ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Январ 2020

-A A +A

ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 15:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
881
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
11.12.1999
ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, мод. 320; соли  2002, № 4, қисми 1, мод. 248; соли  2005, №12, мод. 657; соли 2008, №12, қисми 2, мод.1004; соли 2010, №1, мод.15, соли 2018 №7-8, мод.525.)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро муқаррар намуда, ба танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зайл истифода мегарданд:
-муҳоҷират - ҷойивазкунии бебозгашт, муваққатӣ, инчунин мавсимии шахси воқеӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба тағйири маҳалли истиқомат, кор, кучидани  шахси воқеӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муҳоҷирати дохилӣ - ҷойивазкунии бебозгашт, муваққатӣ инчунин мавсимии  шахси воқеӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муҳоҷири хориҷӣ – шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доими омадаанд;
-муҳоҷирати хориҷӣ – ҳиҷрати шаҳрвандони хориҷӣ ё  шахси бешаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ;
-муҳоҷирати оилавии хориҷиён – ҳиҷрати гуруҳи хешовандон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ;
-муҳочирати коллективонаи хориҷиён - муташаккилона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кучида омадани шаҳрвандони хориҷӣ ва  шахси бешаҳрвандӣ;
-муҳоҷирони ғайриқонунии хориҷӣ – шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки мустақилона, бе иҷозати дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ё онро бо роҳи фиреб гирифтаанд, инчунин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозати дахлдор омада, вале онро баъди гузаштани муҳлати будубош тарк накардаанд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
-муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа - сафари ихтиёрии қонунии шаҳрвандони ба таври доими дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  сукунатдошта ба хориҷи кишвар, инчунин сафари шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба таври доими берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон   сукунатдошта ба ҳудуди он барои машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-муҳоҷирати меҳнатии наздисарҳадӣ - сафари ҳарруза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди давлати ҳамсарҳад ва сафари харруза ва ё ҳафтае як маротибаи шаҳрвандони давлати ҳамсарҳад ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба кори музднок тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, бо шарти истиқомати доимӣ дар ҳудуди давлати тарк намудаашон;
-коргари муҳоҷир - шахсе, ки дар давлати ҷои кор, ба таври доими истиқомат намекунад, шаҳрванди он намебошад, ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ё машғул  мешавад;
-коргари наздисарҳадӣ - коргари муҳоҷире, ки ҷои истиқомати муқаррарии худро дар давлати ҳамсарҳад нигоҳ медорад ва ҳар руз ё як маротиба дар як ҳафта ба он ҷо бармегардад;
-давлати таркнамуда - давлате, ки коргари муҳоҷир дар қаламрави он ба таври доими истиқомат дорад ва барои машғул шудан ба кори музднок ба давлати дигар сафар мекунад;
-давлати ҷои кор - давлате, ки дар он коргари муҳоҷир ба фаъолияти меҳнатии музднок машғул буд, машғул аст ва ё машғул мешавад;
- муҳоҷироншахсоне, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба маҳалли пештараи зист, ба ватани аҷдодӣ баргаштаанд (репатриантҳо), инчунин шахсоне, ки бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд ё шахсоне, ки кишвари истиқомати доимии худро ихтиёран тарк карда, барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
-муҳоҷирони иҷборӣшахсе, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинобар нисбат ба онҳо содир гардидани зуроварӣ ва таъкиб, ё вобаста ба нишонаҳои мансубияти нажодӣ ё миллӣ, эътиқоди динӣ, забонӣ, мавқеи сиёси, мансубият ба гуруҳи муайяни иҷтимоӣ вобаста ба хавфи таҳдиди воқеии таъкиб на танҳо ба худи онҳо, балки ба аъзои оилаи онҳо иҷборан маҳалли истиқомати доимии худро тарк карда, дар ҳудуди кишвари хориҷӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470).
-маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон - маҳалли аҳолинишини ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақоми марказии иҷроия бо мувофиқаи мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор муайян шудааст ва дар он хонаҳои истиқоматие мавҷуданд, ки барои ҷойгир кардан ва истиқомати муваққатии репатриантҳо, реэмигрантҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва фирориён мувофиқанд;
-репатриатсия - ба ватан бозгашт ё баргардонидани асирони ҳарбӣ, шахси зуран кучонидашуда, фирориён ва муҳоҷирон;
-репатриантҳошахси воқеие, ки вобаста ба репатриатсия бармегарданд;
-эмигратсия – ҳиҷрати бебозгашт ё муваққатии  шахси воқеӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари хориҷӣ;
-реэмигрантҳо - ба Ватан баргаштани  шахси дар эмигратсия буда;
-эмигрантҳошахси воқеие, ки эмигратсия мекунад;
-муҳоҷири экологӣшахси, ки манзили худро бар асари офатҳои экологӣ ноилоҷ тарк кардаанд.              (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
- муҳоҷирати экологӣ - ҷараёни маҷбурии кўчидани шаҳрвандон дар ҳудуди давлати худ вобаста ба вайрон гардидани вазъи муҳити зист ё фалокатҳои экологӣ; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
           -субъектҳои хоҷагидорӣ – шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебароранд ва барои фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд.                                                                                                         (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 2. Принсипҳои асосии танзими муҳоҷират
Муҳоҷират бо принсипҳои зерин асос меёбад:
- таъмини ҳуқуқии инсон барои интихоби озодии маҳалли истиқомат, озодии меҳнат, интихоби озоди навъи фаъолият ва касб, озодии ҳиҷрат, озодии рафтуомад;
- норавоии ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ аз руи миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, маълумот, вазъи ҳуқуқии иҷтимоӣ ва молу мулк; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
- иштироки мақомоти дахлдори давлатӣ дар ташкили ба низом овардани равандҳои муҳоҷират;
- иштироки шахсии муҳоҷирон дар ҷобаҷокунӣ дар маҳалли нави истиқомат бо дастгирии унвонии давлатии ташаббус ва худфаъолияти ҳар як шахс, дар навбати аввал онҳое, ки аз минтақаҳои офати экологӣ ва табиӣ кучонида шудаанд;
- манъи бадарға ё баргардонидани маҷбурии муҳоҷирон ба кишваре, ки онҳо аз он омаданд;
- ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
(ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 4. Субъектҳои муҳоҷират
1.Шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур барои истиқомати доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат гирифтаанд,  вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони хориҷиро мегиранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
2.Шахсоне, ки дар асоси қонунӣ барои истиқомати доимӣ   аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ кучидаанд (ғайр аз ходимони сафоратҳо ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ муваққатан фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, хизматчиёни ҳарбие, ки вазифаи ҳомиёни сулҳро иҷро мекунанд, инчунин  шахсе, ки дар таҳсил, табобат, сафарҳои туристӣ ва хизматӣ мебошанд)  вазъи ҳуқуқии муҳоҷиронро мегиранд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
 3.Шахсоне, ки дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷборан кучидаанд, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони дохилиро мегиранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470). (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
4.Шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ, башарият, инчунин хусусияти террористӣ ва экстремистидоштаро содир кардаанд, муҳоҷири хориҷӣ ва ё реэмигрантҳо эътироф карда намешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470). (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
Моддаи 5. Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилӣ ва муҳоҷирати экологӣ
Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилӣ ва муҳоҷирати экологиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идораи равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Идораи равандҳои муҳоҷиратро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии муаяйннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) анҷом медиҳад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
2.Низомномаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ ваколатҳои зайлро дорад:
1). дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратро ҳамоҳанг месозад;
2). ба шаҳрвандони хориҷӣ ва  шахси бешаҳрвандӣ барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ, иҷозати дахлдор медиҳад;
3). равандҳои муҳочиратро дар кишвар таҳлил ва пешгуӣ намуда, аз ин хусус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иттилоъ медиҳад; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
4). ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули квотаҳои муҳоҷирати хориҷӣ пешниҳод манзур менамояд;
5). дар доираи квотаҳои тасдиқгардида кучонидан, қабул ва ҷобаҷокунии репатриантҳо, реэимигрантҳо ва  муҳоҷирони иҷбориро ташкил мекунад;
6). бақайдгирӣ, баҳисобгирии репатриантҳо, реэмигрантҳо ва муҳоҷирони иҷбориро анҷом медиҳад;
7). дархости хаттии шахсеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши дарёфти паноҳгоҳи сиёсиро доранд, қабул мекунад ва асноди заруриро ба расмият медарорад;
                   8) бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷаро амалӣ менамояд; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
                   9) барои амалӣ гардонидани фаъолияти бо кор таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома  медиҳад ва ҷиҳати ташкили фаъолият ба субъектҳои хоҷагидорӣ мусоидат намуда, санҷиши фаъолияти онҳоро амалӣ мекунад; (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
                   10) муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонуниро пешгирӣ менамояд, дар ҳолати ошкор намудани вайронкунии қоидаҳои истиқомат аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани онҳо мавод таҳия мекунад;  (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591). (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
11) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 8. Фиристодани коргарони муҳоҷир барои кор ба хориҷа
1.  Давлат мусоидат менамояд, ки коргарони муҳоҷир – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муташаккилона ва бо розигии онҳо танҳо ба он кишварҳое фиристодашаванд, ки дар он ҷо ҳуқуқҳояшон ҳифз карда мешаванд.
2. Кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа барои давлат ҳолатҳои зерин шуда метавонанд:
-дар давлати ҷои кор мавҷуд будани қонунгузории меҳнатӣ ва иҷтимоии ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷирро ҳифзкунанда;
-иштироки давлати ҷои кор дар  созишномаҳои байналмилалӣ, эъломияҳо ва қатъномаҳое, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир иртибот доранд;
-мавҷуд будани шартномаҳои дутарафа ё бисёртарафаи давлати ҷои кор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир дар хориҷа;
-қабули тадбирҳои амалии мусбӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир аз тарафи давлати ҷои кор.
Моддаи 81. Тартиби фиристодан ва ҷалб намудани қувваи корӣ
Аз ҷониби субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани фаъолияти оид ба таъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои кор дар хориҷа ва ҷалб намудани қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи (литсензия) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ додашаванда, мутобиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» сурат мегирад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 82. Тартиби рафту омади коргарони муҳоҷир
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои машғул шудан ба кори музднок ба хориҷа сафар мекунанд, бояд бо худ шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда, шиносномаи хориҷии тибқи тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохилӣ ба расмият даровардашуда ва дар мавриди зарурӣ раводиди намояндагии дипломатӣ ё идораи консулгарии давлати ҷои кор додашударо дошта бошанд.
2. Тартиби ҷалби коргарони муҳоҷир, талаботи синну соли ва дигар талабот нисбат ба онҳо тибқи қонунҳои давлати ҷои кор ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Коргарони муҳоҷир барои кор ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи раводиде, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, сафар менамоянд.
4. Раводид метавонад дар сурати пешниҳоди санадҳои тасдиққунандаи сабабҳои узрноки истифода набурдани он (беморӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ғайра) ва нигоҳ доштани ҷои кор, тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо корфармо басташуда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дароз карда шавад. Тартиби дароз кардани раводид аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
5. Коргарони  муҳоҷири ба Ҷумҳурии   Тоҷикистон   омада, бояд тибқи   тартиби муқарраргардида дар мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба маҳалли истиқомати муваққатӣ дар асоси пешниҳоди хаттии  шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шаванд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
6. Коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқи озодона тарк намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозгашт ба онро доранд.
7. Бо гузашти муҳлати амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо вазифадоранд, ки давлати ҷои корро тарк намоянд.
Моддаи 83. Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
1. Муносибатҳои меҳнатии коргари муҳоҷир бо корфармо тавассути шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат ба расмият дароварда шуда, бояд маълумоти зайлро дар бар гирад: (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
-муҳлати амали он, хусусият ва ҷои кори музднок, шароити меҳнат ва тартиби додани музди он, аз ҷумла барои кори шабона, кор дар рузҳои истироҳат ва рузҳои ид;
-андозаи мукофотпулӣ, иловапулиҳо ва нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат;
-ҳуқуқҳо, уҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо, тартиб ва шароити бекор кардан ё дароз кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ;
-ташкили тағйири макон, таъминот бо озуқа, истиқомат, хизматрасонии тиббии коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи у;
-тартиб ва шартҳои суғуртаи иҷтимоии коргари  муҳоҷир;
-тартиби ҷуброни зарари ба саломатии коргари муҳоҷир дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии музднокаш расонидашуда ва дигар кафолатҳои иҷтимои.
2. Корфармои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташударо дар мақомоти минтақавии муҳоҷират ба қайд гузорад.
3. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то сафар намудан ба давлати ҷои кор ба коргари муҳоҷир супорида мешавад.
Моддаи 84. Додани иҷозат барои кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
           Тартиби додани иҷозат барои корро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.            (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 9. Муқаррар намудани квотаҳои муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ
Квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як соли тақвимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 91. Ҳисоботи оморӣ ва ахборот дар бораи муҳоҷират
1.Тартиби пешниҳоди ҳисоботи оморӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ва оид ба ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро ба фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ бе музд бо мақомоти давлатии манфиатдор санадҳои ҳисоботӣ ва дигар маълумотеро, ки барои иҷрои фаъолиятҳои онҳо зарур мебошанд, мубодила мекунад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ нашри ҳисоботи оморӣ ва маводҳои ахборотиро дар бораи вазъияти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа ва муҳоҷират, талабот ва пешниҳоди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, имконияти бо кор таъминкунӣ, тадбирҳои интихоби касбу ҳунарро таъмин менамояд. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Модда 92. Таҳвили маблағҳои пулӣ
Коргарони муҳоҷире, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии музднок машғуланд, метавонанд маблағҳои пулии бадастоварда ва пасандозашонро ба ҳудуди давлати тарк намудаашон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намоянд.
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои муҳоҷирони хориҷӣ
Шахсе, ки муҳоҷири хориҷӣ эътироф шудааст ва иҷозат барои истиқомат  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  гирифтааст, аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, инчунин барои уҳдадориҳои пешбиникардаи қонунҳо ё шартномаҳои  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 11. Шахсе, ки муҳочири хориҷӣ намебошанд
1. Вазъи ҳуқуқии муҳоҷири хориҷӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд дода намешаванд, агар онҳо: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
- хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адо намоянд;
- дар ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бошанд;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили илм мекарда бошанд ё худ дар истеҳсолот ба коромузӣ машғул бошанд;
- тибқи шартномаҳои  байналмилалӣ фаъолияти меҳнатиро анҷом медода бошанд;
- сайёҳ (турист), дар сафари хизматӣ, муҳоҷирони меҳнатии муваққатӣ (аз ҷумла варзишгарон, дастаҳои варзишгарон, ҳунарпешагон), ки ба тариқи транзит мегузаранд, тоҷирон ё амонатгузорон, сармоядорон бошанд;
- намояндагони воситаҳои ахбори оммавии хориҷӣ, радио ва телевизион, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон акредитатсия шудаанд, бошанд;
- дар иттиҳодияҳои диние, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қайд гардидаанд, ба фаъолияти касбӣ машғул бошанд;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани кумаки хайрия ва башардустона омада бошанд;
- аъзои сарнишини киштиҳои баҳриву дарёӣ, нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ бошанд.
 2. Вазъи ҳуқуқии  шахсе, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудаанд, бо қонунҳо ва шартномаҳои  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 12. Тартиби муроҷиат ва баррасии дархости шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд метавонанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат кунанд, агар онҳо иҷозати дахлдори бо гувоҳномаи истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашударо дошта бошанд.
2. Ариза оид ба додани  иҷозат барои истиқомати доимӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки муваққатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба мақомоти корҳои дохилӣ ва  шахсони дар хориҷа истиқоматкунанда бошанд, ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. 
3. Қарорро оид ба дархости шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар бораи ба онҳо додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти корҳои дохилӣ қабул менамояд. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
4. Мўҳлати баррасии мавод дар бораи додани иҷозат барои   истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд  аз як моҳ зиёд бошад.
5. Қарор дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба расмият даровардан ва ба онҳо додани гувоҳномаи истиқомат асос шуда метавонад.
6. Қарор дар бораи рад намудани истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се рўз аз рўзи қабули қарор ба аризадиҳандагон ба таври хаттӣ хабар дода мешавад.  (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).  
Моддаи 13. Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсе, ки барои муҳоҷири хориҷӣ ва муҳоҷир эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд
1.Ҳангоми бақайдгирии дархост дар бораи муҳоҷирони хориҷӣ ва муҳоҷир эътироф кардани  шахсе, ки дархост додаанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, онҳо ба маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирони хориҷӣ, муҳоҷирон, аз ҷумла ба ҷои мустақилона интихобнамудаашон, ки ҳатман бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа шудааст, роҳхат мегиранд. (ҚҶТ аз 12.01.2010с, №591).
2.То ҳаллу фасли масъалаи ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ё муҳоҷир эътироф кардани шахс, ки бо дархост муроҷиат намудааст ва дар давраи таҳти баррасӣ қарор доштани дархост дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад ва дорои масъулият мебошад.
3. Дар мавриди эътироф нашудани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ва муҳоҷир ба вай дар давоми сӣ руз аз рузи қабули қарор огоҳномаи хаттӣ дода мешавад.
4. Агар шахси мазкур берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба вай огоҳномаи хаттӣ бо нишондоди сабабҳои эътироф нашудан ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ва муҳоҷир ва тартиби шикоят аз болои қарори қабулшуда фиристода мешавад.
5. Қарор дар бобати эътироф нашудани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ва муҳоҷир аз тарафи ин шахс дар мақомоти ваколатдори болоӣ ё бо тартиби судӣ дар муҳлати як моҳ пас аз гирифтани огоҳнома метавонад мавриди баррасӣ қарор гирад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
6. Қарор оиди эътироф нагаштани шахс ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ва муҳоҷир ба мақомоти корҳои дохилӣ барои ташкили баромада рафтани шахс аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 14. Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсе, ки барои репатриант, муҳоҷирони иҷборӣ ва реэмигрант эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд
1.То ҳал шудани масъалаи ҳамчун репатриант, муҳоҷири иҷборӣ ва реэмигрант эътироф кардани шахс, ки бо дархост муроҷиат намудааст ва дар давраи таҳти баррасӣ қарор доштани дархост дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад аз тамоми ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ ва  шахси бешаҳрвандӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст истифода мебарад.
2.Шартҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон истиқомат кардани шахсе, ки дар бораи репатриант, реэмигрант, муҳоҷирони иҷборӣ эътироф карданашон бо дархост муроҷиат намудаанд, тартиби пардохти хароҷоти хизмати коммуналӣ, ёрии тиббии расонидашаванда, фароҳам овардани дигар имтиёз ва ҷубронпулиҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
3.Шахси дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ки репатриант, муҳоҷири иҷборӣ ва реэмигрант эътироф шуданашро дархост кардааст, вазифадор аст:
- баъди гирифтани роҳхат ба маҳалли муваққатии сукунати муҳоҷирон дар давоми як моҳ ба он ҷо ҳозир шавад ва агар ҷои сукунатро мустақилона интихоб карда бошад, барои ин розигии мақомоти корҳои дохилӣ зарур аст;  (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
- тартиби муқарраргардидаи сукунатро дар маҳалли зисти муваққатии муҳоҷирон риоя намояд;
- бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муоинаи тиббӣ гузарад, худро эм кунонад, табобат ёбад, ҳамчунин дастурҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустиро ба ҷо оварад;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот заруриро барои баррасии ин дархост хабар диҳад.                          (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
Моддаи 15. Тартиби репатриант, муҳоҷирони иҷборӣ, реэмигрант эътироф кардани шахс
1.Қарори репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф намудани шахс аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми сӣ рузи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф намудани шахс қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
2.Ба шахсе, ки репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф шудааст шаҳодатномаи дахлдор дода мешавад.
3. Дар сурати репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф нашудани шахс у дар муҳлати сӣ рузи баъди қабули қарор ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад. Агар шахси зикршуда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар он ҳолат ба у бо зикри сабаби рад ва тартиби шикоят кардани қарори қабулгардида ба таври хаттӣ огоҳнома ирсол карда мешавад.
4. Оид ба қарори репатриант, муҳоҷири иҷборӣ ва реэмигрант эътироф нашудани шахс метавонад дар тули як моҳи баъди гирифтани огоҳномаи хаттӣ ба мақомоти ваколатдори болоӣ тибқи тартиби судӣ шикоят арз намояд.
5. Қарори дар бораи репатриант, муҳоҷири иҷборӣ, реэмигрант эътироф нашудани шахс, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ҳамчунин ба мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ ҷиҳати ташкили аз худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани шахсе, ки ҷавоби рад гирифтааст, фиристода мешавад.
Моддаи 16. Муҳоҷирати оилавии хоричиён
1.Шахсе, ки оилаи муҳоҷири хориҷиро ташкил медиҳанд – шавҳар (зан),  падару модари онҳо ва фарзандони таҳти таъминоти шавҳар (зан) қарордошта, аз ҷумла писархондҳо (духтархондҳо), инчунин бародарону хоҳарони ноболиғи бе падару модар ё худ бе васӣ ва дигар хешу табори корношоями таҳти таъминоти шавҳар (зан) буда, ки барои таъмини онҳо дар маҳалли пештараи истиқомат уҳдадор буданд, мебошанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №470).
2. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиҷрат намудани кудакони то синни ҳаждахсола бо розигии  падару модари ва падархонди (модархонд, васиён ё сарпарасторони) онҳо ҳал карда мешавад. Дар айни замон барои кудакони синни аз чордаҳ то ҳаждаҳсола розиномаи ба тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи онҳо пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №470).
Моддаи 17. Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён
Муҳоҷирати коллективонаи хориҷиён мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муташаккилона кучонидани шахсе, ки хоҳиши ба тариқи коллективона ба ватани аҷдодиашон баргаштанро изҳор кардаанд, сурат мегирад.
Моддаи 18. Тартиби ҳиҷрати муҳоҷирони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тартиби ба расмият даровардани ҳиҷрати муҳоҷирони хориҷӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.
Моддаи 19. Асосҳои ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ рад кардани ҳиҷрат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳиҷрати шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода намешавад:
1) агар у зидди сулҳ ва амнияти башар ҷиноят содир карда бошад;
2) агар у хусумати байнидавлатӣ, байналмиллӣ ва диниро барангезад;
3) агар у дидаву дониста муқобили соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кунад;
4) агар у барои амали террористӣ ва экстремистӣ маҳкум ё худ барои ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини қаблан содиркардааш доғӣ суди дошта бошад;
5) агар у ҳангоми пешниҳоди дархост дар хусуси ҳиҷрат дар бораи худ маълумоти бардуруг дода бошад ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;
6) агар у қаблан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шуда бошад;
7) агар дар вақти будубоши қаблӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби у ҳодисаҳои вайрон кардани қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида бошад;
8) агар ин барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад;
9) агар амалҳои ў ба саломатии аҳолӣ ва тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намоянд;
10) агар амалҳои ў ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавф дошта бошанд;
11) агар ба фаъолияти террористӣ ё дигар намуди фаъолияти экстремистӣ, хариду фурўши одамон, силоҳу аслиҳа ва маводи тарканда, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки ба мудофиаи давлат, амният ё тартиботи ҷамъиятӣ зарар мерасонанд, иртибот дошта бошад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати мақоми ваколатдори давлатиро гирифтаанд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ  иҷозат барои истиқомат ва ба шахсони бешаҳрванд бошад, шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд дода мешавад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 21. Асосҳои рад намудани додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
1. Додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба  шахси зерин рад шуданаш мумкин аст: (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
1) ба муҳоҷири ғайриқонунии хориҷӣ;
2) ба  шахсе, ки аз ҳабс озод шуданду маҳалли истиқомати доимии онҳо то содир кардани ҷиноят берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд;
3) ба шахсе, ки зидди инсоният ҷиноят содир кардаанд;
4) ба  шахси мубталои беморие, ки он метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси сироят гардад;
5)  шахсе, ки қонунгузориро дар бораи ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон мекунанд, дар асоси қарори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомотҳои корҳои дохилӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №470).
2. Оид ба радди додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба мақомоти ваколатдори болоӣ ё суд шикоят  кардан мумкин аст. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
Моддаи 22. Шахсе, ки репатриант мебошад
1. Вазъи ҳуқуқии репатриант ба гуруҳи  шахси миллати таҳҷой, ки қурбони ҷазоҳои оммавии сиёсӣ мебошанд, ҳамчунин ба хешу авлоди онҳо дода мешавад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591).
2. Шахси зайл хешу авлоди репатриантҳо дониста мешаванд:
- фарзандон (аз ҷумла писархондҳо), шавҳари (зани) репатриант;
- бародарон ва хоҳарони репатриант;
- набера ва аберагони репатриант;
-оилаҳое, ки фарзандон, наберагон ва аберагони болиғи репатриант бунёд кардаанд.
 3. Қарори репатриант эътироф намудани шахсро мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми сӣ рузи баъди бақайдгири дархост дар бораи репатриант эътироф намудани шахс қабул мекунад. (Қ ҶТ аз 12.01.2010с, №591). (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 23. Имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳое, ки ба репатриантҳо дода мешаванд
Давлат барои репатриатсияи шахси воқеӣ ба ватани аҷдодӣ, ҷобаҷокунӣ, мутобиқшавии онҳо шароити имтиёзнок муҳайё мекунад ва таъминоти зайлро анҷом медиҳад:
1) худашон ва молу мулки онҳоро бепул ба маҳалли истиқомати муваққатии муҳоҷирон ё маҳалли истиқомати доимӣ мерасонад; (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
2) ҳифзи давлатии интиқоли маблағи пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқи мерос гирифтани онро таъмин менамояд;
3) барои ба кор таъмин шудан, дар сурати ғайриимкон будани таъмин бо кор, сарфи назар аз муҳлати истиқомат вобаста ба бекорӣ ба гирифтани кумакпулӣ кумак мерасонад;
4) пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
5) пардохти кумакпулиҳои яквақта, ҷудо намудани қитъаҳои замин ва қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат барои сохтмони манзил ва ташкили хоҷагиҳоро тибқи тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом медиҳад;
6) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар имтиёзҳоро фароҳам меорад.
Моддаи 24. Тартиби ба расмият даровардан ва маблағгузории ҳиҷрати эмигрантҳо
1. Тартиби ба расмият даровардани ҳиҷрати эмигрантҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Маблағгузории хароҷоти ҳиҷрати шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби маблағи худи эмигрантҳо сурат мегирад ва инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳо низ анҷом додан мумкин аст агар он хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои истиқомати доими ба дигар давлатҳо баромада мераванд, ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби хеш молу мулки худ ва молу мулки аъзоёни оилаашонро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баранд.
4. Аз ҷониби шаҳрвандон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ашъёҳое, ки аҳамияти фарҳангӣ ва таърихӣ барои давлат доранд, баровардани онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байнидавлатӣ танзим мегардад. (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541)
Моддаи 25. Асосҳои рад кардани ҳиҷрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ҳиҷратро рад кардан мумкин аст, агар у:
1) аз маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар навъи сирри тибқи қонун ҳифзшаванда огоҳ, бошад;
2) дар содир кардани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир ё ба сифати айбдоршаванда ҷалб шуда бошад – то қабул намудани қарор вобаста ба парванда ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд;
3) барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда бошад - то адои мўҳлати ҷазо;
4) дар хизмати ҳарбии ҳатмӣ бошад - то анҷоми муҳлати адои ин хизмат;
5) ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ҳиҷрат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидаву дониста дар бораи худ маълумоти бардуруғ дода бошад - то аз ҷониби мақомоте, ки чунин аснодро ба расмият медарорад, ҳал гардидани ин масъала, вале на зиёда аз як моҳ;
6) аз иҷрои уҳдадориҳое, ки суд ба зиммаи у гузоштааст саркашӣ кунад - то иҷрои уҳдадориҳо;
7) нисбат ба у ба суд даъвои шаҳрвандӣ пешниҳод шуда бошад - то анҷоми истеҳсолоти парванда.
Моддаи 26. Масъулият барои ғайриқонунӣ даромадан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайри қонунӣ баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъулият барои ғайриқонунӣ дохил шудани хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ғайриқонунӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур  мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №470), (ҚҶТ аз 3.08.2018с. №1541).
        Президенти                                                                                                      Э. РАҲМОНОВ
Ҷумҳурии Тоҷикистон                 
ш. Душанбе,  11 декабри соли 1999,
№881
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муҳоҷират»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, мод.321)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳочират» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳочират»  мувофиқ кунондани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
- қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе, 11 декабри соли 1999,
№ 882
 

ДАР БОРАИ ТУРИЗМ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 15:34
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
824
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
03.09.1999

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ТУРИЗМ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, № 9, мод. 228; соли 2005, №12, мод. 641; соли 2009, № 5, мод.337, соли 2012,№12 қ1,мод.1016; ҚҶТ аз 28.12.13с., №1058)

 

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва тартиби амалӣ намудани фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

       Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

       Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- туризм - шуғле, ки низоми ташкили усулҳои гузаронидани истироҳатро бо мақсадҳои солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ, касбию хизматӣ ва дигар мақсадҳо тавассути саёҳат (тур) ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷои истиқомати доимӣ ба роҳ мемонад; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

-туризми дохилӣ - ташкилӣ саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд;

-туризми сайёр - ташкилӣ саёҳат (тур) ба дигар кишварҳо барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими доранд;

-туризми ташрифӣ - ташкилӣ саёҳат (тур) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доими надоранд;

-туризми иҷтимоӣсаёҳате (туре), ки аз ҳисоби маблағҳои аз тарафи давлат барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ҷудогардида, пардохта мешавад;

-туризми худфаъолиятӣсаёҳат (тур) бо истифодаи воситаҳои фаъоли ҳамлу нақл, ки саёҳон мустақилона ташкил мекунанд;

-туризми варзишию кӯҳгардӣ - намуди истироҳати фаъоле, ки ба ташкилӣ хатсайрҳои пиёдагард дар шароити кӯҳсор алоқаманд аст;

-кӯҳнавардӣ (алпинизм) - намуди ғайриоддии туризм, ки бо баромадан ба қӯллаҳои кӯҳӣ алоқаманд аст;

- турист – шаҳрванд, истифодабарандаи хизматрасонии туристӣ, ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба саёҳат сафар мекунад; (ҚҶТ аз 19.05.09, №530)

-саёҳат (тур) - сафари туристӣ бо хатсайрҳои муайян дар мӯҳлатҳои муайян бо таъмини маҷмӯи хизматрасониҳо оид ба ҷобаҷокунӣ, ҳамлу нақл, озуқа, хизматрасониҳои экскурсионӣ, инчунин хизматӣ роҳбаладону тарҷумонҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки вобаста ба мақсади саёҳат дар мавриди таъмини кафолати амнияти онҳо, ҳимоя ва ҳифзи тандурустии туристон пешниҳод карда мешаванд;

- маҳсулоти туристӣ – маҷмўи хизматрасониҳои туристӣ, ки бо назардошти вазъи бозори туристӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи турист дар асоси шартнома дастрас мебошанд; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

-фаъолияти танзими туризм - фаъолият оид ба ташаккул, пешбурд ва фурӯши маҳсулоти туристӣ, ки дар асоси иҷозатнома аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (минбаъд - танзимгари туризм) амалӣ карда мешавад;

-фаъолияти агентии туризм - фаъолият оид ба пешбурд ва фурӯши маҳсулоти туристӣ, ки дар асоси иҷозатнома аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (минбаъд - агентии туристӣ) амалӣ карда мешавад;

-Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон - номгӯи объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ, ки дастоварди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

-саноати туристӣ - маҷмӯи меҳмонхонаҳо ва дигар воситаҳои ҷойгиршавӣ, нақлиёт, муассисаҳои хӯроки умумӣ, тамошо, шиносоӣ, хизматӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва воситаҳои таъиноти дигар, ташкилотҳое, ки фаъолияти танзими туризм ва агентии туристиро амалӣ месозанд;

-пешбурди маҳсулоти туристӣ - маҷмӯи тадбирҳое, ки ба фурӯши маҳсулоти туристӣ (реклама, иштирок дар намоишгоҳҳои махсусгардонидашуда, ярмаркаҳо, ташкилӣ марказҳои иттилоотии туристӣ оид ба фурӯши маҳсулоти туристӣ, нашри феҳристҳо, буклетҳо ва г.) нигаронида шудаанд;

-захираҳои туристӣ - маҷмӯи захираҳои экологӣ, табиию иқлимӣ, фарҳангию таърихӣ ва солимгардонӣ ва захираҳои дигари истироҳатию фароғатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонеъ гардонидани маҷмӯи талаботи гуногуни туристон мувофиқ мебошанд;

- квотаи туристӣ - маҳдудияти миқдории ташриф ба объектҳои туристию сайёҳӣ ё хатсайрҳо, ки ба таркиби захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, бо зарурати нигоҳдорӣ аз вайроншавӣ ва дигар шартҳои истифодаи он алоқаманд мебошанд; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

-субъекти фаъолияти туристӣ - шахсони ҳуқуқи ва воқеӣ, аз он ҷумла шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ, ё шахсони бе шаҳрвандӣ, ки хизматрасонии туристиро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд;

- истироҳат - барқарорсозӣ ва инкишофи қувваи ҷисмонию маънавии инсон дар шароити табиӣ тавассути дамгирӣ, аз ҷумла туризм; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- роҳхати туристӣ – ҳуҷҷати инфиродии тасдиқкунандаи ҳуқуқ ба гирифтани хизматрасониҳои сайёҳӣ;

- шикори байналмилалӣ - яке аз намудҳои фаъолияти туристӣ, ки бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби субъектони фаъолияти туристии дорои иҷозатномаи дахлдор ташкил карда мешавад; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- таъмини амнияти туристон - таъмини амнияти шахсии туристон, ҳимояи молу мулки онҳо, маҷмўи тадбирҳо оид ба пешгирии истифодаи туризм бо мақсади муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва транзит ба давлатҳои сеюм, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва дигар намудҳои истисмори шаҳрвандон; (ҚҶТ аз 28.12.13с.,№158)

- хизматрасонии туристӣ – амалӣ гардидани фаъолияти танзимгари туристӣ ё агенти туристӣ аз рўи салоҳдиди худ ва ё талаботи аниқи дархосткунанда, ки барои таъмин ва барқароркунии қувваи ҷисмонии турист, нигоҳдории фаъолияти ҳаёти мўътадил, барқароркунии робитаҳои корӣ, инчунин қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ ва зеҳнии ў равона шудааст. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм    

       Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 19.05.09, №530)

 

Моддаи 4. Истифодаи захираҳои туристӣ

1. Захираҳои туристӣ, ки аҳамияти миллӣ ва байналмилалиро доранд, дастовардҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Барои бақайдгирӣ ва истифодаи онҳо Кадастри давлатии захираҳои туристӣ тартиб дода шуда, барои тамошои онҳо квота муқаррар мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

2. Истифодаи ройгон ва беподоши захираҳои туристӣ, ки ба Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, манъ аст. (ҚҶТ аз 19.05.09, №530)

 

Моддаи 5. Мақсад, самтҳо ва роҳҳои танзими давлатии фаъолияти туристӣ

1. Мақсадҳои асосии танзими давлатии фаъолияти туристӣ инҳо мебошанд:

- таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат, ҳаракати озод ва дигар ҳуқуқҳо дар мавриди саёҳат (тур);

        - ҳифзи муҳити зист;

- муайян намудани номгӯи ҳарсолаи объектҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда, ки тамошои онҳо дар асоси квота муқаррар карда мешавад;

- ривоҷ додани саноати туристӣ, ҳамчун таъминкунандаи талаботи шаҳрвандон ҳангоми саёҳат (тур);

- ривоҷ додани робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм;

- истифодаи оқилонаи дастовардҳои табиӣ ва фарҳангӣ.

2. Самтҳои афзалиятноки танзими давлатии фаъолияти туристӣ дастгирӣ ва инкишофи туризми дохилӣ, воридотӣ, иҷтимоӣ ва худфаъолиятӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

3. Танзими давлатии фаъолияти туристӣ бо роҳҳои зайл амалӣ гардонида мешавад:

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба ташаккули муносибатҳо дар соҳаи саноати туристӣ равона карда шудаанд; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои давлат дар соҳаи туризм; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

-ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои туристон, таъмини амнияти онҳо; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

-муқаррар намудани тартиби стандартонӣ, сертификатсия ва иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи туризм;

-ҳавасмандкунии маблағгузории миллӣ ва хориҷӣ барои инкишофи фаъолияти туристӣ;

- фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар бозори хизматрасонии туристӣ, дастгирии инкишофи рақобат, таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаи мазкур; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

-вусъат додани ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои байналмилалии туризм, таҳия ва бастани шартномаҳои байналмилалии дутарафа ва бисёртарафа дар соҳаи туризм ва муайян кардани тартиби амалӣ намудани онҳо. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 6. Намудҳои асосии фаъолияти туристӣ

Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи туризм инҳо мебошанд:

- ташкили қабул ва хизматрасонӣ дар чаҳорчубаи маърифатӣ, экологӣ, туризми варзишию куҳӣ, кӯҳнавардӣ, шикори байналмилалӣ, фиристодани туристон ба хориҷа ба мақсади истироҳат, таҳсил, муолиҷа, зиёрати динӣ ва тиҷорат;

- ташкили чорабиниҳои оммавии туристӣ-тандурустӣ, шавқовар, махсус гардонидашуда ва дигар чорабиниҳо, ки бо туризм алоқаманданд. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 7. Салоҳияти {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи туризм

Ба салоҳияти {укумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар соҳаи туризм дохил мешаванд:

- муайян намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд;

- муқаррар намудани тартиби воридоту содироти хизматрасонии туристӣ;

- бастани созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи туризм ва муайян намудани тартиби тадбиқи онҳо: (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- тасдиқи барномаҳои давлатии инкишофи туризм, ки ба такмили саноати туристӣ равона шудаанд, иштирок дар иҷрои барномаҳои байналмилалӣ;

- муқаррар намудани тартиби истифодаи захираҳои туристӣ бо мақсади туризм ва ҷуброни зарарҳои ба онҳо расонидашуда; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- муайян намудани тартиби сертификатсияи маҳсулоти туристӣ, молҳо ва хизматрасонии субъектҳои фаъолияти туристӣ;

- фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоя ба соҳаи туризм;

- ташкили низоми давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм ва таъминоти илмии соҳаи туризм; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- муайян намудани тарифҳои ягона барои баромадан ба қуллаҳои кӯҳи, пардохти наҷоти кӯҳӣ, боҷи экологи;

- ҳалли дигар масъалаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он вобастаанд.

 

Моддаи 8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм ва ваколатҳои он

1. Сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти туристиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ соҳаи туризм ба амал мебарорад.

2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

- амалӣ намудани барномаи давлатии туризм дар Тоҷикистон, таъмини иҷрои шартномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм;

-  намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии туристӣ;

-  таҳияи меъёрҳо ва муайян кардани стандартҳои давлатии хизматрасонии туристон дар ҷумҳури;

-  ҳамоҳангсозии фаъолият ва роҳбарии меъёрию методи ба субъектҳои фаъолияти туристӣ;

-  роҳбарӣ ба намояндагиҳои дар хориҷа будаи худ;

-  бо тартиби муқарраршуда амалӣ намудани иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти туристӣ;

- муқаррар намудани квотаи туристии мутаносибан баробар дар байни субъектҳои фаъолияти туристӣ барои тамошои объектҳои туристию экскурсионӣ, ки бинобар зарурияти муҳофизати онҳо аз вайроншавӣ ба Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд;

-  назорат аз рӯи сифати хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда ва иҷрои шартҳои иҷозатномадиҳӣ ва сертификатсия дар соҳаи туризм; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- амалӣ намудани интихоб, тайёр кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо (ба ғайр аз субъектҳои фаъолияти туристии ғайридавлатӣ), гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи туризм ва ташкили Кадастри давлатии захираҳои туристӣ;

- робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобила бо созмонҳои ҷамъиятии соҳаи туризм;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

 Моддаи 9. Иҷозатномадиҳии фаъолияти туристӣ ва сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ

Иҷозатномадиҳии фаъолияти туристӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. Сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонии туристиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 10. Суғуртакунӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти туристӣ

1. Дар ҳолате, агар қонунгузории кишвари (мақони) будубоши муваққатӣ талаботи кафолати пардохти ёрии тиббиро ба шахсоне, ки дар ҳудуди он муваққатан иқомат доранд муқаррар намуда бошад, танзимгари (агенти) туристӣ вазифадор аст, чунин кафолатҳоро пешниҳод намояд. Суғуртакунии туристӣ дар мавриди бемории тасодуфӣ ва ҳодисаҳои нохуш, шакли асосии додани чунин кафолатҳо мебошад. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

2. Бо талаби турист танзимгари (агенти) туристӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба суғуртакунии дигар хатарҳои ба саёҳат (тур) вобастабуда мусоидат менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

3. Суғуртаи хатарҳо дар туризм, ки бо хавфи зиёд ба ҳаёту саломатии туристон алоқаманд буда, хароҷоти зиёдро барои наҷотдиҳӣ талаб мекунанд, аз тарафи субъекти фаъолияти туристӣ бо ризоияти туристон амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

4. Суғуртаи дигар хатарҳо ихтиёрӣ буда, аз ҷониби туристон ба таври мустақилона ё тавассути субъектҳои фаъолияти туристӣ амалӣ карда мешавад.

5. Туристони маҳаллӣ ва хориҷие, ки ба намудҳои ғайриоддии (экстремалии) туризм машғул мешаванд, бояд дорои полиси суғуртавии дараҷаи байналмилалӣ бошанд. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 11. {уқуқ ва ўҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти туристӣ

1. Ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти туристӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд..

2. Субъектҳои фаъолияти туристӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд, вазифадоранд:

- барои ҳуқуқи машғул будан ба фаъолияти туристӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома, инчунин сертификати мутобиқат ба маҳсулот ва хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда дошта бошанд;

- оид ба хизматрасонӣ ба туристон бо тартиби муқарраргардида ҳисоботи ҳуҷҷатӣ пеш баранд;

-  ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм тибқи намунаҳои муқарраршуда маълумот ва ҳисобот , аз ҷумла дар хусуси баҳисобгирии дақиқи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани туристони ба хориҷа рафтаро пешниҳод намоянд; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922). (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1058)

-  ба турист оид ба ташкил ва гузаронидани саёҳат (тур) маълумоти пурра ва дақиқ дода, ба турист барои хизматрасониҳо мутобиқи маълумоти пешниҳодшуда роҳхати туристии намунаи ягона фурӯшанд;

- амнияти туристон ва нигоҳдории молу мулки онҳо, муҳайё намудани шароити амният барои фаъолияти туристӣ, омӯзонидани қоидаҳои амният, расонидани ёрии таъҷилиро ба туристон таъмин намуда, барои зарари ба туристон расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- масъалаҳои ба эҳёи индустрияи туристӣ (сохтмони меҳмонхонаҳо, базаҳои туристӣ, кемпингҳо, марказҳои истироҳатӣ ва г.) вобастаро бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа кунанд;

- субъекти фаъолияти туристӣ ҳангоми ташкил ва амалӣ сохтани саёҳат (тур), дар назди муштарӣ, чӣ барои амали худ ва чӣ барои амали шарикони хеш оид ба ташкили саёҳат (пешниҳоди хизматрасонии ҷойгиркунӣ, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасоние, ки дар барномаи сафар ворид гардида, дар роҳхат зикр шудаанд) ва фурӯши он ҷавобгар мебошад. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 12. Роҳбари гурӯҳи туристӣ

1. Роҳбари гурӯҳи туристӣ дар рафти саёҳат (тур) ва мӯҳлати сафар дар сафари туристии гурӯҳи туристӣ намояндаи расмии субъекти фаъолияти туристӣ мебошад. Роҳбари гурӯҳи туристӣ аз ҷониби субъекти фаъолияти туристӣ дар асоси шаҳодатномаи тахассусӣ, ки бо тартиби муайянкардаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дода мешавад, таъин мегардад.

2. Ўҳдадориҳои роҳбари гурӯҳи туристиро субъекти фаъолияти туристӣ муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 13.Шартнома, роҳхат ба саёҳат (тур) ва хизматрасониҳои туристӣ

1. Субъектҳои фаъолияти туристӣ ҳангоми ташкили сафари туристӣ ба турист роҳхати намунаи ягонаро бо имзои шахси масъул, ки бо муҳри корхонаи мазкур (субъект) тасдиқ карда шудааст, ба расмият дароварда, медиҳанд. Шартнома дар ҳолате басташуда ҳисобида мешавад, ки агар корхонаи туристӣ роҳхат дода бошад ва муштарӣ пардохти дахлдорро мувофиқи шартҳои шартнома (қарордод) супурда бошад.

2. Субъекти фаъолияти туристӣ бе ҷуброни зарар шартномаро бекор карда метавонад, ба шарте ки далели бекор кардан, ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои рафънопазири ба иродаи ў вобастанабуда ва ба амалишавии саёҳат (тур) ё пешниҳоди хизматрасонӣ монеъшаванда, ба иттилои турист шахсан на дертар аз 15 рўз то санаи оғози сафар расонида шуда бошад. Дар ин ҳолат ҳамаи маблағе, ки қаблан ҳамчун пешпардохт гирифта шудааст, ба турист баргардонида мешавад.(ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 14. Роҳхат

1. Туристон барои саёҳат (тур) кардан роҳхати намунавиро, ки бастани шартномаро ба саёҳат тасдиқ мекунад, бо имзои шахси дахлдор ва муҳри тасдиқкардаи фурӯшанда мегиранд. Пойгири (корешоки) роҳхат дар фурӯшандаи саёҳат боқи мемонад.

Роҳхат бояд маълумоти зеринро дар бар гирад: (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- ном, суроға, тамғаи тиҷоратии ташкилоти туристӣ, дар фурӯшанда мавҷуд будани иҷозатнома, рақам ва санаи дода шудани он;

- насаб, ном ва номи падари турист, ки роҳхат гирифтааст, рақами шиносномаи хориҷӣ, агар роҳхат номӣ бошад;

- тасниф ва стандартҳои тамоми хизматрасониҳо бо дарназардошти ҷойгиркунӣ, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо, ки ба арзиш ворид карда шудаанд, инчунин мавҷудияти шартҳои суғурта;

- арзиши умумии саёҳат (тур) ва шартҳои пардохти он аз ҷониби муштарӣ (пешпардохти пурра, қисман, аванс, тибқи далели хизматрасонии дастрасшуда);

- тавсифи шароит ва вазъият, ки дар мавриди онҳо турист аз сафар даст кашида метавонад (бе ҷуброни зарар, қисман ҷуброн кардани зарар ба ташкилкунандаи саёҳат (тур);

- тавсифи шакл ва ҳаҷми ҷуброн ба турист барои вайрон кардани шартҳои сафари ӯ, ки дар роҳхат нишон дода шудаанд ва бо айби субъектҳои фаъолияти туристӣ, ки саёҳат ва хизматрасониро ташкил кардаанд, роҳ дода шудаанд;

- дигар шартҳо тибқи мувофиқаи байни муштарӣ ва ташкилкунандаи саёҳат (тур). (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 15. Роҳхати гурӯҳӣ

1. {ангоми сафар дар ҳайати гурӯҳӣ туристӣ, ба роҳбари гурӯҳӣ туристӣ роҳхати умумӣ дода мешавад.

 2. Роҳхати умумӣ бояд маълумоти дар моддаҳои 13 ва 14  Қонуни мазкур зикргардидаро дошта бошад.

 3. Дар роҳхати умумӣ маълумот дар бораи роҳбар ва ҳайати миқдории гурӯҳ, навишта мешавад.

 4. Маълумот дар бораи аъзои гурўҳ дар замима (рўйхат), ки қисми ҷудонашавандаи роҳхати умумӣ мебошад, дода мешавад. Ҳуқуқу ўҳдадорӣ ва ҷавобгарии роҳбари гурўҳи туристӣ бо шартномаи байни ў ва субъекти фаъолияти туристӣ муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 16. {уқуқу ўҳдадориҳои туристон

1. Ҳуқуқҳои туристон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

2. Туристон ўҳдадоранд: (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба низоми сиёсию иҷтимоии давлатӣ, суннат, урфу одат, эътиқоди динию мазҳабӣ ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллӣ эҳтиром гузоранд;

- нисбат ба муҳити зист, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас ва осори дигаре, ки таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор доранд, бо эҳтиёт муносибат намоянд;

- қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз ҳудуди онро риоя намоянд;

- шартҳои қарордодҳо оид ба хизматрасонии туристиро риоя намоянд;

- зарар ва хароҷоти аз тарафи турист дар давраи саёҳат ба ташкилоти туристии қабулкарда ё фиристода расонидаро пурра ҷуброн намоянд;

- зарари ба шахсони сеюм дар давраи саёҳат (тур) расонидашударо ҷуброн намоянд;

- қоидаҳои амнияти шахсиро ҳангоми саёҳат(тур) риоя намоянд. (ҚҶТ аз 19.05.09, №530)

 

Моддаи 17. {уқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тоҷикистон сафар менамоянд

1. {уқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тоҷикистон сафар менамоянд, бо қонунҳои кишвари будубош танзим карда мешаванд.

2. Турист ӯҳдадор аст мӯҳлатҳои муқарраргардидаи будубошро дар кишваре, ки дар роҳхат зикр гардидаанд, риоя намояд.

 

Моддаи 171. Таъмини амнияти туристон

1. Таъмини амнияти туристони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туристон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қapop доранд, ҳимоя ва пуштибониро кафолат медиҳад.

2. Мақомоти корҳои хориҷӣ ўҳдадоранд оид ба хатарҳои эҳтимолӣ, ки ба туристон дар давлати будубоши муваққатӣ таҳдид доранд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм маълумот диҳанд. Дар навбати худ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм ўҳдадор аст туристон ва субъектони фаъолияти туристиро оид ба ин хатарҳои эҳтимолӣ  хабардор намояд.

3. Субъекти фаъолияти туристӣ се рўз пеш аз оғози саёҳат (тур) ба туристон дар шакли хаттӣ маълумоти заруриро дар бораи тартиби ворид гаштан, берун рафтан ва истиқомат дар давлати (ҷои) будубоши муваққатӣ, дар бораи қонунгузорӣ, анъанаҳои мардуми маҳаллӣ, маросимҳои динӣ, муқаддасот, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, объектҳои табиӣ ва дигар объектҳои намоишҳои туристии таҳти назорати махсус қapopдошта, пешниҳод менамоянд. Субъекти мазкур ҳамчунин ба туристон оид ба хатарҳое, ки мумкин аст дар вақти саёҳат (тур) ба онҳо дучор гарданд, иттилоъ медиҳад ва тадбирҳои огоҳкунандаро, ки ба таъмини амнияти туристон равона шуда бошанд, татбиқ менамояд.  Субъекти фаъолияти туристӣ маълумотро дар бораи туристоне, ки аз хориҷа барнагаштаанд, дар мўҳлати се рўз баъд аз ба охир расидани саёҳат (тур) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм пешниҳод менамояд.

4. Субъекти фаъолияти туристӣ оид ба ҳодисаи фавқулоддае, ки бо турист дар вақти саёҳат (тур) рух додааст, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти корҳои хориҷӣ ва оилаи туристро фавран огоҳ менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.13с., №1058)

 

Моддаи 18. Намояндагии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дар хориҷа

Намояндагии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дар хориҷа манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои дахлдор намояндагӣ намуда, дар доираи ваколатҳои худ вазифаҳои оид ба рушди ҳамкорӣ, инчунин мубодилаи иттилоот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳоро дар соҳаи туризм ба роҳ мемонад. (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №922)

 

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.(ҚҶТ аз 19.05.09, №530)

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                 Э. РА{МОНОВ

ш. Душанбе  3 сентябри соли 1999

№824

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМ{УРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи туризм»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №9, мод. 229)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. {укумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи туризм» мувофиқ кунондани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

- қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе  3 сентябри соли 1999

№825

 

ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 15:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
845
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
16.11.1999

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи мубориза бар зидди терроризм

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон с.1999, №11, мод. 275; с.2005, № 3, мод.116;  с.2007,  №5, мод.355;

с.2008, №10, мод.802; с.2012, №8, мод.816, с.2013, № 6, мод. 407; с. 2014, № 11, мод. 647, мод. 648

Қонуни ҶТ аз 25.12.15с., № 1266)

 

Қонуни мазкур асосхои хуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Фасли I.

Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи1.Мақсадиқонунимазкур

 

Мақсади қонуни мазкур аз инхо иборат аст:

тадбиқи сиёсати давлатӣ дар сохаи мубориза бар зидди терроризм;

тадбиқи ӯхдадорихои байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистон дар сохаи мубориза бар зидди терроризм;

танзими хуқуқии муносибатхои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;

ташаккули вазьи тоқатнопазири ахолии Ҷумхурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;

ошкор, ва пешгирӣ ва қадь намудани фаьолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитхои пайдоиши терроризм.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3.Мафхуми терроризм

 

Терроризм - яьне зӯроварӣ ё тахдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё тахдиди истифодаи он нисбати шахсони хуқуқӣ, хамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё тахдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обьектхои моддии шахсони воқеьӣ ва хуқуқӣ, ки боиси хавфи халокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатхои барои ҷамьият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамьиятӣ, тарсонидани ахолӣ ё расонидани таьсир ҷихати аз ҷониби мақомоти хокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатхои ғайрихуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онхо, инчунин таҷовуз ба хаёти арбоби давлатӣ ё ҷамьиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, хамчунин бо мақсади қать гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаьолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба хаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамьиятӣ ё намояндаи хокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамьиятии онхо, бо мақсади ноором сохтани вазьият ё расонидани таьсир ҷихати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеь шудан ба фаьолияти сиёси ё ҷамьиятӣ, инчунин хамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии тахти химояаи  байналмилалӣ қарордошта ё аьзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба бинохои хизматӣ  ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки тахти химояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин харакатхо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатхои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.

 

Моддаи 4.Мафхумхое,  ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд

 

Мафхумхое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд, маьнои зеринро доранд:

амволи террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё тахдиди истифодаи воситахои таркандаи ядроӣ, моддахои радиактивӣ, биологӣ, таксикӣ, захрнок сахттаьсир, захролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситахои нақлиёт ва дигар обьектхо; сӯиқасд ба хаёти ходими давлатӣ  ҷамьиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯхои ахолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; бавуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба хаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатхои дорои хусусияти техногенӣ ё тахдиди воқеъии ташкили чунин хатар; пахн намудани тахдид дар хар гуна шакл ва тавассути хар гуна воситахо; содир намудани дигар амволхое, ки боиси хавфи халокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатхои барои ҷамъият вазнин;

ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ – ҷиноятхое, ки дар моддахои 179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 187, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ба ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ мумкин аст, дигар ҷиноятхое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар холати ба мақсади террористӣ содир намудани онхо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятхо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон сурат мегирад; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1139)

гурӯхи террористӣ – шахсоне, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ муттахид шудаанд;

террорист –  шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияи террористӣ дар хама гуна шакл иштирок менамояд;

ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таьссис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот – террористӣ ба хисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томхои дохилии ташкилот ё бо огохии аққалан яке аз мақомоти рохбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом медихад;

мубориза бар зидди терроризм – фаъолият оиди ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудан, то хадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ;

амалиёти зиддитеррористӣ – чорахои махсус, ки барои пешгирии амали террористӣ, таъмини  амнияти шахсони воқеъӣ, безарар гардонидани террористон, инчунин то хадди камтарин расонидани оқибати фаъолитяи террористӣ анҷом дода мешавад;

минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ – қитъахои алохидаи махал, воситахои нақлиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва қаламрави дар атрофи онхо, ки дар худудашон амалиёти мазкур гузаронида мешавад;

гаравгон – шахси воқеъӣ, ки бо мақсади маҷбур кардани давлат, ташкилот ё шахсони алохида барои содир намудани ин ё он харакат ё худдорӣ намудан аз содир намудани ин ё он харакат хамчун шарти озод намудан дастгир ё боздошта шудааст;

субъектхои бар зидди терроризм муборизабаранда – субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, хамчунин субъектхои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда.

 

Моддаи 5. Ҳамкории байналхалқии Ҷумхурии Тоҷикистон дар сохаи мубориза бар зидди

                  террористзм

 

Ҷумхурии Тоҷикистон мутобиқи шартномахои байналхалқӣ дар сохаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатхои хориҷӣ, бо мақомоти хифзи хуқуқ ва хадамоти махсуси онхо,  инчунин бо ташкилотхои байналхалқии бар зидди терроризм муборизабаранда, хамкорӣ менамояд.

 

Фасли  II.

Субъектхои бар зидди терроризм муборизабаранда

 

Моддаи 6. Субъектхои бар зиддитеррори муборизабаранда

 

Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифахои афзалиятноки давлат буда, функцияи худро дар ин соха тавассути  мақомоти хокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.

Субъектхои бар зидди терроризм муборизабаранда ба субъектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва субъектхои дар мубориза бар зидди терроризм иштироккунанда тақсим мешаванд.

Рохбарии умумии мубориза бар зидди терроризм ба зиммаи хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон вогузор аст.

 

Моддаи 7. Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

 

Субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, аз ҷумла амнияти зиддитеррористии худро таъминкунанда дар доираи ваколатҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, мақомоти зерин мебошанд:

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номгўи субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда танҳо тавассути қонун тағйир дода ё илова карда мешавад.

 

Моддаи 8. Ваколати субъектхои  бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда

 

Субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки:

бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон лоихаи барномахои давлатӣ, консепсияи мубориза бар зидди терроризмро тахия ва пешниход менамояд;

бо тартиби муқараргардида ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон доир ба холати мубориза бар зидди терроризм ахборот медихад;

фаъолияти субъектхои  бар зидди терроризм муборизабарандаро мутобиқ мегардонад;

иттилоотро оиди холат ва тамоили терроризм, аз он ҷумла иттилооти аз субъектхои  зидди терроризм муборизабаранда ба нуқтаи (банки) мутамарказии байниидоравии маълумот доир ба проблемахои терроризм дохил мешаванд, ҷамъ меоваранд, тахлил ва ҷамъбаст менамояд;

бо тартиби  муқараргардида оиди такмили қонунгузорӣ дар сохаи мубориза бар зидди терроризм, таклифхо пешниход менамояд.

Ба ғайр аз ин  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муборизаро бар зидди терроризм тавассути инхо амалӣ менамояд:

ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятхои дорои  хусусияти террористӣ, ки мақсади сиёсӣ, миллӣ, нажодӣ ё  ифроти динӣ доранд;

ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ;

таъмин намудани амнияти муассисахои Ҷумхурии Тоҷикистон дар хориҷа, коркунон ва аъзоёни оилаи коркунони ин муассисахо;

таъмини амнияти объектхои мухофизати давлатӣ ва хифзи шахсони мухофизатшаванда;

ошкор, пешгирӣ ва қатъ кардани кўшиши рахна намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби террористон;

қатъ намудани ғайриқонунӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки бо мақсади террористӣ истифода шуданашон мумкин аст. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1139)

Вазорати корхои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро тавассути ошкор намудан, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади ғаразнок доранд, амалӣ менамояд.

Вазорати мудофиаи Ҷумхурии Тоҷикистон амнияти зиддитеррористии фазои хавоии Ҷумхурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар мавридхои зарурӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётхои зиддитеррористӣ кӯмак мерасонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти амнияти давлтӣ ва субьектхои дигари бар зидди терроризм муборизабаранда хангоми бархамдихии оқибати холатхои фавқулодда амнияти зидитеррористии махалли корхои анҷомдихӣ   ва садамаю барқарокуниро таьмин менамояд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм мубориза мебарад.

Гвардияи  миллии  Ҷумхурии Тоҷикистон бар зидди терроризм муборизаро тавассутӣ:

иштирок дар таьмин намудани амнияти зиддитеррористии обьектхои мухофизатидавлатӣ ва хифзи шахсони мухофизатшаванда;

иштирок дар тайёр ва гузаронидани амалиётхои зиддитеррористӣ, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 9. Субъектхои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда

 

Субъектхои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон, Вазорати корхои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти хокимияти иҷроия мебошанд, ки номгӯи онхоро хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Иштирок дар мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби инхо ба амал бароварда мешавад:

Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон тавассути назорат ба фаьолияти иттиходияхои ҷамьиятӣ ва хизбхои сиёсӣ, ки бо тартиби муқаррарӣ сабти ном шудаанд;

Вазорати корхои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатхои хориҷӣ хангоми ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналхалқи ва дар шаклхои дигаре, ки  қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон  муайян кардааст;

Кумитаи гумруки назди хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тавассути қать намудани ғайриқонунӣ аз сархади гумрукӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, захрнок, радиоактивӣ ва дигар предметхо, ки мумкин аст ба мақсадхои террористӣ истифода шаванд, инчунин бо расондани ёрӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ дар мубориза бар зидди фаьолияти террористии байналхалқӣ. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1139)

Мақомоти прокуратура ва судхои Ҷумхурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм бо шартхо ва тартиби пешбиникардаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст иштирок менамоянд.

 

Фасли III.  

Фаъолияти террористӣ ва зиддитеррористӣ

 

Моддаи 10. Фаъолияти террористӣ

 

Фаъолияти террористӣ фаъолиятест, ки инхоро дар бар мегирад:

ташкил, банақшагирӣ, тайёр кардан ва содир намудани амали террористӣ;

иғво андохтан  ба амали террористӣ, зӯроварӣ ба ашхоси воқеъӣ ё маҷбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани амвол ва дигар объектхои моддӣ бо мақсадхои террористӣ;

ташкили вохидхои ғайриқонунии мусаллах, иттиходи ҷинояткорӣ (ташкилоти ҷинояткори), гурӯххои муташаккил барои содир кардани амали террористӣ, хамчунин иштирок дар чунин амал;

ҷалб кардану мусаллах гардондан, таълим додан ва истифода бурдани террористхо;

бо маблағ таъмин кардани ташкилоти бараъло террористӣ ё гурӯхи террористӣ ё кӯмаки дигар ба онхо.

 

Моддаи 11. Фаъолияти террористии байналхалқӣ

 

Ҷумхурии Тоҷикистон  ӯхдадорихои байналхалқии худро ба асос гирифта, чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии байналхалқӣ эътироф менамояд, ки он ба амал бароварда мешавад:

аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар қаламрави бештар аз як давлат;

аз ҷониби шахрвандони як давлат нисбати шахрвандони давлати дигар ё дар қаламрави давлати дигар;

дар холатхое, ки хам террорист, хам ҷабрдидаи терроризм шахрвандони хамон як давлат ё давлатхои гуногун буда, вале ҷиноят дар хориҷи қаламрави ин давлатхо содир шудааст;

бо мақсади вайрон кардани тартиботи хуқуқии байналхалқӣ.

 

Моддаи 12. Фаъолияти зиддитеррористӣ

 

Фаъолияти зиддитерроистӣ фаъолиятест, ки бо мақсади химояи шахс, ҷамъият ва давлат аз фаъолияти террористӣ ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 13. Принсипхои фаъолияти зиддитеррористӣ

 

Фаъолияти зиддитеррористӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон ба принсипхои зерин асос меёбад:

  1. қонуният;
  2. эхтироми хуқуқу озодихои инсон ва шахрванд;
  3. ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористӣ;
  4. бо хам пайвастани усулхои ошкор ва пинхонии мубориза бар зидди терроризм;
  5. афзалиятнокии мухофизати хуқуқи шахсоне, ки дучори хатар гардидаанд;
  6. қонунӣ будани расонидани зарар ба террорист;
  7. яккасардорӣ дар рохбарии оперативӣ ба қуввахо ва воситахои ҷалбшаванда хангоми гузаронидани амалиётхои зидди террористӣ;
  8. пинхонкории қатъӣ хангоми гузаронидани амалиётхои махсуси зиддитеррори

 

Фасли IV.

Мубориза бар зидди терроризм

 

Моддаи 14. Ошкор кардани фаолияти террористӣ

 

Субектхои бар зидди терроризм муборизабаранда бо мқсади ошкор намудани фаолияти террористӣ ӯхдадоранд бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ аз тамоми қувваю воситахо ва шаклу усулхои муқарраркардаи қонунро, ки дар ихтиёр доранд, истифода баранд.

Шахсони мансабдор ва шахрвандон ӯхдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва (ё) мақомоти корхои дохилӣ аз хамаи ходисахое, ки аломатхоионхо дар хусуси терроризми тайёркардашаванда ё содиршуда гувохӣ медиханд, фавран хабар диханд.

Давлат мухофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм кӯмак мерасонанд, кафолат медихад. Бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва қать намудани фаьолияти террористӣ бо тартиби муайянкардаи хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар назди  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди махсус таьсис мешавад, ки аз маблағи он барои суьектхои бар зидди терроризм  муборизабаранда додани ахбороте, ки тадбиқи он боиси ба хабс гирифтан ё махкум намудани шахсони иштирокчии фаьолияти террористӣ ё пешгирӣ ё қать кардани амали террористӣ гардидааст, мукофотпулӣ дода мешавад.

Фош кардани маьлумот дар бораи шахсоне, ки чунин ахборотро додаанд, танхо бо розигии онхо мумкин аст.

 

Моддаи 15. Пешгири намудани фаьолияти террористӣ

 

Бо мақсади пешгирӣ намудани фаьолияти террористи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мань аст:

таьсис додан, сабти ном кардан ва амал намудани ташкилотхое, ки фаолияти террористиро мақсади худ қарор додаанд;

фаъолияте, ки ба тарғиби терроризм вобастагӣ дорад;

вориду хориҷ шудан ё бо транзит тавассути қаламрави ҷумхурӣ гузаштани шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;

додани хуҷҷати зист ба шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;

ба шахрвандии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул кардани шахрвандони хориҷи, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;

бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани маблағҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва ё бо дарки он, ки ин маблағҳо барои амалӣ кардани фаъолияти террористӣ истифода мешаванд; (ҚҶТ аз 13.06.13с. №969)

аз ҷониби кормандони автовакзалхо, вокзалхои рохи охан ва аэровокзалхо аз мусофирон ба амонат қабул намудани бағоҷ, бори дастӣ (ба ғайр аз кормандони ба ин мақсадхо ваколатдори бағоҷхонахо);

гузаронидани гирдихамоихо, намоишҳо ё пикеткунӣ дар ҷойхои муқаррарнашуда.

Ба мақсади пешгирӣ намудани фаъоляти террористӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон ба инхо рох дода мешавад:

хангоми гузарондани чорабинихои ҷамьиятию сиёсӣ ва дигар чорабинихои оммавӣ ба мухофизати тартиботи ҷамьиятӣ ҷалб намудани қувваю воситахои иловагии субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда;

мустахкам намудани чорабинихои мухофизатию режимӣ дар мақомоти хокимияти давлатӣ ва худидоракунии махаллӣ, дар корхонахое, ки барои хаёт ва саломатии инсон ва мухити хист хатари калон доранд;

бо дархости мақомоти салохиятдори давлатхои хориҷӣ тибқи меьёрхои хуқуқи байналхалқӣ супурдани шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ дар қаламрави ин давлатхо иштирок намудаанд;

ҷамьовари, тахлил, ҷамьбаст намудани маьлумотхо доир ба ташкилотхои террористӣ ва шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок мекунанд (иштирок кардаанд) ва ба нуқтаи мутамарказии байниидорави маьлумот доир ба проблемахои терроризми назди  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани онхо;

дар назди субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда таьсис додани ҷузьу томхои махсус.

Пешгирӣ намудани фаьолияти террористӣ, инчунин амалӣ  гардонидани дигар чорабинихоро низ дар бар мегирад, ки онхоро қонунгузории  Ҷумхурии Тоҷикистон  ва  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст  пешбинӣ кардаанд.

 

Моддаи 16. Қать гардонидани фаьолияти террористӣ

 

Хизматчиёни харбӣ, кормандон ва мутахассисони субьектхои бар зидди терроризм муборизабаранда хангоми қать гардонидани фаьолияти террористӣ умуман ё дигар амали алохидаи террористӣ ӯхдадоранд бо тартиби пешбини кардаи  қонунгузорӣ хамагуна чорахои муқаррар кардаи қонунро истифода баранд.

 

Моддаи 17. Тафтиши ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ

 

Тахқиқ ва тафтишоти пешакӣ аз рӯи парвандахои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятхои дорои  хусусияти террористӣ аз ҷониби субьектхои бар зидди терроризм муборизабаранда ва муфатишони ин субьектхо бо шартхо ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 171. Рӯйхати шахсони бо терроризм алоқамонд

 

Рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотро (филиал ва (ё) намояндагии онро) ташкилоти террористӣ эътироф менамояд. Шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суд террорист эътироф карда мешаванд. Нусхаи қарорҳои зикргардида барои дохил намудани шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷуҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикитон, ҳамчунин ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд шахсони воқеӣ ва ташкилотҳоеро, ки мутобиқи қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф шудаанд, дохил менамояд.

Нусха аз рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумоти зарурӣ дар бораи ин шахсон фавран ба субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ва ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии ( расмикунонии ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм барои иҷрои чорабиниҳои муқовимат бо терроризм ва андешидани чораҳо оид ба манъ намудани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони мазкур фиристода мешавад.

Хориҷ намудан аз рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи мазкур амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 1.08.12с., №879)

 

Моддаи 172. Манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони бо терроризм алоқаманд

 

Воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1138)

Мусодираи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд аз рӯи қарорҳо оид ба террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф намудани онҳо ва оид ба манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва молу мулки дигарашон бо тартиби судӣ шикоят намоянд, ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳои молиявии манъкардашуда, то мусодира гардидани онҳо, оид ба пардохти хартоҷоти хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ ва таъмини моддию маишии аҳли оила муроҷиат намоянд.

Бекор намудани манъи воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳои бо терроризм алоқаманд, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷкистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 1.08.12с., №879) (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1138)

Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1138)

 

Моддаи 18. Истехсолоти судӣ аз рӯи парвандахои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятхои дорои хусусияти

                     террористӣ

 

Парвандахои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ, инчунин парвандахои гражданӣ дар бораи ҷуброн кардани зарар, мумкин аст бо қарори суд дар маҷлисхои пушидаи судӣ барраси карда шаванд.

 

Фасли V. 

Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ

 

Моддаи 19. Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ

 

Амалиёти зиддитеррористӣ аз ҷониби субьектхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда гузаронида мешавад.

Барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни харбӣ, кормандон ва мутахассисони махсус тайёркардашудаи субьектхое, ки дар моддаи 7 хамин қонун номбар шудаанд, инчунин дар холатхои истисноӣ  хайати шахсӣ, қувваю воситахои субъектхои  дар қисми якуми моддаи 9 хамин қонун номбаршуда ҷалб карда мешаванд.

Амалиёти зиддитеррористӣ бевосита тахти рохбарии ситод, ки бо хамин мақсад таъссис дода мешавад, гузаронида мешавад. Дар айни хол хамаи шахсоне, ки ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҷалб карда мешаванд, аз лахзаи оғози амалиёти мазкур ба рохбари ситод итоат мекунанд.

Дахолати хар гуна шахс ба рохбарии оперативии амалиёти зиддитеррористӣ,  манъ аст.

 

Моддаи 20. Минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ ва режими хуқуқии он

 

Сархади минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро рохбари ситод вобаста ба миқёс ва дараҷаи оқибатхои хатари ҷмъиятии амали террористӣ муайян менамояд.

Дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ шахсоне, ки ин амалиётро мегузаронанд, хақ доранд:

дар мавриди зарури бароӣ муваққатан   махдуд кардан ё манъ намудани  харакати воситахои нақлиёт ё пиёдагардхо дар кӯчахо ва роххо чорахо бинанд;

хуҷҷатхои шахрвандон ва шахсони мансабдорро, ки шахсияти онхоро тасдиқ мекунад тафтиш кунанд, дар холати набудани чунин хуҷҷатхо бо мақсади муқаррар кардани шахсияти онхо ин шахсонро дастгир намоянд;

шахсонеро, ки хуқуқро вайрон кардаанд ё вайрон мекунанд, ё дигар амале зохир менамоянд, ки он ба талаботхои қонунии шахсони гузаронандаи амалиёти зиддитеррористӣ халал мерасонад, инчунин амале, ки бе иҷозат барои ворид шудан ё кушиши ворид шудан ба минтақаи гузарондани амалиёти зидди террористӣ иртибот доранд, дастгир намоянд ва ба мақомоти корхои дохилӣ баранд;

ба бинохои истиқоматӣ ва дигар бинохои шахрвандон, ба худуд ва бинохои корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо новобаста ба шакли моликият, воситахои нақлиёт хангоми қатъ намдани амали террористӣ, таъқиб кардани шахсоне, ки ба содир кардани амали террористӣ гумонбар мешаванд, агар сусткорӣ ба хаёт ва саломатии одамон хатари воқеӣ ба вуҷуд оварад, бемамониат ворид шаванд;

хангоми гузаштан (савора гузаштан) ба минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ва хангоми даромадан ба  (баромадан аз) минтақаи мазкур воситахои нақлиётро ба истиснои воситахои нақлиёти намояндагихои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагихои давлатхои хориҷӣ ва барои дар онхо кашондашаванда, аз ҷумла бо истифодаи воситахои техникӣ тафтиш намоянд;

бо мақсадхои хизматӣ воситахои алоқа, аз ҷумла воситахои алоқаи махсуси шахрвандон инчунин корхонахо, муассисахо ва ташкилотхоро новобаста ба шакли моликият истифода баранд;

бо мақсадхои хизматӣ воситахои нақлиётро, ки ба корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо новобаста ба шакли моликият ман субанд, истифода баранд, ба  истиснои воситахои нақлиётии намояндагихои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагихои давлатхои хориҷӣ, дар холатхои таьҷилӣ бошад, воситахои нақлиётии шахрвандонро низ барои пешгирии амали террористӣ таькиб ва дастгир намудани шахсоне, ки амали террористӣ содир кардаанд ё барои ба муассисаи табобатӣ бурдани шахсоне, ки ба ёрии таьҷилии тиббӣ  эхтиёҷ  доранд, инчунин барои рафтан баҷои воқеьа, истифода баранд.

Бо дархости субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, хизматрасонии алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои ҷудогонаи он метавонад муваққатан боздошта шавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1266)

 

Моддаи 21. Махдудятхои дигар хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ

 

Рохбари ситод дар минтақаи гузаронидани амали зиддитеррористӣ хақ дорад ба манфиати таьмини амнияти шахсӣ рох додани кормандони васоити ахбори оммаро ба ин минтақа, инчунин фаолияти онхоро дар бораи додани ахбор ба ахли ҷамьият оид ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ бо рад кардани додани ахбороти зерин, ки;

тактика ва методикаи гузаронидани амалиётро ошкор менамояд;

ба тарғиб ва хақбаровардани терроризм мусоидат мекунад;

маьлумотро дар бораи шахсони иштирокчии амалиёт ошкор менамояд;

маьлумотро, ки сирри давлатӣ мебошад, ошкор менамояд;

маьлумотро, ки ошкор кардани он шаьну шарафи гаравгонро  паст мезанад, махдуд гардонад.

 

Фасли VI.

Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи амали террористӣ расонда шудааст.

Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки аз амали терористӣ зарар дидаанд

 

Моддаи 22. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи амали террористӣ расонда шудааст

 

Ҷуброни зараре, ки ба шахсони воқеьи ва хуқуқӣ дар натиҷаи амали террористӣ расонида шудааст, аз хисоби маблағи буҷети ҷумхурӣ ба амал бароварда, баьдан он ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон аз шахси зараррасонида ситонида мешавад.

 

Моддаи 23. Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи   амал терористӣ   зарар дидаанд

 

Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи   амали терористӣ   зарар дидаанд, аз хисоби маблағи буҷети ҷумхурӣ бо мақсади баргардонидани онхо ба хаёти мӯьтадил ба амал бароварда мешавад ва он ёрии хуқуқӣ, психологӣ, тиббӣ, барқарорсозии касбӣ, дар холатхои зарурӣ ба кор барқарор кардан, ба онхо  додани манзилро дар бар мегирад.

Тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсонеро, ки аз амали терористӣ зарар дидаанд, хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Фасли VII.

Ҳимояи хуқуқи ва  иҷтимоии шахсоне,

ки дар мубориза бар зидди терроризм иштирок кардаанд

 

Моддаи 24. Шахсоне, ки ба химояи хуқуқӣ ва иҷтимоӣ дахл доранд

 

Ба химояи хуқуқӣ ва иҷтимоӣ инхо дахл доранд;

1) хизматчиёни харбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ бевосита иштирок кардаанд;

2) шахсони ба мақомоти давлатии барандаи мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирӣ, ошкор ва қать намудани фаьолияти террористӣ ва то хадди камтарин расонидани оқибатхои он дар асоси доимӣ ё муваққатӣ кӯмак мерасонанд;

3) шахсони дар бораи фаьолияти террористӣ ва хар гуна дигар вазьият маълумот додаанд ва ахбороти онхо барои пешгирӣ, ошкор ва қать намудани фаьолияти террористӣ мусоидат намудааст;

4) аьзоёни оилахои шахсоне, ки дар бандхои 1-3 хамин модда номбар шудаанд, агар зарурати таьмини химояи онхоро иштироки шахсони номбаршуда дар мубориза бар зидди терроризм ба миён оварда бошад.

 

Моддаи 25. Ҷуброни зарари шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм  иштирок менамоянд ва

                    барқарорсозии иҷтимоии онхо

 

Зараре, ки ба саломатӣ ё амволи хизматчиёни харбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектхои  бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда расонда шудааст, ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. Дар сурати халок гардидани ин шахсон хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ  ё маъюб шудан ё маҷрух (захмин) шудан, ки боиси маъюбӣ нашудааст, чорахои химояи хуқуқӣ ва иҷтимоӣ бо назардошти статуси хуқуқии чунин шахсон, ки қонухои дахлдор ва дигар санадхои меьёрию хуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, тадбиқ карда мешаванд.

Зараре, ки ба саломатӣ ё амволи шахсони дар бандхои 2-3 моддаи 24 хамин Қонун номбаршуда бинобар иштироки онхо дар мубориза бар зидди терроризм бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Дар сурати халок гардидани шахсони дар бандхои 2 моддаи 24 хамин Қонун номбаршуда хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё маъюб шудан ё маҷрух (захмин) шудан, ки боиси маъюбӣ нашудааст, чорахои химояи хуқуқӣ ва иҷтимоии дар Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бори фаьолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» пешбинигардида, тадбиқ карда мешавад.

Дар сурати хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ  маҷрух (захмин) шудани шахсони дар бандхои 3 моддаи 24 хамин Қонун номбаршуда, ки боиси маъюбӣ нашудааст, ба онхо кӯмакпулии яквақта дар хаҷми  сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо; хангоми маҷрух(захмин) шудани онхо ки боиси маъюбӣ шудааст,- дар хаҷми панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад, дар сурати халок шудан ба аъзоёни оилаи онхо дар хаҷми якхазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо кӯмакпулӣ дода, нафақа бо сабаби гумкардани саробон таьин карда мешавад.

Барқарорсозии иҷтимоии шахсони дар бандхои 2-3 моддаи 24 хамин Қонун номбаршуда, ки дар натиҷаи иштироки онхо дар амалиёти зиддитеррористӣ зарар дидаанд, аз хисоби маблағи буҷети ҷумхурӣ пардохта мешавад.

Тартиби барқарорсозии иҷтимоии ин шахсон, инчунин дар холати ба амнияти онхо тахдид кардани хатар, тағйир додани маьлумотхои шиноснома, ҷои истиқомат, кор (тахсил), тағйир додани андоми ин шахсон бо рохи тиббӣ аз ҷониби хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Фасли VIII.

Ҷавобгарӣ барои фаьолияти террористӣ ва озод кардан аз ҷавобгарӣ

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои фаьолияти террористӣ

 

Шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ машғул мешаванд ё бо террористхо  ва ташкилотхои террористӣ ёрӣ мерасонанд, инчунин фаъолияти онхоро  тарғиб менамоянд, мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористӣ набуда, аммо аз номи онхо амали террористӣ содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблағ, таъмин ва мусаллах гардонидани он иштирок менамояд, баробари аъзоёни ташкилотхои террористӣ ҷавобгар мебошанд.

Шахсоне, дар бораи мавҷудияти ташкилоти террористӣ ё шахсони алохида ба фаъолияти террористӣ шарик буда, маълумот дошта, аммо дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар надодаанд, тибқи Кодекси ҷинояти Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Ҷавобгарии ташкилот барои фаъолияти террористӣ.

 

Дар сурати аз ҷониби суд террористӣ эътироф карда шудани ташкилот, он бо қарори суд бархам дода, амволаш мусодира шуда, ба даромади давлат гузаронида мешавад.

 

Моддаи 28. Озодкунӣ аз ҷавобгарӣ.

 

Шахсоне, ки ба субъектхои бар зидди терроризм муборизабаранда ёрӣ мерасонанд, барои шуғл варзидан бо фаъолияти террористӣ мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд, агар дар давраи дар ташкилоти террористӣ будани онхо қасдан ҷиноят содир накарда бошанд.

Хизматчиёни харбӣ, кормандон ва мутахассисони субъектхои  бар зидди терроризм муборизабаранда барои зарари маънавӣ, моддӣ ва ҷисмонӣ расонданашон ба террористон бинобар истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситахои махсус ва силохи оташфишон, ки онхоро қонун пешбинӣ кардааст, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон, ҷавобгар нестанд.

Шахсоне, ки бо хохиши намояндагони мақомоти хифзи хуқуқ ё дигар мақомоти давлатӣ, командирони киштихои хавоӣ барои қать ё пешгирӣ кардани амали террористӣ ёри расонидан, барои амали ба муқобили террористон истифода бурдаашон мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон,  ҷавобгар намебошанд.

 

Фасли IХ.

Муқарароти хотимавӣ

 

Моддаи 29. Ҳисоботи имтиёзноки хизмати дарозмуддат ва иловапулихо ба маоши хизматӣ

 

Ба хизматчиёни харбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки дар ҷузьу томхои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда (муборизабурда) хизмат менамоянд (намудаанд), ба мӯхлати хизмати дарозмуддат барои таъмини нафақа як рӯзи хизмат хамчун ду рӯз ва хангоми иштирок дар гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ- як рӯзи хизмати хачун се рӯз (агар ин мӯхлатхо тибқи қонунгузорӣ барои онхо ба андозахои бештар хисоб карда нашаванд) хисоб карда мешавад ва мутобиқи маоши вазифавӣ ва маоши рутбавӣ меафзояд.

 

Моддаи 30. Ҳавасманд гардонидани шахсоне, ки дар мубориза бар зидди терроризм  иштирок

                    менамоянд (иштирок намудаанд)

 

Барои иштирок дар амалиёти мушаххаси зиддитеррористӣ хизматчиёни харбӣ,  кормандон ва мутахассисоне, ки хизматро дар ҷузъу томхои бевосита бар зиддитерроризм муборизабаранда адо менамоянд, инчунин шахсоне, ки дар гузаронидани ин амалиёт ёрӣ расонидаанд, мумкин аст аз ҷониби рохбарони мақомоти дахлдори давлатӣ бо мукофоти яквақтаи пулӣ ба андоза ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон хавасманд гардонида шаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе,16 ноябри соли 1999

№ 845

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ  ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон

«Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон соли 1999, №11, мод. 276)

 

 

Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

1. Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

2. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон:

ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» мувофиқ гардонидани қонунхои Ҷумхурии Тоҷикистон таклифхо пешниход намояд;

қарорхои худро ба Қонуни мазкур мувофиқ намояд.

 

 

Раиси

Маҷлиси Олии                                                                                  С. РАҶАБОВ

Ҷумхурии Тоҷикистон

 

ш. Душанбе, 16 ноябри соли 1999

№ 846

 

ДАР БОРАИ ФАРМОИШИ ДАВЛАТИИ МУДОФИАВӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 15:56
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
897
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
11.12.1999

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, №12, мод.337; с.2004, №7, мод.462; с. 2007, №5, мод.358;

Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1150)

 

Қонуни мазкур бо назардошти амнияти давлатӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат, муносибатҳои ҷамъиятии ба фармоиши давлати мудофиавӣ вобастаро ба танзим медарорад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1150)

 

Моддаи 1. Вазифаҳои Қонуни мазкур

 

Вазифаҳои Қонуни мазкур иборат аз муайян кардани принсипҳои умумии ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, тартиби ташкил, ҷойгиронӣ, маблағгузорӣ ва иҷрои фармоиши давлатии мудофиавӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

                       (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1150)

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1150)

фармоиши давлатии мудофиавӣ (минбаъд - фармоиши мудофиавӣ) санади ҳуқуқӣ буда, иҷрои корҳоро ҷиҳати тарҳрезӣ, истеҳсол ва таҳвили маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлат аз қабили силоҳи ҷангӣ, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, амволи дигари ҳарбӣ, маснуоти масолеҳи комплектонӣ (минбаъд - маҳсулот) иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ (минбаъд - корҳо, хизматрасонӣ), ки ба мақсади таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, ҳамчунин таҳия   ва таъмини маҳсулоти (корҳо, хизматрасонӣ) соҳаи ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ мутобиқи санадҳои  ҳуқуқии  байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, дар назар доранд:

 фармоишдиҳандаи давлатии фармоиши мудофиавӣ (минбаъд-фармоишдиҳандаи давлатӣ) - Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд,  ки  барои  таҳвили маҳсулот  (корҳо,  хизматрасонӣ)  аз  рўи  фармоиши  мудофиавӣ  фармоиш медиҳанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1150)

Фармоишдиҳандаи давлатӣ нисбати фармоишҳои мудофиавӣ, ки дар бандҳои 1-5, 7-8, 11-12 ва банди 6 қисми якуми моддаи 4 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, дар қисмати молҳои ғайриозуқавӣ-иҷрокунандаи асосии фармоиши мудофиавӣ низ шуда метавонад;

иҷрокунандаи асосии фармоиши мудофиавӣ (минбаъд - иҷрокунандаи асосии) Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар асоси фармоиши мудофиавӣ оид ба таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) бо фармиоишдиҳандаи давлатӣ қарордоди давлатӣ мебандад ва тартибдиҳандаю таъминкунандаи фармоиши давлатии мудофиавӣ ба ҳисоб меравад; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1150)

иҷрокунандаи фармоиши мудофиавӣ (минбаъд - иҷрокунанда) корхонаҳои тобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар асоси қарордод бо фармоишдиҳандаи давлатӣ ё иҷрокунандаи асоси дар  иҷрои фармоиши мудофиавӣ иштирок мекунанд. Иҷрокунандаи фармоиши мудофиавӣ корхонаҳое низ буда метавонанд, ки тобеи дигар вазорату идораҳо мебошанд ё бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат доранд, инчунин шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар асоси қарордод бо иҷрокунандаи асосӣ ё иҷрокунанда дар иҷрои фармоиши мудофиавӣ иштирок мекунанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1150)

қарордоди давлатӣ шартномаест, ки супоришдихандаи давлатӣ бо иҷрокунандаи асоси мебандад ва он ӯҳдадорию ҷавобгарии тарафайнро барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ пешбинӣ мекунад;

қарордод шартномаест, ки фармоишдиҳандаи давлатӣ ё иҷрокунандаи асосӣ бо иҷрокунанда (иҷрокунандаи дигар) бастааст ва ӯҳдадарию ҷаобгарии тарафайнро барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ пешбинӣ менамояд.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1150)

 

Моддаи 4. Таркиб ва тартиби маблағгузории фармоиши давлатии мудофиавӣ

 

Ба таркиби фармоиши мудофиавӣ метавонанд инҳо дохил шаванд:

1. корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ барои тарҳрезӣ, такмил додан, коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки аз истифода хориҷ мешаванд, инчунин бурдани корҳо доир ба азхудкунӣ ва ташкили истеҳсоли намуди дигари амволи ҳарбӣ дар корҳонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли хоҷагидорӣ ва моликият (минбаъд ташкилот, агар ба тарзи дигар ифода нашуда бошад);

2. корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ барои тараққӣ додани заминаи тадқиқотӣ, лоиҳавию конструкторӣ ва истеҳсолию технологии ташкилотҳо ба мақсади таъмини иҷрои фармоиши мудофиавӣ, инчунин баланд бардоштани дараҷаи омодагии сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. истеҳсоли сериявӣ ва таҳвили аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, инчунин маснуоту масолеҳи комплектонӣ;

4. корҳое, ки барои таъмиру такмил намудани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, назорати кафолатӣ ва муаллифии ҳолати онҳо, инчунин барои коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки аз истифода хориҷ карда мешаванд;

5. корҳо барои сохтан, истеҳсолот ва таҳвил намудани маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) бо шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокичии онҳо мебошад;  (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1150)

6. Истеҳсоли анҷому амволи ҳарбӣ, хӯрокворӣ ва молҳои ғайриозуқавӣ;

7. корҳои оиди омодагии сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои эҳтиёҷоти мудофиаи гражданӣ;

9. тарҳрезӣ кардан, тайёр намудан, нав кардан ва интишор кардани нақшаю харитаҳои гуногунмасштаби топографӣ;

10. ҷудо кардани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти мудофиа;

11. сохтан, таҷдид намудан ва бо таҷҳизоти нави техникӣ таъмин кардани объектҳои иҷрокунандаи асосӣ, ки барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ, аз ҷумла, барои коркарди партов ва нобуд сохтани аслиҳа ва техникаи ҳарбии аз истифода хориҷшаванда пешбинӣ шудаанд;

12. корҳои дигар барои таъмини қобилияти мудофиавӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фармоиши мудофиавӣ бояд инҳоро дар бар гирад:

1. номгӯӣ (номенклатура) ва миқдори маҳсулоти таҳвилшаванда (корҳо, хизматрасонӣ) ва мӯҳлати таҳвили он;

2. арзиши (нархи) пешбинишавандаи фармоиши мудофиавӣ умуман, инчунин аз рӯи бахш ва марҳалаҳои алоҳидаи татбиқи он;

3. номгӯи фармоишдиҳандаи давлатӣ;

4. номгӯи иҷрокунандаи асосӣ ё иҷрокунандагон.

Корҳои доир ба тарҳрезӣ ва истеҳсоли маснуоти масолеҳи комплектонӣ барои таъмини иҷрои фармоиши мудофиавӣ ба корҳои фармоиши мудофиавӣ мансубанд,

Маблағгузори фармоиши мудофиавӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бо роҳи пулҷудокунӣ барои  фармоишдиҳандаи давлатӣ сурат мегирад. Дар ин маврид маблағҳои  пулии ба иҷрокунандаи асосӣ барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ зарурбуда дар буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатри алоҳида нишон дода мешаванд.

Пардохти таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) аз рӯи фармоиши мудофиавӣ дар асосӣ шартҳои қарордоди давлатӣ (қарордод) сурат мегирад.

Маблағе, ки фармоишдиҳандаи давлатӣ ба иҷрокунандаи асосӣ медиҳад, танҳо барои пардохти хароҷоти иҷрои фармоиши мудофиавӣ ва пешпардохти ҳаққи корҳои дахлдор пешбинӣ карда мешавад. Иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) барои ба мақсадҳои дигар истифода будани маблағҳои зикршуда ҷавобгар аст.

 

Моддаи 5. Тартибдиҳӣ ва ҷойгиронии фармоиши мудофиавӣ

 

Фармоиши мудофиавӣ дар доираи хароҷоти дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои ин мақсадҳо муқарраршуда ва дар назардошти зерин тартиб меёбад:

муқаррароти асосии доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи сесола ё панҷсолаи давлатии тараққиёти саноати мудофиавӣ, ки тарҳрезӣ ва истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбиро пешбининамуда, фармоишҳоро барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ (аз ҷумла корҳои оиди рушди технологияҳои асосии ҳарбӣ), истеҳсоли сериявӣ, таъмир, коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, ки аз истифода хориҷ карда мешаванд, сохтмони асосӣ, инчунин тадбирҳоеро, ки барои таъминоти моддию техникии ин корҳо заруранд, дар бар мегиранд;

дархостҳои фармоишдиҳандаҳои давлатӣ;

нақшаҳои сафарбарии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

барномаҳои ҳамкории ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии онҳо мебошанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1150)

барномаҳои дигари давлатӣ.

Лоиҳаи фармоиши мудофиави мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тартиб додани буҷети давлатӣ барои соли дахлдор  ва назардошти имкониятҳои захиравии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси лимитҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 6 моҳ пеш аз оғози давраи дахлдор таҳия карда мешавад.

Нишондиҳандаҳои асосии фармоиши мудофиавиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1150)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати бист рӯзи баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонун дар бораи буҷети давлатӣ ва тасдиқи нишондиҳандаҳои асосии фармоиши мудофиави фармоиши мудофиавиро дар ҳаҷми пурра бо назардошти хароҷоти барои ин мақсадҳо муқарраркардаи буҷети ҷумҳуриявӣ тасдиқ менамояд.

Ҷойгиркунии фармоиши мудофиави аз тарафи иҷрокунандаи асосӣ ё иҷрокунандагон сурат мегирад.

Қабул кардани фармоиши мудофиави аз тарафи ҳамаи ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба мақомоти бартарии онҳо дар бозори мол ё монополияи онҳо дар истеҳсоли маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) аз рӯи фармоиши мудофиави ҳатмӣ мебошад, ба шарте, ки фармоиши мудофиави дараҷаи фоиданокии муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми истеҳсоли ин намуди маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) таъмин намояд.

Фармоиши мудофиави ва бастани қарордоди давлатӣ (қарордод) оиди корҳои нигоҳдошти иқтидорҳои сафарбарӣ барои ҳамаи ташкилотҳо ҳатмӣ мебошад, ба шарте, ки ҷойгиркунонии фармоиши мудофиави дар сурати иҷро шудани он зарари иқтисодӣ наорад.

Мувофиқи фармоиши мудофиавии тасдиқшуда фармоишдиҳандаи давлатӣ бо иҷрокунандаи асосӣ ё иҷрокунанда қарордоди давлатӣ мебандад. Аз ҷониби фармоишдиҳандаи давлатӣ ба даст овардани маҳсулоти хориҷие, ки қиёси онро истеҳсолоти ватанӣ дорад, дар ҳолатҳои мустасно, ҳангоми доштани хулосаи дахлдор аз тарафи иҷрокунандаи асосӣ бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.

 

Моддаи 6. Функсияҳои асосии фармоишдиҳандаи давлатӣ

 

Фармоишдиҳандаи давлатӣ:

1. нархи маҳсулотро (корҳо, хизматрасониро) мувофиқа  мегардонад, оиди таҳвили маҳулот (корҳо, хизматрасонӣ) карордоди давлатӣ ё қарордод мебандад;

2. маблағгузории фармоиши мудофиавиро таъмин менамояд;

3. аз тарафи иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) истифода намудани маблағҳоеро, ки барои иҷрои фармоиши давлатӣ ҷудо карда шудаанд, назорат мекунад;

4. иҷрои корҳоро чӣ дар давраҳои алоҳида ва чӣ пурра назорат менамояд;

5. дар санҷиши намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, маҳсулотҳои сериявӣ ва инчунин маснуоту масолеҳи комплектонӣ иштирок мекунад:

6. озмоишҳои давлатии намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо,  системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ташкил мекунад ва мегузаронад, барои қабули онҳо ҷиҳати ҷиҳозонӣ (таъминкунӣ) ҳуҷҷатҳои лозимиро тайёр мекунад;

7. барои истеҳсоли сериявии аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои конструкториро тасдиқ менамояд;

8. маҳсулоти фармоишшударо (корҳо, хизматрасонӣ) қабул мекунад.

Фармоишдиҳандаи давлатӣ дар асоси қарордоди давлатӣ метавонад як қисми вазифаҳои худро ҷиҳати иҷрои фармоиши мудофиави ба ӯҳдаи иҷрокунандаи асосӣ вогузорад.

 

Моддаи 7. Функсияҳои асосии иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда)

 

Иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда)

1. дар тартиб додани фармоиши мудофиави иштирок менамояд;

2.нархи маҳсулотро (корҳои пурра, қисман ва дар давраҳои алоҳида иҷрошударо) асоснок мекунад;

3. оиди иҷрои фармоиши мудофиави қарордоди давлатӣ (қарордод) мебандад:

4. иҷрои корҳо, истеҳсоли намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, азхудкунӣ, истеҳсоли сериявӣ ва таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ), назорати муаллифию кафолатии ҳолати аслиҳа ва техникаи ҳарбиро анҷом медиҳад;

5. мувофиқати корҳои иҷрошуда, намунаҳои таҷрибавии тайёркардашудаи (комплексҳо, системаҳо)-и аслиҳа, техникаи ҳарбии тайёркардашуда ва маҳсулоти сериявиро ба талаботи стандартҳои давлатӣ, вазифаҳои гузошташудаи тактикию техникӣ (техникӣ)-и супоришдиҳандаи давлатӣ, ҳуҷҷатҳои техникӣ, ҳамчунин характеристикаҳои тактикию техникӣ ва қарордоди давлатӣ таъмин мекунад;

6. озмоиши намунаҳои таҷрибавии (комплексҳо, системаҳо) аслиҳаю техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти сериявиро дар асоси талаботи ҳуҷҷатҳои техники ташкил мекунад ва мегузаронад;

7. дар рафти ихтироъ, истеҳсол ва таҳвили аслиҳа ва техникаи ҳарби барои назорати иҷрои корҳо чӣ дар давраҳои ҷудогона ва чӣ пурра барои фармоишдиҳандаи давлатӣ шароити мусоид фароҳам меорад;

8. ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз ҷониби фармоишдиҳандаи давлатӣ ба даст овардани маҳсулоти хориҷие, ки қиёси онро истеҳсолоти ватанӣ дорад, хулосаи дахлдор медиҳад.

Дар сурати қатъ гардидани корҳо оиди иҷрои фармоиши мудофиавӣ, иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) бе розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи барҳам додан ё дигаргун сохтани иқтидорҳои истеҳсолиеро, ки иҷрои фармоиши мудофиавиро таъмин мекунанд, надорад.

Зарареро, ки иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабаби истифода набурдани  иқтидорҳои номбаршуда мебинад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳаҷми пуррааш товон менамоад.

 

Моддаи 8. Қарордоди давлатӣ (қарордод) барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ

 

Қарордоди давлатӣ (қарордод) чӣ барои иҷрои тамоми маҷмӯи корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, истеҳсол, таҳвил, истифода, таъмир, коркарди партов ва нобуд кардани аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, чӣ барои намудҳои алоҳидаи ин гуна корҳо баста мешавад.

Сифати маҳсулоте (корҳо, хизматрасонӣ), ки мувофиқи қарордоди давлатӣ (қарордод) барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ таҳвил карда мешавад, бояд ба талаботи ҳуҷҷатҳои нормативию техникӣ ва шартҳои қарордоди давлатӣ (қарордод) мувофиқат намояд.

Шартҳои намунавии қарордоди давлатӣ (қарордод) барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Қарордодҳо бо шахсони ҳуқуқи хориҷӣ барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ, инчунин барои таҳвили содиротию воридотии маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд.

 

Моддаи 9. Таъминоти моддию техникии фармоиши мудофиавӣ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳое, ки муҳимтарин намуди захираҳои моддию техникиро таҳвил (истеҳсол) менамоянд, барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ ҳиссаи (квотаи ) ҳатмии ба иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) таҳвил намудани ин захираҳоро бо нархи ҷории бозори мол муайян менамояд.

Захираҳои моддию техникӣ мувофиқи ҳиссаи (квота) муайянгардида танҳо ба иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ таҳвил карда мешавад.

 

Моддаи 10. Тадбирҳои дастгирии давлатии иҷрои фармоиши мудофиавӣ

 

Ба мақсади ҳавасмандгардонии иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) мумкин аст пешбнӣ шавад:

ҳангоми иҷрои фармоиши мудофиавӣ додани кафолати дараҷаи фоиданоки бақайдгирифташуда бо истифодаи механизми тартибдиҳии нархи маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ)    ба намудҳои маҳсулоти (корҳо, хизматрасонӣ) мудофиавие, ки заминаи мустаҳками молиявиро барои тараққӣ додани истеҳсолот, илму техника ва иҷтимоиёти ташкилотҳои иҷрокунандагони асосӣ (иҷрокунанда) таъмин менамояд;

пешпардохти кварталӣ ё марҳилавии корҳо барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ ба андоза на камтар аз чил фоизи арзиши онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузори фармоиши мудофиавӣ;

ба мақсади бо таҷҳизоти нав таъмин намудан, таҷдид ва васеъ кардани истеҳсолот барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ ба фурӯш ё ин ки ба иваз гузоштани молумулки ташкилот ба истеъмолкунандаи берунӣ ё дохилӣ;

тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) аз пардохти боҷи гумрукӣ аз дастгоҳ ва дигар маҳсулоте, ки саноати ватанӣ истеҳсол намекунад ва онҳо ба мақсади бо техникаи нав таҷҳизонидани ташкилотҳо, ки фармоиши мудофиавиро иҷро мекунанд, ворид шудааст.

Ба мақсади ҳалли масъалаҳои бо маблағ таъмин намудани корхонаҳои мудофиавӣ ва ҳангоми ташкили истеҳсолоти нав, таҷдид, васеъ кардани иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, азнавсозии техникӣ, пурра гардондани маблағҳои гардон, ки барои иҷрои ҳатмии фармоиши мудофиавӣ равона карда мешаванд, иҷрокунандаи асосӣ (иҷрокунанда) мумкин аст мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳои зерин озод бошад:

андози як қисми фоидае, ки аз иҷрои фармоиши мудофиавӣ ба даст меояд:

андози замин аз қитъаҳои замине, ки дар онҳо объектҳои истеҳсолӣ, тадқиқотию илмӣ ва конструкторию технологӣ, объектҳои таъини сафарбарӣ, аз ҷумла комплексу стансияҳои озмоишӣ, машқгоҳҳо ва анборҳои захираҳои давлатию сафарбарӣ воқеанд;

андоз аз амволи барои татбиқи фармоиши мудофиавӣ, объектҳои таъини сафарбарӣ, аз ҷумла комплексу стансияҳои озмоишӣ, машқгоҳҳо ва анборҳои захираҳои давлатӣ ва сафарбарӣ вобастабуда;

андоз аз арзиши иловашуда аз таҳвили маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) аз рӯи фармоиши мудофиавӣ ба фармоишдиҳандаи давлатӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба мақсади ҳавасмандгардонии иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мувофиқи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои дигарро низ пешбинӣ намояд.

Навъу ҳаҷм ва тартиби дастгирии давлатии иҷрокунандаи асосиро (иҷрокунандаро) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Фармоишдиҳандаи давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар қарордоди давлатӣ (қарордод) намудҳои дигари ҳавасмандгардониро пешбинӣ намояд.

 

Моддаи 11. Ҷавобгарӣ барои иҷро накардани фармоиши давлатии мудофиавӣ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, барои татбиқи сиёсати ҳарбию техникӣ, таъмини иҷрои барномаи давлатии тараққиёти саноати мудофиа, тарҳрезӣ ва истеҳсоли аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, тартиб додани барномаҳои дигари давлатӣ, мувофиқи ҳиссаҳо (квотаҳо) бо захираҳои моддию техникӣ ва маблағ сари вақт таъмин намудани иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) барои додани пешпардохт ва пардохти маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) ва иҷрои корҳои дигари фармоиши мудофиавӣ мутобики қонун ҷавобгаранд.

Фармоишдиҳандаи давлатӣ барои сари вақт дастраси иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) намудани фармоиши мудофиавӣ, мувофиқи мақсад истифода шудани маблағҳое, ки барои пешпардохти маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои вай ҷудо карда мешаванд, тибқи қонун ҷавобгар аст.

Иҷрокунандаи асоси (иҷрокунанда) дар сурати иҷро накардан ё ба таври бояду шояд иҷро кардани ӯҳдадории худ, ки дар қарордоди давлатӣ (қарордод) пешбинӣ шудааст, аз ҳуқуқҳои ҳавасмандгардонии иқтисодии дар моддаи 10-и Қонуни мазкур пешбинишуда маҳрум мешавад.

Намудҳои дигари ҷавобгарӣ тавассусти дар қарордоди давлатӣ ва санадҳои қонунгузорӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси таҳвили маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои иҷрои фармоиши мудофиавӣ муайян карда мешаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                           Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 11 декабри соли 1999

№ 897

ДАР БОРАИ НАҚЛИЁТ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 16:12
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
32
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
29.11.2000

ҚОНУНИ 

ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи нақлиёт

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2000, №11, мод. 507; соли 2004, №7, мод. 466; соли 2007, №7, мод. 674)

 

Ин Қонун фаъолияти интиқолдиҳандагонро дар нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва обӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои кори системаи нақлиётӣ дар асоси механизмҳои бозорӣ ва мусоидат ба таъмин ва рушди хизматҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахши нақлиётӣ танзим менамояд.

 

ФАСЛИ  I.

Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои дар ин Қонун қабулгардида

Дар ин Қонун истилоҳҳои зерин мафҳумҳои зайлро ифода мекунанд:

интиқолдиҳанда - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки воситаи нақлиётро бо ҳуқуқи моликияти хусусӣ ё дигар навъи моликият истифода менамояд, дар бобати кашонидани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва ё почта ба ивази музд ё ба тариқи кироя хизмат мерасонад ва барои анҷом додани ин кор иҷозатномаи (литсензия) дахлдор дорад, ки он мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дода шудааст. Таҳти истилоҳи “интиқолдиҳанда” ҳамчунин танзимгари (оператори) ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти гуногун, сарфи назар аз он ки зимнан он ягон воситаи нақлиётро истифода мекунад ё не, фаҳмида мешавад.

мизоҷ - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки мутобиқи шартномаи бо интиқолдиҳанда басташуда нақлиётро истифода мебарад.

экспедитор - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки аз ҳисоби интиқолдиҳанда, борфиристонанда ё боргирандае, ки барои интиқоли бор шартнома мебандад ва шартномаи интиқоли борро иҷро мекунад ё иҷрои онро ташкил мекунад, фаъолият анҷом медиҳад.

нақлиёт - соҳаи истеҳсолоти моддиест, ки кашонидани борҳо, мусофирҳо ва бағоҷро амалӣ мегардонад.

ташкилоти нақлиётӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти хоҷагию тиҷоратӣ оид ба интиқоли бор ва мусофирон, хизматрасонии техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт машғул мебошад.

 ташкилоти нақлиётии давлатӣ -  ташкилоте, ки дар он қисми зиёди саҳм (пакети саҳмияҳо) ба давлат тааллуқ дорад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ оид ба нақлиёт

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт ба Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи ҳамин Қонун қабулгардида, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Дар бораи моликият дар нақлиёт

Нақлиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият асос меёбад. Моликони  ташкилотҳои  нақлиётӣ дар назди қонун баробар буда, аз ҳимояи якхелаи қонун баҳраманд мебошанд.

Роҳҳои оҳани магистралӣ, роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, инчунин роҳҳое, ки аҳамияти мудофиавӣ доранд, бо иловаи иншоотҳои инженерӣ, роҳҳои обии киштигард, дастгоҳҳо ва аломатҳои киштиронӣ, танзим ва кафолати бехатарии киштигардӣ, дастгоҳҳои системаи   батанзимдарории   ҳаракатҳои   ҳавоии   аэронавигатсионӣ,   шабакаҳои телекомуникатсионӣ, инженерӣ, ки ба таъмини бехатарии парвози киштиҳои ҳавоӣ алоқаманданд, моликияти давлатӣ мебошанд.

 

Моддаи 4. Заминҳои барои мақсадҳои нақлиёт истифодашаванда

Истифода ва ҷудо намудани заминҳо барои мақсадҳои нақлиётӣ бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Ба мақсади таъмини боэтимоди истифодаи иншоотҳо ва дигар объектҳои нақлиётӣ дар минтақаҳои фурӯравӣ, кандашавӣ, обшӯӣ, сел ва дигар таъсиррасонии хатарноки табиӣ минтақаҳои муҳофизатӣ муайян карда мешавад.

 Ташкилотҳои  нақлиётӣ ва интиқолдиҳандагон бояд заминҳои ба онҳо ҷудошударо мувофиқи таъиноти мақсаднок ва шартҳои пешниҳодшуда, технологияҳои истеҳсолии муҳофизати табиат истифода бурда ба бадшавии вазъияти экологӣ дар минтақа дар натиҷаи фаъолияти худ роҳ надиҳанд.

 

ФАСЛИ  II.

Идора  ва танзим

 

Моддаи 5. Идоракунии  ташкилотҳои нақлиётӣ

Ба ташкилотҳои нақлиётӣ дар идоракунии фаъолияти хоҷагию истеҳсолӣ соҳибихтиёрӣ дода мешавад.

Тамоми навъҳои фаъолияти ташкилотҳои нақлиётӣ бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт анҷом дода шавад.

 

Моддаи 6. Танзими фаъолияти нақлиёт

Танзими давлатии фаъолият дар соҳаи нақлиёт бо роҳи таъмини ҳуқуқӣ, иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ), андозбандӣ, кредитонӣ, маблағгузорӣ ва нархгузорӣ, ба роҳ мондани сиёсати сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ, назорати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт ба истифодаи ташкилотҳои нақлиётӣ сурат мегирад.

Мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти хоҷагии ташкилотҳои нақлиётӣ мудохила намоянд, инчунин кормандони ташкилотҳои нақлиётиро ба корҳои дигар ҷалб намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 7. Идоракунии давлатии нақлиёт

Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт иборатанд аз:

- ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт;

- амалӣ гардонидани ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байналхалқӣ дар соҳаи нақлиёт;

- коркарди лоиҳаҳои қонунгузорӣ ва асноди дигар, стандартҳо, нормаҳои  муайянкунандаи тартиби ҳуқуқӣ ва меъёрии фаъолияти тамоми шаклҳои нақлиёт новобаста аз шакли моликияташон;

- таҳияи барномаҳои миллӣ ва консепсияи тарақии тамоми шаклҳои нақлиёт, ташаккул ва ҷорӣ намудани сиёсати инвеститсионӣ, илмию-техникӣ ва иҷтимоӣ, тайёр намудани кадрҳо;

- ба вуҷуд овардани шароит барои таъмини зарурияти иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо ҳамлу нақл ва хизматрасониҳои ба он вобаста;

- назорати риояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони нақлиёт;

- коркарди дурнамо дар таъмини босифати саривақтии эҳтиёҷоти давлатии ҷумҳурӣ ва аҳолӣ ба ҳамлу нақл.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи нақлиёт

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ваколатҳои худро дар соҳаи нақлиёт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақлиёт анҷом медиҳанд.

 

 Моддаи 9. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт

Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  нақлиёт (минбаъд –мақоми ваколатдор) барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт масъул мебошад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Фаъолият ва салоҳияти мақоми ваколатдор тибқи Низомнома муайян карда мешавад, ки он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

 

Моддаи 10. Салоҳияти мақоми ваколатдор

 Салоҳияти мақоми ваколатдор аз инҳо иборат аст:

 - банақшагирӣ ва мониторинги барномаҳое, ки ба истифодаи рақобатӣ ва самараноки захираҳо ва баланд бардоштани самараи кори системаҳои нақлиётӣ, мониторинги тарифҳо ва боҷҳои аз ҷониби ташкилотҳои нақлиётии давлатӣ ва хусусӣ ситонидашаванда мусоидат менамоянд;

 - таҳияи нақшаҳои рушди соҳаи нақлиёт;

- таҳлили талаботи сармоягузории соҳаи нақлиёт ва имкониятҳои ташкилотҳои нақлиётӣ, таҳияи барномаи дарозмӯҳлати сармоягузории давлатӣ;

- мусоидат намудан ба рақобат баҳри роҳ ёфтан ба бахшҳои нақлиётӣ;

- мусоидат ба иттиҳодиякунонӣ, тиҷоратикунонӣ ва хусусигардонии ташкилотҳои нақлиётии давлатӣ;

- мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт;

- муқаррар ва таъмин намудани риояи меъёрҳои амният ва ҳифзи истеъмолкунанда, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ ва стандартҳои усулҳои пешқадами идора;

- бастани шартномаҳо барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба сохтмон дар соҳаи нақлиёт, бо пудратчиёни бахши хусусӣ, ки дар асоси рақобат ва ошкоро муайян карда мешаванд;

- тасдиқи қоидаҳои мустақими ба амал баровардани боркашонӣ омехта;

             - дигар салоҳиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.

 

Моддаи 11. Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт

Бо мақсади баррасии пешниҳодҳои вобаста ба сиёсати соҳаи нақлиёт, баланд бардоштани самара ва такмили усулҳои хоҷагидорӣ, ҳифзи манфиатҳои ташкилотҳои нақлиётӣ, интиқолдиҳандагон, мизоҷон ва ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравии машваратии оид ба нақлиётро таҳти раисии  роҳбари мақоми ваколатдор таъсис медиҳад.

Ба ҳайати Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт намояндагони  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илмӣ, ташкилотҳои нақлиётӣ, интиқолдиҳандагон ва мизоҷон дохил мешаванд.

Комиссияи байниидоравии машваратӣ оид ба нақлиёт фаъолияти худро дар асоси Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, анҷом медиҳад.

 

ФАСЛИ  III.

 Фаъолият дар нақлиёт

 

Моддаи 12. Асосҳои фаъолияти иқтисодӣ ва хоҷагӣ

Асоси муносибатҳои иқтисодӣ ва хоҷагии нақлиётро бозори талабот ва пешниҳоди нақлиёти хизматрасонӣ ба вуҷуд меорад.

Мақомоти идоракуни, ки оиди ташкили интиқоли мусофирон қарор қабул кардаанд ва аз сабаби истифодаи нархномаҳои танзимшаванда даромаднокӣ таъмин намешавад, бояд аз буҷети дахлдор иловапулӣ диҳанд.

 

Моддаи 13. Тарифҳо

Барои интиқоли бор, мусофирон, бағоҷ ва хизматрасоние, ки ба интиқол вобастаанд, тарифҳои озоди шартномавӣ муайян мегарданд.

 

Моддаи 14.  Ташкилотҳои нақлиётии давлатӣ

Ташкилотҳои  нақлиётии давлатӣ фаъолияти худро дар асоси тиҷоратӣ ба сифати воҳидҳои хоҷагиҳои мустақил бо роҳи бастани созишномаҳо бо  мақоми ваколатдор анҷом медиҳанд.

Чунин созишномаҳо нисбати  ташкилотҳои нақлиётии  давлатӣ  бояд асноди зеринро дар бар гиранд иборат бошанд:

- статуси корпоративӣ ва тиҷоратӣ;

- нақша-ҷадвали корҳо ва мустақилияти идора;

- стандарту меъёрҳои корҳо ва тобеияти роҳбарият;

- принсипҳо ва тартиби таҳияи сохтори ҳисоботдиҳӣ, аз ҷумла таҳияи ҳисоботдиҳии алоҳида барои воҳидҳои мухталифи фаъолият, муқаррар намудани арзиши амвол ва ҳиссаҷудокунӣ ба хӯрдашавии он;

- муайян намудани корҳо ва хизматрасоние, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ иҷро карда мешаванд ва муайян намудани арзиши онҳо;

- нишондиҳандаҳои солонаи молиявӣ ва нақшавии истеҳсолӣ.

 

Моддаи 15.  Ҳамлу нақли борҳо, мусофирон ва бағоҷ

Кашонидани борҳо, мусофирон ва бағоҷ, аз ҷумла хизматрасониҳои экспедитсионӣ дар асоси шартномаи байни мизоҷ ва интиқолдиҳанда анҷом дода мешавад.

Шартҳои кашонидан, татбиқи фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ, тартиби истифодаи воситаҳои нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат, риояи қоидаи ҳифзи меҳнат, бехатарии зидди сӯхтор, нормаҳои  техникию-технологӣ ва санитариро қонунҳо, оинномаҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян мекунад.

 

Моддаи 16. Робитаи мустақими омехта бо иштироки намудҳои гуногуни нақлиёт

Нақлиёти роҳи оҳан, обии дохилӣ, ҳавоӣ ва автомобилӣ системаи робитаи мустақими омехтаро ташкил медиҳанд.

Муносибатҳо байни ташкилотҳои нақлиётӣ ҳангоми робитаҳои мустақими омехта, инчунин тартиби ташкили ҳамлу нақл ба воситаи созишномаҳое, ки байни ташкилотҳои намудҳои дахлдори нақлиёт бо қоидаҳои аз тарафи  мақоми ваколатдор тасдиқшуда баста мешаванд, муайян мегарданд.

 

Моддаи 17. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мусофирон

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мусофироне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии нақлиётӣ истифода мекунанд, мутобиқи шартномаи байни мусофир ва интиқолдиҳанда, ки тибқи қонунҳо ба дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, муайян карда мешаванд.

Мусофир ҳуқуқ дорад:

-  ҳамроҳ бо худ кӯдакони то сини 5-солаи худро, бе ҷудо кардани  ҷои  алоҳида дар нақлиёти  ҳавоӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти дохилии обӣ, дар автобусҳои байнишаҳрӣ, инчунин дар нақлиёти шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ ғайр аз таксӣ бепул барад;

- барои хурдсолони синнашон аз 5 то 12 сола бо пардохти 50 фоизи арзиши он чипта харад.

Дар нақлиёти ҳавоӣ, автобусҳои шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ кашондани бори дастӣ ва бағоҷ бепул то вазни на бештар аз 20 кг муқаррар карда мешавад.

Дар  нақлиёти роҳи  оҳан,  дохилии  обӣ, инчунин автобусҳои байнишаҳрӣ бепул кашондани бори дастӣ ва бағоҷи вазнаш на бештар аз 35 кг муқаррар мегардад.

Интиқолдиҳандагон ҳуқуқ доранд, ки вазни бори бепул кашондашударо зиёд кунанд ва дигар имтиёзҳоро муқаррар намоянд.

Мусофир ҳуқуқ дорад аз интиқолдиҳандае, ки аз давом додани интиқол даст кашидааст ё ба рӯзи дигар мавқуф гузоштааст талаб намояд, ки ӯро ба маконаш расонад ва ҳамаи зарареро, ки ба бекор кардани шартнома ба ӯ мерасад баргардонад.

Мусофир ба имтиёзҳои дигари дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 18. Ҳамлу нақли байнидавлатӣ ва транзитӣ

Ҳамлу нақли транзитии борҳо ва мусофирон тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мутобиқи созишномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

ФАСЛИ  IV.

 Бехатарӣ ва масъулият дар нақлиёт

 

Моддаи 19. Талабот ва масъулият дар нақлиёт

Воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи бехатарӣ, меъёрҳои тиббию санитарӣ, ҳифзи меҳнат ва экология, ки бо стандартҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи нақлиёт муқаррар шудаанд, мутобиқ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида шаванд.(ҚҶТ аз 28.12.2013с.№1050)

Воситаҳои нақлиёте, ки сертификат надоранд ва тибқи муқаррарот аз қайд нагузаштаанд, истифодаашон манъ аст.

Тартиботи сертификатсияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 20. Ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётӣ

Талаботи дараҷаи касбӣ барои идораи воситаҳои нақлиётӣ ва меъёрҳои баҳодиҳии мувофиқати  ҳолати  саломатии  ашхос  доир  ба идораи воситаҳои нақлиётӣ аз ҷониби  мақоми ваколатдор якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ҳуқуқ ба идораи воситаи нақлиёт ба шахсе дода мешавад, ки тахассуси мувофиқ ба ин кор дошта бошад ва аз назорати тиббӣ доир ба ҳолати саломатӣ гузашта, барои идора намудани воситаи нақлиёт асноди муқарраршуда гирифта бошад.

 

Моддаи 21. Масъулияти интиқолдиҳанда

Интиқолдиҳанда нигаҳдории борҳо ва бағоҷро аз лаҳзаи қабул то супоридан ба соҳибаш таъмин менамояд.

Интиқолдиҳанда барои гум шудан, норасоӣ ва осеб дидани бор ё бағоҷ, агар исбот карда натавонад, ки ин камбудиҳо на бо айби ӯ рух додааст, ҷавобгар аст.

Зарари ҳангоми интиқоли бор ё бағоҷ расондашуда аз тарафи интиқолдиҳанда ҷуброн карда мешавад.

Дар ҳолати нобуд шудан, кам омадан, интиқолдиҳанда якҷоя бо пардохти  қимати  бор  ё бағоҷ маблағи боркашониро ҷуброн мекунад.

Дар санадҳои қонунгузорӣ инчунин дигар намудҳои масъулият пешбинӣ шуданашон мумкин аст.

 

Моддаи 22. Масъулияти мусофир, ирсолкунанда ва гирандаи бор ё бағоҷ

Мусофирон, ирсолкунанда ва гирандаи бор ё бағоҷ барои зараре, ки бо гуноҳи онҳо ба дигар шaҷcoн, ба моли интиқолдиҳанда ё ба моли дигар ашхосе, ки масъулияти онро интиқолдиҳанда дорад, ҷавобгаранд.

Ирсолкунанда барои зараре, ки ба сабаби маълумоти ноаниқ, нодуруст ё нопурраи ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ба интиқолдиҳанда ё дигар шахс расонидааст, ҷавобгар аст.

 

Моддаи 23. Ҳифзи борҳои интиқолдодашаванда ва объектҳо дар нақлиёт

Ҳифзи борҳои интиқолдодашаванда, объектҳои нақлиёт ва анҷом додани корҳои профилактикии  зидди сӯхтор дар нақлиёт тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 24. Масъулият барои бехатарии ҳамлу нақл

Масъулият барои бехатарии интиқоли борҳо ва мусофирон ба дӯши интиқолдиҳанда аст. Талаботи бехатарӣ бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Интиқолдиҳанда барои зарари дар натиҷаи дучоршавӣ ба марг ё зарар дидани саломатии мусофир ҳангоми интиқол ба амал омада, агар исбот накунад, ки зарар дар натиҷаи қасди зарардида ё қувваи ногаҳонӣ ба амал омадааст, ҷавобгарии амволӣ дорад.

Ҷавобгарии интиқолдиҳанда аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи марг ё зарар дидани саломатӣ ба амал меояд, аз рӯи қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

 

Моддаи 25. Ташкили кори нақлиёт ҳангоми ҳолати фавқулодда

Ҳангоми ба амал омадани ҳолати фавқулодда (заминҷунбӣ, обхезӣ, сӯхтор, тарма, паҳншавии касалиҳо ва дигар фалокатҳои табиӣ) муносибатҳои шартномавии  ташкилотҳои нақлиётӣ дар ин вақт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои қабули тадбирҳои барҳам додани фалокатҳо ва оқибатҳои онҳо боздошта шуда метавонанд.

Хароҷоти корхонаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда доир ба анҷом додани интиқоли бо таъмини тайёрии сафарбарӣ, тадбирҳои мудофиаи гражданӣ ва корҳои тасодумию наҷотдиҳӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи буҷет ҷуброн мешавад.

 Ташкилотҳои нақлиётӣ вазифадоранд, ки оҷилан тадбирҳои бартараф намудани оқибатҳои фалокатҳо ва садамаҳо, инчунин дигар ҳолатҳоро андешанд, ки характери фавқулодда доранд.

 

Моддаи 26. Масъулият барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ

Интиқолдиҳандагон ва ташкилотҳои нақлиётӣ ӯҳдадоранд барои ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ аз ҳама гуна таъсири манфӣ дар натиҷаи интиқоли бор дар дохили кишвар ё ба тариқи транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Моддаи 27. Суғурта кардан

Интиқолдиҳанда дар назди мусофирон ҳангоми сафар дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ, нақлиёти автомобилии байнидавлатӣ ва байнивилоятӣ масъулияти суғуртакунии ҳатмӣ ва масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилиро ба ӯҳда мегирад.

 

Моддаи 28.  Масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба нақлиёт

Шахсони ҳукуқӣ ё воқеие,  ки барои вайрон кардани ин Қонун гунаҳгоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи  қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

 

ФАСЛИ  V.

ҚоидаҲои  хотимавӢ

 

Моддаи 29. Назорат аз болои кори нақлиёт

Назорат аз болои иҷрои қонунгузории нақлиёт, талаботи бехатарии ҳаракат, экология ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз тарафи  мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатии идоракунӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, бурда мешавад.

Азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт танҳо дар ҳолатҳое, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, гузаронида мешавад.

 

Моддаи 30. Муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи нақлиёт

Интиқолдиҳандагон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳамкории иқтисодии хориҷиро бо ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии дигар давлатҳо инкишоф диҳанд ва воридоту содироти маҳсулотро (корҳоро, хизматрасониҳоро) ба амал бароранд.

             Дар сурати ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ эътирофшуда мутобиқат накардани меъёрҳои Қонуни мазкур, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

 

Моддаи 301. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1997 (Дар бораи нақлиёт» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997 №23-24, мод.340), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №5, мод.71) аз эътибор соқит дониста шавад.

   

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                   Э. Раҳмонов

ш. Душанбе  29 ноябри соли 2000

№32

ДАР БОРАИ ӮҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 16:22
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
30
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
10.11.2000

ҚОНУНИ 

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ӮҲДАДОРИИ УМУМИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод. 539; с. 2003, № 4, мод. 146; № 8, мод. 461; с.  2004, № 2, мод. 50; № 7, мод. 464; с. 2005, №3, мод. 117; с. 2006, №11, мод. 467; с. 2007, №7, мод. 659; с. 2010, № 7, мод. 542; мод. 553; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1014; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 296; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1478)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии ба иҷрои ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ алоқамандбудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим намуда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардан, даъват намудан, дохил шудан, тартиби адо ва рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

 

БОБИ  I.

 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Ӯҳдадории умумии ҳарбӣ

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан-вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд шаҳрванд, агар дар Қонуни мазкур ба маънои дигар зикр нашуда бошад) инҳоро пешбинӣ менамояд:

-қайди ҳарбӣ;

-тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ;

-даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ;

-адои хизмати ҳарбӣ;

дар эҳтиёт будан, аз ҷумла даъват ба ҷамъомади ҳарбӣ ва гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ дар давраи дар эҳтиёт будан;

-таълими ҳарбӣ дар давраи ҷанг.

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад мутобиқи қонун ба ҷои адои хизмати ҳарбӣ хизмати алтернативӣ адо намояд. Тартиби адои хизмати алтернативиро Қонун муайян мекунад.

Аз ӯҳдадории ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:

-мардони аз 16 - сола хурд ва аз 60 сола калон;

-занони аз 18 - сола хурд ва аз 50 - сола калон;

-онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд.

Аз тарафи шаҳрвандон иҷро намудани ӯҳдадории умумии ҳарбиро мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо дар доираи ваколатҳояшон, сарфи назар аз шакли моликият таъмин мекунанд.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Бо ҳамин Қонун хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, (аз он ҷумла мақомоти идоракунии идораҳои он), Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қӯшуну сохторҳои ҳарбии мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ташкилшаванда (минбаъд Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ) пешбинӣ карда шудааст. (ҚҶТ аз 21.07.10.№ 609)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

 

Моддаи 3. Ӯҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шахсони мансабдори корхона, ташкилоту муассисаҳо нисбати аз тарафи шаҳрвандон иҷро намудани ӯҳдадории умумии ҳарбӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ӯҳдадоранд: (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

-шаҳрвандонро аз даъватҳои комиссариати ҳарбӣ хабардор созанд;

-ба шаҳрвандон имконияти ба даъвати комиссариати ҳарбӣ сари вақт ҳозир шуданро таъмин намоянд;

-бо дархости комиссариати ҳарбӣ маълумотҳои дар бораи шаҳрвандони ба қайди ҳарбӣ дохилшаванда ва дар қайди ҳарбӣ бударо, ки барои ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ дохил кардан заруранд, фиристонанд.

Роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои истифодаи хонаҳои истиқоматӣ, инчунин соҳибони хонаҳо ӯҳдадоранд дар мӯҳлати як моҳ ба мақомоти бақайдгирии ҳарбӣ дар бораи тағйироти ҳайати шаҳрвандони доимӣ истиқоматкунандае, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё онҳое, ки ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд, маълумот пешниҳод кунанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ ӯҳдадоранд:

-дар асоси дархости комиссари ҳарбии шаҳр ё ноҳия дар мӯҳлати ҳафт рӯз дар бораи шаҳрвандони дар қайди ҳарбӣ буда маълумотҳоеро, ки барои ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ дохил кардан зарур мебошанд, фиристонанд;

-кофтуков гузаронанд ва дар сурати мавҷуд будани асоси қонунӣ шаҳрвандонеро, ки аз қайди ҳарбӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, адои хизмати ҳарбию ҷамъомадҳои ҳарбӣ, хизмати алтернативӣ саркашӣ намудаанд, инчунин шахсонеро, ки худсарона қисми ҳарбиро тарк намудаанд, боздошт намоянд;

-дар бораи ҳодисаҳои ошкор намудани шаҳрвандонеро, ки ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд, инчунин дар бораи шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд, вале дар қайди ҳарбӣ нестанд, дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ӯҳдадоранд дар бораи ворид намудани тағйирот ба сабти санадҳои ҳолати шаҳрвандии шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд, ё ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд, дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ӯҳдадоранд дар бораи аз ҷониби онҳо ба қайд гирифтани шаҳрвандони 16-27 - сола, ки дар қайди ибтидоии ҳарбӣ нестанд ё хизмати ҳарбиро (алтернативиро) адо накардаанд, дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ӯҳдадоранд дар бораи оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.

Судҳо ӯҳдадоранд дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд:

-дар бораи аз ҷониби онҳо оғоз намудан ё қать намудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё онҳое, ки ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд;

-дар бораи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукмҳо нисбати шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд.

Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ӯҳдадоранд дар бораи маъюб донистани шаҳрвандоне, ки дар қайди ҳарбӣ мебошанд ё ӯҳдадоранд ба қайди ҳарбӣ дохил шаванд дар мӯҳлати ҳафт рӯз ба комиссариатҳои ҳарбии дахлдор хабар диҳанд.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

 

Моддаи 4. Таъминоти чорабиниҳои вобаста ба иҷро намудани ӯҳдадории умумии ҳарбӣ

Барои муоинаи тиббӣ ва азназаргузаронии тиббии шаҳрвандон ҳангоми ба қайди ҳарбӣ гузоштан, даъват ё дохил шудан ба хизмати ҳарбӣ, даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ, аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаронидани шаҳрвандоне, ки пешакӣ бо вазъи саломатӣ қобили маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ дониста шуда буданд, инчунин барои иҷро намудани чорабиниҳои бо даъват ё дохил шудани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ ва даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ вобастабуда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ӯҳдадоранд нуқтаи муҷаҳазшуда ва биноҳо, дорувор, таҷҳизоти тиббӣ, асбобҳо, амвол, нақлиёт пешниҳод ва таъмин намуда, барои гузаронидани чорабиниҳои номбаршуда духтурон - мутахассисон, ҳайати миёнаи тиббӣ, дигар мутахассисон ва кормандони техникии заруриро ҷалб намоянд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Зараре, ки бинобар иҷрои Қонуни мазкур ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон расонда шудааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ мувофиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 5. Таъминоти молиявӣ ва моддии чорабиниҳои вобаста ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ

Таъминоти молиявӣ ва моддии чорабиниҳои вобаста ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷети дахлдор бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, анҷом дода мешавад.

Ҷои кор, вазифаи ишғолнамуда ва музди миёнаи меҳнати аъзои комиссияи ба қайди ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон, комиссияҳои даъват, духтурон ва ҳайати миёнаи тиббӣ, кормандони техникӣ ва шахсони дар ҳайати хизматрасонӣ будае, ки барои кор дар қитъаҳои бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ, нуқтаҳои даъват ва ҷамъомад дар давраи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ барои гузаронидани муоинаи тиббӣ, инчунин ба нуқтаҳои ҷамъомад ва қӯшунҳо фиристодани даъватшудагон ҷалб шудаанд, дар тамоми давраи иҷрои ин вазифаҳо нигоҳ дошта мешавад.

Шаҳрванд дар давраи муоинаи тиббӣ, ташхис ё табобати вобаста ба қайди ҳарбӣ, тайёрии ҳатмӣ ва хизмати ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дар давраи иҷрои дигар ӯҳдадориҳои вобаста бо қайдгирии ҳарбӣ ва тайёрии ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ ва даъват (дохилшавӣ) ба хизмати ҳарбӣ аз кор (таҳсил) озод кардашуда, ҷои кораш (таҳсилаш) нигоҳ дошта мешавад ва музди миёнаи меҳнаташ (стипендияаш) дар ҷои кор (таҳсил), сафархарҷии давраи дар роҳ буданаш мутобиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват (дохил) шудааст ё ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудааст, то ба ҷои хизмат расидан ва аз хизмат баргаштан мутобиқи тартиб ва меъёрҳое, ки барои хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳатмии ҳарбиро адокунанда муқаррар гардидаанд, бо озуқа таъмин карда мешавад ё ба тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи дахлдор таъмин мешавад.

 

Моддаи 6. Ҷавобгарии шаҳрванд ва шахси мансабдор оид ба вайронкунии қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ

Шаҳрванде, ки тибқи даъвати (даъватномаи) комиссариати ҳарбӣ дар мӯҳлати муайянгардида бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудааст, ҳамчун шахси аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ карда  ҳисоб мешавад ва ӯ бояд:

-дар ҳолатҳои ҳаллу фасли масъалаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ё ҷамъомадҳои ҳарбӣ, ҳамчунин дар ҳолатҳои ғайриқонунӣ озод шудан ё ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашӣ кардан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ;

-дар ҳолатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад.

Сабабҳои узрнок ҳозир нашудан тибқи даъвати (даъватномаи) комиссариати ҳарбӣ ба шарти тасдиқи ҳуҷҷатноки сабаби ҳозир нашудан инҳоянд:

-беморӣ ё маъюбии шаҳрванд, ки боиси корношоямии ӯ гардидааст;

-бемории сахт ё вафоти (ҳалоки) хешовандони наздик ё падархонди ҳамин шаҳрванд;

-монеаи офати табиӣ ё дигар ҳолатҳои ба иродаи шаҳрванд новобаста, ки имконият надодааст ӯ ба ҷои ва дар мӯҳлати муайянкардаи комиссариати ҳарбӣ дар вақташ ҳозир шавад;

-дигар ҳолатҳое, ки комиссияи даъватӣ ё суд онҳоро сабабҳои узрнок донистааст.

Шахсоне, ки барои саркашӣ кардани шаҳрванд аз иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ мусоидат мекунанд, ҳамчунин барои ӯҳдадории умумии ҳарбиро иҷро кардани шаҳрванд монеъ мешаванд, ё ки ӯҳдадориҳои муайяннамудаи Қонуни мазкурро иҷро намекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

БОБИ II. ҚАЙДИ  ҲАРБӢ

 

Моддаи 7. Ташкили қайди ҳарбӣ

Шаҳрвандон ӯҳдадоранд дар қайди ҳарбӣ бошанд, ба истиснои:

-онҳое, ки Қонуни мазкур аз ӯхдадории умумии ҳарбӣ озод намудааст;

-занҳое, ки ихтисоси қайди ҳарбӣ надоранд;

-онҳое, ки хизмати ҳарбӣ (алтернативӣ) адо карда истодаанд;

-онҳое, ки ҷазои ҷиноятиро дар шакли маҳрумият аз озодӣ адо мекунанд;

-онҳое, ки ба синни ниҳоии дар эҳтиёт будан расидаанд;

-занҳои ихтисоси қайди ҳарбӣ доштаи дорои се ва ё зиёда фарзанд.

   Қайди ҳарбии шаҳрвандон аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат анҷом дода мешавад.

Дар маҳалҳое, ки комиссариатҳои ҳарбӣ вуҷуд надоранд, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бақайдгирии ҳарбии ибтидоиро анҷом медиҳанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Қайди ҳарбии шаҳрвандоне, ки рутбаҳои ҳарбии афсарӣ дошта, дар эҳтиёти Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии мазкур мутобиқи тартибе, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. № 609)

Ҳуҷҷатҳои ба қайдгирии ҳарбӣ дар бораи шаҳрвандоне бояд чунин маълумоти ҳатмиро дошта бошанд:

- насаб, ном, номи падар;

- сана ва ҷои таваллуд;

- ҷои истиқомат ва кор;

- аҳволи оилавӣ;

- маълумот ва донистани забонҳои хориҷӣ;

- аз рӯи саломатӣ қобили хизмати ҳарбӣ будан;

- қобилияти касбӣ дар тайёрӣ аз рӯи ихтисоси қайди ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳарбӣ;

- адои хизмати ҳарбӣ ё алтернативӣ;

- адои ҷамъомадҳои ҳарбӣ;

- маълумоти антропометрӣ;

- соҳиби ихтисоси қайди ҳарбӣ ва мулкӣ будан;

- соҳиб будан ба дараҷаи якуми варзишӣ ё унвони варзишӣ;

- нисбати ӯ оғоз (қатъ) карда шудани парвандаи ҷиноятӣ;

- доғи судӣ доштан ё надоштан;

- дар давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг барои корхона, ташкилот ва муассисаҳо ҷудо (брон) карда монда шудан.

Дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ дар бораи диндорӣ, ақидаҳои сиёсӣ ва мансубият ба ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ҷунбишҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин маълумоти дигаре набояд бошанд, ки боиси поймол шудани ҳуқуқи шаҳрванд гарданд, ба истиснои мавридҳое, ки худи шаҳрванд ба дохил кардани чунин маълумотҳо ба ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ҳарбӣ исрор намояд.

Тартиби қайди ҳарбии шаҳрвандонро Қонуни мазкур ва Низомномаи қайди ҳарбӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамоянд.

Дар давраи сафарбарӣ ва замони ҷанг ҷудо (брон) карда мондани шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Тартиб ва хусусиятҳои дар давраи осоишта ва замони ҷанг дар қайди ҳарбӣ будани шаҳрвандоне, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунанд, мутобиқи ҳамин Қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Зимнан қайди ҳарбии барои ин шаҳрвандон аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи роҳбарони мақомоти зикршуда муайян карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ӯҳдадориҳои ташкил ва ба қайди ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандонро мутобиқи Низомномаи қайди ҳарбӣ иҷро менамоянд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

 

Моддаи 8. Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон

Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси мард аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ ё ноҳиявии ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон дар давраи аз 1 январ то 31 март дар соли ба синни 16 расидан сурат мегирад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандони ҷинси зан аз ҷониби комиссариати ҳарбии шањр ё ноҳия  пас аз соҳиб шудани онҳо ба ихтисоси қайди ҳарбӣ сурат мегирад:

Комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон бо қарори раиси шаҳр ё ноҳия дар ҳайати зерин тасдиқ карда мешавад:

комиссари ҳарбии шаҳр (ноҳия) ё муовини он - раиси комиссия;  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

котиби комиссия;

духтуроне, ки шаҳрвандонро бинобар ба қайди ҳарбӣ гирифта шуданашон муоинаи тиббӣ менамоянд.

Комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон ӯҳдадор аст:

муоинаи тиббии шаҳрвандонро ташкил намуда, қобили хизмати ҳарбӣ будани онҳоро муайян кунад;

дар хусуси ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрванд ё бинобар вазъи саломатӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ будан аз ӯҳдадории умумии ҳарбӣ озод намудани ӯ қарор қабул кунад;

барои муайян намудани истифодаи имконпазири шаҳрванд дар хизмати ҳарбӣ муоинаи касбии психологӣ гузаронад.

Раис ё котиби комиссияи ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрванд ӯҳдадоранд қарори комиссияро ба шаҳрванд эълон намуда, вазифаҳои ӯро дар бобати қайди ҳарбӣ фаҳмонда диҳанд.

Ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузоштани онҳое, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардаанд, бо тартиби зайл сурат мегирад:

мардони аз 16 то 27 сола - мувофиқи тартибе, ки дар қисми якуми моддаи мазкур муқаррар гардидааст;

- дигарон - аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбии  шаҳр ё ноњия. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

 

Моддаи 9. Ӯҳдадории шаҳрванд дар бобати қайди ҳарбӣ

Бо мақсади таъмини қайди ҳарбӣ шаҳрвандон ӯҳдадоранд:

дар комиссариати ҳарбии маҳалли истиқоматӣ, дар нуқтаҳои аҳолинишине, ки комиссариатҳои ҳарбӣ мавҷуд нест - дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шаҳрвандоне, ки рутбаи ҳарбии афсарӣ доранду дар эҳтиёти Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, - дар мақомоти Кумитаи давлати номбурда дар қайди ҳарбӣ бошанд;

дар вақт ва маҳалли муқарраршуда бо даъват (даъватнома) ба комиссариати ҳарбӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, маҳалли истиқомат ё маҳалли истиқомати муваққатӣ ҳозир шаванд;

ҳангоми аз хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудан дар мӯҳлати ду ҳафта аз рӯзи аз рӯйхати ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ хориҷ шудан ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ҳозир шаванд;

дар бораи тағйироти вазъи оилавӣ, маълумот, ҷои кор ё вазифа, маҳалли истиқомат дар ҳудуди  шаҳр ё ноњия дар мӯҳлати ду ҳафта ба комиссариати ҳарбӣ ё ҷамоат хабар расонанд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

ҳангоми рафтан ба маҳалли нави истиқомат ё маҳалли муваққатан қарордошта (ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ), инчунин ҳангоми рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати зиёда аз 6 моҳ аз қайди ҳарбӣ бароварда ва дар мӯҳлати ду ҳафтаи расидан ба маҳалли нави истиқомат, маҳалли муваққатан қарор доштан ё бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди ҳарбӣ гузоранд;

билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи муваққатие, ки дар ивази билети ҳарбӣ дода шудааст, инчунин шаҳодатномаи бақайдгирии ибтидоии шаҳрванди ба хизмати ҳарбӣ даъватшавандаро эҳтиёткорона нигоҳ доранд. Дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳо дар мӯҳлати ду ҳафта ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат барои ҳалли масъалаи гирифтани ҳуҷҷатҳо ба ҷои ҳуҷҷатҳои гумшуда муроҷиат намоянд.

Шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванду дар давраи гузаронидани даъват ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ, аз маҳалли истиқомат мераванд, бояд дар ин бора ба комиссариати ҳарбӣ ё мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли истиқомат шахсан хабар расонанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Шаҳрвандон ҳамчунин дигар ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи Низомномаи қайди ҳарбиро иҷро менамоянд.

 

БОБИ 3.

БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ТАЙЁР КАРДАНИ ШАҲРВАНД

 

Моддаи 10. Ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрванд

Ба таври ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрванд инҳоро пешбинӣ менамояд:

-гирифтани дониши зарурӣ дар соҳаи мудофиа;

-ташхис ва муоинаи тиббӣ, дар сурати зарурат бошад, бо розигии шаҳрванд - чорабиниҳои табобатию тандурустӣ;

-тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;  (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

-тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ;

-аз рӯи ихтисосҳои дар қайди ҳарбӣ буда тайёр намудани аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо мувофиқи роҳхатҳои дахлдори комиссариатҳои ҳарбӣ.

Ба таври ҳатмӣ ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрванд метавонад дар ҷараёни ҷамъомадҳои ҳарбӣ сурат гирад.

Ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрванд инҳоро пешбинӣ менамояд:

-машғул шудан ба навъҳои варзиши ҳарбии амалӣ;

-аз худ кардани ихтисоси қайди ҳарбӣ;

-таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бо барномаи иловагии таълимие, ки мақсади он аз тайёрии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғ иборат мебошад;

-таҳсили донишҷӯён аз рӯи барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Тайёрии ҳарбӣ ва ихтиёрии шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи ҳамин Қонун ва бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 11. Гирифтани дониши зарурӣ дар соҳаи мудофиа

Стандартҳои (меъёрҳои) давлатии таҳсилоти умумӣ ва миёнаи касбӣ оид ба мудофиаи давлат, ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрвандон, инчунин мудофиаи гражданӣ донишу малакаи зарурӣ гирифтани таълимгирандагонро (тарбиягирандагонро) пешбинӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

Моддаи 12. Ташхис ва муоинаи тиббӣ, гузаронидани чорабиниҳои табобатию тандурустӣ

Шаҳрванд ҳангоми ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гузошта шудан, ҳангоми даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ аз муоинаи тиббии духтурон-мутахассисони зерин гузарад:

терапевт (духтури бемориҳои дарунӣ), ҷарроҳ, неврапатолог (духтури бемориҳои асаб), психиатр (духтури бемориҳои рӯҳӣ), окулист (духтури бемориҳои чашм), оториноларинголог (духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ), стоматолог (духтури дандон), духтурони соҳаҳои дигар. Аз рӯи натиҷаҳои муоинаи тиббӣ хулоса бароварда мешавад:

дар бораи қобили хизмати ҳарбӣ будан;

қобили хизмати ҳарбӣ будан бо маҳдудияти ҷузъӣ;

муваққатан қобил набудан ё пурра қобил набудан ба хизмати ҳарбӣ.

Агар комиссияи тиббии назди комиссариати ҳарбӣ дар бобати қобилияти хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванд хулосаи тиббӣ бароварда натавонад, комиссияи ба қайди ҳарбӣ гирифтани шаҳрванд бояд ӯpo барои муоинаи амбулаторӣ ё статсионарӣ ба муассисаи тиббии воқеъ дар ҳудуди вилоят, шаҳр, ноҳияи маҳалли истиқомати ин шаҳрванд равон кунад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Маблағгузории муоинаи тиббии шаҳрвандон вобаста ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ аз ҷониби онҳо, мутобиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 13. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ. Машғул шудан ба навъҳои варзиши ҳарбии амалӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи Қонуни мазкур хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, инчунин шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шароитҳои хоҷагидорӣ ӯҳдадоранд, ки доир ба тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии шаҳрвандон мунтазам кор баранд.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда (дохилшаванда) ҳуқуқ доранд дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ, толорҳои варзишӣ ва сексияҳо сарфи назар аз тобеияти идоравии онҳо бо намудҳои гуногуни варзиши ҳарбии амалӣ машғул шаванд.

Шаҳрвандоне, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида дараҷаи якуми варзишӣ ё аз рӯи навъи варзиши амалии ҳарбй унвони варзишӣ доранд, дар ҳолати даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ дар интихоби навъу намуди қӯшун аз рӯи тайёрии варзишии худ ва талаботи воқеӣ ба он ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

Бо маблағ таъмин намудани чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва машғулиятҳо аз рӯи навъҳои варзиши ҳарбии амалӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 14. Аз худ кардани ихтисоси қайди ҳарбӣ

Аз худ кардани ихтисосҳои ҳарбӣ тайёр намудани шаҳрвандони ба синни 17 солагӣ расидаро аз рӯи ихтисосҳои аскар ва сержант дар назар дорад.

Шаҳрванде, ки ихтисоси мураккаби қайди ҳарбиро аз худ кардааст, ҳуқуқ дорад ҳангоми даъват (дохил) шудан ба хизмати ҳарбӣ намуди қӯшунро барои адои хизмат мувофиқи ихтисоси азхудкардааш интихоб намояд.

Феҳристи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ, аз ҷумла ихтисосҳои мураккаб, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ба он дохил намудани чунин ихтисосҳоеро, ки ба шаҳрвандон барои ишғол намудани мансабҳои ҳарбӣ имкон медиҳанд, дар назар дорад.

Дар таълимгоҳҳои ташкилоти мададгори мудофиа таҳсил намудани шаҳрвандоне, ки онҳоро комиссариатҳои ҳарбии  шаҳр ва ноҳия барои тайёрии мутахассисон равон кардаанд, ҳатмист. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Бо маблағ таъмин намудани чорабиниҳои тайёр намудани шаҳрвандон барои аз худ кардани ихтисосҳои қайди ҳарбӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 15. Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсили умумии миёна ва муассисаҳои таълимии таҳсили касбӣ

Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсили миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсили касбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо хонандагони ҷинси мард ҳатман дар давоми ду соли охири таҳсил бо на камтар аз як маротиба дар анҷоми соли охирини таҳсил гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №620)

Тайёрии ҳарбии хонандагон аз тарафи роҳбарони ҳарбии (муаллимони штатии) ин муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешавад.

Барномаи тайёрии хонандагон, ҳамчунин Низомнома дар бораи роҳбарони ҳарбии муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Бо маблағ таъмин намудани тайёрии ҳарбии хонандагон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 16. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии маълумоти умумии миёнаи дорои барномаи

иловагии таълимие, ки мақсад аз он тайёрии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғ аст

Бо мақсади тарбияи ҳамаҷониба ва ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрвандони ноболиғи ҷинси мард Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии таҳсили миёнаи умумӣ дорои барномаи таълимие, ки мақсад аз онҳо тайёрии ҳарбии шаҳрвандони ноболиғи ҷинси мард мебошанд, - литсейҳои ҳарбӣ таъсис медиҳад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №620)

Шаҳрванди ноболиғи ҷинси мард - ятим ё бе сарпарастии волидайн мондае, ки ба муассисаи зикргардида дохил шуданист, ба он бе имтиҳон, аз рӯи натиҷаҳои сӯҳбат ва муоинаи тиббӣ дохил карда мешавад.

Низомномаи литсейҳои ҳарбиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Шаҳрванде, ки таҳсилро дар литсеи ҳарбӣ бомуваффақият хатм кардааст, ҳуқуқи бе имтиҳон ба муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсили касбӣ дохил шуданро дорад. (ҚҶТ аз 21.07.10. №620)

 

Моддаи 17. Таҳсили шаҳрвандон аз рӯи барномаҳои тарбияи афсарони эҳтиёт дар

кафедраҳои назди муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ

Шаҳрванде, ки дар шӯъбаи рӯзонаи муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил намуда, бинобар вазъи саломатӣ қобили хизмати ҳарбӣ аст ва ба талаботи муқарраргардида ҷавоб медиҳад, ҳуқуқ дорад таҳсили ҳарбиро аз рӯи барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт дар кафедраи ҳарбии ин муассисаи таълимӣ гузарад, ба шарте ки то лаҳзаи хатми муассисаи мазкури таълимӣ шаҳрванд ба синни 27 солагӣ нарасад.  (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Ба донишҷӯе (курсанте), ки аз рӯи барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт таҳсил мекунад, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ба андозае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, стипендияи иловагӣ пардохта мешавад.

Таҳсили шаҳрвандон аз рӯи барномаҳои тарбияи афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ мутобиқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ташкил карда мешавад.

Барномаҳои тарбияи афсарони эҳтиёт метавонанд таълими ҳарбии шаҳрвандони ҷинси занро пешбинӣ намоянд.

Муассисаи таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ кафедраи ҳарбиро бо бинои зарурӣ таъмин намуда, инчунин бо мусоидати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи зарурии таълимию моддӣ фароҳам меорад.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрии ҳарбии донишҷӯёнро назорат менамояд.

Ҷамъомадҳои таълимие, ки барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт пешбинӣ намудааст, ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳисобида мешаванд.

 

Моддаи 18. Иштироки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорату идораҳое, ки

Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, дар тайёр кардани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳое, ки дар онҳо Қонуни мазкур хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, дар тайёр кардани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ:

-номгӯи ихтисосҳои қайди ҳарбӣ ва навъҳои варзиши ҳарбии амалиро таҳия мекунад;

-якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот ба вазъи саломатии шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда (дохилшаванда) ва дар хизмати ҳарбӣ бударо таҳия менамояд;

-дар таҳияи стандартҳои (меъёрҳои) таълимии давлатӣ, барнома ва методикаи тайёркунии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иштирок мекунанд;

-дар таъсис, маблағгузорӣ ва ҷиҳозонии моддию техникии кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин ташкилоту муассисаҳое, ки шаҳрвандонрр дар асоси шартнома ба хизмати ҳарбӣ тайёр мекунанд, иштирок менамоянд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

БОБИ 4.

ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

 

Моддаи 19. Шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шаванд

Шаҳрванди ҷинси марди аз 18 то 27 - солаи дар қайд буда ё шаҳрванде, ки ӯҳдадор аст дар қайди ҳарбӣ бошад ва барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надорад, бояд ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон ва сержантҳо даъват карда шавад.

Хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо менамояд, ҳуқуқ дорад, баъди ба итмом расидани 12 моҳи хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват, ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ дохил шавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Шаҳрвандони ҷинси марди то 30 соларо, ки хизмати ҳарбӣ адо накардаанду муассисаи таълимии давлатии маълумоти олии касбиро хатм намудаанд ва ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун афсар дохил карда шудаанд, танҳо аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. ҳамзамон, мӯҳлати таҳсил дар муассисаи таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ ба мӯҳлати хизмати ҳарбии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

Шаҳрванде, ки мутобиқи қисми сеюми моддаи мазкур ба хизмати ҳарбӣ давъат шудааст, хизмати ҳарбиро тибқи тартибе, ки ҳамин Қонун ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, адо менамояд.

Шаҳрвандоне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил накардаанд, пас аз хатми муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи ҳамин Қонун ба хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон ва сержантҳо даъват карда мешаванд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

Моддая 20. Озод кардан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ

Аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:

а) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ ё ба таври маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ қобил дониста шудаанд;

б) онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё алтернативӣ адо мекунанд ё адо кардаанд;

в) онҳое, ки дар давлати дигар хизмати ҳарбиро адо намудаанд;

г) онҳое, ки унвони илмии номзади илм ё доктори илм доранд.

Шаҳрванде, ки барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин ё вазнин доғи судии бардоштанашуда дорад, наметавонад ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шавад.

Шаҳрвандони зерин барои озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд:

а) онҳое, ки падар (модар) ё бародарашон (хоҳар) ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват ва бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудааст ё вафот кардааст;

б) онҳое, ки дар оила писари (писархонди) ягона мебошанд.

 

Моддаи 21. Ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ

Ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ба шаҳрвандони зерин иҷозат дода мешавад:

а) онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ муваққатан ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, - ба мӯҳлати то як сол;

б) онҳое, ки ба нигоҳубини узви оилае, ки ба кӯмаки дигар кас эҳтиёҷ дошта, таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, машғул мебошанд, дар сурати набудани дигар шахсоне, ки дар асоси қонун ӯҳдадоранд ба узви зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онро таъмин кунанд (ба кӯмак ва нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷдошта он аъзои оила ҳисобида мешаванд, ки ба синни нафақа расидаанд ё маъюби гурӯҳи якум ё дуюм мебошанд, инчунин он аъзои оила, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд);

в) онҳое, ки кӯдаки бемодар мондаашонро тарбия менамоянд;

г) онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд;

д) онҳое, ки модарашон ғайр аз онҳо ду ва зиёда аз он фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе шавҳар тарбия менамояд;

е) онҳое, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, ё ин ки мувофиқи ҳукми суд мӯҳлати ҷазоро адо карда истодааст.

Ғайр аз шаҳрвандоне, ки дар қисми якуми моддаи мазкур зикр гардидаанд, шаҳрвандони зерин барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд:

а) онҳое, ки вакили халқ интихоб шудаанд, - дар давраи ваколатҳои депутатӣ;

б) талабаҳои муассисаҳои таълимии маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ - то гирифтани маълумоти пурра, вале на калонтар аз синни 21-сола;

в) онҳое, ки бори аввал дар шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, - дар давраи таҳсил;  (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

д) онҳое, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ доранд ва доимӣ дар вазифаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимоти умумӣ кор мекунанд, дар давраи иҷроиши кор, инчунин духтуроне, ки таҳсилоти олии тиббӣ доранд, вазифаи духтурӣ дар муассисаҳои давлатии таълимӣ ё тиббии воқеъ дар деҳот кор мекунанд, - дар давраи иҷрои ин кор;  (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

е)  онҳое, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук хизмат мекунанд ва унвони махсус доранд, ки қонунгузорӣ барои кормандони ин мақомот муқаррар намудааст, - дар давраи хизмати онҳо дар ин мақомот;

ж) онҳое, ки кормандони прокурорӣ - тафтишотии мақомоти прокуратура ё судя мебошанд дар давраи кор дар ин мақомот;

з)  онҳое, ки пас аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳое, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст кор мекунанд, - дар давраи кори онҳо дар ин мансабҳо.  (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

Моддаи 22. Мӯҳлатҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ду маротиба дар як сол - аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар воситаҳои ахбори умум на камтар аз як моҳи пеш аз даъват чоп мешавад, анҷом дода мешавад.

Даъвати шаҳрвандоне, ки бо додани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба эҳтиёт гузаронида шудаанд, ҳамчун қоида пас аз хатми муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ ба тартиби инфиродӣ аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

Моддаи 23. Ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

Даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳр ё ноҳия якҷоя бо комиссари ҳарбии ноҳия ё шаҳр ташкил менамояд.

Барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси  шаҳр ё ноҳия масъул аст. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо Қонуни мазкур ва Низомномаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 24. Комиссияи даъват

Барои ташкил ва гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳар як ноҳия ё шаҳр бо қарори раиси ноҳия ё шаҳр комиссияи даъват таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати онҳо бояд дохил шаванд:

-муовини раиси  шаҳр ё ноҳия - раиси комиссия; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

-комиссари ҳарбии ноҳия ё шаҳр - муовини раиси комиссия;

-котиби комиссияи даъват;

-духтуре, ки ба кори муоинаи тиббии шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда роҳбарӣ мекунад;

-намояндаи мақомоти корҳои дохилии ноҳия ё шаҳр;

-намояндаи мақомоти идораи маорифи ноҳия ё шаҳр.

Ба ҳайати комиссияи даъват метавонанд намояндагони дигар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо дохил шаванд.

 

Моддаи 25. Ӯҳдадорӣ ва тартиби кори комиссияи даъват

Ба зиммаи комиссияи даъват ӯҳдадории ташкили муоинаи тиббии шаҳрванди ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ва нисбати он қабул намудани яке аз қарорҳои зерин гузошта мешавад:

-дар бораи даъват ба хизмати ҳарбӣ;

-дар бораи фиристодан ба хизмати алтернативӣ;

-дар бораи додани иҷозат барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ;

-дар бораи озод намудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ;

-дар бораи гузаронидан ба эҳтиёт ё озод намудан аз иҷрои ӯҳдадории ҳарбӣ.

-ҳангоми ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрванде, ки бо додани рутбаи афсарӣ ба эҳтиёт гузаронида шудааст, вазифаҳои номбаршудаи комиссияи даъват ба ӯҳдаи комиссари ҳарбӣ вогузор мегардад.

Дар сурати аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудани шаҳрванд комиссияи даъват ба прокурори  шаҳр ё  ноҳияи маҳалли истиқомати шаҳрванд ҳуҷҷатҳои дахлдорро равон мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Ҳангоми қабули қарор дар бораи ба хизмати ҳарбӣ фиристодани шаҳрванд комиссияи даъват навъи қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшун ё сохторҳои ҳарбиро, ки ин шаҳрванд дар он бояд хизмати ҳарбиро адо намояд, муайян мекунад.

Комиссияи даъват қарорҳои худро танҳо дар асоси Қонун қабул менамояд. Қарори он набояд хилофи хулосаи духтур-мутахассисе, ки муоинаи тиббии шаҳрвандонро оид ба масъалаи бинобар вазъи саломатӣ қобили хизмати ҳарбӣ будани ӯ анҷом додааст, бошад.

Раиси комиссияи даъват ё муовини ӯ қарори комиссияи даъватро ба шаҳрванде, ки нисбати ӯ он қабул шудааст, эълон мекунад. Бо талаби шаҳрванд раиси комиссияи даъват ба ӯ нусхаи қарори комиссияи даъватро, ки нисбати ин шаҳрванд қабул гардидааст, медиҳад.

Қарори комиссияи даъватро шаҳрванд метавонад дар мӯҳлати 10 рӯз ба комиссияи даъвати болоӣ ё ба суд шикоят намояд.

Дар ин ҳолат иҷрои қарори комиссияи даъват то эълон гардидани қарори комиссияи даъвати болоӣ ё суд боздошта мешавад.

 

Моддаи 26. Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе комиссияи марбутаи даъват таъсис дода мешавад, ки ба он мутобиқаи инҳо бояд дохил шаванд:

-муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе - раиси комиссия;

-сардори Раёсати ташкилӣ ва сафарбаркунии Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе - муовини раиси комиссия;

-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

-котиби комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

-духтуре, ки ба кори ташхис ва муоинаи тиббии шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда роҳбарӣ менамояд;

-муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

-намояндаи мақомоти давлатии маорифи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе.

Ба ҳайати комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе шахсони дигар низ дохил шуда метавонанд.

Комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе:

-муоинаи тиббии шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшударо пеш аз ба маҳалли хизмат равон карданашон, ташхиси назоратии тиббии шаҳрвандони барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват иҷозат гирифта ё шаҳрвандони бинобар вазъи саломатӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озодшуда, инчунин шаҳрвандони бо қарори комиссияҳои даъват дар бораи бинобар вазъи саломатӣ қобили хизмати ҳарбӣ будан норозигӣ изҳорнамударо ташкил менамояд;

-дурустии ба таъхир андохтани мӯҳлати даъвати шаҳрвандон ва аз даъвати ҳарбӣ озод кардани шаҳрвандонро тафтиш менамояд;

-асоснокии ба навъҳои қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ барои хизмати ҳарбӣ фиристодани шаҳрвандонро назорат мекунад;

-арзу шикоятҳои шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшавандаро нисбати амалҳои комиссияҳои даъват баррасӣ менамояд;

-ҳолати даъват ба хизмати ҳарбиро баррасӣ намуда, пешниҳодоти худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе арз менамояд.

Комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ҳуқуқ доранд қарорҳои комиссияҳои даъватии  шаҳрию ноҳиявиро, комиссияи даъвати ҷумҳурӣ бошад, қарори комиссияи даъвати вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро аз нав бинад ва бекор кунад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Қарори комиссияи даъвати ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят мумкин аст дар суд шикоят карда шавад.

Ҷамъкунӣ ва ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ тақсим намудани шаҳрвандони аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда, инчунин аз муоинаи назоратии тиббӣ гузаронидани онҳоро дар заминаи Нуқтаи ҷамъоварии ҷумҳуриявӣ Раёсати ташкилӣ-сафарбаркунии Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

 

Моддаи 27. Ӯҳдадории шаҳрвандоне, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд

Шаҳрвандони дар эҳтиёт қарорнадоштаи ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ӯҳдадоранд бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ба муоинаи тиббӣ, маҷлиси комиссияи даъват ё барои фиристондан ба қисми ҳарбӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд, инчунин то фиристодан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ дар комиссариати ҳарбӣ қарор гиранд.

Шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда ӯҳдадоранд даъватномаи комиссариати ҳарбиро бо забонхат қабул намоянд. Даъватномаро ба шаҳрвандон кормандони комиссариати ҳарбӣ ё дар ҷои кори (таҳсили) шаҳрванд роҳбарон, дигар шахсони (кормандони) вазифадори ба кори ба ҳисобгирии ҳарбӣ масъули ташкилотҳо, инчунин шахсони вазифадори ба кори ба ҳисобгирии ҳарбӣ масъули мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот месупоранд. Дар даъватнома бояд оқибати ҳуқуқии аз тарафи шаҳрвандон иҷро нагардидани талаботҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда зикр шуда бошад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

Дар сурати имконнопазирии аз ҷониби кормандон, роҳбарон ё шахсони вазифадор супоридани даъватнома ба шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда таъмини ҳозир шудани онҳо ба чорабиниҳои бо даъват ба хизмати ҳарбӣ вобастабуда ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси муроҷиати хаттии комиссари ҳарбӣ гузошта мешавад.

Шаҳрвандони ҷинси мард, ки ба эҳтиёт бо додани рутбаи ҳарбии афсар дохил шудаанд, ӯҳдадоранд мувофиқи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ба муоинаи тиббӣ, инчунин ба назди комиссари ҳарбӣ барои қабули қарор оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ ва гирифтани амрнома барои рафтан ба маҳалли хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд.

Дар сурати бе сабабҳои узрнок мувофиқи даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани шаҳрванд ба чорабиниҳои бо даъват ба хизмати ҳарбӣ вобастабуда, шаҳрванди номбурда аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ карда ҳисоб карда мешавад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

 

Моддаи 28. Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси сафарбаркунӣ ва дар давраи ҷанг. Таълими умумии ҳарбии шаҳрвандон

Тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси сафарбаркунӣ ва дар давраи ҷанг бо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Бо мақсади тайёр намудани контингенти зарурӣ барои пурра намудани Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар давраи ҷанг бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии ҳатмии ҳарбӣ барои ҳамаи шаҳрвандон:

а) мардҳо - аз синни 16 то 55-сола;

б) занҳо - аз 18 то 45-солаи бекӯдак ё онҳое, ки кӯдакони аз 8 сола калон доранд, ҷорӣ карда мешавад.

Таълими умумии ҳатмии ҳарбии шахрвандон дар ҷои кор ё истиқомат бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот ё таҳсил анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 5.

БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ДОХИЛ ШУДАНИ ШАҲРВАНДОН

 

Моддаи 29. Бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани шаҳрвандон

Шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 40 сола ва шаҳрвандони ҷинси зани аз 20 то 40 сола метавонанд бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шаванд ва хизмати ҳарбиро то расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будани онҳо, ки моддаи 43 Қонуни мазкур муқаррар намудааст, адо намоянд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки онҳо мутобиқи ҳамин Қонун ва Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат аз хизмати ҳарбӣ озод мешаванд.

Тартиби интихоби номзадҳоро барои ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудан Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи Қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, муайян менамоянд.

Ҳолат, монеаи бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудан ё дар хизмати ҳарбӣ будан инҳоянд:

дар қисмҳои ҳарбӣ, муассисаю ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ё сохторҳои ҳарбӣ (минбаъд - қисмҳои ҳарбӣ, агар ҳамин Қонун қоидаи дигарро пешбинӣ накарда бошад) набудани вазифаҳои ҳарбии холӣ;

мутобиқати нопурраи шаҳрванд ба талаботҳое, ки мутобиқи ҳамин Қонун ба шаҳрвандони бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохилшаванда, пешниҳод шудаанд;

доғи судӣ доштани шаҳрванд (аз он ҷумла, бо санади авф бардошташуда, барҳам додашуда ё озодшуда);

наздик будани хешовандон (волидайн, ҳамсар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, инчунин бародарон, хоҳарон, волидайн ва фарзандони ҳамсарон) бо хизматчиёни ҳарбӣ, агар хизмати ҳарбии онҳо бо тобеъияти бевоситаи онҳо вобаста бошад, ё дар зери назорати яке аз онҳо бошад;

дидаю дониста пешниҳод намудани маълумотҳои бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар бораи худ ё хешовандони худ;

ба шаҳрванд додани рухсати сирри давлатиро рад кардани мақомоти дахлдор;

кӯдаки то синни 8-сола доштани шаҳрванди ҷинси зан, ё ки шаҳрванди ҷинси марди дар қайди никоҳ набуда.

Хизматчиёни ҳарбие, ки тибқи бандҳои «г», «д», «е», «и», «к» қисми якуми моддаи 45 Қонуни мазкур аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд, дар замони осоишта такроран наметавонанд ба хизмати ҳарбӣ дохил шаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1478)

 

Моддаи 30. Ба муассисаҳои таълимии ҳарбии маълумоти олии касбӣ дохил шудани шаҳрвандон

Шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо накардааст, ҳуқуқ дорад ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ аз соле, ки дар он ӯ ба синни 17-солагӣ мерасад ва то соле, ки ӯ 21 сола мешавад, дохил шавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо мекунад ё адо кардааст, ҳуқуқ дорад ба муассисаи таълимии номбурда то соле, ки ба синни 23-солагӣ медарояд, дохил шавад.

Хизматчии ҳарбие (курсанте), ки рутбаи ҳарбии афсарӣ надорад ва ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбии дар қисми якуми моддаи мазкур зикргардида дохил шудааст, ҳуқуқи хизматчии ҳарбии мувофиқи даъват хизмати ҳарбӣ адокунандаро дорад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Курсанте (ҷинси мард), ки аз муассисаҳои таълимии харбии таҳсилоти касбӣ ё аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии мақомоти корхои дохилӣ бинобар аз худ накардани таълим ё риоя накардани интизом хориҷ шудааст, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорат ё идораҳое, ки Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст) ба мӯҳлате, ки пас аз хатми он давомнокии хизмати ҳарбии ин хизматчии ҳарбӣ ба мӯҳлати Қонуни мазкур муқаррарнамудаи хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват баробар мегардад, агар то лаҳзаи хориҷ карда шудан ӯ мӯҳлати хизмати ҳарбии дар асоси даъват муқарраргардидаро адо накарда бошад ва барои аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шудан ё ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надошта бошад, барои адои хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват фиристода мешавад. ҳамзамон давомнокии хизмати ҳарбии тибқи даъват то дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар ҳаҷми пурра ҳисоб карда мешавад. Давраи таҳсил дар муассисаҳои мазкур аз рӯи ҳисоби ду моҳи хизмати ҳарбӣ ҳангоми таҳсил баробари як моҳи хизмати ҳарбӣ тибқи даъват ҳисоб карда мешавад. Дар ҳолати хориҷ намудани курсантҳои ҷинси зан бо асосҳои номбаршуда, онҳо бояд бе ба қайди ҳарбӣ гирифтан аз хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд ё вобаста аз ихтисоси қайди ҳарбии гирифтаашон ба эҳтиёт ворид карда шаванд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Хизматчии ҳарбие, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми чаҳоруми моддаи мазкур аз муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ хориҷ карда шудааст, ё муассисаи таълимии номбурдаро хатм намудаасту ба маҳалли хизмати ҳарбӣ нарафтааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва моддӣ кашида мешавад. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

Барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ бояд ба курсантҳо омӯзонидани ихтисосҳои ғайринизомиеро, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, пешбинӣ намоянд. (ҚҶТ аз 21.07.10 с. №620)

 

Моддаи 31. Талаботе, ки ба шаҳрвандони бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати

ҳарбӣ дохилшаванда пешниҳод карда мешавад.

Шаҳрванде, ки бо тартиби ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил мешавад, бояд мутобиқи Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, таҳти муоинаи тиббӣ қарор гирад. Дар асоси натиҷаҳои муоинаи тиббӣ дар хусуси қобили хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванд қарор қабул карда мешавад.

Шаҳрванде, ки ба хизмати ҳарбӣ дохил мешавад, бояд ба талаботи муқарраргардидаи зайл мутобиқ бошад:

аз рӯи меъёри маълумоти умумӣ;

аз рӯи сатҳи тайёрии касбӣ;

аз рӯи сифатҳои ахлоқию психологӣ;

аз рӯи меъёрҳои тайёрии ҷисмонӣ.

Талабот ва меъёрҳои зикргардидаро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорат, идорае, ки Қонуни мазкур дар он хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудааст) муқаррар мекунад.

Мутобиқати шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ дохилшаванда ва онро дар асоси талаботи муқарраргардида адокунандаро Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд.

 

БОБИ  6. ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

 

Моддаи 32. Хизмати ҳарбӣ

Хизмати ҳарбӣ-навъи махсус ва афзалиятноки хизмати давлатӣ буда, иҷрои бевоситаи ӯҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар бар гирифта, иборат аст:

а) аз хизмати ҳарбии мувофиқи даъват дар вазифаҳои аскар ва сержантҳо;

б) аз хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои прапоршикҳо;

в) аз хизмати ҳарбии мувофиқи даъват ва бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои ҳайати афсарон;

г) аз хизмати ҳарбии ихтиёрӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон;

д) аз хизмати ҳарбии курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ;

е) аз хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёрӣ дар мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сержантҳо.

Шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, наметавонад дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намояд.

Шаҳрванде, ки хизмати ҳарбиро адо карда истодааст, хизматчии ҳарбӣ буда, мақоми ҳуқуқиеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дорад.

Мазмун ва тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар давраи осоишта бо Қонуни мазкур, оинномаҳои ҳарбӣ ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мегардад.

Хусусиятҳои адои хизмати ҳарбӣ дар дигар воҳидҳои ҳарбӣ бо қонунҳо, ки фаъолияти онҳоро танзим менамояд, муайян мегардад.

Хусусиятҳои адои ҳарбӣ дар давраи сафарбаркунӣ, ҳолатҳои фавқулодда ё вазъияти ҷанг, инчунин дар шароити муноқишаҳои мусаллаҳона бо қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мегарданд.

 

Моддаи 33. Иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ

Бо мақсади танзими муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандон, таҳти мафҳуми иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбӣ инҳо фаҳмида мешаванд:

а) иштирок дар амалиёти ҳарбӣ, иҷрои супоришҳо дар шароитҳои вазъияти фавқулодда ё дар ҳолати ҷанг, ё ин ки дар шароитҳои муноқишаҳои мусаллаҳона;

б) иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ, ки мутобиқи қонунгузорӣ муқаррар карда шудаанд;

в) адо намудани навбатдории ҷангӣ (хизмати ҷангӣ), инчунин хизмат дар дастаи (наряди) гарнизонӣ ва дар ҳайати дастаи (наряди) шабонарӯзӣ;

г) иштирок дар машқҳо ва юришҳо;

д) иҷрои фармон, амр ё супоришҳое, ки командир (сардор) додааст;

е) дар ҳудуди қисми ҳарбӣ будан дар тӯли вақти хизматии мувофиқи тартиби рӯз муқарраргардида ё агар инро зарурати хизматӣ талаб намояд;

ж) дар сафари хизматӣ ё дар табобат будан;

з) ба маҳалли хизмат, табобат рафтан ва аз он ҷо баргаштан;

и) иштирок дар ҷамъомадҳои ҳарбӣ;

к) дар асирӣ будан (ғайр аз ҳолатҳои ихтиёрӣ асир шудан), дар вазъияти гаравгон ё назарбанд қарор доштан;

л) номаълум ҳозир набудан - то бедарак ғоибшуда эътироф намудани хизматчии ҳарбӣ ё вафоткарда эълон шудани ӯ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун;

м) ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи шахсият;

н) расонидани кӯмак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини қонуният ва тартиби ҳуқуқӣ;

о) дигар амалҳои хизматчии ҳарбӣ, ки аз ҷониби суд ба манфиати ҷамъият ва давлат содиршуда ҳисобида шудаанд.

Хизматчии ҳарбӣ, инчунин шаҳрванде, ки ҷамъомади ҳарбиро гузашта истодааст, ҳангоми адои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ҳалокшуда (фавтида), маъюбшуда (ярадор, контузия, маъюбшуда) ё беморшуда ҳисоб карда намешавад, агар ӯ:

берун аз ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ дар истироҳат, ҷавобшавӣ ё рухсатӣ бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бандҳои “з”, “к”, “м”, “н”, “о”, қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ намудаанд;

худсарона аз ҳудуди қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмати берун аз ҳудуди қисми ҳарбӣ муқарраргардида баромадааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки бандҳои “л”, “м”, “н”, “о” қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ намудаанд;

худро ихтиёран ба воситаи истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, нашъа ё моддаҳои заҳролуд ба ҳолати мастӣ овардааст;

кирдори хатарноки ҷамъиятии дар қонуни ҷиноятӣ пешбинигардидаро содир менамоянд;

худкушӣ ё қасди худкушӣ намояд, агар амалҳои зикргардида ба ҳолати беморӣ ё расонидан ба худкушӣ вобаста набошанд;

Ба хизматчии ҳарбӣ фармон, амр ва супоришҳое, ки ба хизмати ҳарбӣ дахл надоранд ё ба вайрон кардани қонун равона гардидаанд, наметавонанд дода шаванд.

 

Моддаи 34. Мӯҳлатҳои хизмати ҳарбӣ

Мӯҳлатҳои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ба тариқи зайл муқаррар карда мешаванд:

барои онҳое, ки дар асоси даъват дар вазифаҳои аскарон ва сержантҳо хизмати ҳарбӣ адо мекунанд - 24 моҳ, барои шахсони таҳсилоти олӣ дошта - 12 моҳ;

барои онҳое, ки дар асоси даъват дар вазифаҳои ҳайати афсарон хизмати ҳарбӣ адо мекунанд - 24 моҳ;

барои сержантҳо, прапоршикҳо ва занон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки бо тартиби ихтиёрӣ хизмат мекунанд аз 3 то 5 сол мувофиқи тартибе, ки Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян кардааст;

барои афсароне, ки муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, -  на камтар аз 10 сол;

барои афсароне, ки аз эҳтиёт бо тариқи ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд, - 5 сол;

барои хизматчиёни ҳарбие, ки бо тариқи ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро дар шароитҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои шароити номусоиди иқлимию экологӣ адо мекунанд, мӯҳлати кӯтоҳкардашудаи адои хизмати ҳарбӣ дар ин маҳалҳо, ки Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд, муқаррар карда мешавад.

Мӯҳлати хизмати ҳарбиро барои хизматчиёни ҳарбӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон адо мекунанд, ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Оғози хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад:

барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд, - аз рӯзи ба комиссариати ҳарбӣ барои фиристодан ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шудан;

барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ ба тариқи ихтиёрӣ дохил мешаванд, - аз рӯзи ба рӯйхати шахсии қисми ҳарбӣ дохил шудани онҳо;

барои шаҳрвандоне, ки ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти кассбӣ дохил мешаванд, - аз рӯзи ба муассисаи таълимӣ дохил шудан.

Ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ аз таърихи аз рӯйхати ҳайати шахсӣ хориҷ гардидани хизматчии ҳарбӣ, бо тартиби муайяннамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда мешаванд.

Мӯҳлати хизмати ҳарбии шаҳрванде, ки аз рӯи даъват хизмати ҳарбӣ адо намудааст, дар ҳолатҳои мустасное, ки Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд, метавонад то ду моҳ дароз карда шавад.

Мӯҳлати хизмати ҳарбиро, ки дар қисмҳои якуми ҳамин модда муқаррар шудааст, дароз кардан мумкин нест ба истиснои:

- хизматчиёни ҳарбие, ки дар беморхона мебошанд;

- хизматчиёне, ки дар юришҳо иштирок мекунанд, дар асоратанд ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ.

Вақти иштироки хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд дар амалиёти ҷангӣ ё иҷрои супоришҳо дар шароити задухӯрдҳои мусаллаҳона, инчунин вақти дар муолиҷа будани онҳо дар муассисаҳои табобатӣ дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузиягирӣ, маъюбшавӣ ё бемориҳое, ки ҳангоми амалиёти номбаршуда гирифтор шудаанд, як рӯзаш баробари ду рӯзи хизмати ҳарбии тибқи даъват ба ҳисоб гирифта мешавад.

Мӯҳлати худсарона баромадани хизматчиёни ҳарбӣ аз қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмати ҳарбӣ сарфи назар аз сабабҳои он, саривақт дар мӯҳлати дар амрномаҳо нишон додашуда наомадан ба қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмати ҳарбӣ ва инчунин мӯҳлати адои ҷазо дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ ё мӯҳлати адои ҷазои интизомӣ дар шакли ҳабс ба мӯҳлати хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда намешаванд.

Давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба мӯҳлати умумии хизматии ҳарбии шаҳрвандон дохил карда мешавад.

 

Моддаи 35. Либоси ҳарбӣ

Барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ навъҳои зарурии либос муқаррар карда мешаванд.

Либоси ҳарбӣ ва нишонаҳои фарқкунандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои пӯшида гаштани онҳоро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорату идорае, ки Қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудааст) тасдиқ менамоянд.

Намуди либос ва нишонаҳои фарқкунандаи кормандони вазоратҳо ва идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба либоси расмӣ ва нишонаҳои фарқкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ монанд буда наметавонанд.

Вазорату идораҳо ҳангоми тағйир додани либос ва нишонаҳои фарқкунандаи дахлдор ё ҷорӣ намудани либоси нав ва нишонаҳои фарқкунандаи кормандони худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои дахлдорро пас аз мувофиқа бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Пӯшида гаштани либоси ҳарбӣ бо нишонаҳои фарқкунанда аз тарафи шаҳрвандоне, ки ба ин ҳуқуқ надоранд, манъ аст ва боиси ба ҷавобгарии қонунӣ кашидан мегардад.

 

Моддаи 36. Савганди ҳарбӣ

Шаҳрванди бори аввал ба хизмати ҳарбӣ дохилшуда ё хизмати ҳарбиро адо накарда ва бори аввал ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда, дар назди Парҷами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ Савганди ҳарбӣ ёд мекунад.

Матни Савганди ҳарбиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ёд кардани Савганди ҳарбӣ бо тартибе, ки оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, анҷом дода мешавад.

То ёд кардани Савганди ҳарбӣ ҷалб кардани хизматчиёни ҳарбӣ ба иҷрои супоришҳои ҷангӣ (иштирок дар амалиёти ҷангӣ, навбатдории ҷангии ҳарбӣ, хизмати ҷангӣ, гарнизонӣ, посбонӣ) ва иҷрои супоришҳо ҳангоми ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда ва дар шароити задухӯрдҳои мусаллаҳона, ба онҳо аслиҳа ва техникаи ҳарбиро вобаста намудан, инчунин ба тариқи ҷазои интизомӣ дар шакли ба ҳабс гирифтан, манъ аст.

Хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди тантанавӣ ёд мекунанд.

 

Моддаи 37. Муваққатан ба ихтиёри мақомоти дигар фиристодан ва гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ

Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошанд, инчунин корхонаҳои саноати ҳарбӣ дар доираи лимитҳои муқарраркунандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан фиристода шаванд. Тартиб ва хусусиятҳои адои хизмати ҳарбии онҳоро ҳамин Қонун ва Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мекунанд.

Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд барои минбаъд адо намудани хизмати ҳарбӣ аз Қувваҳои Мусаллаҳ ба дигар вазоратҳо ва идораҳо, ки ҳамин Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, инчунин аз ин вазорату идораҳо ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ё ки байни вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи ҳамин Қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ гузаронида шаванд. Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд мутобиқи созишномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минбаъд гузаштани хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии дигар давлатҳо, вазоратҳо ва идораҳое, ки қонунгузории ин давлатҳо дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, гузаронида шаванд.

 

Моддаи 38. Ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ

Дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохтори ҳарбӣ чунин ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ муайян карда шуда, мувофиқан рутбаҳои ҳарбии зерин аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад:

 

Ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ                                      Рутбаҳои ҳарбӣ                                      

 Аскархо -                                                              қаторӣ (курсант),                                                                                                                                                                                   ефрейтор

Сержантҳо -                                                         сержанти хурд

   сержант                                                                                                                                                                                                    сержанти калон 

   старшина

Прапоршикҳо -                                                                  прапоршик

                                                                                  прапорщики калон

 

Афсарҳо:                                   

            Хурд -                                                                        лейтенанти хурд                                                                                                                                                                 

                                                                                                  лейтенант

                                                                                                    лейтенанти калон 

                                                                                                     капитан

Калон -                                                                                    майор

                                                                                                   подполковник               

                                                                                                   полковник

 Олӣ                                                                                        генерал-майор                                                                                                                                                                                      генерал-лейтенант                                                                                                                                                                          генерал-полковник

                                                                                                 генерали артиш

Пас аз рутбаи ҳарбии хизматчии ҳарбие, ки дар қисми ҳарбии гвардия ё ҷузъу томи гвардиявӣ хизмат мекунанд, калимаи “гвардия” илова карда мешавад.

Ба рутбаи ҳарбии хизматчии ҳарбие, ки ихтисоси қайди ҳарбии ҳуқуқӣ, тиббӣ дорад, мутобиқан калимаҳои “адлия”, “хизмати тиббӣ”, илова карда мешавад.

Ба рутбаи ҳарбии шаҳрванде, ки дар эҳтиёт ё дар истеъфо мебошад, мутобиқан калимаи “эҳтиёт” ё “мустаъфӣ” илова карда мешавад.

Ҷорӣ намудани рутбаҳои хизматӣ, махсус ё дараҷаи ихтисосии ба рутбаҳои ҳарбӣ монанд барои шахсони мансабдор, кормандон ва хизматчиёни вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ аст.

 

Моддаи 39. Додани рутбаҳои ҳарбӣ

Барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳар як рутбаи ҳарбӣ муддати муайян муқаррар карда мешавад.

Рутбаи навбатии ҳарбӣ ба хизматчии ҳарбӣ бо баохиррасии мӯҳлати хизмати ӯ дар рутбаи пешинаи ҳарбӣ, агар ӯ вазифаи ҳарбиеро ишғол намояд, ки дар штат барои он рутбаи ҳарбии баробар ё нисбатан болотар аз рутбаи ба хизматчии ҳарбӣ додашаванда пешбинӣ гардида бошад, дода мешавад.

Рутбаи навбатии ҳарбӣ ба хизматчии ҳарбие, ки рутбаи афсарии то худи подполковник дораду ҳамзамон бомуваффақият дар шӯъбаи рӯзонаи муассисаи ҳарбии маълумоти олии касбӣ таҳсил мекунад, бо баитмомрасии хизмати ӯ дар рутбаи ҳарбии пешина, новобаста аз вазифаи ҳарбии то дохилшавӣ ба муассисаи таълимии ишғолкардааш, дода мешавад.

Рутбаи навбатӣ ба хизматчии ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат барои хизматҳои шоёни шахсӣ, вале на баландтар аз рутбаи ҳарбие, ки штат барои вазифаи ишғолкардаи ӯ пешбинӣ намудааст, баъди гузаштани на камтар аз нисфи мӯҳлати муқарраркардаи хизмат дар рутбаи ҳарбии пешина ва на зиёда аз як маротиба дар тамоми давраи хизматии ҳарбӣ дода мешавад.

Ба хизматчии ҳарбие, ки мӯҳлати хизмати ҳарбии ӯ дар рутбаи ҳарбии гирифтааш ба охир расидааст, барои хизматҳои шоёни шахсияш як зина боло рутбаи ҳарбие додан мумкин аст, ки он барои мансаби ишғолкунандаи ин хизматчии ҳарбӣ мувофиқи штат пешбинӣ гардидааст, аммо на зиёда аз як маротиба дар тамоми давраи хизмати ҳарбӣ.

Рутбаи ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ:

афсарони олирутба - аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба хизматчиёни ҳарбии рутбаҳои то худи полковник - мувофиқи тартиби муқарраргардидаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дода мешавад.

Рутбаи ҳарбӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба шахсони дорои рутбаи махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, рутбаҳои махсуси мақомоти гумрук, мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дараҷаҳои тахассусии мақомоти прокуратура, дараҷаҳои тахассуси мақомоти суд, ки барои ишғоли вазифаҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ мегарданд, дар асоси аттестатсия рутбаҳои ҳарбии ҳайати афсари баробар ба рутба, дараҷаи тахассус, категорияи онҳо дода мешаванд, вале на баландтар аз он рутбае, ки штат пешбинӣ намудааст. Зимнан мӯҳлати хизмати ҳарбӣ дар мансабҳои ҳарбӣ аз рӯзи ба мақомоти мазкур ба хизмат (кор) дохил шудани ин шахсон, ки додани рутбаи махсус, дараҷаҳои тахассуси пешбинӣ мешаванд, ҳисоб карда мешавад.

Тартиби додани рутбаҳои ҳарбӣ ва мӯҳлати хизмати ҳарбиро дар рутбаҳои ҳарбӣ ҳамин Қонун ва Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамоянд.

 

Моддаи 40. Маҳрум кардан аз рутбаи ҳарбӣ, паст кардан, барқарор кардани рутбаи ҳарбӣ

Хизматчии ҳарбӣ, инчунин шаҳрванде, ки дар эҳтиёт ё дар истеъфо мебошад, дар ҳолатҳои зерин мумкин аст аз рутбаҳои ҳарбӣ маҳрум карда шавад:

а) бо ҳукми суд - новобаста ба рутбаи ҳарбии додашуда аз вазифаи ишғолкарда;

б) бо фармони шахси мансабдоре, ки мутобиқи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ҳуқуқи додани рутбаҳои ҳарбии сержант ва прапоршикро нисбати ин хизматчиёни ҳарбӣ дорад;

в) бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони вазоратҳо ва идораҳое, ки ҳамин Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст - нисбати ҳайати афсари хурд дар ҳолати аз хизмати ҳарбӣ барои паст задани шарафи баланди рутбаи ҳарбӣ рухсат шудани хизматчии ҳарбӣ;

г) бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳо ва идораҳое, ки ҳамин Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, - нисбати ҳайати афсари калон дар ҳолати аз хизмати ҳарбӣ барои паст задани шарафи баланди рутбаи ҳарбӣ рухсат шудани хизматчии ҳарбӣ бо ба ҳисоб гирифтани қарори ҷаласаи афсарон ё суди шаъни ҳайати афсарӣ;

д) бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати ҳайати афсарони олӣ. Паст кардани рутбаи ҳарбӣ ба як-ду зина ба амал бароварда мешавад:

а) нисбати ҳайати хурд ва калони афсарӣ - фақат аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳо ва идораҳое, ки ҳамин Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст, - бо назардошти қарори ҷаласаи афсарон ё суди шаъни ҳайати афсарӣ;

б) нисбати хизматчиёни ҳарбии ҳайати сержантӣ ва прапоршикҳо бо фармони шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи додани ин унвонҳои ҳарбиро дорад.

Тартиби ба рутбаи ҳарбӣ барқарор намудани хизматчии ҳарбӣ ё шаҳрвандеро, ки аз рутбаи ҳарбӣ маҳрум ё рутбаи ҳарбияш паст карда шудааст, Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 41. Вазифаҳои ҳарбӣ

Хизматчиёни ҳарбӣ хизмати ҳарбиро дар вазифаҳои ҳарбӣ аз рӯи штатҳои пешбинишудаи қисмҳои ҳарбӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми шашуми моддаи мазкур нишондодашуда, адо мекунанд.

Ба хизматчии ҳарбӣ ҳамеша вогузор намудани иҷрои вазифае, ки вай машғули он нест, мумкин нест.

Ҳар як вазифаи ҳарбӣ бояд ба як рутбаи ҳарбӣ мувофиқат кунад.

Номгӯи ягонаи вазифаҳои ҳарбии дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ афсарҳои олирутба ишғолкунанда ва номгӯи вазифаи ҳарбии полковникҳо ишғолкунандаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Номгӯи дигар вазифаҳои ҳарбӣ ва рутбаи ҳарбии дахлдори онҳоро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорат ё идорае, ки дар он Қонуни мазкур хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст) тасдиқ мекунад.

Хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд дар ҳолатҳои зерин хизмати ҳарбиро на дар мансабҳои ҳарбӣ адо намоянд:

дар давраи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ то замони ёд кардани Савганди ҳарбӣ;

дар давраи на зиёда аз се моҳ дар ихтиёри командир (сардор) будан;

дар давраи бо сабаби чорабиниҳои ташкилию штатӣ ба мӯҳлати на бештар аз шаш моҳ дар ихтиёри командир (сардор) будан;

дар дигар ҳолатҳое, ки Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 42. Таъин кардан ба мансабҳои ҳарбӣ ва озод кардан аз мансабҳои ҳарбӣ

Таъин ва озод намудани хизматчиёни ҳарбӣ ба мансабҳои ҳарбӣ бо тартиби зайл сурат мегирад;

онҳое, ки дар Номгӯи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, - аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дигар хизматчиёни ҳарбӣ, - бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ин вазифа озод намудани ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ҷобаҷогузории хизматии афсарон ва прапоршикҳо, аз рӯи нақша иваз кардани онҳо, бо маҳалҳое, ки мӯҳлати мушаххаси хизмат муқаррар гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 43. Синни ниҳоӣ дар адои хизмати ҳарбӣ

Барои хизматчиёни ҳарбӣ синни зайли ниҳоӣ дар адои хизмати ҳарбӣ муқаррар карда мешавад:

дорои унвони ҳарбии генерал-полковник - 63 сол;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

дорои унвони ҳарбии генерал-лейтенант, генерал-майор - 58 сол;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

дорои унвони ҳарбии полковник - 53 сол;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

дорои унвонҳои дигари ҳарбӣ - 48 сол.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Синни ниҳоии дар адои хизмати ҳарбӣ будани хизматчиёни ҳарбии ҷинси зан мувофиқи қисми якуми моддаи мазкур муқаррар карда мешавад, вале набояд аз 53 сол боло бошад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Бо хизматчии ҳарбии алоҳидаи синнаш ниҳоӣ, ки адои хизмати ҳарбӣ карда, дар яке аз ихтисосҳои қайди ҳарбӣ, ки феҳристи онҳо дар Низомномаи адои хизмати ҳарбӣ зикр шудааст, таҷрибаи калон дорад, метавонад мӯҳлати дар хизмати ҳарбӣ будан то ба синни 60-солагӣ расидани онҳо дароз карда шавад.

(Тағйиротҳои ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439 аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад)

 

БОБИ 7.

РУХСАТ  ШУДАН  АЗ  ХИЗМАТИ  ҲАРБӢ

 

Моддаи 44. Рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ

Хизматчии ҳарбӣ пас аз ба охир расидани мӯҳлати хизмати ҳарбии Қонуни мазкур муқаррарнамуда аз хизмати ҳарбӣ рухсат мешавад.

Хизматчии ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, ба эҳтиёт дохил карда мешавад.

Хизматчии ҳарбие, ки то лаҳзаи рухсат аз хизмати ҳарбӣ ба синни ниҳоии дар эҳтиёт будан расидааст ё аз ҷониби комиссияи тиббии ҳарбӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудааст, аз хизмати ҳарбӣ ба истеъфо бароварда мешавад.

Рухсат намудани хизматчиёни ҳарбиро аз хизмати ҳарбӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо Қонуни мазкур хизмати ҳарбиро пешбинӣ мекунанд ва инчунин шахсони мансабдори мақомоти ҳарбӣ муайян мекунад, анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 45. Асосҳои рухсат кардан аз хизмати ҳарбӣ

Хизматчии ҳарбӣ (ба ғайр аз аскар ва сержантҳое, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд) аз хизмати ҳарбӣ рухсат карда мешавад:

а) аз рӯи синну сол дар сурати расидан ба синни ниҳоии дар хизмати ҳарбӣ будан;

б) аз рӯи вазъи саломатӣ бо сабаби аз комиссияи тиббии ҳарбӣ ба хизмати ҳарбӣ ғайриқобил дониста шудани ӯ;

в) бо сабаби аз ҷониби комиссияи тиббии ҳарбӣ қобили маҳдуд донистани хизматчии ҳарбии рутбаи ҳарбии то прапоршики калондошта;

г) бо сабаби маҳрум шудани ӯ аз рутбаи ҳарбии афсарӣ ва рутбаи прапоршикӣ;

д) бо сабаби ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд дар бораи таъини ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ;

е) бо сабаби вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

ж) бо сабаби маҳрум шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

з) бо сабаби чорабиниҳои ташкилию штатӣ;

и) бинобар ба хизмати ҳарбӣ номувофиқ будан аз рӯи аттестатсия;

к) барои паст задани шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ;

л) бо сабаби маҳрум шудани ӯ аз иҷозат ба сирри давлатӣ ё рад шудани додани иҷозат ба ӯ;

м) бо сабаби гузаштан ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ё дигар сохторҳои ҳарбикунонидашуда, агар хизматчии ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ на кам аз 10 сол хизмат карда бошад;

н) бо сабаби оилавӣ ва дигар асосҳо бо тартибе, ки Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ муқаррар намудааст.

Хизматчии ҳарбие, ки рутбаи ҳарбии афсарӣ дошта, дар асоси даъват адои хизмати ҳарбӣ мекунад, баъд аз анҷоми адои хизмати ҳарбӣ ё мувофиқи асосҳои дар қисми сеюми моддаи 20 ҳамин Қонун пешбинишуда, инчунин мувофиқи бандҳои “б”, “в”, “д”, “е”, “л” қисми якуми ҳамин модда аз хизмати ҳарбӣ рухсат мешавад.

Аскарон ва сержантҳое, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо мекунанд, аз хизмати ҳарбӣ рухсат мешаванд:

а) пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ;

б) аз рӯи саломатӣ - бо сабаби комиссияи тиббии ҳарбӣ ғайриқобил маҳдуд дониста шудани ӯ ба хизмати ҳарбӣ;

в) бо сабаби ба қувваи конунӣ даромадани ҳукми суд оид ба таъини ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ;

г) бо сабаби маҳрум шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

д) дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои дар қисми сеюми моддаи 20 ва бандҳои “б”, “г” ва “д” қисми якуми моддаи 21 ҳамин Қонун пешбинишуда.

 

БОБИ 8.

ЭҲТИЁТИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВА МАҚОМОТИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 46. Дохилкунӣ ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои такмил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сафарбаркунӣ ва дар давраи ҷанг аз ҷумлаи шаҳрвандони зерин эҳтиёт таъсис дода мешавад:

онҳо, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шуда, ба эҳтиёт дохил карда шудаанд;

онхое, ки аз рӯи барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии назди муасисаҳои таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ таҳсил намудаанд;

онҳое, ки бо сабаби ба онҳо додани иҷозати ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват хизмати ҳарбӣ адо накардаанд ё аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шудаанд;

онҳое, ки хизмати алтернативиро адо кардаанд ё аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод шудаанд;

заноне, ки ихтисоси қайди ҳарбӣ доранд.

Таъсиси эҳтиёти мақомоти давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартибе, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, анҷом дода шавад.

Ба шаҳрванде, ки таҳсилро дар кафедраи ҳарбии назди муассисаи давлатии маълумоти олии касбӣ аз рӯи барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт бомуваффақият хатм намудааст, пас аз хатми муассисаи таълимӣ, ҳамзамон бо дохил намудан ба эҳтиёт Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи ҳарбии афсари медиҳад.

Ба шаҳрванде, ки бо сабаби ба ӯ додани иҷозати ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват хизмати ҳарбиро адо накардааст ё хизмати алтернативӣ адо кардааст, инчунин ба шаҳрванде, ки аз рутбаи ҳарбӣ маҳрум шудааст, ҳамзамон бо дохил намудан ба эҳтиёт комиссари ҳарбии шаҳр ё ноњия рутбаи ҳарбии аскари қаторӣ медиҳад. (ЌЉТ аз 28.12.12с.№920)

Шаҳрванде, ки дар эҳтиёт аст, мутобиқи Низомномаи ташхиси тиббии ҳарбӣ барои муайян намудани қобили хизмати ҳарбӣ буданаш аз муоинаи тиббӣ мегузарад.

 

Моддаи 47. Ҳайати эҳтиёт

Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд, мувофиқи сифатҳои синну сол ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:

Ҳайати эҳтиёт           

Синну соли дар эҳтиёт будан (рутбаҳои ҳарбӣ)

                                                                       гурӯҳи 1            гурӯҳи 2           гурӯҳи 3

Аскарон,

сержантҳо,

старшинаҳо,

прапоршикҳо                                      то 35-солагӣ    то 48-солагӣ    то 53-солагӣ   (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Афсарони  хурд                                  то 48-солагӣ     то 53-солагӣ     то 58-солагӣ  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Афсарони калон:

майорҳо ва

подполковникҳо                                 то 53-солагӣ     то 58-солагӣ     то 63-солагӣ  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Полковникҳо                                       то 58-солагӣ     то 63-солагӣ             -                (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Афсарони олӣ                                     то 63-солагӣ              -                         -                 (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Шаҳрвандони ҷинси зане, ки дар эҳтиёт мебошанд, ба гурӯҳи сеюм тааллуқ доранд, зимнан шахсони ҳайати афсарӣ - то ба синни 53-солагӣ расидан, шахсони дигари ҳайат бошанд, то ба синни 48-солагӣ расидан.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439)

Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт буда, ба синни ниҳоии дар эҳтиёт будан расидаанд ё бинобар вазъи саломатӣ ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, аз ҷониби комиссари ҳарбии шаҳр ё ноњия ба истеъфо гузаронида шуда, аз қайди ҳарбӣ бароварда мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №920)

(Тағйиротҳои ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1439 аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад)

 

Моддаи 48. Ҷамъомадҳои ҳарбӣ

Шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд, метавонанд барои тайёрӣ ё тайёрии такрорӣ ба хизмати ҳарбӣ ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват карда шаванд. Гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо мақсадҳои дигар манъ аст.

Мӯҳлати ҷамъомадҳои ҳарбӣ, маҳал ва вақти гузаронидани онҳоро Вазири мудофиа ё роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо бо ҳамин Қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, муайян менамояд.

Давомнокии ҳар як ҷамъомади ҳарбӣ аз ду моҳ, зиёд буда наметавонад.

Давомнокии умумии ҷамъомадҳои ҳарбие, ки шаҳрванд дар давраи дар эҳтиёт будан ба онҳо ҷалб карда мешаванд, аз 12 моҳ зиёд буда наметавонад.

Фосилаи байни ҷамъомадҳои ҳарбие, ки шаҳрвандони дар эҳтиёт буда ба онҳо даъват карда мешаванд, бояд на камтар аз 3 сол бошад.

Мӯҳлати ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии шаҳрвандон дохил карда мешавад.

Тартиби гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ аз ҷониби шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд ва таъминоти моддии онҳо бо Қонуни мазкур ва Низомномаи тартиби гузаронидани ҷамъомадҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 49. Озодкунӣ аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ

Аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ шаҳрвандони ҷинси зан озод карда мешаванд. Аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ шаҳрвандони зерини дар эҳтиёт буда озод карда мешаванд:

а) онҳое, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар давраи сафарбаркунӣ ва давраи ҷанг ҷудо (брон) карда шудаанд;

б) кормандон ва ҳайати ғайриҳарбии мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти гумрук, инчунин кормандони ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, вазоратҳо ва идораҳое, ки ҳамин Қонун дар онҳо хизмати ҳарбиро пешбинӣ намудааст;

в) ҳайати парвозу техникӣ, инчунин коргарон ва хизматчиёни нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, ки бевосита ба ҳамлу нақл ё хизматрасонӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо (чархболҳо), техникаи аэродромҳо, нақлиёт ва таҷҳизоти роҳи оҳан машғул мебошанд;

г) онҳое, ки бевосита ба корҳои кишту кор ва ҳосилгундорӣ машғуланд, - дар давраи адои ҳамин кор;

д) донишҷӯён (курсантҳо) ва талабагони шӯъбаҳои рӯзона ва шабонаи муассисаҳои таълимӣ;

е) донишҷӯён (курсантҳо) ва талабагони шӯъбаҳои ғоибонаи муассисаҳои таълимӣ - дар давраи имтиҳонҳо ва навиштани кори дипломӣ;

ж) онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, -дар тӯли ду сол пас аз ба эҳтиёт рухсат шудан;

з) онҳое, ки чор ва зиёда фарзанди ноболиғ доранд;

и) онҳое, ки бо асосҳои дар моддаи 21 Қонуни мазкур пешбинигардида даъват ба хизматашонро ба таъхир андохтаанд, ба истиснои банди “г” қисми якуми ҳамин модда;

к) онҳое, ки дар хориҷаанд.

Комиссари ҳарбӣ метавонад дар хусуси озод намудани шаҳрванд аз даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳамчунин бо сабабҳои дигар дар ҳолати мавҷуд будани сабабҳои узрноке, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ гардидаанд, қарор қабул намояд.

 

Моддаи 50. Ба шаҳрвандони дар эҳтиётбуда додани унвонҳои ҳарбӣ

Ба шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд, рутбаҳои навбатии ҳарбии ҳайати афсарӣ аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун қоида баъди гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ва супоридани санҷишҳо бо пешниҳоди сардори ҷамъомадҳои ҳарбӣ, аммо на бештар аз 3 бор дар тамоми давраи дар эҳтиёт будани онҳо дода мешаванд.

Ба шаҳрвандоне, ки дар эҳтиёт мебошанд рутбаҳои навбатии ҳарбӣ то прапоршики калони эҳтиёт мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Низомнома дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дода мешаванд.

Унвони якуми ҳарбии афсари эҳтиёт аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷиикистон дода мешавад:

а) ба шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии давлатиро бо барномаи тайёр намудани афсарони эҳтиёт хатм кардаанд, - баъди гузаштани онҳо аз ҷамъомадҳои ҳарбӣ (коромӯзӣ);

б) ба аскарон, сержантҳо, старшинаҳо, прапоршикҳои эҳтиёт, ки маълумоти олии касбиро бо ихтисоси ғайриҳарбӣ, бо тайёрии дахлдори ихтисоси наздики қайди ҳарбӣ гирифтаанд, баъди аз аттестатсия гузаштани онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ;

в) ба шаҳрвандоне, ки маълумоти олӣ доранд, вале дар муассисаҳои таълими давлатӣ барномаи тайёр намудани афсарони эҳтиётро нагузаштаанд, аммо ихтисоси ғайриҳарбии онҳо аз рӯи соҳа ба ихтисоси қайди ҳарбӣ монанд мебошанд, - фақат ҳангоми муайян намудан ба хизмати ҳарбӣ.

Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, мақомоти Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз мақомоти номбаршуда ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ рухсат шудаанд, рутбаи ҳарбии эҳтиёт бо назардошти ихтисоси қайди ҳарбӣ ва рутбаҳои махсусе, ки онҳо доранд, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ба шаҳрвандоне, ки аз мақомоти амнияти давлатӣ ба эҳтиёт рафтаанд, унвонҳои ҳарбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

 

БОБИ 9.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 51. Амали санадҳои меъёрии қаблан қабулшуда

Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки Сарфармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳи Муттаҳидаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то таъсисёбии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳое, ки ҳамин Қонун танзим мекунад қабул намуда буданд, дар қисмате, ки хилофи ҳамин Қонун намебошанд, қувваи қонунии худро нигоҳ медоранд.

 

Моддаи 52. Амали қарордодҳои адои хизмати ҳарбии қаблан басташуда

Амали қарордодҳои адои хизмати ҳарбии қаблан бо аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо (ба ғайр аз занон-хизматчиёни ҳарбӣ) баста шуда қатъ карда мешаванд ва онҳо то 1 августи соли 2000 аз хизмати ҳарбӣ мувофиқи чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат мешаванд.

Афсарон, прапоршикҳо ва занон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо мекунанд, ба ғайр аз афсароне, ки муассисаи таълимии ҳарбии маълумоти олӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанду хоҳиши давом додани хизмати ҳарбиро надоранд, бо хоҳиши худ пас аз 1 моҳи қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳамин Қонун ба эҳтиёт рухсат мешаванд.

Афсарон, прапоршикҳо ва занон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки хизмати ҳарбиро тибқи қарордод адо мекунанду хоҳиши давом додани хизмати ҳарбиро доранд, аз 1 августи соли 2000 статуси хизматчиёни ҳарбии бо тариқи ихтиёрӣ адокунандаи хизмати ҳарбиро пайдо мекунанд.

Афсароне, ки то 15 майи соли 2000 муассисаҳои таълими ҳарбии маълумоти касбиро хатм кардаанд, адои хизмати ҳарбиро то ба охир расонидани 5-соли мӯҳлати пас аз хатми муассисаи таълимии ҳарбӣ давом медиҳанд ва статуси хизматчии ҳарбии бо тариқи ихтиёрӣ адокунандаи хизмати ҳарбиро мегиранд.

Курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии ҳарбии маълумоти касбӣ, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, аз рӯзи қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳамин Қонун статуси хизматчии ҳарбии бо тариқи ихтиёрӣ адокунандаи хизмати ҳарбиро пайдо мекунанд.

 

Моддаи 53. ҳисоб намудани мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии хизматчии ҳарбӣ

Ба мӯҳлати умумии хизматии ҳарбии хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ то амалӣ гардидани Қонуни мазкур дохил мешаванд.

 

Моддаи 54. Рутбаҳои ҳарбие, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст

Рутбаи ҳарбие, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ба шаҳрванди дар эҳтиёт ё дар истеъфобуда дода шудаасту ҳамин Қонун пешбинӣ накардааст, нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 55. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”

Вобаста ба қабул гардидани Қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, №14, мод.287; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №15-16, мод.256; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №5, мод. 92; № 12, мод. 361) беэътибор дониста шавад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе,  29 ноябри соли 2000,

№30

 

 

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва мавриди амал қарор додани он

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод.537)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад;

1.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” қабул карда шавад.

2.   Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                                 С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 30 июни соли 2000,

№123

 

 

ҚАРОРИ 

МАҶЛИСИ  МИЛЛИИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати харбӣ”

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2000, №11, мод.538)

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 10 ноябри соли 2000,

№139

 

ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 16:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
33
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.11.2000
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА
 
    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2000, №11, мод.504; с. 2005, №12, мод.633; с.2007, №6, мод.436; №7, мод.672; с.2009, №9-10, мод.549; с.2011, №6, мод.440, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, №998)
    (Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 118, аз 13.06.2007 № 280, аз 30.07.2007 № 310, аз 16.10.2009 № 556, аз 28.06.2011 № 727, аз 22.07.2013 № 998, аз 28.12.2013 № 1054, аз 19.07.2022 № 1909)
 
Қонуни мазкур принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқи ва тарзу усулҳои танзими фаъолияти хоҷагиро дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини ҳуқуқии сиёсати давлати дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси механизмҳои бозоргони, институтсионали ва иттилооти ба хотири тараққиёти боэътимодии он ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия иборат аст.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998):
энергетика - соҳаи иқтисодиест, ки ҷустуҷӯ, истихроҷ, истеҳсол, таҷдид, интиқол, нигаҳдори, расонидан, тақсимот ва истеъмоли захираҳои энергетики ва энергияро дар бар мегирад;
комплекси сӯзишворию энергетикӣ - маҷмӯи бо ҳам алоқаманди соҳаҳои иқтисодиёт, ки дар системаҳои гидроэнергия ва гармиистеҳсолкунанда, ангишт, нафт, газистихроҷ, интиқол ва коркардкунанда, барқтаъминкунанда ва барқистифодабаранда, инчунин зерсистемаҳои минтақавӣ ва дигар объектҳои энергетикӣ, ки сарфи назар аз шакли моликият фаъолият менамоянд (Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556);
соҳаи энергетика - қисми таркибии энергетика, ки бо яке аз намудҳои захираҳои энергетики ва энергия вобаста аст;
корхонаи энергетики - ин шахси ҳуқуқиест, аз ҷумла аз субъектҳои монополияи табии сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ки ба як ё якчанд намуди фаъолият дар энергетика машғул аст;
объекти энергетика - ин иншооти махсусест, ки барои истеҳсол, таҷдид, интиқол, нигаҳдори, расонидан ва тақсимоти захираҳои энергетики ва энергия таъин шудааст;
фаъолият дар энергетика, хизматрасонии энергетики - ин истеҳсол, интиқол, расонидан, тақсимот, нигаҳдори, коркард, таҷдид, фурӯши энергия, захираҳо ва маҳсулоти энергетики мебошад;
захираи энергетики - ҳомили энергия, ки дар айни замон ё дар оянда метавонад мавриди истифодаи самарабахш қарор гирад. Он чунин тақсимбанди мешавад:
а) захираҳои энергетикии барқароршаванда - ин захираҳое мебошанд, ки ба таври табии ба вуҷуд омада, доимо аз нав пайдо мешаванд (гармии офтоб, ҷараёни табиии обу ҳаво, обҳои геотермали ва биомассаҳо) ва ба намудҳои дигари энергия мубаддал шуда метавонанд;
б) захираҳои аввалияи энергетики - захираҳои табии, ки метавонанд бевосита чун сӯзишвори истифода шаванд (нафт, гази табии, ангишт) ё мавриди истеҳсоли намудҳои гуногуни энергия қарор гиранд;
в) захираҳои энергетикии дуюмдараҷа - захираҳое, ки ба шакли маҳсулоти иловаги дар ҷараёни истеҳсолоти асоси ба даст меоянд;
маҳсулоти энергетики - намудҳои мухталифи сӯзишвори, маҳсулоти нафт, энергияи қувваи барқ ва гарми, ки аз ҳама гуна намудҳои захираҳои энергетики истеҳсол мешаванд;
истеъмолкунандагон дар энергетика - ҳама шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки энергия ва захираҳои энергетикиро мехаранд ва бе мақсади аз нав фурӯхтан онҳоро истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998);
истеҳсолкунандагон дар энергетика - шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ қатъи назар аз шакли моликияташон, ки барои онҳо ҳамаи захираҳои энергетики ва энергия маҳсулоти моли мебошанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998);
мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика - мақомоти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи энергетика амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909);
сарфаҷӯии энергия - истифодаи оқилона ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсол, таҷдид, интиқол ва истеъмоли энергия мебошад;
консессия - шартнома дар бораи ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ тибқи шартҳои муайян муваққатан барои истифода додани объектҳои давлати бо ҳуқуқи фаъолият намудан дар комплекси сӯзишворию энергетики (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998, аз 19.07.2022 № 1909).
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА
Моддаи 4. Сиёсати давлати дар соҳаи энергетика
Мақсадҳои асосии давлат дар соҳаи энергетика аз инҳо иборат аст:
- таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни ҷумҳури ба захираҳо ва маҳсулоти энергетики ва кафолати амнияти энергетикии кишвар;
- таъмини ҳифзи муҳити зист ва аҳоли аз таъсири зараровари фаъолият дар соҳаи энергетика;
- муҳайё намудани шароити зарури барои пайгирона гузаштани энергетика ба муносибатҳои бозоргони, ҷалб намудани сармоягузории ватани ва хориҷи ба он, ба корхонаҳои энергетики додани мустақилияти иқтисоди ва таъмини тараққиёти онҳо дар асоси рақобати бозоргони;
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комплекси сӯзишворию энергетики дар асоси ҷори намудани технологияҳои пешқадам, сарфаҷӯии энергия, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, кам кардани хароҷоти нисбии захираҳои энергетики дар истеҳсоли маҳсулоти умумии милли (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 2011 № 727).
Моддаи 5. Усулҳои танзими давлати дар соҳаи энергетика
Танзими давлати дар соҳаи энергетика ба воситаи таъмини ҳуқуқи, иҷозатномадиҳӣ, андозситони, қарздиҳи, маблағгузори, таъмини сиёсати сармоягузори, иҷтимои, илмию техники ва назорати иҷроиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетики сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1054).
Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи энергетика тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.05с. № 118).
Лоиҳаҳо ва барномаҳои энергетики барои сохтани объектҳои азим ба таври ҳатми аз экспертизаи давлати мегузаранд, ки тартиби гузаронидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 5(1). Самтҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи энергетика
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909)
Дастгирии давлатӣ дар соҳаи энергетика дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ;
- мусоидат ба тарҳрезӣ ва истифодаи технологияҳои муосир;
- маблағгузории барномаҳои мақсадноки давлатӣ;
- мусоидат ба таъмини фаъолияти иттилоотӣ;
- мусоидат барои ташкил ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию технологӣ;
- самтҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909).
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1054, аз 19.07.2022 № 1909)
Салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика чунинанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1054, аз 19.07.2022 № 1909):
таъмини нақши асосии давлат дар тараққиёти энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
идораи комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар асоси ҷорӣ намудани механизмҳои бозоргонии фаъолияти он;
фароҳам овардани шароит барои соҳибкории озод ва рушди ҳамаи шаклҳои моликият дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар фазои пешрафти муносибатҳои бозоргонӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909);
мусоидат намудан ба иштироки сектори хусуси дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ, кӯмак ба дастгирии рақобат дар сохтмон, барқарорсозӣ ва истифодаи корхонаҳо ва дар соҳаҳои он (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.05с. № 118);
муқаррар намудани тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои энергетикӣ ва барномаҳои сохтмони объектҳои азими энергетикӣ;
консессия дар соҳаи энергетика;
гузаронидани сиёсати нарх ва тариф дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909);
бурдани назорат оиди истифодаи захираҳои энергетикии аввалия ва барқароршаванда ва нигоҳдории онҳо;
муҳаё намудани шароити зарурӣ барои ташвиқи сармоягузорӣ дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетики (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909);
қабули чораҳои фаври барои таъмини истеъмолкунандагон бо захираҳои энергетикӣ ва энергия дар вазъияти буҳронӣ ва фавқулодда, дар ҳолатҳои зарури ҷорӣ намудани маҳдудияти муваққатӣ дар истифодабарии онҳо;
ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи энергетика;
тасдиқ ва назорат оиди амали гаштани барномаҳо:
- таракқиёти комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- оид ба стандартизатсиякунонӣ, амният ва ҳимояи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист аз таъсири манфии фаъолият дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
- оид ба ғайриинҳисорӣ ва реструктризатсиякунонии корхонаҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ;
- оиди сарфаҷӯии энергия;
- иҷрои дигар салоҳиятҳое, ки дар ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1054);
- иҷрои дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998, аз 28.12.2013 № 1054).
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика
(Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280)
Мақомотм ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика (минбаъд - мақомоти ваколатдор) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280).
Низомномаи мақомоти ваколатдор ва сохтори онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280).
Ваколатҳои мақомоти ваколатдор инҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280):
татбиқи сиёсати давлати дар соҳаи энергетика;
ба нақшагири ва пешбинии самти талабот ва пешниҳодот ба ҳамаи намудҳои захираҳои энергетики ва энергия барои ба ҳисоб гирифтан ва минбаъд даровардани тағйирот ба барномаҳои амал;
гузаронидани баҳодиҳи ба талаботи инвеститсиони ва муайян намудани манбаъҳои эътимодноки маблағгузори ва сармоя;
омӯзиши фаъолияти корхонаҳои энергетики бо мақсади мунтазам гузаштани онҳо ба муносибатҳои бозоргони;
мусоидат барои дохилшавии мунтазами инвеститсияҳои хусуси ба комплекси сӯзишворию энергетики ва зиёдшавии захираҳои энергетикии маҳаллию алтернативи, ва барқароршаванда, аз ҷумла тавассути танзими идоракуни, соҳибии захираҳои дуюмдараҷа ва маҳсулоти энергетики дар сатҳи истеъмолкунандаи ниҳои (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 2011 № 727);
мусоидат ба тарақиёти рақобат, таъмини имкониятҳои баробар ва шароит барои фаъолияти корхонаҳои энергетикии шаклҳои мухталифи моликият;
амали намудани назорат оид ба риояи шарту талаботи иҷозатномави (Қонуни ҶТ аз 26.12.05с. № 118);
таҳия ва татбиқи барномаҳо:
- оид ба тараққиёти комплекси сӯзишворию энергетики;
- оид ба стандартизатсиякунони, бехатари ва ҳимояи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист аз таъсири манфии фаъолият дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетики;
- оид ба сарфаҷӯии энергия;
- оид ба истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 2011 № 727);
амали намудани дигар ваколатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудаанд;
- иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).
Моддаи 8. Хорич карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556)
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар комплекси сӯзишворию энергетики
(Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280)
Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар комплекси сӯзишворию энергетики тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд (Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280).
БОБИ 3. ХУСУСИЯТҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ЭНЕРГЕТИКА
Моддаи 10. Идоракунии корхонаҳои энергетики
Ба корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетики дар идоракунии фаъолияти хоҷагию истеҳсоли мустақилият дода мешавад.
Ҳама намуди фаъолияти корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетики дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).
Моддаи 11. ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти корхонаҳои энергетики
Корхонаҳои энергетики дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар асоси гуногуншаклии моликият (давлати, хусуси, саҳоми, омехта ва муштарак) таъсис ёбанд ва амал кунанд.
Моликони корхонахои энергетики дар назди Қонун баробаранд ва аз ҳимояи баробари Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдоранд.
Давлат ба табъизи (дискриминатсияи) корхонаҳои энергетики, сарфи назар аз шакли моликияташон роҳ намедиҳад.
Моддаи 12. ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия
Манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).
Моддаи 13. Масъалаҳои маблағгузори дар энергетика
Дар соҳаи энергетика маблағгузори метавонад аз ҳисоби манбаъҳои давлати, хусуси ва хориҷи таъмин гардад.
Моддаи 14. Сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ дар энергетика
(Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556)
Ҷалб намудани сармояи ватанӣ ва хориҷӣ дар энергетика мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад. Захираҳои энергетикӣ ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ба истифодаи мӯҳлатнок, тибқи шартномаҳои тарафайн дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556, аз 22.07.2013 № 998, аз 28.12.2013 № 1054).
Барои сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ дар энергетика тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андоз ва дигар имтиёзҳо муқаррар шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556, аз 22.07.2013 № 998).
Моддаи 15. Нархгузори дар соҳаи энергетика
Нархҳо ва тарифҳо ба маҳсулот ва хизматрасонии энергетики ба таври озод (шартномави) муқаррар мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, ҳангоми азхудкунӣ ва истифодабарии захираҳои электроэнергетикӣ, харидории электроэнергияи зиёдатӣ, мақомоти ваколатдор оид ба танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ метавонад нархҳо ва тарифҳои дигарро, ба истиснои нархҳо ва тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556, аз 28.12.2013 № 1054).
Нархҳо ва тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1054, аз 19.07.2022 № 1909).
Моддаи 16. Консессияҳо дар энергетика
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон стансияҳои барқи ва гарми, шабакаҳои магистрали ва тақсимкунандаи қувваи барқ ва иншооти хизматрасони онҳо, хатҳои интиқоли нафту газ, корхонаҳои хоҷагии таъминкунандаи гази табии ва моеъ, объектҳои нафту газ, майдонҳои перспективии дорои нафту газро ба консессия дода метавонад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).
Додани консессия ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ барои кашф, истихроҷ ва истифодаи захираҳои энергетики ва пешбурди дигар фаъолият дар комплекси сӯзишворию энергетики дар асоси шартномаҳои консессиони сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).
Моддаи 17. Истифодаи замин дар соҳаи энергетика
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)
Истифодаи замин дар соҳаи энергетика мутобиқи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).
Моддаи 18. Корхонаҳои давлатии энергетика
Корхонаҳои давлатии энергетики фаъолияти худро дар асоси тиҷорат ба сифати воҳидҳои мустақили хоҷаги, бо усули бастани шартнома бо мақомоти ваколатдор анҷом медиҳанд. Чунин шартномаҳо нисбат ба корхонаи давлатии комплекси сӯзишворию энергетики пешбини менамоянд (Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280):
- мақоми зарурии корпоративи ва тиҷоратии он;
- нақша-ҷадвали корҳои тиҷоратикунонии он;
- дараҷаи мустақилияти молияви ва идоракунии он;
- стандартҳо ва меъёрҳои кор ва тобеияти роҳбарияти он;
- усул ва тартиби таҳияи сохтори ҳисоботдиҳии он, аз ҷумла ҳисоботдиҳии алоҳида барои воҳидҳои мухталифи амалкунандаи он, муайян намудани арзиши амвол ва ҳиссаҷудокуни барои хӯрдашавии он;
- муайян кардани кор ва хизматрасони, ки барои эҳтиёҷоти давлат иҷро мешаванд ва арзиши онҳо;
- нишондиҳандаҳои нақшавии солонаи молияви ва истеҳсоли.
Моддаи 18(1). Барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар соҳаи энергетика
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои мақсадноки давлатиро дар соҳаи энергетика тасдиқ менамояд.
Барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар соҳаи энергетика мутобиқ ба афзалиятҳои дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика таҳия ва татбиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909).
Моддаи 18(2). Таъминоти илмию техникӣ дар соҳаи энергетика
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909)
Таъминоти илмию техникӣ дар соҳаи энергетика дар доираи барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва амалии илмию таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳо оид ба иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию технологӣ, ки маблағгузории онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад, ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909).
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)
Моддаи 19. Назорати давлатии энергетики
Барои таъмини назорат аз тарафи шахсони ҳуқуқи ва воқеи риоя шудани регламентҳои техникӣ ва стандартҳои муқарраргардида, меъёрҳо ва қоидаҳо дар ҷараёни истеҳсол, интиқол, таҷдид, нигаҳдори, истеъмоли захираҳо ва маҳсулоти энергетики, дар истифодаи объектҳо, иншоот, таҷҳизот дар энергетика мувофиқи тартиби муайяншудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетики ташкил мешавад (Қоунуни ҶТ аз 28.12.2013 № 1054).
Назорати давлатии энергетики аз тарафи мақомоти махсусгардонидашудаи давлати гузаронида мешавад.
Моддаи 19(1). Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергетиқа
Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергетика тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳ монда мешавад.
Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи энергетика аз инҳо иборатанд:
- мубодилаи тарафайн бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ оид ба дастовардҳои илмию технологӣ;
- иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии энергетикӣ;
- мубодилаи таҷриба оид ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- таълим ва бозомӯзии кадрҳои соҳаи энергетика дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ;
- ташкил ва иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва семинарҳо (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1909).
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,  аз 29 ноябри соли 2000, №33.

ДАР БОРАИ БАҲОИ ЗАМИН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Дшб, 27/01/2020 - 10:53
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
18
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.05.2001

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи баҳои замин

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, № 4, мод. 185; Қ Ҷ Т аз 12.05.07с №262)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии баҳои заминро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, гузаронидани маҷмӯи баҳои заминро муайян мекунад.

 

Боби I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси ва истилоҳот

Баҳои замин – нишондиҳандаҳои кадастрии баҳои замин, ки барои ҳалли маҷмӯи масъалаҳои амалӣ дар соҳаи муносибатҳои замин, ташкили банақшагирӣ ва идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳалли масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои замини ҷумҳурӣ, ҳамчун асоси илмӣ хизмат мекунад.

Баҳои кадастрии давлатӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва техникӣ мебошанд, ки барои муайян кардани арзиши кадастрии қитъаҳои замин то ҳолатҳои санаи муайян равон гардидааст.

Арзиши кадастрии қитъаи замин - арзиши қитъаи замин, ки дар асоси тавсифи қитъаи замин бо истифодаи усул ва қоидаҳои коркарди ахбори омор муайян карда шудааст.

Нархи меъёрии замин – нишондиҳандаи асосии баҳои замин бо ифодаи пулӣ, ки арзиши сифати муайян ва ҷойгиршавии қитъаи заминро тавсиф мекунад.

Минтақаи кадастрӣ - як қисми ҳудуди маъмурию минтақавӣ, ки аз рӯи шароитҳои хокию иқлимӣ ва иқтисодӣ якхела мебошанд.

 

Моддаи 2. Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикисгои

Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудани нархи меъёрии замин бо мақсади андозбандии воқеӣ, пардохти иҷора, муҳайё намудани шароит барои сарфакорона истифода бурдани замин, муҳофизату азхудкунии он ва баланд бардоштани  ҳосилнокии хок анҷом дода  мешавад.

 

Моддаи 3. Муайян намудани минтақаи кадастрӣ

Аз рӯи натиҷаҳои гузаронидани корҳои баҳогузории замин, мансубияти ҳудуди мушаххас ба минтақаҳои кадастрӣ муайян карда мешавад.

Тартиби гузаронидани корҳои баҳогузории замин барои муайян кардани минтақаҳои кадастрӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 31. Имконнопазирии баҳодиҳии замини таъиноти кишоварзї дар ҳолати набудани маводҳои ибтидої

 

Баҳодиҳии замини таъиноти кишоварзї ( заминҳои корам, ниҳолҳои бисёрсола) дар ҳолати набудани нишондиҳандаҳои баҳои сифати хок ва тавсифномаи майдонҳо анҷом дода намешавад.

 

Моддаи 4. Қонунгузорӣ дар бораи баҳои замин

Қонунгузорӣ дар бораи баҳои замин ба    Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси Замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар қонунҳо, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 5. Объекти баҳодиҳӣ

Объекти баҳодиҳӣ китъаи замин ё маҷмӯи қитъаҳои замин, ғайр аз иншоотҳои дар онҳо ва дар зери замин буда, мебошанд.

 

                 Моддаи 51. Қитъаи замине, ки мавриди баҳодиҳї ќарор дода намешавад

Қитъаҳои замини боѓҳои миллї, дендрологї, ботаникї, мамнўъгоҳҳо, фонди давлатии ҷангал, фонди давлатии об, ёдгориҳои таърихї, динї, заминҳои захираи озоди давлатї, инчунин ќитъаҳои замине, ки ба муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳаҳои маориф, кишоварзї ва хоҷагии ҷангал бо маќсади гузаронидани таҷриба ва иҷрои корҳои илмиву тадќиќотї ҷудо карда шудаанд, мавриди баҳодиҳї ќарор дода намешаванд.

 

Моддаи 6.  (Хориҷ карда шуд бо Қ Ҷ Т аз 12.05.07с №262).

 

БОБИ II БАҲОИ КАДАСТРИИ ДАВЛАТИИ ЗАМИН

 

Моддаи 7. Ташкили баҳои кадастрии давлатии замин

Гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

Баҳои кадастрии давлатии замин барои муқаррар намудани арзиши кадастрии қитъаҳои замини таъиноти  мақсаднокиашон гуногун гузаронида мешавад.

         Баҳои кадастрии давлатии замин аз ҷониби маќомоти ваколатдори давлатї оид ба заминсозї ва маќомоти маҳаллии он гузаронида мешавад. Маќомоти ваколатдори давлатї оид ба заминсозї барои гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин метавонад ташкилотҳои соҳавиро дар асоси шартнома ҷалб намояд.

Асоси баҳогузории кадастрии давлатии заминро маълумоти кадастри давлатии замин, шаҳрсозӣ, ҷангал, об ва дигар кадастрҳо ташкил медиҳанд.

Маълумоти баҳои кадастрии давлатии  замин ба кадастри давлатии замин, шаҳрсозӣ, ҷангал, об ва дигар хуҷҷатҳои кадастрӣ дохил карда мешавад.

Маълумотҳои охирини ҳисоби баҳои кадастрии давлатии замин то гузаронидани баҳои минбаъдаи кадастрии давлатии замин нишондиҳандаҳои асосӣ буда, ҳар сол бо дарназардошти тағйиротҳои тавозуни замин, нархҳои мавҷудаи бозорӣ аз нав дида баромада шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 8. Намудҳои баҳои кадастрии давлатии замин

Баҳои кадастрии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани баҳогузории умумии кадастрии замин ва баҳогузории инфиродии кадастрии қитъаи заминро пешбини менамояд.

Баҳогузории умумии кадастрии замин оид ба муайянкунии арзиши он дар тамоми ҳудуди ҷумхурӣ гузаронида мешавад.

Баҳогузории инфиродии кадастрии замин муайян кардани арзиши қитъаи мушаххаси заминро пешбинӣ менамояд.

 

Моддаи 9. Маблағгузории баҳои кадастрии давлатии замин

Маблағгузории корҳои баҳои кадастрии давлатии замин аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ  гузаронида мешавад.

 

Моддаи 10. Усулҳо ва тартиби баҳои кадастрии давлатии замин

Усулҳо ва тартиби баҳои кадастрии давлатии заминро бо пешниҳоди маќомоти ваколатдори давлатї оид ба заминсозї, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 11. Дар амал ҷорӣ намудани натиҷахои баҳои кадастрии давлатии замин

Натиҷахои баҳои кадастрии давлатии замин бо пешниҳоди  маќомоти ваколатдори давлатї оид ба заминсозї  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз аввали ҳар сол ҷорӣ карда мешаванд.

Арзиши кадастрии қитъаи замин, ки ба кадастри давлатии замин дохил шудааст, то баҳои навбатии кадастрии давлатии замин тағйир намеёбад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст.

 

Моддаи 12 . Баррасии баҳсҳо

Баҳсҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин ба амал меоянд, бо тартиби суди баррасӣ мешаванд.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  12 майи соли 2001

№18

ДАР БОРАИ ИСТИФОДА ВА ҲИМОЯИ АЛОМАТУ НОМҲОИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Дшб, 27/01/2020 - 10:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
26
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.05.2001

 ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои

 Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2001, №4, мод. 209)

 

Ин Қонун тартиби истифода ва ҳимояи аломатҳо ва номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар, ҳамчунин сигналҳои фарқкуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз конвенсияҳои Женева дар бораи ҳимояи қурбониҳои ҷанг аз 12 августи соли 1949 ва Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни соли 1977, ҳамчунин Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз ҷониби ҷамъиятҳои миллӣ, ки Конфронси ХХ байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар соли 1965 (бо тағйирот ва иловаҳои соли 1991) қабул кардааст бармеоянд, муайян мекунад.

 

Моддаи 1. Истлоҳоти асосие, ки дар ин Қонун истифода бурда мешаванд

 

Барои мақсадҳои ин Қонун истилоҳоти зерин истифода бурда мешаванд:

низои мусаллаҳона – вазъиятҳо, чӣ тавре ки онҳо дар конвенсияҳои Женева дар бораи ҳимояи қурбониҳои ҷанг аз 12 августи соли 1949 (минбаъд конвенсияҳои Женева) ва дар Протоколҳои иловагӣ ба онҳо аз 8 июни соли 1977 (минбаъд Протоколҳои иловагӣ) муайян карда шудаанд;

воҳидҳои тиббӣ – муассисаҳои статсионарӣ ё сайёри тиббӣ ва дигар воҳидҳои ғайринизомӣ ё харбӣ, ки дар асоси доимӣ ё муваққатӣ барои ҷустуҷу, бардошта баровардан, интиқол, ташхис ё муолиҷа намудани маҷрӯҳон ва беморон, аз ҷумла расонидани кумаки аввалин, ҳамчунин барои пешгирии бемориҳо ташкил карда шудаанд;

ҳайати кормандони тиббӣ - шахсоне мебошанд, ки дар асоси доимӣ ё муваққатӣ барои ҷустуҷу, бардошта баровардан, интиқол, ташхис ё муолиҷа намудан, аз ҷумла расонидани ёрии аввалин ба маҷрӯҳои ва беморон, барои пешгирии бемориҳо, ҳамчунин барои таъминоти хоҷагӣ, моддию техники ва дигар таъминоти воҳидҳои тиббӣ таъин шудаанд;

Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар – ҳаракатест, ки ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро дар бар мегирад;

воситаҳои наклиёти санитари – воситаҳои ҳавоӣ, заминӣ, баҳрӣ ва дарёии интиқол, ҳам ҳарбӣ ва ҳам ғайринизомӣ, доимӣ ё муваққатӣ, ки фақат барои кашонидани маҷруҳон ва беморон, ҳайати кормандони тиббӣ, амволи тиббӣ ва ба мақсадҳои дигари тиббӣ таъин шудаанд ва таҳти назорати тарафи дар низои мусаллаҳона ширкаткунанда мебошанд;

аломат - аломати салиби сурх ё ҳилоли аҳмар дар заминаи ранги сафед, ки ҳамчун аломати муҳофизаткунанда ё фарқкунии воҳидҳои тиббӣ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ, амволи тиббӣ, ҳайати кормандони тиббӣ истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва

                    Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қонунгузорӣ дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меьёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эьтироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Объектҳое, ки ҳимоя карда мешаванд

 

Объектҳои зерин таҳти ҳимояи ин Қонун қарор мегиранд:

а) аломатҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар;

б) номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар»;

в) сигналҳои фарқкунӣ  барои шинохтани воҳидҳои тиббӣ  ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ.

 

Моддаи 4. Созмони миллии Ҳилоли Аҳмар

 

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона созмони миллии Ҳилоли Аҳмар эътироф карда мешавад.

Фаъолият, вазифаҳо ва мақсадҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 5. Аломат

 

Аломат рамзи сабук кардани азобу шиканҷаи маҷруҳон ва беморон дар давраи низоъҳои мусаллаҳона, вазъиятҳои фавқулоддае, ки хусусияти табиӣ ва техногенӣ доранд ва барҳам додани оқибатҳои онҳо мебошад.

Аломати салиби сурх, салиби сурхи дар заминаи ранги сафед тасвирёфта аст, ки аз ду хати рости дорои тулу арзи баробар иборат мебошад, ки дар марказ ҳамдигарро бо кунҷи рост бурида мегузаранд ва то канори замина намерасанд.

Аломати ҳилоли аҳмар аз тасвири  ҳилоли аҳмар дар заминаи ранги сафед иборат аст, ки нӯгҳои тези он ба тарафи рост аз нигоҳкунанда нигаронида шудаанд ва то канори замина нарасидаанд.

 

Моддаи 6. Истифодаи аломат

 

Аломатро ҳамчун нишони фарқкунӣ ва муҳофизаткунанда фақат дар мавридҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун, конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ истифода бурдан мумкин аст.

Аломат ҳамчун нишони муҳофизаткунанда дар давраи низои мусаллаҳона, ҳамчунин дар мавридҳое, ки ҳамин Қонун  пешбинӣ намудааст, дар замони осоишта барои ишорат кардани ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ, ки бинобар бо кумак расонидан ба маҷрӯҳон ва беморон аз ҳимояи махсус бархурдоранд, истифода бурда мешавад. Аломате, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, бояд аз рӯи имкон андозаи калон дошта бошад, то ки  аз масофаи хеле дур дида шинохтани он мумкин гардад.

Аломате, ки ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда мешавад, нишон медиҳад, ки шахс ё объект бо Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар вобастаанд ва аломат бояд андозаи хурдтар дошта бошад.

Бо иҷозати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон истифода бурдани аломати Ҳилоли Аҳмар ҳамчун нишони фарқкунӣ барои дар замони осоишта ишорат кардани ҳайати кормандони тиббӣ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ ва муассисаҳои тандурустӣ, ки ба маҷруҳон ва беморон ройгон кумаки тиббӣ мерасонанд, рухсат дода мешавад.

 

Моддаи 7. Аз аломат истифода бурдани хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои   фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда, ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар давраи низои мусаллаҳона, фақат барои ишорат кардани ҳайати кормандони тиббии худ, воситаҳои нақлиёти санитарӣ, воҳидҳои тиббӣ истифода барад.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббӣ бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва муҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.

 

Моддаи 8. Аз аломат истифода бурдаии воҳидҳои тиббии  ғайринизомӣ

 

Дар давраи низои мусаллаҳона ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидхҳи тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии ғайринизомӣ бо иҷозат ва таҳти назорати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломати ҳилоли аҳмар, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода мешавад, ишорат карда мешаванд.

Вазорати   тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳайати кормандони тиббии ғайринизомӣ   бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва мӯҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.

 

Моддаи 9. Аз аломат истифода бурдани Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

 

Ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки дар давраи низои мусаллаҳона ба ихтиёри ҳадамоти тиббии   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, бо иҷозати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломати ҳилоли аҳмар, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, ишорат карда мешаванд. Ҳайати кормандони тиббии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба конунҳо ва амрҳои ҳарбӣ итоат мекунанд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббии Ҷамъияти Ҳилоли  Аҳмари Тоҷикистон  бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва мӯҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.

Дар мавридҳои дигар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар давраи низои мусаллаҳона мутобиқи моддаи 8 ҳамин Қонун аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода мебарад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо розигии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳануз дар замони осоишта аломати ҳилоли аҳмарро ҳамчун нишони муҳофизаткунанда ва сигналҳои фарқкуниро барои ишорат кардани воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ, ки барои дар давраи низои мусаллаҳона онҳоро ба мақсадҳои тиббӣ истифода бурдан пешбинӣ мешаванд, истифода бурда метавонад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аломати ҳилоли аҳмарро, ҳамчун нишони фарқкунӣ ҳам дар давраи низои мусаллҳона ва ҳам дар замони осоишта барои ишорат кардани мансубияти шахсон, воситаҳои нақлиёт, амвол, иншоотҳо ва дигар объектҳо ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон истифода мебарад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистои нишони Ҳилоли аҳмарро, инчунин мутобиқи Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз ҷониби ҷамъиятҳои миллӣ ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда метавонад.

Ҷамъиятҳои миллии хориҷии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошанд, бо иҷозати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аломатро бо тартибе, ки қисмҳои панҷум ва шашуми ҳамин модда пешбинӣ намудаанд, ҳамчун нишони фарқкунӣ истифода бурда метавонаид.

 

Моддаи 10. Аз аломат истифода бурдани воҳидҳои тиббии ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх

                       ва Ҳилоли Аҳмари давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориҷие, ки дар низои мусаллаҳона иштирок намекунанд

 

Бо розигии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти назорати Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳайати кормандони тиббӣ, воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарии ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориҷие, ки дар низои мусаллаҳона иштирок намекунанд, метавонанд барои расониданн кумаки инсондустона ба ихтиёри ҳадамоти тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд ва бо аломат, ки ҳамчун нишони муҳофизаткунанда истифода бурда мешавад, ишорат карда мешаванд.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати кормандони тиббии ҷамъиятҳои миллии давлатҳои бетараф ва дигар давлатҳои хориҷие, ки дар низоъ иштирок намекунанд, бозубанд ва шаҳодатномаи дорои тасвири аломат ва мӯҳр медиҳад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.

 

Моддаи 11. Бозубанд ва шаҳодатнома

 

Ҳайати кормандони тиббии дар моддаҳои 7, 8, 9, 10 ҳамин Қонун зикршуда барои тасдиқи мақоми худ дар давраи низои мусаллаҳона ӯҳдадор аст, ки бозубанд бандад ва шаҳодатнома дошта бошад, ки намунаашро конвенсияҳои Женева ва Протоколи иловагии I муқаррар кардаанд.

 

Моддаи 12. Сигналҳои фарқкунӣ

 

Мутобиқи Протоколи иловагии I сигналҳои равшанидиҳанда, сигналҳои радиоӣ ва сигналҳои электронии ташхискунӣ, ки фақат барои истифода бурдани воҳидҳои тиббӣ ва воситаҳои нақлиёти санитарӣ бо мақсадҳои шинохтани онҳо пешбинӣ шудаанд, ба сигналҳои фарқкунӣ мансуб мебошанд.

Сигналҳои фарқкуниро барои ягон мақсади дигар истифода бурдан мумкин нест.

 

Моддаи 13. Истифода бурдани номи «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар»

 

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номҳои шахсони ҳуқуқӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ва ба мақсадҳои дигар, ки бо принсипҳои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мувофиқ нестанд, номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар» - ро истифода бурдан мумкин нест.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳуқуқи мустаснои истифодабарии номи «Ҳилоли Аҳмар» дода мешавад, агар ҳамин Қонун чизи дигаре муқаррар накарда бошад.

 

Моддаи 14. Созмонҳое, ки аломатро бе иҷозат истифода мебаранд

 

Кумитаи    байналмилалии   Салиби    Сурх,    Федератсияи байналмилалии ҷамъиятхои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мутобиқи конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ, ҳам дар замони осоишта ва ҳам дар давраи ҷанг ҳангоми амалӣ намудани тамоми шаклҳои фаъолияти худ аломатро бе иҷозат истифода мебаранд.

Истифода бурдани нишонаҳои шабҳеи аломат, ки шояд саҳван бо аломат монанд карда шаванд, мумкин нест.

 

Моддаи 15. Истифодаи ғайриконунии салиби сафед дар заминаи ранги сурх

 

Бо сабаби он, ки нишони Швейсария саҳван ҳамчун аломати Салиби Сурх қабул нагардад, ба сифати аломати тиҷоратӣ ё фабрикӣ, ( ба сифати қисмҳои таркибии чунин аломатҳо), ҳамчунин бо мақсадҳое, ки хилофи қоидаҳои тиҷорати бовиҷдонона мебошанд, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки мумкин аст ҳисси миллии шаҳрвандони Швейсария таҳқир шавад, истифодаи салиби сафед дар заминаи ранги сурх ё ҳама гуна аломате, ки ба охирин ҳамшабеҳ аст, дар ҳама ҳолат манъ мебошад. Шахсоне, ки ҳамин меъерҳоро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 16. Назорати истифодаи аломатҳо ва номҳои   «Салиби Сурх» ва

                         «Ҳилоли Аҳмар»

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои иҷрои ин Қонун ва ҳамчунин аз болои шахсоне, ки барои истифода бурдани аломатҳо номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар» ва сигналҳои фарқкунӣ ҳуқуқ доранд, назорат менамояд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар соҳаи пешгирӣ кардан ва роҳ надодан ба суиистифода аз аломатҳо, номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар», сигналҳои фарқкунӣ бо мақомоти ҳокимияти давлат ҳамкорӣ мекунад.

 

Моддаи 17. Масьулият барои иҷро накардани ин Қонун

 

Аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар гуна шакл истифода бурдани аломатҳо, номҳои «Салиби Сурх» ва «Ҳилоли Аҳмар» ва сигналҳои фарқкунӣ, ки хилофи ин Қонун, конвенсияҳои Женева ва Протоколҳои иловагӣ, ҳамчунин Қоидаҳои истифодаи аломатҳои салиби сурх ё ҳилоли аҳмар аз ҷониб ҷамъиятҳои миллӣ мебошанд, манъ аст.

Шахсоне,  ки барои иҷро накардан ё ба таври  дахлдор иҷро накардани ин Қонун гунаҳкор ҳастанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          Э. РАҲМОНОВ

 

ш. Душанбе,  12 майи соли 2001

№26

ДАР БОРАИ ИТТИЛООТОНӢ

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович... Санаи интишор: Дшб, 27/01/2020 - 11:09
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
40
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
06.08.2001

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи иттилоотонӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2001, №7, мод.502; соли  2005, №12, мод. 639. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.04.2019 с., № 1595)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар рафти ташаккулу истифодаи иттилооти ҳуҷҷатшуда ва манбаю захираҳои иттилоот ба миён меоянд, офаридани технологияҳои иттилоотӣ, шабакаву системаҳои автоматиконидашудаи иттилоотро танзим мегардонад, тартиби муҳофизати захираи иттилоот, инчунин ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳоеро, ки дар равандҳои иттилоотонӣ ширкат меварзанд, муайян мекунад.

 

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595)

 

 Моддаи 1. Ҳадафҳои Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур муҳайё кардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ ба иттилоот дар асоси ташаккул додани инфраструктураи ҳозиразамони иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя кардани он бо шабакаю системаҳои байналмилалии иттилоот мебошад. Қонун шартҳои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар рафти тартиб додан, захира кардан, нигоҳдориву ирсол кардан ва интишор додани иттилоот бо воситаҳои технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595)

1. Амали Қонуни мазкур муносибатҳоеро фаро мегирад, ки дар рафти фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шаклҳои моликият дар соҳаи иттилоотонӣ ба миён меоянд, аз ҷумла, ҳангоми (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595):

-ташаккулу истифодаи захираҳои иттилоот дар асоси тартиб додан, дарёфту захира ва ирсол кардан, андухтану омода сохтан, интишор додану пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда;

-офаридан, татбиқ ва истифода кардани системаҳои омодасозӣ ва ирсол кардани иттилоот, асос ва бонки маълумот, воситаҳои технологияи иттилоотӣ;

-ҳимояи иттилоот ва ҳуқуқи субъектҳое,  ки дар раванди иттилоотӣ бо татбиқи воситаҳои технологияи иттилоотӣ иштирок менамоянд;

-идора ва танзими равандҳои иттилоотӣ, амалӣ гардондани сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ.

2.Амали Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар иттилооти ғайриҳуҷҷатӣ ба миён меоянд ва ҳамчунин муносибатҳоеро, ки бо меъёрҳои моликияти зеҳнӣ, бо муносибатҳои соҳаи воситаҳои ахбори омма танзим гардонида мешаванд, фаро намегирад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

3.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд ҳуқуқу eҳдадориҳои пешбиникардаи ҳамин Қонунро дар баробари ташкилотҳо ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ истифода мебаранд, ба шарте, ки дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи дигар муқаррар нагардида бошад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин мавриди истифода қарор гирифтаанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595):

-иттилоот - маълумот дар бораи шахсҳо, ашё, объект, воқеиёт, рeйдоду ҳодисот (падидаҳо) ва равандҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;

-технологияи иттилоотӣ - маҷмeи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва телеиртиботӣ, воситаҳои барномавӣ ва тарзҳои истифодаи онҳо барои дарёфт, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот;

-инфраструктураи иттилоотӣ (иттилоотонӣ) - маҷмeи марказ, асос ва бонки маълумот, системаҳои алоқа ва интиқоли маълумот, сохторҳои дигаре, ки кору фаъолияти шабакаҳои иттилоотиро таъмин мекунанд;

-иттилооти ҳуҷҷатшуда (ҳуҷҷат) - иттилои дар ягон ҳомили моддӣ сабтшуда бо маълумоте, ки ин иттилоотро исбот месозад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595);

-захираҳои иттилоот - иттилооте, ки сарфи назар аз усули пешниҳодот ё ки ташкили нигоҳдориаш (аснод, ҷамъи аснод, захираҳои китобхонаҳо, бойгониҳо, асоси маълумот) барои дохилшавӣ ба системаи иттилоотӣ пешбинӣ шудааст ё дар дохилаш мавҷуд аст;

-асоси маълумот - маҷмeи маълумотҳои якҷояшуда, ки барои истифодаи ҳамаҷониба ва тағйири шакл зарур аст;

-бонки маълумот - маҷмeи воситаҳои барномавӣ, иттилоотӣ ва техникие, ки барои андeхти мутамарказ, нигоҳдорӣ ва истифодаи коллективонаи маълумот дар бораи соҳаи муайян ва мушаххаси фаъолияти инсон заруранд ва ҳамчунин худи маълумоте, ки дар шакли файл (парвандаи компютерӣ) ё худ манбаъҳои аз ҳам ҷудои маълумот нигоҳ дошта мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595);

-равандҳои иттилоотӣ – равандҳои андeхтан, омода сохтан, сариштаву ирсол кардан, дарёфтан ва интишор додани иттилоот;

-ҳомили моддии иттилоот - маводи дорои хосиятҳои муайян, ки барои сабт ва нигоҳдории иттилоот истифода шуда метавонад;

-маводи иттилоотӣ - натиҷаи моддии равандҳои иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани талаботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъин гардидааст (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595);

-маълумот - иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки дар рафти омода сохтани он дар мошинҳои ҳисоббарори электронӣ мавриди истифода қарор мегирад;

-системаи иттилоотӣ - маҷмeи муташаккили аснод ва технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ ва алоқа, ки ҷараёни иттилоотиро таъмин менамоянд;

-шаклҳои таъминоти системаҳои иттилоотӣ - техникӣ, барномавӣ, математикӣ, ташкилӣ, забонӣ, ҳуқуқӣ ва дигар шаклҳое, ки барои таъмини иҷрои мeътадили тамоми вазифаҳои таъингардидаи система заруранд;

-иттилоотонӣ – таҳия кардан, офаридан, азхуд кардан ва кор фармудани технологияҳои иттилоотӣ, захираҳои иттилоотӣ; раванде, ки ҷузъҳои ташкилӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ ва истеҳсолию иқтисодӣ ва натиҷаи фаъолиятеро дар бар мегирад, ки мақсад аз он қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони ҷудогона, иттиҳодҳои онҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, тамоми ҷамъият ба иттилоот бо роҳи ташаккул додан ва истифода кардани захираҳои иттилоот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият;

-хизматрасонии иттилоотӣ - хизмате, ки талаботи шаҳрвандон ва ташкилотҳоро ба иттилоот қонеъ мегардонад ва онро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мерасонанд, ки дар соҳаи иттилоот кор мекунанд.

-молики захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ - субъекти дорои ваколатҳои соҳибию истифода ва ихтиёрдорӣ намудани объектҳои мазкур;

-истифодабарандаи (баҳрабарандаи) хизматрасонии иттилооти ва захирахои иттилоот - субъекте, ки ба системаи иттилооти, ба молики захирахои иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани иттилооти зарурӣ муроҷиат менамояд ва аз ин иттилоот ба ҳадди муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595);

-иттилооти махфӣ - иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки дастрас намудани он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст;

-иттилооти дастрасаш маҳдуд - иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки сирри давлатӣ ва махфӣ ба ҳисоб меравад;

-ҳифзи иттилоот - пешгирии дахолати худсарона ба захираҳои иттилоот, амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми гирифтан, нусхабардорӣ кардан, интишор додан, таҳриф намудан, нобуд сохтан ё банду баст кардани иттилоотро таъмин менамояд.

-криптография - мактуби рамзӣ, ки барои шахси воқиф фаҳмост, мактуби махфӣ.

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосии иттилоотонӣ

Принсипҳои асосии иттилоотонӣ чунин аст:

- дастраси умум будани иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурeҳи иттилооти ҳуҷҷатшудаи дастрасаш маҳдуд нисбат дода нашудааст;

- фаврӣ, пурра ва аниқ, будани иттилооти ҳуҷҷатшуда, ки ба истифодабаранда пешкаш карда мешавад;

- иштироки давлат дар ташаккули захираҳои иттилоот ва ба вазифаҳои иттилоотонӣ мутобиқ сохтани ин захираҳо;

- ба истифодабаранда бо забони давлатӣ ё бо забоне, ки дар шартномаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ зикр шудааст, пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595);

- ҳимояи ҳуқуқи моликият ба объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ.

 

Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

1.Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муҳайё кардани шароити зарурии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва дигар шартҳо мебошад, ки ба равнақу ривоҷи иттилоотонӣ мусоидат менамояд, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва давлатро ҳангоми амалӣ гардонидани он ҳимоя менамояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи иттилоотонӣ инҳоянд:

- муҳайё кардани шароит барои ҳамаҷониба қонеъ гардонидани талаботи ба иттилоотдоштаи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595);

-дастгирӣ намудани тараққиёти инфраструктураи миллии иттилоотӣ бо роҳи барпо намудан ва такмил додани системаву шабакаҳои иттилооти компютерӣ дар асоси амалӣ гардонидани сиёсати илмию техникӣ;

-дастгирии инкишофи шабакаю системаҳои иттилооти байналмилалӣ ва умумичаҳонӣ;

-ташаккулу тараққӣ додан, эҳтиёту саришта кардан, дастрас ва самарабахш истифода намудани захираҳои иттилооти миллӣ;

-муҳайё кардани шароит барои ташаккул ва равнақи бозори маҳсулот, захира,   технологияҳои  иттилоотӣ   ва  ҳамчунин хизматрасонии системаю шабакаҳои иттилоотӣ;

-таъмин намудани истиқлолият ва амнияти миллӣ дар мавриди таҳия, истифодабарии захираҳо ва системаю шабакаҳои иттилоотӣ;

-таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкилотҳо оиди дастрас кардани захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ дар соҳаи иттилоотонӣ;

-ташкили истеҳсоли воситаҳои техника ва технологияи иттилоотӣ бо назардошти   нерую имконияти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудаи илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ;

-сохтан ва такмил додани системаи маблағгузорӣ ба таҳия ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳо ва барномаҳои иттилоотонӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ, манбаъҳои ғайридавлатӣ ва сармояҳои хориҷӣ;

-ташкил кардани системаи ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва имтиёзҳои фаъолият бо мақсади офаридану овардан, пешниҳод ва истифода кардани воситаҳои пешқадами техникаю технологияҳои иттилоотӣ;

-ҷорӣ намудани системаҳои пешқадами якнавохтсозӣ, таснифотӣ ва стандартонии иттилоот, ки ба таъсис додани фазои (муҳити) ягонаи иттилоотии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба муттаҳидшави бо шабакаю системахои байналмилалии иттилоот кумак мекунанд;

-пойдор сохтан ва тараққӣ додани асосҳои ташкилӣ ва меъёрию ҳуқуқии ривоҷи иттилоотонӣ;

- дастгирӣ намудани таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таълиму тарбияи кадрҳо ва тадқиқоти илмӣ дар соҳаи иттилоотонӣ  (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 6. Объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ

1. Объектҳои ҳуқуқи моликият дар соҳаи иттилоотонӣ инҳо мебошанд:

- иттилооти ҳуҷҷатшуда;

- захираҳои иттилоот;

- технологияҳои иттилоотӣ;

- маҷмeи воситаҳои барномавию техникӣ;

- системаю шабакаҳои иттилоотӣ.

2. Молики ин ҳама объектҳо давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 7. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

1. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ давлат дар шахси мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми барпо кардан ва кор фармудани объектҳои иттилоотонӣ ба ҳайси чунин касон буда метавонанд:

-тартибдиҳандагон;

- моликон;

- соҳибон;

- истифодабарандагон;

-омодасозони иттилооти ҳуҷҷатшудаи системаю шабакаҳои иттилоотӣ.

3.Шаклҳои муносибати субъектҳои иттилоотонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартномаҳо танзим гардонида мешаванд.

 

Моддаи 8. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоотонӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоотонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи навъу шакл ва воситаҳои ҷудогонаи равандҳои иттилоотӣ иборат аст. Муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ бо шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин бо принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим гардонида мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

БОБИ II. ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 9. Таъиноти захираҳои иттилоот

1.3ахираҳои иттилоот барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъияту давлат ба иттилоот, таъсиси фазои ягонаи иттилоотии мамлакат ва барои ҳамроҳ, шудани он ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоот таъин гардидаанд.

2.3ахираҳои иттилоот объектҳои муносибати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, ба захираҳои умумидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, бо қонун ҳимоя карда мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 10. Асосҳои низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ

1.Низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоот бо меъёрҳои зерин муайян карда мешавад:

-тартиби ҳуҷҷат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ;

-тартиби баҳисобгирӣ, сабти захираҳои иттилоотӣ;

-ҳуқуқи моликият ва муаллифӣ ба захираҳои иттилоот, ҳуҷҷатҳои ҷудогона ва маҷмeи ҳуҷҷатҳо;

-тартиби муайян кардани гурeҳи захираҳои иттилоот аз рӯи дастрас намудан ва тартиби истифодабарии онҳо;

-тартиби ҳифзи захираҳои иттилоот аз истифодаи беиҷозат ва аз харобшавӣ (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Низоми ҳуқуқии истифодаи захираҳои иттилоот бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордоду созишномаҳои иштироккунандагони муносибатҳои соҳаи иттилоотонӣ муқаррар карда мешавад.

3.Ба риоя шудани тартиби ҳуқуқии таҳия ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ моликони захираҳои иттилоотии дахлдор назорат мекунанд.

 

Моддаи 11. Аз системаҳои иттилоотӣ додани иттилооти  ҳуҷҷатшуда

1. Иттилооти ҳуҷҷатшуда аз системаи иттилоотӣ бо тартибе, ки барои дастрас кардани захираҳои иттилоотӣ муайян шудааст ва мувофиқи талаботи шартномаҳои байни операторони системаҳои иттилоотӣ ва истифодабарандагони ин иттилоот баста шудааст, дода мешавад.

2.Талаботи иттилоотии истифодабарандагон аз тариқи зайл таъмин мегарданд:

-таъмини шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ ва ғайра барои озодона ҷустуҷӯ намудан ва гирифтани иттилоот;

-бо тартиби муайян паҳн намудани иттилооти расмӣ ба воситаи интишори он дар воситаҳои ахбори омма ва ҷобаҷогузории он дар китобхонаҳо, Интернет ва дигар шабакаҳои иттилоотии дастраси умум (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595);

-фурeши маҳсулоти иттилоотӣ аз тариқи хизматрасонии иттилоотӣ;

-таъмини шароит барои фаъолияти шабакаҳои иттилоотии дастраси умум;

3. Захираҳои иттилоотӣ дар асоси дархосте, ки шахси алоқаманд бо тартиби муқарраршуда ба операторони системаҳои иттилоотӣ ирсол кардааст, дастрас карда мешавад. Дархост фақат дар ҳолате рад шуда метавонад, ки иттилооти талабшуда дар системаи иттилоотӣ мавҷуд набошад ё дар мавриде, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ шуда бошад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ ба истифодабарандагон ба таври ҳуҷҷатшуда дода мешавад.

4. Иттилоот аз системаҳои иттилоотӣ дар ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла барои истифодаи афзалиятноки иттилоот аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии муқарраркардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои фавқулода дода мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 12. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳуқуқ доранд. Ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда танҳо бо қонун маҳдуд шуда метавонад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2. Таъмини ҳуқуқи гирифтани иттилооти ҳуҷҷатшуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот набояд ҳуқуқи шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигари ҳуқуқӣ ва воқеиро халалдор намояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 13. Шаклҳои иттилооти ҳуҷҷатшуда

Иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият шакли ҳуҷҷати алоҳида ё маҷмeи ҳуҷҷатҳоро (фонди ҳуҷҷатӣ, бойгонӣ, маҳзани маълумот ва дониш, дигар шаклҳои ташкили иттилоотро) дорад.

 

Моддаи 14. Ҳуҷҷат кардани иттилоот ва ташаккули захираҳои иттилоот

1. Ҳуҷҷат кардани иттилоот шарти ҳатмии ба захираҳои иттилоот ҳамроҳ намудани иттилоот мебошад.

2. Ҳуҷҷат баъди онро имзо кардани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ эътибори қонунӣ пайдо мекунад. Эътибори қонунии ҳуҷҷате, ки бо системаҳои автоматиконидашуда ва телеиртибот (телекоммуникатсия) нигоҳдорию омода ва ирсол карда мешавад, бо имзои рақамии электронӣ тасдиқ шуда метавонад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

3.Имзои электронӣ дар сурати дар системаю шабакаҳои иттилоотӣ мавҷуд будани воситаҳои барномавию техникие, ки имзоҳоро ба ҳам монанду мушобеҳ месозанд ва дорои сертификати мувофиқат ё шаҳодатномаи эътирофи сертификатеанд, ки дар системаи миллии сертификатонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, эътибори қонунӣ пайдо мекунад.

4.3ахираҳои иттилоот, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда мешаванд, бояд мутобиқи талаботи стандарти ҷаҳонӣ ва якнавохтсозӣ бошанд.

5.Захираҳои иттилоотӣ метавонанд дар асоси иттилооте, ки дар ҷараёни ҳамкории иттилоотӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартнома дар доираи фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ ҳангоми хизматрасонии иттилоотӣ мавриди таҳия, коркард ва андухт қарор мегиранд, ташаккул ёбанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 15. Иттилооти ҳуҷҷатшуда дар бораи шаҳрвандон

1. Манбаи иттилоот дар бораи шаҳрвандон ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки оиди фактҳо, воқеаву ҳолатҳои мансуби ин ё он шахси воқеӣ маълумот доранд.

2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияти худ иттилооти ҳуҷҷатшударо дар бораи шаҳрвандон андухта, омода месозанд, нигоҳдорӣ мекунанд ва барои иҷрои вазифаю eҳдадориҳояшон истифода мебаранд.

3. Феҳристи иттилооти ҳуҷҷатшудаи такмилёбанда дар бораи шаҳрвандон ва тартиби истифодаи он дар системаҳои иттилоотӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иттилооти ҳуҷҷатшударо дар бораи шаҳрвандон дар ихтиёри худ доранд ва аз он истифода мебаранд, барои риоя накардани тартиби истифодаи ин иттилоот ҷавобгар мебошанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 16. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот

1.3ахираҳои иттилоот ҳамчун ҷузъи таркибии амвол буда, моликияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилот ё худ моликияти хусусии шаҳрвандон мебошанд, ки аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, маҷмeи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотии молики дигаре, ки ба воситаи онҳо захираҳои иттилоот бо тартиби хизматрасонӣ мавриди коркард қарор мегиранд, дахл надорад.

3.3ахираҳои иттилоот, ба истиснои ҳолатҳое, ки сирри давлатӣ ё тиҷоратианд, мол буда метавонанд.

Молики захираҳои иттилооте, ки дорои маълумоти сирри давлатӣ мебошанд, ин моликиятро танҳо бо иҷозати мақомоти дахлдори давлатӣ ихтиёрдорӣ карда метавонад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 17. Захираҳои давлатии иттилоот

1.3ахираҳои иттилооте, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мудофиавии онро нишон медиҳанд, инчунин захираҳои дорои аҳамияти давлатианд, ба моликияти давлат мансубанд.

Захираҳои иттилоотеро, ки аҳамияти давлатӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2.Захираҳои давлатии иттилоот аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ ба вуҷуд оварда шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ, сохторҳои минтақавӣ ва соҳавиро таъмин менамоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

3. Захираҳои давлатии иттилоот ба феҳристи амволи давлатӣ дохил карда мешаванд ва бояд мавриди ҳисобот ва ҳимоя қарор гиранд.

4.3ахираҳои давлатии иттилоотро мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки барои ташаккул додан, нигоҳдорӣ, андухтан ва самаранок   истифода   бурдани   онҳо   масъуланд,   мутобиқи салоҳияташон идора мекунанд. Корҳои ташаккул додан ва ба истифодабарандагон пешниҳод   намудани захираҳои давлатии иттилоот ба уҳдаи мақомоти дахлдори давлатӣ мебошад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

5.Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд ба ташкилотҳое, ки барои ташаккули захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, иттилооти ҳуҷҷатшудае пешниҳод намоянд, ки мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муаяйн кардаанд. Субъектҳое, ки иттилооти ҳуҷҷатшударо барои ҳамроҳ кардан ба захираҳои давлатии иттилоот пешниҳод мекунанд, аз ҳуқуқи ба ин ҳуҷҷатҳо доштаашон ва аз ҳуқуқи истифодаи иттилооте, ки дар ин ҳуҷҷатҳо ҳаст, маҳрум намегарданд. Феҳристи иттилооти ҳуҷҷатшудаеро, ки бояд ҳатман пешниҳод карда шавад ва рeйхати мақомоту ташкилотҳоеро, ки барои андухтан ва коркарди захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 18. Захираҳои ғайридавлатии иттилоот

1.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ молики  он ҳуҷҷатҳо, маҷмeи ҳуҷҷатҳо, захираҳои иттилоотие мебошанд, ки аз ҳисоби маблағи онҳо тартиб дода шудаанд ё худ қонунан харидорӣ карда шудаанд. Захираҳои иттилоотие, ки худи молик тартиб медиҳад ва ё бо супориши e аз ҳисоби маблағаш тартиб дода мешаванд, захираҳои ғайридавлатӣ ба шумор мераванд.

2.3ахираҳои ғайридавлатии иттилоот дар фаъолияти истеҳсолии молик барои эҷоди маҳсулот ва хизматгузории иттилоотӣ истифода карда мешаванд.

3.Давлат ҳуқуқ дорад иттилооти ҳуҷҷатшударо аз шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ харида гирад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 19. Захираҳои иттилоот аз рӯи категорияҳои иҷозат

1.Захираҳои давлатии иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои иттилооти ҳуҷҷатшудае, ки ба категорияи иҷозаташ маҳдуд нисбат дода шудааст, ошкор ва дастраси умуманд. Захираҳои давлатии иттилоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дастрас карда мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Агар захираҳои иттилоот иттилооти дастрасаш маҳдуд набошанд, молик ва истифодабаранда ҳуқуқ доранд дар бораи хариду фурeши ин захираҳои иттилоот шартнома банданд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

3.Тартиби истифодабарии захираҳои иттилоотиро моликон ва ё шахсони ваколатдори онҳо муқаррар менамоянд ва онҳо набояд хилофи қонунгузории амалкунанда бошанд.

 

Моддаи 20. Ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарандагон барои дастрас кардани иттилоот ва захираҳои иттилоот

1. Истифодабарандагон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои дастрас кардани захираҳои давлатии иттилоот ҳуқуқи баробар доранд ва шарт нест, ки дар назди моликони ин захираҳо зарурати гирифтани иттилооти талабкардаашонро, ба истиснои иттилооти дастрасаш маҳдуд, асоснок намоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Моликон истифодабарандагонро бо иттилоот аз захираҳои иттилоот дар асоси низомнома ё шартномаҳои тасдиқ гардида ройгон ё бо нархи шартномавии хизматрасонии иттилоотӣ таъмин менамоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

3.Истифодабаранда барои бе иҷозат истифода бурдан, нусха бардоштан, интишор додани захираҳои иттилоот, барои риоя накардани ҳуқуқи моликият ба захираҳо мутобиқи шартнома (созишнома) ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар  мебошад.  Тартиби  ба  иттилоот  соҳиб  гаштани истифодабарандаро молики захираи иттилоот бо риояи талаботи ҳамин Қонун муайян мекунад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

4. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки барои ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии иттилоот масъуланд, барои ба истифодабаранда фавран ва пурра пешниҳод намудани иттилооти ҳуҷҷатшуда шароит муҳайё мекунанд. Барои надодани иттилооти дастраси умум аз захираҳои давлатии иттилоот ба суд шикоят кардан мумкин аст (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 21. Роҳ додани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилоот оиди онҳо

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595)

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ройгон дастрас кардани иттилооти ҳуҷҷатишуда оиди онҳо ва ба аниқ намудани ин иттилоот бо мақсади мукаммал ва бодалел будани он ҳуқуқ доранд ва инчунин ҳуқуқ доранд донанд, ки ин иттилоотро кӣ ва ба кадом мақсад истифода кардааст ё истифода карданист (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Мақомоти давлатӣ ва дигар соҳибони захираҳои иттилоотӣ оид ба шахсони алоҳида вазифадоранд ин иттилоотро бо талаби он шахсоне, ки ин иттилоот ба онҳо дахл дорад, бояд пешниҳод намоянд, ба шарте, ки маълумоти мазкур иттилооти дастрасаш маҳдуд набошад.

3.Шахсоне, ки ҳуқуқ, ва манфиаташон аз тарафи моликон ва ё истифодабарандагони иттилоот  вайрон шудааст, ҳуқуқ доранд бо тартиби судӣ барқарор кардани ҳуқуқҳояшон ва ҷуброни зиёнро талаб намоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 22. Вазифаҳо ва масъулияти молики захираҳои иттилоотӣ

1.Молики захираҳои иттилоотӣ вазифадор аст тартиби мукаммал кардан ва замонавӣ гардонидани захираҳои иттилоот, тартиби коркарди онҳо ва қоидаҳои ба истифодабаранда (баҳрабаранда) пешниҳод сохтани онҳоро риоя намояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Молики захираҳои иттилоот барои вайрон кардани тартиботи кор бо иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст.

 

БОБИ III. ИНФРАСТРУКТУРАИ ИТТИЛООТОНӢ ВА СИСТЕМАҲОИ ИТТИЛООТӢ

 

Моддаи 23. Ҷузъҳои таркибии инфраструктура

1.Инфраструктураи иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сохторҳои ташкилию техникӣ, объекту системаҳое ташкил медиҳанд, ки мақсади кору амали онҳо аз ин иборат аст:

-ҷамъоварӣ, коркард, расонидан, нигоҳдорӣ кардан ва интишор додани иттилоот бо воситаҳои технологияҳои нави иттилоотӣ;

-хизматрасонӣ ҳангоми қабул ва ирсол намудани иттилоот бо тамоми воситаҳои иртиботи электронӣ;

-тадқиқ, таҳия ва истеҳсол кардани система, технологияву воситаҳои нави иттилоотӣ;

-фиристодан, фурeхтан ва хизматрасонии системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо;

-таълим додан, кумаки машваратӣ, методӣ расонидан ва фаъолияти дигари ёрирасон,  ки бо  интишору  истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ алоқаманданд.

2.Инфраструктураи иттилоотониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои гуногуни ҳамаи шаклҳои моликият ташаккул медиҳанд.

3.Ягонагии инфраструктураи иттилоотонӣ ба идораву танзими давлатии равандҳои иттилоотонӣ ва ҳамчунин ба фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатие асос меёбад, ки ба риоя шудани стандарту тасдиқномаҳои ягонаи сифати маводу воситаҳои иттилоотии истеҳсол ва истифодашаванда назорат муқаррар менамоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

4.Ҳамаи намудҳои истеҳсоли системаю шабакаҳо, технологияву воситаҳои иттилоотии таъмини фаъолияти онҳо оиди пешниҳоди маводу хизматрасонии иттилоотро соҳаи махсусе ташкил медиҳад, ки пешрафти онро сиёсати давлатии илмию техникӣ ва иқтисодӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 24. Системами давлатии иттилоотӣ

1.Системаҳои давлатии иттилоотиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаҳои иттилоотӣ оиди ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот, системаҳои экспертӣ (санҷишӣ) ва ҷустуҷӯи иттилоот, шабакаҳои мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилоту муассисаҳое ташкил медиҳанд, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ бунёд шудаанд ва ё моликияти давлатӣ мебошанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Додан ва мубодилаи иттилоот байни системаҳо ва шабакаҳои давлатии иттилоотӣ аз рӯи шартномаву созишномаҳо дар доираи номгeи зарурӣ ва сохтор дар асоси ягонагии таъминоти системавию барномавӣ ва шабакавӣ амалӣ мегардад.

3.Тартиби мубодилаи иттилоот байни системаҳои давлатии иттилоот бо санадҳои меъёрие, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ дар ҳадди салоҳияти худ нашр мекунанд, бо шартномаю созишномаҳо муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 25. Системаҳои ғайридавлатии иттилоотӣ

1.Системаҳои  ғайридавлатии  иттилоотӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаҳои иттилоотӣ оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории иттилоот, аз системаҳои экспертӣ (санҷишӣ) ва ҷустуҷӯи иттилоот ва шабакаҳои шахсони ҳуқуқиву воқеӣ, ки бо маблағи онҳо сохта ё харидорӣ карда шудаанд, иборатанд.

2.Системаҳои ғайридавлатии иттилоот барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти махсуси моликони онҳо ё худ барои пешниҳоди маҳсулоту хизматрасонии иттилоотӣ ташкил карда мешаванд.

 

Моддаи 26. Ба вуҷуд овардани технологияи иттилоотӣ ва системаю шабакаҳои иттилоотӣ

1. Ҳуқуқи ба вуҷуд овардани технологияҳои иттилоотӣ, маҷмeи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотиро барои фаъолияти худ ва ба истеъмолкунандагон расонидани хизмати иттилоотиро мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доранд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2. Системаҳои иттилоотиро, ки дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумот доранд, мақомоти давлатӣ ё худ ташкилотҳои ваколатдори давлатӣ ва идоракунӣ барпо менамоянд. Агар мақоми ваколатдори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳад, чунин системаҳоро субъектҳои моликияти ғайридавлатӣ барпо карда метавонанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

3. Системаҳои байнидавлатии иттилоотӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ барпо карда мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

4. Мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд шабакаҳои минтақавӣ (ки ба субъекти муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи иттилоотонӣ тааллуқ доранд), байнисоҳавӣ ва байнидавлатии иттилоотро барпо намоянд ва (ё) бо системаҳои иттилоотии худ ба онҳо ҳамроҳ шаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

5.Тартиби ба чунин шабакаҳо ҳамроҳ шудан ва қоидаҳои мубодилаи иттилоотро дар ин шабакаҳо моликон ё худ шахсони ваколатдори онҳо дар асоси қонунгузории ҷорӣ, шартномаю созишномаҳои байналмиллалӣ муқаррар менамоянд.

6.Намудҳои муайяни технологияҳои иттилоотӣ ва маҷмeи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотӣ, ки дар соҳаи мудофиа ва хоҷагии умумӣ истифода мешаванд, метавонанд ба категорияҳое нисбат дода шаванд, ки аҳамияти давлатӣ доранд.

Онҳо моликияти давлатанд ва аз ин рӯ дар тасарруфи шахсони ҷудогонаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда наметавонанд. Номгӯй ва ҳамчунин тартиби офаридан ва истифода кардани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

7. Ҳуқуқи моликият ба технологияҳои иттилоотӣ, маҷмeи воситаҳои барномавию техникӣ, системаю шабакаҳои иттилоотӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешавад, ба шарте, ки онҳо дар мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда бошанд. Объектҳои иттилоотонии дорои аҳамияти давлатӣ бояд ҳатман ба қайд гирифта шаванд. Тартиби ба қайд гирифтани онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ IV. МУҲОФИЗАТИ ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТ ВА ҲУҚУҚИ СУБЪЕКТҲО ДАР СОҲАИ ИТТИЛООТОНӢ

 

Моддаи 27. Мақсади муҳофизат

1. Захираҳои иттилоотӣ ва ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи иттилоотонӣ бояд мавриди муҳофизат қарор гиранд.

2. Мақсади муҳофизат чунин аст:

-таъмин намудани низоми ҳуқуқии захираҳои иттилоотӣ ҳамчун объекти моликият, пешгирӣ кардани дахолати ғайриқонунӣ ба захираҳои иттилоотӣ ва системаҳои иттилоотӣ, амалҳои беиҷозати нусхабардорӣ, бандубаст, тағйир додан, таҳриф ва нобуд кардани иттилоот;

-пурра, саҳеҳу, аниқ ва яклухт нигоҳдоштани иттилооти ҳуҷҷатишуда, имконияти идора кардани раванди коркард ва истифода мутобиқи шароите, ки молики ин иттилоот ё шахси ваколатдори e муқаррар кардаанд;

-ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба нигоҳ доштани сирри шахсӣ ва махфӣ будани маълумоти шахсӣ дар системаҳои иттилоотӣ;

-фош накардани сирри давлатӣ ва маҳрамияти иттилооти ҳуҷҷатшуда, пешгирии ихроҷ, дуздӣ, сохтакорӣ ва таҳрифи иттилоот;

-таъмин намудани ҳуқуқи субъектҳо дар равандҳои иттилоотӣ ҳангоми ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоот, офаридан, истеҳсолу татбиқ намудани системаю технологияҳои иттилоотӣ.

 

Моддаи 28. Муҳофизати иттилоот

1.Ҳар иттилооти ҳуҷҷатшудае, ки дар натиҷаи муносибати ғайриқонунӣ нисбати он ба молик, соҳиб, истифодабарандагон ва дигар шахсон зарар оварда метавонад, мавриди муҳофизат қарор мегирад.

Низоми муҳофизати иттилоот дар мавридҳои зерин муқаррар карда мешавад:

-нисбати маълумоте, ки сирри давлатӣ ба ҳисоб мераванд аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”;

-нисбати иттилооти ҳуҷҷатшудаи ошкоро ё маҳрамона аз тарафи молики захираҳои иттилоот ё худ шахси ваколатдор дар асоси ҳамин Қонун.

2.Молики захираҳои иттилоот ва ё шахсони ваколатдор ҳуқуқ доранд ба иҷрои талабот оиди ба муҳофизати иттилоот назорат кунанд ва коркарди иттилоотро дар сурати иҷро накардани ин талабот манъ кунанд ё боздоранд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

3.Молик ё соҳиби иттилооти ҳуҷҷатшуда барои донистани иҷрои дурусти меъёрҳо ва талабот оиди муҳофизати иттилооти e дар системаҳои иттилоотӣ ҳуқуқ дорад ба мақомоти салоҳиятдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, муроҷиат намояд. Ин мақомот шартҳои маҳрамияти худи иттилоот ва натиҷаи санҷишро риоя мекунад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 29. Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

1. Амалу кирдорҳое, ки боиси вайроншавии ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои муносибатхои ҳуқуқии соҳаи иттилоотонаи, муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар раванди иттилоотӣ иштироккунанда пешгирӣ карда мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Моликони захираву системаҳои иттилоотӣ, офарандагони воситаҳои муҳофизати барномавию техникӣ ва криптографии иттилооти ҳуҷҷатшуда ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳофизат ҳамин Қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии мақомоти махсуси ваколатдори давлатиро оид ба муҳофизати иттилоот ба роҳбарӣ мегиранд.

 

Моддаи 30. Ҳимояи ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи иттилоотонӣ

1.Ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин шаҳрвандон барои тартиб додан ва офаридани системаю технологияҳои иттилоотӣ, воситаҳои таъмини онҳо, инчунин ба фаъолияти вобаста бо пешниҳод намудани маҳсулот ва хизматрасонии иттилооти ҳуқуқи баробар доранд.

2.Ҳуқуқи субъектҳо дар соҳаи ташаккули равандҳои иттилоотӣ ва иттилоотонӣ бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшуда ва ҷуброни зиён ҳимоя карда мешавад.

3.Ҳуқуқи  субъектҳоро   суд  бо   назардошти хусусияти ҳуқуқвайронкунӣ ва зиёни расонидашуда ҳимоя мекунад.

4.Барои ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми кор кардан бо иттилооти ҳуҷҷатшуда мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

5.Масъулияти вайрон кардани меъёру қоидаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоот, офаридан ва ба кор бурдани системаҳои иттилоотӣ, талаботи созишномаҳои байналмилалӣ оиди ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мутобиқи шартномаҳои бо ҳамкорони хориҷӣ имзокардаи онҳо, бо назардошти санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, гузошта мешавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 31. Ҳимояи ҳуқуқи истифодабаранда барои дастрас кардани иттилоот

1. Аз роҳ надодан барои дастрас кардани иттилооти ошкоро ё аз дидаву дониста пешкаш намудани иттилооти барғалат (нодуруст) ба суд шикоят кардан мумкин аст. Дар ҳар ҳолат шахсоне, ки онҳоро аз дастрас намудани иттилоот маҳрум гардонидаанд ва шахсоне, ки иттилооти бардурӯғ гирифтаанд, ба ҷуброни зиён ҳуқуқ доранд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2. Тарафҳо барои иҷро накардан ё худ номатлуб иҷро кардани eҳдадориҳои шартномаи хариду фурeш, пешкаш намудани захираҳои иттилоот тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд.

3.Суд баҳсҳоро оиди беасос нисбат додани иттилоот ба категорияи иттилооти дастрасаш маҳдуд ва даъвоҳоро оиди ҷуброни зиён дар ҳолатҳои беасос ба истифодабарандагон пешкаш накардани иттилоот ё ки барои ҳуқуқвайронкуниҳо нисбати истифодабарандагон ва eҳдадориҳои шартнома дида мебарояд.

4. Роҳбарону кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ,, ташкилотҳое, ки дастрас намудани иттилоотро ғайриқонунӣ маҳдуд сохтаанд ва тартиботи ҳифзи иттилоотро риоя накардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

БОБИ V. ИДОРА ВА ТАНЗИМИ СОҲАИ ИТТИЛООТОНӢ

 

Моддаи 32. Мақомоти идораю танзими давлатии соҳаи иттилоотонӣ

1. Давлат соҳаи иттилоотониро бо мақсади ба амал баровардани сиёсати худ дар соҳаи иттилоотонӣ идора ва танзим менамояд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2. Идораю танзими давлатии муносибатҳои соҳаи иттилоотониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколатҳои худ ва ҳамин Қонун ба воситаи системаи ягонаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.

З.Сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи иттилоотонӣ мақомоти ваколатдори муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул медиҳад ва равандҳои пешрафти ин соҳаро ҳамоҳанг месозад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 33. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595)

1.Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ тааллуқ доранд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595):

-тарҳрезӣ кардани сиёсати ягонаи давлатии инкишофи иттилоотонӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он;

-муқаррар намудани тартиби маблағҷудокунӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ барои пешрафти соҳаи иттилоотонӣ ва назорат оиди истифодабарии он;

-роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ тартибдиҳӣ ва амалӣ гардонидани барномаҳои умумидавлатӣ ва лоиҳаҳо дар соҳаи иттилоотонӣ;

-барпо кардан, тараққӣ додан ва боэътимод гардонидани кори системаю шабакаҳои телеиртиботи умумидавлатӣ;

-танзими тартибу шароити ҳамкории системаю шабакаҳои иттилоотӣ ва ҷузъҳои дигари инфраструктураи иттилоотонӣ, ҷорӣ кардани системаҳои пешқадами протоколҳои байнишабакавӣ;

-муайян кардани тартибу шароити бо иттилоот таъмин намудани мақомоти давлатӣ, аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода бурдани захираҳои умумидавлатии иттилоот (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595);

-ташкили санҷиши (экспертизаи) барномаҳо, лоиҳаю таклифҳо дар соҳаи иттилоотонӣ,  сертификатсияи  маҳсулот,  раванду технологияҳои иттилоотӣ;

-дастгирӣ намудани бозори маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ;

 -муқаррар кардани стандартҳо, таснифгарон ва системаҳои якнавохтсозии соҳаи иттилоотонӣ, назорат ба риояи онҳо;

-муайян кардани тартибу шароити гузаронидани тадқиқот, тарҳрезӣ ва истеҳсоли воситаю технология ва системаҳои иттилоотӣ;

-ҳимоя ва эҳтиёт кардани ҳуқуқу манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи иттилоотонӣ (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595);

-муқаррар намудани тартиби баҳисобгирии давлатии маҳсулоти барномавӣ ва асосҳои маълумот, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба вуҷуд оварда шудаанд ва ҳамчунин ба қайд гирифтани марказҳо, системаю шабакаҳои иттилоотие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз тобеияти идоравии онҳо амал мекунанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595);

-ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳанг сохтани алоқа дар соҳаи иттилоотонӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.

2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар идораву танзими давлатии соҳаи иттилоотонӣ дар доираи салоҳияту вазифаҳояшон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн кардааст, иштирок менамоянд.

 

Моддаи 34. Маблағгузорӣ барои иттилоотонӣ

1.Маблағгузорӣ барои иттилоотонӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин сармояҳои хориҷӣ амалӣ мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотониро муайян ва тартиби маблағгузориро муқаррар менамояд. Қарорҳоро оиди сармоягузории лоиҳаҳои инкишофи иттилоотонӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи барномаи тасдиқшудаи иттилоотонӣ қабул менамояд.

3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб кардани сармояи хориҷӣ ба соҳаи иттилоотонӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

 

Моддаи 35.    (Хориљ карда шуд бо Ќ ЉТ аз 26.12.05с №124)

 

Моддаи 36. Сертификатсияи системаю технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

1.Барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сифат, қобилияти рақобат ва ҳимояи бозори дохилӣ сертификатсияи системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо ба амал бароварда мешаванд.

2.Системаҳои иттилоотӣ, асос ва бонки маълумотеро, ки барои таъмини иттилоотии ташкилоту шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ” бояд сертификатсия кунад.

3.Системаҳои иттилоотии мақомоти давлатие, ки иттилооти ҳуҷҷатшудаи дастрасаш маҳдудро мавриди коркард қарор медиҳанд, инчунин воситаҳои муҳофизати ин системаҳо бояд бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия карда шавад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 37. Танзим ва ҳавасмандгардонии давлатии фаъолият дар соҳаи иттилоотонӣ

1.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои тадқиқотӣ, илмӣ, таҷрибавию ихтироот дар соҳаи тарҳрезӣ ва офаридани системаю воситаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ шароит муҳайё карда мешавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи сиёсати илмию техникӣ ва саноатӣ самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотонӣ, инчунин тартиби маблағгузориро ба онҳо муайян менамояд.

3. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи самтҳои афзалиятноки инкишофи иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезон ва офарандагони системаю технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳоро дастгирӣ мекунанд, ба ҳар чи бештар қобили рақобат шудани маҳсулоти иттилоотӣ ёрӣ мерасонанд, инкишофи тадқиқоти ояндадори илмиро ҳавасманд мегардонанд, ихтироотҳои куллан навро патент мекунанд ва барои аз худ намудани технологияҳои компютерии иттилоот кумак мекунанд. Дар ҳолатҳои муқарраркардаи Қонун содироту воридоти намудҳои муайяни технология, маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ, фурӯхтани онҳо дар бозори дохилӣ маҳдуд ва ҳамчунин истеҳсолкунандагон вазифадор карда шуда метавонанд, ки сатҳи зарурии стандарту сифатро таъмин кунанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 38. Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

1.Тамоми объектҳои инфраструктураи иттилоотонӣ, захираҳои иттилоотӣ, моддӣ, техникӣ, молиявии онҳо, мутахассисон ва дигар захираҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд аз тарафи давлат ба ҳисоб ва ба қайд гирифта шаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои баҳисобгирӣ ва таҳлили ҳолати инфраструктураи иттилоотии давлатро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 39. Таълимот дар соҳаи иттилоотонӣ

1.Бо мақсади баланд бардоштани маданияти иттилоотии аҳолӣ ва маҳорати касбии мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи тарбияи умум ва бардавом, таълим ва вусъат додани дониш оиди иттилоот ва техникаи компютерӣ муқаррар карда мешавад.

2.Дар барномаи мактабҳо, сарфи назар аз соҳаву шакли моликият, бояд таълимоти асосҳои   иттилоот ва техникаи компютерӣ пешбинӣ шуда бошанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

3.Дар барномаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, инчунин дар ташкилоту таълимгоҳҳои такмили ихтисос ва бозомeзӣ тибқи соҳаашон бояд таълими курсҳои махсуси иттилоотия ва техникаи компютерӣ пешбинӣ шуда бошанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

4. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба амал баровардани донишу имкониятҳои иттилоотонӣ, системаю технологияҳои иттилоот, инчунин истифодаи захираҳои иттилоотро дар байни аҳолӣ интишор менамоянд ва аҳолиро аз қонунгузории соҳаи иттилоотонӣ бохабар месозанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 40. Маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ (монополикунонӣ) дар соҳаи иттилоотонӣ

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти инҳисорӣ (монополикунонӣ) дар соҳаи иттилоотонӣ манъ аст (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

2.Парвандаҳои инҳисорикунонии соҳаи иттилоотонӣ дар мақомоти давлатии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси худ, пешниҳодоти мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳое, ки ҳуқуқҳояшон дар натиҷаи чунин инҳисорикунонӣ поймол гаштаанд, баррасӣ мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

3.Қоидаҳои рақобати софдилона ба ҳамаи шаклҳои фаъолияти соҳаи иттилоотонӣ дахл доранд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

БОБИ VI. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 41. Муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

1.Муносибатҳои соҳаи иттилоотонии байни давлатҳо дар асоси созишномаҳои дутарафа ва бисёртарафа, барномаҳои муштараки илмию техникӣ, шартномаю eҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ оиди барпо намудани системаҳои ягонаю муштарак, коллективию барномавӣ ва техникии ягонаи иттилоотии мувофиқ ва ҳамчунин аз рӯи масъалаҳои дигари иттилоотонӣ муқаррар карда мешаванд.

2.Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ дар асоси шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ амалӣ гардонида мешавад.

Моддаи 42. Тартиботи ҳуқуқии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоотонӣ

Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаҳо системаҳои иттилоотии худро ба шабакаҳои байналмилалии иттилоот ҳамроҳ кунанд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

Моддаи 43. Ҳамроҳшавӣ (интегратсия) ба шабакаю системаҳои байналмилалии иттилоотӣ

1.Системаҳои иттилоотиеро, ки иттилооти дастрасаш маҳдудро мавриди коркард қарор медиҳанд,   бо шабакаи байналмилалии иттилоотӣ танҳо баъди қабул намудани чораҳои зарурии муҳофизат якҷоя кардан мумкин аст.

2.Бе иҷозат ба шабакаҳои иттилооти ҳамроҳ кардани системаҳои иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин аз ин шабакаҳо гирифтани иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

3.Иттилоот ҳангоми мубодилаи байналмилалӣ мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешавад.

 

Моддаи 44. Шартномаҳои байналмилалӣ

Агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба ҳамин Қонун тартиби дигар муқаррар шуда бошад, он гоҳ меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

 

БОБИ VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 45. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1595).

 

 

 

          Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Э. РАҲМОНОВ

          ш. Душанбе

      6 августи соли 2001

                 №40

 

Pages