ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Январ 2020

-A A +A

ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:25
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
18
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.04.2003

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 4, мод.148)

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии танзими фаъолияти эҳсонкориро бо мақсади ривоҷ додани он муқаррар намуда, дастгирии давлатиро дар ин самт пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

Фаъолияти эҳсонкорӣ - фаъолияти ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиест, ки бо расонидани кӯмаки (дастгирии) моддӣ ё дигар намуди кӯмак, аз ҷумла ба тарзи беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) ба шахсони воқеии мӯҳтоҷи чунин ёрӣ ё шахсони ҳуқуқие, ки бевосита машғули чунин ёрирасонианд, аз ҷумла ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ додани молу мулк ва маблағҳои пулӣ, беғаразона иҷро намудани корҳо ва расонидани хизмат, ё фаъолияти илмӣ, таълимӣ, маърифатӣ ё дигар шакли фаъолият, ки ба манфиати ҷамъият ба амал бароварда мешавад, алоқаманд мебошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Эҳсонкорон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки фаъолияти эҳсонкориро бо чунин шаклҳо ба ҷо меоранд:

- беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) додани молу мулк, аз он ҷумла маблағҳои пулӣ ва объектҳои моликияти ақлонӣ ҳамчун моликият (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940);

- беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) додани ҳуқуқи соҳибӣ намудан, истифода ва ихтиёрдории ҳама гуна объектҳои ҳуқуқи моликият дошта (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491);

- беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) иҷро намудани корҳо, расонидани хизмат ба эҳсонкорон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

Эҳсонкорон ҳуқуқ доранд мақсадҳо ва тартиби истифодабарии хайрияи худро муайян намоянд.

Эҳсонгирандагон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба манфиати онҳо фаъолияти эҳсонкорӣ амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ихтиёриён - шахсони воқеие, ки фаъолияти эҳсонкориро дар шакли меҳнати ройгон ба манфиати эҳсонгирандагон, аз ҷумла ба манфиати ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба ҷо меоранд. Ташкилоти эҳсонкорӣ метавонад хароҷотҳои ихтиёриёнро, ки бевосита ба фаъолияти онҳо дар ин ташкилот вобастаанд (хароҷоти сафарҳои корӣ, роҳкиро ва ғайра) пардохт намояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Фонди эҳсонкорӣ - ташкилоти ғайритиҷоратии узвиятнадоштае, ки аз ҷониби шаҳрвандон ё шахси ҳуқуқӣ дар асоси пардохти ихтиёрии молумулкӣ таъсис дода шуда, мақсадаш эҳсонкорӣ мебошад.

Грант - воситаҳои пулӣ ва (ё) молу мулки дигаре, ки ройгон ва бебозгашт барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940)

Хайрия - кӯмаки ихтиёрии бебозгаште, ки дар шакли пулӣ ва ё дигар шакл ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ё ба шахсони воқеӣ, ки ба ин кӯмак мӯҳтоҷанд, бо мақсадҳои эҳсонкорӣ бо тартиби муайянкардаи Қонуни мазкур дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Ҷамьиятҳои хоҷагидорие, ки ташкилотҳои эҳсонкорӣ ташкил мекунанд - ташкилотҳое, ки даромади худро ба мақсади фаъолияти эҳсонкорӣ равона мекунанд ва муассисони (иштирокчиёни) онҳо танҳо ташкилотҳои эҳсонкорӣ мебошанд.

Моддаи 3. Мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ

Ба фаъолияти эҳсонкорӣ инҳо дохиланд:

- дастгирии иҷтимоӣ, мутобиқат ва ҳимояи шахсони воқеӣ, аз ҷумла бехтаркунии вазъи моддӣ, офияти иҷтимоии бекорон, корношоямон, маъюбон ва дигар шахсон, ки бо сабаби хусусиятҳои ҷисмонӣ ва ақлонии худ ё дигар ҳолатҳо мустақилона ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ба амал бароварда наметавонанд;

- ёрӣ ба оилаҳои серфарзанд ва камбизоат ё шахсони воқеии муҳтоҷи мутобиқати иҷтимоӣ ё ҳифзи иҷтимоӣ;

- ёрӣ ба кӯдаконе, ки падару модар (волидайн) надоранд, ба муассисаҳои кӯдакона, инчунин дигар ташкилотҳое, ки чунин кӯдаконро нигоҳубин мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491);

- ёрӣ ба модарону кӯдакон оид ба мусоидати ҳимояи онҳо;

- баланд бардоштани обрӯ ва мақоми оила дар ҷомеа;

- ёрӣ ба маъюбону пиронсолон ё ташкилотҳое, ки ба нигоҳубини онҳо машғуланд;

- ёрӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ, экологӣ, саноатӣ ё фалокатҳои дигар, низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ, мазҳабӣ, инчунин қурбониҳои ҷазодиҳӣ (репрессия), гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ;

- дастгирӣ ба шахсони воқеии муҳтоҷи ёрии тиббӣ ё нигоҳубини махсус дар шакли пардохти музди хизматрасонии тиббӣ ё хизматҳои вобаста ба он (аз ҷумла хароҷоти рафту омад то маҳалли расонидани чунин хизмат) ё ба ташкилотҳои дорои мақоми муассисаи тиббӣ;

- мусоидат барои фаъолият дар соҳаи пешгирӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон, инчунин тарғиботи тарзи ҳаёти солим, беҳгардонии вазъи маънавию рӯҳии шаҳрвандон;

- мусоидат ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, санъат, маърифат ва инкишофи маънавии шахсият, аз ҷумла таъсиси стипендияҳо;

- мусоидати фаъолият дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши оммавӣ;

- ҳифзи аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист аз олудашавӣ ё таъсири дигари зараровар;

- ёрӣ ба муассисаҳои ислоҳӣ, агар фаъолияти онҳо барои беҳбуд бахшидани шароитҳои нигоҳдорӣ ё хизматрасонии тиббии маҳкумшудагон равона шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491);

- мусоидат барои пойдории сулҳ, дустӣ, хамдигарфаҳмии байни халқҳо, пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ ва мазҳабӣ;

- ҳифз ва дар ҳолати муносиб нигоҳдории биноҳо, объектҳо ва минтақаҳои дорои аҳамияти таърихӣ, динию оинӣ ва фарҳангӣ;

- мақсадҳои дигари аҳамияти иҷтимоӣ дошта, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

Моддаи 4. Ҳуқуқ барои фаъолияти эҳсонкорӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд фаъолияти эҳсонкориро бемонеа дар асоси ихтиёрӣ ва озодии интихоби ҳадафҳо барои манфиатҳои умумӣ ба амал бароранд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд озодона фаъолияти эҳсонкориро алоҳида ё дар муттаҳидӣ, бо роҳи таъсиси ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва ё бе таъсиси он ба амал бароранд.

Ҳеҷ кас ҳуқуқи маҳдуд кардани интихоби озодонаи мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ ва тарзи иҷрои онҳоро, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, надорад.

Моддаи 5. Иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкорӣ

Иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкорӣ инҳоанд:

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти эҳсонкориро ба амал мебароранд, аз ҷумла бо роҳи дастгирии ташкилоти мавҷуда ё таъсиси ташкилоти нави эҳсонкорӣ (эҳсонкорон, ихтиёриён);

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои манфиати онҳо фаъолияти эҳсонкорӣ ба амал бароварда мешавад (эҳсонгирандагон) (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 6. Ташкилоти эҳсонкорӣ

Ташкилоти эҳсонкорӣ - ташкилоти ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратие мебошад, ки ба мақсадҳои иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ таъсис шуда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти эҳсонкорӣ ба қайд гирифта шудааст.

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 7. Шаклҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ

Ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба шакли ташкилотҳои ҷамъиятӣ (иттиҳодияҳо), фондҳо, муассисаҳо ва дигар шаклҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти эҳсонкорӣ пешбинӣ намудааст, ташкил карда мешаванд.

Ташкилоти эҳсонкорӣ мумкин аст ба шакли муассиса ташкил ёбад, агар муассиси он ташкилоти эҳсонкории дигаре бошад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТИ ЭҲСОНКОРӢ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491)

Моддаи 8. Муассисони ташкилоти эҳсонкорӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, вобаста ба шаклҳои ташкилоти эҳсонкорӣ, муассиси он шуда метавонанд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ муассиси ташкилоти эҳсонкорӣ шуда наметавонанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 9. Таъсиси ташкилоти эҳсонкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491)

Ташкилоти эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда ба ҳисоб рафта, шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Моддаи 10. Оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ

Оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ бояд инҳоро пешбинӣ намояд:

- ном, мақсад ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилоти эҳсонкорӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940);

- сохтори ташкилоти эҳсонкорӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиши ташкилоти эҳсонкорӣ;

- шартҳо ва тартиби ба даст овардан ва гум кардани узвияти ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ташкилоти мазкур дар ташкилотҳое, ки узвият доранд;

- ҳуқуқ ва вазифаҳои ташкилоти эҳсонкорӣ;

- салоҳият ва тартиби ташкили мақомоти ташкилоти эҳсонкорӣ, мӯҳлатҳои ваколатҳои онҳо, маҳаллӣ воқеъ гардидани мақоми доимамалкунанда;

- тартиби дохил намудани тағйирот ва иловаҳо дар оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ;

- манбаи ташкилёбии воситаҳои пулӣ ва дигар  молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳуқуқи ташкилоти эҳсонкорӣ ва воҳидҳои сохтории он дар идоракунии молу мулк (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940);

- тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ташкилоти эҳсонкорӣ;

- қоидаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст.

Моддаи 11. Ба қайди давлатӣ гирифтани ташкилоти эҳсонкорӣ

Бақайдгирии давлатии ташкилоти эҳсонкорӣ, дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Аз рӯи қарори мақомоти бақайдгиранда дар бораи рад кардани бақайдгирии ташкилоти эҳсонкорӣ, инчунин саркашӣ аз бақайдгирӣ бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 12. Мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ

Мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ маҷлиси умумӣ мебошад, ки бо тартиби муайянкардаи оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ ташкил карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Қарорҳо дар бораи таъсиси ташкилоти эҳсонкорӣ ва тасдиқи оинномаи он дар маҷлиси умумӣ қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Ба ваколати истисноии мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ инҳо дохил мешаванд:

- тағйир додани оинномаи ташкилоти эҳсонкорӣ;

- созмон додани мақомоти иҷроияи ташкилоти эҳсонкорӣ, мақомоти назоратию тафтишӣ ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани фаъолияти онҳо (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940);

- тасдиқи барномаҳои эҳсонкорӣ;

- тасдиқи нақшаи солона, буҷети ташкилоти эҳсонкорӣ ва ҳисоботи солонаи он;

- қабули қарорҳо оид ба таъсиси ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, оиди иштирок дар чунин ташкилотҳо, кушодани филиалҳо ва намояндагиҳо;

- қабули қарорҳо оид ба азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилотҳои эҳсонкорӣ (ба истиснои фондҳои эҳсонкорӣ).

Аъзоёни мақомоти олии ташкилоти эҳсонкорӣ ва шахсони масъули ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ надоранд, ки вазифаҳои штатиро дар маъмурияти ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратие, ки муассиси (иштирокчии) онҳо ҳамин ташкилоти эҳсонкорӣ мебошад, ишғол намоянд.

Моддаи 13. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар вақти барҳамдиҳии ташкилоти эҳсонкорӣ, молу мулки боқимондаи он, баъди иҷрои талаботи қарзхоҳон (кредиторҳо), барои мақсадҳои эҳсонкорӣ бо тартиби муқарраркардаи оиннома, ё бо қарори комиссияи барҳамдиҳӣ, агар тартиби истифодаи молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ дар оинномаи он пешбинӣ нашуда бошад, истифода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

БОБИ 3. ШАРТҲО ВА ТАРТИБИ БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ЭҲСОНКОРӢ

Моддаи 14. Фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад фаъолияташро, ки барои иҷрои ҳадафҳои ба миён гузоштааш равона шудаанд, инчунин фаъолияти эҳсонкориеро, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст, ба амал барорад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад ба фаъолияти ҷалби захираҳо ва иҷрои амалиётҳои ғайритиҷоратӣ машғул шавад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад фаъолияти соҳибкориро танҳо барои ҳадафҳое, ки маҳз барои онҳо ва ба ҳамин ҳадаф марбут ташкил шудааст, анҷом диҳад.

Баҳри фароҳам овардани шароити моддие, ки барои бадастоварии ҳадафҳояш зарур мебошад, ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳад. Иштироки ташкилоти эҳсонкорӣ дар ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ якҷоя бо шахсони дигар мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳақ надорад маблағҳо ва молу мулки худро барои дастгирии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо, гурӯҳҳо ва маъракаҳои сиёсӣ сарф намояд ва истифода барад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 15. Филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти эҳсонкорӣ

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо ташкил диҳад ва намояндагиҳои худро кушояд.

Ташкили филиалҳои ташкилоти эҳсонкорӣ ва кушодани намояндагиҳояш дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, мувофиқи қонунгузории ин давлатҳо ба амал бароварда мешавад, агар тартиби дигаре дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Филиалҳо ва намояндагиҳо шахсони ҳуқуқӣ ба ҳисоб намераванд ва молу мулкеро соҳибанд, ки ташкилоти эҳсонкории онҳоро ташкил карда ба онҳо додааст ва дар асоси низомномаи аз тарафи онҳо тасдиқгардида амал мекунанд. Молу мулки филиалҳо ва намояндагиҳо, дар тавозуни алоҳидаи онҳо, инчунин дар тавозуни ташкилоти эҳсонкории онҳоро таъсисдода ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940).

Роҳбарияти филиалҳо ва намояндагиҳо аз тарафи мақомоти олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ таъин карда мешаванд ва дар асоси ваколатномае, ки ташкилоти эҳсонкорӣ ба онҳо додааст, амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Филиалҳо ва намояндагиҳо фаъолияти худро аз номи ташкилоти эҳсонкории онҳоро таъсисдода ба амал мебароранд. Ташкилоти эҳсонкорие, ки филиалу намояндагиҳоро ташкил додааст, барои фаъолияти онҳо масъул мебошад.

Моддаи 16. Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940)

Ташкилотҳои эҳсонкорӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон, ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаҳои таъсисӣ ва оиномаҳое, ки ташкилотҳои эҳсонкорӣ қабул кардаанд, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои оинномавиашон, иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо) ташкил диҳанд, ки онҳо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Аъзои иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ мустақилияти худ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои ва шӯроҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ, аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надоранд. Аъзои иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо) аз рӯи ӯҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо) пешбинигардида масъулияти субсидиарӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) ташкилотҳои эҳсонкорӣ, аз он ҷумла бо иштироки иттиҳодияҳои хориҷии ғайритиҷоратӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 17. Манбаъҳои ташаккулёбии молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940)

Манбаъҳои ташаккулёбии молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ инҳо шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940):

- пардохти муассисони ташкилоти эҳсонкорӣ;

- ҳаққи аъзогӣ (барои ташкилотҳои эҳсонкории аз аъзоён иборатбуда);

- хайрияи эҳсонкорӣ, аз ҷумла хайрияи мақсаднок (грантҳои эҳсонкорӣ), ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба шакли пул ё мол додаанд;

- даромад аз амалиётҳои ғайритиҷоратӣ;

- даромад аз коғазҳои қимматнок;

- воридот аз фаъолияти соҳибкорие, ки мувофиқи ҳамин Қонун иҷозат шудааст;

- воридот аз фаъолияти ҷалби захираҳо (гузаронидани маъракаҳои ҷалби эҳсонкорон ва ихтиёриён, ташкили чорабиниҳои шавқангез, фарҳангӣ, варзишӣ, гузаронидани маърақаҳои ҷамъоварии хайрияи эҳсонкорӣ, лотореяҳо, музоядаҳо) бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фурӯши молу мулк ва хайрияи аз эҳсонкорон омада, мувофиқи хоҳиши онҳо (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940);

- воридот аз фаъолияти ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки ташкилоти эҳсонкорӣ таъсис додааст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940);

- меҳнати ихтиёриён;

- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаасту ба амалӣ кардани фаъолияти асосии ташкилоти эҳсонкорӣ вобаста аст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491, аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 18. Молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940)

Ташкилоти эҳсонкорӣ метавонад ҳамчун моликият ё дигар ҳуқуқи молумулкӣ биноҳо, иншоот, таҷҳизот, маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, захираҳои иттилоотӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва дигар навъҳои молу мулкро дошта бошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муайян накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ташкилоти эҳсонкорӣ метавонад бо моликияти худ ё молу мулки дигари дар ихтиёраш буда доду гирифт намояд, ба шарте, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ташкилот ва ҳуқуқи эҳсонкор мухолифат накунад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ надорад барои пардохти музди меҳнати кормандони маъмурию идоравиаш беш аз 20 фоизи маблағҳои молиявии дар соли молиявии ташкилот сарфшавандаро харҷ намояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940). 

Дар мавриде, ки эҳсонкор ё барномаи эҳсонкорӣ тартиботи дигар муқаррар карда бошад, на камтар аз 80 фоизи хайрияи эҳсонкорӣ ба шакли пул бояд барои мақсадҳои эҳсонкории дар давоми соли ин хайрияро гирифтааш истифода гардад. Хайрияи ба шакли мол омада бояд барои мақсадҳои эҳсонкорӣ дар давоми як соли гирифтани он истифода шавад, агар эҳсонкор ё барномаи эҳсонкорӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Молу мулки ташкилоти эҳсонкорӣ ба муассисони (аъзои) ин ташкилот нисбат ба шахсони дигар бо шартҳои имтиёзнок дода шуданаш мумкин нест (бо роҳи фурӯш, пардохти нархи мол, кор, хизмат ва шаклҳои дигар) (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Моддаи 19. Хароҷоти маблағҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ

Маблағҳои ташкилотҳои эҳсонкорӣ мумкин аст барои мақсадҳои эҳсонкорӣ ва нигаҳдории ташкилоти эҳсонкорӣ равона карда шаванд. Хароҷоти нигаҳдории ташкилот мумкин аст масорифи зайлро дарбар гирад:

- маоши кормандони маъмурию идорӣ;

- ҳиссаҷудокунӣ барои маош;

- хароҷоти дафтардорию хоҷагӣ;

- хароҷоти сафарҳои хизматӣ;

- харидории таҷҳизот ва асбобу анҷом;

- таъмири асосӣ ва ҷорӣ;

- пардохти иҷора;

- хароҷотҳои дигар (ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет, фондҳои ғайрибуҷетӣ ва ғайраҳо).

Хайрияҳои мақсадноки барои амалӣ кардани барномаҳои эҳсонкорӣ равона гардида, тибқи шартҳои ҳамин хайрия истифода мешаванд.

Маҳдудкунии хароҷоти маош барои пардохти музди меҳнати шахсони дар барномаҳои эҳсонкорӣ бандбуда, дахл надорад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Маблағҳои барои дарҷи ҳисоботи фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ, ҳамчунин барои гузаронидани тафтиши хатмии аудитории фаъолияти фондҳои эҳсонкорӣ сарфгардида, ҳамчун хароҷоти мақсадҳои эҳсонкорӣ ҳисобида мешаванд.

Дар ҳолати барзиёд шудани қисми даромад аз қисми хароҷоти буҷети ташкилоти эҳсонкорӣ маблағи барзиёд набояд байни муассисон тақсим карда шавад, балки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ташкилот равона гардад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ҷудо кардани маблағ аз буҷети ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, барои ташкилоти эҳсонкорӣ манъ аст.

Моддаи 20. Барномаи эҳсонкорӣ

Барномаи эҳсонкорӣ аз маҷмӯи чорабиниҳое иборат аст, ки мақоми олии идоракунии ташкилоти эҳсонкорӣ муқаррар кардааст ва барои ҳалли вазифаҳои мушаххаси мақсадҳои оинномавии ин ташкилот мувофиқанд.

Барномаи эҳсонкорӣ сметаи воридоти эҳтимолӣ ва хароҷоти ба нақша гирифташавандаро (бо назардошти пардохти музди меҳнати шахсони дар амалигардонии барномаи эҳсонкорӣ ширкаткунанда) дарбар гирифта, марҳила ва мӯҳлатҳои амалигардонии онро муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Барои бо маблағ таъмин кардани барномаҳои эҳсонкорӣ (бо назардошти хароҷоти таъминоти моддию техникӣ, ташкилӣ, пардохти музди меҳнати шахсони дар амалигардонии барномаҳои эҳсонкорӣ ширкаткунанда ва дигар хароҷоти ба амалигардонии барномаи эҳсонкорӣ алоқаманд) бояд на камтар аз 80 фоизи даромади соли молиявӣ истифода бурда шавад. Ҳангоми иҷрои барномаҳои эҳсонкории дарозмуддат, маблағҳои бадастомада, дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ин барномаҳо истифода мегарданд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

БОБИ 4. КАФОЛАТИ ДАВЛАТӢ БА ФАЪОЛИЯТИ ЭҲСОНКОРӢ

Моддаи 21. Дастгирии давлатии фаъолияти эҳсонкорӣ

Ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣиштирокдорони фаъолияти эҳсонкориро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби давлат кафолат дода, таъмин карда мешаванд.

Шахсони мансабдоре, ки ба амалӣ шудани ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ монеъ мешаванд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкориро тибқи тартиби муқарраршуда бо чунин роҳҳо дастгирӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940):

- пешниҳод намудан барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои соҳавӣ;

- додани имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва дигар имтиёзҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

- маблағгузории барномаҳои эҳсонкорӣ дар асоси натиҷаи озмунҳои эълоншуда;

- ройгон ё дар асоси имтиёзҳо ба иҷора додани иншооти давлатӣ барои истифодаи мақсаднок (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Бо мақсади дастгирии фаъолияти эҳсонкорӣ, амалӣ гардонидани ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои эҳсонкорӣ, мумкин аст шӯроҳои (кумитаҳои) дастгирии эҳсонкориро дар ҳайати намояндаҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони ҷамъиятӣ ташкил диҳанд. Ин шӯроҳо (кумитаҳо) нисбат ба иштирокдорони фаъолияти эҳсонкорӣ, ваколати ҳокимиятиро доро нестанд. Қарорҳои онҳо хусусияти тавсиявӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Моддаи 22. Назорат ба фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ

Мақоми давлатие, ки ташкилоти эҳсонкориро ба қайд гирифтааст риояи оинномаи онро назорат мекунад. Ташкилоти эҳсонкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии муҳосибӣ мебарад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Ташкилоти эҳсонкорӣ барои дастрас намудани ҳисоботи солонаи худ, аз ҷумла ба воситаҳои ахбори омма имконияти бемонеа медиҳад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Маълумот дар бораи андоза ва сохтори даромадҳои ташкилоти эҳсонкорӣ, инчунин маълумот оиди андозаи молу мулк, хароҷоти он, шумораи кормандон, маоши онҳо, ҷалби ихтиёриён сирри тичоратӣ шуда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1940).

Назорат аз болои фаъолияти ташкилоти эҳсонкорӣ аз тарафи мақомоти назорати давлатӣ, дар доираи салоҳияташон ба амал бароварда мешавад.

Баҳсҳо байни ташкилоти эҳсонкорӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба ин ташкилот барои ҳаддафҳои эҳсонкорӣ маблағ додаанд, оиди истифодаи ин маблағҳо бо тартиби судӣ халлу фасл мешаванд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 23. Ба амал баровардани фаъолияти эҳсонкории байналмилалӣ

Иштирокдорони фаъолияти эҳсонкорӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон фаъолияти байналмилалии эҳсонкориро ба амал бароранд.

Фаъолияти байналмилалии эҳсонкорӣ бо роҳи дар лоиҳаҳои байналмилалии эҳсонкорӣ, дар кори ташкилотҳои байналмилалии эҳсонкорӣ, ҳамкорӣ бо шарикони бурунмарзӣ дар доираи фаъолияти марбутаи эҳсонкорӣ, инчунин бо шаклҳои дигари дар амалияи байналмилалӣ қабулгардида ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳою принсипҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мухолифат надошта ба амал бароварда мешавад.

Ташкилоти эҳсонкорӣ ҳуқуқ дорад дар муассисаҳои бонкии давлатҳои дигар, мувофиқи қонунгузории онҳо суратҳисобҳо кушояд.

Ташкилоти эҳсонкорӣ барои гирифтани хайрияи эҳсонкорӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, инчунин аз ташкилотҳои хориҷию байналмилалӣ ҳуқуқ дорад. Истифодаи хайрияи мазкур бо тартиби иҷозатдодаи ҳамин Қонун ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Моддаи 24. Фаъолияти эҳсонкории шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491)

Шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ, метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи талаботи ҳамин Қонун дар фаъолияти эҳсонкорӣ иштирок дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1491).

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои вайронкунии Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон намудаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

     Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э. Раҳмонов

    ш. Душанбе

 

      22 апрели соли 2003

          № 18

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
21
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.04.2003
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӢ
 
 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 151; с. 2007, №7, мод. 696; с. 2009, №3, мод. 84; с. 2012, №7, мод. 718; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 424; Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 с., №1463; аз 29.01.2021с., №1765)
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян намуда, фаъолияти субъектҳои сохторҳои таълимию истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми гирифтани касб, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ равона карда шудаанд, танзим менамояд.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- таҳсилоти  ибтидоии касбӣ - қонеъгардонии мақсадноки талаботи шаҳрвандон тавассути таълим, ки қисмҳои таркибии он метавонанд таълими кадрҳо, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандоне бошанд, ки  таҳсилоти ибтидоии касбӣ надоранд;
- муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ - муассисае, ки дар равванди таълим як ё якчанд барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро амалӣ намуда, таълим ва тарбияи хонандагонро таъмин менамояд;
- кормандони муҳандисию педагогӣ - шахсони дорои таҳсилоти дахлдоре, ки дар асоси касбӣ ба таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғуланд;
- тахассус - дараҷаи касбие, ки дар раванди таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонанда аз худ намуда, он бо ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти  ибтидоии касбӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1765)

 
Моддаи 3. Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбиро афзалиятнок эълон менамояд. Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:
- хусусияти башардустона ва демократӣ доштани таълим ва тарбия;
- муттасилӣ ва пайдарпаӣ;
- дастрас будани  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ, мутобиқшавии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба сатҳ, хусусиятҳои инкишоф ва тарбияи касбии хонандагон;
-  хусусияти дунявӣ доштани низоми таҳсилоти  ибтидоии касби;
-  хусусияти демократии давлатию ҷамъиятии идораи низоми таҳсилоти  ибтидоии касбӣ; (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
-  дастгирии маърифатнокӣ ва  истеъдод.
Дар муассисаҳои таълимиии соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, мақомоти идораи соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ иҷозат дода намешаванд.
 
Моддаи 4. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва тайёрии касбӣ давлат ба шаҳрвандоне, ки  таҳсилоти умумии асосӣ ё  таҳсилоти миёнаи умумиро гирифтаанд, ҳуқуқи гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбиро кафолат медиҳад.
Дар муассисаҳои таълимии давлатӣ мутобиқи талаботи стандарти давлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати бепул гирифтани  таҳсилоти касбӣ дода мешавад, агар шаҳрванд сатҳи  таҳсилоти мазкурро бори аввал гирад. Хонандагони ятим метавонанд касбӣ дуюми  таҳсилоти ибтидоии касбиро беgул гиранд.
Ба шаҳрвавдони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби озодонаи муассисаи таълимӣ, инчунин шаклҳои гирифтани  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ кафолат дода мешавад.
 
Моддаи 5. Оинномаи муассисаи таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
 
Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар маҷлиси умумии муҳандисону педагогҳои муассисаи таълими қабул ва аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.
Дар оинномаи муассиаи таълими бо тартиби ҳатмӣ: ном, маҳалли ҷойгиршавӣ (суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеӣ), вазъи ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, муассис, шакли ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, мақсадҳои равади таълим, навъ ва намудҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ, сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи таълимӣ ва тартиби идораи муассисаи таълими нишон дода мешаванд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
Он қисмати оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидааст, аз тарафи муассисаи таълими мустақилона таҳия гардида, аз ҷониби муассис тасдиқ карда мешавад.
Ҳангоми зарурати танзими самтҳои фаъолияти дар моддаи мазкур зикргардидаи муассисаи таълими тавассути санадҳои дигари дохилии онҳо ҳамчун илова ба оинномаи муассисаи таълими бояд ба қайд гирифта шаванд.
Санадҳои дохилии муассисаи таълими мухолифи оинномаи он буда наметавонанд.
 
Моддаи 51. Забони таҳсил
 
Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 
БОБИ 2.
НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
 
Моддаи 6. Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ
 
Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборат аст:
- стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста  аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият;
- мақомоти идораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои (хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии) тобеи онҳо;
- хонандагон, падару модари онҳо, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ.
 
(ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 
Моддаи 7. Сохтори низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ
 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии зерин таъсис дода мешаванд:
- литсейҳои касбӣ-техникӣ;
- литсейҳои касбӣ;
- литсейҳои махсуси касбӣ;
- комбинатҳои таълимӣ-истеҳсолӣ;
- марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ;
- марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ;
- марказҳои таълимии назди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо.
 
(ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 
Моддаи 8. Стандартҳои давлатии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
 
 Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ карда мешавад.
Стандартҳои давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ иборатанд аз:
- талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ;
- талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мундариҷаи барномаҳои асосии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ, ба шартҳои татбиқи онҳо, аттестатсияи ҷамъбастии ҳатмкунандагон ва сатҳи омодагии онҳо мутобиқи ҳар як касб;
- мӯҳлатҳои аз худ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- ҳаҷми ҳадди ниҳоии сарбории таълимии таълимгирандагон.
 
Моддаи 9. Барномаҳои таълимии касбии  таҳсилоти ибтидоии
 
Барномаҳои таълимии зерини таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ муттасил ва зина ба зина татбиқ карда мешаванд:
- барномаи ягонаи якҷояшудаи  таҳсилоти умумӣ ва касбӣ дар заминаи  таҳсилоти асосии умумӣ (синфи 9) бо мӯҳлати таҳсил то 3 сол; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1127)
-  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи  таҳсилоти асосии умумӣ (синфи 9) бидуни гирифтани  таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ бо мӯҳлати таҳсили 1 - 2 сол;
-  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи  таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ (синфи 11) бо мӯҳлати таҳсил то 2 сол; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1127)
- тайёрии касбӣ,  таҳсилоти иловагии касбӣ, аз ҷумла бозомузӣ ва такмили ихтисос бо мӯҳлати таҳсили то 1 сол.
Барномаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонанд зина ба зина сохта шаванд. Баробари ба охир расидани ҳар як зина имтиҳоноти хатмкунӣ пешбинӣ шудааст, ки супоридани онҳо ба хонанда ҳуқуқ медиҳад, ҳуҷҷати намунаи давлатиро гирад ва тибқи тахассусӣ дар давраи таҳсили ҳар як зина гирифтааш кор кунад.
Бо хоҳиши худ хонанда метавонад таҳсилро дар зинаҳои минбаъда идома диҳад. Дар ҳар як зинаи минбаъдаи таҳсил хонанда донишҳои махсус, маҳорату малакаи сатҳи нисбатан баландтари касб ва тахассусро соҳиб мешавад. Ихтисори мӯҳлатҳои таълим аз рӯи зинаҳо низ иҷозат дода мешавад.
Шахсони ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии  таҳсилоти  ибтидоии касбиро соҳибгардида, инчунин барномаҳои  таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро омӯхта ҳуқуқ доранд аз рӯи барномаҳои кӯтоҳмуддат дар муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбӣ ва  таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи намуди тайёрии касбӣ таҳсил намоянд.
Шахсони соҳиби ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро азхуднамуда ҳуқуқ доранд дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар асоси барномаҳои кӯтоҳмуддат мувофиқ ба самти тайёрии касбӣ ба таълим фаро гирифта шаванд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 
Моддаи 10. Шаклҳои гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ
 
Хонандагон барномаҳои касбии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро метавонанд дар шаклҳои рӯзона, шабона, ғоибона ва экстернат аз худ намоянд. Ба якҷоя кардани шаклҳои гуногуни гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва бозомӯзии касбӣ иҷозат дода мешавад.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ба таври ройгон сурат мегирад.
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ илова ба фармоиши давлатӣ метавонанд хонандагонро бо тариқи шартнома  қабул намоянд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
Номгӯи касбҳое, ки аз рӯи онҳо гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ҳамаи шаклҳои гирифтани  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи барномаи мушаххаси таълимӣ бояд дар доираи стандартҳои ягонаи давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ анҷом дода шаванд.
Шахсоне, ки дар муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил намуда, онҳоро бомуваффақият хатм намудаанд, барои аттестатсияи байнифосилавӣ ва ҷамъбастӣ дар муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ дошта бо шартҳои экстернат ҳуқуқ доранд.
Ба шахсоне, ки таҳсилро тибқи барномаҳои таълимии касбии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ хатм намудаанд ва аз аттестатсияи ҷамъбастӣ гузаштаанд, дар хусуси сатҳи дахлдори таҳсил ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии дорои нишонаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
 
Моддаи 11. Таълим ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол
 
Таълим ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол дар литсейҳои касбӣ, марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ бо тариқи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба талаботи бозори меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
 
 (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 
Моддаи 12. Намудҳо ва категорияҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
 
Таҳсилоти ибтидоии касбиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё дар муассисаҳои дигари таълимӣ, гирифтан мумкин аст.
Ба муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ инҳо мансуб мебошанд:
- литсейҳои касбӣ, ки дар онҳо барномаҳои касбии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии таъминкунандаи ба даст овардани касбу тахассусе, ки барои фаъолияти мустақилонаи меҳнатӣ кифояанд, амалӣ карда мешаванд. Литсейҳои касбӣ намуди асосии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба ҳисоб мераванд;
- марказҳои таълимии калонсолони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ, комбинатҳои таълимию дарсомӯзӣ, марказҳои таълимию истеҳсолӣ ва дигар муассисаҳои таълимии сатҳи мазкур, ки дар онҳо тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои коргарӣ, малакаҳои меҳнатии иҷрои корҳои муайян ё гурӯҳи корҳоро зуд аз худ намудани таълимгиранда анҷом дода мешавад ва баланд намудани сатҳи таълимиро пешбинӣ намекунад;
- маркази таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ - корхонаи воҳид (корҳонаи давлатии дорои ҳуқуқҳои пешбурди хоҷагидорӣ), ташкил ва таҳияи барномаҳоро оиди мутобиқшавии аҳолӣ ба бозори меҳнат, мусоидат кардан ба шуғл тавассути раҳнамоии касбӣ, таълим ва бозомӯзии аҳолиро амалӣ намуда, фаъолияти худро дар асоси тиҷорат ба сифати объекти мустақили хоҷагидор иҷро менамояд.
Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таҳсил ва таълим эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои махсуси  таҳсилоти ибтидоии касбӣ – литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд. Муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №868)
 
Моддаи 13. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии
                        таҳсилоти ибтидоии касбӣ
 
Муассисаҳои давлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори он бо тартиби дархост ва бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, аз нав ташкил карда ва барҳам дода мешаванд.
Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №868)
 
  Моддаи 14. Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбї
                         ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо
 
Аттестатсия, аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбї ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 
Моддаи 15. Идоракунии муассисаи таълимии таҳсилоти  ибтидоии касбӣ
 
Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ дар асоси таносуби принсипҳои яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ идора карда мешавад.
Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ раванди таълим, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва ғайраро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амалӣ менамояд.
Фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар қисмати риояи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоми ваколатдори он танзим карда мешавад.
 
БОБИ 3.
СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ,
ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
 
Моддаи 16. Хонандагони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ
 
Хонандагони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне мебошанд, ки бо тартиби муқарраргардида барои таҳсил ба муассисаи таълимӣ қабул гардидаанд.
Хонандагон дар давраи таҳсил ба таъминоти моддӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Ба хонандагон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ овардан ва истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №491)
Ба хонандагон бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан манъ аст. Хонандагоне, ки бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ меоянд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 28.08.17 с., №1463)
Давраи таҳсили хонандагон дар муасиссаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбии шакли рӯзона ба собиқаи умумии корӣ ва муттассили меҳнатӣ дохил мешавад.
 
Моддаи 17. Кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии
                       касбӣ ва талабот нисбати онҳо
 
Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ инҳо дохил мешаванд: маъмурият, омӯзгорон, устоҳои калон, устоҳои (инструкторҳои) таълими истеҳсолӣ, мураббиён, методистҳо ва дигар кормандоне, ки раванди таълим ва тарбияро амалӣ менамоянд.
Дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фаъолияти муҳандисию педагогӣ он шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои  таҳсилоти  миёнаи касбӣ ё  таҳсилоти олии касбӣ, малакаҳои зарурии касбӣ ва тахассус аз рӯи ихтисос, тайёрии амалии касбӣ бошанд; инчунин шахсоне, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт таҷрибаи кории истеҳсолӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд.
Ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбї дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилї манъ аст. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №491)
Муносибатҳои меҳнатии кормандони муҳандисию педагогӣ тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ танзим карда мешаванд. Муқаррароти шартнома (қарордод) бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Давлат барои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол такмили ихтисоси бепулро кафолат медиҳад.
Такмили ихтисоси кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои ғайридавлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
Такмили тахассуси кормандони муҳандисию педагогӣ метавонад инчунин тибқи шартномаҳои басташудаи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо донишкадаҳои такмили ихтисос, муассисаҳои олии таълимӣ ва ташкилот ё муассисаҳои илмӣ аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ анҷом дода шавад.
Талабот ба кормандони муҳандисию педагогӣ ба воситаи тавсифномаҳои тахассуси, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад.
Бо мақсади такмили фаъолияти муҳандисию педагогӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мутобиқати онҳо бо вазифаи ишғолкардаашон, ҳавасмандгардонии рушди сатҳи касбӣ, такмили сифат ва самаранокии кор, мунтазам дар панҷ сол як маротиба аттестатсияи кормандони низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад.
Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Ба фаъолияти муҳандисию педагогӣ дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне роҳ дода намешаванд, ки ба онҳо ин фаъолият бо ҳукми суд ё бо нишондодҳои тиббие, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, манъ карда шудааст.
 
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии
                        касбӣ
 
Кормандони муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои иштирок дар идораи муассисаи таълимӣ, ҳифзи шаъну эътибори касбии худ, таъмини шароити зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили тахассус бо тартиби муқарраргардида, ташаббуси педагогӣ ва паҳн намудани таҷрибаи худ, интихоби озодонаи шаклҳо, усулҳо ва тарзҳои самараноки таълим ҳуқуқ доранд.
Ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои касбӣ, кормандони муҳандисию педагогӣ барои интихоби озоди истифодаи усули таълиму тарбия, дастурҳои таълимӣ, маводҳо, китобҳо ва усулҳои баҳодиҳии дониши хонандагон ҳуқуқ доранд.
Сарбории таълимии корманди муҳандисию педагогии муассисаи таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ нишон дода шудааст, бо ҳадди ниҳоии муайяннамудаи шакл ва намуди дахлдори муассиса маҳдуд карда мешавад.
Ӯҳдадориҳои кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз инҳо иборатанд:
таъмини татбиқи сифатноки стандарти давлатии таълим, ташаккули сифатҳои ахлоқию эстетикӣ ва шаҳрвандӣ;
таъмини аз худ намудан ва иҷрои барномаҳои таълимӣ дар сатҳи ҳатмии талаботи давлатӣ аз тарафи хонандагон;
риояи одоб ва ахлоқи педагогӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъни хонандагон;
ҳифзи хонандагон аз шаклҳои гуногуни зӯроварии ҷисмонию равонӣ, амалӣ намудани корҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии истеъмоли  воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машрубот. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 
БОБИ 4.
ТАҲСИЛОТИ  ИБТИДОИИ КАСБИИ ШАХСОНЕ,
КИ БО ҲИФЗИ МАХСУСИ ИҶТИМОӢ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД
 
Моддаи 19. Категорияи шахсоне, ки бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд
 
Ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешавад, инҳо дохил мешаванд:
- маъюбон, ятимон ва ноболиғоне, ки бе сарпарастии падару модар мондаанд;
- хонандагони муассисаҳои махсуси таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ;
- хонандагони муассисаҳои таълимии касбии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ;
- муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд.
 
Моддаи 20. Таъмини таҳсили маъюбон
 
Давлат ба маъюбони модарзод, шахсоне, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ ва ҷароҳатҳо маъюб гардидаанд, мутобиқи хоҳиши онҳо ва тавсияномаҳои меҳнатии комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) ҳуқуқҳои имтиёзнокро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии давлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои омӯхтани касбҳо кафолат медиҳад.
 
Моддаи 21. Таъмини ҳуқуқи ятимон, ноболиғони бе сарпарастии волидайн монда ва
                         муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ
                         таҳсил менамоянд
 
Давлат ба ятимон, ноболиғони бе сарпарастии волидайн монда ва муҳоҷирони иҷборӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои давлатии таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ ҳуқуқҳои имтиёзнок медиҳад.
Дар давраи таҳсил дар муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ давлат хароҷоти иловагиро барои таълим ва таъмини онҳо ба зимма мегирад.
 
Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ
 
Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таълимӣ эҳтиёҷ доранд, литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд.
Давлат мутобиқи ихтисоси литсейҳои махсуси касбӣ ба хонандагони муассисаҳои махсуси таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқи идома додани  таҳсилоти умумӣ ё таълими касбиро кафолат медиҳад.
Шахсоне, ки дар муассисаҳои махсуси ибтидоии касбӣ ба гирифтани  таҳсилоти касбӣ фурсат наёфтаанд, барои давом додани таҳсил дар курси дахлдори муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 
Моддаи 23. Таълими наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони
                        маъюб
 
Барои таълим, тарбия ва табобати наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони маъюб литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
Хонандагони муассисахои махсуси давлатии таълимӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд.
 
БОБИ 5.
ИДОРАИ низоми ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
 
Моддаи 24. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
 
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дохил мешаванд:
- муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- маблағгузории рушди соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ;
- муқаррар намудани тартиби аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки татбиқи низоми таҳсилоти ибтидоии касбиро таъмин мекунанд;
- тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- тасдиқи феҳристи касбҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- муайян ва тасдиқ намудани тавсифномаҳои тахассусии талабот ба кормандони муҳандисию педагогии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- муқаррар намудани номгӯи касбҳое, ки аз рӯи онҳо гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад.
 
(ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 
Моддаи 241. Ваколатҳои мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти
                       ибтидоии касбӣ 
 
Мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ амалӣ мегардонанд;
- роҳбарии соҳаро таъмин мекунанд;
- раванди таълимро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, назорат мекунанд;
- нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва тасдиқ менамоянд;
- қоидаҳои қабули хонандагонро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия ва тасдиқ менамоянд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро дар доираи ваколатҳояшон қабул менамоянд.
(ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 

Моддаи 25. Назорати давлатии сифати  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ

Назорати давлатии сифати  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, истифодаи дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷудо шудаанд, равона карда мешавад.
Назорати давлатии сифати  таҳсилоти  ибтидоии касбиро мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм тибқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1765)

 

 
БОБИ 6.
МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ  ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
 
Моддаи 26. Маблағгузории муассисаҳои таълимӣ таҳсилоти ибтидоии касбӣ
 
Тартиби умумии маблағгузории муассисаҳои таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Манбаи асосии маблағгузории фаъолияти таълимию истеҳсолӣ ва хоҷагӣ, рушди иҷтимоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ маблағҳои буҷети давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, инчунин дигар манбаъҳо мебошанд.
Маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад бо маблағҳои зерини ғайрибуҷетӣ пурра карда шавад:
- даромади фаъолияти истеҳсолӣ;
- хизматрасонии таълимии пулакӣ;
- маблағи корфармоён;
- маблағи мақомоти давалатии шуғли аҳолӣ;
- маблағи сарпарастон;
- маблағи шахсии хонандагон ва падару модари онҳо;
- маблағҳои эҳсонкорӣ;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои ғайридавлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад мутобиқи меъёрҳои давлатӣ аз лаҳзаи аккредитатсияи давлатӣ гирифтан ва ҳангоми мавҷуд будани супориши давлатӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шавад.
Маблағгузории тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси коргарон, хизматчиён ва шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблағи корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои манфиатдор, инчунин аз ҳисоби маблағи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
 
Моддаи 27. Хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
 
Муассисаҳои таълимии давлатӣ ҳуқуқ доранд ба аҳолӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ба таври шартномавӣ (пулакӣ) ва хизматрасонии иловагии таълимро аз рӯи барномаҳои иловагии таҳсил, дарсомӯзи дар курсҳои махсус ва силсилаи фанҳо, репетитори, машғулиятҳо бо хонандагон ба омӯзиши амиқи касбҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки барномаҳои дахлдор ва стандартҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ намекунанд, расонанд.
Муассисаҳои таълимии ғайридавлатии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд, ки аз хонандагон барои хизматрасониҳои таълимӣ, аз ҷумла барои таҳсил дар доираи стандартҳои давлатии таълимии  таҳсилоти ибтидоии касбӣ маблағ рӯёнанд, ки он ҳамчун соҳибкорӣ баррасӣ намешавад, агар даромади аз он ба даст оварда шуда, барои ҷуброни хароҷоти таъмини раванди таълим, аз ҷумла барои музди меҳнат, инкишоф ва такмилӣ он дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ равона гардида бошад.
Муносибати муассисаи ғайридавлатии таълимӣ ва таълимгиранда, падару модари он  (шахсони онҳоро ивазкунанда)ба воситаи шартнома, ки сатҳи таълим, мӯҳлати таҳсил, ҳаҷми пардохти таҳсил ва дигар шароитҳоро муайян мекунад, танзим карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №868)
Хизматрасонии таълимии шартномавӣ (пулакӣ) наметавонад ба ҷои фаъолияти таълимӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ гардад.
 
БОБИ 7.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
 
Муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳуқуқ доранд дар соҳаи  таҳсилоти ибтидоии касбӣ робитаҳои байналмилалиро анҷом диҳанд.
 
Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои вайрои кардани Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи  таҳсилоти  ибтидоии касбӣ вайрон менамоянд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 30. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                      Э. РАҲМОНОВ
 
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2003                                                         
№21
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   ДАР БОРАИ ВАРЗИШИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОНҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ ВАРЗИШИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:38
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
28
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
01.08.2003

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                                              ДАР БОРАИ ВАРЗИШИ КЎДАКОН ВА НАВРАСОН

 

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №8, мод.451; соли 2009, № 3 мод. 95, ЌҶТ аз 22.07.2013с. №1005)

 

Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 30 апрели соли 2003

Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003

 

Қонуни мазкур асосҳои  ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи варзиши кӯдакон ва наврасон  муайян  менамояд. (ЌҶТ аз 22.07.2013с. №1005)

 

БОБИ  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

тарбияи ҷисмонии кӯдакон ва наврасон - раванди  тарбия ва таълим барои омода намудани инсон ба хизмати ҷомеа, давлат, фаъолияти самарабахш, нигоҳдорӣ ва таълими наслҳои нав  бо мақсади таъмини саломатии кӯдакону наврасон ва такмили доимии тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, ақлонӣ ва эстетикии шахс, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад;

-варзиши кўдакон ва наврасон –бахши таркибии тарбияи ҷисмонӣ, ки таърихан ҳамчун фаъолияти мусобиқавӣ ва таҷрибаи махсуси омодагии варзишгарони ҷавон ба мусобиқаҳои варзишӣ шакл гирифтааст;

-раванди таълим ва машқ – машғулиятҳои таълимӣ ва машқдиҳӣ, ки барои омўзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва омодагии варзишгарон ҷиҳати ширкати онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ ба роҳ монда мешаванд;

-варзишгари наврас – шахси то синни 18, ки ба таври доимӣ ба варзиш машғул буда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекунад;

-муассисаҳои таълимии равияи варзишӣ –муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ё касбӣ, ки равияи асосии фаъолияти онҳо омода кардани варзишгарон, мураббиён ва дигар мутахассисони варзиши касбӣ ва ғайрикасбӣ мебошад;

- муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагии варзишӣ - мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кӯдакон ва наврасон, клубҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маҳалли зист, клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишии маъюбон, варзишгоҳҳои кӯдакона, муассисаҳои солимгардонӣ, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ; (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1005)

-иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ –клубҳои варзишӣ, коллективҳои тарбияи ҷисмонӣ, сексияҳои варзишию туристӣ ва варзишию солимгардонӣ; (

системаи тарбияи ҷисмонӣ - маҷмӯи раванди  таълимию машқдиҳӣ аз рӯи барномаҳо ва стандартҳои давлатии таълимии сатҳу самтҳои гуногун, шабакаи муассисаҳои амаликунанда новобаста ба шаклҳои ташкилию  ҳуқуқии онҳо.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Низоми тарбияи ҷисмонӣ барои кӯдакон ва наврасон

Низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳои варзишии кӯдакон ва наврасонро дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ, маҳалли зист, инчунин иштироки кӯдакон ва наврасонро дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ  пешбинӣ менамояд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1005)

Дар низоми тарбияи ҷисмонӣ метавонанд мактабҳои варзишии  кўдакон ва наврасон, клубҳои варзишии кўдакон ва наврасон, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, муассисаҳои таълимии тайёр кардани мутахассисони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои варзишию тиббӣ, бюроҳои конструкторӣ, корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва либоси варзишӣ, сохтмонҳои варзишӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки ҳадафи онҳо тарбияи ҷисмонии кўдакон ва наврасон мебошад, таъсис дода шаванд.

Низоми тарбияи ҷисмонӣ таълими ҳатмии тарбияи ҷисмониро дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, ки барои пайдо кардани малака ҷиҳати таҳкими саломатӣ, тақвияти инкишофи ҷисмонӣ, ҳамчунин такмил додан ва боло бурдани сатҳи варзиши кўдакон ва наврасон зарур аст, дар бар мегирад.

Кўдакони дорои камбуди ҷисмонӣ ва ё кўдаконе, ки бо сабабҳои гуногун мушкилоти муайяни ҷисмонӣ эҳсос мекунанд, дар муассисаҳои таълимӣ ва ё дар муассисаҳои махсуси маъюбон ба таълим ҷалб карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)

Муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон давлатӣ ва ғайридавлатӣ  шуда метавонанд.

 

Боби 2. Ташкили тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои кўдакон ва наврасон (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)

 

Моддаи 31. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон.

 

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии муайян ва ҳалли вазифаҳои дорои аҳамияти давлатӣ ва умумибашарӣ равона гардида, он ба воситаи   қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордодҳои байналмилалӣ ва санадҳои дигар, ҳамчунин бо роҳи ҷалби созмонҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад.

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кўдакон ва наврасон иборатанд аз:

-дастрасии кўдакон ва наврасон ба машғулиятҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии иловагии варзишӣ,      новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо;

-ҳифз ва таҳкими саломатии кўдакон ва наврасон;

-тарбияи масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандўстии варзишгарони   наврас;

-рушд, такмил ва ҳифзи системаи варзиши кўдакон ва наврасон, ташкили бунгоҳҳои (лагерҳои) варзишӣ, варзишию туристӣ ва варзишию солимгардонӣ;

-нигоҳдории объектҳои варзишию солимгардонӣ, таълимӣ ва дигар объектҳои варзишии моликияти давлатӣ;

-рушд ва такмили системаи таъминоти тиббии варзишгарони наврас;

-ташкили шароити мусоид ҷиҳати рушди шабакаи клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишӣ ва варзишию техникӣ барои кўдакон ва наврасон;

-ташкили шароит ва фароҳам овардани имконот барои омода кардани варзишгарони дараҷаи олӣ. (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)

 

Моддаи 4. Тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои томактабӣ

Бо назардошти талабот ва имконияти кӯдакони синни томактабӣ барномаҳои тарбияи ҷисмонӣ дар шаклҳои зерин иҷро мегарданд:

- таълими ибтидоӣ ва ташаккули талаботи кӯдакон  ба такомули ҷисмонӣ ва тарзи зиндагии солим дар ҷараёни дохил намудан ба барномаи тарбиявии муассисаҳои томактабӣ дарсҳои ройгон мутобиқи барномаҳои таълимӣ;

- мақомоти маҳаллии идоракунии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои давлатии томактабӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ машғулиятҳои иловагии таълимӣ ва ғайритаълимии тарбияи  ҷисмонӣ ва варзишӣ гузаронанд.

 

Моддаи 5. Тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ

Муасисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ бо назардошти шароити маҳал ва завқи хонандагон шаклҳои  машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва андозаи ҳаракати фаъолонаи онҳо, воситаҳо ва методҳои тарбияи ҷисмонӣ, намудҳои варзиш ва давомнокии дарсҳоро, ки аз ду соат  дар як ҳафта кам набошад, дар асоси барномаҳои давлатии таълим ва меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ мустақилона муайян мекунанд. ҳамчунин кори берун аз дарсии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бо ҷалби муассисаҳои беруназмактабӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии самти тарбияи ҷисмонию солимгардонӣ ва варзишидошта анҷом медиҳанд.

Муасисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ соле на камтар аз як маротиба  санҷиши тайёрии ҷисмониро мутобиқи меъёрҳои муқарраршудаи давлатӣ барои кӯдакон ва наврасон  мегузаронанд. Дар ҷамъбасти соли хониш ба ҳар хонанда аз тайёрии ҷисмонии ӯ баҳо гузошта мешавад.

Муасисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва созмонҳои ҷамъиятӣ оид ба намудҳои варзиш мусобиқаҳо ташкил медиҳанд ва озмунҳои тайёрии ҷисмонии кӯдакон  ва наврасонро баргузор менамоянд.

 

Моддаи 6. Тарбияи  ҷисмонӣ ва офияти кӯдакон ва наврасони маъюб

Ҷалби маъюбон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шарти ҳатмии офият  ва мутобиқгардонии онҳо буда, тавассути афзудани ҳаракати фаъолона барқарор кардани фаъолияти бадан ва ташкили истироҳати  солими онҳо дар вақти холӣ равона мегардад.

Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар низоми офияти доимии маъюбон, таъмини методӣ, тиббӣ ва назорати тиббӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш созмон дода мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)

Муассисаҳои таълимии таҳсилотӣ миёнаи умумӣ, сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон  ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии самти  варзишидошта гузаронидани чорабиниҳои ҷисмониву солимгардонӣ ва варзишӣ, тайёрӣ ва фиристодани варзишгарони маъюбро  ба мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва Бозиҳои  паралимпӣ таъмин  менамоянд.

 

Моддаи 7. Тарбияи ҷисмонӣ дар қароргоҳҳои солимгардонӣ ва муассисаҳои санаторию истироҳатӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони субъектҳои тамоми  шаклҳои хоҷагӣ, ки қароргоҳҳои солимгардонӣ ва муасисаҳои санаторию истироҳатӣ дар ихтиёрашон мебошанд, барои ташкил ва гузаронидани корҳои ҷисмониву солимгардонӣ ва варзишӣ барои кӯдакон ва наврасон шароити зарурӣ  ба вуҷуд меоранд. Дар қароргоҳҳои солимгардонӣ ва муассисаҳои санаторию истироҳатӣ машғулиятҳои варзиширо дар сатҳи баланд таъмин мекунанд. Дар гурӯҳҳои солимгардонию  варзишӣ дар тартиби рӯзи машғулиятҳои варзишӣ барои таълими шиноварӣ ва азхуд кардани меъёрҳои муайяншудаи варзишӣ шароит фароҳам меоранд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муаллимон ва ташкилотчиёни тарбияи ҷисмониро интихоб ва тасдиқ менамоянд, омӯзиши онҳоро ташкил мекунанд.

Маъмурияти муассисаҳои санаторию истироҳатӣ, хонаҳои истироҳат, базаҳои  туристӣ барои дар ҷараёни муолиҷа ва истироҳат истифода бурдани машқҳои тарбияи ҷисмонӣ шароит муҳайё сохта, чорабиниҳои варзишию оммавӣ ва мусобиқаҳоро ташкил менамоянд.

 

Моддаи 8. Тарбияи ҷисмонӣ дар ҷои истиқомат

Ба вуҷуд овардани шароит барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷои истиқомати кӯдакон ва наврасон, инчунин дар ҷойҳои истироҳати оммавӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардад.

Сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якҷоягӣ бо мақомоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, роҳбарони субъектҳои хоҷагидории ҳамаи шаклҳои моликият  ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ташкили корҳои тарбияи ҷисмониву ҳаёти ва солимгардонӣ, тарғиби тарзи зиндагии солим ёрӣ мерасонанд.

 

Моддаи 9. Тайёрии ҷисмонии шаҳрвандони синну соли то даъватшаванда ва даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ

Тайёрии ҷисмонии ҷавонони синну соли то даъватшаванда ва даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин дар нуқтаҳои таълими тайёрии  ибтидоии ҳарбӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои якчанд ташкилот, новобаста ба тобеияти идоравии  онҳо, мутобиқи барномаҳо ва меъёрҳои давлатӣ ташкил карда шудаанд, гузаронда мешавад.

Роҳбарии тайёрии ҷисмонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва назорати  тайёрии онҳоро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ месозанд.

 

Моддаи 10. Мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон ва мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кӯдакон ва наврасон

Машғулиятҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, ки азхудкунии дониш, маҳорат ва малакаҳоро дар шаклҳои муайяни варзишӣ таъмин менамояд, таҳти роҳбарии мураббиён (тренерҳо) дар мактабҳои варзиши кӯдакон  ва наврасон гузаронда мешаванд.

МАКТАБХОИ ВАРЗИШИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин қонун ҳамчун муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ таъсис дода мешавад ва фаъолият менамояд.

МАКТАБХОИ ВАРЗИШИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН новобаста аз шакли моликият фаъолияти худро мутобиқи барномаҳо ва меъёрҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тасдиқ гардидааст, амалӣ месозанд.

Мактабҳои махсуси захираҳои олимпии кӯдакон ва наврасон, ки мақсади тайёр намудани наврасони дараҷаи  мувофиқро доранд, маҳорат ва камолоти варзишии онҳоро барои дастаҳои яккачини мамлакат баланд мебардоранд.

МАКТАБХОИ МАХСУСИ ЗАХИРАИ ОЛИМПИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН дар асоси ҚАРОРИ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мутобиқи пешниҳоди федератсияҳои варзиши оид ба намудҳои варзиш таъсис дода мешаванд ва дар ихтиёри сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қарор мегиранд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)

Идоракунии МАКТАБХОИ ВАРЗИШИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН ва МАКТАБХОИ МАХСУСИ ЗАХИРАИ ОЛИМПИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо амалӣ мешавад.

Идоракунии МАКТАБХОИ ВАРЗИШИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН ва МАКТАБХОИ МАХСУСИ ЗАХИРАИ ОЛИМПИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН дар асоси  принсипҳои яккасардорӣ ва худидоракунӣ  ба роҳ монда мешавад.

Шаклҳои худидоракунии МАКТАБХОИ ВАРЗИШИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН ва МАКТАБХОИ МАХСУСИ ЗАХИРАИ ОЛИМПИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН маҷлиси умумӣ, шӯрои омӯзгорон ва ғайраҳо мебошанд. Тартиби интихоби мақомоти худидоркунӣ, ва ваколатҳои онҳоро оиннома  муайян мекунад.

 

Моддаи 11. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишии кӯдакон ва наврасон

Шахсоне, ки ба синни 8-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишии кӯдакон  шуда метавонанд.

Шахсоне, ки ба синни 14-солагӣ расидаанд, аъзо ва иштирокчии иттиҳодияҳои ҷамъиятҳои  варзишии наврасон шуда метавонанд.

Иттиҳодияи ҷамъиятии варзиши кӯдакон ва наврасон дар ҳолате соҳиби ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ мешавад, ки агар дар ҳайати роҳбарияти ин иттиҳодия на кам аз се нафар шахсони ҳаждаҳсола шомил бошанд.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакон ва наврасон  дар фаъолияти худ  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳоеро, ки дар маҷлисҳои умумӣ (конференсияҳо, анҷуманҳо ва ғайра) тасдиқ шудаанд, ба роҳбарӣ мегиранд.

 

Моддаи 12. Фаъолияти тренерию омӯзгорӣ бо кӯдакон ва наврасон

Ба фаъолияти касбии тренерию омӯзгории кӯдакон ва наврасон шахсоне иҷозат дода мешаванд, ки  дорои ҳуҷҷати расмии муқарраршудаи ихтисоси “Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”-и аз тарафи муассисаи таълимии давлатӣ  додашуда ва аз аттестатсия гузашта бошанд.

 

Моддаи 13. Унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ

Ба кӯдакон  ва наврасоне, ки дар намудҳои алоҳидаи варзиш, инчунин дар ҳайати дастаҳо оид ба навъҳои ҷудогонаи варзиш натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он унвонҳо ва дараҷаҳои варзишӣ дода мешаванд.

Унвонҳои варзишӣ ва дараҷаҳои варзишӣ танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.

Ба ҷавонон  ва духтароне, ки тайёрии махсусро гузаштаанд ва дар кори доварӣ иштирок кардаанд, унвонҳои “Довари варзиш”, “Довари ҷавон” дода мешавад.

 

Моддаи 14. ҳуҷҷати варзишгар

Ба кӯдакон ва наврасоне, ки меъёрҳои дараҷавӣ ва ё меъёрҳои  унвонҳои варзиширо иҷро кардаанд, ҳуҷҷати дараҷаи варзишӣ ва ё  унвони варзишии дахлдор дода мешавад.

Ҳуҷҷати оид ба дараҷаи варзишӣ ва унвони варзиширо мақоми ваколатдори   давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва ё бо супориши вай муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакон ва наврасон, ки аккредитатсияи давлатӣ  доранд медиҳанд.

Моддаи 141.  Талабот ва  таъминоти  тиббӣ дар соҳаи  варзиши кӯдакон ва наврасон
       Ба машғулиятҳои варзишӣ кӯдакон ва наврасоне ҷалб карда мешаванд, ки дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста ба шакли моликияташон, аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд ва аз рӯи нишондиҳандаҳои вазъи саломатиашон барои машғул шудан ба варзиш ҳуҷҷатҳои зарурии тиббиро пешниҳод намудаанд.
      Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марказҳои солимгардонӣ ва варзиши тиббӣ, марказҳои ташхисию машваратиро таъсис дода, онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мегардонанд.
      Муассисони муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон  барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ  ба кӯдакон ва наврасоне, ки дар ин муассисаҳо ба варзиш машғуланд,  шароит фароҳам меоранд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1005)

 

БОБИ 3. МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА  ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ  МУАССИСАҲОИ ВАРЗИШИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН

 

Моддаи 15. Манбаъҳои маблағгузории муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон

Манбаи асосии маблағгузории муассисаҳои  тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кӯдакон ва наврасон буҷети давлатӣ  ба шумор меравад.

Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон инҳо шуда метавонанд:
- маблағи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз  ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ;
- воситаҳои пулие, ки дар натиҷаи амалинамоии фаъолияти тарбияи ҷисмонию варзишӣ, машваратӣ, илмию таҳқиқотӣ ва дигар фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба даст оварда шудаанд;
-  маблағҳои эҳсонкорӣ;
- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1005)

- маблағҳои ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, хазинаҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони алоҳидае, ки таъсискунанда  ва ё яке аз муассисон ба ҳисоб мераванд;

- маблағҳои худӣ, аз ҷумла асъорӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти тарбияи ҷисмониву варзишӣ, машваратӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, интишорӣ, истеҳсолӣ ва ғайра, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ворид шудаанд;

- маблағҳое, ки беғаразона аз тарафи корхонаҳо, ташкилотҳо, хазинаҳои ҷамъиятӣ, шахсони алоҳида ва сарпарастҳои дигар гузаронда шудаанд;

- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  манъ накардааст.

 

Моддаи 16. Фаъолияти муздноки муассисаҳои давлатии  варзишии  кӯдакон ва наврасон
Муассисаҳои давлатии  варзишии кӯдакон ва наврасон метавонанд аз ҳисоби хизматрасонии музднок, ки берун аз барномаҳои асосии таълимӣ амалӣ карда мешаванд, даромади иловагӣ гиранд ва онро бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии худ истифода баранд. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1005)

 

Моддаи 17. Заминаи моддию техникии муассисаҳои варзишии кӯдакон ва  наврасон
      Заминаи моддию техникии муассисаҳои варзишии кӯдакон ва  наврасонро  иншооти варзишӣ, бино, таҷҳизот, молу мулки манқул ва ғайриманқул ташкил медиҳанд.
     Қитъаи замин барои ташкили майдончаҳои варзишӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.
    Муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакон ва наврасон ба воситаҳои пулӣ, молу мулк ва объектҳои дигар, ки  тариқи эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шудаанд, ҳуқуқи моликият  доранд.
     Муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон барои ҳифз ва истифодаи самараноки молу мулки дар ихтиёрдоштаашон масъул мебошанд.  Истифодаи  заминаи моддию техникии  муассисаҳои варзишии кӯдакон ва наврасон берун аз мақсадҳои оинномавӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1005)

 

БОБИ 4.

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

 

Моддаи 18. Ҳамкории байналмилалӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар байни кӯдакон ва наврасон, ки дар доираи фаъолияти иқтисодии хориҷии давлат сурат мегирад, дар асоси ҳамкории воқеӣ, боварии тарафайн ва дар асоси шартномаҳо ва созишномаҳои байнидавлатӣ амалӣ мегардад .

Сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш , муассисаҳои таълимӣ, МАКТАБХОИ ВАРЗИШИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН ва МАКТАБХОИ МАХСУСИ ЗАХИРҲОИ ОЛИМПИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалии тарбияи ҷисмониву  варзишӣ робитаҳои мустақим барқарор намоянд, мусобиқаҳои байналмилалӣ ва барномаҳои илмӣ - тадқиқотӣ доир намоянд, ба иттиҳодияҳои варзишиву ҷамъиятӣ мутобиқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузорӣ дохил шаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш оиди кор бо кӯдакон ва наврасон дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба сиёсати мувофиқашударо амалӣ месозад.

 

Моддаи 19. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

Сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, МАКТАБХОИ ВАРЗИШИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН ва МАКТАБХОИ МАХСУСИ ЗАХИРАҲОИ ОЛИМПИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН фаъолияти иқтисодии хориҷиро мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври  мустақил амалӣ месозанд.

Маблағҳои асъорие, ки аз тарафи МАКТАБХОИ ВАРЗИШИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН, МАКТАБХОИ МАХСУСИ ЗАХИРАҲОИ ОЛИМПИИ КУДАКОН ВА НАВРАСОН, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меоянд, моликияти онҳо мебошанд ва ё ба идораи оперативии онҳо дохил шуда, ба инкишофи соҳаи маориф ва мустаҳкам шудани базаи моддию техникии он равона мешаванд.

Дар ҳолати ғайримақсаднок  ва бар хилофи қонунгузории молиявӣ  истифода бурдани маблағҳои асъорӣ ба тариқи судӣ ин маблағҳо ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №502)

 

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                       Э. РАҲМОНОВ

   ш. Душанбе 1 августи соли 2003

            № 28

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:43
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
32
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.2003

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.455; соли 2008 №12,  қисми 2, мод.1013, ҚҶТ аз 22.07.2013 с., № 1008; аз 02.01.2019 с., № 1571)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, ҷустуҷӯ, дарёфти иттилоот, дастрасии озодона ба дастовардҳои илмию техникй ва фарҳанги милливу ҷаҳонй дар соҳаи фаъолияти китобдорй танзим менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).

 

БОБИ I.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мегарданд:

- китобхона - муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии дорои фонди муташаккили ҳуҷҷатҳо, ки онҳоро барои истифодаи муваққатӣ ба ихтиёри истифодабарандагон гузошта, инчунин хизматрасониҳои дигари китобдориро ба анҷом мерасонад;

- китобхонаи дастраси умум - китобхонае, ки ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ қатъи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон имконияти  истифодабарӣ аз фонди китобхона  ва хизматрасонии китобдориро фароҳам меоварад; (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008).

- фаъолияти китобдорӣ - соҳаи фаъолияти иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва омӯзишие мебошад, ки ба вазифаҳои он таъсис ва инкишоф додани шабакаи китобхонаҳо, ташкилу такмили фондҳои онҳо, ба роҳ мондани хизматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхонаҳо, таёр намудан, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ ва таъминоти илмию методии рушди китобхонаҳо дохил мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

- ҳуҷҷат - объекти моддие, ки дар он иттилоот ба шакли матн, сабти овоз ва ё тасвир дарҷ гардида, бо мақсади ҳифзу мавриди истифодаи умум қарор додан ва барои ба замону макон таҳвил намудан таъин гардидааст;

- нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо - нусхаҳои ҳуҷҷатҳои гуногуне, ки бояд аз тарафи таҳиягарон ба муассиса ва дигар ташкилотҳои дахлдор ба миқдори муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд;

- истифодабарандаи китобхона - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз хизматрасонии китобхона истифода мебарад;

- системаи марказонидашудаи китобхонаҳо - муттаҳид кардани китобхонаҳо дар воҳиди томи сохторӣ, ки дар асоси фонди умумӣ ва ягонагии ташкилию техникӣ фаъолият менамояд;

- муассиси китобхона маќомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)

- фонди китобхона - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дорои мундариҷа, таъинот ва моҳияти гуногун, ки ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаашон бо мақсади хизматрасонии китобдорӣ ҳатмӣ мебошад;
- китобҳои нодир - китобҳои дастнавис, литографӣ ва чопие, ки дорои арзиши баланди маънавию моддӣ буда, аҳамияти хоси таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ доранд ва нисбат ба онҳо реҷаи махсуси ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифода муқаррар шудааст.
(ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.(ҚҶТ аз 29.12.10 с., 679; аз 02.01.2019 с., № 1571).

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур ба китобхонаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё буҷетҳои маҳаллӣ пурра ва ё қисман маблағгузорӣ мегарданд, паҳн шуда, дар  бобати танзими масъалаҳои ҳифз ва истифодабарии фондҳои китобхонаҳо чун ҷузъи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, нисбат ба ҳама намудҳои китобхонаҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон амал мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., 479; аз 02.01.2019 с., № 1571).

 

Моддаи 4. Намудҳои асосии китобхонаҳо

Маќомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таъсис додани китобхонаҳо ҳуқуқ доранд.

Тибқи тартиби таъсисдиҳӣ ва шаклҳои моликият намудҳои зерини китобхонаҳо мавҷуданд:

1) китобхонаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти  давлатӣ таъсис дода мешаванд, аз он ҷумла:

– Китобхонаи миллӣ;

– китобхонаи ҷумҳуриявӣ;

– китобхонаҳои вазорату идораҳо ва ди-ар мақомоти давлатӣ;

2) китобхонаҳои вилоятй, шаҳрӣ, ноҳнявй, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд;

3) китобхонаҳои  шаҳрак  ва  деҳот,   ки  аз  ҷониби  мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъсис дода мешаванд;

4) китобхонаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотй, муассисаҳои таълимӣ;

5) китобхонаҳои  корхонаҳо,  муассисиҳо  ва  дигар  ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият;

6) китобхонаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

7)китобхонаҳои хусусӣ;

8) китобхонаҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, ннчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. (ҚҶ Т аз 29.12.10с №679)

 

БОБИ 2.

ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ

 

Моддаи 5. Ҳуқуқ барои хизматрасонии китобдорӣ

Ҳар шаҳрванд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, таҳсилот, синну сол ва ҳолатҳои ҷисмонию равонӣ  ва молу мулк аз ҳуқуқи хизматрасонии китобхона бархӯрдор мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).

Ин ҳуқуқ таъмин карда мешавад:

- бо роҳи таъсис додани шабақаи давлатии китобхонаҳои дастраси умум, оммавӣ, илмӣ ва махсус;

– бо истифода аз намудҳои гуногуни китобхонаҳо; (ҚҶ Т аз 29.12.10с №679)

- бо танзими давлатии таъсиси китобхонаҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қатъи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият, тахассус ва доираи фаъолияташон.

Ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии китобдорӣ нисбат ба ҳуқуқи дар ҳамин соҳа доштаи давлат ва ҳама гуна сохторҳои он, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳо афзалият дорад.

 

Моддаи 6. Ҳуқуқ барои фаъолияти китобхонаҳо

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаҳо таъсис диҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар фаъолияти шӯроҳои сарпарастон, истифодабарандагони китобхонаҳо ва ё дигар навъҳои иттиҳодияҳои хонандагон, ки бо мувофиқаи роҳбарони китобхонаҳо ва ё муассисони онҳо созмон дода мешаванд, ширкат варзанд.

Кормандони китобхонаҳо ҳуқуқ доранд бо мақсади мусоидат кардан барои рушди хизматрасонии китобдорӣ, муттаҳидии касбӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию тахассусии худ ассотсиатсияҳо созмон диҳанд.

Дар сурати аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот чун ҳуҷҷатҳо ва коллексияҳои дорои аҳамияти махсус ва китобҳои нодир сабт шудани моликияти хусусии шаҳрванд ӯ ҳуқуқ дорад, ки ҷиҳати ҳифз ва нигоҳдории онҳо аз дастгирии давлат бархурдор бошад. (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008; аз 02.01.2019 с., № 1571).

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи истифодабарандагони китобхонаҳо

Истифодабарандаи китобхона ҳуқуқ дорад ба таври ройгон дар ҳама гуна китобхона тавассути кор кардан бо феҳристҳо оид ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои мушаххас дар фондҳои китобхона иттилоот ба даст оварад.

Дар китобхонаҳои дастраси умум шаҳрвандон ҳуқуқ доранд:

-бо пешниҳоди ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад, истифодабарандаи китобхона гарданд;

-ба таври ройгон тавассути низоми маълумотию библиографии хизматрасонии китобдорӣ доир ба фондҳои китобхона иттилооти пурра ба даст оваранд;

-ба таври ройгон ҷиҳати ҷустуҷӯ ва интихоби манбаъҳои иттилоот ёрии машваратӣ гиранд;

-ба таври ройгон ё бо музд аз фондҳои китобхонаҳо ба мӯҳлати тибқи қоидаҳои истифодаи китобхона муқарраргардида, барои истифодаи муваққатӣ ҳама гуна ҳуҷҷатро дастрас намоянд;

-тавассути абонементи байникитобхонавӣ ҳуҷҷатҳо ва ё нусхаҳои онҳоро аз китобхонаҳои дигар ба даст оваранд;

-аз дигар навъҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои музднок, ки номгӯи онҳо аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, истифода баранд.

       Дар китобхонаҳои давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, шаҳрак ва деҳот истифодабарандагони китобхонаҳо ҳуқуқ доранд аз хизматрасонии китобхонаҳо ва гирифтани ҳуҷҷатҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва дигар забонҳои дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалкунанда баҳравар гарданд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).

Истифодабарандаи китобхона дар ҳолати аз ҷониби корманди расмии китобхона маҳдуд кардани ҳуқуқҳояш ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.

Истифодабарандагони китобхона, вобаста ба талабот ва шавқу рағбати худ, аз ҳуқуқи интихоби озодонаи китобхона бархурдоранд. (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)

 

Моддаи 8. ҳуқуқи гурӯҳҳои махсуси истифодабарандагони китобхона

Маъюбон ба хизматрасонии китобдорӣ ва гирифтани ҳуҷҷат тавассути интиқолдиҳандагони махсуси иттилоот аз китобхонаҳои махсус ва дигар китобхонаҳои дастраси умум ҳуқуқ доранд.

Истифодабарандагоне, ки бо сабабҳои кӯҳансолӣ ва норасоии ҷисмонӣ наметавонанд бевосита ба китобхона раванд, ҳуқуқ доранд тавассути шаклҳои хизматрасонии ғоибона ва ё сайёр, ки маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор ва маблағҳои барномаҳои давлатӣ таъмин карда мешавад, ҳуҷҷатҳои заруриро аз фондҳои китобхонаҳои дастраси умум ба даст оваранд.

Истифодабарандагони хурдсол ва ҷавон ба хизматрасонии китобдорӣ дар китобхонаҳои дастраси умум ва махсус, инчунин дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, тибқи тартибе, ки дар оинномаи ин китобхонаҳо муайян шудааст, ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 9. Ҷавобгарии истифодабарандагони китобхонаҳо

Истифодабарандагони китобхонаҳо вазифадоранд, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро риоя намоянд.

Истифодабарандагоне, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро риоя накарда, ба китобхона зарар мерасонанд, онро дар ҳаҷми тибқи қоидаҳои истифодаи китобхонаҳо муайяннамуда ҷуброн карда, инчунин дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)

 

БОБИ 3.

ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ КИТОБХОНАҲО

 

Моддаи 10. Муассиси китобхона

Муассиси китобхона фаъолияти онро маблағгузорӣ карда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онро назорат менамояд ва инчунин роҳбари китобхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Муассиси китобхона ҳуқуқ надорад, ба истиснои мавридҳое, ки дар оинномаи китобхона ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба фаъолияти эҷодии китобхона дахолат намояд.

 

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои китобхонаҳо

Китобхонаҳо ҳуқуқ доранд:

- бо мувофиқаи муассисон қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳоро тасдиқ намоянд;

- ҳангоми пешниҳод намудани нашрияҳои нодир ва арзишнок, инчунин дигар ҳолатҳои дар муқаррароти қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳо дарҷгардида маблағи кафолатро муайян намоянд;

- мутобиқи муқаррароти қоидаҳои истифодаи китобхонаҳо намудҳо ва андозаҳои ҷуброни зарари аз ҷониби истифодабарандагони китобхонаҳо расонидашударо муайян намоянд;

- ба мақсади васеъ намудани номгӯи хизматрасонии истифодабарандагони китобхонаҳо ва рушди иҷтимоию эҷодии китобхонаҳо, дигар хизматрасониро анҷом диҳанд, ба шарте, ки ба фаъолияти асосии онҳо зарар нарасонад;

- дар асоси шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шартҳои истифодабарии фондҳои китобхонаҳоро муайян намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

- барои шаҳрвандон хизматрасонии муздноки китобдорӣ ташкил намоянд;

- истифодаи фондҳои китобхонаро аз тариқи иҷора ба роҳ монанд;

- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои китобдориро таъсис диҳанд;

- дар асоси озмун ва дигар асосҳо  барои амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ ва минтақавии рушди фаъолияти китобдорӣ, дар таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои китобдорӣ иштирок намоянд; (ҚҶТ аз 31.12.08с №479).

- тибқи тартиби муқарраршуда ҳамкориҳоро бо китобхонаҳо ва дигар идораю муассисаҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани табодули байналмилалии китобҳо, мувофиқи тартиби муайянгардида ба ҳайати ташкилотҳои байналмилалӣ шомил гардида,  барои амалӣ гардонидани барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дигар барномаҳо ширкат варзанд; (ҚҶТ аз 31.12.08с №479).

- мустақилона манбаъҳои пуррагардонии фондҳои худро муайян намоянд;

- тибқи тартиби хориҷкунии ҳуҷҷатҳо, ки бо муассисони китобхонаҳо мувофиқа карда мешавад ва инчунин мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳоро аз фондҳои худ бароварда, ба фурўши музоядавӣ гузоранд. Дар айни замон, китобхонаҳо сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият ҳуқуқ надоранд ҳуҷҷатҳои ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тааллуқдоштаро, ки низоми ҳифз ва истифодабарии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, аз ҳисоб бароварда ба фурӯш расонанд; (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)

- ба шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ, аз ҷумла умумиҷаҳонӣ, пайваст шаванд ва сомона (сайт)-ҳои электронии худро кушоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №679)

Китобхонаҳо дар харидорӣ кардани ҳуҷҷатҳое, ки тибқи барномаҳои давлатии чопи китобҳо интишор мегарданд, инчунин дар навбати аввал харидорӣ кардани асноди китобхонаҳои барҳам додашуда ҳуқуқи бартариятнок доранд.

 

Моддаи 12. Ӯҳдадориҳои китобхонаҳо

Дар фаъолияти худ китобхонаҳо баамалбарории ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, таъмин менамоянд. Китобхонаҳо ба истифодабарандагон тибқи оинномаҳои худ, қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мерасонанд.

Китобхонаҳое (сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон), ки дар фондҳои худ нашрияҳои аҳамияти махсусдошта ва коллексияҳои ба объектҳои мероси миллӣ тааллуқдоштаро доранд, барои сабти саривақтии онҳо дар феҳристҳои маҷмӯавӣ ва бақайдгирии онҳо ҳамчун падидаи мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин барои ворид намудани онҳо ба базаи автоматикунонидашудаи маълумот дар доираи барномаҳои давлатии ҳифз ва рушди фарҳанг масъул мебошанд.

Китобхонаҳо ӯҳдадоранд, ки мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисони худ ва мақомоти давлатии омор ҳисобот диҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).

       Китобхонаҳои давлатӣ ӯҳдадоранд, ки тибқи дархости истифодабарандагон ба онҳо оид ба фаъолияти худ барои ташаккул ва истифодаи фондҳояшон маълумот пешниҳод намоянд.
      Китобхонаҳо ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба таркиби фондҳояшон дохиланд, таъмин менамоянд.
      Китобхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дигар ӯҳдадориҳоро низ амалӣ намоянд.
(ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)

 

Моддаи 13. Мақоми китобхонаҳо

Китобхонаҳои системаи марказонидашудаи давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз лаҳзаи тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданашон мақоми шахси ҳуқуқиро доро мегарданд.

Мақоми китобхонаҳои дигар аз тарафи муассисони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4. СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571)

 

Моддаи 14. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571)

 

Асоси сиёсати давлатиро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ принсипи фароҳам овардани шароит барои дастраси умум будани иттилоот ва арзишҳои фарҳангие ташкил медиҳад, ки дар китобхонаҳо ҷамъ оварда, барои истифодаи умум пешниҳод карда мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).

Давлат рушди хизматрасонии китобдории гурӯҳҳои аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ камтар ҳифзшаванда (кӯдакон, ҷавонон, маъюбон, нафақахӯрон, гурезаҳо, бекорон, модарони серфарзанд, деҳотиён, сокинони минтакаҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои ба онҳо баробаркардашуда)-ро дастгирӣ менамояд.

Мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шахрак ва деҳот ҳуқук надоранд китобхонаҳоро ба биноҳои ба талаботи ҳифзи меҳнат, нигаҳдории фонд ва хизматрасониашон номувофиқ кӯчонанд, қароре қабул купанд ё амалеро иҷро намоянд, ки сабаби бадшавии вазъи таъминоти моддию техникии китобхонаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда гардад. Аз рӯи чунин қарорҳои мақомоти мазкур ва амалҳои шахсони мансабдори онҳо, ки манфиатҳои қонунии истифодабарандагони китобхонаҳоро махдуд менамоянд, ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 15.Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571)

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571):

–  сиёсати давлатиро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ муайян менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

-  барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдориро тасдиқ мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

–  мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ муайян менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

–  маблаггузории давлатии соҳаи фаъолияти китобдориро таъмин мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

–  дигар ваколатҳоро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

- таъсис ва маблағгузории муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи фаъолияти китобдориро ба роҳ мемонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

- стандартҳои давлатии китобдориро муайян ва ташкили низоми таъминоти иттилоотии фаъолияти китобдориро таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 22.07.13с №1008)

 

Моддаи 151. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571)

 

Мақоми ваколатдори давлати дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571):

–барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдориро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

– нигаҳдории фонди мавҷудаи китобхонаҳоро назорат ва ба ғанитар шудани он мусоидат мекунад;

– ба таҳқиқоти илмӣ ва таъминоти методии фаъолияти китобдорӣ мусоидат менамоад;

– баҳисобгирии давлатии омории китобхонаҳоро амалӣ мегардонад;

– ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти китобхонаҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, ба роҳ мемонад;

– бақайдгирӣ ва назорати риояи низоми нигаҳдорӣ ва истифодаи фонди китобхонаҳоеро, ки ҳамчун мероси таърихию фарҳангӣ эътироф шудаанд, анҷом медиқад;

- тайёр кардан, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва бо кор таъмин намудани кормандони соҳаи фаъолияти китобдориро амалӣ месозад (ҚҶТ аз 22.07.13 с., 1008; аз 02.01.2019 с., № 1571);

–  дигар ваколатҳоро дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд, амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).

 

Моддаи 152. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571)

 

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571):

– фаъолияти китобдориро дар ҳудуди шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳот ба роҳ мемонанд;

– ҳамоҳангсозим робитаҳои байниминтақавӣ ва байниидоравии хизматрасонии иттилооотию китобдорй, аз ҷумла, иттилоотонии ҷомеаро ташкил менамоянд;

– ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дастрасии китобхонаҳо ва хизматрасонии китобдорӣ таъмин менамоянд;

– маблағгузории саривақтии китобхонаҳоро барои таҳкими базаи моддию техникии онҳо, харидории адабиёти нав ва дигар маводҳои иттилоотӣ анҷом медиҳанд;

– дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ амалӣ мегардонанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд тавассути дастгирии моддӣ китобхонаҳои гайридавлатиро, ки ба аҳолӣ ройгон хизмат мерасонанд, ҳавасманд намоянд. (ҚҶ Т аз 29.12.10с №679)

 

БОБИ 5.

ШАРОИТҲОИ МАХСУСИ ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ

МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ

 

Моддаи 16. Фондҳои китобхонаҳо ҳамчун объекти мероси миллӣ

Фондҳои китобхонаҳо, ки дар асоси тартиби нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо таъмин карда шуда, инчунин нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳои махсусан арзишнок ва нодир мебошанд, мероси миллӣ ҳисобида мешаванд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳамчун объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ эълон карда шаванд.

Фонди китобхонаҳое, ки ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тааллуқ дорад, таҳти низоми махсуси ҳифзу нигаҳдорӣ ва истифодабари қарор дошта, ба хориҷи кишвар баровардан, нусхабардорӣ, чопи электронӣ ва интиқоли матни онҳо тавассути шабакаҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.120.10с №679)

Дар ҳолате, ки агар китобхона барои ҳифзу дастраси умум гардонидани фонди ба объектҳои таърихию фарҳангӣ тааллуқдошта шароитҳои заруриро фароҳам оварда натавонад, фонд аз таркиби он хориҷ карда шуда, бо қарори молики он ва пешниҳодоти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ба таркиби китобхонаи дигар дода мешавад (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 679; аз 02.01.2019 с., № 1571).

Китобҳои нодир бахши махсусан пурарзиши фонди китобхона буда, ба китобҳои ягонаи нодир ва коллексияҳои китобҳои нодир, ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ба ҳисоб мераванд, тақсим мешавад. (ҚҶТ аз 22.07.13 с., 1008)

 

Моддаи 17. Китобхона ҳамчун ҷузъи мероси таърихию фарҳангӣ

Фонди китобхонаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда объектҳои мероси таърихию фарҳанги дониста шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ нигаҳдорӣ ва ҳимоя карда мешаванд.

Китобхонаҳое, ки мақоми онҳо тибқи қисми якуми моддаи мазкур муайян шудааст, ҳуқуқ доранд пайваста ва ба таври ройгон ду нусхаи ҳатмии маводҳои чопии дар ҳудуди мамлакат ва берун аз он нашршудаи ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, новобаста аз шакли моликияташон, дастрас намоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 679)

 

Моддаи 18. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таҳти низоми махсуси ҳифзу истифодабарӣ қарор дорад.

Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии фарҳангӣ, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи илмию тадқиқотӣ, илмию иттилоотӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки аз лиҳози вазифаҳои ба зимма доштааш ба талаботи асосии ЮНЕСКО барои ҳамин шакли китобхонаҳо мутобиқат менамояд.

Вазифаҳои асосии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошад: (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 679)

- ташкил, ҳифз, коркарди илмӣ, феҳристнигорӣ ва таъмини нигоҳдории воқеии маҷмӯаи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷие, ки аҳамияти илмӣ доранд;

- ташкил ва таъмини фонди китобхонаҳо бо ҳуҷҷатҳо ва нашрияҳое, ки бо забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон чоп шудаанд ва ё новобаста ба ҷои чопашон оид ба Тоҷикистон мебошанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи фаъолияти китобдорӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

- анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ, фаъолияти иттилоотӣ ва дигар илмҳои вобаста ба он;

- идораи умумӣ ва батанзимдарории фаъолияти китобхонаҳо бо мақсади таъмини назорат доир ба амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ;

- ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти ҳама намудҳои китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 31.12.08 с., 479).

- ташаккул ва созмондиҳии ҳуқуқи истифодаи бонкҳои иттилоотӣ ва ширкат дар ташкили шабакаҳои иттилоотию китобдории компютерӣ;

- хизматрасонии китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотии истифодабарандагони китобхона;

- ба роҳ мондани фаъолияти таҳририю интишорӣ ва иттилоотию рекламавӣ;

- ҳамкорӣ бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ассотсиатсияҳои китобдорию иттилоотӣ;

- харид, ҷамъоварӣ, ҳифз ва тадқиқоти мероси хаттӣ;

- иштирок дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;

- ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ бо тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571);

- ташкили маркази татбиқи технологияи нави китобдорӣ бо мақсади тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон;

- ташкили китобхонаи электронӣ;

- таъмини дастрасии китобхонаи электронӣ барои истифодабарандагон ва дигар китобхонаҳо;

- таъмини бехатарии техникӣ, амнияти истифода ва хизматрасонии китобхонаи электронӣ (ҚҶТ аз 22.07.13 с., 1008);

- иҷрои вазифаҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1571).

Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи муздноки китобхонаи электрониро ба роҳ монда, маблағи бадастомадаро барои такмили низоми электронии ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳои он истифода барад. (ҚҶТ аз 22.07.13 с., 1008)

 

БОБИ 6.

ТАШКИЛИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАИ КИТОБХОНАҲО

 

Моддаи 19. Китобхонаҳои марказӣ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятшҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва нохияхо метавонанд ба китобхонаи умумии пешбар мақоми китобхонаи марказиро диҳанд. Вазифаи китобхонаи марказиро инҳо амалӣ менамоянд:

– дар вилоят - китобхонаи марказии вилоятӣ;

– дар шаҳр - китобхонаи марказии шахрӣ;

– дар ноҳия - китобхонаи марказии ноҳиявӣ. (ҚҶТ аз 29.12.10 с.. 679)

Китобхонаи марказӣ вазифадор аст, ки дар ҳудуди барои хизматрасонӣ фарогирифтаи худ маҷмӯи нисбатан умумии ҳуҷҷатҳоро ташкил намояд, ҳифз намояд ва ба истифодабарандаи китобхона пешниҳод намояд, истифодаи муштараки захираи китобхонаро созмон диҳад ва ба китобхонаҳо ёрии методӣ расонад.

Тибқи тартиби муқарраргардида вазифаҳои китобхонаҳои марказиро байни якчанд китобхонаҳо тақсим кардан имконпазир аст. Дар ин ҳолат хароҷоти онҳо вобаста ба ҳаҷми фаъолияташон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10 с., 679)

 

Моддаи 20. Ҳамкории мутақобилаи китобхонаҳо бо мақомоти иттилоотии илмию техникӣ ва бойгониҳо

Бо мақсади таъмини истифодаи самарабахши захираҳои иттилоотии давлатӣ, китобхонаҳо бо мақомоти иттилоотии илмию техникӣ, бойгониҳо, дигар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки маркази иттилоотии маълумоти дараҷаҳои гуногун доранд, ҳамкорӣ менамоянд.

Тартиби ҳамкории мутақобила тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин шартномаҳои миёни ин муассисаҳою ташкилотҳо басташуда муайян карда мешавад.

 

БОБИ 7. ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ  ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ

 

Моддаи 21. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии китобхонаҳо

Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии китобхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 22. Молу мулки китобхонаҳо

Китобхонаҳо дар асоси ҳуқуқи идораи оперативӣ дорои молу мулки ба онҳо вобаста кардашуда мебошанд, ки аз онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд.(ҚҶТ аз 29.12.10 с., 679)

Китобхонахои давлатӣ ва дигар китобхонаҳои дастраси умум барои беҳтар намудани хизматрасонии китобдорӣ ба аҳолӣ ҳуқуқи ройгон истифодабарии қитъаҳои замин ва биноҳои истеҳсолиро доранд.

Тартиби истифодабарии воситаҳои молиявии китобхона тибқи оинномаи он танзим карда мешавад.

 

БОБИ 8.

ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ КИТОБХОНА

 

Моддаи 23. Ҳимояи иҷтимоии кормандони китобхонаҳо

Ҳифзи иҷтимоии кормандони китобхонаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

 

БОБИ 9.

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 24. Ҳуқуқ барои ҳамкориҳои байналмилалӣ

Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти китобдорӣ, библиографӣ, иттилоотонӣ ширкат варзида, оид ба масъалаҳои марбут ба китобхонаҳо дар ҷаласа ва конференсияҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба таркиби созмонҳои фарҳангии байналмилалӣ шомил гардида, дар татбиқи барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дигар барномаҳо ширкат намоянд.

 

Моддаи 25. Ҳуқуқи аз фондҳои китобхонаҳо ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон

баровардани ҳуҷҷатҳо

Баровардани ҳуҷҷатҳо аз фондҳои китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., 479).

 

Боби 10. МУҚАРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

   Моддаи 251.  Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

   Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Э. РАҲМОНОВ

 

     ш. Душанбе  

1 августи соли 2003

        №32

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РЕКЛАМА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:52
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рақам: 
34
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.2003
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РЕКЛАМА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.457; с.2007, №6, мод.432; с.2008, №10, мод.824; с.2011, №12, мод.843; с.2012, №4, мод.262; с.2014, №11, мод.672; с.2015, №3, мод.224; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017, №1456; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017, №1457)
(Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276, аз 6.10.2008 № 445, аз 26.12.2011 № 779, аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.03.2015 № 1202, аз 18.07.2017 № 1456, № 1457, аз 2.01.2018 № 1496, аз 19.07.2022 № 1914, аз 24.12.2022 № 1947)
Қонуни мазкур муносибатҳои соҳаи рекламаро (ба истиснои рекламаи сиёсӣ) ба танзим дароварда, онро аз рақобати бевиҷдонона ҳифз менамояд ва рекламаи номуносиберо, ки метавонад истифодабарандагонро ба иштибоҳ андозад ё ба саломатии онҳо, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории шахсони мазкур зарар расонад, инчунин ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ ва ахлоқӣ таҳдид кунад, пешгирӣ ва манъ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонун
Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар раванди истеҳсол, ҷойгиронӣ ва паҳнкунии реклама дар бозорҳои мол, кор ва хизматрасонии (минбаъд - мол) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бозорҳои хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо, ки бо истифодабарии маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин дар бозорҳои қоғазҳои қиматнок ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Қонун ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки амалҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиркардаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи реклама боиси маҳдудияти рақобат, ба иштибоҳ андохтани шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд ё оқибатҳои дигари манфиро дар бозорҳои моли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоранд, татбиқ карда мешавад, агар муносибатҳои байни давлатҳо бо созишномаҳои байналмилалӣ ба танзим дароварда шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456).
Ҳамин Қонун нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд - соҳибкорони инфиродие, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рекламаро истеҳсол, ҷойгир ва паҳн мекунанд, низ татбиқ мегардад.
Амали Қонуни мазкур татбиқ намегардад, ба (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914):
- эълонҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд;
- иттилооте, ки тибқи қонун ифшо, паҳн кардан ё расонидани он ба маълумоти истеъмолкунанда ҳатмӣ аст;
- маводи маълумотномавӣ - иттилоотӣ ва таҳлилӣ (шарҳи бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва озмоишӣ), ки пешбурди мол дар бозорро ҳамчун мақсади асосӣ тақозо надоранд ва рекламаи иҷтимоӣ намебошанд;
- хабарҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки маълумоти дорои хусусияти рекламавиро надоранд ва рекламаи иҷтимоӣ намебошанд;
- овеза ва аломатҳое, ки маълумоти хусусияти рекламавиро надоранд;
- ҳама гуна унсурҳои тафсири мол, аз ҷумла иттилоот дар бораи мол, истеҳсолкунанда, воридкунанда ё содиркунандаи он, ки бевосита дар мол ё бастаи мол ҷойгир карда шудаанд;
- ишора ба маҳсулот, воситаҳои фардикунонии он, истеҳсолкунанда ё фурӯшандаи маҳсулот, ки дар асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат тавсиф ёфтаанд ва худ аз худ иттилооти хусусияти рекламавӣ надоранд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:
- реклама - иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд;
- фаъолияти рекламавӣ - маҷмӯи амалҳои рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама барои ҷалби таваҷҷӯҳи истеъмолкунандагони реклама ба объекти рекламашаванда (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914);
- объекти рекламашаванда - мол, воситаҳои фардикунонии он, истеҳсолкунанда ё фурӯшандаи мол, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ё чорабинӣ (аз ҷумла мусобиқаи варзишӣ, консерт, озмун), ки реклама барои ҷалби диққат ба онҳо равона шудааст (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
- рекламаи номуносиб - рекламаи бевиҷдонона, нодуруст, беодобона, ошкоро бардурӯғ, пинҳонӣ ё дигар рекламае, ки дар он ба вайронкунии талабот нисбати мазмун, вақт, маҳал ва тарзи паҳнкунӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода шудааст;
- рекламаи мутақобил - рад кардани рекламаи номуносиб, ки бо мақсади барҳам додани оқибатҳои он паҳн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- рекламадиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо фармоиши он реклама таҳия ва паҳн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- истеҳсолкунандаи реклама - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро пурра ё қисман дар шакли тайёр барои паҳнкунӣ омода месозад;
- паҳнкунандаи реклама - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҷойгир ё паҳнкунии иттилооти рекламаро бо роҳи пешниҳод ё истифодаи молу мулк, аз ҷумла, воситаҳои техникии радио, телевизион, инчунин шабакаҳои алоқа, вақти намоиш ва бо истифода аз дигар воситаҳо анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- истифодабарандагони реклама - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки реклама ба маълумоташон расонида мешавад;
- рекламаи беруна - плакатҳо, стендҳо, овезаҳои номалавҳаи мунаввар ва воситаҳои дигари техникӣ, ҷойгиронии устувори он дар ҳудуди муайян;
- рекламаи дохилӣ - ҳар гуна рекламае, ки дар дохили хонаҳо, биноҳо, иншоотҳо ҷойгир карда шудааст;
- рекламаи иҷтимоӣ - рекламаи ғайритиҷоратӣ, ки дар он тарзи ҳаёти солим, ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ, ҳифзи муҳити зист, амнияти аҳолӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ифода шудааст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163, аз 19.07.2022 № 1914);
- оферта - пешниҳод ба бастани шартнома буда, ба як ё якчанд шахсони мушаххас фиристода мешавад ва талабҳои асосии шартномаро дар бар мегирад;
- аксепт - ҷавоби шахсе, ки офертаи ба ӯ пешниҳод кардашударо гирифтааст;
- воқеаҳои ҷорӣ - равандн воқеаҳои бавуқӯъомада, ҳодисаҳои муҳим, далелҳо аз ҳаёти шахсӣ ва ё ҷамъиятӣ, инчунин натиҷаҳои таҳқиқоту иқдомот (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456);
- сарпарастӣ - аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузоштани саҳм (дар шакли пешниҳоди молу мулк, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, хизматрасонӣ, анҷом додани корҳо) ба фаъолияти шахси дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ (кӯмакгиранда) бо шартҳои паҳн кардани рекламаҳои кӯмакгиранда оид ба сарпараст ва молҳои ӯ (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- саҳми сарпарастӣ - пардохт барои реклама аз ҷониби сарпараст (рекламадиҳанда) ба кӯмакгиранда (паҳнкунандаи реклама) (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456).
Моддаи 4. Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он барои реклама
Реклама метавонад пурра ё қисман объекти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бошад.
Дар ин ҳолат ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
БОБИ 2. ТАЛАБОТИ УМУМӢ ВА МАХСУС БА РЕКЛАМА
Моддаи 5. Талаботи умумӣ ба реклама
Реклама бояд бе донишҳои махсус ё бе татбиқи воситаҳои техникӣ, бевосита дар лаҳзаи пешниҳоди он сарфи назар аз шакл ё воситаҳои истифодашавандаи паҳнкунӣ, маҳз ҳамчун реклама фаҳмида шавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Дар осори радио, телевизион, видео, аудио ва кино, инчунин дар маҳсулоти чопии дорои хусусияти ғайрирекламавӣ истифодаи мақсадноки таваҷҷӯҳи истифодабарандагони реклама ба навъи (модел, артикул) мушаххаси мол ё ба тайёркунанда, иҷрокунанда, фурӯшанда барои ташаккул ва дастгирии манфиати онҳо бе маълумоти муносиби пешакӣ дар ин маврид (ба хусус, бо роҳи қайд кардан "ҳамчун реклама") иҷозат дода намешавад.
Ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгиронии реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ гирифтани маблағ манъ аст.
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Реклама дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин ба дигар забонҳо, паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд, инчунин ба тамғаҳои молии (тамғаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 18.07.2017 № 1456).
Ба рекламаи мол, рекламаи худи рекламадиҳанда, ҳамчунин ба рекламаи молҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолу истифодаи онҳо манъ карда шудааст ва инчунин ба рекламаи маҳсулот, кору хизматрасонӣ, ки бояд ҳатман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд, вале сертификати мутобиқат надоранд, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Рекламаи молҳое, ки сертификатсияи ҳатмиро талаб менамоянд, бояд қайди "ҳатман сертификатсия кунонида шаванд" дошта бошанд.
Истифода намудани объектҳои ҳуқуқҳои истисноӣ (моликияти зеҳнӣ) дар реклама бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Реклама набояд дар шаҳрвандон ҳисси зӯроварӣ, таҷовуз, воҳима барангезад, инчунин набояд ба амалҳои хатарноке даъват намояд, ки метавонанд ба саломатии шахсони воқеӣ зарар расонанд ё ба бехатарии онҳо таҳдид намоянд ва ба идроки инсон беихтиёр таъсир расонад.
Ба истеҳсол, ҷойгиронӣ ва интишори рекламае, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намекунад, иҷозат дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Ҷой додани реклама дар адабиёти таълимӣ, аз ҷумла асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ истифода мегарданд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457).
Ҷой додани реклама дар варақаи дорухат (ретсепт) манъ аст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 6. Рекламаи бевиҷдонона
Рекламаи бевиҷдонона рекламае мебошад, ки:
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз молҳои рекламашаванда истифода намекунанд, беобрӯ менамояд;
- дорои муқоисаҳои носаҳеҳи моли рекламашаванда бо моли (молҳои) дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, инчунин мулоҳизаҳо ва тасвирҳое дорад, ки иззат, шаъну шараф ё эътибори кории рақибонро паст мезананд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- истеъмолкунандагонро нисбати моли рекламашаванда ба воситаи тақлиди (нусхабардории ё тақлидкории) лоиҳаи умумӣ, матн, формулаҳои рекламавӣ, тасвир, таъсироти мусиқӣ ва савтии дар рекламаи молҳои дигар истифодашаванда ё тавассути сӯиистифодаи боварии шахсони воқеӣ ё нокифоя будани таҷрибаю дониши онҳо, аз ҷумла бо сабаби дар реклама мавҷуд набудани қисматҳои муҳими иттилоотӣ ба иштибоҳ меандозад.
Ба рекламаи бевиҷдонона роҳ дода намешавад.
Моддаи 7. Рекламаи нодуруст
Рекламаи нодуруст рекламае мебошад, ки дар он нисбати нишондиҳандаҳои зерин маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ мавҷуд аст:
- тавсифи молҳо ҳамчун асл, таркиб, тарз ва санаи тайёр намудани онҳо, таъинот, хусусияти истеъмолӣ, шароитҳои истеъмол, мавҷудияти сертификати мутобиқат, аломатҳои сертификатсионӣ ва аломатҳои мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ, теъдод, маҳалли истеҳсол;
- мавҷудияти мол дар бозорҳо, имкониятҳои дар ҳаҷми мазкур харидорӣ намудани он, вақт ва маҳал;
- арзиши (нархи) молҳо дар лаҳзаи паҳн кардани реклама;
- шартҳои иловагии пардохт, бурда расонидан, мубодила, баргардонидан, таъмир ва хизматрасонии мол (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
- ӯҳдадориҳои кафолатӣ, мӯҳлати хизмат, мӯҳлати истифода;
- ҳуқуқ барои истифодаи рамзҳои давлатӣ, инчунин рамзҳои ташкилотҳои байналмилалӣ;
- эътирофи расмӣ, гирифтани медалҳо, ҷоизаҳо, дипломҳо ва дигар мукофотҳо;
- пешниҳоди маълумот доир ба тарзҳои харидани силсилаҳои пурраи молҳо, агар мол як қисми силсила бошад;
- натиҷаи тадқиқот ва санҷишҳо, истилоҳоти илмӣ, иқтибосҳо аз нашрияҳои техникӣ, илмӣ ва дигар интишорот;
- маълумоти оморие, ки асоснокии онҳо набояд дар шакли аз ҳад зиёд нишон дода шавад;
- истинод ба ягон тавсияҳо ё эътирофи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба тавсияву эътирофҳои кӯҳнашуда;
- истифодаи истилоҳот бо дараҷаи баланд, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои "беҳамто", "мутлақо", "ягона" "рақами 1", "беҳтарин", "сифати олӣ" ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
- истифодаи истилоҳоти муқоисавии объекти рекламашаванда бо дараҷаи паст, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои "нархи пасттарин", "арзонтарин" ва дигарҳо дар сурати имконнопазир будани тасдиқи онҳо бо ҳуҷҷат (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457);
- муқоиса бо дигар мол (молҳо), инчунин бо ҳуқуқ ва вазъи дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
- истинод ба ягон хел кафолат ба истифодабарандагони молҳои рекламашаванда;
- ҳаҷми воқеии талабот ба мол;
- маълумот доир ба худи рекламадиҳанда.
Агар дар реклама маълумоти ба ҳақиқат номувофиқ нисбати ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ), ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда ҷой дошта бошад, чунин реклама нодуруст ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1947).
Ба рекламаи нодуруст роҳ дода намешавад.
Моддаи 8. Рекламаи беодобона
Рекламаи беодобона рекламае мебошад, ки:
- дорои маълумоти матнӣ, тасвирӣ ва савтӣ буда, меъёрҳои умумибашарӣ ва ахлоқиро бо роҳи истифодаи калимаҳои таҳқиромез, ташбеҳ, симоҳо нисбати нажод, миллат, касб, табақаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳи синну солӣ, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва дигар эътиқоди шахсони воқеиро халалдор месозад;
- объектҳои санъатро, ки дорои арзиши миллӣ ё фарҳанги ҷаҳонӣ ҳастанд, беобрӯ менамояд, рамзҳои давлатӣ, пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё асъори давлати дигар ва рамзҳои мазҳабиро бадном мекунад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163);
- ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ягон хел фаъолият, касб, молро бадном мекунад.
Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз истеҳсол ё паҳн гардидани рекламаи дорои маълумоти бадномкунандаи шаъну шараф ё эътибори кории ӯ огоҳ шудааст, ҳуқуқ дорад барои ҳифзи ҳуқуқҳои поймолгардидааш бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намояд, инчунин агар рекламадиҳанда ин талаботро ихтиёрӣ иҷро накунад, ҳуқуқ дорад аз рекламадиҳанда раддияи чунин рекламаро бо ҳамон тарзе ки паҳн карда шуда буд, талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163).
Ба рекламаи беодобона роҳ дода намешавад.
Моддаи 9. Рекламаи бардурӯғ
Рекламаи бардурӯғ чунин рекламае мебошад, ки тавассути он рекламадиҳанда (истеҳсолкунандаи реклама, паҳнкунандаи реклама) истифодабарандаи рекламаро қасдан ба иштибоҳ меандозад.
Ба рекламаи бардурӯғ роҳ дода намешавад.
Моддаи 10. Рекламаи пинҳонӣ
Дар асари радио, аудио, намоишномаҳои телевизиону видео, дар маҳсулоти кино, ҳамчунин дар маводи дигар истифода кардан ва бо роҳу воситаҳои дигар интишор намудани рекламаи пинҳонӣ, яъне рекламае, ки ба ҳушу идроки истеъмолкунанда, аз ҷумла бо роҳи истифодаи сабтҳои махсуси видеоӣ (сабти овози дуҷӯра) таъсири беихтиёр мерасонанд, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 11. Хусусиятҳои реклама дар барномаҳои радио ва телевизион
Дар барномаҳои радио ва телевизион бо реклама буридани барномаҳои зерин роҳ дода намешавад:
- суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш аз иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи онҳо, чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои мотам ва дигар маросимҳои расмӣ;
- барномаҳои динӣ;
- барномаҳои таълимӣ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа то 30 сония;
- барномаҳои радио ва филмҳои бадеӣ бе розигии соҳибҳуқуқон (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад;
- барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.
Ҳангоми истифодаи реклама ҳамчун замима ба тасвири асосӣ, аз ҷумла ба таври "сатри муҳаррик", андозаи он бояд аз ҳафт фоизи масоҳати кадр ва понздаҳ фоизи вақти пахш дар давоми соат зиёд набошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457).
Паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳн намудани реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.
Дар барномаҳои радио ва телевизиони давлатӣ, ки ҳамчун барномаҳои ба ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ махсусгардонидашуда ба қайд гирифта нашудаанд, реклама набояд аз 10 фоизи ҳаҷми намоиши шабонарӯзӣ ва дар барномаҳои радио ва телевизиони ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 30 фоиз зиёд бошад.
Дар барномаҳои кӯдаконае, ки давомнокиаш то 30 дақиқа мебошад, пахши реклама манъ аст.
Дар барномаҳои радио ва телевизион дар давоми тамоми гуфтор ва намоиш, дар байни барномаҳои радио ва телевизион як пахши рекламавӣ набояд аз се дақиқа зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457).
Моддаи 12. Хусусиятҳои реклама дар матбуоти даврӣ
Дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ дошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад.
Дар воситаҳои ахбори оммае, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта намешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Моддаи 13. Хусусиятҳои реклама дар кино, видео ва хизматрасонии маълумотӣ
Дар таркиби асарҳои аудиовизуалӣ бе ризоияти дорандагони ҳуқуқҳои молумулкии муаллиф ба чунин асарҳо ҷойгир намудани реклама манъ аст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Ҳангоми хизматрасонии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ реклама танҳо баъди ба абонент додани маълумоти талабгардида пешниҳод шуда метавонад.
Ҳангоми хизматрасонии пулакии маълумотдиҳии телефонӣ, компютерӣ ё дигар хизматрасонӣ реклама танҳо бо розигии абонент пешниҳод карда мешавад.
Арзиши чунин реклама набояд ба арзиши маълумоти талабкардаи абонент дохил шавад.
Истифодаи рақамҳои бепули телефонҳои хадамоти ёрии таъҷилӣ, милитсия, сӯхторнишонӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ ба мақсади паҳнкунии реклама манъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 14. Хусусиятҳои рекламаи берунӣ
Паҳн кардани реклама дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо метавонад дар шакли плакатҳо (овезаҳо), стендҳо, номалавҳаҳои мунаввар, дигар воситаҳои техникии устувори ҷойгиронии мавзеъӣ амалӣ гардад.
Рекламаи берунӣ бояд бо аломатҳои роҳҳо ва нишонаҳо мушобеҳ набуда, дидани онҳоро халалдор насозад, инчунин ба бехатарии ҳаракат дар роҳ халал нарасонад, ҳамзамон реклама (овеза, номалавҳа, стендҳо ва ғайраҳо) бояд дар болои роҳи автомобилгард ё аз тарафи рости роҳ ҷойгир шавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Паҳн намудани рекламаи берунӣ дар шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот ва дигар мавзеъҳо ҳангоми мавҷуд будани иҷозати мақомоти дахлдори  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163):
- аз тарафи мақомоти дахлдори раёсати истифодабарии роҳҳои автомобилгард, инчунин воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар хати ҷудокарда ва минтақаи наздироҳии роҳҳои автомобилгард - берун аз ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456);
- аз тарафи воҳидҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар ҳудуди шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳот (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456);
- аз тарафи мақомоти дахлдори идораи роҳҳои оҳан - дар хати ҷудокардаи роҳи оҳан.
Андозаи меъёри пардохт барои паҳн намудани рекламаи берунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1496).
Ҳамзамон ҳаҷми пардохт бояд аз андозаи хароҷоти корҳои анҷомдодашуда барои додани иҷозати паҳн намудани рекламаҳои берунӣ, муайян намудани ҷойи паҳн кардани он ва назорати ҳолати рекламаҳои берунӣ ва воситаҳои техникии ҷойгиронии устувори мавзеъии он зиёд набошад.
Паҳн намудани рекламаи берунӣ бо роҳи ҷойгиркунӣ дар мавзеъ (аз ҷумла, дар мавзеъҳои ёдгориҳои фарҳангӣ, иншооти расму ойин, маҷмӯаҳои ҳифзшавандаи табиӣ), бино, иншоот ва дигар объектҳо, инчунин муайян намудани ҳаҷм ва тартиби пардохти маблағ барои паҳн намудани рекламаи мазкур дар асоси шартнома бо молик ё бо шахси ба молу мулк ҳуқуқи моликидошта анҷом дода мешавад, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахси ба амвол ҳуқуқи моликидошта ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад ва дар мавриди мавҷуд будани иҷозат қисми сеюми пешбинишудаи ин модда амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 14(1). Хусусиятҳои рекламаи молҳо бо усули фурӯши фосилавӣ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914)
Дар рекламаи молҳо бо усули фурӯши фосилавӣ бояд маълумоти зерин дарҷ карда шаванд:
- ном, маҳали ҷойгиршавӣ ва рақами ягонаи мушаххаси шахси ҳуқуқӣ;
- насаб, ном, номи падар, рақами ягонаи мушаххаси соҳибкори инфиродӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 15. Хусусиятҳои реклама дар воситаҳои нақлиёт ва муросилоти почта
Паҳн намудани реклама дар воситаҳои нақлиёт дар асоси шартномаҳо бо соҳибони воситаҳои нақлиёт ё бо шахсони ба воситаҳои нақлиёт ҳуқуқи моликидошта, агар мутобиқи қонун ё шартнома нисбати шахсоне, ки ба ин молу мулк ҳуқуқи моликӣ доранд, ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Ҳолатҳои маҳдудият ва манъи паҳн кардани рекламаро дар воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мақомоти ваколатдор, ки назорати бехатарии ҳаракат ба зиммаашон гузошта шудааст, муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163).
Паҳн кардани реклама дар муросилоти почта танҳо бо иҷозати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 16. Рекламаи дохилӣ
Ҷойгиронии реклама дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои тандурустӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба истиснои рекламаи иҷтимоӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163,  аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 17. Хусусиятҳои рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳо
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202)
Рекламаи спирти этилӣ, машрубот, тамоку, маҳсулоти тамоку, сигори электронӣ ва дигар воситаҳои электронии таъмини никотин, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва ҳаммонанди онҳо, силоҳи ҷангӣ, силоҳи хизматӣ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ, доруворие, ки бо дорухати (ретсепти) духтур дода мешавад, инчунин ҳангоми рекламаи доруворӣ муқоиса намудани он бо дигар доруворӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдор ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур, амалӣ карда мешавад.
Рекламаи силоҳи ғайринизомии иҷозатдошта, аз ҷумла силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, танҳо дар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои паҳн кардани реклама махсус гардонида шудаанд, дар дигар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои истифодабарандагони чунин силоҳ пешбинӣ шудаанд, дар ҷойҳои истифодаи силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, дар воситаҳои электронии иттилоотии умумӣ бошад, танҳо баъди соати 22 вақти маҳаллӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202).
Моддаи 18. Хусусиятҳои рекламаи хизматрасонии молиявӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва коғазҳои қиматнок
Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла бонкӣ, суғуртавӣ, сармоягузорӣ ва дигарҳо, ки бо истифодаи маблағи шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд, инчунин коғазҳои қиматнок ба амалҳои зерин роҳ дода намешавад:
- дар реклама нишон додани маълумоти миқдорӣ, ки бевосита ба хизматрасониҳои рекламашаванда ё коғазҳои қиматнок алоқаманд нестанд;
- кафолат додани ҳаҷми даромадҳо тибқи саҳмияҳои номии оддӣ;
- реклама кардани коғазҳои қиматнок то ба қайд гирифтани эълони эмиссияи (барориши) онҳо;
- пешниҳод намудани ҳама гуна кафолатҳо, ваъдаҳо ё тахминҳо оид ба даромаднокии минбаъдаи фаъолият, аз ҷумла бо роҳи эълон намудани баландшавии қурби коғазҳои қиматнок;
- ном набурдани ҳатто яке аз шартҳои шартнома, агар дар реклама дар хусуси шартҳои шартнома иттилоъ дода шавад.
Моддаи 19. Рекламаи иҷтимоӣ
Рекламаи иҷтимоӣ манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро ифода намуда, барои расидан ба мақсадҳои хайриявӣ нигаронида шудааст.
Дар рекламаи иҷтимоӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ, соҳибкорони инфиродӣ, навъҳои мушаххаси (моделҳои, артикулҳои) молҳои онҳо, ҳамчунин навъҳои молҳое, ки натиҷаи фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд, набояд хотиррасон карда шаванд.
Фаъолияти ба таври ройгон анҷомдодашудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тарзи солимии ҳаёт ва дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, додани моликияти худ, аз ҷумла воситаҳои пулӣ ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар истеҳсол ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ, ҳамчун фаъолияти эҳсонкорӣ дониста шуда, аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ бархурдор мебошанд.
Паҳнкунандагони реклама - воситаҳои ахбори омма ӯҳдадоранд, ки ҷойгиронии рекламаҳои иҷтимоии пешниҳодкардаи рекламадиҳандагонро дар доираи 10 фоизи вақти намоиш (масоҳати асосии чопӣ ) дар як сол, ки қонунгузорӣ барои реклама муқаррар кардааст, ҷойгир намоянд.
Паҳнкунандагони рекламае, ки воситаҳои ахбори омма намебошанд, ӯҳдадоранд рекламаи иҷтимоиро дар доираи 10 фоизи арзиши солонаи хизматрасонӣ ҷойгир намоянд.
Истеҳсолкунандагони реклама ӯҳдадоранд хизматрасониро оид ба истеҳсоли рекламаи иҷтимоӣ дар доираи 10 фоизи ҳаҷми солонаи рекламаҳое, ки истеҳсол мекунанд, пешниҳод намоянд.
Шартҳои ба вақти ҷойгиронӣ ва воситаҳои паҳнкунии рекламаи иҷтимоӣ тааллуқдошта, ки рекламадиҳанда пешниҳод мекунад, барои паҳнкунандаи реклама ҳатмӣ мебошад, агар рекламадиҳанда ба паҳнкунандаи реклама на дертар аз як моҳи мӯҳлати дар назардоштаи паҳни рекламаи иҷтимоӣ муроҷиат намояд.
Пардохти маблағи истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.
Дар сурати зиёд будани ҳаҷми фармоишҳо барои истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ назар ба меъёрҳои вақти муқаррарнамудаи намоиши чунин рекламаҳо, масоҳати асосии чопӣ, ҳаҷми истеҳсол, ҷойгиронӣ, паҳн кардан ва дар мавриди ба вуҷуд омадани баҳсҳо навбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ бо тартиби аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама гирифтани офертаи рекламадиҳанда муайян карда мешавад.
Ба амалҳои истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, ки ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаи иҷтимоӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ монеа ба вуҷуд меоранд, иҷозат дода намешавад.
Дар сурати роҳ додан ба чунин амалҳо рекламадиҳандагон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба суд шикоят намоянд.
Моддаи 20. Маҳдудият дар фаъолияти сарпарастӣ
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Сарпараст ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти кӯмакгиранда дахолат намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Сарпарастии реклама аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1456).
Сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор оид ба воқеаҳои ҷорӣ манъ аст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 18.07.2017 № 1456).
Моддаи 21. ҳифзи ноболиғон ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани рекламаҳо
Ҳангоми истеҳсол, ҷойгир ва паҳн кардани реклама бо мақсади муҳофизати ноболиғон аз суиистифодаи зудбоварӣ ва бетаҷрибагӣ ба амалиётҳои зерин роҳ дода намешавад:
- паст задани шаъну шарафи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва омӯзгорон, инчунин коҳиш додани боварии ноболиғон нисбат ба онҳо (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163);
- талқини бевоситаи ноболиғон нисбати водор сохтани падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)  ба харидани молҳои рекламашаванда (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163);
- ҷалб намудани диққати ноболиғон ба ин ё он молҳое, ки ба даст оварданашон ба онҳо нисбат ба дигар ноболиғон ягон бартарӣ медиҳад, инчунин ба молҳое, ки набуданашон натиҷаи баръакс медиҳад;
- дар реклама ҷойгир намудани маълумоти матнӣ, биноӣ ё савтӣ, ки ноболиғонро дар ҷойҳо ва вазъиятҳои хатарнок нишон медиҳанд;
- паст намудани сатҳи зарурии малакаҳои истифодаи мол аз ҷониби ноболиғон, ҳамзамон дар сурате, ки агар таҷрибаи истифодаи мол нишон дода ё тавсиф шуда бошанд, реклама бояд дар хусуси он ки кадом чиз воқеан барои ноболиғони гурӯҳи муайяни синну сол, ки мол барояшон пешбинӣ шудааст, маълумот диҳад;
- ба ноболиғон талқин намудани хаёлоти ғайривоқеӣ (таҳрифшуда) оид ба арзиши (нархи) мол, аз ҷумла тавассути истифодаи калимаҳои "танҳо", "ҳамагӣ" ва ба ҳамин монанд, инчунин бо роҳи бевосита нишон додани он ки моли рекламашаванда барои буҷети тамоми оилаҳо дастрас мебошад.
Истифодаи тасвири матнӣ, биноӣ ё савтии ноболиғон дар рекламае, ки бевосита ба молҳои барои ноболиғон дахл надоранд, роҳ дода намешавад.
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ РЕКЛАМАДИҲАНДАГОН, ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОН ВА ПАҲНКУНАНДАГОНИ РЕКЛАМА
Моддаи 22. Мӯҳлати нигоҳдории маводе, ки рекламаро дар бар мегирад
Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама ӯҳдадоранд маводҳо ё нусхаҳои онҳоро, ки рекламаро дар бар мегиранд, аз ҷумла ҳамаи тағйироти минбаъдаи ба онҳо воридшавандаро, ба истиснои рекламаи дар интернет ҷойгиршуда (паҳншуда), инчунин шартномаҳо оид ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаро дар муддати як сол аз рӯзи паҳн шудани рекламаи охирин ё аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлати амали чунин шартномаҳо нигоҳ доранд (Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 № 1457, аз 19.07.2022 № 1914).
Моддаи 22(1) Ҳуқуқҳои рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Рекламадиҳанда, истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқ доранд бо ариза оид ба пурра ё қисман бекор кардани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 23. Пешниҳоди маълумот барои истеҳсол ва паҳн кардани реклама
Истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи реклама ҳуқуқи талаб карданро дорад ва рекламадиҳанда дар ин ҳолат ӯҳдадор аст тасдиқи дурустии маълумоти рекламаро бо ҳуҷҷат пешниҳод намояд.
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 13.06.2007 № 276).
Моддаи 24. Ӯҳдадориҳои истеҳсолкунандаи реклама дар мавриди хабардор кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории оид ба реклама
Истеҳсолкунандаи реклама ӯҳдадор аст сари вақт ба рекламадиҳанда хабар диҳад, ки риояи талаботи ӯ ҳангоми истеҳсоли реклама метавонад ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама оварда расонад.
Агар рекламадиҳанда сарфи назар аз огоҳонии саривақтӣ ва асоснокшудаи истеҳсолкунандаи реклама талаботи худро ба реклама тағйир надиҳад ё мутобиқи талаботи истеҳсолкунандаи реклама тасдиқи ҳуҷҷатии дурустии маълумоти барои истеҳсоли реклама пешниҳодшавандаро пешкаш накунад ё дигар ҳолатҳоеро, ки рекламаро номуносиб мегардонанд, бартараф насозад, истеҳсолкунандаи реклама ҳуқуқ дорад, бо тартиби муқарраргардида шартномаро қатъ намояд ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷуброни пурраи зарарҳоро талаб намояд.
Моддаи 25. Пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163)
Рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ (мақомоти минтақавии онҳо), ки назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ба зиммаашон гузошта шудааст, ӯҳдадоранд дар мӯҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои дуруст ва тавзеҳотро дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ, сабтҳои видеоӣ ва овозӣ, инчунин дигар маълумоте, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур зарур мебошанд, пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.07.2017 № 1457).
Моддаи 26. Пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома дар реклама
Оқибати эътирофи реклама даъват барои бастани шартнома (оферта) ё худ шартномаи оммавӣ (офертаи оммавӣ) (пешниҳоди оммавӣ оид ба бастани шартнома барои реклама) буда, тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Рекламадиҳанда вазифадор аст мӯҳлати амали рекламаро, ки барои даъвати шартномакунонӣ (оферта кардан) хизмат мекунад (агар дар реклама ақаллан яке аз шартҳои асосӣ хабар дода шуда бошад), инчунин рекламаҳоеро, ки ба ҳайси шартномаҳои оммавӣ (офертаҳои оммавӣ) амал мекунанд, нишон диҳад. Агар рекламадиҳанда мӯҳлати амали рекламаи офертаи оммавӣ эътирофшударо нишон надода бошад, чунин оферта дар муддати ду моҳ аз рӯзи паҳнкунии реклама эътибор дорад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914).
Агар рекламадиҳанда баъди бо тартиби муқарраргардида гирифтани аксепти (розигии) шахс, ки офертаи оммавӣ ба номи ӯ мебошад, аз бастани шартнома саркашӣ кунад, ин шахс ҳуқуқ дорад бо талаби бастани шартнома ва ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи беасос рад намудани рекламадиҳанда аз бастани шартнома расонида шудааст, бо дархост ба суд муроҷиат намояд.
БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ РЕКЛАМА
Моддаи 27. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи реклама
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202)
Назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
- сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони реклама, инчунин ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи реклама ва назорати фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914);
- барномаҳои давлатии рушди реклама ва фаъолияти рекламавиро таҳия ва иҷрои онро ташкил менамояд;
- фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ҳамоҳанг месозад ва муҳити рақобатро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ таъмин менамояд;
- мониторинги ҳолати бозори реклама ва фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд, махзани ягонаи иттилоотиро дар бораи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ташкил намуда, онро идора мекунад;
- ба рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама доир ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама амрнома медиҳад, аз ҷумла қарори анҷом додани рекламаи мутақобилро равон мекунад ва иҷрои онро назорат менамояд;
- дар сурати ба ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо алоқаманд будани фаъолияти рекламавии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама маводҳоро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасии минбаъда ирсол менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ тибқи асосҳо ва тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи рекламаро баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1914);
- дар доираи ваколатҳои худ вазифаи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирии рақобати бевиҷдононаро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ анҷом дода, ба суд доир ба беэътибор донистани аҳдҳои марбут ба рекламаи номуносиб даъво пешниҳод менамояд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1202).
Моддаи 28. Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама
(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163)
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ, инчунин рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама метавонанд мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама таъсис диҳанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163, аз 18.03.2015 № 1202, аз 19.07.2022 № 1914).
Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1163):
- барои иштирок дар таҳияи талаботи реклама, лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812);
- экспертизаи мустақили рекламаро ҷиҳати муайян кардани мутобиқати он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама мегузаронанд ва тавсияҳои дахлдорро ба рекламадиҳандагон, истеҳсол ва паҳнкунандагони реклама мефиристанд;
- аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҷалб карда мешаванд.
БОБИ 5. РЕКЛАМАИ МУТАҚОБИЛ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РЕКЛАМАИ НОМУНОСИБ
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Моддаи 29. Рекламаи мутақобил
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Ҳангоми муқаррар намудани далели вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама ҳуқуқвайронкунанда вазифадор аст дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ рекламаи мутақобилро анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163).
Ҳамзамон ҳуқуқвайронкунанда хароҷоти рекламаи мутақобилро дар ҳаҷми пурра мепардозад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дода нашудани рекламаи мутақобил мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, ҳуқуқ дорад дар хусуси ба таври пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда то рӯзи ба охир расонидани паҳн кардани рекламаи мутақобил қарор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812, аз 27.11.2014 № 1163).
Ҳамзамон мақоме, ки дар хусуси пурра ё қисман боздоштани рекламаҳои ҳуқуқвайронкунанда қарор қабул намудааст, ӯҳдадор аст, ки аз ҳуқуқвайронкунанда талаб намояд, то ки ӯ тамоми тарафҳои шартномаи бо ҳуқуқвайронкунанда нисбати истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаҳои басташударо фавран хабардор намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Рекламаи мутақобил тавассути ҳамон воситаҳои паҳнкунанда ва бо истифодаи ҳамон тавсияҳои давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартибе, ки рекламаи номуносибро рад менамояд, ба анҷом расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Мазмуни рекламаи мутақобил бо мақоми ваколатдори давлатӣ, ки далели вайронкуниро муқаррар ва дар хусуси ислоҳи он қарори дахлдор қабул намудааст, мувофиқа карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Дар ҳолатҳои алоҳида тибқи қарори мақоми ваколатори давлатӣ, ки дар хусуси гузаронидани рекламаи мутақобил қарор қабул намудааст, иваз намудани воситаҳои паҳнкунӣ, таснифи давомнокӣ, фазо, ҷой ва тартиби амалӣ намудани рекламаи мутақобил иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 30. Ҷавобгарии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Рекламадиҳанда барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба ҷойгир намудани маълумот барои ташкили рекламаи пешниҳодшаванда ҷавобгар мебошад, агар исбот нашуда бошад, ки ҳуқуқвайронкунии мазкур бо айби истеҳсолкунандаи реклама ё паҳнкунандаи реклама ба вуҷуд омадааст (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Истеҳсолкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба расмиятдарорӣ, истеҳсол ва таҳияи реклама ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Паҳнкунандаи реклама барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама доир ба вақт, маҳал ва воситаҳои ҷойгиронии реклама ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Шахсоне, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшон дар натиҷаи рекламаи номуносиб вайрон карда шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида ҷиҳати рӯёнидани зарар, ҷуброни зиёни маънавӣ, раддияи расмии рекламаи номуносиб ба суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 812).
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Э. Рахмонов
аз 1 августи соли 2003 № 34
 ш. Душанбе

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ ПОЧТА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 12:00
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
39
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.2003

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи алоқаи почта

 

Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 4 июни соли 2003

Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003

 

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 462; с. 2004, №5, мод. 341;

с. 2007, №7, мод. 684; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 412, мод. 413; с. 2016, №11, мод. 886)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолиятро дар соҳаи ташкил, амал ва инкишофи алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, ваколати мақомоти идораи давлатӣ ва танзими фаъолияти мазкур, инчунин ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар ин фаъолият иштирок менамоянд ё аз хизмати алоқаи почта истифода мебаранд, муайян менамояд.

 

Боби 1.

Муқаррароти умумӢ

 

Моддаи 1. Таъиноти алоқаи почта

 

Алоқаи почта қисми ҷудонашавандаи инфраструктураи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар қаламрави он чун комплекси ба ҳам пайванди истеҳсолию хоҷагӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ва талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ, ки ба хизмати алоқаи почта пешбинӣ шудааст, амал менамояд.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

алоқаи почта - намуди алоқае, ки аз комплекси ягонаи истеҳсолию технологии воситаҳои техникӣ ва нақлиётӣ иборат буда, қабул, коркард, кашонидан, бурда расонидан (супоридани) муросилоти почта, инчунин таҳвили маблағҳои пулиро ба воситаи почта таъмин менамояд;

ҳудуди ягонаи алоқаи почта - ҳудуде, ки дар он меъёрҳо ва қоидаҳои ягона дар соҳаи алоқаи почта амал карда, комплекси рақамгузории иншоотҳои алоқаи почтаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ягонаи ба расмият даровардан, қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидани (супурдани) ҳама намудҳои муросилоти почтаро муқаррар менамояд;

алоқаи байналмилалии почта - мубодилаи муросилоти почта дар байни ташкилотҳои алоқаи почта, ки дар доираи ҳуқуқии давлатҳои гуногун қарор доранд;

хизмати алоқаи почта - амал ё фаъолият оид ба расмият даровардан, қабул, коркард, кашонидан, бурда расонидани (супоридани) муросилоти почта, инчунин ба амал баровардани таҳвили маблағҳои пулӣ ба воситаи почта;

хизмати универсалии алоқаи почта - маҷмўи хизмати алоқаи почта, ки барои қонеъ гардонидани истифодабарандагони алоқаи почта ҷиҳати табодулоти муросилоти почта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо нархи дастрас;

хизмати ғайрианъанавӣ - маҷмўи хизмате, ки операторони алоқаи почта ба истифодабарандагон дар асоси шартнома пешниҳод менамоянд;

таҳвили маблағҳои пулӣ бо почта - хизмати ташкилотҳои алоқаи почтаи давлатӣ оид ба расмият даровардан, қабул, кашонидан (таҳвил), бурда расонидани (супурдани) маблағҳои пулӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи почта;

оператори миллии алоқаи почта - шахси ҳуқуқие, ки дар асоси иҷозатнома хизмати алоқаи почтаро ҳамчун намуди асосии фаъолият, аз ҷумла хизмати универсалии алоқаи почтаро  ба амал мебарорад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1370)

операторони алоқаи почта - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҳама гуна шаклҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, ки дар асоси иҷозатнома хизмати алоқаи почтаро пешниҳод мекунанд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1370)

воситаҳои алоқаи почта - биноҳо, иншоотҳо, манзилҳои ғайриистиқоматӣ, таҷҳизотҳо ва нақлиёти алоқа, ашёи номӣ, мошинҳои тамғазанӣ, лифофаҳои почта, кортҳои почта ва зарфҳои почта, ки барои хизмати алоқаи почта истифода мешаванд;

иншооти алоқаи почта - қисмҳои ҷудокардашудаи ташкилоти алоқаи почта, почтамтҳо, почтамтҳои назди роҳи оҳан, шўъбаҳои боркашонии истгоҳҳои назди роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо, узелҳои алоқаи почта, инчунин сохторҳои таркибии онҳо (шўъбаҳои алоқаи почта, нуқтаҳои алоқаи почта ва дигарҳо);

ташкилоти алоқаи почта - шахси ҳуқуқии ҳамагуна шаклҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, ки дар асоси иҷозатнома хизмати алоқаи почтаро ба сифати намуди асосии фаъолият пешниҳод мекунад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1370)

ташкилотҳои давлатии алоқаи почта - ташкилотҳои давлатӣ, почтамтҳо, узелҳои алоқа ва сохторҳои таркибии онҳо, ки ба ҷараёни ягонаи истеҳсоливу технологӣ ҷиҳати расонидани хизмати алоқаи почта ба кор андохта шудаанд ва дар базаи моликияти давлатӣ ташкил ёфтаанд;

шабакаи алоқаи почта - маҷмўи иншоотҳо, аз ҷумла, маршрутҳои ҳаракати почта, ки хизмати алоқаи почтаро ба ҷо меоранд;

муросилоти хаттӣ - мактубҳо (оддӣ, фармоишӣ бо эълони нарх), кортҳои почта (оддӣ, фармоишӣ), секограммаҳо (муросилоти почта, ки танҳо барои нобиноҳо пешбинӣ мешавад), бастаҳои коғазӣ (оддӣ, фармоишӣ бо эълони нарх) ва покетҳои хурд;

суроғаи почта - ҷое, ки барои истифодабарандагони хизмати оператори алоқаи почта барои расонидани (супоридани) муросилоти почта ва таҳвилоти почта муайян кардаанд;

индекси почта - аломатҳои шартии рақамии суроғаи почта, ки ба иншооти алоқаи почта дода мешавад;

ашёи номӣ - штамп барои дар ҳуҷҷатҳо ва муросилоти почта гузоштани нақше, ки дар он номи иншооти алоқаи почта, санаи қабул ва бурда расонидани муросилоти почта ё маълумоти дигар зикр шудааст;

аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта - маркаҳои почта, ки ба муросилоти почта гузошта мешаванд ва пардохта шудани хизмати алоқаи почтаро тасдиқ менамоянд, блокҳо, лифофаҳои маркадор, кортҳои почта;

мошини тамғазананда - мошине, ки барои дар муросилоти хаттӣ гузоштани аломати давлатии маркаи почта пешбинӣ гардида, пардохти хизмати алоқаи почта, санаи қабули муросилоти мазкур ва дигар маълумотро тасдиқ мекунад;

қуттии почтаи абонентӣ - қуттии махсуси қулфкардашаванда, ки барои аз тарафи муштарӣ гирифтани муросилоти почта пешбинӣ карда шудааст;

сандуқи почтаи абонентӣ - сандуқи махсус бо қуттичаҳои қулфкардашаванда, ки дар биноҳои истиқоматӣ, инчунин дар участкаҳои бурдарасонӣ барои аз тарафи абонентҳо гирифтани муросилоти почта гузошта мешавад;

қуттии почта - қуттии махсуси қулфкардашаванда, ки барои ҷамъ кардани мактубҳои оддӣ ва кортҳои почта пешбинӣ шудааст;

муросилоти почта - муросилоти хаттии ирсолшаванда, муросилаҳо (оддӣ, фармоишӣ, бо эълони арзиш), таҳвилоти пулӣ ба воситаи почта;

хаткашон - корманди ҷудокардашудаи алоқаи почта, ки муросилоти почта ва нашрияи давриро ба ташкилотҳо, муассисаҳо ва хонаҳо бурда мерасонад;

истифодабарандагони хизмати алоқаи почта - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки аз хизмати алоқаи почта истифода мебаранд;

транзити муросилоти почта - ҳаракати муросилоти байналмилалии почта ба дигар давлатҳо ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1370)

 

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолият дар соҳаи алоқаи почта

 

Фаъолият дар соҳаи алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

- риояи қонуният;

- дастрас будани хизмати алоқаи почта ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- расонидани хизмати универсалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизмати алоқаи почта;

- озодии транзити муросилоти почта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ҳамкориҳои алоқаи почтаи ҷумҳурӣ бо корхонаҳои байналмилалии алоқаи почта;

- мусоидати самаранок ва рақобати одилона дар бозори алоқаи почта ба манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- муҳайё кардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи алоқаи почта;

- таъмини ҳуқуқи ҳар кас ба махфияти ахбороти почта;

- таъмини устуворӣ ва идорашавандагии шабакаи алоқаи почта;

- таъмини қоидаҳо, стандартҳо, талабот ва меъёрҳои ягонаи алоқаи почта;

- дастрас будани воситаҳои алоқаи почта ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ, таъмини мудофиа ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои фавқулодда.

 

Боби 2. 

Идоракунии давлатӢ, назорат, ТАНЗИМ ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ

дар соҲаи алоқаи почта

(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1370)

 

Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи почта

 

Идоракунии давлатии фаъолиятро дар соҳаи алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта ба амал мебароранд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Моддаи 6. Ваколатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта аз инҳо иборатанд: (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

- муайян ва ҷорӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи почта;

- тасдиқи барномаи инкишофи алоқаи почта ва фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои сармоягузорӣ;

- коркард ва ба амал баровардани барномаҳои зиддиинҳисорӣ ва хусусигардонӣ дар соҳаи алоқаи почта;

- тасдиқи номгўи мавод ва ашёҳое, ки бо муросилоти почта фиристодани онҳо манъ карда шудааст;

- тасдиқи номгўи хизмати универсалии алоқаи почта;

- дигар ваколатҳое, ки аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи

                   почта

                   (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта ваколатҳои асосии зеринро иҷро менамояд: (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

- таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи алоқаи почта мутобиқи принсипҳое, ки дар Қонуни мазкур баён шудаанд;

- татбиқи ҳамин сиёсат бо мақсади бо хизмати алоқаи почта васеъ фаро гирифани фаъолияте, ки ба тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст;

- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои мувофиқи тартиби муқарраршуда ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи алоқаи почта;

- фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ ба соҳаи алоқаи почта, муҳайё кардани муҳити рақобат дар байни операторон бо мақсади таъмини дастрас будани намудҳои нисбатан нави хизмати алоқаи почта ба истифодабарандагон;

- бурдани гуфтушунидҳо доир ба масъалаҳои алоқаи почта ва бастани шартномаҳои дахлдор бо дигар давлатҳо мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

- ба сифати маъмурияти ягонаи алоқаи почта дар доираи корхонаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолият дар соҳаи алоқаи почта;

- тайёр кардани рақамгузории иншоотҳои алоқаи почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян кардани намунаҳо, номиналҳо, адади нашр, намудҳои лифофаҳои тамғадори почта ва мўҳлати амали маркаҳои почтаи давлатӣ;

- иҷрои дигар вазифаҳое, ки ба алоқаи почта тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудаанд.

 

Моддаи 8. Мақоми танзим дар соҳаи алоқаи почта

 

Танзими фаъолият дар соҳаи алоқаи почта аз тарафи мақоми  ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба танзими алоқа ба амал бароварда мешавад.

Вазъ ва сохтори ташкилии мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими алоқа аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори танзими алоқа

 

Мақоми ваколатдори танзими алоқа дар доираи салоҳиятҳои худ вазифаҳои зеринро ба амал мебарорад:

- додани иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи почта;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1370)

- якҷоя бо мақоми давлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ андешидани чораҳо барои пешгирӣ кардани фаъолияте, ки ба рақобат дар соҳаи алоқаи почта нигаронида шудааст;

- танзими тарифҳо ва сифати хизмати алоқаи почта мутобиқи талаботи Қонуни мазкур;

- тасдиқи тарифҳо ба хизмати операторони алоқаи почта барои хизмати алоқаи почта, ки дар бозор бартарӣ доранд;

- назорати риояи талаботи стандартҳо, қоидаҳо, санадҳои меъёрӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷрои шарту талаботи иҷозатномаи додашуда(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1370)

- назорати риояи рақамгузории иншоотҳои алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муқаррар намудани тартиби аниқи танзим ва ҳалли ихтилофҳое, ки байни операторони алоқаи почта, инчунин байни операторони алоқаи почта ва истифодабарандагони хизмати алоқаи почта пайдо мешаванд.

Қарорҳои мақоми ваколатдор барои ҳамаи субъектҳои алоқаи почтаи танзимшаванда, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳатмӣ мебошанд.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи алоқаи

                     почта

                   (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ: (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

- ба ташкилотҳои алоқаи почта барои дар ҳудуди худ ҷой додани иншоотҳои алоқаи почта мусоидат менамоянд, дархостҳои ин ташкилотҳоро дар хусуси барои почта ҷудо кардани хонаҳо ё мавриди сохтани биноҳо ҷудо кардани ҷой барои шўъбаҳои алоқаи почта дар онҳо ба инобат мегиранд ва дигар масъалаҳои ҷойгиркунонии иншоотҳои алоқаи почтаро баррасӣ менамоянд;

- ба таҷҳизонидани иншоотҳои алоқаи почта бо воситаҳои механиконӣ, автоматикунонӣ ва иттилоотонӣ, ки барои фаъолияти пурсамар ва вусъат бахшидан ба хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ заруранд, мусоидат менамоянд;

- тартиби кори иншоотҳои алоқаи почта ва хизматрасонӣ ба муштариёни хизмати алоқаи почтаро бо назардошти хусусиятҳои кори иншоотҳои мазкур ҳамоҳанг месозанд;

- ба ташкил ва дастгирии кори мустақими маршрутҳои маҳаллии почта мусоидат мекунанд, ба операторони алоқаи почта барои расонидани муросилоти почта ба маҳалҳои душворгузари аҳолинишин дар мўҳлатҳои муқарраршудаи назоратӣ бурда расонидани онҳо ёрӣ мерасонанд;

- ба ташкилотҳои алоқаи почта дар таъмини нигаҳдории муросилоти почта ва маблағҳои пулие, ки бо маршрутҳои почта кашонида ва расонида мешаванд, мусоидат мекунанд;

- ба ташкилотҳои алоқаи почта барои ҷойгиркунонии қуттиҳои почта дар ҳудуди худ, таъмини нигаҳдории ташкилотҳое, ки аз хонаҳои истиқоматӣ истифода мебаранд, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани қуттиҳои почтаи абонентӣ ва сандуқҳои почтаи абонентӣ ёрӣ мерасонанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳуқуқ доранд ба мақоми давлатӣ дар бораи инкишофи шабакаи алоқаи почта дар ҳудуди худ таклифу дархостҳо пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Моддаи 11. Иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқаи почта

     (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1370)

 

Иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқаи почта тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1370)

 

Боби 3.

Фаъолият дар соҲаи алоқаи почта

 

Моддаи 12. Намудҳои алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини алоқаи почта амал мекунанд:

- алоқаи почтаи истифодаи умумӣ, ки аз тарафи ташкилтҳои давлатии алоқаи почта, инчунин дигар операторони алоқаи почта  ба амал бароварда мешавад;

- алоқаи махсус- қабул ва бурда расонидани муросилоти махсус, махфӣ, ки дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурҳои махсус;

- алоқаи давлатии фелдегерӣ, ки онро ҷузъҳои хизмати давлатии фелдегерӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи фелдегерӣ ” ба амал мебароранд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Моддаи 13. ҳуқуқҳои операторони хизмати алоқаи почта

 

Операторони алоқаи почта ҳуқуқ доранд:

- доир ба қабули обуна, паҳн намудани матбуоти даврӣ, додани нафақа ва ёрдампулиҳо, қабули пардохт барои хизмати коммуналӣ ва дигар хизмате, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, хизмати иловагӣ пешниҳод намоянд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бонки ғайридавлатӣ таъсис диҳанд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ бо мақсади истифодаи самараноки ташкилотҳои алоқаи почта оид ба расонидани хизмати алоқаи почта шароитҳои зарурӣ фароҳам оваранд;

- нисбат ба амали ғайриқонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намоянд.

 

Моддаи 14. Ӯҳдадориҳои операторони хизмати алоқаи почта

 

Операторони алоқаи почта ўҳдадоранд:

- ба истифодабарандагони хизмати алоқаи почта хизмат расонанд;

- дар асоси иҷозатнома ва қоидаҳои тасдиқгардидаи почта оид ба расонидани хизмати алоқаи почта фаъолият намоянд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1370)

- мувофиқи стандартҳои муқарраргардида, қоидаҳо ва меъёрҳои мавҷуда сифати хизматрасониро таъмин намоянд;

- махфияти мукотибаро нигаҳ доранд;

– ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар бораи аҳд ва амалиёти шубҳанок хабар диҳанд. Чунин амал фошкунии махфияти мукотиба ҳисоб намеёбад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1115)

- нигаҳдории муросилоти почтаро таъмин намоянд;

- ба истифодабарандагон дар бораи шартҳо ва тартиби расонидани хизмати алоқаи почта, аз ҷумла дар бораи тағйирот дар тарифҳо барои хизмати алоқаи почта сари вақт маълумоти муфассал диҳанд;

- товони зарарро барои иҷро накардан ё мувофиқи табъ иҷро накардани хизмати алоқаи почта, инчунин барои нарасонидан ё бо сифати ғайри қобили қабул расонидани хизмат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардозанд.

Операторони алоқаи почта мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди истифодабарандагони хизмати алоқаи почта ҷавобгарии моддӣ низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 15. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизмати алоқаи почта

 

Истифодабарандагони хизмати алоқаи почта ҳуқуқ доранд:

- ба дастрасии хизмати алоқаи почтаи истифодаи умумӣ;

- ба хизмати саривақтӣ ва хушсифати операторон мутобиқи қоидаҳои тасдиқшудаи алоқаи почта;

- ба гирифтани муросилоти почта бо суроғаи истиқоматии худ ба воситаи қуттиҳои почтаи абонентӣ дар даҳлезҳои бинои истиқоматӣ, бо нишонии ҷои кор ё дархостӣ;

- даст кашидан аз хизмати алоқаи почта мутобиқи қоидаҳои тасдиқшудаи алоқаи почта;

- ба гирифтани товони зарар, ҷуброни зиёни маънавӣ дар натиҷаи нарасонидан ё бо сифати номувофиқ расонидани хизмати алоқаи почта;

- ба мақомоти давлатӣ ё суд муроҷиат кардан дар сурати вайрон кардани ҳуқуқи онҳо.

Истифодабарандагони хизмати алоқаи почта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳоро низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 16. Ӯҳдадориҳои истифодабарандагони хизмати алоқаи почта

 

Истифодабарандагони хизмати алоқаи почта ўҳдадоранд:

- қоидаҳои тасдиқшудаи истифода аз хизмати алоқаи почтаро риоя намоянд;

- ҳаққи хизмати алоқаи почтаро сари вақт пардозанд;

- ба амале, ки ба паст шудани сифати кори алоқаи почта оварда мерасонад, ба дигар истифодабарандагони хизмати алоқаи почта ё ба коркуноне, ки бо коркарди муросилоти почта, ки бар асари ба муросилоти почта андохтани ашё ва маводи барои фиристонидан манъбуда ё ба сабаби риоя накардани қоидаи борбандӣ зиён меоварад, даст назананд;

- қуттиҳои абонентиро дар ҳолати корӣ нигоҳ доранд, дар сурати корношоямии онҳо муросилоти почтаро, ки ба суроғаи онҳо расидааст, аз ташкилотҳои алоқаи почта гиранд.

Истифодабарандагони хизмати алоқаи почта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ўҳдадориҳоро низ дошта метавонанд.

 

Моддаи 17. Тарифҳои хизмати алоқаи почта

 

Тарифҳо барои хизмати алоқаи почта, ба истиснои хизмат аз рўи шартнома аз тарафи мақоми давлатӣ бо мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ тавассути муайян кардани тарифҳо ё ҳадди охирини онҳо мувофиқи тартиби ҷорӣ ва дар асоси принсипҳои зерин ба кор андохта мешаванд:

- тарифҳои хизмати алоқаи почта, ба истиснои хизмати универсалӣ, бояд ба арзиши аслии онҳо наздик бошанд ва ба ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ ба хотири рушди рақобат мусоидат намоянд;

- тарифҳо бояд бо нархҳои асосии байналмилалӣ бо назардошти то ҳадди ниҳоӣ қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хизмати алоқаи почта мувофиқ бошанд;

- тарифҳо набояд ба рақобати боинсофонаи дигар таҳвилкунандагони хизмати алоқаи почта дар бозори хизмати алоқаи почта таъсири манфӣ расонанд;

- мавриди муайян кардани тарифҳо бояд таъинот ва тавсияҳои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви он мебошад, ба назар гирифта шаванд.

Тарифҳо барои хизмат аз рўи шартнома ва дигар хизмате, ки характери ғайрианъанавӣ дорад, аз тарафи ташкилотҳо ва операторони алоқаи почта дар асоси шартнома муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Махфияти мукотиба

 

Махфияти мукотиба, дигар муросилоти ба воситаи шабакаи алоқаи почта фиристодашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.

Ташкилотҳои алоқаи почта мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳуқуқ доранд аз муросилоти почта мутобиқи номгўи ашё барои ирсол бо муросилоти почта ашёҳои барои таҳвил манъшударо гиранд.

Ташкилотҳои алоқаи почта ҳуқуқ доранд дар сурати номумкин будани бурда расонидани муросилот ё ба суроғаи дигар равон кардани онҳо бо сабаби набудани нишонии фиристанда ва муштарӣ онҳоро кушоянд.

Тартиби кушодани муросилоти почта, инчунин аз он берун баровардани андўхтаҳои барои таҳвил манъбуда ва муросилоти почтае, ки муштарии худро наёфтаанд, аз тарафи мақоми давлатӣ дар соҳаи алоқаи почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ташкилотҳои алоқаи почта ӯҳдадоранд дар бораи иҷрои аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳанд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1115)

Фош намудани маълумот аз ҷониби ташкилотҳои алоқаи почта риоя нашудани талаботи махфияти мукотиба ва дигар муросилоти ба воситаи шабакаи алоқаи почта фиристодашуда ҳисоб намеёбад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1115)

 

Моддаи 19. Идоракунии шабакаи алоқаи почта дар ҳолатҳои фавқулодда

 

Дар ҳолатҳои фавқулодда идоракунии шабакаи алоқаи почтаро  Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо вазоратҳо, идораҳо ва бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

Дар ҳолатҳои фавқулодда мақоми ваколатдор сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликият тавре ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ба истифодаи бартарӣ аз шабакаҳои алоқаи почта ҳуқуқ дорад.

  Ҷуброни зараре, ки ба ҳар як оператори алоқаи почта дар ҳолатҳои фавқулодда расонида шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

 

Моддаи 20. Сифати хизмати алоқаи почта

 

Талаботҳои асосӣ ба сифати хизмати алоқаи почта инҳоанд:

- расонидани хизмати алоқаи почта дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқҳои баробари фароҳам овардани чунин хизмат барои ҳамаи истифодабарандагони хизмати алоқаи почта;

- аз тарафи ташкилотҳои давлатии алоқаи почта таъмин намудани фаъолияти иншоотҳои алоқаи почта мутобиқи тартибе, ки барои истифодабарандагони хизмати алоқаи почта мувофиқ аст, бо ба инобат гирифтани хусусиятҳои технологияи алоқаи почта;

- аз тарафи операторони алоқаи почта мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ таъмин намудани сифати зарурии хизматрасонии алоқаи почта;

- бо маълумоти саривақтӣ дар бораи хизмати алоқаи почта таъмин намудани истифодабарандагони хизмати алоқаи почта.

Талабот ба сифати хизмати алоқаи почтаро, ки  операторони шабакаи алоқаи почта пешниҳод мекунанд, мақоми ваколатдор ба танзими алоқа муайян менамояд.

Талабот ба сифати хизмати алоқаи почта дар асоси талаботҳои  истифодабарандагон ба шароитҳои тараққиёти техникӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 21. Таъмини нигаҳдории муросилоти почта ва маблағҳои пулӣ

 

Ташкилотҳо ва операторони алоқаи почта вазифадоранд амнияти муросилоти почта ва маблағҳоеро, ки аз истифодабарандагони хизмати алоқаи почта қабул кардаанд, таъмин намоянд.

Бо мақсади таъмини нигаҳдории иншоотҳои алоқаи почта, муросилоти почта  ва маблағҳои пулӣ операторони алоқаи почта ҳуқуқ доранд қисмҳои бехатарии почта ва посбонҳои тобеи идоравӣ ва воситаи махсуси муҳофизатро тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошанд.

Ташкилотҳо ва операторони алоқаи почта якҷоя бо идораҳои манфиатдори тобеъ амнияти иншоотҳои алоқаи почта, нақлиёти почта ва кормандони ташкилотҳои алоқаи почта, инчунин муҳофизати муросилоти почта ва маблағҳои пулиро таъмин менамоянд, чораҳои пешгирии ҳодисаҳои гумшавӣ, тасарруфи муросилоти почта ва маблағҳои пулиро меандешанд, риояи маҳдудиятҳоро дар мавриди таҳвили мавод ва ашёҳои манъкардашударо ба воситаи шабакаи алоқаи почта зери назорат мегиранд.

 

Моддаи 22. Хизмати универсалии алоқаи почта

 

Хизмати универсалии алоқаи почта аз тарафи оператори миллӣ дар шакли ирсоли мактубҳо, кортҳои почта, бандеролҳо ва покетҳои хурд бо нархи арзони пасттар аз арзиши аслӣ пешниҳод карда мешавад.

Хизмати универсалии алоқаи почта бо нархи пасттар аз арзиши аслии он, ки бо мақоми давлатии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кунонида шудааст, мутобиқи рўйхати пешниҳодшудаи хизмати мазкур расонида мешавад.

(Қ.3 бо ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116 хориҷ карда шуд)

Операторони алоқаи почта, ки хизмати универсалии алоқаи почтаро пешниҳод менамоянд, вазифадоранд стандартҳои сифати пешниҳоднамудаи хизмати универсалии алоқаи почтаро риоя кунанд.

Тартиби пўшонидани хароҷоти оператори алоқаи почтаро ҷиҳати расонидани хизмати алоқаи почта ба аҳолӣ, ки аз маблағи воридот аз пардохти хизмати алоқа зиёд аст, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 23. Истифодаи забонҳо дар фаъолияти алоқаи почта

 

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои  алоқаи почтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон коргузории хизматӣ бо забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад.

Суроғаи фиристанда ва гирандаи муросилоти почта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва ё ба забони русӣ навишта мешавад.

Муросилоти байналмилалии почта тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва корбаст мешаванд.

 

Моддаи 24. Вақти ҳисобу ҳисобот

 

Мавриди ба амал баровардани фаъолияти алоқаи почта дар равандҳои технологии ташкилотҳои алоқаи почта, сарфи назар аз ҷойгиршавии онҳо, вақти ягонаи ҳисобу ҳисобот вақте мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Дар алоқаи байналмилалии почта вақти ҳисобу ҳисобот мувофиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Боби 4.

Таъмини фаъолият дар соҲаи алоқаи почта

 

Моддаи 25. Ҷойгиркунонии иншоотҳо ва воситаҳои алоқаи почта

 

Ба заминҳои шабакаи ташкилотҳои алоқаи почта заминҳое мансубанд, ки барои истифода ба операторони алоқаи почта барои ба амал баровардани вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда ҷиҳати истифодабарӣ, нигаҳдорӣ, сохтмон, азнавсозӣ, тармими иншоотҳои шабакаи ташкилотҳои алоқаи почта пешниҳод гардидаанд.

Қитъаҳои замин барои иншоотҳои алоқаи почта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд.

Ташкилотҳои давлатии алоқаи почта вазифадоранд иншоотҳои алоқаи почтаро мувофиқи меъёрҳои технологӣ дар назди истгоҳҳои автомобилӣ, роҳи оҳан ва фурудгоҳҳо ҷой гиронанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо вазифадоранд  ташкилотҳои давлатии алоқаи почтаро дар биноҳои истиқоматӣ ё дигар биноҳое, ки ба меъёрҳои технологӣ мувофиқанд, ройгон ҷойгир намоянд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Моддаи 26. Истифодаи воситаҳои нақлиёт барои кашонидани муросилоти почта ва воситаҳои пулӣ

 

Ба ташкилотҳои алоқаи почта ҳуқуқ дода мешавад, ки дар асоси шартнома муросилоти почта ва воситаҳои пулиро бо ҳамаи маршрутҳо ва роҳҳои автомобилӣ, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ҳамроҳи коркунони ташкилотҳои алоқаи почта кашонанд ё муросилоти почтаро барои кашонидан бо шарти ҷавобгарӣ ба ихтиёри корхонаҳои нақлиётӣ вогузоранд.

Мақомоти давлатӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мувофиқи шартнома рафтуомади поезди почтаву бағоҷро ташкил мекунад, вагонҳои почтаро ба ҳайати поездҳои мусофиркашӣ мепайвандад ва қабули поездҳоро бо вагонҳои почта дар платформаҳое, ки барои боркунию борфарорӣ мувофиқанд, ба роҳ мемонад. Ба хориҷ кардани вагонҳои почта аз поездҳои зудгард ва мусофиркаш бе розигии ташкилотҳои алоқаи почта роҳ дода намешавад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

Нақлиёти ташкилотҳои алоқаи почта бояд нишонаҳои махсуси фарқкунандаи худро дошта бошад. Нақлиёти алоқаи почта ба сифати нишони фарқкунанда дар партави ранги кабуд рахи сафеди диагоналӣ бо аломати ташкилот навиштаҷоти “Почта” дошта бошад ва оператори миллии алоқаи почта иловагӣ, бо бонгу чароғакҳои махсуси шўълаафкан муҷаҳҳаз карда шавад. Нақлиёти почта ҳуқуқ дорад бо ҳамаи кўчаҳои маҳалҳои аҳолинишин ва роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бемамониат ҳаракат кунад.

Нақлиёти ташкилотҳои давлатии алоқаи почта барои расонидани хизмати алоқаи почта ва иҷрои корҳое, ки ба фаъолияти муқарраршудаи алоқаи почта дахл надорад, бе розигии ин ташкилотҳо ҷалб карда намешавад.

Рафтуомади нақлиёти почтаи ташкилотҳои давлатии алоқаи почта то иншоотҳои алоқаи почта ва комплекси боркаше, ки дар назди истгоҳҳои автомобилӣ, роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ҷой гирифтаанд, барои табодули муросилоти почта, ки бо нақлиёти автомобилӣ, вагонҳои  поезд, киштиҳои ҳавоӣ оварда шудаанд, дар навбати аввал ройгон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 27. ҳуқуқи моликият ба воситаҳои алоқаи почта

 

Иншоотҳо ва воситаҳои алоқаи почта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатӣ ва хусусӣ буда метавонанд. Номгўи иншоотҳо ва воситаҳои алоқаи почтаро мутаалиқ ба моликияти давлатӣ танҳо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. ҳама соҳибони иншоотҳо ва воситаҳои алоқа ҳуқуқи баробар дошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

Воситаҳои алоқаи почта ва дигар моликият барои бурдани корҳои хоҷагӣ ва идоракунии фаврӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри ташкилотҳои давлатии алоқаи почта дода мешаванд.

 

Моддаи 28. Маблағгузории фаъолияти корхонаҳои давлатии алоқаи почта

 

Манбаъҳои маблағгузории ташкилотҳои давлатии алоқаи почта инҳоанд:

- даромадҳое, ки аз расонидани хизмати алоқаи почта гирифта мешаванд:

- маблағҳое, ки аз расонидани хизмат аз рўи шартномаҳо мувофиқи Қонуни мазкур, инчунин аз дигар фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба даст меоянд;

- аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои пўшондани хароҷотҳои операторони алоқаи почта оиди расонидани хизмати универсалии алоқаи почта ба аҳолӣ, ки аз маблағи пардохти ҳамин хизмат зиёд аст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо метавонанд маблағгузории фаъолияти ташкилотҳои алоқаи почтаро амалӣ намоянд. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

 

Боби 5.

Муқаррароти хотимавӢ

 

Моддаи 29. Ҳамкории байналмилалӣ

 

Дар фаъолияти байналмилалӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маъмурияти ягонаи алоқа дар фаъолияти байналмилалӣ баромад мекунад ва дар доираи салоҳияте, ки мувофиқи созишномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст, зимни ҳамкориҳо бо маъмурияти алоқаи мамлакатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалии алоқа, аз манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи почта намояндагӣ мекунад ва ҳимояи онро ба амал мебарорад, ҳамзамон ин намуди фаъолиятро, ки аз тарафи ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад, ҳамоҳанг месозад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1116)

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта ба ҳудуди ягонаи почта барои табодули муросилоти почта дохил мешавад ва транзити озоди онҳоро дар қаламрави худ кафолат медиҳад.

Пардохти ҳаққи узвият барои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии алоқаи почта ҳатман аз тарафи давлат маблағгузорӣ карда мешавад.

 

Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

 

Моддаи 301. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи алоқа» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, №1, мод. 24), қисми VII Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №9, мод. 117), қисми ХХIХ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №23-24, мод. 333) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 31. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                       Э. РАҲМОНОВ

 

ш. Душанбе, 1 августи соли 2003

№ 39

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 12:04
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
42
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.2003

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи бехатарии радиатсионӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.465)

 

Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 26 июни  соли 2003

Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003

 

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ҳамчунин муҳити зист аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда алоқаманданд, иборат мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

заминаи радиатсионии табиӣ - миқдори афканишоте, ки тавассути афканишоти кайҳонӣ ва афканишоти радионуклеидҳои табиат ба миён омада, ба таври табиӣ дар замин, об, ҳаво, дигар унсурҳои биосфера, маводи ғизоӣ ва организми инсон тақсим мешаванд;

афканишоти иондоркунанда - афканишоте, ки ҳангоми таҷзияи радиоактивӣ, табдилёбии ядроӣ, боздории зарраҳои заряддоршудаи дар модда ба вуҷуд омада, ҳангоми таъсири мутақобила ба муҳит, ионҳои аломатҳои гуногундоштаро ба миён меоваранд;

манбаи афканишоти иондоркунанда - дастгоҳ ва (ё) моддаи радиоактивие, ки шуои радиоактивӣ меафканад ва ё қобилияти чунин афканишотро дорад;

истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти иондоркунанда - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро истихроҷ, истеҳсол, тайёр, коркард ва истифода намуда, нигаҳдорӣ ё хизматрасониро ба ҷо оварда, интиқол ва безарар мегардонанд ё онҳоро гӯр мекунанд;

кормандон - шахсоне, ки доимӣ ё муваққатӣ бевосита бо манбаъҳои техногении афканишоти иондоркунанда кор мекунанд ё вобаста ба шароити кор дар фазои таҳти таъсири он қарор доранд;

садамаи радиатсионӣ - аз даст додани идораи манбаи афканишоти иондоркунандае, ки бо сабаби вайронии таҷҳизот, амали нодурусти кормандон, офатҳои табиӣ ё дигар сабабҳо рух додааст ва боиси беш аз меъёрҳои санитарӣ шуоъхӯрии одамон ё олудагии радиоактивии муҳити зист гардидааст ва ё метавонад сабабгори он гардад;

бехатарии радиатсионии аҳолӣ - ҳолати ҳимояи насли имрӯза ва ояндаи инсоният аз таъсири зараровари афканишоти иондоркунанда ва андешидани маҷмӯи чорабиниҳое, ки шуоъхӯрӣ ва олудагии радиоактивии кормандон, аҳолӣ ва муҳити зистро то сатҳи нисбати паст маҳдуд месозад;

моддаҳои радиоактивӣ - маводҳое, ки дар таркибашон унсурҳои кимиёвӣ дошта, ядрои онҳо қобилияти худ аз худ коҳишёбӣ дорад;

минтақаи санитарию муҳофизатӣ - ҳудуди атрофи муассиса ё манбаи афканишоти иондоркунанда, ки дар он сатҳи шуоъхӯрии одамон дар шароити мӯътадили истифодаи чунин манбаъ,метавонад аз меъёри санитарии муқарраргардидаи ниҳоии миқдори шуоъхӯрӣ барои аҳолӣ бештар бошад ва дар он низоми маҳдуди фаъолияти хоҷагидорӣ муқаррар гардида, назорати радиатсионӣ анҷом дода мешавад;

минтақаи назорат - ҳудуди берун аз минтақаи санитарию муҳофизатӣ қарордошта, ки дар он мониторинги радиатсионӣ сурат мегирад;

назорати радиатсионӣ - ба даст овардани ахборот оид ба вазъи радиатсионӣ дар ташкилот, муҳити зист ва сатҳи шуоъхӯрии одамон;

шуоъхӯрии табиӣ - шуоъхӯрие, ки тавассути манбаъҳои табиии афканишот ба миён омадааст;

радионуклиди табиӣ - навъи атомҳо бо шумораи муайяни протонҳо ва нейтронҳо мебошад, ки дар ядро бо миқдори зиёд ва рақами атомӣ нишон дода шуда, дар муҳити муқаррарии табиие, ки қобилияти хориҷ намудани шуоҳои радиоактивиро дорад, мавҷуд аст;

шуоъхӯрии техногенӣ - шуоъхӯрӣ аз манбаъҳои техногенӣ, чи дар шароити муқаррарӣ ва чи дар шароити садамаҳо, ба истиснои шуоъхӯрии тиббии беморон;

шуоъхӯрии тиббӣ - шуоъхӯрии беморон дар натиҷаи муоинаи тиббӣ ё муолиҷа;

шуоъхӯрии касбӣ - шуоъхӯрии ҳайати кормадон дар ҷараёни кор бо манбаъҳои техногении афканишоти иондоркунанда;

муносибат бо партовҳои радиоактивӣ - ҳама гуна намуди фаъолият вобаста ба ҷамъоварӣ, ҳамлу нақл, коркард, нигаҳдошт ва (ё) гӯронидани партовҳои радиоактивӣ;

заминаи радиатсионии аз нигоҳи техногенӣ тағйирдодашуда - муҳити табиии радиатсионие, ки дар натиҷаи фаъолияти инсон тағйир ёфтааст;

бехатарии радиатсионӣ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки муносибати бехатарро бо маводи ядроӣ таъмин менамояд;

маводи ядроӣ - маводе, ки моддаҳои ядроӣ доранд ва ё қобилияти аз нав ҳосил кардани маводи ядроии таҷзияшавандаро доранд;

зиверт (Зв) - воҳиди миқдори эквивалентии афканишоти радиоактивӣ, ки дар системаи байналмилалӣ (СИ) қабул шудааст;

миқдори ниҳоӣ - андозаи таъсири афканишоти иондоркунанда, ки ҳамчун чораи хатари ба миён омадани оқибатҳои минбаъдаи шуоъхӯрии организми инсон ё узвҳои алоҳидаи он, бо назардошти ҳассосияти радиатсионии ӯ истифода мегардад;

мониторинги радиоэкологӣ - системаи муоинаи махсуси бехатарии радиатсионии ҳайати кормандон, аҳолӣ ва муҳити табиии зист;

гӯронидани партовҳои радиоактивӣ - ҷойгиркунонии бехатари партовҳои радиоактивӣ, бе дарназардошти минбаъд хориҷ кардани онҳо;

шаҳодатномаи радиатсионии гигиении ташкилот - ҳуҷҷате, ки ҳолати бехатарии радиатсиониро дар ташкилот тавсиф намуда, тавсияҳоро ҷиҳати беҳбудии он зикр менамояд;

шаҳодатномаи радиатсионии гигиении ҳудуд - ҳуҷҷате, ки ҳолати бехатарии радиатсионии аҳолии ҳудудро тавсиф намуда, тавсияҳоро ҷиҳати беҳбудии он зикр менамояд;

дезактиватсия - дур кардани олудаҳои радиоактивӣ аз объектҳои олудашуда.

 

Моддаи 3. Принсипҳои таъмини бехатарии радиатсионӣ

Принсипҳои асосии таъмини бехатарии радиатсионӣ аз инҳо иборатанд:

принсипи асосноксозӣ - манъи ҳама гуна навъи фаъолият вобаста ба истифодаи манбаҳои афканишоти иондоркунанда, ки ҳангоми он миқдори аз хатари зарари имконпазир гирифтаи инсон ва ҷомеа бар замми заминаи радиатсионии табиии расонидашуда бештар намебошад;

принсипи мутаносибгардонӣ - зимни истифодаи ҳама гуна манбаъҳои афканишоти иондоркунанда дар сатҳи нисбатан паст нигоҳ доштани миқдори инфиродии шуоъхӯрӣ ва теъдоди шахсони шуоъхӯрда ба андозаи барои саломатии шаҳрвандон безарар;

принсипи бамеъёрдарорӣ - аз ҳамаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда зиёд набудани миқдори инфиродии иҷозатдодашудаи шуоъхӯрии шаҳрвандон, ки барои саломатии онҳо хатарнок нест;

принсипи ҳимоя - ташкили системаи ҳимояи радиатсионии ҳайати кормандон, аҳолӣ ва ҳудуд дар асоси расонидани кӯмаки ҳатмӣ ба зарардидагон, андешидани тадбирҳо оид ба рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ ва дезактиватсияи муҳити табиии зист.

ҳангоми садамаҳои радиатсионӣ системаи бехатарии радиатсионии аҳолӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:

чорабиниҳои дар назар дошта оид ба рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ, ки бояд нисбат ба зарар фоидаи бештаре дошта бошанд;

намуд ва доираи фаъолият ҷиҳати рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ бояд тарзе амалӣ гарданд, ки фоида аз паст кардани миқдори афканишоти иондоркунанда, ба истиснои зарари тавассути чунин фаъолият расонидашуда, ба таври ниҳоӣ бошад.

 

БОБИ 2

ТАНЗИМ ДАР СОҳАИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ

 

 Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 5. Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Ба вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ дохил мешаванд:

муайян кардани сиёсати давлатӣ ва татбиқи он;

таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорат ба риояи онҳо;

таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳо;

муайян кардани намудҳои фаъолият дар соҳаи муомилот бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ки қобили гирифтани иҷозатнома (литсензия) мебошанд;

муқаррар кардани тартиби муайян намудани намудҳо ва андозаи ҷуброн барои хатари зиёди расонидани зарар ба саломатии шаҳрвандон ва амволи онҳо, ки бо таъсири радиатсия вобастааст;

муқаррар кардани тартиби додани товони зарар ба саломатии шаҳрвандон ва амволи онҳо, инчунин ба амволи шахсони ҳуқуқӣ дар натиҷаи садамаи радиатсионӣ;

ташкил ва таъмини амали низоми ягонаи идораи давлатӣ, аз ҷумла назорат ва баҳисобгирии миқдори шуоъхӯрии аҳолӣ;

ташкил ва таъмини амали низоми ягонаи баҳисобгирӣ ва назорати манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои фаврӣ оид ба ҳифзи радиатсионии аҳолӣ дар шароитҳои фавқулодда;

ҷорӣ намудани низоми махсуси сукунати шаҳрвандон дар минтақаҳои дигари олудагии радиоактивишуда дар натиҷаи садамаи радиатсионӣ;

назорати расонидани ёрӣ ба аҳолии дучори шуоъхӯрӣ гашта, дар натиҷаи садамаи радиатсионӣ;

танзими содироту воридоти манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, инчунин анҷом додани назорат ба ҳамлу нақл ва транзити онҳо;

муайян кардани тартиби гӯрондани манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

иҷрои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ.

 

Моддаи 6. Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Танзими давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ тартиби амали мутақобила ва маҳдудгардонии вазифаҳои онҳоро дар мавридҳои зерин муайян мекунад:

ҳифзи саломатии аҳолӣ аз таъсири афканишоти иондоркунанда;

таъмини бехатарии радиатсионӣ ва иҷозатномакунонии (литсензиякунонии) намудҳои фаъолият ба истифодаи манбаъҳои радиоактивӣ алоқаманд;

пешгирӣ кардан аз олудагии радиоактивии объектҳои муҳити атроф ва назорат ба манбаъҳои табиии афканишоти иондоркунанда.

Мақоми танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ Оҷонсии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, минбаъд мақоми танзимгар номида мешавад, ки сиёсати ягонаи давлатиро пеш мебарад, кори дигар мақомоти ваколатдори давлатиро ҳамоҳанг месозад ва инчунин:

иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) намудҳои фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактивиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;

меъёрҳо ва қоидаҳоеро, ки ба бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҷисмонӣ ва банақшагирии зидди садама, баҳисобгирӣ ва назорат ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда алоқаманданд, тасдиқ менамояд;

ба иҷрои меъёр, қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ ва шартҳои иҷозатнома (литсензия) назорат мекунад;

ба кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда машғул мебошанд, талаботи касбӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 7. Салоҳияти ҳокимияти маҳаллӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дохил мешавад:

таҳия ва тасдиқ кардани барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дар қаламрави идоравӣ;

гузарондани тадбирҳои амалӣ дар сурати таҳдиди пайдоиши садамаҳои радиатсионӣ ва бартараф кардани оқибатҳои он;

гузаронидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳавасмандкунии иқтисодии фаъолияти шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар таъмини бехатарии радиатсионӣ;

тасдиқи тадбирҳои дарозмуддат ва аввалиндараҷа вобаста ба мувофиқ гардонидани партовгоҳҳо ба меъёрҳои байналмилалии бехатарии радиатсионӣ;

ташкил ва назорат ба иҷрои тадбирҳо бобати таъмини бехатарии радиатсионӣ дар қаламрави идоравӣ;

анҷом додани назорат ба иҷрои талабот ба ҳуҷҷатҳои меъёрии таъмини бехатарии радиатсионӣ;

иҷрои дигар салоҳиятҳо тибқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 8. Бамеъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Бамеъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ тавассути муқаррар намудани қоидаю меъёрҳои санитарӣ, меъёрҳои гигиенӣ, қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, стандартҳои давлатӣ, меъёрҳои сохтмон ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ҳуҷҷатҳои фармоишӣ, дастурӣ, методӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ анҷом дода мешавад. Санадҳои мазкур набояд хилофи муқаррароти ҳамин Қонун бошанд.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (миқдори ниҳоии иҷозатдодашуда) меъёрҳои асосии гигиении зайл муқаррар карда мешаванд:

барои аҳолӣ миқдори таъсирбахши миёнаи солона ба 0,001 зиверт баробар аст ё миқдори ниҳоии иҷозатдодашуда дар тӯли ҳаёт (70 сол) 0,07 зиверт мебошад; дар солҳои алоҳида, ба шарте, ки миқдори таъсирбахши миёнаи солона барои панҷ соли пай дар пай аз 0,001 зиверт зиёд набошад, бузургии бештари миқдори ниҳоӣ иҷозат дода мешавад;

барои кормандоне, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ бевосита бо манбаи афканишоти иондоркунанда кор мекунанд, миқдори ниҳоии иҷозатдодашудаи миёнаи солона ба 0,02 зиверт баробар аст, ё миқдори ниҳоии иҷозатдодашуда дар давраи фаъолияти меҳнатӣ (50 сол) 1 зиверт мебошад; шуоъхӯрии иҷозатдодашуда ба миқдори ниҳоии иҷозатдодашудаи солонаи то 0,05 зиверт ба шарте, ки агар миқдори ниҳоии иҷозатдодашудаи ҳисоби миёнаи солона дар 5 соли пай дар пайи охир аз 0,02 зиверт бештар набошад.

Аҳамияти ба тартиб даровардани миқдори асосии ниҳоии шуоъхӯрӣ, миқдори тавассути заминаи табиии радиатсионӣ ё тағйироти техногении бавуҷудоянда, инчунин миқдореро, ки шаҳрвандон (беморон) ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгену радиологӣ ё муолиҷа мубтало гаштаанд, дар бар намегирад. Аҳамияти зикргардидаи миқдорҳои ниҳоии шуоъхӯрӣ ҳангоми муқаррар намудани сатҳи иҷозатдодашудаи шуоъхӯрии организми инсон ё узвҳои алоҳидаи он ниҳоӣ мебошанд.

Меъёрҳои (миқдори ниҳоии иҷозатдодашуда) асосии гигиении дар моддаи мазкур муқарраргардидаи шуоъхӯрии аҳолӣ, барои минтақаҳои алоҳида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати камшавии онҳо, бо дарназардошти вазъияти мушаххаси санитарию гигиенӣ ва экологӣ, вазъи саломатии аҳолӣ ва дараҷаи таъсири омилҳои дигари муҳити зист ба инсон, метавонад тағйир ёбанд.

Қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, ки талаботро оид ба таъмини бехатарии техникӣ ҳангоми кор бо маводи радиоактивӣ ва дигар манбаъҳои афканишоти иондоркунанда танзим менамояд, аз тарафи мақоми танзимкунандаи давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд.

Стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмон, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, ҳуҷҷатҳои дастурӣ, методӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳои ба он ваколатдор дар доираи салоҳияташон қабул ва тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ дар доираи салоҳияташон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 10. Назорати истеҳсолӣ ба таъмини бехатарии радиатсионӣ

Ташкилотҳое, ки манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро истифода мебаранд, ба таъмини бехатарии радиатсионӣ назорати истеҳсолӣ мегузаронанд.

Тартиби гузарондани назорати истеҳсолӣ барои ҳар ташкилот бо дарназардошти хусусиятҳо ва шароити иҷрои корҳо муайян гардида, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки идора, бозрасӣ ва назоратро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд, ба мувофиқа расонида мешавад.

Хадамоти радиатсионии ташкилотҳое, ки назорати истеҳсолиро ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи радиатсионӣ анҷом медиҳанд, ҳақ доранд ҳангоми ошкор намудани вайронкунии меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботи беҳдоштӣ, қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, санадҳои амрдиҳанда, дастурӣ, методӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ташкилотҳои дахлдор, то рафъи вайронкории ошкоршуда, гузарондани корҳоро бо манбаъҳои афканишоти радиатсионӣ нигоҳ доранд.

 

Моддаи 11. Назорати давлатии объектҳои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда

Объектҳои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таҳти назорати давлатии экологӣ, радиатсионию гигиенӣ ва техникӣ қарор гиранд.

 

БОБИ 3

ТАЛАБОТ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ

 

Моддаи 12. Чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ

Бехатарии радиатсионӣ бо роҳҳои зайл таъмин карда мешавад:

гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, муҳандисию техникӣ, санитарию гигиенӣ, тиббию пешгирикунанда, тарбиявӣ ва маърифатӣ;

аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ гузаронидани чорабиниҳо оид ба риояи қоидаю меъёрҳо дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ;

иттилоъ додан ба аҳолӣ дар бораи ҳолати радиатсионӣ ва чорабиниҳо ҷиҳати таъмини бехатарии радиатсионӣ;

таълими аҳолӣ бо усул ва воситаҳои пешгирӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ.

 

Моддаи 13. Баҳодиҳии ҳолати бехатарии радиатсионӣ

Баҳодиҳии ҳолати бехатарии радиатсионӣ ҳангоми банақшагирӣ ва иҷрои чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ва таҳлили самарабахшии чорабиниҳои зикргардида аз ҷониби мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти давлатие, ки танзимро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд, инчунин истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, гузаронида мешавад.

Баҳодиҳии ҳолати бехатарии радиатсионӣ нишондиҳандаҳои асосии зайлро дар бар мегирад:

тавсифи олудашавии радиоактивии муҳити зист;

таҳлили таъмини чорабиниҳо оид ба бехатарии радиатсионӣ ва иҷрои меъёру қоидаҳо ва меъёрҳои гигиении бехатарии радиатсионӣ;

эҳтимолияти садамаҳои радиатсионӣ ва миқёси он;

сатҳи омодагӣ барои рафъи садамаҳои радиатсионӣ ва оқибатҳои он;

таҳлили миқдори шуоъхӯрӣ, ки кормандон ва аҳолӣ метавонанд аз ҳамаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда гиранд, гирифтаанд ё гирифта метавонанд;

теъдоди шахсоне, ки аз меъёрҳои миқдори асосии муқарраргардида, бештар гирифтори шуоъхӯрӣ гардидаанд.

Натиҷаҳои баҳодиҳии бехатарии радиатсионӣ аз тарафи мақомоти давлатии иҷозатдиҳанда (литсензиядиҳанда) таҳлил мешаванд ва ҳар сол ба шаҳодатномаҳои радиатсиониву гигиении истифодабарандаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда сабт мегарданд.

Тартиби пешбурди шаҳодатномаи радиатсионию гигиениро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 14. Таъмини бехатарии радиатсионӣ ҳангоми таъсири радионуклеидҳои табиӣ

Интихоби қитъаҳои замин, тарҳрезӣ ва сохтмони биною иншоотҳо бояд бо дарназардошти пешгирии воридшавии радионуклеидҳои табиӣ ба фазои (ҳавои) биноҳо анҷом дода шавад.

Истеҳсоли маводи сохтмон, қабули бино ва иншоот барои истифода, истифодаи бино ва иншоот бояд бо дарназардошти ҳаҷми мавҷудияти таркиби радионуклеидҳои табиӣ дар фазои (ҳавои) биноҳо анҷом дода шавад.

Истифодаи маводи сохтмон ва маҳсулоте, ки ба меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ ҷавобгӯ намебошанд, манъ аст.

Шуоъхӯрии аҳолӣ ва кормандон аз радионуклеидҳои табиӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва истеҳсолӣ набояд аз меъёрҳои муқарраргардида бештар бошад.

 

Моддаи 15. Таъмини бехатарии радиатсионӣ ҳангоми истеҳсоли маводҳои ғизоӣ ва истеъмоли оби нӯшокӣ

Ашёи озуқаворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, оби нӯшокӣ, мавод ва таҷҳизоти дар ҷараёни тайёр кардан, нигаҳдошт, ҳамлу нақл ва фурӯш бо онҳо робитадошта, бояд ба талаботи таъмини бехатарии радиатсионӣ ҷавобгӯ бошанд.

 

Моддаи 16. Ӯҳдадории истифодабарандаи манбаъи афканишоти иондоркунанда ҷиҳати таъмини бехатарии радиатсионӣ

Истифодабарандаи манбаъи афканишоти иондоркунанда ӯҳдадор аст:

талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ риоя намояд;

бобати таъмини бехатарии радиатсионӣ ва ҳифзи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда тадбирҳо ба нақша гирад ва амалӣ намояд;

анҷом додани корҳо ҷиҳати асоснок намудани бехатарии радиатсионии маҳсулот, мавод, равандҳои технологӣ ва истеҳсолоти нав (модерншуда), ки манбаъҳои афканишоти иондоркунанда мебошанд;

анҷом додани назорати мунтазами истеҳсолӣ ба ҳолати радиатсионӣ дар ҷойҳои кор, биноҳо, ҳудуди ташкилотҳо, дар минтақаҳои назорат, инчунин ба партофтан ва хориҷ кардани маводи радиоактивӣ;

анҷом додани назорат ва баҳисобгирии мунтазами миқдори инфиродии шуоъхӯрии кормандон;

тайёр кардан ва гузаронидани аттестатсияи мансабдорон ва кормандон, мутахассисони хадамоти назорати истеҳсолии радиатсионӣ, шахсони дигар, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда кор мекунанд;

гузаронидани муоинаҳои пешакӣ (ҳангоми дохилшавӣ ба кор) ва даврии тиббии кормандон;

кормандонро мунтазам оиди дараҷаи афканишоти иондоркунанда дар ҷойҳои кориашон ва андозаи миқдори шуоъхӯрии инфиродӣ огоҳ намояд;

сари вақт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки ваколати идоракунӣ, назорат ва бозрасиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ дорад, дар бораи шароитҳои фалокат, вайроншавии низоми технологие, ки ба бехатарии радиатсионӣ таҳдид менамояд, ахборот диҳад; хулоса, қарор ва амри шахсони мансабдор, мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки идора, назорат ва бозрасиро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд, иҷро намояд;

татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ таъмин намояд.

 

Моддаи 17. Назорат ва баҳисобгирии миқдори инфиродии шуоъхӯрӣ

Назорат ва баҳисобгирии миқдори инфиродии шуоъхӯрие, ки шаҳрвандон ҳангоми истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ, инчунин дар натиҷаи заминаи тағйирёфтаи табиии радиатсионӣ ё техногенӣ мубтало гаштаанд, дар доираи системаи ягонаи давлатии назорат ва баҳисобгирии миқдори инфиродии шуоъхӯрӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 18. Таъмини бехатарии радиатсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ

Миқдори шуоъхӯрии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ бояд ба меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ мувофиқ бошанд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ бояд воситаҳои ҳифзи шаҳрвандон истифода бурда шавад.

Бо талаби шаҳрванд ҳангоми гузаронидани амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ ба ӯ дар мавриди миқдори шуоъхӯрии дар назар дошташуда ё гирифташаванда ва оқибатҳои эҳтимолӣ имконпазир маълумот дода мешавад.

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад аз амалиёти тиббии рентгенорадиологӣ, ба истиснои ташхиси пешгирикунандае, ки бо мақсади ошкор намудани бемориҳои аз нигоҳи эпидемиологӣ хатарнок гузаронида мешавад, даст кашад.

 

Моддаи 19. Минтақаи санитарию муҳофизатӣ ва минтақаи назорат

Бо мақсади ҳифзи шаҳрвандон ва муҳити зист дар маҳалҳои ҷойгиршавии иншооти истифодабарандаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ ва минтақаи назорат муқаррар карда мешавад.

Андоза ва ҳудуди минтақаи санитарию муҳофизатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ ба мувофиқа расонида шуда, муайян карда мешаванд.

Дар минтақаи санитарию муҳофизатӣ сукунати доимӣ ё муваққатии одамон, чаронидани чорво ва паррандаҳои хонагӣ, инчунин ҷойгиронии иншооти истеҳсолӣ ва дигар иншооте, ки бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда алоқаманд нестанд, манъ мебошад.

Истифодаи бино ва иншооти дар минтақаи санитарию муҳофизатӣ мавҷуда, барои мақсадҳои ҳоҷагидорӣ, дар сурати тағйир додани самти фаъолияти онҳо, бо пешниҳоди истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Минтақаи назорат, андоза ва ҳудуди он аз ҷониби истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда муайян гардида, бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти давлатии танзимкунандаи соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ, ба мувофиқа расонида мешавад.

Дар минтақаи назорат ва санитарию муҳофизатӣ амали тадбирҳои оид ба пешгирии садамаҳои радиатсионӣ татбиқ мегардад.

 

Моддаи 20. Нигаҳдошт ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ

Интихоби ҷой барои гӯронидани партовҳои радиоактивӣ бо дарназардошти таъмини бехатарии радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист, аз ҷумла шароитҳои гидрогеологӣ, геоморфологӣ, тектоникӣ ва зилзилавӣ, дар тӯли тамоми мӯҳлати гӯронидани партовҳо, баинобатгирии дурнамои дарозмӯҳлат сурат гирифта, дар ин маҳал аломати шартии огоҳкунанда гузошта мешавад.

Истифодабарандагони қаъри замин барои ба даст овардани ашёи радиоактивӣ ва анборкунии (гӯронидани) партовҳо, танҳо корхонаҳои давлатӣ буда метавонанд.

Тартиби ташкили ҷамъоварӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 21. Таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ

Таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ ҳангоми ҳама гуна навъи муносибат ба онҳо, ҳатмӣ мебошад.

ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ аз ҷониби истифодабарандагони манбаи афканишоти иондоркунанда таъмин карда мешавад.

Таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ системаи ягонаи банақшагирӣ ва татбиқи маҷмуи тадбирҳои техникӣ ва ташкилии барои мақсадҳои зайл нигаронидашударо дар бар мегирад:

пешгирии воридшавии ғайриқонунӣ ба ҳудуди ҷойгиршавии маводи радиоактивӣ ва ядроӣ, ҳамчунин ғорат ё вайрон кардани он;

ошкор намудан ва баргардонидани маводи радиоактивӣ ва ядроии гумкардашуда ё ғоратшуда.

Назорати таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Тартиби таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ ва ядроиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 22. Талабот оид ба ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ

Ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба ҷо оварда мешавад.

Қоидаҳои ҳамлу нақли маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои борфирист, борбар ва боргир, тадбирҳои бехатарӣ, ҳифзи ҷисмонӣ, системаи тадбирҳои мувофиқакардаи роҳ надодан ба ҳодисаҳо ва садамаҳои нақлиётӣ, талабот нисбати бастубандӣ, тамғагузорӣ ва воситаҳои нақлиёт, инчунин тадбирҳои пешгирӣ ва барҳамдиҳии оқибатҳои садамаҳои эҳтимолиро пешбинӣ намоянд.

 

Боби 4

Таъмини бехатарии радиатсионӣ Ҳангоми садамаи радиатсионӣ

 

Моддаи 23. Ӯҳдадории ташкилотҳо дар соҳаи таъмини ҳимояи аҳолӣ ва кормандон аз садамаи радиатсионӣ

Ташкилотҳое, ки дар онҳо рух додани садамаҳои радиатсионӣ имконпазир аст, вазифадоранд инҳоро дошта бошанд:

номгӯи садамаҳои эҳтимолии радиатсионӣ, бо пешгӯии оқибатҳои он ва дурнамои ҳолати радиатсионӣ;

меъёри қабули қарор ҳангоми рух додани садамаи радиатсионӣ;

воҳидҳои садамавию наҷотдиҳанда ва махсуси ғайринизомии мудофиаи гражданӣ, ки аз шумули кормандони истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда таъсис дода мешаванд;

нақшаи чорабиниҳои оид ба ҳимояи кормандон ва аҳолӣ аз садамаҳои радиатсионӣ ва оқибатҳои он, ки бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва мақомоти давлатии танзимкунанда дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ ба мувофиқа расонида шудааст;

воситаҳои огоҳонӣ барои таъмини рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ;

воситаҳои тиббии пешгирии осебҳои радиатсионӣ ва воситаҳои расонидани кӯмаки тиббӣ ба зарардидагони садамаи радиатсионӣ.

 

Моддаи 24. Ӯҳдадориҳои истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда ҳангоми садамаи радиатсионӣ

Ҳангоми садамаи радиатсионӣ истифодабарандаи манбаи афканишоти иондоркунанда вазифадор аст:

оид ба ҳифзи кормандон ва аҳолӣ аз садамаи радиатсионӣ ва оқибатҳои он иҷрои чорабиниҳоро таъмин намояд;

оид ба садамаи радиатсионӣ мақомоти давлатиеро, ки назорати давлатӣ ва тафтишро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳоро огоҳ созад;

оид ба расонидани кӯмаки тиббӣ ба осебдидагон тадбирҳо андешад;

манбаъи олудагии радиоактивиро барҳам дода, ба муҳити зист паҳн гардидани маводи радиоактивиро пешгирӣ намояд;

таҳлил гузаронида, дурнамои инкишофи садамаи радиатсионӣ ва тағйирёбии вазъияти садамаи радиатсиониро таҳия намояд;

баъди рафъи садамаи радиатсионӣ оид ба мӯътадилгардонии ҳолати радиатсионӣ тадбирҳо андешад.

 

Моддаи 25. Шуоъхӯрии баланди банақшагирифташудаи шаҳрвандоне, ки барои рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ ҷалб шудаанд

Шуоъхӯрии баланди банақшагирифташудаи шаҳрвандони барои рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ ҷалбгардида, корҳои садамавию наҷот ва дезактиватсия метавонад, танҳо ҳангоми зарурати наҷотдиҳии одамон ва пешгирии шуоъхӯрии бештари онҳо анҷом дода шавад.

Шуоъхӯрии шаҳрвандони барои рафъи оқибатҳои садамаҳои радиатсионӣ ҷалбшуда аз миқдори миёнаи солонаи меъёрҳои асосии беҳдоштии шуоъхӯрӣ барои кормандон, ки моддаи 8 ҳамин Қонун муқаррар намудааст, набояд аз даҳ маротиба бештар бошад.

Шуоъхӯрии баланди банақшагирифташудаи шаҳрвандони барои рафъи оқибатҳои садамаи радиатсионӣ ҷалбшуда, танҳо як маротиба дар давраи зиндагии онҳо, бо хоҳиши ихтиёрии онҳо ва огоҳонии пешакӣ оид ба эҳтимоли миқдори шуоъхӯрӣ ва хатар ба саломатиашон, иҷозат дода мешавад.

Намудҳо ва андозаҳои ҷубронпулиро барои хатарнокии зиёд ва пардохтани зараре, ки тавассути таъсири радиатсионӣ ба саломатии шахсони барои иҷрои корҳои зикргардида ҷалбшуда расонда шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Боби 5

Ҳуқуқ ва ӯҲдадориҲои шаҲрвандон ва идтиҲодияҲои ҷамъиятӣ

дар соҲаи  таъмини бехатарии радиатсионӣ

 

Моддаи 26. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба бехатарии радиатсионӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба бехатарии радиатсионӣ ҳуқуқ доранд. Ин ҳуқуқ тавассути гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии аз меъёрҳои муқарраргардида бештар нарасонидани таъсири радиатсияи афканишоти иондоркунанда ба организми инсон, иҷрои қоида, меъёрҳо ва талаботи вобаста ба таъмини бехатарии радиатсионӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ки фаъолияти истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро анҷом медиҳанд, таъмин карда мешавад.

Шаҳрвандон ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳояшон оид ба бехатарии радиатсионӣ метавонанд ба мақомоти дахлдори давлатӣ ё ба суд муроҷиат кунанд.

 

Моддаи 27. ҳуқуқи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба гирифтани маълумот оид ба ҳолати радиоактивӣ

Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд дар доираи вазифаҳои иҷрошаванда оид ба ҳолати радиоактивӣ ва тадбирҳои андешидашудаи ҷиҳати таъмини ҳолати радиатсионӣ дар ташкилоте, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда анҷом медиҳанд, маълумоти хаттӣ ва даҳонӣ гирифта метавонанд.

 

Моддаи 28. Имконияти ворид шудан ба ҳудуди ташкилоте, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда анҷом медиҳад

Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди ташкилотҳое, ки фаъолиятро бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда анҷом медиҳанд, ҳуқуқи ворид шудан доранд.

 

Моддаи 29. ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҳамшафати ташкилоти бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолиятдошта зиндагӣ мекунанд

Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҳамшафати ташкилоти бо истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолиятдошта зиндагӣ мекунанд ва дар онҳо имконпазирии зиёд будани миқдори асосии ниҳоии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун имконпазир аст, ба ҳифзи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. Тартиби таъмини чораҳои ҳифзи иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 30. ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҷуброни зарари ба саломатӣ ва амволи онҳо аз афканишоти иондоркунанда ва садамаи радиатсионӣ расонидашуда

Шаҳрвандон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуброни зарари расонида ба саломатӣ ва амволи онҳо дар натиҷаи шуоъхӯрии зиёда аз миқдори ниҳоии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун аз афканишоти иондоркунанда, инчунин садамаи радиатсионӣ ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 31. Ӯҳдадории шаҳрвандон дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ӯҳдадоранд:

талаботи таъмини бехатарии радиатсиониро риоя намоянд:

оид ба таъмини бехатарии радиоатсионӣ тадбирҳо андешанд ё дар анҷом додани чунин тадбирҳо иштирок кунанд;

талаботи мақомоти ҳокимияти иҷроияро, ки идораи давлатӣ ва назорати давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд, иҷро кунанд.

 

Боби 6

Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 32. Масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ гунаҳкоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҷаримабандӣ шахсони гунаҳкорро аз ӯҳдадории рафъи қонунвайронкуниҳо, ҷуброни зарари ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонида ва ё хароҷотҳои онҳо, инчунин аз ҷуброни зиёни ба шахсони ҳуқуқӣ дар натиҷаи садамаи радиатсионӣ расонида, озод наменамояд.

 

Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур баъд аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Э. РАҲМОНОВ

            ш. Душанбе  1 августи соли 2003

           №42

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУНАРҲОИ БАДЕИИ ХАЛҚӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 12:08
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
43
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.2003

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ҲУНАРҲОИ БАДЕИИ ХАЛҚӢ

 

(Ахбори Маxлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.466. ҚҶТ аз 22.07.2013 с., 1006;аз 2.01.2019 с., № 1570)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳоеро, ки дар байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ба миён меоянд ба танзим дароварда, принсипҳои асосии дастгирии давлатии ҳунарҳои бадеии халқиро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ва таърихи халқи тоҷик муайян намуда, ба нигоҳдории анъанаҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат мекунад.

 

 

Боби 1.

Муқаррароти умумӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-ҳунарҳои бадеии халқӣ - яке аз шаклҳои эҷодиёти халқӣ, фаъолият оид ба офаридани маснуоти бадеии таъйиноташон манфиатрасон ва (ё) ороишӣ буда, дар асоси азхудкунии инфиродӣ ва дастаҷамъонаи инкишофдиҳии анъанаҳои меросии санъати халқӣ дар маҳали муайян дар раванди меҳнати эҷодкоронаи дастӣ ва (ё) механиконидашудаи устоҳои ҳунарҳои бедии халқӣ амалӣ гардонида мешаванд;

-маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ - предметҳои таъйиноти ороишӣ ва манфиатрасон, ки мутобиқи анъанаҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ бо истифодаи ашёҳои табиӣ ва меҳнати дастӣ тайёр карда шудаанд;

-устои ҳунарҳои бадеии халқӣ - шахси воқеӣ, ки маснуоти муайяни ҳунарҳои бадеии халқиро мутобиқи анъанаҳои он тайёр мекунад;

-муаллифи натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ таҷассум ёфтааст -  шахси воқеӣ, ки тавассути кори эҷодии вай ин натиҷа ҳосил шудааст;

-маҳали мавҷудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқӣ - ҳудуде, ки дар он ҳунарҳои бадеии халқӣ таърихан эҷод шуда, мувофиқи анъанаҳои ба худ хос инкишоф меёбанд, инфрасохтори иҷтимоию маишии онҳо мавҷуд аст ва дорои захираҳои ашёи хоми зарурӣ мебошад (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570);

-маснуоти нодири ҳунарҳои бадеии халқӣ - маснуоти ягонаи нодири ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки арзиши баланди бадеӣ дорад;

-намунаи типии маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ - намунае, ки дар шакли маснуоти тайёр, тасвир (нақша, тарҳи композитсионӣ), нусха (қолиб) сохта шуда, барои бо тартиби муқарраршуда аз нав истеҳсол намудан, аз ҷумла бо истифодаи дигаргунсозии эҷодӣ таъйин шудааст;

-дигаргунсозии эҷодӣ - яке аз шаклҳои зуҳури эҷодиёти халқӣ, усули асосии таҷдиди намунаи типии маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки ворид намудани тағйиру иловаҳоро дар ҳалли композитсионӣ, рангубор, нақшу нигор, нафисӣ ва дигар ҷиҳатҳои бадеии маснуот пешбинӣ менамояд ва боиси тағйироти принсипиалии ғояи муаллиф, пастшавии сатҳи бадеӣ ва сифати истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ нисбат ба намунаи типии он намегардад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи   Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570).

 

Моддаи 3. Ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ

Ба ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шаклҳои ташкилю ҳуқуқӣ мансубанд, ки дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти (кор, хизматрасонии) онҳо маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ мувофиқи маълумоти мушоҳидаҳои давлатии оморӣ саҳми на камтар аз 50 фоиз дорад (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570).

Вазифаҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ нигоҳдорӣ, эҳё ва инкишофи анъанаҳои ҳунарҳои халқӣ аст.

 

Моддаи 4. Мансубияти маснуот ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ

Мансубияти маснуот ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ дар асоси қарори шӯрои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ мутобиқи феҳристи намунавии намудҳои истеҳсолот ва гурӯҳҳои маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегирад (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570).

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ бо назардошти нуктаҳои ҳамин Қонун тартиби ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ мансуб донистани маснуоти дар ҳудуди онҳо тайёршавандаро муқаррар менамоянд.

Ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ маснуоте мансуб дониста намешаванд, ки дар технологияи тайёр кардани онҳо истифодаи дигаргунсозии эҷодии намунаҳои типии ин маснуот имконнопазир аст, аз ҷумла:

- маснуоти бахиядӯзӣ, ки дар мошин-автоматҳо ё нимавтоматҳои дӯзандагӣ тайёр шудаанд ва онҳо бе омӯзиши гулдӯзиҳои дастӣ ё бо гулдӯзии дар мошинҳои дӯзандагие, ки имконияти иҷро кардан ва дигаргунсозии гулдӯзии эҷодиро медиҳанд, иҷро шудаанд;

- маснуоти матоӣ, ки тавассути суратчопкунӣ бе омӯзиши усулҳои дастии зинатбахшии маснуот ороиш дода шудаанд;

- маснуоти матоӣ, қолинҳо ва маснуоти қолинӣ, ки дар мошинҳо бе омӯзиши кори дастӣ тайёр шудаанд;

- маснуот аз фулузот ва маснуоти заргарӣ, ки тавассути тамғазанӣ ва рехтагарӣ, ба истиснои рехтагарӣ ба моделҳои мумӣ, бе сикказанӣ, кандакорӣ, нақшдиҳӣ, тезобдиҳии минбаъда ё истифодаи усулҳои дигари дастии коркарди зинатбахшии фулузот тайёр шудаанд;

- маснуоти сафолӣ, ки тавассути рехтагарӣ бе нақшдиҳӣ, гаҷкории минбаъда ё бе истифодаи усулҳои дигари дастии зинатбахшии маснуот тайёр шудаанд;

- маснуоте, ки дар мошин-автоматҳои бофандагӣ бе омӯзиши бофти гулдӯзии дастии ороиш ё усулҳои дигари дастии зинатбахши маснуот тайёр шудаанд;

- маснуоти дигар, ки бо усулҳои механикӣ бо истифодаи ҷузъҳои санъати халқӣ тайёр шудаанд.

Оид ба қарори мансубияти маснуот ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 5. Асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ шароитҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва шароитҳои дигарро барои нигоҳдорӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ фароҳам меоранд, аз он ҷумла:

- заминаи меъёрии ҳуқуқиро баҳри рушди соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ муҳайё мекунанд;

- барои амалӣ гардонидани нақшаҳои сармоягузорӣ бо мақсади нигоҳдорӣ, эҳё ва инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат мекунанд;

- мутобиқи қонунгузорӣ барои соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ фаъолият доранд, нархҳои имтиёзнокро ба маҳсулот ва хизматрасонии монополияи табиӣ, инчунин тартиби тайёр кардан ва ба даст даровардани ашёи хом ва маводе, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз ва ба ҳисоб гирифта мешаванд, муқаррар менамоянд;

- ба устоҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ ва шогирдони онҳо барои гирифтани таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимие, ки барномаҳои таълимии ҳунарҳои бадеии халқиро амалӣ месозанд, мусоидат менамоянд; (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1006)

- ба ташвиқу тарғиби санъати ҳунарҳои бадеии халқӣ, аз ҷумла тавассути ташкил намудани намоишҳо, озмунҳо, музояда, фурӯши махсуси маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, инкишофи мубодилаи байналмилалӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар ин соҳа мусоидат менамоянд;

- ташкил ва фаъолияти иттиҳодияҳо, ассосиатсияҳо, фондҳо иттифоқҳои соҳаи ҳунарҳои бадеии халқиро дастгирӣ менамоянд;

- барои нигоҳдории ҳунарҳои бадеии халқӣ ва кормандони эҷодии ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳангоми амалӣ гаштани тартиби пешгирии муфлисшавӣ ё барҳамдиҳии ин ташкилотҳо чораҳо мебинанд;

- кафолати озодии эҷодкориро дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ таъмин менамоянд;

- таҳқиқоти илмиро дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ дастгирӣ менамоянд;

- ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат менамоянд; (ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1006)

Боби 2.

Ҳуқуқи шаҲрвандон дар соҲаи  ҲунарҲои бадеии халқӢ

 

Моддаи 6. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои фаъолият дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи майлу рағбат ва қобилияти худ барои фаъолияти эҷодӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳуқуқ дорад.

Ҳуқуқи шаҳрванд оид ба пеша намудани фаъолияти эҷодӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ метавонад дар асоси касбӣ ё ки ғайрикасбӣ (ҳаваскор) сурат гирад.

Кормандони эҷодии соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки дар асоси касбӣ ё ғайрикасбӣ (ҳаваскор) кор мекунанд, дорои ҳуқуқҳои баробари муаллифӣ мебошанд. Онҳо ба ҳимояи фаъолияти худ дар ин соҳа, ҳифзи сирри ҳунар ва дастгирии дигари давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба озодона ихтиёрдорӣ намудани натиҷаи меҳнаташон ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ташкил намудани иттиҳодияҳо дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ

Шаҳрвандоне, ки дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ кор мекунанд, бо ташаббуси худ ба ташкил намудани иттифоқҳои эҷодӣ, ассосиатсияҳо, фондҳо, иттиҳодияҳои дигар, ки мақсади онҳо фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти эҷодӣ, эҳё, нигоҳдорӣ, инкишоф, дастгирӣ намудан ва тарғиб кардани ҳунарҳои бадеии халқӣ мебошад, ҳақ доранд (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570).

Фаъолияти иттиҳодияҳо дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

 

Моддаи 8. Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ

 Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ташкилотҳои тиҷоратӣ дар соҳаи истеҳсол ва (ё) ба фурӯш баровардани маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 9. Ҳуқуқи муаллиф ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ таҷассум ёфтааст

Ҳуқуқи муаллиф ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ таҷассум ёфтааст (маснуоти нодири ҳунарҳои бадеии халқӣ, ё намунаи типии маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ), ҳамчунин ҳуқуқҳои бо истифодаи натиҷаи мазкур алоқаманд, ки аз тарафи муаллиф бо шартҳои шартнома барои таҷдиди минбаъда, аз он ҷумла бо истифодаи дигаргунсозии эҷодӣ таҳвил шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

 

Моддаи 10. Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ

Вазъи ҳуқуқии устои ҳунарҳои бадеии халқӣ дар асоси шаҳодатномаи намунавии муқарраршуда мутобиқи Низомномаи оид ба устои ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.

Шаҳодатномаи устои ҳунарҳои бадеии халқӣ аз ҷониби Шӯрои бадеӣ-экспертӣ, ки бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад ва амал менамояд, дода мешавад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ метавонанд ба шахсоне, ки шаҳодатномаи устои ҳунарҳои бадеии халқиро гирифтаанд, барои амалӣ гардонидани фаъолияти эҷодии онҳо кафолату имтиёзҳо муҳайё карда, ба истеҳсоли ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат намоянд.

Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ ҳамзамон метавонад муаллифи натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ бошад, ки дар маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ таҷассум ёфтааст.

 

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои устои ҳунарҳои бадеии халқӣ

(ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570)

 

Устои ҳунарҳои бадеии халқӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф;

- ташкил намудани намоиш ё шаклҳои дигари намоиши оммавии натиҷаи фаъолияти эҷодии худ;

- гирифтани мукофот барои истифодаи оммавии натиҷаҳои фаъолияти эҷодии худ;

- тайёр ва дастрас кардани намудҳои зарурии ашёи хом ва мавод;

- доштани иҷозат барои истифодаи фондҳои фарҳангӣ;

- машғул шудан ба фаъолияти таълимӣ мутобиқи шакли ҳунарҳои бадеӣ, новобаста ба таҳсилот;

- ба фурӯш гузоштан ва ба соҳибияти каси дигар додани эҷодиёти муаллифии худ;

- ҳимояи шаъну шараф ва эътибори касбӣ;

- ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570).

 

Моддаи 12. Шӯроҳои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ

Барои анҷом додани фаъолият оид ба мансуб донистани маснуоти тайёршаванда ба маснуоти ҳунарҳои бадеии халқӣ шӯроҳои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ таъсис дода мешаванд.

Шӯроҳои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ фаъолияти худро дар асоси низомномаи намунавӣ дар бораи шӯрои бадеӣ-экспертӣ оид ба ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардонанд.

 

Моддаи 13. Маҳалли мавҷудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқӣ

Маҳалли мавҷудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқиро Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ муқаррар мекунанд.

Заминҳое, ки дар онҳо маҳалли мавҷудияти анъанавии ҳунарҳои бадеии халқӣ воқеъ гардидаанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба заминҳои таъйиноти таърихию фарҳангӣ мансуб дониста шаванд.

 

Боби 3.

Таълими ҲунарҲои анъанавии халқӢ, тайёр намудани

кадрҲо, тадқиқотҲои илмӢ

 

Моддаи 14. Таълими ҳунарҳои анъанавии халқӣ

Таълими ҳунарҳои анъанавии халқӣ бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад

(ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570):

- аз ҷониби устоҳои халқӣ шинос намудан бо таҷрибаи кории худ ва азхуд намудани таҷрибаи онҳо бо мақсади таъмини мутобиқат ба асли анъанаҳо (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570);

- гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии дахлдор ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ ва дар назди устоҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570);

- гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимии махсусгардонишуда (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570);

- мустақилона пайдо намудани малакаҳо дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ, аз ҷумла дар хонаҳои ҳунармандон, студияҳо, клубҳо ва маҳфилҳо;

- тайёр намудан, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо;

- шиносшавӣ бо ҳунарҳои анъанавии халқӣ, ба усулҳои истеҳсоли намудҳои алоҳидаи маснуот, бо услубҳои бадеии ҳунарҳои халқӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, инчунин дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ.(ҚҶТ аз 22.07.2013с. №1006)

 

Моддаи 15. Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмиро дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ муайян намуда, идоракунии умумии онҳоро амалӣ мегардонад.

Дар гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ оид ба масъалаҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ мутахассисони соҳаи фарҳанг, инчунин мутахассисони дигар, ки иштироки онҳо дар гузаронидани ин тадқиқотҳо зарур аст, ширкат меварзанд.

Бо мақсади тадқиқоти технологияи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва таъмини раванди таълим дар муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда ва муассисаҳои дигари фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои илмю тадқиқотӣ ташкил шуда метавонанд (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570).

 

Моддаи 16. Дастгирии истеҳсолию техникии ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ

Мақомоти Ҷумҳуриявии идораи давлатӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба мусоидат ва таъмини ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ бо таҷҳизот ва технологияи мукаммал барои рафти тайёрӣ ва ташкили истеҳсолот таҳия ва амалӣ мегардонанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ имконият медиҳанд, ки дар асоси шартномаҳои иҷора бо шартҳои имтиёзнок аз биноҳо, таҷҳизот, биноҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ, дигар молу мулк, ки дар моликияти давлатӣ мебошанд, истифода баранд.

 

Боби 4.

Мубодилаи фарҲангӢ ва робитаҲои  байналмилалӢ

 

Моддаи 17. Мубодилаи фарҳангӣ ва робитаҳои байналмилалӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ

Мақомоти давлатӣ барои васеъ шудани доираи субъектҳои робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат менамоянд, иштироки бевоситаи мустақили устоҳо, ташкилотҳои ҳунарҳои бадеии халқиро дар мубодилаи фарҳангӣ бо ташкилотҳои шабеҳи ҳавасманд мегардонанд.

 

Моддаи 18. Намоишҳои молҳо ва маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ

Бо мақсади ҳавасмандгардонии рушд ва тарғиби дастовардҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ мунтазам намоишҳои молу маҳсулоти соҳаи мазкур баргузор карда мешаванд (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570).

 

Моддаи 19. Осорхонаи ҳунарҳои бадеии халқӣ

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва намоиш додани молҳои бештар қиматбаҳои ҳунарҳои халқӣ, маҳсулоти ҳунарҳои бадеии халқӣ, инчунин маҳфуз доштани ҳунарҳои халқӣ ва бо мақсади нигоҳдории устоҳои махсусан маъруфи ҳунарҳои бадеии халқӣ, фароҳам овардани имконият барои шинос шудан бо эҷодиёти онҳо осорхона- устохонаҳо ва хона-осорхонаҳо бунёд карда мешаванд.

 

Боби 5

Муқаррароти хотимавӢ

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570)

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (ҚҶТ аз 2.01.2019 с., № 1570)

.

 

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Э. РАҲМОНОВ

                ш. Душанбе  1 августи соли 2003

  №43

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 12:12
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
44
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.2003

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №8, мод.467; соли 2005, №12, мод. 650; соли 2007, №7, мод. 687; соли 2008, №12, қисми 2, мод.1006; с.2011, №6, мод. 437. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.05.2018 с., № 1526; ҚҶТ аз 25.06.2021 с., №1789)

Маҷлиси намояндагон қабул намуд – 30 июни  соли 2003

Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд – 16 июли соли 2003

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба шуғли аҳолӣ танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла кафолатҳои давлатро дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ муқаррар менамояд.

Боби I.

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

-бекорӣ- зуҳуроти иҷтимоию иқтисодие, ки ба набудани талабот  ба қисми муайяни қувваи корӣ дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад.(ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- шаҳрвандони бекор - шаҳрвандони синну соли қобили меҳнате, ки дар давраи баррасишаванда кор, музди меҳнат ва шуғли даромаднок надоранд, бо роҳи муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ ё дигар ташкилотҳо тавассути истифода ва ҷойгир намудани эълонҳо дар матбуот, муроҷиати бевосита ба корфармоён, истифодаи усулҳои дигар, аз ҷумла ташкили кори инфиродӣ ба ҷустуҷӯи кор машғул буданд, метавонанд ва тайёр ҳастанд ба кор шурӯъ намоянд; (ҚҶТ аз 28.06.11с., №724) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- чораҳои фаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ - чораҳое, ки барои аз нав оғоз гардидани шуғли шаҳрвандони бекор мусоидат намуда, ба васеъшавии имконияти бо кор таъмин кардани онҳо равона гардидаанд. Ба қатори чунин чораҳо ёрӣ расонидан дар ҷустуҷӯи кор, тайёрӣ ва бозомӯзонии касбии аҳолии бекор, мусоидат ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ, корхонаҳои соҳибкории хурд ва миёна, дигар намуди чораҳо ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ дохил мешаванд; (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)

- дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор - хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ; пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ва стипендия ҳангоми тарбия ва бозомӯзии  касбии шаҳрвандони бекор; расонидани ёрии моддӣ ба аъзои оилаи синнашон то 15 - солаи шахси бекор, ки дар таъминоти ӯ мебошанд; расонидани кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор, ки хоҳиши бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд;

- кӯмакпулӣ барои бекорӣ - ёрии моддии муваққатии аз тарафи давлат кафолатдодашудае, ки ба шаҳрвандони бекори расман ба қайдгирифташудаи барои гирифтани он ҳуқуқдошта пардохта мешавад.

- шуғл - ҳама гуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меоварад;

- шуғли (кори) муваққатӣ - кори муздноки муваққатие, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар давраи маҳдуди вақт иҷро карда мешавад;

- кори мувофиқ - коре, ки онро шахс иҷро карда метавонад, ба ҷинс, таҳсилот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқаи меҳнатӣ ва таҷрибаи корӣ, шароитҳои ҷойи кори охирин ( ба истиснои корҳои ҷамъиятии музднок), вазъи саломатии ӯ мувофиқ буда, аз маҳали зисти шахс начандон дур (на зиёда аз як соат дар роҳ) ҷойгир шудааст аз музди меҳнат барои он дар сатҳи на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақалли расман муқарраршуда кафолат дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

- кори фосилавӣ – шакли махсуси амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи техналогияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

- бозори меҳнат - соҳаи ташаккули талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ;

- корҳои ҷамъиятӣ - намудҳои фаъолияти меҳнатии дастраси умум, ки чун қоида, тарбияи пешакии касбии кормандонро, ки самти иҷтимоии фоиданок дошта, ҳамчун дастгирии иловагии иҷтимоӣ ва шуғли муваққатии шахсони корҷӯянда ташкил карда мешаванд, талаб намекунанд. Ба корҳои ҷамъиятӣ фаъолияте, ки бо зарурияти таъҷилан бартараф намудани оқибати садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, дигар ҳолатҳои фавқулодда вобаста аст ва омодагии махсуси кормандон, инчунин амалҳои маҳоратнок ва масъулиятноки онҳоро дар муддати кӯтоҳтарин талаб мекунад, дахл надорад;

- мақомоти ваколатдлори давдатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ - мақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнат буда, ки сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои далатиро дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

- миёнаравии меҳнатӣ - мусоидат намудан ба аҳолӣ ҳангоми бо кор таъмин кардан аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ ва дигар ташкилотҳо; (ҚҶТ аз 28.06.11с., №724, аз 25.06.21., №1789)

- вакансия - ҷои кории холӣ дар ташкилотҳо;

- аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) - қисми аҳолие, ки пешниҳоди қувваи кориро барои истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ таъмин менамояд. Шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, бекорон ва шахсони машғули кор бударо дарбар мегирад;

-аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол - қисми аҳолии синну соли қобили меҳнат, ки ба ҳайати аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол (қувваи корӣ) дохил намешавад.

Моддаи 3. Шуғли аҳолӣ ва фаъолияти ба шуғл баробаркардашуда

Шаҳрвандон ҳуқуқи истисноии ихтиёрдорӣ намудани қобилияти худро ба меҳнати истеҳсолӣ ва эҷодӣ дошта, метавонанд ҳар гуна фаъолияти аз ҷониби қонунгузорӣ манънашударо иҷро намоянд. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Давлат амалӣ гардонидани сиёсати мусоидат ба шуғли пурраю самаранок ва озодона интихобшударо, ки ба фароҳам овардани шароит баҳри амалӣ гардонидани ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат нигаронида шудааст, кафолат медиҳад.

Бешуғл будани шаҳрвандон барои ба ҷавобгарии маъмурӣ, ҷиноӣ ва дигар намуди ҷавобгарӣ кашидани онҳо асос шуда наметавонад.

Ба аҳолии шуғлнок (ё ба он баробар кардашуда) шаҳрвандони синнашон 15-сола ва аз он калонсоле мансубанд, ки дар давраи баррасишаванда:

- кори кирояро бо подош аз рӯи шарти вақти кории пурра ё нопурра иҷро менамоянд, инчунин соҳиби дигар намуди кори (хизмати) даромаднок мебошанд;

- мустақилона худро бо кор таъмин менамоянд, аз ҷумла шахсони ба соҳибкории хурд ва миёна, шахсони ба фаъолияти соҳибкории инфиродии меҳнатӣ бе ташкили шахси ҳуқуқӣ машғулбуда, аъзои кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ва аъзои оилаҳои онҳо, ки қитъаҳои замин гирифтаанд, хоҷагии ёрирасони шахсӣ доранд ва маҳсулоташонро дар асоси шартномаи тибқи қонунгузорӣ басташуда ба фурӯш мебароранд, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ иштирок менамоянд, инчунин аъзои оилаи ба онҳо ёрирасонро бо кор таъмин менамоянд;

- дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшунҳои воҳидҳои низомӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байналмилалӣ хизмати ҳарбиро адо менамоянд;

- дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти касбӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар бахши рӯзона таҳсил ва ҳамзамон кори кирояро иҷро менамоянд, аз ҷумла бо роҳхати мақомоти давлатии шугли аҳолй таълим мегиранд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)

ба кори фосилавӣ машғуланд ва хусусиятҳои танзими меҳнати ин гурӯҳи кормандонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат муайян менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- соҳиби кор мебошанд, лекин дар ҷои кор бо сабаби корношоямӣ, рухсатӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, бозистодани истеҳсолот, аз он ҷумла бо сабаби корпартоӣ бавуҷудомада, даъват ба ҷамъомади ҳарбӣ ё дигар сабабҳо муваққатан ҳозир нестанд;

- ба вазифаи музднок дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ интихоб, таъин ва тасдиқ шудаанд;

- муассиси (иштирокчии) ташкилот мебошанд, ба истиснои муассисони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ,фондҳои хайрия ва ғайра, ҷамъиятҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсия ва иттиҳодияҳо), ки нисбати ин ташкилотҳо ҳуқуқи молӣ надоранд;

- шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба кор машғул буда, вазифаҳои новобаста ба таъмини фаъолияти сафоратхонаҳо, намояндаҳои дипломатӣ ва консулгариҳоро иҷро менамоянд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);

- дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд;

- ба дигар намудҳои фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул мебошанд.

Шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти меҳнатии инфиродӣ ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ машғуланд, бо ҳамаи кафолатҳои ҳимояи иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд, ба шарте ки ҳатман аз даромади бадастовардашуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи сугуртаи иҷтимой ва нафақа маблағи суғуртавиро пардохт намоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)

Тартиби баҳисобгирии собиқаи кор ва додани дафтарчаҳои меҳнатиро ба ин шаҳрвандон ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 4. Шаҳрвандони бекор

Бақайдгирии шаҳрвандоне, ки дар ҷои истиқомати доимиашон ҳамчун шахсони бекор ва корҷӯянда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ муроҷиат менамоянд, ҳангоми муроҷиати бевоситаашон бо пешниҳод кардани шиноснома, дафтарчаи меҳнатӣ ё ҳуҷҷатҳое, ки онҳоро иваз мекунанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ, маълумот дар бораи музди меҳнати миёна дар ду моҳи охир аз ҷои кори охирин, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

Шаҳрвандоне бекор дониста намешаванд, ки:

- ба синни 15-солагӣ нарасида бошанд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нафақа ба синни нафақа расидаанд, гайр аз шаҳрвандоне, ки аз рӯи маъюбӣ нафақа мегиранд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)

- аз иҷора додани моликият, қитъаи замин, воситаҳои нақлиёт ва молу мулки ғайриманқул дар ҳаҷми на камтар аз 12 маоши ҳадди ақал дар як сол даромад доранд; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- дар муддати 10 рӯзи баъди ба қайд гирифтани онҳо дар мақомоти  ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ аҳолӣ ду намуди ҷои кори мувофиқро рад кардаанд, шахсоне, ки бори аввал кор меҷӯянду касби (ихтисоси) надоранд, дар сурати ду маротиба рад намудани гирифтани тайёрии касбӣ ё таклиф ба кори музднок, аз ҷумла коре, ки хусусияти муваққатӣ дорад. Шаҳрванди корҷӯянда ду бор ба ҳамон як ҷои кор (ё як ҷои таълим) пешниҳод карда намешавад; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- дар давоми 10 рӯзи баъди ба қайд гирифтан барои ёфтани кори мувофиқ, бе сабабҳои узрнок, ба мақомоти воколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолиӣ барои ба онҳо пешниҳод намудани кори мувофиқ наомадаанд; (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

- ҳуҷҷатҳои маълумоти ошкоро дурӯғ доштаро дар бораи набудани кор, музд ва машғулияти даромаднок, инчунин дигар маълумоти нодурустро барои бекор донистани онҳо пешниҳод намудаанд.

Ёрдампулии ҳангоми аз кор озодшавӣ пардохташаванда ва музди миёнаи меҳнати нигоҳдошташавандаи шаҳрвандони аз ташкилотҳо, аз кор (аз хизмати ҳарбӣ) бинобар барҳамдиҳӣ, ихтисори шумора ё воҳиди корӣ озодшуда ҳамчун музд ба ҳисоб гирифта намешавад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526).

Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд

Моддаи 5. Кори мувофиқ

Дар сурати ғайриимкон будани пешниҳоди кор ба шаҳрванд аз рӯи касби (ихтисоси), коре, ки иваз намудани касби (ихтисоси)-ро бо назардошти қобилияти шаҳрванд, таҷрибаи пешина ва барои ӯ дастрас будани воситаҳои таълимиро талаб менамояд, мувофиқ дониста мешавад.

Кори музднок, аз он ҷумла кори хусусияти муваққатӣ дошта ва корҳои ҷамъиятӣ, ки тайёрии пешакиро талаб мекунад ё намекунад (бо дарназардошти хусусиятҳои синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон) ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ҷавобгӯ мебошад, барои шаҳрвандони зерине мувофиқ дониста мешавад, ки: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- бори аввал кор меҷӯянд (пештар кор намекарданд, касби (ихтисоси) надоранд, дар давоми як соли пеш аз саршавии бекорӣ зиёда аз як бор барои вайрон намудани интизоми меҳнатӣ ва дигар амалҳои гунаҳкорона, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз кор озод карда шудаанд, пештар бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, баъди танаффуси тӯлонӣ (зиёда аз як сол) кӯшиши барқарор намудани фаъолияти меҳнатиро доранд, инчунин бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлати дар соҳаи мешнат ва шуғли аҳолӣ ба таҳсил фиристода, барои амали гунаҳкорона хориҷ карда шудаанд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724, (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- баланд бардоштани (барқарор намудани) дараҷаи ихтисос аз рӯи касби (ихтисоси) мавҷуда, гирифтани ихтисоси ба ҳам наздик ё аз бозомӯзӣ гузаштанро рад кардаанд;

- дар қайди мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  зиёда аз 12 моҳ буда, инчунин зиёда аз ду сол кор накардаанд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724, (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ баъди ба анҷом расидани корҳои мавсимӣ муроҷиат намудаанд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Кор мувофиқ дониста намешавад, агар:

- он бо иваз намудани ҷои истиқомат бе розигии шаҳрванд вобаста бошад;

- он дар маҳале дода шавад, ки дар он ҷо шароити манзилӣ ва дигар шароити зист назар ба оне ки корманд то муроҷиат кардан ба хадамоти шуғл дошт, номусоидтар бошад:

- шароити меҳнат ба қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат мувофиқат накунад;

- рад кардани ин кор бо сабабҳои узрнок, вазъияти шахсӣ ё оилавӣ асоснок шуда бошад.

Бо қарори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дигар дараҷаҳои кори мувофиқ муқаррар шуданаш мумкин аст, ки ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро пурзӯр менамояд.

Моддаи 6 Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Давлат сиёсати мусоидат намудан ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба шуғли пурра, самаранок ва интихоби озоди шуғл пеш мебарад.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба принсипҳои зайл асос меёбад:

- меҳнати ихтиёрӣ, ки мувофиқи он шуғл ба изҳори озодонаи иродаи шаҳрвандон асос меёбад;

- таъмини имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар интихоби озодонаи машғулият;

- фароҳам овардани шароите, ки ҳаёти сазовор ва инкишофи озодонаи инсонро таъмин менамояд;

- дастгирӣ намудани ташаббуси меҳнатӣ ва соҳибкории шаҳрвандон, мусоидат намудан ба инкишофи қобилияти онҳо нисбат ба меҳнати самаранок ва эҷодӣ, ки дар доираи қонуният амалӣ мегардад;

- тамоюли системаи маориф ба тайёр намудани кадрҳо мувофиқи талаботи бозори меҳнат;

- таъмини ҳифзи иҷтимоӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои махсус, ки барои ба машғулият фаро гирифтани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан мӯҳтоҷ ва дар ҷустуҷӯи кор душворикашанда мусоидат менамоянд;

- ҳатмӣ будани пардохтҳои иҷтимоӣ мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи сугуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо мақсади амалӣ намудани суғуртаи иҷтимоии кормандони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)

- пешгирии бекории оммавӣ ва кам намудани бекории тӯлонӣ;

- ба бекорон додани кафолатҳо ва ҷубронҳои иҷтимоӣ;

- ҳамбастагии мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар масъалаҳои шуғли аҳолӣ бо мувофиқати фаъолияти онҳо ҳангоми татбиқи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- муқаррар кардани имтиёзҳо ба корфармоёне, ки ҷойҳои кории амалкунандаро нигоҳ дошта, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд, аз он ҷумла барои шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷманданд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд;

- ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи шуғли аҳолӣ бо дигар самтҳои сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

- ташкили ҳамкории байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бо назардошти фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя намудани меъёрҳои байналмилалии меҳнат;

- иштироки иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон, иттиҳодияҳои корфармоён, аз он ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи давлатӣ дар таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои таъмини шуғли аҳолӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ дар соҳаи шуғл аз рӯи зарурияти таъмини инкишофи устуворонаи иқтисодиёти худ, оқилона истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ дар асоси риояи принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ амал мекунад.

Моддаи 7. Кафолатҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Давлат ба шаҳрвандони бекор кафолатҳои зеринро медиҳад:

- мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъминкунӣ тавассути миёнаравии мақомоти ваколатдори  давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ; (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

- тамоюли ройгони касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос дар асоси роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- таъмини дастгирии иҷтимоӣ;

- таъмини дастгирии иҷтимоӣ;

- ҷуброни хароҷоти моддӣ бо сабаби дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳали дигар бо роҳхати хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор (омӯзиш) равон намудан; (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)

- имконияти бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок, ки бо назардошти синну сол ва дигар хусусиятҳои шаҳрвандон ташкил карда мешаванд.

Моддаи 8. Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба таъмини шуғл

Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷўянда ҳуқуқ доранд:

- ба интихоби озодонаи ҷои кор бо роҳи муроҷиати бевосита ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён ё ба воситаи миёнаравии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҷойҳои холии кории аз ҷониби корфармо  пешниҳодшуда;

- ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи курсҳои таълимӣ дар доираи тайёрӣ  ва бозомўзии касбии аҳолии бешуғл;

- ба мустақилона таъмин шудан бо кор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ин гуна шаҳрвандон, инчунин шартҳои ба онҳо додани кўмаки миёнаравӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда  мешавад.

Шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷўянда дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳуқуқ доранд: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- ба хизмати миёнаравии ройгон дар бозори меҳнат;

- ба гирифтани маслиҳати ройгон доир ба фаъолияти касбӣ ва масъалаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шуғли аҳолӣ.

Шаҳрвандони бекор ва шахсони корҷўяндаи дар мақомоти давлатии шугли аҳолӣ бақайдгирифташуда, ҳуқуқ доранд:

- ба омўзиш дар курсҳои тайёрии касбӣ  ва бозомўзии касбӣ ва гирифтани стипендия дар давраи омўзиш;

- ба гирифтани хизмати маслиҳатӣ ва дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурд;

- ба гирифтани имконияти иштирок дар барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятӣ;

- ба дастгирии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат. Шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд, ба сабаби бекорӣ ҳуқуқи гирифтани кўмакпулиро доранд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд нисбат ба амал ё беамалии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шугли аҳолӣ ба мақомоти болоии он, инчунин ба суд, бо тартибе ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, арзу шикоят намоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724,) (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

Моддаи 9. Кафолатҳои иловагии шуғл барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ

Давлат ба шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷанд, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд, бо роҳи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғл, ташкил намудани ҷойҳои иловагии корӣ дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва тараққӣ додани корхонаҳои махсусгардонидашуда (аз он ҷумла ташкилотҳо барои ҷалби меҳнати маъюбон), муқаррар намудани квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, расонидани хизмати самтгирии касбӣ, инчунин бо роҳи ташкил намудани омӯзиш аз рӯи барномаҳои махсус ва дигар чораҳо кафолатҳои иловагиро таъмин менамояд.

Квота барои ба кор қабул намудани маъюбон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” муқаррар карда мешавад.

Тартиби ворид намудани квота барои ба кор қабул кардани гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки бинобар сабаби гузаронидани тадбирҳои беҳтар намудани вазъи экологии дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва муфлисшавӣ баамаломада бояд барҳам дода (ё аз нав ташкил карда) шаванд, машғули коранд, кафолатҳои иловагӣ муқаррар менамояд.

Боби II

Ҳамкории иҷтимоӣ дар соҳаи  мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Моддаи 10. Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Ҳамкории сетарафа дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ муносибатҳои байни давлат, иттиҳодияҳои корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандонро, ки ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ тааллуқ дорад, танзим менамояд.

Бо мақсади таҳияи қарорҳои мувофиқа кардашуда  ва ба роҳ мондани мусоҳибаи иҷтимоӣ бобати муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолӣ дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асосҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд. Намояндагии мақомоти давлатӣ, иттифоқҳои касаба, дигар мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён ба ҳайати кумитаҳо бо шумораҳои баробар муайян карда мешавад.

Моддаи 11. Вазифаҳои кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ:

- масъалаҳои марбут ба шуғли аҳолиро ҳар сол на камтар аз як маротиба ба баррасии Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)

- оид ба масъалаҳои рушди шуғли аҳолӣ ва сиёсат дар бозори меҳнат машварат доир менамояд;

- маълумотро доир ба вазъ ва тамоюлҳо дар бозори меҳнат таҳлил менамояд;

- амалиёти мувофиқашударо оид ба масъалаҳои шуғл ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон таҳия менамояд;

- барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро ба мувофиқа мерасонад;

- доир ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба шуғл дахлдошта ба мақомоти дахлдор бо тартиби муқарраргардида пешниҳодҳо ирсол менамояд;

- ташаббусҳоро дар омода намудани чорабиниҳои ба таъмини шуғли пурра, озодона интихобшуда ва самаранок равонагашта амалӣ менамояд;

- ташхиси лоиҳаҳои барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодиро мегузаронад.

Ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро дар маҳалҳо мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва тарафҳои дар кумитаҳо пешниҳодшуда амалӣ менамояд.

Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти кумитаҳои ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Боби III

Танзими давлатӣ ва ташкили чораҲои мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Моддаи 12. Танзими шуғл

Бо мақсади мусоидат ба шуғли пурра, самаранок ва озодона интихобнамудаи аҳолӣ давлат тадбирҳои зайлро амалӣ менамояд:

- таҳия ва амалӣ намудани тадбирҳои молиявию қарзӣ, сиёсати инвеститсионӣ ва андоз, ки ба самаранок ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, баланд бардоштани зудҳаракатии захираҳои меҳнатӣ, рушди машғулияти мустақилона, ташвиқ намудани истифодаи низоми ӯҳдабароёнаи меҳнатӣ, ҳавасманд намудани корфармоён ва дигар тадбирҳо, ки ба нигоҳдории ҷойҳои кории самаранок амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд, равона карда шудаанд;

- танзими ҳуқуқӣ, ки ба нигоҳдорӣ ва мусоидат кардан ба шуғли аҳолӣ дар асоси риояи ҳуқуқҳо, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва кафолатҳои дахлдори давлатӣ, такмили қонунгузории шуғли аҳолӣ ва оид ба меҳнат нигаронида шудааст; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- таҳия ва амалӣ намудани барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамоҳангсозии он бо барномаҳои минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- рушд ва такмили фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ . (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724, ) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳал масъул мебошанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд барои гузаронидани чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо мусоидат намоянд, аз ҷумла ба:

а) пешгирии ҳолатҳои ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон;

б) таъсис додани ҷойҳои кории нав ва нигоҳ доштани ҷойҳои кори мавҷудбуда;

в) ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ;

г) квотакунии ҷойҳои корӣ барои бо ҷои кор таъмин намудани гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ мўҳтоҷ буда, дар ҷустуҷўи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)

Моддаи 13. Барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Бо мақсади танзим ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба кор қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шаҳрвандон барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия мешаванд.

Самтҳои мушаххаси таҳияи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, мӯҳлати амали онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо назардошти зарурияти ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳими мусоидат ба шуғли аҳолӣ муайян менамоянд.

Барномаҳои минтақавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо қарори Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ тасдиқ карда мешаванд.

Асос барои таҳияи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолиро нишондиҳандаҳои пешгӯии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

Моддаи 14. Муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо

Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ барои муҳоҷирати ихтиёрии шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо бо ҷудо намудани воситаҳои дахлдори моддӣ, молиявӣ ва ташкили шароити зарурии иҷтимоию маишӣ ва коммуналӣ мусоидат карда мешавад.

Тартиби таҳия ва амалӣ гардонидани ин тадбирҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 15. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шугли аҳолӣ (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шугли аҳолӣ аз ҷиҳати ташкилӣ мустақил мебошад, ки фаъолияти он ба самтҳои зерин равона карда шудааст: (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

- баҳодиҳии ҳолат ва пешгӯии рушди шуғли аҳолӣ, маълумот додан дар бораи вазъи бозори меҳнат;

- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, аз он ҷумла барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ махсусан эҳтиёҷ дошта, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд;

- мусоидат ба шаҳрвандон дар ҷустуҷӯи кори мувофиқ ва ба корфармоён дар интихоби кормандони лозимӣ;

- ҳангоми зарурат ташкил намудани самтгирии касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ ва такмили тахассуси шаҳрвандони бекор;

- дастгирии иҷтимоии бекорон дар шакли пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, стипендия дар давраи омӯзиш бо роҳхати мақомоти хадамоти шуғл

-хизматрасонии машваратӣ ва кўмаки молиявӣ ба бекорон барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ.

Фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолиро мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор кардашуда роҳбарӣ ва ташкил менамояд, ки барои амалӣ намудани ваколатҳои худ мақомоти минтақавиро таъсис медиҳад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Мақомоти  ваколатдорӣ давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия ва амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Тартиби ташкили мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., № 724,) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Моддаи 16. Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Маблағгузории чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар асоси принсипҳои бисёрсамтӣ ва ҳамкории иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.

Маблағҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шугли аҳолӣ аз манбаъҳои зерин ташаккул меёбанд: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- маблағҳои аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳои системаи хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ воридшаванда;

- маблағҳои суғуртаи иҷтимой, ки аз ҳисоби пардохтҳои иҷтимоии аз фонди музди меҳнат вориднамудаи корфармоён ташаккул меёбанд, ба андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд; (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)

- маблағҳое, ки ҳамчун қарзи бебозгашт (грант), инвеститсияҳо, кӯмаки хайрия ва сарпарастиҳо аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ барои мақсадҳои мусоидат ба шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ворид мешаванд;

- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);

-маблағҳои баргардонидашуда, қарзҳои бефоизе, ки аз ҳисоби маблағҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба шаҳрвандони бекор дода шудаанд. (ҚҶТ аз 238.06.11с., №724)

Маблағҳои мақомоти  ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимои ва нафақа ташкил меёбанд, хусусияти мақсаднок дошта, танҳо барои самтҳои зерин истифода бурда мешаванд: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

-  пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ, ба истиснои шахсони дар қисмҳои сеюм ва шашуми моддаи 27 Қонуни мазкур зикргардида (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);

- маблағгузории хароҷот барои тамоюли касбӣ, тарбияи касбӣ, такмили ихтисос ва бозо мӯзонии шахсони бекор, аз он ҷумла пардохти стипендия барои онҳо;

- додани кӯмаки молиявии беподош барои хароҷоти корҳои ҷамъиятии музднок;

- таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ тавассути расонидани кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекори ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷбуда (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);

- (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);

- таъмини фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бозори меҳнат;

- (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526);

- маблағгузории чорабиниҳои ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ.

Маблағҳои ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ки дар соли ҳисоботӣ истифода нашудаанд, кашида гирифта намешаванд (ба истиснои маблағҳои буҷетӣ) ва ба соли ояндаи молиявӣ мегузаранд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳуқуқ дорад хароҷоти мақсадноки маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  ҷудо карда мешаванд, назорат карда, оид ба истифодаи онҳо ҳисобот талаб намояд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526, (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Моддаи 17. ҳисоботи оморӣ ва маълумот дар бораи шуғли аҳолӣ

Барои баҳои воқеӣ додан ба вазъи бозори меҳнат ва вазъи кор дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи давлатии оморӣ муқаррар карда мешавад.

Шахсони ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, ки бо миёнаравии меҳнатӣ машғуланд, шахсони бекорро сабти ном карда ба қайд мегиранд, вазифадоранд мувофиқи тартиб ва мӯҳлатҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи оморӣ пешниҳод намоянд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ бо мақомоти омори давлатӣ, мақомоти андоз, мақомоти хадамоти муҳоҷират ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва маълумотҳои барои иҷрои вазифаҳои тарафҳо заруриро ба таври ройгон мубодила менамоянд. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  нашри маълумоти оморӣ ва маводи иттилоотиро дар бораи вазъи бозори меҳнат, талабот ва пешниҳодот ба қувваи корӣ, имкониятҳои бо кор таъминкунӣ, тамоюли касбӣ, тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисос, инчунин офиятбахшии иҷтимоию меҳнатиро таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

Моддаи 18. Додани иҷозатнома (литсензия) барои фаъолият оиди мусоидат ба шуғли аҳолӣ

(хориҷ карда шуд тибқи Қ ҶТ аз 30.07.07с №325).

Моддаи 19. Мусоидати корфармоён ба таъмини шуғли аҳолӣ

Корфармоёне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ба татбиқи сиёсати давлатии шуғл дар асосҳои зерин мусоидат мекунанд, аз ҷумла:

- риоя кардани шартномаҳое (қарордодҳое), ки муносибатҳои меҳнатиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд;

- амалӣ гардонидани чорабиниҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, дар барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳои ҳифзи меҳнаткашон дар мавриди боздоштани истеҳсолот ё аз кор хориҷ намудани кормандон пешбинӣ шудаанд; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- расонидани кӯмак барои бо кор таъмин намудан, тарбияи касбӣ ва пешниҳод намудани кӯмаки иловагии молиявӣ барои кормандони аз кор хориҷшаванда аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳо;

- фароҳам овардани шароит барои тарбия ва бозомӯзии касбӣ, такмили ихтисоси кормандон;

-  таҳия ва амалӣ намудани барномаи иҷтимоии ташкилот, ки нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани иқтидори касбии кормандон, ҳифзи иҷтимоии онҳо, беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнатро пешбинӣ менамояд;

- риояи квотаҳои муайяншуда барои бо кор таъмин намудани маъюбон ва гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ;

- бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ мӯҳтоҷбуда ё захира намудани намудҳои алоҳидаи ҷойҳои корӣ барои бо кор таъмин намудани чунин шаҳрвандон, ки аз тарафи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

Корфармоён вазифадоранд саривақт, на камтар аз ду моҳ пеш ва дар ҳаҷми пурра ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  ва мақомоти иттифоқи касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон дар бораи аз кор озодкунии оммавии меҳнаткашон, аз ҷумла бо сабаби барҳам додани ташкилот, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ, шумора ва гурӯҳҳои кормандоне, ки ин ихтисоршавӣ ба онҳо дахл дорад, бо нишон додани касб, ихтисос, дараҷаи ихтисос ва андозаи музди меҳнати корманди аз кор хориҷшаванда, инчунин оид ба мӯҳлате, ки аз кор озодкунии онҳо пешбинӣ шудааст, маълумоти хаттӣ пешниҳод намоянд. Барои пинҳон намудан ва пешниҳод накардани чунин маълумот тибқи тартиби муқарраргардида корфармоён ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526,(ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Корфармоён бояд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ  маълумоти зеринро пешниҳод намоянд: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- маълумот дар бораи нисбат ба ташкилоти мазкур истифода бурдани тартиби муфлисшавӣ, инчунин маълумоти барои иҷрои фаъолият оид ба офиятбахшии касбӣ ва мусоидат ба шуғли маъюбон зарурбуда;

- дар мӯҳлати то даҳ рӯз аз рӯзи пайдо шудани маълумот дар бораи ҳамаи ҷойҳои кории холии (вакансияҳои) бавуҷудомада мувофиқи талаботи касбии дар ташкилотҳо муайянкардашуда, инчунин маълумот дар бораи вазъи кадрҳо ва шумораи воқеии кормандон. Тартиби аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холии кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)

Дар мавриди иҷро накардани квота барои ба кор қабул намудан корфармоён мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Ҳангоми ба кор қабул кардани шаҳрванд, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ равон шудааст, корфармо дар давоми панҷ рӯз ба хадамоти шуғл варақаи роҳхатро бо нишон додани рӯзи ба кор қабул намудани шаҳрванд бозмегардонад. Дар сурати ба кор қабул накардани шаҳрванд корфармо дар варақаи роҳхат рӯзи омадани шаҳрванд ва сабаби ба кор қабул накарданро қайд карда, роҳхатро ба шаҳрванд бармегардонад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Корфармо ҳуқуқ дорад:

- шаҳрвандони бевосита ба ӯ муроҷиатнамударо дар асосҳои баробар бо шаҳрвандони роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дошта ба кор қабул намояд; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  дар бораи бозори меҳнат маълумоти ройгон гирад; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- оид ба амали мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба мақомоти болоии он ва инчунин ба суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.

Ҷойҳои корӣ барои маъюбон танҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ барҳам дода мешаванд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №724) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Моддаи 20. Иштироки иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон дар мусоидат ба шуғли аҳолӣ

Иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ҳуқуқ доранд дар таҳияи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ иштирок намоянд.

Мақомоти идораи давлатӣ, корфармоён, иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон оид ба масъалаҳои шуғл мунтазам машваратҳои муштарак мегузаронанд. Аз рӯи натиҷаи онҳо метавонанд созишномаҳои (шартномаҳои) коллективӣ банданд, ки онҳо тадбирҳои нигоҳдорӣ ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳимояи кормандони аз кор озодгардида, инчунин меҳнаткашоне, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманданд, ӯҳдадориҳои дигар мақомоти идораи давлатиро оид ба пешниҳод намудани иттилоот дар бораи шароити иқтисодӣ ва молиявии гузаронидани сиёсати шуғли аҳолӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба манфиатҳои меҳнаткашонро дар соҳаи шуғл дарбар мегиранд.

Моддаи 21. Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор

Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ дар мавридҳое сурат мегиранд, ки агар: (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- онҳо барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандон мусоидат намоянд;

- аз сабаби надоштани ихтисоси зарурии касбӣ ба шаҳрванд интихоб намудани кори мувофиқ имконнопазир бошад;

- бо сабаби набудани коре, ки ба талаботи малакаи касбии шаҳрванд ҷавобгӯ бошад, тағйир додани касб (ихтисос, намуди машғулият) зарур аст;

- аз рӯи ихтисоси пешина қобилияти иҷрои корро гум карда бошад.

Тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии чунин шаҳрвандон дар асоси роҳхати мақомоти хадамоти шуғл дар муассисаҳои таълимии касбӣ ва иловагӣ, марказҳои таълимии мақомоти хадамоти шуғл ва ё дар дигар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи шартномаҳои аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  басташуда ба роҳ монда мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Ҳуқуқи бо тартиби афзалиятнок аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанро маъюбони бекор, шаҳрвандони бекор баъди гузаштани зиёда аз шаш моҳи бекорӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд (пештар кор накардаанд) ва касби (ихтисоси) надоранд, доро мебошанд. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маъориф ва илм дар асоси дархости мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ ба онҳо дар бораи сохтори касбию тахассусӣ ва шумораи хатмкунандагоне, ки барои бо кор таъмин кардан эҳтиёҷ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724.) (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789,) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Тартиби ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекорро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 22. Ташкили корҳои ҷамъиятӣ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият бо иштироки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  дар асоси шартнома гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднокро ташкил менамоянд. (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Бо шахсоне, ки дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок кардан мехоҳанд, ба мӯҳлати то як моҳ бо ҳуқуқи минбаъд дароз намудани он то се моҳ шартномаи (қарордоди) меҳнатии мӯҳлатнок баста мешавад. Шаҳрвандони бекоре, ки барои бекорӣ кӯмакпулӣ намегиранд, бекорони зиёда аз шаш моҳ дар қайди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  буда ҳуқуқи афзалиятноки иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднокро доранд. Шаҳрвандони барои ҷустуҷӯи кор дар қайди макомоти хадамоти шуғл буда низ ҳуқуқи иштирокро дар корҳои ҷамъиятии музднок доранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472, (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Иштироки шаҳрвандон дар корҳои ҷамъиятии музднок танҳо бо розигии онҳо мумкин аст. ҳангоми ба корҳои ҷамъиятии музднок равон намудан вазъи саломатӣ, синну сол, касб ва дигар хусусиятҳои инфиродӣ ба эътибор гирифта мешаванд. Шартномаи (қарордоди) меҳнатии мӯҳлатнок дар бораи иштироки шаҳрванд дар корҳои ҷамъиятӣ метавонад аз тарафи шаҳрванд дар мавриди соҳиби кори доимӣ ё муваққатӣ шуданаш пеш аз мӯҳлат қатъ карда шавад.

Музди меҳнати шаҳрвандони дар корҳои ҷамъиятӣ машғулбуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Ба шаҳрвандони машғули корҳои ҷамъиятии музднок қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ татбиқ мегардад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Маблағгузории корҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳое, ки ин корҳо дар он ҷо ташкил карда мешаванд ва ҳангоми зарурат бо ҷалб намудани маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кӯмаки молиявии беподоши мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724) (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Тартиби ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятиро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд

Моддаи 23. Тартдоби расошъдани хизматхои машварати ва кумаки молияви ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷироки меҳнати, ки хоҳиши ба фаъолияи соҳибкорӣ машғул шуданро доранд

Ба шаҳрвандоне, ки ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, ки хоҳиши ба фаъолияти соҳибкори машгул шуданро доранд, мақомоти  ваколатдори давлатӣ дар соҳаи менҳнат ва шуғли аҳолӣ барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои машваратй ва кӯмаки молиявӣ мерасонанд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724) (ҚҶТ, аз 25.06.21., №1789)

БОБИ IV

КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОӢ ҲАНГОМИ БЕКОР МОНДАН

Моддаи 24. Кафолатҳои дастгирии иҷтимоии шахсони бекор

Давлат ҳангоми бекор мондан кафолатҳои зеринро медиҳад:

- додани имтиёз ва ҷубронпулӣ ба кормандони аз корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо аз кор озодгардида;

- пардохти стипендия ба шахсони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳоли;

- пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;

- имконияти иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок.

- пардохти стипендия ба шахсони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ дар асоси роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;

- имконияти иштирок дар корҳои ҷамъиятии музднок.

Ба кормандони аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сабаби барҳамхӯрӣ, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ аз кор озодшаванда ҳангоми қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ имтиёз ва ҷубронпулӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат дода мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526,(ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Моддаи 25. Шартҳо ва мӯҳлати пардохти кӯмакпулӣ барои бекорй

Кӯмакпулӣ барои бекорй ба шаҳрвандоне пардохта мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд.

Қарор дар бораи таъини кӯмакпулӣ барои бекорй аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  на дертар аз ёздаҳ руз аз лаҳзаи бекор дониста шудани шахрьанд кабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Кӯмакпули барои бекорй ба шаҳрвандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ, тағйир ёфтани шароити меҳнат, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамхӯрии корхона, муассиса ва ташкилот аз кор озод шудаанд ва дар пн давра музди миёнаи мехнаташон дар ҷои кори охирин нигох, дошта шудааст, аз рӯзи якуми баъди гузаштани давраи муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1526).

Кӯмакпулй барои бекорй дар давоми сол ба мӯхлати на бештар аз се моҳи тақвими, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбияй намудааст, пардохта мешавад.

Кумакпули барои бекорй моҳе як мароткба пардохта мешавад, ба шарте, ки шаҳрвандони бекор бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав аз кайд гузаранд. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)

Моддаи 26. Тартиби тамдиди мӯхлати пардохти кӯмакпули барои бекорй ба шаҳрвандони дорой собиқаи меҳнатие, ки барои ба нафақа баромадан ҳуқуқ доранд

Барои шаҳрвандоне, ки собиқаи умумии меҳнатии онҳо тибқи қокунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баромадан ба нафақаро медиҳад, лекин синнашон аз синни муқарраркардаи қонунгузорӣ барои таъини нафақа аз рӯи синну сол (аз ҷумла нафақа бо шартҳои имтиёзнок) як сол камтар аст, давомнокии давраи додани кӯмакпули барои бекорй то дувоздаҳ моҳи тақвимӣ тамдид карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)

Моддаи 27. Тартиби муайян намудани андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ

Барои гирифтани кўмакпулӣ шаҳрвандони бекор ҳангоми муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  бояд дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18 моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошанд ва ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолият ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро пардохта бошанд.  (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Кӯмакпули барои бекорй дар моҳи аввал ба андозаи 50 фоиз, дар моҳи дуюм ба андозаи 40 фоиз ва дар моҳи сеюм ба андозаи 30 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷойи кори охирин (бо назардошти коэффитсиентҳо), ки дар шаш моҳи охири кори ҳисоб карда шудааст, вале на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №724)

Ба шаҳрвандоне, ки пеш аз муроҷиат намудан ба мақомоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  дар давоми 3 соли охир аз 18 моҳи тақвимӣ камтар соҳиби кори музднок буда, ҳамчун бекор дониста шудаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

Дар сурати хӯрандаи корношоями то синни 15-сола доштани шаҳрвандони бекор, дар ҳолати барзиёд иҷрошавии қисми даромади буҷет ва вуҷуд надоштани қарздории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети маҳаллӣ маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо қарори худ метавонанд ба кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба ҳар як хӯранда аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ иловапулӣ дар ҳаҷми 10 фоизи кӯмакпулии барои бекорӣ муқарраргардида таъин намоянд.

Шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд, муддати тӯлонӣ (зиёда аз як сол) кор накардаанд, тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси роҳхати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлӣ аҳолӣ  ба итмом расонида, дар корҳои ҷамъиятии музднок иштирок кардаанд, ба гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳуқуқ надоранд. (ҚҶТ аз 28.06.11с., №724) (ҚҶТ аз 25.06.21., №1789)

Ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбӣ ва аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с № 472)

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар кор кардаанд, кӯмакпулӣ барои бекорӣ мувофиқи талаботи қисми якуми моддаи мазкур ба шарте таъин карда мешавад, ки масъалаҳои ба ҳисоб гирифтани пардохтҳо ба фондҳои суғуртавии иҷтимоии давлатӣ бо кор таъминкарда, бо шартномаҳои дахлдори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шуда бошанд.

Нигоҳдории маблағ аз кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои пешбинӣ намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. ҳаҷми умумии нигоҳдории маблағ аз 50 фоизи кӯмакпулии  барои бекорӣ гирифташаванда зиёд буда наметавонад.

Моддаи 28. Боздоштан ва қатъ намудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ

Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст бо ҳатман огоҳ намудани шахси бекор қатъ гардад, боздошта шавад, ё андозаи он кам карда шавад.

Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:

- дар асоси талаботи пешбининамудаи моддаи 3 Қонуни мазкур машғули кор эътироф гардидани шаҳрванд;

- ҳангоми бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳоли бо пардохти стипендия гузаштан аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;

- муддати тӯлонӣ (зиёда аз як моҳ) бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси бекор ба мақомоти давлатии шуғли аҳоли;

- ҳангоми кӯчидани шахси бекор ба ноҳия ё шаҳри дигар;

- ба охир расидани мӯҳлати таъиншудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ;

- бо роҳи фиреб гирифтани кӯмакпулӣ барои бекорӣ;

- ҳангоми бо қарори суд дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ё табобати маҷбурӣ ҷазо гирифтани шахси бекоре, ки кӯмакпулӣ мегирад;

- мувофиқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани нафақа аз рӯи синну сол ва барои хизмати дарозмуддат;

 - ҳангоми ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятӣ;

- дар давраи бекорй аз ду пешниҳоди ҷойи кори ба ихтисос мувофиқ даст кашидан. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)

Пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст ба мӯҳлати то се моҳ дар мавридҳои зерин боздошта шавад:

- ба азнавбақайдгирӣ омадани шахси бекор дар ҳолати мастӣ, ки бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ба вуҷуд омада, бо ҳуҷҷатҳои дахлдор собит гаштааст; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- ба кори муваққатӣ ё ба кори рӯзи ҳафтаи (кориаш) кӯтоҳ бе огоҳкунии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ машғул шудани шахси бекор; (ҚҶТ аз 25.06.21 с., №1789)

- аз ҷониби шахси бекор вайрон кардани шартҳои бақайдгирӣ ва аз навбақайдгирӣ ҳамчун шахси бекор. Боздоштани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ аз рӯзи ояндаи баъди маротибаи охирин барои аз нав бақайдгирӣ омадани шахси бекор амалӣ мегардад.

Давраи боздошта шудани пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба давраи умумии додани кӯмакпулӣ барои бекорӣ ҳисоб карда шуда, ба собиқаи умумии меҳнатӣ дохил карда намешавад.

Кӯмакпулӣ барои бекорӣ дар давраҳои зерин дода намешавад:

- дар давоми корношоямии муваққатӣ, ки аз вақти муқаррарнамудаи пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ зиёд давом ёбад;

- аз ҷои истиқомати доимӣ баромада рафтани шахси бекор бо сабаби таҳсил дар муассисаҳои таълимии касбии рӯзона;

- даъвати шахси бекор ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ҷалб намудан ба чорабиниҳои бо хизмати ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобастабуда.

Давраҳои дар қисми 5 ҳамин модда зикршуда ба давраи умумии пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ дохил намешавад ва онро дароз менамоянд.

Дар мавридҳои зерин андозаи кӯмакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст дар ҳаҷми 25 фоиз ба мӯҳлати то як моҳ кам карда шавад:

- бе сабаби узрнок ҳозир нашудан барои гуфтушунид бо корфармо дар бораи ба кор таъмин шудан дар мӯҳлати 2 ҳафта аз рӯзи бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳоли фиристода (даъват) шудан;

- бе сабаби узрнок барои гирифтани роҳхат ба кор (ба хондан) ба мақомоти давлатии шуғли аҳоли ҳозир нашудан. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)

Моддаи29. Андозаи стипендияе, ки ба шаҳрвандони бекор дар давраи тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дода мешавад

Дар давраи тайёрии касбӣ, бозомӯзй ва такмили ихтисоси шаҳрвандони бекор дар асоси роҳхати мақомоти давлатии шуғли ахолй дар давоми шаш моҳ дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар моҳ стипендия пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.06.11с.,№724)

Моддаи 30. Суғурта ҳангоми бекор мондан

Шаҳрвандон дар ҳолати бекор мондан метавонанд бо ташкилотҳои суғуртавӣ шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ банданд. Тартиб, марҳила ва шартҳои суғуртаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ V

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 31. Мақомоте, ки назорати давлатиро ба амал мебароранд

Назорати давлатии риоя шудани қонунгузорӣ дар бораи шуғли аҳолиро маҷлисҳои вакилони халқ, мақомоти дахлдори давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва мақоми ваколатдорнамудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

Моддаи 32. ҳалли баҳсҳо ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Баҳси корхона, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён оид ба масъалаҳои шуғл, аз ҷумла баҳсҳо бо мақомоти даватии шуғли аҳолӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 33. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шуғли аҳолӣ”

Бо сабаби қабули Қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 “Дар бораи шуғли аҳолӣ” (Ведомостҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, №15, моддаи 268; соли 1994, №2, моддаи 40; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, моддаи 48; соли 1998, №10, моддаи 119) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                   Э. РАҲМОНОВ

 ш. Душанбе  1 августи соли 2003

      №44

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУФЛИСШАВӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 13:06
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
46
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
08.12.2003

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ МУФЛИСШАВӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №12, мод.674; соли 2008, №10, мод.813;

соли 2009, №5, мод.317. Қонуни ҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579)

 

Маҷлиси намояндагон 25 июни соли 2003 қабул кардааст

Маҷлиси миллӣ 21 ноябри соли 2003 ҷонибдорӣ кардааст

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим менамояд

Мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур асос ва тартиби аз тарафи суд муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва ё аз тарафи худи онҳо муфлис эълон  гардиданашон, асоси аз тарафи суд  муфлис эътироф намудани шахси ҳуқуқӣ, ё ин ки аз тарафи худи онҳо муфлис эълон намуданашон, инчунин тартиби барҳам додани чунин шахси ҳуқуқӣ, ё худ якҷоя бо кредиторон қабул кардани қарор дар бораи муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳамдиҳии онҳоро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ (ба истиснои корхонаҳои давлатие, ки дар моддаи 127 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд), аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷии бо тартиби муқаррарнамудаи  қонун ба қайд гирифташуда ва ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ амал мекунад.

Агар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигареро, ки аз  қоидаҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур фарқ кунанд, муқаррар карда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд.

Нисбати муносибатҳое, ки Қонуни мазкур иштироки шахсони хориҷиро ба сифати кредиторон  танзим менамояд, муқаррароти ҳамин Қонун татбиқ карда мешавад, агар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлисшавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз   ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Мафҳумҳои асосии дар Қонуни мазкур истифодашаванда

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои  асосии зерин истифода мешаванд:

- муфлисшавӣ – аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаби кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои  ҳатмӣ, ки аз ҷониби суд  эътироф шудаанд ё қарздор  қодир набуданашро эълон намудааст;

- қарздор – соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ, ки барои қонеъгардонии талабҳои кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷрои ӯҳдадориҳои пардохтҳои  ҳатмӣ  дар мӯҳлати муқаррарнамудаи  Қонуни мазкур қодир нест;

- ӯҳдадориҳои пулӣ – ӯҳдадории қарздор дар бораи ба кредитор пардохт намудани маблағи муайяни пулӣ, аз рӯи шартномаи гражданию ҳуқуқӣ ва дигар  асосҳое, ки Кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;

- пардохтҳои ҳатмӣ – андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмие, ки ба буҷети сатҳи дахлдор  бо тартиб ва  шартҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда  ворид мегарданд;

- роҳбари қарздор – мақоми яккаи иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ва инчунин шахсони дигар, ки  мутобиқи қонунгузорӣ фаъолияти  хешро аз номи шахси ҳуқуқӣ бе боваринома  амалӣ мегардонанд;

- кредиторони озмунӣ – кредиторон аз рӯи  ӯҳдадориҳои пулӣ, ба истиснои шаҳрвандоне, ки қарздор дар назди онҳо барои расонидани  зиён ба  ҳаёт ва саломатиашон ҷавобгар аст, инчунин муассисони (иштирокчиёни) қарздор - шахси ҳуқуқӣ аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки аз чунин иштирок пайдо мешаванд;

- санатсияи тосудӣ -  чораҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор, ки аз тарафи молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавӣ қабул карда мешаванд;

- мушоҳида – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздор аз лаҳзаи аз тарафи суд қабул кардани ариза  дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор то лаҳзае, ки мутобиқи  ҳамин Қонун  бо мақсади таъмин намудани нигоҳдории амволи қарздор ва гузаронидани  таҳлили  ҳолати молиявии он муайян шудааст, татбиқ карда мешавад;

- идоракунии  берунӣ (санатсияи судӣ) – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздор бо мақсади барқарорсозии қобилияти пардохтии вай бо вогузоштани ваколатҳои  идоракунии  амволи қарздор ба мудири беруна татбиқ карда мешавад;

- истеҳсолоти озмунӣ – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати қарздори муфлис эътирофгардида бо мақсади мутаносибан қонеъ намудани талабҳои кредиторон  татбиқ карда мешавад;

- мудир (мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ) – шахсе, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиятҳои муфлисшавӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои дигар, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, таъин карда мешавад;

- моратория – боздоштани амалҳои қарздор оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои пулӣ ва ворид намудани пардохтҳои  ҳатмӣ;

- намояндаи кормандони қарздор – шахсе, ки аз тарафи кормандон ваколатдор шудааст ва ҳангоми гузаронидани расмиятҳои муфлисшавӣ манфиатҳои онҳоро ифода мекунад

- қарздори ғойиб – қарздоре, ки маҳалли ҷойгиршавии мақомоти  доимӣ, инчунин муассисон  ва шахсони мансабдор, ки онро муқаррар кардан мумкин нест ва  бе онҳо шахси ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар давоми шаш моҳи охир иҷро карда натавонист;

- мудири  муваққатӣ - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти мушоҳида таъин карда мешавад;

- мудири беруна - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти  идоракунии беруна таъин карда мешавад;»

- мудири озмунӣ - шахси воқеие, ки аз ҷониби суд барои гузаронидани расмиёти  истеҳсолоти озмунӣ таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

 

Моддаи 5. Аломатҳои муфлисшавӣ

Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва ҳамчунин шахсони ҳуқуқии хориҷӣ барои қонеъ намудани талабҳои  кредиторон аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва ҳамчунин иҷрои пардохтҳои ҳатмии ба буҷет аз ҳисоби амволи онҳо воридшаванда қодирнабуда ҳисобида мешаванд, агар чунин ӯҳдадориҳо аз тарафи онҳо дар давоми се моҳ аз лаҳзаи эътибор пайдо карданашон иҷро карда нашаванд ва агар маблағи умумии ӯҳдадориҳояшон аз арзиши амволи ба онҳо тааллуқдошта зиёд бошад.

 

Моддаи 6. Таркиб ва ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои  ҳатмӣ

Таркиб ва ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ба вақти пешниҳоди ариза ба суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор муайян карда мешаванд.

Барои муайян намудани мавҷудияти аломатҳои муфлисшавии  қарздор ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ, аз ҷумла ҳаҷми қарз барои молҳои таҳвилгардида, корҳои иҷрошуда ва хизматрасонӣ, маблағи қарзҳо бо назардошти фоизҳо, ки онҳоро қарздор бояд пардохт намояд, ба истиснои ӯҳдадориҳо дар назди шаҳрвандоне, ки қарздор барои расонидани зиён ба ҳаёт ва саломатиашон ҷавобгар аст, ӯҳдадориҳо оиди пардохти подоши муаллифӣ ва ҳамчунин ӯҳдадориҳо дар назди муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахсони ҳуқуқӣ, ки аз чунин иштирок бармеоянд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад.

ҳаҷми ӯҳдадориҳои пулӣ аз рӯи талабҳои кредиторон дар он  ҳолат муқарраршуда ҳисобида мешавад, ки агар  он бо ҳалномаи суд ё ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандае, ки дар онҳо қарздор ин талабҳоро эътироф намудааст, тасдиқ шуда бошад ва ҳамчунин дар  ҳолатҳои дигаре, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 7. Қарздор

Қарздор ҳуқуқ дорад бо аризаи худ дар хусуси пешакӣ муқаррар намудани муфлисшавӣ дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои бешубҳа шаҳодатдиҳанда дар бораи он ки вай наметавонад ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё)  вазифаҳояшро оид ба ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ дар мӯҳлатҳои муқарраршуда иҷро намояд, ба суд муроҷиат кунад.

Қарздор дар ҳамон ҳолат метавонад ба суд ариза диҳад, ки   амволи мавҷудбудаи ӯ барои пардохти хароҷоти суд кифоя бошад, агар  Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 71.  Қарздори ѓойиб

Дар асоси аризаи шахси манфиатдор суд тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздори ѓойибро муайян менамояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

 

Моддаи 8. Ӯҳдадориҳо  барои додани аризаи қарздор ба суд

Роҳбари қарздор ё соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор аст, ки дар мавридҳои зерин бо аризаи қарздор ба суд муроҷиат кунад:

- агар қонеъгардонии талабҳои як кредитор ё якчанд кредиторон сабабгори ғайриимкон гаштани иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои пулии қарздор дар назди дигар кредиторон гардад;

- агар мақомоти қарздор, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии қарздор барои барҳамдиҳии он ваколатдор гардидааст, барои муроҷиати қарздор бо ариза ба суд қарор қабул карда бошад;

- агар мақомоти ваколатдори молики амволи қарздор – корхонаи воҳиди давлатӣ дар бораи муроҷиат намудан бо аризаи қарздор ба суд қарор қабул карда бошад;

- дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.

Дар мавридҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда  аризаи қарздор новобаста аз мавҷудияти ҳолатҳои муқарраркардаи қисми дуюми моддаи 7 Қонуни мазкур ба суд пешниҳод карда мешавад.

Агар дар вақти барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ иҷрои талабҳои кредиторон дар ҳаҷми пурра ғайриимкон муқаррар шуда бошад, роҳбари қарздор, комиссияи барҳамдиҳӣ (барҳамдиҳанда) вазифадоранд бо аризаи қарздор ба суд муроҷиат намоянд.

Аризаи қарздор дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур бояд на дертар аз як моҳи пеш омадани зарурати дахлдор ба суд пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 9. Масъулияти роҳбари қарздор барои иҷро накардани вазифаҳо оид ба додани аризаи қарздор ба суд

Аз тарафи қарздор пешниҳод нагардидани ариза ба суд дар ҳолатҳое, ки моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст,  боиси ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашидани роҳбари қарздор  ва аъзои комиссияи барҳамдиҳӣ  аз рӯи ӯҳдадориҳои қарздор, ки  дар назди кредиторон баъди гузаштани мӯҳлати пешбининамудаи Қонуни мазкур  ба вуҷуд меоянд, мегардад.

 

Моддаи 10. Муфлисшавии сохта ва барқасд

Агар аризаи қарздор оид ба муфлис эътироф намуданаш ба суд дар ҳолати мавҷуд будани имконияти қонеъгардонии пурраи талабҳои кредиторон пешниҳод шуда бошад (муфлисшавии сохта), қарздор, ки ҳамин аризаро пешниҳод намудааст, дар назди кредиторон барои зарари бо додани ҳамин ариза расонидааш ҷавобгар мебошад.

Дар ҳолати муфлисшавии қарздор бо айби муассисони (иштирокчиёни) вай ё дигар шахсони мансабдор, аз ҷумла бо айби роҳбари қарздор, ки барои ба қарздор ҳуқуқи додани супоришҳои ҳатман иҷрошавандаро дорад ва ё ҳар гуна имконияти муайянсозии амали ӯро дорад (муфлисшавии барқасд), муассисон (иштирокчиён) – шахсони ҳуқуқӣ ё дигар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 11. Кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ

Кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ (минбаъд-кредиторон) шахсони воқеию ҳуқуқии дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин давлат ва воҳидҳои  маъмурию ҳудудӣ мебошанд.

Ҳуқуқи додани аризаи кредиторро дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор (минбаъд - аризаи кредитор) шахсоне доранд, ки мутобиқи Қонуни мазкур кредиторони озмунӣ эътироф карда мешаванд.

Кредитор аз рӯи ӯҳдадориҳои дар натиҷаи расонидани  зарар ва оид ба пардохти  алимент  ба вуҷудомада он кредитороне ҳисобида мешаванд, ки талабҳои онҳо бо ҳалномаи суд собит шудаанд ё қарздор онҳоро эътироф намудааст.

Ба мақомоти андоз ва  дигар мақомоти ваколатдор  меъёрҳои барои кредиторон   муайяншуда татбиқ   карда мешаванд, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

ҳангоми гузаронидани  расмияти муфлисшавӣ манфиати ҳамаи кредиторонро маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторон, ки мутобиқи Қонуни мазкур ташкил карда мешаванд, ифода мекунад. Аз лаҳзаи аз тарафи суд барои баррасӣ қабул гардидани ариза дар бораи муфлис эълон намудани  қарздор кредиторон ҳуқуқ надоранд, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талабҳои худ бо тартиби инфиродӣ ба қарздор муроҷиат намоянд.

Ҳамаи амалҳо дар муносибат бо қарздор аз номи кредиторон ба воситаи маҷлиси кредиторон ва кумитаи кредиторон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 12.  Маҷлиси кредиторон ва тартиби даъвати он

Кредиторони озмунӣ  ва дар ҳолатҳои  пешбининамудаи  Қонуни мазкур дар қисмати  талабҳо  оид ба пардохтҳои ҳатмӣ мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор иштирокчиёни маҷлиси кредиторон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ шуда метавонанд.  Дар маҷлиси кредиторон намояндаи кормандони қарздор иштирок менамояд.

Ташкил ва гузаронидани маҷлиси кредиторонро мудир анҷом медиҳад.

Ваколатҳои маҷлиси кредиторон:

қабули қарор дар бораи ҷорӣ ва дароз намудани идоракунии беруна ва дар бораи муроҷиат  намудан бо  илтимосномаи дахлдор ба суд;

қабули қарор дар бораи бастани созишномаи мусолиҳа;

қабули қарор дар бораи муроҷиат намудан  ба суд бо илтимоснома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор  ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;

қабули қарор дар бораи интихоби аъзои кумитаи кредиторон, муайян намудани шумораи  ҳайати кумитаи кредиторон ва дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои кумитаи кредиторон;

ҳаллу фасли  дигар масъалаҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ  менамояд.

Дар маҷлиси кредиторон кредитори озмунӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи  Қонуни мазкур мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор дар қисмати талабҳо оид ба пардохтҳои  ҳатмӣ соҳиби шумораи овозҳои мутаносибан  баробар ба  маблағи талабҳои кредиторони озмунӣ, мақомоти андоз ё мақомоти дигари ваколатдор аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ (ё) пардохтҳои ҳатмӣ ба қарздор, ки мутобиқи Қонуни мазкур эътироф ва ба рӯзи гузаронидани маҷлиси кредиторон  муқаррар  карда  шудааст, мебошанд.

Маҷлиси кредиторон бо ташаббуси  мудир,  дархости  кумитаи кредиторон, кредиторони озмунӣ  ва (ё) мақомоти андоз ва  мақомоти ваколатдори дигаре, ки талабҳои онҳо оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) пардохтҳои ҳатмӣ на камтар аз сеяки ҷамъи маблағи талабшудаи ба рӯйхати талабҳои кредиторон дохилшударо ташкил медиҳад, ё бо ташаббуси аз се як ҳиссаи кредиторони озмунӣ  даъват карда мешавад.

Маҷлиси кредиторон бо дархости кумитаи кредиторон ё кредиторони озмунӣ  аз ҷониби мудир,  дар мӯҳлати ду ҳафта аз лаҳзаи бо дархости дахлдор муроҷиат  намудани кумитаи кредиторон ё кредиторони озмунӣ ба  унвони мудир  даъват карда мешавад.

Маҷлиси кредиторон дар маҳалли ҷойгиршавии қарздор гузаронида мешавад, агар тартиби дигаре дар маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон муқаррар нашуда бошад.

Дар ҳолати набудани кворуми кредиторон дар мӯҳлати даҳ рӯз маҷлиси  такрории  кредиторон даъват карда  мешавад, ки сарфи назар аз шумораи кредиторони дар он иштироккунанда  салоҳиятдор мебошад,  ба шарте  ки аз  вақт  ва  ҷои  гузаронидани маҷлиси кредиторон онҳо ба таври  даркорӣ огоҳ   гардида бошанд.

 

Моддаи 13. Тартиби қабули қарорҳо  аз тарафи маҷлиси  кредиторон

Қарори маҷлиси кредиторон оиди масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда бо аксари овозҳои кредиторони озмунӣ, ки дар маҷлиси кредиторон иштирок  доранд, қабул карда мешаванд, агар тартиби дигаре дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашуда бошад.

Маҷлиси кредиторон қарорҳои зеринро бо аксари овозҳо аз миқдори умумии кредиторони озмунӣ қабул менамояд:

оиди ҷорӣ ва дароз намудани идоракунии беруна ё дар бораи муроҷиат намудан бо  илтимоснома  ба суд дар бораи  муфлис эътироф   намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;

дар бораи  бо илтимоснома  муроҷиат намудан ба суд  оиди  аз вазифа озод намудани  мудир.

Дар ҳолате  ки агар дар маҷлиси кредиторон, ки барои ҳалли масъалаҳои дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда  даъват карда шудааст ва миқдори овозҳои барои қабули қарорҳои мазкур зарурии кредиторони озмунӣ ҷамъ нашуда бошанд, маҷлиси  такрории кредиторон даъват карда мешавад, ки барои қабули  чунин қарорҳо бо аксари овозҳои кредиторони озмунии дар маҷлис  иштироккунанда  салоҳиятдор мебошад,  ба шарте  ки кредиторони  озмунӣ аз  вақт ва ҷои  гузаронидани  маҷлис  ба тарзи  даркорӣ огоҳ гардида бошанд.

 

Моддаи 14. Кумитаи кредиторон, интихоби кумитаи кредиторон

Кумитаи кредиторон манфиатҳои кредиторони озмуниро ифода намуда, ба фаъолияти мудири беруна ва  мудири озмунӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур назорат менамояд.

Агар миқдори кредиторони озмунӣ аз панҷоҳ нафар камтар бошад, бо қарори маҷлиси кредиторон вазифаи кумитаи кредиторонро ба маҷлиси кредиторон вогузор кардан  мумкин аст.

Кумитаи кредиторон барои татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

аз мудири беруна пешниҳоди маълумотро оид ба ҳолати молиявии қарздор ва ҷараёни идоракунии беруна талаб намояд;

аз мудири озмунӣ пешниҳоди маълумотро оид ба ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ талаб намояд;

оиди фаъолияти мудири беруна ва мудири озмунӣ дар  ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба суд шикоят кунад.

Ба ҳайати кумитаи кредиторон мумкин аст намояндагони кредиторони озмунӣ ба миқдори муайяннамудаи маҷлиси кредиторон, вале  на бештар аз 11 нафар дохил карда  шаванд.

Қарори кумитаи кредиторон бо аксари овозҳои  шумораи умумии аъзои кумитаи кредиторон қабул карда мешавад.

Аъзои кумитаи кредиторонро маҷлиси кредиторон ба муддати  гузаронидани идоракунии беруна ва истеҳсолоти озмунӣ интихоб  менамояд.

Бо қарори маҷлиси кредиторон мумкин аст ваколатҳои ҳамаи аъзои кумитаи кредиторон пеш аз мӯҳлат қатъ гардонида шаванд.

Талаби кредитор оид  ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва  (ё) ӯҳдадориҳои ҳатмӣ дар ҳаҷми панҷсад андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба кредитор  ҳуқуқи доштани шумораи  овозҳои баробар ба шумораи аъзои кумитаи кредиторонро медиҳад, агар бо қарори маҷлиси кредиторон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Кредитор ҳуқуқ дорад, ки  овозҳои  ба вай тааллуқдоштаро ба як номзад диҳад ё онҳоро байни  чанд номзадҳо ба аъзогии кумитаи кредиторон тақсим намояд.

Ба ҳайати кумитаи кредиторон номзадҳое интихобшуда ҳисоб мешаванд, ки бештари овозҳоро гирифтаанд.

Аъзоёни кумитаи кредиторон метавонанд аз ҳайати худ  раиси кумитаи кредиторонро интихоб намоянд.

Агар ҳайати кумитаи кредиторон аз панҷ нафар зиёд бошад,  раиси кумитаи кредиторон ба таври  ҳатмӣ интихоб карда мешавад.

 

Моддаи 15. Шахсони манфиатдор

Дар муносибат бо қарздор инҳо  шахсони манфиатдор дониста мешаванд:

шахси ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қонунгузории граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба  қарздор  корхонаи фаръӣ ё  тобеъ мебошад;

роҳбари қарздор, инчунин шахсоне, ки ба шӯрои директорони қарздор (шӯрои мушоҳидавӣ), мақомоти иҷроияи машваратии қарздор, сармуҳосиби (муҳосиби) қарздор, аз ҷумла шахсони дар давоми  як сол то замони оғозшавии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ аз ин вазифаҳо озодшуда  дохил мешаванд.

Барои мақсадҳои Қонуни мазкур таҳти мафҳуми шахсони манфиатдор нисбат ба шаҳрванд шавҳараш (завҷааш), фарзандон, бародарон, хоҳарон, падару модар ва бародарону ҳоҳарони онҳо, падару модар, хоҳарон ва бародарони шавҳараш (завҷааш) дохил мешаванд.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур  шахсони манфиатдор нисбат ба  мудир  ва кредиторон мутобиқи тартибе, ки бандҳои якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 16. Мудир

Агар дар Қонуни мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, суд метавонад шахси воқеии  ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифташударо, ки дорои донишҳои махсус буда, нисбат ба қарздор ва кредиторон шахси манфиатдор  нест,  мудир (мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ) таъин намояд.

Шахсони зеринро мудир таъин намудан мумкин  нест:

шахсоне, ки  қаблан идоракунии корҳои қарздор - шахси ҳуқуқиро анҷом медоданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз лаҳзаи сабукдӯш гардидани  чунин шахсон аз идоракунии корҳои қарздор на камтар аз се сол гузашта бошад;

шахсоне, ки нисбаташон  баҳри татбиқи фаъолияти идоракунии корҳо ва (ё) амволи шахсони дигар  маҳдудият вуҷуд дошта бошад (шахсони маҳрумшуда);

шахсоне, ки доғи судӣ доранд.

 

Моддаи 17. ҳуқуқ  ва вазифаҳои мудир

Мудир ҳуқуқ дорад:

маҷлиси кредиторон ва кумитаи  кредиторонро даъват намояд;

дар ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба суд муроҷиат намояд;

ба андоза ва тартибе, ки Қонуни мазкур  пешбинӣ намудааст, подош  гирад;

барои  таъмини амалӣ намудани ваколатҳои худ шахсони дигарро дар асоси шартнома ба кор ҷалб намуда, ҳаққи хизмати онҳоро аз ҳисоби қарздор бипардозад, агар  Қонуни мазкур ё созишнома бо  кредиторон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад;

дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани иҷрои  вазифаҳои худ ба суд ариза пешниҳод намояд.

Мудир вазифадор аст:

оид ба ҳифзи  моликияти қарздор тадбирҳо андешад;

ҳолати молиявии қарздорро таҳлил кунад;

фаъолияти молиявӣ, хоҷагӣ ва инвеститсионии қарздор ва  мавқеи онро дар бозори мол таҳлил намояд;

талаби арзнамудаи кредиторонро баррасӣ намояд;

пешбурди рӯйхати талабҳои кредиторонро анҷом диҳад;

вазифаҳои дигарро, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, иҷро намояд.

ҳангоми татбиқи ҳуқуқу вазифаҳои худ мудир вазифадор аст, ки бо назардошти манфиатҳои  қарздор ва кредиторон амал намояд.

 

Моддаи 18. Масъулияти мудир

Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби  ӯҳдадориҳое, ки  мутобиқи Қонуни мазкур ба зиммаи мудир гузошта шудаанд,  мумкин аст барои  аз ҷониби суд озод намудани  ӯ  аз иҷрои вазифаҳояш асос гардад.

Қарздор ва кредиторони он ҳуқуқ доранд аз мудир, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст, баргардонидани зиёни аз фаъолияти (бефаъолиятии) мудир расонидашударо талаб намоянд.

 

Моддаи 19. Подоши мудир

Тартиб ва андозаи подоши мудирро маҷлиси кредиторон муайян мекунад ва (ё) суд тасдиқ менамояд ва он бояд на камтар аз дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як моҳ бошад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Дар ҳолатҳои  пешбининамудаи  қонунҳо ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии   Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  мудир аз рӯи натиҷаҳои фаъолияташ подоши иловагӣ муқаррар карда мешавад.

 

 

 

 

Моддаи 20. Расмиятҳои муфлисшавӣ

Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ѓайритиҷоратӣ) расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:

- мушоҳида;

- истеҳсолоти озмунӣ;

- созишномаи мусолиҳа.

Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқии субъекти соҳибкории калон расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:

- мушоҳида;

- идоракунии беруна;

- истеҳсолоти озмунӣ;

- созишномаи мусолиҳа.

Ҳангоми баррасии парвандаҳои муфлисшавии қарздор - соҳибкори инфиродӣ  расмиёти зерини муфлисшавӣ татбиқ карда мешаванд:

- истеҳсолоти озмунӣ;

- созишномаи мусолиҳа. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

 

Моддаи 21.  Худро муфлис эълон намудани қарздор

Дар сурати мавҷуд набудани эътироз аз ҷониби кредиторон қарздор - шахси ҳуқуқӣ метавонад дар бораи муфлисшавии худ ва ихтиёран барҳам хӯрданаш мутобиқи тартиботе, ки Қонуни мазкур пешбинӣ   кардааст,  эълон намояд.

 

БОБИ II

ПЕШГИРИИ  МУФЛИСШАВӢ

 

Моддаи 22. Тадбирҳо оид ба  пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо

Муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатӣ вазифадоранд,  ки оид ба  пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Бо мақсади пешгирии муфлисшавии ташкилотҳо муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ то  замони ба суд додани ариза оид ба   муфлис эътироф намудани қарздор  тадбирҳое меандешанд, ки ба беҳбудии молиявии қарздор нигаронида шуда бошанд. Тадбирҳои барои беҳбудии молиявии қарздор нигаронидашударо  кредиторон ё  шахсони дигар  низ метавонанд дар асоси созишнома бо қарздор пешбинӣ намоянд.

 

Моддаи 23. Санатсияи тосудӣ

Молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор – шахси ҳуқуқӣ, кредиторони қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва шахсони дигар дар доираи тадбирҳо оид ба пешгирии  муфлисшавӣ метавонанд ба қарздор дар ҳаҷме, ки  барои пардохт намудани ӯҳдадориҳои пулӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва  барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор (санатсияи тосудӣ) кифоягӣ мекунад,  кӯмаки молиявӣ расонанд.

Расонидани кӯмакҳои молиявиро  ҳамзамон қабули ӯҳдадориҳо аз  тарафи қарздор ё шахсони дигар ба манфиати шахсони кӯмаки молиявӣ расонида ҳисобидан мумкин аст.

Гузаронидани санатсияи тосудиро аз  ҳисоби буҷети давлатӣ қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор муқаррар менамояд. Гузаронидани санатсияи тосудиро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ мақомоти  ҳокимияти маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

БОБИ III

БАРРАСИИ ПАРВАНДАҲОИ МУФЛИСШАВӢ ДАР СУД

 

Моддаи 24. Тартиби баррасии парвандаҳо  дар бораи муфлисшавӣ

Парвандаҳо  дар бораи  муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар судҳо аз рӯи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ бо  хусусиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.

Парванда оид ба муфлисшавӣ аз ҷониби суд метавонад дар ҳолате оѓоз карда шавад, ки агар талабот нисбат ба қарздорон – субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ѓайритиҷоратӣ) дар маҷмўъ на камтар аз 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва нисбат ба субъектҳои соҳибкории калон 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил намояд.    (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

 

Моддаи 25. Мансубияти идоравӣ ва судии парвандаҳои  муфлисшавӣ

Парвандаҳои муфлисшавии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро суди иқтисодии (минбаъд - судӣ) маҳалли воқеъгардидаи қарздор – шахси ҳукуқӣ ё маҳалли истиқомати шаҳрванд - соҳибкори инфиродӣ баррасӣ менамояд.

 

Моддаи 26. ҳуқуқи муроҷиат  намудан ба суд

Қарздор, кредитор, прокурор ва дар ҳолатҳое  ки  ҳамин Қонун  пешбинӣ намудааст, шахсони дигар низ ҳуқуқи бо ариза ба суд муроҷиат намудан  дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор  бо сабаби иҷро накардани ӯҳдадориҳои пулиро доранд.

Қарздор, прокурор, мақомоти андоз, мақомот оид ба идоракунии амволи давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдор дар хусуси муфлисшавии қарздор  бо сабаби  иҷро накардани  воридоти  пардохтҳои ҳатмӣ ҳуқуқи бо ариза ба суд муроҷиат намуданро доранд.

 

Моддаи 27. Шахсоне, ки дар баррасии парвандаи  муфлисшавӣ  иштирок менамоянд

Шахсони  зерин дар баррасии парвандаи муфлисшавӣ иштирок менамоянд:

қарздор;

мудир;

кредиторони  озмунӣ;

мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор аз рӯи талабҳо  оиди пардохтҳои ҳатмӣ;

прокурор, дар ҳолати  бо аризаи ӯ   баррасӣ  намудани  парвандаҳои муфлисшавӣ.

 

Моддаи 28. Асоси оғоз намудани парванда  дар бораи муфлисшавӣ

Парванда оид ба муфлисшавӣ дар асоси ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор, ки аз тарафи шахсони дар моддаи 26 Қонуни мазкур номбаршуда пешниҳод гардидаанд, оғоз карда мешавад.

 

Моддаи 29.  Якҷоясозии талабҳои кредиторон

Аризаи кредитор мумкин аст  ба якҷоясозии қарзҳо аз рӯи  ӯҳдадориҳои гуногун асос ёбад.

Кредиторон ҳуқуқ доранд, ки талабҳои худро нисбати қарздор якҷоя намуда, бо як аризаи кредитор ба суд муроҷиат намоянд.Ба чунин ариза кредитороне, ки талабҳои худро якҷоя намудаанд, имзо мегузоранд.

 

Моддаи 30. Рад кардани қабули ариза  оид ба муфлис эътироф намудани қарздор

Агар яке  аз шартҳои пешбинигардидаи қисми дуюми моддаи 24 Қонуни мазкур  риоя нашуда  бошад, суд қабули аризаро оид ба муфлис эътироф намудани қарздор рад мекунад.

 

Моддаи 31. Чораҳои ҳимоя намудани талабҳои кредиторон

Суд ҳуқуқ  дорад дар асоси  аризаи шахсоне, ки дар парвандаи муфлисшавӣ иштирок мекунанд, мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ оид ба ҳимояи талабҳои кредиторон чораҳо андешад.

Ба ғайр аз чораҳое, ки Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ  пешбинӣ менамояд, суд метавонад  бе розигии мудир амалӣ намудани  додугирифтҳоеро,  ки қисми дуюми моддаи 44 Қонуни мазкур пешбинӣ накардаст,  манъ намояд, қарздорро ӯҳдадор намояд, ки коғазҳои қимматнок, арзишҳои асъорӣ ва амволи дигари қарздорро барои нигоҳ доштан ба шахси сеюм диҳад ва барои таъмини нигоҳдории амволи қарздор чораҳои дигар андешад.

Чораҳо оид ба ҳимояи талабҳои кредиторон мутобиқан то замони ҷорӣ намудани идоракунии  беруна ва таъини мудири беруна ё то замони қабул шудани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ ва таъини мудири озмунӣ ё то замони  аз тарафи суд тасдиқ намудани созишномаи мусолиҳа ё то замони аз  тарафи суд қабул шудани ҳалнома дар бораи  рад намудани муфлис эътироф  кардани қарздор амал мекунанд.

Суд ҳуқуқ дорад  чораҳои ҳимояи талабҳои кредиторонро то ба миён омадани ҳолатҳое, ки қисми сеюми моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, бекор кунад.

 

Моддаи 32. Изҳори назари қарздор ба ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор

Қарздор дар мӯҳлати 5 рӯз аз санаи гирифтани таъинот дар бораи қабули аризаи кредитор, аризаи  мақомоти андоз ё мақомоти дигари ваколатдор дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор ё аризаи прокурор дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ӯҳдадор аст, ки ба суд, аризадиҳанда ва шахсони дигари дар парвандаи муфлисшавӣ иштироккунанда доир ба чунин ариза изҳори назарашро фиристад ва ҳамчунин ҳамаи кредиторонро, ки дар ин ариза номбар нашудаанд, дар бораи нисбати вай оғоз гардидани парвандаи муфлисшавӣ огоҳ намояд. Ба  изҳори назари қарздор, ки ба суд фиристода мешавад, бояд далелҳои  исботӣ дар бораи  аз тарафи қарздор  ба аризадиҳанда ва шахсони дигари дар парвандаи муфлисшавӣ иштироккунанда  фиристода шудани нусхаҳои изҳори назар илова карда шаванд.

Ба ғайр аз маълумотҳое, ки дар Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд, дар изҳори назари қарздор  маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

эътирози  қарздор ба талабҳои  аризадиҳанда;

маблағи умумии қарзи қарздор оид ба ӯҳдадориҳо дар назди кредиторон, музди меҳнати кормандони қарздор ва пардохтҳои ҳатмӣ;

маълумот дар бораи амволи мавҷудбудаи қарздор, аз ҷумла маблағҳои пулие, ки дар  суратҳисобҳои  бонкӣ ва ташкилотҳои  дигари кредитӣ дорад, рақами суратҳисобҳои номбаршудаи бонкӣ, ташкилотҳои дигари кредитӣ ва суроғаи почтавии бонку ташкилотҳои кредитӣ;

далелҳои қонеъ карда тавонистани талабҳои аризадиҳанда дар ҳолате, ки қарздор онҳоро эътироф  намояд;

- рўйхати кредиторон ва қарздорон бо муайянсозии қарзҳои кредиторӣ ва дебиторӣ, бо нишон додани суроѓаи кредиторон ва қарздорон. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Набудани изҳори назари қарздор набояд барои баррасии парвандаи муфлисшавӣ монеъ  шавад.

Дар ин ҳолат суд ба мудир супориш медиҳад, ки ҳамаи кредиторонро муқаррар намуда, дар бораи оғоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ба онҳо аз ҳисоби қарздор огоҳинома фиристад.

 

Моддаи 33. ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор  ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ

Ҳалномаи суд  дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ дар ҳолатҳои муқаррар гардидани аломатҳои муфлисшавии қарздор, ки моддаи 5 Қонуни мазкур  пешбинӣ намудааст ва инчунин набудани асос барои ҷорӣ намудани идоракунии беруна қабул карда мешавад.

Дар ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор – шахси ҳуқуқӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ бояд чунин нишондодҳо бошанд:

дар бораи муфлис эътироф  намудани қарздор;

дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ;

дар бораи таъини мудири озмунӣ.

Дар ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор – соҳибкори инфиродӣ дар бораи беъэтибор шудани бақайдгирии давлатии қарздор ба сифати соҳибкори инфиродӣ зикр карда мешавад.

ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани  истеҳсолоти озмунӣ  бояд фавран иҷро гардад,  агар суд тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

 

Моддаи 34. Аз тарафи суд  нашр намудани хабари муфлис  эътироф гардидани қарздор

Хабари муфлис эътироф гардидани қарздор аз тарафи суде, ки дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва оиди кушодани истеҳсолоти озмунӣ  ҳалнома қабул кардааст,  дар воситаҳои ахбори умум аз ҳисоби қарздор ва дар сурати набудани маблағҳои қарздор аз ҳисоби кредиторе, ки бо ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор муроҷиат кардааст,   нашр карда мешавад.

Хабари бекор кардани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор низ ба ҳамин тартиб бояд нашр карда шавад.

 

Моддаи 35. ҳалномаи суд дар бораи рад  кардани муфлис эътироф  намудани  қарздор

Ҳалномаи  суд дар бораи рад  кардани муфлис эътироф намудани қарздор дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:

набудани аломатҳои муфлисшавӣ, ки дар моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;

қонеъ гардидани  талабҳои арзшудаи кредиторон то вақти  аз тарафи суд қабул намудани ҳалнома дар бораи парвандаи муфлисшавӣ;

муқаррар  гардидани  муфлисшавии  сохта  ва барқасд;

дар ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст.

Агар далелҳои маълуме бошанд, ки онҳо оиди дар ихтиёри қарздор мавҷуд будани моликияти бозоргир шаҳодат диҳанд, суд ҳуқуқ дорад бо илтимосномаи қарздор баррасии парвандаи муфлисшавиро мавқуф гузошта, ба қарздор пешниҳод намояд, ки дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суд талабҳои кредиторонро қонеъ гардонад.

 

Моддаи 36. Оқибати қабулшавии ҳалномаи суд дар бораи радкунӣ оид ба муфлис эътироф намудани қарздор

Аз тарафи суд қабул шудани  ҳалнома дар бораи радкунӣ оид ба муфлис эътироф намудани қарздор барои  қатъ шудани амали ҳолатҳое, ки бар асари қабули ариза дар бораи муфлис эътироф  намудани қарздор  пеш омада буданд ва (ё) ҷорӣ намудани мушоҳида  асос мешавад.

 

Моддаи 37. Асосҳои қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ

Суд парвандаи муфлисшавиро дар ҳолатҳои зерин қатъ менамояд:

барқарор шудани қобилияти маблағгузаронии қарздор дар ҷараёни  идоракунии беруна;

бастани созишномаи мусолиҳа.

 

Моддаи 38. Тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷоти пардохти подоши мудир

Тамоми хароҷоти судӣ, аз ҷумла хароҷоти боҷи давлатӣ, ки мӯҳлати пардохташон дароз ё кӯтоҳ карда шуда буданд ва ҳамчунин хароҷоти пардохти подоши мудир ба амволи  қарздор мансубият дошта, аз ҳисоби ин амвол бе навбат  рӯёнда  мешавад.

Бо созишномаи мусолиҳа тартиби дигари тақсими хароҷоти мазкурро пешбинӣ намудан мумкин аст.

Дар ҳолати аз тарафи суд бинобар набудани аломатҳои муфлисшавӣ қабул гардидани ҳалнома дар бораи рад  кардани  муфлис эътироф намудани қарздор хароҷоти дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба лаҳзаи оғоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ба кредиторони ба суд бо аризаи кредитор муроҷиаткарда  мансубият дошта, дар байни онҳо мутаносибан аз рӯи  талабҳояшон тақсим карда мешавад.

Тартиби тақсими хароҷоти судӣ ва хароҷоти пардохти подоши мудир дар ҳалномаи суд ё таъиноти судӣ, ки аз рӯи натиҷаи баррасии парвандаи муфлисшавӣ қабул шудааст, муайян карда мешавад.

 

БОБИ IV

МУФЛИСШАВИИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӢ

 

Моддаи 39. Асосҳои муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ

Асоси муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ  надоштани қобилияти қонеъ  кардани талабҳои кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷрои вазифаҳо оид ба ворид  намудани пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 40. Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ

Ариза дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ мумкин аст аз ҷониби қарздор – соҳибкори инфиродӣ, кредитор аз рӯи ӯҳдадориҳои вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ, мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор аз рӯи талабҳои пардохтҳои ҳатмӣ, ҳамчунин аз ҷониби прокурор дода шавад.

Ҳангоми татбиқи расмияти муфлисшавии соҳибкори инфиродӣ кредиторони вай аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд, ҳамчунин кредиторон бо талабҳои хусусияти шахсидошта  низ ҳуқуқ доранд талабҳои худро пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 41. Оқибатҳои муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ

Аз лаҳзаи аз  ҷониби суд қабул гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани соҳибкори инфиродӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ, бақайдгирии давлатии  вай ба  сифати соҳибкори инфиродӣ беэътибор гардида, ҳамчунин иҷозатномаи (литсензияи) ба вай додашуда оиди анҷом додани фаъолияти   муайяни  соҳибкорӣ бекор  дониста   мешавад.

Соҳибкори инфиродиро, ки муфлис эътироф гардидааст, дар мӯҳлати як сол аз лаҳзаи муфлис эътирофшавиаш ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтан  мумкин нест.

Суд нусхаи ҳалномаро дар бораи муфлис эътироф  намудани соҳибкори инфиродӣ ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ба мақомоте, ки шаҳрвандро ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтааст, мефиристад.

 

БОБИ V

МУШОҲИДА

 

Моддаи  42.  Ҷорӣ намудани мушоҳида

Расмиёти мушоҳида барои субъектҳои хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ѓайритиҷоратӣ) – ба мўҳлати як моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон ба мўҳлати то ду моҳ амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Моддаи  43. Оқибатҳои аз тарафи суд  баровардани  таъинот оиди қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор

Аз лаҳзаи аз ҷониби суд  баровардани  таъинот оиди қабули ариза  дар бораи  муфлис эътироф намудани қарздор:

талабҳои амволиро  нисбат ба қарздор танҳо бо риояи тартиби  пешниҳоди талабҳо ба қарздор, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст, пешниҳод намудан мумкин аст;

бо илтимосномаи кредитор пешбурди парвандаҳои вобаста ба рӯёнидани маблағҳои пулӣ ва дигар амвол аз қарздор боздошта мешавад. Кредитор дар  чунин ҳолат ҳуқуқ дорад мутобиқи тартиби дар ҳамин Қонун муқарраршуда талабҳои худро ба қарздор пешниҳод намояд;

иҷрои  ҳуҷҷатҳои иҷроия оид ба ситонидани амвол, ба истиснои иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроия, ки онҳо дар асоси ҳалномаи суд дар бораи аз қарздор ситонидани қарзи музди меҳнат, додани подоши аз рӯи шартномаи муаллифӣ, алимент, инчунин баргардонидани зиёни ба ҳаёту саломатӣ расондашуда ва зиёни маънавӣ, ки то лаҳзаи аз ҷониби суд  қабул шудани ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор  дода шудаанд,  боздошта мешавад;

қонеъ гардонидани талабҳои иштирокчии қарздор – шахси ҳуқуқӣ дар бораи  ҷудо карда додани ҳиссааш (пай) аз амволи қарздор бинобар аз ҳайати иштирокчиён баромаданаш манъ  аст.

Бо мақсади таъмин  намудани амали тадбирҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, таъиноти судӣ оиди қабули ариза дар бораи  муфлис эътироф намудани қарздор ба бонк ва дигар муассисаҳои кредитӣ, ки дар онҳо қарздор суратҳисоби  бонкӣ дорад, инчунин ба дигар судҳои дахлдор, мақомоти андоз ва мақомоти дигари ваколатдор фиристода мешавад.

 

Моддаи 44. Оқибатҳои ҷорӣ намудани мушоҳида

Ҷорӣ намудани мушоҳида  барои  аз вазифа  дур намудани роҳбари қарздор ё  мақомоти дигари идоракунии қарздор асос нагардида, онҳо иҷрои ваколатҳои худро бо маҳдудиятҳои дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи мазкур  муқаррарнамуда идома медиҳанд.

Мақомоти идоракунии қарздор аҳдҳои зеринро танҳо бо розигии мудири муваққатӣ анҷом медиҳад:

аҳдҳои вобаста ба иҷора ва гарав додани  амволи ғайриманқул,  додани  амволи номбаршуда ба сифати ҳисса ба  сармояи оинномавии ҷамъиятҳо  ва ширкатҳои  хоҷагидорӣ  ё ихтиёрдории   тарзи дигари чунин моликият;

аҳдҳои вобаста ба ихтиёрдории амволи дигари қарздор, ки арзиши балансиашон зиёда аз 10 фоизи арзиши баланси  дороии  қарздорро ташкил медиҳанд;

аҳдҳои вобаста  ба қабул ва додани қарзҳо (кредитҳо), додани кафолат, гузашт намудани ҳуқуқи талабкунӣ, гузаронидани қарз, инчунин  аҳдҳои вобаста ба таъсиси идоракунии  боэътимоди амволи қарздор.

Мақомоти идоракунии  қарздор ҳуқуқ надорад қарорҳои зерин қабул намояд:

дар бораи азнавташкилкунӣ (муттаҳид кардан, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ,  табдил додан) ва барҳамдиҳии қарздор;

дар бораи таъсиси шахсони  ҳуқуқӣ ё дар бораи иштирок намудан дар шахсони ҳуқуқии дигар;

дар бораи таъсиси филиалҳо ва намояндагиҳо;

дар бораи пардохти дивидендҳо;

дар бораи аз  тарафи қарздор паҳн намудани вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қимматноки   муомилотӣ;

дар бораи баромадан аз ҳайати иштирокчиёни қарздор - шахси ҳуқуқӣ ва  аз саҳҳомон  харидани саҳмияҳои қаблан баровардашуда.

Мақомоти идоракунии қарздор метавонад  бо розигии мудири муваққатӣ дар бораи иштироки  қарздор дар иттиҳодияҳои дигари  шахсони ҳуқуқӣ қарор қабул намояд.

Агар роҳбари қарздор барои таъмини  ҳифзи амволи қарздор  чораҳои зарурӣ наандешад, ба мудири муваққатӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳояш монеъ шавад ё дигар талабҳои қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистонро риоя накунад, суд ҳуқуқ дорад  вайро аз иҷрои вазифааш  дур намояд. Дар чунин ҳолатҳо иҷрои вазифаҳои роҳбари қарздор ба зиммаи мудири муваққатӣ гузошта мешавад.

Аз лаҳзаи  ҷорӣ намудани мушоҳида ҳабси амволи қарздор ва дигар маҳдудсозии қарздор  оиди ихтиёрдории амволи ба вай мансуббуда танҳо дар доираи раванди муфлисшавӣ бояд сурат гирад.

 

Моддаи 45. Мудири муваққатӣ

Мудири муваққатӣ аз ҷониби суд аз ҳисоби номзадҳои пешниҳоднамудаи кредиторон ва дар сурати набудани чунин пешниҳодот аз ҳисоби шахсоне, ки суд ба сифати  мудир ба қайд гирифтааст, таъин  карда  мешавад.

Мудири муваққатӣ аз лаҳзаи аз ҷониби суд таъин шуданаш то ҷорӣ намудани идоракунии  беруна ва таъини мудири  беруна ё то аз ҷониби суд қабул шудани ҳалнома дар бораи  муфлис эътироф намудани қарздор ва дар бораи кушодани истеҳсолоти озмунӣ ва таъини мудири озмунӣ ё то аз ҷониби суд  тасдиқ намудани созишномаи мусолиҳа, ё то аз ҷониби суд қабул намудани ҳалнома дар бораи рад кардани муфлис эътироф намудани қарздор фаъолият мекунад.

Дар ҳолати муваққатан ғайри қобили  меҳнат будани мудири муваққатӣ суд ҳуқуқ дорад, ки муовини мудири муваққатиро иҷрокунандаи вазифаи ӯ таъин намояд.

Мудири муваққатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок бо  ариза ба суд дар бораи  аз иҷрои вазифаи мудири муваққатӣ озод намуданаш муроҷиат намояд.

Дар ҳолати  қонеъ гардонидани  аризаи мудири муваққатӣ оиди аз  иҷрои вазифаи мудири муваққатӣ озод намудани вай суд мудири муваққатии навро таъин менамояд. То таъиншавии мудири муваққатии нав мудири муваққатӣ иҷрои вазифаҳояшро давом  медиҳад.

 

Моддаи 46. ҳуқуқ ва  вазифаҳои мудири  муваққатӣ

Мудири муваққатӣ ҳуқуқ дорад:

аз номи худ оид ба  беэътибор донистани аҳдҳо, инчунин  дар бораи  татбиқи оқибатҳои беэътибории  аҳдҳои  камарзиши аз  тарафи қарздор бе риояи талаботи муқаррарнамудаи ҳамин  Қонун басташуда  ё иҷрогардида ба суд  талаб пешниҳод намояд;

бо  ариза дар бораи қабули  чораҳои иловагӣ оид ба таъмини ҳифзи амволи қарздор, аз ҷумла дар бораи бе розигии мудири  муваққатӣ манъ намудани  бастани аҳдҳои дар қисми дуюми моддаи 44 Қонуни мазкур пешбинишуда,  ҳамчунин   дар бораи додани коғазҳои қимматнок, арзишҳои асъорӣ ва амволи дигари барои нигоҳдорӣ  ба  шахсони сеюм додашуда, инчунин дар бораи бекор намудани ҳамин гуна чораҳо  ба суд  муроҷиат намояд;

дар бораи   аз вазифа дур кардани роҳбари қарздор бо  дархост ба суд муроҷиат намояд;

ҳама гуна иттилоот ва ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти қарздор вобастаро гирад;

ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи ҳамин Қонунро анҷом диҳад.

Мақомоти идоракунии қарздор вазифадор аст, ки бо дархости мудири муваққатӣ ба вай ҳама гуна маълумотҳои ба фаъолияти қарздор дахлдорро пешниҳод намояд.

Мудири муваққатӣ вазифадор аст:

баҳри таъмини нигоҳдории моликияти қарздор тадбирҳо андешад;

ҳолати молиявии қарздорро таҳлил намояд;

мавҷудияти аломатҳои муфлисшавии сохта ва барқасдро муайян созад;

кредиторони қарздорро муқаррар намуда, андозаи талабҳои онҳоро муайян созад,  ба кредиторон оиди  оғоз шудани парванда  дар бораи муфлисшавӣ хабар диҳад;

маҷлиси аввали кредиторонро даъват намояд.

Баъди анҷоми мушоҳида мудири муваққатӣ ба суд дар бораи фаъолияти худ ҳисобот, оид ба ҳолати молиявии қарздор маълумот ва дар бораи имконпазир будан ё набудани барқарорсозии қобилияти  пардохтии қарздор таклифҳо пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 47. Таҳлили  ҳолати  молиявии қарздор

Таҳлили ҳолати молиявии  қарздор бо мақсади муайян намудани кифоягии  амволи ба қарздор тааллуқдошта барои пардохти хароҷоти судӣ, хароҷоти подоши мудир ва ҳамчунин имконпазир будан ё набудани барқарорсозии қобилияти пардохтии  қарздор гузаронида мешавад.

Агар дар натиҷаи таҳлили ҳолати  молиявии қарздор амволи ба қарздор  тааллуқдошта барои пӯшонидани хароҷоти судӣ  нокифоя муқаррар  карда шавад, кредиторон ҳуқуқ доранд дар бораи ҷорӣ намудани идоракунии беруна танҳо дар сурати муайян сохтани манбаъҳои пӯшонидани хароҷоти судӣ  қарор қабул намоянд.

Агар кредиторон манбаи пӯшонидани  хароҷоти судиро муайян накарда бошанд, кредиторони ба тарафдории ҷорӣ намудани идоракунии беруна овоздода барои пӯшонидани хароҷоти зикршуда  ба зиммаи худ ӯҳдадориҳои  якҷоя  мегиранд.

 

Моддаи 48. Муқаррар намудани ҳаҷми талабҳои кредиторон

Бо мақсади иштирок дар маҷлиси якуми худ кредиторон  ҳуқуқ доранд  талабҳояшонро дар мӯҳлати 1 моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи мудири муваққатӣ дар бобати аз  тарафи суд қабул кардани ариза дар бораи муфлис  эътироф намудани қарздор пешниҳод намоянд. Талабҳои зикршуда ба истиснои ҳолатҳое, ки   мутобиқи ҳамин Қонун талабҳои  муқарраршуда  ҳисобида  мешаванд, ба суд  ва қарздор фиристода мешаванд. Талабҳои кредиторон, ки мутобиқи ҳамин Қонун муқарраршуда дониста мешаванд, бо иловаи ҳуҷҷатҳое, ки барои муайян намудани онҳо ҳамчун талабҳои муқарраршуда шаҳодат медиҳанд, ба мудири муваққатӣ фиристода мешаванд.

Оид ба он талабҳои кредиторон, ки мутобиқи  ҳамин Қонун муқарраргардида эътироф нашудаанд, қарздор  метавонад дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани талаби дахлдор ба  суд, кредитор ва ҳамчунин мудири муваққатӣ  эътироз пешниҳод  намояд.

Талаби кредитор, ки аз рӯи он дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда қарздор эътироз пешниҳод накардааст, ба андозаи  арзнамудаи  кредитор эътироф карда мешавад.

Талабҳои кредиторон, ки аз рӯи онҳо қарздор эътироз пешниҳод намудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 49. Даъвати маҷлиси  якуми кредиторон ва масъалаҳои дар он муҳокимашаванда

Мудири муваққатӣ санаи гузаронидани маҷлиси якуми кредиторонро муайян карда, ҳамаи кредиторонро  дар бораи он огоҳ месозад. Маҷлиси якуми  кредиторон бояд дар мӯҳлати на  дертар аз 10 рӯз то санаи баргузории маҷлиси суд, ки  бо таъиноти судӣ  оиди қабули ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор муқаррар гардидааст, баргузор шавад.

Иштирокчиёни маҷлиси  якуми кредиторон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ кредиторони озмунӣ, мақомоти андоз  ва мақомоти дигари ваколатдор мебошанд,  ки:

талабҳояшон мутобиқи ҳамин Қонун муқарраршуда эътироф гардида,  ба мудири муваққатӣ фиристода шудаанд;

ҳаҷми талабҳояшон аз тарафи суд бо эътирози қарздор ба  талабҳои кредиторон то гузаронидани маҷлиси якуми кредиторон муқаррар  шудааст.

Дар маҷлиси якуми кредиторон бе ҳуқуқи овоздиҳӣ мудири муваққатӣ, роҳбари қарздор ва намояндаи кормандони қарздор иштирок мекунанд.

Салоҳияти маҷлиси якуми кредиторон:

қабули қарор оид ба ҷорӣ кардани идоракунии беруна ва бо  илтимосномаи дахлдор ба суд  муроҷиат намудан;

қабули қарор дар бораи  бо илтимоснома ба суд муроҷиат намудан оиди муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти  озмунӣ;

муайян намудани шумораи ҳайати кумитаи кредиторон ва интихоби  аъзои он;

ҳаллу фасли масъалаҳои дигар, ки ҳамин Қонун пешбинӣ  намудааст.

Мудири муваққатӣ протоколи  маҷлиси якуми  кредиторонро  дар мӯҳлати на дертар аз як  ҳафтаи  рӯзи баргузории маҷлиси  якуми кредиторон ба суд  пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 50. Қарори маҷлиси якуми кредиторон дар бораи ҷорӣ намудани идоракунии беруна

Қарори маҷлиси якуми кредиторон дар бораи ҷорӣ намудани идоракунии беруна бояд  мӯҳлати пешниҳодшудаи идоракунии беруна, номзад ба мудири беруна ва  ҳамчунин  маълумотро дар бораи вай  дар бар гирад.

БОБИ VI

ИДОРАКУНИИ БЕРУНА

 

Моддаи 51. Тартиби ҷорӣ намудани идоракунии беруна

Идоракунии беруна аз тарафи суд дар асоси қарори маҷлиси кредиторон ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст,  ҷорӣ карда мешавад.

Таъиноти судӣ дар хусуси ҷорӣ намудани  идоракунии беруна бояд бетаъхир   ба иҷро расонда шавад.

Аз болои таъиноти судӣ дар хусуси ҷорӣ намудани идоракунии беруна шикоят кардан  мумкин аст.

Идоракунии беруна ба муддати на бештар аз 10 моҳ, ки мумкин аст на бештар аз 1 моҳи дигар дароз карда шавад,  ҷорӣ карда мешавад, агар Қонуни мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Бо илтимосномаи маҷлиси кредиторон ё мудири беруна мӯҳлати идоракунии беруна аз  тарафи суд мумкин аст дар доираи мӯҳлатҳое, ки қисми чоруми ҳамин модда муқаррар намудааст, кам ё зиёд карда шавад.

 

Моддаи 52. Оқибатҳои ҷорӣ намудани идоракунии беруна

Аз рӯзи  ҷорӣ намудани идоракунии беруна:

роҳбари қарздор аз  иҷрои вазифааш  дур карда шуда, идоракунии корҳои қарздор ба мудири беруна вогузор  карда мешавад;

ваколатҳои мақомоти  идоракунии қарздор ва молики амволи қарздор - шахси ҳуқуқӣ қатъ гардида, ваколатҳои роҳбари қарздор ва мақомоти дигари идоракунии қарздор ба истиснои ваколатҳое, ки мутобиқи ҳамин Қонун ба  шахсони (мақомоти) дигар  мегузаранд,  ба мудири беруна  вогузор мегарданд. Мақомоти идоракунии қарздор дар муддати 3 рӯз аз рӯзи таъин шудани мудири беруна вазифадор аст, ки ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои шахси  ҳуқуқӣ, мӯҳр, штамп, арзишҳои моддӣ ва арзишҳои дигарро ба мудири беруна супорад;

чораҳои қаблан андешидашуда оиди ҳимояи талабҳои кредиторон бекор карда мешаванд;

ба қонеъгардонии  талабҳои кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмии қарздор, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст,  моратория ҷорӣ карда мешавад.

Дар интиҳои идоракунии беруна маблағҳои ноустуворона   (ҷаримаҳо, пеняҳо)  ва ҳамчунин маблағҳои зарари расондашуда, ки қарздор вазифадор аст аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ  ба кредиторон пардохт намояд, мумкин аст барои пардохт  намудан дар ҳамон ҳаҷме,  ки дар рӯзи ҷорӣ намудани  идоракунии  беруна мавҷуд будаанд, пешниҳод карда шаванд.

 

Моддаи 53. Моратория  ба қонеъгардонии талабҳои кредиторон

Моратория  ба қонеъгардонии  талабҳои кредиторон   ба ҳамон ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмие, ки мӯҳлати иҷрояшон то ҷорӣ намудани идоракунии беруна расидааст, дахл дорад.

Дар давоми амали мораторияи қонеъгардонии талабҳои кредиторон  оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ гардидааст:

ба рӯёнда гирифтан аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ  ва дигар ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин ба ситониданҳои бебаҳс амалишаванда роҳ дода намешавад;

иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ оид ба ҷаримаҳои амволӣ,  ба истиснои иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроишӣ, ки дар асоси  ҳалномаи суд дар хусуси ситонидани қарздории музди кор, додани подоши аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ, алиментҳо ва ҳамчунин баргардонидани зарари ба ҳаёт ва  саломатӣ расонидашуда ва зарари маънавӣ, ки то лаҳзаи аз тарафи суд қабул гардидани  ариза дар бораи  муфлис эътироф  намудани қарздор эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, боздошта мешавад;

маблағи ноустуворона, (ҷаримаҳо, пеняҳо)  ва муҷозоти молиявии  (иқтисодии)  дигари иҷро накардан ё иҷрои  номатлуби  ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳамчунин фоизҳои пардохтшаванда ҳисоб карда намешаванд.

Мораторияи  қонеъгардонии  талабҳои кредиторон ҳамчунин ба  талабҳои кредиторон дар хусуси ҷуброни зараре, ки бо сабаби аз тарафи мудири беруна рад карда шудани иҷрои шартномаҳои қарздор ба миён омадаанд, дахл мекунад.

Қоидаҳое, ки дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмие, ки мӯҳлати иҷрояшон баъди ҷорӣ намудани идоракунии беруна расидаанд, татбиқ намешаванд.

Мораторияи қонеъгардонии  талабҳои кредиторон ба талабҳо оиди ситонидани қарзи музди меҳнат, пардохти подоши  шартномаҳои муаллифӣ, алиментҳо ва ҳамчунин ҷуброни зарари ба ҳаёту саломатӣ расондашуда дахл намекунад.

Бо дархости кредитор суд метавонад таъинот дар бораи аз моратория хориҷ намудани уҳдадориҳои пулиро, ки дар асоси онҳо таъминот ба фоидаи кредитори зикргардида пешниҳод шудааст, қабул намояд, агар:

  • мавзӯи таъминот барои гузарондани идоракунии беруна зарур набошад;
  • ба кредитори таъминшуда кафолатҳои ҷуброни товони зарар дар ҳолатҳои паст шудани арзиши мавзӯи таъминот дода нашуда бошанд:

- нақшаи идоракунии беруна дар мӯҳлати муқарраршуда тасдиқ нашуда бошад ҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579).

 

Моддаи 54. ҳуқуқ ва вазифаҳои мудири беруна

Мудири беруна ҳуқуқ дорад:

амволи қарздорро мустақилона бо маҳдудиятҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ихтиёрдорӣ намояд;

аз номи қарздор созишномаи мусолиҳа бандад;

оид ба  рад намудани  иҷрои шартномаҳои қарздор  арз кунад;

маҷлиси кредиторонро даъват намояд.

Мудири беруна вазифадор аст:

амволи қарздорро барои ихтиёрдорӣ қабул намуда, инвентаризатсияи онро гузаронад;

барои идоракунии беруна ва ҳисобӣ намудан бо кредиторон суратҳисоби махсус кушояд;

нақшаи идоракунии берунаро таҳия намуда, барои тасдиқ ба маҷлиси кредиторон пешниҳод намояд;

корҳои муҳосибӣ, молиявӣ ва  омориро  анҷом диҳад;

оид ба талабҳои пешниҳоднамудаи кредиторон ба қарздор бо тартиби муқарраргардида эътироз баён намояд;

барои ситонидани қарзҳои дар назди  қарздорбуда чораҳо андешад;

талабҳои кредиторонро баррасӣ намояд;

 рӯйхати талабҳои кредиторонро барад;

ба маҷлиси кредиторон оид ба  натиҷаҳои иҷрои нақшаи идоракунии беруна ҳисобот пешниҳод намояд;

ваколатҳои дигареро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, ба ҷо орад.

 

Моддаи 55. Муқаррар намудани ҳаҷми талабҳои кредиторон

Кредиторон ҳуқуқ доранд, ки талабҳои худро ба қарздор  дар ҳар лаҳзаи ҷараёни  идоракунии  беруна пешниҳод намоянд. Талабҳои зикршуда ба мудири беруна бо суроғаи почтавии қарздор фиристода мешаванд. Талабҳои кредиторон,  ки мутобиқи Қонуни мазкур муқарраргашта эътироф  шудаанд, бо замимаи ҳуҷҷатҳое, ки   имконияти  муқарраршавии ин талабҳоро муайян месозад, ба мудири беруна  фиристода мешаванд.

Мудири беруна талабҳои пешниҳоднамудаи кредиторонро баррасӣ намуда, аз рӯи натиҷаҳои баррасии онҳо дар  рӯйхати талабҳои кредиторон на дертар аз ду ҳафтаи баъди қабули талаби дахлдор сабт мегузорад. Оиди натиҷаҳои баррасии талаби кредитор мудири беруна кредитори дахлдорро дар мӯҳлати на  бештар аз як моҳи  баъди қабули талаби зикршуда огоҳ менамояд.

Кредиторон эътирозҳои  худро аз рӯи натиҷаҳои баррасии  талабҳояшон, ки аз тарафи мудири беруна  анҷом дода шудааст, метавонанд ба суде, ки парвандаи муфлисшавиро баррасӣ менамояд, дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани   онҳо  пешниҳод намоянд.

Талабҳои кредиторон, ки аз рӯи онҳо дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми сеюми ҳамин модда эътироз пешниҳод  нагардидааст, ба андоза, таркиб ва навбати қонеъгардоние, ки  мудири беруна  муайян намудааст,  муқарраргашта ҳисоб меёбанд.

Талабҳои кредиторон, ки нисбати онҳо эътироз пешниҳод шудааст, аз тарафи суд бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур баррасӣ мешаванд.

 

Моддаи 56. Ихтиёрдории моликияти қарздор

Молики амволи қарздор ё мақоми идоракунии қарздор  ҳуқуқ надорад, ки ваколатҳои мудири берунаро оид ба ихтиёрдории амволи қарздор   бо роҳи қабули қарор ё тарзи дигар  маҳдуд созад.

Аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки дар баста шудани онҳо манфиатҳо  дида мешаванд, онҳоро мудири беруна танҳо бо розигии маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон мебандад, агар ҳамин Қонун ва нақшаи   идоракунии беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Ба аҳдҳои калон аҳдҳое дохил мешаванд, ки бастани онҳо сабабгори ихтиёрдории амволи ғайриманқул ё амволи дигари қарздор, ки арзиши балансиашон дар лаҳзаи бастани  чунин аҳдҳо зиёда аз 20 фоизи арзиши балансии активҳои  қарздорро ташкил медиҳад, мегардад. 

Аҳдҳои дар бастанашон манфиатҷӯӣ мавҷудбуда он аҳдҳое  дониста мешаванд,  ки  яке аз тарафи онҳо дар муносибат ба мудири беруна ё кредиторони озмунӣ  шахси манфиатдор аст.

 

Моддаи 57. Рад намудани иҷрои шартномаи қарздор

Мудири беруна дар муддати се моҳ аз рӯзи ҷоришавии идоракунии беруна ҳуқуқ дорад иҷрои шартномаҳои қарздорро рад намояд.

Радкунии иҷроиши шартномаҳои қарздорро танҳо нисбати  ҳамон шартномаҳое арз намудан мумкин аст, ки онҳо аз ҷониби тарафҳо пурра ё қисман иҷро нашудаанд ва яке аз ҳолатҳои зерин мавҷуд бошад:

агар иҷрошавии шартномаи қарздор дар муқоиса бо ҳамин гуна шартномаҳои дар ҳолатҳои муқоисавӣ басташуда  барои қарздор зарар оварад;

агар шартнома дарозмӯҳлат бошад (ба мӯҳлати зиёда аз як сол баста шуда бошад) ё  дар он гирифтани натиҷаҳои мусбӣ барои қарздор дар ояндаи дарозмуддат ба нақша гирифта шуда бошад;

агар ҳолатҳои дигаре бошанд, ки ба барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор монеъ  шаванд.

Тарафи дигари шартномаи  қарздор ҳуқуқ дорад аз қарздор ҷуброни зарари воқеиро, ки аз рад  кардани иҷрои шартномаи қарздор пайдо шудааст, талаб намояд.

 

Моддаи 58. Ваколатҳои кумитаи кредиторон

Кумитаи кредиторон ҳуқуқ дорад қарорҳои зерин қабул намояд:

дар бораи  даъвати маҷлиси кредиторон;

дар бораи тавсияҳо ба маҷлиси кредиторон оид ба озод намудани мудири беруна аз иҷрои вазифаҳои идоракунии беруна;

дар бораи тасдиқ ё рад намудани аҳдҳои калони қарздор   ва аҳдҳое, ки дар   бастани онҳо манфиатҷӯӣ мавҷуд мебошад;

дар бораи  ба суд пешниҳод намудани номзад ба вазифаи муовини мудири беруна.

 

Моддаи 59. Дароз намудани мӯҳлати идоракунии беруна

Дар ҳолате, ки агар маҷлиси кредиторон   дар бораи тасдиқи нақшаи идоракунии беруна қарор қабул  карда  бошад, ки дар он мӯҳлати идоракунии беруна аз мӯҳлати дар ибтидо муқарраршуда зиёд бошад  ва ҳамчунин  мавҷуд будани асосҳои кофӣ, ки дароз кардани  мӯҳлати идоракунии беруна ё иҷрои нақшаи тасдиқшудаи идоракунӣ ба барқарор  намудани қобилияти пардохтии қарздор мусоидат мекунад, суд мӯҳлати идоракунии берунаро  дароз  менамояд.

 

Моддаи 60. Тадбирҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор

Тадбирҳои барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор инҳо  шуда  метавонанд:

тағйир додани фаъолияти истеҳсолӣ;

бастани истеҳсолоти  фоиданоовар;

пӯшондани қарзҳои дебиторӣ;

фурӯши қисми амволи қарздор;

гузашт кардан аз ҳуқуқи талаби қарздор;

иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор аз ҷониби молики амволи  қарздор - шахси ҳуқуқӣ ё шахси (шахсони) сеюм;

воситаҳои  дигари барқарор намудани  қобилияти пардохтии қарздор.

 

Моддаи 61. Фурӯши қисми амволи қарздор

Баъди инвентаризатсия ва нархгузории амволи қарздор  мудири беруна  ҳуқуқ дорад амволи қарздорро дар савдои озод ба  фурӯш монад, агар  нақшаи идоракунии  беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Савдо, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, дар шакли музояда гузаронида мешавад.

Амволи қарздор, ки ба  амволи қобилияти муомилотиаш маҳдудкардашуда  мансуб мебошад,  мумкин аст дар савдои пӯшида фурӯхта шавад.

Дар савдои пӯшида шахсоне иштирок мекунанд, ки мутобиқи қонун метавонанд дар ихтиёри худ ё тибқи дигар ҳуқуқҳои амволӣ чунин амволро дошта бошанд.

Мудири беруна метавонад ба сифати созмондиҳандаи савдо амал намояд ё гузаронидани савдоро дар асоси шартнома ба  ташкилоти махсусгардонидашуда вогузор намояд. Ташкилоти махсусгардонидашуда, ки савдо мегузаронад, наметавонад нисбати қарздор ва мудири  беруна шахси манфиатдор бошад.

Нархи ибтидоии амволи қарздор, ки ба савдо гузошта мешавад, аз  тарафи мудири беруна муайян карда мешавад, агар нақшаи идоракунии беруна тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Ғолиби савдо вазифадор аст, ки нархи фурӯши амволи қарздорро дар мӯҳлати пешбининамудаи протокол ё шартномаи хариду фурӯш, ки аз рӯи натиҷаҳои озмун баста шудаанд,   вале  на дертар  аз як моҳ аз рӯзи гузаронидани савдо пардохт намояд.

Амволи қарздор, ки  дар савдои аввал фурӯхта нашудааст, ба савдои такрорӣ бароварда мешавад, агар нақшаи идоракунии  беруна тартиби  дигареро   пешбинӣ накарда бошад.

Амволи қарздор, ки дар савдои такрорӣ фурӯхта нашудааст,  мумкин аст аз тарафи мудири беруна дар асоси шартномаи хариду  фурӯш бе гузаронидани савдо фурӯхта шавад.

 

Моддаи 62. Гузашт намудани ҳуқуқи талаби қарздор

Гузашт намудани ҳуқуқи талаби қарздор мумкин аст аз  тарафи мудири беруна бо роҳи фурӯши талаб дар савдои кушод бо розигии кумитаи кредиторон ё маҷлиси кредиторон анҷом дода шавад, агар нақшаи идоракунии беруна  тартиби дигареро  пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 63. Иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор аз ҷониби молики  амволи қарздор ё шахси (шахсони) сеюм

Молики амволи қарздор ҳуқуқ дорад, ки ҳар   замон  то анҷомёбии идоракунии беруна талабҳои ҳамаи кредиторони озмуниро мувофиқи  рӯйхати  талабҳои кредиторон яку якбора  қонеъ гардонад.

Ба иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор аз тарафи шахси  (шахсони) сеюм ба шарте иҷозат дода мешавад, ки агар чунин амал якбора  талабҳои ҳамаи кредиторони озмуниро мутобиқи  рӯйхати  талабҳои кредиторон  қонеъ гардонад.

 

Моддаи 64. Ҳисоботи мудири беруна аз рӯи натиҷаҳои  идоракунии беруна ва баррасии он

На дертар аз панҷ рўзи корӣ то анҷомёбии мӯҳлати муқарраргардидаи идоракунии беруна ва ҳамчунин ҳангоми мавҷудияти асосҳо барои пеш аз мӯҳлат қатъ намудани он мудири беруна вазифадор аст, ки ба маҷлиси кредиторон ҳисоботи мудири берунаро пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Ҳисоботи  мудири беруна бояд  инҳоро дар бар гирад:

баланси қарздорро ба санаи охирини ҳисоботӣ;

ҳисоби  фоида ва зарари қарздорро;

маълумотро дар  бораи маблағҳои озоди пулии қарздор, ки мумкин аст барои  қонеъ гардонидани талабҳои кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмии қарздор равона карда шаванд;

шарҳи қарзҳои  боқимондаи  дебитории қарздор ва маълумотро дар бораи он  ҳуқуқҳои истифоданашудаи талабҳои қарздор,  ки боқӣ мондаанд;

маълумоти дигарро оид ба имкониятҳои пӯшонидани қарзҳои кредитории қарздор.

Ба ҳисоботи мудири  беруна бояд  рӯйхати  талабҳои кредиторон замима карда шавад.

Дар баробари пешниҳод кардани ҳисоботи зикршуда мудири  беруна ба маҷлиси кредиторон яке аз масъалаҳои зеринро пешниҳод  менамояд:

дар бораи қатъ кардани идоракунии беруна бо сабаби  барқарор гардидани  қобилияти пардохтии қарздор;

дар бораи имзои созишномаи мусолиҳа;

дар бобати дароз кардани мӯҳлати муқарраршудаи  идоракунии  беруна;

дар бораи қатъ намудани  идоракунии беруна ва бо илтимоснома ба суд оиди муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ муроҷиат кардан.

Ҳисоботи мудири берунаро маҷлиси кредиторон, ки дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи гузаштани мӯҳлати муайяншудаи  идоракунии беруна ё на дертар аз як моҳ пас аз пайдо шудани асос барои пеш аз мӯҳлат қатъ намудани идоракунии  беруна даъват карда мешавад, баррасӣ менамояд.

Мудири беруна на дертар аз понздаҳ рӯз то анҷомёбии мӯҳлати муқарраргардидаи идоракунии беруна вазифадор аст ба ҳамаи кредиторон дар бобати гузаронидани маҷлиси кредиторон огоҳинома  фиристад.

Огоҳиномаи гузаронидани маҷлиси  кредиторон бояд маълумотҳоро дар бораи  вақт, сана ва ҷои гузаронидани маҷлиси  кредиторон, ҳамчунин тартиби шинос шуданро бо ҳисоботи мудири беруна  дар бар гирад.

Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ҳисоботи мудири  беруна маҷлиси кредиторон ҳуқуқ дорад яке аз  чунин қарорҳоро қабул намояд:

дар бораи қатъ намудани  идоракунии беруна бо сабаби барқарор  шудани қобилияти пардохтии қарздор ва гузаштан ба  ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон;

дар бораи бо илтимоснома ба суд дар хусуси дароз  намудани  мӯҳлати муқарраршудаи   идоракунии беруна муроҷиат намудан;

дар бораи бо илтимоснома ба суд дар хусуси муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ муроҷиат намудан;

дар бораи имзои созишномаи мусолиҳа.

Дар ҳолате, ки маҷлиси кредиторон яке аз қарорҳои дар қисми ҳаштуми  ҳамин модда пешбинишударо қабул накунад, ё ҳамин гуна қарор дар мӯҳлати 15 рӯз аз лаҳзаи гузаштани мӯҳлатҳои дар қисми  панҷуми ҳамин модда пешбинишуда ба суд пешниҳод нагардад,  суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома мебарорад.

 

Моддаи 65. Тасдиқи ҳисоботи мудири беруна  аз тарафи суд

Ҳисоботи дар маҷлиси кредиторон баррасишудаи  мудири беруна ва протоколи маҷлиси кредиторон дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи баъди баргузории маҷлиси кредиторон ба суд фиристода мешавад.

Ба  ҳисоботи мудири беруна бояд  рӯйхати  талабҳо ва шикоятҳои кредитороне, ки дар маҷлиси кредиторон муқобили қабули қарори  маҷлиси кредиторон овоз додаанд ё дар овоздиҳӣ иштирок накардаанд, замима  карда шавад.

Ҳисоботи мудири беруна ва шикоятҳои кредиторон дар маҷлиси  суд  баррасӣ карда мешаванд.

Дар бораи  вақт, сана ва ҷои баргузории маҷлиси суд мудири беруна ва кредитороне, ки  шикоят кардаанд,  огоҳ карда мешаванд.

Агар маҷлиси кредиторон дар бобати қатъ намудани  идоракунии беруна бо сабаби барқарор гардидани қобилияти  пардохтии қарздор ва гузаштан ба  ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон қарор  қабул намуда  бошад, он гоҳ ҳисоботи мудири беруна, ба истиснои  ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, аз  тарафи суд тасдиқ карда мешавад.

Агар суд асоснок будани шикоятҳои кредиторон ё мавҷуд набудани аломатҳои барқароргардии қобилияти пардохтии қарздорро муқаррар кунад, тасдиқи ҳисоботи мудири берунаро рад  менамояд.

Дар бораи тасдиқи ҳисоботи мудири беруна ва ё  рад кардани тасдиқи ҳисоботи мазкур, ё дароз кардани мӯҳлати  идоракунии  беруна ё оиди тасдиқи созишномаи мусолиҳа таъиноти  судӣ бароварда мешавад, ки  аз болои вай  шикоят  кардан мумкин аст.

Ҳангоми мавҷуд будани илтимосномаи маҷлиси кредиторон оид ба муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ, ҳамчунин дар ҳолати аз  тарафи суд рад гардидани тасдиқи ҳисоботи мудири беруна ё пешниҳод накардани ҳамин ҳисобот дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи ба охиррасии мӯҳлати муқарраршудаи  идоракунии беруна суд метавонад дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома қабул намояд.

 

Моддаи 66. Оқибатҳои тасдиқи ҳисоботи мудири беруна

Аз тарафи суд тасдиқ шудани ҳисоботи мудири  беруна асоси қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ  мегардад.

Ҳангоми мавҷуд будани илтимосномаи  қабулкардаи маҷлиси кредиторон суд ҳуқуқ дорад мӯҳлати анҷомдиҳии  ҳисоббаробаркуниро  бо кредиторон муқаррар намояд.

Суд дар бораи тасдиқи ҳисоботи мудири  беруна таъинот  бароварда,  мӯҳлати ба охиррасонии ҳисоббаробаркуниро   бо кредиторон муқаррар менамояд, ки он набояд аз рӯзи  баровардани  таъиноти мазкур аз шаш моҳ зиёд бошад. Дар  чунин ҳолат парвандаи муфлисшавӣ баъди  ба охир расидани  ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон қатъ карда мешавад.

Агар дар мӯҳлати муқаррарнамудаи суд ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон  ба анҷом расонида  нашавад, суд дар бораи  муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ ҳалнома қабул  менамояд.

 

Моддаи 67. ҳисоббаробаркунӣ  бо кредиторон

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 65 Қонуни мазкур  мудири беруна  ҳисоббаробаркуниро бо кредиторон мутобиқи рӯйхати талабҳои кредиторон аз рӯзи тасдиқшавии ҳисоботи мудири  беруна аз тарафи суд  оғоз менамояд.

Ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 78 Қонуни мазкур анҷом дода мешавад. Аз лаҳзаи иҷрошавии ӯҳдадориҳои қарздор  мудири беруна ба рӯйхати талабҳои кредиторон қайди дахлдор  мегузорад.

 

Моддаи 68. Пардохти талабҳои кредиторон

Барои мақсадҳои Қонуни мазкур ҳамон талабҳои қонеъкардаи кредиторон талабҳои пардохтшуда ҳисобида мешаванд, ки оиди даст кашидан аз онҳо ё иҷрошавияшон созиш ба даст омадааст ё тарзи дигари қатъгардии ӯҳдадориҳо, ки он мутобиқи ҳамин Қонун пардохтшуда дониста мешавад.

 

Моддаи 69. Тартиби қатъ  гардидани ваколатҳои мудири беруна

Қатъ намудани идоракунии беруна  боиси қатъшавии  ваколатҳои мудири беруна  мегардад.

Агар идоракунии беруна бо созишномаи мусолиҳа ё пардохти талабҳои кредиторон ба анҷом расад, мудири  беруна  иҷрои вазифаи худро дар доираи ҳуқуқҳои  роҳбари қарздор то рӯзи таъини (интихоби) роҳбари нави қарздор  давом медиҳад.

Ваколатҳои мақомоти дигари идоракунии қарздор ва  молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ барқарор карда мешаванд.

Агар суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ қарор қабул  намояд ва мудири озмунӣ шахси дигар таъин шуда бошад,  мудири беруна иҷрои вазифаҳояшро то рӯзи супоридани  ҳуҷҷатҳо  ба мудири озмунӣ давом медиҳад.

 

БОБИ VII

ИСТЕҳСОЛОТИ ОЗМУНӢ

 

Моддаи 70. Муқаррароти умумӣ

Аз ҷониби суд  қабул  гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор боиси кушодани истеҳсолоти озмунӣ мегардад.

Мўҳлати истеҳсолоти озмунӣ барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва дигар шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳои ѓайритиҷоратӣ) то панҷ моҳ ва барои субъектҳои соҳибкории калон то 12 моҳ буда метавонад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Ҳангоми зарурат мӯҳлати истеҳсолоти озмуниро суд метавонад аз мӯҳлати дар қисми дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба мўҳлати на зиёда аз як моҳ тамдид намояд. Аз болои таъиноти судӣ дар бораи  аз мӯҳлати пешбинишудаи  қисми дуюми моддаи мазкур зиёдтар  дароз кардани  мӯҳлати истеҳсолоти озмунӣ шикоят кардан   мумкин аст.

 

Моддаи 71. Оқибатҳои кушодани истеҳсолоти озмунӣ

Аз лаҳзаи аз ҷониби суд қабул гардидани ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ:

мӯҳлати иҷрои ҳамаи ӯҳдадориҳои пулии қарздор, ҳамчунин пардохтҳои  ҳатмии мӯҳлаташон гузаштаи қарздор фарорасида ҳисоб мешавад;

ҳисоб кардани  ноустуворона (ҷаримаҳо, пеняҳо), фоизҳо ва дигар намуди муҷозоти молиявӣ (иқтисодӣ) нисбати ҳамаи намудҳои қарздориҳои қарздор қатъ мегардад;

мансубияти маълумот дар бораи вазъи молиявии қарздор, ки баробари категорияҳои маълумоти  сирри тиҷоратӣ ҳисоб мешуданд, қатъ мегардад;

ба амалбарории аҳдҳое, ки ба  ҷудо карда додани амволи қарздор ё додани амволи қарздор барои истифода ба  шахсони сеюм вобастаанд, танҳо бо тартиби муқаррарнамудаи  ҳамин боби Қонун иҷозат дода мешавад;

ҳабсҳои пештар ба амволи қарздор гузошта ва дигар маҳдудиятҳо  оид ба ихтиёрдории амволи қарздор бардошта мешаванд. Гузоштани ҳабсҳои нав ба амволи қарздор ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо оид ба ихтиёрдории амволи қарздор иҷозат дода намешавад;

ҳама гуна талабҳо нисбати қарздор танҳо дар доираи истеҳсолоти озмунӣ пешниҳод мегарданд;

иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор дар  ҳолатҳо ва бо тартибе, ки ҳамин боби Қонун муқаррар намудааст, иҷозат дода мешавад.

Аз рӯзи аз ҷониби суд  қабул гардидани  ҳалнома дар бораи муфлис эътироф  намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ мақомоти идоракунии қарздор аз иҷрои вазифаҳояшон оид ба идоракунӣ ва ихтиёрдории амволи қарздор  дар ҳолате дур карда мешаванд, ки агар қаблан ин гуна  дур кардан ҷой надошта бошад ва ҳамчунин ваколатҳои молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ қатъ мегарданд.

 

Моддаи 72. Мудири озмунӣ

Ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ суд бо тартиби барои таъини мудири беруна пешбинишуда мудири озмуниро таъин мекунад.

Бо илтимосномаи мудири озмунӣ, ки маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон маъқул донистааст, суд метавонад якчанд мудирони озмуниро таъин намояд. Суд  вазифаҳоро  байни   мудирони  озмунӣ вобаста ба мураккабии вазифаҳои иҷрошаванда, хусусият ва миқдори амволи қарздор тақсим мекунад ва доираи масъулияти ҳар кадоми онҳоро муайян  месозад.

Мудири озмунӣ то рӯзи ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ фаъолият мекунад.

 

Моддаи 73.  Нашр кардани маълумот дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ

Маълумотро дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ мудири озмунӣ аз ҳисоби маблағҳои қарздор дар воситаҳои ахбори омма нашр менамояд.

Маълумоти нашршаванда  дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ бояд  инҳоро дар бар гирад:

ном ва дигар реквизитҳои қарздор, ки муфлис эътироф шудааст;

номи суде, ки пешбурди парвандаи муфлисшавӣ дар ихтиёри он мебошад;

санаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи муфлис эътироф намудани  қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ;

мӯҳлати муқарраршуда барои пешниҳоди талабҳои кредиторон, ки аз рӯзи  нашри   ин маълумот набояд аз ду моҳ кам бошад;

маълумот дар бораи мудири озмунӣ.

Маълумот дар бораи муфлис эътироф намудани  қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ  ба мудирони озмунӣ на дертар аз панҷ рӯзи таъин шуданашон фиристода мешавад.

 

Моддаи 74. Ваколатҳои мудири озмунӣ

Аз рӯзи таъин шудани мудири озмунӣ ҳамаи ваколатҳо оид ба идоракунии корҳои қарздор, аз ҷумла ваколати ихтиёрдории амволи қарздор ба ӯ вогузор  мегардад.

Дар ҳолате, ки агар ҳалнома дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ баъди ба охир расидани мушоҳида қабул карда шавад, ваколатҳои мақомоти идоракунии қарздор ва молики амволи қарздор аз рӯзи таъин шудани мудири озмунӣ  қатъ мегарданд. Мақомоти  идоракунии қарздор дар давоми се рӯзи баъди таъин шудани мудири озмунӣ супоридани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари қарздор, мӯҳр, штамп, арзишҳои моддӣ ва дигар арзишҳои қарздорро ба мудири озмунӣ таъмин менамоянд. Дар ҳолати аз вазифаҳои зикршуда саркашӣ намудан мақомоти  идоракунии қарздор, аз ҷумла роҳбари қарздор мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мудири озмунӣ аз рӯзи таъин шуданаш вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

амволи қарздорро ба ихтиёрдорӣ қабул мекунад, инвентаризатсия намуда, арзиши амволи қарздорро муайян мекунад ва  оид ба нигоҳдории онҳо тадбирҳо  меандешад;

ҳолати молиявии қарздорро бевосита таҳлил менамояд ва агар дорои донишҳои махсус набошад, барои ин амал бо мувофиқаи кредиторон мутахассис – таҳлилгарро ҷалб менамояд; (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

ба шахсони сеюме, ки  аз қарздор қарздоранд, оиди рӯёнидани он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб пешниҳод мекунад;

кормандони қарздорро дар бораи аз кор озодшавии дар   пешистода  мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор мекунад;

мутобиқи  тартиби муқарраршуда ба талабҳои  пешниҳодшудаи  кредиторон ба қарздор  эътироз менамояд;

дар бораи рад намудани иҷрои  шартномаҳои қарздор  арз менамояд. Рад намудани иҷрои   шартномаҳои  қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 57 ҳамин Қонун арз карда мешавад;

дар бораи ҷустуҷӯ, пайдо намудан ва баргардонидани амволи қарздор, ки дар ихтиёри  шахсони сеюм ҳастанд, чораҳо меандешад;

ҳуҷҷатҳои қарздорро, ки мутобиқи  қонунгузорӣ ва дигар  санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳатман нигоҳдорӣ шаванд, барои нигоҳдорӣ месупорад;

тадбирҳои дигареро, ки ҳамин Қонун пешбинӣ  кардааст, меандешад.

Ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ мудири озмунӣ дар бораи эътироф накардани аҳдҳои бастаи қарздор, талаб кардани амволи  қарздор аз шахсони сеюм ва бекор кардани  шартномаҳои бастаи қарздор  даъво пешниҳод карда, амалҳои дигари пешбининамудаи  қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба баргардонидани амволи қарздор нигаронида шудаанд, анҷом медиҳад.

Мудири озмунӣ ҳангоми  иҷрои  ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад ба шахсони сеюм, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз рӯи ӯҳдадориҳои қарздор бинобар  оварда расонидани қарздор то  ҳолати муфлисшавӣ масъулияти субсидиарӣ доранд, талабҳо пешниҳод намояд.

Ҳаҷми талабҳои номбаршуда бо назардошти  фарқияти байни маблағи  умумии талабҳои кредиторон ва молу мулки озмунӣ муайян  карда мешавад.

Маблағҳои рӯёндашуда ба  молу мулки озмунӣ ҳамроҳ карда  мешаванд  ва  мумкин аст  танҳо барои қонеъ гардонидани талабҳои кредиторон аз рӯи навбат, ки ҳамин Қонун пешбинӣ  намудааст, истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 75. Муайян кардани нархи амволи қарздор

Мудири озмунӣ дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ амволи қарздорро инвентаризатсия намуда, нархи онро муайян мекунад.

Барои анҷом додани ин кор  мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад нархгузорон ва дигар мутахассисонро бо пардохти музди меҳнаташон аз ҳисоби амволи қарздор ба кор ҷалб намояд,  агар тартиби дигареро маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон муқаррар накарда бошад.

Дар ҳолатҳое, ки  агар амволи ба фурӯшмондаи қарздор дар ҷараёни  истеҳсолоти озмунӣ амволи ғайриманқул бошад, он гоҳ амволи номбаршуда то  фурӯш, бо ҷалби нархгузорони мустақил нархгузорӣ карда мешавад, агар маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигареро муқаррар  накарда бошад.

 

Моддаи 76. Молу мулки озмунӣ

Ҳамаи амволи дар лаҳзаи кушодани истеҳсолоти озмунӣ  мавҷудбуда ва дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ ошкоршудаи қарздор молу  мулки  озмуниро ташкил медиҳад.

Аз  амволи қарздор, ки  молу мулки  озмуниро ташкил додааст, амволи аз муомилот баровардашуда, ҳуқуқҳои амволии ба шахсияти қарздор алоқамандбуда, аз ҷумла ҳуқуқҳои  бо иҷозатнома (литсензия) машғул шудан ба намудҳои  муайяни фаъолият асосёфта, ҳамчунин амволи дигари  дар ҳамин Қонун пешбинишуда  бароварда мешаванд.

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии амволи қарздор, ки молу мулки озмуниро ташкил медиҳад, мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад муҳосибон, аудиторҳо ва дигар мутахассисонро ҷалб намояд.

 

Моддаи 77. Амволи қарздор, ки ба молу мулки озмунӣ  дохил карда намешавад

Ҳангоми дар  таркиби амволи қарздор мавҷуд будани амволе, ки аз муомилот бароварда шудааст, мудири озмунӣ молики амволи номбаршударо  дар ин бора огоҳ менамояд.

Молики амволи аз муомилот баровардашуда вазифадор аст, ки дар давоми як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи  мудири озмунӣ ин амволро қабул намояд ё онро ба шахси дигар вобаста кунад.

Дар ҳолати аз ҷониби молики амволи аз муомилот бароварда –  шуда иҷро накардани вазифаҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда дар муддати  як моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи мудири озмунӣ ҳамаи  хароҷоти нигоҳдории амволи аз муомилот баровардашуда ба  зиммаи молики амволи номбаршуда гузошта мешавад.

Фонди манзилии таъиноти иҷтимоидошта, муассисаҳои бачагонаи томактабӣ ва иншоотҳои моликияти коммуналии барои минтақа  ҳаётан зарурбуда бояд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти  маҳаллии  дахлдор  бо тартиби пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ва сеюми ҳамин модда супорида шаванд. Вазифаҳо  оиди  нигоҳдорӣ ва таъмини фаъолияти  иншоотҳои номбаршуда ва истифодаи мақсадноки онҳо пас аз  як моҳи гирифтани огоҳиномаи мудири озмунӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  маҳаллӣ гузошта мешаванд.

Иншоотҳои дар қисми чоруми ҳамин модда номбаршуда ба мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  маҳаллӣ  дар ҳолатҳои воқеияшон бидуни ҳеҷ гуна шартҳои иловагӣ супорида мешаванд. Манбаи маблағгузорӣ  барои нигоҳдории иншоотҳои зерин буҷетҳои дахлдор мебошанд.

Шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи  ҳокимияти маҳаллӣ барои иҷро накардани муқаррароти бандҳои чорум ва  панҷуми ҳамин модда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистион ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 771. Молу мулки манқули қарздор, ки ба сифати таъминот пешниход шудааст

ҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579)

 

Молу мулки манқули қарздор, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва дигар усули таъминот), аз молу мулки озмунӣ ҷудо карда мешавад ва барои фурӯш ба кредитори таъминшуда дода мешавад.

Кредитори таъминшуда ӯхдадор аст бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки онҳо барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд.

Маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардиданд, равона шуда, маблағҳои аз фурӯш боқимонда ба идоракунандаи озмун барои пардохт намудани талаботи дигари кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур равона мегарданд.

Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурухташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари қарздор бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад ҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579).

 

Моддаи 78. Навбати қонеъгардонии талаботи кредиторон

ҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579)

Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқӣ талаботи кредиторони он ба навбати зерин қонеъ гардонида мешаванд:

  • дар навбати аввал - талаботи кредиторони таъминшуда аз ҳисоби арзиши таъминот бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зиён ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад, бо роҳи ба сармоя табдил додани пардохтҳои дахлдори вақтбайъ;
  • дар навбати дуюм - пардохти кумакпулии аз кор рафтан ва музди кори шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохти мукофотпулӣ бо ҳисобу китоб аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ;
  • дар навбати сеюм - пардохти қарз аз рӯи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
  • дар навбати чорум - ҳисобу китоб бо кредиторони дигар тибқи қонун.

Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ қонеъ гардонида мешаванд ҶТ аз 02.01.2019 с., № 1579).

 

Моддаи 79. Фурӯши амволи қарздор

Баъди гузаронидани инвентаризатсия ва нархгузории амволи қарздор  мудири  озмунӣ ба  фурӯхтани амволи номбаршуда дар  савдои озод шурӯъ мекунад, агар маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигари фурӯши амволи қарздорро муқаррар накарда бошад.

Тартиб ва мӯҳлати фурӯши амволи қарздор бояд аз тарафи маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон маъқул дониста шавад.

Амволи қарздор, ки ба  амволи қобилияти муомилотиаш маҳдудшуда  мансуб  аст, танҳо дар савдои пӯшида фурӯхта мешавад.

Мудири озмунӣ метавонад ба сифати созмондиҳандаи савдо баромад намояд ё гузаронидани савдоро дар асоси шартнома ба  ташкилоти махсусгардонидашуда супорад. Ташкилоти махсусгардонидашуда, ки  савдоро ба роҳ мемонад, наметавонад  нисбати қарздор ё мудири озмунӣ  шахси манфиатдор бошад.

Амволи қарздор, ки дар савдои аввал фурӯхта нашудааст, дар савдоҳои минбаъда гузошта мешавад ё аз тарафи мудири озмунӣ дар асоси шартномаи хариду фурӯш, ки бе гузаронидани савдо баста мешавад,  фурӯхта мешавад.

 

Моддаи 80. Гузашт намудан аз  ҳуқуқи талаби қарздор

Мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад ҳуқуқи талабҳои  қарздорро дар савдои озод гузорад, агар маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон тартиби дигари фурӯши (гузашт намудани) талабҳои қарздорро муқаррар накарда бошад.

Фурӯши (гузашт намудани) ҳуқуқҳои талабҳои қарздор дар савдои озод бо риояи қоидаҳои дар моддаи 62 Қонуни мазкур пешбинигардида ба амал бароварда мешавад, агар қонунҳои дигар тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд ё аз моҳияти талабҳо тартиби дигаре барнаояд.

 

Моддаи 81. Ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон

Ҳисоббаробаркуниро бо кредиторон мудири озмунӣ мутобиқи рӯйхати талабҳои кредиторон  амалӣ менамояд.

Талабҳои кредиторон бо тартиби пешбининамудаи моддаи 55 Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад.

Талаби ҳар як навбат баъди комилан қонеъ гардидани талаби навбати пештара қонеъ гардонида мешавад.

Маблағҳои пулии қарздор ҳангоми нокифоя буданашон байни кредиторони навбати дахлдор мутаносибан ба ҳаҷми маблағҳои талабкардашуда, ки бояд қонеъ карда шаванд, тақсим карда мешаванд, агар Қонуни  мазкур тартиби  дигареро  пешбинӣ накарда бошад.

Талабҳои кредитороне, ки баъди бастани рӯйхати талабҳои кредиторон изҳор гардидаанд, аз ҷумла талабҳо оиди пардохтҳои ҳатмӣ, ки баъди кушодани истеҳсолоти озмунӣ ба вуҷуд омадаанд, аз ҳисоби амволи қарздор баъди қонеъ гардонидани талабҳои кредиторони дар мӯҳлати муқарраршуда муроҷиаткарда қонеъ гардонида мешаванд.

Талабҳои кредиторони  навбати якум ва дуюм, ки то  анҷомдиҳии ҳисоббаробаркунӣ бо  ҳамаи кредиторон, аз  ҷумла баъди бастани рӯйхати талабҳои кредиторон изҳор шудаанд, воҷиби қонеъгардонӣ мебошанд.  То комилан қонеъ гаштани талабҳои зикршуда, қонеъ гардонидани талабҳои кредиторони навбати дахлдор боздошта мешавад. Бо ҳамин тартиб талабҳои кредиторони  навбатҳои дигар, ки дар мӯҳлати муқарраршуда муроҷиат намудаанд, вале аз тарафи мудири озмунӣ онҳо  эътироф нашудаанд ва нисбати онҳо ҳалномаи   суд дар бораи қонеъ гардониданашон қувваи қонунӣ пайдо намудааст, қонеъ гардонида мешаванд.

Талабҳои кредитороне, ки бо сабаби нокифоягии амволи қарздор қонеъ нагардидаанд, пардохтшуда дониста мешаванд. Талабҳои кредитороне, ки мудири озмунӣ онҳоро эътироф накардааст ва кредитор  оиди онҳо ба суд бо даъво муроҷиат накардааст, инчунин талабҳое, ки  қонеъ гардонидани онҳо бо ҳалномаи суд рад карда  шудааст, ҳамчунин пардохтшуда дониста мешаванд.

Мудири озмунӣ ба рӯйхати талабҳои кредиторон дар бораи пардохт шуданашон қайдҳо мегузорад.

Кредитороне, ки талабҳои онҳо дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ ба таври пурра қонеъ гардонида нашудаанд, ҳуқуқи талабпешниҳодкунӣ ба шахсони сеюм, ки амволи  қарздорро ғайриқонунӣ гирифтаанд,  доранд. Баъди пӯшида шудани парвандаи муфлисшавӣ чунин талабро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудан мумкин аст.

 

Моддаи 82. Назорат  аз болои фаъолияти мудири озмунӣ

Мудири озмунӣ на кам аз як маротиба дар як моҳ ба кумитаи кредиторон ё маҷлиси кредиторон ҳисоботро дар бораи фаъолияти худ, иттилоотро дар бораи вазъи молиявии қарздор ва амволи вай то рӯзи кушодани истеҳсолоти озмунӣ ва дар  ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ, ҳамчунин дигар иттилооти даркориро пешниҳод мекунад.

Мудири озмунӣ вазифадор аст бо талаби суд ҳама гуна маълумоти ба истеҳсолоти озмунӣ тааллуқдоштаро ба вай пешниҳод намояд.

 

Моддаи 83. Аз вазифа дур намудани мудири  озмунӣ

Суд мудири озмуниро дар ҳолати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда бо илтимосномаи маҷлиси кредиторон ё кумитаи кредиторон аз вазифа дур намуда, мудири нави озмуниро таъин мекунад.

 

Моддаи 84. ҳисоботи мудири озмунӣ

Мудири озмунӣ баъди ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон вазифадор аст, ки аз натиҷаҳои гузаронидани истеҳсолоти озмунӣ ба суд ҳисобот диҳад.

Ба ҳисоботи мудири озмунӣ замимаҳои  зерин илова мегарданд:

ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фурӯши амволи қарздор;

рӯйхати талабҳои кредиторон бо нишон додани ҳаҷми пардохтшудаи талабҳои кредиторон;

ҳуҷҷатҳое, ки  пардохт шудани талабҳои кредиторонро тасдиқ менамоянд.

 

Моддаи 85. Амволи қарздор, ки пас аз пардохти талабҳои  кредиторон боқӣ мондааст

Мудири озмунӣ дар бораи амволи қарздор, ки ба фурӯш пешниҳод шуда буд, вале дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ ба фурӯш нарафтааст ва ҳангоми  мавҷуд набудани  муроҷиати молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, муассисони (иштирокчиёни) қарздор –  шахси ҳуқуқӣ оиди ҳуқуқҳои амволиашон ба ин амвол ба  мақомоти ваколатдори дахлдор хабар мерасонад.

Мақомоти  ваколатдор дар мӯҳлати на дертар аз  як моҳ  баъди гирифтани хабарномаи  дахлдор амволи дар қисми якуми ҳамин модда зикргаштаро ба баланс ва  хароҷоти нигоҳдории онро ба ӯҳда мегирад.

 

Моддаи 86. Ба итмомрасонии истеҳсолоти озмунӣ

Суд баъди баррасии ҳисоботи мудири озмунӣ оиди натиҷаҳои истеҳсолоти озмунӣ дар  хусуси ба итмом расидани истеҳсолоти озмунӣ таъинот мебарорад.

Мудири озмунӣ бояд дар мӯҳлати 5 рўзи корӣ аз лаҳзаи  баровардани таъиноти суд оиди ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ таъиноти зикргардидаро ба мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиро анҷом медиҳад, пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №509)

Таъиноти суд оиди ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ барои дар рӯйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ даровардани қайди барҳамхӯрии қарздор асос мешавад.

Аз рӯзи дар рӯйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ даровардани қайди барҳамхӯрии қарздор ваколатҳои мудири озмунӣ қатъ мегарданд, истеҳсолоти озмунӣ ба итмом расида ва қарздор барҳамхӯрда ҳисобида мешавад.

 

БОБИ  VIII

СОЗИШНОМАИ МУСОЛИҲА

 

Моддаи 87. Муқаррароти умумӣ

Қарздор ва кредиторон дар ҳама марҳилаҳои баррасии парвандаи муфлисшавӣ  ҳуқуқ доранд созишномаи мусолиҳа банданд.

Қарор дар бораи бастани созишномаи мусолиҳаро аз номи кредиторони озмунӣ маҷлиси кредиторон қабул менамояд. Қарори маҷлиси кредиторон дар бораи бастани созишномаи мусолиҳа бо аксарияти овозҳо аз  миқдори умумии  кредиторони озмунӣ қабул карда мешавад ва дар ҳолате қабулшуда ҳисоб мешавад, агар ба тарафдории он ҳамаи кредитороне, ки  ӯҳдадориҳояшон бо гаравмонии амволии қарздор таъминанд, овоз  дода бошанд.

Қарори бастани созишномаи мусолиҳаро аз тарафи қарздор шаҳрванд – қарздор ё роҳбари қарздор,  мудири беруна ё мудири озмунӣ қабул менамоянд.

Дар созишномаи мусолиҳа иштироки шахсони сеюм, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дар  созишномаи мусолиҳа пешбинишударо ба зимма мегиранд, иҷозат дода мешавад.

Созишномаи мусолиҳаро бояд суд тасдиқ  намояд ва дар ин бора дар таъиноти судӣ оид ба  қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ таъкид карда шавад. Агар созишномаи мусолиҳа дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ баста шавад, суд  дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа таъинот мебарорад.

Созишномаи мусолиҳа барои қарздор ва кредиторони озмунӣ, ҳамчунин  шахсони сеюми дар созишномаи мусолиҳа иштироккунанда аз рӯзи тасдиқи суд эътибор дорад ва  барои қарздор, кредиторони озмунӣ ва шахсони сеюми дар созишномаи мусолиҳа  ширкаткунанда ҳатмӣ мебошад.

Саркашии яктарафа аз иҷрои созишномаи мусолиҳа, ки эътибор пайдо кардааст, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 88.  Шакли созишномаи мусолиҳа

Созишномаи мусолиҳа дар шакли  хаттӣ баста мешавад.

Аз тарафи қарздор созишномаи мусолиҳаро соҳибкори инфиродӣ –  қарздор ё роҳбари қарздор, мудири  беруна ё мудири озмунӣ имзо мекунанд.

Аз номи кредиторон созишномаи мусолиҳаро шахси аз  тарафи маҷлиси кредиторон ваколатдоршуда имзо мекунад.

Агар дар созишномаи мусолиҳа шахсони сеюм иштирок намоянд, созишномаи мусолиҳаро аз тарафи онҳо ҳамин шахсҳо ё намояндаи онҳо имзо мекунанд.

 

Моддаи 89. Мазмуни созишномаи мусолиҳа

Созишномаи мусолиҳа бояд муқарраротро дар бораи  ҳаҷм, тартиб ва мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор ва (ё) дар бораи қатъи ӯҳдадориҳои қарздор бо роҳи гузашт намудан, азнавкунии  ӯҳдадориҳо, бахшидани қарз ё роҳҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар бар гирад.

Созишномаи мусолиҳа метавонад  шартҳои зеринро дар бар гирад:

дар бобати  дароз ё кӯтоҳ  намудани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор;

дар бораи гузашт кардани ҳуқуқи талабҳои қарздор;

дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор аз тарафи шахсони сеюм;

дар бораи кам кардани қарз;

дар бораи иваз намудани талабҳо ба саҳмияҳо;

дар бораи қонеъ гардонидани талабҳои кредиторон бо дигар  воситаҳое, ки ба қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон мухолиф нестанд.

Шартҳои созишномаи мусолиҳа барои кредиторони озмунӣ, ки дар овоздиҳӣ оиди масъалаи бастани созишномаи мусолиҳа иштирок накардаанд ва инчунин муқобили  бастани созишномаи мусолиҳа овоз додаанд, набояд аз шартҳои кредиторони озмунии ҳамон навбат, ки ба тарафдории  бастани он овоз додаанд, бадтар бошад.

 

Моддаи 90.  Шартҳои тасдиқи созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд

Қарздор, мудири беруна ё  мудири озмунӣ  бояд дар давоми панҷ рӯз аз вақти бастани созишномаи мусолиҳа ба суд дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа  ариза пешниҳод намоянд.

Ба ариза дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа иловаҳои  зерин пешниҳод карда мешаванд:

матни созишномаи мусолиҳа;

протоколи маҷлиси кредиторон, ки оиди бастани созишномаи мусолиҳа қарор қабул намудааст;

рӯйхати ҳамаи кредиторони озмунӣ бо нишон додани суроғаҳои онҳо ва маблағи қарзҳояшон;

эътирози хаттии кредиторони озмунӣ, ки дар овоздиҳӣ оиди бастани созишномаи мусолиҳа иштирок накардаанд ё муқобили бастани созишномаи мусолиҳа овоз додаанд.

Суд тарафҳои манфиатдорро оиди санаи баррасии  ариза дар бораи тасдиқи созишномаи мусолиҳа хабар медиҳад. Иштирок накардани шахсони хабардоршуда ба баррасии парвандаи муфлисшавӣ монеъ намешавад.

 

Моддаи 91. Оқибати тасдиқи созишномаи мусолиҳа

Тасдиқи созишномаи мусолиҳа  аз тарафи суд дар ҷараёни мушоҳида ё идоракунии  беруна барои қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ асос  мегардад.

Тасдиқи созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд дар ҷараёни идоракунии беруна барои қатъ намудани  мораторияи қонеъ гардонидани талабҳои  кредиторон асос мешавад.

Дар ҳолате, ки созишномаи мусолиҳа аз тарафи суд дар  ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ тасдиқ шудааст, ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф намудани қарздор ва кушодани истеҳсолоти озмунӣ иҷро  карда намешавад.

Аз лаҳзаи тасдиқи созишномаи  мусолиҳа аз тарафи суд ваколатҳои мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ ба охир мерасанд.

Мудири берунӣ,  мудири озмунии қарздор – шахси ҳуқуқӣ вазифаи роҳбари қарздорро то лаҳзаи таъини (интихоби) роҳбари қарздор иҷро мекунад.

Аз рӯзи тасдиқи созишномаи мусолиҳа мувофиқан шаҳрванд –  қарздор ё роҳбари қарздор, мудири беруна ё мудири озмунӣ ба пардохти қарзҳои кредиторон шурӯъ мекунанд.

 

Моддаи 92. Аз тарафи суд рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа

Суд дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад тасдиқи созишномаи мусолиҳаро рад намояд:

вайрон кардани тартиби бастани созишномаи мусолиҳа,  ки ҳамин Қонун муқаррар намудааст;

риоя накардани шаклҳои созишномаи мусолиҳа;

вайрон кардани ҳуқуқи шахсони сеюм;

мухолифати шартҳои созишномаи мусолиҳа ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суд дар бораи рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа таъинот мебарорад, ки  аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 93. Оқибатҳои рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа

Дар ҳолати  баромадани таъиноти судӣ дар бораи рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа созишномаи мусолиҳа бастанашуда ҳисоб карда мешавад.

Таъиноти  баровардаи суд дар бораи рад намудани тасдиқи созишномаи мусолиҳа барои бастани созишномаи мусолиҳаи нав монеъ  шуда наметавонад.

 

Моддаи 94. Беъэтибор донистани созишномаи мусолиҳа

Дар чунин ҳолатҳо бо аризаи қарздор, кредитор ё прокурор суд метавонад созишномаи мусолиҳаро беъэтибор гардонад:

агар созишномаи мусолиҳа шартҳое дошта бошад, ки манфиати кредиторони алоҳидаро ҳимоя ё  манфиатҳо  ва ҳуқуқҳои қонунии кредиторони дигарро поймол намояд;

агар иҷрои созишномаи мусолиҳа қарздорро ба муфлисшавӣ расонад;

Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дигари беэътибор донистани аҳдҳо, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ  намудааст.

 

Моддаи 95. Оқибатҳои  беэътибор донистани  созишномаи мусолиҳа

Беэътибор донистани созишномаи мусолиҳа барои аз нав шурӯъ намудани пешбурди парвандаи муфлисшавӣ асос мегардад. Дар бораи аз нав шурӯъ намудани пешбурди парвандаи муфлисшавӣ суд таъинот  мебарорад, ки  аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

Дар ҳолати беэътибор  донистани созишномаи мусолиҳа талабҳои кредитороне, ки барои  онҳо  мӯҳлати пардохташон  зиёд  ё кам карда шуда буд,  маблағи ҳақдорӣ ё маблағи камкардашудаи қарзҳои онҳо дар қисми қонеъ нагардидаашон барқарор карда мешаванд.

Дар қисмате, ки ҳамин модда танзим  накардааст, оқибатҳои беэътибории аҳдҳо, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, татбиқ  карда мешавад.

Дар ҳолати беэътибор  донистани  созишномаи мусолиҳа хабар  оиди аз  нав   пеш бурдани парвандаи муфлисшавии қарздор аз тарафи суд дар воситаҳои ахбори  умум аз  ҳисоби қарздор  нашр карда мешавад.

 

Моддаи 96. Бекоркунии  созишномаи мусолиҳа

Бекор кардани  созишномаи мусолиҳаи тасдиқнамудаи  суд бо маслиҳати  кредиторони алоҳида ва қарздор иҷозат дода намешавад.

Бо ҳалномаи суд бекор кардани созишномаи мусолиҳа нисбат ба кредитори алоҳида  боиси  қатъ  гардидани  созишномаи  мусолиҳа нисбати кредиторони дигар  намегардад.

Созишномаи мусолиҳаро бо ҳалномаи суд дар ҳолате  бекор  кардан  мумкин аст,  ки қарздор шартҳои созишро нисбати талаби на кам аз се як ҳиссаи кредиторон  адо накарда бошад. Дар ин ҳолат оқибатҳои пешбининамудаи моддаи 95 Қонуни мазкур татбиқ  карда мешаванд.

 

Моддаи 97. Оқибатҳои иҷро накардани созишномаи мусолиҳа

Дар ҳолати аз тарафи қарздор иҷро нагардидани созишномаи мусолиҳа кредиторон ҳуқуқ доранд, ки талабҳои худро дар ҳаҷми пешбининамудаи созишномаи мусолиҳа пешниҳод намоянд.

Дар ҳолати оғоз намудани парвандаи муфлисшавӣ ҳаҷми талабҳои кредитороне, ки нисбаташон созишномаи мусолиҳа  имзо шуда буд, аз рӯи шартҳои муайяннамудаи созишномаи мусолиҳа муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 98. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 99. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо”

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  муфлисшавии корхонаҳо” аз 10 марти соли 1992 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, № 8, мод. 116; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 3, мод. 48; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1998, № 10. мод. 121) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 100. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  8 декабри соли 2003

№ 46

Pages