ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Январ 2020

-A A +A

ДАР БОРАИ МУДОФИА

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 11:42
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
208
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
04.11.1995
ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУДОФИА
       (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №23-24, мод. 366; с. 1998, №23-24, мод. 353; с. 1999, №12, мод. 310; с. 2000, №11, мод. 537; мод. 549; с. 2003, №4, мод. 144; с. 2004, №2, мод. 36; с. 2005, №3, мод. 119; №12, мод. 659; с. 2007, №5, мод. 357; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 804; с. 2013, №7, мод. 515)
(Конуни ҶТ аз 13.11.1998 № 731, аз 10.12.1999 № 871, аз 29.11.2000 № 23, аз 29.11.2000 № 29, аз 22.04.2003 № 14, аз 28.02.2004 № 4, аз 1.03.2005 № 80, 28.12.2005 № 147, аз 12.05.2007 № 248, аз 29.12.2010 № 642, аз 22.07.2013 № 987, аз 26.07.2014 № 1098, аз 08.06.2022 № 1875)
     Қонуни мазкур асосҳо ва ташкили мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатхои мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро дар соҳаи мудофиа муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147, аз 08.06.2022 №1875).
      БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
      Моддаи 1. Асосҳои мудофиа
Зери мафҳуми мудофиа системаи тадбирҳои сиёси, иқтисоди, иҷтимои, ҳарби, ҳуқуқи, экологи ва ғайра фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчаги ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳури, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳоли равона карда шудааст.
Мудофиа яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, кори тамоми халқ ба ҳисоб меравад.
Мудофиа бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҳолии ҷумҳури барои пешгирии таҳдиди таҷовуз, инчунин зада гардонидани таҷовузи имконпазир дар ҳама вақту ҳолат асос меёбад.
Мудофиа тибқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил ва татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 248, аз 08.06.2022 № 1875).
Барои мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд ва ӯҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ба мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳона Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунанд, ҷалб карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иштирок карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 248, аз 26.07.2014 № 1098).
Ба ғайр аз ин ба мудофиа Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои хоси аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунад, ҷалб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 731, аз 10.12.1999 № 871, аз 1.03.2005 № 80, аз 28.12.2005 № 147, аз 12.05.2007 № 248, аз 29.12.2010 № 642).
Қисми ҳаштум хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 14).
Мавҷудият ва ташкили дигар сохторҳои ғайриқонунии ҳарби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Қонун таъкиб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 14).
Моддаи 2. Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи сиёсати дохили ва берунаи давлат буда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23).
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба ҳисоб гирифтани доктрина (таълимот)-и ҳарби ва асосҳои мудофиа ташкил карда мешавад.
Моддаи 3. Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи усули басандагии мудофиа дар сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ амал карда, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ҷанг ё истифодаи қувваи ҳарбиро чун воситаи ҳалли масъалаҳои байналмилалли эътироф намекунад;
давлати дорои силохи ядроӣ нест ва кӯшиши истеҳсол кардану ба даст овардани силоҳи ядроӣ ё истифодаи онро Тз ҳудуди худ надорад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
ба ягон давлат даъвои арзи надорад ва дар симои ягон халқ душманро намебинад;
хеҷ гоҳ, аввалин шуда ба муқобили хеҷ мамлакате амалиёти ҷангиро сар намекунад, агар худи вай ҳадафи таҷовуз қарор нагирад;
муҳофизати сулҳ ва амнияти байналмилалиро чун кафолати пойдории аҳли башар эътироф менамояд.
Моддаи 4. Ташкили мудофиа
Ба ташкили мудофиа инҳо дохил мешаванд:
танзими ҳуқуқи дар соҳаи мудофиа;
таҳия кардани сиёсати ҳарби ва доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
пешгӯи ва баҳодиҳи ба таҳдиди ҳарби;
сохтмон, тайёри ва дар ҳолати омодаги нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба нақша гирифтани истифодаи онҳо;
таъмини ҳамкории ҳарбию сиёси бо дигар давлатҳо ва мутобиқ намудани қувваҳо барои пешгирии таҷовуз;
ҳифзи сарҳади давлати;
таҳия, истеҳсол ва такмили силоҳу техникаи ҳарби, ба вуҷуд овардани захираи онҳо (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 987);
омодагӣ ба сафарбарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
тараққиёти илми ҳарби, конверсия ва реконверсияи саноати мудофиави;
ба вуҷуд овардани захираи сарватҳои модди дар манбаъҳои давлати ва сафарбарӣ (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
ба нақша гирифтан ва амали гардонидани чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудуди;
таъмини махфи доштани сирри давлати (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 4);
мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати дар соҳаи мудофиа;
назорати иҷрои Қонунҳо дар соҳаи мудофиа ва сарфи воситаҳои буҷет барои мудофиа;
чорабиниҳои дигар дар соҳаи мудофиа.
Моддаи 5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1098)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1098, аз 08.06.2022 № 1875).
БОБИ II. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ВА ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ДАР СОҲАИ МУДОФИА
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147, аз 08.06.2022 № 1875)
Моддаи 6. Салоҳияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа
Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147):
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
- ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ризоият медиҳанд;
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи олии ҳарби сарфароз мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147);
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷори намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулода, дар бораи истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби дар сурати ба вуҷудои ё таҳдиди бавуҷудоии низоъҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳури, ки ба якпорчаги ва асосҳои сохтори конститутсионии давлат таҳдид мекунанд, дар хусуси сафарбарии умуми ва ҷузъи, дар бораи ҷавобшави аз онҳо, дар бораи ташкил ва барҳам додани ҳокимияти маҳаллии давраи ҷанг, қатъ кардани ҷанг ва бастани сулҳ, дар бораи таъин ва озод намудани вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
- масъалаҳое, ки бо сарҳади давлати вобастаанд, танзим намуда, тартиби онро муқаррар мекунанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147).
Салоҳияти Маҷлиси милли:
- қонунҳоеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа қабул мешаванд, ҷонибдори мекунад;
- барои таъин ва озод намудани сарпрокурори ҳарби ризоият медиҳад;
- бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад ва бозмехонад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
- масъалаи бекор кардани дахлнопазирии судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барраси менамояд.
Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:
- қонунҳоро дар соҳаи мудофиа қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147);
- аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
- ҳаҷми маблағҷудокуниро аз буҷет барои мудофиа тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
- шартномаҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳарби тасдиқ ва бекор мекунад;
- рутбаҳои ҳарбиро муқаррар мекунад;
- матни Савганди ҳарби, Оинномаҳои умумиҳарби, байрақҳои ҷанги ва парҷамҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23).
Моддаи 7. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таъмини қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро меандешад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1098, аз 08.06.2022 № 1875).
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
доктринаи ҳарбӣ, ҳайат, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбиро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
фаъолияти ташкилотҳои давлатиро дар соҳаи мудофиа бо ҳам мутобиқ мегардонад;
самтҳои асосии ҳамкориро бо давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилали дар соҳаи ҳарби муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23).
Шӯрои амниятро ташкил намуда, ба он роҳбари мекунад;
гуфтушунидҳо мегузаронад ва оиди масъалаҳои ҳарби шартномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;
барои гузаронидани озмоишҳои махсуси аслиҳаву техника рухсат медиҳад;
консепсия ва нақшаҳои сохтмони ҳарби, нақшаҳои сафарбарӣ, стратеги ва ғайраро, ки бо амалкунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
бо пешниҳоди вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои ҷобаҷогузории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарби, ҷобаҷокунии объектҳои ҳарбиро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
ҳолати ҷанг, сафарбарии умуми ва ҷузъи, ҳолати ҳарбиро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он эълон карда, бетаъхир ба тасдиқи ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147, аз 08.06.2022 № 1875);
ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалиёти ҳарбӣ, инчунин оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои мудофиаи ҳудудӣ фармон медиҳад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
оиди истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби дар сурати ба вуҷудои ё таҳдиди бавуҷудоии низоъҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳури, ки ба якпорчаги ва асосҳои сохтори конститутсионии давлат таҳдид мекунад, фармонҳо медиҳад, ки баъдан ин қарорҳо дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147, аз 08.06.2022 № 1875);
дар хусуси ташкил, аз нав ташкил кардан ва барҳам додани қисмҳои ҳарбӣ фармон медиҳад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
дар бораи муваққатан ё доими ба ихтиёри фаврии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани сохторҳои ҳарби фармон медиҳад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147, аз 12.05.2007 № 248);
санадҳои меъёрии замони ҷангро дар амал ҷорӣ мекунад ва амали онҳоро қатъ менамояд, онҳоро барои тасдиқ ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 248);
оиди даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарби фармонҳо мебарорад;
Низомномаро дар бораи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси ёд намудани Савганди ҳарби оиди масъулияти моддии хизматчиёни ҳарби барои зарари ба давлат расонида ва дигар масъалаҳое, ки дар қонунҳо мустақиман ишора шудаанд, тасдиқ мекунад номгӯи мансабҳоеро, ки ба онҳо ҳайати олии афсари таъин мешаванд муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 248);
нақшаи мудофиаи граждани ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда, фармонро барои тасдиқ ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147аз 26.07.2014 № 1098);
Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 248);
рутбаҳои олии ҳарбиро медиҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 642);
барномаҳо ва нақшаҳои давлатии тараққиёти аслиҳа ва техникаи ҳарбиро дар ҳаҷми маблағҳои ҷудокардашуда тасдиқ мекунад;
сиёсати ҳарбии давлатиро муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23);
Моддаи 8. Ваколатхои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти роҳбарии дастҷамъона ба шумор меравад.
Ваколатҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният" ва Низомнома оиди Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мекунанд.
Моддаи 9. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ:
барои ҳолати қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст;
ба фаъолияти мақомоти ба вай тобеъ оиди таъмини мудофиа, таҷҳизонидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби бо аслиҳа, техникаи ҳарби ва воситаҳои дигари модди роҳбари мекунад;
ҳаҷми манбаъҳои моддию техники, хӯроквори, амволу ашёи барои мудофиа, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳарбии дигар заруриро муайян мекунад;
таҳия ва иҷрои нақшаву супоришҳои сафарбарӣ, нақшаҳои захираи манбаъҳои сафарбарӣ ва давлатиро ташкил мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
ташкили инфрасохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбиро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
ба мудофиаи граждани, ҳудуди, омодагии сафарбарӣ, густариши сафарбарии иқтисодиёт ва ба шароити замони ҷанг мувофиқ гардонидани он роҳбари мекунад, доир ба масъалаҳои мазкур санадҳои меъёрии мувофиқ интишор мекунад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
дар соҳаи ҳарби аз номи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро оиди масъалаҳое, ки бевосита ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, мебандад ва бекор мекунад;
дар ҳудуди ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда иҷрои ӯҳдадориҳоеро ташкил мекунад, ки дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа дарҷ шудаанд;
оиди таъмини иҷтимоии хизматчиёни ҳарби шахсоне, ки аз хизмати ҳарби озод шудаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо кори ташкилотҳои тобеъро ташкил менамояд;
барои ҳайати граждании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарби, инчунин барои коргарону хизматчиёни корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои мудофиави вобаста аз шароити меҳнат имтиёзҳо муқаррар мекунад;
тартиби супурдан, ба ичора додан, фурӯхтан, барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарби, объектҳои мудофиави ва дигар амволи ҳарби пешниҳод ва истифодаи заминҳо ва дигар манбаъҳои табиии барои мудофиа зарурро муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147);
коркард ва истеҳсоли аслиҳаву техникаи ҳарби, конверсия, реконверсия ва тараққиёти саноати мудофиавиро ташкил мекунад;
содирот ва воридоти аслиҳаву техникаи ҳарби ашёи стратеги, технологияи пешқадам ва маҳсулоти таъминоти гуногундараҷаро назорат менамояд;
дар бораи ташкил, тағйири таъинот ва барҳам додани корхонаҳои давлатии мудофиа, ташкилотҳои тадқиқоти илми ва озмоишии конструктори, муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби, кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касби қарор қабул мекунад, инчунин аз рӯи ихтисосҳои ҳарби тартиби тайёр кардани кадрҳои афсариро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147);
Низомномаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарби, оид ба тартиби адои хизмати ҳарби, дар хусуси баҳисобгирии низомиён, даъватшудагон ва манбаъҳои техника, дар бораи гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарби, оиди кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касби ва дигар низомномаҳоеро, ки ҳаёту фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбиро танзим менамоянд, тасдиқ мекунад;
муовинони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 642, аз 08.06.2022 № 1875).
Моддаи 10. Ваколатҳои ҳокимияти суди
Ҳокимияти суди дар ҳудуди ваколатҳои худ дар таъмини мудофиа иштирок мекунад.
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875).
Моддаи 11. Ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
барои ҳолати омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст;
мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати соҳаи сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147);
дар омода сохтани пешниҳодҳо дар соҳаи сиёсати ҳарби ва доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23, аз 28.12.2005 № 147, аз 08.06.2022 № 1875);
таклифро оид ба лоиҳаи буҷети ҳарби омода месозад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, дар хусуси истифодаи маблағҳои барои мудофиа ҷудогардида ҳисобот медиҳад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
таъминоти молияви, техники ва ақибгоҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амали менамояд;
дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбиро ташкил мекунад ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарби, ҳайати граждании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони аз хизмати ҳарби рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳоро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
тарбияи ҳуқуқи, маънави ва ҳарбии ватандустии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил ва таъмин менамояд;
ба ташкилотҳои мададгори мудофиа ва клубҳои ҳарбии ватандӯсти барои амали намудани вазифаҳои оинномавии онҳо ба манфиати мудофиа ҳамкори менамояд;
дар асоси шартнома корҳои тадқиқоти илми ва озмоиши конструкториро дар соҳаи мудофиа, истеҳсол ва хариди аслиҳа ва техникаи ҳарби, озуқа, пӯшока ва амволи дигар, манбаъҳои модди ва ғайраҳо, инчунин корҳои пудрати ва хизматҳоро барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағи ба ин мақсадҳо ҷудошуда фармоиш медиҳад ва маблағгузори мекунад;
бо муассисаҳои ҳарбии дигар кишварҳо ҳамкори мекунад;
ба илми ҳарби роҳбари мекунад, тадқиқоти илмии ҳарби ташкил мекунад ва мегузаронад;
иҷрои қонунгузориро дар соҳаи мудофиа дар Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳифзи муҳити зист ҳангоми фаъолияти онҳо таъмин менамояд;
дар ҳудуди ваколати худ сиёсати кадриро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд;
муборизаро бар зидди терроризм аз ҷумла таъминкунии амнияти худии зидди терроризм аз ҷумла таъминкунии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23, аз 08.06.2022 № 1875);
дигар ваколатҳоро, ки дар асоси низомномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, иҷро мекунад.
Моддаи 12. Ваколатҳои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба тайёрии сафарбари дар системаи вазоратҳо ва идораҳо роҳбари менамоянд ва дар лоиҳаҳои тараққиёти иқтисоди ва иҷтимоии соҳа оиди истеҳсоли маҳсулот ва молҳои таъиноти ҳарби, сохтмони объектҳои мудофиави, тайёр намудан ва такмил додани дониши ҳарбии қувваҳои дар эҳтиёт буда, ҷудо намудани маблағҳои даркории моддию молияви барои эҳтиёҷи мудофиа ва иҷрои вазифаҳои сафарбари фармоишҳои дахлдор пешбини менамоянд;
ташкил, тараққи ва нигоҳдории иқтидорҳои сафарбари, ҷамъоварии захираҳои давлати ва сафарбариро анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудудиро ташкил намуда, мегузаронанд ва иҷрои онро аз тарафи сохторҳои идоракуни ва истеҳсолии тобеъашон назорат намуда, барои ин мақсадҳо маблағ ҷудо мекунанд;
иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мудофиа дар соҳа ва харҷи маблағҳоеро, ки ба сохторҳои тобеъ барои мудофиа ҷудо карда мешаванд, назорат мекунанд.
Дигар ваколатҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147, аз 08.06.2022 № 1875)
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои худ барои ҳолати мудофиа, аз ҷумла мудофиаи граждани ва ҳудуди масъуланд ва таъмини чорабиниҳои зеринро ба ӯҳда доранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147, аз 08.06.2022 № 1875):
иҷрои ҳатмии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту муассисаҳои тобеъ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1098);
таъмин кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби бо маҳсулоти истеҳсоли маҳалли, бо об, қувваи барқию гарми, воситаҳои алоқа, хизматрасонии коммуналию манзили ва ғайра;
иҷрои чорабиниҳои ҳифзи иҷтимои-ҳуқуқии хизматчиёни ҳарби, даъватшавандагон, шахсони ӯҳдадори ҳарби ва аъзои оилаи онҳо ба тавре, ки қонун муайян намудааст;
қайди ҳарби ва тайёрии шаҳрвандон ба хизмати ҳарби, даъвати онҳо ба хизмати ҳарби, ҷамъомадҳои ҳарби ва сафарбари;
иҷрои барномаи гузаронидани иқтисодиёт ба низоми кории ҳолати ҷанги, ҷиҳозонидани ҳудуди кишвар ба манфиати мудофиа (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
иҷрои нақшаю супоришҳои сафарбари;
ҳифозати қабристонҳои ҳарби ва дигар объектҳои ҳарбие, ки хотираи шахсони дар роҳи муҳофизати Ватан ҳалокшударо абади мегардонанд.
ҷудо намудани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти мудофиа ва назорат ба истифодаи онҳо;
кӯмак расонидан ба ҷойгирони ва манзилгирии қӯшун;
ҳамкори бо мақомоти идоракунии ҳарби ва идоракунии қӯшун дар маҳалҳо оиди масьалаҳои мудофиа.
БОБИ III. ВАЗИФАҲОИ КОРХОНАҲО, МУАССИСАҲО, ТАШКИЛОТҲО ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОР, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ МУДОФИА
Моддаи 14. Вазифаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаи мудофиа
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеияти идори ва шакли моликияташон мутобиқи санадҳои қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147):
фармоишҳои давлати ва ӯҳдадориҳои шартномавиро оиди ташкил, истеҳсол, таъин ва таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарби, дигар амвол ва захираҳои ҳарби, корҳои пудрати ва адои хизматҳо барои эҳтиёҷи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарби иҷро мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
тадқиқоти илми ва иктишофоти соҳаи мудофиаро анҷом медиҳанд;
тибқи барномаҳои сафарбари иқтидори захираҳои лозимаи сафарбариро ташкил медиҳанд ва дар ҳолати омодаги нигоҳ медоранд, вазифаҳои ҳарбии нақлиёти ва коммуникатсиони ва дигар супоришҳоро иҷро мекунанд (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875);
дар чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудуди иштирок менамоянд;
ба коркунони худ барои иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбиашон шароити мусоид фароҳам меоваранд;
барои эҳтиёҷи мудофиа, ки тибқи Қонуни мазкур муайян гардидааст, хароҷоти лозима мекунанд;
барои иҷрои нақшаи гузаронидани иқтисодиёт ба кори шароити давраи ҷанг чораҷӯи мекунанд;
шаҳрвандонеро, ки барои хизмати ҳарби даъват мешаванд ва ӯҳдадорони ҳарбиро ба қайди ҳарби гирифта, кормандонро дар давраи ҷанг брон мекунанд.
Шахсони мансабдор тибқи мансаби ишғолкардаашон бояд вазифаҳои худро оиди масъалаҳои мудофиа, агар чунин вазифаҳо мутобиқи қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда бошанд, донанд ва иҷро намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147).
Моддаи 15. Вазифаҳои иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ташкилотҳои мусоидати мудофиа
Иттиҳодияҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои мусоидати мудофиа дар фаъолияти худ бояд қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба фошгардии сирри давлати роҳ надиҳанд, дар мустаҳкам гардонидани қобилияти мудофиавии давлат ва тарбияи ҳарби-ватандӯстии шаҳрвандон кӯмак расонанд аз имкониятҳои худ истифода бурда, дар иҷрои сафарбарӣ ва вазифаҳои замони ҷанг иштирок намоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147, аз 08.06.2022 № 1875).
Ташкилотҳои мусоидати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон илова бар ин барои сифати тайер намудани мутахассисон аз рӯи талабномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарби масъуланд ва вазифадоранд, ки:
навъҳои варзиши техники, авиатсиони, ҳарби-амали ва эҷодиёти техникаи ҷавононро равнақ диҳанд;
дар асоси худмаблағгузори тайёр намудани шахсони дорои ихтисосҳои оммавии техникаро, ки аҳамияти ҳарби-амали доранд, ба роҳ монанд;
дар вақти ҷанг дар таълими умумии ҳарбии аҳоли ва бо истифодаи имкониятҳои худ ҳал намудани вазифаҳои сафарбари иштирок кунанд.
Фаъолияти ҳизбҳои сиёси ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти, ки ба хароб намудани Мудофиа ва тайёрии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар вазифаҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, манъ аст.
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиави вазифаи муқаддаси конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи он вазифаи фахри мебошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонун:
ӯҳдадории ҳарбиро иҷро мекунанд ё ихтиёри ба хизмати ҳарбии дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 29);
дар чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудуди иштирок мекунанд;
метавонанд корхонаву ташкилотҳои ҷамъияти, ки барои мустаҳкам намудани мудофиа равона гардидаанд, ташкил кунанд;
дар вақти ҷанг бо талаби мақомоти амалкунандаи ҳокимият биноҳо, иншоотҳо, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволеро, ки моликияти онҳост, бо роҳи минбаъд аз тарафи давлат ҷуброн кардани онҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа медиҳанд.
БОБИ IV. ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИГАР ВОҲИДҲОИ ҲАРБИ
Моддаи 17. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҳарбии давлати мебошад, ки барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии ҷумҳури аз таҷовуз таъин гаштааст.
Вазифа, тартиби пуррасози ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои қонунгузори муайян мегардад.
Моддаи 18. Воҳидҳои дигари ҳарби
Таъинот, вазифаҳо, тартиби пурра кардан ва идоракунии воҳидҳои ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 248, аз 29.12.2010 № 642аз 26.07.2014 № 1098).
Дар замони ҷанг воҳидҳои ҳарбии номбурда ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
БОБИ V. ҲОЛАТИ ҶАНГ. ВАЗЪИЯТИ ҲАРБИ. САФАРБАРӢ
(Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875)
Моддаи 19. Ҳолати ҷанг. Замони ҷанг
Ҳолати ҷанг дар сурати ба хатари воқеи дучор шудани амнияти давлат, ки дар шакли таҷовуз ё хатари таҷовузи зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, инчунин дар сурати зарурати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мегардан. Бо эълони ҳолати ҷанг ё оғози амалиёти ҳарби замони ҷанг фаро мерасад. Оғози замони ҷанг рӯз ва соати эълони ҳолати ҷанг ё таҷовуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
Анҷоми замони ҷанг рӯз ва соати эълоншудаи ба охир расидани амалиёти ҳарби ҳисоб меёбад.
Дар сурати таҷовуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳии ҳарби, мақомоти ҳокимияти давлати ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот эълони ҷангро интизор нашуда, вазифадоранд барои зада гардонидани таҷовуз тамоми чораҳоро андешанд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1098, аз 08.06.2022 № 1875).
Моддаи 20. Вазъияти ҳарби
Вазъияти ҳарби дар маҳалҳои ҷудогона ё дар тамоми ҳудуди ҷумҳури дар сурати эълони ҳолати ҷанг ё ҳангоми хатари воқеии амнияти давлат, ки дар хатари таҷовуз ё таҷовузи зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷори мегардад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875).
Бо ҷорй гардидани вазъияти ҳарби ваколатҳои фармондеҳии ҳарби васеъ мегардад, ба ӯ вазифаҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия дар соҳаи мудофиаи тибқи тартиби муайяннамудаи қонун мегузарад.
Дар давоми вазъияти ҳарби барои манфиати мудофиа фаъолияту ҳуқуқи корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо, инчунин ҳуқуқи конститутсиони ва озодии шаҳрвандон маҳдуд гардида, ваколатҳои мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ васеъ мегардад.
Вазъияти ҳарби баробари бартараф шудани хатари таҷовуз ё анҷоми ҳолати ҷанг бекор карда мешавад.
Низоми ҳолати ҳарби тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Моддаи 21. Сафарбари
Бо эълони ҳолати ҷанг ё вазъияти ҳарби сафарбарии умуми ё ҷузъи ба мақсади татбиқи чорабиниҳо барои гузаронидани мақомоти ҳокимияти давлати ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо аз низоми кори замони осоишта ба низоми кори замони ҷанг, инчунин гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкил, ҳайат ва идоракунии қӯшунҳо, ки барои замони ҷанг пешбини гардидааст, эълон карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147, аз 08.06.2022 № 1875).
Тартиби омода кардан ва гузаронидани сафарбари тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
БОБИ VI. МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ ВА ҲУДУДИ
Моддаи 22. Мудофиаи граждани
Мудофиаи граждани ба мақсади ҳифзи аҳоли, корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо аз харобшави ва дигар хатарҳо, ки дар натиҷаи амалиёти ҷанги, инчунин дар ҳолати офатҳои табии, садамаҳо, фалокатҳо, эпидемияҳо, муромурии ҳайвонот ва дигар ҳолатҳои фавқулода ба амал меоянд, ташкил мегардад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875).
Таъинот, вазифаҳо, ташкил ва идоракунии мудофиаи граждани тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Моддаи 23. Мудофиаи ҳудудӣ
Мудофиаи ҳудудӣ ба мақсади бастан, мудофиа ва муҳофизат кардани сарҳади давлати, объектҳои муҳим ва роҳҳои алоқа аз ҳуҷуми душман, мубориза бо десантҳои он ва гурӯҳҳои диверсиони-иктишофи нигоҳ доштани тартиботи ҳолати ҳарби ташкил мегардад.
Вазифаҳо ва ташкили мудофиаи ҳудуди, тартиби ҳамкории қувваҳо ва воситаҳои он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
БОБИ VII. ТАЪМИНОТИ ИҚТИСОДИИ МУДОФИА
Моддаи 24. Омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа
Омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа ба ӯҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Барои омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа дар замони осоишта инҳо пешаки ташкил ва истифода мешаванд:
иқтидори илми-техники ва қудрати истеҳсоли барои гузаронидани таҳқиқот, коркард ва ташкили истеҳсоли маводи таъиноти ҳарби ва мудофиави;
системаҳои ғункунии захираҳои модди, манбаъҳои молияви ва модди;
системаҳои нархгузори, андозҳо, қарзҳо, мӯҷизоти иқтисоди, меъёри ва иҷрои фармоишҳои давлати ва шартномаҳои хусусияти мудофиави дошта;
системаҳои чорабиниҳо дар бобати омодагии сафарбарии иқтисодиёт ва идоракунии он дар замони осоишта.
Моддаи 25. Таъмини кадрии мудофиа
Ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи мудофиа омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳои ҳарби дар муассисаҳои ҳарбии таълимии таҳсилоти касби ва дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касби, инчунин, тибқи созишномаҳои байнидавлати дар хориҷа сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147).
Барои иҷро намудани чорабиниҳо дар соҳаи мудофиа, аз ҷумла мудофиаи граждани ва ҳудуди дар назди вазоратҳо шуъбаҳои махсус ва намояндагии ҳарби ташкил мегарданд, ки ваколати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 26. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мудофиа
Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875
Маблағгузории эҳтиёҷоти мудофиа, сохтмон ва нигохдории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳисоб ва дар доираи маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд ва таъминоти моддию техникии онҳо ба тариқи афзалиятнок сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875).
Моддаи 27. Истифодаи амвол ба манфиати мудофиа
Объектҳои ҳарби, ҳамаи навъҳои силоҳ, техникаи ҳарби, лавозимоти ҷанги ва дигар амволи ҳарби-техники моликияти ҷумҳурияви ҳисоб меёбанд ва дар ихтиёри оперативии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарби мебошанд. Зимнан объектҳои ҳарбие, ки аз тарафи сохторҳои номбурда дар замони осоишта истифода намегарданд, бояд консерватсия карда шаванд ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати барои истифодаи муваққати (аз ҷумла ба иҷора) дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 147).
Дар ҳолате, ки истифодаи объектҳои мудофиави нолозим мегардад, ин объектҳо метавонанд тибқи шарту тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, фурӯхта шаванд.
Моддаи 28. Додани замину иншоот, объектҳо ва амволи дигар барои эҳтиёҷоти мудофиа
Ҷудо намудани қитъаҳои замин, манбаъҳои табиии дигар, додани биноҳо, иншоот, объектҳо ва дигар молу мулк барои эҳтиёҷоти мудофиа ва баргардондани онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1875).
БОБИ VIII. ӮҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИ-ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23)
Моддаи 29. Риояи меъёрҳои байналмилалли-ҳуқуқи
(Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амали кардани мудофиа вазифадор аст, ки меъёрҳои ҳуқуқи башар ва шартномаҳоеро, ки худ иштирокчии он аст, риоя намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амали кардани мудофиа бартарии санадҳои байналмилалли ҳуқуқиро дар соҳаи мудофиа ва амният нисбати қонунгузории милли дар ин соҳаҳо эътироф мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23).
Дар ҳолатҳои ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалли мувофиқат накардани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа санадҳои ҳуқуқии байналмилалли ба кор бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23).
Моддаи 30. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дар соҳаи мудофиа
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҳуқуқи мудофиаи инфироди ва коллективи такя намуда, бо дигар кишварҳо дар соҳаи сохтмони ҳарби ба мақсади таъмини мудофиаи якҷоя аз таҷовуз, нигоҳдории амният ва сулҳи байналмилалли ҳамкори менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 23).
БОБИ IХ. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН НАМУДАНИ ҚОНУНГУЗОРИ ОИДИ МУДОФИА
Моддаи 31. Масъулият барои вайрон намудани қонунгузори оиди мудофиа
Агар шахсони мансабдор ва шаҳрвандон қонуни мудофиаро иҷро накунанд ва ё ба таври бояду шояд иҷро накунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 
 4 ноябри соли 1995 № 208
 

ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 11:48
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
115
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
04.11.1995

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли  1995, №21, мод. 253)

 

Қонуни мазкур принсипҳои асосии хусусигардонии фонди давлатии манзилро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии дигарсозии муносибатҳои моликиятро ба манзил муайян мекунад. Мақсади ин дигарсозиҳо, муҳайё кардани шароити ба амал баровардани ҳуқуқи озодона қонеъ гардонидани талаботи ба манзилдоштаи шаҳрвандон, инчунин беҳтар истифода ва саришта намудани фонди манзил мебошад.

 

ФАСЛИ  I.  ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Фонди давлатии манзил бо роҳи бепул ба шаҳрвандон до­дан ё фурeхтани манзили истиқоматии онҳо ихтиёран хусусӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 2. Шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои фонди давлатӣ аз рeи шартномаи киро ё иҷора зиндагонӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд бо розигии тамоми аъзоёни болиғи сокини оила ин хонаро бо шартҳои пешбиникардаи ҳамин қонун ва санадҳои дигари меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон харида гирифта, соҳиби он шаванд.

 

Моддаи 3. Шаҳрвандоне, ки соҳиби манзили хусусӣ шудаанд, мувофиқи қонунгузории ҷорӣ онро ихтиёрдорӣ, истифода ва идора мекунад ва ҳуқуқ доранд ин манзилро фурeшанд, тeҳфа кунанд, мерос монанд, ба иҷора диҳанд, муомилоти дигареро ба анҷом расонанд, ки он хилофи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.

Татбиқи ҳуқуқи моликият ба манзил набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дигарро, ки бо қонун ҳимоя мешаванд, вайрон кунад.

Истифодаи манзили хусусигардонидашудаи фонди манзил ба дигар мақсадҳо манъ аст.

Соҳибони манзили хусусигардонидашудаи хонаҳои фонди давлатӣ соҳибони якҷояи таҷҳизоти инженерӣ ва ҷойҳои истифодаи умумӣ мебошанд.

Қитъаи замине, ки дар он хонаи истиқоматӣ ва иморатҳои зарурати хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҷой гирифтаанд, баъди хусусигардонӣ бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба тариқи мерос якумра ба ихтиёри шаҳрванд мегузарад. Дар ҳолатҳои дигари хусусигардонии манзил қитъаи замин мутобиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ карда мешавад.

 

Моддаи 4. Манзиле, ки дар ҳолати садамавӣ мебошад, ба талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зидисeхтор дар хобгоҳҳо, хонаҳои коммуналӣ, хонаҳо – ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, дар хонаҳои шаҳракҳои пeшидаи ҳарбӣ, инчунин манзилҳои хизматӣ хусусӣ гардонда намешавад.

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳуқуқ доранд бо дарназардошти пешниҳоди коллективҳо оиди хусусигардонии манзили коммуналӣ фонди манзили совхозу дигар корхонаҳои хоҷагии қишлоқ ва ба онҳо баробар қарор қабул намоянд.

 

Моддаи 5. Манзилро ба моликияти шаҳрвандон мақоми дахлдори ҳокимияти маҳаллии иҷроия (ҳукумат), вале фонди манзилии моликияти ҷумҳуриро бо розигии мақоми идораи амволи давлатӣ медиҳад, мефурeшад ва ба расмият медароварад.

 

Моддаи 6. Шаҳрванд аз рeзи қарор қабул кардани Раиси ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба манзили харидааш ҳуқуқдор мешавад.

 

Моддаи 7. Қарори хусусигардонии манзил дар асоси аризаи шаҳр­вандон дар давоми як моҳ аз рeзи пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо бояд қабул карда шавад.

Дар мавриди риоя нашудани ҳуқуқи шаҳрванд ҳангоми ҳалли масъалаҳои хусусигардонии манзил e ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.

 

Моддаи 8. Барои маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамонони Иттифоқи Шeравӣ ва шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида ба онҳо  баробар карда шудаанд, барои маъюбони меҳнат, ҳамчунин маъюбони модарзод, собиқадорони ҷанг, оилаи шахсоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ҳалок гардидаанд, оилаҳое, ки даромадашон аз ҳадди ақали расман муқарраршудаи зиндагӣ пасттар аст, барои ашхоси ниёзманди беҳтар кардани шароити зист ва барои шахсони мубталои баъзе касалиҳои вазнин, ки бо тартиби муқарраргардида муайян карда мешаванд, тартиби аз хонаҳои фонди давлатӣ дар асоси шартномаи иҷора ҷудо кардани манзил боқӣ мемонад.

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифтани манзил бо тартибе, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудааст, ба табақаҳои дигари шаҳрвандон низ дода мешавад.

 

Моддаи 9. Барои шаҳрвандоне, ки ба беҳтар кардани шароити манзил эҳтиёҷманданд, тартиби ҷории ба қайд гирифтан ва додани хонаи истиқоматӣ боқӣ мемонад.

 

ФАСЛИ I I. ПРИНСИПҲОИ АСОСӢ ВА ШАРТҲОИ  ХУСУСИГАРДОНИИ МАНЗИЛ

 

Моддаи 10. Ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад манзили дар бинои фонди давлатӣ воқеъгардидаи худро як бор хусусӣ гардонида, соҳиби он шавад.

 

Моддаи 11. Андозаи манзиле, ки бепул ба моликияти шаҳрвандон дода мешавад, барои як кас то 18 метри мураббаъ ва барои оила иловатан 9 метри мураббаъи масоҳати умумӣ мебошад.

Агар дар вақти хусусигардонӣ масоҳати хона (ҳавлӣ) аз масоҳати хонаи бепулгирандаи шаҳрванд зиёд бошад, e фарқи арзиши умумии онро медиҳад.

Масоҳати манзиле, ки ба моликияти шаҳрвандон дода мешавад, барои оилаи категорияи шаҳрвандони дар моддаи 8-уми ҳамин Қонун зикргардида то 20 метри мураббаъи масоҳати умумӣ зиёдтар шуда метавонад.

 

Моддаи 12. Нархи масоҳати манзиле, ки ба моликияти шаҳрвандон бепул дода мешавад аз рeи арзиши як метри мураббаъи масоҳати умумии манзиле, ки дар замони хусусигардонии хонаҳои миёнасифати ин ё он маҳал роиҷ аст, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 13. Арзиши умумии хона (ҳавлӣ)-еро, ки моликияти шаҳр­вандон мешавад, комиссияҳои мустақил бо дарназардошти масоҳат ва сифатҳои истифодабарии он ва низ бо иштироки шаҳрвандоне, ки хона мехаранд, муайян мекунанд. Ин комиссияҳо дар назди мақомоти ҳокимияти (ҳукумати) маҳаллӣ ташкил шуда, ба ҳайати онҳо вакилони халқ, намояндагони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, коллективҳои меҳнатӣ, мақомоти молия ва бонкҳо ҳатман дохил карда мешаванд.

Тартиби муайян кардани арзиши хонаи харидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 14. Манзили воқеи биное, ки дар он шаҳрвандон истиқомат мекунанд ва он мувофиқи меъёрҳои истифода ва таъмири фонди ман­зил бояд таъмири асосӣ шавад, одатан, баъди онро таъмир кардани иҷорадеҳ хусусӣ гардонида мешавад. Агар шаҳрвандон ба таъмир накардани он розӣ бошанд, иҷорадеҳ ҷубронпулии дахлдор мепардозад.

 

Моддаи 15. Шаҳрвандон манзили худро ба насия харида, қарзашонро дар муддати 20 сол пардохта метавонанд.

 

Моддаи 16. Истифодаи маблағи хусусигардонии фонди давлатии манзил аз рeи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ѓайридавлатї ва хусусигардонии моликият  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  муайян карда ме­шавад.

 

Моддаи 17. Фонди манзиле, ки дар ихтиёри корхонаю ташкилот мебошад ё муассисаҳо онро барои идораи оперативӣ додаанд, дар мавриди хусусигардонии ин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бояд ҳамроҳи онҳо бо шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун хусусӣ гардонида, ё ба мақоми дахлдори маҳаллии иҷроия (ҳукумат) дода шавад.

 

ФАСЛИ III.

НИГОҲУБИН ВА ТАЪМИРИ ФОНДИ МАНЗИЛИ ХУСУСИГАРДОНИДАШУДА

 

Моддаи 18. Манзили хусусигардонидашуда аз ҳисоби соҳибонаш бо риояи ҳатмии қоидаю меъёрҳои ягонаи истифода ва таъмири фонди манзил мувофиқи шартномаҳое, ки барои хонаҳои фонди давлатӣ муқаррар гардидаанд, нигоҳубин ва таъмир карда мешавад. Соҳибони ман­зил барои ин мақсад метавонанд рафоқатҳо ё иттиҳодияҳои дигар созмон диҳанд.

Моддаи 19. Нигоҳубини техникӣ ва таъмири манзили хусусигардонидашуда аз рeи шартнома бо соҳибонашон (ширкатҳо) ё иттиҳодияҳои дигар мисли собиқа ба зиммаи ташкилотҳои давлатии истифодаи ман­зил ва таъмиру сохтмон мебошад.

Хароҷоти нигоҳубини манзили хусусигардонидашударо соҳибони он аз рeи меъёр ва шартҳое, ки барои нигоҳубини фонди давлатии манзил муқаррар гардидаанд, медиҳанд.

 

Моддаи 20. Соҳибони манзил дар хонаи пурра хусусигардонидашуда ҳуқуқ доранд барои нигоҳубини ин хона ташкилот, аз ҷумла ташкилотҳои давлатии истифодаи манзил ва таъмиру бинокорӣ, кооперативҳо, ширкатҳои хусусӣ ва субъектҳои дигари хоҷагидориро мустақилона таъин кунанд.   

 

Моддаи 21. Манзили моликияти шаҳрвандонро дар хонаҳои қисман хусусигардонидашуда ташкилотҳои истифодаи манзил ва таъмиру сохтмон, ки нигоҳубинашон то оғози хусусигардонӣ ба зиммаи онҳо буд, нигоҳубин ва таъмир мекунанд. 

Соҳибони манзили воқеи хонаҳои қисман хусусигардонидашуда ба хароҷоти умумии нигоҳубин ва таъмири (аз ҷумла таъмири асосии) тамоми бино ва ободонии ҳудуде шариканд, ки ба масоҳати манзили дар ин бино доштаашон баробар аст.

 

Моддаи 22. Ба ҳолати техникӣ ва таъмири сари вақти хонаи хусусигардонидашуда мақомати ҳокимияти маҳаллии иҷроия (ҳукуматҳо) назорат мекунанд.

 

Моддаи 23. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи манзили хусусигардонидашуда, таҷҳизоти инженерӣ, коммуникатсияҳо ва ҳудуди назди ҳавлӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад.

 

 

      Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Э. РАҲМОНОВ

ш. Душаибе  4 ноябри соли 1995                              

№114                                                              

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди тартиби мавриди амал ҷорӣ кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995, №21, мод. 254)

 

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рeзи нашр гардиданаш дар амал ҷорӣ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо аҳолии ҷумҳуриро оиди тартиб ва шартҳои ба сифати моликияти шахсӣ харида гирифтани биноҳои истиқоматӣ аз рeи муроҷиаташон бо маълумоти оммафаҳму оперативӣ таъмин намоянд, дар роҳи бе мамониат ба сифати моликияти шахсӣ ба ихтиёри шаҳрвандон вогузоштан ва ба онҳо фурeхтани биноҳои истиқоматӣ тадбирҳои зарурии ташкилӣ андешанд.

3. Ба иттиҳодияҳои (ташкилотҳои) ҷамъиятӣ тавсия дода шавад, ки манзили дар ихтиёри худ доштаашонро бо шартҳое, ки барои фонди манзили давлатӣ пешбинӣ гардидааст, ба сифати моликияти шахсӣ ба ихтиёри шаҳрвандон вогузоранд ва фурeшанд.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

оиди ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод кунад;

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонад;

низомномаи хусусигардонии фонди манзилро ба назардошти муқаррар сохтани тартиби муайян кардани арзиши биноҳои истиқоматии харидаи шаҳрвандон, шаклу тарзи ҷуброн, ки қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, тартиб дода, тасдиқ кунад.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                          С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе  4 ноябри соли 1995

№115

ДАР БОРАИ СТАТУСИ МЕДАЛИ ҶАШНИИ "50-СОЛАГИИ ҶАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 11:55
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
57
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
07.04.1995

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи статуси медали ҷашнии "50-солагии Ҷалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

 

Ин қонун гурӯҳи шахсонеро, ки бо медали ҷашнии "50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945" мукофотонида мешаванд, муайян карда, тартиби супурдан ва овехта гаштани онро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 1. Статуси медали ҷашни

Медали ҷашнии "50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" мукофоти давлати буда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешавад.

 

Моддаи 2. Шахсоне, ки бо медали ҷашни мукофотонида мешаванд

Шахсони зерини сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии "50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" мукофотонида мешаванд:

хизматчиёни ҳарби ва шахсони ҳайати кироя, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар амалиётҳои ҷангии фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватани иштирок кардаанд;

партизанҳо ва иштирокчиёни пинҳонкории Ҷанги Бузурги Ватани;

хизматчиёни ҳарби ва шахсони ҳайати киро Дар бораи статуси медали ҷашнии "50-солагии Ҷалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945", ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хизмат кардаанд;

шахсоне, ки бо медалҳои "Барои ҷалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945", "Барои ҷалаба бар Япония" мукофотонида шудаанд, ҳамчунин шахсоне, ки шаҳодатномаи медалҳои "Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" ё "Барои меҳнати фидокорона дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945" ё шаҳодатномаи иштирокчии ҷанг доранд;

меҳнаткашони ақибгоҳ, ки барои меҳнати диловаронаашон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватани бо орденҳои ИҶШС ё бо медалҳои "Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945", "Барои шуҷоати меҳнати", "Барои меҳнати шоён", "Барои мудофиаи Ленинград"; "Барои мудофиаи Москва", "Барои мудофиаи Одесса", "Барои мудофиаи Севастополь", "Барои мудофиаи Сталинград", "Барои мудофиаи Кавказ", "Барои мудофиаи Киев", "Барои мудофиаи Заполярияи Шӯрави" мукофотонида шудаанд;

шахсоне, ки нишони "Ба сокини Ленингради муҳосирашуда" доранд;

собиқ маҳбусони ноболиҷи лагерҳои консентратсиони, гетто ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбури, ки фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон барпо карда буданд;

шаҳрвандоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945 камаш шаш моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти кор дар ноҳияҳои муваққатан ишҷолкардаи душман.

 

Моддаи 3. Супоридани медали ҷашнии "50-солагии Ҷалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945"

Медали ҷашнии "50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945"-ро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо месупоранд:

комиссариатҳои ҳарбии ҷои истиқомат - ба шахсоне, ки аз ҳисоби Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшун ва мақомоти корҳои дохилии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшун ва мақомоти эмнияти давлатии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд;

командирон, сардорони қисмҳои дахлдори ҳарби, муассисаю идораҳоба хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати кирояи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшун ва мақомоти (аз ҷумла шахсони ҳайати қатори ва роҳбарии мақомоти корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия - ба меҳнаткашони ақибгоҳ, собиқ партизанҳо, иштирокчиёни пинҳонкори, собиқ маҳбусони ноболиҷи лагерҳои консентратсиони, гетто ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбури, ки фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон барпо карда буданд, инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945 камаш шаш моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти кор дар ноҳияҳои муваққатан ишҷолкардаи душман.

 

Моддаи 4. Тартиби овехта гаштани медали ҷашни

Медали ҷашнии "50-солагии Ҷалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" дар тарафи чапи сари сина овехта, баъди медали ҷашнии "Чилсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945" ҷой дода мешавад.

 

Моддаи 5. Ҳуҷҷати мукофотонидан бо медали ҷашни

Ҳуҷҷати мукофотонидан бо медали ҷашнии "50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" ба забони давлати тартиб дода мешавад.

Намунаи ин ҳуҷҷатро дар бораи мукофотонидан Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 6. Дубликати медал ва ҳуҷҷати мукофотонидан

Шахсоне, ки бо медали ҷашнии "50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" мукофотонида шудаанд, бояд онро эҳтиёт намоянд.

Дар сурати гум шудани медал шахсони мукофотонидашуда ҳуқуқи ба ин медал доштаашонро аз даст намедиҳанд.

Ба ивази медали гумшуда дубликаташ дода намешавад, ба истиснои ҳодисаҳои гум шудани он дар вазъияти ҷанг, дар натиҷаи офати табии ё дар ҳолатҳои дигар, ки шахс гум шудани медалашро пешбини карда наметавонист.

Дубликати ҳуҷҷати мукофотониданро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоме, ки бо ваколати ӯ мукофотонидааст, дода метавонад.

Дар сурати вафот кардани шахсе, ки бо медали ҷашнии "50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" мукофотонида шудааст, медал дар оилаи ӯ чун ёдгори мемонад.

 

Моддаи 7. Маҳрум кардан аз медали ҷашни

Дар сурати маҳкум гардидани шахси мукофотонидашуда барои содир намудани ҷиноят бо пешниҳоди суд мутобиқи асос ва тартиби муқарраркардаи Қонун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро аз медали ҷашнии "50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" маҳрум мекунад.

 

Моддаи 8. Ҷавобгари барои амали ҷайриқонуни нисбати медали ҷашни

Шахсоне, ки нисбати медали ҷашнии "50-солагии Ҷалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945" амали ғайриқонуни содир намудаанд, тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                         Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

 7 апрели соли 1995 № 57

ДАР БОРАИ ҶОВИДОН СОХТАНИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ГАРДИДААНД

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 12:56
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
61
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
07.04.1995

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне,

ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд

 

 (Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 7 - 8, мод. 69; с. 2011, № 3, мод.179;

Қонуни ҶТ аз 27.11. 2014 с., № 1142)

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, муайян мекунад ва ваколатҳои мақомоти давлатиро, ки ин вазифаҳоро ба ҷо меоваранд, муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1142)

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи

                      шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гар­дидаанд

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон  онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

 

Моддаи 2. Сиёсати давлатӣ дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми

                       муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд

 

Сиёсати давлатӣ дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, системаи тадбирхои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маданию маърифатӣ, ахлоқӣ, ташкилӣ ва тадбирҳои дигарест, ки ҷиҳатҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

тартиб додани Барномаи давлатии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;

дар ҷамъият пойдор шудани эҳтироми хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;

ба қайдгирифтани мазорҳои ҳарбиён, комплексҳои ёдбуд, ҷойҳои таърихии корнамоии шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ободу маъмур сохтани онҳо;

тадбирҳои дигари ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд.

 

Моддаи 3. Ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок

                     шудаанд

 

Хотираи шаҳрвандони зайл бояд ҷовидон карда шавад:

шаҳрвандоне, ки дар рафти муҳориба, ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ё худ вазифаҳои дигари хизматӣ баҳри муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;

шаҳрвандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) дар қаламрави давлатҳои дигар ҳалок шудаанд;

шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ё худ дар қаламрави давлатҳои дигар дар рафти иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) аз ҷароҳат, контузия, маъюбӣ ё беморӣ, сарфи назар аз вақти фаро расидани оқибаташон, вафот кардаанд, ҳамчунин дар рафти муҳориба, иҷрои вази­фаҳои дигари ҷангӣ бедарак шудаанд;

шаҳрвандоне, ки бинобар вазъи муҳориба дучори асорат гашта, ҳалок шудаанд (вафот кардаанд), вале шаъну шарафи худро нигоҳ дошта, ба Ватан хиёнат накардаанд.

 

Моддаи 4. Ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми муҳофизати

                     Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон хотираи шаҳрвандони хориҷиеро, ки ҳангоми муҳофизати манфиату амниятӣ Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ҳалок шудаанд, пос медорад.

 

Моддаи 5. Ҷовидон гардонндвни хотираи қисмҳо, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва муҳорибагоҳҳо

 

Агар қисмҳо, ҷузъу томҳо ҳангоми муҳофизати Ватан корнамои карда бошанд, ҳамчунин муҳорибагоҳҳои, ки дар таърих чун рамзи қаҳрамонӣ, матонату мардонагии халқ машҳур гардида бошанд, лоиқи онанд, ки хотираи онҳо ҷовидон гардонда шавад.

 

Моддаи 6. Ӯҳдадории шаҳрвандон баҳри ҷовидон сохтани хотираи онҳое, ки ҳангоми

                     муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд

 

Эҳтиром доштани хотираи онҳое, ки ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок гаштаанд, вазифаи муқаддас ва муҳофизати муҳорибагоҳҳое, ки хо­тираи онҳоро ҷовидон гардонидаанд, қарзи ҳар шаҳрванд аст.

 

Моддаи 7. Шаклҳои ҷовидон гардонидаки хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати

                    Ватан ҳалок шудаанд.

 

Шаклҳои асосии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, инхоанд:

ҳифз ва ободу маъмур кардани мазори ҳарбиён, рост кардани сангу муҷассамаи мазор, сутуни ёдбуд, иншооту объектҳои дигари ёдбуд;

ҳифз ва ободу маъмур кардани масоҳати ҷудогона, ки таърихан бо корнамоии онҳое алоқаманданд, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;

навиштани насаби онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гаштаанд ва маълумоти дигари оиди онҳо дар китобҳои Ёдбуд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1142)

таъсиси осорхонахои ёдбуд, ташкили намоишгоҳҳо, рост кардани нишонҳои ёдбуд дар муҳорибагоҳҳо;

дар воситаҳои ахбори умум чоп кардани мақолаҳо аз корнамоии онҳое, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, эҷод кардани асарҳои санъат ва адабиёт бахшида ба корнамоии онҳо;

гузоштани ному насаби касони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, иншоотҳои физикию географӣ, ба корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, аз ҷумла ба муассисаҳои маърифатӣ ва қисмҳои ҳарбӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

шаҳрванди фахрии ҷумҳурӣ ё худ воҳиди маъмурию марзии он эътироф кардани касоне, аз ҷумла шаҳрвандоии хориҷие, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд;

муқаррар кардани санаҳои ёдбуд ва рӯзи Ёдбуд.

Бо қарори мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё худ бо ташаббуси шаҳрвандон барои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, тадбирҳои дигар низ андешидан мумкин аст.

 

БОБИ 2

МАЗОРИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ШУДААНД

 

Моддаи 8. Мазори ҳарбиён

 

Мазори шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, бо сангу муҷассамаи мазор, бо сутуни ёдбуду панҷара ва иншооту объ­ектҳои дигараш мазори ҳарбиён мебошад.

Ба мазори ҳарбиён қитьаҳои гӯри ҳарбиён дар қабристонҳои умумӣ, қабристонҳои ҳарбӣ, қитъаҳои алоҳидаи гӯри ҳарбиён дар қабристонҳои умумӣ ва берун аз он, ҷойҳои афтодаи ҳавопаймоҳои ҳарбӣ бо сарнишинонашон мансубанд.

 

Моддаи 9. Тартиби дафн кардани (аз нав ба хок супоридани) онҳое, ки ҳангоми муҳофизати

                     Ватан ҳалок шудаанд

 

Ҷасади шаҳидони роҳи муҳофизати Ватан бо адои эҳтиромоти ҳарбӣ дафн карда (аз нав ба хок супурда) мешавад. Дар ин ҳол ба ҷо овардани расму оини динӣ манъ карда намешавад. Масъулияти дафн кардан, ҷиҳозондан ва зебу оро додани гӯру қабристони шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати ватан ҳалок шудаанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идораи ҳарбӣ гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с ., №712)

Ҷасади ҳарбиён бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия аз нав ба хок супурда, хешовандони онҳо ҳатман аз ин огоҳ карда мешаванд.

Ҷасади ҳарбиёни дар рафти муҳорибаҳо ҳалокгашта мутобиқи талаби ойинномаҳо, амру дастурҳои фармондеҳӣ дафн карда мешавад.

 

Моддаи 10. Ба қайд гирифтан, нигоҳубни ва ободу маъмур кардани мазори ҳарбимён

 

Мазорҳои ҳарбиён бояд дар қайди давлат бошанд. Онҳоро бо шарту тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар қаламрави давлатҳои дигар намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд мегиранд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Ба ҳар мазори ҳарбиён нишони ёдбуд рост карда, ҳуҷҷат тартиб дода мешавад.

Мазорҳои ҳарбиён мутобиқи низомномаҳои Конвенсияи муҳофизати қурбониёни ҷанг, ки 12 августи соли 1949 дар Женева ба имзо расидааст ва мутобиқи меъёрҳои аз тарафи умум эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ нигоҳубин карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Нигоҳубин ва ободонии мазорҳои ҳарбиён, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ воқеанд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳост. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Мазорҳои воқеи қаламрави давлатҳои дигар аз рӯи тартиби дар қарордоду созишномаҳои-байнидавлатӣ муайянгардида нигоҳубин ва обо­ду маъмур карда мешаванд.

 

Моддан 11. Эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён

 

Бо мақсади эҳтиёт кардани мазорҳои ҳарбиён мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо бо тартиби муай­янкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои посбонишаванда муқаррар менамоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Мазорҳои ошкоргардидаи ҳарбиён то ҳаллу фасл шудани масъалаи ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо мувофиқи талабҳои ҳамин Қонун ҳифз карда мешаванд.

Лоиҳаҳои ба нақша гирифтан, сохтан ва навсозии шаҳру маҳалҳои дигар, иншоотҳои бинокорӣ бо назардошти ҳифзи мазорҳои ҳарбиён тартиб дода мешаванд.

Корҳои заминканӣ, сохтмон, роҳсозӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи онҳо мазорҳои ҷарбиён осеб дида метавонанд, танҳо бо мувофиқаи мақотмоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва мақомоти идораи ҳарбӣ ба ҷо оварда мешаванд.

 

Моддаи 12. Барқарор кардани мазорҳои ҳарбиён

 

Мазорҳои харобгардидаи ҳарбиён, объекту иншоотҳои ёдбуде, ки хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшударо ҷовидон мегардонанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барқарор карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

 

БОБИ 3.

 КОРҲОИ ҶУСТУҶӮӢ

 

Моддаи 13. Ташкили корҳои ҷустуҷӯӣ

 

Корҳои ҷустуҷӯиро иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии ба ин корҳо ваколатдоршуда бо мақсади дарёфтани мазорҳои номаълуми ҳарбиён ва осори ҷасадҳои гӯрнашуда, муқаррар кар­дани номи шаҳидон ё худ бедаракшудагон ба ҷо меоваранд.

 

Моддаи 14. Тартиби иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ

 

Корҳои ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз рӯи тартиби дар ҳамин Қонун муайянгардида ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

Корҳои ҷустуҷӯӣ дар хоки давлатҳои дигар бо тартиби муайянкардаи қарордодҳои (созишномаҳои) байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонида мешаванд.

 

Моддаи 15. Тартиби сарукордорӣ бо объектҳое, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудаанд

 

Ҷасади шаҳидоне, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудаанд, мувофиқи моддаи 9-уми ҳамин Қонун ба хоксупурда, мазорҳои ёфтгардидаи пештар номаълуми ҳарбиён баъди тадқиқ намудан, ба ҳисоб гирифтан ва қайд кардан аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки қисмҳои ҳарбии воқеи ин ё он қаламрав ободу маъмур карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Аслиҳа, ҳуҷҷат ва молу мулки дигари ёфташудаи шаҳидон санад карда, ба мақомоти идораи ҳарбии маҳалли дарёфти онҳо барои тадқиқу омӯзиш ва бақайдгирӣ супурда мешаванд. Дар ин ҳол ҳуҷҷат, ҷизҳои шахсӣ ва мукофотҳои шаҳидонро ба хешовандони онҳо ё ба осорхона ва аслиҳаи оташфишонро ба мақомоти корҳои дохилӣ медиҳанд. Силоҳи оташфишон ва силоҳи дигарро баъди барои истифодаи ҷангӣ корнооям кардани онҳо метавон барои намоиш ба осорхона супурд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1142)

Дар бораи пайдо кардани ҷизҳое, ки хавфи таркидан доранд, зуд ба мақомоти идораи ҳарбӣ хабар дода мешавад, ки онҳо бо тартиби муқарраргардида барои безарар ё несту нобуд кардани онҳо чора мебинанд.

 

БОБИ 4

МАҚОМОТИ ИДОРАИ ДАВЛАТИИ АНҶОМДИҲАНДАИ КОРИ ҶОВИДОНСОЗИИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОКШУДА ВА ВАКОЛАТҲОИ ОНҲО

 

Моддаи 16. Мақомоти идораи давлатии анҷомдиҳандаи кори ҷовидонсозии хотираи

                       шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда

 

Роҳбарии кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо ташкил карда, ба ҷо мебаранд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

 

Моддаи 17. Ваколатҳои мақомоти анҷомдиҳандаи кори ҷовидонсозии хотираи шаҳрвандони

                      ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба кори ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳамгоми муҳофизати Ватам ҳалок гардидаанд, роҳбарӣ менамояд;

барномаи даалатӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро, ки дар асоси онҳо тадбирҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳидон андешида мешаванд, тартиб медиҳад, барои ин тадбирҳо ҷудо кардани маблағро муайян менамояд;

таклифу пешниҳоди шаҳрвандон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои диниро оид ба масъалаҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, баррасӣ менамояд ва дар роҳи иҷрои онҳо тадбирҳо меандешад;

бо давлатҳои дигар оиди нигоҳубин ва ободонии мазорҳои ҳарбиён ҳамкори мекунад, лоиҳаи қарордоду созмшномаҳоро оиди статуси мазорҳои ҳарбиён ва ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки дар хоки давлатҳои дигар дафн шудаанд, манзури баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менамояд; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

аз як марказ ба қайд гирифтан ва тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, аз ҷумла мазорҳои воқеи қаламрави давлатҳои дигарро ташкил мекунад;

ба корҳои нашри китоби Ёдбуд роҳбарӣ мекунад.

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

нақшаю барномаҳои кори ёдбуди ҳарбиро тартиб медиҳад;

мазорҳои ҳарбиён ва низомиёни ҳалокшударо ба қайд мегирад;

тадбирҳои ба роҳ мондани кори ҷустуҷӯӣ ва тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнро танзим мегардонад;

дархости шаҳрвандонро оиди муайян кардани қисмати сарбозони хеши бедаракшудаи онҳо баррасӣ менамояд, дар таҳияи лоиҳаи созишномаҳои байналхалқӣ оиди статуси мазорҳои ҳарбиён, тартиби ба ҷо овардани корҳои ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ин давлатҳо, дар ташкили тар­тиби корнамоии хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, дар дафни ҷасадӣ хизматчиёни ҳарбӣ иштирок мекунад;

дар таҳияи маводи китобҳои Ёдбуд иштирок менамояд, тартиби дар системаи Вазорат нашр кардани китобҳои Ёдбудро муайян мекунад.

Мақомоти маҳаллии идораи ҳарбӣ:

дар корҳои дафни (аз нав ба хок супурдани) ҷасадӣ муҳофизони Ватан ширкат меварзанд;

ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва дафни (аз нав ба хок супурдани) осори ҷасадҳои шаҳидон ва ободу маъмур сохтани мазори ҳарбиён кӯмаки амалӣ мерасонанд; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

силох, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои дигари моддиро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудаанд, қабул карда, ҳуҷҷат тартиб медиҳанд, онҳоро таҳқиқ менамоянд, ба ҳисоб мегиранд ва минбаъд истифода шудани онҳоро месанҷанд;

барои муқаррар кардани маълумоти оид ба шаҳидон ва бедакашудагон кор мебаранд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

кормандони ҳалокгардидаи худро ба қайд мегирад;

дар муқаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон иштирок мекунад;

тартиби нашри китобҳои Ёдбудро дар системаи Кумита муайян мекунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ҳангоми корҳои ҷустуҷӯӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамояд;

аслиҳаи оташфишонро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудааст, бо тартиби муқарраргардида қабул карда мегирад;

хизматчиёни ҳарбии ҳалокгардидаи қӯшуни дохилӣ, аскарони қаторӣ ва сардорони ҳалокшудаи мақомоти корҳои дохилиро ба қайд мегирад;

дар муқаррар кардани маълумоти оид ба бедаракшудагон ширкат менамояд;

тартиби нашри китобҳои Ёдбудро дар системаи Вазорат муайян менамояд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

лоиҳаи қарордоду созишномаҳои байнидавлатии эҳтиёт ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиёнро дар қаламрави давлатҳои дигар тартиб медиҳад ва дар амалӣ гардонидани ин қарордоду созишномаҳо иштирок менамояд;

барои муқаррар намудани маълумоти оид ба бедаракшудагон дар рафти муҳорибаҳо, ҷангҳои мусаллахона ва ҳангоми иҷрои вазифаи ҳарбӣ (хизматӣ) дар хоки давлатҳои дигар тадбирҳо меандешад ва оиди мазорҳои ҳарбиён дар қаламрави давлатҳои дигар ҳуҷҷат тартиб меди­ҳад;

бо ташкилотҳои дахлдори давлатҳое, ки дар қаламрави онҳо мазорҳои ҳарбиён воқеъ гардидаанд, масъалаҳои дар мазорҳо рост кар­дани нишонҳои ёдбуд, ҳамчунин масъалаҳои маъмуру обод сохтани онҳоро мувофиқа менамояд;

тартиби аз тарафи хешовандон зиёрат кардани мазорҳои ҳарбиёнро, ки дар хоки давлатҳои дигар шаҳид гаштаанд, танзим менамояд;

тартиби ба зиёрати мазори шаҳрвандони давлатҳои дигар, ки дар қа­ламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалокшудаанд (вафот кардаанд), омадани хешовандони онҳоро муқаррар мекунад.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

барои чопи китобҳои Ёдбуд заминаи табъу нашр муҳайё мекунад;

таблиғу тарғиби корнамоии шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизти Ватан ҳалок гардидаанд, ба роҳ мемонад, машри рӯйхати шаҳидон (бедаракшудагон)-ро, ки дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ёфт шудаанд, ба­рои воситаҳои ахбори омма таҳия менамояд; (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

гузаронидани тадбиру чорабиниҳоро барои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, ташкил мекунад;

дар сохтмони муҷассамаву ёдбудҳо, ташкили намоишу экспозитсияҳои осорхонаҳо, дар ободу маъмур, гардонидани гирду атрофи мазорҳои ҳарбиён, навсозии сангу муҷассамаи мазор, таснифу тартиб додани ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиён ширкат менамояд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо:

барномаҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, ба нақша мегиранд ва амалӣ мегардонанд;

барои нигоҳубин ва ободону маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён, иншооту объектҳои ёдбуди воқеи қаламравашон, ки хотираи шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшударо ҷовидон мегардонанд, тадбирҳо андешида, амалӣ месозанд;

ҳуҷҷати мазорҳои ҳарбиёнро тартиб медиҳанд ва онҳоро ба қайд мегиранд;

иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои корҳои ҷустуҷӯӣ ҷалб менамоянд;

бо ташкилотҳои давлатҳои дигар барои эҳтиёт ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён алоқа муқаррар намуда, ҳамкорӣ мекунанд;

барои мазорҳои нави ҳарбиён замини эҳтиётӣ ҷудо менамоянд;

ба нашри китобҳои маҳаллии Ёдбуд роҳбарӣ мекунанд.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 18. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии тадбирҳои ҷовидонгардонии хотираи

                       шаҳрвандони ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалокшуда

 

Хароҷоти тадбирҳои ҷовидон гардонидани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок шудаанд, аз ҷумла хароҷоти ободу маъмур кардани минтақаю иншоотҳои ҷудогонае, ки таърихан бо корнамоии муҳофизони Ватан алоқаманданд, ҳамчунин хароҷоти ташкили намоишҳо ва тадбирҳои дигар аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин аз ҳисоби саҳмияи ихтиёрӣ ва ҳайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонад. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

Барои хароҷоти ҷорабиниҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷовидон сохтани хотираи шаҳидони роҳи Ватан меандешад, маблағ аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад.

Барои нигоҳубин ва ободу маъмур кардани мазорҳои ҳарбиён, ки дар хоки давлатҳои дигар воқеанд, маблаг дар асоси қарордоду созишномаҳои байнидавлатӣ харҷ карда мешавад.

Тартиби таъминоти моддию техникии бо ҳамин Қонун пешбинишудаи тадбирҳои ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с., №712)

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Эмомалӣ Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 7 апрели соли 1995

№61

 

 

ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 13:36
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
316
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.12.1996
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 340; с. 2000, №11, мод. 533; мод. 552; с. 2004, №2, мод. 37; мод. 53; с. 2005, №3, мод. 118; №7, мод. 408; №12, мод. 653; с. 2007, №3, мод. 157; мод. 162)
(Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 19, аз 29.11.2000 № 31, аз 28.02.2004 № 5, аз 28.02.2004 № 21, аз 1.03.2005 № 79, аз 25.07.2005 № 108, аз 28.12.2005 № 141, аз 5.03.2007 № 225, аз 5.03.2007 № 230, аз 26.07.2014 № 1099)
   Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 141).
   Моддаи 1. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъиноти он
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилали буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 141).
   Моддаи 2. Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
ҳифзи фазои ҳавоии давлат;
муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлати;
ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудуди (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 141);
иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ӯҳдадориҳои байналмилалли бармеоянд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 141).
Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳое, ки ба таъиноти онҳо вобастаги надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якчояи Маҷлиси милли ва Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амали мегардад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 31).
   Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 141).
   Моддаи 4. Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 141)
Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 141):
қонуният ва адолати иҷтимои, ҳисоботдиҳи ба мақомоти олии ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия:
яккасардори, риояи интизоми ҳарби, таҳияи дастҷамъонаи қарорҳо ва идоракунии мутамарказ;
омодагии доимии ҷанги ва сафарбари;
ӯҳдадории умумии ҳарбии шаҳрвандон ва ихтиёри ба хизмати даромадан (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 31);
нигаҳдории сирри давлати (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 5);
таъмини кафолатноки ҳимояи ҳуқуқи ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарби ва оилаҳои онҳо.
   Моддаи 5. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд:
қӯшунҳои хушкигард;
қувваҳои ҳарбии ҳавоњ ва мудофиаи зиддиҳавоњ (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 230);
хорич карда шуда (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 230);
қӯшунҳои зудамал (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 21).
Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо, воҳидҳо ва сохторҳои дигаре, ки фаъолияти онҳо бо таъиноти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амалиёти онҳо алоқаманд нест, дохил шуда наметавонанд.
Дар давраи ҷанг ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 225, аз 26.07.2014 № 1099).
   Моддаи 6. Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахси ба тартиби ихтиёри, инчунин дар асоси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарби тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 31, аз 28.12.2005 № 141).
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳуpии Тоҷикистон инчунин бо ҳайати ғайриҳарби пурра карда мешаванд. Феҳристи вазифаҳое, ки шахсони ғайриҳарби ишғол менамоянд, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии ҳайати ғайриҳарби бо фармондеҳии ҳарби вобаста аз вазифаи ишғолкардаашон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат тартиб дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 141).
Ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад иттиҳодияҳои касби ташкил намояд.
   Моддаи 7. Роҳбари ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1099).
Роҳбарии бевоситаро ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали намуда, ба иҷрои вазифаҳое, ки тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Қувваҳои МусаллаҳҶумҳурии ТоҶикистон гузошта шудаанд, масъул мебошад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 31).
Вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва шахсони дигари масъули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои истиснои шахсони ғайриҳарби ишғол карда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1099).
Вазифаҳо ва ваколатҳои Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин Қонун, санадҳои дигари қонунгузори ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои амали намудани онҳо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳо ва хадамоти дахлдор ташкил карда мешаванд. Идоракунии намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ситодҳои дахлдор сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1099).
Барои роҳбари ва идоракунии қӯшунҳо, таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷyмҳуpии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
   Моддаи 8. Идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми асосии идоракунии амалии қӯшунҳо Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1099):
- нақшаи истифодабарии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои сафарбари ва нақшаи ба таври фаври таҷҳизонидани қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати мудофиаи мамлакат таҳия менамояд;
- оид ба доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор, ҳайат ва ҷойгиршавии қӯшунҳо, таъмини онҳо бо силоҳ ва техникаи ҳарби пешниҳодҳо таҳия мекунад;
- идоракунии амалии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад;
- фаъолияти разведкаро ба манфиати мудофиа ва амният ба роҳ мемонад;
- тайёрии сафарбари ва ҷойгиркунонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;
- тайёрии зарурии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;
- омодагии амалии ситодҳо ва қӯшунҳоро ташкил менамояд;
- тадқиқоти илмию ҳарбии дорои хусусияти амалии стратегиро ба роҳ мемонад;
- нигоҳдории сирри давлатиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи низомномаи дахлдор иҷро мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 141).
   Моддаи 9. Ҷойгирони ва истифодабарии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 31)
Ҷойгиронии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои мудофиа ва имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.
Нақшаи ҷойгиронии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳуpии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода мешавад ва бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1099).
Тағйирдиҳии ҷои қӯшунҳо дар ҳудуди қаламраве, ки барои истифодаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи дахлдор сурат мегирад.
Ҷойгиронии ва истифодабарии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ичрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя) дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 31).
   Моддаи 10. Ҳамкори ва амали якҷояи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷyмҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар ва воҳидҳои дигари ҳарбии Ҷyмҳуpии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар дар соҳаи мудофиа, ҳифзи сулҳу амният, инчунин соҳаи сохтмони ҳарби дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалли ҳамкори мекунанд.
Як қисми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ӯҳдадории байналмилалли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризояти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя), дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи муттаҳида дохил шуда ё таҳти фармондеҳии муттаҳида қарор гирифта метавонад (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 31).
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкори менамоянд.
   Моддаи 11. Фаъолияти хоҷагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурате бо фаъолияти хоҷаги машғул шуда метавонанд, ки он ба тайёрии ҳарби ва қобилияти ҷангиашон таъсир нарасонад.
Тартиби амали намудани фаъолияти хоҷаги аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
   Моддаи 12. Маҳдуд намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъияти ва иттиҳодияҳои дигар дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонҳои ҷамъиятие, ки вазифаи ҳимояи ҷамъияти, тарбияи ҳайати шахсиро доранд ва шахсони юридики нестанд, ташкил ёфта метавонанд.
Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани сохторҳои ташкили ва фаъолияти ҳизбҳо, дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти, ки мақсадҳои сиёси доранд, инчунин таблиғи идеологияи онҳо манъ аст (Қонуни ҶТ аз 29.11.2000 № 31).
Истифодаи мансабҳои штати ва воситаҳои молии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили сохторҳо ва фаъолияти ҳар гуна созмонҳои ҷамъияти ва иттиҳодияҳои дигар ғайр аз онҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, манъ аст. Бурдани ҳама гуна таблиғоти сиёси дар ҳудуди қисмҳои ҳарби ва муассисаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоикистон манъ аст.
   Моддаи 13. Таъмини қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорат ба қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ҳарбии тобеи ӯ сурат мегирад.
Ҳимояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарби, баррасии парвандаҳои ҷинои ва граждани дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судҳои ҳарби амали мегардад.
   Моддаи 14. Ҷавобгарњ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1099)
Шахсони воқењ ва ҳуқуқњ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарњ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1099).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 
 13 декабри соли 1996 № 316
 

ДАР БОРАИ СЕРТИФИКАТСИЯИ МАҲСУЛОТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 14:06
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
№314
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
13.12.1996

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1996, № 23, мод. 337; соли  2002, № 4, қисми 1, мод. 227 соли 2007, №7, мод.669)

 

Қонуни мазкур асосҳои сертификатсияи ҳуқуқӣ ва иқтисодии маҳсулот, кор, хизматрасонӣ ва дигар объектҳоро (минбаъд - маҳсулот) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти иштирокчиёни сертификатсияро муайян месозад.

ФАСЛИ I

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

  Моддаи 1. Мафҳуми умумӣ ва мақсади сертификатсия

Сертификатсияи маҳсулот (минбаъд - сертификатсия) фаъолиятест, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ менамояд.

Системаи давлатии (миллии) сертификатсия системаест, ки дар сатҳи давлатӣ амал намуда, дорои қоидаҳои худии усулу идораи гузаронидани сертификатсия мебошад.

Сертификати мутобиқат (минбаъд - сертификат) ҳуҷҷатест, ки мутобиқи қоидаҳои системаи сертификатсия барои тасдиқи мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшуда ба талаботи санадҳои меъёрӣ дода мешавад.

Аломатҳои мутобиқат - нишонаест, ки ба тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст ва бо он мутобиқати маҳсулоти тамғадори сертификатсияшуда ба талаботи муқарраргардида тасдиқ карда мешавад.

Сертификатсия ба мақсадҳои зайл татбиқ мегардад:

ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон дар масъалаҳои бехатарии маҳсулот барои ҳаёту саломатӣ ва амвол, ҳифзи муҳити зист, мутобиқати ахборотӣ ва бо ҳам қобили табдил будани маҳсулот;

фароҳам овардани шароит барои фаъолияти корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва соҳибкорон дар бозори ягонаи моли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ҷиҳати иштирок дар ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ ва тиҷорати байналхалқӣ;

мусоидат ба истеъмолкунандагон дар интихоби боэътибори маҳсулот;

тасдиқи нишондиҳандаҳои сифати маҳсулоте, ки истеҳсолкунанда (фурeшанда) пешниҳод намудааст.

Сертификатсия метавонад дорои хусусиятҳои ҳатмӣ ва ихтиёрӣ бошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ оиди сертификатсия

Муносибатҳои соҳаи сертификатсия бо ин Қонун ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи он бароварда мешаванд, танзим мегардад.

 

Моддаи 3. Қарордодҳо ва мувофиқатномаҳои байналхалқӣ

Агар дар қарордодҳо ва мувофиқатномаҳои байналхалқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигари сертификатсия муқаррар шуда бошанд, он гоҳ қоидаҳои қарордодҳои байналхалқӣ истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 4. Системаи сертификатсия

Системаи сертификатсия аз тарафи мақомоти идораи давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳое, ки сертификатсия мекунанд, дар асоси қоидаҳои дар системаи мазкур муқарраршуда, тибқи ин Қонун, таъсис дода мешавад.

Сохтори ташкилии системаро инҳо созмон медиҳанд:

мақоми давлатӣ (миллӣ) оиди сертификатсия, мақомоти марказии минтақавӣ оиди сертификатсия, мақомоти сертификатсияи маҳсулот ва сифати он, лабораторияҳои (марказҳои) санҷиши корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ.

Системаи сертификатсия мутобиқи тартиби муқарраргардида бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

 

Моддаи 5. Салоҳиятҳои мақоми давлатӣ (миллӣ) оиди сертификатсия.

Вазифаи мақоми давлатӣ (миллӣ) оиди сертификатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ин Қонун вазифаҳои зайлро анҷом медиҳад:

сиёсати давлатиро дар соҳаи гузаронидани сертификатсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ҷорӣ намуда, расман дар бораи он хабар медиҳад;

дар бораи системаҳои сертификатсия ва аломатҳои мутобиқати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда маълумоти расмӣ нашр менамояд ва онро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ташкилотҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оид ба сертификатсия пешниҳод мекунад;

 

бақайдгирии давлатии системаи сертификатсия ва аломатҳои мутобиқат, мақомоти сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) санҷишро мегузаронад;

тибқи тартиби муқарраргардида таклифҳоро оиди ҳамроҳ гардидан ба системаи байналхалқии (минтақавии) сертификатсия таҳия менамояд, инчунин метавонад тибқи тартиби муқарраргардида бо ташкилотҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оиди эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои сертификатсия мувофиқатномаҳо бандад;

тибқи тартиботи муқарраргардида Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оиди масъалаҳои сертификатсия намояндагӣ мекунад;

ба ташкилотҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оиди сертификатсия дар бораи системаҳои сертификатсия ва мақомоти сертификатсияи дар кишвар амалкунанда хабар медиҳад.

 

ФАСЛИ II

 СЕРТИФИКАТСИЯИ  ҲАТМӢ

 

Моддаи 6. Сертификатсияи ҳатмӣ

Сертификатсияи ҳатмӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ташкил ва гузаронидани корҳо оиди сертификатсияи ҳатмӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баъзе ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баъзе навъҳои малсулот метавонад ба зиммаи дигар мақомоти идораи давлатӣ гузошта шавад.

Шакли сертификатсияи ҳатмии маҳсулот аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҷрибаи мавҷудаи байналхалқӣ ва хориҷӣ сурат мегирад.

Реклама кардани маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия шавад, вале сертификати мутобиқат надорад, манъ аст.

 

Моддаи 7. Иштирокчиёни сертификатсияи ҳатмӣ

Иштирокчиёни ҳатмии сертификатсия инҳо мебошанд: мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гузаронидани корҳои сертификатсияи ҳатмӣ салоҳият доранд, лабораторияҳои (марказҳои) санҷиш, истеҳсолкунандагони (фурeшандагон, иҷрокунандагони) маҳсулот, инчунин мақомоти марказии систе­маи сертификатсия, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои ташкил ва ҳамоҳангсозии кор дар системаи сертификатсияи маҳсулоти якхела муайян кар­да мешаванд.

Барои гузаронидани корҳо оиди сертификатсияи ҳатмӣ иттиҳодия ва ташкилоти бақайдгирифташудаи ғайритиҷоратии шаклҳои гуногуни моликият, бо шарти аккредитатсияи онҳо аз ҷониби мақоми дахлдори идора, иштирок карда метавонанд.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқҳои мақомоти идораи давлатӣ

Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти идораи давлатӣ, ки мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо, дар доираи салоҳияташон, ташкил ва гузаронидани корҳои сертификатсияи ҳатмӣ гузошта шудааст, чунин ҳуқуқҳо доранд:

системаи сертификатсияи маҳсулоти якхеларо таъсис дода, қоидаҳои тартиб ва идораи гузаронидани сертификатсияро дар ин системаҳо муқаррар менамоянд;

усули интихоби тарзи тасдиқи мутобиқати маҳсулотро ба талаботи санадҳои меъёрӣ (навъи сертификатсия) муайян месозанд;

мақомоти марказии системаи сертификатсияро муайян мемамоянд;

мақомоти сертификатсия ва лабораторияҳои (марказҳои) санҷиширо аккредитатсия намуда, ба онҳо иҷозат медиҳанд, ки корҳои муайянеро анҷом диҳанд;

феҳристи давлатии иштирокчиён ва объектҳои сертификатсияро тартиб медиҳанд;

қоидаҳои эътирофи сертификатсияҳои хориҷӣ, аломатҳои мутобиқат ва натиҷаи санҷишро муқаррар менамоянд;

тартиби аккредитатсияро муќаррар менамоянд;

назорати давлатиро амалӣ намуда, тартиби назорати инспектсиониро дар мавриди риояи қоидаҳои сертификатсия ва маҳсулоти сертификатсияшуда муайян мекунанд;

арзу шикоятҳоро оиди масъалаҳои сертификатсия баррасӣ мекунанд;

барои истифодаи аломати мутобиқат сертификат  медиҳад.

 

Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти марказӣ ва минтақавӣ оиди сертификатсия

Мақомоти марказӣ ва минтақавӣ оиди сертификатсия:

дар системаи сертификатсияи таҳти роҳбариашон қарордошта, корҳоро ташкил ва ҳамоҳанг месозанд, қоидаҳои тартибу идораро муайян менамоянд;

арзу шикояти аризадиҳандагонро оиди фаъолияти мақомоти сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) санҷиш мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

 

 Моддаи 10. Вазифаҳои мақоми сертификатсия

Мақоми сертификатсия:

маҳсулотро сертификатсия мекунад ва барои истифодаи аломати мутобиқат сертификатсия  медиҳад;

амали сертификатҳои додашударо бозмедорад ё аз эътибор соқит мекунад;

ба аризадиҳанда, мутобиқи дархости e, дар доираи салоҳияти худ маълумоти зарурӣ медиҳад.

 

Моддаи 11. Вазифаҳои лабораторияи (марказӣ) санҷиш

Лабораторияи (марказӣ) санҷиш, ки мутобиқи тартиби муайяннамудаи сертификатсияи дахлдор аккредитатсия шудааст, маҳсулоти мушаххасро месанҷад ва ё намудҳои мушаххаси санҷишро анҷом медиҳад ва ба мақсади сертификатсия протоколҳои санҷишро тартиб медиҳад.

 

Моддаи 12. Вазифаҳои истеҳсолкунандагон (фурeшандагон, иҷрокунандагон)

Истеҳсолкунандагони (фурeшандагон, иҷрокунандагон) маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шавад, вазифадоранд:

маҳсулотро танҳо дар сурати мавҷуд будани сертификати аз тарафи мақоми салоҳиятдор додашуда ва ё эътирофгардида метавонанд ба фурeш расонанд;

мутобиқати маҳсулотро ба талоботи санадҳои меъёрӣ, ки аз рeи онҳо сертификатсия сурат гирифтааст ва мувофиқати аломати онро ба аломати мутобиқат таъмин намоянд;

ба санадҳои пашниҳодкунандаи мол оиди сертификатсия маълумот дода, ба истеъмолкунандагон расонидани ин маълумотро таъмин намоянд;

агар маҳсулоти сертификатсияшуда ба санадҳои меъёрӣ мутобиқ набошад, дар ҳолати гузаштани мeҳлати амали сертифкати мутобиқат ё дар ҳолате, ки амали сертификат бо қарори мақомоти сертификат боздошта шудааст ё бекор карда шудааст, фурeши чунин маҳсулотро боздоранд ва ё қатъ намоянд;

ба шахсони соҳибмансаб ва мақомоте, ки сертификатсияи ҳатмии маҳсулот ва тафтиши маҳсулоти сертификатсияшударо ба eҳда доранд, барои иҷрои бемамонияти вазифаҳояшон шароит фароҳам оваранд;

мақомоти сертификатсияро оиди тағйироте, ки ба санадҳои техникӣ ва ё ҷараёни технологии истеҳсолоти маҳсулоти сертификатсияшуда ворид гардидаанд, огоҳ созанд.

 

Моддаи 13. Шартҳои воридоти маҳсулот

Дар шартҳои қарордодҳои (шартномаҳои) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия шавад, бояд мавҷудияти сертификат ва аломати мутобиқат, ки мувофиқати онро ба талаботи муқарраргардида тасдиқ  менамояд, пешбинӣ карда шавад.

Ин сертификатҳо бояд аз тарафи мақоми ба ин салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода ё эътироф карда шаванд.

Сертификатҳо ва ё санаҳо дар бораи эътироф кардани сертификатҳо якҷоя бо декларатсияи гумрукии мол ба мақомоти гумрукӣ пешниҳод гардида, барои ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулот санади зарурӣ ба шумор мераванд.

Мақомоти назорати гумрукӣ дар сурати мавҷуд набудани санади тасдиқкунандаи бехатарии маҳсулоти воридотӣ, воридоти онро то ҳаллу фасл гардидани масъалаи гузаронидани сертификатсия ва ё эътирофи сертификати хориҷӣ манъ намуда, дар ин маврид мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ месозанд.

 

Моддаи 14. Назорати давлатии риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ ва маҳсулоти сертификатсияшуда

Назорати давлатӣ барои риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ ва маҳсулоти сертификатсияшудаи онҳо аз ҷониби истеҳсолкунандагон (фурeшандагон, иҷрокунандагон), лабораторияҳои (марказҳои) санҷишӣ ва мақомоти сертификатсия аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё дигар мақомоти идораи махсуси салоҳиятдори давлатӣ, дар доираи салоҳияташ, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 15. Маблағгузорӣ барои кори сертификатсия ва контролу назорати давлатӣ

Маблағгузории ҳатмии давлатӣ бояд барои корҳои зайл карда шавад:

таҳияи пешгeии инкишофи сертификатсия, қоида ва тавсияҳо оиди татбиқи он; таъмини маълумоти расмӣ дар соҳаи сертификатсия;

иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оид ба сертификатсия ва корбарӣ бо мақомоти миллии хориҷӣ оиди сертификатсия;

таҳия (ё) ва иштирок дар таҳияи санадҳои байналхалқӣ (минтақавӣ) оиди сертификатсия;

 

 

 

контролу назорати давлатӣ кардан ба риояи қоидаҳои сертификатсия ва маҳсулоти сертификатсияшуда;

тартиб додани феҳрасти давлатӣ оиди сертификатсия, аккредитатсия ва ҳифзи бойгонии материалҳо;

пардохти пули корҳои оид ба сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти мушаххас аз ҷониби аризадиҳанда ба тартибе анҷом дода мешавад, ки мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризояти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

Маблағе, ки аризадиҳанда барои сертификатсияи ҳатмӣ ва аккреди­татсия сарф кардааст, ба арзиши маҳсулот зам мегардад.

 

ФАСЛИ I I I

СЕРТИФИКАТСИЯИ ИХТИЁРӢ

 

Моддаи 16. Сертификатсияи ихтиёрӣ

Маҳсулоте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди сертификатсияи ҳатмӣ қарор намегирад, бо ташаббуси шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон дар асоси қарордоди байни аризадиҳанда ва мақоми оид ба сертификатсия метавонад мавриди сертификатсияи ихтиёрӣ қарор гирад.

 

Моддаи 17. Ташкили сертификатсияи ихтиёрӣ

Сертификатсияи ихтиёриро ҳар шахси ҳуқуқие, ки вазифаи мақоми сертификатсияи ихтиёриро ба eҳда гирифтааст ва дар мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида системаи сертификатсияро аз қайд гузаронидааст, ҳақ дорад амалӣ намояд.

Дар сурати риояи шартҳои зикргардида сертификатсияи ихтиёриро мақомоти сертификатсияи ҳатмӣ низ ҳақ доранд анҷом диҳанд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқи аризадиҳанда

Ҳангоми бастани қарордод барои гузаронидани сертификатсияи их­тиёрӣ аризадиҳанда ҳақ дорад аз мақоми оид ба сертификатсия дар хусуси қоидаҳои сертификатсияи маҳсулот маълумот гирад ва ҳамчунин шакли сертификатсияро муайян намояд.

 

ФАСЛИ IV

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲОИ

ҚОНУНИ МАЗКУР

 

Моддаи 19. Ҷавобгарии ҷиноӣ, маъмурӣ ё гражданию ҳуқуқӣ

Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин мақомоти идораи давлатие, ки барои вайрон намудани қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ, маъмурӣ ва гражданию ҳуқуқӣ кашида мешаванд.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистои                                                                          Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанабе  13 декабри соли 1996

№ 313

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №23, мод. 338)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ» аз рeзи нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

бинобар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ» дар сурати зарурат оид ба даровардани тағйироту иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида таклифҳо пешниҳод намояд;

Қарору амрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонида шаванд.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                              С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996

№314

 

ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 15:34
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
382
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
14.12.1996
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 24, мод. 408; с. 1998, № 10, мод.76; с. 1999, № 6, мод. 166; с. 2000, № 11, мод. 521; с. 2001, № 7, мод. 481; с. 2004, № 2, мод. 39; с. 2006, № 4, мод. 197; с. 2013, № 7, мод. 540)
(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 580, аз 30.06.1999 № 814, аз 29.11.2000 № 12, аз 06.08.2001 № 35, аз 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014, аз 02.01.2019 № 1572, аз 24.12.2022 № 1948)
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)
 
Қонуни мазкур фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, шароити амали ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии онҳоро, ки ба истифода аз озодии сухан, ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти ахбори комилу оҷил ва ҳаққонӣ, ба муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ равона шудааст, муайян менамояд.
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014):
- абонент - шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки барномаҳои телевизион ва радиоро қабул мекунад;
- нашр (нашри намоиши телевизион ва гуфтори радио) - ба масофаи муайян пахш намудани ахбори овозӣ ва (ё) тасвирӣ тавассути шабакаҳои алоқа, ки теъдоди номаҳдуди воситаҳои телевизиону радио қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);
- шабакаи нашри барнома - маҷмӯи воситаҳои техникие, ки барои пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);
- пахш - ба масофаи муайян интиқол додани барномаҳои телевизион ё радио тавассути воситаҳои техникии алоқа;
- пахши мустақим - пахш намудани барномаҳои телевизион ва радио бе сабти пешакии онҳо (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);
- интиқоли пахш - тавассути воситаҳои иловагии телевизиону радио пахш кардани барномаҳо ба мақсади зиёд намудани масофаи қабули онҳо;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);
- ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ - шахси ҳуқуқиест, ки барои истеҳсол ва (ё) пахши барномаҳои телевизиону радио ва асарҳои аудиовизуали иҷозатнома дорад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7);
- воситаҳои пахшкунии телевизион ва радио - пахш ва қабули ҳар навъ аломати сигналҳои тасвирӣ ва сабтӣ тавассути воситаҳои электромагнитии алоқаи кайҳонӣ, ноқилӣ, оптикӣ, радиоӣ (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);
- воситаҳои техникии пахши барномаҳо - маҷмӯи таҷҳизоти радиоэлектронӣ ва техникие, ки тавассути онҳо барномаҳо ба истифодабарандагон расонида мешаванд;
- маҳсулоти аудиовизуалӣ - асарҳои аз силсилаҳои кадрҳои ба ҳам алоқаманде иборат буда (видеотасвирҳои овоздор ё беовоз), ки барои дидану шунидан бо ёрии воситаҳои мувофиқи техники таҳия гардидаанд (аудивидеофилмҳо, кинофилмҳо, намоишномаҳо, реклама, барномаҳои консертӣ ва ғайра) (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184).
Моддаи 2. Доираи амали қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба ҳамаи намудҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ба истиснои телевизион ва радиошунавонии махсуси маҳдуд (истеҳсолӣ, технологӣ, таълимӣ ва маъмурӣ), дӯстдорони алоқаи радиоӣ, радиоспорт ё дигар намудҳои алоқа, ки дар асоси даъвати фардӣ ё барои паҳни ахбори махсус сурат мегиранд ва барои истифодаи умумӣ равона нашудаанд ва барои кирои (прокати) ғайримавҷии маводи видео ва аудио дар муассисоти мухталиф хос нестанд татбиқ мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184).
Қонуни мазкур нисбат ба пахш ва истеҳсолкунандагони асари аудиовизуалӣ, ки дар Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис шудаанд, аммо барои берун аз ҳудуди он таъсисёфтагон танҳо дар қисмати ба пахши иттилооти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлдошта татбиқ мегардад.
Муқаррароти Қонуни мазкур барои эфири телевизион ва радиошунавонӣ ба пуррагӣ ҳангоми ба амал баровардани телевизион ва радиошунавонӣ бо истифода аз шабакаҳои кабелӣ, ноқилӣ, спутникӣ, бисёрканалаи рақамӣ, компютерӣ, аз ҷумла шабакаи байналмилалӣ (интернет) ва дигар шабакаҳо татбиқ мегардад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814).
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Принсипҳои фаъолияти ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд:
- воқеънигорӣ;
- ҳақиқатнигорӣ;
- ҳуқуқи шаҳрвандон барои қабули ахбор;
- озодона иброз намудани фикру ақида;
- эҳтироми меъёрҳои умумибашарии ахлоқ;
- қатъиян риоя намудани одоби касбӣ (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014, аз 02.01.2019 № 1572).
Моддаи 5. Ваколатҳои давлат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ
Давлат сиёсати соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва асосҳои қонунгузории иҷрои онро муайян намуда, фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад, барои таъмини моддиву техникии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ маблағ ҷудо мекунад, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кормандони ин соҳаро таъмин менамояд, ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро карда, иштироки онро дар созмонҳои байналмилалӣ ташкил менамояд, ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).
Моддаи 5.1 Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ
(Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814)
Танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014).
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014):
- таҳия ва таъмини амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ;
- назорат ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ;
- назорат аз болои барномаҳо ва ахбори телевизиону радио, ки аз эфир пахш мешаванд ва аз болои сифати техникии пахш;
- вазифаҳои дигари бо қонун пешбинишуда.
Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814, аз 22.07.2013 № 1014).
Моддаи 6. Манъи дахолат ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Дахолати мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ба фаъолияти эҷодии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, ҳамчунин сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014).
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқи тағйир додан ва дигар намудани сохтори ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавониро надоранд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Моддаи 7. Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд.
Моддаи 8. Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Маҷмӯи ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз телевизион ва радиошунавонии ҷумҳуриявӣ, телевизион ва радиошунавонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва радиошунавонии ноқилии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иборатанд, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7). 
Ба ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳуқуқи бартарӣ доштан дар истифодаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ дода мешавад.
Моддаи 9. Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Вазифаҳои асосии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ инҳоянд:
- сари вақт огоҳ намудани шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион аз ҳаводиси ҷамъиятию сиёсӣ ва дигар воқеоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он, паҳн намудани ахбори расмӣ, санадҳои мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, ки ба таблиғи расмӣ ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7);
- таҳия ва пахш кардани барномаҳои иқтисодӣ, публицистӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимӣ, шавқангез, варзишӣ ва сайёҳӣ (Қонуни ҶТ аз 02.01.2019 № 1572);
- инъикоси рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).
Моддаи 10. Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7)
Ташкилотҳои ғайридавлатии телевизион ва радиошунавонӣ ташкилотҳое мебошанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардида, дар асоси иҷозатномаи (литсензияи) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда аз ҳисоби худмаблағгузорӣ фаъолият менамоянд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7, аз 22.07.2013 № 1014).
БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС, ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ВА ҚАТЪ КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014)
Моддаи 11. Таъсисдиҳӣ ва бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқӣ муайян намудааст, таъсис меёбанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1948).
Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, қайди баҳисобгирии намояндагӣ ва филиалҳои онҳо мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184, аз 24.12.2022 № 1948).
Моддаи 12. Иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳаи телевизиону радио
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)
Иҷозатномадиҳӣ ба ташкилот барои фаъолият дар соҳаи телевизиону радио мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Моддаи 13. Қатъ намудани фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ
Фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ бо қарори муассисон (шарикмуассисон) ё суд қатъ мегардад ва дар ин бора ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 22.07.2013 № 1014).
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА НАВЪҲОИ ПАХШИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)
Моддаи 14. Оғози нашри барномаҳо
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки нашри барномаҳоро аз вақти гирифтани иҷозатнома (литсензия) оғоз намояд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).
Соҳиби воситаҳои техникии пахш ё ташкилоти истифодабарандаи онҳо ҳақ надорад ин воситаҳоро ба ихтиёри ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние вогузорад, ки онҳо иҷозатнома (литсензия) надоранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ пахши барномаҳоро тавассути воситаҳои техникии худӣ ё иҷорагирифта амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).
Соҳиби иҷозатнома (литсензия) ҳақ надорад шабакаи пахши барномаро ба шахсони дигар иҷора диҳад, ҳамчунин барномаҳоро берун аз ҳудуди дар иҷозатнома (литсензия) зикршуда паҳн намояд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).
Моддаи 15. Нишонаҳои нашр
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ вазифадор аст, ки ҳар рӯз ном ва дигар маълумотҳои рамзии худ (сароҳанг, нишона)-ро эълон намояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва тартиби истифодаи шабакаҳои нашр
Тартиби истифодаи шабакаҳои нашри барномаҳои телевизион ва радиошунавониро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014).
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ баъди гирифтани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқ доранд, ки аз мавҷҳои барои пахши барномаҳо муайян гардида истифода намоянд, ҳамчунин воситаҳои техникии пахши барномаҳоро тибқи қарордод бо соҳибонашон моликӣ, ихтиёрдорӣ ва истифода кунанд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).
Моддаи 17. Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник
Намоиши телевизионӣ ва радиошунавонӣ тавассути спутник дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин истифода мешавад:
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё минтақаҳои алоҳидаи он паҳн кардани барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014);
- табодули барномаҳо байни ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики дигар.
Тартиби пахши барномаҳоро тавассути спутник Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014).
Моддаи 18. Нашри барномаҳо тавассути кабел (сим)
Шабакаи нашри барномаҳо тавассути кабел (сим) бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил мешавад. Тартиби истифодаи ин шабакаҳоро Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014).
Ташкилоте, ки соҳиби шабакаи бисёрбарномавӣ аст, вазифадор мебошад, ки ба абонентҳои худ барномаҳои телевизион ва радиошунавонии давлатиро бирасонад.
Моддаи 19. Забони барномаҳои телевизион ва радио
Ташкилотҳои телевизион ва радио барномаҳоро ба забони давлатӣ, инчунин ба забонҳои дигар пахш мекунанд.
Моддаи 20. Ҳуқуқ ба дарёфти маълумот
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони онҳо барои пешбурди фаъолияти хеш тибқи муқаррароти қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо маълумоти заруриро гиранд. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ маълумот медиҳанд, барои ҳаққонӣ будани он ҷавобгаранд.
Баҳсҳо ба сабаби риоя карда нашудани талаботи ин модда аз ҷониби суд баррасӣ мегардад.
Моддаи 21. Нашри иттилооти расмӣ ва дигар хабарҳои ҳатмӣ
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ вазифадоранд, ки изҳороти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми ҳудуди мамлакат мунташир намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1948).
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ҳуқуқ надоранд, ки аз интишори хабарҳо роҷеъ ба ҳолатҳои фавқулодда даст кашанд. Ҳуқуқи истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ ба ин мақсад ба зиммаи мақомот ва шахсони мансабдоре мебошад, ки салоҳияти ҳалли масъалаҳоро дар шароити ҳолатҳои фавқулодда доранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1948).
Моддаи 22. Истифодаи телевизион ва радиошунавонӣ дар давраи маъракаҳои интихоботӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)
Тартиби истифодаи телевизион ва радиошунавониро дар давраи маъракаҳои интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Моддаи 23. Додани вақт дар барнома барои суханронӣ ва изҳороти расмӣ
Пахши барнома аз ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси ҳаҷми умумии барномаҳо ва маблағгузории умумӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 06.08.2001 № 35).
Пахши барнома аз иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз ҷониби ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ дар асоси шартномаи байни сатҳҳои муайяни маҷлис ва ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1948).
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ бо талаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои изҳороти расмӣ оид ба масоили муҳими ҳаёти давлат вақт ҷудо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 06.08.2001 № 35).
Моддаи 24. Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)
Истифодаи реклама дар ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Моддаи 25. Қароргоҳҳои мухбирон
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд тибқи муқаррарот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он қароргоҳҳои мухбирон таъсис диҳанд, ки ин қароргоҳҳо воҳидҳои сохтории (филиали) ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ буда, манфиатҳои онро пуштибонӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Моддаи 26. Намояндагӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ доранд, ки дар назди мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаро намоянда таъин намоянд. Тартиби намоянда таъин кардани ҳайатҳои эҷодӣ ва кормандони алоҳидаи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 27. Нигаҳдории барномаҳои телевизион ва радио
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ ӯҳдадоранд, ки сабти аудио ва видеои барномаҳоро баъд аз интишорашон то як моҳ маҳфуз доранд ва онҳоро ба қайд гирифта, дар он мавзӯъ, мазмуни мухтасар, рӯзи интишор, вақти оғозу анҷоми он, ному насаби муаллифон, муҳаррири барномаи телевизион ва радиоро зикр намоянд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Тартиб, мӯҳлат ва шартҳои муддати зиёд нигоҳ доштани барномаҳои телевизион ва радиоро, ки қадру қимати бадеӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва қадру қиммати дигар доранд, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 22.07.2013 № 1014).
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ ВА КОРМАНДОНИ ОНҲО
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)
Моддаи 28. Ҳуқуқи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ метавонанд барномаҳои телевизиону радио истеҳсол намоянд ё аз барномаҳою маҳсулоти аудиовизуалии дигар ташкилотҳое, ки иҷозатнома (литсензия) доранд, истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7).
Ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ барои эҷоди барномаҳо (филмҳо) ҳуқуқи муаллифӣ доранд, ҳамчунин ба онҳо тибқи қарордодҳои ба имзорасида ҳуқуқи муаллифӣ дода мешавад.
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад, ки ба дигар ташкилотҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он инҳоро иҷозат диҳад:
- пахши мустақими (интиқоли пахш) барномаҳои (филмҳои) худ, тасвиру овоз ё фурӯхтани сабтҳои барномаҳо (филмҳо), ки моли он аст, ҳамчунин сабти асарҳои мусиқӣ ва адабӣ-драмавӣ, ки онҳоро ташкилоти телевизион ва радио дар студия ё муассисаҳои театрӣ сабт намудааст (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Бе розигии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ барномаҳои (филмҳои) вай дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184):
- барои истифодаи порчаҳои мухтасар - на зиёдтар аз 5 дақиқа аз ҳар барнома (филм);
- ба мақсадҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ.
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ муносибатҳои худро бо дигар корхона, муассиса, ташкилот дар асоси шартнома ба роҳ мемонанд (Қонуни ҶТ аз 30.06.1999 № 814).
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ надорад:
- маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахбору маводе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент за шаҳрвандонро паст мезанад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиғ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намояд(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);
- маҳсулоти телевизион ва радиоро бе иҷозати соҳибонашон нусхабардорӣ кунад, намоиш диҳад ва фурӯшад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184, аз 24.12.2022 № 1948).
Дар сурати бе иҷозат истифода гардидани маҳсулоти худ ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ҳақ дорад товони зарареро, ки дар натиҷаи поймол шудани ҳуқуқаш дидааст, талаб намояд.
Моддаи 29. Ӯҳдадории ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ ӯҳдадор аст:
- ахбори ҳаққониро паҳн намояд;
- ба пахш ва қабули барномаҳои ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии дигар мамониат накунад;
- талаботи маъёрҳои давлатии технология ва хусусиятҳои техникии телевизион ва радиошунавониро риоя намояд;
- абонентҳоро пешакӣи аз тағйири барномаҳои телевизион ва радио, ҳамчунин оид ба шароити интишори онҳо воқиф намояд;
- талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд (Қонуни ҶТ аз 02.01.2019 № 1572).
Моддаи 30. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавониро низомномаю оинномаҳои ин ташкилотҳо муайян мекунанд.
Моддаи 31. Ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
Кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштани кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳояшон ва ё меросхӯронашон кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рӯи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхӯрон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъин мегардад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184, аз 24.12.2022 № 1948).
Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ маҷрӯҳ шудани корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ музди солонаи кор аз рӯи вазифаи охирини хидматии ӯ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Агар корманди ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷароҳати дигар бардошта бошад, ба ӯ кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми панҷ маоши миёнаи якмоҳаашон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Тартиби пардохти маблағҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 32. Маблағгузории ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)
Ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Манбаъҳои даромади иловагии ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ ҳамчунин инҳо буда метавонанд:
- пардохти ҳаққи абонентӣ;
- фаъолияти рекламавӣ ва тиҷоратӣ;
- барномаҳои фармоиши телевизион ва радио;
- таҳия ва истеҳсоли барномаҳои телевизиону радио ва видеофилмҳо (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);
- нашри рӯзнома, маҷалла, бюллетенҳои иттилоотӣ ва китобҳо;
- истеҳсол, фурӯш ва кирояи (прокати) кассетаҳои сабти овозу тасвир (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);
- ташкили спектаклҳо, консертҳо ва дигар чорабиниҳои намоишии пулакӣ;
- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва навъҳои дигари фаъолият, ки қонун пешбинӣ кардааст;
- маблағҳои спонсорҳо, мақомоти давлатӣ, фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ, ҳамчунин шаҳрвандони алоҳида.
БОБИ 5. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНӢ
(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7, аз 22.07.2013 № 1014))
Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ
(Қонуни ҶТ аз 28.02.2004 № 7)
Ҳамкориҳои байналмилалии ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1948).
Моддаи 34. Фаъолияти намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти мухбирони хориҷии телевизион ва радиошунавонӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 24.05.1998 № 580, аз 29.04.2006 № 184, аз 22.07.2013 № 1014).
Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии намояндагони ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 1014).
Моддаи 36. Асосҳои аз ҷавобгарӣ озод намудан
Ташкилоти телевизион ва радиошунавонӣ, кормандони он барои паҳн намудани маълумоте, ки ба маълумоти воқеӣ мутобиқат надорад, дар ҳолатҳои зерин аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд:
- агар ин маълумот дар ахбори расмӣ интишор ёфта бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184)
- агар маълумот аз агентиҳои давлатӣ ё маркази матбуоти мақомоти давлатӣ ва мақомоти иттиҳодияҳои шаҳрвандон гирифта шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);
- агар маълумот ҳангоми пахши мустақим бар хилофи нияти муаллифон паҳн шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184);
- агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад (Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 184).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,
14 декабри соли 1996 № 382

ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 09:17
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
451
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
15.05.1997

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛУ МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ ВА МАШРУБОТ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №10, мод. 147; с. 1998, №10, мод. 74; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 179, мод. 188; с. 2007, №6, мод. 434, мод. 437; с. 2012, №7, мод. 722; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1499)

 

Ин Қонун муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот танзим мекунад.

 

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳуми асосии танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Таҳти мафҳуми танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот низоми истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машруботи бо қонунгузорӣ муқарраргардида ва дар асоси он санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда фаҳмида мешавад.

Спирти этилӣ ошомӣ, арақ, ликёр, хелҳои коняк (бренди), кальвадос, майи ангуру меваҷот ва дигар озуқаи дорои спирти этилӣ, ки аз ашёи хоми хӯрокворӣ истеҳсол шуда, беш аз якуним фоизи миқдори воҳиди машруботро дорад, аз ҷумлаи машрубот аст.

Тахти муомилоти спирти этилӣ ва машрубот содироту воридот, молрасонӣ, хариду фурӯши яклухту чаканаи он (ба истиснои савдои чаканаи спирти этилӣ) фаҳмида мешавад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу

муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

 

Моддаи 21. Амали Қонуни мазкур

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Амали Қонуни мазкур нисбат ба машруботе, ки шахси воқеӣ на барои фурӯш истеҳсол кардааст ё спирти этилие, ки шахси ҳуқуқӣ, ё шахсони ҳуқуқӣ дар асоси шартнома аз ашёи хоми гуногун истеҳсол карда, онро дар ҷараёни технологӣ ҳангоми тайёр кардани маҳсулоти ғайримашруботӣ истифода мебаранд, татбиқ намегардад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

 

Моддаи 3. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот аз инҳо иборатанд:

ташкили назорати давлатӣ ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;

муқаррар намудани маблағи аксизи спирти этилӣ ва машрубот;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

муқаррар кардани меъёри қоидаҳо, стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

муқаррар намудани тартиби иҷозатномадиҳӣ барои истеҳсол кардан ва ба муомилот баровардани спирти этилӣ ва машруботе, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз спирт дошта, ҳаҷми истеҳсол ё муомилоти он ба ҳисоби машруботи холис соле аз 0,02 млн. декалитр зиёдтар аст, инчунин иҷозатномадиҳии намудҳои фаъолияти зикршуда;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

муайян кардани саҳмияи (квотаи) ҳаҷми спирти этилие, ки барои қонеъ гардонидани талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст;

татбиқи маҷмӯи тадбирҳое, ки ҳуқуқи истеъмолгарон ва истеҳсолкунандагони моли ватаниро дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спири этилӣ ва машрубот ҳифз мекунанд.

Масъалаҳои дигари танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, ки дар ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва бо ин Қонун танзим гардонида нашудаанд.

 

БОБИ II. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ

 

Моддаи 4. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ

Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:

иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

манъ кардани фурӯши чаканаи спирти этилӣ;

муқаррар намудани стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, меъёру қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

амалӣ гардонидани назорати давлатии сифати спирти этилӣ.

Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар менамояд.

 

Моддаи 5. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Фаъолият дар соҳаи дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси  иҷозатнома  ба амал мебароранд. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

 Иҷозатнома  дар соҳаи  истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад.

 

БОБИ III. ҚОИДАҲОИ АСОСИИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ МАШРУБОТ

 

Моддаи 6. Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот

Танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машрубот ин корҳоро пешбинӣ менамояд:

иҷозатномадиҳи фаъолият вобаста ба истеҳсол ва муомилоти машруботтибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

сертификатсияи машрубот ва таҷҳизоти истеҳсоли он;

муқаррар намудани аксизи ҳамаи хелҳои машрубот;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

назорати риояи ҳуқуқи истемолкунандагони машрубот;

муқаррар намудани стандартҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти машрубот. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

Тартиби танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти машруботро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун муқаррар мекунад.

 

Моддаи 7. Шароит барои истеҳсол ва муомилоти машрубот

Истеҳсол ва муомилоти машруботро шахсони ҳуқуқие ба амал мебароранд, ки барои фаъолияти мазкур дар сурати мавҷуд будани иҷозатномаҳои дахлдор шароите доранд, ки ба меъёру қоидаҳои санитарию гигиенӣ мувофиқат мекунад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Барои истеҳсоли машрубот бояд спирти этилие истифода шавад, ки танҳо аз ашёи хоми озуқа ҳосил шудааст.

Машруботе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи савдои чакана фурӯхта мешавад, аз ҷумла машруботи хориҷӣ бояд оиди сертификатсия, коди истеҳсолкунанда, аломати мувофиқат, номгӯи стандартҳои давлатӣ, ки машрубот бояд ба талаботи ҳатмии онҳо мувофиқ бошад, оиди ҳаҷми зарф, таркиб, оиди моддаҳои барои саломатӣ зиёновари таркиби он нисбати талабҳои ҳатмии регламентҳои техникӣ ва оиди ғайри қобили истеҳсол маълумот дошта бошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

 

Моддаи 8.  (Хориҷ карда тибқи Қ  ҶТ аз 13.06.07с №278).

 

Моддаи 9. Аксизи машрубот

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Аксизи машрубот бо тартибу шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Маблағи аксиз ба воҳиди миқдори спирти этилии таркиби машрубот ҳисоб карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Аксизи машруботи воридотӣ ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани он ситонида мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Бо мақсади пурра ситонидани маблағи аксиз ва пешгирии пинҳонӣ овардану фурӯхтани молҳои мавриди аксиз тартиби тамғазании тамоми машрубот бо тамғаҳои маблағи аксизи муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Намунаи тамғаҳои маблағи аксиз, тартиб ва ҳаҷми пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

 

Моддаи 10. Сифати машруботи воридотӣ

Сифати машруботи воридотӣ аз сифати пешбининамудаи стандартҳои давлатӣ ва регламентҳои техникии ҳамин намуд машруботи ватанӣ набояд паст бошад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

 

(Моддаи 11. Хориҷ карда шуд тибқи ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

 

Моддаи 12. Шартҳо ва тартиби фурӯши маҳсулот

Фурӯши машруботи ватанӣ ва воридотиро ташкилотҳо ба таври яклухт ва чакана, соҳибкори инфиродӣ ба таври чакана дар сурати доштани иҷозатнома амалӣ мегардонанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Фурӯши машрубот танҳо дар ҷойҳои муайянкардаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Дар айни замон фурӯши яклухт ва чаканаи машрубот:

дар муассисаҳои бачагона, таълимӣ, динӣ ва табобатию профилактикӣ ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;

бо миқдори спирти этилии зиёда аз 20 фоиз дар ташкилотҳои номуносиби маҳалҳои серодам ва серхавф (вокзалу фурудгоҳҳо, объектҳои таъиноти ҳарбӣ) ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо, ҳамчунин аз даст, дӯкончаҳо ва автомашинаҳо, павильону хаймаҳои таҷҳизонидашудаи савдо ва дигар биноҳои барои фурӯши ин маҳсулот номувофиқ, дар ташкилотҳои илмӣ ва истеҳсолӣ ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо;

ба шахсони то синни 18 - сола;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

бе сертификати мувофиқат ва тамғаи маблағи аксизӣ манъ аст.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Шартҳо ё маҳдудиятҳои дигари фурӯши чаканаи машруботро дар ҳудуди муайян мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ махсус бо мақсади ҳифзи сиҳати аҳолӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва риояи меъёрҳои ахлоқии рафтор муқаррар карда метавонанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

 

БОБИ IV. НАЗОРАТИ РИОЯИ ИН ҚОНУН ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ОН

 

Моддаи 13. Назорати давлатии риояи ин Қонун

Ба истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мақомоти махсуси босалоҳияти давлатӣ назорати давлатӣ мекунанд.

Системаи мақомоти назорати давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ва вазифаҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Назорати давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот назорати додани иҷозатномаҳоро барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, сертификатсияи таҷҳизоти истеҳсоли спирти этилӣ ва машрубот, назорати риояи шартҳои ҳатмии барои машрубот ва ашёи хоми истеҳсоли он муқарраршуда, сифати этилӣ ва машруботро дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №872)

Мақомоте, ки бо масъалаҳои танзим ва назорати давлатии истеҳсол, муомилот, воридот ва хариди спирти этилӣ ва машрубот, додани иҷозатнома сару кор доранд, метавонанд як қисми пули пардохтҳо ва боҷро бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти худ харҷ намоянд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор новобаста аз  шакли моликият ва тобеъияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қонунгузорӣ дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» анҷом дода мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

 

Моддаи 14. Манъи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот

Дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ин корҳо манъ аст:

барои истеҳсол кардани машрубот истифода кардани спирти этилие, ки аз ашёи хоми ғайриозуқавӣ истеҳсол шудааст;

фурӯши чаканаи спирти этилӣ;

истеҳсол ва муомилоти машрубот бе иҷозатномаҳои дахлдор;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

фурӯши машрубот бе сертификатҳои мувофиқат ё бе тамғаҳои боҷи аксизӣ;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

фурӯши машруботи иллатноке, ки дар таркибашон омехтаҳои зиёди зарарнок доранд;

фиристодани машрубот дар зарфҳое, ки ба талаботи ҳатмии ҳуҷҷати меъёрию техникӣ мувофиқат намекунанд;

реклама кардани машруботи ба талабҳои ҳамин Қонун мувофиқа накунанда.

(қисми 2 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

 

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаиқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1499)

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Э. РАҲМОНОВ

 

    ш. Душанбе

15 май соли 1997

         № 451

 

ДАР БОРАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 09:23
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
481
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.08.1997

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №15-16, мод. 254; № 23-24, мод. 333; соли  2001, № 4, мод. 197, 203; соли 2002 № 4, қ.1, мод. 200; соли 2005, № 7, мод. 403; соли 2006, №11, мод. 470; соли 2008, №10, мод.801; соли 2009, № 3, мод. 94)

 

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

           Қонун мазкур асосҳои ҳуқуқии муқаррар намудани Сарҳади давлатӣ, хати гузариш ва ҳимояи он, инчунин ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

 

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Сарҳади давлатӣ) – хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушкӣ, обҳо, қаъри замин ва фазоӣ ҳавоии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Сарҳади давлатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи. 2. Сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сиёсати сарҳадӣ ҷузъи сиёсати давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Сиёсати сарҳадӣ бо назардошти принсипҳои байналмилалии эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ ташаккул ёфта, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:

сарҳади давлатиро ҳамчун хати муайянкунандаи ҳудуди фазоии қаламрави (хушкӣ, обҳо, қаъри замин, фазоӣ ҳавоии) аз ҷиҳати ҳуқуқӣ тақвиятгардидае, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибихтиёрии комил ва тамоми ҳуқуқҳо бархурдор мебошад, арзёбӣ менамояд;

дар асоси ворисияти ҳуқуқии эълонгардида нисбати собиқ СССР, хати Сарҳади давлатии худро, ки дар рӯзи эътибор пайдо карани ҳамин Қонун санадҳои амалкунандаи байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои оид ба тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо - собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқи РСС муқаррар намудаанд, тасдиқ мекунад;

ҳангоми муқаррар намудан ва тағйир додани хати Сарҳади давлатӣ, муқаррар ва ба роҳ мондани муносибатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя дар сарҳад, танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва дар роҳҳои алоқаи байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон, тадбирҳои мутобиқ ба мақсадҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти байналмилалӣ, манфиатҳои ҳамкории мутақобилан судманди ҳамаҷониба бо давлатҳои ҳамсоя, принсипҳои ҳаллу фасли осоиштаи бидуни зурӣ масъалаҳои сарҳадиро анҷом медиҳад;

дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқарраркунии низомии Сарҳади давлатӣ ва фаъолияти оид ба ҳимоя ва муҳофизати онро бо давлатҳо - иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамоҳанг месозад.

 

Моддаи 3. Ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатӣ

Ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун ҷузъи системаи таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки онҳо дар доираи ваколатҳои худ бо роҳи андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, сарҳадӣ, разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, гумрукӣ, ҳифзи табиат, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва дигар тадбирҳо ба роҳ мемонанд, иборат мебошад. Дар ин фаъолият мувофиқи тартиби муқарраргардида корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон иштирок менамоянд.

Тадбирҳои оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ мутобиқи статуси Сарҳади давлатӣ, ки санадҳои  ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, андешида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар асоси принсипҳои эътирофнамудаи умум ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

Ҳимояи Сарҳади давлатӣ манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлатро дар Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ (минтақаи сарҳадӣ, қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳои дигари сарҳадӣ, гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ, инчунин қаламрави ноҳия ва шаҳрҳои маъмурии назди Сарҳади давлатӣ, минтақаи сарҳадӣ, соҳилҳои дарё, кӯлҳо ва дигар обанборҳо) таъмин менамояд ва аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти иҷроияи мутобиқи ваколатҳои онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.

Муҳофизати Сарҳади давлатӣ, қисми таркибии ҳимояи Сарҳади давлатӣ буда, дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар фазои ҳаво бошад - аз ҷониби Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  анҷом дода мешавад.

Муҳофизати Сарҳади давлатӣ бо мақсади роҳ надодан ба ғайриқонунй тағйир додани хати Сарҳади давлатӣ, таъмини риоя гардидани низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз ҷониби ашхоси воқеӣ ва юридикӣ анҷом дода мешавад. Тадбирҳои муҳофизати Сарҳади давлатӣ дар ҳамин Қонун ҳамчун тадбирҳои сарҳадӣ арзёбӣ мегарданд.

Тадбирҳои сарҳадӣ ба системаи тадбирҳои амният, ки дар доираи сиёсати ягонаи давлатии таъмини амният андешида шуда, ба таҳдид ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат мутобиқ мешаванд, дохил мегарданд.

 

Моддаи 4. Қонунгузорӣ дар бораи Сарҳади давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузорӣ дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз  Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилилие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2

МУҚАРРАР НАМУДАН ВА ТАҒЙИР ДОДАНИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ВА АЛОМАТГУЗОРИИ ОН

 

Моддаи 5. Муқаррар намудан ва тағйир додани Сарҳади давлатӣ

Хати Сарҳади давлатӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад.

Аснод дар бораи тағйир додан ва аниқ кардани хати Сарҳади давлатӣ дар маҳал, ки ба тариқи тафтиши Сарҳади давлатӣ дар асоси аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудаанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда мешаванд.

Хати Сарҳади давлатӣ, агар дар аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, чунин муқаррар карда мешавад:

а) дар хушкӣ - аз рӯи нуқтаҳои махсус, хатҳои релеф ё нишонаҳои доимии аниқ дидашаванда;

б) дар дарёҳои киштигард - аз миёнаи маъбари асосӣ ё талвеги дарё, дар дарёҳои ғайрикиштигард ва дарёчаҳо - аз миёни онҳо ё аз миёнаи шоҳоби асосии дарё; дар кӯлҳо ва дигар обанборҳо - аз хати баробар, миёна, рост ё хати дигаре, ки баромадгоҳи Сарҳади давлатиро бо кӯлҳо ё дигар обанборҳо мепайвандад.

Сарҳади давлатие, ки аз дарё, дарёча, кӯл ё дигар обанборҳо мегузарад, чи ҳангоми тағйирёбии суроби соҳилҳои онҳо ё сатҳи об ва чи ҳангоми ба ин ё он тараф майл кардани маҷрои дарё ва дарёча тағйир намеёбад;

в) дар обанбори гидроузелҳо ва дигар обанборҳои сунъӣ - мутобиқи хати Сарҳади давлатӣ, ки то зери об мондани он мегузашт;

г) дар кӯлҳою сарбандҳо ва иншооти дигар, ки аз болои дарё, дарёча, кӯл ва дигар обанборҳо мегузаранд, - аз миёнаи ин иншооот ё мувофиқи мехвари технологии онҳо, сарфи назар аз гузаштани Сарҳади давлатӣ аз об.

 

Моддаи 6. Аломатгузории Сарҳади давлатӣ

Сарҳади давлатӣ дар маҳал бо аломатҳои аниқ дидашавандаи, сарҳадӣ ифода карда мешавад.

Шакл, андозаҳо, тасвир ва тартиби гузоштани аломатҳои сарҳадӣ бо аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 3

НИЗОМИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 7. Нигаҳдорӣ ва муқаррар намудани низоми Сарҳади давлатӣ

Низоми Сарҳади давлатӣ мутобиқи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад ва қоидаҳои зеринро дар бар мегирад:

нигаҳдории Сарҳади давлатӣ;

аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт;

ба воситаи Сарҳади давлатӣ интиқол додани борҳо, молҳо ва ҳайвонот;

аз Сарҳади давлатӣ гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот;

пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, шикор ва дигар фаъолият дар Сарҳади давлатӣ ё дар наздикии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

якҷоя бо давлатҳои хориҷӣ ҳаллу фасл кардани ҳодисаҳое, ки бо вайрон намудани қоидаҳои мазкур вобастаанд.

Бо назардошти манфиатҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд муқаррар макардани баъзе қоидаҳои низоми Сарҳади давлатӣ мумкин аст ва имкон дорад, ки хусусиятхои қоидаҳои муқарраршаванда соддатар карда шавад.

 

Моддаи 8. Нигаҳдории Сарҳади давлатӣ

Бо қоидаҳои нигаҳдории Сарҳади давлатӣ тартиби гузоштан, ҳифз ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани аломатҳои сарҳадӣ ва муоинаи санҷиши онҳо; ҷиҳозонидан ва нигоҳ доштани пайроҳаҳои сарҳади, якҷоя бо давлатҳои ҳамҳудуд тафтиш кардани хати гузариши Сарҳади давлатӣ дар маҳал танзим карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои тафтиши якҷоя гузариши Сарҳади давлатӣ, ки тағйирдиҳии онро дар бар намегиранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Бо мақсади ба таври зарурӣ нигоҳ доштани Сарҳади давлатӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Қӯшунҳои сарҳадӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи замине, ки бевосита қад-қади Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ ё қад-қади соҳилҳои қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳади мегузарад, мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доимӣ) дода мешавад.

 

Моддаи 9. Аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт

Аз Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ гузаштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт ба воситаи роҳҳои оҳан  ва мошингарди байналмилалӣ ё ба воситаи дигар ҷойҳое, ки бо аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, сурат мегирад. Бо ҳамин аснод вақти убур аз Сарҳади давлатӣ муайян шуда метавонад, тартиби ҳаракат аз Сарҳади давлатӣ  то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва баръакс муқаррар карда мешавад; дар айни замон фаровардани одамон, молҳо, борҳо, ҳайвонот ва ба воситаҳои нақлиёт шинондан ё бор кардани онҳо мумкин нест.

Нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ маънии қаламраверо дар ҳудуди вокзал, истгоҳҳои роҳи оҳан, автомобил, ҳамчунин бандари дарёӣ, майдони ҳавоӣ, аэродромӣ барои алоқаҳои байналмилалӣ (парвозҳои байналмилалӣ) кушода, ҳамчунин ҷои дигари махсус ҷиҳозонидашуда, ки дар он ҷой назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, дар мавриди зарурат дигар навъҳои назорат бурда ва аз Сарҳади давлатӣ ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот гузаронда мешавад, доранд.

Ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки бо мувофиқаи ҳокимияти давлатҳои ҳамҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари аз Сарҳади давлатӣ гузаштани хизматчиёни ҳарбии ин Қӯшунҳо ва дигар ашхосро ҳангоми иҷрои вазифаи онҳо оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ истифода баранд.

Киштиҳои дарёии ғайринизомӣ ва низомӣ Сарҳади давлатиро аз дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо мутобиқи ҳамин Қонун ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон убур мекунанд.

Киштиронӣ дар дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо убури Сарҳади давлатӣ бе дохил шудан ба бандарҳои (рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамҳудуд тавассути аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд танзим мегардад.

Ба киштиҳои ғайринизомӣ ҳангоми ҳаракат аз Сарҳади давлатӣ то нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва пас гаштан ба Сарҳади давлатӣ ба киштиҳои низомии хориҷӣ ҳангоми шинои осоишта дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳои сарҳадӣ бе ворид шудан ба бандарҳои (ба рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун) инҳо манъ кард мешаванд:

а) даромадан ба бандарҳои (ба рейдҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаҳои байналмилалӣ ва даромадани киштиҳои хориҷӣ кушода нашудаанд;

б) баромадан аз бандарҳое (аз рейдҳое), ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои алоқаҳои байналмилалӣ кушода нашудаанд;

в) даромадан ба минтақаҳое, ки шино дар онҳо манъ аст ва дар ин бобат барои маълумоти ҳама хабар дода шудааст;

г) таваққуф кардан, фаровардани (шинондани) одамон, холӣ (бор) кардани борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳое, ки барои чунин корҳо муқаррар нашудаанд ё дар ҷойҳое, ки муқаррар шудаанд, аммо барои анҷоми чунин корҳо иҷозати дахлдор мавҷуд набошад, ба об сар додани воситаҳои шинокунанда, ба ҳаво сар додани таҷҳизоти парвозкунанда ва ба борт гирифтани онҳо, шикор кардан, анҷом додани фаъолияти таҳқиқотӣ ва дигар фаъолият;

д) дигар амалҳое, ки тавассути қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.

Киштиҳои хориҷии ғайринизомӣ ва низомӣ ҳангоми шино кардан ва қарор доштан дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ вазифадоранд, ки қоидаҳои алоқаи радиоӣ, киштиронӣ, бандарӣ, гумрукӣ, санитарию карантинӣ ва дигар қоидаҳоеро, ки қонунгузорӣ ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, риоя намоянд.

Ҳавопаймоҳо Сарҳади давлатиро аз хати махсус ҷудокардашудаи парвоз бо риояи қоидаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд ва маълумоти аэронавигатсионие, ки дар аснод нашр мешаванд, убур мекунанд. Убури Сарҳади давлатӣ берун аз хатҳои ҳавоии ҷудокардашуда, ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми ёздаҳуми ҳамин модда зикр шудаанд, танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Барои ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз аз Сарҳади давлатӣ нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ва баръакс, ҳамчунин ҳангоми парвози транзитӣ ба воситаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун) инҳо манъ карда мешаванд;

а) нишастан дар майдонҳои ҳавоӣ ва аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои байналмилалӣ кушода нашудаанд;

б) парвоз аз майдонҳои ҳавоӣ ва аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои байналмилалии кушода нашудаанд. Дар ҳолатҳои ҷудогона ҳангоми иҷрои парвозҳои махсуси байналмилалӣ парвози ҳавопаймоҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин баъди парвоз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ҳавоӣ ва аэродромҳои барои парвозҳои байналмилалӣ кушодабуда нишастани онҳо танҳо бо иҷозати Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудааст, сурат гирифта метавонад;

в) парвоз карда даромадан ба минтақаҳои барои парвоз манъшуда, ки дар бораи онҳо барои маълумоти умум хабар дода шудааст;

г) дигар амалҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд.

Ба манфиати таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо хоҳиши давлатҳои хориҷӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  убури  Сарҳади давлатӣ аз қитъаҳои ҷудогонаи он муваққатан маҳдуд ё қатъ шуда метавонад ва дар ин бобат ҳокимияти давлатҳои манфиатдор огоҳонида мешаванд.

Ҳангоми рӯй додани ҳолатҳои фавқулодда, ки дар натиҷаи садамаҳои бузург, фалокат ё офатҳои табиӣ ба миён омадаанд, ҷузъу томҳои (нерӯҳои) рафъи садамаю наҷотдиҳӣ, рафъи садамаю барқароркунӣ барои пешгирии чунин ҳолатҳо бо тартибе, ки аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд, аз Сарҳади давлатӣ убур мекунанд.

Ноилоҷ аз Сарҳади давлатӣ гузаштани ашхос, воситаҳои нақлиёт ва воситаи хушкӣ, даромадани киштиҳои дарёии хориҷии чи ғайринизомӣ ва чи низомӣ ба қисми тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, маҷбуран ба фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз карда даромадани ҳавопаймоҳо, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда: фалокат, садама, офати табиӣ, ки ба бехатарии киштиҳо таҳдид менамояд, кашидани киштиҳои вайроншуда, расонидани одамони наҷотдода шуда, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба аъзои экипаж ва мусофирон, ҳамчунин бо дигар сабабҳои ноилоҷ рӯй додаанд, вайрон кардани қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ намебошанд.

Капитани киштӣ, командири киштии ҳарбии дарёӣ, командири ҳавопаймо дар ҳолати убури ноилоҷи Сарҳади давлатӣ ё ноилоҷ вайрон намудани тартиби қарор доштан дар обҳо ва фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамин Қонун муайян карда шудааст, вазифадор аст, ки дар ин бобат ба маъмурияти бандари наздиктарини дарёии Тоҷикистон, майдони ҳавоӣ, аэродром бетаъхир хабар диҳад ва минбаъд мувофиқи дастурҳои онҳо ё дастурҳои капитани киштии дарёӣ ва ҳавопаймои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ёрӣ ё муайян кардани сабабҳои ҳодисаи рӯйдода омадааст, амал намояд.

 

Моддаи 10. Аз Сарҳади давлатӣ гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот

Аз Сарҳади давлатӣ гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 11. Гузаронидани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз Сарҳади давлатӣ

Гузарондани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз Сарҳади давлатӣ ба воситаи нуқтаҳои муқарраршудаи гузариш аз Сарҳади давлатӣ сурат мегирад ва аз эътирофи қонунӣ будани убури Сарҳади давлатӣ аз ҷониби ашхос ва воситаҳои нақлиёти ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани борҳо, молҳо ва ҳайвонот ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷозати убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ашхос ва воситаҳои нақлиётие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мешаванд, аз Сарҳади давлатӣ гузаронида, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани борҳо, молҳо ва ҳайвонот иборат аст.

Мавҷуд будани асноди ҳақиқие, ки ҳуқуқи ворид шудани ашхосро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷ шудани онҳоро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд, аснод барои воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот ҷиҳати ба воситаи Сарҳади давлатӣ иҷозат додани убури ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот асос мебошанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст, инчунин шахсоне, ки нисбати онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ намудани хориҷшавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардидааст, аз Сарҳади давлатӣ гузаронида намешаванд.

Тавассути санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мумкин аст тартиби соддатари убури Сарҳади давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатӣ ҳамҳудуд дар мавриди муайян намудани санадҳое, ки ба хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, муқаррар карда шавад. Нуқтаҳои убури соддакардашуда бо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,  қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи пешниҳодоти вазоратҳо ва идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Назорат ва иҷозати гузаронидани борҳо, асъор, арзишҳо ва амволи дигаре, ки ба ашхоси бо тартиби соддакардашуда ҳаракткунанда тааллуқ доранд, берун аз ҷойҳое, ки мақомоти гумрук қарор додан, аз ҷониби намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом дода мешавад.

Иҷозат додан ба ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва  ҳайвонот барои убури Сарҳади давлатӣ аз назорати сарҳадӣ (тафтиши санадҳое, ки ба воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷшавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳанд, муоинаи воситаҳои нақлиёт бо мақсади ошкор намудани вайронкунандагони қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ) ва дар мавриди зарурат ҳамчунин назорати гумрукӣ, санитарӣ, карантинӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва дигар намудҳои назорат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, иборат аст.

Моҳият, воситаҳо ва усулҳои назорат, тартиби истифодаи онҳо дар асоси ҳамин Қонун бо асноди меъёрии мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти гумрук ва дар мавриди таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии одамон, ҳайвонот ва наботот - ҳамчунин бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти манфиатдори ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида шудаанд, муқаррар карда мешаванд.

Убури Сарҳади давлатӣ ба ҳавопаймоҳои Тоҷикистон, ки аз майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳои барои парвозҳои байналмилалӣ пӯшида параози махсуи байналмилалиро анҷом медиҳанд, ҳамчунин ҳавоипаймоҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон, ки дар ҷойҳои муқаррарнашуда ноилоҷ, фуруд меоянд, аз ҷониби ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти амният якҷоя бо маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо ё фармондеҳии қисмҳои авиатсионии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва баъдан дар ин бобат Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор карда мешаванд.

 

Моддаи 12. Ситонидани боҷ барои барасмиятдарории сарҳадӣ (хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 21.11.06 № 209)

 

Моддаи 13. Кушодани гузаргоҳ дар Сарҳадӣ давлатӣ

Гузаргоҳҳо дар Сарҳади давлатӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қӯшунҳои сарҳадӣ мувофиқа кунонида шудааст, бо назардошти манфиатҳои давлатҳои ҳамҳудуд ташкил карда мешаванд.

Кушодани гузаргоҳ дар Сарҳади давлатӣ баъди сохтмон, таҷҳизонидан ва аз тарафи вазорат ва идораи манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода қабул шудани биноҳо, утоқҳо ва иншоотҳо аз рӯи лоиҳаҳое, ки бо Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳамчуним мақомоти гумрук ва дигар мақомоти дар назорати гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ ширкаткунанда мувофиқа кунонида шудаанд, анҷом дода мешавад. Ҳангоми таҳияи ин лоиҳаҳо бояд биною иншоотҳое, ки барои ташкили назорати сарҳадӣ ва назорати дигар заруранд, пешбинӣ карда шаванд. Сохтмон ва таҷҳизонидани иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, барои таъмини фаъолияти мақомоти назорати сарҳадӣ ва дигар навъи назорат, мақомоти корҳои дохилӣ, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар анҷом додани назорати риояи низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, дар ҳолати зарурӣ ба таври ройгон иморатҳои хизматӣ, иншоот, таҷҳизоти заруриро диҳанд.

 

Моддаи 14. Анҷом додани фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва дигар фаъолият дар Сарҳади давлатӣ

Фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва фаъолияти дигари вобаста ба убури Сарҳади давлатӣ ва ба тариқи дигар ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои хориҷӣ дахолаткунанда, ки ашхоси юридикӣ ва воқеии Тоҷикистон ва хориҷӣ, аз ҷумла якҷоя, бевосита дар Сарҳади давлатӣ ё дар наздикии он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, набояд:

ба саломатии аҳолӣ, бехатарии экологӣ ва ғайраи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷии ба он ҳамҳудуд зиён расонад ё дорои таҳдиди расонидани чунин зиён бошад;

ба нигоҳ доштани Сарҳади давлатӣ халал расонад.

Фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида мутобиқи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарордоди дигар бо давлатҳои хориҷӣ, бо риояи қоидаҳои убури Сарҳади давлатӣ ва огоҳонидани Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷой, вақти убури Сарҳади давлатӣ ва иҷрои корҳо, шумораи иштироккунандагон, киштиҳои шикорӣ ва киштиҳои дигар воситаҳои нақлиёт ва ғайра, механизмҳои истифодашаванда анҷом дода мешавад.

 

 

Моддаи 141. Муваққатан қатъ намудани робита тавассути Сарҳади давлатӣ дар ҳолати хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунанда

Дар ҳолати хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунандаи махсусан хавфнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ гузаронидани шахсон, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот тавассути Сарҳади давлатӣ дар минтақаҳои муайян мумкин аст бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан маҳдуд ё қатъ карда шавад, ё ин ки барои одамон, ҳайвонот, бор, тухмӣ, маводи кўчатшаванда ва дигар маҳсулоти растанипарвариву чорводорие, ки аз Сарҳади давлатӣ мегузаранд ё интиқол дода мешаванд, карантин муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи 15. Ҳаллу фасли моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ

Тартиби ҳаллу фасли моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, ба салоҳияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати корхои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донистани онҳоро санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳамин Қонун, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Ашхос, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёии низоми ва ғайринизомӣ, дигар воситаҳои нақлиётие, ки ҳангоми убури Сарҳади давлатӣ бо қоидаҳои ҳамин Қонун муқарраршударо вайрон мекунанд, вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ дониста мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаияте, ки статуси ашхоси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунатдошта ё муваққатан истиқоматдоштаро надоранд ва аз қаламрави давлати хориҷӣ Сарҳади давлатиро убур кардаанд, ҳангоми дар амалҳои онҳо мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят ё қонуншикании маъмурӣ ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.

Дар ҳолатҳое, ки нисбати вайронкунандагони Сарҳади давлатии дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ё истеҳсолот оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ асос набошад ва онҳо мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гирифдани панноҳгоҳи сиёсӣ надошта бошанд, Қӯшунҳои сарҳадӣ онҳоро ба таври расмӣ ба мақомоти давлате, ки аз қаламрави он Сарҳади давлатиро убур кардаанд, месупоранд. Агар супоридани вайронкунандагони сарҳад ба мақомоти давлати хориҷӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ нашуда бошад, Қӯшунҳои сарҳадӣ онҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойҳои муайяннамудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ берун мекунанд. Дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ берун карда шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият мақомоти давлате, ки ба (воситаи) қаламрави он онҳо берун карда мешаванд, агар ин дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ шуда бошад, огоҳонида мешаванд. Он вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанду нисбати онҳо қарори берун кардан қабул шудааст, низ бо ҳамин тартиб аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешаванд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи дар хориҷа буданашон ҳуҷҷатҳои ба воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқдиҳандаи худро гум кардаанду ба гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ расидаанд, дар гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ то вақте ки мақомоти салоҳиятдор шахсияти онҳоро муқаррар менамоянд, нигоҳ дошта мешаванд, вале на бештар аз 30 шабонарӯз. Тартиб ва шароити дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ будани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 16. Намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои ҳалли масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлатӣ, танзими моҷароҳои сарҳадӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои муайяни Сарҳади давлатӣ намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (комиссарҳои сарҳадӣ, ашхоси ваколатдор ва муовинони онҳо)-ро таъмин мекунад.

Намояндагони сарҳадӣ  фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин Қонун, дигар қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳдномаҳои байналмилалии Чумкурии Тоҷикистон, Низомномаи намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, амалӣ менамоянд.

Намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ, Сарҳади давлатиро убур намоянд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

Моҷароҳои сарҳадии вобаста бо амали ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва киштиҳои ҳарбии дарёии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ, дигар объектҳои ҳарбӣ ё хизматчиёни ҳарбӣ (ба истиснои объектҳо ё хизматчиёи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дар сурати дахл надоштан ба манфиатҳо пешгири намудани фаъолияти хатарноки ҳарбӣ) аз ҷониби намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - бо ширкати намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Масъалаҳо ва моҷароҳое, ки аз ҷониби намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидаанд, бо роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.

 

БОБИ 4

Низоми сарҳадӣ

 

Моддаи 17. Минтақаи сарҳадӣ ва хатти сарҳад

Бо мақсади таъмини шароити зарурӣ дар Сарҳади давлатӣ барои ҳифзи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи сарҳадӣ ва хатти сарҳад муқаррар карда мешаванд.

Минтақаи сарҳадӣ, чун қоида, дар ҳудуди қаламрави шаҳр, ноҳия, шаҳрак ва деҳае, ки аз хати Сарҳади давлатӣ дар масофаи то 25 километр қарор дорад, муқаррар карда мешавад. Ба таркиби минтақаи сарҳадӣ, дар ҷое, ки он муқаррар карда мешавад, ҳамчунин обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо ва ҷазираҳои дар он обҳо ҷойгиршуда дохил карда мешаванд.

Хатти сарҳадӣ қисми таркибии минтақаи сарҳадӣ мебошад ва бевосита қад-қади Сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои хушкии он ё қад-қади соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ дар хати арзаш то ду километр муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 18. Моҳияти низоми сарҳадӣ ва муқаррар намудани он

Низоми сарҳадӣ аз қоидаҳои зерин иборат аст:

дохил шудан (гузаштан), будубоши муваққатӣ, ҳаракати ашхос ва воситаҳои нақлиёт дар минтақаи сарҳадӣ;

 бурдани фаъолияти хоҷагидорӣ, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳадӣ;

         - баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи киштиҳои хурдандоза; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

шикор кардан, машғул шудан бо фаъолияти таҳқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ.

Муқаррар намудани дигар қоидаҳои низоми сарҳадӣ мумкин мест. Ҳама гуна маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон танҳо дар асос ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Дар даромадгоҳҳои минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад аломатҳои сарҳадӣ гузошта мешаванд.

Бо назардошти хусусияти муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати ҳамҳудуд дар қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатӣ муқаррар накардани хати сарҳад мумкин аст.

Муайянкунии ҳудуди минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад гузоштани аломатҳои огоҳкунанда бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом дода мешавад.

Моҳияти мушаххас, ҳудуди фазоӣ ва замонии амали бо ҳамин Қонун пешбинишудаи қоидаҳои низоми сарҳадӣ, доираи ашхосе, ки ба онҳо ин ё он қоидаи зикршуда нисбат надорад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд ва бояд нашр карда шаванд.

 

Моддаи 19. Дохил шудан (гузаштан) ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад

Ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, бе рухсати Вазорати корҳои хориҷӣ ва  мақомоти корҳои дохилӣ манъ мебошад, агар санадҳои меёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

 

Дохил шудани (гузаштани) ашхос ва воситаҳои нақлиёт ба хати сарҳад мувофиқи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият сурат мегирад. Ҷойҳои даромадан (гузаштан), хати сайр, давомнокӣ ва дигар шароити будубоши ашхос ва воситаҳои нақлиёт дар хати сарҳад аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ муқаррар карда мешаванд.

Барои ба хати сарҳад дохил шудан, будубоши муваққатӣ, истиқомат ва иҷрои корҳо дар хати сарҳад Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷозат медиҳанд. Дар мавриди зарурат, онҳо метавонанд барои ба хати сарҳад дохил шудан ва иҷрои корҳо маҳдудиятҳои муваққатии иловагӣ ҷорӣ намоянд.

 

Моддаи 20. Фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳад

Фаъолияти хоҷагӣ, шикор ва дигар фаъолияти вобаста бо истифодаи замин, ҷангал, қаъри замин, обҳо, гузаронидани чорабиниҳои оммавии чамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо дар минтақаи сарҳад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танзим мегарданд. Корҳо ва чорабиниҳои мушаххас бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ гузаронида мешаванд.

Иҷозат барои гузаронидани корҳо ва чорабаниҳо, ғайр аз масъалаҳои пешбининамудаи моддаи 19 ҳамин Қонун, муайян намудани ҷой, вақти гузаронидан, шумораи ширкаткунандагон ва ашхоси масъули гузаронидани онҳоро дар бар мегирад. Барои гузаронидани корҳо ва чорабиниҳои мунтазам ҷойҳои доимӣ муқаррар кардан мумкин  аст.

 

Моддаи 21. Нигоҳ доштан ва чарондани чорво дар назди Сарҳади давлатӣ

Бо мақсади роҳ надодан ба гузаштани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи Сарҳади давлатӣ, нигоҳ доштан ва чарондани чорворо дар хати маҳал (хати карантин) қад-қади Сарҳади давлатӣ дар хушӣ манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.

Хати карантин, арзи он, тартиби ихотагирии он, низоми ветеринариро дар он Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Нигоҳ доштан ва чарондани чорво дар хати сарҳад ҳамчунин бо тартиби пешбининамудаи моддаи 19 ҳамин Қонун сурат мегирад.

 

Моддаи 22. Баҳисогирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи  Тоҷикистон

Киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи худгард ва ғайрихудгарди Тоҷикистон, ки дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ истифода мешаванд, бояд ба таври хатмӣ дар бандар, дарёбанд, истгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои ҷойгиршавии онҳо ба ҳисоб гирифта ва нигоҳ дошта шаванд. Аз ҷониби Қўшунҳои сарҳадӣ тартиби баромадани ин киштиҳо аз нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва  баргаштани онҳо муқаррар гардида, вақти баромадан, дар об қарор доштан, дур шудан аз нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва соҳилҳо маҳдуд карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи 23. Шикоркунӣ,  анҷом додани фаъолияти тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ

Шикоркунӣ, анҷом додани фаъолияти тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти дигар дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ танзим мегарданд ва бо тартиби тибқи талаботи модаҳои 9, 20, 22 ҳамин Қонун муқарраргардида, анҷом дода мешавад.

Фаъолияти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда дар қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом дода мешавад.

 

БОБИ 5

 НИЗОМ  ДАР  ГУЗАРГОҲИ  САРҲАДИ  ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 24. Мазмуни низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ва муқаррар намудани он

Низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз қоидаҳои дохил шудан ба ин гузаргоҳҳо, будубош ва баромадан аз онҳо барои ашхос, воситаҳои нақлиёт, даровардан ба гузаргоҳҳо, қарор доштан ва баровардани борҳо, молҳо ва ҳайвонот аз онҳо иборат аст, ки танҳо ба манфиати фароҳамсозии шароити зарурӣ ҷиҳати пешбурди назорати сарҳади, гумрукӣ ва дигар намудҳои назорат муқаррар карда мешавад.

Низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти ҳамин Қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук  мувофиқа кунонида шудаанд, муқаррар мешавад.

Дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳои нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори майдони ҳавоӣ, аэродром, бандари дарё, дарёбанд, вокзалу истгоҳҳои роҳи оҳан ва автомобил, роҳбари дигар корхонаи нақлиётӣ бо назардошти шароити маҳаллӣ амре (дастурамале) мебарорад, ки он бо ашхоси дахлдори мансабдори Қӯшунҳои сарҳадӣ, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти назорати мувофиқа кунонида шуда, низоми ин гузаргоҳи Сарҳади давлатиро муқаррар менамояд.

Низом дар он гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ, ки берун аз объектҳои нақлиётии дар қисми сеюми ҳамин модда зикршуда ҷиҳозонида шуданд, аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи талаботи қисми дуюми ҳамин модда бо мувофиқаи мақомоти гумрук ва дигар мақомоте, ки аз ин гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ убур кардани ашхос, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонотро мазорат мекунанд, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 25. Тартиби дохил (хориҷ) шудани ашхос, воситаҳои нақлиёт, даровардани (баровардани) борҳо, молҳо ва ҳайвонот тавассути гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ

Дохил шудани ашхос, воситаҳои нақлиёт ба гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ва хориҷ шудан аз онҳо, ҳамчунин даровардани (баровардани) борҳо, молҳо ва ҳайвонот дар ҷойҳои махсус ба ин мақсад ҷудокардашуда мувофиқи рухсатномаҳое, ки аз тарафи маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо, бандарҳои дарёӣ, дарёбандҳо, вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳану автомобилҳо ва дигар корхонаҳои нақлиётӣ бо мувофиқаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дода мешаванд, амалӣ мегардад.

 

Моддаи 26. Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ қарор доштани ашхос ва воситаҳои нақлиёт

Ҷойҳо ва мӯҳлати дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таваққуф кардани воситаҳои нақлиётие, ки ба хориҷа мераванд, аз ҷониби маъмурияти майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо, бандарҳои дарёӣ, дарёбандҳо, вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан ва автомобилҳо, дигар корхонаҳои нақлиётӣ бо мувофиқаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук муайян карда мешаванд.

Ба воситаҳои нақлиёт наздик шудани ашхос ва роҳ додани ашхос ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хориҷа мераванд, дар вақти тафтиши сарҳадӣ, гумрукӣ ва дигар намудҳои назорат маҳдуд ва дар мавриди зарурат манъ карда мешавад. Ба воситаҳои нақлиёт шинондани мусофирон ҳангоми аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ва фаровардани онҳо ҳангоми расидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бор кардани (фаровардани) бағоҷ, почта ва борҳо бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумруку Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ашхоси мансабдори ташкилоту корхонаҳои нақлиётӣ, соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки мувофиқи талаби намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ширкати кормандони мақомоти гумрук дар сурати зарурат ҷиҳати муоина вагонҳо, автомобилхо, трюмҳо ва дигар ҷойҳои воситаҳои нақлиётро, ки сурғуч (мӯҳр) карда шудаанд ва борҳои дар онҳо кашонидашавандаро кушоянд.

Воситаҳои нақлиётӣ ба хориҷа раванда барои берун рафтан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил шудан ба қаламриви Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тағйири чои таваққуф танҳо бо иҷозати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти гумрук ба ҳаракат оғоз мекунанд.

Дар гузаргоҳҳои Сарҳадӣ давлатӣ қарор доштани шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои эътиборнок надоранд, бо тартиби пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 15 ҳамин Қонун танзим мегардад.

 

Моддаи 27. Ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даромадан ва қарор доштани киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомӣ ва низомӣ

Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомӣ ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои воридшавии чунин киштиҳо кушодаанд, даромада метавонанд. Қоидаҳои даромадан ва қарор доштан дар ин бандарҳо, дарёбандхо иҷрои амалиёти боркашонӣ ва муософиркаш, алоқаи киштиҳо бо соҳил, ба соҳил фаромадани аъзои экипаж ва мусофирон, ба киштӣ даромадани ашхосе, ки аъзои экипаж нестанд ва дигар қоидаҳои вобаста ба даромадани киштиҳои хориҷӣ ба бандару дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор доштан дар онҳоро ҳамин Қонун, асноди дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомие, ки ба тарафи бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, ба мақомоти бандар ё дарёбанди таъинот вақти омадани худро хабар медиҳанд.

Киштиҳои дарёии хориҷии ғайринизомие, ки тартиби иҷозат ё огоҳкуниро барои воридшавии киштиҳои Тоҷикистон ба бандарҳои худ муайян кардаанд, ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гирифтани иҷозати мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон мувофиқи принсипи ризоияти тарафайн дохил мешаванд.

Киштиҳои дарёии хориҷии низомӣ, агар тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, мувофиқи иҷозати пешакии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бандарҳо ва дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд. Тартиби ворид шудан ба бандару дарёбандҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор доштани киштиҳои дарёии хориҷии низомиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 28. Қоидаҳои иловагии низом дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ

Дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ минтақаҳо ва биноҳое, ки дар он бевосита назорати сарҳадӣ, гумрукӣ ва назорати дигар анҷом дода мешавад, муайян карда мешаванд. Дар ин ҷойҳо маҳдудиятҳои иловагии низом, ки дар доираи қоидаҳо ва бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 24, 25, 26 ва 27 ҳамин Қонун муқаррар карда мешаванд, ҷорӣ мегарданд.

 

БОБИ 6

ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТ ДАР СОХАИ ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 29. Ваколатҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

қонунҳоро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат қабул менамояд;

аҳдномаҳои байналмилалиро оид ба тақсимоти ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аҳдномаҳоро оид ба гузаришш хати Сарҳади давлатӣ ба тасвиб мерасонад ва аз эътибор соқит менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

фаъолияти мувофиқашудаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;

музокирот доир менамояд ва аҳдномаҳои байналмилалиро доир ба масъалаҳои ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба имзо мерасонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

тадбирҳои оид ба таъмини ҳимояи Сарҳади давлатиро таҳия ва татбиқ менамояд;

иҷрои ҳамин Қонунро аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Мақомоти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар таъмини ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамояд.

 

Моддаи 30. Ваколатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-муҳофизати Сарҳади давлатиро дар хушкӣ, дарёҳо, кўлҳо ва дигар обанборҳо, инчунин дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;

-Қўшунҳои сарҳадӣ ва фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд, дар ташаккул ва амалӣ гардонидани сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;

-самтҳои афзалиятноки фаъолияти Қўшунҳои сарҳадиро муайян менмояд, консепсияи муҳофизати Сарҳади давлатӣ ва барномаҳои мақсадноки комплексии такмили фаъолияти онҳо, инчунин механизми ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва роҳҳои дигари дар амал ҷорӣ намудани ин барномаҳоро таҳия менамояд;

-фаъолияти мақомоти давлатиро, ки дар Сарҳади давлатӣ ҳама гуна назорати риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низомро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонанд, ҳамоҳанг месозад;

-якҷоя бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Қўшунҳои сарҳадӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоиро оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;

-дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ дахл доранд, иштирок менамояд;

-дар делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсияи Сарҳади давлатӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми Сарҳади давлатиро муқаррар мекунанд, иштирок менамояд;

-дар бораи таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ иттилоот ба даст оварда, пас аз таҳлил онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ба вазорату идораҳои дахлдор маълумот ирсол медорад;

-фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативию ҷустуҷўиро ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ анҷом медиҳад;

-ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ бо идораҳои сарҳадии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, робита барқарор менамояд;

-дар ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати мубориза бар зидди қочоқ тадбирҳо таҳия намуда, онҳоро амалӣ месозад;

-ҳамкориро бо мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо хадамоти махсус ва ташкилотҳои хориҷӣ ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонад; 

-дар таъмини амнияти чорабиниҳои оммавӣ, ки хусусияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё байналмилалӣ доранд ва дар Сарҳади давлатӣ ё ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамояд.

Ваколатҳои дигари Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

 

Моддаи 31. Ваколатҳои мақомоти соҳавии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар асоси қарорҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ, мустаҳкамии сарҳадҳо, манфиатҳои иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;

-доир ба бастани санадҳои ҳуқуқуқии байналмилалӣ оид ба муқаррар намудан ва мустаҳкамкунии Сарҳади давлатӣ, муқаррар намудани низоми Сарҳади давлатӣ гуфтушунид мегузаронад, назорати умумии иҷрои ин санадҳоро анҷом медиҳад;

-дар доираи салоҳияти худ самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи амалигардонии сиёсати сарҳадӣ ба амал мебарорад;

-дар доираи салоҳияти худ ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият медарорад;

-дар муқаррар намудани тартиби таъмини риояи низоми Сарҳади давлатӣ иштирок мекунад, дар доираи салоҳияти худ моҷароҳои дар Сарҳади давлатӣ рўйдодаро, ки аз ҷониби намояндагони сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл нашудаанд, ҳал менамояд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ҳимояи Сарҳади давлатиро дар фазои ҳавоӣ таъмин мекунад ва масъули иҷрои ин вазифа мебошад;

ҳимояи Мусаллаҳонаи Сарҳади давлатӣ ва ширкати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби муайяннамудаи ҳамин Қонун, дигар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

дар доираи салоҳияти худ моҷароҳои вобаста ба вайронкунии низомии Сарҳади давлатиро ҳаллу фасл мекунад;

ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мавриди таъминот бо захира, таъминоти разведкавӣ ва дигар таъминоти ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниидоравӣ кӯмак мерасонад.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба Қӯшунҳои сарҳадӣ дар гузаронидани чорабиниҳои доир ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ, муборизаи зидди фаъолияти пинхонкорӣ ба воситаи он, кофтукови шахсоне, ки низоми Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, муайян намудан ва тафтиши ҳолатҳои қонуншикании шаҳрвандоне, ки бо тартиби маъмурӣ ё ҷиноятӣ-мурофиавӣ дастгир шудаанд, кӯмак мерасонад;

Қӯшунҳои сарҳадиро аз ҳолати тартиботи ҳуқуқи дар ноҳияҳои наздисарҳадии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалҳои ғайриқонунии ошкоршуда, ашхос ва гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки нисбати Сарҳади давлатӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ Қӯшунҳои ғайриқонунӣ доранд, хабардор месозад;

иштироки Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Қонун таъмин менамояд;

бо пешниоди Қӯшунҳои сарҳадӣ ба минтақахои алоҳидаи маҳал ё объектҳои назди Сарҳади давлатӣ роҳ додани шаҳрвандонро ҳангоми ҷустуҷӯӣ вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ, рафъи ҳуҷуми Мусаллаҳона ё ба таври оммавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шаҳрвандони давлати ҳамҳудуд муваққатан маҳдуд ё манъ менамояд;

ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавии дорои хусусияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё байналмилалӣ дар Сарҳади давлатӣ ва ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамояд;

ҳангоми дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ рӯй додани ҳолати фавқулодда, ҷорӣ намудани низоми вазъи фавқулодда тартиботи ҳуқуқиро таъмин менамояд;

дар тарбияи ҳуқуқии аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар Сарҳади давлатӣ ва гузаргоҳҳои он якҷоя бо Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок менамояд.

4. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯро бо мақсади ошкору пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳои бо кочоқи маводи нашъаовар вобаста бударо дар ноҳияҳои назди сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар қаламрави давлатҳои ҳамсарҳад ба амал мебарорад;

- дар доираи ваколатҳои худ оиди ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъаовар чора мебинад.

5. Мақомоти дигари ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Сарҳади давлатӣ назорати гумрукӣ, санитарию карантинӣ, ветеринарӣ, фитосанитарӣ ва дигар намудҳои назоратро амалӣ менамоянд;

дар бобати ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, экологӣ ва дигар манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат дар Сарҳади давлатӣ чорабиниҳо ташкил мекунанд ва мегузаронанд;

дар доираи салоҳияти худ асноди меъёрие нашр мекунанд, ки иҷрои онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхоси юридикӣ ва воқеӣ хатмист;

аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон риоя шудани талаботи аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияташон дохил мешаванд, назорат мекунанд;

дар мавридҳои зарурӣ дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ мақомоти назорати (нуқтаҳо) таъсис медиҳанд ва кори онҳоро ташкил менамоянд, мутобиқи талаботи қисми шашуми моддаи 11 ҳамин Қонун воситаҳо ва усулҳои назоратро муқаррар мекунанд;

бо ҳамдигар ҳамкории мутақобила мекунанд ва ба Қӯшунҳоои сарҳадӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ кӯмак мерасонанд;

бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд.

 

Моддаи 32. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои назди сарҳадӣ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ:

барои ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба Қӯшунҳо ва мақомоти қонун ваколатдор карда шароит муҳайё мекунанд, бо ин мақсадҳо дар доираи салоҳияти худ ва мутобиқи талаботи ҳамин Қонун асноди меъёрӣ қабул менамоянд;

мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти ҳимояи Сарҳади давлатӣ қитъаҳои замин ҷудо мекунанд, ба истифодаи замин ва дар ин қитъаҳо риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист назорат мекунанд;

Қӯшунҳои сарҳадиро оид ба масъалаҳои марбут ба вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор месозанд;

барои ширкати ихтиёрии шаҳрвандон дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ шароит муҳайё мекунанд;

дар қаламравхои худ аз тарафи тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҳамчунин ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон риоя шудани иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи Сарҳади давлатӣ назорат мекунанд.

 

БОБИ 7

ҲОЛАТҲОИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ, ҚӮШУНҲОИ МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ  МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН, ДИГАР ҚӮШУНҲО ВА СОХТОРҲОИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 33. Ваколатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

Қӯшунҳои сарҳадӣ Сарҳади давлатиро дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳо, дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ муҳофизат мекунанд, ҳамчунин гузариш аз Сарҳади давлатиро таъмин менамоянд. Бо ин мақсадхо онҳо вазифадоранд:

тавассути тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври ғайриқонунӣ тағйир додани убури Сарҳади давлатиро дар маҳал роҳ надиҳанд;

ҳуҷуми Мусаллаҳонаро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зада гардонида, моҷароҳои Мусаллаҳона ва дигар моҷароҳоро дар Сарҳади давлатӣ пешгирӣ намоянд, аз ин қасдҳои ҷинояткорона аҳолӣ, моликияти давлатӣ ва дигар шаклҳои моликиятро ҳимоя намоянд;

вайронкунандагони Сарҳади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд; аз тарафи ашхос ва воситаҳои нақлиёт берун аз гузаргоҳҳо ё бо тарзи ғайриқонунӣ гузаштани Сарҳади давлатиро пешгирӣ намоянд ва ба онҳо роҳ диҳанд;

иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки аз аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таъмин намоянд;

риояи қоидаҳои низоми Сарҳади давлатиро, ки хислати иҷозатӣ ё огоҳкунӣ доранд, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро назорат намоянд;

фаъолияти қӯшунӣ, разведкавӣ, оперативию қӯшунӣ, низомӣ гузарондан ва ҳарбию техникиро анҷом диҳанд;

пешбарии парвандаҳоро оид ба қонуншиканиҳои маъмурие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо вогузор намудааст, анҷом диҳанд, дар доираи салоҳияти худ ин парвандаҳоро баррасӣ кунанд ва қарорҳои аз рӯи онҳо қабулшударо иҷро намоянд;

аз рӯи парвандаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо гузоштааст, таҳқиқ баранд;

пешгирии қонуншиканиҳоеро, ки мубориза бар зидди онҳо ба салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохил мешавад, ба роҳ монанд;

дар фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намоянд;

дар мавриди зарурат ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳадӣ гузаронанд;

назорати муҳоҷиратиро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амалӣ намоянд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида ҳуқуқҳои зерин доранд:

1) дар заминҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доимӣ) дода мешаванд, иншооти зарурии инженерию техникӣ бунёд намоянд, сохтмони хатҳои алоқа ва коммуникатсияро анҷом диҳанд, техника ва силоҳро ҷойгир ва истифода кунанд;

2) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳар минтақаи маҳал қарор дошта бошанд ва дар он ҷой озодона рафту омад кунаанд; аз моликон ва истифодабарандагони қитъаҳои замин дар хати сарҳад ҷудо намудани ҷойро барои рафту омади нарядҳои сарҳадӣ, таҷҳизонидан ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани гузаргоҳҳои миёни панҷараҳо, гузаргоҳҳои миёни дигар монеаҳо талаб намоянд; киштиҳои дарёии ғайринизомӣ ва дигар воситаҳои нақлиётро мушоиат ва дар онҳо нарядҳои сарҳадиро ҷой кунанд; бо мақсади пешгирӣ ва рафъи вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ҳуҷҷатҳои зарурии ашхос, ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиётро тафтиш намоянд, воситаҳои нақлиёт ва борҳои дар онҳо бударо тафтиш (муоина) кунанд;

3) тавассути нарядҳои сарҳадӣ ашхосеро, ки нисбати онҳо асос барои гумони вайронкунии Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ мавҷуд аст, нигоҳ доранд ва тафтиш намоянд, чунин ашхосро ба қароргоҳи ҷузъу том, қисмҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ё ҷойҳои дигар барои муайян кардани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ баранд; тавассути қаиқҳои сарҳадӣ нигоҳ доштан, муоина кардан ва дастгир намудани киштиҳои ғайринизомиеро, ки низомҳои мазкурро вайрон карданд ва бурдани онҳоро ба бандар, дарёбанд ё истгоҳи наздиктарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ анҷом диҳанд. Ҳангоми муоина кардан ва бурдани киштӣ радиостансияи он набояд кор кунад. Дар хусуси ҳар як ҳолати муоина ва дастгир намудани киштӣ протокол тартиб дода мешавад. Асноди киштиронӣ ва боркашонии аз капитан гирифташуда ба протокол замима мегарданд;

4) ашхосеро, ки низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, ҷиҳати тартиб додани протокол ба муддати то се соат ба таври маъмурӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои муқаррар кардани шахсият ва муайян кардни ҳолатҳои қонуншиканӣ -  то се шабонарӯз ва дар ин хусус дар муддати бисту чор соат аз лаҳзаи дастгир кардан ба прокурор хаттӣ хабар диҳанд ё бо иҷозати прокурор ба мӯҳлати то даҳ шабонарӯз, агар сардҳадшиканон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надошта бошанд, боздоранд; тафтиши инфиродии шахсияти дастгиршудагон, ҳамчунин тафтиш ва дар мавриди зарурат гирифтани ашёи ҳамроҳи онҳо буда, ашёе, ки онҳо молик мебошанд ё дар ихтиёр доранд ва ҳуҷҷати онҳоро анҷом диҳанд. Дар хусуси ҳар як ҳолати ба таври маъмурӣ датгир кардан, тафтиши инфиродии шахси дастгиршуда, тафтиш ва гирифтани ашёи ҳамроҳи у буда протокол тартиб дода мешавад;

5) бо иҷозати прокурор шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаиятеро, ки аз Сарҳади давлатӣ ғайриқонунӣ убур кардаанд ва дар мавриди онҳо мувофиқи асосҳои пешбининамудаи қисми чоруми моддаи 15 ҳамин Қонун, қарор дар бораи ба мақомоти давлатӣ ҳамҳудуд супоридани онҳо ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани онҳо қабул шудааст ва ё қарор дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маъмурӣ берун кардани онҳо қабул шудааст, то вақти барои иҷрои қарор ва ҳалнома зарур боздоранд;

6) ашхосеро, ки ба таври маъмурӣ боздошта шудаанд, дар биноҳои махсус барои ин мақсадҳо ҷиҳозонидашудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ашхосеро, ки бо тартиби ҷиноятӣ-мурофивӣ дар содир намудани ҷинояти гумонбар шудаанд ва гумонбаршудагонеро, ки нисбати онҳо ба сифати чораи эҳтиётӣ дар ҳабс нигоҳ доштан истифода шудааст - дар ҳабсхонаҳои  нигоҳдории муваққатӣ ё дар биноҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки махсус бо мақсади нигоҳ доштани ашхоси ба таври маъмурӣ дастгиршуда ҷиҳозонида шудаанд, дар ҳолатҳои зарурӣ чунин ашхосро дар ҳабсхонаҳои тафтишотӣ, ҳабсхонаҳои нигоҳдории муваққатӣ ва дигар биноҳои махсус ҷиҳозонидашудаи мақомоти корҳои дохилӣ нигоҳ доранд;

7) ашхосро ба ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ даъват намоянд ва аз онҳо дар бораи ҳолатҳои барояшон маълумбудаи убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ ё дигар вайронкунии низоми Сарҳадӣ давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ баёнот гиранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ гирифтани баёнот доир ба ҳолатҳои чунин сарҳадшиканиҳо метавонад дар ҷойҳои дигар анҷом дода шавад. Дар сурати ба даъват ҳозир нашудан, чунин ашхосро ба таври маҷбурӣ овардан мумкин аст;

8) дар ҳуҷҷатҳое, ки барои убури Сарҳади давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд, қайдҳои дахлдор гузоранд ва дар ҳолати зарурӣ ин гуна ҳуҷҷатҳоро муваққатан гиранд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои беэътиборро мусодира намоянд; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

9) қочоқи аз тариқи Сарҳади давлатӣ интиқолдодашаванда ва дигар молҳо, борҳо ва воситаҳои нақлиётии ғайриқонунӣ интиқолдодашавандаро, ки онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави назди сарҳадӣ ошкор намудаанд, ба мақомоти гумрук супоранд, дар сурати мавҷуд набудани мақомоти гумрук онҳоро боздоранд, маводи нашъаоварро бошад, ба ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари   назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон супоранд;

10) ҳаракати ашхос ва воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла киштиҳои (воситаҳои) хурдандозаи дарёиро муваққатан маҳдуд ё манъ намоянд, ҳамчунин шаҳрвандонро ба нуқтаҳои алоҳидаи маҳал роҳ надиҳанд, онҳоро вазифадор созанд, ки дар ҳамон ҷо қарор дошта бошанд ё ин нуқтаҳоро бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯю амалиёти сарҳадӣ, амалҳои дигари кофтуковӣ ҳамчунин ҳаракатҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ, тарк намоянд;

11) ҳангоми ба вуҷуд омадани хатар ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ бо огоҳонидани мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои манфиатдор гузаронидани корҳои гуногунро, ба истиснои корҳои дорои аҳамияти мудофиавӣ ва корҳои вобаста бо рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ё бемориҳои махсусан хатарноки сирояткунанда, муваққатан маҳдуд намоянд;

12) дар ҳар вақти шабонарӯз ба манзили истиқоматӣ ва дигар биноҳои шаҳрвандон, ба ҳудуд ва ба биноҳои корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, ба ғайр аз онҳое, ки масунияти дипломатӣ доранд, дар оянд ва онҳоро ҳангоми таъқиби ашхосе, ки нисбати онҳо асоси кофӣ барои гумони вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ мавҷуд аст, муоина намоянд. Агар дохил шудан ба манзили истиқоматӣ бе ризоияти ашхоси дар онҳо муким сурат гирифта бошад, дар ин хусус дар давоми 24 соат ба прокурор хабар дода мешавад;

13) бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои алоқаро бемамониат истифода баранд ва ҳангоми зада гардонидани ҳуҷум ба қаламрви Ҷумҳурии Тоҷикистон, монеъ шудан ба убури ғайриқонунии оммавии Сарҳади давлатӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ, интиқоли ашхосе, ки ба қонуншиканӣ гумонбар шудаанд - воситаҳои нақлиётиеро, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо (сарфи назар аз шакли моликият), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тааллуқ доранд ва дар ҳолатҳои зарури воситаҳои нақлиётии ба шаҳрвандон тааллуқдоштаро истифода намоянд ва бо талаби соҳибони онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун хароҷот ё зиёни расонидашударо ҷуброн кунанд. Воситаҳои алоқа ва нақлиёте, ки ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагии давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ тааллуқ доранд ва воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус аз ин қоида истсино мебошанд;

14) аз мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ маълумотеро дархост карда беподош гиранд, ки барои иҷрои вазифаҳои ба души Қӯшунҳои сарҳадӣ гузоштаи қонун зарур аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун тартиби дигари ба даст  овардани маълумотро муқаррар намудааст;

15) барои иҷрои назорати нигоҳдории низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ бақайдгирии ашхос, баҳисобгирии маълумот ва оморро пеш баранд ва ба ин мақсад низоми иттилоотиро ба тартибе, ки бо қонун мухолифат надошта бошад, истифода баранд;

16) ба мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳод доир ба бартараф намудани сабабҳои ва шароити ба содир намудани қонуншиканиҳо мусоидаткунанда, ки таҳқиқӣ ё пешбарии парвандаҳо аз рӯи онҳо ба салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохиланд, пешкаш намоянд;

17) шаҳрвандонро ба таври ихтиёрӣ дар ҳайати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба сифати кормандони ғайриштатии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар шаклҳои дигар ба ҳалли вазифаҳои муҳофизати Сарҳади давлатӣ дар ҳудуди қаламрави назди сарҳадӣ ҷалб намояд, инчунин шаҳрвандонеро, ки дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ саҳми арзанда гузштаанд ҳавасманд созанд;

18) силоҳ, техникаи ҷангӣ, воситаҳои махсус, қувваи ҷисмонӣ ва сагҳои хизматиро бо тартиб ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун истифода баранд;

19) дар қисми тоҷикистонии обҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба киштиҳои дарёии ғайринизомӣ, ба ғайр аз ин:

агар байрақи киштӣ барароварда нашуда бошад, пешниҳод намоянд, ки масъулони он байрақро нишон диҳанд;

бозпурсии капитан (соҳиб, команда)-и киштиро доир ба мақсадҳои ворид шудани киштӣ ба ин обҳо анҷом диҳанд;

агар киштӣ байрақи худро набардорад, ба ишораҳои пурсиш ҷавоб надиҳад, ба талаб доир ба тағйири самти ҳаракат итоат накунад ё принсипҳои ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии аз тарафи умум эътирофшударо вайрон намояд, киштиро боздоранд ва онро тафтиш кунанд. Дар натиҷаи тафтиши киштӣ ба он метавонад иҷозат дода шавад, ки шинонкуниро (қарор доштан) дар обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муқарраргардида давом диҳад ё пешниҳод карда шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намояд ё ки он метавонад мутобиқи талаботи ҳамин Қонун боздошта шавад;

ашхосеро, ки ҷиноят содир кардаанд ва бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, аз киштӣ фароранд ва дастгир намоянд, ин ашхосро агар дар аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ба мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ супоранд;

киштиеро, ки дар обҳои қисми тоҷикистонии дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои наздисарҳадӣ қоидаҳои шинокунӣ (қарор доштан) вайрон кардааст, пеш аз ба қаламрави кишвари худ ё давлати сеюм ворид гардидани ин киштӣ, пас аз додани ишораи басарӣ ё бонги ововӣ истодан аз масофае, ки киштӣ ин ишора ё бонгро дида ё шунида тавонад, таъқиб кунад ва боздоранд;

Ҳангоми гузаронидани ҷустуҷў ва амалиёти сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қўшунҳои сарҳадӣ метавонанд аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд, истифода баранд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

Дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба киштиро ва ҳавопаймоҳои (чархболҳои) Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқи ба таври ройгон:

истифода бурдани фазои обӣ ва ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандарҳо, дарёбандҳо, майдонҳои ҳавоӣ, аэродромҳо (майдончаҳои нишсат) дар қаламрави Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубият ва таъиноти онҳо;

гирифтани маълумоти киштиронӣ, метеорологӣ, гидрографӣ ва дигар маълумот;

таъмин намудани парвоз ва киштиронӣ, дода мешавад.

Ҳуқуқҳои дигарро ба Қӯшунҳои сарҳадӣ танҳо қонун дода метавонад.

Аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ истифода шудани ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда барои иҷрои вазифаҳое, ки қонун ба зиммаи онҳо вогузор накардааст, мумкин нест.

Қӯшунҳои сарҳадӣ ба иҷрои дигар вазифаҳо, ба истиснои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо ва фалокатҳо, ҷалб карда намешаванд.

 

Моддаи 34. Ваколатҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бо мақсади ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар фазои ҳавоӣ:

риояи қоидаҳои убури Сарҳади давлатиро аз ҷониби киштиҳои ҳавоӣ назорат мекунан;

пеши роҳи парвози ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сарҳади давлатӣ ғайриқонунӣ убур кардаанд ё тартиби истифодаи фазоӣ ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд, мегиранд ва барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шинондани онҳо чораҳо меандешанд;

ба ҳавопаймоҳое, ки Сарҳади давлатиро дар натиҷаи ҳолатҳои форс-мажорӣ ё амалҳои беғаразонаи экипажи онҳо ғайриқонунӣ гузаштаанд, кӯмак расонида, самти ҳаракати онҳоро барқарор ва онҳоро барои фаромадан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун рафтан аз ҳудуди фазоӣ ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоӣ мекунанд.

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки:

ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди убури ғайриқонунӣ ё ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ воситаҳои дар ихтиёр доштаашонро барои шинохтани ҳавопаймоҳо истифода баранд;

дар ҳолатҳои зарурӣ барои муайян кардани вазъият дар фазои ҳавоӣ ва андешидани тадбирҳо оид бапешгирӣ ё қатъи убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ аз фазои ҳавоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваҳо ва воситаҳои дигари навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд;

ҳангоми ба вуҷуд омадани таҳдиди убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ ё убури ғайриқонунии он дар минтақаҳои алоҳидаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳоро пурра манъ кунанд ё маҳдуд созанд;

аъзои экипажи ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сарҳади давлатӣ ғайриқонуни убур кардаанд, баъди дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фуруд омадани онҳо ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҷойҳои дигар ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои убури ғайриқонунӣ ва ба мақомоти таҳқиқ ё тафтишоти пешакӣ супоридани онҳо, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, даъват намоянд;

техникаи ҳарбӣ ва силоҳро мутобиқи ҳамин Қонун ба кор баранд.

 

Моддаи 35. Иштироки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳо ва сохторҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои ҷудогона дар хушкӣ, соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ оид ба манъ намудани убури ғайриқонунии сарҳад дар маҳалҳои ҷойгиршавии объектҳои ҳарбӣ, гарнизонҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшуноҳилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои даромадан (убури) ашхос ва воситаҳои нақлиётии бегона пушидаанд, ба зиммаи фармондеҳии объектҳои ҳарбӣ ва гарнизонҳои мазкур гузошта мешавад. Ин гуна қитъаҳо аз ҷониби фармондеҳони (сардорони) Қӯшунҳои  сарҳадӣ, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ якҷоя муайян ва бо асноди дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазоарти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қӯшунҳои сарҳадӣ барои иштирок дар ҷустуҷӯҳо ва амалиёти сарҳадӣ бо тартибе, ки дар қарорҳои муштараки вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, қувва ва восита ҷудо менамоянд.

Дигар намуди ширкати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои  дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 36. Амали якҷоя дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон:

ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд;

дар доираи ваколатҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда фаъолияти мақомоти давлатиро, ки барои нигоҳ доштани низоми Сарҳади давлатӣ намудҳои гуногуни назоратро амалӣ менамоянд, ба ин фаъолиятҳо дахолат накарда, ҳамоҳанг месозанд;

амали якҷояи қувваҳои худ ва мақомоти давлатӣ, корхонаҳо ташкилоту муассисаҳо, (сарфи назар аз шакли моликият), иттиҳодияҳои чамъиятиеро, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд ё ба манфиати Сарҳади давлатӣ фаъолият менамоянд, бевосита дар Сарҳади давлатӣ ташкил мекунанд. Фармондеҳони Қўшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амрҳое мебароранд, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист; (ҚҶТ аз 26.03.09, №501)

дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ бо тартибе, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд, бо мақомоти дахлдор ва Қӯшунҳои давлатҳои хориҷӣ амали якҷояро анҷом медиҳанд.

 

Моддаи 37. Истифодаи силоҳ ва техникаи ҳарбӣ

Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳимояи Сарҳади давлатиро дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ анҷом дода, ҷиҳати зада гардонидани ҳуҷуми Мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ кардани қӯшиши рабуда, ба хориҷа бурдани ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиётии бемусофир, силоҳ ва техникаи ҷангиро истифода мебаранд.

Силоҳ ва техникаи ҷангиро ҳамчунин дар ин мавридҳо истифода бурдан мумкин аст; бар зидди ашхос, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёйӣва воситаҳои нақлиётие, ки Сарҳади давлатиро бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун мегузаранд (гузаштаанд), дар ҷавоби қувваи истифодабурдаи онҳо ё дар ҳолатҳое, ки пешгирии  сарҳадшиканй ё дастгир намудани сарҳадшиканон бо усулҳои дигар имконнадорад: барои ҳифзи шаҳрвандон аз ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад, барои озод кардани гаравгонон; барои зада гардонидани ҳуҷум ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхосе, ки оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ вазифаи хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онҳо дар сурате, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид мекунад; барои зада гардонидани ҳамла ба ҷузъу томҳо ва объектҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, ки дар ҳимояи сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, аз ҷумла барои расонидани кӯмак ба киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар вақти баргардонидани ҳуҷум ба онҳо.

Пеш аз истифодаи силоҳ ва техникаи ҷангӣ дар бораи истифодаи онҳо бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпарронии огоҳкунанда сурат гирад.

Силоҳ ва техникаи ҷангӣ ҳангоми зада гардондани ҳуҷуми Мусаллаҳона, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи ногаҳонӣ ё Мусаллаҳона бо хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҷангӣ, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳом нақлиёт, муқобилияти Мусаллаҳона, бо силоҳ гурехтани ашхоси дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огоҳӣ ба кор бурда мешавад.

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳақ доранд барои безарар сохтани ҳайвоноте, ки ба ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон таҳдид мекунанд, ҳамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёрӣ силоҳро истифода баранд.

Ба кор бурдани силоҳ ва техникаи ҷангӣ ба муқобили занон ва ноболиғон, ба истиснои ҳолатҳои ҳуҷуми Мусаллаҳона аз тарафи онҳо муқобилияти Мусаллаҳона ва ё ҳуҷуми гурӯҳе, ки ба ҳаёт таҳдид мекунад; ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки мусофир доранд; ба муқобили ашхосе, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд ё қасди убури онро доранд, агар ин амал аниқ тасодуфӣ бошад ё бо сабаби фалокат, таҳти таъсири омил бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад, манъ аст.

Хизматчиёни ҳарбии навъҳои дигари Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҷалб карда мешаванд, силоҳ ва техникаи ҷангиро мутобиқи талаботи ҳамин модда ба кор бурда метавонанд.

 

Моддаи 38. Истифодаи воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмонӣ

Ҳангоми иҷрои вазифаҳои марбут ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ хизматчиёни ҳарбии Қўшунҳои сарҳадӣ воситаҳои махсус (дастбанд ё воситаҳои дигар барои дастбандӣ, калтаки резинӣ, модаҳои ашковар, воситаҳои садо ва рушноидиҳандае, ки таъсири ба тарафи дигар ҷалб кардани диққатро доранд, асбобҳо барои манъи маҷбурии нақлиёт), қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла усулҳои ҷангии муҳориба ва сагҳои хизматиро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор мебаранд.

 

БОБИ   8

ШИРКАТИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАИ МАҲАЛЛӢ, КОРХОНАҲО, ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО, ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА ШАҲРВАНДОН ДАР ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 39. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси мансабдори онҳо:

ба Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мақомоти давлатие, ки намудҳои гуногуни назоратро дар Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд, кӯмак мерасонанд, дастурҳои қонунии онҳоро иҷро менамоянд, маълумоти барои фаъолияти онҳо заруриро пешниҳод мекунанд;

барои иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлалӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ шароит фароҳам меоранд.

 

Моддаи 40. Иштироки шаҳрвандон дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Шаҳрвандон дар ҳайати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дружинаҳои ихтиёрӣ, ба сифати кормандони ғайриштатии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар дигар шаклҳо дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар асоси ихтиёрӣ иштирок менамоянд.

Тартиби ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҷалб намудани шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

БОБИ  9

ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ВА ШАҲРВАНДОНИ ДИГАРЕ, КИ ДАР ҲИМОЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ИШТИРОК МЕКУНАНД

 

Моддаи 41. Ҳифзи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо

Ба хизматчиёни ҳарбие, ки бевосита дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд, статуси хизматчиёни ҳарбии иҷрокунандаи вазифаҳои махсус, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар намудааст, дода мешавад. Онҳо намояндаи ҳокимият буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Талабҳои қонунии онҳо бояд ҳатман аз ҷониби шаҳрвандон ва ашхоси мансабдор иҷро карда шаванд. Ҳеч кас, ба ғайр аз ашхосе, ки аз тарафи қонун махсус ваколатдор шудаанд, ҳақ надорад ба фаъолияти онҳо даҳолат намояд.

Монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар бобати ҳимояи Сарҳади давлатӣ, сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатӣ, номус ва шараф, амволи хизматчии ҳарбӣ ё аъзои оилаи ӯ боиси, ҷавобгарие мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 42. Ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо

Барои амалҳои ғайриқонунӣ нисбати шаҳрвандон ва аъзои оилаҳои онҳо бо сабаби расонидани кӯмак Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ боиси ҷавобгарие мешавад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 43. Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд

Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандонеро, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ ширкат мекунанд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

 

Моддаи 44. Муқаррар намудани кафолатҳо ва ҷубронҳои иловагӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд

Барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Чикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидора дар доираи ваколатҳояшон онҳо ба ғайр аз кафолатҳо ва ҷубронҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда муқаррар намудани дигар кафолатҳо ва ҷубронҳо мумкин аст.

 

БОБИ 10

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҚОНУНШИКАНӢ ДАР САРҲАДИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИ ҲАМИН ҚОНУН

 

Моддаи 45. Ҷавобгарӣ барои қонуншиканӣ дар Сарҳади давлатӣ

Ашхосе, ки дар вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гуннаҳгоранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешаванд.

 

Моддаи 46. Назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонрр «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи ӯ, дар доираи ваколатҳои худ анҷом медиҳанд.

 

БОБИ  11

ТАЪМИНоти  молиявӣ ва моддию техникии ҲИМОЯИ САРҲАДӢ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 47. Таъминоти молиявии ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Таъминоти молиявии ҳимояи Сарҳади давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 48. Таъминоти моддию техникии ҳимояи Сарҳади давлатӣ

Таъминоти моддию техникии ҳимояи Сарҳади давлатӣ аз фондҳои давлатии замин, моддию техникӣ ва фондҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Меъёрҳо ва тартиби таъминоти ҳимояи Сарҳади давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 1 августи соли 1997

№481

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, №15-16, мод.255)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯзи расман нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. То баста шудани аҳномаҳо дар бораи гузариши Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд – ҷумҳуриҳои Иттифоқии собиқ ИҶШС, ба сарҳад бо ин давлатҳо статуси Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ:

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ таклифҳо пешниҳод кунад:

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои мақомот ба он тобеъро бо Қонуни мазкур мутобиқ намояд.

 

 

Муовини якуми Раиси Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                А. ДОСТИЕВ

ш. Душанбе  1 августи соли 1997

№ 482

 

ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Ҷум, 24/01/2020 - 09:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
517
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.12.1997
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24, мод. 350; соли 2003, № 8, мод. 458; соли 2006, №4, мод. 200; соли 2007, №3, мод. 177; №7, мод. 694; соли 2008, №10, мод.821; соли 2012,№4,мод.274; №8,мод.830; соли 2013,№12,мод.903; соли 2021, №12, қ.2, мод.713)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи давлатии иҷтимоиро муайян мекунад ва амали он нисбати суғуртаҳои ихтиёрии иҷтимоӣ татбиқ намешавад.
 
ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ низоми навъҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи таъмини ашхоси суғурташуда ҳангоми маҳрум гардидан аз музди меҳнат ё даромад дар натиҷаи беморӣ, осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ, маъюбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, пирӣ, бекорӣ, аз даст додани саробон, фавтидан ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртаи корфармоён ва шаҳрвандон иборат мебошад. (ҚҶТ аз 16.04.2012 с. №824)
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷти­моӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф  намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳумҳои дар Қонун истифодашаванда
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд;
Суғуртакунанда — шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқӣ (корхона, муассиса, ташкилот ва дигар субъекти хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва навъи фаъолият) ва ашхоси воқеӣ, ки шаҳрвандонро тибқи шартнома (қарордод) ба кироякорӣ ҷалб мекунанд, аз ҷумла ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анҷом медиҳанд, ба ҳисоб мераванд, ки уҳдадоранд мутобиқи қонунҳои ҷорӣ ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ саҳм ворид кунанд.
Муассисаи суғурташахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти суғуртаро мутобиқи қонунҳои ҷорӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом медиҳа.
Шахси суғурташудашахси воқеӣ, ки ба манфиати у суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.12с.№824)
Ҳодисаи суғурта — ҳодисаи руҳдода, ки бо фаро расидани он уҳдадории суғуртакунанда оид ба пардохти суғурта ба шахси суғурташуда  ё талофии хароҷоти масрафнамудаи у ба миён меояд.
Пардохти суғурта — маблағи пулӣ, ки ҳангоми ба миён омадани ҳодисаи суғурта ба шахси суғурташуда тибқи ҳаҷм ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.
Саҳми суғурта — пардохти ҳатмӣ барои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки суғуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи суғурта гузаронад.
Тарифҳои саҳмияҳои суғурта — андозаи саҳмияи суғурта бо фоизи ба музди меҳнати (даромад) бо ҳама асосҳо ҳисобкардашуда ё ҳаҷми  мушаххас барои категорияҳои алоҳидаи суғуртакунандагон.
Баҳисобгирии инфиродӣ — ташкил ва пешбурди баҳисобгирии маълумот оид ба ҳар як шахси суғурташуда бо мақсади суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.
Собиқаи суғурта — давомнокии маҷмуи давраҳои пардохти саҳмияҳои суғурта барои шахси суғурташуда.
Суратҳисоби захиравии инфиродӣ - қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродие мебошад, ки дар он маблағи захираҳои ҳатмии нафақавӣ, даромадҳо аз сармоягузорӣ ва индексатсияи онҳо, инчунин пардохтҳо аз ҳисоби захираҳои нафақавӣ дарҷ гардидаанд.
Моддаи 4. Принсипҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Принсипҳои асосии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иборатанд аз:
хусусияти умумӣ ва ҳатмӣ доштани суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда; (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
кафолати давлатии нигоҳ доштани сатҳи бадастомадаи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда;
табақабандии сатҳи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда бо назардошти саҳми меҳнатии онҳо, сабабҳои ҳодисаҳои суғурта ва дигар омилҳо; (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
масъулияти суғуртакунанда ва муассисаи суғурта ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои ашхоси суғурташуда;
масъулияти ашхоси суғурташуда, ки иштироки бевоситаашонро ба­рои ба расмият даровардан ва маблағгузории суғуртакунии иҷтимоии худ пешбинӣ менамоянд;
баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
иштироки намояндагони ҳамаи субъектҳои суғуртаи давлатии иҷ­тимоӣ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (намояндагони давлат, суғуртакунанда, иттиҳодияҳои корфармоён ва кормандон дар симои шахси намоянда); (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
дастраси ба дар таъмин ва татбиқи ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва ташкили назорати низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№824)
махсус будани маблағҳои молиявии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва анҷом додани пардохтҳо ба ашхоси суғурташуда вобаста ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба суғуртаи иҷтимоӣ;
масъулияти давлат барои истифода, ҷойгиронӣ ва ҳифзи воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.
Моддаи 5. Ашхосе, ки бо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд
Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бидуни истисно, тамоми ашхоси воқеиро, ки тибқи шартномаи (қарордод) меҳнатӣ кор мекунанд, (минбаъд-кормандон) ки дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамаи намуди моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ, шаҳрвандони алоҳида, инчунин ашхосе, ки аъзои ё иштирокчии корхонаҳо мебошанд, дар бар мегирад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро тибқи шартномаи дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки фаъолияти меҳнатӣ, хоҷагидорӣ ва соҳибкориро (бе ташкили шахси ҳуқуқӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба амал мебароранд, мутобиқи Қонуни мазкур бояд таҳти суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ қарор гиранд. Тартиби суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоиро нисбати шахсони зикргардида Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 6.Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои суғуртакунанда
Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:
шахсан аз тариқи намояндаи худ дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ иштирок намояд;
аз муассисаи суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ маълумот ба даст орад;
ба ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои худ.
Суғуртакунанда вазифадор аст:
мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои дорои хусусияти мақсаднокро оид ба суғуртаи дав­латии иҷтимоӣ ба ашхоси суғурташуда пардозад;
дар муҳлатҳои муайяншуда аз ҷониби тамоми ашхоси суғурташуда саҳмияҳои суғуртаро пардозад;
ҷиҳати рафъи омилҳои номатлубе, ки ба тандурустии кормандон таъсир мерасонад, барои беҳбуди шароити фаъолияти иқтисодӣ ва рафъи ҳодисаҳои травматизми истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
ба муассисаи суғурта оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва иҷрои уҳдадориҳои суғуртакунанда аснод ва маълумотҳоро пешниҳод кунад;
қарорҳои мақомоти суғуртаи иҷтимоиро оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти онҳо қарор доранд, иҷро кунад;
баҳисобгирии суғуртаи давлатии иҷтимоиро анҷом дода ба муас­сисаи суғурта оид ба хароҷот ҳисобот диҳад.
Моддаи 7. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муассисаи суғурта
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдоре, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муайян  менамояд  (минбаъд – мақомоти ваколатдор), амалӣ карда мешавад.
Муассисаи суғурта ҳуқуқ дорад:
дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тафтиши асноди пулӣ, китобҳои муҳосибавӣ (бухгалтерӣ), журналӣ, сабт, ҳисобот, нақша, смета, декларатсияҳо ва дигар асноди вобаста ба ҳисоб ва пардохти ҳиссаҳои суғурта, таъмин ва пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро анҷом дода оид ба масъалаҳое, ки дар натиҷаи тафтиш ба миён меоянд, тавзеҳот, маълумотнома ва маълумотҳои зарурӣ ба даст орад;
баҳисобгирии инфиродии саҳмияҳои пардохташудаи суғуртаро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун анҷом диҳад;
аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахси ҳуқуқӣ рафъи вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистонро аз рўи пардохти саҳмҳои суғурта ва хароҷоти ин маблағҳо ҷиҳати пардохти нафақа, кўмакпулӣ ва ташкили солимгардонӣ талаб намояд;
бо тартиби муқарраршуда бақияпулиҳоро аз рўи саҳми ҳисобкардашудаи муҷозотҳои молиявӣ, пеня ва гирифтани ҷарима аз шахсони мансабдоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистонро оид ба суғуртаи иҷтимоӣ вайрон кардаанд, тибқи қодекси  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ рўёнад;
фонди захиравӣ ва фонди рушд созмон диҳад;
маблағи муваққатан озодро ба қоғазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкҳо гузорад;
захираҳои нафақавии шахсони суғурташударо дар асоси шартномаҳои бо ширкатҳои идоракунанда басташуда тибқи шартҳои диверсификатсия нигоҳ дорад;
даъво пешниҳод намояд ва ё дигар амалҳои ҳуқуқии барои ҳимояи манфиатҳои  мақомоти ваколатдор   заруриро пешбинӣ намояд;
дар ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида ширкат варзад, таҷрибаи давлатҳои хориҷиро дар соҳаи таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоии аҳолӣ омўзад ва истифода намояд;
коршиносон, мутахассисон ва машваратчиён, аз ҷумла хориҷиёнро ба кор ҷалб намояд;
дар таъсис додани  муассисаҳои махсуси молиявие, ки ба аҳолӣ хизмати иҷтимоии суғуртавӣ мерасонанд, иштирок кунад;
 тибқи  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба судҳо дар бораи ҷуброни зиёни (дар шакли пулӣ ва ғайрипулӣ) буҷети  мақомоти ваколатдор  ба тарзи маҷбуран ситонидани маблағи пардохтнашудаи саҳмҳои суғурта ва муҷозотҳои молиявӣ даъвои амволӣ пешниҳод кунад;
аз мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо (васоят ва парасторӣ, сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоӣ) ҳуҷҷат ва маълумоти дахлдорро (маълумотнома, нусха ва дигар маълумот) талаб намояд, ки дар асоси онҳо таъин ё пардохти ин ё он намуди нафақа ё кўмакпулӣ тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом дода шудааст (анҷом дода мешавад);
Муассисаи суғурта вазифадор аст:
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқи ашхоси суғурташударо дар қисми таъминот бо нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳифз менамояд, иҷро кунад;
Тадбирҳои таъминкунандаи пойдории молиявии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоиро амалӣ намояд; (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
назорати баҳисобгирии дуруст, пардохти саривақтӣ ва гузаронидани саҳмияҳои суғуртаро оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ анҷом диҳад;
саҳеҳии ҳисоб ва сари вақт баҳисобгирӣ ва пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро ба ашхоси суғурташуда таъмин намояд;
ба мақомоти болоӣ ҷиҳати тасдиқи ҳисобу китоб ва воридоти пардохтҳои оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ сари вақт ҳисобот пешниҳод кунад.
Моддаи 8. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ашхоси суғурташуда
Ашхоси суғурташуда ҳуқуқ доранд:
аз суғуртакунанда бидуни мамоният оид ба ташаккули маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ маълумот ба даст оварда, хароҷоти онро назорат кунанд;
аз суғуртакунанда пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро тибқи ҳаҷм ва муҳлатҳои муайяншуда талаб намоянд;
сари вақт ва дар ҳаҷми муайяншуда оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулиҳо гиранд;
ҳуқуқи худро шахсан ё аз тариқи намояндагии худ, аз ҷумла тибқи тартиби судӣ ҳимоя кунанд;
шахси бовариноки худро ҷиҳати иштирок дар тафтиши ҳодисаҳои суғурта сафарбар намоянд;
дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба сифати суғуртакунанда баромад кунад.
Ашхоси суғурташуда уҳдадоранд:
Саҳмияҳои суғуртаи муқаррарнамудаи қонунҳоро ба суғуртаи дав­латии иҷтимоӣ пардозанд;
сари вақт ба суғуртакунанда асноди саҳеҳро, ки барои таъин намудани пардохтҳои нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо заруранд, пешниҳод намоянд;
шартҳои муайяншударо барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳо риоя кунанд.
ФАСЛИ 2. НАВЪ ВА АНДОЗАИ ТАЪМИНОТ МУТОБИҚИ СУҒУРТАИ
ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 9. Навъҳои таъминот оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои зайли таъминот оид ба суғур­таи давлатии иҷтимоӣ муқаррар карда мешаванд:
таъминоти нафақа;
кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ;
кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд;
кумакпулиҳои оилавӣ;
кумакпулӣ ба сабаби бекорӣ;
кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат; (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1059)
хароҷоти маблағҳо барои тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо, инчунин барои татбиқи дигар тадбирҳо, ки ба вазифа ва функсияҳои оид ба ҳифзи меҳнат ва тандурустии кормандон ва аъзои оилаи онҳо мувофиқ аст;
иловапулиҳо ба нафақа аз ҳисоби маблағи андўхти нафақаи ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ;
дигар навъи пардохтҳо, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд, инчунин таъминотҳои таъминкунандаи иҷрои вазифаҳои муассисаи суғуртакунанда.
Моддаи 10. Тартиби баҳисобгирӣ, индексатсия ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд
Маблағҳои андўхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, алоҳида ба ҳисоб гирифта шуда, ба маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дохил намешаванд.
Муассисаи суғурта уҳдадор аст ҳар сол як маротиба маблағҳои андўхти нафақавиеро, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, мутаносибан ба даромади аз сармоягузории он бадастомада индексатсия намояд.
Пардохти маблағҳои андўхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» анҷом дода мешавад. (ҚҶТ 23.12.2021 с. №1839)
Моддаи 101  
Хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 16.04.12 №824
  Моддаи 102.  Рақами инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ
   Дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ барои ҳар як шахси суғурташуда рақами инфиродии суғурта   гузошта мешавад, ки он ҳамзамон рақами ҳисобномаи андўхти инфиродӣ мебошад.
  Зикри рақамҳои инфиродии суғуртаи иҷтимоӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии суғуртакунанда, муассисаи суғурта ва шахси суғурташуда ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
 
Моддаи 11. Таъминоти нафақа
Тартиби муқаррар намудан, таъин, ҳисобу китоб ва пардохти ҳамаи намудҳои нафақа бо қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад
Моддаи 12. Кумакпулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ
Ҳангоми беморӣ (ҷароҳат бардоштан), ки бо гум кардани қобилияти корӣ вобаста аст, дар вақти зарурати нигоҳубини узви бемори оила, карантин, протезгузорӣ кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ пардохта мешавад.
Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба андозаи зайл пардохт карда мешавад:
      100 фоизи музди меҳнат:
- ба кормандон ҳангоми бардоштани осеби меҳнатӣ ё бемориҳои касбӣ;
- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки кор мекунанд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
- ба кормандоне, ки аз минтақаи олудаи радиоактивӣ дар натиҷаи садамаи Чернобил ва минтақаҳои ба онҳо баробаркардашудаи офатҳои табиӣ ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои узвҳои ҳосилкунандаи хун (лейкози шадид), ғадуди сипаршакл (аденома, саратон), варамҳои хатарнок кўчонида шудаанд.
75 фоизи музди меҳнат:
     - ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии и ҳаштсола ва беш аз он доранд;
     - ба кормандоне, ки таҳти сарпарастии худ се ва ё бештар фарзандони то 16-сола (ё хонандагони то 20-сола) доранд;
     - ба кормандони ятим, ки ба синни 23 нарасидаанд.
65 фоизи музди меҳнат: 
- ба кормандоне, ки собиқаи меҳнатии то ҳаштсола доранд. (ҚҶТ аз 1.08.12с.№983), (ҚҶТ 23.12.2021 с. №1839)
Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ  ҳангоми ба кор омадан, ҳамчунин ҳангоми аз кор  ба хона рафтан, аз ҷумла рўзи аз кор озод карда шуданаш муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кўмакпулӣ ҳақ дорад.
Кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи бемории пай дар пай ва ҳангоми мубталои  касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро барои муқаррар кардани маъюбӣ ба  Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ   мефиристанд.
 Кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз руи ҳисоби якмоҳа назар ба андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, кам буда наметавонад.
Барои таъини кумакпулӣ барои корношоями муваққатӣ варақаи корношоямӣ (варақаи беморӣ), ки тибқи тартиби муқарраршуда дода шудааст, асос буда метавонад. Дар сурати гум кардани варақаи корно­шоямӣ кумакпулӣ тибқи нусхаи он (дубликат) пардохта мешавад.
Муайян кардани ҳаҷми собиқаи меҳнатӣ мутобиқи қоидаҳои ҳисобу китоби собиқаи собиқаи меҳнатии  кормандон ҳангоми таъини кумакпулиҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз рузи фарорасии корношоямӣ ҳисоб карда мешавад.
Тартиби таъин ва пардохти кумакпулиҳо оид ба корношоямии муваққатӣ дар корхонаҳо тибқи асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби  умумӣ ба кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ  ҳуқуқ доранд. Кўмакпулӣ ба шахсони мазкур ҳангоми пешниҳоди эъломияи суғуртаи иҷтимоӣ ба тариқи баҳисобгирии маблағи кўмакпулии ба онҳо таалуқдошта ба ҳисоби саҳмҳои пардохтшавандаи  суғурта пардохта мешавад.
Моддаи 13. Кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд
Кумакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад, сарфи назар аз он ки чанд рузи рухсатӣ ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рузи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад
Моддаи 14. Кумакпулии оилавӣ
Ҳангоми таваллуди кудак дар оила кумакпулии оилавии зайл пардох­та мешавад:
кумакпулии яквақта бинобар таваллуди кудак;
кумакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кудак.
Кумакпулии яквақта бинобар таваллуди кудак ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
ҳангоми таваллуди кудаки якум — ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кудаки дуюм — ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
ҳангоми таваллуди кудаки сеюм ва зиёда — ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
Кумакпулӣ дар ҷои кори (таҳсилӣ) яке аз волидайн, агар падару модар кор ё таҳсил накунанд — аз ҷониби шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии маҳалли истиқомат пардохта мешавад.
Кумакпулии яквақта ҳангоми таваллуди кудак аз рузи таваллуди кудак таъин ва пардохта мешавад,  агар муроҷиат барои гирифтани он на дертар аз шаш моҳи пас аз рузи таваллуди кудак сурат гирифта бошад.
Дар сурати додани рухсатӣ ба зан барои нигоҳубини кудак то ба синни якунимсолагӣ расидани он барои ин муҳлат дар ҷои кор аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ба андозаи 100 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба у кумакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кудак пардохта мешавад.
Моддаи 141. Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ
Тартиб ва шартҳои пардохти  қўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1059
Моддаи 15. Кумакпулӣ ба сабаби бекорӣ
Кумакпулӣ ба сабаби бекорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин ва пардохта мешавад.
Моддаи 16. Кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат
Кумакпулӣ барои дафн (кумакпулии маросимӣ) ба аъзои оилаи камбизоат дар ҳолати фавти корманди суғурташуда, ё худ дар ҳолати фавти аъзои оила, ки дар таъминоти у мебошанд, дода мешавад. Андозаи кумакпулӣ барои дафн баробари бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.
Тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулиро барои дафн Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 1.08.12с.№983)
Моддаи 161. Таъин ва пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи шахсони суғурташуда
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ ба кўмакпулие, ки мутобиқи моддаҳои 12, 13,14, 15 ва 16 Қонуни мазкур дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад, ҳуқуқ доранд. Кўмакпулии таъингардидаро мақоми ваколатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон мепардозад.
Шахсоне,ки фаъолияти меҳнатиро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон ё дар намояндагиҳои  давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  анҷом медиҳанд, ба гирифтани кўмакпулӣ ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки саҳмҳои суғуртаро корфармоён (суғуртакунандагони онҳо) мутобиқи Қонуни мазкур ва ё созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи  байнидавлатии басташуда дар бораи тартиби суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳрвандони кишварҳое, ки ин созишномаҳоро имзо кардаанд, пардохта бошанд ва ё дар сурати аз тарафи ҳамин шахсон тибқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон маблағи андози иҷтимоӣ мустақилона пардохт шуда бошад
Моддаи 17. Маблағгузории пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохтҳои вобаста ба тандурустии ашхоси суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо, ки таҳти сарпарастиашон қарор доранд (муолиҷаи санаторию курортӣ, ташкили фаросати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, таъмини хуроки парҳезӣ ва дигар тадбирҳои тандурустию пешгирикунанда), анҷом дода мешавад. Хароҷоти ин маблағҳо бевосита дар корхонаҳо аз ҷониби мақоми дахлдори намояндагӣ ба андоза ва тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Маблағҳои  мақомоти ваколатдор,  инчунин ба маблағгузории тадбирҳои зайл равона карда мешаванд:
барои ҳимояи ҳуқуқии аҳолӣ, таъминоти саҳми санаторию профилакторияҳо, лагерҳои тандурустӣ, қисман таъмин намудани штатҳои мактабҳои варзиши атфол ва ҷавонон, татбиқи дигар тадбирҳое, ки ба вазифаҳои  тандурустии  кормандон ва аъзои оилаи онҳо марбутанд;
маблағгузории хароҷот оид ба омодагии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомузии бекорон, аз ҷумла пардохти стипендия, пардохти корҳои ҷамъиятӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони бекоре, ки ба ҳиф­зи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд;
таъмини худмашғулияти аҳолии бекор ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва заминаҳои моддию техникии он, маблағгузории тадбирҳои ҳамкории бозори меҳнат, барои таъминоти хадамоти давлатии шуғл ва рушди байналхалқӣ оид ба масъалаҳои шуғл ва бекорӣ;
татбиқи барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ оид ба дастгирии иҷтимоии нафақахурон, маъюбон, атфол ва дигар гуруҳҳои аҳолӣ;
таъмини нигаҳдошти мақомоти идораи хадамоти мақомоти ваколатдор,  тарбия ва бозомузии кадрҳо, рушди заминаи моддию техникии низоми фонд; (ҚҶТ аз 16.04.12с.№824)
пардохти ҷубронпулӣ ба ивази роҳҳатҳои истифоданашудаи муолиҷаи санаторию курортӣ ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда;
пардохти қисми захиравии нафақаи меҳнатӣ.
ФАСЛИ 3. ШАРТҲОИ УМУМИИ ТАЪИН ВА ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ
СУҒУРТА ВА ПАРДОХТҲОИ МАҚСАДНОК
Моддаи 18. Таъин, маблағҳои суғурта, ҳаҷм ва муҳлати пардохти он
Таъин ва пардохти ҷамъи маблағҳои суғурта оид ба ҳар як навъи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар ҳаҷм ва муҳлатҳои пешбининамудаи қонун анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси суғурташуда, ки таҳти муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, кумакпулиҳо ва пардохтҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар ҷои кор ё маҳалли истиқомати суғуртакунанда таъин ва пардохта мешаванд. Дар сурати барҳам хурдани корхона ё иваз шудани суғуртакунанда, кумакпулиҳо аз ҷониби вориси ҳуқуқӣ таъин ва пар­дохта мешаванд ва ҳангоми мавҷуд набудани вориси ҳуқуқӣ — аз ҷониби мақоми ваколатдори суғуртакунандаи иҷтимоӣ (муассисаи суғурта), ки суғуртакунандаро ба қайд гирифтааст, анҷом дода мешавад.
Ба ашхоси бақайдгирифташудаи бекор (нафақахурон ва бекорон) пардохтҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори маҳалли зист пардохта ме­шавад.
Кумакпулиҳо ҳангоме таъин ва пардохта мешаванд, ки агар дар мавриди пардохти он на дертар аз 6 моҳ, то рузи ҳатми ҳолати суғурта муроҷиат карда бошанд.
Кумакпулие, ки то рузи фавти шахси суғурташуда талаб карда нашудааст, ба аъзои оилаи у ё ашхоси таҳти сарпарастии шахси фавтида қарордошта, пардохта мешавад.
Кумакпулиҳои пурра гирифтанашудаи боқимонда ба амволи меросӣ дохил карда намешаванд.
Мутобиқи ҳамин Қонун пардохтҳо ба ашхоси суғурташудаи ноҳияҳо ва маҳалҳо, ки тибқи тартиби муқарраршуда барояшон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ба музди меҳнат истифода мегарданд, зиндагӣ ва меҳнат мекунанд, бо дарназардошти ин коэффисиентҳо пардохта мешаванд.
Моддаи 19. Нигоҳ доштани маблағи кумакпулиҳои изофатан пардохташуда
Маблағҳои изофагии ба гиранда пардохташудаи суғуртапулӣ, агар додани изофапулӣ бо гуноҳи у сурат гирифта бошад, тибқи тартиби муайяннамудаи қонун нигоҳ дошта мешаванд.
Моддаи 20. Ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъминот бо кумакпулӣ
Баҳсҳо байни ашхоси суғурташуда ва суғуртакунандагон дар мав­риди масъалаҳои таъминот бо кумакпулӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бо тартиби судӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Моддаи 21. Мақомоти идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Идоракунии низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти ваколатдор, бо иштироки  намояндагони кормандон ва ассотсиатсияи корфармоён, ки таҳияи сиёсати мувофиқашудаи давлатиро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин аудити молиявӣ ва ҳуқуқии иштирокчиёни  суғуртаи иҷтимоиро амалӣ менамоянд,  анҷом дода мешавад.(ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Идораи оперативии маблағ ва амволи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор  анҷом дода мешавад.
 Мақомоти ваколатдор фаъолияти худро мувофиқи Қонуни мазкур,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномае,  ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад,  амалӣ  менамояд.
Бо мақсади назорат аз болои дурустии пардохти кумакпулӣ ҷиҳати суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи суғуртакунанда дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо аз ҳисоби намояндагони бакортаъминкунанда, кумитаи иттифоқи касаба ва ё дигар мақоми намояндагии кормандон комиссия таъсис меёбад ва ё вакили масъули суғуртаи иҷтимоӣ интихоб мешавад. Хароҷоти маблағи суғурта барои табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон аз аъзои оилаи онҳо, хурокхурии парҳезӣ ва дигар тадбирҳои солимгардонию профилактики бевосита дар корхонаҳо аз тарафи кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон анҷом мегардад.
ФАСЛИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМО
Моддаи 22. Маблағҳо барои таъмини пардохтҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Маблағгузории пардохти нафақа, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои дорои хусусиятҳои мақсаднок оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби муассисаи суғурта анҷом дода мешавад.
Маблағҳои  мақомоти ваколатдор  аз ҳисоби зайл ташаккул меёбанд;
Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҳамагуна шакли моликият, дигар ташкилотҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, сарфи назар аз тобеияти онҳо, саҳмҳои шаҳрвандон, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд (шахсони ҳуқуқӣ намебошанд) ва дигар шаҳрвандон, ки мутобиқи ҳамин Қонун бояд ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта шавад;
Маблағҳое, ки вобаста ба таъин намудани нафақаи пеш аз мухлат ва ба мақсадҳои таъминоти имтиёзноки нафақа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ситонида мешавад;
Маблағҳои саҳмҳои ҳатмии суғурта, ки бидуни тартиби баҳс аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ситонида мешаванд;
Саҳмҳои ихтиёрӣ ва пардохтҳои хайрияи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
дивидент ва даромадҳои бадастовардашуда аз фаъолияте, ки қонунгузорӣ манъ нанамудааст;
даромадҳое, ки ҳангоми расонидани ёрии молиявӣ аз ҳисоби маб­лағҳои муваққатан озод ва оид ба депозитҳои  мақомоти ваколатдор  ба даст оварда мешавад;
маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои пардохти нафақа ва кумак­пулиҳо ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо пешбинишуда, нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талофии хароҷоти баланд бардоштани ҳаҷми нафақа ва кумакпулиҳо во­баста ба тағйирёфтани индекси рузгузаронӣ ва афзоиши музди меҳнат;
маблағи буҷети маҳалли, ки барои пардохти нафақа барои хизматҳои шоёни дорои аҳамияти маҳаллӣ, инчунин нафақаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд;     
маблағе, ки ба қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродӣ, ҷиҳати пардохтҳои минбаъда ба нафақахурон ҳангоми пешбурди баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ворид карда шудаанд;
дигар воридоте, ки ба қонунҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ мухолиф намебошанд.
Маблағҳои пулии  мақомоти ваколатдор  мусодира ва андозбандӣ намегарданд аз онҳо боҷу хироҷи комиссионӣ ситонида намешавад.
Маблағи дар буҷети  мақомоти ваколатдор  ҷамъгардида ба ду гурўҳ тақсим мешавад:
- саҳмҳои суғуртавӣ, маблағи муҷозоти молиявии воридшуда, субвенсияи буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, даромад ва фоизҳо аз ҷойгиркунии маблағи муваққатан озод ба таркиби буҷети давлатӣ дохилгардида дар буҷети тасдиқгардидаи соли навбатӣ тақсим ва харҷ карда мешаванд;
- маблағе, ки ҳамчун саҳмҳои нафақавӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади шаҳрвандон ворид мегардад ва ба қисми захиравии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дохил мегардад, инчунин фоизҳо ва даромадҳо аз ҷойгиркунии муваққатии онҳо дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешбинӣ намешаванд ва дар шакли захираи нафақавии давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар буҷети  мақомоти ваколатдор  барои соли навбатии молиявӣ маблағи дар ҳамин сол ворид ва харҷшаванда, инчунин маблағе, ки барои пардохти иловапулиҳо ба нафақа аз андўхти (аз захираи нафақавии давлатӣ) нафақа дар ҳамин сол равона мегарданд, пешбинӣ мешаванд.
Моддаи 23. Сохтор ва ҳаҷми  тарифҳои саҳмияҳои суғурта
Суғуртакунандагон ўҳдадоранд андози иҷтимоиро тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт намоянд.
Ба таркиби андози иҷтимоӣ дохил мешаванд:
- саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ, солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо;
- саҳмҳои нафақавӣ;
- саҳмҳои суғурта барои бекорӣ.
Саҳмҳои суғуртае, ки шахсони суғурташуда пардохтаанд, дар ҳисобномаҳои андўхти инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Маблағи адози иҷтимоӣ ва саҳмҳои  нафақа аз ҳисоби маблағи андозбандишаванда бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с. №824), (ҚҶТ 23.12.2021 с. №1839)
Моддаи 231. Тартиби нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи воситаҳои пулӣ, ки ба ҳисобномаи захиравии инфиродӣ ворид шудаанд
Ҳангоми ҷорӣ намудани баҳисобгирии захиравии инфиродӣ дар низоми давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ба ҳар як шахси суғурташуда ҳисобномаи захиравии инфиродӣ кушода мешавад, ки дар намуди электронӣ маълумот оиди ҳуқуқҳои нафақавӣ аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақавӣ қайд карда мешаванд. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Суратҳисоби захиравии инфиродӣ қисми махсуси ҳисобнома мебошад, ки саҳмҳои суғуртавии воридгардида, маблағҳои ҳисобкардашудаи даромадҳо аз истифодаи захираҳои шахси суғурташуда, индексатсияи ин маблағҳо ва пардохтҳои анҷомдодашударо дар бар мегирад.
Бо мақсади аз беқурбшавӣ нигоҳ доштан ва таъмини индексатсияи минбаъдаи маблағҳое, ки дар суратҳисоби захиравии инфиродӣ ҷамъ омадаанд,  мақомоти ваколатдор  ҳуқуқ дорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ҳисоби депозитӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар коғазҳои қимматнок (саҳмҳо, векселҳо ва ғайра) гузорад.
Бо мақсади таъмини даромад маблағи андўхти нафақавиро муассисаи суғурта метавонад ба активҳои нафақаи фондҳои ғайридавлатии нафақа тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир намояд.
Муассисаи суғурта уҳдадор аст даромаднокиро аз ҷойгиронии маблағи андўхти нафақавӣ на камтар аз нишондиҳандаи сатҳи таваррум таъмин намояд.(ҚҶТ 23.12.2021 с. №1839)
Тартиби таъин ва пардохти қисми кафолатии нафақаи меҳнатиро аз ҳисоби захираҳои ҳатмии нафақавӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд
Моддаи 24. Уҳдадориҳои пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ба  мақомоти ваколатдор — суғуртакунандагон ва ашхоси суғурташуда мебошанд.
Пардохти саҳмияҳои суғурта аз ҷониби суғуртакунанда, аз лаҳзаи аз тарафи муассисаи суғурта ба қайд гирифтани он, анҷом дода мешавад.  
Саҳмияҳои суғурта, сарфи назар аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, супурда мешаванд.
Мақомоти ваколатдор ҳангоми нигаҳдошт ва истифодаи маълумотҳои зикршуда махфияти онҳоро таъмин менамояд. Ба дигар ашхос додани онҳо танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Моддаи 25. Ҳисоби саҳмҳои суғурта
Ҳисоби саҳмҳои суғуртаро адозсупоранда мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ба ҳисобии музди меҳнат (пардохти музди меҳнат) ба кормандон ё муайян намудани даромади суғурташавандаи соҳибкорон ё шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машғуланд, анҷом медиҳанд.
 Суғуртакунанда ўҳдадор аст ҳисоб ва пардохти ҳармоҳаи саҳмҳои суғуртаро таъмин намояд.
Ҳангоми риоя накардани мўҳлатҳои ҳисоби андози суғурта муассисаи суғуртаи ҳуқуқ дорад нисбати суғуртакунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти молиявӣ истифода намояд.
Моддаи 26. Тартиб ва муҳлати пардохти саҳмияҳои суғурта
Суғуртакунандагон ҳар моҳ, дар муҳлатҳои аз бонк гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнати моҳи гузашта, ки ба он саҳмҳои суғурта ба ҳисоб гирифта шудааст, маблағҳои суғуртаро мегузаронанд.
Суғуртакунандагоне, ки дар муассисаҳои бонкӣ ҳисобномаҳо надоранд, инчунин онҳое, ки пардохти музди меҳнатро аз ҳисоби маблағ, фуруши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ анҷом медиҳанд саҳмияҳои суғуртаро то таърихи 10 моҳе, ки пас аз моҳи ҳисоб кардан саҳмияи суғурта фаро мерасад, мепардозанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки ба онҳо вобаста ба шароити меҳнат мутобиқи қонунгузории ҷорӣ барои меҳнат оид ба натиҷаҳои  наҳоии  кор подошпулӣ муайян карда шудааст, вобаста ба маблағи ба ҳисоби музди меҳнат ё дар шакли ставкаҳои устувор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, саҳмияҳоро пардохта минбаъд оид ба натиҷаҳои сол, дар муҳлатҳои барои мақсадҳои зикр шуда аз муассисаҳои бонкӣ гирифтани маблағ ҳисобро баробар мекунанд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта, ки фаъолияти меҳнатиро тибқи шартҳои дигар анҷом медиҳанд, саҳмияҳои суғуртаро аз он даромад ва дар он муҳлатҳое мепардозанд, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
Моддаи 27. Муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта бо бонкҳо ва дигар  ташкилотҳои  кредитӣ
Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ ҳисобномаҳои (ҷорӣ) пардохткунандагони саҳмияҳои суғуртаро ҳангоми пешниҳод намудани асноде, ки ба сифати пардохткунандаи саҳмияи суғурта ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ мекунад ва оид ба дигар ҳисобномаҳо, аз ҷумла буҷетӣ, асъорӣ, қарзӣ, депозитӣ, аккредитивӣ ва дигарҳо бошад —ҳангоми пешниҳод намудани аснод дар бораи огоҳонии мақомоти мақомоти ваколатдор  дар бораи нияти пардохткунандаи саҳмҳои суғурта дар мавриди дар бонк кушодани ҳисобномаи дахлдор, мекушоянд.
Пардохткунандагони саҳмияҳои суғурта ҳамзамон бо талаб карда гирифтани маблағҳо барои пардохти музди меҳнат барои моҳи гузаш­та ба бонк супоришномаҳои пулиро оид ба саҳмияҳои суғуртаи ба мақомоти ваколатдор  гузаронидашуда, ки бидуни он маблағҳо барои пардохти музди меҳнат дода намешаванд, пешниҳод мекунанд. Супоришномаҳои пардохти зикршуда, инчунин супоришномаҳои пардохти пеня, ҷарима ва дигар пардохтхо дар навбати аввал иҷро карда мешаванд.
Дар ҳолатҳое, ки муассисаҳои бонкӣ бо мақсади истифодаи маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи воридшуда дар гардиши бонк ва аз он ба даст овардани фоида муҳлати баҳисобгирии маблағҳоро мегузаронанд, аз ҷониби онҳо барои ҳар як рузи гузаронидани муҳлат дар ҳаҷми дукарата дар муқоиса бо ставкаи фоизии ҷории азнавмаблағгузории (рефи­нансирования) бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоизҳо пардохта мешаванд.
Маблағҳое, ки ба буҷети  мақомоти ваколатдор  дар натиҷаи иҷрои муҷозотҳои молиявӣ (пения, ҷарима) ворид гардидаанд, барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ масраф карда мешаванд.
Амалиётҳо оид ба маблағҳои  мақомоти ваколатдор  аз ҷониби ташкилотҳои бонкӣ ё дигар ташкилотҳои кредитӣ бидуни талаби подоши комиссионӣ барои ин амалиёт анҷом дода мешавад.
Моддаи 28. Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ
Назорати пардохти саҳмияҳои суғурта ва хароҷоти маблағҳои су­ғуртаи иҷтимоӣ бо қарори мақоми идораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби намояндаи мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ё ташкилоти мустақили аудиторӣ анҷом дода мешавад.
Суғуртакунандагон, бонкҳо, дигар мақомоте, ки оид ба маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амалиётро анҷом медиҳанд, вазифадоранд ба мақомоти назораткунандаи суғуртаи иҷтимоӣ аснод ва маълумотҳои зарурии марбут ба соҳаи фаъолияташонро пешниҳод намоянд.
Назорати ҷамъиятӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқи ашхоси суғурташуда, хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби мақомоти намояндагии кормандон анҷом дода мешавад.
Моддаи 29. Масъулият барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузаронидани саҳмияҳои суғурта
Барои ҳисоби нодуруст, сари вақт напардохтан ва нагузарондани саҳмияҳои суғурта ба мақомоти ваколатдор, сари вақт ҳамчун пардохткунандаи саҳмияҳо ба қайд нагирифтани суғуртакунандагон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва инчунин ҳангоми иҷрои амле, ки аз он ба буҷети мақомоти ваколатдор зиёни моддӣ расидааст, суғуртакунанда ўҳдадор аст зиёнро дар ҳаҷми пурра ҷуброн намояд. Ҷуброни зиён метавонад тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо қарори суд ситонида шавад.
Моддаи 30. Муҳлатҳои дида баромадани муроҷиатҳо дар бораи вайрон шудани қонунгузорӣ дар хусуси суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
Муроҷиати суғуртакунандагон ва суғурташудагон аз руи масъалаҳои вайрон шудани қонунгузорӣ оиди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи суғуртакунанда дар муҳлати 30 рўз баррасӣ карда мешавад. Аз натиҷаи он  суғуртакунанда ба аризадиҳанда баъди қабули қарор дар муддати 10 руз ба таври хаттӣ хабар медиҳад. (ҚҶТ аз 16.04.2012,№824)
Дар ҳолати розӣ нашудан бо қарори қабулшуда, баҳс дар тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
  Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе,  13 декабри соли 1997,
№517
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Оид мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  cоли 1997, №23-24, мол.351)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пас аз интишори расмӣ ва қисми дуюми моддаи 23 -  аз 1 январи соли 1999 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар хусуси бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» мутобиқ намудани қонунҳо таклифҳо пешниҳод намояд;
қарорҳои худро бо Қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
 
 Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе,  13 декабри соли 1997,
№ 518
 

Pages