавран ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои аз муомилот ва аз истеъмолкунанда (истеъмолкунандагон) бозпас гирифтани он тадбирҳо андешад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар бартараф кардани сабабҳои зарар ғайриимкон бошад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ӯҳдадор аст, истеҳсоли чунин мол (кор, хизматрасонӣ)-ро қатъ намояд. Ҳангоми аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) иҷро нашудани ин ӯҳдадориҳо бо супориши мақомоти босалоҳияти идоракунии давлатӣ, ки сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро назорат мекунанд, истеҳсоли ин мол (кор, хизматрасонӣ) қатъ гардида, аз истеҳсолот, муомилот ва аз истеъмолкунандагон бозпас гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Зараре, ки ба истеъмолкунанда дар натиҷаи бозпас гирифтани мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст, бояд аз тарафи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) пурра ҷуброн карда шавад.
Агар муқаррар карда шавад, ки фурӯшанда (иҷрокунанда) молеро мефурӯшад (кореро иҷро менамояд), ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошад, чунин мол (кор) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз фурӯшанда (иҷрокунанда) бозпас гирифта мешавад.
Тартиби аз муомилот гирифтани молҳои ғайрихӯрокворие, ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошанд ва мӯҳлати коршоямиашон гузаштааст ё бе маълумот барои истеъмолкунандагон ба муомилот бароварда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 8(1). Ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти мол
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193)
Истеъмолкунанда ҳангоми хариди мол ва иҷрои кор ҳуқуқ дорад, ки чеки хазинадорӣ, чеки мол ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти молро аз истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда), ба истиснои соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият мекунанд, талаб намуда, гирад.
Ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор аст, ки ба истеъмолкунанда чеки мол ва чеки хазинадориро диҳад. Дар сурати пешниҳод накардани чеки мол ва чеки хазинадорӣ, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 9. Маълумот дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ)
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаб намояд ва истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор аст сари вақт ба истеъмолкунанда дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ) маълумоти зарурӣ ва боэътимоде пешниҳод намояд, ки имконияти интихоби дурусти онро таъмин созад. Номгӯи намудҳои алоҳидаи мол (кор, хизматрасонӣ) ва тарзи расонидани маълумот ба истеъмолкунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Маълумоти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда рӯшану возеҳ ва фаҳмо ба маълумоти истеъмолкунандагон ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурӯш ва шартномаҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) бо тарзҳои маъмули баъзе соҳаҳои хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон ба забонҳои давлатӣ ва русӣ расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ба таври ҳатмӣ бояд ҳолатҳои зеринро дар бар гирад:
- зикри стандартҳое, ки мол (кор, хизматрасонӣ), нишони мол ё нишони хизматии ба қайд гирифташуда (патент кардашуда) бояд ба талаботи ҳатмии ин стандартҳо мувофиқат намояд;
- маълумот оид ба хусусиятҳои асосии истеъмоли мол (кор, хизматрасонӣ), нисбати озуқа - маълумот оид ба таркиб (аз ҷумла номгӯи дигар маводи хӯрок ва иловаи хӯрок, ки дар ҷараёни тайёр кардани онҳо истифода шудаанд), вазн ва ҳаҷми мавод, калорияи (қувваи) озуқа, таркиби моддаҳои барои саломатӣ зарарнок дар муқоиса бо талаботи стандартҳо, инчунин қобили истеъмол набудани истеъмоли он дар мавриди баъзе бемориҳо. Номгӯи моле (коре, хизматрасоние), ки маълумот дар хусуси он дар мавриди баъзе бемориҳо бояд дорои нишондоди ғайри қобили истифода бошад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- нарх ва шартҳои ба даст овардани мол (кор, хизматрасонӣ);
- мӯҳлати кафолат, агар он муқаррар шуда бошад;
- қоида ва шартҳои истифодаи самаранок ва бехатари мол (кор, хизматрасонӣ);
- мӯҳлати хизмат ва мӯҳлати коршоямии мол (кор, хизматрасонӣ), ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст ва ҳамчунин маълумот дар бораи амали зарурии истеъмолкунанда баъди гузаштани мӯҳлати мазкур ва оқибати имконпазир дар сурати иҷро накардани чунин амал, ба шарте, ки мол (кор, хизматрасонӣ) баъди гузаштани мӯҳлати зикршуда барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда хавфу хатар пеш оварад ё худ барои истифода аз рӯи таъинот корношоям шавад;
- ишораи тарзи тайёр кардани маводи хӯроквории зудтайёршаванда (нимтайёр) дар борҷомаи онҳо;
- маҳалли ҷойгиршавӣ (суроғаи ҳуқуқӣ), рақами телефон, номи фирмавии (номи) истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ва маҳалли ҷойгиршавии ташкилот (ташкилотҳо), ки барои қабули шикоятҳои истеъмолкунандагон, таъмиркунандагон ва хизматрасонии техникии мол (кор) аз ҷониби истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ваколатдор карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498);
- маълумот оид ба сертификати ҳатмии мувофиқати мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), инчунин дар мавриди зарурат маълумот оид ба хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ;
- маълумот дар бораи қоидаҳои фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ);
- зикри шахси мушаххасе, ки кор (хизматрасонӣ) - ро иҷро мекунад ва агар ин аҳамият дошта бошад, маълумот дар хусуси ӯ бо назардошти хусусияти кор (хизматрасонӣ);
- зикри истифодаи фонограммаҳо ҳангоми хизматрасонии фароғатӣ аз ҷониби иҷрокунандагони асарҳои мусиқӣ.
Агар моли харидаи истеъмолкунанда истифода шуда бошад ё нуқсони (нуқсонҳои) он бартараф шуда бошад, бояд дар ин хусус ба истеъмолкунанда маълумот дода шавад.
Истеъмолкунанда аз маълумоти пешбининамудаи моддаи мазкур дар ҳуҷҷатҳои замимашавандаи техникии мол (кор, хизматрасонӣ) дар тамғакоғазҳо, нишонагузорӣ ё ба тарзи дигари барои намудҳои алоҳидаи мол (кор, хизматрасонӣ) қабулгардида огоҳонида мешавад.
Маълумот дар бораи сертификати мувофиқати мол (кор, хизматрасонӣ) дар шакли нишонагузории мол (кор, хизматрасонӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи аломатҳои мувофиқат ба қайди маълумот дар ҳуҷҷати техникӣ оид ба гузаштани сертификат, рақами сертификат, мӯҳлати амали он ва доир ба ташкилоте, ки онро додааст, иборат мебошад.
Агар ҳуҷҷатҳои техникии мол (шиносномаи техникӣ, дастурамали истифода ва ғайра) ба забони хориҷӣ тартиб дода шуда бошанд, тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ё ба забони русӣ ҳатмист.
Маълумоти тамғаи маҳсулоти хӯроквории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастабандишуда, инчунин маҳсулоти хӯроквории воридотӣ бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ" мутобиқ бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Моддаи 10. Маълумот дар бораи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда)
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад доир ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) маълумоти зарурӣ ва боэътимод талаб намояд.
Ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурӯш ва шартномаҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) бо тарзҳои қабулнамудаи соҳаҳои алоҳидаи хизматрасонии истеъмолкунандагон, маълумоти мазкур дар шакли аёнӣ ва дастрас бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ба таври илова бо забони русӣ ва дигар забонҳо ба маълумоти истеъмолкунандагон расонида мешавад.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ҳамчунин ӯҳдадор аст, ки номи фирмавии (номи) ташкилоти худ, маҳалли ҷойгиршавӣ, (суроғаи ҳуқуқӣ) рақами телефон ва низоми кори онро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 2.01.2018 № 1498).
Агар намуди (намудҳои) фаъолияте, ки истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) анҷом медиҳад литсензия карда шавад, бояд ба истеъмолкунанда оид ба рақами литсензия, мӯҳлати амали он, инчунин доир ба мақоме, ки ин литсензияро додааст, маълумот пешниҳод намояд.
Маълумоти пешбининамудаи қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи мазкур аз тарафи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ҳангоми савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ дар биноҳои муваққатӣ, ярмаркаҳо, дӯконҳо, инчунин хизматрасониҳое, ки берун аз маҳалли доимии мавҷудияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) анҷом дода мешаванд, бояд ба маълумоти истеъмолкунанда расонида шаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 11. Реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1959)
Реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии аз ҷиҳати танзим муҳиме, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор бе муроҷиат ва ҷалби субъектҳои хоҷагидор муқаррар карда мешавад.
Реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр нагардидаанд, аз ҷониби онҳо мустақилона муайян карда мешавад.
Реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ ба маълумоти истеъмолкунандагон расонда мешавад ва бояд ба тартиби муқарраршуда мувофиқат кунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1959).
Моддаи 12. Масъулияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) барои маълумоти нодуруст доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва оид ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда)
Агар ҳангоми бастани шартнома ба истеъмолкунанда оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) имконияти фавран ба даст овардани маълумот муҳаё карда нашуда бошад, вай ҳуқуқ дорад аз фурӯшанда (иҷрокунанда) товони зарареро талаб намояд, ки дар натиҷаи саркашии беасос аз бастани шартнома расидааст ва агар шартнома баста шуда бошад, онро дар мӯҳлати муносиб бекор кунад ва баргардонидани маблағи барои мол (кор, хизматрасонӣ) пардохташуда ва ҷуброни дигар зарарҳоро талаб намояд.
Ҳангоми бекор кардани шартнома истеъмолкунанда ӯҳдадор аст мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) - ро, агар аз рӯи хусусияташ он имконпазир бошад, ба фурӯшанда (иҷрокунанда) баргардонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Фурӯшандае (иҷрокунандае), ки оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ба харидор маълумоти пурра ва боэътимод пешниҳод накардааст, мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ), ки баъди ба истеъмолкунанда фурӯхтани он ба сабаби дар дасти вай мавҷуд набудани чунин маълумот пайдо гардидааст, ҷавобгар мебошад.
Бо сабаби пешниҳод накардани маълумоти пурра ва боэътимод оид ба мол (кор, хизматрасонӣ), ки дар натиҷаи он ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зарар расидааст, вай ҳуқуқ дорад ҷуброни чунин зарари пешбининамудаи Қонуни мазкурро, аз ҷумла ҷуброни пурраи зарарҳои ба иншоотҳои табиӣ расидаро, ки моликияти (дар ихтиёри) истеъмолкунанда мебошанд, талаб намояд.
Моддаи 13. Масъулияти фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои вайрон кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунанда тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Агар тибқи қонун тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, зарари ба истеъмолкунанда расида дар ҳаҷми пурра, бо замми ноустуворонаи (пушаймонаи) муқаррарнамудаи қонун ё шартнома ҷуброн карда мешавад.
Пардохти ноустуворона (пушаймона) ва ҷуброни зарар фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда)-ро дар асл аз иҷрои ӯҳдадориҳои дар назди истеъмолкунанда доштааш озод намекунад.
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) исбот намояд, ки ӯҳдадориҳояшро бинобар қувваи рафънопазир иҷро накардааст ё номатлуб иҷро кардааст ва дар ин бобат ӯ гуноҳе надорад, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.
Талаботи истеъмолкунанда оид ба пардохти ноустуворонаи (пушаймонаи) пешбининамудаи қонун ё шартнома аз ҷониби фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ихтиёрӣ қонеъ гардонида мешавад.
Дар сурати аз ҷониби суд қонеъ гардонидани талаботи тибқи қонун муқарраршудаи истеъмолкунандагон, суд ҳуқуқ дорад аз фурӯшандае (истеҳсолкунандае, иҷрокунандае), ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол кардааст, барои риоя накардани тартиби ихтиёран қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда дар хусуси рӯёнидани ҷарима ба андозаи арзиши даъво қарор барорад.
Моддаи 14. Ҷавобгарии амволӣ барои зараре, ки дар натиҷаи нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст
Зарари ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда расонидашуда дар натиҷаи нуқсони сохт, истеҳсолӣ, дастурӣ ва дигари мол (кор, хизматрасонӣ) пурра ҷуброн карда мешавад.
Ҳар як ҷабрдида, сарфи назар аз он ки бо фурӯшанда (иҷрокунанда) муносибатҳои шартномавӣ дошта буд ё не, барои талаб кардани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расонида шудааст, ҳуқуқ дорад.
Агар зарар дар мӯҳлати муқарраршудаи хизмат ё коршоямии мол (кор, хизматрасонӣ) ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда расида бошад, он ҷуброн карда мешавад.
Агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мол (кор) аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) бояд мӯҳлати хизмат ё мӯҳлати коршоямӣ муқаррар карда мешуду вале он муқаррар карда нашуда бошад, ё худ истеъмолкунандае, ки мол ба ӯ фурӯхта (кораш ба ҷо оварда) шудааст, аз иҷрои амалҳои зарурии баъди гузаштани мӯҳлати хизмат ё мӯҳлати коршоямӣ ва аз оқибати эҳтимолии иҷро накардани ин амалҳо огоҳонида нашуда бошад, товони зиён, қатъи назар аз вақту соати расиданаш, бояд пардохта шавад.
Агар мутобиқи ҳамин Қонун истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ба мол (кор) мӯҳлати хизмат муқаррар накарда бошад, дар сурати зарар дидан он бояд дар давоми даҳ соли ба истеъмолкунанда супурдани он ва агар рӯзи супурдани мол (кор) - ро муқаррар кардан ғайриимкон бошад, аз рӯзи тайёр намудани мол (анҷоми иҷрои кор) бояд ҷуброн карда шавад.
Зарари бинобар нуқсони мол расида аз ҷониби фурӯшандаи мол ҷуброн карда мешавад.
Зарари дар натиҷаи нуқсони кор ё хизматрасонӣ расидаро иҷрокунанда ҷуброн менамояд.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) барои зараре, ки дар натиҷаи истифодаи маводу таҷҳизот, асбобҳо ва дигар воситаҳои зарурии истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба ҳаёт, саломатӣ, муҳити зист ё амволи истеъмолкунанда расидааст, сарфи назар аз он ки дараҷаи дониши илмию техникиаш барои ошкор намудани хусусиятҳои хоси онҳо имконият медод ё не, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Агар истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) исбот намояд, ки мол (кор, хизматрасонӣ) дар натиҷаи таъсири қувваи рафънопазир ва ё аз тарафи истеъмолкунанда бинобар вайрон кардани қоидаҳои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ё интиқоли он зарар дидааст, ӯ аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.
Моддаи 15. Ҷуброни зарари маънавӣ
Зарари маънавие, ки истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқҳои бо қонунгузорӣ пешбининамудаи истеъмолкунанда ба ӯ расондааст, аз ҷониби гунаҳкор ҷуброн карда мешавад.
Зарари маънавӣ сарфи назар аз пардохти товони зиёни амволӣ ҷуброн карда мешавад. Зарари маънавӣ бо пул ҷуброн карда мешавад.
Ҳаҷми ҷубронпулии зарари маънавиро суд муайян мекунад.
Моддаи 16. Беэътибор донистани шартҳои шартномае, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро маҳдуд месозад
Шартҳои шартномае, ки ҳуқуқи истеъмолкунандаро маҳдуд месозанд ва хилофи меъёру қоидаҳое мебошанд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муқаррар карда шудаанд, беэътибор дониста мешаванд.
Агар дар натиҷаи иҷрои шартҳои шартнома ҳуқуқи истеъмолкунанда маҳдуд карда шавад ва ба ӯ зарар расад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) онро дар ҳаҷми пурра ҷуброн мекунад.
Зимни харидории як мол гузоштани шарти ҳатман харидани моли дигар манъ аст. Зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқи интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеъмолкунанда мерасад, аз ҷониби фурӯшанда (иҷрокунанда) дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.
Фурӯшанда (иҷрокунанда) ҳуқуқ надорад, ки бе розигии истеъмолкунанда кору хизматрасонии иловагии музднокро иҷро намояд. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад аз пардохти чунин кор (хизматрасонӣ) даст кашад ва агар он пардохта шуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад аз фурӯшанда (иҷрокунанда) баргардонидани маблағи пардохташударо талаб намояд.
Моддаи 17. Ҳимояи судии ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Ҳуқуқҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаи истеъмолкунандагонро суд ҳимоя мекунад.
Даъвоҳо ба суди маҳалли зисти даъвогар ё маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар ва ё маҳалли зарари расида пешниҳод карда мешаванд.
Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он), мақомоти давлатии ваколатдор (сохторҳои минтақавии онҳо), ки ба сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) назорат мекунанд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (иттифоқҳо ва ассотсиатсияҳои онҳо) доир ба даъвоҳое, ки ба манфиати истеъмолкунандагон, гурӯҳи истеъмолкунандагон, гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон пешниҳод мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
БОБИ 2. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ҲАНГОМИ ФУРӮШИ МОЛ
Моддаи 18. Оқибати фурӯши моли дорои сифати номатлуб
Истеъмолкунандае, ки ба ӯ моли дорои сифати номатлуб фурӯхтаанд ва ӯро фурӯшанда пешакӣ аз он огоҳ накардааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки:
- он ба моли дигари ҳамин хел тамға (модел, артикул) ё ба ҳамон хел моли тамғаи (модели, артикули) дигар бо ҳисобу китоби дахлдори нархи хариди мол иваз карда шавад;
- нуқсони молро бемузд бартараф намуда ё маблағе, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн карда шавад;
- шартномаи хариду фурӯш бекор карда шавад;
- нархи хариди мол мутобиқан кам карда шавад.
Ҳамзамон истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурӯхтани моли дорои сифати номатлуб ба ӯ расидаро талаб намояд.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад иваз кардани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар сурати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ (ҷиддан риоя нашудани талабот нисбати сифати мол) талаб намояд. Номгӯи молҳои мураккаби техникиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Талаботи дар қисми якуми ҳамин модда зикргардидаро истеъмолкунанда ба фурӯшанда ё ташкилоте, ки вазифаи фурӯшандаро дар асоси шартномаи хариду фурӯш иҷро мекунад, пешниҳод менамояд.
Дар сурати ошкор шудани нуқсони мол, ки хусусияти он имкон намедиҳад ин нуқсон бартараф карда шавад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо хости худ чунин молро ба моли дигари сифатнок иваз намояд ё қимати фурӯши онро мутаносибан паст намояд, шартномаро бекор кунад.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли дорои сифати номатлубро ба фурӯшанда (истеҳсолкунанда) баргардонад ва маблағи барои он пардохташударо талаб намояд. Ҳангоми ба истеъмолкунанда баргардонидани пули мол фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ҳуқуқ надорад аз ӯ маблағеро, ки арзиши мол дар натиҷаи пурра ё қисман истифода кардан ба ин андоза паст шудааст, ҳуснаш коҳидааст ё худ бинобар ҳолатҳои дигари ба ин монанддошта гирад (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769, аз 23.12.2021 № 1847).
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи харидории молро надоштани истеъмолкунанда барои қонеъ нагардонидани талаботи ӯ асос шуда наметавонад.
Барои тасдиқи харидории мол шаҳодат, нишонаҳои унсурҳои маводи борпечонӣ (зарф), ки аз ҳамин фурӯшанда харида шудани молро тасдиқ менамоянд ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳо ва дигар воситаҳои исботкунандае ки аз ҳамин фурӯшанда харидорӣ шудани молро нишон медиҳанд, истифода шуда метавонанд.
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро ба ҷо меоварад, дар асоси шартномаи байни худ ӯҳдадоранд  моли дорои сифати номатлубро аз истеъмолкунанда қабул карда гирад ва дар мавриди зарурӣ сифати молро бисанҷад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Дар сурати сар задани баҳс доир ба ошкор гардидани нуқсони мол фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда)-ро иҷро менамояд, дар асоси шартномаи байни худ ӯҳдадоранд молро аз ҳисоби худ экспертиза кунанд. Истеъмолкунанда бояд аз ҷой ва рӯзу соати гузаронидани экспертизаи мол хаттӣ огоҳонида шавад. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад дар санҷиши (экспертизаи) сифати мол шахсан ё намояндааш иштирок намояд. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад доир ба хулосаи чунин экспертиза бо эътироз ба суд муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193, аз 23.12.2021 № 1847).
Хароҷоти экспертизаро фурӯшанда (истеҳсолкунанда) медиҳад. Агар дар натиҷаи экспертиза муқаррар гардад, ки мол баъди харидани истеъмолкунанда бинобар риоя накардани қоидаҳои истифода, нигоҳдорӣ ё интиқол нуқсондор шудааст, хароҷоти гузаронидани экспертиза ва ҳамчунин хароҷоти ба сабаби гузаронидани он интиқол додани молро ба фурӯшанда (истеҳсолкунанда) бояд истеъмолкунанда ҷуброн намояд.
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ва ё ташкилоте, ки вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда)-ро ба ҷо меоварад, дар асоси шартномаи байни худ барои нуқсони моле, ки барояш мӯҳлати кафолат муқаррар нашудааст, ба шарте, ки истеъмолкунанда исбот намояд, ки мол то замони ба истеъмолкунанда супурда шуданаш ва ё худ ба сабабҳои то ин лаҳза нуқсондор шудааст, ҷавобгар мебошад.
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда)- ро иҷро мекунад, исбот карда натавонад, ки моли дорои мӯҳлати кафолат баъди фурӯхтан ба истеъмолкунанда бо сабаби қоидаҳои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ё интиқоли онро риоя накардани истеъмолкунанда ва бинобар, амалҳои шахсони сеюм ва ё қувваи рафънопазир нуқсон пайдо кардааст, ҷавобгар мебошад.
Дар ҳолати аз ду сол камтар будани мӯҳлати кафолати дар шартнома пешбинигардида ва нуқсони молро баъди гузаштани мӯҳлати кафолат ошкор кардани истеъмолкунанда, ба шарте, ки нуқсони мол дар давоми ду соли ба истеъмолкунанда супурда шуданаш ошкор шуда бошад ва харидор исбот кунад, ки нуқсони мол пеш аз супурдани он ба истеъмолкунанда ва ё бо сабабҳои то ин лаҳза ошкор гардидааст, фурӯшанда ҷавобгар мебошад.
Моли калонҳаҷм ва моли вазнаш зиёда аз панҷ килограмм барои таъмир, паст кардани нарх, иваз намудан ва баргардонидан ба истеъмолкунанда бо қувва ва аз ҳисоби фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, интиқол дода мешавад. Агар ин вазифа иҷро нагардад, инчунин ҳангоми набудани фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, худи истеҳсолкунанда метавонад молро ба маҳалли истеъмолкунанда расонад ва аз он ҷо баргардонад. Ҳамзамон фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад ӯҳдадоранд хароҷоти истеъмолкунандаро, барои интиқол ва баргардонидани моли мазкур ҷуброн намоянд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 19. Мӯҳлати пешниҳоди талаботи истеъмолкунандагон нисбати нуқсони мол
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад нисбати нуқсони мол талаботи пешбининамудаи моддаи 18 Қонуни мазкурро, ба шарте, ки он дар давоми мӯҳлати кафолат ё мӯҳлати коршоямии мол, ки истеҳсолкунанда муайян кардааст, ошкор гардида бошад, ба фурӯшанда ё истеҳсолкунанда пешниҳод намояд.
Нисбати моле, ки мӯҳлати кафолат ё мӯҳлати коршоямиаш муқаррар нагардидааст ва агар нуқсони мол дар мӯҳлати мувофиқ, вале дар давоми ду соли фурӯхта шуданаш ошкор гардида бошад ва агар Қонун ё шартнома мӯҳлати дарозеро пешбинӣ накарда бошанд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи мазкурро пешниҳод кунад.
Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, мӯҳлати кафолати мол аз рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхта шуданаш ҳисоб карда мешавад. Агар рӯзи фурӯхтани молро муайян кардан ғайриимкон бошад, он аз рӯзи истеҳсоли мол ҳисоб карда мешавад.
Барои моли мавсимӣ (пойафзол, либос ва ғайра) ин мӯҳлатро аз лаҳзаи фаро расидани мавсими дахлдор, ки мӯҳлати фарорасӣ бо назардошти шароити иқлимии маҳалли будубоши истеъмолкунанда муайян мегардад, ҳисоб мекунанд.
Ҳангоми фурӯхтани мол аз рӯи намуна, ба воситаи почта, инчунин дар ҳолатҳое, ки рӯзи бастани шартномаи хариду фурӯш ва рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхтани мол мувофиқ наояд, он аз рӯзи ба дасти истеъмолкунанда расидани мол ҳисоб карда мешавад. Агар истеъмолкунанда ҳангоми ҳолати вобаста ба фурӯшанда аз имконияти истифодаи мол маҳрум бошад, (чунончӣ, агар молро насб, пайваст ё васл кардан лозим бошад), мӯҳлати кафолат аз рӯзи чунин ҳолатҳоро бартараф намудани фурӯшанда шурӯъ мегардад. Агар рӯзи расонидан, насб, пайваст, васл кардани мол ва бартараф сохтани ҳолатҳои ба фурӯшанда вобастаро, ки дар асари онҳо истеъмолкунанда наметавонад молро тибқи таъинот истифода намояд, муайян кардан ғайриимкон бошад, ин мӯҳлатҳо аз рӯзи бастани шартномаи хариду фурӯш ҳисоб карда мешавад.
Ба маснуоти комплектӣ ва қисмҳои таркибии мол низ мӯҳлати кафолат муқаррар карда мешавад. Ба маснуоти иловагӣ ва қисмҳои таркибӣ мӯҳлати кафолат аз рӯи тартиби мӯҳлати кафолати барои моли асосӣ муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Мӯҳлати кафолат ба маснуоти комплектӣ ва қисмҳои таркибии мол, агар дар шартнома тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, баробари мӯҳлати кафолати маснуоти асосӣ ҳисоб карда мешавад.
Агар дар шартнома барои маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии мол нисбат ба мӯҳлати кафолати маснуоти асосӣ мӯҳлати кӯтоҳтари кафолат муқаррар шуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҳангоми дар давоми мӯҳлати кафолати маснуоти асосӣ ошкор гардидани нуқсони маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии мол талабот пешниҳод намояд, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Агар барои маснуоти комплектӣ нисбат ба мӯҳлати кафолати моли асосӣ мӯҳлати дарозтар муқаррар гардида бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад нисбати нуқсони мол, ба шарте, ки нуқсони маснуоти комплектӣ дар давоми мӯҳлати кафолати ин маҳсулот ошкор шуда бошад, сарфи назар аз гузаштани мӯҳлати кафолати моли асосӣ, талабот пешниҳод намояд.
Дар ҳолатҳое, ки тибқи шартномаи пешбинигардида мӯҳлати кафолат на камтар аз ду солро ташкил диҳад ва нуқсони мол бо гузаштани мӯҳлати кафолат, вале дар давоми ду сол аз ҷониби истеъмолкунанда ошкор гардида бошад, истеъмолкунанда, агар исбот намояд, ки мол пеш аз фурӯхта шуданаш ба истеъмолкунанда ё бо сабабҳои то ин лаҳза фарорасида нуқсондор шудааст, ҳуқуқ дорад ба фурӯшанда (истеҳсолкунанда) талаботи дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардидаро пешниҳод намояд.
Дар сурати ошкор шудани нуқсони ҷиддии мол, аз ҷумла нуқсонҳои истеҳсолӣ, сохтӣ, дастурӣ ва нуқсонҳои дигаре, ки бо фарсуда, кӯҳна шудани мол ва дигар равандҳои физикии он алоқаманд нестанд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба истеҳсолкунанда талаботи пешбининамудаи моддаи 18 ҳамин Қонунро пешниҳод кунад, ба шарте, ки исбот намояд, ки он мол то рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхта шуданаш ва ё ба сабабҳои то ин лаҳза нуқсондор шуда бошад. Агар нуқсони мол баъди ба истеъмолкунанда фурӯхта шудан дар давоми мӯҳлати хизмати дар мол муқарраргардида ва ё дар давоми даҳ соли фурӯхта шуданаш ошкор гардида бошаду мӯҳлати хизматаш муқаррар карда нашуда бошад, ин талаботро пешниҳод кардан мумкин аст.
Моддаи 20. Аз ҷониби истеҳсолкунанда (фурӯшанда) бартараф намудани нуқсони мол
Нуқсони ошкоргардидаи молро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда) - ро иҷро мекунад, агар тибқи созишномаи тарафҳо мӯҳлати дигари бартараф сохтани нуқсони мол муайян нашуда бошад, бояд фавран бартараф созад. Мӯҳлати ниҳоии бартараф намудани нуқсони мол аз рӯзи бартараф намудани онро талаб кардани истеъмолкунанда аз чаҳордаҳ рӯз дарозтар буда наметавонад.
Нисбати моли истифодааш дарозмуддатро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда) - ро иҷро мекунад, ӯҳдадор аст ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод гардидани талабот дар давраи таъмир моли ҳаммонандро ба истеъмолкунанда бемузд пешниҳод намуда, дар муддати се рӯз аз ҳисоби худ ба ӯ расонад Номгӯи молҳои истифодаашон дарозмуддатро, ки талаботи мазкур ба онҳо дахл надоранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Дар ҳолати бартараф намудани нуқсони мол мӯҳлати кафолати он ба андозаи давраи истифода нагардиданаш дароз карда мешавад. Ин давра аз рӯзе, ки истеъмолкунанда барои бартараф намудани нуқсони мол муроҷиат намудааст, то рӯзи додани он пас аз анҷоми таъмир ҳисоб карда мешавад.
Ҳангоми бартараф намудани нуқсони мол бо роҳи иваз намудани маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии моли асосие, ки ба он мӯҳлати кафолат муқаррар карда шудааст, барои маснуоти комплектии нав ё қисми таркибии маснуоти асосӣ мӯҳлати кафолат ба ҳадди маснуоти комплектии ивазшуда ё қисми таркибии моли асосӣ муқаррар карда мешавад, агар мутобиқи шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад ва мӯҳлати кафолат аз рӯзи ба истеъмолкунанда баъди таъмир додани ин мол ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 21. Иваз намудани моли дорои сифати номатлуб
Дар ҳолати нуқсони молро ошкор кардани истеъмолкунанда ва пешниҳод намудани талабот оид ба ивази чунин мол, фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ӯҳдадор аст ин молро фавран ва дар сурати зарурати тафтиши иловагии сифати чунин мол аз тарафи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) дар давоми 14 рӯзи тақвимӣ пешниҳод кардани талаботи зикргардида иваз намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар фурӯшанда (истеҳсолкунанда) дар рӯзи пешниҳод намудани талаботи мазкур моли ивазшаванда надошта бошад, чунин молро бояд дар давоми як моҳи пешниҳод намудани талаботи мазкур иваз намояд.
Дар сурати моли чунин намуна (тамға, хел, артикул) - ро надоштани фурӯшанда (истеҳсолкунанда), ки ин ба ӯ вобаста нест, ӯ ӯҳдадор аст дар давоми як моҳи аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод шудани талабот ба вай ин гуна моли намунаи (тамғаи, хели, артикули) дигарро бо розигии истеъмолкунанда пешкаш намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моли дорои сифати номатлуб бояд ба моли нав, яъне ба моли истифоданагардида иваз карда шавад.
Ҳангоми иваз намудани мол мӯҳлати кафолат аз нав, аз рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхтани мол ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 22. Мӯҳлати қонеъ гардонидани талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда
Талаботи истеъмолкунанда оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди моли дорои сифати номатлуб, ҷуброни хароҷот аз тарафи истеъмолкунанда ё шахси сеюм барои рафъи нуқсони мол, инчунин ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи бекор кардани шартномаи хариду фурӯш (ба истеҳсолкунанда ва ё фурӯшанда  баргардонидани моли дорои сифати номатлуб) ба истеъмолкунанда расидааст, аз ҷониби фурӯшанда (истеҳсолкунанда) бояд фавран қонеъ гардонида шавад. Мӯҳлати ниҳоии қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда аз рӯзи пешниҳод намудани талаботи дахлдор аз ҳафт рӯз ва ҳангоми зарурати гузаронидани экспертиза аз чаҳордаҳ рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769).
Моддаи 23. Масъулияти фурӯшанда (истеҳсолкунанда) барои таъхири иҷрои талаботи истеъмолкунанда
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, барои риоя накардани мӯҳлати пешбининамудаи моддаҳои 20, 21 ва 22 Қонуни мазкур, инчунин барои иҷро накардани (боздоштани иҷрои) талаботи истеъмолкунанда, ки бояд моли ҳаммонандро дар давраи таъмир (иваз) кардан ба ӯ пешниҳод намоянд, барои ҳар рӯзи таъхир ба андозаи як фоизи нархи мол ноустуворона (пушаймона) мепардозад.
Агар талабот ихтиёран қонеъ гардонида нашуда бошад, нархи мол бо назардошти нархи дар рӯзи ноустуворонаро пардохтани фурӯшанда (истеҳсолкунанда) ё худ дар рӯзи баровардани қарори суд мавҷудаи моли намуна (тамға, хел, артикул ва ғайра) муайян карда мешавад. Агар дар рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхтани мол нархаш назар ба чунин моли дар рӯзи пардохти ноустуворонаи он дар рӯзи баровардани қарори суд баландтар бошад, пас андозаи ноустуворона бо назардошти нархи рӯзи ба истеъмолкунанда фурӯхта шудани мол муайян карда мешавад.
Агар талаботи истеъмолкунанда дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи моддаҳои 20, 21 ва 22 Қонуни мазкур иҷро нагардад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо хости худ дигар талаботи муқаррарнамудаи моддаи 18 Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.
Моддаи 24. Ҳисоббаробаркунӣ бо истеъмолкунанда ҳангоми харидани моли дорои сифати номатлуб
Ҳангоми ба моли тамғаи ҳаммонанд (модел, артикул) иваз намудани моли дорои сифати номатлуб арзиши он аз нав ҳисоб карда намешавад.
Дар мавриди ба ҳамон хел моли тамғаи дигар (модел, артикул) иваз намудани моли дорои сифати номатлуб, ба шарте, ки нархи моли ивазшаванда аз нархи моли бар ивазаш пешниҳодгардида пасттар бошад, истеъмолкунанда фарқи нархҳоро мепардозад. Агар нархи моли ивазшаванда аз нархи моли бар ивазаш пешниҳодшаванда баландтар бошад, фарқи нархҳо ба истеъмолкунанда пардохта мешавад.
Ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод намудани талабот оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди мол он дар лаҳзаи пешниҳод намудани чунин талабот оид ба паст кардани нарх ба ҳисоб гирифта мешавад ё ин ки агар он ба таври ихтиёрӣ қонеъ нагардида бошад, дар лаҳзаи баровардани қарори суд оид ба мутаносибан паст намудани нархи харид ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар сурати бекор намудани шартномаи хариду фурӯш истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад баргардонидани пули барои мол додааш ва ҳамчунин ҷуброни фарқи байни нархи моли тибқи шартнома муқарраргардида ва нархи моли дахлдорро дар лаҳзаи ба таври ихтиёрӣ қонеъ гардонидани чунин талабот, ё ки агар талабот ба таври ихтиёрӣ қонеъ гардонида нашуда бошад, дар лаҳзаи баровардани қарори суд талаб намояд.
Ба истеъмолкунандагоне, ки мол ба қарз фурӯхта шудааст, дар ҳолати бекор намудани шартномаи хариду фурӯш маблағ ба андозаи қарзи дар рӯзи баргардонидани мол пардохташуда баргардонида мешавад, инчунин маблағи пешниҳоднамудаи қарз ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 25. Ҳуқуқи истеъмолкунанда барои иваз намудани моли дорои сифати матлуб
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад дар давоми чаҳордаҳ рӯзи тақвимии ба ӯ супурдани моли ғайриозуқавӣ, ба шарте, ки фурӯшанда мӯҳлати аз ин дарозтарро таъкид накарда бошад, моли харидаашро дар ҷои харидааш ё худ дар ҷойҳои дигари таъкиднамудаи фурӯшанда ба чунин моли андоза, сохт, хурд ё калон, дӯхту шакл, ранг ва ё комплекти дигар иваз намуда, дар сурати фарқ кардани нархаш онро бо фурӯшанда аз нав ҳисобу китоб кунад.
Талаби харидор дар бобати иваз кардан ё баргардонидани мол бояд қонеъ гардонида шавад, ба шарте, ки мол мавриди истифода қарор нагирифта, хосиятҳои истеъмолиаш осеб надида, далеле дар даст бошад, ки он маҳз аз ҳамин фурӯшанда харидорӣ шудааст.
Номгӯи молҳоеро, ки тибқи асосҳои зикргардидаи моддаи мазкур иваз карда намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Агар моли ҳаммонанд дар рӯзи ба фурӯшанда муроҷиат намудани истеъмолкунанда дар фурӯш набошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли харидаашро ба фурӯшанда баргардонда, маблағи барои моли мазкур пардохташударо талаб кунад.
БОБИ 3. ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ҲАНГОМИ ИҶРОИ КОР (ХИЗМАТРАСОНӢ)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498)
Моддаи 26. Мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ)
Иҷрокунанда ӯҳдадор аст кор (хизматрасонӣ) - ро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи иҷрои намуди кор (хизматрасонӣ) ба ҷо оварад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) мумкин аст бо санае (даврае), ки бояд иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба анҷом расанд (ва) ё санае (даврае), ки иҷрокунанда бояд ба иҷрои кор (хизматрасонӣ) шурӯъ намояд, муайян карда мешавад.
Агар кор (хизматрасонӣ) қисм ба қисм (расонидани нашрияҳои матбуоти даврӣ, хизматрасонии техникӣ) дар давоми амали шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба иҷро расад, бояд мӯҳлати (давраи) дахлдори иҷрои чунин кор (хизматрасонӣ) пешбинӣ карда шавад.
Моддаи 27. Оқибати аз ҷониби иҷрокунанда риоя нашудани мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ)
Агар иҷрокунанда мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) - мӯҳлати оғоз ва анҷоми кор (хизматрасонӣ) ва мӯҳлати мобайнии иҷрои кор (хизматрасонӣ) , ро вайрон карда бошад ё ҳангоми иҷрои кор (хизматрасонӣ) маълум гардад, ки он дар мӯҳлати муайян иҷро намешавад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:
- барои иҷрокунанда мӯҳлати нав таъин кунад, ки дар давоми он иҷрокунанда бояд ба иҷрои кор (хизматрасонӣ) шурӯъ кунад ва ё иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро анҷом диҳад ва пасттар кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро талаб намояд;
- иҷрои кор (хизматрасонӣ) - ро ба шахсони сеюм супориш диҳад ё бо қувваи худ анҷом диҳад ва аз иҷрокунанда ҷуброни зарари расидаро талаб намояд;
- пасттар кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро талаб намояд;
- шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро бекор кунад.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи риоя накардани мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба вай расидаро талаб намояд.
Мӯҳлати нави иҷрои кори (хизматрасонии) таъинкардаи истеъмолкунанда дар шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) зикр карда мешавад.
Ҳангоми гузаштани мӯҳлати нав истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи муқарраргардидаи қисми якуми моддаи мазкурро пешниҳод намояд.
Ҳангоми бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ), инчунин дар сурати паст кардани нархи иҷрои кори (хизматрасонии) ба инобат гирифташаванда, музди ба истеъмолкунанда баргардонидашаванда кори (хизматрасонии) иҷрогардида мутобиқи қисми сеюми моддаи 24 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
Дар мавриди бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) иҷрокунанда ҳуқуқ надорад ҷуброни хароҷоти худро, ки дар ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) анҷом дода шудаанд, инчунин пардохти иҷрои кор (хизматрасонӣ) - ро ба истиснои ҳолате, ки истеъмолкунанда кори (хизматрасонии) иҷрогардидаро қабул карда бошад, талаб намояд.
Дар сурати риоя нашудани мӯҳлати муқарраргардидаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё мӯҳлати нави дар асоси қисми якуми моддаи мазкур таъиннамудаи истеъмолкунанда иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рӯзи (соати, агар мӯҳлат бо соат муайян гардида бошад) гузаштани мӯҳлати ноустуворона (пушаймона) месупорад, ба андозаи як фоизи кор (хизматрасонӣ) ва агар нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) муайян карда нашуда бошад, нархи умумии супоришро пардохт мекунад. Бо шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда метавонад андозаи хеле баландтари ноустуворона (пушаймона) муқаррар карда шавад.
Агар иҷрокунанда исбот намояд, ки кор (хизматрасонӣ) дар натиҷаи қувваи рафънопазир ё бо гуноҳи истеъмолкунанда ба иҷро нарасидааст, талаботи дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишудаи и стеъмолкунанда қонеъ гардонида намешавад.
Моддаи 28. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ҳангоми ошкор гардидани камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ)
Истеъмолкунанда ҳангоми ошкор гардидани камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки:
- камбудии кори иҷрошуда (хизмати расонида) бе музд бартараф карда шавад;
- нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) мутаносибан паст карда шавад;
- моли дигар бемузд тайёр намуда ё кор (хизматрасонӣ) такроран бемузд иҷро карда шавад;
- хароҷоти бартараф намудани камбудии кори иҷрогардида (хизмати расонида) бо қувваи худ ё шахси сеюм ҷуброн карда шавад.
Қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда оид ба бемузд бартараф намудани камбудӣ, оид ба тайёр намудани моли дигар ё оид ба иҷрои такрории кор (хизматрасонӣ) иҷрокунандаро барои риоя накардани мӯҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) аз пардохти ноустуворона озод намекунад.
Агар камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар мӯҳлати муқарраркардаи шартномаи мазкур аз ҷониби иҷрокунанда бартараф нашуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) - ро бекор кунад ва ҷуброни пурраи зарарро талаб намояд. Агар истеъмолкунанда камбудии ҷиддии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё худ риоя нашудани шартҳои дигари шартномаро ошкор намояд, ҳамчунин ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кору (хизматрасонӣ) - ро бекор кунад.
Истеъмолкунанда низ ҳуқуқ дорад пурра ҷуброн намудани зарари аз камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба ӯ расидаро талаб намояд. Зарар дар мӯҳлати муқарраргардидаи қонеъ гардонидани талаботи дахлдори истеъмолкунанда ҷуброн мешавад.
Талабҳое, ки бо камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобаста мебошанд, метавонанд ҳангоми қабули иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё дар ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) ва ё агар ҳангоми қабул намудани иҷрои кор (хизматрасонӣ) камбудиро ошкор намудан имконнопазир бошад, дар давоми мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми шашуми моддаи мазкур пешниҳод карда шаванд.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи ба камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобастаро, ки дар муддати мӯҳлати кафолат ошкор шудааст ва агар он ошкор нашуда бошад, дар давоми ду соли қабул намудани иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё панҷ сол дар нисбати камбудии биноҳо ё дигар молу мулки ғайриманқул пешниҳод намояд.
Агар истеъмолкунанда исбот намояд, ки ин камбудӣ пеш аз корро қабул кардани ӯ ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, иҷрокунанда барои камбудии кор (хизматрасонӣ), ки барои он мӯҳлати кафолат муқаррар нагардидааст, ҷавобгар мебошад.
Агар иҷрокунанда исбот карда натавонад, ки камбудии кори (хизматрасонии) дорои мӯҳлати кафолат баъди кор (хизматрасонӣ)-ро қабул намудани истеъмолкунанда, бинобар риоя накардани қоидаҳои истифодаи натиҷаи кор (хизматрасонӣ), амали шахсони сеюм ё қувваи рафънопазир рух додааст, ҷавобгар мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки мӯҳлати кафолати тибқи шартнома пешбинигардида камтар аз ду сол (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) бошад ва истеъмолкунанда камбудии кор (хизматрасонӣ) - ро бо гузаштани мӯҳлати кафолат, вале дар давраи ду сол (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) ошкор намояд ва агар исбот намояд, ки чунин камбудӣ то қабул намудани кор (хизматрасонӣ) ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишударо пешниҳод намояд.
Дар мавриди ошкор шудани камбудии ҷиддии кор (хизматрасонӣ), агар истеъмолкунанда исбот карда тавонад, ки ин камбудӣ то қабул намудани натиҷаи кор (хизматрасонӣ) ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда талаботи бемузд бартараф намудани камбудиро пешниҳод намояд. Агар бо гузаштани ду сол (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) аз рӯи қабули натиҷаи кор (хизматрасонӣ), вале дар доираи барои натиҷаи кор (хизматрасонӣ) муқаррар намудани мӯҳлати кафолат ё дар давоми даҳ соли аз ҷониби истеъмолкунанда қабул гардидани натиҷаи кор (хизматрасонӣ), агар мӯҳлати коршоямӣ муқаррар нагардида бошад, чунин камбудӣ ошкор гардида бошад, ин талабот метавонад пешниҳод карда шавад. Агар талаботи мазкур дар мӯҳлати бо Қонуни мазкур муқарраргардида қонеъ гардонида нашавад ё камбудӣ бартарафшаванда бошад, истеъмолкунанда бо хости худ ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки:
- нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) мутаносибан паст карда шавад;
- хароҷоти бартараф намудани камбудии кор (хизматрасонӣ) бо қувваи худ ё шахсони сеюм ҷуброн карда шавад;
- шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) бекор ва зарар ҷуброн карда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498).
Моддаи 29. Мӯҳлати бартараф намудани камбудии кор (хизматрасонӣ)
Камбудии кор (хизматрасонӣ) бояд аз тарафи иҷрокунанда дар давоми чаҳордаҳ рӯзи тақвимӣ бартараф карда шавад, ба шарте, ки дар созишномаи тарафайн мӯҳлати дарозтар муқаррар карда нашуда бошад.
Барои риоя накардани мӯҳлати пешбининамудаи моддаи мазкур ҷиҳати рафъи камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рӯзи гузаштани мӯҳлат ба андозаи як фоизи арзиши иҷрои кор ноустуворона (пушаймона) мепардозад.
Дар ҳолати риоя накардани ин мӯҳлат истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.
Моддаи 30. Мӯҳлати қонеъ гардонидани талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда
Талаботи истеъмолкунанда ҷиҳати паст кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ), ҷуброни хароҷоти рафъи камбудии кор (хизматрасонӣ) бо қувваи худ ё шахси сеюм, инчунин ҷуброни зарари дар натиҷаи бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) расида, ки дар қисми якуми моддаи 27 ва қисмҳои якум ва чоруми моддаи 28 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, бояд аз рӯзи пешниҳоди талаботи дахлдор дар мӯҳлати даҳ рӯз қонеъ гардонида шавад.
Талаботи истеъмолкунанда ҷиҳати бемузд тайёр намудани ашёи дигар аз маводи ҳаммонанди сифаташ якхела ё иҷрои такрории кор (хизматрасонӣ) бояд дар мӯҳлати барои иҷрои фаврии кор (хизматрасонӣ) муқарраргардида ва агар ин мӯҳлат муқаррар нагардида бошад, дар мӯҳлати пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ), ки ба таври матлуб иҷро нагардида буд, қонеъ гардонида шавад.
Барои риоя накардани мӯҳлати қонеъгардонии талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рӯзи гузаштани мӯҳлат ба андозаи як фоизи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ноустуворона (пушаймона) мепардозад. Ба шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда фоизи зиёдтари ноустуворона муқаррар шуда метавонад.
Дар ҳолати риоя накардани мӯҳлати мазкур истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи дар Қонуни мазкур пешбинигардидаро пешниҳод намояд.
Моддаи 31. Сметаи иҷрои кор (хизматрасонӣ)
Барои иҷрои кори (хизматрасонии) пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) метавонад арзиши сметавӣ ё калкулятсия тартиб дода шавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Бо талаби истеъмолкунанда ё иҷрокунанда тартиб додани арзиши сметавӣ ё калкулятсия ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар мавриди баланд шудани арзиши мавод ва таҷҳизоти аз ҷониби иҷрокунанда пешниҳодшаванда, ҳамчунин арзиши хизмати аз ҷониби шахсони сеюм дар рафти иҷрои шартнома расонидашаванда, ки дар мавриди бастани шартнома пешбинӣ карданашон ғайриимкон буд, зиёд кардани арзиши сметавӣ ё калкулятсияро талаб намояд. Дар мавриди даст кашидани истеъмолкунанда аз иҷрои ин талабот иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаро бо тартиби судӣ бекор кунад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар зарурати иҷрои кори (хизматрасонии) иловагӣ пеш ояд ва ба ин сабаб арзиши сметавӣ ё калкулятсияро хеле зиёд кардан зарур шавад, иҷрокунанда ӯҳдадор аст истеъмолкунандаро дар ин хусус сари вақт огоҳ намояд. Агар истеъмолкунанда барои баланд шудани арзиши сметавӣ ё калкулятсия розӣ набошад, вай ҳуқуқ дорад аз иҷрои шартнома даст кашад. Дар ин ҳолат иҷрокунанда метавонад аз истеъмолкунанда пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида) - ро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Иҷрокунандае, ки истеъмолкунандаро аз зарурати баланд шудани арзиши сметавӣ ё калкулятсия сари вақт огоҳ накардааст, ӯҳдадор аст шартномаро иҷро кунад, ки дар ин ҳолат ҳуқуқи дар доираи арзиши сметавӣ ё калкулятсия пардохтани музди кор (хизматрасонӣ) барояш боқӣ мемонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Дар сурати сарф нашудани воситаҳои пулии пардохташуда, ки бо арзиши сметавӣ  пешбинӣ шудаанд ё калкулятсияи беасоси иқтисодӣ тартибдодашуда барои кори иҷрошуда (хизмати расонидашуда), фарқияти ошкоршудаи нарх бояд ба истеъмолкунанда баргардонида шавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 32. Иҷрои кор аз масолеҳи иҷрокунанда
Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, иҷрокунанда ӯҳдадор аст кори тибқи шартномаи иҷрои кор муайянгардидаро аз масолеҳ ва маблағи худ иҷро намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Иҷрокунандае, ки барои иҷрои кор масолеҳ пешниҳод намудааст, барои сифати номатлуби он аз рӯи қоидаҳои масъулияти фурӯшанда барои моли дорои сифати номатлуб ҷавобгар мебошад.
Пули масолеҳи иҷрокунанда ҳангоми бастани шартномаи мазкур аз ҷониби истеъмолкунанда пурра ё дар ҳаҷме пардохта мешавад, ки дар шартномаи иҷрои кор бо шарти ҳисоби ниҳоӣ кардан ҳангоми кори баҷоовардаи иҷрокунандаро қабул карда гирифтани истеъмолкунанда зикр гардидааст, ба шарте, ки бо мувофиқаи тарафҳо тартиби дигари ҳисоби маводи иҷрокунанда пешбинӣ нагардида бошад.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор иҷрокунанда метавонад ба истеъмолкунанда масолеҳро ба тариқи кредит пешниҳод кунад. Тағйирёбии минбаъдаи нархи масолеҳи қарздодаи иҷрокунанда боиси ҳисобу китоби нав шуда наметавонад.
Масолеҳи иҷрокунанда, воситаҳои техникӣ, асбобҳо ва маводи дигари барои иҷрои кор зарурро ба маҳалли иҷрои кор иҷрокунанда мерасонад.
Моддаи 33. Иҷрои кор аз масолеҳи (ашёи) истеъмолкунанда
Агар кор пурра ё қисман аз масолеҳи (ашёи) истеъмолкунанда ба ҷо оварда шавад, иҷрокунанда барои эҳтиёт кардани ин масолеҳ (ашё) ва истифодаи сарфакоронаи он ҷавобгар аст.
Иҷрокунанда ӯҳдадор аст, ки (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193):
- истеъмолкунандаро аз корношоямӣ ё бадсифатии масолеҳи (ашёи) супурдаи ӯ огоҳ намояд;
- дар бораи сарфи масолеҳ ҳисобот диҳад ва боқимондаи онро баргардонад ё бо розигии истеъмолкунанда музди (сметаи) корро бо назардошти арзиши масолеҳи истифоданашудае, ки дар дасти иҷрокунанда мондааст, камтар кунад.
Иҷрокунанда ӯҳдадор аст, ки дар сурати пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) масолеҳи (ашёи) аз истеъмолкунанда гирифтааш дар давоми се рӯз бо ҳамин гуна масолеҳи (ашёи) сифаташ якхела иваз намояд ва бо майлу хоҳиши истеъмолкунанда дар мӯҳлати мувофиқагардида аз масолеҳи (ашёи) шабеҳи он маснуот созад ва дар мавриди ноилоҷӣ ба истеъмолкунанда арзиши дукаратаи масолеҳи (ашёи) гумшуда (осебдида) ва ҳамчунин хароҷоти истеъмолкунандаро ҷуброн намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Арзиши масолеҳи (ашёи) гумшуда (осебдида) дар асоси нархи мавҷудаи масолеҳ (ашё) дар ҷое, ки талаби истеъмолкунанда бояд аз тарафи иҷрокунанда дар рӯзи ихтиёрӣ қонеъгардонӣ ё худ дар рӯзи баровардани қарори суд қонеъ гардонида шавад, муайян карда мешавад, агар талаби истеъмолкунанда ихтиёрӣ қонеъ гардонида нашуда бошад.
Дар шартномаи иҷрои кор ва ё дигар ҳуҷҷате (расидае супорише), ки далели баста шудани шартнома аст, бояд ному тавсиф ва нархи аниқи масолеҳ (ашё), ки бо созишномаи тарафайн муайян карда мешавад, зикр шуда бошад.
Агар иҷрокунанда исбот намояд, ки истеъмолкунандаро аз хосиятҳои махсуси масолеҳе (ашёе) огоҳонидааст, ки боиси пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) он мегардад, аз масъулияти пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) масолеҳ (ашё) озод мегардад. Агар савияи дониши илмӣ ва техникии иҷрокунанда барои ошкор кардани хосиятҳои махсуси масолеҳ (ашё) имконият надода бошад, ӯ аз ҷавобгарӣ озод намешавад.
Моддаи 34. Ӯҳдадории иҷрокунандагон дар бобати огоҳонидани истеъмолкунанда аз ҳолатҳое, ки метавонанд ба сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ) таъсир расонанд ё худ боиси сари вақт иҷро нашудани он гарданд
Иҷрокунанда ӯҳдадор аст истеъмолкунандаро сари вақт хаттӣ аз он огоҳонад, ки риоя кардани дастурҳои истеъмолкунанда ва ҳолатҳои дигари вобаста ба истеъмолкунанда метавонад сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро паст кунад ё худ боиси сари вақт иҷро нашудани он гарданд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Агар истеъмолкунанда, қатъи назар аз сари вақт ва аз ҷониби иҷрокунанда асоснок огоҳонида шуданаш масолеҳи корношоям ё бадсифатро дар мӯҳлати мувофиқашуда иваз накунад, дастурҳоро доир ба тарзу усули иҷрои кор (хизматрасонӣ) тағйир надиҳад ё дигар ҳолатҳоеро бартараф нанамояд, ки сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро паст карда метавонанд, иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ)-ро бекор кунад ва ҷуброни зарари ба ӯ расидаро талаб намояд.
Моддаи 35. Тартиби пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида)
Тартиби пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида) бо шартномаи байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда муайян карда мешавад.
Истеъмолкунанда ӯҳдадор аст, ки музди кори (хизмати) дар ҳаҷми пурра баҷоовардаи иҷрокунандаро баъди қабул карда гирифтани он пардозад. Бо розигии истеъмолкунанда музди кор (хизмат) ҳангоми бастани шартнома дар ҳаҷми пурра ё ба тариқи пешакӣ метавонад пардохта шавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 36. Қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ хизматрасонии маишӣ ва дигар намунаҳои хизматрасонии истеъмолкунандагон
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424)
Қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии истеъмолкунандагон (қоидаҳои иҷрои намудҳои алоҳидаи кор ва қоидаҳои хизматрасонии намудаҳои алоҳида) -ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424).
Моддаи 37. Танзими намудҳои алоҳидаи хизмат
Оқибати вайрон кардани талабҳои шартнома дар бораи намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ, агар чунин шартнома бо хусусияти худ ба доираи амали Қонуни мазкур дохил нагардад, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 4. ҲИМОЯИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТИИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498)
Моддаи 38. Ваколатҳои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ
Назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он) амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (минбаъд - мақоми зиддиинҳисорӣ) дорои ваколатҳои зерин мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193):
- ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ҷиҳати хотима додани ҳуқуқвайронкуниҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла оид ба нафурӯхтани моли мӯҳлати коршоямиаш гузашта, инчунин оид ба нафурӯхтани моле (иҷрои коре), ки бояд мӯҳлати коршоямиаш муқаррар карда мешуд, вале он муқаррар нашудааст ва оид ба боздоштани фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳангоми мавҷуд набудани маълумоти дурусту кофӣ дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ), амрномаҳоро ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193);
- ба мақомоти дахлдор оид ба вайрон шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои пеш аз мӯҳлат бекор кардан ва ё боздоштани амали иҷозатнома оид ба фаъолияти муайян мавод ирсол менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193);
- ба мақомоти дахлдор маводро нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба маҷбурӣ ситонидани ҷаримаҳо пешниҳод менамояд  (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769);
- маводро ба мақомоти прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи тобеият барои ҳалли масъалаҳои оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноят, ки бо вайрон намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон алоқаманданд, пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва халалдор гардидани манфиати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон, ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва ё суд оид ба боздошт ё қатъ намудани фаъолияти истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ё фурӯшандагони мол (кор ва хизматрасонӣ), инчунин соҳибкорони инфиродӣ барои дағалона вайрон кардани ҳуқуқҳои бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи истеъмолкунандагон, ки боиси марг ё бемориҳои оммавӣ, заҳролудшавии одамон мегардад, муроҷиат менамояд (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769).
Мақоми зиддиинҳисорӣ метавонад аз ҷониби суд барои иштирок дар мурофиаи судӣ ҷалб карда шавад ё бо ташаббуси худ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои додани хулосаҳо аз рӯи парванда дар мурофиаи судӣ иштирок намояд.
Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор кардани далелҳои вайрон гардидани Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди номуайян будани гурӯҳи истеъмолкунандагон дар бораи ба буҷети давлатӣ гузарондани даромаде, ки дар натиҷаи вайрон гардидани ҳуқуқи истеъмолкунанда ба даст омадааст, қарор қабул менамояд (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769).
Моддаи 39. Ваколатҳои мақомоти давлатие, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424)
Бо мақсади таъмини бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, дар доираи салоҳияти худ назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424, аз 29.01.2021 № 1769):
- назорати риояи талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд;
- барои бартараф намудани риоя накардани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ), талаботи аз истеҳсолот гирифтани чунин мол (кор, хизматрасонӣ), истеҳсол накардан ва нафурӯхтани чунин мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), нафурӯхтани моли мӯҳлати коршоямиаш гузашта ва моле (коре), ки бояд ба он мӯҳлати коршоямӣ муқаррар мешуду вале муқаррар карда нашудааст, инчунин талаботи боздоштани фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳангоми мавҷуд набудани маълумоти дурусту кофӣ оид ба мол (кор, хизматрасонӣ), оид ба гирифтани онҳо аз истеъмолкунандагон ва дар ин хусус хабардор намудани истеъмолкунандагон амрия ирсол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498);
- ҳангоми аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) риоя нагардидани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) нисбати онҳо ба суд даъво пешниҳод мекунад.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд, инчунин ташкил ва иҷрои корҳои тасдиқи ҳатмии мувофиқати мол (кор, хизматрасонӣ) ба талаботи муқарраршуда ба зиммаи мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424).
Мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ чунин вазифаҳоро иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424, аз 2.01.2018 № 1498):
- тартиби сертификатсия кардани мол (кор, хизматрасонӣ) - ро муайян менамояд;
- мақомоти сертификатсияи намудҳои мушаххаси мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо барои санҷишҳои дахлдор ваколатдор месозад;
- ба дуруст сертификатсия шудани мол (кор, хизматрасонӣ) назорат мекунад;
- феҳристонии давлатии моли (кори, хизматрасонии) сертификатсияшуда, мақомоти ваколатдорро доир ба сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо ба роҳ мемонад;
- дар бораи эътирофи сертификатсияҳое, ки ба мақомоти хориҷӣ ва байналмилалӣ додааст, қарор қабул менамояд, дар муносибатҳои мутақобила бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ аз рӯи масъалаҳои сертификатсияи мол (кор, хизматрасонӣ) аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
- риояи қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ, сифат ва бехатарии молҳои ниёзи мардумро назорат мекунад(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 424).
Моддаи 39(1). Мақоми ваколатдори давлатие, ки танзим ва назорати хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавиро анҷом медиҳад
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498)
Хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва назорат карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1498)
Моддаи 40. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1052)
Моддаи 41. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳимоя карда шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохторҳои дахлдор ташкил карда мешаванд, ки онҳо:
- шикояти истеъмолкунандагонро баррасӣ мекунанд ва ба онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон маслиҳат медиҳанд:
- шартномаҳои бо фурӯшандагон (иҷрокунандагон, истеҳсолкунандагон) бастаи истеъмолкунандагонро бо мақсади ошкор намудани шартҳое, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро маҳдуд месозанд, таҳлил мекунанд;
- ҳангоми ошкор намудани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати номатлуб, инчунин барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунандагон ва барои муҳити зист хатарнок мақомоти ҳокимияти иҷроияро, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро амалӣ мекунанд, фавран огоҳ месозанд;
- дар ҳолати ошкор намудани фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), ки маълумоти дуруст ва кофӣ надорад ё мӯҳлати коршоямиаш гузаштааст ё худ мӯҳлати коршоямиаш зикр нашудааст, агар муқаррар намудани ин мӯҳлатҳо ҳатмӣ бошад, фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) - ро то пешниҳод намудани маълумот боз медоранд ё қатъ мекунанд;
- ба суд ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (доираи номуайяни истеъмолкунандагон) муроҷиат мекунанд.
Моддаи 42. Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо)
Шаҳрвандон ҳуқуқи ихтиёран дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) муттаҳид шуданро доранд.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) дар мавридҳои пешбининамудаи оинномаи иттиҳодияҳои мазкур (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) ҳуқуқ доранд, ки:
- дар таҳияи талабот ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин ба стандартҳое, ки талаботи ҳатмиро дар ин соҳа муқаррар менамоянд, ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда танзим менамоянд, иштирок кунанд;
- экспертизаи мустақилонаи сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ)-ро аз рӯи супориш дар ташкилотҳои дахлдор ё дар мавриди доштани лабораторияҳои худӣ гузаронанд, ба шарте, ки мақомоти дахлдор барои салоҳияти техникӣ доштани онҳо иҷозат дода бошанд;
- риоя шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва қоидаҳои хизматрасонии тиҷоратӣ, маишӣ ва дигар намудҳои ба истеъмолкунандагон хизматрасониро тафтиш намоянд, бо супориши истеъмолкунандагон дар гузаронидани экспертиза доир ба риоя нашудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок кунанд;
- ба мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳо доир ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ), истеҳсол накардан, аз муомилот гирифтани моле (коре, хизматрасоние), ки барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист хавфу хатар доранд, таклифҳо пешниҳод намоянд;
- ҳамроҳи мақомоти идоракунии давлатӣ дар назорати татбиқи нархҳои идорашаванда ширкат варзад, тарифҳоеро, ки мақомоти давлатӣ барои ба ҷо овардани хизмати аҳолӣ (истеъмолкунандагон) муқаррар менамояд, мустақиман экспертиза кунад;
- ба мақомоти прокуратура ва мақомоти идоракунии давлатӣ дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони барои истеҳсолу фурӯши моли (иҷрои кори, хизматрасонии) ба талаботи муқарраргардида нисбати бехатарӣ ва сифати мол (кор, хизматрасонӣ) номувофиқ ва ҳамчунин барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон айбдоранд, мавод пешниҳод намоянд;
- дар бораи боздошти амал, бекор ё беэътибор донистани санадҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошанд, ба мақомоти ваколатдор, прокуратура ё суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1769);
- барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (доираи номуайяни истеъмолкунандагон) ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 43. Ҳифзи манфиати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон
Мақоми зиддиинҳисорӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд дар бораи эътирофи амали фурӯшандаҳо (истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон) ё ташкилоте, ки дар асоси шартнома бо онҳо вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, нисбати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон ва қатъи ин амалҳо ба суд даъво пешниҳод намоянд.
Ҳангоми қонеъ гардонидани чунин даъво суд қонуншиканро ӯҳдадор месозад, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суд аз тариқи воситаҳои ахбори умум ё бо тарзи дигар қарори судро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд нисбати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон оид ба зиддиҳуқуқӣ эътироф намудани амалҳои фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ё ташкилоти тибқи шартномаи бо ӯ басташуда вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷрокунанда, барои суде, ки даъвои истеъмолкунандаро дар хусуси оқибатҳои ҳуқуқии граждании амали фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ё ташкилоти дар асоси шартномаи бо ӯ басташуда вазифаи фурӯшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷрокунанда баррасӣ менамояд, оид ба масъалаҳои ҷой доштан ё надоштани ин амалҳо ва аз ҷониби шахсони мазкур содир гардидан ё нагардидани ин амалҳо ҳатмӣ мебошад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193)
Моддаи 44. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, моддаи 135) беэътибор дониста шавад.
Моддаи 44(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1193).
Моддаи 45. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 
9 декабри соли 2004 № 72

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ  ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 13:03
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
69
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
09.12.2004

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ  ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2004, №12, қ-1, мод. 696)

 

                     Маҷлиси намояндагон 10-уми ноябри соли 2004 қабул кардааст

                     Маҷлиси миллӣ 25-уми ноябри соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ ба миён меоянд, муайян намуда, ба ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти одамон, ҳифзи муҳити зист, таъмини реҷаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи моликият ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ равона шуда, ба инкишофи илму техникаи атомӣ ва пойдор гаштани низоми байналмилалии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ мусоидат менамояд.

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

     Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар  Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

танзими давлатӣ - фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар таҳия, тасдиқ ва татбиқи меъёр ва қоидаҳои бехатарии ядроиву радиатсионӣ, ба амал баровардани назорат ва додани иҷозатнома (литсензия) ба намудҳои фаъолияте, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд;

назорат амале, ки мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои истифодабаранда ба таври доимӣ барои тафтиши иҷрои талаботи меъёр, қоидаҳо ва дастуруламалҳо анҷом медиҳанд;

санҷиш – амале, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои тафтиши иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои иҷозатнома (литсензия) ва шартномаҳои байналмилалӣ дар доираи салоҳияти худ ба мақсади танзими раванди истифодаи энергияи атомӣ анҷом медиҳад;

маҳали ҷойгиршавӣ - иншоот ва сохтмонҳои доимии махсус, ки барои нигоҳдории маводи радиоактивӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудаанд;

энергияи атомӣ – энергияе, ки дар ҷараёни табдилшавии ядроҳои атом хориҷ мегардад. Манбаи энергияи атомӣ энергияи дохилии ядрои атом мебошад, ки бо таъсири мутақобила ва ҳаракати протонҳо ва нейтронҳо дар дохили ядро алоқаманд аст;

истифодабарии энергияи атомӣ – энергияи атомӣ, ки ҳангоми амалӣ кардани реаксияҳои занҷирии ядроӣ ва термоядроии идорашавандаи намуди таркиш (бомбаи ядроӣ ва термоядроӣ), инчунин реаксияҳои идорашавандаи танзимкунии дараҷаи ҷудошавии энергияи (реакторҳои атомӣ) ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷо дар зери истифодабарии энергияи атомӣ, ҳамчунин истифодаи энергияи коҳиши радиоактивии манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва моддаҳои радиоактивӣ фаҳмида мешавад;

партовҳои радиоактивӣ – мавод ва моддаҳои дар ҳар ҳолати дилхоҳи агрегатӣ, ки миқдор ва дараҷаи ѓилзати (консентратсии) маводи радиоактивии ба андозаи муқарраргардидаи санадҳои меъёрии муқарраркарда аҳамияти баланд дошта, ки дар  натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ ба вуҷуд омадаанд ва минбаъд қобили истифода нестанд;

ашёи махсуси  ѓайриядроӣ - ашёе, ки бо санадҳои зерқонунӣ вобаста ба талаботи низоми ҳуқуқии байналмилалии танзими содироти ядроӣ ҳамин тавр муайян шудаанд;

мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ - дастгоҳҳо, таҷҳизот, технологияи ядроӣ, маводи радиоактивӣ, масолеҳи махсуси ѓариядроие, ки барои истеҳсоли масолеҳи ядроӣ истифода мешаванд, манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, инчунин хизмати марбут ба онҳо;

сатҳи бозпас гирифтан - маҷмӯи андозаҳое, ки дар воҳидҳои фаъолият ифода ёфта, манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондор дар он воҳид ё камтар аз он метавонанд мувофиқи меъёрҳои амалкунанда аз назорат хориҷ карда шаванд;

ҳифзи физикии маводи ядроӣ ва таҷҳизоти ядроӣ - системаи ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва техникие, ки ба пешгирии дастрасии беиҷозати ашхос ба маводу таҷҳизоти ядроӣ равона шудаанд;

нигоҳдорӣ – ҷойгиркунии муваққатии маводи радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ, ки дар ҷойҳои махсуси омодагардида (аз ҷумла дар контейнерҳои махсус), ки имконияти баровардани онҳо барои истифода, коркард ё гӯронидан  пешбинӣ шудааст;

ташкилоти истифодабаранда-ташкилоте, ки барои истифодаи энергияи атомӣ иҷозатномаи (литсензияи) мақоми ваколатдори давлатиро дорад;

бехатарии ядроӣ – хосияти объекти ядроӣ, ки бо эҳтимолияти муайян имконнопазир будани садамаи ядроиро таъмин менамояд;

дастгоҳҳои ядроӣ- реакторҳои ядроӣ, аз ҷумла реакторҳои истгоҳҳои атомӣ, асбобҳои кайҳонӣ ва парвозкунанда, воситаҳои нақлиёт, реакторҳои саноатӣ ва тадқиқотии таҷрибавӣ, стендҳои ядроӣ, ҳар гуна иншоот, маҷмӯаҳо, дастгоҳҳо, таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ барои истеҳсол, истифода, коркард, ҳамлу нақл ва ҷойгиркунии маводи ядроӣ.

 

             Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

          Моддаи 3. Принсипҳои асосӣ ва вазифаҳои танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

1. Принсипҳои асосии танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ, муҳофизати аҳолӣ ва муҳити зист аз хатари радиатсионӣ;

- дастрас, объективӣ ва сари вақтӣ будани иттилооти марбут ба истифодаи энергияи атомӣ ва таъсири он ба аҳолӣ ва муҳити зист ба шарте, ки ин иттилоот маълумоти сирри давлатӣ надошта бошанд;

- иштироки шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ѓайритиҷоратӣ (минбаъд ташкилотҳо), шахсони дигари ҳуқуқӣ дар муҳокимаи сиёсати давлатӣ, лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар фаъолияти амалӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ;

- манъи гӯронидани партовҳои радиоактивии давлатҳои дигар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини назорати давлатӣ ва санҷиши бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;

- таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, инчунин аҳолие, ки дар минтақаи ҷойгиршавии онҳо зиндагӣ ва кор мекунанд;

- додани товони зараре, ки аз таъсири радиатсия расидааст.

2. Вазифаҳои асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ҳангоми анҷоми ҳамаи намудҳои фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ба вуҷуд меоянд, инҳоянд:

- ташкили асосҳои ҳуқуқии низоми идораи давлатии истифодаи энергияи атомӣ ва низоми танзими давлатии бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;

- муқаррар намудани ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва шахсони дигари ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон.

3. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар истифодаи энергияи атомӣ бо мақсади таҳия, сохтан, истеҳсол намудан, озмоиш, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани силоҳи ядроӣ қатъиян манъ аст.

           Моддаи 4. Объектҳо ва субъектҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

            1. Объектҳо дар соҳаи  истифодаи энергияи атомӣ инҳоянд:

- дастгоҳҳои ядроӣ;

- маҳали нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, партовгоҳҳои радиоактивӣ, объектҳо ва иншооти доимие, ки барои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ ё барои гӯрондани партовҳои радиоактивӣ муқаррар шудаанд;

- маводи ядроӣ;

- партовҳои радиоактивӣ;

- манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондоркунандаи бештар аз сатҳи бозпас гирифтан.

2. Субъектҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ инҳоянд:

- мақоми ваколатдори давлатии танзиму назорат ва идоракунанда;

- ташкилотҳое, ки бо фаъолияти истифодаи энергияи атомӣ машѓуланд, ҳамчунин ташкилотҳои тиббӣ, таълимӣ, тадқиқотӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ, аз ҷумла истихроҷи маъдан, коркард ва ѓайраро дар бар мегиранд.

3. Амали ин қонун ба объектҳое, ки маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивиро бо миқдор ва фаъолнокӣ ва (ё) истихроҷи афканишоти иондоркунандаи бошиддат ё энергияашон дорои қимати камтар аз меъёрҳо ва қоидаҳои давлатӣ муқарраршударо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ доранд, барои онҳо иҷозати мақомоти давлатии танзимгари бехатарӣ ҳангоми иҷрои фаъолият бо объектҳои мазкур,  дахл надорад.

 

Моддаи 5. Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

1. Ба фаъолияте, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, мансубанд:

- ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашӣ, таъсис, истифода ва аз истифода гирифтани дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ ва маҳалҳои нигоҳдорӣ;

- муомила бо маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, аз он ҷумла ҳангоми ҷустуҷӯ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки чунин маводро доранд, дар истеҳсолот, ҳангоми истифода, коркард, ҳамлу нақл ва нигоҳдории маводи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ;

- бурдани тадқиқотҳои илмӣ, иҷрои корҳо ва расонидани хидматҳо бо истифодаи энергияи атомӣ;

- ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ;

- омода кардани мутахассисон дар соҳаи истифодаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ;

- таъмини бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;

- баҳисобгирӣ ва назорат ба маводи ядроӣ, манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондоркунанда, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ;

- содирот ва воридоти маводи ядроӣ, технология ва таҷҳизот, моддаҳои махсуси ѓайриядроӣ, мавод, технология ва таҷҳизоти дорои таъиноти дуҷониба, манбаъҳои афканишоти ионидоркунанда, моддаҳои радиоактивӣ;

- назорат ба ҳолати радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамлу нақли транзитии маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омода кардан ва аттестатсияи мутахассисон ва кормандон.

2. Ҳамаи намудҳои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст, таҳти назорати доимии давлат ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 6. Моликият ба манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ

Моликони манбаъҳои радиатсионӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ ва гӯрондани партовҳо танҳо шахсони ҳуқуқие новобаста аз шакли моликияташон буда метавонанд, ки иҷозатномаи (литсензияи) мақоми ваколатдори давлатиро оид ба ҳуқуқи кор кардан дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.

 

Боби 2. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

 

Моддаи 7. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  истифодаи энергияи атомӣ

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаҳои зерин муайян менамояд:

- танзими давлатии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ;

- санҷиш, назорат ва додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолият оид ба истифодаи энергияи атомӣ;

- таъсири радиатсионӣ ба кормандон ва аҳолӣ;

- санҷиши экологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.

2. Вазифаҳо ва тартиби амали мақоми ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

      Моддаи 8. Ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ (минбаъд-мақоми ваколатдори давлатӣ) дар ҳудуди салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:

- ба Ҳукумат барои омода кардан ва таѓйир додани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои истифодаи энергияи атомӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;

- дар асос ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёру қоидаҳоеро, ки фаъолияти марбут ба истифодаи энергияи атомиро танзим менамоянд, омода, муқаррар ва татбиқ намояд;

- ба намудҳои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, иҷозатнома диҳад;

- ба иҷрои меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ назорат барад;

- вобаста ба иҷрои салоҳиятҳои худ назорат анҷом диҳад;

- оид ба ҳолати радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ анҷом диҳад;

- баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва  иондоркунандаро амалӣ созад;

- аз корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон бе ягон маҳдудият маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои ҳалли вазифаҳои ба ӯҳдаи онҳо гузошташударо талаб намояд ва ба даст орад;

- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳалли масъалаҳои ба ҷавобгарӣ кашидан ҷиҳати вайрон кардани Қонуни мазкур, санадҳои дигари қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод супорад;

- бо мақомоти ваколатдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ дар масоили бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ ва оид ба масъалаи паҳн накардани силоҳи атомӣ ва назорати маводи ядроӣ ҳамкорӣ анҷом диҳад.

 

Моддаи 9. Ҳуқуқи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ

Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ (роҳбарон, муовинҳои роҳбарон) ҳангоми иҷрои вазифаҳои бевоситаи худ ҳуқуқ доранд:

- бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ва санадҳое, ки фаъолияти онҳоро тавсиф менамоянд, бемамониат дастрасӣ дошта бошанд;

- фаъолияти шахсони ҳуқуқиеро, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, ҳангоми таҳдид ба амнияти аҳолӣ ё муҳити зист боздоранд ё дар бораи қатъи фаъолияташон масъала ба миён гузоранд.

Моддаи 10. Мустақилияти мақоми ваколатдори давлатӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз дигар мақомоти иҷроия, ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба рушд ва истифодаи энергияи атомӣ вобаста мебошад, мустақилияти маъмурию молиявӣ дорад.

2. Монеъ шудан ба  фаъолияти шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон роҳ дода намешавад.

 

Боби 3. Шартҳои фаъолият, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд

 

Моддаи 11. Додани иҷозатнома барои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст

Барои фаъолияте, ки бо истифодаи энергияи атомӣ вобаста мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман иҷозатнома дода мешавад.

 

                 Моддаи 12. Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ

1. Ҳар гуна фаъолият, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст, бо шарти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳимояи  амволи шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз таъсири зарарноки афканишоти иондор анҷом дода мешавад.

2. Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ аз ҷониби ташкилотҳои истифодабаранда мутобиқи меъёру қоидаҳои муқарраршуда таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 13. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ

1. Таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ дар ҳама давраҳои истеҳсолот, бунёд кардани объектҳо, ба истифода додан ва аз истифода гирифтани объектҳое, ки дар онҳо бо маводи радиоактивии ядроӣ амалиёт гузаронида мешавад, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо, амалӣ карда мешавад.

2. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории  маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз тарафи ташкилотҳои истифодабаранда таъмин мегардад. Назорати таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории  маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

3. Барои иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ метавонад мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти хадамоти амният ҷалб карда шаванд.

 

Моддаи 14. Талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории  маводи  ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ

1. Талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бо меъёру қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ муқаррар карда мешаванд.

2. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ анҷом дода шавад.

3. Дар сурати наандешидани тадбирҳо барои иҷрои талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ истифодаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдорӣ, ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна фаъолият оид ба истифодаи маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, ки дар ҳар гуна шакл ва дар ҳар кадом марҳилаи истеҳсол, истифода, коркард, ҳамлу нақл ё нигоҳдорӣ қарор доранд, манъ аст.

 

Моддаи 15. Баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ  ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда

1. Маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз тарафи давлат ба ҳисоб гирифта шуда, мавриди назорат қарор дода мешаванд. Бо ин мақсад мақоми ваколатдори давлатӣ низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда таъсис медиҳад.

2. Низомҳои давлатии  баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда миқдори воқеии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ҷойи нигоҳдорӣ, пешгирии гумшавӣ, истифодаи бераводид ва дуздӣ, пешниҳоди иттилооти фаврӣ дар хусуси мавҷудият ва интиқоли маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ҳамчунин маълумот дар бораи аз ҳисоб хориҷ кардан ва гӯронидани манбаъҳо, оид ба содирот ва воридоти манбаъҳо ва маводи ядроӣ ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои дар шартномаҳои байналмилалӣ пешбинишуда аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дигар  таъмин месозанд.

3. Ташкилоти истифодабаранда, ки ба истифодаи маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолият анҷом медиҳад, баҳисобгирии онҳо ва пешниҳоди маълумоти боэътимодро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд.

4. Тартиби ташкили низомҳои давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 16. Талаботи асосии бехатарӣ ҳангоми интихоби майдончаю бунёди дастгоҳҳои ядроӣ ва маҳалҳои нигоҳдорию гӯронидани  маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ

1. Интихоби майдончаю бунёди дастгоҳҳои ядроӣ, маҳалҳои нигоҳдорию гӯронидани  маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд дар асоси меъёру қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ва ҳифзи муҳити зист амалӣ карда шавад.

2. Қарор дар хусуси бунёди дастгоҳи ядроию  маҳали нигоҳдорӣ ва гӯронидани маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳолатҳои зерин қабул менамояд:

- талабот ба онҳо барои ҳалли вазифаҳои хоҷагидории мамлакат ва манотиқи алоҳидаи он;

- мавҷудияти шароити зарурӣ, ки ба меъёру қоидаҳои истифодаи энергияи атомӣ барои ҷойгир - кардани ин объектҳо ҷавобгӯ мебошад;

- набудани таҳдиди бехатарии объектҳои мазкур аз тарафи объектҳои наздик ҷойгиршудаи шаҳрвандӣ ва низомӣ;

- оқибатҳои имконпазири иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷойгир кардани объектҳои мазкур барои рушди саноат, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маишии минтақа.

3. Санадҳои лоиҳавии объектҳои мазкур ба таври ҳатмӣ аз таҳқиқи экологӣ, беҳдоштӣ ва техникӣ гузаронида мешаванд.

                  Моддаи 17. Талаботи асосӣ ба ташкилоти  истифодабаранда

1. Ташкилоти истифодабаранда барои бехатарии дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда, маҳали ҷойгирӣ, ҳамчунин барои муносибати даркорӣ бо маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ масъулияти пурра ба зимма дорад.

2. Масъулият барои бехатарии дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда, маҳали нигоҳдорӣ, ҳатто дар ҳолати қатъ гардидани амали иҷозатнома то интиқоли объектҳои мазкур ба дигар ташкилоти истифодабаранда ё гирифтани иҷозатномаи нав боқӣ мемонад.

3. Ташкилоти истифодабаранда ӯҳдадор аст:

- дорои захираҳои зарурии молиявӣ, моддию техникӣ ва кормандон бошад, ки барои таъмини бехатарӣ дар ҳама давраҳои фаъолият ҳангоми истифодаи объектҳои энергияи атомӣ кофианд;

- барои иҷрои корҳо ҷиҳати аз истифода гирифтани объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, рекултиватсияи масоҳати гӯронидани партовҳои радиоактивӣ, бартараф кардани оқибати ҳолатҳои садамавӣ, ҷуброни зарар ба саломатӣ ва ҳаёти одамон ва муҳити зист, ҳамчунин амволи шаҳрвандон ва ташкилотҳо тадбирҳо пешбинӣ созад ва бо маблаѓ таъмин намояд.

4. Ташкилоти истифодабаранда инҳоро таъмин менамояд:

- истифодаи дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда ва маҳали  нигоҳдорӣ танҳо барои ҳамон мақсадҳое, ки онҳо таъин гардидаанд;

- ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳия ва иҷрои барномаҳо, таъмини сифат дар ҳамаи давраҳои ба истифода додан, истифода намудан ва аз истифода гирифтани дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунандаи маҳали нигоҳдорӣ;

- таҳия ва татбиқи чораҳои омодагии садама ва тадбирҳои зиддисадама дар дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда ва маҳали нигоҳдорӣ ҳамчунин чораҳо оид ба кам кардани оқибатҳои манфии садама барои кормандони объектҳои мазкур, аҳолӣ ва муҳити зист;

- баҳисобгирии дозаи инфиродии кормандони объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ва татбиқи ҳуқуқи онҳо барои ҷуброн;

- суѓуртаи кормандон ва дар сафари хизматӣ қарордоштагон аз хавфи таъсири радиатсия аз ҳисоби худ;

- анҷом додани салоҳиятҳои дигар, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.

5. Кормандони ташкилоти истифодабаранда бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, аз санҷиши тахассусӣ мегузаранд.

 

Боби 4. Содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

 

Моддаи 18. Анҷом додани содирот ва воридоти мол  ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ, ки бо мақсадҳои тиҷоратӣ интиқол, харид ё фурӯш ё интиқоли ѓайритиҷоратиро дар бар мегирад, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ назорат карда мешавад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 19. Тартиби амалӣ гардонидани содирот ва воридоти мол  ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Тартиби амалӣ гардонидани содирот ва воридоти маводи ядроӣ, технология, таҷҳизот ва дастгоҳҳои ядроӣ, маводи махсуси ѓайриядроӣ, манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, маводи радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Боби 5. Ҳуқуқу ӯҳдадории шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо

 

Моддаи 20. Ҳуқуқи шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ  ҳуқуқ доранд:

- тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодаи энергияи атомӣ ва васоити ахбори умум дар хусуси бехатарии объектҳои бунёдашон пешбинишуда, лоиҳакашидашуда, бунёдшаванда, истифодашаванда ва аз истифода гирифташудаи энергияи атомӣ, дар бораи назорати амалишавандаи ҳолати радиатсионӣ дар маҳалҳое, ки онҳо истиқомат мекунанд ё кор менамоянд, ҳамчунин дар хусуси дозаи шуоъгирӣ маълумот ба даст оранд;

- дар баррасии сиёсат, лоиҳаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ иштирок намоянд;

- таҳқиқи экологии ҷамъиятии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва назоратро аз болои вазъияти радиатсионии муҳити зист мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;

- бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо тартиби муқарраршуда аз дастгоҳҳои ядроӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ ва гӯронидан дидан намоянд;

- барои ҷуброни ҳисороту зиёне, ки дар натиҷаи садамаи ядроӣ ё радиатсионӣ ба онҳо расидааст, аз ҳисоби ташкилоти истифодабаранда, ки ба ин садама роҳ додааст.

 

Моддаи 21. ӯҳдадории шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо ӯҳдадоранд қонунгузориеро, ки истифодаи энергияи атомиро танзим менамояд, риоя намуда, талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ, ҳамчунин талаботи шахсони мансабдори ташкилотҳо оид ба истифодаи энергияи атомиро иҷро намоянд.

 

Моддаи 22. Суғуртакунӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

  Шаҳрвандон ва моликияти онҳо аз эҳтимолияти таъсири радиатсионӣ аз ҳисоби соҳибмулк ва ё истифодабарандаи энергияи атомӣ ҳатман суѓурта карда мешаванд. Пардохти суѓуртапулӣ новобаста аз маблаѓи супоридашуда ба амал бароварда мешавад. Тартиб ва шартҳои суѓуртаи шаҳрвандон ва моликияти онҳоро аз эҳтимолияти таъсири радиатсионӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 23. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ расидааст

1. Зарари ба саломатии шаҳрвандон расонидашуда, ҳамчунин фавти онҳо дар натиҷаи истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ бояд аз ҳисоби расонандаи зарар дар ҳаҷми пурра бо назардошти дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатии зарардида, хароҷот барои табобати вай, барқарорсозии саломатӣ, парастории бемор, кӯмакпулиҳои таъиншуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расонандагони зарар ҷуброни пурраи зиёни молии вобаста ба истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ аз ҷониби ташкилотҳо ва шаҳрвандон расида ва хароҷоти ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияти онҳо ва шахсони алоҳидаро, ки дар корҳои садамавию наҷотбахшӣ ва бартараф кардани оқибатҳои истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ иштирок намудаанд, талаб намоянд.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии гунаҳкори истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ ӯҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари ба замин, об, олами набототу ҳайвонот расонидашуда, аз ҷумла хароҷоти рекултиватсияи замин ва барқарорсозии ҳосилхезии табиии заминро ҷуброн намоянд.

 

Моддаи 24. Тадбирҳо оид ба ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон дар манотиқи ҷойгиршавии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия ва маҳалҳои нигоҳдории онҳо

Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди манотиқи мушоҳидаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия ё маҳалҳои нигоҳдорӣ истиқомат мекунанд, кору фаъолият анҷом медиҳанд ё хизмати ҳарбӣ адо мекунанд, ба ҷуброни иҷтимоию иқтисодӣ барои омилҳои иловагии хавф ё барои шароити махсуси истиқомат, анҷом додани кору фаъолият ё адои хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд. Навъ, андозаи ҷубронҳои мазкур ва тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро дар вобастагӣ аз навъ ва тавсифи амнияти объекти истифодаи энергияи атомӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд. Тартиби пешниҳоди ҷубронҳои мазкур ва тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар месозад.

Боби 6.  Муқаррароти  хотимавӣ

 

Моддаи 25. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар  соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Агар мутобиқи санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро  эътироф кардааст, назар ба он меъёрҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи энергияи атомӣ мавҷуд аст, меъёрҳои дигар муқаррар шуда бошад, дар ин сурат меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ истифода мегарданд.

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур роҳ медиҳанд, мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Э.Раҳмонов

 

               ш. Душанбе  9 декабри соли 2004

               № 69

 

 

 

Pages