ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САНОАТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:20
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1415
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
30.05.2017

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САНОАТ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 272; ҚҶТ аз 23.12.2021с.,1848)

Қонуни мазкур мақсад, вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муқаррар намуда, ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар  Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат – маҷмӯи чораҳои таъсиррасонии давлатӣ ба фаъолият дар соҳаи саноат, ки ба рушди босуръат ва устувори иқтидорҳои саноатӣ, таъмини пешрафти истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва ғанигардонии бозори истеъмолӣ равона шудаанд; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- саноат – соҳаи иқтисодиёти миллӣ, ки ба рушди қувваҳои истеҳсолкунанда таъсири ҳалкунанда мерасонад;

- фаъолият дар соҳаи саноат – маҷмӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дахл доранд;

- субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи саноат амалӣ менамоянд;

- истеҳсолоти саноатӣ – истеҳсолоте, ки дар рафти он ашёи хом, масолеҳи асосӣ ё нимтайёр бо истифодаи таҷҳизоти саноатӣ ба маҳсулоти тайёр мубаддал мегардад;

- маҳсулоти саноатӣ – молҳое, ки дар натиҷаи амалисозии фаъолият дар соҳаи саноат истеҳсол мешаванд;

- инфрасохтори саноатӣ – маҷмӯи объектҳои молумулкии ғайриманқул (қитъаҳои замин, бино, иншоот), шабакаҳо (барқӣ, газтақсимкунӣ, гармидиҳӣ, обтаъминкунӣ, корезӣ, нақлиётӣ, алоқаи барқӣ), ки барои амалисозии фаъолияти саноатӣ заруранд;

- иттиҳодияи (ассотсиатсияи) субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат – ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо таъсис дода шуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя мекунанд;

- Шӯрои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат – мақоми машваратию  маслиҳатӣ, ки бо мақсади мусоидат ба амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат таъсис дода мешавад; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) – инфрасохтори саноатӣ, ки барои амалисозии фаъолияти саноатӣ, ташкил кардани истеҳсолоти саноатӣ ё модернизатсияи инноватсионии саноат таъин гардида, аз ҷониби ташкилотҳои тиҷоратӣ ё ғайритиҷоратӣ (ширкатҳои идоракунанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- кластерҳои саноатӣ – маҷмуи субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, ки бинобар наздикии ҳудудҳо ва вобастагии кориашон ба ҳам алоқаманд буда, бо мақсади коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ (моли тайёр) дар ҳудуди як ё якчанд минтақаи кишвар ҷойгир карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат

1. Мақсади сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат аз инҳо иборат аст:

- рушди босубот ва инноватсионии саноат;

- афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дар асоси он ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат, таъмини амнияти миллӣ;

- гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ;

- мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ;  (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- афзун намудани иқтидори содиротии кишвар;

- ташаккул ва рушди чораҳои дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- навсозии инфрасохтори саноатӣ;

- ташаккули соҳаҳои нави саноат;

- истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ.»;

- ба сархати шашуми қисми 2 пас аз калимаҳои «паркҳои технологӣ» аломат ва калимаҳои «,паркҳои саноатӣ (индустриалӣ)» илова карда шаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

2. Вазифаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат аз инҳо иборатанд:

- таъсис ва рушди инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ;

- фароҳам овардани шароити баробар ва рақобатпазирӣ ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- афзун гардондани истеҳсоли маҳсулоте, ки ҳиссаи калони арзиши изофа дорад ва дастгирӣ намудани содироти чунин маҳсулот; 

- ҳавасмандгардонии татбиқи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, технологияҳои илмбор, воридотивазкунанда, манбаъсарфакунанда ва аз ҷихати экологӣ бехатар, азнавкунии техникии иқтидорҳои истеҳсолӣ;

- таъмини бехатарии саноатӣ, дастгирии истифодаи оқилона ва самараноки иқтидорҳои биоиқлимии кишвар, захираҳои гидроэнергетикӣ ва сарчашмаҳои алтернативии энергия, захираҳои табиӣ, меҳнатӣ ва молиявӣ;

- мусоидат намудан ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, савдои наздисарҳадӣ, ташкили маҷмааҳои саноатӣ, марказҳои инжинирингӣ, паркҳои технологӣ ва марказҳои хурди технологӣ, бюрои конструкторию технологӣ, коркардҳои илмию тадқиқотӣ ва конструкторию таҷрибавӣ;

- мусоидат намудан ба азнавсозии тарҳ, диверсификатсия ва таҷдиди истеҳсолот бо назардошти номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшаванда ва талаботи бозор.

Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат инҳо мебошанд:

- волоияти қонун ва шаффофияти иттилоотӣ;

- бартарии шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

- пешгӯӣ, мониторинг, назорат, ҳамоҳангсозӣ, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии фаъолият дар соҳаи саноат, азнавкунии саривақтии истеҳсолоти саноатӣ, вобастагии татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ба ноил шудан ба нишондиҳандаҳои ҳадафӣ;

- мувофиқатии чораҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ, молиявӣ, иттилоотӣ дар соҳаи саноат;

- ҳамгироӣ ва рақобатпазирии истеҳсолоти саноатӣ, тамоюл ба иҷрои фармоишҳои давлатӣ, таҳкими истеҳсолоти ивазкунандаи воридотӣ ва ба содирот нигаронидашуда; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- ҳамгироӣ ва рақобатпазирии истеҳсолоти саноатӣ, тамоюл ба иҷрои фармоишҳои давлатӣ, таҳкими истеҳсолоти ивазкунандаи воридотӣ ва ба содирот нигаронидашуда; - банақшагирии стратегӣ дар соҳаи саноат;

- қобили андоза будани маҳакҳои мақсадноки рушди саноат;

- омезиши шаклу усулҳои танзими давлатӣ ва иқтисоди бозорӣ дар соҳаи саноат;

- таъминот бо захираҳо ва равонасозии онҳо ба рушди соҳаҳои афзалиятноки саноат;

- ҳамгироии илм ва истеҳсолот. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

Моддаи 5. Мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат

1. Мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноатро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат анҷом медиҳад.

2. Барои татбиқи мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи (ассотсиатсияи) субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, иттиҳодияҳои ҷамъиятии дигар ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб карда шаванд.

3. Иттилоотонии мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба натиҷаи мониторинги вазъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноатро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат тавассути системаи ягонаи давлатии иттилоотӣ, ки маълумот дар бораи вазъи соҳаҳои гуногуни саноат ва пешгӯии рушди онҳоро дар бар мегирад, амалӣ месозад.

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат аз инҳо иборат аст:

- таҳия ва тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла барномаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротшаванда;

- муайян намудани соҳаҳои афзалиятноки саноат;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат, ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат;

- тасдиқи тартиби ташкил ва таъмини фаъолияти системаи ягонаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи саноат;

- муқаррар намудани тартиби ташаккул ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба дастгирии молиявии соҳаҳои саноат;

- муқаррар намудани талабот ва нишондиҳандаҳо (индикаторҳо) нисбати субъектҳои фаъолияти саноатӣ барои татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҷалби сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ ба соҳаи саноат, муқаррар намудани механизмҳои молиявӣ ва иқтисодии ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон;

- дастгирии молиявӣ ва молумулкии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, аз ҷумла ташкилотҳое, ки суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва сармоягузориро аз таваккал амалӣ месозанд;

- содагардонии расмиёти фаъолияти иқтисоди беруна тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҳамгироии саноати кишвар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

- муқаррар намудани тартиби ҷойгиркунии фармоиши давлатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии ватанӣ;

- муайян намудани самтҳои асосии рушди инфрасохтори саноатӣ, равияҳои афзалиятноки тадқиқоти илмию техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ;

- амалӣ намудани салоҳияти дигар вобаста ба соҳаи саноат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат мансубанд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ин самт;

- таъмини иҷрои дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди соҳаи саноат, аз ҷумла барномаи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротшаванда;

- таҳия ва таъмини иҷрои лоиҳаҳо ва нақшаҳои рушди соҳаи саноат;

- таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои дигар оид ба вазъи соҳаи саноат, инъикос намудани онҳо дар ҳисоботи ҳарсолае, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад;

- ташкил ва таъмини фаъолияти системаи ягонаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи саноат;

- омодасозӣ ва чопи маърӯзаи ҳарсола дар воситаҳои ахбори омма оид ба вазъ ва рушди соҳаи саноат ва чораҳои ҳавасмандгардонии субъектҳои фаъолият дар соҳаи  саноат;

- пешниҳоди номзадии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ба мақомоти дахлдор барои дастгирии молиявии давлатӣ, амалигардонии чораҳои дигари дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- амалисозии вазифаҳои фармоишгари давлатӣ, дастгирии таъсиси инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо тартиби муқарраргардида таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои ҷалби сармоя ба саноат, диверсификатсия ва махсусгардонии истеҳсолоти саноатӣ;

- мусоидат ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии берунаи субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти ватании босифати рақобатпазир ва пешбурди он дар бозори ҷаҳонӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар дар соҳаи саноат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи саноат

1. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи саноат аз инҳо иборатанд:

- таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллии рушди саноат ва инфрасохтори он;

- дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти устувори онҳо;

- пешниҳод намудани маълумот ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат оид ба захираҳои меҳнатӣ ва талабот ба ташкили ҷойҳои нави корӣ;

- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба ҷалби сармоягузорӣ барои таъсиси истеҳсолот ва рушди соҳаи саноат, инчунин фурӯши молҳои саноатии ватанӣ;

- амалӣ намудани назорат ба фаъолияти маҷмӯи саноатӣ, марказҳои инжинирингӣ, паркҳои технологӣ, паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) марказҳои хурди технологӣ, бюрои конструкторию технологӣ, инфрасохтори саноатӣ ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- амалисозии ваколатҳои дигар дар соҳаи саноат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои коммуналӣ ва корхонаҳои дигари саноатиро таъсис медиҳанд, ба эҳё ва рушди саноати хурд, аз ҷумла қолинбофӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ, косибӣ, оҳангарӣ ва намудҳои дигари ҳунарҳои халқӣ мусоидат менамоянд.

Моддаи 9. Шӯрои  миллии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат

1. Шӯрои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

2. Шӯрои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

- оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ тавсияю пешниҳодҳоро омода месозад;

- баҳисобгирӣ, таҳлил ва ҷамъбасти пешниҳодҳои субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат амалӣ менамояд;

- маълумотҳоро оид ба вазъи саноат таҳлил мекунад, пешниҳоду тавсияҳоро оид ба қабули чораҳои зарурӣ, аз ҷумла нақша, лоиҳа, барнома, консепсия, дурнамо, барнома ва пешгӯиҳои рушди саноатро таҳия менамояд;

- номзадии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноатро, ки барои гирифтани кумаки давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод шудаанд, қаблан баррасӣ менамояд ва оид ба мувофиқати онҳо ба талабот ва индикаторҳои муқарраршуда хулоса медиҳад.

3. Тартиби ташкил ва фаъолияти Шӯрои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди саноат ва ҳайати он тибқи Низомномаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда муайян карда мешавад.

Моддаи 91. Паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

1. Рушди босуръати минтақаҳои кишвар дар асоси татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонии фаъолият дар соҳаи саноат, инчунин, фароҳамсозии шароит барои ташаккул ва рушди паркҳои саноатӣ (индустриалӣ), аз ҷумла минтақавӣ, сурат мегирад.  

2. Талабот нисбат ба фаъолияти паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) ва ширкати идоракунандаи паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. 

3. Ташкил ва рушди паркҳои саноатӣ (индустриалӣ) дар минтақаҳои кишвар бо назардошти стратегияи рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.  ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

Моддаи 92. Ташкил ва рушди кластерҳои саноатӣ ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

1. Ташкил ва рушди кластерҳои саноатӣ дар минтақаҳои кишвар бо назардошти стратегияи рушди минтақаҳо ва тарҳи банақшагирии минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. 

2. Чораҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба кластерҳои саноатӣ бо назардошти дастгирии методӣ, ташкилӣ, коршиносӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии рушди кластери саноатӣ, аз ҷумла минтақавӣ, амалӣ карда мешаванд. ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СУБЪЕКТҲОИ

ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ САНОАТ

Моддаи 10. Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат

1. Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:

- маблағгузорӣ дар шакли грантҳо, мусоидати молиявӣ, кумаки молиявӣ бо мақсади таъсис ва рушди истеҳсолоти саноатӣ, инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, ҷорӣ намудан ва азхудкунии технологияву иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти содиротшаванда;

- пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз тариқи бонкҳо; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- дар доираи фармоиши давлатӣ додани афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат;

- мусоидат барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба сохтмони иншооти саноатӣ ё азнавтаҷҳизонии техникии онҳо равона шудаанд;

- расондани кумаки иттилоотӣ ва машваратӣ, аз ҷумла оид ба имкониятҳои дар доираи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан барои ба роҳ мондани робитаҳо бо доираҳои тиҷоратии давлатҳои хориҷӣ, дастгирии фаъолияти илмию техникӣ  ва инноватсионии онҳо;

- амалӣ намудани чораҳои дигари дастгирӣ, ки  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

2. Дастгирии давлатии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

Моддаи 11. Хусусиятҳои амалисозии дастгирии молиявии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат

Ҳангоми   амалисозии  дастгирии  молиявии  субъектҳои  фаъолият дар соҳаи саноат илова ба талаботи муқарраршуда ва индикаторҳо хусусиятҳои зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:

- дар лоиҳаҳо мавҷуд будани чораҳо оид ба азхудкунии истеҳсолот ва технологияҳои нав, аз ҷумла инноватсионӣ, инчунин меъёрҳое, ки истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳо, чораҳо оид ба афзун намудани бехатарии саноатӣ ва экологиро дар назар доранд;

- пешниҳоди маълумот оид ба истифодаи самараноки воситаҳои молиявӣ ва назорати ҳатмии истифодаи мақсадноки онҳо;

- шартҳои бозпас гардонидани маблағи дастгирии молиявӣ (ба истиснои грант), аз ҷумла ҳангоми ноил нашудан ба нишондиҳандаҳои ниҳоӣ, ки ҳангоми пешниҳод муқаррар гардида буданд.

Моддаи 12. Хориҷ карда шуд бо (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

Моддаи 13. Дастгирии давлатии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат

Дастгирии давлатии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:

- дар доираи фармоиши давлатӣ дар нақшаи корҳои илмию тадқиқотии аз ҳисоби давлат маблағгузоришаванда ҷой додани супоришҳо оид ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ, конструкторӣ ва татбиқи амалии онҳо дар истеҳсолоти саноатӣ;

- дар рафти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат пешбинӣ намудани маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ;

- ҳавасмандгардонии талабот ба маҳсулоти инноватсионӣ, аз ҷумла тариқи хариди мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамоҳангсозӣ, махсусгардонӣ ва кооператсияи субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ;

- ҳавасмандгардонии фаъолият оид ба азхудкунӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки ба раванди афзалиятноки рушди илм, техника ва технология мансубанд.

Моддаи 14. Дастгирии иттилоотиву машваратии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат

1. Дастгирии иттилоотиву машваратии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- нашр ва пешбурди феҳрист, маълумотнома, бюллетен, махзани маълумот, сомонаҳо дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии «Интернет», ки дорои иттилооти иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, истеҳсолию технологӣ ва иттилооти дигар мебошанд ва барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ заруранд, аз ҷумла иттилоот дар соҳаи маркетинг ва хариду фурӯши саҳмияҳо;

- ташкил ва гузарондани намоишҳо, ярмаркаҳо, конфронсҳо ё мусоидат барои гузарондани онҳо;

- ҷойгиронии маводи иттилоотию рекламавӣ ё мусоидат намудан барои паҳнкунии онҳо, ба истиснои маводи соҳаи мудофиаи кишвар ва амнияти давлат.

2. Бо мақсади дастгирии иттилоотию машваратии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, инчунин аз системаи ягонаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи саноат истифода бурда мешавад, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- дар бораи вазъи саноат, пешгӯии рушди соҳаҳои он, дар бораи барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, вазъи амалишавии онҳо;

- дар бораи субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- дар бораи пешгӯии истеҳсоли намудҳои асосии маҳсулоти саноатӣ, истеҳсоли воқеии онҳо, тавсифи маҳсулоти саноатӣ бо назардошти мансубияти соҳавии он, инчунин ҳаҷми воридот ва содироти маҳсулоти саноатӣ;

- дар бораи истифодаи технологияҳои сарфакунандаи захира ва сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия дар раванди амалисозии фаъолият дар соҳаи саноат;

- дар бораи нишондиҳандаҳои самаранокии татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз тариқи бонкҳо; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

- иттилооти дигар, ки номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 15. Дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ

1. Ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ афзалият ба маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат дода мешавад.

2. Афзалият ба  маҳсулоти саноатии ватанӣ, маҳсулотсупорандагон ва пудратчиёни ватанӣ дар соҳаи саноат дар мавриди мувофиқати он ба шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 16. Дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат вобаста ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии кормандон

Дастгирии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат вобаста ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии кормандон бо роҳҳои  зерин амалӣ мегардад:

- мусоидат намудан ба инкишофи заминаи моддии ташкилотҳое, ки ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии кормандони соҳа машғуланд;

- мусоидат намудан ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи саноат ва ҳамкории бевоситаи муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла гузарондани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён;

- бо иштироки корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо таҳия намудани барномаҳои тайёрии касбӣ ва бозомӯзӣ;

- кумаки таълимию методологӣ ва илмию методӣ ба субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат;

- амалӣ намудани чораҳои дигари дастгирии субъектҳои  фаъолият дар соҳаи саноат вобаста ба омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва маҳорати касбии кормандон.

Моддаи 161. Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ 

Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- мусоидат барои ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ расондани маҳсулоти саноатии дар ҳудуди кишвар истеҳсолшуда;

- татбиқи чораҳои дигар оид ба дастгирии давлатии субъектҳои фаъолият дар соҳаи саноат, ки ба содироти маҳсулоти саноатии дар ҳудуди кишвар истеҳсолшуда машғуланд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., 1848)

 

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

         Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                    Эмомалӣ РАҲМОН

 

       ш. Душанбе

 30 майи соли 2017

          № 1415

 

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:24
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1416
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
30.05.2017

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 273; ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1826)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии сейсмикиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- заминҷунбӣ – такони зеризаминӣ ва ҷунбиши сатҳи замин, ки дар натиҷаи ҷойивазкунии ногаҳонӣ ва кафидаҳо (тарқиш, роғҳо) бо бавуҷудоии равандҳои тектоникӣ дар қишр ё қисми болоии замин ба вуҷуд меояд ва ба масофаи зиёд (дур) ҳаракат мекунад;

- заминҷунбии шадид – заминҷунбие, ки шиддатнокиаш аз рӯи ҷадвали сейсмикии 12 балла зиёда аз 5,0 балл мебошад;

- рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ – маҷмӯи корҳои бартарафсозӣ, садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои баъди ба вуқӯъ омадани заминҷунбӣ гузаронидашуда, ки ба наҷоти одамон, кам намудани андозаи зарар ва талафи молу мулк равона карда шудаанд;

- пешгӯии эҳтимолии заминҷунбӣ – муайян ё дақиқ намудани ҷой, вақт ва магнитудаи заминҷунбии эҳтимолӣ;

- муҳофизати сейсмикӣ – маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ, ташкилӣ, илмӣ, муҳандисию техникӣ ва дигар чорабиниҳои махсусе, ки барои таъмин намудани бехатарии сейсмикӣ равона карда шудаанд;

- бехатарии сейсмикӣ – муҳофизати ҳаёти одамон, инфрасохторҳо, объектҳои хоҷагии халқ ва муҳити зист аз хатарҳои дар натиҷаи заминҷунбӣ бавуқӯъомада;

- ноҳиябандии сейсмикӣ – муайян намудани манбаъҳои заминҷунбӣ бо эҳтимолияти магнитудаи максималӣ дар асоси маҷмӯи маълумоти геологӣ, сейсмологӣ ва геофизикӣ;

- хатари сейсмикӣ – эҳтимолияти таъсири заминҷунбӣ бо бузургии муайян дар нуқтаи мушаххас дар ҷараёни фосилаи вақти муқарраршуда;

- хавфи сейсмикӣ – эҳтимолияти талафот аз заминҷунбӣ дар фосилаи вақти муайян бо назардошти хатари сейсмикӣ ва осебпазирии объектҳо (миқдори эҳтимолии талафоти одамон, зарари иқтисодӣ, экологӣ);

- тобоварӣ ба заминҷунбӣ – қобилияти тобоварии биноҳо ва иншоот ба заминҷунбӣ, таъмини бехатарии ҳаёти одамон ва беосеб нигоҳ доштани таҷҳизоти арзишнок ҳангоми ба вуқӯъ омадани заминҷунбӣ;

- системаи огоҳкунии пешакӣ оид ба заминҷунбӣ – муттаҳидсозии ташкилию техникии қувваҳо ва воситаҳои махсуси огоҳкунӣ, системаи алоқа, инчунин воситаҳои шабакаҳои алоқаи ҳудудӣ, идораҳои таъминкунандаи таҳвили бонги хатар ва маълумотдиҳӣ оид ба заминҷунбӣ;  

- ҳолати эҳтимолии заминҷунбӣ – баҳодиҳии пешгӯии оқибатҳои заминҷунбӣ бо таҳияи нақшаи амал оид ба рафъи он.

Моддаи 2. Асосҳои таъмин намудани бехатарии сейсмикӣ

1. Лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ бо истифодаи маводҳои сохтмонӣ ва конструксияҳои таъминкунандаи ҳисобкунии ба заминҷунбӣ тобоварии объектҳо гузаронда мешавад.

2. Ҳангоми аз нав ба шакли муайян даровардан, тарҳсозӣ ва таҷдиди биноҳо ва иншооти ба заминҷунбӣ ноустувори мавҷудбуда, барои таъмини бехатарии сейсмикӣ, корҳо аз рӯи мустаҳкамкунии конструксияҳои борбардор гузаронида мешаванд. Дар ин ҳолат тағйирдиҳии конструктивӣ вобаста аз шароити таъмини ба заминҷунбӣ тобоварии биноҳо ва иншоот, дар асоси натиҷаҳои санҷиш бо тартиби муқарраргардида қабул карда мешавад. Биноҳои куҳнасохт, ба ғайр аз ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, шаҳрсозӣ ва меъморӣ, ки таҷдид ва таъмири онҳо ғайриимкон аст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон карда мешаванд.

3. Таъмини бехатарии сейсмикии биноҳо ва иншоот бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовари амалкунанда, инчунин шартҳои техникӣ, нақшаи рушди ҳудудӣ ва нақшаҳои генералӣ иҷро карда мешавад.

4. Пойгоҳҳои муҳандисӣ-сейсмометрӣ дар объектҳои махсусан муҳим, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, барои назорати рафтори ин объектҳо ҳангоми заминҷунбӣ бояд насб карда шаванд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии сейсмикӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии сейсмикӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Мақсад ва принсипҳои бехатарии сейсмикӣ

1. Мақсади асосии бехатарии сейсмикӣ аз инҳо иборатанд:

- пешбурди сиёсати давлатӣ доир ба бехатарии сейсмикӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ;   

- таъмин намудани афзалияти принсипҳои омодагӣ, огоҳкунии пешакӣ ва рафъи оқибатҳо дар сиёсати давлатӣ ва байналмилалӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ;

- афзалияти баробари ҳамаи унсурҳои пасткунандаи хавфи сейсмикӣ;

- ҷалб намудани мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва байнидавлатӣ оид ба паст кардани хавфи сейсмикӣ;

- ҷалб намудани ташкилотҳои байналмилалӣ ба амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба паст намудани хавфи сейсмикӣ.

2. Таъмини бехатарии сейсмикӣ дар асоси принсипҳои зерин иҷро карда мешаванд:

- ҳалли маҷмӯии вазифаҳо оид ба паст намудани хавф барои ҳаёт ва молу мулки шаҳрвандон аз заминҷунбӣ;

- аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудани ҳамбастагии тарз ва усулҳои муҳандисию техникӣ, ташкилию иқтисодӣ оид ба паст намудани хавф;

- чорабиниҳои ҳавасмандгардонӣ оид ба баланд бардоштани тобоварии биноҳо ва иншоот ба заминҷунбӣ ва эътимоднокии фаъолияти онҳо ҳангоми заминҷунбиҳо;

- таъмин намудани шароит барои суғуртакунии ихтиёрии ҳаёт ва молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон аз заминҷунбӣ;

- танзими давлатӣ ва назорат аз болои фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ;

- шиносномадиҳии иморатҳо бо мақсади муайян намудани тобоварии онҳо ба заминҷунбӣ, осебпазирии биноҳо ва иншоот ба таъсири сейсмикӣ ва муқаррар кардани низоми истифодабарӣ; 

- экспертизаи давлатӣ ва мустақил, илмӣ, ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва асосноккунии иқтисодии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таъмини ба заминҷунбӣ тобоварии биноҳо, иншоот ва комплексҳо;  

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба таъмини эътимоднокии ба заминҷунбӣ тобоварии иморатҳои мавҷуда.

Моддаи 5. Вазифаҳои танзими давлатии бехатарии сейсмикӣ

Вазифаҳои танзими давлатии бехатарии сейсмикӣ инҳоянд:

- ҳифзи ҳаёти одамон, биноҳо ва иншоот, низоми таъмини ҳаёт ҳангоми заминҷунбӣ;

- аз тарафи мақомоти давлатӣ иҷро кардани чорабиниҳо оид ба паст намудани хатар барои ҳаёт ва молу мулки шаҳрвандон аз заминҷунбӣ.

Моддаи 6. Пешгӯии эҳтимолии заминҷунбӣ, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва огоҳкунии

пешакии аҳолӣ оид ба заминҷунбӣ

Пешгӯии эҳтимолии заминҷунбӣ, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ, огоҳкунии пешакии аҳолӣ оид ба заминҷунбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ  карда мешавад.

Моддаи 7. Объектҳои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ

Объектҳои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ аз нуқтаи назари баҳодиҳӣ ва паст намудани хавфи сейсмикӣ инҳоянд:

- ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- воҳидҳои маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маҷмааҳои давлатӣ, мудофиавӣ, саноатӣ, агросаноатӣ, энергетикӣ, илмию техникӣ, иншооти гидротехникӣ, маҷмааҳои тандурустӣ ва маориф;

- биноҳо, иншоот, ёдгориҳои ғайриманқули таърихӣ ва фарҳангӣ;

- низоми роҳҳои муҳандисӣ-нақлиётӣ, лӯлаҳои газӣ, хати обкашонӣ ва таъминоти барқӣ.

Моддаи 8. Таснифи объектҳои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ

1. Объектҳои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ аз рӯи аҳамият чунин таснифот мешаванд:

- аҳамияти умумидошта;

- муҳим;

- махсусан муҳим.

2. Феҳристи объектҳои фаъолият оид ба таъмини бехатарии сейсмикиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ

Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии сейсмикӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии сейсмикӣ мансубанд:

- пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ;

- тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба паст кардани хавфи сейсмикӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ;

- муқаррар намудани тартиби додани иҷозатномаҳо барои кор ҷиҳати таъмини бехатарии сейсмикӣ;

- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 10. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ):

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ):

- самтҳои асосии сиёсати давлатиро оид ба бехатарии сейсмикӣ таҳия менамояд; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1826)

- фаъолияти мақомоти дигари давлатиро вобаста ба масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ ҳамоҳанг месозад; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1826)

- корҳои гузаронидашавандаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ва хавфи сейсмикӣ ҳамоҳанг месозад;

- харитаҳои баҳодиҳии хатарҳои сейсмикиро барои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;

- пешгӯии имконпазирии заминҷунбии шадидро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар масофаи хатарноки аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойдошта тасдиқ менамояд;

- дар баҳодиҳии осебпазирии фаврии биноҳо ва иншоот бо мақсади паст кардани хатари сейсмикӣ дар минтақаҳои дорои хатари баланди сейсмикӣ иштирок менамояд;

- барномаҳои давлатиро оид ба бехатарии сейсмикӣ таҳия менамояд; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1826)

- барномаҳои илмию техникиро дар самти таъмини бехатарии сейсмикӣ таҳия менамояд;

- тавсияҳоро барои омодасозӣ ва омӯзиши аҳолӣ оид ба рафтор дар вақти заминҷунбиҳо таҳия менамояд;

- барномаҳои илмию техникиро дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва истифодаи бехатари биноҳо ва иншоот таҳия менамояд;

- хориҷ карда шуд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1826)

- хориҷ карда шуд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1826)

- таҳқиқ ва баҳодиҳии тобоварии сейсмикии бино ва иншоот, махзани маълумотҳо ҷиҳати  осебпазирии бино ва иншоотро зери таъсироти сейсмикӣ ташкил менамояд;

- назорати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулот ва конструксияҳоро амалӣ менамояд;

- ҳамоҳангсозии коркарди илмиро дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар амалӣ менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти дигари давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода:

- фаъолияти ташкилотҳоро дар татбиқи низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ ҳамоҳанг месозад;

- нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудро аз заминҷунбӣ таҳия менамояд;

- ҷамъоварӣ ва мубодилаи иттилоот оид ба ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд ва иттилоотонии ҷомеаро дар бораи хатари сейсмикӣ иҷро менамояд;

- захираҳои моддиву молиявӣ, маблағгузориро барои пешгирӣ ва рафъ намудани оқибатҳои заминҷунбӣ таъмин менамояд;

- нақшаи фаврии вокунишро оид ба заминҷунбиҳои эҳтимолӣ таҳия менамояд;

- омодагии доимии қувваҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва таҷҳизот (аз ҷумла сохторҳои вокуниши фаврӣ), сохторҳои махсус барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар амалиётҳои фавқулодаро дар минтақаҳои эпимарказии заминҷунбӣ ташкил менамояд;

- бо ташкилотҳои дигар оид ба муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва гузаронидани тадқиқот ва корҳои лоиҳакашӣ вобаста ба омодагӣ ба заминҷунбиҳои эҳтимолӣ ҳамкорӣ менамояд;

- барои коркардҳои нав оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ мусоидат менамояд;

- корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазирро ҳангоми  гузаронидани чорабиниҳо оид ба бехатарии сейсмикӣ ташкил ва амалӣ менамояд;

- якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор ҳолатҳои эҳтимолии заминҷунбиҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамояд;

- миқёс ва минтақаҳои паҳншавии оқибатҳои заминҷунбиро муайян менамояд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм:

- дар мувофиқа бо муассисаҳои махсусгардонидашуда дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар барномаҳои идоравиро таҳия менамояд;

- корҳоро ҷиҳати ташаккули барномаҳои мақсаднок оид ба таҳия ва нашри дастурҳои таълимӣ барои муассисаҳои таълимӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ, омӯзиш ва рафтори аҳолӣ ҳангоми заминҷунбии эҳтимолӣ ташкил менамояд;

- таҳияи барномаи  илмию тадқиқотӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ ва татбиқи онро таъмин менамояд;

- фаъолияти муассисаҳои таълимиро, сарфи назар аз тобеияти идоравии онҳо оид ба тайёр намудани мутахассисон барои барномаҳои таълимии касбӣ бо мақсади таъмини бехатарии сейсмикӣ ҳамоҳанг месозад;

- номгӯи адабиёти таълимӣ ва методиро барои муассисаҳои таълимӣ оид ба таъмин намудани бехатарии сейсмикӣ омода менамояд;

- китобхонаҳо ва муассисаҳои таълимиро бо иттилооти илмию техникӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ таъмин менамояд;

 - низоми ягонаи таълимиро оид ба бехатарии сейсмикӣ барои муассисаҳои таълимӣ ташкил менамояд;

 - тайёр ва бозомӯзии кадрҳоро оид ба сейсмологияи муҳандисӣ ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар таъмин менамояд.

. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ:

- риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии шаҳрсозиро назорат менамояд;

- барномаҳои соҳавиро оид ба масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ дар сохтмон таҳия менамояд;

- санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои бехатарии  сейсмикӣ дар соҳаи сохтмон таҳия ва татбиқ менамояд;

- таҳияи харитаҳои сейсмикии маҳалҳои аҳолинишинро ташкил ва назорат менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1826)

Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ:

- корҳоро оид ба паст кардани хавфи сейсмикӣ ва омода намудани аҳолӣ ба заминҷунбии шадид дар ҳудуди дахлдор ташкил менамояд;

- ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ дар ҳудуди дахлдор мусоидат менамояд;

- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

Моддаи 13. Вазифаҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи давлатӣ

1. Муассисаи махсусгардонидашудаи давлатӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ:

- тадқиқотҳои илмӣ, мушоҳидаҳо, назорати вазъ, пешгӯӣ ва огоҳкунӣ оид ба хавфи сейсмикӣ мегузаронад;

- мониторинги сейсмикии доимӣ, мушоҳидаҳои геофизикӣ, гидродинамикиро дар пойгоҳҳои статсионарӣ ва сайёр амалӣ менамояд;

- махзани маълумотҳо оид ба мушоҳидаҳои заминҷунбиҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷудомадаро пешгӯӣ ва онҳоро ташкил медиҳад;

- дар ҳолати рух додани заминҷунбии шадид бо ҷунбиши сатҳи замин бо шиддатнокии 5 балл ва зиёда аз он мутобиқи ҷадвали сейсмикии 12 балла дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадқиқотҳои макросейсмикиро дар минтақаҳои эпимарказӣ бо мақсади баҳодиҳии деформатсияи сатҳи замин, дараҷаи вайроншавии биною иншоот мегузаронад;

- пешгӯӣ ва баҳодиҳии хавфи сейсмикӣ, харитаҳои хавфи сейсмикии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, барномаҳои давлатиро оид ба хатари сейсмикӣ амалӣ менамояд;

- баҳодиҳии озмоишии хавфи сейсмикии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронад, аз усулҳои муосири пешгӯии заминҷунбиҳо, эҳтимолияти оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва усулҳои огоҳкунии онҳо истифода мебарад;

- низоми муосири огоҳкунии пешакии аҳолиро оид ба хавфи заминҷунбиҳо таҳия менамояд.

2. Муассисаи махсусгардонидашудаи давлатӣ дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар:

- барномаҳои давлатиро дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва хавфи сейсмикӣ тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд;

- дар баҳодиҳии фаврии осебпазирии биною иншоот бо мақсади коҳиш додани хавфи сейсмикӣ иштирок мекунад;

- баҳодиҳии экспертии сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва хавфи сейсмикиро мегузаронад;

- бо тартиби муқарраргардида корҳоро оид ба омӯзиши қоидаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобоварро ба аҳолӣ мегузаронад;

- низоми муҳофизати сейсмикии биною иншоотро ҷиҳати тобовар будани онҳо ба заминҷунбӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар таҳия менамояд.

Моддаи 14. Ташкили хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ

Ташкили хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ мутобиқи тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 15. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба бехатарии сейсмикӣ

Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба бехатарии сейсмикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

БОБИ 3.  БАҲОДИҲИИ ХАТАРИ СЕЙСМИКӢ

Моддаи 16. Баҳодиҳии хатари сейсмикӣ

1. Баҳодиҳии хатари сейсмикӣ ҳисобкунии шиддатнокии ҷунбиши сейсмикиро дар сатҳи замин бо эҳтимолияти зоҳиршавии он дар бар мегирад.

2. Тибқи натиҷаи баҳодиҳии хатари сейсмикӣ харитаҳои хатари сейсмикии ҳудудҳо бо нишон додани шиддатнокии ҷунбиши сейсмикӣ тартиб дода мешаванд.

3. Харитаҳои хатари сейсмикӣ барои таҳияи меъёрҳои ба лоиҳагирии сохтмонҳои ба заминҷунбӣ тобовар, нақшаи истифодабарии замин ва ҷойгиркунии аҳолии кишвар асос мебошанд.

4. Ҳангоми сохтмони шаҳрҳо ва маҳалҳои дигари аҳолинишин, лоиҳабандии объектҳои аҳамияти умумидошта, муҳим ва махсусан муҳим харитаҳои сейсмикӣ (харитаҳои сейсмикии микроноҳиябандӣ) бо назардошти нишон додани таркиби хокҳои маҳалҳо тартиб дода мешаванд.

Моддаи 17. Пешгӯии заминҷунбӣ

1. Бо мақсади пешгӯии заминҷунбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани мушоҳидаҳо, ҷамъоварӣ, интиқол ва таҳлили маълумоти сейсмикӣ, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ шабакаи ягонаи давлатӣ ташкил карда мешавад.

2. Шабака аз пойгоҳҳои мушоҳидавии сейсмикии миллӣ ва байналмилалӣ иборат буда, ба шабакаи умумиҷаҳонӣ ҳамроҳ карда мешавад. Мушоҳидаҳои шабонарӯзии бисёрҷанбаи (бисёрпараметрии) сейсмикӣ бевосита дар пойгоҳҳои сейсмикӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои бадастомада ба мақоми ваколатдори давлатӣ, Маркази ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти сейсмикӣ расонида мешаванд. Пас аз гузаронидани таҳлили дақиқи экспертӣ, иттилооти мазкур, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

 

3. Бо мақсади таъмин намудани иттилооти эътимоднок оид ба ҳодисаҳои табиӣ ва осебнопазирии мушоҳидаҳо дар атрофи пойгоҳҳои мушоҳидавӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи муҳофизатӣ ташкил карда мешавад.

БОБИ 4.  БАҲОДИҲӢ ВА ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ СЕЙСМИКӢ

Моддаи 18. Баҳодиҳии хавфи сейсмикӣ

1. Пешбинии имконпазири талафоти ҷонӣ, моддӣ ва талафоти дигар, ки бар асари заминҷунбии шадид рух медиҳад, баҳодиҳии хавфи сейсмикӣ ба ҳисоб меравад.

2. Тибқи натиҷаи баҳодиҳии хавфи сейсмикӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ харитаҳои гуногунмиқёси хавфи сеймикӣ тартиб дода тасдиқ карда мешаванд, ки онҳо ҳамчун асос барои барномаҳо оид ба паст намудани оқибатҳои эҳтимолии заминҷунбӣ (хавфи иқтисодӣ) истифода мешаванд.

Моддаи 19. Вазифаҳои асосии паст кардани хавфи сейсмикӣ

1. Вазифаҳои асосии паст кардани хавфи сейсмикӣ инҳоянд:

- паст кардани осебпазирии ҳудуд ва иншоот;

- баланд бардоштани огоҳонӣ ва омодагии аҳолӣ;

- омода намудани мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои идоракунии хавфи сейсмикӣ;

- ташкил намудани низоми огоҳкунии пешакии аҳолӣ оид ба заминҷунбӣ;

- омодагии тиббӣ;

- тақвият додани қувваҳои зудамал;

- барқарор намудани минтақаҳои аз заминҷунбии шадид зарардида ва офияти аҳолӣ.

2. Паст намудани хавфи сейсмикӣ мутобиқи барномаҳои комплексии давлатӣ оид ба паст кардани хавфи сейсмикӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 20. Тартиби рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ

1. Рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ марҳила ба марҳила, мутобиқи барномаҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад.

2. Барномаҳои давлатии рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ бо ҷалб намудани муассисаҳои илмию таҳқиқотии махсусгардонидашуда, идораҳои дахлдор, мутахассисони соҳаи сейсмология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳия гардида, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Барномаҳои давлатии рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ дар асоси таҳлили ҳолатҳои эҳтимолии  заминҷунбӣ, маълумот оид ба эҳтимолияти зарари расонидашуда аз таъсири заминҷунбӣ таҳия гардида, барқароркунии бонавбати биною иншооти осебдидаро муқаррар менамояд.

4. Рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ ба таври зерин амалӣ гардонида мешавад:

- гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва пешгирию садамавӣ;

- гузаронидани муоинаи фаврӣ ва дақиқи иншооти шаҳрҳо ва маҳалҳои дигари аҳолинишине, ки аз заминҷунбӣ зарар дидаанд;

- муайян намудани зарари бевосита аз заминҷунбӣ расида;

- мутобиқи натиҷаи муоина муайян намудани биною иншооте, ки бояд вайрон, барқарор ё мустаҳкам карда шаванд, бо таҳия намудани лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва мустаҳкамкунӣ;

- бунёди сохтмонҳои нав, барқарор ва мустаҳкамкунии бино ва иншооти аз заминҷунбӣ зарардида, гузаронидани азнавсозии нақшавии сохтмон, бо назардошти оқибатҳои заминҷунбӣ.

Моддаи 21. Чорабиниҳо оид ба баҳодиҳии зарар аз заминҷунбӣ

1. Баҳодиҳии зарари моддӣ аз заминҷунбиҳо бо роҳи ташкил намудани ситоди зудамал оид ба муайян намудани зарар бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ситоди зудамал оид ба муайян намудани зарар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

2. Дар минтақаҳое, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, бо қарори якҷояи ситоди зудамал  ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳо оид ба муайян намудани зарари расонидашуда ташкил карда мешаванд.

3. Ба ҳайати комиссияҳо намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмон, оид ба ҳолатҳои фавқулода, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони ташкилотҳои суғурта, молия ва мутахассисони ташкилотҳои лоиҳакашӣ, илмию тадқиқотӣ оид ба сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар шомил карда мешаванд.

Моддаи 22. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба барқароркунии объектҳои зарардида

1. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба барқароркунии объектҳои зарардида аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин манбаъҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, таъмин карда мешавад.

2. Ҷуброни зарари ба молу мулки суғурташуда расонидашуда, аз тарафи ташкилотҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғурта пардохт карда мешаванд.

3. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба барқароркунии биноҳо ва иншоот, ки ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ворид карда шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ

ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ

Моддаи 23. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ

1. Шахсони воқеӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқҳои худро барои ҳаёт, ҳифзи саломатӣ ва моликият бо роҳҳои зерин амалӣ менамоянд:

- дастраси иттилооти пурра ва дақиқ оид ба сатҳи хатари сейсмикӣ барои ҳудуди дахлдор;

- дастрасии маълумот оид ба қоида ва меъёри рафтор ҳангоми заминҷунбӣ ва омодагӣ ба он;

2. Шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд:

- мутахассисонро дар ҳолати зарурӣ барои ба кормандон омӯзонидани тарзҳои ҳимоя ва амалиёт ҳангоми заминҷунбӣ ҷалб намоянд;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида оид ба таҳдид ё рух додани заминҷунбӣ баъд аз гирифтани иттилои расмӣ кормандонро сари вақт огоҳ ва хабардор намоянд;

- дар ҳолати зарурӣ сохтмони иншооти муҳандисии муҳофизатӣ ва нигоҳдории онҳоро дар ҳолати омодагӣ, сари вақт маблағгузорӣ намоянд.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҷуброни зарари аз заминҷунбӣ расида, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Моддаи 24. Уҳдадориҳои шахсони воқеӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ

Шахсони воқеӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, уҳдадоранд:

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бехатарии сейсмикӣ риоя намоянд;

- оид ба омодагии пешакӣ ба заминҷунбиҳо бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва моликият чораҷӯӣ намоянд;

- ба шаҳрвандони муҳтоҷ дар вақти заминҷунбиҳо ёрӣ расонанд;

- талаботи қонунии кормандони давлатиро ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои мансабиашон дар омодагӣ ба заминҷунбиҳо ва рафъи оқибатҳои он иҷро намоянд.

Моддаи 25. Уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ

Шахсони ҳуқуқие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, уҳдадоранд:

- иттилоотро ба мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба гузаронидани чорабиниҳои бехатарии сейсмикӣ пешниҳод намоянд;

- чораҳои заруриро оид ба ҳифзи кормандон ва объектҳои таъйиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ аз заминҷунбӣ ба нақша гиранд, маблағгузорӣ намоянд ва амалӣ созанд;

- омӯзиши кормандонро оид ба усулҳои ҳифз ва рафтор дар ҳолатҳои фавқулода ҳангоми таъсири сейсмикӣ ба роҳ монанд;

- низоми огоҳкуниро дар маҳалҳо ташкил дода, дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доранд, кормандонро оид ба таҳдиди эҳтимолӣ ё рух додани заминҷунбӣ сари вақт огоҳ намоянд;

- устувории фаъолияти объектҳо ва кормандонро ҳангоми заминҷунбиҳо таъмин намоянд;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида манбаъҳои моддӣ ва захираҳои молиявиро барои таъмини бехатарии сейсмикӣ ташкил намоянд;

- барои гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар объектҳои тобеи муассиса мутобиқи нақшаҳои огоҳкунӣ ва рафъи оқибатҳои заминҷунбӣ мусоидат намоянд;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида чорабиниҳо оид ба тахлия ва омодагии пешакиро вобаста ба ҷойгиркунии одамон дар ҳудуди корхонаҳо амалӣ намоянд;

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бехатарии сейсмикӣ риоя намоянд.

БОБИ 6.  ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ОИД БА БЕХАТАРИИ СЕЙСМИКӢ

Моддаи 26. Ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ бо назардошти принсипҳои зерин иштирок менамояд:

- пешниҳод намудани иттилоот ба давлатҳои ҳамсарҳад оид ба пешгирии заминҷунбиҳои шадид ва рафъи оқибатҳои онҳо;

- кумаки байниҳамдигарии давлатҳо дар рафъи оқибатҳои заминҷунбиҳо;

- ҳалли баҳсҳои бамиёномада дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ.

 

Моддаи 27. Фаъолияти ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати огоҳкунии пешакӣ ва рафъи оқибатҳои заминҷунбиҳо

Фаъолияти ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати огоҳкунии пешакӣ ва рафъи оқибатҳои заминҷунбиҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ  РАҲМОН

 

      ш. Душанбе

30 майи соли 2017

          № 1416

 

 

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ РАҚОБАТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1417
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
30.05.2017

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ РАҚОБАТ

(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1912, аз 15.03.2023 № 1857)

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 феврали соли 2017 № 686

 қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 майи соли 2017 № 383

ҷонибдорӣ карда шуд.

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳимояи рақобатро муайян намуда, муносибатҳоро оид ба ташкил ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди рақобат, фаъолияти самарабахши бозорҳои мол, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур нисбати муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба ҳимояи рақобат, аз ҷумла огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона дар бозорҳои мол ва молиявӣ равона гардидаанд. Дар ин муносибатҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони хориҷӣ, соҳибкорони инфиродӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилотҳои давлатие, ки ваколатҳои онҳоро амалӣ менамоянд, инчунин фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

2. Қонун ба ҳама намуд амалҳо ва созишномаҳои (аҳдҳои) ба рақобат таъсиркунандаи аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар ташкилотҳо содир ё басташуда, инчунин ба аҳдҳо ва муносибатҳои вобаста ба воситаҳои асосии истеҳсолот, дороиҳои ғайримоддӣ ё саҳмияҳо ва ҳиссаҳои субъектҳои хоҷагидор, ҳуқуқҳои вобаста ба ташкилотҳои тиҷоратие, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, татбиқ мегардад.

3. Қонун инчунин нисбат ба созишномаҳои аз ҷониби мақомот ва шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраргардида, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд ва ҳамчунин нисбат ба амалҳои содиршавандаи онҳо, агар чунин созишномаҳо ва амалхо ба маҳдудияти рақобат дар бозори мол оварда расонанд ё метавонанд биёранд, татбиқ карда мешавад.

4. Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои вобаста ба истифодаи объектҳое, ки дорои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мебошанд, паҳн намегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки созишномаҳо (аҳдҳо) ва бақайдгирии истифодабарии онҳо ба маҳдудкунии рақобат нигаронида шуда бошанд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- бозори мол - соҳаи муомилоти мол ё молҳои боҳамивазшаванда, ки вобаста ба имконияти иқтисодӣ, ҳудудӣ ва технологии харидор барои ба даст даровардани мол муайян карда мешавад;

- бозорҳои танзимшаванда - бозорҳои моле, ки дар онҳо танзими давлатии нархҳо мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешаванд;

- гурӯҳи шахсон - маҷмӯи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба як ё якчанд аломат ва шартҳои дахлдори пешбининамудаи Қонуни мазкур мувофиқат мекунад;

- ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ - аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдоре, ки вазифаҳои мақомоти зикргардидаро амалӣ месозанд, додани имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) бартарият ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор, ки ба онҳо шароити муфиди фаъолиятро дар бозорҳои мол ва молиявӣ (кор, хизматрасонӣ) таъмин менамоянд;

- истеъмолкунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки мол (кор, хизматрасонӣ)-ро ба даст меорад;

- мутамарказияти (консентратсияи) иқтисодӣ - ахдҳо ва дигар амалҳо, аз ҷумла таъсис ва азнавташкилдиҳии (якҷояшавӣ, муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавии) субъектҳои хоҷагидор, аҳдҳо вобаста ба саҳмияҳо, ҳиссаҳо ва моликияти субъектҳои хоҷагидор, ки ҳуқуқи амали онҳо ба вазъи рақобат таъсир мерасонад;

- мол - объекти ҳуқуқҳои гражданӣ (кор, хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии молиявӣ), ки барои фурӯш, мубодила ё навъи дигари ба муомилоти гражданӣ баровардани он пешбинӣ шудааст;

- молҳои боҳамивазшаванда - гурӯҳи молҳое, ки аз рӯи таъйинот, тарзи истифодабарӣ, тавсифоти сифатӣ ва техникӣ, нарх ва дигар хусусиятҳояшон тавре қиёспазиранд, ки харидор воқеан метавонад як молро дар ҷараёни истеъмол (аз ҷумла ҳангоми истеҳсол) ба моли дигар иваз кунад;

- мавқеи ҳукмфармоӣ - мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) дар бозори моле, ки ивазкунанда ва ё молҳои боҳамивазшаванда (минбаъд - моли муайян) надоранд, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳанд ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонанд ё ворид шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонанд;

- муқоисаи номуносиб - муқоиса ё мулоҳизае, ки рақиби алоҳида ё рақибонро дар маҷмӯъ, инчунин молҳои истеҳсолшаванда ё фурӯхташавандаро нисбати моли субъектҳои хоҷагидори дигар бадном мекунад;

- мониторинги бозорҳои мол ва молиявӣ - гузаронидани таҳлили иқтисодӣ дар бозори моли муайян (кор, хизматрасонӣ), ошкор кардан ва пешгирӣ намудани зуҳуроти ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар натиҷаи суиистифода намудани мавқеи ҳукмфармоӣ ё инҳисорӣ ба амал меоянд, ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудаи соҳаи инҳисории табиӣ;

- нархи баланди инҳисории мол - нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол, агар ин нарх аз маблағи хароҷоти истеҳсол ва фурӯши аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокгардидаи мол ва даромад, инчунин аз нархи дар шароити рақобат дар бозори моли муқоисашаванда муқаррарнамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд ва дар бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, хеле баланд бошад.

- нархи пасти инҳисории мол - нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол, ки агар аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол камтар аст ё нархи моли дар бозори мол муқаррарнамудаи субъекти хоҷагидори мавқеи ҳукмфармоидошта, ки аз нархи дар шароити рақобат дар чунин бозори моли муқоисашаванда муайяннамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил намебошанд ва дар чунин бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, пасттар мебошад;

- нархи баланди беасоси хизматрасонии молиявӣ ва нархи пасти беасоси хизматрасонии молиявӣ - нархи хизматрасонии молиявии муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо, ки аз нархи дар шароити рақобат амалкунанда дар бозори хизматрасонии молиявӣ фарқият дошта, барои ба бозор ворид гардидани дигар ташкилотҳои молиявӣ маҳдудият эҷод менамояд ва (ё) ба ҳолати рақобат дар бозори мол таъсири манфӣ мерасонад;

- нархи рақобатноки хизматрасонии молиявӣ - нархе, ки тибқи он дар шароити рақобат мумкин аст хизматрасонии молиявӣ расонида шавад;

- нишонаҳои рақобати бевиҷдонона - кам гардидани шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд, баланд ва (ё) паст гардидани нархи моле, ки бо тағйироти дахлдори дигар шароити умумии муомилоти мол дар бозори мол алоқаманд нест, даст кашидани субъектҳои хоҷагидори ба як гурӯҳи шахсон шомил набуда аз фаъолияти мустақилона дар бозори мол, муайян намудани шартҳои умумии муомилоти мол дар бозорҳои мол бо роҳи ноилшавӣ ба созиши байни субъектҳои хоҷагидор ё тибқи дастури барои иҷро ҳатмии дигар шахсон ва ё дар натиҷаи мувофиқаи (аҳди) амалҳои худ дар бозори мол аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори ба як гурӯҳи шахсон шомилнабуда, дигар ҳолатҳое, ки ба субъекти хоҷагидор ва ё якчанд субъекти хоҷагидор имконияти таъсиррасонии яктарафаро ба шароитҳои умумии муомилоти мол дар бозори мол муҳайё месозанд;

- рақобат - мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки дар он амали мустақилонаи ҳар яки онҳо, имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароитҳои умумии муомилоти мол дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ)-и дахлдор самаранок маҳдуд менамояд;

- рақобати бевиҷдонона - ҳама гуна амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба дигар субъектҳои хоҷагидор - рақибон зарар расонидааст ё метавонад расонад ва ё ба обрӯи кории онҳо зиён расонидааст ё метавонад расонад;

- субъектҳои хоҷагидор - шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратие, ки фаъолияти онҳо барои ба даст овардани фоида равона шудааст, инчунин шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд;

- созишнома - созиши миёни субъектҳои хоҷагидор, ки дар шакли хаттӣ дар як ё якчанд ҳуҷҷатҳо инъикос ёфтааст, инчунин созише, ки дар шакли шифоҳӣ ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд;

- созишномаи (амали мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидор, ки рақобатро маҳдуд менамояд - амали субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол, ки натиҷаи иқтисодии онҳо танҳо дар он сурат барои ҳар яке аз чунин субъектҳои хоҷагидор фоидаовар мегардад, агар дигар субъектҳои хоҷагидор ба таври мушобеҳ ё бо усули барои ҳар яке аз чунин субъектҳои хоҷагидор пешакӣ маълум амал кунанд ва агар чунин амал боиси иҷозат надодан, маҳдуд сохтан ё барҳам додани рақобат дар бозори мол гардидааст ё метавонад гардад;

- созишномаҳои уфуқӣ (картел) - амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои ҳоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда (рақобаткунандагони эҳтимолӣ) ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки ба фаъолияти мунтазами бозор таъсири манфӣ расонида ва ба маҳдудияти бозори мол равона карда шудаанд;

- созишномаҳои амудӣ - созиши байни субъектҳои хоҷагидоре, ки яке аз онҳо харидори мол ё харидори эҳтимолии мол ва дигаре таҳвилгар ё фурӯшандаи эҳтимолии мол мебошанд;

- таҳлили иқтисодӣ - муайян намудани ҳолати рақобат, ошкор кардани субъектҳои хоҷагидори дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро соҳиббуда бо мақсади таҳияи чораҳое, ки ба ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ равона карда мешаванд;

- фаъолияти инҳисорӣ - суиистифода кардани субъекти хоҷагидор (субъекти бозор), гурӯҳи шахсон аз мавқеи ҳукмфармоӣ, созиш ё иҷрои амалҳои мувофиқашудаи худ, ки бо қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд;

- хизматрасонии молиявӣ - хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ, дар бозори коғазҳои қиматнок, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, лизингӣ, клирингӣ, ломбард, инчунин хизматрасониҳое, ки бо ҷалб намудан ва (ё) ҷойгиркунии маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд;

- ташкилотҳои молиявӣ - шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ, лизингӣ, клирингӣ, ломбард, хизматрасонӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, инчунин хизматрасониҳои вобаста бо ҷалб намудан ва (ё) ҷойгиркунии маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ менамоянд;

- ба даст овардани саҳмия ва ҳиссаи сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор - харид ё ба даст овардани имкониятҳои амалисозии ҳуқуқи овоз ба воситаи саҳмияҳо ва ҳиссаҳои субъектҳои хоҷагидор дар асоси шартномаҳои ба боварӣ асосёфтаи идоракунии молик, шартномаҳои фаъолияти якҷоя ва дигар аҳдҳо;

- шартҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ) - шартҳои ворид шудан ба бозори мол, иваз кардан, истеъмол намудан, ба даст овардан, истеҳсол, фурӯш ва интиқоли моле, ки як ё якчанд субъектҳои хоҷагидорро дар муқоиса бо як ё якчанд субъектҳои хоҷагидори дигар дар мавқеи нобаробар мегузоранд;

- шахсони бонуфуз - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, қобилияти ба субъектҳои хоҷагидор, инчунин ба бозори мол таъсир расониданро доранд;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ - мувофиқаи амалҳои субъектҳои хоҷагидор аз тарафи шахси сеюм, ки ба ягон гурӯҳи шахсони ҳамин гуна субъектҳои хоҷагидор дохил намебошад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТИ ИНҲИСОРӢ ВА РАҚОБАТИ БЕВИҶДОНОНА

Моддаи 4. Мавқеи ҳукмфармоӣ

1. Мавқеи махсуси субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ва ё якчанд субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) дар бозори моли муайян (кор, хизматрасонӣ) дар ҳолате мавқеи ҳукмфармоӣ ҳисобида мешавад, ки ба чунин субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳҳои шахсон) имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли муайян таъсири ҳалкунанда расонад ё ворид шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозори мол мушкил гардонад.

2. Мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолате мавқеи ҳукмфармоӣ шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз зиёд мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор сарфи назар аз баланд будани андозаи нишондода мавқеи ҳукмфармо надоштани худро дар бозор исбот карда тавонад.

3. Мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолатҳое низ ҳукмфармо эътироф мегардад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз камро ташкил диҳад, агар ин аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз рӯи ҳиссаи бетағйири субъекти хоҷагидор дар бозор нисбат ба андозаи нисбии ҳиссаи дар бозор ба рақибон тааллуқдошта ва (ё) имконияти ба ин бозор ворид гардидани рақибони нав ё дигар меъёрҳои тавсифкунандаи бозори мол, муқаррар гардида бошанд. Мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолате ҳукмфармо эътироф намегардад, агар ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз понздаҳ фоиз зиёд набошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва 6 моддаи мазкур.

4. Мавқеи ҳар кадоме аз якчанд субъектҳои хоҷагидор (ба истиснои ташкилотҳои молиявӣ) ҳукмфармо эътироф мегардад, агар субъектҳои хоҷагидор расман исбот накарда бошанд, ки мавқеи онҳо ҳукмфармо намебошад ва нисбати онҳо шартҳои зайл иҷро мегарданд:

- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз се субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар бозори мазкур аз панҷоҳ фоиз зиёдтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, меъёри мазкур татбиқ намегардад;

- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз панҷ субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар бозори мазкур аз ҳафтод фоиз зиёдтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, меъёри мазкур татбиқ намегардад;

- андозаи нисбии ҳиссаи чунин субъектҳои хоҷагидор устувор аст, ё ба ҳамин бозори мол дастрасии рақибони нав маҳдуд мебошад;

- моли аз ҷониби чунин субъектҳои хоҷагидор фурӯхташаванда (харидашаванда) наметавонад дар раванди истеъмол (аз ҷумла истеҳсолот) ба моли дигар иваз карда шавад, болоравии нархи мол боиси чунин тағйироти дахлдор дар пастравии талаботи хоси мол шуда наметавонад.

5. Тартиби эътироф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори хизматрасонии молиявӣ фаъолият менамоянд, аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

6. Мавқеи ташкилотҳои молиявӣ дар ҳолате ҳукмфармо ҳисобида мешаванд, агар:

- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз ду ташкилоти молиявӣ, ки ба онҳо ҳиссаи бештар дар бозори дахлдори хизматрасонии молиявӣ тааллуқ дорад, аз панҷоҳ фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад;

- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз се ташкилоти молиявӣ, ки ба онҳо ҳиссаи бештар дар бозори дахлдори хизматрасонии молиявӣ тааллуқ дорад, ҳафтод фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад.

7. Мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар асоси таҳлил ва арзёбии бозори моли муайян аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муқаррар карда мешавад. Ҳангоми гузаронидани таҳлил маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои молиявӣ, иттиҳодияҳои ташкилотҳои молиявӣ, маълумоти маркетингӣ, тадқиқоти сотсиологӣ, пурсиши интихобӣ ва саволномаи субъектҳои бозор, шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маълумоти тадқиқоти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, коршиносон, инчунин дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода карда мешавад.

8. Мавқеи субъекти хоҷагидор - субъекти монополияи табиӣ дар бозори мол, ки дар ҳолати инҳисории табиӣ қарор дорад, ҳукмфармо мебошад.

Моддаи 5. Намудҳои фаъолияти инҳисории маҳдудкардашуда

Ба намудҳои фаъолияти инҳисории маҳдудкардашуда дохил мешаванд:

- созишномаҳои зиддирақобатии субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол;

- амалҳои мувофиқашудаи зиддирақобатии субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол;

- суиистифодаи субъектҳои хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори мол.

Моддаи 6. Намудҳои созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор

Ба созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор дохил мешаванд:

- созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда ва ё рақобаткунандагони эҳтимолӣ дар як бозори мол (созишномаҳои уфуқӣ - картел);

- созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобат надоштае, ки яке аз онҳо харидори мол ё харидори эҳтимолии мол ва дигар бошад, молро пешниҳод мекунад ё таҳвилгари эҳтимолӣ ва ё фурӯшандаи эҳтимолии мол маҳсуб меёбад (созишномаҳои амудӣ).

Моддаи 7. Созишномаҳои (амалҳои мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидоре, ки рақобатро маҳдуд мекунанд

1. Бастани шартномаҳо, дигар ахдҳо, созишномаҳо ё анҷом додани амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори як мол (молҳои боҳамивазшаванда) амал менамоянд, ҳамчун картел эътироф гардида, манъ карда мешаванд, агар онҳо боиси натиҷаҳои зерин гарданд ё гардида метавонанд:

- муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), тахфиф, изофапулӣ (иловапулӣ), нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё амалҳои дигар;

- баланд бардоштан, паст кардан ё дастгирии нарх дар музоядаҳо ва савдо;

- муштаракона ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, тақсими бозор тибқи аломатҳои ҳудудӣ, аз рӯи ҳаҷми фурӯш ё харид, аз рӯи навъҳои молҳои фурӯхташаванда ё вобаста ба доираи фурӯшандаҳо ё харидорон (фармоишгарон);

- маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;

- маҳдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилоот дар бораи вазъи бозор маҳрум намудани субъектҳои хоҷагидор;

- рад намудани бастани шартнома бо фурӯшандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;

- ба зиммаи тарафҳои шартнома вогузоштани шарте, ки барояшон судманд нест ва ба мавзӯи шартнома алоқаманд намебошад (талаби беасос супурдани воситаҳои молиявӣ, молу мулки дигар, ҳуқуқҳои молу мулкӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки тарафҳои шартнома ба онҳо ҳавасманд нестанд ва амалҳои дигар);

- барои харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва тарзи дигар беасос мебошанд;

- коҳиш ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷот ё фармоишот, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо вуҷуд дорад;

- муҳайё сохтани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиҳодияҳои касбӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ки ба роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат оварда мерасонад ё метавонад оварда расонад.

2. Амали субъектҳои хоҷагидор дар он сурат мувофиқашуда эътироф мегардад, ки он бо амали дигар субъектҳои хоҷагидор алоқаманд бошад ва ба тағйирёбии шароити умумии муомилоти мол, ки ба андозаи баробар ба субъектҳои хоҷагидор дар бозори моли дахлдор таъсир мерасонад, вобаста набошад.

3. Ба субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори як мол амал мекунанд, бастани созишномаҳо ё анҷом додани амалҳои мувофиқашуда, ки дар натиҷаи он ҳолатҳои роҳ надодан, маҳдуд сохтан, бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои дигар субъектҳои хоҷагидор ҷой доранд ё ҷой дошта метавонанд, манъ аст.

4. Ба субъектҳои хоҷагидори дар бозори моли дахлдор байни худ рақобат надошта, ки мол (молҳои ҳамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фароҳам меоваранд (фурӯшандагони имконпазир), бастани созишномаҳои амудӣ ё анҷом додани амали мувофиқашуда (ба истиснои созишномаҳои амудие, ки тибқи муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур ҷоиз эътироф шудаанд) манъ аст, агар:

- чунин созишномаҳо ё амалҳои мувофиқашуда ба роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат оварда расонанд;

- чунин созишномаҳо ба муқаррар кардани нархи фурӯши такрории мол таъсир расонанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки фурӯшанда ба харидор нархи ниҳоии фурӯши такрории молро муайян мекунад;

- созишномаҳое, ки харидорро барои нафурӯхтани моли субъекти хоҷагидоре, ки рақиби фурӯшанда мебошад, уҳдадор менамоянд.

5. Маҳдудияти мазкур ба шартномаҳо оид ба фурӯши моли дорои тамғаи молӣ ё дигар воситаҳои фардикунонии фурӯшанда ва истеҳсолкунанда паҳн намегардад.

6. Ба субъектҳои хоҷагидори дар бозорҳои моли дахлдор байни худ рақобат надоштае, ки мол (молҳои ҳамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фароҳам меоваранд (фурӯшандагони имконпазир), бастани созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашуда манъ аст, агар дар натиҷаи бастани чунин созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда ҳолатҳои роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ҷой дошта бошанд ё ҷой дошта тавонанд.

7. Ба иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор амалӣ гардонидани ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкории шахсони ҳуқуқӣ, ки дар натиҷа рақобат маҳдуд мегардад ё метавонад маҳдуд гардад, манъ аст.

8. Вайрон кардани талаботи зикршуда барои бо даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ва бо тартиби судӣ барҳам додани иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро ҳамоҳанг месозанд, асос шуда метавонанд.

Моддаи 8. Имконпазирии созишномаҳои амудӣ

1. Созишномаҳои амудӣ дар ҳолатҳои зерин ҷоиз эътироф мешаванд, агар:

- созишномаҳои амудӣ дар шакли хаттӣ (ба истиснои шартномаҳои амудии байни ташкилотҳои молиявӣ), ҳамчун шартномаҳои консессияи тиҷоратӣ баста шуда бошанд;

- созишномаҳои амудии байни субъектҳои хоҷагидор (ба истиснои шартномаҳои амудии байни ташкилотҳои молиявӣ), ки ҳиссаи ҳар яке аз онҳо дар дилхоҳ бозори мол, нисбати онҳое, ки шартнома баста мешавад, на зиёда аз панҷ фоиз бошад.

2. Субъектҳои хоҷагидор пеш аз бастани созишномаҳои амудие, ки тибқи Қонуни мазкур ҷоиз эътироф гардидаанд, уҳдадоранд ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ оид ба санҷиши мутобиқатии лоиҳаи созишномаи басташаванда ба талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Моддаи 9. Суиистифодаи субъекти хоҷагидор

Амали (беамалии) субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), ки натиҷаи он боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ва (ё) халалдор намудани манфиати дигар субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) гардидаанд ё мегарданд, манъ аст, аз ҷумла:

- аз муомилот гирифтани молҳо, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгирӣ намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;

- ба зиммаи тарафҳои шартнома вогузоштани талаботи барояшон муфиднабуда ё ба мавзӯи шартнома дахл надошта (талаби беасоси додани воситаҳои молиявӣ, молу мулки дигар, ҳуқуқи молумулкӣ, қувваи корӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки тарафҳои шартнома, аз ҷумла истеъмолкунанда, ба онҳо ҳавасманд нест ва талаботи дигар);

- ба шартнома ворид намудани шартҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ), ки тарафҳои шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;

- мамониат кардан ба субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми ворид шудан ба бозор (баромадан аз бозор);

- вайрон кардани тартиби нархгузорӣ, ки бо санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст;

- муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;

- ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва тарзи дигар беасос мебошанд;

- фароҳам овардани шароити табъизӣ (дискриминатсионӣ);

- беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онҳоро фармудаанд, агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;

- беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (фармоишдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад;

- бе огоҳкунии пешакии (пешниҳоди иттилооти) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҷорӣ намудани нархҳо (тарифҳо) ва даровардани тағйироти дахлдор ба онҳо.

Моддаи 10. Нархи баланди инҳисории мол

1. Нархи муқаррарнамудаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори моли муайян дар ҳолате нархи баланди инҳисории мол ҳисобида мешавад, ки дар шароити рақобат дар бозори мол ва муомилоти мол бо чунин нишонаҳо ташаккул ёфтааст:

1) баланд бардоштани нархи қаблан муқарраргардидаи мол (кор, хизматрасонӣ);

2) хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол бетағйир мондааст ва ё тағйироти онҳо ба тағйирёбии нархи мол мутобиқат намекунад;

3) шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла вобаста ба чораҳои танзими давлатӣ, бо назардошти андозбандӣ, танзими тарифӣ (нарх) бетағйир мондаанд ва ё тағйирёбии онҳо ба тағйирёбии нархи мол номутаносиб мебошанд;

4) нигоҳ доштан ва ё паст накардани нархҳои қаблан муқаррарнамудаи мол, агар дар баробари ин, дар маҷмӯъ шартҳои зерин татбиқ карда шаванд:

- хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ) ба таври назаррас кам шуда бошад;

- шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла вобаста ба чораҳои танзими давлатӣ, бо назардошти андозбандӣ, танзими тарифӣ (нарх) имконияти тағйирёбии нархи молро бо тамоюли коҳишёбии он таъмин намоянд.

2. Нархи моле (кор, хизматрасонӣ), ки субъекти монополияи табиӣ дар ҳудудҳои тарифӣ ба чунин мол муайяннамудаи мақомоти танзимкунандаи монополияи табиӣ муқаррар кардааст, ҳамчун нархи баланди инҳисорӣ эътироф намегардад.

Моддаи 11. Нархи пасти инҳисории мол

1. Нархи аз ҷониби субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори моли муайян дар ҳолате нархи пасти инҳисории мол муқарраршуда ҳисобида мешавад, ки дар шароити рақобат дар бозори мол ва муомилоти мол, бо чунин нишонаҳо ташаккул ёфтааст:

- муқаррар намудани нархи паст аз нархи қаблан муқарраргардидаи мол (кор, хизматрасонӣ);

- агар хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол зиёд гардида бошад;

- шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла чораҳои танзими давлатӣ, бо назардошти андозбандӣ, танзими тарифӣ (нарх) боиси тағйирёбии номутаносиби нарх гардида бошанд.

2. Нархи мол дар ҳолатҳои зерин нархи пасти инҳисорӣ эътироф карда намешавад, агар:

- он аз ҷониби субъекти монополияи табиӣ дар доираи тарифи ба чунин мол муайяннамуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад;

- он аз нархе, ки дар шароити рақобат дар бозори муқоисашавандаи мол ташаккул ёфтааст, паст набошад;

- нархе, ки муқаррар намудани он боиси маҳдудкунии рақобат ва кам гардидани шумораи фурӯшандаҳо ва ё харидорони моли ба як гурӯҳи шахсони субъектҳои хоҷагидор дар бозори моли муайян дохил набуда, гардидааст ва ё гардида метавонад.

Моддаи 12. Гурӯҳи шахсон

1. Гурӯҳи шахсон дар ҳолате маҷмӯи шахсони воқеӣ ва (ё) шахсони ҳуқуқие эътироф мешаванд, ки онҳо ба як ё якчанд аломатҳои зерин мутобиқ бошанд:

- шахс ё якчанд шахс якҷоя дар натиҷаи созиш (амали мувофиқашуда) ҳуқуқ доранд, мустақим ва ғайримустақим (аз ҷумла дар асоси шартномаҳои хариду фурӯш, идоракунии ба боварӣ асосёфта, фаъолияти якҷоя, супориш ё бастани дигар аҳдҳо) зиёда аз панҷоҳ фоизи шумораи умумии овозҳоро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳои овозҳо мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи) шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд. Ҳамзамон, овозҳои шахси ҳуқуқӣ, имконияти ихтиёрдории воқеии ӯ ба воситаи шахсони сеюм, ки нисбати онҳо шахси якум ҳамаи он ҳуқуқу салоҳияти дар боло номбаршударо дорад, ихтиёрдории ғайримустақим ҳисобида мешавад;

- шахс ё якчанд шахс дар асоси шартнома ё бо роҳи дигар имконият пайдо мекунанд, ки қарори қабулшавандаи шахси дигар ё шахсонро, аз ҷумла шартҳои аз тарафи дигар шахс ё шахсон амалӣ гардидани фаъолияти соҳибкориро муайян намоянд, ё ин ки салоҳияти дигари мақомоти иҷроияи дигар шахс ё шахсонро ба ҷо оваранд;

- шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад мақомоти иҷроияи ягона ё зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ, ё бо пешниҳоди ӯ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон), ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии шахси ҳуқуқиро таъйин намояд;

- шахси воқеӣ метавонад салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи шахси ҳуқуқиро иҷро намояд;

- худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсонеро, ки ҳамон шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил диҳанд. Мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқӣ инчунин мақомоте мебошад, ки бо пешниҳоди ҳамон шахсони ҳуқуқӣ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ интихоб мешавад;

- худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсони ҳуқуқӣ метавонанд мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд сармояи оинномавии (шариконаи) ҳар кадом аз ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд;

- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд ва сармояи оинномавии (шариконаи) шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ доранд ва худи ҳамон шахсони воқеӣ ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳоро ҳамон як шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии дигар шахси ҳуқуқиро ташкил диҳанд.

2. Дар Қонуни мазкур гурӯҳи шахсон ҳамчун субъекти ягонаи хоҷагидор ҳисобида мешаванд.

Моддаи 13. Шахсони бонуфуз

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолате шахсони бонуфуз ҳисобида мешаванд, ки ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидори дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) фаъолиятдошта, метавонанд таъсир расонанд.

2. Ба шахсони бонуфузи шахси воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд, инҳо дохил шуда метавонанд:

- шахсоне, ки ба гурӯҳи ба шахси воқеӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;

- шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳайати он шахси воқеии мазкур ҳуқуқ дорад ба зиёда аз бист фоизи маҷмӯи умумии овозҳо, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд ва сармояи оинномавии (шариконаи) ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намояд.

3. Ба шахсони бонуфузи шахси ҳуқуқӣ инҳо дохил шуда метавонанд:

- узви шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, узви мақомоти иҷроияи дастаҷамъии он, инчунин шахсе, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи онро амалӣ мегардонад;

- шахсоне, ки ба гурӯҳи ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;

- шахсоне, ки ҳуқуқи дар маҷмӯъ зиёда аз бист фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд ва сармояи оинномавии (шариконаи) ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ кунанд. Агар шахси ҳуқуқӣ иштирокчии иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ бошад, ба қатори шахсони бонуфузи вай, аъзои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, инчунин шахсоне, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи иштирокчиёни гурӯҳи саноатию молиявиро амалӣ мегардонанд, дохил мешаванд.

4. Дар Қонуни мазкур шахсони бонуфуз ҳамчун субъекти ягонаи хоҷагидор ҳисобида мешаванд.

Моддаи 14. Санад ва амалҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд

1. Ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, манъ аст, агар натиҷаи ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гардидааст ё метавонад гардад. Аз ҷумла, амалҳои зерин манъ карда мешаванд:

- беасос ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин манъ кардан ё маҳдудкунӣ ба иҷро гардидани намудҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

- манъ ё маҳдудкунии интиқоли озоди мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё маҳдуд намудани ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;

- ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (фармоишдиҳандагон) таҳвил намудани молҳо (кор, хизматрасонӣ) ё бастани шартномаҳо бе назардошти афзалиятҳое, ки бо қонунгузорӣ ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;

- беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳое, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати афзалиятнок мегузорад;

- муқаррар кардани маҳдудият барои харидорони молҳо (кор, хизматрасонӣ) вобаста ба интихоби субъектҳои хоҷагидоре, ки молро истеҳсол (иҷро, пешниҳод) мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои ҷойгиркунии молҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

2. Санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ бо тартиби муқарраргардида (дар ҳолатҳое, ки дар қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд), инчунин додани имтиёз ба субъектҳои хоҷагидори алоҳида дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мувофиқа шавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

3. Муттаҳидшавии шахсони ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ бо мақсади инҳисор намудани истеҳсолот ё фурӯши молҳо, ба зиммаи мақомоти давлатии дахлдор гузоштани ваколатҳое, ки амалисозии онҳо боиси маҳдудкунии рақобат мегардад ва якҷоя кардани вазифаҳои мақомоти идоракунӣ бо вазифаҳои субъектҳои хоҷагидор, инчунин ба зиммаи субъектҳои хоҷагидор вогузоштани вазифа ва ҳуқуқҳои мақомоти назорати давлатӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

4. Дар ҳама гуна шакл бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашудаи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикршуда байни худ ё байни онҳо ва субъектҳои хоҷагидор, ки дар натиҷаи он роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ҷой дорад, ё ҷой дошта метавонад, манъ аст. Аз ҷумла, бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда, ки боиси натиҷаҳои зерин гардидааст ё мегардад, манъ аст:

- баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нархҳо (тарифҳо);

- беасос муайян намудани сатҳи тағйирёбандаи гуногуни нархҳо барои харидорони мухталифе, ки ҳамон як молро ба даст меоранд;

- тақсим кардани бозор аз рӯи принсипи ҳудудӣ, ҳаҷми фурӯш ё харид, номгӯи молҳои фурӯш ва ё аз рӯи доираи фурӯшандагон ё харидорон (фармоишгарон);

- маҳдуд сохтани дастрасӣ ба бозор ё аз он дур сохтани субъектҳои хоҷагидор.

Моддаи 15. Бозорҳои танзимшаванда

1. Бо мақсади ҳимояи рақобат ва пешгирии инҳисоркунонии бозори мол, танзими давлатии бозори мол амалӣ карда мешавад. Ба низом даровардани нархгузорӣ дар бозори моли муайян (кор, хизматрасонӣ) бо роҳи танзими давлатии зиддиинҳисорӣ сурат мегирад.

2. Дар сурати афзоиш ва ё болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулоти муайян дар бозори мол, нисбати онҳо танзими зиддиинҳисорӣ ва назорати давлатӣ татбиқ мегардад.

3. Назорати давлатӣ оид ба тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба молу маҳсулоти муайян аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.

4. Дар ҳолати болоравии беасоси нархҳо ва камчинии молу маҳсулот, мудохилаи молӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.

5. Номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор доранд, бо пешниҳоди мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

6. Ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1957).

Моддаи 16. Намудҳои рақобати бевиҷдонона

1. Ба рақобати бевиҷдонона инҳо дохил мешаванд:

- паҳн намудани маълумоти бардуруғ, носаҳеҳ ё таҳрифшуда, ки боиси расонидани зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегардад ё обрӯи кориашонро паст мегардонад;

- ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оид ба хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолӣ, сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад:

- муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи субъекти хоҷагидор аз ҷониби худи ӯ бо молҳои субъектҳои дигари хоҷагидор (аз ҷумла дар ҷараёни фаъолияти рекламавӣ);

- гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ, ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда;

- истифодаи худсаронаи тамғаҳои мол, тамғаи хизматрасонӣ, тамғаҳои моли маъруфшуда, ном ё нишонгузории фирмавӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди зоҳирии моли дигар субъекти хоҷагидор, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созанд ва ё манфиати онҳоро халалдор созанд;

- реклама, фурӯш, мубодила ва дигар намуди гардиши мол бо роҳи истифодаи тамғаҳои мол, тамғаи кор, хизматрасонӣ, ном ё нишонгузории фирмавӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намудҳои моли субъектҳои хоҷагидор амалӣ гарданд;

- дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ ҷалб намудани онҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ;

- амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро хеле маҳдуд созад.

2. Рақобати бевиҷдонона, ки вобаста ба соҳиб шудан ва истифода бурдани ҳуқуқҳои истисноӣ ба воситаҳои инфиродикунонии шахсони ҳуқуқӣ, инфиродикунонии мол, истифодаи тамғаҳои молии маъруфшуда, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасонӣ алоқаманд аст, манъ аст.

3. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ санадҳоро вобаста ба вайрон кардани муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур дар хусуси инфиродикунонии маҳсулот, тамғаи мол, истифодабарии тамғаи моли маъруфшуда, кор ва хизматрасониҳои иҷрошаванда ва пеш аз муҳлат қатъ намудани амали бақайдгирии объекти ҳуқуқҳои истисноӣ, ё оид ба беэътибор эътироф намудани бақайдгирии ин объект ба мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол менамояд.

Моддаи 17. Талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани озмун барои ҷойгиркунии фармоишҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ

1. Ҳангоми гузаронидани озмун барои ҷойгиркунии фармоишҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба амалҳои зерин иҷозат дода намешаванд:

- фароҳам овардани шароити афзалиятноки иштирок дар озмун, аз ҷумла дастрас намудани иттилооти махфӣ, кам кардани маблағи пардохт барои иштирокчиёни алоҳидаи озмун;

- дар озмун иштироки созмондиҳандагон (фармоишгарон) ва кормандони созмондиҳандагони озмунҳо ё шахсоне, ки бо корманди созмондиҳандаи озмун шомили як гурӯҳи шахсон мебошанд, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки дар онҳо корманд - созмондиҳандаи озмун ҳуқуқ дорад беш аз бист фоизи шумораи умумии овозҳои дар саҳмияҳои овоздиҳӣ ба даст овардаро, ё ин ки сармояи оинномавии (шариконаи) шахси ҳуқуқиро ихтиёрдорӣ намояд;

- аз ҷониби созмондиҳандаи озмун амалӣ кардани ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокдорони он, ки дар натиҷа маҳдудияти рақобат байни иштироккунандагони озмун ё махдуд сохтани манфиати иштироккунандагони он ҷой доранд, ё ҷой дошта метавонанд;

- баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нарх дар музоядаҳо ва савдо;

- вайрон намудани тартиби муайян кардани ғолиб (ғолибон);

- беасос маҳдуд сохтани дастрасии имконияти иштирок дар озмун.

2. Гузаронидани озмун ва музоядаҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои кор, хизматрасониҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ, бо мақсади пешгирии амалҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешаванд.

3. Вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур барои аз ҷониби суд беэътибор донистани озмун ва музояда, аз ҷумла бо даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.

Моддаи 18. Расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ

1. Ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, ба истиснои ёрии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъи фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона танҳо бо иҷозати пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дода мешавад.

2. Шахсе, ки хоҳиш дорад ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ расонад, ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрӣ дархост фиристода, тамоми иттилооти заруриро, ки Тартиб ва Номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ба он замима мекунад.

3. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани дархост оид ба ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ қарори дахлдорро вобаста ба намудҳои зерини ёрӣ қабул менамояд:

- бо мақсади гузаронидани тадқиқоти бунёдии илмӣ, ки мустақиман ба истеҳсоли маҳсулоти нав ё беҳтар намудани сифати он ё равандҳои мавҷудаи технологӣ нигаронида нашуда бошад;

- бо мақсади ҳифзи муҳити зист;

- барои рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси фарҳангӣ;

- барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;

- барои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустии аҳолӣ;

- барои ҳифзи меҳнат;

- ба субъектҳои хурду миёнаи соҳибкорӣ.

4. Қарор дар хусуси қонеъ нагардонидани дархост дар ҳолате қабул карда мешавад, агар ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ба шартҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи мазкур мутобиқ набошад.

5. Додани (ҷудо, тақсим намудан) маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) афзалият) ба шахси алоҳида вобаста ба натиҷаҳои савдо (озмун) ва (ё) мутобиқи дигар расмиёти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб намеравад.

6. Додани (ҷудо, тақсим намудан) маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, молу мулк) ба шахсони алоҳида бо мақсади рафъи оқибатҳои офати табиӣ, садама, фалокат ва ҳолатҳои фавқулода, оқибати амалиёти низомӣ ва амалиёти зиддитеррористӣ аз ҳисоби фондҳои эҳтиётии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб намеравад.

7. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ оид ба дархости иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани маълумоти зарурӣ қарори дахлдор қабул мекунад.

8. Дар мавриди гузаронидани омӯзиши иловагӣ мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дархосткунандаро огоҳ намуда, дар давоми як моҳ аз рӯзи гирифтани маълумоти зарурӣ оид ба дархост қарор қабул менамояд.

9. Қарор оид ба қонеъгардонии дархост ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ метавонад дорои дастуре бошад, ки дар он барои гирандаи дастур талаботи зарурӣ оид ба мутобиқ намудани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ бо шартҳои қисми 3 моддаи мазкур муқаррар гардидааст. Риояи дастур ҳангоми расонидани ёрӣ ҳатмӣ мебошад.

Моддаи 19. Назорати давлатии расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ва истифодаи он

1. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ назоратро аз рӯи риояи мақсад ва шартҳои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, ки дар дархост оид ба иҷозати расонидани чунин ёрӣ зикр гардидааст, амалӣ менамояд.

2. Тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, баррасии дархост оид ба ёрирасонӣ, амалисозии назорати истифодаи он, бекор кардани қарори қонеъгардонии дархост оид ба расонидани ёрӣ, инчунин баргардонидани он тибқи Низомномае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.

3. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад, дар ҳолатҳои зерин қарори қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро бекор кунад, ё ҷиҳати баргардонидани он амрнома диҳад, агар:

- қарор оид ба қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба иттилооти нодурусте асос ёбад, ки барои қабули қарор аҳамият дошта бошад;

- аз ҷониби дархосткунанда вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллие, ки бо моддаи мазкур пешбинӣ шудааст;

- ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба мақсад ва шартҳои пешбинишудаи дархост оид ба иҷозати расонидани ёрӣ номутобиқатӣ дошта бошад;

- ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ тартиби муқаррарнамудаи моддаи 18 Қонуни мазкур вайрон шуда бошад.

Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ва истифодаи он

Санадҳои (қарор, амрнома, фармоиш, дастури хаттӣ) мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳои давлатие, ки ваколатҳои онҳоро амалӣ менамоянд, инчунин ташкилотҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба субъектҳои алоҳидаи хоҷагидор афзалият ва (ё) имтиёз медиҳанд, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.

БОБИ 3. МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ

Моддаи 21. Вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

1. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ дар соҳаи рушди бозорҳо ва рақобати фаъолияти соҳибкорӣ масъул буда, вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд:

- мусоидат ба рақобати солим;

- огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;

- мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар асоси рушди рақобат ва соҳибкорӣ;

- назорати давлатӣ оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- андешидани чораҳо оид ба ғайриинҳисорӣ кардани истеҳсол ва муомилоти мол;

- назорати риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо;

- назорати хариди саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овозҳо дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, ки метавонад ба мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол гарданд ё ба маҳдудияти рақобат оварда расонанд;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои такмили қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд, оид ба лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти бозор ва рушди рақобат хулоса медиҳад;

- додани тавсияҳо ба мақомоти давлатӣ оид ба гузаронидани тадбирҳо барои рушди бозорҳои мол ва рақобат мусоидаткунанда;

- бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар таҳия ва татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кори комиссияҳои байниидоравӣ дар самти татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ.

2. Вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ва сохтори он бо Низомномае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 22. Ваколатҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

1. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- назорати давлатии риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони хориҷӣ, соҳибкорони инфиродӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳои давлатие, ки ваколатҳои онҳоро амалӣ менамоянд, инчунин ташкилотҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои молиявӣ амалӣ намояд;

- қарор (фармоиш) дар бораи эътироф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидорро қабул намуда, тартиби ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои мол ва молиявӣ мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, муайян ва назорат намояд;

- дар баррасии парвандаҳои марбут ба истифода ва (ё) вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд иштирок намояд;

- ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд;

- дар воситаҳои ахбори омма қарор ва амрномаи мақомоти давлатии зиддиинҳисориро нашр намояд;

- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ дар бораи қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1912);

- ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба гузаронидани чорабиниҳое, ки ба рушди рақобат дар бозорҳои мол равона гардидаанд, тавсияҳо диҳад;

- бо мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва тибқи тартиби муқарраргардида бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ дар доираи ваколати худ мубодилаи иттилоотӣ анҷом диҳад;

- мониторинги бозори молро гузаронида, вазъи рақобатро дар бозорҳои мол таҳлил ва арзёбӣ намояд;

- назорати давлатиро аз рӯи тартиби дурустии ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо дар бозори танзимшаванда амалӣ намояд;

- санҷиши риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ гузаронида, аз онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати зарурӣ, иттилоот ва тавзеҳотро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ гирад;

- бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда Тавсияҳои методӣ оид ба муайян кардани навъи шартномаҳо, Тартиби муайянсозии нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоиашонро, ки дар бозори молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, Низомнома дар бораи тартиби танзими нарх ба маҳсулот ва молҳои тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор доминантҳо ва инҳисорон, Қоидаҳои тартиби гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикршуда анҷом дода мешавад, Низомномаи тартиби ба мақомоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод намудани дархосту огоҳинома тибқи талаботи моддаҳои 25 ва 26 Қонуни мазкур, Қоидаҳои муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор, Тартиби муайян намудани нархҳои баланди инҳисорӣ ва пасти инҳисорӣ дар бозорҳои хизматрасонии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд;

- Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳоро ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- назорати давлатии зиддиинҳисориро аз рӯи муносибатҳои вобаста ба фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ намояд;

- нархҳои (тарифҳои) хизматрасонии пулакии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидори ба доираи идоракунии онҳо дохилбударо мувофиқа намояд;

- бо мақсади огоҳкунӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани инҳисорикунонӣ, маҳдудсозӣ ва ҷорӣ намудани рақобат ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок намояд;

- нархҳои (тарифҳои) хизматрасонии субъектҳои хоҷагидорро, ки дар бозорҳои моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ва инҳисориро ишғол мекунанд, танзим ва мувофиқа намояд;

- бо тартиби муқарраргардида дар хусуси вуҷуд доштан ё надоштани маҳдудияти рақобат дар бозори мол ҳангоми татбиқ, тағйир додан ва қатъ гардидани амали тарифи гумрукӣ ва дар бораи ҷорӣ кардани чораҳои ғайритарифӣ хулоса диҳад;

- оид ба ҷарима намудани субъектҳои хоҷагидор, таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба роҳбарони онҳо, шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои вайрон кардани тартиботи муқарраргардидаи нархгузорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи монополияҳои табиӣ қарор қабул кунад;

- ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба муқаррар ё бекор намудани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, квотаҳо, тағйир додани тарифҳои гумрукӣ ва дигар намуди ёрии давлатӣ таклифҳо пешниҳод намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1912);

- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи бекор намудани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии ба субъекти хоҷагидор додашуда, ки талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст, муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1912);

- масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳад;

- дар ҳолате, ки мақомоти давлатӣ вазифаҳои назоратӣ ва санҷиширо дар бозорҳои мол амалӣ кунанд, мақомоти зиддиинҳисорӣ дар хусуси ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани санадҳо ва амали чунин мақомот пешниҳод ирсол намояд;

- бо мақсади огоҳкунӣ, пешгирии рақобати бевиҷдонона ва таъмини рақобат ҳангоми хусусигардонии корхона ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок намояд;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

2. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати зиддиинҳисорӣ ва таъмини ҳимояи рақобат, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш (қарор, амрнома), барои нҷрои ҳатмӣ қабул менамояд.

3. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар сурати аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур парвандаҳои маъмуриро оғоз ва баррасӣ менамояд ва аз рӯи натиҷаи онҳо қарор қабул намуда, ба онҳо барои иҷрои ҳатмӣ амрномаҳои зайл медиҳад:

- дар бораи қатъ намудани амали мувофиқашуда ва (ё) қатъ намудани иштирок дар созишномаи маҳдудкунандаи рақобат ва қатъ кардани суиистифодабарии субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор, инчунин иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;

- дар бораи қатъ намудани вайрон кардани қоидаҳои ғайритабъизии дастрасӣ ба молҳо (кор, хизматрасонӣ);

- дар бораи анҷом додани амал оид ба таъмини рақобат ҳангоми назорати давлатӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;

- дар бораи қатъ кардани рақобати бевиҷдонона;

- дар бораи роҳ надодан ба амале, ки ба вайрон кардани рақобат ва қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд;

- дар бораи барқарор кардани вазъе, ки то вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буд;

- дар бораи иҷрои амале, ки ба таъмини рақобат ҳангоми анҷом додани назорате, ки ба расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ нигаронида шудааст;

- дар бораи бастани шартномаҳо;

- дар хусуси тағйир додани шартҳои шартномаҳо ё бекор кардани онҳо;

- дар бораи дигар кардан ё махдуд намудани истифодаи номи фирмавӣ;

- дар бораи иҷрои талаботи иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва дигар талаботе, ки ба рафъ ва огоҳонии минбаъд ба миён наомадани шароитҳои табъизӣ нигаронида шудааст;

- дар бораи иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;

- дар бораи қатъ намудани вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафъи оқибатҳои он.

4. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони мансабдори онҳо амрномаҳоро вобаста ба масъалаҳои зерин медиҳад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад:

- дар бораи бекор кардан ё тағйир додани санадҳои қабулнамудаашон, ки ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд;

- дар бораи бекор кардан ё тағйир додани шартномаҳое, ки ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд;

- дар бораи беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки пурра ё қисман ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд;

- дар бораи беэътибор донистани шартномаҳо, ки пурра ё қисман ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд;

- дар бораи ҳатман бастани шартнома;

- дар бораи барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ нисбати шахсоне, ки ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ роҳ додааст;

- дар бораи беэътибор донистани савдоҳо (озмунҳо);

- дар бораи азнавташкилдиҳии маҷбурии шахсони ҳуқуқӣ (дар шакли тақсимкунӣ, ҷудокунӣ), ки қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд;

- дар бораи қатъ намудани дигар вайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор намудани далелҳои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бораи ба Буҷети давлатӣ гузаронидани даромаде, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст, қарор қабул менамояд ё амрнома медиҳад.

6. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади мусоидат ба рушди бозорҳои мол ва рақобат, дастгирии соҳибкорӣ ва ғайриинҳисорӣ намудан ба мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои зерин тавсияҳо медиҳад:

- додани қарзи имтиёзнок ва грантҳо ба субъектҳои хоҷагидоре, ки маротибаи аввал ба бозори моли муайян дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1912);

- ташкил ва инкишофи сохторҳои ба ҳам монанд дар соҳаҳои истеҳсолот ва муомилот, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ;

- маблағгузории чорабиниҳо оид ба зиёд кардани истеҳсоли мол бо мақсади бартараф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидори алоҳида;

- ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳо бо сармоягузории хориҷӣ.

7. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар амалӣ гардондани барномаҳои ғайриинҳисорикунонӣ, инкишофи рақобат ва дастгирии соҳибкорӣ иштирок менамояд.

Моддаи 23. Ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот

1. Кормандони ваколатдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, дар асоси гузаронидани мониторинги бозор, шикояти воридшуда ва (ё) ҳангоми гумонбарии асоснок оид ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шиносшавӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо пешниҳоди қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ доранд, ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ба бинои субъектҳои хоҷагидор ворид шаванд.

2. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи ваколати худ ба кормандони мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон ёрӣ мерасонанд.

3. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори моли муайян ворид карда шудаанд, уҳдадоранд ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳисобот ва маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:

- ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз рӯи натиҷаҳои солона то 1 майи соли оянда;

- ҳар семоҳа маълумот аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақомоти зиддиинҳисорӣ оид ба навъи маҳсулоти инҳисорӣ аз рӯи ҳаҷми истеҳсол, фурӯш, нарх ва дараҷаи даромаднокии молҳои инҳисорӣ баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ дар муҳлати то санаи 15 моҳи оянда.

4. Субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (шахсони мансабдори онҳо), шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ уҳдадоранд бо талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуҷҷатҳои саҳеҳ ва дигар иттилоотеро, ки барои фаъолияти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ заруранд, инчунин пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, маълумоти ҳангоми таҳлили (мониторинги) бозор, санҷиш (тафтиш) талаб кардашуда ва ё дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод нагардидаро пешниҳод намоянд.

5. Маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ, хизматӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, инчунин маълумоте, ки кормандони мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми амалисозии ваколати худ ба даст овардаанд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур бояд ошкор карда нашаванд.

БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ АЗ РӮИ МУТАМАРКАЗИЯТИ (КОНСЕНТРАТСИЯИ) ИҚТИСОДӢ

Моддаи 24. Намудҳои назорати давлатӣ аз рӯи мутамарказияти (консентратсияи) иқтисодӣ

1. Бо мақсади роҳ надодан ба маҳдудкунӣ, вайронкунӣ ва бартараф намудани рақобат, қатъ кардани созишнома ё амалҳои вобаста ба дороиҳо, саҳмияҳо ва ҳиссаҳое, ки дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо мебошанд, воситаҳои асосии истеҳсолот ё дороиҳои ғайримоддии субъектҳои хоҷагидор, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, инчунин шахсони хориҷӣ ё ташкилотҳои хориҷие, ки дар давоми сол воридоти молро ба андозаи зиёда аз дусад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, таҳти назорати давлатии зиддиинҳисорӣ қарор дода мешаванд.

2. Аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимоя ва рушди рақобат, назорати давлатӣ аз рӯи амалҳои зерин татбиқ карда мешавад:

- таъсис, азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавии) шахсони ҳуқуқӣ, субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо;

- ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овози субъекти хоҷагидор;

- ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои субъекти хоҷагидор;

- аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ба соҳибмулкӣ гирифтан, истифода намудан ва ё ихтиёрдорӣ намудани воситаҳои асосии истеҳсолот ва ё дороиҳои ғайримоддии дигар субъекти хоҷагидор;

- аз ҷониби шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро дар ҳудуди давлат ва берун аз он иҷро кунад.

Моддаи 25. Назорати давлатии таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо

1. Бо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалҳои зерин анҷом дода мешаванд:

- таъсис ва азнавташкилдиҳии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор;

- таъсис ва азнавташкилдиҳии субъектҳои хоҷагидор, агар андозаи арзиши сармояи оинномавии онҳо аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;

- муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ, агар арзиши умумии тавозунии дороиҳои онҳо (дороиҳои гурӯҳи шахсони онҳо) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;

- таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳангоми пардохти сармояи оинномавии (шариконаи) он бо саҳмияҳо ва ҳиссаҳо ё молумулки дигар шахси ҳуқуқӣ;

- ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор;

- барҳамдиҳӣ ва тақсимкунии (ҷудокунии) шахси ҳуқуқӣ, ки арзиши дороиҳояш аз бисту панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқие гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро дорад.

2. Дар ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, шахс ё мақомоти манфиатдор ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ғайр аз ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод мекунанд, дархост дар бораи додани розигӣ ба таъсис ва азнавташкилдиҳии он, маълумот дар бораи фаъолияти асосӣ, маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол пешниҳод менамоянд.

3. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад, иттилооти дигари барои иҷрои ваколаташ заруриро аз субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо талаб намояд.

4. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ на дертар аз даҳ рӯзи қабули ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба аризадиҳанда дар бораи қарори қабулгардида хаттӣ хабар медиҳад.

5. Дар ҳолатҳое, ки таъсиси (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии) шахсони ҳуқуқӣ, субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо ба маҳдудкунии рақобат оварда расонанд, муассисони субъектҳои хоҷагидор, шахс ё мақомоте, ки дар бораи ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавӣ қарор қабул кардаанд, уҳдадоранд бо қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҷиҳати барқарор намудани шароити зарурии рақобат чораҳо андешанд.

6. Иҷро накардани талаботи қонунии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои беэътибор донистани бақайдгирии давлатӣ бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос мешавад.

7. Дар ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор, инчунин аз Феҳристи ягонаи давлатӣ баровардани онҳо аз тарафи мақомоти давлатии бақайдгиранда, танҳо бо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ анҷом дода мешавад.

8. Бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, ки таъсис ва азнавташкилдиҳии онҳо бе розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ сурат гирифтааст, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.

Моддаи 26. Назорати давлатии риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми хариди саҳмияҳо ва ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор ва дигар мавридҳо

1. Бо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалҳои зерин сурат мегиранд:

- аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) харид кардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷа чунин шахс (гурӯҳи шахсон) ҳуқуқи ихтиёрдории бештар аз бист фоизи саҳмияҳо ва ҳиссаҳои харидоришударо пайдо мекунад. Талаботи мазкур ба муассисони субъекти хоҷагидор ҳангоми таъсиси он татбиқ намегардад;

- аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) соҳиб шудан ба воситаҳои асосии истеҳсолот ё дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори дигар ё мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, агар арзиши тавозунии молу мулки ташкилдиҳандаи мавзӯи аҳд аз даҳ фоизи арзиши тавозуни воситаҳои асосии истеҳсолот ва дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори ҷудокунандаи молу мулк зиёд бошад;

- аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад, шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро иҷро кунад.

2. Розигии пешакӣ барои амалисозии аҳдҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар мавридҳое талаб карда мешавад, агар арзиши умумии тавозунии дороиҳои шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда аз дусад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва яке аз онҳо субъекти хоҷагидоре бошад, ки ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо ворид гардидааст ва ё харидор гурӯҳи шахсоне мебошад, ки фаъолияти ҳамин субъекти хоҷагидорро назорат мекунад.

3. Барои бастани аҳдҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, шахс (гурӯҳи шахсон) уҳдадор аст, ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи додани розигӣ барои бастани онҳо дархост пешниҳод намояд ва барои қабул кардани қарор мувофиқи номгӯи иттилооте, ки мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ тасдиқ мекунад, маълумоти зарурӣ пешниҳод намояд.

4. Назорати давлатӣ барои бастани аҳдҳое, ки дар моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси моддаи 25 Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.

5. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дархостро рад намояд, агар қонеъ гардидани он боиси мустаҳкам гардидани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё маҳдудкунии рақобат гардад ва инчунин дар ҳолатҳои пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳ, ки барои қабул намудани қарор аҳамият дорад.

6. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои қонеъ намудани дархост дар ҳолати иҷро намудани талаботе, ки ба таъмини рақобат равона шудааст, ҳуқуқ дорад. Талаботи нишондодашуда, инчунин муҳлати иҷрои он бояд дар қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи розигӣ барои иҷрои амале, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, дарҷ карда шавад.

7. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аз рӯи аризаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ баъди ба итмом расидани иҷрои аҳдҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар давоми понздаҳ рӯз огоҳ карда мешавад, агар арзиши умумии тавозунии дороиҳои шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр шудааст, аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.

8. Дар ҳолати иштироки шахси воқеӣ дар кори мақомоти иҷроия, шӯрои директорони (шӯрои нозирони) ду ва ё зиёда субъектҳои хоҷагидор, ки арзиши умумии тавозунии дороиҳояшон аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва ё субъектҳои хоҷагидор, ки ба рӯйхати гурӯҳи молҳои якхела ё ба рӯйхати гурӯҳи молҳои дараҷаи мухталифи ҷараёни истеҳсолу фурӯши якхела дохиланд, бояд шахси мазкур мақомоти давлатии зиддиинҳисориро пас аз понздаҳ рӯзи дохилшавӣ (интихобшавӣ) ба мақомоти мазкур ё шӯро огоҳ намояд. Дар ҳолати огоҳкунии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аризадиҳанда якҷоя бо ариза маълумотеро пешниҳод мекунад, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст.

9. Агар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пас аз омӯзиши пешакии иттилоот ба хулоса ояд, ки бастани аҳдҳое, ки дар бораи онҳо ӯро огоҳ намудаанд, метавонад ба вуҷудоӣ ё ба пурзӯршавии мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё маҳдудкунии рақобат оварда расонад, вай дар бораи санҷиши иловагии мутобиқатии созиши мазкур ба талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад. Қарори мазкур ба аризадиҳанда дар муддати даҳ рӯзи аз санаи аризаи огоҳкуниро гирифтани мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ирсол карда мешавад.

10. Қарори ниҳоӣ аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар муддати даҳ рӯз қабул гардида, дар ин хусус ба аризадиҳанда ба таври хаттӣ хабар дода мешавад.

11. Агар аризадиҳанда оид ба дархости худ (ариза дар бораи огоҳкунӣ) аз мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар муҳлати сӣ рӯзи баъди дархостро гирифтани мақомоти мазкур (моддаҳои 25 ва 26 Қонуни мазкур) ҷавоб нагирад ё бо қарори қабулкардаи ин мақомот розӣ набошад, ҳуқуқ дорад, барои ҳимояи ҳуқуқҳояш дар давоми шаш моҳ ба суд муроҷиат намояд.

12. Агар амалҳои дар қисмҳои 7 ва 8 моддаи мазкур пешбинишуда боиси бавуҷудоӣ ё пурзӯршавии мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор ё маҳдудкунии рақобат гарданд, шахсони иҷрокунандаи ин амалҳо уҳдадоранд, бо талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар муҳлатҳои аз тарафи онҳо муқарраргардида барои барқарор намудани шароити зарурии рақобат чораҳо андешанд.

13. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 7 ва 8 моддаи мазкур шахсон ҳуқуқ доранд, то қабули чунин қарорҳо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисориро, ки барои баррасии аризаҳои дахлдор дар бораи ба иҷро расонидани амалҳои мазкур бо тартиби муқарраргардида уҳдадоранд, дархост намоянд.

14. Аҳдҳои мухолифи бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур баимзорасида, ки ба бавуҷудоӣ ё пурзӯршавии мавқеи ҳукмфармоӣ, маҳдудкунии рақобат оварда мерасонанд, дар сурати аз тарафи иштирокчии созиш иҷро накардани талаботи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ оид ба муҳлатҳои аз тарафи он муқарраргашта барқарор намудани шартҳои зарурии рақобат, бо тартиби судӣ ва бо даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.

15. Иҷро накардани қарорҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки тибқи муқаррароти Қонуни мазкур қабул шудаанд, барои беэътибор эътироф шудани аҳди дахлдор бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.

16. Амали қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои розигӣ ҷиҳати иҷрои аҳдҳои дар моддаи мазкур зикршуда дар ҳолате қатъ мегардад, ки чунин аҳдҳо дар муддати шаш моҳ аз рӯзи қабул гардидани қарори зикршуда ба имзо нарасида бошанд.

Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии (тақсимкунӣ ё ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд

1. Дар ҳолатҳое, ки субъектҳои хоҷагидори машғули фаъолияти соҳибкорӣ мавқеи ҳукмфармоиро соҳиб мебошанд ва мунтазам талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд, мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад, бо мақсади маҳдуд сохтани фаъолияти инҳисорӣ дар бораи азнавташкилдиҳии (тақсимкунии, ҷудокунии) онҳо дар доираи воҳидҳои сохториашон, агар ин барои инкишофи рақобат мусоидат намояд, ба суд муроҷиат кунад.

2. Аз ҷониби субъекти хоҷагидор содир намудани беш аз ду далели вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се сол, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ошкор карда шудааст, мунтазам вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

3. Азнавташкилдиҳии (тақсимкунии, ҷудокунии) шахсони ҳуқуқӣ, субъектҳои хоҷагидор ҳангоми мавҷудияти шартҳои зерин амалӣ мегардад:

- имконияти мустақилии ташкилӣ ва ҳудудии воҳидҳои сохтории он;

- байни воҳидҳои сохтории он мавҷуд набудани робитаи мутақобилии технологӣ, аз ҷумла, агар ҳаҷми маҳсулоти (кор, хизматрасонии) воҳиди сохторӣ, ки ҳамин шахси ҳуқуқӣ истеъмол мекунад, аз сӣ фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи (кор, хизматрасонии) воҳиди сохтории мазкур зиёд набошад;

- дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ имконияти мустақилона фаъолият доштани шахси ҳуқуқӣ дар бозори моли муайян.

БОБИ 5. ИҶРОИ ФАРМОИШИ (ҚАРОР ВА АМРНОМАИ) МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ ВА ТАРТИБИ ШИКОЯТ НИСБАТИ ОН

Моддаи 28. Иҷрои ҳатмии фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо), шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфироди уҳдадоранд, мувофиқи фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба амали ғайриқонунӣ хотима диҳанд, мавқеи аввалро барқарор намоянд, шартномаро бекор намоянд ё ба он тағйирот ворид намоянд, бо дигар субъектҳои хоҷагидор шартнома банданд, санади ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқро бекор кунанд, фоидаи дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳо ба даст омадаро ба буҷет ворид кунанд ва дигар амалҳоеро, ки дар фармоиши (қарор ва амрнома) зикр ёфтаанд, иҷро намоянд.

Моддаи 29. Тартиби шикоят кардан нисбати фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ

1. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо), субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо) ва шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд, нисбати фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба суд шикоят намоянд.

2. Аз рӯзи ба суд барои баррасӣ ворид гардидани шикоят иҷрои фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ то санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд боздошта мешавад. Нисбати фармоиши (қарор ва амрнома) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар давоми сӣ рӯз аз лаҳзаи қабул шудани санад, шикоят кардан мумкин аст, ба истиснои талаботе, ки ба он муҳлати пешниҳоди даъво татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1912).

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 346; с. 2008, №10, мод. 811; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1007; с. 2015, №3, мод. 217) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

30 майи соли 2017 № 1417

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:31
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1448
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.07.2017

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, робитаи мутақобилаи он ба экспертизаи давлатии экологӣ, инчунин тартиби баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:

- арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист - муайян намудани таъсири имконпазири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист, тағйири эҳтимолии муҳити зист, инчунин пешгуӣ намудани вазъи ояндаи он ба мақсади қабули қарор оид ба имконпазир ё имконнопазир будани татбиқи қарорҳои лоиҳавӣ;

- таъсиррасонӣ ба муҳити зист - оқибатҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда барои муҳити зист, ки ба саломатӣ ва амнияти аҳолӣ, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, хок, ҳавои атмосфера, захираҳои об ва замин, иқлим, ландшафт, ёдгориҳои меъроси таърихию фарҳангӣ ва дигар объектҳои моддӣ ё робитаи мутақобилаи онҳо, инчунин ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ таъсир мерасонанд;

- фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда - сохтмон, таҷдид, васеъкунӣ, бозсозии техникӣ, тағйири самти истеҳсолот, барҳамдиҳии он ва дигар намуди фаъолияте, ки метавонад ба муҳити зист таъсир расонад;

- таъсири манфӣ ба муҳити зист - тағйирёбии манфии ҳолати муҳити зист, ки пурра ё қисман дар натиҷаи таъсиррасонии объекти фаъолияти хоҷагидорӣ ба вуҷуд омадааст;

- фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои омодасозии ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, аз ҷумла арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист масъул мебошад;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист (минбад - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои иҷрои ваколатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва қабули қарорҳои вобаста ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист масъул аст;

- объекти арзёбӣ - фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки нисбати он расмиёти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист татбиқ карда мешавад;

- ҳисобот оид ба натиҷаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист - қисми таркибии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки дорои иттилоот оид ба мақсадҳои татбиқи лоиҳаи пешбинишаванда, вариантҳои алтернативии татбиқи лоиҳаи мазкур, маълумот дар бораи ҳолати муҳити зисти ҳудуди татбиқи лоиҳа, оқибатҳои манфии эҳтимолии татбиқи лоиҳа барои саломатӣ ва амнияти аҳолӣ, муҳити зист ва объектҳои табиӣ, инчунин тадбирҳо оид ба коҳиш додан ва пешгирӣ намудани онҳо мебошад;

- ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ - ҳуҷҷатҳое, ки имконият ва мувофиқи мақсад будани татбиқи лоиҳа ва арзёбии самаранокии он, аз ҷумла асоснокунии (ҳисобкунии) техникӣ-иқтисодиро собит мекунанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Принсипҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- фарзияи хатари эҳтимолии экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда;

- ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки метавонад ба муҳити зист таъсири мустақим ё ғайримустақими манфӣ расонад;

- ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар марҳилаи лоиҳакашӣ;

- ҳатмӣ будани баҳисобгирии талабот оид ба таъмини амнияти экологӣ ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- саҳеҳ ва мукаммал будани маълумоте, ки ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист истифода карда мешавад;

- илман асоснок ва холисона будани натиҷаи хулосаҳо оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- дастрасии озод ба натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- ба ҳисоб гирифтани фикру мулоҳизаҳои шахсони манфиатдор;

- ҷавобгарии фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда барои оқибатҳои манфии татбиқи лоиҳа.

 

Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки метавонанд ба муҳити зист таъсири манфии мустақим ё ғайримустақим расонанд, татбиқ мегардад.

2. Амали Қонуни мазкур татбиқ намегардад ба:

- лоиҳаҳои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти миллӣ ва мудофиа, инчунин ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ё техногенӣ равона шудаанд;

- уҳдадориҳои мақомоти ваколатдор оид ба риояи маҳдудиятҳо, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нисбати сирри тиҷоратӣ ва иттилооти махфии субъекти соҳибкорӣ, аз ҷумла моликияти зеҳнӣ муқаррар шудаанд;

- объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, ки то қабули Қонуни мазкур лоиҳакашӣ гардида, сохтмони онҳо идома дорад ва ё ба истифода супорида шудаанд.

 

БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ

АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дохил мешаванд:

- иштирок дар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- муқаррар намудани тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рўи гурўҳҳо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онҳо ба муҳити зист, инчунин меъёрҳое, ки дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташавандаро барои муҳити зист муайян мекунанд;

- муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- амалӣ намудани дигар салоҳиятҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист мансубанд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- таҳия ва бо тартиби муқарраргардида қабул намудани қоидаҳо, тавсияҳо, дастурҳои методӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- таъмини дастрасии шахсони манфиатдор ба маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тадбирҳоро оид ба ташкил ва баргузории арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист амалӣ менамоянд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 8. Ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

1. Таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, бе гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист манъ аст.

2. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист нисбати гурўҳҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки дар моддаи 12 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 9. Субъектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

Субъектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист инҳо мебошанд:

- мақоми ваколатдори давлатӣ;

- фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда;

- таҳиягари (пудратчии) ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ;

- ташкилотҳо ва мутахассисоне (пудратчиёни фаръие), ки ба гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 10. Масъулияти субъектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ барои сари вақт, пурра ва холисона баррасӣ намудани ҳисобот (изҳорот) оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавие, ки натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро дар бар мегиранд, масъул мебошад.

2. Фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда барои иҷрои амалҳои зерин масъул мебошад:

- ташкил ва гузаронидани расмиёти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- таҳияи ҳисоботи пурра ва саҳеҳ оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- ба назар гирифтани оқибатҳои экологӣ ва дигар оқибатҳои ба татбиқи лоиҳа вобаста (ҳангоми сохтмон, навсозӣ, васеъ кардан, бозсозии техникӣ, истифодабарӣ ва барҳам додани объекту маҷмааҳои хоҷагидорӣ);

- маблағгузории расмиёти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва таҳқиқоту ҷустуҷўҳои бо он алоқаманд;

- ба таҳиягари (пудратчии) ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ пешниҳод намудани иттилооти дар ихтиёрашбуда дар бораи оқибатҳои экологии сохтмон ва истифодабарии объектҳои амалкунандаи монанд, ки тавассути мониторинги соҳавӣ, арзёбии вазъи тиббию географӣ ва таҳлили баъдилоиҳавии экологӣ ҷамъ оварда шудаанд;

- пешниҳоди ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар таркиби ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ ба экспертизаи давлатии экологӣ;

- таъмини иҷрои шартҳои ҳангоми баррасии ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист гузошташуда дар рафти амалисозии (сохтмон ва истифодабарии) лоиҳа.

3. Таҳиягари (пудратчии) ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ дар назди фармоишгар барои иҷрои амалҳои зерин масъул мебошад:

- риояи марҳилаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- таҳияи ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, мукаммалӣ, саҳеҳӣ ва сифатии натиҷаҳои дар он бадастовардашуда.

4. Ташкилотҳо ва мутахассисон (пудратчиёни фаръӣ), ки барои гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҷалб карда мешаванд, дар назди таҳиягари (пудратчии) ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ барои мукаммалӣ, саҳеҳӣ ва сифати корҳое, ки тибқи шартномаҳо анҷом дода мешаванд, масъул мебошанд.

 

Моддаи 11. Марҳилаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

1. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист пай дар пай, бо назардошти марҳилаҳои лоиҳакашии шаҳрсозӣ ва сохтмон, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

2. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:

- марҳилаи 1 - шарҳ ва арзёбии ҳолати муҳити зисти ҳудуд, ки бо мақсади асоснок кардани интихоби қитъаи муносиби замин барои ҷойгиронии объект гузаронида мешавад;

- марҳилаи 2 - арзёбии пешакии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ки дар як вақт бо асосноксозии техникию иқтисодии лоиҳа гузаронида шуда, дар шакли изҳорот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ба расмият дароварда мешавад;

- марҳилаи 3 - арзёбии таъсиррасонӣ, ки бо мақсади таҳлили пурра ва комплексии оқибатҳои эҳтимолии татбиқи лоиҳаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, асоснок кардани вариантҳои алтернативӣ ва таҳияи нақшаи (барномаи) идоракунии ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад. Ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бояд тавсифи ҳалли техникии пешгирии ҳолатҳои таъсири манфӣ ба муҳити зистро дар бар гирад. Дар ин марҳила меъёрҳои ихроҷи партовҳо ба ҳавои атмосфера ва объектҳои обӣ, ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ ва ҷойгиронии партовҳои сахт ва моеъ таҳия карда мешаванд;

- марҳилаи 4 - таҳлили баъдилоиҳавӣ, ки пас аз як соли ба истифода супорида шудани объект (оғози фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият) бо мақсади тасдиқи бехатарӣ барои муҳити зист ва тасҳеҳи нақшаи (барномаи) идоракунии ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.

 

Моддаи 12. Гурўҳҳои объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

1. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда вобаста ба моҳияти таъсири экологӣ, ҳамчун объекти арзёбӣ ба гурўҳҳои "А", "Б", "В" ва "Г" ҷудо карда мешавад.

2. Барои намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки ба номгўи гурўҳҳои "А" ва "Б" дохил карда нашудаанд, пешниҳоди изҳорот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва эъломияи уҳдадориҳо оид ба тадбирҳои муайянгардида ва пешбинишавандаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби фармоишгари фаъолияти мазкур ҳатмӣ мебошанд.

3. Изҳорот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳамчунин дар ҳолате, ки фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист таъсири манфӣ надорад ё таъсири мусбӣ мерасонад, пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 13. Расмиёти баррасии ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар экспертизаи давлатии экологӣ

1. Баррасии ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар экспертизаи давлатии экологӣ вобаста ба гурўҳҳои объектҳои арзёбӣ дар муҳлати то 60 рўз анҷом дода мешавад.

2. Қарор дар бораи муқаррар кардани расмиёти дахлдори экспертизаи давлатии экологии ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на бештар аз 10 рўзи кории баъд аз бақайдгирии маводҳои пешниҳодшуда қабул карда мешавад.

3. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ вобаста ба ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои иҷро аз ҷониби фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 14. Меъёрҳои мансуб донистани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба объектҳои гурўҳи "А"

1. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба объектҳои гурўҳи "А" мансуб дониста мешаванд, агар:

- объекти арзёбӣ ба муҳити зист ва ё беҳдошти санитарию гигиении аҳолӣ таъсири манфии миқёсан бузург расонад;

- объекти арзёбӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки дар асоси конвенсияҳои экологӣ ва дигар созишномаҳои байналмилалӣ ҳифз мешаванд ё мақоми дигари байналмилалӣ доранд, таъсири бевосита расонад;

- объекти арзёбӣ ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъсири бевосита дошта бошад;

- объекти арзёбӣ таъсири фаромарзӣ дошта бошад.

2. Объектҳои арзёбии ба гурўҳи "А" мансуббуда ба таври пурра ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист фаро гирифта мешаванд. Ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар таркиби ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба таври ҳатмӣ ба экспертизаи давлатии экологӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

3. Танзими техникии масъалаҳои таъмини амнияти экологии объектҳои арзёбии марбут ба гурўҳи "А" тибқи принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳангоми қабули қарор оид ба амалисозии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, аз ҷумла, қабули қарор дар бораи рад кардани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда;

- имконпазирии таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист тибқи талаботи меъёрӣ оид ба таъмини бехатарии экологӣ, ки дар регламентҳои техникӣ муқаррар шудаанд;

- таъмини коҳишдиҳии таъсиррасонии манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда дар асоси истифодаи технологияҳои беҳтарини дастрас бо назардошти аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок будани татбиқи онҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва риояи регламентҳои техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.

 

Моддаи 15. Меъёрҳои мансуб донистани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба объектҳои гурўҳи "Б"

1. Ба гурўҳи "Б" фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташавандае мансуб дониста мешавад, ки ба муҳити зист таъсири пешгўишаванда мерасонанд ва ин бо натиҷаҳои ташхисҳои қаблан анҷомдода тасдиқ шудааст.

2. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои марбут ба гурўҳи "Б" риояи технологияҳои беҳтарини дастрас ва меъёрҳои технологии дахлдор, ки бо регламентҳои техникӣ муқаррар шудаанд, ба назар гирифта мешаванд.

3. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои марбут ба гурўҳи "Б" инҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:

- нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда (маълумот дар бораи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда ё иқтидор, мавҷудияти таъсироти дарозмуҳлати кумулятивӣ, ҳаҷми истифодаи захираҳои табиӣ, ҳосилшавии партовҳо, олудашавӣ ва хавфҳо барои муҳити зист);

- ҷойгиршавии объект бо назардошти мавҷудият ва осебпазирии минтақаҳои наздисоҳилӣ, мамнўъгоҳҳо ва ҳудудҳои дигари ҳифзшавандаи табиӣ ва таърихию фарҳангӣ, моҳияти таъсири экологӣ, паҳншавии ҷуғрофӣ, давомнокӣ ва такрорёбии он.

 

Моддаи 16. Меъёрҳои мансуб донистани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба объектҳои гурўҳи "В"

1. Ба объектҳои гурўҳи "В" фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташавандае мансуб дониста мешаванд, ки ба муҳити зист таъсири назаррас надошта ва андозаи ин таъсир бояд бо натиҷаҳои ташхисҳо тасдиқ карда шавад.

2. Дар ҳуҷҷатҳое, ки якҷоя бо изҳорот дар бораи таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои гурўҳи "В" пешниҳод мегарданд, намудҳои таъсиррасонӣ (ихроҷи партовҳо ба ҳавои атмосфера ва манбаъҳои обӣ, ҳосилшавӣ ва ҷойгиронии партоҳои сахт ва моеъ, садо ва дигар намудҳои таъсиррасонӣ), ки ба фаъолияти мазкури хоҷагидорӣ ё дигар фаъолият хос мебошанд, арзёбӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 17. Хусусиятҳои объектҳои арзёбии мансуб ба гурўҳи "Г"

1. Ба объектҳои гурўҳи "Г" фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташавандае мансуб дониста мешавад, ки ба муҳити зист таъсири ҷузъии манфӣ мерасонад ва масъалаҳои кам кардани ин таъсир тариқи чораҳои муҳандисӣ - техникӣ ҳал шудаанд.

2. Шарти асосӣ барои объектҳои арзёбии гурўҳи "Г" мувофиқати самти фаъолият бо таъиноти нақшаи генералии ҳудуд мебошад.

 

Моддаи 18. Шаклҳои таъсиррасонӣ ва ҷузъҳои муҳити зист, ки ҳангоми арзёбӣ ба инобат гирифта мешаванд

1. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист шаклҳои зерини таъсиррасонӣ ба инобат гирифта мешаванд:

- таъсиррасонии мустақим - таъсиррасонӣ аз намудҳои асосӣ ва ба он алоқаманди фаъолияти банақшагирифташаванда бевосита дар маҳалли ҷойгиршавии объект;

- таъсиррасонии ғайримустақим - таъсиррасонӣ аз омилҳои ғайримустақим (дуюмдараҷа), ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа бармеоянд;

- таъсиррасонии кумулятивӣ - таъсиррасоние, ки хусусияти ҷамъшаванда дошта, дар тамоми ҷараёни татбиқи лоиҳа ба амал меояд.

2. Дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист таъсиррасонӣ ба ҳолати ҷузъҳои зерин ба назар гирифта мешавад:

- ҳавои атмосфера;

- обҳои рўизаминӣ ва зеризаминӣ;

- сатҳ ва қаъри обанборҳо;

- ландшафтҳо;

- захираҳои замин ва хок;

- олами наботот ва ҳайвонот;

- экосистемаҳо;

- саломатии аҳолӣ;

- шуғли аҳолӣ, имконияти таҳсил кардан ва истифода намудан аз дигар инфрасохтори иҷтимоӣ;

- объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва дигар арзишҳои моддӣ;

- дигар ҷузъҳои муҳити зист ё маҷмўи онҳо.

 

Моддаи 19. Таъмини методии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

1. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

2. Назорати иҷрои талабот оид ба гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

 

Моддаи 20. Ҳуҷҷати арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

1. Ҳуҷҷати арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда мебошад.

2. Ҳисобот дар бораи натиҷаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда қисми тарқибии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмонӣ мебошад.

3. Ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда дар бар мегирад:

- маълумоти ҳатмӣ дар бораи фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият;

- асосноккунии зарурати татбиқи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, асосноккунии сармоягузорӣ, асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа, инчунин қисми тасдиқшавандаи лоиҳаи корӣ ва шарҳнома;

- тавсифи ҳолати то лаҳзаи оғози фаъолият мавҷудбудаи ҷузъҳои муҳити зист;

- ҳадаф ва тавсифи нишондиҳандаҳои асосии лоиҳа дар маҷмўъ ва талабот нисбат ба ҷойгиронии он дар маҳал;

- тавсифи нишондиҳандаҳои асосии равандҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, намуд ва миқдори маводу таҷҳизоти истифодашаванда бо нишон додани шаклҳои эҳтимолии таъсиррасонии манфии фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист, ҳаҷм ва таркиби партовҳо, ашёи хоми истифодашаванда (захираҳои аз табиат гирифташаванда);

- арзёбии технологияи истифодашаванда аз лиҳози мутобиқати он ба технологияҳои беҳтарини дастрас ва меъёрҳои қиёсии техникӣ ва гигиенӣ;

- иттилоот дар бораи вариантҳои алтернативӣ бо нишондоди сабабҳои асосии интихоби варианти лоиҳавӣ;

- тавсифи таъсиррасонии эҳтимолии фаъолият ба ҷузъҳои абиотикӣ (геология ва шароити релеф, иқлим, ҳолати ҳавои атмосфера ва муҳити обӣ) ва биотикии (ландшафтҳо, хок, олами наботот ва ҳайвонот) муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ;

- тавсифи манбаъҳо ва намудҳои таъсиррасонӣ дар марҳилаи сохтмон;

- нишон додани таъсиррасонии номаълуми (номуайяни) фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист;

- арзёбии хатари экологӣ ва дигар хавфҳое, ки ба саломатии аҳолӣ таҳдид мекунанд;

- тавсифи тадбирҳо, ки барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсир ба муҳити зист пешбинӣ гардидаанд, аз ҷумла, пешниҳодҳо оид ба гузаронидани мониторинги экологӣ;

- меъёрҳои лоиҳавии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва ҷойгиронии партовҳо дар муҳити зист, ҳамчунин меъёрҳои истихроҷи захираҳои табиӣ;

- асосноккунии барномаи назорати экологии истеҳсолӣ;

- арзёбии экологию иқтисодии лоиҳа бо назардошти хатарҳои эҳтимолӣ, хусусият ва ҳаҷми ҷуброни зарари ба муҳити зист расонидашуда;

- мавод дар хусуси баҳисобгирии фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон, ки дар шакли протоколҳо ба расмият дароварда шуда, хулосаҳо оид ба паҳлуҳои экологии фаъолияти банақшагирифташавандаро дар бар мегирад;

- нишон додани мушкилот оид ба дастрасии иттилоот ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- хулосаҳои асосӣ аз натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

- тавсифи мухтасари иттилооти пешбининамудаи қисми мазкур барои шаҳрвандон;

- дигар иттилоот, ки барои таъмини пуррагӣ ва эътимоднокии ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист зарур аст.

4. Таркиб ва мундариҷаи ҳуҷҷатҳо оид ба марҳилаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Хусусиятҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои дорои таъсири фаромарзӣ

Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои дорои таъсири фаромарзӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, гузаронида мешавад.

 

БОБИ 4. ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 22. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳуқуқҳои зеринро доранд:

- дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист иштирок намоянд;

- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ва муҳокимаҳои ҷамъиятии натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист муроҷиат намоянд;

- ба суд бо даъво оид ба ҷуброни зарар ба муҳити зист ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон муроҷиат намоянд.

2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист уҳдадориҳои зерин доранд:

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намоянд;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли мушкилоти ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд.

3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дигар ҳуқуқу уҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, доро мебошанд.

 

Моддаи 23. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

1. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар омодасозӣ ва муҳокимаи маводҳои арзёбии таъсирасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби фармоишгар ҳамчун қисми таркибии раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист таъмин карда мешавад.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои иштироки шаҳрвандон дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

3. Бо мақсади ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фароҳам овардани имконияти иштирок дар раванди қабули қарор оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда ва баҳисобгирии фикру мулоҳизаҳои онҳо машваратҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд.

4. Тартиби иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

 

Моддаи 24. Дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот дар раванди баргузории арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ расмиёти иттилоотонии шаҳрвандонро дар марҳилаи дахлдори арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист оид ба лоиҳаҳои ба гурўҳҳои "А" ва "В" мансуббуда тартиб медиҳад. Дар як вақт имконияти гузаронидани машваратҳо ва баҳисобгирии фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон пешбинӣ карда мешаванд.

2. Расмиёти иттилоотонии шаҳрвандон иборатанд аз:

- нишон додани ҷойҳои дастрас намудани иттилоот ва баргузории машваратҳо;

- нишон додани шаклҳои иттилоотонии ҷомеа (аз ҷумла, тавассути сомонаҳои интернетӣ, почта, воситаҳои ахбори омма, ташкили муҳокимаҳо, истифодабарии расмҳо, ҷадвалҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо ва дигар воситаҳо);

- муайян намудани тарзу услуби машварат бо шаҳрвандон (аз ҷумла, дар шакли муҳокимаи пешниҳодҳои хаттӣ, натиҷаҳои пурсиши аҳолӣ);

- муқаррар кардани муҳлатҳо барои марҳилаҳои дахлдори арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист.

3. Тамоми иттилоот, аз ҷумла, ҳисобот, хулосаи экспертҳо, асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳо, тағйирот дар лоиҳаҳо, натиҷаи таҳқиқот, ки ба объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дахл доранд, дар сомонаи интернетии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.

4. Пас аз қабули қарор дар бораи додани иҷозат ё рад кардани татбиқи лоиҳа, мақоми ваколатдори давлатӣ иттилооти зеринро барои ҷомеа дастрас менамояд:

- моҳияти қарор;

- далелу мулоҳизаҳои асосӣ, ки барои қабули қарори мазкур асос мебошанд;

- тавсифи чорабиниҳои асосӣ оид ба пешгирӣ, коҳиш додан ва дар ҳолати имконпазир будан, бартараф кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳангоми татбиқи лоиҳа.

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

       ш.Душанбе

18 июли соли 2017

         № 1448

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:34
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1450
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.07.2017

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии фаъолиятро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ташаккул ва рушди соҳаи мазкур равона шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- сайёҳии дохилӣ – саёҳати гуногунҷабҳаи шаҳрвандон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили хизматрасонии муносиб дар ин соҳа;

- сайёҳи дохилӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимидошта, ки берун аз ҷои сукунат ба дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саёҳат сафар анҷом медиҳанд;

- хизматрасонии сайёҳӣ – фаъолияти мақсадноке, ки дар шакли хизматрасонӣ, кор ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои қонеъгардонии дархост, талабот ва манфиатҳои маънавӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии сайёҳон ва ё шаҳрвандони майли сайру саёҳат дошта дар дохили мамлакат амалӣ гардонида мешавад;

- субъекти хизматрасонии сайёҳӣ – шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар дохили мамлакат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасонии сайёҳӣ машғул мебошанд;

- инфрасохтори сайёҳӣ – молу мулки манқул ва ғайриманқуле, ки барои хизматрасонии сайёҳӣ истифода бурда мешаванд;

- маҳсулоти сайёҳӣ – маҷмӯи хизматрасонӣ, мол ва кори батанзимовардашуда ва бо ҳам пайваста, ки барои қонеъгардонии талабот ва манфиатҳои сайёҳон омода ва бо арзиши муайян амалӣ гардонида мешаванд; 

- бозори хизматрасонии сайёҳӣ – раванди муносибатҳое, ки иштироккунандагони он (истеъмолкунанда ё харидор, истеҳсолкунанда ё фурӯшанда) бо ният, мақсад ва шароитҳои пешниҳод ё қабул кардани (фурӯхтан ё харидани) маҳсулоти сайёҳӣ амалҳои муайян (расмӣ) ба анҷом мерасонанд;    

- субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) – шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродие, ки манзили истиқоматӣ дошта, ё ихтиёрдори ҳуҷра(ҳо)и муайяни манзили истиқоматии шахси дигар мебошанд, он(ҳо)-ро ҷиҳати хизматрасонӣ ба сайёҳон пешниҳод менамоянд;   

- захираҳои сайёҳӣ – маҷмӯи захираҳо ва падидаҳои табиии иқлимӣ, истироҳатӣ, маърифатӣ, маишӣ, техногенӣ, объектҳои табиию солимгардонӣ ва мероси фарҳангию таърихӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро барои қонеъ гардонидани маҷмӯи талабот ва манфиатҳои шахсӣ ҷалб месозанд;  

- сайёҳии иҷтимоӣ – намудҳои гуногуни сайёҳӣ, ки ба дастрасӣ ва васеъ гардонидани имкониятҳои субъектҳои навташкили хизматрасонии сайёҳӣ равона гардида, аз ҷониби давлат дар шакли муқаррар намудани имтиёзҳои андозбандӣ, кумаки молиявӣ ва маъмурӣ дар доираи маблағҳои буҷетии барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ҷудогардида, дастгирӣ карда мешаванд;    

- Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ – махзани ягонаи давлатии маълумот, ки фарогири иттилоот оид ба захираҳои сайёҳӣ, субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва фаъолияти онҳо, инфрасохтор ва мавзеъҳои сайёҳӣ, омор ва натиҷаҳои мониторинги захираҳои сайёҳӣ ва дигар падидаю ҷараёнҳои алоқоманд ба сайёҳии дохилӣ мебошад; 

- мавзеи сайёҳӣ – ҳудуди муайяни дорои захираҳои сайёҳӣ, ки барои сайёҳон ҷолиб ва барои сайру саёҳат муносиб ва мувофиқ мебошад;

- иншооти сайёҳӣ – маҷмӯи бино, толорҳо ва иншооти мансуб ба хизматрасонии сайёҳӣ;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятии сайёҳӣ – шакли иттиҳодияи ҷамъиятие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз рӯи як шакли фаъолияти сайёҳӣ амал менамояд;

- чорабиниҳои хусусияти ҷумҳуриявидошта – чорабиниҳое, ки бо фарогирии намояндагони беш аз 10 шаҳру ноҳия ва бо ҳамоҳангии бевоситаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар самти сайёҳии дохилӣ баргузор мегарданд;

- ҷойи ҷамъиятӣ – қисм ва ё ҷойҳои махсуси иншоот ва муҳити (майдони) барои саёҳат муносиб, ки доимо ё муваққатан барои ташриф ва истифодаи озоди шаҳрвандон тибқи даъват ва ё шартҳои муайян пешниҳод шудаанд;   

- роҳбаладӣ – намуди хизматрасоние, ки аз ҷониби шахси соҳиби малакаи касбӣ ва ё тахассуси дахлдор дар шакли роҳнамоӣ, маълумотноксозӣ ва фаҳмондадиҳии сайёҳон нисбат ба объекти муайян ба амал бароварда мешавад;

- ширкати сайёҳӣ – шахси ҳуқуқие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, намуди асосии фаъолияти он хизматрасонии сайёҳӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сайёҳии дохилӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сайёҳии дохилӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:

- муайян намудани принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- ташаккули низоми сайёҳии дохилӣ;

- муқаррар намудани салоҳияти (ваколати) мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- амалӣ гардонидани тадбирҳо оид ба рушди сайёҳии дохилӣ;

- ташкили хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- муайян намудани ҳавасмандгардониҳои мусоидаткунанда ба рушди сайёҳии дохилӣ;

- муқаррар намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар ҳудуди мамлакат;

- муқаррар намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- таъмини бехатарии шаҳрвандон ҳангоми саёҳат.

 

Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

1. Давлат ташкил ва рушди соҳаи сайёҳиро дар дохили мамлакат дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои сайёҳон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, бехатарии шаҳрвандон ҳангоми саёҳат, истифодаи мақсаднок ва ҳифзу нигоҳдории муҳити зист, захираҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои фарҳангию таърихиро кафолат медиҳад.

2. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ тавассути таҳия ва амалӣ сохтани стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 5. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- эътирофи сайёҳии дохилӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат;

- иштироки фаъоли мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккул ва рушди сайёҳии дохилӣ;

- тарғиботи васеи сайёҳии дохилӣ ба сифати муаррификунанда ва посдорандаи фарҳанг, анъана, таърих ва тамаддуни миллӣ;

- кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- ҳифзу нигоҳдории муҳити зист ва захираҳои сайёҳии мамлакат;

- таъмини истифодаи оммавӣ, муносиб ва пурмаҳсули захираҳои сайёҳӣ;

- дастгирии рушди маданияти сайёҳии шаҳрвандон;

- ба сифати мамлакати рақобатпазири сайёҳӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббускорӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ. 

 

БОБИ 2. НИЗОМИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 6. Низоми сайёҳии дохилӣ

1. Ба низоми сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

- субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинг;

- субъектҳои хизматрасонӣ;

- субъектҳои истеъмолӣ;

- объектҳои сайёҳӣ.

2. Субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинги сайёҳии дохилӣ, ки ба танзим ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа масъул мебошанд, инҳоянд:

- мақомоти ҳокимияти давлатӣ;

- шӯроҳои ҳамоҳангсозии миллӣ ва маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ;

- мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ё Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- муассисаҳои илмии тадқиқотӣ ва таълимию иттилоотӣ;

- ассотсиатсияҳои сайёҳӣ;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятии сайёҳӣ.

3. Субъектҳои истеъмолӣ, ки дар як вақт объекти сайёҳии дохилӣ мебошанд, инҳоянд:

- шаҳрвандоне, ки ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ муроҷиат намудаанд;

- шаҳрвандон (дар алоҳидагӣ ё бо гурӯҳ), ки бо маҷмӯи хизматрасонии сайёҳӣ фаро гирифта шудаанд.

 

Моддаи 7. Талабот оид ба амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ

1. Талаботи асосӣ нисбат ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои машғул гардидан ба шакли фаъолияти хизматрасонӣ инҳоянд:

- доштани ҳайати касбӣ – як ё якчанд шахсони соҳиби малакаи касбӣ ва ё тахассуси соҳаи сайёҳӣ;

- озодона муошират карда тавонистани ҳайати мутахассисон бо забони давлатӣ;

- мавҷудияти макони доимии фаъолият бо назардошти шароити мусоиди хизматрасонӣ (ҷойи муайяни корӣ ва хизматрасонӣ);

- заминаи ҳуқуқии фаъолият (қарори муассисон, мувофиқаи расмӣ бо мақоми ваколатдор ё дигар ҳуҷҷати расмӣ);

- доштани хатсайри сайёҳии дохилӣ;

- доштани шаҳодатнома оид ба сатҳ ва сифати хизматрасонии сайёҳӣ. 

2. Талаботи асосӣ нисбат ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои шакли фаъолияти пешниҳоди (истеҳсоли) мол ва маҳсулоти (маснуоти) сайёҳӣ инҳоянд:

- доштани ҳайати касбӣ – як ё якчанд шахсони соҳибтахассуси самти коркарди маҳсулоти сайёҳӣ;

- озодона муошират карда тавонистани ҳайати мутахассисон бо забони давлатӣ;

- мавҷудияти макони доимии фаъолият бо назардошти шароити мусоиди хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ (ҷойи муайяни корӣ ва хизматрасонӣ);

- мавҷудияти қитъаи замин ва ё дӯкони муайяни мувофиқашудаи пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ;

- заминаи ҳуқуқии фаъолият (қарори муассисон, мувофиқаи расмӣ бо мақоми ваколатдор ё дигар ҳуҷҷати расмӣ);

- доштани шаҳодатнома оид ба сатҳ ва сифати хизматрасонии сайёҳӣ. 

3. Талаботи асосӣ нисбат ба субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ барои танзим ва тарғиботи саёҳати шаҳрвандон дар дохили мамлакат инҳоянд:

- доштани ҳайати касбӣ – зиёда аз ду шахсони соҳиби тахассуси соҳаи сайёҳӣ;

- озодона муошират карда тавонистани ҳайати мутахассисон бо забони давлатӣ ва доштани малакаи иттилоотонии омма;

- мавҷудияти макони доимии фаъолият бо назардошти шароити мусоиди хизматрасонӣ (ҷой муайяни корӣ ва хизматрасонӣ).

4. Дар доираи қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ муқаррароти дигар муайян карда мешаванд. Қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

5. Шахсони соҳиби малакаи касбӣ ва ё тахассуси соҳаи сайёҳӣ метавонанд хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ва иловагӣ (соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатии дахлдор) бошанд.

 

Моддаи 8. Тартиб ва қоидаҳои стандартонӣ ва сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ

1. Тартиб ва қоидаҳои стандартонӣ ва сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ ба амал бароварда мешаванд.

2. Стандартонӣ ва ё сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ бо тартиби муқарраргардида аз рӯи намудҳои зерини хизматрасонӣ ба роҳ монда мешаванд:

- роҳбаладӣ;

- тарҷумонӣ;

- пешхизматӣ;

- меҳмоннавозӣ.

3. Намуди дигари хизматрасонӣ, ки бояд сертификатсия шавад, бо назардошти бозори хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

4. Стандартонӣ ва ё сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ бо тарзҳои зерин ба роҳ монда мешаванд:

- ба воситаи (зимни) муроҷиат ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ аз ҷониби субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дигар низоми дахлдор бо тартиби муқарраргардида, вале дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯз (пас аз қабули дархост);

- аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ва дигар низоми дахлдор бевосита зимни муроҷиат ва дархости (талаби) маҳсулоти сайёҳӣ ба (аз) субъекти хизматрасонии сайёҳӣ бо тартиби муқарраргардида, вале дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯз (пас аз дастрас гардидани маҳсулоти сайёҳӣ).

5. Тартиб ва қоидаҳои стандартонӣ ва сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Танзими низоми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

1. Барои танзими низоми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ (минбаъд – Феҳристи давлатӣ) бо тариқи баҳисобгирӣ ташкил карда мешавад.

Баҳисобгирӣ дар Феҳристи давлатӣ дар ду шакл – муқаррарӣ ва электронӣ (тариқи шабакаи интернет) ба роҳ монда мешавад.

Аз рӯзи дар Феҳристи давлатӣ ба ҳисоб гирифта шудани (пайдо шудани ном ва дигар нишондиҳандаҳои зарурии) дархостдиҳанда (шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ё соҳибкорони инфиродии барои фаъолият дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дархостдода) фаъолияти он ҳамчун субъекти хизматрасонии сайёҳӣ расмӣ ҳисобида мешавад.

Тартиби баҳисобгирӣ дар Феҳристи давлатӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

Раванди баҳисобгириро дар Феҳристи давлатӣ Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ таъмин менамояд.

2. Ҷиҳати таъмини самаранокии фаъолият дар соҳаи сайёҳии дохилӣ сатҳу сифати хизматрасонии сайёҳӣ тибқи Қонуни мазкур бо тариқи стандартонӣ ва ё сертификатсияи хизматрасонии сайёҳӣ ба танзим дароварда мешавад.

3. Бо мақсади мониторинг ва баҳогузории вазъи сайёҳии дохилӣ раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби субъектҳои дахлдор мониторинг ва баҳогузорӣ карда мешавад.

4. Шакл ва намудҳои дигари танзими низоми хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.

 

Моддаи 10. Фаъолияти Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

1. Барои танзими раванди баҳисобгирӣ дар Феҳристи давлатӣ Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ (минбаъд – Маркази миллӣ) ба сифати шахси ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.

2. Вазифаҳои Маркази миллӣ иборатанд аз:

- пешбурди фаъолияти Феҳристи давлатӣ;

- баҳисобгирии фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- сабт ва паҳн намудани маълумоти дахлдор вобаста ба ташрифи гурӯҳи сайёҳон ба ҳудуд, мавзеъ, минтақа ва иншооти муайяни сайёҳӣ;

- қабул ва бозравонии дархост ва эродҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ оид ба сатҳ ва сифати хизматрасонии мақомоти дахлдори давлатӣ; 

- қабул ва бозравонии дархост ва эродҳои шаҳрвандон оид ба сатҳ ва сифати хизматрасонии сайёҳӣ;

- пахш намудани ахбор ва иттилоот оид ба раванди татбиқи хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар мамлакат;

- вазифаҳои дигаре, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.

3. Вазифаҳои Маркази миллӣ дар сатҳи маҳал ба марказҳои хизматрасонии маҷмӯии сайёҳӣ вобаста карда мешаванд.

4. Фаъолияти ҳисоботии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тариқи пешниҳоди маълумот ба Маркази миллӣ ва воридсозии онҳо дар Феҳристи давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 11. Шакли фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

1. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд дар шакли шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, давлатӣ ва ғайридавлатӣ, гурӯҳӣ (корпоративӣ) ва фардӣ фаъолият намоянд.

2. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд аз рӯи шаклҳо ва намудҳои сайёҳии дохилӣ, ки тибқи Қонуни мазкур муайян шудаанд, фаъолият намоянд.

3. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бо талабот ва тартиби содаи барасмиятдарории фаъолият аз рӯи шакл ва намудҳои муайяни сайёҳии дохилӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

4. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд бе иҷозатнома, вале бо риояи муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти хизматрасонӣ аз рӯи шакл ва намудҳои сайёҳии дохилӣ машғул гарданд.

 

Моддаи 12. Шакл ва намудҳои сайёҳии дохилӣ

1. Сайёҳии дохилӣ аз шаклҳои зерини фаъолият иборат мебошад:

- хизматрасонӣ;

- пешниҳоди (истеҳсоли) мол ва маҳсулоти (маснуоти) сайёҳӣ;

- танзим ва тарғиботи саёҳати шаҳрвандон дар дохили мамлакат.

2. Сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

- фарҳангӣ ва маънавию маърифатӣ (васеъ гардонидани ҷаҳонбинии маънавӣ тавассути ташриф ба осорхонаҳо, театрҳо, боғҳо ва дигар ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳо ва иншооти динӣ, инчунин ширкат дар чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ);

- варзишӣ (обӣ, зимистона, шикор ва моҳидорӣ);

- саргузаштдор (кӯҳнавардӣ, ҳавонавардӣ, фуруд омадан тариқи шаршара, аспсаворӣ, дучархаронӣ дар кӯҳсор, мототсиклронӣ, ғаввосӣ);

- корӣ ё хизматӣ (сафаре, ки аз 24 соат зиёд тӯл мекашад);

- намоишию тадқиқотӣ (иштирок дар ҳамоишҳои гуногуни маърифатӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва амалӣ);

- ҳавасмандгардонии гурӯҳӣ (сайру саёҳати гурӯҳи шаҳрвандони касбу кор ва шуғли ягона дошта);

- тандурустӣ (сайр (ташриф) ҷиҳати табобат ва барқароркунии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ);

- деҳотӣ (шиносоӣ бо тарзи зист, анъанаҳо ва урфу одатҳои маҳаллии деҳот);

- экологӣ (сайр ба ҷойҳои дурдаст, ҳифзи муҳити зист);

- динию таърихӣ (ташриф ба мавзеъҳо ва иншооти динию таърихӣ ва фарҳангӣ);

- мактабӣ (сайру саёҳати муташаккилонаи таълимгирандагон ба мавзеъҳо ва иншооти таърихӣ, фарҳангӣ ва муосир).

 

БОБИ 3. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 13. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳии дохилӣ инҳоянд:

- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- тасдиқи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- тасдиқи қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ;

- тасдиқи Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ;

- таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 14. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ инҳоянд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳлили вазъият, баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи қоидаҳои амалӣ намудани хизматрасонии сайёҳӣ;

- таҳия ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани Тартиби фаъолияти амалию ташкилӣ ва ҳуқуқии роҳбалад ва тарҷумон;

- таҳлил ва муайян намудани талабот ба хатсайри сайёҳии дохилӣ;

- таҳия ва тасдиқ намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳлил ва пешниҳоди масъалаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба амал баровардани фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар самти тадқиқ, таҳлил, мониторинг ва таҳкими равандҳои ташкили сайёҳии дохилӣ;

- мониторинг ва баҳогузории раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- ташкили Феҳристи давлатӣ;

- таъсиси Маркази миллӣ;

- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ инҳоянд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар маҳал;

- тасдиқи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- ба роҳ мондани фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи тадқиқ, таҳлил, мониторинг ва таҳкими равандҳои ташкили сайёҳии дохилӣ дар маҳал;

- тасдиқи Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ;

- таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар маҳал;

- назорати раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар соҳаи истифодаи самараноки захираҳои маҳаллии сайёҳӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии соҳаи сайёҳии дохилӣ

Ваколатҳои мақомоти маҳаллии соҳаи сайёҳии дохилӣ инҳоянд:

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ;

- таҳлили вазъият, баррасӣ ва пешниҳоди масъалаҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳия ва барои тасдиқ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намудани лоиҳаи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- таҳлил ва муайян намудани хатсайрҳои маҳаллии сайёҳии дохилӣ;

- мусоидат ба ташкили субъектҳои маҳаллии хизматрасонии сайёҳӣ аз рӯи намудҳои мувофиқи сайёҳии дохилӣ;

- таҳлил ва пешниҳоди масъалаҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ба амал баровардани фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар самти тадқиқ, таҳлил, мониторинг ва таҳкими равандҳои ташкили сайёҳии дохилӣ;

- мониторинг ва баҳогузории раванди фаъолияти субъектҳои маҳаллии хизматрасонии сайёҳӣ;

- пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи сайёҳии дохилӣ инҳоянд:

- татбиқи барномаҳои маҳаллии рушди соҳаи сайёҳии дохилӣ;

- назорати раванди фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар самти истифодаи самараноки захираҳои сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 4. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 18. Ташаккул ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ

1. Барои рушди сайёҳии дохилӣ дар мамлакат инфрасохтори зерин ташкил карда мешавад:

- шӯроҳои миллӣ ва маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ;

- марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ;

- гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ;

- меҳмонхонаҳои махсус (хурд);

- меҳмонхонаҳо;

- меҳмонхона барои сайёҳон дар манзилҳои (хонаҳои) истиқоматӣ – хизматрасонии хонагӣ (хонаист);

- марказҳои хизматрасонии нақлиётӣ;

- нуқтаҳои хизматрасонии маҷмӯии сарироҳӣ;

- дуконҳои фурӯши мол ва маҳсулоти сайёҳӣ;

- марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва дилхушӣ;

- истгоҳҳои нақлиётӣ ва дучарха;

- хадамоти табобатию истироҳатӣ;

- мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, китобхонаҳо, зиёратгоҳҳо);

- минтақаҳои моҳигирӣ ва шикор;

- ҷойҳо ва ҳудудҳои манъшуда барои сайру саёҳат.

2. Намуди (номгӯи) дигари инфрасохтори сайёҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Ташкили фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ

1. Барои ҳамоҳангсозии фаъолият, ҳамгироии имкониятҳо ва ҳал намудани масъалаҳои алоқаманд ба рушди сайёҳии дохилӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар асоси ҷамъиятӣ, шӯроҳои ҳамоҳангсозии миллӣ ва маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ таъсис дода мешаванд.

2. Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан низомномаҳои шӯроҳои ҳамоҳангсозии маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.

3. Барои аъзогӣ ба шӯроҳои ҳамоҳангсозии миллӣ ва маҳаллӣ намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ, соҳибкорон, ширкатҳо, ассотсиатсияҳои сайёҳӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 20. Банақшагирии инфрасохтори сайёҳӣ ҳангоми сохтмони иншооти калонҳаҷми ҷамъиятӣ

1. Ҳангоми банақшагирии иншооте, ки на кам аз 500 метри мураббаъ масоҳат дорад, ба истиснои манзилҳои истиқоматӣ (иншооти калонҳаҷм), аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ дар он ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ба инобат гирифта мешавад.

2. Инфрасохтори сайёҳӣ дар иншооти калонҳаҷм метавонад аз як ё якчанд номгӯи (нуқтаи) хизматрасонӣ иборат бошад.

3. Молики иншооти калонҳаҷм барои ташкили фаъолияти пурсамари инфрасохтори сайёҳӣ масъул мебошад.

4. Шакл ва намуди хизматрасонии инфрасохтори сайёҳӣ бояд ба шакл ва намуди фаъолият ва хизматрасонии иншоот мутобиқ бошад.

5. Дар замина ва ё сохтори иншооти калонҳаҷм инфрасохтори мувофиқи сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

 

Моддаи 21. Ба инобат гирифтани инфрасохтори сайёҳӣ ҳангоми таҳияи нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин ва истифодаи қитъаҳои замин

1. Ҳангоми таҳияи нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин ва истифодаи қитъаҳои замин аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бунёди инфрасохтори сайёҳӣ бо риояи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешавад.

2. Дар қитъаҳои замини фарогири иншооти калонҳаҷм, ба истиснои манзилҳои истиқоматӣ як ё якчанд инфрасохтори мувофиқи сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

3. Шакли тарҳи инфрасохтори сайёҳӣ бо мувофиқаи якҷояи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаҳои дахлдор муайян карда мешавад.

 

Моддаи 22. Амалисозии фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

1. Барои ҳал намудани мушкилот ва ташаккули заминаи илмию амалӣ дар самти рушди сайёҳии дохилӣ фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо ба амал бароварда мешаванд.

2. Фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ муайян карда шуда, барои рушди намудҳои зерини фаъолият дар соҳаи сайёҳии дохилӣ равона карда мешаванд:

- ташкили корҳои таҳлилӣ ва илмию тадқиқотӣ;

- омодасозии касбӣ, такмили ихтисос, малака ва таҷрибаомӯзӣ;

- ташкили мониторинг ва баҳодиҳии раванди хизматрасонии сайёҳӣ;

- баҳисобгирӣ, стандартонӣ ва сертификатсияи фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар соҳаи хизматрасонӣ;

- таъминоти иттилоотӣ ва тарғиботи сайёҳии дохилӣ.

3. Фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо бо тарзи мустақим (махсус) ва тавассути барномаҳои давлатии рушди сайёҳии дохилӣ ташаккул дода мешаванд.

4. Барои амалисозии фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо субъектҳои хизматрасон (иҷрокунандагон) аз ҳисоби иттиҳодияҳои ҷамъиятии сайёҳӣ, муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла илмию тадқиқотӣ бо тартиби муқарраргардида ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 23. Таъмини дастрасии иттилоот дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

1. Бо мақсади тарғиботи сайёҳии дохилӣ бо ҳамоҳангии мақоми ваколатдори давлатӣ сомонаи миллии интернетӣ ташкил карда мешавад.

2. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ вобаста ба фаъолияти худ сомонаи интернетӣ ва ё саҳифа(ҳо)и иҷтимоии интернетӣ ташкил намуда, мунтазам маълумоти дахлдорро дар он(ҳо) ҷойгир менамоянд.

3. Шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ барномаҳои доимоамалкунандаи махсуси марбут ба рушди сайёҳии дохилиро ташкил менамоянд ва эълони (таблиғи) сайёҳии иҷтимоиро ройгон ба роҳ мемонанд.

4. Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма бо назардошти имкониятҳои мавҷуда мунтазам тарғиботи сайёҳии дохилиро амалӣ менамоянд.

5. Маводи иттилоотӣ ҳангоми мухолифат надоштани мазмуни он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарҳанги миллӣ, озодона паҳн карда мешавад.

 

Моддаи 24. Мониторинг ва баҳодиҳии сатҳи истифодабарӣ ва самаранокии инфрасохтори сайёҳӣ

1. Бо мақсади таъмини сатҳу сифати истифодабарӣ ва самаранокии инфрасохтори сайёҳӣ раванди хизматрасонии сайёҳӣ мунтазам зимни мониторинг ва баҳодиҳӣ қарор дода мешавад.

2. Мониторинг ва баҳодиҳии раванди хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинги сайёҳии дохилӣ амалӣ гардонида мешавад.

3. Мониторинг ва баҳодиҳӣ ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятии сайёҳӣ (ассотсиатсияҳо) ва дигар субъектҳои дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ташкил карда мешавад.

4. Натиҷаи амалиёти мониторинг ва баҳодиҳӣ дар шакли хаттӣ (коғазӣ) ва ё электронӣ – маводи таҳлилии иттилоотӣ ва тавсиявӣ тариқи воситаҳои ахбори омма пешниҳоди ҷомеа гардонида мешавад.

 

Моддаи 25. Иштироки муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дар рушди сайёҳии дохилӣ

1. Муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дар рушди сайёҳии дохилӣ иштироки фаъол менамоянд.

2. Муассисаҳои таълимӣ барои ташкили саёҳати мутташакилонаи таълимгирандагон (бо мизони ташрифи (саёҳати) як таълимгиранда дар як сол ҳадди ақал ба ду мавзеи (макони) сайёҳӣ) масъул мебошанд.

3. Саёҳати мутташакилонаи таълимгирандагон бо тартиби муқарраргардида бо ҷалби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба роҳ монда мешавад.

4. Дар муассисаҳои таълимӣ гӯшаи сайёҳӣ ташкил карда шуда, мавзӯъҳои гуногуни фарогири сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ва тарғиботи захираҳои сайёҳии мамлакат ба таълимгирандагон омӯзонида мешавад.

5. Муассисаҳои фарҳангию таърихӣ (осорхона, китобхона, театр) дар як сол на кам аз 10 рӯз рӯзҳои дарҳои кушод барои ташрифи ройгони сайёҳони дохилӣ, аз ҷумла таълимгирандагон ташкил менамоянд.

6. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бевосита ба роҳ монда мешавад.

7. Барои дастрасии маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ махзани маълумот ташкил карда мешавад.

8. Муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ уҳдадор мегарданд, ки барои ҳамкорӣ бо субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ шароит фароҳам оваранд.

 

Моддаи 26. Рушди маърифатнокӣ ва маданияти сайёҳии шаҳрвандон

1. Барои рушди сатҳи маърифатнокӣ ва маданияти сайёҳии шаҳрвандон мунтазам тадбирҳои омӯзишӣ, таълимӣ ва маънавию тарғиботӣ баргузор карда мешаванд.

2. Субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинги сайёҳии дохилӣ аз рӯи маҳали фаъолият лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногуни омӯзишӣ, таълимӣ ва маънавию тарғиботиро дар байни ҷомеа ва бо иштироки фаъоли вакилони ҷамоатҳо таҳия ва татбиқ менамоянд.

3. Бо мақсади иттилоотонии мунтазами шаҳрвандон оид ба масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳии дохилӣ тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои радио ва телевизионии давлатӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

4. Дар сатҳи субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинги сайёҳии дохилӣ аз рӯи имконот маҷаллаи даврӣ ё ҳафтанома ва ё сомонаи махсусгардонидашудаи интернетӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ташкил карда мешавад.

5. Дар низоми соҳаи маориф барномаҳои дахлдори таълимӣ бо назардошти ҷабҳаҳои сайёҳии дохилӣ тартиб дода мешаванд.

 

Моддаи 27. Тадбирҳо ҷиҳати мутобиқ гардонидани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва шоҳроҳҳо ба талаботи сайёҳон ва меъёрҳои сифати муҳити зист

1. Барои мутобиқ гардонидани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва шоҳроҳҳо ба талаботи сайёҳон ва меъёрҳои сифати муҳити зист аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи соҳибкорон ва дигар шахсони хоҳишманд тадбирҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

- дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки зиёда аз 100 нафарро дар як вақт фаро мегиранд, ташкил намудани фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ, хӯроки умумӣ, таваққуфгоҳи автомобилҳо, ташноб ва дигар ниёзҳои аввалӣ;

- дар шоҳроҳҳо ташкил намудани фаъолияти доимии нуқтаҳои тиббию тозагӣ (дастгоҳҳои худфаъолияти фурӯши доруворӣ, ташнобҳо ва нуқтаҳои дигар), хизматрасонии хӯроки умумӣ, истгоҳ ва таъмири автомобилҳо, таъмини сузишворӣ ва дигар ниёзҳои аввалӣ;

- дар фосилаи ҳар 100 км ҳудуди дахлдори шоҳроҳҳо ташкил намудани меҳмонхонаи хурд.

2. Тадбирҳои дигари мутобиқгардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ ва шоҳроҳҳо ба талаботи сайёҳон ва меъёрҳои сифати муҳити зист тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.

 

Моддаи 28. Фароҳам овардани шароитҳои муносиб ҷиҳати ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорон дар рушди сайёҳии дохилӣ

1. Барои ҷалб ва иштироки фаъоли соҳибкорон ва сармоягузорон дар амалӣ гардонидани тадбирҳо оид ба рушди сайёҳии дохилӣ шароитҳои муносиб фароҳам оварда мешаванд.

2. Барои соҳибкорон, ки фаъолиятро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ба роҳ мемонанд, тибқи муқаррароти Қонуни мазкур имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд.

3. Ташаббусҳои сармоягузорон барои ташкил ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, маблағгузории барномаҳо ва лоиҳаҳои марбут ба рушди сайёҳии дохилӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд.

4. Барои ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва сармоягузорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳии дохилӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ ва Қонуни мазкур имтиёзҳо муқаррар менамояд.

 

Моддаи 29. Татбиқи барномаҳои маҳаллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ

1. Дар сатҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо бо фарогирии нишондиҳандаҳои зерин барномаҳои маҳаллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ татбиқ карда мешаванд:

- таҳлили вазъияти иқтисодию иҷтимоии маҳал ва муайян намудани мушкилоти мубрами ҳаётӣ;

- муқаррар намудани вазифаҳои мушаххас, дурнамои маҳал ва муҳлати татбиқи онҳо;

- муайян намудани манбаъҳои воқеии маблағгузории вазифаҳои интихобгардида;

- ҷалб намудани субъектҳои идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторинг дар амалисозии вазифаҳои интихобгардида;

- ба инобат (рӯйхат) гирифтани захираҳо ва имкониятҳои (фарҳангӣ, таърихӣ, табиӣ ва индустриалӣ) ҷолиби сайёҳии маҳал ва василаҳои ҳифз ва рушди онҳо;

- муқаррар намудани фармоиши иҷтимоии давлатӣ барои амалисозии вазифаҳои муҳими интихобгардидаи иҷтимоию иқтисодӣ;

- ба нақша гирифтани мониторинги мунтазами раванди татбиқи вазифаҳои интихобгардида;

- муқаррар намудани нишондиҳандаҳои дигар аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо инъикос намудани зарурати онҳо.

2. Татбиқи барномаҳои маҳаллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ барои тарғиботи сайёҳии дохилӣ, омодасозии касбӣ, таъмини иттилоотӣ, мониторинг ва баҳодиҳии вазъият ва ҳамоҳангсозии фаъолият равона мегарданд.

 

Моддаи 30. Тадбирҳо оид ба ҳифз ва нигоҳдории захираҳои сайёҳӣ

1. Ҳифз ва нигоҳдории захираҳои сайёҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бевосита таъмин карда мешавад.

2. Барои ҳифз ва нигоҳдории захираҳои сайёҳӣ, аз ҷумла эмин будани онҳо аз вайроншавӣ, куҳнашавӣ, хӯрдашавӣ, сармозанӣ, нобудшавӣ, ғоратшавӣ, суиистеъмолшавӣ ва поймолшавӣ тадбирҳои дахлдор амалӣ гардонида мешаванд.

3. Афзалиятнокӣ, тартиб ва шароити ҳифз ва нигоҳдории захираҳои сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.

4. Ҳангоми саёҳат барои шаҳрвандон истифода ва ё тамошои захираҳои сайёҳӣ маҳдуд карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси вайроншавӣ, куҳнашавӣ, хӯрдашавӣ, сармозанӣ, нобудшавӣ, ғоратшавӣ, суиистеъмолшавӣ ва поймолшавии онҳо мегарданд.

 

БОБИ 5. ТАШКИЛИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 31. Фаъолияти марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ

1. Марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ дар сатҳ ва ҳудуди шаҳр ва ё ноҳия дар шакли шахси ҳуқуқӣ ташкил ёфта, ба хизматрасонии зерин машғул мегарданд:

- ҷамъоварии омор ва ташкили иттилоот оид ба раванди хизматрасонии сайёҳӣ дар маҳал ва пешниҳоди он ба Маркази миллии баҳисобгирии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва мақомоти маҳаллии соҳаи сайёҳӣ;

- қабул ва равона кардани сайёҳон;

- таъмини иттилоот ва кумаки техникӣ ба сайёҳон ва шаҳрвандони майли сайру саёҳат дошта;

- пешбурди махзани маълумот оид ба захираҳои сайёҳии маҳал;

- бо тартиби муқарраргардида ташкили давраҳои (курсҳои) гуногуни дахлдори омӯзишӣ дар самти омода намудани кадрҳо, таълими (омӯзиши) малака, такмили ихтисос ва касби мутахассисони соҳавӣ, таҷрибаомӯзӣ;

- ташаккул ва рушди фаъолияти волонтёрии хизматрасонии сайёҳӣ; 

- додани машварати ташкилию ҳуқуқӣ.

2. Марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд давлатӣ ва ғайридавлатӣ бошанд.

3. Тобеияти марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ мувофиқ ба шакли ташкилию ҳуқуқии фаъолият бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

4. Ҳамкорӣ ва шарикии марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси созишномаи генералӣ ба роҳ монда мешавад.

5. Намуди дигари фаъолияти марказҳои маҷмӯии хизматрасонии сайёҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 32. Хизматрасонии машваратию иттилоотӣ, меҳмоннавозӣ, пешхизматӣ ва сайёҳӣ

1. Хизматрасонии машваратию иттилоотӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

- суҳбати фардӣ ва гурӯҳӣ;

- вохӯриҳо ва мулоқотҳо;

- муроҷиат ё дархости хаттӣ ва электронӣ;

- муоширати мустақим ва фосилавӣ;

- таҳия ва паҳн намудани маводи хаттӣ, электронӣ, видеоӣ ва аудиоӣ;

- ташкили сомонаҳои махсуси интернетӣ.

2. Хизматрасонии машваратию иттилоотии касбӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони соҳибтахассус, ки на кам аз 2 сол таҷриба дар ин соҳа доранд, ба амал бароварда мешавад.

3. Хизматрасонии машваратию иттилоотии амалӣ аз ҷониби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ ба роҳ монда мешавад.

4. Барои хизматрасонӣ ба меҳмонон – сайёҳон танҳо ба шахсони соҳибтаҷриба, соҳибмалака ва ё соҳибтахассус рухсат дода мешавад.

5. Сатҳ ва сифати меҳмоннавозӣ ва пешхизматӣ дар доираи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

6. Барои шахсони меҳмоннавоз ва пешхизмат нишондиҳандаҳои зерин ҳатмӣ мебошанд:

- донистани забони давлатӣ;

- доштани малакаҳои касбӣ ва ё тахассуси муносиб;

- доштани либоси махсуси муносиб ба хизматрасонӣ;

- хушмуомилагӣ ва рафтору кирдори ботаҳаммул ҳангоми хизматрасонӣ.

7. Бо мақсади тарғиботи мунтазами имконият ва захираҳои сайёҳӣ мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мувофиқан дар соҳа ва ҳудуди худ дар шаклҳои зерин гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ ташкил менамоянд:

- лавҳаҳои видеоӣ ва тасвирӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва назди ташкилоту муассисаҳо;

- дастгоҳҳои компютерии доимоамалкунандаи берунӣ, ки ба шахсони хоҳишманд маълумоти заруриро таъмин намоянд (чунин дастгоҳҳо бояд дар ҷойи ҷамъиятӣ ва бехатар насб карда шаванд);

- гӯшаҳои дохилиидоравӣ дар ҷойи ҷамъиятии ташкилоту муассисае, ки зиёда аз 200 нафар корманди доимӣ ва ё ташрифоваранда доранд;

- гӯшаҳои мактабӣ дар саҳни (ҷойи ҷамъиятии) муассисаҳои таълимӣ бо назардошти воҳидҳои сохтории онҳо.

 

Моддаи 33. Хизматрасонии хонагӣ (хонаист)

1. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид, беҳтар гардонидани тарзи зист ва дастрасии сайёҳон ба имкониятҳои маишӣ дар минтақаҳои мамлакат хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ба роҳ монда мешавад.

2. Хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ба таври озод бо мақсади беҳтар гардонидани шароити иқтисодӣ аз ҷониби субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) дар ҳудуди манзилҳои (хонаҳои) истиқоматӣ ташкил карда мешавад.

3. Барои пешниҳод намудани хизматрасонии хонагӣ (хонаист) субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) талаботи зеринро амалӣ мегардонад:

- дар манзилҳои (хонаҳои) истиқоматии хусусӣ ҳуҷраи алоҳида бо масоҳати зист дар ҳаҷми на кам аз 30 метри мураббаъ ҷудо (сохтмон) менамояд. Ҳуҷраи ҷудошуда бояд камаш аз се қисмат: ҷойи хоб, ҷойи хӯрок, ташноб ва ҷойи дастурӯйшӯӣ иборат бошад;

- барои сайёҳ, ҳангоми қабул кардан, бояд тартиби буду боши ӯ фаҳмонида шуда, рӯйхати таомҳо пешниҳод карда шавад.

4. Талаботи дигари хизматрасонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.

5. Муроҷиати (пешниҳоди) хаттии субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) оид ба анҷом додани расмиёти дахлдор барои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯз баррасӣ гардида, ҳуҷҷатҳои дахлдор ба субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) таъмин карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) оид ба анҷом додани расмиёти дахлдор ройгон машварати ҳуқуқӣ дода мешавад. 

6. Субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) метавонад дар шакли шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро ба роҳ монад.

7. Доштани хатсайри сайёҳии дохилӣ ба субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) зарурат надорад.

8. Фаъолияти пурсамари субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида ҳавасманд гардонида мешавад.

9. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии субъекти хизматрасонии хонагӣ (хонаист) имтиёзҳо пешбинӣ менамояд.

 

Моддаи 34. Хизматрасонӣ ҳангоми саёҳати кишоварзӣ

1. Барои тақвият бахшидани фаъолияти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи маданияти кишоварзии шаҳрвандон дар мавзеъҳо, иншоот ва заминҳои (ҳудудҳои) ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (минбаъд – объекти кишоварзӣ) ташкили саёҳати муташаккилона ба роҳ монда мешавад.

2. Саёҳати шаҳрвандон ба объекти кишоварзӣ тавассути субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар ҳамкории бевосита бо ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба роҳ монда мешавад.

3. Объекти кишоварзӣ дар ҳолате объекти сайёҳӣ пазируфта (интихоб карда) мешавад, агар:

- фаъолияти хуб ва намунавии истеҳсолию ҳосилнокӣ дошта бошад;

- дар ҳудуди на кам аз 2 га замин ва на кам аз 500 метри мураббаъ иншооти кишоварзӣ дошта бошад;

- сомонаи интернетӣ ва ё саҳифаи иҷтимоии худро дар шабакаи интернетӣ дошта бошад;

- қобилият ва ё имконияти муаррифӣ намудани дастовардҳои кишоварзии худро дошта бошад.

4. Талаботи дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 35. Хизматрасонии техникию нақлиётӣ

1. Барои таъмини бехатарӣ ва коршоямии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди мавзеъҳои сайёҳӣ хизматрасонии техникию нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

2. Нуқтаҳои хизматрасонии техникию нақлиётӣ метавонанд дар шакли истгоҳи махсуси нақлиётӣ (барои автомобил ва дучарха), нуқтаи таъмири автомобил, нуқтаи барқароркунӣ ва таъмири техникаи электронӣ, маркази иҷораи автомобил, дучарха ва дигар воситаи техникӣ ташкил карда шаванд.

3. Барои саёҳати шаҳрвандон ба воситаи нақлиёт (автомобил ё дучарха) дар ҳудуди мамлакат афзалият дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 36. Хизматрасонии сарироҳӣ ва таъмини тозагӣ

1. Дар ҳудуди тамоми мавзеъҳои сайёҳӣ хизматрасонии сарироҳӣ дар шакли ошхона, нуқтаи савдои маводи ғизоӣ ва маҳсулоти сайёҳӣ, маркази иҷораи воситаҳои саворӣ, нуқтаи суратгирӣ ва наворгирӣ ба роҳ монда мешаванд.  

2. Тозагии ҳудуд ва дохили иншооти сайёҳӣ ҳамарӯза таъмин карда шуда, барои пешбурди он, вуруд ба намуди муайяни иншооти сайёҳӣ метавонад бо тартиби муқарраргардида пулакӣ муқаррар карда шавад.

3. Дар ҳудуди мавзеъ ва иншооти сайёҳӣ нуқтаҳои хизматрасонии тиббӣ ва дорухонаи сайёр, истгоҳи автомобил ва ташноб ташкил карда мешаванд.

4. Талаботи дигари хизматрасонии сарироҳӣ ва таъмини тозагиро мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида муайян менамояд.

 

Моддаи 37. Истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ

1. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ бо роҳи пешбинӣ намудани имтиёзҳои дахлдор аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад.

2. Ташкилоту муассисаҳо, бахусус субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ машғул шаванд.

3. Ба фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ дар ҳудуди мавзеъҳо ва иншооти сайёҳӣ афзалият дода мешавад.

4. Фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ карда шуда, бо роҳи ҷудо намудани қитъаи замин, иҷора додани толор ва биноҳо, ба анҷом расонидани тадбирҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида мешаванд.

 

Моддаи 38. Чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва дилхушӣ

1. Бо мақсади ҳавасмандии шаҳрвандон ба саёҳат, рушди маданияти сайёҳӣ, таҳкими андешаи миллӣ ва ҷовидонии анъанаҳо, урфу одатҳои миллӣ ҳангоми саёҳати гурӯҳӣ дар мавзеъҳо ва иншооти сайёҳӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва дилхушӣ ташкил карда мешаванд.

2. Чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва дилхушӣ бо назардошти муаррифии анъана ва урфу одатҳои миллӣ дар намудҳои зерин ташкил карда мешаванд:

- барномаҳои консертӣ ва рақсӣ;

- барномаҳои ҳаҷвнигорӣ ва тақлид;

- хониши шеъру ғазал;

- озмунҳои ҳозирҷавобӣ;

- намоишҳои дастовардҳо;

- намоишҳои театрӣ ва филм.

 

Моддаи 39. Хизматрасонии табобатию истироҳатӣ

1. Хизматрасонии табобатию истироҳатӣ дар муассисаҳои махсусгардонидашуда бо ҷалби шахсони соҳиби малакаи касбӣ ва тахассуси дахлдор амалӣ гардонида мешавад.

2. Масъулияти дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардидани уҳдадориҳои хизматӣ, ки ба саломатии сайёҳ метавонад зиён расонад ба уҳдаи субъекти хизматрасонии сайёҳӣ (ташкилкунандаи саёҳат) ва муассисаи хизматрасон вогузор мебошад.

3. Сифати хизматрасонии табобатию истироҳатӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти санҷиш қарор дода мешавад.

 

Моддаи 40. Хизматрасонии роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки малакаи касбӣ ва ё тахассуси роҳбаладӣ ва тарҷумониро дорад, метавонад ба фаъолияти намуди хизматрасонии роҳбаладӣ ва тарҷумонӣ машғул гардад.

2. Донишҷӯёне, ки малакаи касбӣ ва ё тахассуси роҳбаладӣ ва тарҷумониро доранд, дар вақтҳои берун аз таҳсил метавонанд ба фаъолияти намуди хизматрасонии роҳбаладӣ ва ё тарҷумонӣ ба сифати ихтиёрӣ (волонтёр) ё хизматрасон машғул гарданд.

3. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бояд дар сохторҳои идоракунии худ камаш як роҳбалад ва як тарҷумон дар шакли корманди доимӣ ё муваққатӣ (киро) ва ё ихтиёрӣ (волонтёр) дошта бошанд.

4. Тартиби фаъолияти амалию ташкилӣ ва ҳуқуқии роҳбалад ва тарҷумон бо назардошти талаботи зерин аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ таҳия ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешавад:

Роҳбалад бояд:

- соҳиби малакаи касбӣ ва ё тахассуси дахлдор бошад;

- дар бораи минтақа ва ҳудуд, таърих ва фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои объекти муайяни фаъолият маълумоти дақиқ ва дуруст дошта бошад;

- малакаи муоширатию ровигӣ дошта бошад;

- забони давлатӣ ва таърихи халқи тоҷикро донад.

Тарҷумон бояд:

- забони муайяни хориҷиро донад ва дар ин хусус ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дошта бошад;

- забони давлатӣ ва таърихи халқи тоҷикро донад;

- малака ва маҳорати хатии тарҷумонӣ ва муоширатию ровигӣ бо забони муайяни хориҷӣ дошта бошад.

 

Моддаи 41. Хизматрасонии намоишию тарғиботӣ

1. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиду рақобатпазир ва таблиғоти имкониятҳо дар соҳаи сайёҳии дохилӣ субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд маҳсулот ва хизматрасонии намоишию тарғиботии худро дар шаклҳои зерин ба роҳ монанд:

- дар кӯчаҳо ташкил намудани фаъолияти лавҳаҳои намоишию тарғиботӣ;

- фармоиш ва амалисозии наворҳои телевизионӣ ва сабтҳои радиоӣ;

- иштирок дар намоишгоҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ;

- ташкил намудани намоишгоҳҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва пешниҳоди маҳсулоти сайёҳӣ;

- таҳия ва паҳн намудани маводи иттилоотӣ;

- таҳия ва ба кор андохтани сомонаҳои интернетии намоишию тарғиботӣ.

2. Хизматрасонии намоишию тарғиботӣ аз ҷониби субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида дастгирӣ карда мешавад.

 

Моддаи 42. Шикор ва моҳигирӣ

1. Шикор ва моҳигирӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳо ва ҳудудҳои муайян ба роҳ монда мешаванд.

2. Ба намуди хизматрасонии шикор ва моҳигирӣ субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд машғул гарданд.

3. Барои шаҳрванди (сайёҳи) қобили меҳнат моҳигирӣ озод мебошад.

4. Барои шикор танҳо шаҳрвандоне (сайёҳоне) ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби муқарраргардида иҷозатномаи шикорчӣ дошта бошанд.

5. Тартиби ташкили хизматрасонии шикору моҳигирӣ ва рӯйхати мавзеъҳои муносибро барои шикор ва моҳигирӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 43. Ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагӣ аз ҷониби сайёҳони дохилӣ

1. Ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагӣ аз ҷониби сайёҳони дохилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳо ва ҳудудҳои муайяншуда ба роҳ монда мешаванд.

2. Ба намуди хизматрасонии ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагӣ субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд машғул гарданд.

3. Барои шаҳрванди (сайёҳи) қобили меҳнат ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагӣ озод мебошад, агар тартиби дигареро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накарда бошад.

4. Ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагиро субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонанд тариқи ташкили гурӯҳҳои сайёҳӣ ба роҳ монанд.

5. Сайёҳони дохилии қобили меҳнат зимни як сафари сайёҳӣ метавонанд дар ҳаҷми на зиёда аз 30 кг растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагиро барои худ ҷамъоварӣ намоянд. 

6. Тартиби ташкили хизматрасонӣ оид ба ҷамъоварии растаниҳо, ҳосили растаниҳо ва ниҳолҳои мевагӣ аз ҷониби сайёҳони дохилиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян менамояд.

 

БОБИ 6. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ МУСОИДАТКУНАНДА БА РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 44. Ташкили минтақаҳои рушди сайёҳӣ

1. Бо мақсади ҳавасмандгардонии шаҳрвандон дар самти рушди сайёҳӣ дар ҳудуди мамлакат минтақаҳои рушди сайёҳӣ ташкил карда мешаванд.

2. Минтақаҳои сайёҳӣ дар тамоми ҳудуд ё қисми ҳудуди шаҳр ё ноҳияҳо дар доираи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

3. Барои соҳиб гардидан ба мақоми минтақаи рушди сайёҳӣ тамоми ҳудуд ё қисми ҳудуди шаҳр ё ноҳияҳо бояд дорои нишондиҳандаҳои зерин бошанд:

- на кам аз 200 иншооти сайёҳӣ дошта бошанд;

- на кам аз 50 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ дошта бошанд;

- дар як сол дар онҳо ташрифи на кам аз 5000 нафар бо мақсади саёҳат ба қайд гирифта шуда бошанд.

4. Талаботи дигар зимни муайян намудани тартиби додани мақоми минтақаи рушди сайёҳӣ ба шаҳр ва ноҳияҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии соҳаҳои илм, ҳифзи муҳити зист ва фарҳанг муқаррар карда мешавад.

5. Минтақаи рушди сайёҳӣ дорои имтиёзҳои зерин мебошад:

- барои такмили фаъолият ва рушди инфрасохтор дар соҳаи сайёҳӣ дар маҳал Барномаи давлатӣ қабул карда мешавад;

- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташаббусҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳиро дар доираи ваколатҳои худ дастгирӣ менамояд;

- фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тибқи низоми содагардонидашудаи батанзимдарорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 45. Баҳисобгирии мустақими субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

1. Бо мақсади дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва рушди он расмикунонии фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ метавонад бо тартиби баҳисобгирии мустақим ба роҳ монда шавад.

2. Баҳисобгирии мустақими фаъолияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ бо истифода аз шабакаи интернет (аз ҷониби шахсони вақеӣ ва ё ҳуқуқии хоҳишманд барои фаъолияти хизматрасонии сайёҳӣ) тариқи пур карда шудани пурсишномаҳои дахлдори Феҳристи давлатӣ бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 46. Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ташкили хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ

1. Ташаббусҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ташкили хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бевосита дастгирӣ карда мешаванд.

2. Муроҷиати (пешниҳоди) шаҳрвандон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ оид ба амалӣ гардонидани хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯз баррасӣ гардида, ҳуҷҷатҳои дахлдор ба онҳо дастрас гардонида мешаванд.

3. Омӯзонидани шаҳрвандон ва субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, ки хоҳиши амалӣ гардонидани хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ доранд, барои аз худ кардани малакаҳои касбии хизматрасонӣ дар доираи барномаҳои давлатии маҳаллии рушди сайёҳии дохилӣ ройгон ба роҳ монда мешавад.

4. Субъектҳои хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ зимни намоиши дастовардҳо, захираҳо, имкониятҳо ва маҳсулоти сайёҳӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

5. Эълони (таблиғоти) дастовардҳо, захираҳо, имкониятҳо ва маҳсулоти сайёҳии субъектҳои хизматрасонии хонагӣ (хонаист) ва саёҳати кишоварзӣ тариқи шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ ва рӯзномаҳои даврии давлатӣ ройгон амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 47. Дастгирии сохтмони меҳмонхонаҳои хурд ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти сайёҳӣ бо роҳи таъмини қитъаи замин бо тартиби содагардонидашуда

1. Дархосту ташаббусҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаҳои хурд, нуқтаҳои савдои маҳсулоти сайёҳӣ ва ташкили дигар хизматрасониҳои сайёҳӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.

2. Барои сохтмони меҳмонхонаҳои хурд, ташкили нуқтаҳои савдои маҳсулоти сайёҳӣ ва амалӣ намудани дигар хизматрасонии сайёҳӣ ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ бо тартиби содагардонидашуда қитъаи замин ҷудо карда мешавад.

3. Тартиби содагардонидашудаи ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкили хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаҳои хурд ва ташкили нуқтаҳои савдои маҳсулоти сайёҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи зерин аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ муайян карда мешавад:

- дар муҳлати то 10 рӯз баррасӣ намудани дархости дахлдор;

- ташкил намудани Комиссияи доимоамалкунанда дар сатҳи минтақаҳо аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба баррасӣ ва ҳуҷҷатгузории (дастгирии) дархостҳо. Фаъолияти Комиссия ҳангоми зарурат дар доираи барномаҳои дахлдори давлатӣ маблағгузорӣ мегардад;

- ба анҷом расонидани корҳои ташкилию банақшагирӣ бо ташриф овардани ҳайати Комиссия ба маҳали (объекти) фаъолият.

4. Кори Комиссия метавонад дар шакли анъанавӣ бо иштироки ҳамаи аъзо дар як вақт ва дар ҷои муайян, ё пурсиш – баррасии фардӣ ва ё мустақим тариқи шабакаи интернетӣ ба роҳ монда шавад.

 

Моддаи 48. Имтиёзҳо вобаста ба ташкили хизматрасонии сарироҳӣ ва тозагӣ

1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои хизматрасонии сарироҳӣ ва тозагӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои махсуси замин ҷиҳати истифодаи оммавӣ ҷудо менамояд.

2. Қитъаҳои махсуси замин барои истифодаи оммавӣ дар ҳудуди муайян ва дар фосилаи ҳар 100 км шоҳроҳ ҷудо карда мешаванд.

3. Дар қитъаҳои махсуси замини барои истифодаи оммавӣ ҷудо кардашуда дар ҳудуди на кам аз 50 метри мураббаъ сарой (сохтмони болопӯшида) ташкил карда мешавад.

4. Ҳама намуди хизматрасонӣ, бахусус савдои маҳсулоти маишӣ, хӯрок ва ташкили нуқтаҳои тозагӣ дар ин қитъаҳои (нуқтаҳои) ҷудошуда (ташкилшуда) ба истифодаи озод, ройгон (бе иҷора), вале мақсаднок ба субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ пешниҳод карда мешаванд.

 

Моддаи 49. Имтиёзҳо барои субъектҳои хизматрасон дар самти истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ

Барои ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, бахусус истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имтиёзҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- бо тартиби содагардонидашудаи ҷудо намудани қитъаи замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани қитъаи дахлдори замин барои коркард ва ё сохтмони иншооти зарурӣ;

- аз ҳисоби биноҳои бекорхобида ва ё нолозим дар муҳлати то ду сол ройгон таъмин намудани бино ва толорҳои зарурӣ;

- ҷудо намудани субсидия ва ё қарзи бефоиз барои фаъолияти истеҳсолӣ ва такмили иқтидори истеҳсолӣ;

- то се сол додани имтиёз барои фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ;

- то панҷ соли аввали фаъолият аз санҷиш озод намудан, ба истиснои ҳолатҳои ошкоршавии ҳуқуқвайронкуниҳо.

 

Моддаи 50. Дастгирии фаъолияти волонтёрӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

1. Фаъолияти волонтёрӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар соҳаи сайёҳии дохилӣ бо мақсади таҳкими имкониятҳои сайёҳии мамлакат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад.

2. Донишҷӯён бо мақсади тақвияти маҳорат, малака ва дониш метавонанд ба фаъолияти волонтёрӣ ва ё таҷрибаомӯзӣ ҳангоми хизматрасонии сайёҳӣ, тибқи муқаррароти Қонуни мазкур, машғул шаванд.

3. Фаъолияти волонтёрӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён ҳангоми супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба инобат гирифта мешавад.

4. Собиқаи меҳнатии волонтёрии донишҷӯ (шаҳрванд) дар соҳаи сайёҳии дохилӣ ҳангоми қабул шудан ба кори мувофиқ ба соҳаи сайёҳӣ ба инобат гирифта шуда, дар дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар сабтҳои собиқаи меҳнатӣ дарҷ карда мешавад.

 

БОБИ 7. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН ҲАНГОМИ САЁҲАТ

ДАР ҲУДУДИ МАМЛАКАТ

 

Моддаи 51. Ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар ҳудуди мамлакат

Шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар ҳудуди мамлакат ҳуқуқ доранд:

- бо субъекти хизматрасонии сайёҳӣ шартнома ба имзо расонанд;

- дар доираи муқаррароти шартнома шароитҳои муносиби хизматрасониро талаб намоянд;

- маълумоти дахлдорро оид ба хатсайри сайёҳии дохилӣ ва шароитҳои саёҳат талаб намоянд;

- ҳангоми гирифтани зарари моддӣ ва ё маънавӣ ҷуброни онро талаб намоянд, агар сабаби он ба амалҳои худи онҳо ва ҳолатҳои ба иродаи онҳо вобастанабуда алоқамандӣ надошта бошад;

- риояи ҳуқуқҳои дигари худро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, талаб намоянд.

 

Моддаи 52. Уҳдадории шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар ҳудуди мамлакат

Шаҳрвандон ҳангоми саёҳат дар ҳудуди мамлакат уҳдадоранд:

- талабот ва фармоишу дархостҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳиро дар доираи шартномаи дахлдор иҷро намоянд;

- захираҳои сайёҳиро мақсаднок истифода намоянд, ба ҷойҳои манъшуда ворид нашаванд, роҳрав ва ҷойҳои ҷамъиятиро ифлос накунанд, ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ зарар нарасонанд, муҳити зистро ҳифз намоянд;

- ба мавзеъҳо ва иншооти хавфнок бе омодагии пешакӣ ворид нашаванд (набароянд);

- ҳуҷҷатҳои заруриро барои саёҳат ва тартиб додани шартномаи дахлдор саривақт пешниҳод намоянд.

 

БОБИ 8. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁҲӢ

 

Моддаи 53. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба фаъолияти хизматрасонии сайёҳӣ

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки ба синни 18 расидаанд ва қобили амал мебошанд, ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти хизматрасонии сайёҳиро доранд.

2. Зимни ташкили фаъолияти хизматрасонии сайёҳӣ шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба гурӯҳҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ассотсиатсияҳо муттаҳид шаванд.

3. Ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ новобаста аз шакли фаъолияташон метавонанд ба фаъолияти хизматрасонии дахлдори (соҳавии) сайёҳӣ машғул шаванд.

 

Моддаи 54. Ҳуқуқи субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ҳуқуқ доранд:

- аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд;

- фаъолияти худро дар шакли муносиби ташкилию ҳуқуқӣ ба роҳ монанд;

- бо дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамкорӣ намоянд;

- бо ҷалби шаҳрвандони хоҳишманд ва зимни ҳамкорӣ (шарикӣ) бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гурӯҳҳои сайёҳӣ ташкил намоянд;

- аз хизматрасонии дигар субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ истифода намоянд;

- дар татбиқи фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, грантҳо ва субсидияҳо иштирок намоянд ва барои беҳбуди фаъолият қарз гиранд;

- ба хизматрасонии пулакӣ машғул гарданд;

- бо шаҳрвандон ҳамчун сайёҳ ва дигар субъектҳо ба сифати ҳамкор ва шарик шартнома ба имзо расонанд;

- намуди дигари фаъолиятро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.

 

Моддаи 55. Уҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ

Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ уҳдадоранд:

- тибқи Қонуни мазкур расмиёти баҳисобгириро дар Феҳристи давлатӣ ба анҷом расонанд;

- маҳсулоти хизматрасонии худро ба меъёр дароранд ва бо сифати баланд пешниҳоди шаҳрвандон гардонанд;

- хатсайри сайёҳии дохилӣ бо фарогирии мавзеъҳо, минтақаҳо ва иншооти муайян дошта бошанд;

- бо шаҳрвандони майли саёҳат дошта шартнома ба имзо расонанд ва талаботи шартномаро фаҳмонанд;

- бехатарии шаҳрвандонро ҳангоми саёҳат таъмин намоянд;

- ба шаҳрвандон (сайёҳон) маълумоти заруриро аз рӯи хатсайри сайёҳии дохилӣ ва дигар ҳолатҳои хавфнок ва тасодуфӣ пеш аз сафар таъмин намоянд;

- шаҳрвандонро оид ба зарурати суғурта ҳангоми беморӣ ва суғуртаи ҳаёт огоҳ созанд ва барои суғурта ҳангоми беморӣ ба онҳо мусоидат намоянд;

- маълумоти заруриро оид ба гурӯҳи сайёҳон ба мақомоти дахлдори ҳамоҳангсоз пешниҳод намоянд;

- зимни муроҷиат ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба мақомоти идоракунанда, ҳамоҳангсоз ва мониторингии сайёҳӣ пешниҳод намоянд;

- ҳангоми саёҳат ҳифзи захираҳои сайёҳӣ ва табииро таъмин намоянд;

- дар ҳолати фурӯхтани хатсайри сайёҳии дохилӣ ба дигар субъект маълумоти заруриро дар шартномаи иловагӣ ба шаҳрванд (сайёҳ) пешниҳод намоянд;

- уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкурро риоя намоянд.

 

Моддаи 56. Хатсайри сайёҳии дохилӣ

1. Хатсайри сайёҳии дохилӣ ҷузъи асосии маҳсулоти сайёҳӣ буда, самти ҷуғрофии ҷойгиршавии сайёҳон ва ташрифи онҳоро ба объекти (мавзеъҳо ва маконҳои) сайёҳӣ дар дохили мамлакат муайян менамояд.

2. Хатсайри сайёҳии дохилӣ бояд аз маълумоти умумӣ, харита, расмҳо, тарҳ (схема), дараҷаи эҳтимолии обу ҳаво ва дигар иттилооти тавсифдиҳандаи объекти интихобгардида иборат бошад.

3. Хатсайри сайёҳии дохилӣ аз ҷониби субъекти хизматрасонии сайёҳӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур тартиб дода мешавад, вале бо ин иштироки дигар субъектҳо дар раванди тартиб додани хатсайри сайёҳии дохилӣ маҳдуд намегардад.

 

Моддаи 57. Шартнома оид ба амалисозии хизматрасонии сайёҳӣ

1. Барои ҷалби шаҳрвандон ба саёҳат байни субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ва шаҳрванд(он) шартнома ба имзо расонида мешавад.

2. Сохтори шартнома оид ба амалисозии хизматрасонии сайёҳӣ иборат аст, аз:

- нишонии тарафҳо боназардошти ному насаб ва суроғаи воқеӣ;

- маълумоти асосӣ (мавзӯъ) оид ба хизматрасонии сайёҳӣ ва хатсайри сайёҳии дохилӣ;

- ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо;

- арзиши (хароҷоти) хизматрасонӣ, ки аз ҷониби шаҳрванд пардохт карда мешавад;

- воситаҳои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ;

- муҳлати амали шартнома ва давраи (рӯзҳои) ташкили саёҳат;

- шумораи сайёҳон барои ташкили гурӯҳ;

- воситаҳои ташкилии хизматрасонӣ, ба монанди нақлиёт, меҳмонхона ва хӯрок;

- таъмини бехатарии шаҳрванд ҳангоми хизматрасонӣ;

- талабот оид ба вазъи саломатии шаҳрванд, ки бо маълумотномаи тиббӣ тасдиқ шудааст;

- масъулияти тарафҳо, аз ҷумла барои расонидани зарари моддӣ, молиявӣ, асосҳо ва тартиби тағйир додан ва қатъ намудани  шартнома.

3. Ҳангоми ба имзо расонидани шартнома субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба шаҳрванд(он) (сайёҳон) маълумоти зеринро пешниҳод менамояд:

- ҳолатҳое, ки сайёҳ наметавонад дар рафти саёҳат иштирок намояд;

- чораҳои бехатарӣ ҳангоми саёҳат;

- ҳолатҳое, ки субъекти хизматрасонии сайёҳиро аз ҷавобгарӣ озод менамояд;

- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои муайянгардида, ки риояи онҳо ҳатмӣ мебошад.

4. Бекор намудани шартнома аз ҷониби ҳар ду тараф ва ё яке аз онҳо бо огоҳонидани хаттии тарафи дигар дар муҳлати то 10 рӯз пеш аз сафари сайёҳӣ ба амал бароварда мешавад.

5. Дар сурати ташкил нагардидани гурӯҳи сайёҳон бо теъдоди муайяншуда субъекти хизматрасонии сайёҳӣ метавонад шартномаро қатъ намояд.

6. Дар ҳолати қатъ гардидани шартнома бо сабаби ташкил нагардидани гурӯҳ субъекти хизматрасонии сайёҳӣ тамоми маблағи қаблан ҷамъ овардашударо ба сайёҳ дар муҳлати то 10 рӯз бар мегардонад.

7. Дар ҳолати аз ҷониби сайёҳ қатъ гардидани шартнома субъекти хизматрасонии сайёҳӣ маблағи қаблан ҷамъ овардашударо бо нигоҳ доштани қисми маблағи хароҷотшуда ба сайёҳ дар муҳлати то 10 рӯз бар мегардонад. 

8. Пеш аз оғози саёҳат (сафар) сайёҳ метавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шартномавии худро ба шахси сеюм супорад, зимнан субъекти хизматрасонии сайёҳиро оид ба қарори қабулгардида огоҳ созад.

9. Субъекти хизматрасонии сайёҳӣ дар ҳолатҳои зерин метавонад шартномаро қатъ намояд:

- бемории сироятӣ доштани сайёҳ;

- машғул будани сайёҳ ба фаъолият ё амале, ки тартиботи ҷамъиятиро халалдор месозад ва ё меъёрҳои умумиахлоқиро вайрон менамояд;

- машғул будани сайёҳ ба фаъолият ё амале, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои сайёҳонро поймол месозад;

- ҳолатҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.

 

БОБИ 9. БЕХАТАРИИ САЁҲАТИ ШАҲРВАНДОН

 

Моддаи 58. Кафолатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба таъмини бехатарии сайёҳон

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба таъмини бехатарии саёҳати шаҳрвандон масъул мебошанд.

2. Мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низоми огоҳонидани сайёҳонро аз хавфу хатарҳои муайяншуда ва ҳолатҳои фавқулода ба роҳ мемонанд.

3. Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи ҳолатҳои фавқулода барои таъмини бехатарии сайёҳон бахши махсуси доимоамалкунандаи худро ташкил медиҳанд.

4. Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода ё садамавӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дарҳол тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти наҷотдиҳиро ба роҳ мемонанд.

 

Моддаи 59. Масъулияти субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ оид ба фароҳам овардани шароити бехатарӣ дар раванди ташкили саёҳати шаҳрвандон

1. Ба фароҳам овардани шароити бехатарӣ дар раванди ташкили саёҳати шаҳрвандон субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ масъул мебошанд.

2. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ уҳдадоранд, ки санадҳо ва меъёрҳои таъминкунандаи бехатарии истеҳсолӣ ва зиддисухториро риоя намоянд.

3. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои такмили дониш ва иттилоотнокии кормандон ва таҷрибаомӯзони (волонтёрони) худ оид ба таъмини бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ мунтазам давраҳои (курсҳои) омӯзишӣ ташкил менамоянд ва ё барои гузаштани омӯзишҳои дахлдор онҳоро равона месозанд.

4. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тартиби истифодаи объектҳои сайёҳӣ, амалӣ гардонидани тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, хизматрасонӣ ба гурӯҳҳое, ки барои сайру саёҳат имконияти маҳдуд доранд, расонидани кумаки аввалия зимни садама ва ҳолатҳои фавқулода ва дигар ҳолатҳоро ба кормандон ва таҷрибаомӯзони (волонтёрони) худ меомӯзонанд.

                                                                                                         

Моддаи 60. Масъулияти шаҳрвандон оид ба риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми саёҳат

1. Шаҳрвандон ҳангоми саёҳат уҳдадоранд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои таъминкунандаи бехатарии истеҳсолӣ ва зиддисухториро риоя кунанд ва аз рӯи ин масъалаҳо ба дастурҳои субъекти хизматрасонии сайёҳӣ итоат намоянд.

2. Шаҳрвандон ҳангоми саёҳат бояд тартиботи ҷамъиятиро риоя намуда, дар доираи муқаррароти хатсайри сайёҳии дохилӣ амал намоянд.

3. Шаҳрвандон ҳангоми саёҳат ба эҳтироми урфу одатҳо ва анъанаҳои маҳаллӣ ва зарар нарасонидан ба захираҳои сайёҳии маҳал масъул мебошанд.

 

БОБИ 10. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ

 

Моддаи 61. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 62. Иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар ташкили инфрасохтори сайёҳӣ иштирок намоянд.

 

Моддаи 63. Омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи сайёҳии дохилӣ

1. Субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои такмили ихтисос, малака ва касб метавонанд кормандони худро барои таҷрибаомӯзӣ ба мамлакатҳои хориҷии дар ин соҳа пешрафта равона созанд ва ё барои омодасозии мутахассисони соҳавӣ бо ташкилотҳои дахлдори хориҷӣ ҳамкорӣ намоянд.

2. Ҷиҳати омӯзонидан ва омода сохтани кадрҳои ватанӣ дар самти хизматрасонии сайёҳии стандарти байналмилалӣ аз хориҷи мамлакат машваратчиён ва коршиносони соҳаи сайёҳӣ ҷалб карда мешаванд.

 

БОБИ 11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 64. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 65. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                           Эмомалӣ РАҲМОН

 

      ш. Душанбе,

18 июли соли 2017,

          № 1450

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:48
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1471
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2018

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД

ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2018 с., № 1525)

 

Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, тартиби будубош, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- шаҳрванди хориҷӣ – шахсе, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надошта, шаҳрванди давлати хориҷӣ мебошад;

- шахси бешаҳрванд – шахсе, ки тибқи қонунгузории ягон давлат шаҳрванди он ҳисобида намешавад;

- паноҳгоҳи сиёсӣ – ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд додани имконияти паноҳ бурдан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъқиби сиёсӣ дар ҳудуди давлати шаҳрвандии худ ё давлати дигар, дар ҳолати мавҷуд будани хавфи воқеии чунин таъқиб, ки боиси вайронкунии ҳуқуқи инсон мегардад;

- гузаштани транзитӣ – тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати дигар гузаштани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд;

- бо роҳи маъмурӣ берун кардан – аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳамчун ҷазои маъмурӣ;

- манъи воридшавӣ – намуди маҳдудияти воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муассисаи махсус – муассисаи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ, ки барои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ беруншаванда пешбинӣ гардидааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони

хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрвандони Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулкдар назди қонун баробаранд.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони давлатҳое, ки дар онҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда мешаванд, маҳдудиятҳои мувофиқ муқаррар мекунад.

4. Аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани ҳуқуқу озодиҳо набояд ба манфиатҳои давлат, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарар расонад.

 

Моддаи 4. Уҳдадории шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд оид ба

риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ва риоя кунанд, расму анъанаи халқҳои сокини ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро гиромӣ доранд.

 

Моддаи 5. Будубоши доимӣ ва муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Истиқоматкунандагони доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде эътироф мешаванд, ки дорои гувоҳномаи истиқомати аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ додашуда мебошанд.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд уҳдадоранд, ки дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон бо тартиби муқарраргардида аз қайд гузашта, баъд аз ба охир расидани муҳлати истиқоматашон Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. Қоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1525).

3. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби бераводид будубоши муваққатӣ доранд, ба муҳлати на зиёда аз муҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Дар ҳолати набудани чунин шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон, агар муҳлати будубоши бераводид дарҷ нашуда бошад, бақайдгирӣ ба муҳлати дар аризаи шаҳрванди хориҷӣ ё дархости ташкилоти қабулкунандаи шаҳрванди хориҷӣ нишондодашуда, вале на зиёда аз 1 сол амалӣ карда мешавад.

4. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будубоши муваққатӣ доранд, уҳдадоранд бо тартиби муқарраргардида то ба итмом расидани муҳлати будубош муҳлати раводид ва бақайдгириро тамдид намоянд.

5. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон будубоши муваққатӣ дошта, шаҳрванди давлатҳое мебошанд, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби рафту омади бераводид доранд, уҳдадоранд бо тартиби муқарраргардида муҳлати амали бақайдгириро ба муҳлати зарурӣ, вале на зиёда аз 1 сол тамдид намоянд.

 

Моддаи 6. Паноҳгоҳи сиёсӣ

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.

2. Тартиби додани паноҳгоҳи сиёсиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 2.

ҲУҚУҚ, ОЗОДӢ ВА УҲДАДОРИҲОИ АСОСИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ

БЕШАҲРВАНД ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 7. Ҳуқуқ ба фаъолияти меҳнатӣ

1. Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ омадаанд, ба фаъолияти муайяни меҳнатӣ ба шарте машғул шуда метавонанд, ки он бо мақсадҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон мувофиқ бошад.

3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар доранд.

4. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро дар асоси иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода мешавад, амалӣ карда метавонанд.

5. Қоидаҳои додани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд ва намунаи ҳуҷҷати иҷозати он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқ ба истироҳат

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар асосҳои умумӣ ҳуқуқ ба истироҳат доранд.

 

Моддаи 9. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ

1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ доранд.

2. Тартиби расондани кумаки тиббиро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ омадаанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёт ва саломатии худро суғурта менамоянд.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ

1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ мекунанд, барои гирифтани кумакпулиҳо, нафақа ва намудҳои дигари таъминоти иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ омадаанд, барои гирифтани кумакпулиҳо ва намудҳои дигари таъминоти иҷтимоӣ дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

3. Агар барои таъин кардани нафақаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд собиқаи кории муайян талаб карда шавад, дар асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин собиқа метавонад муҳлати фаъолияти меҳнатии анҷомдодаи ӯ дар хориҷа дохил карда шавад.

 

Моддаи 11. Ҳуқуқ ба манзил

1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил барои ба истифодаи муваққатӣ гирифтани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқи ҳамчун моликият ба даст овардани биною хонаҳои истиқоматӣ, инчунин дигар биноҳоеро, ки ба фонди манзил дохил шудаанд (ба истиснои ба даст овардани мерос аз ҷониби ворисони қонунӣ), надоранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

3. Қоидаҳои пешниҳод намудани молу мулки ғайриманқул бо мақсади ҷойгир кардани намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 12. Ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд молу мулки хусусӣ дошта бошанд, молу мулкро ба мерос монанд ё гиранд, ҳуқуқи муаллифии асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат, ихтироот, намунаҳои саноатӣ, инчунин дорои ҳуқуқҳои дигари молумулкию ғайримолумулкӣ бошанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқ ба таҳсил

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба таҳсил доранд.

 

Моддаи 14. Ҳуқуқ ба истифодаи дастовардҳои фарҳангӣ

1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи дастовардаҳои фарҳангӣ ҳуқуқ доранд.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки нисбат ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва арзишҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёткорона муносибат намоянд.

 

Моддаи 15. Иштирок дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, ҳуқуқ доранд ба иттифоқҳои касаба, ҷамъиятҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва иттиҳодияҳои дигари ҷамъиятӣ, ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, дохил шаванд, агар ин хилофи ҳуҷҷатҳои таъсисии иттиҳодияҳои мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.

 

Моддаи 16. Озодии виҷдон

1. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон кафолат дода мешавад.

2. Барангехтани хусумат ва бадбинӣ вобаста ба дину мазҳаб манъ аст.

 

Моддаи 17. Муносибатҳои оилавӣ

1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони давлатҳои дигар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ақди никоҳ банданд ва онро бекор кунанд.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои оилавӣ аз ҳуқуқҳои баробар истифода мебаранд ва дорои уҳдадориҳои баробар мебошанд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 18. Дахлнопазирии шахс ва манзил

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дахлнопазирии шахс ва манзил кафолат дода мешаванд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 19. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва

ҷои истиқомат интихоб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз як ҷо ба ҷои дигар раванд ва ҷои истиқомати худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд.

 

Моддаи 20. Андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро месупоранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

 

Моддаи 21. Ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон метавонанд ба суд ва дигар мақомоти давлатӣ муроҷиат намоянд.

2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар суд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода мебаранд.

 

Моддаи 22. Муносибат ба хизмати давлатӣ ва ҳуқуқи интихоботӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ интихоб ва ё таъин шаванд, инчунин дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок намоянд.

 

Моддаи 23. Муносибат ба хизмати ҳарбӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ уҳдадор намебошанд.

 

БОБИ 3.

БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИД ШУДАН ВА АЗ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОМАДАНИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД

 

Моддаи 24. Ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бо шиносномаҳои хориҷӣ ё ҳуҷҷатҳои дигари ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

2. Раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нисбат ба давлатҳои алоҳида дар асоси принсипи мутақобила низоми бераводидро ҷорӣ намояд.

4. Қарор дар бораи яктарафа ҷорӣ намудани низоми бераводид бо кишварҳои хориҷӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.

5. Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар ҳолатҳои зерин барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад:

- ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ё саломатии аҳолӣ;

- агар ӯ бар зидди соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, барои халалдор гардидани ягонагӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намояд ё намуда бошад;

- агар чунин маҳдудкунӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарур бошад;

- агар маълумот дар бораи иштироки ӯ дар амалҳои террористӣ ва экстремистӣ мавҷуд бошад;

- агар аз ҷониби ӯ ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор шуда бошанд;

- агар дар вақти пешниҳод кардани дархост ҷиҳати ворид шудан дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;

- агар дар кофтукови мақомоти дахлдори давлатҳои дигаре қарор дошта бошад, ки Тоҷикистон бо онҳо шартнома дар бораи истирдод бастааст;

- дар ҳолатҳое дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

6. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ берун карда шудаанд, ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати панҷ сол аз рӯзи қабули қарори дахлдор манъ аст.

7. Дар сурати ду ва ё зиёда маротиба аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ берун карда шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати даҳ сол аз рӯзи қабули қарори дахлдор манъ аст.

 

Моддаи 25. Баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаҳои хориҷӣ ё ҳуҷҷатҳои дигари ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баромадан доранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

2. Дар сурати аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, ҳуҷҷати ивазкунандаи шиносномаи хориҷӣ шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд мебошад, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад.

3. Ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар ҳолатҳои зерин барои баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад, агар:

- барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидани ӯ асос бошад;

- ӯ барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда бошад, то адои ҷазо ё озодшавӣ аз ҷазо;

- баромадани ӯ хилофи манфиатҳои таъмини амнияти миллӣ бошад, то қатъ гардидани амали ҳолатҳое, ки ба баромадан монеъ мешаванд;

- дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии он уҳдадории молиявӣ ва молумулкӣ дошта бошад, то иҷрои чунин уҳдадориҳо;

- ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дошта бошанд, ки ба баромадани ӯ монеъ мешаванд.

 

Моддаи 26. Гузаштани транзитӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки раводиди транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, метавонанд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи транзитӣ гузаранд, қоидаҳои гузаштани транзитиро дар нуқтаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи хати ҳаракати муқарраршуда риоя кунанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати дар раводиди транзитӣ нишондодашуда таваққуф намоянд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

 

Моддаи 27. Муқаррар намудани қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон,

будубош, баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаштани транзитӣ тавассути

ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 28. Назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорати будубош ва ҳаракати транзитии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти дигари ваколатдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 4.

МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОИДАҲОИ БУДУБОШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КАМ КАРДАНИ МУҲЛАТИ БУДУБОШ ВА БО РОҲИ МАЪМУРӢ БЕРУН КАРДАНИ ОНҲО

 

Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои амалҳои зиддиҳуқуқӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зиддиҳуқуқӣ содир кардаанд, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон.

 

Моддаи 30. Масъулият барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд уҳдадоранд, ки қоидаҳои будубошро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя кунанд, аз ҷумла бе ҳуҷҷати ҳуқуқи истиқомат ё бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат накунанд, тартиби муқарраршудаи бақайдгирӣ ё сабти маҳалли истиқомат, ё аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва интихоби ҷои истиқоматро риоя кунанд, баъди анҷоми муҳлати таъиншудаи будубоши худ аз баромада рафтан саркашӣ накунанд, инчунин қоидаҳои гузаштани транзитӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд.

 

Моддаи 31. Кам кардани муҳлати будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муҳлати муайяни будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намекунанд, кам карда мешавад.

2. Муҳлати будубоши шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое низ кам карда мешавад, ки асос барои будубоши минбаъдаи ӯ аз байн рафта бошад. Дар чунин ҳолат шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд уҳдадор аст дар муҳлати муайяннамудаи мақомоти ваколатдор, вале на дертар аз даҳ рӯзи тақвимӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд. Қарор дар бораи кам кардани муҳлати будубоши шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ ва амнияти миллӣ қабул карда мешавад.

 

Моддаи 32. Бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани

шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд

1. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба будубош, ворид ва баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаштани транзитӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳолатҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санади судӣ бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешавад.

2. Қарор дар бораи бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ба мақомоте, ки парвандаро оғоз намудааст, мақомоти корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ ва амнияти миллӣ фиристода мешавад.

3. Бо роҳи маъмурӣ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби худи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ё аз ҳисоби шахси даъваткунанда ва ё аз ҳисоби шахсони сеюм амалӣ карда мешавад.

4. Мақомоти дахлдор қарорро дар бораи бо роҳи маъмурӣ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд иҷро намуда, аз натиҷааш ба суде, ки қарорро қабул намудааст, хабар медиҳанд.

5. Мақоми давлатие, ки қарорро дар бораи берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд, намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлати хориҷиро, ки шахси берункардашаванда шаҳрванди он мебошад ва ё дар ҳудуди он истиқомат мекунад, ба воситаи мақомоти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ месозад.

6. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки нисбати ӯ қарор дар бораи бо роҳи маъмурӣ берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, метавонад то иҷрои қарори мазкур бо қарори суд дар муассисаи махсус ҷудокардашудаи мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти амнияти миллӣ нигоҳ дошта шавад ё ба кафилии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 33. Имтиёзҳо ва масунияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва шахсони дигар

Имтиёзҳо ва масунияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва шаҳрвандони хориҷии ба онҳо баробаркардашуда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 34. Танзими будубоши кормандони намояндагиҳои хориҷӣ

Будубоши кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, инчунин аъзои оилаҳои онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон танзим карда мешавад.

 

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 36. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 55; с. 1997, №9, мод. 117, фасли XXIII; с. 1998, №10, мод. 119, фасли XII; с. 2001, №7, мод. 475; с. 2003, №8, мод. 452; с. 2009, №3, мод. 93, №12, мод. 817; с. 2011, №12, мод. 834; с. 2012, №7, мод. 713; с. 2014, №3, мод. 146) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,

2 январи соли 2018

№ 1471

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:52
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1484
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2018

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 октябри соли 2017 № 925

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 декабри соли 2017 № 465

ҷонибдорӣ карда шуд.

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- тамоку - растании буттагӣ, ки таркибаш никотин ва моддаҳои дигари ба саломатии инсон зараровар дошта, бо мақсади гирифтани ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти тамоку коркард мешавад;

- маҳсулоти тамоку - маҳсулоте, ки пурра ё қисман аз баргҳои тамоку ва (ё) дигар қисмҳои растании тамоку ҳамчун ашёи хом тайёр карда шуда, тавре омода гардидааст, ки барои кашидан, макидан, хоидан, бӯй кардан ва усулҳои дигари истеъмолӣ истифода бурда мешавад, аз ҷумла сигаретаҳо бо дудполо (бо филтр), сигаретаҳо бе дудполо (бе филтр), папиросҳо, сигорҳо, сигарилаҳо, маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, чилимтамоку, тамокуи кашиданӣ, ҳама намуди тамокуи ғайрикашиданӣ, нос ва намудҳои дигари маҳсулоти тамоку (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954);

- никотин - моддаи таркиби тамоку (алкалоиди дар таркиби растаниҳои оилаи "Никотиана" мавҷудбуда), ки боиси гирифтор шудани шахс ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла сактаи дил, сактаи майна ва саратон мегардад;

- истифодаи маҳсулоти тамоку - кашидани тамоку (нафас кашидани моддаи аз сӯзондан ё гарм кардани тамоку ҳосилшуда), хоидан, бӯй кашидан, макидан ё зери забон мондани маҳсулоти тамоку, инчунин роҳҳои дигари истифодаи маҳсулоти тамоку аз рӯйи таъинот, ки вобастагии организми инсонро аз никотин ба вуҷуд оварда, ба саломатии истифодабарандагон ва (ё) шахсоне, ки маҳсулоти тамокуро истифода намебаранд, таъсири манфӣ мерасонад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954);

- қатрон - қисмати асосии дуди тамоку, ки дар таркибаш никотин надошта, дорои хусусияти кансерогенӣ мебошад;

- ҷузъи таркибӣ (ингредиент) - моддае (ба ғайр аз барг ва қисмҳои дигари тамоку), ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти тамоку истифода мешавад ва дар таркиби маҳсулоти тайёри тамоку, аз ҷумла дар шакли тағйирёфта, вуҷуд дорад;

- борпечи истеъмолӣ - борпечи барои фурӯш пешбинигардидаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла қуттӣ ва блок ё борпечи аввалияи маҳсулот, ки ба истеъмолкунандаи охирон фурӯхта мешавад;

- регламенти техникӣ - санади меъёрии техникӣ, ки дар ҷараёни бамеъёрдарории техникӣ таҳия шуда, талаботи техникии риояашон ҳатмиро вобаста бо бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад;

- чилим - асбобе, ки аз қисмҳои пайвастшавандаи асосӣ: сархона, муштук ва зарф иборат буда, барои тамокукашӣ ё истифодаи омехтаҳои гуногуни кашидании дар таркибашон барги тамокунадошта истифода мешавад;

- системаҳои электронии таҳвили никотин - дастгоҳҳое, ки ба кашидани тамоку тавассути гармкунии маҳлул барои системаҳои электронии таҳвили никотин ва ба вуҷуд омадани аэрозол ё ҳаври нафаскашидаи истеъмолкунанда, аз ҷумла сигорҳои электронӣ ҳаммонанд, ки метавонанд мисли маҳсулоти муқаррарӣ (сигор, сигара, чубуқ, чилим, ручка, ҳомили электронии ҷудогона ва ғайра) ё маҳсулоти дигари дорои шаклу рангҳои гуногуни истифодаашон як ва ё бисёркарата бошанд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954);

- маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда - намуди маҳсулоти тамокуи кашиданӣ, ки аз тамоку (омехтаи тамоку) бо илова ё бе иловаи ҷузъи таркибӣ иборат буда, барои истифода дар системаҳои гармкунии он бо роҳи нафаскашии аэрозол ё ҳавр дар натиҷаи гарм кардани тамоку ба таври электронӣ ё ба таври дигари бе раванди сӯзондани он бавуҷудомада пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954);

- система барои гармкунии тамоку - дастгоҳи электронӣ, ки барои истифодаи маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда пешбинӣ шудааст ва аэрозол ё ҳаврро бо мақсади нафас кашидани истеъмолкунанда ҳосил мекунад, аз ҷумла ҳама гуна модда ё чизи дигаре, ки барои истифода бо дастгоҳ, новобаста ба он ки алоҳида фурӯхта мешавад ё не, тайёр карда шудааст;

- маҳсулоти тамокуи ғайрикашиданӣ - маҳсулоти тамоку, ки барои макидан, хоидан, бӯй кашидан ва ғайра пешбинӣ шудааст;

- маҳсулоти ғайрикашидании дорои никотин - маҳсулоти дорои никотин ё намакҳои никотин, маҳлулҳо, моеъҳои никотинӣ ё гелҳои дорои никотин, ашёи хоми растанӣ ва (ё) иловагиҳои ғизоӣ (ба истиснои доруворӣ), ки маҳсулоти тамоку нестанд ва барои макидан, хоидан, бӯй кашидан пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла снюс ва никпэк, инчунин маҳсулоти хӯроквории табиӣ, ки таркибашон никотини аслӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954);

- нос - омехтае, ки дар таркибаш тамоку, ишқор (оҳак ё моддаи дигар) ё моддаҳои дигар омехта шудаанд ва бо роҳи ба зери забон, байни лабҳо ё бехи дандон гузоштан истифода мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ

Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку

Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.

Моддаи 4. Танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954)

1. Истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку ва маҳлулҳо барои системаҳои электронии таҳвили никотин, ки дар онҳо миқдори моддаҳои зараровар аз меъёрҳои муқаррарнамудаи регламенти техникӣ, стандартҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зиёд мебошад, манъ аст. Регламенти техникии маҳсулоти тамоку аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

2. Ҳар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамокуи дахлдор, ки барои фурӯш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст (ба истиснои маҳсулоти тамокуи барои фурӯш дар мағозаҳои савдои бебоҷ пешбинигардида) тибқи регламенти техникӣ, бояд маълумоти огоҳикунандаи асосиро оид ба зарари истифодаи онҳо дошта бошад, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ аст:

- аз матн ва акс таркиб ёфта бошад;

- дар қисмати бештари болоии рӯйи борпечи истеъмолӣ, дар ҳар ду тарафи он ва на кам аз ҳафтоду панҷ дарсади сатҳи умумии ҳар як тараф ҷойгир бошад;

- матн дар қисми поёнии тарафи пеш ҳатман ба забони давлатӣ ва дар қисми поёнии тарафи муқобил метавонад ба забонҳои дигар дарҷ шуда бошад.

3. Ангораи аксҳо ва матни маълумоти огоҳикунанда оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешаванд.

4. Маълумот барои истеъмолкунанда, ки дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку дарҷ мегардад, бояд мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи регламенти техникӣ ҷойгир карда шавад.

5. Дар ҳар як қуттии маҳсулоти тамоку, ки барои фурӯш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст (ба истиснои маҳсулоти тамокуи барои фурӯш дар мағозаҳои савдои бебоҷ пешбинигардида), бояд тамғаи аксизии намунаи муқарраршуда часпонда шуда бошад.

6. Маълумоти дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дарҷгардида набояд истилоҳот, тавсифҳо, нишонаҳо, рамзҳо ва дигар аломатҳоро, ки бавосита ё бевосита оид ба камзарар будани маҳсулоти тамоку, системаҳои электронии таҳвили никотин нисбат ба дигар маҳсулоти тамоку, системаҳои электронии таҳвили никотин таассуроти бардурӯғ ба вуҷуд меоранд, дар бар гирад. Маълумоти дар борпечи истеъмолӣ дарҷгардида набояд чунин калимаҳо ё ибораҳо, ба мисли "дорои миқдори ками қатрон", "сабук", "хеле сабук", "камтаъсир", "экстра", "ултра" ва калимаҳои дигари монанд ба инҳоро, ҳамчунин калимаҳо, нишонаҳо ва рамзҳоеро, ки маҳсулоти тамоку, системаҳои электронии таҳвили никотинро бо маҳсулоти хӯрокворӣ (иловагиҳои ғизоӣ) шабоҳат медиҳанд ё бавосита ё бевосита вобаста ба таъми маҳсулоти хӯрокворӣ (иловагиҳои ғизоӣ)-ро доштани маҳсулоти тамоку, системаҳои электронии таҳвили никотин таассуроти бардурӯғ ба вуҷуд меоранд, дар бар гирад.

7. Дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дарҷ намудани чунин маълумот манъ аст:

- истифодаи маҳсулоти тамокуи мазкур (намуди маҳсулоти тамоку), системаҳои электронии таҳвили никотин, ки хавфи пайдоиши бемориҳои вобаста ба истеъмоли онро кам мекунад;

- маҳсулоти тамокуи мазкур (намуди маҳсулоти тамоку), системаҳои электронии таҳвили никотин нисбат ба маҳсулоти дигари тамоку (дигар намуди маҳсулоти тамоку), системаҳои электронии таҳвили никотин ба саломатӣ зарари камтар доранд;

- хавфи пайдо шудани бемориҳои вобаста ба истифодаи маҳсулоти тамокуи мазкур (намуди маҳсулоти тамоку) ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар натиҷаи хориҷ шудани моддаи махсус ҳангоми истеъмоли он кам карда шудааст.

8. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, воридот, содирот, нигоҳдорӣ, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамокуи ғайрикашиданӣ ва ҳама гуна маҳсулоти ғайрикашидании дорои никотин (ба истиснои нос), аз ҷумла снюсҳо (маҳсулоти тамокуи бе дуд), никпэкҳо (омехтаи бе тамокуи дар таркибаш миқдори зиёди никотини сунъидошта) манъ аст.

9. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, воридот, содирот, нигоҳдорӣ, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии таҳвили никотини якдафъаина истифодашаванда, манъ аст.

10. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти тамоку ба сифати ҷузъи таркибӣ (ингредиент) истифода бурдани моддаҳо мувофиқи номгӯйи аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшуда иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954).

Моддаи 5. Манъи фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин

(Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954)

1. Фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар дохили биноҳо, ҳудуди ташкилотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, низоми маориф, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ аст.

2. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин ба шахсоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд, иҷозат дода намешавад. Дар сурати шубҳа пайдо кардани фурӯшанда оид ба синну соли шахсе, ки маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотинро мехарад, фурӯшанда уҳдадор аст, ки аз харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли ӯро талаб намояд. Дар сурати аз ҷониби харидор пешниҳод нагардидани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли ӯ, фурӯшанда уҳдадор аст, ки ба ӯ фурӯхтани маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотинро рад кунад.

3. Фурӯши сигор, сигарил, папирос ва маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда, ки дар як воҳиди борпечи истеъмолӣ (қуттӣ) аз бист дона кам ё зиёд мебошанд, манъ аст.

4. Фурӯши сигор, сигарил, папирос ва маҳсулот аз тамокуи гармкардашуда аз қуттиҳои кушодаи маҳсулоти тамоку ё донабайъ, инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бе борпечи истеъмолӣ манъ аст.

5. Фурӯши маҳсулоти тамоку бе тамғаи аксизии намунаи муқарраршуда, ба истиснои маҳсулоти тамоку, ки барои фурӯш дар мағозаҳои савдои бебоҷ пешбинӣ шудааст, манъ аст.

6. Фурӯши маҳсулоти тамоку бе дарҷ кардани огоҳӣ дар қуттии маҳсулоти тамоку дар бораи зарари истифодаи маҳсулоти тамоку, инчунин дар ҳолатҳои номутобиқатии он ба талаботи муқаррарнамудаи регламенти техникӣ манъ аст.

7. Фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо истифодаи воситаҳои худкор, дастӣ ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

8. Истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоте, ки ба маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин монанд мебошад, манъ аст.

9. Паҳн кардани маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар байни аҳолӣ ба таври ройгон ё ба ивази ягон мол, хизматрасонӣ ва ё фурӯши он дар дохили маҷмуаи иборат аз маҳсулоти ғайритамоку манъ аст.

10. Бар ивази пардохти музди меҳнат додани тамоку, маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин манъ аст.

11. Фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар объекти тиҷоратӣ тариқи берун мондан ва намоиш додани он манъ аст. Маълумот дар бораи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин, ки барои фурӯши чакана пешкаш карда мешаванд, аз ҷониби фурӯшанда тариқи ҷой додани номгӯйи маҳсулот дар объекти тиҷоратӣ ба маълумоти харидор расонда мешавад. Матни номгӯйи маҳсулоти тамоку бо истифодаи ҳарфҳои андозаашон якхелаи ранги сиёҳ дар коғази сафед бо тартиби алифбо таҳия карда шуда, дар он бояд нархи маҳсулоти тамокуи ба фурӯш гузошташуда бе истифодаи тасвирҳои графикӣ ва аксҳо нишон дода шавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954).

Моддаи 6. Тадбирҳои аз таъсири маҳсулоти тамоку ҳифзкунанда

1. Истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин манъ аст (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954):

- дар дохили бино ва ҳудуди ташкилотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмию таълимӣ;

- дар дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- дар дохили бинои меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва корхонаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, бар ва ғайра), ба истиснои ҷойҳои махсуси барои тамоку кашидан ҷудокардашуда;

- дар дохили ҳамаи намуди нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ;

- дар дохили бино ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои тамокукашӣ ҷудокардашуда;

- дар нақлиёти истифодаи шахсӣ, ки дар онҳо кӯдакони то ҳаждаҳсола ё зани ҳомила ҳузур доранд;

- дар дохили бинои осоишгоҳҳо, ҳудуди майдончаҳои кӯдакон, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954).

2. Барои таҷҳизонидани ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамоку дар маҳбасхонаҳо, беморхонаҳои бемориҳои руҳӣ, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон аз рӯйи дархост мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ё сохторҳои маҳаллии он иҷозат медиҳад.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ ҳуқуқ доранд истифодаи маҳсулоти тамокуро дар боғу гулгаштҳо, ҳудуди канори дарё ё кулҳо ва ҷойҳои дигаре, ки чорабиниҳои оммавӣ гузаронда мешаванд, ба таври муваққатӣ ё доимӣ манъ намоянд.

4. Моликон ва шахсоне, ки дорои ҳуқуқи истифодаи бино, ҳудуду иншоот ва муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда мебошанд, вазифадоранд риояи меъёрҳои моддаи мазкурро таъмин намоянд ва барои риоя накардани онҳо масъул мебошанд.

5. Роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҷойҳои махсусро барои истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2023 № 1954).

Моддаи 7. Тарғиби зарари истифодаи маҳсулоти тамоку

1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва оид ба дин вазифадоранд, тавассути воситаҳои ахбори омма, филмҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва буклету расмҳо иттилоотонии аҳолиро оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои ногувори он ба генофонди миллӣ мунтазам ба роҳ монанд.

2. Дар барномаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот мавзӯъҳои дахлдор вобаста ба таъсири манфии истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон пешбинӣ карда мешаванд.

3. Барномаи таълимӣ дар самти омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва дин бояд фарогири мавзӯъ дар бораи иттилоотонии аҳолӣ оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ва усулҳои мусоидат намудан ба пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку бошанд.

4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барои дар муассисаҳои тандурустӣ амалӣ шудани хизматрасонӣ доир ба ташхис, машваратдиҳӣ, пешгирӣ ва табобати шахсони ба тамоку вобастагидошта мусоидат менамояд.

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 8. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 9. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ.1, мод. 811; с. 2013, №3, мод. 192) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

2 январи соли 2018 № 1484

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 21:57
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1494
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.01.2018

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАҚОМИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 04.04.2019 с., № 1596)

Қонуни мазкур мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, хусусиятҳои идоракунӣ ва асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муайян мекунад.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.

2. Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангии мамлакат мебошад;

- воҳиди маъмурию ҳудудиест, ки мақоми махсуси давлатӣ­дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд;

- маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи тайёр кардани шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳуми мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Таҳти мафҳуми мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии шаҳри Душанбе фаҳмида мешавад, ки мутобиқи он ҳуқуқу вазифаҳои алоҳидаи бо Қонуни мазкур муқарраргардидаи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалӣ намудани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Кафолатҳои таъмини функсияҳои пойтахтро амалӣ намудани шаҳри Душанбе

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои аз тарафи шаҳри Душанбе амалӣ намудани функсияҳои пойтахтро бо роҳҳои зерин таъмин менамояд:

- дар буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо намудани сатри алоҳидаи хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани функсияҳои пойтахт;

- пешниҳод намудани мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявӣ (субсидия) ба шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани функсияҳои пойтахт бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба моликияти шаҳри Душанбе додани молу мулке, ки барои амалӣ намудани функсияҳои пойтахт зарур мебошанд;

- пешкаш намудани кафолатҳои давлатӣ ба сармоягузориҳое, ки баҳри рушди инфрасохторҳои пойтахт ҷалб карда мешаванд;

- андешидани чораҳои дигар, ки амалигардонии функсияҳои пойтахтро таъмин менамоянд.

 

Моддаи 5. Мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияҳои

пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи иштирок дар корҳои зерин мусоидат менамоянд:

- таҳия ва амалисозии барномаҳои мақсадноки рушди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти кишвар;

- мутобиқи шартномаҳои бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе басташуда амалӣ намудани нақшаҳои сохтмон, таъмиру таҷдид ва нигоҳдории объектҳое, ки ба шаҳри Душанбе дар иҷрои функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд;

- нигоҳдорӣ ва рушди воситаҳои алоқа, роҳҳои автомобилгард, низоми нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳр барои амалӣ намудани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд;

- рушди объектҳои хоҷагии коммуналию манзилӣ, ки баҳри қонеъ гардонидани ниёзҳои коммуналию маишии аҳолии шаҳри Душанбе равона шудаанд;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин ташкили чорабиниҳо барои бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулода, пешгирӣ намудани онҳо ва расонидани кумак ба зарардидагон.

 

Моддаи 6. Ҳудуди шаҳри Душанбе

 

1. Ҳудуди шаҳри Душанбе бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

2. Ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамаи заминҳои дар доираи сарҳади маъмурию ҳудудии шаҳри Душанбе қарордоштаро дар бар мегирад.

3. Бо мақсади идоракунии самараноки шаҳр, ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта ва иҷрои ваколатҳои бо Қонуни мазкур муқарраршуда ҳудуди шаҳри Душанбе ба ноҳияҳо тақсим шудааст.

4. Ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо назардошти хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, шаҳрсозӣ, шумораи аҳолӣ, ҷойгиршавии коммуникатсияи нақлиёт, мавҷудияти инфрасохтори муҳандисӣ ва хусусиятҳои дигари ҳудудӣ ташкил карда шудаанд.

 

Моддаи 7. Маҳдудиятҳо дар истифодабарии ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Дар ҳолатҳои алоҳида дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ гардонидани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи генералии рушди шаҳр бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми истифодаи ҳудуди шаҳр мумкин аст маҳдудиятҳо муқаррар карда шаванд.

2. Дар ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ, манъ аст. Парвариш ва нигоҳдории гурба, саг ва паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба байторӣ иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 71. Нишони шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1596)

  1. Шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишон (эмблема) мебошад.
  2. Нишони (эмблемаи) шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи онро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ менамояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1596).

 

 

БОБИ 2.

ХУСУСИЯТҲОИ ИДОРАКУНИИ МАҚОМОТИ

МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ПОЙТАХТ

 

Моддаи 8. Вазифаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт

 

Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таъмини амалигардонии функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баланд бардоштани имкониятҳои рақобатпазирии пойтахт дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигари ҷаҳон;

- бунёди шаҳр бо рушди устувор;

- рушди пойтахт ҳамчун маркази равобити байналмилалӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои амалигардонии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои умумидавлатӣ ва байналмилалӣ;

- амалигардонии дигар функсияҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ дар пойтахт

 

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар баробари ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амалигардонии функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори марказии ҳокимияти давлатӣ лоиҳаҳои мушаххаси нақшаҳои батанзимдарории сохтмон, меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ ва истифодабарии иншоотҳои пойтахтро таҳия ва тасдиқ менамояд;

- қоидаҳои ободонӣ ва нигоҳдории пойтахтро тасдиқ менамояд;

- банақшагирӣ ва таъмини стратегияи рушди маҷмӯии иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо амалӣ менамояд;

- тартиби вуруди нақлиёти дигар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳри Душанбе ва ҳаракати автомашинаҳои сабукрав, таксиҳо, нақлиёти боркаш ва махсусро дар ҳудуди шаҳри Душанбе тасдиқ менамояд;

- бо мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дигар давлатҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои байналмилалиро барқарор менамояд;

- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар баробари ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амалигардонии функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин ба намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин, бино, иншоот, манзил, хизматрасонии манзилию коммуналӣ, нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматрасониро пешниҳод менамояд;

- барои гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва кумаки молиявӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ шароити заруриро таъмин мекунад;

- дар таҳия ва амалигардонии барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявии рушди шаҳри Душанбе иштирок менамояд;

- нигоҳдорӣ ва рушди воситаҳои алоқа ва роҳҳои автомобилгарде, ки аз ҳудуди шаҳри Душанбе мегузаранд, инчунин хизматрасонии нақлиётиро ба аҳолӣ таъмин менамояд;

- марказҳои ягонаи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳри Душанберо таъсис медиҳад;

- қоидаҳои ташкил ва гузаронидани таъмири биноҳои истиқоматии бисёрошёнаи пойтахтро, ки барои бунёди симои ягонаи меъмории пойтахт равона гардидаанд, тасдиқ менамояд;

- тавассути ташкилотҳои ваколатдор барои таъмири биноҳои истиқоматии бисёрошёнаи пойтахт, ки ба бунёди симои ягонаи меъмории пойтахт равона карда шудаанд, аз буҷети маҳаллӣ маблағҳо пардохт менамояд;

- Фонди рушди пойтахт ва дигар фондҳои дахлдорро таъсис дода, манбаъ ва тартиби истифодаи маблағҳои фондҳоро муайян менамояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1596);

  • ҳавасмандгардонӣ ва мукофотҳоро мукаррар карда, низомномаи онҳоро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1596);

бо унвони «Сокини фахрии пойтахт», медалҳои ҷашнӣ ва медалҳо, инчунин бо ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе сарфароз мегардонад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1596);

- ҳамкории байналмилалиро оид ба масъалаҳои рушди пойтахт амалӣ менамояд;

- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бевосита ба манфиатҳои пойтахт дахл доранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа менамояд;

- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои фаъолият ва рушди пойтахт ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар ҳалли масъалаҳои баргузории чорабиниҳои дорои хусусияти умумидавлатӣ ва байналмилалӣ дар пойтахт иштирок менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе супоридани объектҳое, ки дар моликияти ҷумҳуриявӣ қарор дошта, дар ҳудуди пойтахт ҷойгиранд ва барои таъмини иҷрои функсияҳои пойтахт аҳамияти муҳим доранд, пешниҳод ирсол менамояд;

- тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон иштирок менамояд.

 

Моддаи 11. Биноҳо, сохтмонҳо, иншоот ва иморатҳои мақомоти давлатӣ, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ дохил мешаванд

 

Биноҳо, сохтмонҳо, иншоот ва иморатҳои мақомоти давлатӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе қарор дошта, дар онҳо мақоми олии қонунгузор, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, моликияти ҷумҳуриявӣ мебошад.

 

Моддаи 12. Фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар пойтахт

 

1. Дар ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе фаъолияти шаҳрсозӣ, меъморӣ ва сохтмон мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозӣ ба амал бароварда мешавад.

2. Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

3. Додани қитъаи замин ва иҷозат барои сохтмони бино ва иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.

4. Бо мақсади ба пойтахт додани симои ягонаи меъморӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муоинаи техникии хонаҳои истиқоматии бисёрошёнаро мегузаронад. Дар асоси санади муоинаи техникӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе номгӯи хонаҳои таъмирталабро муайян мекунад. Тартиби гузаронидани муоинаи техникӣ ва таъмири хонаҳои истиқоматии бисёрошёнаи зикргардидаро раиси шаҳри Душанбе тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 13. Таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт

 

1. Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

2. Бо мақсади таъмини амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароит барои амалигардонии функсияҳои мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе метавонад тартиби махсуси воридшавӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва чорабиниҳои санитарӣ-эпидемиологиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе пешбинӣ намояд.

 

БОБИ 3.

ХУСУСИЯТҲОИ ТАЪМИНОТИ МОДДӢ ВА МОЛИЯВИИ ПОЙТАХТ

 

Моддаи 14. Хусусиятҳои маблағгузории хароҷоти марбут ба функсияҳои пойтахтро иҷро намудани шаҳри Душанбе

 

Маблағгузории хароҷоти марбут ба функсияҳои пойтахтро иҷро намудани шаҳри Душанбе ҳангоми муайян намудани буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли навбатии молиявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматрасонии шаҳр пардохт менамоянд, пешбинӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Таъминоти моддӣ ва молиявии хароҷоти иловагии шаҳри Душанбе ҳангоми

иҷро намудани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қарори мақомоти давлатӣ, ки ба иҷро намудани функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст ва хароҷоти иловагиро пешбинӣ менамояд, бояд бо пешниҳод намудани воситаҳои моддӣ ва молиявии зарурӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мувофиқа карда шавад.

 

БОБИ 4.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар

бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №23, мод. 335; соли 2009, №5, мод. 325) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

 

      ш. Душанбе

2 январи соли 2018

          № 1494

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 22:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1505
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
21.02.2018

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ

ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

 

(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.04.2019 с., № 1601)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мораторий ба санҷишҳо - муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- молу маҳсулот - натиҷаи ниҳоии фаъолияти субъектҳои соҳибкорие, ки талаботи истеҳсолӣ - истеъмолӣ ё шахсиро таъмин мекунанд;

- субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад;

- санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ - намуди фаъолияти мақомоти давлатии санҷишӣ оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601);

- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки барои мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо масъул мебошад;

- давраи мораторий ба санҷишҳо - муҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ карда шудаанд;

- мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш - мақомоти давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколати гузаронидани санҷишҳои фаъолиятисубъектҳои соҳибкорӣ мебошанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои

фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий басанҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мақоми машваратӣ ва доимоамалкунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» фаъолият менамояд.

 

Моддаи 4. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- гузаронидани мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- пешбурди феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ.

 

Моддаи 5. Мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Мақомоти омори давлатӣ рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки ҳисоботи оморӣ оид ба истеҳсолотро месупоранд, ба шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод менамояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601).

2. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ рӯйхати пешниҳодшударо баррасӣ намуда, барои ворид намудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣқарор қабул мекунад.

3. Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар асоси қарори шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи қабули қарор ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид карда мешавад.

4. Шакли феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва тартиби пешбурди онро шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 6. Истисно аз татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешавад:

- (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601);

- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601);

- агар санҷиш ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин истеҳсоли маводи доруворӣ алоқаманд бошад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601);

- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣҳангоми қатъ кардани фаъолияти онҳо;

- тибқи талаботи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Санҷишҳое, ки тибқи қисми 1 моддаи мазкур гузаронида мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайд карда мешаванд.

 

Моддаи 7. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур, боздошта мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601).

2. Баъди анҷоми мораторий ба санҷишҳо, фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳо тибқи моддаи 6 Қонуни мазкур мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳо манъ аст (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601).

 

Моддаи 8. Ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳо вобаста ба татбиқи мораторий ба санҷишҳо аз ҷониби шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601).

 

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 91. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» аз 3 июли соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №7, мод.709; с.2015, №3, мод.214) аз эътибор соқит дониста шавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1601).

 

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

 

         ш. Душанбе

21 феврали соли 2018

             №1505

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 22:03
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1506
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
21.02.2018

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, №2, мод.65; ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1790.)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, талабот оид ба сифати ғалла ва тайёр кардани ғаллаи озуқавӣ, инчунин еми ҳайвоноти кишоварзӣ ва тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ғалла – ҳосили зироатҳои хӯшадор, лӯбиёӣ ва равғандор, ки мутобиқи стандартҳо ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф карда мешаванд;

- муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он – фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, тайёркунӣ, фурӯш, воридоту содирот, инчунин истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- сифати ғалла (сифати маҳсулоти коркарди ғалла) – маҷмӯи хусусиятҳои истеъмолии ғалла (маҳсулоти коркарди ғалла), ки ба талаботи стандартҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он ҷавобгӯй мебошад;

- истеҳсоли ғалла – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) вобаста ба кишт, парвариш, ҷамъоварӣ ва интиқоли ғалла барои коркарди минбаъда;

- маҳсулоти коркарди ғалла – орд, ярма, маҳсулоти нону макаронӣ, еми чорвою парранда ва маҳсулоти дигари коркарди ғалла;

- орд – озуқаворие, ки дар натиҷаи осиёб намудани донаҳои растаниҳои хӯшадор ва зироатҳои лӯбиёӣ ҳосил мешавад;

- ярма – озуқаворие, ки аз ғалладонаҳои бутун ва (ё) майдакардашудаи растаниҳои хӯшадор ва зироатҳои лӯбиёӣ ҳосил мегардад;

- нигоҳдории ғалла – раванди технологии фароҳам овардани шароит барои таъмини бехатарӣ, ки ба нигоҳ доштани хусусиятҳои истеъмолии он мусоидат мекунад;

- коркарди ғалла – тозакунӣ, хушконидан ва (ё) безараргардонӣ, инчунин бартараф кардани қисмҳои дорои арзиши пасти хӯрокворӣ бо мақсади таъмин намудани бехатарии ғалла ва беҳсозии хусусиятҳои истеъмолии он;

- безараргардонии ғалла – таъсиррасонии кимиёвӣ, радиатсионӣ ё физикӣ ба ғалла бо мақсади нобуд сохтани зараррасонҳо ва микроорганизмҳо, аз ҷумла объектҳои карантинӣ;

- регламенти техникӣ – санади меъёрии муқарраркунандаи талаботи риояаш ҳатмӣ, ки вобаста ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он, иҷрои кор ва хизматрасонӣ таҳия шудааст;

- ҳуҷҷатҳои техникӣҳуҷҷатҳое (талаботи техникӣ, дастурамалҳои технологӣ, дастурҳо), ки мутобиқи онҳо истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ мегарданд;

- сертификати сифати ғалла (сертификати маҳсулоти коркарди ғалла) – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;

- захираҳои давлатии ғалла – захираҳои мақсаднок, ки аз ғаллаи озуқавӣ, емӣ, тухмӣ, фурӯшӣ ва устуворгардонии бозори ғалла иборат мебошанд;

- истифодаи партовҳои ғалла ё маҳсулоти коркарди он – истифодаи ғалла ё маҳсулоти коркарди он, ки ба талаботи стандартҳо ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй набуда, аз мақсадҳои таъинотии ғалла ё маҳсулоти коркарди он фарқ мекунанд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1790)

Моддаи 2. Таснифоти ғалла

1. Вобаста ба таъиноти худ ғалла аз намудҳои озуқавӣ (бо мақсади хӯрокворӣ истифодашаванда), тухмӣ (барои кишт), инчунин вобаста ба сифатҳои навъӣ ва киштшаванда аз ғаллаи емӣ (барои хӯроки чорво ва парранда) иборат мебошад.

2. Таснифоти ғалла дар асоси маҷмӯи нишондиҳандаҳои биологию технологӣ тибқи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ оид ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ карда мешавад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:

- коҳиш додани вобастагии истеъмолкунандагон ба бозори берунии ғалла, ба даст овардани тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли ғалла;

- муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии низоми назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои субъектҳои хоҷагидор;

- мусоидат намудан ба тиҷоратикунонии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, рушди бозори ғалла ва ташаккули фазои рақобатпазир;

- муқаррар намудани тартиби бақайдгирии миқдор ва сифати захираҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- мусоидат ба мутобиқсозии сохтори истеҳсолии ғалла ба шароити табиию иқлимӣ ва вазъи бозор, такмили технологияи истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он.

Моддаи 5. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд

Ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он субъектҳои хоҷагидоре мансубанд, ки:

- ғалла ва маҳсулоти коркарди онро истеҳсол мекунанд;

- нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро анҷом медиҳанд;

- бо фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд;

- бо воридоту содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд.

Моддаи 6. Принсипҳои асосии ташкили фаъолият дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- кафолати манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист;

- самаранокӣ ва рақобати озод ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- истифодаи технологияи муосири истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- шаффофияти иттилоот оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- пешгӯӣ ва банақшагирӣ ҳангоми истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- таъмини риояи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, талабот оид ба бехатарии меҳнат ва ҳифзи муҳити зист.

Моддаи 7. Ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорие, ки ба муомилоти ғалла

ва маҳсулоти коркарди он машғуланд

1. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, ҳуқуқ доранд:

- маълумоти ба фаъолияташон вобастаро ба даст оранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад;

- дар интихоби расмии намунаҳо, баркашидани расмӣ, санҷиши сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он иштирок намоянд;

- ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.

2. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, уҳдадоранд:

- чорабиниҳоро оид ба пешгирии вайроншавии ғалла ва маҳсулоти коркарди он таҳия ва амалӣ гардонанд;

- чорабиниҳоро оид ба таъмини бақайдгирии миқдору сифати ғалла таҳия карда, амалӣ намоянд;

- стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, талаботи санитарӣ, санитарию байторӣ, экологӣ ва бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд;

- сифат ва бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро тавассути истифодаи озмоишгоҳҳои истеҳсолӣ ва марказҳои санҷишии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда таъмин намоянд;

- қоидаҳои ташкил ва амалисозии ҷараёнҳои технологиро дар элеваторҳо ва корхонаҳои қабулкунандаи ғалла, корхонаҳои ордбарорӣ, ярмабарорӣ ва корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво риоя кунанд;

- уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро кунанд.

Моддаи 8. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалла

1. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалла аз низоми мураттаби ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъбаст намудани иттилоот оид ба амалиёти хоҷагидорӣ вобаста ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он тавассути баҳисобгирии саросарӣ, бефосила ва ҳуҷҷатӣ мебошад, ки бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- назорати истеҳсол, нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари ғалла;

- муайян намудани тағйирёбии нишондиҳандаҳои миқдору сифати ғалла ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди он;

- таъмини иҷрои дахлдори уҳдадориҳо мувофиқи шартномаҳои нигоҳдории ғалла дар анбор;

- пешгирии вайроншавӣ ва паст шудани сифати ғалла.

2. Баҳисобгирии миқдору сифати ғалларо субъектҳои хоҷагидор бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1790)

БОБИ 2. МУОМИЛОТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН

Моддаи 9. Хусусиятҳои муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Воридоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз лиҳози ирсӣ дигаргун (модификатсия) карда шудаанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

3. Тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври транзит интиқол додани ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз лиҳози ирсӣ дигаргун (модификатсия) карда шудаанд, тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

4. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бе ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҷавобгӯй будани онҳо ба талаботи бехатарӣ манъ аст.

5. Шахсоне, ки муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро амалӣ менамоянд, уҳдадоранд назорати истеҳсолии бехатарии онро ташкил кунанд ва анҷом диҳанд, инчунин талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникиро риоя кунанд.

Моддаи 10. Кишт ва истеҳсоли ғалла

1. Кишти ғалла бо назардошти дастовардҳои селексионӣ, ноҳиябандии навъҳои он, инчунин маҷмӯи чорабиниҳои муосири агротехнологӣ анҷом дода мешавад.

2. Дар таркиби тухмии барои кишт истифодашавандаи ғалла миқдори пайвастагиҳои эҳтимолан хавфноки кимиёвӣ ва биологӣ, миқдори боқимондаи пеститсидҳо ва заҳрдоруҳо, моддаю омехтаҳои зарарнок набояд аз меъёрҳои ҷоизи муқаррарнамудаи регламентҳои техникӣ зиёд бошад.

3. Субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд, ки истеҳсоли ғалларо бо усулҳои таъминкунандаи ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, инчунин маҳдудкунандаи таъсири номатлуб ба муҳити зист, ба роҳ монанд.

Моддаи 11. Нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории ғалла

1. Нигоҳдории ғалла дар анборҳое, ки ба талабот ва меъёрҳои экологӣ, сохтмонӣ, зиддисӯхторӣ, санитарию эпидемиологӣ ва фитосанитарӣ ҷавобгӯй мебошанд, анҷом дода мешавад.

2. Хизматрасонӣ оид ба нигоҳдории ғалла тибқи талаботи тахассусӣ ва дар асоси шартномаи интихоби намунаи ғалла барои ташхис сурат мегирад.

3. Талаботи бехатариро ҳангоми нигоҳдории ғалла аз рӯйи дараҷаи хавфнокӣ регламентҳои техникӣ муқаррар менамоянд.

4. Масъулият барои нигоҳдории ғаллаи қабулшуда, таъмини сифати он ва риояи меъёрҳои талафоти табиии ғалла дар муддати нигоҳдорӣ ба зиммаи субъекти хоҷагидор вогузор карда мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

Моддаи 12. Коркарди ғалла

1. Коркарди ғалла бо мақсади тозакунӣ, хушконидан ва (ё) безараргардонӣ, инчунин бартараф кардани қисмҳои дорои арзиши пасти хӯрокворӣ (бехтан, тоза ва ҷудо кардан, дурушт кардан) ҷиҳати таъмин намудани бехатарии он ва беҳсозии хусусиятҳои истеъмолии ғалла анҷом дода мешавад.

2. Меъёрҳои талафёбии табиии ғалла ҳангоми тоза намудан, хушконидан ё безараргардонии он бо регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 13. Маҳсулоти коркарди ғалла

1. Маҳсулоти коркарди ғалла бояд дар шароити аз ҷиҳати гигиенӣ тоза истеҳсол, баркашида ва бандубаст шаванд, дар таркиби онҳо моддаҳои зараровар набошанд (ё ба сатҳи барои организми инсон безарар бошанд), ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш бехатарии он таъмин карда шавад. Таҷҳизот, мавод ва маҳсулоти дар ҷараёни коркарди ғалла истифодашаванда бояд ба талаботи сифат ва бехатарӣ вобаста ба чунин таҷҳизот, мавод ва маҳсулот ҷавобгӯй бошанд.

2. Меъёри ҳосилшавии маҳсулоти коркарди ғалла (миқдор ё таносуби фоизии маҳсулоти ҳосилшуда, ки дар натиҷаи коркарди миқдори муайяни ғалла ба вуҷуд меояд) бо регламентҳои техникӣ муқаррар карда мешавад.

3. Арзишнокии ғизоии маҳсулоти коркарди ғалла, аз ҷумла бо илова намудани витамину маъданҳо, бояд ба талаботи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ бошад ва эҳтиёҷоти физиологии инсонро ба моддаҳои зарурӣ ва нерӯӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда тавонад.

Моддаи 14. Фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. Маҳсулоти коркарди ғаллаи барои фурӯш тайёршуда бояд ба стандартҳо, регламенти техникӣ ва меъёрҳои дигаре, ки талаботро нисбат ба маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла ба тамғагузории он муқаррар менамояд, ҷавобгӯ бошад.

3. Дар варақаи замимаи борҷомаи маҳсулоти коркарди ғалла, тамғакоғаз ё борҷома бояд ба забони давлатӣ маълумоти ҳаммонандкунандаи маҳсулот, аз ҷумла маълумоте, ки номгӯи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муқаррар карда шудааст, дарҷ гардад.

4. Фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бе риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ, қоидаю меъёрҳои санитарӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ манъ аст.

5. Ҳангоми риоя накардани қоидаю меъёрҳои дар қисми 4 моддаи мазкур муқарраршуда, ки дар натиҷа ғалла ва маҳсулоти коркарди он хусусияти хавфнок пайдо мекунанд, соҳибони онҳо уҳдадоранд чунин ғалла ва маҳсулоти коркарди онро аз фурӯш гиранд ва тибқи хулосаи ташхиси дахлдор коркард, инчунин партовҳоро аз нав истифода баранд ё нобуд созанд.

6. Маҳсулоти коркарди ғаллаи муҳлати истифодааш гузашта бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои хӯроки чорво ва парранда коркард ва (ё) нобуд карда шавад.

Моддаи 15. Воридот ва содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Воридоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба муомилоти озод баровардани навъи ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки дар феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гумрук дар сурати мавҷуд будани сертификати мутобиқат ё шаҳодатномаи эътирофи он, агар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд, иҷозат дода мешавад.

2. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки сертификати дахлдорро надоранд, танҳо барои ба намоиш гузоштан, инчунин бо мақсадҳои тадқиқотӣ ва санҷиш бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ворид карда шавад.

3. Содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 16. Истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Истифодаи партовҳои ғалла ё маҳсулоти коркарди он дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1790)

2. Соҳиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он уҳдадор аст, ки имконияти минбаъд аз рӯйи таъинот истифода бурдани онро истисно намояд. Имконияти минбаъдаи истифодаи ғалла ё маҳсулоти коркарди он ба сифати хӯроки чорво ва парранда бо хулосаи экспертиза муайян шуда, бо хадамоти давлатии байторӣ мувофиқа карда мешавад.

3. Соҳиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он усулу шартҳои истифодаи партовҳои онҳоро интихоб намуда, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқа мекунад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1790)

4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади пешгирӣ намудани заҳролудшавии эҳтимолии шаҳрвандон, ҳайвонот ва парранда, паҳншавии бемориҳо ва олудашавии муҳити зист ҳуқуқ дорад дар бораи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки барои истифодаи минбаъда корношоям мебошанд, қарор қабул намояд ва уҳдадор аст нобудсозии онҳоро назорат кунад. (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1790)

БОБИ 3. ТАНЗИМ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ

МУОМИЛОТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН

Моддаи 17. Принсипу усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз маҷмӯи чорабиниҳое, ки фаъолияти дахлдори бозори ғалла, сифату бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро таъмин менамоянд, иборат мебошад.

2. Танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он ба принсипҳои зерин асос меёбанд:

- афзалиятнокии таъмини бехатарии инсон ва муҳити зист;

- самарабахшии истифодаи ғалла бо назардошти шартҳои захиравӣ, истеҳсолию технологӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва шартҳои дигар;

- фаъолияти озоди иқтисодӣ, ягонагии фазои иқтисодӣ, таъмини риояи принсипҳои умумии ташкил ва танзими муносибатҳои иқтисодӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- волоияти Қонун, муттасилӣ, муназзамӣ, мушоҳидашавандагӣ, маҷмӯият ва пешгӯишавии рушди соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он.

3. Усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз инҳо иборатанд:

- муқаррар намудани талаботи зиддиинҳисорӣ нисбат ба ташкили муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ барои татбиқ ва иҷро нисбат ба ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар ҷараёни истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқол ва истифодаи партовҳо;

 - дастгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор, ки муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро амалӣ менамоянд;

- назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- сертификатсияи ғалла ва маҳсулоти коркарди он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорати фаъолияти озмоишгоҳҳои ташхиси сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- ташаккули захираҳои давлатии ғалла ва назорати миқдору сифати он;

- маблағгузории давлатии чорабиниҳо оид ба ҳифз ва карантини растанӣ.

4. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он истифода карда шавад.

Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он мансубанд:

- таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- ташкили захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзим ва рушди бозори ғалла;

- таъмини устувории нархи ғалла тавассути мудохилаи (интервенсияи) давлатӣ ба бозори ғалла дар шакли харид ва мудохилаи молӣ;

- муқаррар намудани талабот нисбат ба субъектҳои хоҷагидор, ки нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро барои эҳтиёҷоти давлатӣ анҷом медиҳанд;

- муқаррар намудани шаклҳои дастгирии давлатӣ;

- муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ;

- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1790)

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба истеҳсол ва муомилоти ғалла ваколатҳои зерин дорад:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба истеҳсолу муомилоти ғалла, мусоидат ба ташкили бозори ғалла, ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни он;

- таҳия намудани сиёсати барномаҳо ва дурнамоҳои давлатӣ вобаста ба истеҳсоли ғалла;

- гузаронидани маниторинги бозори ғалла;

- мусоидат ва рушди селексия, тухмипарварӣ, техналогияи коркарди зироатҳои ғаладонагӣ, нигоҳ доштани ҳосилхезии хок ва ҳифзи растаниҳо;

- таҳия ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор мувофиқа намудани шаклҳои намунавии ҳмсоботи субъекҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурӯш ва истифодаи партовҳои ғалла;

- додани тавсияҳо ҷиҳати риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсоли ғалла ва муомилоти он;

- мусоидат ба рушди селексия, тухмипарварӣ, технологияи коркарди зироатҳои ғалладонагӣ, нигоҳ доштани ҳосилхезии хок, ҳифз ва карантини растанӣ;

- таҳияи низомномаи нозирони давлатии ғалла, тартиби гузарондани ташхиси сифати ғалла ва додани шиносномаи сифати ғалла, регламентҳои техникии истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди ғалла ва пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳия ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор мувофиқа намудани шаклҳои намунавии ҳисоботи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқол ва истифодаи партовҳои ғалла;

- назорати истифодаи захираҳои давлатии ғалла дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав оид ба истеҳсоли саноатии маҳсулоти коркарди ғалла ваколатҳои зерин дорад:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсоли саноатии маҳсулоти коркарди ғалла;

- таҳия намудани барномаҳо ва дурнамоҳои давлатии истеҳсоли маҳсулоти коркарди ғалла;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ оид ба бехатарии озуқавории ғалла ва маҳсулоти коркарди ғалла ваколатҳои зерин дорад:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- назорати давлатии бехатарии ғалла, маҳсулоти коркарди ғалла ва карантини растанӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба стандарт ва сифати ғалла ваколатҳои зерин дорад:

- стандартикунонии техникӣ ва баҳодиҳии мутобиқати ғалла;

- назорати давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатии истеҳсол ва муомилоти ғалла;

- назорати фаъолияти озмоишгоҳҳои санҷиши сифати ғалла оид ба  риояи тартиби гузаронидани ташхиси сифати ғалла;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои моддии давлатӣ оид ба захираи давлатии ғалла ваколатҳои зерин дорад:

- назорати истифодаи захираи давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, пурра намудани захираи ғалла дар ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.». (ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1790)

Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи

муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он дохил мешаванд:

- тасдиқи барномаҳои маҳаллии рушди истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди он, назорати иҷрои онҳо;

- ҷудо намудани қитъаҳои замин барои кишти ғалла бо назардошти дастовардҳои селексионӣ;

- назорати риояи талабот нисбати ноҳиябандии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин;

- мусоидат намудан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки ғаллаи хушсифатро бо мақсади ғанигардонии бозори истеъмолии дохилӣ истеҳсол мекунанд, инчунин ба субъектҳои дигар, ки нигоҳдорӣ, тозакунӣ, хушконидан, безараргардонӣ, интиқол ва истифодаи партовҳои ғалла ва маҳсулоти коркарди онро анҷом медиҳанд;

- бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 21. Шаклҳои дастгирии давлатӣ

Бо мақсади таъмини устувории бозори ғалла шаклҳои зерини дастгирии давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он амалӣ карда мешаванд:

- таъмини хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ бо тухмиҳои аълосифат ва хушсифат бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чорабиниҳои карантинӣ ва муҳофизати растанӣ;

- додани тухмӣ ба истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- мусоидат намудан ба истифодаи технологияҳои нав;

- ташкил намудани таҳвили лизингии техника ва таҷҳизот;

- хариди ғалла ва маҳсулоти коркарди он барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

- шаклҳои дигари дастгирии давлатии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 22. Самтҳои дастгирии давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Дастгирии давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар самтҳои зерин анҷом дода мешавад:

- маблағгузории барномаҳои давлатии илмию тадқиқотӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ оид ба селексия, тухмипарварӣ, нигоҳдории ҳосилхезии хок, истеҳсол, такмилдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди ғалла, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар ин самт;

- рушди инфрасохтори бозори ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- суғуртаи фаъолият оид ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- самтҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

2. Тартиби дастгирии давлатии истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти коркарди онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

БОБИ 4. СИФАТИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН

Моддаи 23. Таъмини сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он

Сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он тавассути усулҳои зерин таъмин карда мешавад:

- бамеъёрдарории талабот;

- гузарондани ташхис;

- арзёбии сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он ва бақайдгирии давлатии гигиении он;

- сертификатсия;

- талабот нисбат ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он;

- назорати давлатӣ.

Моддаи 24. Бамеъёрдарории талабот нисбат ба сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Бамеъёрдарории талабот нисбат ба сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он, муайян кардани стандартҳо ва талабот нисбат ба шароити истеҳсол, тайёркунӣ, сифатнокӣ, интиқол, нигоҳдорӣ, коркард, фурӯши ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» анҷом дода мешаванд.

2. Сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он бояд ба талаботи Қонуни мазкур, регламентҳои техникӣ, қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, санадҳои дигари меъёрии техникӣҷавобгӯй бошад.

Моддаи 25. Экспертизаи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Экспертизаи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз ҷониби озмоишгоҳҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, гузаронда мешаванд.

2. Ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз рӯйи натиҷаи тадқиқот барои истифодаи мақсаднок корношоям дониста шудаанд, бо мақсади муайян намудани имконияти истифодаи минбаъдаи он ва ё нобудсозии он бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми дахлдори давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, бояд аз ташхис гузаронда шаванд.

3. Ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки аз ташхис гузаронда мешаванд, бояд ба таври махсус, бо нишон додани ҳаҷми он ва риоя намудани шартҳои истиснокунандаи дастрасии онҳо, инчунин риояи талаботи бақайдгирии сифату миқдор, нигоҳ дошта шаванд.

4. Хароҷоти вобаста ба ташхис, нигоҳдорӣ, интиқол, нобудсозии ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки барои истифода аз рӯйи таъиноти мақсаднок корношоям эътироф шудаанд, аз ҳисоби соҳиби онҳо пардохт карда мешаванд.

Моддаи 26. Арзёбии сифати ғалла, маҳсулоти коркарди он ва бақайдгирии давлатии гигиении он

1. Сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар озмоишгоҳҳои махсус бо тартиби муқарраргардида аз рӯи усули ягона арзёбӣ мешавад.

2. Таркиби ғалла ва маҳсулоти коркарди он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд ё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз рӯи нишондиҳандаҳои кимиёвӣ, биологӣ, токсикологӣ ва радиологӣ таҳлил ва арзёбӣ карда мешавад.

Моддаи 27. Сертификатсияи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Сертификатсияи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди он дар ҳолатҳои зерин гузаронда мешавад:

- ҳангоми харид барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

- ҳангоми воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он ба хориҷи ҷумҳурӣ;

- ҳангоми муроҷиати субъектҳои хоҷагидор, ки истеҳсол ва нигоҳдории ғалла ва маҳсулоти коркарди онро анҷом медиҳанд;

- ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Тартиби сертификатсияи сифати ғалла ва маҳсулоти коркарди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 28. Талабот нисбат ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Истеҳсолкунандагон вазифадоранд, ки ба харидорон ва (ё) истеъмолкунандагон оид ба бехатарии ғалла ва маҳсулоти коркарди он маълумоти пурра ва дақиқ пешниҳод намоянд.

2. Муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бояд дар шароити таъмини бехатарӣ ва нигоҳдории нишондиҳандаҳои сифати он анҷом дода шавад.

Моддаи 29. Назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Назорати давлатии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Назорати давлатии сифати ғалла, назорати муайян намудани нишондиҳандаҳои сифати ғалларо ҳангоми қабул дар корхонаҳои ғаллақабулкунанда, инчунин ҳамлу нақл, ҳолат ва миқдори онро дар бар мегирад.

БОБИ 5. ЗАХИРАҲОИ ДАВЛАТИИ ҒАЛЛА ВА МАҲСУЛОТИ КОРКАРДИ ОН

Моддаи 30. Захираҳои давлатии ғалла

1. Захираҳои давлатии ғалла аз инҳо иборатанд:

- захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ;

- захираҳои давлатии ғаллаи емӣ;

- захираҳои давлатии тухмӣ;

- захираҳои давлатии ғаллаи фурӯшӣ;

- захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла.

2. Захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ барои таъмини эҳтиёҷоти сафарбарӣ ва амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд. Захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ дар ҳолатҳои истисноӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими бозори дохилӣ истифода шуда метавонанд.

3. Захираҳои давлатии ғаллаи емӣ барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ҳайвоноти кишоварзӣ таъин мегарданд.

4. Захираҳои давлатии тухмӣ барои расондани кумак ба истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолатҳои фавқулода, таъмини устувори эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маводи тухмӣ, навкунии тухмӣ, ивазкунии навъҳои тухмӣ, таъмини иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ таъсис дода мешаванд.

5. Захираҳои давлатии ғаллаи фурӯшӣ барои навкунии меъёри захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ, захираҳои давлатии тухмӣ, захираҳои давлатии ғаллаи емӣ, фурӯш дар бозори дохилӣ, расондани кумаки башардӯстона ва содироти ғалла таъсис дода мешаванд. Захираҳои давлатии ғаллаи фурӯшӣ метавонанд барои танзими бозори дохилӣ то ташаккули захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла ва (ё) дар ҳолати норасоии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои ташаккул, нигоҳдорӣ, навкунӣ (ивазкунӣ), ҳамлу нақл ва истифодаи захираҳои давлатии ғалла мавриди истифода қарор дода шаванд.

6. Захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва танзими бозори дохилӣ бо назардошти қонеъгардонии эҳтиёҷоти минтақаҳои ҷумҳурӣ таъсис дода мешаванд.

7. Хароҷоти вобаста ба нигоҳдорӣ ва интиқоли захираҳои давлатии ғалла барои захираҳои давлатии ғаллаи озуқавӣ, захираҳои давлатии устуворгардонии бозори ғалла, захираҳои давлатии тухмӣ, захираҳои давлатии ғаллаи емӣ ва захираҳои давлатии ғаллаи фурӯшӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

Моддаи 31. Ташаккули захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он

1. Ташаккули захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

- хариди давлатӣ;

- таҳвилҳои ройгони мақсаднок.

2. Талабот оид ба ташаккул, нигоҳдорӣ, навкунӣ (ивазкунӣ), ҷойгиронӣ ва истифодаи захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

3. Захираҳои давлатии ғалла ва маҳсулоти коркарди он аз ҳисоби истеҳсоли дохилию воридот таъсис дода мешаванд ва моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 33. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи ғалла» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 348) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

        ш. Душанбе

21 феврали соли 2018

            №1506

 

Pages