ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1689 КОДЕКСИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.04.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
КОДЕКС 1688 КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 02.04.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1667 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1961 - 1963 ҚАБУЛ ШУДААНД Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Январ 2020

-A A +A

ДАР БОРАИ ТЕАТР ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Дшб, 27/01/2020 - 14:55
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
80
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.12.2002

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТЕАТР ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, №11, мод. 723; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1012; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1485)

 

 

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар ҷараёни офаридан ва ба тарзи мустақим пешниҳод намудани намоишномаҳои театрӣ ба миён меоянд, ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти театрӣ, ҳамчунин шаклҳои дастгирии давлатии онро муайян мекунад. (ҚҶТ аз 31.12.08 с., №478).

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:  (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)

-театр - муассисаест, ки фаъолияти асосии он офаридан ва ба тамошобин ба тарзи зинда пешниҳод ва иҷро намудани намоишномаҳои театрӣ, дигар намоишномаҳо мебошад;

-ташкилоти театрӣ - ташкилотест, ки мақсади асосии он таъмини фаъолияти театрҳо ва ё фаъолияти кормандони эҷодии театрҳо мебошад;

-театри ғайритиҷоратӣ, ташкилоти театрии ғайритиҷоратӣ - театр, ташкилоти театрие, ки дар заминаи яке аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии барои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ пешбиникардаи қонунгузории гражданӣ таъсис дода шудааст;  (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)

-театри тиҷоратӣ, ташкилоти театрии тиҷоратӣ - театр, ташкилоти театрие, ки дар заминаи яке аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии барои ташкилотҳои тиҷоратӣ пешбиникардаи қонунгузории гражданӣ таъсис дода шудааст;  (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)

-театри давлатӣ, ташкилоти театрии давлатӣ - театр, ташкилоти театрие, ки онро мақоми ваколатдори ҳокимияти давлатӣ таъсис додааст;

-театр, ташкилоти театрии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот - театр, ташкилоти театрие, ки онро мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мустақилона ё бо иштироки субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ таъсис додааст.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

-театри ғайридавлатӣ, ташкилоти театрии ғайридавлатӣ - театр, ташкилоти театрие, ки субъектҳои ҳуқуқи гражданӣ бе иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис додаанд;

-фаъолияти театрӣ - фаъолият ҷиҳати офаридан, паҳн гардонидан ва нигоҳ доштани асарҳои санъати театрӣ;  (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)

-намоишномаи театрӣ - асари санъати театрӣ, ки дар асоси асари драмавӣ ё мусиқӣ-драмавӣ офарида шуда, ғояи умумӣ ва номи мушаххас дорад;

-спектакл - ба тарзи зинда иҷро ва пешниҳоди намоишномаи театрӣ;

-таҳиягар (режиссёр-таҳиягар, балетмейстер-таҳиягар, дирижёр-таҳиягар, хормейстер-таҳиягар, рассом-таҳиягар) – шахсе, ки мустақилона намоиши театрӣ ё қисми алоҳидаи онро амалӣ мегардонад;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

-продюсер - театр, дигар шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки намоишномаи театриро тайёр ва бо маблағ таъмин менамояд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

 Қонуни мазкур ба ҳамаи театрҳо, ташкилотҳои театрии амалкунанда ва театру ташкилотҳои нави театрии таъсисшаванда, инчунин дигар ташкилотҳое, ки мутобиқи оинномаҳои худ фаъолияти театриро ба ҷо меоваранд, паҳн мегардад.

Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое, ки бо қонунгузории оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он танзим мешаванд, паҳн намегардад. (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)

 

Моддаи 4. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони бешаҳрванд ба озодии эҷодиёти бадеӣ, иштирок дар фаъолияти театрӣ, истифода аз хизмати театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ, дастрас гардонидани асарҳои санъати театрӣ мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- нигоҳдории хусусияти хоси маданияти театрӣ, инкишофи равобити фарҳангии байналмилалӣ;

- фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ барои нигоҳдории низоми таърихан ташаккулёфтаи театрҳои давлатӣ, инкишоф додани театрҳои шаклҳои дигари ташкилӣ ва шаклҳои моликият, татбиқ кардани лоиҳаҳои навоварона дар соҳаи фаъолияти театрӣ;

- ҳимояи ҳуқуқи таҳиягарон ва ҳунарпешагон барои намоишномаи театрӣ, батадриx амалӣ гардонидани сиёсати ҳимояи давлатӣ нисбати санъати театрӣ, кормандони эҷодии театрҳо ва дигар ташкилотҳое, ки мутобиқи оинномаҳои худ фаъолияти театриро амалӣ мегардонанд;  (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)

- таъминоти молиявию иқтисодии фаъолияти театрҳо, низоми ҳимояи иҷтимоии кормандони театрҳо, муҳайё сохтани шароит барои нав гардонидани ҳайатҳои эҷодии театрҳо.

 

Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи театр ва фаъолияти театрӣ

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи театр ва фаъолияти театрӣ қисми таркибии сиёсати фарҳангии давлат буда, ба эътирофи нақши нодири театр чун унсури ҷудонашавандаи фарҳанг, воситаи нигоҳдории худогоҳии миллӣ ва забонҳои халқҳо, яке аз муассисаҳои иҷтимоие, ки барои инкишофи ҷомеа аҳамияти калон дорад, асос меёбад.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи театр ва фаъолияти театрӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:

-мусодиранашаванда ва мансубияти ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар шаҳрванд дар соҳаи эҷодиёти театрӣ ва ҷалбкунӣ ба санъати театр;

-эътирофи нодир будани истеъдод ва масъулияти давлат баҳри муҳайё намудани шароит барои татбиқ ва дархости он;

-мустақилияти театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ, ҳуқуқи онҳо ба дастгирии давлатӣ, ҳамкории театрҳои ватанӣ ва ҷаҳонӣ.

 

Моддаи 6. Мақсад ва намудҳои асосии фаъолияти театр

Мақсади фаъолияти театр инкишофи санъати театрӣ, ташаккул додан ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санъати саҳнавӣ мебошад.

Намудҳои асосии фаъолияти театрӣ инҳоянд:

-офаридан ва намоиш додани намоишномаҳои театрӣ, дигар асарҳои санъати театрӣ дар саҳнаи (саҳнаҳои) асосӣ, гастролҳо ва сафарҳои ҳунарӣ, фурeши чиптаҳо барои чорабиниҳои мазкур;

-тайёр намудани намоишномаҳои театрӣ, консертҳо дар асоси шартномаҳо бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои намоиш додан дар саҳнаҳои хусусӣ ё ба иҷора гирифтаи онҳо, тавассути телевизион, радио, ба наворгирии кино, видео ва дигар маводи сабт дар сурати риояи ҳуқуқи муаллифон ва иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;  (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)

-ташкили дигар чорабиниҳои дорои хусусияти бадеӣ-эҷодӣ, ки бо имкониятҳои худ ё имкониятҳои коллективҳои даъватшуда ва иҷрокунандагони даъватшуда гузаронида мешаванд;

-гузаронидани таҷрибаомeзии кормандони касбҳои эҷодии театрӣ бо устодон ва ходимони намоёни театр;

-дар асоси шартномаҳо расонидани хизмат ба ташкилотҳо оиди басаҳнагузорӣ, воситаҳои басаҳнагузорӣ барои гузаронидани спектаклҳо, консертҳо, намоишномаҳо;

-аз рӯи фармоиши шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ тайёр кардани ашёи ороиши бадеии намоишҳои театрӣ, консертҳо ва намоишномаҳо;

-ба театрҳои дигар пешниҳод намудани саҳнаҳои худ барои гузаронидани гастролҳою сафарҳои ҳунарӣ, лоиҳаҳо ва барномаҳои якҷояи театрӣ;

-омода кардан, муайян намудани адади нашр ва фурӯши маводи иттилоотӣ-маълумотӣ ва рекламавӣ, нусхаҳои маводи видео ва сабти овоз, ки ба фаъолияти бадеӣ-эҷодии театр вобаста аст, дар сурати риояи ҳуқуқи муаллифон ва иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он.

 

БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ТЕАТР ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРӢ

 

Моддаи 7. Мазмун, шакл ва тарзҳои дастгирии фаъолияти театрӣ аз ҷониби мақомоти

ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

Тарзҳои асосии дастгирии давлатии фаъолияти театрӣ инҳо мебошанд:

-фароҳам овардани шароит барои инкишофи фаъолияти театрӣ, васеъ шудани шабакаи театрҳо, пеш аз ҳама театрҳо барои кӯдакон;

-ҷудо кардани маблағҳо барои сохтан, аз нав сохтан ва таъмири асосии биноҳо ва иншооти театрҳо, навсозии таxҳизот, пурра ё қисман маблағгузорӣ кардани театрҳои давлатӣ; (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)

-дар асоси озмун барои аз ҷониби театрҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявӣ иҷро намудани фармоишҳои эҷодии мақсаднок, лоиҳаҳои алоҳида ва ҷорабиниҳое, ки дигар барномаҳои мақсаднок низ дар соҳаи фарҳанг ва санъат пешбинӣ кардаанд, инчунин ҷудо намудани субвенсияҳо ба театрҳое, ки нисбати табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоянашудаи аҳолӣ сиёсати имтиёзноки нархиро ба амал мегузаронанд;

-иштирок дар ташкил ва маблағгузории фестивалҳо ва озмунҳои байналмилалӣ, байниминтақавӣ ва минтақавии театрҳо, мубодилаи байналмилалии театрҳо;  (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)

-ҳар сол ҷудо кардани маблағгузорӣ аз буҷет барои офаридан ва харидани асарҳои драмавӣ ва мусиқӣ-драмавӣ, аз рӯи ин асарҳо намоиш додани спектаклҳо, амалӣ гардонидани фаъолияти гастролӣ;

-таъсис додани стипендияҳо ва мукофотҳои давлатӣ барои ходимони барҷастаи театр, муаллифон ва иҷрокунандагони ҷавони боистеъдод, ки барои офаридани асарҳои нави санъати театрӣ мусоидат менамоянд;

-мусоидат кардан ба тарғиботи санъати театрӣ дар воситаҳои давлатии ахбори омма.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои дар муассисаҳои таълимии маълумоти миёна ва олии касбӣ тайёр кардани ҳунарпешагон, режиссёрҳо, балетмейстерҳо, мунаққидони театр, дигар мутахассисони касбҳои театрӣ, дар пажӯҳишгоҳҳои илмии соҳавӣ гузаронидани таҳқиқоти соҳаи санъати театрӣ аз буҷет маблағи зарурӣ ҷудо мекунанд.

Маблағ барои мақсадҳое, ки қисми 2 моддаи 6 Қонуни мазкур ва қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ҳар сол дар буҷетҳои дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба буҷет пешбинӣ карда мешавад.

 

Моддаи 8. Танзими зиддимонополии фаъолияти театрӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии зиддимонополӣ ва фароҳам овардани муҳити рақобатӣ дар соҳаи фаъолияти театрӣ тадбирҳои зеринро ба амал мебароранд:  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

-барои татбиқи лоиҳаҳои навоварона дар соҳаи санъати театрӣ грантҳои махсус ҷудо мекунанд;

-барои барпо кардани системаи майдончаҳои озоди намоишӣ ва дар асоси озмун ба мӯҳлати маҳдуд ба театрҳо ва ташкилотҳои театрии ғайридавлатӣ додани онҳо мусоидат менамоянд;

-дастгирии эҷодкорони ҷавон, коллективҳои навташкили эҷодиро таъмин мекунанд.

 

Моддаи 9. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ:

-ба фаъолияти Иттифоқи ходимони театр ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо, инчунин иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои) онҳо мусоидат менамоянд;

-ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо имконият фароҳам меоваранд, ки дар таҳияи сиёсати давлатии соҳаи фарҳанг иштирок намоянд, ҳангоми таҳияи чорабиниҳои соҳаи шуғл, тайёрии касбӣ, шароити меҳнат ва муҳофизати он, ҳимояи иҷтимоии кормандони театр бо онҳо маслиҳат мекунанд;

Иттифоқи ходимони театр ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳоро бо роҳи маблағгузории мақсадноки барномаҳои алоҳида, дар асоси озмунҳо ҷойгиркунии дархостҳо аз ҷониби театрҳо барои иҷро кардани лоиҳаҳо ва чорабиниҳои алоҳидае, ки ба барномаҳои мақсадноки соҳаи фарҳанг ва санъат пешбинӣ шудаанд, дастгирӣ менамоянд.

Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо, ҳамчунин дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони театрҳо ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

 

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ТЕАТР ВА ТАШКИЛОТИ ТЕАТРӢ

 

Моддаи 10. Ҳуқуқи театр ва ташкилоти театрӣ дар соҳаи фаъолияти бадеӣ-эҷодӣ,

ташкилию иқтисодӣ ва ба рамзҳои худӣ

Театр дар интихоби равияи эҷодӣ ва барнома  мустақил аст.  (ҚҶТ аз 31.12.08с. №478)

Маҳдуд гардонидани фаъолияти бадеӣ-эҷодии театр манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Иҷрои оммавии намоишҳои театрӣ, дигар намудҳои истифодаи он, инчунин чопи маводи иттилоотӣ ва рекламавӣ танҳо дар асоси ҳалномаи суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

Театр, ташкилоти театрӣ фаъолияти худро мустақилона ба нақша гирифта, пешомаздои тараққиётро дар асоси мақсадҳои пешбиникардаи оинномаҳои онҳо, мавҷудияти захираҳои эҷодию хоҷагии худӣ ва зарурияти инкишофи эҷодию истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ муайян менамоянд.

Театр, ташкилоти театрӣ нархи чиптаро мустақилона муқаррар мекунанд. Нархҳо (тарифҳо) ба хизмати пулакӣ ва маҳсулоте, ки театр, ташкилоти театрӣ мефурушанд, бо тарғиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Театр, ташкилоти театрӣ бо тарғиби пешбиникардаи қонунгузорӣ дар доираи маблағи мавҷуда музди меҳнати штатҳо, шаклҳои музди меҳнат, ҳавасмандии моддӣ, ҳаҷми маоши вазифаҳои кормандони худ, намуд ва ҳаҷми иловапулӣ, иҷорапулӣ ва дигар пардохти дорои хусусияти ҳавасмандиро мустақилона муқаррар мекунанд.

Театр, ташкилоти театрӣ низоми кори худро мустақилона муқаррар менамоянд, агар ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо қоидаи дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

Театр, ташкилоти театрӣ ба рамзи худӣ (номи расмӣ, нишон, аломати молӣ, дигар мусаввара) ҳуқуқ доранд.

Театр, ташкилоти театрӣ, ки рамзи онҳо бо тарғиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи мустасно доранд.

Истифодаи рамзҳои бақайдгирифташудаи театр, ташкилоти театрӣ аз ҷониби дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ танҳо дар асоси шартнома бо театр, ташкилоти театрӣ роҳ дода мешавад.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки рамзҳои театр, ташкилоти театриро ғайриқонунӣ истифода мебаранд, бо талаби театр, ташкилоти театрӣ ӯҳдадоранд истифодаи онро қатъ кунанд ва зарари расидаро ҷуброн намоянд.

 

Моддаи 11. Вазифаи театр, ташкилоти театрӣ

Театр, ташкилоти театрӣ вазифадоранд:

-музди меҳнати кормандони худро сари вақт пардохт намоянд, барои онҳо ҳадди ақалли музди меҳнати бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатдода, шароити меҳнат ва муҳофизати он, чораҳои ҳифзи иҷтимоиро таъмин намуда, барои зарари ба ҳаёт ва саломатии онҳо расида ҷавобгар бошанд;

-пардохти саривақтии мукофотпулиҳоро ба шахсоне, ки бо театр, ташкилоти театрӣ шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ бастаанд, инчунин чораҳои ҳифзи иҷтимоии ин шахсонро бо тартиби пешбиникардаи қонунгузорӣ ва шартнома таъмин кунанд;

-суғуртаи иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои суғургаи ҳатмии кормандони худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонанд;

-бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи бухгалтерӣ ва оморӣ баранд.

Театр, ташкилоти театрӣ, ки намоиши оммавии намоишномаҳои театриро амалӣ мегардонанд вазифадоранд:

-ҳангоми намоиш додани намоишнома муҳофизати ҳаёт ва саломатии тамошобинон, инчунин ҳифзи амволи онҳоро, ки барои маҳфуздорӣ қабул шудааст, таъмин намоянд;

-дар ҷойҳои чиптафурӯшӣ ва намоиши оммавии намоишномаи театрӣ барои тамошои умумӣ эълонномаро бо нишон додани номи пурраи театр, номи намоишномаи театрӣ, номи муаллифи (муаллифон) асар ва номи асаре, ки асоси онро ташкил медиҳад, номҳои басаҳнагузорандагон ва иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо), инчунин дигар маълумотҳоро бо салоҳдиди театр овехта монанд;

-ба тамошобинон дар бораи ҷойи намоиш, вақти оғоз ва анҷоми намоишнома, нархи чипта, шароити харидан ва баргардондани он, имтиёзҳое, ки барои гурӯҳҳои алоҳидаи тамошобинон пешбинӣ шудааст, маҳдудиятҳои синнусолӣ барои тамошои намоишнома ахбор пешниҳод намоянд;

-дар чиптаи театр нархи он, номи театр, номи намоишномаи театрӣ, ҷой, сана, вақти намоиш ва ҷойро дар толори тамошо нишон диҳанд;

-дар ҳолатҳои иваз ё бекор кардани намоишномаи пешакӣ эълоншуда, иваз шудани иҷрокунандаи нақши асосии пешакӣ эълоншуда, инчунин дар ҳолати аз тамошои намоишнома саркашӣ кардани тамошобин бо сабаби надодани ахбор дар бораи маҳдудияти синнусолии муайяннамудаи тамошои он, пули чиптаи пешакӣ харидашударо баргардонанд ё бо хоҳиши шахсони чиптаи пешакӣ харида онҳоро то оғози спектакл иваз намоянд.

Меъёрҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба дигар ташкилотҳое, ки намоиши оммавии намоишномаҳои театриро ба амал мебароранд, паҳн мегардад.

 

БОБИ 4. ҲУҚУҚИ МУСТАСНОИ БА САҲНА ГУЗОШТАНИ НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ

БАРОИ НАМОИШИ ИҶРОИ ЗИНДА

 

Моддаи 12. Субьектҳои дорои ҳуқуқи ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ барои намоиши иҷрои зинда

Субъектҳои дорои ҳуқуқи басаҳнагузории намоишномаҳои театрӣ барои намоиши иҷрои зинда басаҳнагузоранда, ҳунарпешагон, иҷрокунандаҳои нақшҳо (партияҳо) дар намоишномаҳои театрӣ ва продюсер мебошанд.

Ҳуқуқи мустаснои ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ барои намоиши иҷрои зинда (минбаъд – ҳуқуқи ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ) аз вақти қабули қарор дар бораи намоиши оммавии он ба миён меояд, агар дар шартномаи байни субъектҳои дорои ҳуқуқӣ ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ пештар ба миён омадани ин ҳуқуқ пешбинӣ нашуда бошад.

Қарор дар бораи тайёр будани намоишномаи театрӣ барои намоиши оммавӣ аз ҷониби таҳиягар ва продюсер якҷоя қабул карда мешавад, агар дар шартномаи аз ҷониби онҳо басташуда қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқи таҳиягар ва ҳунарпешагон барои ба саҳна гузоштани намоишномаи театрӣ

Таҳиягар ва ҳунарпешагон, иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо) дар намоишномаи театрӣ, ба ном-ифодаи номи худ дар нашрияҳои рекламавӣ, эълонномаҳо, дигар маводҳои иттилоотӣ, ки бо намоишномаи театрӣ алоқаманданд, ҳуқуқ доранд.

Таҳиягар барои аз таҳриф муҳофизат кардани намоишномаи театрӣ ҳуқуқ дорад. Бидуни огоҳӣ ё иҷозати таҳиягар тағйир додани ҳайати иҷрокунандагони нақшҳо (партияҳо), мизанстсенаҳо, хореография, ороиши саҳна, партигураи равшанидиҳӣ, костюмҳои театрӣ, асбобу анҷоме, ки ҳунарпешагон истифода мебаранд, мусиқии намоиши театрӣ ҳамчун аломати таҳриф дониста мешаванд. Дар шартномаи байни таҳиягар ва продюсер муқаррар кардани дигар аломатҳое, ки боиси таҳрифи намоишномаи театрӣ мегарданд имкон дорад.

Дар шартномаи байни продюсер, таҳиягар ва ҳунарпешагон мумкин аст ба ғайр аз ҳуқуқҳои муқарраркардаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда дигар ҳуқуқҳо низ пешбинӣ карда шаванд.

Ҳуқуқи ҳунарпеша ба ифодаи номи худ дар давоми тамоми давраи иштироки вай дар намоишномаи театрӣ амал мекунад.

Ҳуқуқи таҳиягар ба намоишномаи театрӣ дар давоми тамоми давраи намоиши оммавии ин намоишнома амал менамояд.

 

Моддаи 14. Ҳуқуқи продюсер ба намоиши оммавии намоишномаи театрӣ

Бастани шартномаи байни таҳиягар ва продюсер барои иштирок дар офаридан ё намоиш додани намоишномаи театрӣ боиси ба продюсер додани ҳуқуқи ба амал баровардани намоиши оммавии намоишномаи театрӣ мегардад. Дар ин ҳолат продюсер ҳуқуқ дорад:

-ҷой ва вақти намоиши оммавии намоишномаи театриро муайян намояд, ин намоишро аз номи худ амалӣ гардонад, нархи чиптаҳоро муқаррар кунад;

-шумораи намоишҳои оммавии намоишномаи театриро муайян намояд, намоиши оммавии намоишномаи театриро қатъ ва барқарор созад;

-шартҳои истифодаи намоишномаи театрӣ, қисмҳои он дар намоишномаҳои дигар, шартҳои дар эфир бо ёрии воситаҳои техникӣ (намоиши телевизонӣ, телевизиони кабелӣ ва дигар воситаҳои техникӣ) истифода бурдани намоишномаи театрӣ, бо ҳар гуна маводи техникӣ сабт кардан ва таҳдиди намоишномаи театриро муайян кунад;

-ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ нусха бардоштани намоишномаи театриро бо ҳуқуқи намоиши оммавии он дар сурати риояи меъёрҳои пешбиникардаи қисми дуюми ҳамин модда иҷозат диҳад, агар дар шартномаи байни продюсер ва шахсони мазкур шартҳои дигар пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 15. Вазифаи продюсер оид ба нигоҳдории ҳалли бадеии намоишномаи театрӣ

Продюсер вазифадор аст, ки агар дар шартномаи байни e ва таҳиягар шартҳои дигаре пешбинӣ нашуда бошанд, таҳиягарро огоҳ намояд:

-дар бораи зарурати дохил кардани тағйирот ба намоишномаи театрӣ ва шартҳое, ки дар асоси он амалӣ гардонидани онҳо ба таҳиягар пешниҳод мешавад;

-дар бораи тағйиротҳои фаврии дар шартнома муқарраршуда, бидуни иштироки таҳиягар ба намоишномаи театрӣ ворид карда шуда ва дар бораи сабабҳои ин тағйиротҳо;

-дар бораи қатъи намоиши оммавии намоишномаи театрӣ то ба охир расидани мӯҳлат ё дар бораи ихтисори шумораи намоишномаҳои дар шартнома пешбинишуда, инчунин дар ҳолатҳое, ки мӯҳлати ниҳоии намоиши оммавӣ ё шумораи намоишномаҳо дар шартнома муайян гардидаанд.

Таҳиягар ҳуқуқи аз таҳриф ҳимоя намудани намоишномаи театриро татбиқ намуда, метавонад боздошти намоиши оммавиро бо мақсади барқарорсозии ҳалли бадеии намоишномаи театрӣ талаб намояд.

 

Моддаи 16. Ҳимояи ҳуқуқи гузоштани намоишномаи театрӣ

Субъектҳои дорои ҳуқуқи мустасно ба намоишномаи театрӣ ҳуқуқ доранд аз вайронкунандаи ин ҳуқуқ барқарор сохтани муқаррароти то вақти вайронкунӣ ҷойдоштаро талаб намоянд.

Дар шартномаи байни продюсер ва субъектҳои дигари дорои ҳуқуқи мустаснои намоишномаи театрӣ, мумкин аст барои ҳуқуқи мустаснои намоишномаи театриро вайрон кардани яке аз тарафҳо, ҷавобгарии моддӣ ё дигар намуди ҷавобгарӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шавад.

 

БОБИ 5. ТАШКИЛ ВА ТАНЗИМИ ИҚТСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРҲО

ВА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕАТРӢ

 

Моддаи 17. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии театрҳо

Театрҳои давлатӣ метавонанд дар шакли муассиса ё шакли ширкати ғайритиҷоратӣ таъсис ёбанд.

Театрҳои ғайридавлатӣ метавонанд дар ҳар гуна шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, таъсис ёбанд.

 

Моддаи 18. Амволи театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ

Театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои онҳо бо амволи зарурии фаъолияти театрӣ (биноҳо, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои саҳнавию басаҳнагузорӣ, дигар амволи истеъмолшаванда, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таъиноти дигар) таъмин мешаванд.

Ба театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ амвол барои ҳуқуқи идораи фаврӣ вобаста карда мешавад.

Ба театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ муассисон амволро тибқи шартномаи идораи эътимоднок таҳвил медиҳанд.

Амволи ғайриманқули ба театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ вобасташуда ба онҳо ройгон бо ҳуқуқи истифодаи доимӣ (бемӯҳлат) вогузошта мешавад.

Театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ метавонанд иштирокчиёни ҷамъиятҳои хоҷагӣ ва саҳмгузори ширкатҳои тибқи боварӣ танҳо бо иҷозати мақоми ба он ваколатдори ҳокимияти давлатӣ ё мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот бошанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

Мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ба он танзими давлатии соҳаи фарҳанг вогузошта шудааст, нисбати амволи театрҳои аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсисёфта, аз номи давлат ҳуқуқ ва вазифаи амволӣ, инчунин назорати давлатиро амалӣ мегардонад.

Ҳуқуқ ва вазифаҳои амволӣ, инчунин назорат нисбати амволи театрҳои ғайритиҷоратӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Дар сурати барҳам хурдани театри давлатӣ ё ғайритиҷоратӣ амволи он, ки баъди қонеъ гардидани талаботи қарздиҳандаҳо боқи мондааст, аз ҷумла амволи ғайриманқул, ба мақоми ваколатдори ҳокимияти давлатӣ ё мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот мегузарад ва метавонад танҳо бо мақсадҳои фаъолияти театрӣ истифода гардад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

 

Моддаи 19. Маблағгузории театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ

Театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ аз буҷетҳои дахлдор ва инчунин аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.

Даромадҳои театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ аз иҷорадиҳии амволӣ дар моликияти давлати қарордошта аз ҷониби ин театрҳо ба сифати манбаи маблағгузории фаъолияти оинномавии онҳо пурра истифода мегарданд.

Маблағҳои аз дигар манбаъҳо воридшуда, ҳаҷми маблағгузории буҷетии театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратиро кам намекунанд.

Маблағҳои молиявии дар давраи ҳисоботӣ истифоданашуда аз театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ гирифта намешаванд ё аз ҷониби муассисон (моликон) ба ҳаҷми маблағгузории соли оянда дохил карда намешаванд.

Маблағгузории театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор дар асоси беподош ва бебозгашт барои амалӣ гардидани хароҷотҳои муайяни мақсаднок ё бо шартҳои маблағгузории саҳомии ин хароҷотҳо бо тартиби қонунгузории буҷетӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 20. Идораи театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар қатори дигар муассисон дар идораи театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

Роҳбарии бевосита ба фаъолияти театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ бо тартиби пешбиникардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо ба амал бароварда мешавад:

-дар асоси яккасардории директор ё роҳбари бадеии театр, муассис бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебандад;

-дар асоси тақсимоти ваколатҳои соҳавӣ байни директор ва роҳбарони бадеии театр муассис ба ҳар кадоми онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебандад.

 

Моддаи 21. Театрҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои театрӣ

Театрҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, инчунин ташкилотҳои театрӣ дар баробари театрҳои давлатӣ ва ғайритиҷоратӣ ва ташкилотҳои театрӣ ҳуқуқ доранд дар озмунҳое, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот эълон мекунанд, иштирок намоянд, инчунин барои гузаронидани сиёсати имтиёзноки нархӣ нисбати табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоянашудаи аҳолӣ, барои мақсадҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, субвенсия гиранд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

Идораи театрҳо ва ташкилотҳои театрии ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ бо тартиби пешбиникардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотии онҳо ва қонунгузории гражданӣ сурат мегирад.

 

БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ КАСБӢ. ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ ТЕАТР

 

Моддаи 22. Тартиби тасдиқи феҳристи касбҳои эҷодии театрӣ ва феҳристи вазифаҳои кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ

Феҳристи касбҳои эҷодии театрӣ (ихтисосҳо) ва феҳристи вазифаҳои (ихтисосҳои) кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳодҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ба зиммаи он танзими давлатӣ дар соҳаи фарҳанг вогузошта, бо Иттифоқи ходимони театрӣ мувофиқа гардидааст, тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 23. Шартномаҳо бо кормандони эҷодии театрӣ

Фаъолияти кормандони эҷодии касбҳои театрӣ дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ва шартномаҳои ҳуқуқии гражданӣ сурат мегирад.

Ишғоли вазифаҳо дар театр аз ҷониби кормандони эҷодии касбҳои театрӣ, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад, сурат мегирад.

Низомномаро дар бораи ишғоли вазифаҳои кормандони эҷодии касбҳои театрӣ дар театр мақоми ваколатдори давлатӣ, ки ба зиммаи он танзими давлатии соҳаи фарҳанг вогузошта, бо Иттифоқи ходимони театр мувофиқа шудааст, тасдиқ мекунад.

Дар шартномаи (қарордоди) корманди эҷодии касбҳои театрӣ бо маъмурияти театр ба ғайр аз шартҳои ҳатмӣ, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, шароит ва тартиби ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқҳои вобаста ба он, ҳуқуқ ба иҷрои зиндаи намоишномаи театрӣ муайян карда мешавад.

Шартномаҳои ҳуқуқи гражданӣ мутобиқи талаботи қонунгузории гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд.

 

Моддаи 24. Шароит ва муҳофизати меҳнати кормандони театрҳо

Шароити меҳнат ва талаботҳои меъёрии муҳофизати меҳнати кормандони театрҳои шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият бо Низомнома оид ба шароит ва ҳифзи меҳнати кормандони театрҳо бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

Кормандони эҷодии касбҳои театрӣ ва кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ, ки корҳоро дар асоси шартномаи ҳуқуқи гражданӣ иҷро менамоянд, баробари кормандоне, ки корро тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ иҷро мекунанд, аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Бо кор таъмин намудани кормандони эҷодии касбҳои театрӣ ва кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ

Бо кор таъмин намудани кормандони эҷодии касбҳои театрӣ ва кормандони дигар касбҳои хоси театрӣ, ки бекор мондаанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Моддаи 26. Таъмини иҷтимоии кормандони эҷодии касбҳои театрӣ

Кормандони эҷодии касбҳои театрӣ барои хизмати дарозмуддат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нафақа ҳуқуқ доранд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои кормандони театрҳо, ки дар инкишофи театрӣ ватанӣ саҳми калон гузоштаанд, нафақаи давлатӣ, иловапулӣ барои унвонҳои давлатӣ, таъминоти иловагии моддии ҳармоҳаи якумрӣ, хизматрасонии имтиёзноки тиббӣ ва санаторию курортӣ, таъмини бепули манзил ва истифодаи бепули нақлиёти ҷамъиятӣ, инчунин чораҳои дигари ҳифзи иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои дахлдор ва дигар манбаъҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда метавонанд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

Ба ходимони театр, ки дар инкишофи театрӣ ватанӣ саҳми барxаста гузоштаанд, бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, ки танзими давлатии соҳаи фарҳанг ба зиммаи он вогузошта шудааст, таъминоти ҳармоҳаи иловагии якумра ва дигар чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ муқаррар шуда метавонанд.

 

БОБИ 7. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ ТЕАТРҲО

ВА ТАШКИЛОТҲОИ ТЕАТРӢ

 

Моддаи 27. Фаъолияти байналмилалии театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба инкишофи робитаҳои байналхалқии театрҳо ва ташкилотҳои театрӣ кӯмак мерасонанд, иштироки мустақилонаи бевоситаи ходимони театрро дар мубодилаҳои байналмилалии театрӣ ҳавасманд мегардонанд, иштироки театрҳо ва ташкилотҳои театриро дар фестивалҳо ва озмунҳои байналмилалии театрӣ дастгирӣ менамоянд, барои гузаронидани чунин чорабиниҳо дар дигар мамлакатҳо мусоидат мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №478; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

Бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон театр, ташкилоти театрӣ ҳуқуқ дорад бо ташкилотҳои хориҷӣ робитаҳои мустақим муқаррар намуда, фаъолияти иқтисодии хориҷиро амалӣ карда, дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ ҳисобҳои асъорӣ дошта бошад.

 

БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1485)

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Э. РАҲМОНОВ

 

        ш. Душанбе

2 декабри соли 2002

               №80

 

 

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР СОЛИ 2019

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 28/01/2020 - 17:45

             Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 феврали соли 2020, соати 14:00 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар соли 2019 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор менамояд.

         Вақти баргузорӣ:соати 14:00

         Макон:шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов, 13.

         Телефон барои тамос: 227-08-07

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович... Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 10:46
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
51
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
10.05.2002

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, №4, қ.1, мод.308; с.2005, №12, мод.637;

с.2012, №12, қ.1, мод.1002; с. 2013, № 7, мод. 523; ҚҶТ аз 31.12.2014,  № 1174)

 

Қонуни мазкур асосҳои ба кор бурдани ҳуҷҷатҳои электронӣ, талаботи асосӣ ба ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқиро, ки дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба амал меоянд, муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(ҚҶТ аз 28.12.12 с., №908)

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

ҳуҷҷати электронӣ – маълумоте, ки дар ҳомили мошинӣ сабт шудааст ва ба талаботи муқарраркардаи Қонуни мазкур мувофиқат мекунад;

 – гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ – тартибдиҳӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки ба воситаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ амалӣ мешаванд;

ҳомили мошинӣ – диски магнитӣ,  лентаи магнитӣ, диски лазерӣ ва дигар  ҳомилҳои  моддӣ,  ки  дар  сабту нигоҳдории маълумот ба воситаи техникаи электронию ҳисоббарор истифода бурда мешаванд;

дигар воситаҳои ҳаммонандкунӣ – дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиби ҳуҷҷати электронӣ, ки шахсони ҳуқуқӣ метавонанд онҳоро бо мақсади истифодабарӣ ҳангоми гардиши дохилӣ ё байниҳамдигарии ҳуҷҷати электронӣ дар мувофиқа қабул намоянд;

мураттиби ҳуҷҷати электронӣ – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз номи худ ё аз номи шахси дигар (бо супориш ӯ) ҳуҷҷати электрониро бо истифода аз воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тартиб додааст;

нусхаи электронии ҳуҷҷати коғазӣ – нусхабардории ҳуҷҷати коғазӣ дар шакли электронии рақамӣ, ки ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷавобгӯ мебошад;

нусхаи электронии ҳуҷҷати электронӣ – нусхабардории ҳуҷҷати электронӣ дар шакли электронии рақамӣ, ки бо воситаҳои ҳаммонандкунии аз эътибор соқитшуда ва ҳаммонандкунандаҳои ҳуҷҷати электронии эътибордошта акс гардидааст ва аз рӯи шакли худ ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ мебошад; 

имзои электронӣ – ҳамшабеҳи имзои дастӣ, ки барои ҳаммонандкунии шахси ҳуҷҷати электрониро имзокарда пешбинӣ шудааст ва ҳақиқӣ будани онро тасдиқ мекунад;

молики система ва шабакаҳoи  иттилоотӣ – субъекте,  ки  дорои ҳуқуқи  соҳибӣ,  истифода  ва ихтиёрдорӣ намудани система ва шабакаҳои иттилоотӣ мебошад.

 

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

 

Моддаи 2. Соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ

 

Ҳуҷҷати электронӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияте, ки  дар онҳо воситаҳои барномавӣ ва техникӣ барои тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот заруранд, истифода шуда метавонад. Бо кўмаки ҳуҷҷатҳои электронӣ аҳдҳо (шартномаҳо) баста шуда метавонад,  ҳисоббаробаркуниҳо сурат гирифта, мукотиба, ирсол ва қабули ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумотҳо ба амал меоянд.

Маҳдудият дар истифодаи ҳуҷҷатҳои  электронӣ дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда метавонад.

Ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути ҳамаи воситаҳои алоқа, аз ҷумла системаҳо ва шабакаҳои  иттилоотӣ, агар ин ба  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад, фиристода шуда метавонанд.

 

Моддаи 3. Субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ

 

Дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ давлат, дар шахси мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ дониста мешаванд.

Шаклҳои муносибати субъектҳо дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ бо шартномаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

 

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ

(ҚҶТ аз 28.12.12 с., №908)

 

Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст. (ҚҶТ аз 28.12.12 с., №908; аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 5. Идоракунӣ ва танзими давлатии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ

 

Идоракунӣ ва танзими давлатии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, таъмини ҳимояи маълумот ҳангоми тайёр кардани он, коркард, ирсол, қабул ва нигоҳдории вай ва дигар мақсадҳо нигаронда шудааст.

Идоракунӣ ва танзими давлатиро дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

 

БОБИ 2.

ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

 

Моддаи 6. Талаботи асосӣ ба ҳуҷҷатҳои электронӣ

 

Ҳуҷҷати электронӣ бояд ба талаботи зерин мувофиқат кунад:

-тавассути воситаҳои барномавӣ ва техникӣ тайёр шуда, коркард шавад, ирсол, қабул ва ҳифз гардад;

-дорои нишонаҳое бошад, ки имкониятдиҳандаи ҳаммонандкунии он бошанд; (ҚҶТ аз 28.12.12 с., №908)

-дар шакле пешниҳод гардад, ки қобили қабули фаҳми инсон бошад.

 

Моддаи 7. Таркиби ҳуҷҷати электронӣ

 

Ҳуҷҷати электронӣ аз ду қисми таркибӣ – умумӣ ва махсус иборат аст.

Қисми умумии ҳуҷҷати электронӣ аз маълумоти дорои мазмуни ҳуҷҷат ва маълумот дар бораи гирандаи  мактуб иборат аст.

Қисми махсуси ҳуҷҷати электронӣ аз як ё якчанд имзоҳои электронии рақамӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиб, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд иборат аст. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 8. Шаклҳои пешниҳод кардани ҳуҷҷати электронӣ

 

Ҳуҷҷати электронӣ шаклҳои пешниҳоди дохилӣ ва берунӣ дорад.

Шакли пешниҳоди дохилии ҳуҷҷати электронӣ аз сабти  иттилооти он ҳуҷҷат дар  ҳомили мошинӣ иборат аст.

Шакли пешниҳоди берунии ҳуҷҷати электронӣ аз таҷдиди ин ҳуҷчат дар экрани дисплей, дар қоғаз ё дигар маводи аз ҳомили  мошинӣ ҷудошаванда дар намуди ба чашм намоён (бе воситаҳои техникӣ) ва қобили қабули фаҳми инсон, иборат аст.

 

Моддаи 9. Асли ҳуҷҷати электронӣ

 

Асли ҳуҷҷати электронӣ танҳо дар ҳомили мошинӣ мавҷуд аст. Ҳамаи нусхаҳои ҳуҷҷати электронӣ, ки дар ҳомили мошинӣ қайд шудааст ва яке ба дигаре монанд аст, асл ҳисобида мешаванд. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174)

Дар ҳолате, ки аз тарафи як шахс ҳуҷҷат дар ҳомили  қоғазӣ тайёр мешавад ва ҳуҷҷати электронӣ, ки аз рўи мазмун ба он ҳаммонанд аст, ҳар ду ҳуҷҷат ҳуҷҷатҳои мустақил ҳисобида мешаванд.

Ҳуҷҷати электронӣ дар он сурат асл ҳисобида мешавад, ки агар он  дорои имзои электронии ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиб  бошад. (ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 10. Нусхаи ҳуҷҷати электронӣ ва тасдиқи он

 

Нусхаи ҳуҷҷати  электронӣ бо роҳи тасдиқи намунаи ҳуҷҷати электронии дар ҳомили коғазӣ ё бо истифода аз имзои электронӣ пешниҳодшуда ва ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунӣ, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд, тайёр карда мешавад. Нусхабардории  асл ё нусхаи ҳуҷҷати электронӣ, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда нашудааст, эътибори ҳуқуқӣ надорад.

 

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 11. Эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати электронӣ

 

Ҳуҷҷати электронӣ дар ҳомили мошинӣ бо ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ баробар дониста мешавад ва бо он эътибори якхелаи ҳуқуқӣ дорад. 

Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд, ки ҳуҷҷат ба таври хаттӣ ба расмият дароварда шавад ва ё дар шакли хаттӣ пешниҳод гардад, пас ҳуҷҷати электронӣ ба ин талабот мутобиқ дониста мешавад.

Ҳуҷҷати электронӣ баимзорасида эътироф карда мешавад, агар ҳангоми имзои он имзои электронӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиб, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд, истифода шуда бошанд. Тарзи ҳаммонандкунии шахси имзокарда ҳамчунин метавонад бо мувофиқаи тарафҳо пешбинӣ гардад.

Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи нотариалӣ ва (ё) бақайдгирии давлатии ҳуҷҷати электрониро талаб намояд, ҳуҷҷати электронӣ ё нуcхаи он бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад ё ба қайд гирифта шавад.

 

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 12. бо ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174 хориҷ карда шуд

Моддаи 13. бо ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174 хориҷ карда шуд

Моддаи 14. бо ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174 хориҷ карда шуд

Моддаи 15. бо ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174 хориҷ карда шуд

 

Моддаи 16. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ

 

Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ аз ҷониби ташкилотҳое, ки фаъолияти бойгонӣ ва фаъолияти нигоҳдории маълумоти ҳуҷҷатнокшударо анҷом медиҳанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Тартиби нигоҳдорӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони масъулро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 161. Тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои 

                            электронӣ

Агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ талабот оид ба тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши онҳоро пешбинӣ намоянд, ин талабот ба ҳуҷҷатҳои электронӣ низ бо назардошти хусусиятҳои тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши онҳо дахл доранд.

Дар мавридҳои зарурӣ талаботи муайяне, ки ба ҳуҷҷатҳои коғазӣ пешниҳод мегарданд, метавонанд бекор карда шаванд ё бо дигар талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои электронӣ иваз карда шаванд.

Қоидаҳои тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ барои мақомоти давлатӣ, инчунин тартиби гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ байни мақомоти давлатӣ,  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳо ва созишномаҳои байни иштирокчиёни ин муносибатҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд.

 

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 17. Ҳимояи ҳуҷҷати электронӣ

 

Шахсоне, ки бо тайёр кардан, коркард, қабул, ирсол ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ машғуланд, бояд аз воситаҳои барномавӣ ва  техникӣ, ки сатҳи зарурии ҳимояи ин ҳуҷҷатҳоро таъмин менамоянд, истифода баранд.

Сатҳи зарурии ҳимояи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва иттилооте, ки дар онҳо мавҷуданд, ҳангоми истифодаи системаю шабакаҳои иттилоотӣ барои ташкили гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ аз тарафи молики ин системаю шабакаҳо таъмин мешаванд.

 

Моддаи 18. Ҳуҷҷатҳои электронии дорои иттилооте, ки паҳн карданн он манъ шудааст ё маҳдуд

                      гардидааст

 

Мазмуни ҳуҷҷатҳои электронӣ аз маълумоти дорои сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ ва дигар маълумот иборат буда метавонад, ки паҳн кардани онҳо манъ шудааст ё маҳдуд гардидааст. Қоидаҳои истифода ва чораҳои ҳимояи маълумотро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеие, ки вазифаҳои онҳо кор бо ҳуҷҷатҳои электронии дорои маълумоти дар қисми якуми моддаи мазкур зикргардида мебошанд, ўҳдадоранд, ки ҳангоми гузаронидани ҳуҷҷатҳои электронӣ ба воситаи каналҳои алоқа системаҳои сертификатсияшудаи ҳимояи иттилоотро истифода баранд. (ҚҶТ аз 28.12.12 с., №908)

 

Моддаи 181. Вақт, маҳалли ирсол ва қабули ҳуҷҷати электронӣ

 

Агар бо мувофиқаи тарафҳо ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, вақти ирсоли ҳуҷҷати электронӣ лаҳзае ҳисобида мешавад, ки ҳуҷҷати электронӣ аз шабакаи иттилоотии ирсолкунанда ё шабакаи иттилоотии шахси пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ оид ба ирсоли ҳуҷҷати электронӣ мебарояд. Агар бо мувофиқаи тарафҳо ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, вақти қабул кардани ҳуҷҷати электронӣ лаҳзае ҳисобида мешавад, ки ҳуҷҷати электронӣ ба шабакаи иттилоотии шахси қабулкунанда ё шабакаи иттилоотии шахси пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ оид ба қабули ҳуҷҷати электронӣ ворид мегардад.

 

(ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

 

Бобҳои 3 ва 4 бо ҚҶТ аз 31.12.14 с., №1174 хориҷ карда шуданд

 

БОБИ 5.

МАСЪУЛИЯТИ ШАХСОНЕ, КИ ДАР СОҲАИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАНД

 

Моддаи 24. Масъулияти шахсоне, ки дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ фаъолият мекунанд

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ машғуланд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муштариёни худ барои хизмат нарасонидан ё сифати номуносиби хизматрасонӣ, инчунин барои зарари ба онҳо расонидашуда масъул мебошанд.

Шахсони аз рӯи вазифаҳои хизматиашон ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумоти дар ҳуҷҷатҳои электронӣ мавҷудбуда дошта, ки паҳн кардани онҳо манъ ё маҳдуд карда шудааст, барои махфияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан масъул мебошанд.

 

(ҚҶТ аз 28.12.12 с., №908)

 

БОБИ 6.

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ДАР СОҲАИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

 

Моддаи 25. Ҳамкории байналмилалӣ

 

Субъектҳои муносибати ҳуқукӣ дар  соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ метавонанд дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок кунанд, бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ,  шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони  бешаҳрванд шартномаҳо банданд, инчунин системаю шабакаҳои  иттилоотии  байналмилалиро мутобиқи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  истифода баранд.

 

БОБИ 7.

МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

(ҚҶТ аз 28.12.12 с., №908)

 

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 10 майи соли 2002

                № 51

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАРБОРАИ ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУД

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 10:48
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
53
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
10.05.2002
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУД
 
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 429, аз 29.12.2010 № 656 аз 19.07.2022 № 1908)
 
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки ҳамин Қонун танзим мекунад
Ҳамин Қонун ҳолати ҳуқуқии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни он, тартиби ташкил кардан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ҷамъиятро муайян менамояд.
Хусусияти ҳолати ҳуқуқӣ, тартиби ташкил кардан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро дар соҳаҳои фаъолияти бонкӣ, суғуртавӣ ва сармоягузорӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Моддаи 2. Мафҳуми ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
1. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (минбаъд ҷамъият) ҷамъияти хоҷагиест, ки аз ҷониби як ё якчанд шахсе таъсис дода шуда, сармояи оинномавии он бо ҳиссаи ҳаҷми муайянкардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут бо фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон ба ӯҳда доранд.
Иштирокчиёни ҷамъият, ки ба сармояи оинномавии ҷамъият саҳмро дар ҳаҷми пуррааш нагузоштаанд, тибқи ӯҳдадории он дар доираи арзиши қисми пардохташудаи саҳми ҳар кадом иштирокчии ҷамъият масъулияти муштарак доранд.
2. Ҷамъият дар моликият амволи алоҳида дорад, ки дар баланси мустақили он ба ҳисоб гирифта мешавад, вай аз номи худ ҳуқуқҳои амволи ва шахсии ғайриамволиро ба даст дароварда ва онро амалӣ менамояд, ӯҳдадориро ба зимма гирифта, дар суд даъвогар ва ҷавобгар шуда метавонад.
3. Ҷамъият шахси ҳуқуқӣ буда бо тартиби муқарраркардашуда метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он суратҳисобҳои бонкӣ кушояд
Моддаи 3. Номи фирмавии ҷамъият
Ҷамъият номи пурраи расмӣ дошта, ҳақ дорад ба забони давлатӣ дорои номи мухтасар бошад.
Номи пурраи фирмавии ҷамъият ба забони давлатӣ бояд номи пурраи ҷамъият ва ибораҳои "дорои масъулияти маҳдуд"-ро дошта бошад. Номи мухтасари фирмавии ҷамъият бояд дорои номи пурра ё мухтасари ҷамъият ва калимаҳои "дорои масъулияти маҳдуд" ё ихтисори (аббревиатураи) ҶДММ бошад.
Номи фирмавии ҷамъият дар забони давлатӣ дигар истилоҳҳо ва ихтисорҳое, ки шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз забонҳои хориҷӣ гирифта шударо инъикос менамоянд, дошта наметавонад, агар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
Моддаи 4. Маҳалли ҷойгиршавӣ ва суроғаи ҷамъият
1. Маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият аз рӯи ҷои бақайдгирии давлатии он муайян карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият мумкин аст муқаррар намояд, ки маҳалли ҷойгиршавии доимии мақомоти идоракунии он ё ҷои доимии фаъолияташ маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият мебошад.
2. Ҷамъият бояд суроғаи почтавии худро дошта бошад, ки аз рӯи он ба он алоқа карда мешавад. Ҷамъият дар бораи тағйирёбии суроғаи почтавии худ, ӯҳдадор аст ба мақомоте, ки бақайдгирии шахси ҳуқуқиро амалӣ менамояд, хабар диҳад.
3. Ҷамъият бояд мӯҳри мудаввар дошта бошад, ки дар он номи пурраи фирмавиаш ба забони давлатӣ сабт ёбад. Дар мӯҳри ҷамъият инчунин номи фирмавии он ба ҳар забони хориҷӣ сабт шуда метавонад.
Ҷамъият ҳақ дорад штампҳо ва бланкҳои дорои номи фирмавии худ, нишони худӣ, инчунин аломати моли ва дигар воситаҳои фардиятро, ки бо тартиби муқаррарӣ ба қайд гирифта шудаанд, дошта бошад.
Моддаи 5. Қобилияти ҳуқуқдории ҷамъият
1. Ҷамъият ташкилоти тиҷоратӣ буда, дорои ҳуқуқҳои гражданӣ мебошад ва ӯҳдадориҳои зарурии ба фаъолияташ алоқамандро барои амали намудани ҳамагуна фаъолияти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашуда ба зимма мегирад.
2. Ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷамъият танҳо дар асоси иҷозатнома (литсензия) машғул шуда метавонад. Агар дар шартҳои додани иҷозатнома барои ба амал баровардани намуди муайяни фаъолият талаби чун фаъолияти истиснои амалӣ гардонидани он пешбинӣ шуда бошад, ҷамъият дар давоми мӯҳлати амали иҷозатнома ҳақ дорад танҳо намудҳои фаъолияти пешбиникардаи иҷозатномаро ба амал барорад.
Моддаи 6. Филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият
1. Ҷамъият метавонад бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо накамтар аз се ду ҳиссаи овози шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, филиалҳо таъсис дода, намояндагиҳо кушояд.
Таъсиси филиалҳо ва кушодани намояндагиҳо аз ҷониби ҷамъият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар ҳудуди он филиалҳо таъсис дода ё намояндагиҳо кушода мешаванд, сурат мегирад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Филиали ҷамъият қисми алоҳидаи он буда, берун аз маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият воқеъ мебошад ва ҳамаи вазифаҳои онро (қисми он), аз ҷумла вазифаи намояндагиро амалӣ менамояд.
3. Намояндагии ҷамъият қисми алоҳидаи он буда, берун аз маҳалли ҷойгиршавии ҷамъият воқеъ мебошад ва манфиатҳои ҷамъиятро ифода ва муҳофизат мекунад.
4. Филиал ва намояндагии ҷамъият шахсони ҳуқуқӣ намебошанд ва дар асоси низомномаи тасдиқкардаи ҷамъият амал менамоянд. Филиал ва намояндагӣ дорои амволе мебошанд, ки ҷамъияти таъсисдиҳанда ба онҳо додааст.
Роҳбарони филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъиятро ҷамъият таъин мекунад ва онҳо дар асоси ваколатномаи он амал мекунанд.
Филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият фаъолияти худро аз номи ҷамъияти онҳоро таъсисдиҳанда амалӣ мегардонанд. Барои фаъолияти филиал ва намояндагии ҷамъият ҷамъияти онҳоро таъсискарда масъул аст.
Моддаи 7. Ҷамъияти фаръӣ ва вобаста
1. Ҷамъият метавонад ҷамъияти фаръӣ ва вобастаи хоҷагии дорои ваколати шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ, ки дар ҳудуди он ҷамъияти фаръӣ ё вобастаи хоҷагӣ таъсис дода шудаанд, бошад, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Ҷамъияте фаръӣ эътироф карда мешавад, ки агар дигар ҷамъияти (асосии) хоҷагӣ бинобар иштироки афзалиятнок дар сармояи оинномавии он ё мутобиқи шартномаи бастаи байни онҳо ё ба тарзи дигар имконият дошта бошад, ки қарори бо ҳамин тариқ қабулкардаи ҷамъиятро муайян намояд.
3. Ҷамъияти фаръӣ ба қарзҳои ҷамъияти асосии хоҷагӣ ҷавобгар намебошад.
Ҷамъияти асосии хоҷагӣ, ки барои додани супоришҳои ҳатмӣ ба ҷамъияти фаръӣ ҳуқуқ дорад, бо ҷамъияти фаръӣ аз рӯи аҳдҳои барои иҷрои ин супоришҳо бастаи он муштарак ҷавобгар аст.
Дар сурати муфлисшавии ҷамъияти фаръӣ бо гуноҳӣ ҷамъияти асосии хоҷагӣ, ҳангоми нокифоягии амволи ҷамъияти фаръӣ, ҷамъияти асоси аз рӯи қарзҳои он ҷавобгарии иловагӣ (субсидиарӣ) дорад.
Иштирокчиёни ҷамъияти фаръӣ ҳак доранд ҷуброни зиёни бо гуноҳи ҷамъияти асоси ба ҷамъияти фаръӣ расонидаро талаб намоянд.
4. Ҷамъияте вобаста эътироф карда мешавад, ки агар ҷамъияти (бартаридошта) дигари хоҷагӣ бештар аз бист фоизи сармояи оинномавии ҷамъияти якумро дошта бошад.
Ҷамъияте, ки бештар аз бист фоизи саҳмияҳои овоздорӣ ҷамъияти саҳҳомӣ ё бештар аз бист фоизи сармояи оинномавии дигар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро ба даст даровардааст вазифадор аст дар ин бора ба мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиро ба роҳ мемонанд, фавран маълумотро барои нашр намудан пешниҳод намояд.
Моддаи 8. Иштирокчиёни ҷамъият
1. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ иштирокчиёни ҷамъият буда метавонанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки гуруҳи алоҳидаи шаҳрвандонро дар ҷамъиятҳо манъ ё маҳдуд карданаш мумкин аст.
2. Мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳалли ҳақ надоранд, ки иштирокчиёни ҷамъият бошанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаи дигареро муқаррар накунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба сифати иштирокчии ҷамъият баромад намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1908).
Ҷамъиятро як шахе таъсис дода метавонад, ки он иштирокчии ягона мегардад. Ҷамъият минъбад ҷамъияти дорои як иштирокчӣ шуда метавонад.
Ҷамъият ба сифати иштирокчии ягона ҷамъияти дигари хоҷагии аз як шахc иборат бударо дошта наметавонад.
3. Шумораи иштирокчиёни ҷамъият набояд бештар аз cӣ нафар бошад.
Дар ҳолатҳое, ки шумораи иштирокчиёни ҷамъият аз ҳадди муқарраркардаи ҳамин банд зиёд бошад, ҷамъият дар давоми сол бояд ба ҷамъияти кушоди саҳҳомӣ ё кооперативи истеҳсолӣ табдил ёбад. Агар дар давоми мӯҳлати зикрёфта ҷамъият аз нав таъсис дода нашавад ва шумораи иштирокчиёни ҷамъият то ҳадди муқарраркардаи ҳамин банд кам нагардад, он ба тариқи судӣ бо талаби мақоме, ки шахсони ҳуқуқиро ба қайди давлати мегирад, ё дигар мақомоти давлатӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ки онҳоро қонун барои пешниҳоди чунин талаб ҳуқуқ, додааст, барҳам дода мешавад.
Моддаи 9. Ҳуқуқи иштирокчиёни ҷамъият
Иштирокчиёни ҷамъият ҳуқуқ доранд:
- дар идораи корҳои ҷамъият бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун ва ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият иштирок намоянд;
- дар бораи фаъолияти ҷамъият маълумот гиранд ва бо дафтарҳои муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) ва дигар ҳуҷҷатҳои он бо тартиби муқарраркардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ шинос шаванд;
- дар тақсимоти фоида иштирок кунанд;
- бо тартиби пешбиникардаи ҳамин Қонун ва оинномаи ҷамъият ҳиссаи худро аз сармояи оинномавии ҷамъият фурушанд ё ба тарзи дигар як қисми онро ба як ё якчанд иштирокчии ин ҷамъият диҳанд;
- ҳар вақт новобаста аз розигии дигар иштирокчиёни он аз ҷамъият бароянд;
- дар сурати барҳам хурдани ҷамъият қисми амвол ё арзиши онро баъди ҳисобу китоб бо кредиторон гиранд.
Иштирокчиёни ҷамъият инчунин дигар ҳуқуқҳое доранд, ки онҳоро ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
2. Ба ғайр аз ҳуқуқҳое, ки ҳамин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, оинномаи ҷамъият метавонад дигар ҳуқуқҳои (ҳуқуқҳои иловагии) иштирокчии (иштирокчиёни) ҷамъиятро пешбинӣ намояд. Ин ҳуқуқҳо мумкин аст дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ карда шаванд ё бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки онро ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, дода мешаванд.
Ҳуқуқҳои иловагие, ки ба иштирокчии муайяни ҷамъият дода шудааст, дар ҳолати бегона кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) ӯ ба бадастдарорандаи ҳисса (қисми ҳисса) намегузарад.
Қатъ ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои иловагие, ки ба ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият дода шудааст, бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, сурат мегирад. Қатъ ё маҳдуд гардондани ҳуқуқҳои иловагие, ки ба иштирокчиёни муайяни ҷамъият дода шудааст, бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо накамтар аз се ду ҳиссаи овози шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, сурат мегирад, ба шарте, ки агар иштирокчии ҷамъият, ки чунин ҳуқуқҳои иловагӣ ба ӯ тааллуқ дорад, ба тарафдории ин қарор овоз дода, ё розигии хаттӣ дода бошад. Иштирокчии ҷамъият, ки ҳуқуқҳои иловагӣ ба ӯ дода шудааст, аз татбиқи ҳуқуқҳои иловагии додашуда даст кашида метавонад ва дар ин бора ба ҷамъият огоҳномаи хаттӣ мефиристад. Аз вақти огоҳномаи мазкурро гирифтани ҷамъият ҳуқуқҳои иловагии иштирокчии ҷамъият қатъ мегардад.
Моддаи 10. Ӯҳдадории иштирокчиёни ҷамъият
1. Иштирокчиёни ҷамъият ӯҳдадоранд:
- бо тартиб, дар ҳаҷм, таркиб ва мӯҳлати пешбиникардаи ҳамин Қонун ва ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият саҳм гузоранд;
- иттилооти махфиро дар бораи фаъолияти ҷамъият фош нанамоянд. Иштирокчиёни ҷамъияг дигар ӯҳдадориҳоро низ доранд, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
2. Ба ғайр аз ӯҳдадориҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун, оинномаи ҷамъият метавонад дигар ӯҳдадориҳои (ӯҳдадориҳои иловагии) иштирокчии (иштирокчиёни) ҷамъиятро, ки ба меъёрҳои ин Қонун мухолиф нестанд, пешбинӣ намояд. Ин ӯҳдадориҳо дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда ё бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, ба зиммаи ҳамаи онҳо гузошта мешавад. Ба зиммаи иштирокчии муайяни ҷамъият гузоштани ӯҳдадориҳои иловагӣ бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо накамтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, сурат мегирад, агар иштирокчии ҷамъият, ки чунин ӯҳдадориҳои иловаги ба зиммаш гузоишта шудааст, ба тарафдори қабули чунин қарор овоз диҳад ё розигии хаттӣ дода бошад.
Ӯҳдадориҳои иловагие, ки ба зиммаи иштирокчии муайяни ҷамъият гузошта шудааст, дар ҳолати бегона кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) ӯ ба бадастдарорандаи ҳисса (қисми ҳисса) намегузарад.
Ӯҳдадориҳои иловагӣ мумкин аст бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, қатъ карда шавад.
Моддаи 11. Аз ҷамъият хориҷ кардани иштирокчии ҷамъият
Иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳиссаи онҳо дар маҷмӯъ на камтар аз даҳ фоизи сармояи оинномавии ҷамъиятро ташкил медиҳад, ҳақ, доранд ба тариқи судӣ аз ҷамъият хориҷ кардани иштирокчиеро, ки ӯҳдадории худро дағалона вайрон мекунад, ё бо амали (беамалии) худ фаъолияти ҷамъиятро ғайри имконпазир ё хеле душвор мегардонад, талаб намоянд.
Моддаи 12. Масъулияти ҷамъият
1. Ҷамъият тибқи ӯҳдадориҳояш бо тамоми амволи ба он тааллуқдошга масъул аст.
Ҷамъият оиди ӯҳдадориҳои иштирокчиёнаш ҷавобгар нест.
Дар ҳолати муфлисшавии ҷамъият бо гуноҳи иштирокчиёнаш ё бо гуноҳи шахсони дигар, ки онҳо ҳуқуқ доранд ба ҷамъият супориши ҳатмӣ диҳанд ё ба тарзи дигар имконият доранд амали онро муайян намоянд, ба зиммаи ин иштирокчиён ё шахсони дигар дар сурати нокифоягии амволи ҷамъият мумкин аст оиди ӯҳдадориҳояш масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) гузошта шавад.
Давлат оиди ӯҳдадориҳои ҷамъият ва ҷамъият оиди ӯҳдадориҳои давлат масъулият надорад.
БОБИ 2. ТАЪСИС ДОДАНИ ҶАМЪИЯТ
Моддаи 13. Тартиби таъсисдиҳии ҷамъият
1. Муассисони ҷамъият шартномаи таъсисотӣ мебанданд ва оинномаи чҷмъиятро тасдиқ мекунанд. Шартномаи таъсисотӣ ва оинномаи ҷамъият ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият мебошанд.
Агар ҷамъиятро як шахc таъсис диҳад, ҳуҷҷати таъсисотии ҷамъият оинномаи тасдиқкардаи ҳамин шахc мебошад. Дар сурати то ду нафар ва аз он зиёд шудани шумораи иштирокчиёни ҷамъият бояд дар байни онҳо шартномаи таъсисотӣ баста шавад.
Хусусияти таъсисдиҳии ҷамъият бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Муассисони ҷамъият мақомоти иҷроияи ҷамъиятро интихоб (таъин) мекунанд, иичунин дар ҳолати ба сармояи оинномавии ҷамъият ворид шудани саҳми ғайрипулӣ арзиши пулии онҳоро тасдиқ менамоянд.
Қарор дар бораи тасдиқи оинномаи ҷамъият, инчунин қарор дар бораи тасдиқи арзиши пулии саҳми гузоштаи муассисони ҷамъият аз ҷониби муассисон якдилона қабул карда мешавад.
2. Муассисони ҷамъият оиди ӯҳдадориҳое, ки бо таъсиси ҷамъият алоқаманданд ва то бақайдгирии давлатии он пайдо шудаанд, масъулияти муштарак доранд. Ҷамъият оиди ӯҳдадориҳои муассисони ҷамъият, ки бо таъсиси он алоқаманданд, танҳо дар сурати маъқулдонии минбаъдаи амали онҳо аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият масъул аст.
Моддаи 14. Ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият
Муассисони ҷамъият дар шартномаи таъсисотӣ ӯҳдадор мешаванд, ки ҷамъият таъсис диҳанд ва тартиби фаъолияти якҷояро оиди таъсиси он муайян намоянд. Дар шартномаи таъсисоти инчунин ҳайати муассисони (иштирокчиёни) ҷамъият, ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият ва ҳаҷми ҳиссаи ҳар кадом муассиси (иштирокчии) ҷамъият, ҳаҷм ва таркиби саҳм, ҳангоми таъсиснамоӣ, тартиб ва мӯҳлати ба сармояи оинномавии ҷамъият гузоштани он, масъулияти муассисони (иштирокчиёни) ҷамъият барои вайрон кардани ӯҳдадории саҳмгузорӣ шарту тартиби тақсими фоида дар байни муассиcони (иштирокчиёни) ҷамъият, ҳайати мақомоти ҷамъият ва тартиби аз ҷамъият баромадани иштирокчиёни ҷамъият муайян карда мешавад.
2. Оинномаи ҷамъият бояд инҳоро дошта бошад:
- номи пурра ва мухтасари фирмавии ҷамъият;
- маълумот дар бораи ҷои воқеъшавии ҷамъият;
- маълумот дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти ҷамъият, аз ҷумла дар бораи масъалаҳое, ки салоҳияти истисноии маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро ташкил медиҳад, дар бораи тартиби қабули қарорҳои мақомоти ҷамъият, аз ҷумла дар бораи масъалаҳое, ки оиди онҳо қарорҳо якдилона ё бо аксарияти муайяни овозҳо қабул карда мешаванд;
- маълумот дар бораи ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият;
- маълумот дар бораи ҳаҷм ва арзиши номиналии ҳиссаи ҳар кадом ипггирокчии ҷамъият;
- ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ҷамъият;
- маълумот дар бораи тартиб ва оқибатҳои аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият;
- маълумот дар бораи тартиби ба шахси дигар гузаштани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият;
- маълумот дар бораи тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ҷамъият, ва тартиби ба иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони дигар ахборот додани ҷамъият;
- маълумот дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият. Оинномаи ҷамъият метавонад инчунин дигар қоидаҳое, ки хилофи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо намебошанд, дошта бошад.
3. Бо талаби иштирокчии ҷамъият, аудитор ё ҳар шахси манфиатдор, ҷамъият ӯҳдадор аст дар мӯҳлати оқилона ба онҳо имконият диҳад, ки бо ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият, аз ҷумла бо тағйиротҳо шинос шаванд.
4. Тағйирот ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ворид карда мешавад.
Тағйироти ба ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият воридгардида, ки маълумот оид ба онҳо дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавҷуданд, пас аз ворид намудани тағйирот ба ҳамин Феҳрист барои шахсони сеюм эътибор пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
5. Дар ҳолати бо ҳам мутобиқат накардани нишондодҳои шартномаи таъсисотӣ ва нишондодҳои оинномаи ҷамъият барои шахсони сеюм ва иштирокчиёни ҷамъият нишондодҳои оинномаи ҷамъият қувваи афзалиятнок доранд.
Моддаи 15. Бақайдгирии давлатии ҷамъият
1. Ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ба қайди давлатӣ гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
2. Ҷамъият аз мавриди бақайдгирии давлатии он чун шахси ҳуқуқи таъсисёфта эътироф карда мешавад.
3. Ҷамъият бидуни маҳдудкунии мӯҳлат таъсис дода мешавад, агар оинномаи он қоидаи дигареро пешбинӣ накарда бошад.
БОБИ 3. САРМОЯИ ОИННОМАВИИ ҶАМЪИЯТ
Моддаи 16. Сармояи оинномавии ҷамъият. Ҳисса дар сармояи оинномавии ҷамъият
1. Сармояи оинномавии ҷамъият аз арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчиёни он ташкил карда мешавад.
2. Ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият бояд на камтар аз панҷсад сомониро ташкил диҳад (Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 429).
Ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият ва арзиши номиналии ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Сармояи оинномавии ҷамъият ҳаҷми камтарини амволи онро, ки манфиатҳои кредиторони онро кафолат медиҳад, муайян менамояд.
2. Ҳаҷми ҳиссаи иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳаҷми ҳиссаи гузошташудаи сармояи оинномавӣ муайян карда мешавад. Ҳаҷми ҳиссаи иштирокчиёии ҷамъият бояд ба таносуби арзиши номиналии ҳиссаи ӯ ва сармояи оинномавии ҷамъият мутобиқ бошад.
Арзиши ҳақиқии ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият ба қисми арзиши активҳои софи ҷамъият, ки бо ҳаҷми ҳиссаи ӯ мутаносиб аст, мутобиқат мекунад.
3. Оинномаи ҷамъият ҳаҷми ниҳоии ҳиссаи иштирокчии ҷамъиятро маҳдуд карда метавонад. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст имконияти тағйир додани таносуби ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият маҳдуд карда шавад.
Чунин маҳдудиятҳо на бояд ниcбати иштирокчиёни алоҳидаи ҷамъият муқаррар карда шавад. Нишондодҳои мазкур мумкин аст дар оинномаи ҷамъият ҳангоми тасдиқи он пешбинӣ карда шуда, инчунин бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул карда мешавад, ба оинномаи ҷамъият ворид карда, тағйир дода ва аз оинномаи ҷамъият хориҷ карда шаванд.
Моддаи 17. Саҳм ба сармояи оинномавии ҷамъият
1. Пулҳо, қоғазҳои қиматнок, дигар амвол ё ҳуқуқи амволи ё ин ки дигар ҳуқуқҳое, ки арзиши пули доранд, ба сифати сармояи оинномавии ҷамъият баромад карда метавонанд.
2. Арзиши пулии саҳми ғайрипулии сармояи оинномавии ҷамъият, ки иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони сеюми ба ҷамъият қабулшаванда мегузоранд бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул кардаанд, тасдиқ карда мешавад.
Агар арзиши номиналии (афзоипш арзиши номиналии) ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият бо саҳми ғайрипулӣ пардохта шавад, чунин саҳм бояд аз ҷониби эксперти мустақил муайян карда шавад. Арзиши номиналии (афзоиши арзиши номиналии) ҳиссаи иштирокчии ҷамъият, ки бо саҳми ғайрипулӣ пардохта мешавад, на бояд аз баҳои маблағи саҳми пешбинишуда, ки эксперти мустақил муайян кардааст зиёд бошад.
Дар ҳолати ба сармояи оинномавии ҷамъият гузоштани саҳми ғайрипулӣ иштирокчиёни ҷамъият ва эксперта мустақил дар давоми се соли баъди бақайдгирии давлатии ҷамъият ё ворид кардани тағйироти дахлдор бо оинномаи ҷамъият дар сурати нокифоягии амволи ҷамъият оиди ӯҳдадориҳои он дар ҳаҷми афзоиши арзиши саҳми ғайрипулӣ муштаракан масъулияти иловагӣ (субсидиарӣ) мебаранд.
Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст намудҳои амволе муқаррар карда шавад, ки саҳми сармояи оинномавии ҷамъият шуда наметавонад.
3. Дар cурати қатъ шудани ҳуқуқи ҷамъият ба истифодаи амвол то ба охир расидани мӯҳлате, ки ин амвол барои истифода ба ҷамъият ба сифати саҳми сармояи оинномавӣ дода шуда буд, иштирокчии ҷамъият, ки амволро додааст, ӯҳдадор аст бо талаби он бо ҷамъият ҷуброни пули пешниҳод намояд, ки он ба пардохти истифодаи чунин амвол дар ҳолатҳои мазкур дар давоми мӯҳлати боқимонда баробар аст. Ҷуброни пули бояд якбора аз лаҳзаи талаб кардани ҷамъият пешниҳод карда шавад, агар қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият тартиби дигари пешниҳоди ҷубронро муқаррар накарда бошад. Чунин карорро маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бидуни ба ҳисоб гирифтани овози иштирокчии ҷамъият, ки ба сифати саҳми сармояи оинномавӣ ба ҷамъият ҳуқуқи истифодаи амволро додааcт ва он пеш аз мӯҳлат қатъ ёфтааст, қабул карда мешавад.
4. Амволе, ки иштирокчии аз ҷамъият хориҷшуда ё баромада ба сифати саҳми сармояи оинномавӣ ба истифодаи ҷамъият додааcт дар давоми мӯҳлати додашуда дар истифодаи ҷамъият боқи мемонад, агар дар шартномаи таъсисотӣ қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 18. Тартиби гузоштани саҳм ба сармояи оинномавии ҷамъият ҳангоми таъсиси он
1. Ҳар кадом муассиси ҷамъият бояд ба сармояи оинномавии ҷамъият дар давоми мӯҳлате, ки бо шартномаи таъсисотӣ муайян карда шудааст, ва кадоме ки аз вақти бақайдгирии давлатии ҷамъият аз як сол зиёд буда наметавонад, саҳми худро бояд пурра гузорад. Дар ин ҳол арзиши саҳми хар кадом муассиси ҷамъият бояд на камтар аз арзиши номиналии ҳиссаи у бошад.
Аз ӯҳдадории саҳмгузорӣ ба сармояи оинномавии ҷамъият озод кардани муассиси ҷамъият, аз ҷумла бо роҳи ба ҳисоб гирифтани талаботи ӯ ба ҷамъият роҳ дода намешавад.
2. Сармояи оинномавии ҷамъият бояд дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии он пурра аз ҷониби муассисони он пардохта шавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Моддаи 19. Афзоиши сармояи оиниомавии ҷамъият
1. Ба афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият танҳо баъди пардохти пурраи он роҳ дода мешавад.
2. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисобҳои зерин сурат гирифта метавонад:
а) аз ҳисоби амволи ҷамъият;
б) аз ҳисоби саҳми иловагии иштирокчиёни ҷамъият;
в) аз ҳисоби саҳмҳои шахсони сеюме, ки ба ҷамъият қабул мешаванд.
Моддаи 20. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби амволи он
1. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби амволи он бо қарори маҷлиси умумии он, ки бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи овозҳои умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул карда мешавад, агар зарурияти шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.
2. Дар сурати афзудани сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби амволи он, маблағе ки ба андозаи он сармояи оинномавии ҷамъият меафзояд, на бояд аз фарқи байни арзиши активҳои софи ҷамъият ва маблағи сармояи оинномавӣ ва фоида захиравии ҷамъият зиёд бошад.
3. Дар сурати афзудани сармояи оинномавии ҷамъият мутобиқи ҳамин модда арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият бидуни тағйири ҳаҷми ҳиссаи онҳо мутаносибан меафзояд.
Моддаи 21. Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби саҳми иловагии иштирокчиёни он ва саҳми шахсони сеюме, ки ба ҷамъият қабул мешаванд
1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият, агар зарурияти шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбини нашуда бошад, метавонад дар бораи афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби саҳми иловагии гузоштаи иштирокчиёни ҷамъият қарор барорад. Ҳангоми афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисоби саҳми иловагии гузоштаи иштирокчиёни ҷамъият бояд арзиши умумии саҳми иловагӣ муайян карда шуда, инчунин таносуби барои ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият ягонаи байни арзиши саҳми иловагии иштирокчии ҷамъият ва маблағе, ки ба андозаи он арзиши номиналии ҳиссаи ӯ меафзояд, муқаррар карда шавад. Ин таносуб дар асоси он, ки арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчии ҷамъият ба маблағи баробар ё камтари арзиши саҳми иловагии ӯ афзуданаш мумкин аст, муқаррар карда мешавад.
Ҳар иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад саҳми иловагӣ гузорад, ва он мутаносибан аз қисми арзиши умумии саҳми иловагӣ, ҳаҷми ҳиссаи он иштирокчӣ дар сармояи оинноимавии ҷамъият мутаносиб аст, зиёд набошад. Саҳми иловагӣ мумкин аст аз тарафи иштирокчиёни ҷамъият дар давоми ду моҳ аз мавриди баровардани қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни-ҷамъият гузошта шавад, агар оинномаи ҷамъият ё қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мӯҳлати дигарро муқаррар нанамояд.
На дертар аз як моҳ аз рӯзи ба охир расидани гузориши саҳми иловагӣ маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бояд дар бораи тасдиқи ҷамъбастии саҳми иловагии гузоштаи иштирокчиёни ҷамъият қарор қабул намояд. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, инчунин оиди тағйироте, ки ба ҳуҷҷатҳои таъсиснамоии ҷамъият вобаста ба афзоиши андозаи сармояи оинномавии ҷамъият ба миён меояд ва афзоиши арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият, ки саҳми иловагӣ гузоштанд ва дар ҳолатҳои зарурат оиди тағйирёбии андозаи ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият бояд қарор қабул намояд. Ҳамзамон, арзиши номиналии ҳиссаи ҳар як иштирокчии ҷамъият, ки саҳми иловагӣ гузоштааст, дар асоси нишондоди таносуби сарсатри якуми банди мазкур афзоиш меёбад.
Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият баъд аз қабули қарор аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар бораи тасдиқи натиҷаҳои аз тарафи иштирокчиёни ҷамъият ба сармояи оинномавии ҷамъият пардохт намудани саҳмҳои иловагӣ оид ба афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Дар ҳолати риоя накардани мӯҳлатҳои дар сарсатри сеюми қисми мазкур пешбини карда шуда афзоиши сармояи оинномаи ҷамъият барпо шуда эътироф карда намешавад (Қонун аз 29.12.2010 № 656).
2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият метавонад дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии он дар асоси аризаи иштирокчии ҷамъият (аризаи иштирокчиёни ҷамъият) дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ ва (ё), агар онро оинномаи ҷамъият манъ накунад, аризаи шахси сеюм (аризаи шахсони сеюм) дар бораи ба ҷамъият қабул намудани ӯ ва гузоштани саҳм қарор қабул кунад. Тартиби қабули қарорро оинномаи ҷамъият муайян менамояд.
Дар аризаи иштирокчии ҷамъият ва аризаи шахси сеюм бояд ҳаҷм ва таркиби саҳм, тартиб ва мӯҳлати гузоштани он, инчунин ҳаҷми ҳиссае, ки онро иштирокчии ҷамъият дошта бошад, нишон дода шаванд. Дар ариза мумкин аст шартҳои дигари гузоштани саҳм ва дохилшавӣ ба ҷамъият низ нишон дода шавад.
Баробари қарор дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият дар асоси аризаи иштирокчии ҷамъият (аризаи иштирокчиёни ҷамъият) дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ, бояд дар як вақт қарор дар бораи ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият ворид кардани тағйирот вобаста ба афзоиши ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият ва афзоиши арзиши номиналии ҳиссаи иштирокчии ҷамъият (иштирокчиёни ҷамъият), ки дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ ариза додааст, дар ҳолати зарурӣ инчунин тағйироти вобаста ба тағйир ёфтани ҳаҷми ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шавад.
Дар айни ҳол арзиши номиналии ҳиссаи ҳар кадом иштирокчии ҷамъият, ки дар бораи гузоштани саҳми иловагӣ ариза додааст, ба маблағи баробар ё ками арзиши саҳми иловагии ӯ зиёд мешавад.
Дар як вақт бо қарор дар бораи афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият дар асоси аризаи шахси сеюм (аризаи шахсони сеюм) дар бораи қабули ӯ (онҳо) ба ҷамъият ва гузоштани саҳм бояд қарор дар бораи ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият ворид намудани тағйиротҳои вобаста ба қабул накардани шахси сеюм (шахсони сеюм) ба ҷамъият, муайян намудани арзиши номиналӣ ва ҳаҷми ҳиссаи ӯ (онҳо), афзоиши ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият ва тағйири ҳаҷми ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шавад. Арзиши номиналии ҳиссаҳое, ки ҳар кадом шахси сеюми ба ҷамъият қабулшаванда ба даст медарорад, бояд баробар ё камтар аз арзиши саҳми ӯ бошад.
Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият баъд аз қабул намудани қарор дар бораи афзоиши сармояи оинномавӣ аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
3. Агар сармояи оинномавии ҷамъият наафзуда бошад, ҷамъият ӯҳдадор аст дар мӯҳлати оқилона ба иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони сеюм, ки пулро ба сифати саҳм гузоштаанд, саҳмҳои онҳоро баргардонад. Дар сурати дар мӯҳлати муайян барнагардондани саҳм бо тартиб ва дар мӯҳлати пешбиникардаи моддаи 426 Кодекси гражданӣ, инчунин фоизро пардохт намояд.
Ҷамъият ӯҳдадор аст ба иштирокчиёни ҷамъият ва шахсони сеюм, ки саҳми ғайрипули гузоштаанд, дар мӯҳлати муайян саҳми онҳоро баргардонад. Ҳангоми дар мӯҳлати муайян барнагардонидани саҳмҳо ҷамъият инчунин фоидаи аз даст рафтаро, ки сабабаш истифода бурда натавонистани амволи ба cифати саҳм гузошташуда мёбошад, бояд ҷуброн намояд.
Моддаи 22. Камшавии сармояи оинномавии ҷамъият
1. Ҷамъият ҳақ дорад ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун ӯҳдадор аст сармояи оинномавии худро кам кунад.
Камшавии сармояи оинномавии ҷамъият мумкин аст бо роҳи камшавии арзиши номиналии ҳиссаи ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият ва пардохти ҳиссаҳои ба ҷамъият таалуқдошта сурат гирад.
Ҷамъият ҳақ надорад сармояи оинномавии худро кам кунад, агар дар натиҷаи чунин камкунӣ ҳаҷми он аз ҳаҷми ақали камтарини сармояи оинномавӣ кам гардад, ки он мутобиқи ҳамин Қонун дар санаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии тағйироти дахлдори оинномаи ҷамъият муайян шудааст ва дар ҳолатҳое, ки агар мутобиқи ҳамин Қонун ҷамъият ӯҳдадор бошад, ки сармояи оинномавии худро дар санаи бақайдгирии давлатии ҷамъият кам кунад.
Ҷамъият ҳақ надорад сармояи оинномавии худро аз ҳаҷми ақалли камтарини сармояи оинномавӣ, ки он мутобиқи Қонуни мазкур муайян шудааст, кам намояд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
2. Дар сурати пурра пардохт накардани сармояи оинномавии ҷамъият дар муддати як сол аз рӯзи бақайдгирии давлатии он, ҷамъият бояд дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозаи воқеан пардохтшудаи он эълон кунад ва дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
3. Агар баъди ба охир расидани соли дуюм ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши дороиҳои софи ҷамъият аз сармояи оинномавии он камтар гардад, ҷамъият вазифадор аст дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ то андозае, ки аз арзиши дороиҳои софи он зиёд намебошад, эълон кунад ва дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод намояд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Агар баъди итмоми соли дуюми ва ҳар соли минбаъдаи молиявӣ арзиши активҳои софи ҷамъият аз ҳаҷми камтарини сармояи оинномавӣ, ки ин Қонун муқаррар кардааст, кам бошад, ҷамъият барҳам дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Арзиши активҳои софи ҷамъият бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ва санадҳои меъёрие, ки тибқи он нашр мегардад муайян карда мешавад.
4. Дар давоми cӣ рӯз аз лаҳзаи қабули қарор ҷамъият бояд дар бораи камшавии сармояи оинномавии худ эълон кунад ва оиди камшавӣ ва ҳаҷми нави он ҳамаи кредиторони маълуми ҷамъиятро хаттӣ огоҳ намуда, инчунин дар нашрияе, ки дар бораи қайди давлатии шахсони ҳуқуқӣ маълумот чоп мешавад, доир ба қарори қабулшуда хабар чоп кунад. Дар айни ҳол кредиторони ҷамъият ҳақ доранд дар давоми cӣ рӯз пас аз мавриди фиристодани огоҳнома ё дар давоми cӣ рӯзи чопи хабар дар бораи қарори қабулшуда бо тартиби хаттӣ оиди пеш аз мӯҳлат қатъ намудан ё иҷрои ӯҳдадориҳои дахлдори ҷамъият ва ҷуброни зарари ба онҳо расонида талаб пешниҳод намоянд.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
5. Агар дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин модда ҷамъият дар мӯҳлати муайян дар бораи камшавии сармояи оинномавӣ ё барҳамхурии худ қарор қабул накунад, кредиторон ҳақ доранд аз ҷамъият пеш аз мӯҳлат қатъёбӣ ё иҷрои ӯҳдадориҳои ҷамъият ва ҷуброни зарари ба онҳо расондаро талаб намоянд.
6. Муассисон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба камшавии сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабул намудани қарор дар бораи чунин камшавӣ аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд ё дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият қарор қабул мекунанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Моддаи 23. Ба иштирокчии дигар ва шахси сеюм гузаштани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият
1. Иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад ҳиссаи худро ё қисми онро аз сармояи оинномавии ҷамъият ба як иштирокчӣ ё якчанд иштирокчии ҳамин ҷамъият, ё ба шахсони сеюм бо тартиби муқарраркардаи оинномаи ҷамъият фурушад ё ба тарики дигар диҳад.
2. Ҳиссаи иштирокчии ҷамъият мумкин аст то пардохти пурраи он танҳо дар ҳамон қисме, ки аллакай он пардохта шудааст, бегона карда шавад.
3. Иштирокчиёни ҷамъият ҳуқуқӣ афзалиятноки хариди ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчиёни ҷамъиятро бо нархи ба шахси сеюм пешниҳодшуда мутаносибан ба ҳаҷми ҳиссаҳои худ истифода мебаранд, агар дар оинномаи ҷамъият ё cозишномаи иштирокчиёни ҷамъият тартиби дигари амалӣ гаштани ин ҳуқуқ пешбинӣ нашуда бошад. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст ҳуқуқӣ афзалиятноки ҷамъият барои бадастдарории ҳиссае (қисми ҳиссае), ки иштирокчиёни он мефурушанд, пешбинӣ карда шавад, агар иштирокчиёни дигари ҷамъият ҳуқуқӣ афзалиятноки хариди ҳисса (қисми ҳисса)-ро истифода накарда бошанд.
Иштирокчии ҷамъият, ки ҳиссаи (қисми ҳиссаи) худро ба шахси сеюм фурухтан мехоҳад, ӯҳдадор аст, дар ин бора дигар иштирокчиёни ҷамъият ва худи ҷамъиятро хаттӣ хабардор карда, нарх ва дигар шартҳои фуруши онро нишон диҳад. Дар ҳолатҳое, ки иштирокчиёни ҷамъият ё ҷамъият аз ҳуқуқи афзалиятноки хариди ҳамаи ҳиссаи (ҳамаи қисми ҳисса) барои фуруш пешиҳод гардида дар давоми як моҳи аз рӯзи гирифтани чунин огоҳнома истифода намебаранд, агар дар оинномаи ҷамъият ё созишномаи иштирокчиёни ҷамътият мӯҳлати дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳисса (қисми ҳисса) мумкин аст ба шахси сеюм бо нарх ва шартҳои ба ҷамъият ва иштирокчиёни он хабардодашуда фурухта шавад.
Ҳангоми фуруши ҳисса (қисми ҳисса) бо вайрон кардани ҳуқуқи афзалиятноки харид ҳар кадом иштирокчии ҷамъият ё ҷамъият, агар дар оинномаи ҷамъият ҳуқуқи афзалиятноки ҷамъият барои харидани ҳисса (қисми ҳисса) пешбинӣ шуда бошад, ҳақ дорад дар давоми се моҳе, ки иштирокчии ҷамъият ё ҷамъият аз чунин вайронкунӣ хабардор шудаанд ё ин ки бояд хабардор мешуданд ба тариқи суд ба онҳо гузарондани ҳуқуқу ӯҳдадории харидорро талаб намоянд. Ба гузашт кардани ин ҳуқуқи афзалиятнок роҳ дода намешавад.
4. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст зарурати гирифтани розигии ҷамъият ё дигар иштирокчиёни ҷамъият барои додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият ба шахсони сеюм на танҳо бо тариқи фуруш, балки ба тариқи дигар пешбинӣ карда шавад.
5. Гузашти ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият бояд дар шакли оддии хаттӣ сурат гирад, агар оиди дар шакли нотариалӣ содир намудан он дар оинномаи ҷамъият талаботе пешбинӣ нашуда бошад. Риоя накардани шакли аҳд оиди гузашти ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият, ки банди мазкур ё оинномаи ҷамъият муқаррар кардааст, боиси беъэтибории он мегардад.
Ҷамъият бояд дар бораи додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномаи ҷамъият бо исботи пешниҳоди чунин гузашт хаттӣ огоҳонида шавад. Ба даст дарорандаи ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият аз вақти огоҳ намудани ҷамъият оиди гузашти мазкур ҳуқуқро амалӣ гардонида ва ӯҳдадориро иҷро менамояд.
Ба дастдарорандаи ҳиссаи (қисми ҳиccаи) сармояи оинномавии ҷамъият ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчии ҷамъият, ки то додани ҳисса (қисми ҳисса) пайдо шудааст, ба истиснои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои пешбиникардаи сарсатри 2 банди 2 моддаи 9 ва сарсатри 2 банди 2 моддаи 10 ҳамин Қонун мегузарад. Иштирокчии ҷамъият, ки ҳиссаи (қисми ҳиссаи) худро аз сармояи оинномавии ҷамъият додааст, дар назди ҷамъият оиди додани саҳм ба амволи то гузашт кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) мазкур пайдошуда бо бадастдароварандаи он муштаракан ӯҳдадор мебошад.
6. Ҳиссаҳои сармояи оинномавии ҷамъият ба ворисони шахсони ҳуқуқие, ки иштирокчиёни ҷамъият мебошанд, мегузаранд.
Дар сурати барҳам хурдани шахси ҳуқуқӣ (иштирокчии ҷамъиият) ҳиссаи ба ӯ тааллуқдошта, ки баъди ҳисобу китоб бо кредиторон боқи мондааст, дар байни иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳамхурда тақсим карда мешавад, агар дар қонунҳо, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисотии шахси ҳуқуқии барҳамхуранда қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст пешбинӣ карда шавад, ки ба гузариш ва тақсими ҳиссаҳои муқарраркардаи сарсатрҳои якум ва дуюми ҳамин банд танҳо бо розигии иштирокчиёни боқимондаи ҷамъият роҳ дода мешавад.
7. Дар ҳолате, ки агар дар оинномаи ҷамъият зарурати гирифтани розигии иштирокчиёни ҷамъият барои додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият ба иштирокчиёни ҷамъият ё шахсони сеюм, гузариши он ба меросгирон ё ворисони он ё ин ки барои тақсими ҳисса дар байни иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳамхуранда пешбинӣ шуда бошад, чунин розигӣ гирифташуда ҳисобида мешавад, ба шарте ки дар давоми cӣ рӯзи пас аз муроҷиат ба иштирокчиёни ҷамъият ё дар давоми мӯҳлати дигари муайян кардаи оинномаи ҷамъият розигии хаттии ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият гирифта шуда ё радди хаттии розигии ягон нафари иштирокчиёни ҷамъият гирифта нашуда бошад.
Дар ҳолате, ки дар оинномаи ҷамъият зарурати гирифтани розигии ҷамъият барои додани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият ба иштирокчиёни ҷамъият ё шахсони сеюм пешбинӣ шуда бошад, чунин розигӣ гирифташуда ҳисобида мешавад, ба шарте ки дар давоми cӣ рӯзи пас аз муроҷиат ба ҷамъият ё дар давоми дигар мӯҳлати муайянкардаи оинномаи ҷамъият розигии хаттии ҷамъият гирифта шуда ё радди хатии розигии ҷамъият гирифта нашуда бошад.
8. Дар сурати фурухтани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъият дар савдои оммавӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун ё дигар қонунҳо бадастдарорандаи ин ҳисса (қисми ҳиcса) новобаста ба розигии ҷамъият ё иштирокчиёни он иштирокчии ҷамъият ҳисобида мешавад.
Моддаи 24. Гузариши ҳисса дар сармояи оинномавии ҷамъият аз рӯи мерос
Ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъият ба меросгирони он мегузарад. Гузариши ҳисса ба меросгирон ва тақсими он дар байни якчанд меросгирон мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 25. Гарави ҳиссаҳо дар сармояи оииномавии ҷамъият
Иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад ҳиссаи (қисми ҳиссаи) ба ӯ тааллуқдоштаи сармояи оинномавии ҷамъиятро ба иштирокчии дигари ҷамъият ё агар оинномаи ҷамъият манъ накунад, ба шахси сеюм бо розигии ҷамъият ва қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо аксарияти овозҳои ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст, ба гарав диҳад, агар зарурати шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад. Овози иштирокчии ҷамъият, ки ҳиссаи (қисми ҳиссаи) худро гарав мондан мехоҳад, ҳангоми муайян намудани натиҷаи овоздиҳӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.
Моддаи 26. Ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии ҷамъиятро ба даст даровардани ҷамъият
1. Ҷамъият ҳақ надорад ҳиссаи (қисми ҳиссаи) сармояи оинномавии худро ба даст дарорад ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
2. Дар ҳолате, ки оинномаи ҷамъият гузашт кардани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро ба шахсони сеюм манъ менамояд ва иштирокчиёни дигари ҷамъият аз ба даст даровардани он даст мекашанд, инчунин дар ҳолати рад кардани розигӣ барои гузашт кардани ҳисса (қисми ҳисса) ба иштирокчии ҷамъият ё шахси сеюм, агар зарурати гирифтани чунин розигӣ дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда бошад, ҷамъият ӯҳдадор аст бо талаби иштирокчии ҷамъият ҳиссаи (қисми ҳиссаи) ӯро ба даст дарорад. Дар айни ҳол ҷамъият ӯҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият арзиши ҳақиқии ин ҳисса (қисми ҳисса)-ро, ки он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботии пеш аз рӯзи муроҷиати иштирокчии ҷамъият бо чунин талаб муайян карда мешавад, диҳад ё бо розигии иштирокчии ҷамъият ба ӯ амволи чунин арзиш доштаро дар шакли аcл (натура) диҳад.
3. Иштирокчии ҷамъият, ки ҳангоми таъсиси ҷамъият саҳми худро ба сармояи оинномавии ҷамъият дар мӯҳлаташ пурра насупоридааст, инчунин ҷуброни пули ё дигар ҷуброни пешбиникардаи банди се моддаи 17 ҳамин қонунро дар мӯҳлаташ пешниҳод накардааст, ҳиссааш ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият ӯҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият арзиши ҳақиқии қисми ҳиссаи ӯро, ки ба қисми саҳми гузоштаи вай мутаносиб аст пардохт намояд ё бо розигии иштирокчии ҷамъият ба ӯ амволи дорои ҳамин арзишро дар шакли асл диҳад. Арзиши ҳақиқии қисми ҳисса дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботи пеш аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлати саҳмгузорӣ ё додани ҷуброн муайян карда мешавад.
Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст пешбинӣ карда шавад, ки як қисми ҳиссае, ки ба қисми саҳм пардохтнашуда ё маблағӣ (арзишӣ) ҷуброн мутаносиб аст, ба ҷамъият мегузарад.
4. Ҳиссаи иштирокчии ҷамъият, ки аз ҷамъият хориҷ шудааст, ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият ӯҳдадор аст ба иштирокчии хориҷгаштаи ҷамъият арзиши ҳақиқии ҳиссаи ӯро пардохт намояд, ки он аз рӯи маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботи пеш аз санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи хориҷ намудани ӯ муайян карда шуда ё бо розигии иштирокчии хориҷшудаи ҷамъият ба ӯ амволи дорои чунин арзиш дар шакли асл дода мешавад.
5. Дар сурати розӣ нашудани иштирокчиёни ҷамъият барои гузарондан ё тақсим кардани ҳиссаҳо дар мавридҳои пешбиникардаи банди шашумӣ моддаи 23 ҳамин Қонун, агар чунин розигӣ мутобиқи оинномаи ҷамъият зарур бошад, ҳисса ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият ӯҳдадор аст ба ворисони шахси ҳуқуқии аз нав таъсисёфта (иштирокчии ҷамъият) ё иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳамхурда (иштирокчии ҷамъият) арзиши ҳақиқии ҳиссаро пардохт намояд, ки он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботии пеш аз нав таъсисёбӣ ё барҳамхурӣ муайян карда шуда ё бо розигии онҳо амволи дорои чунин арзишро дар шакли асл диҳад.
6. Дар сурати мутобиқи моддаи 28 ҳамин Қонун арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро бо талаби кредиторони он пардохтани ҷамъият қисми ҳисса, ки арзиши ҳақиқии онро дигар иштирокчиёни ҷамъият напардохтаанд, ба ҷамъият мегузарад ва қисми боқимондаи ҳисса дар байни иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан бар маблағгузории онҳо тақсим карда мешавад.
7. Ҳисcа (қисми ҳисса) аз вақти талабро пешниҳод намудани иштирокчии ҷамъият дар бораи онро бадастдарории ҷамъият ё ба охир расидани мӯҳлати гузаштани саҳм ё ин ки додани ҷуброн ё қувваи қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи аз ҷамъият хориҷ намудани иштирокчӣ ё розигиро барои гузариши ҳисса ба ворисони шахси ҳуқуқӣ, ки иштирокчиёни ҷамъият мебошанд, рад кардани ҳар кадом иштирокчии ҷамъият ё тақсими он дар байни иштирокчиёни шахси ҳуқуқии барҳ.амхӯрда (иштирокчии ҷамъият) ё арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро бо талаби кредиторҳои он пардохтани ҷамъият ба ҷамъият мегузарад.
8. Ҷамъият ӯҳдадор аст арзиши ҳақиқии ҳисса (қиcми ҳисса)-ро пардохт намояд ё амволи дорои чунин арзишро дар шакли асл дар давоми як соли ба ҷамъият гузаштани ҳисса (қисми ҳисса) диҳад, агар оинномаи ҷамъият мӯҳлати кӯтоҳтарро пешбинӣ накарда бошад.
Арзиши ҳақиқии ҳисса (қисми ҳиcса) аз ҳисоби фарқияти байни арзиши активҳои софи ҷамъият ва ҳаҷми сармояи оинномавии он пардохта мешавад. Дар мавриде, ки агар чунин фарқият нокифоя бошад, ҷамъият ӯҳдадор аст сармояи оинномавии худро ба маблағи нарасида кам кунад.
Моддаи 27. Ҳиссаҳое, ки ба ҷамъият тааллуқ доранд
Ҳиссаҳое, ки ба ҷамъият тааллуқ доранд, ҳангоми муайян кардани натиҷаҳои овоздиҳӣ дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, инчунин ҳангоми тақсим намудани фоида ва амволи ҷамъият дар сурати барҳам хӯрдани он ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Ҳиссае, ки ба ҷамъият тааллуқ дорад, дар давоми як соли ба ҷамъият гузаштани он бояд бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар байни ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда ё ба ҳама ё ин ки ба баъзе иштирокчиёни ҷамъият ва агар онро оинномаи ҷамъият манъ накунад, ба шахсони сеюм фурӯхта ва пурра пардохт карда шавад. Қиcми тақсимнашуда ё нафурӯхтаи ҳисса бояд мутобиқи кам кардани сармояи оинномавии ҷамъият пардохта шавад. Фурӯши ҳиссаҳо ба иштирокчиёни ҷамъият, ки дар натиҷаи он ҳаҷми ҳиссаҳои иштирокчиёни он тағйир меёбад, фурӯши ҳиссаҳо ба шахсони сеюм, инчунин тағйиротҳое ки вобаста ба фурӯши ҳиссаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият ворид мешаванд, бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул карда мешаванд.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Моддаи 28. Руёнидан аз ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият
1. Бо талаби кредиторҳо руёндани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият аз сармояи оинномавии ҷамъият аз рӯи қарзҳои иштирокчии ҷамъият танҳо дар асоси қарори суд дар сурати барои пушондани қарзҳо кофӣ набудани амволи дигари иштирокчии ҷамъият роҳ дода мешавад.
2. Дар мавриди руёнидан аз ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият аз рӯи қарзҳои иштирокчии он ҷамъият ҳақ дорад ба кредиторҳо арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро пардохт намояд. Арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият дар сармояи оинномавии ҷамъият дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давраи охирини ҳисоботи пеш аз санаи пешниҳоди талабот ба ҷамъият дар бораи руёнидани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият аз рӯи қарзҳояш муайян карда мешавад.
3. Дар мавриде, ки дар давоми се моҳи пас аз пешниҳоди талаботи кредиторҳо, ҷамъият ё иштирокчиёни он арзиши ҳақиқии ҳамаи ҳиссаи (ҳамаи қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъиятро, ки аз он руёнидан карда мешавад, пардохт накунанд, руёнидани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчии ҷамъият бо роҳи фурӯши он дар савдои оммавӣ сурат мегирад;
Моддаи 29. Аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият
1. Иштирокчии ҷамъият ҳуқуқ дорад ҳар вақт новобаста аз розигии дигар иштирокчиёни он ё ҷамъият аз ҳайати ҷамъият барояд.
2. Дар сурати аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият ҳиссаи ӯ аз вақти додани ариза дар бораи баромадан аз ҷамъият ба ҷамъият мегузарад. Дар ин маврид ҷамъият ӯҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият, ки дар бораи баромадан аз ҷамъият ариза додааст, арзиши ҳақиқии ҳиссаи ӯро пардохт намояд, ки он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии ҷамъият дар давоми як соле, ки ариза дар бораи баромадан аз ҷамъият дода шудааст, муайян карда мешавад ё бо розигии иштирокчии ҷамъият ба ӯ амволи чунин арзишдоштаро дар шакли асл ва дар ҳолати пурра пардохт нашудани саҳми ӯ дар сармояи оинномавии ҷамъият арзиши ҳақиқии як қисми ҳиcсаи ӯро, ки ба қисми пардохтшудаи саҳми мутаносиб аст, диҳад.
3. Ҷамъият ӯҳдадор аст ба иштирокчии ҷамъият, ки барои баромадан аз ҷамъият ариза додааст, арзиши ҳақиқии ҳиссаи ӯ ё амволи чунин арзишдоштаро дар шакли асл дар давоми шаш моҳи ба охир расидани соли молиявӣ, ки дар тули он ариза дар барои баромадан аз ҷамъият дода шудааст, пардохт намояд, агар мӯҳлати камтар дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.
Арзиши ҳақиқии ҳиссаи иштирокчии ҷамъият аз ҳисоби фарқияти байни арзиши активҳои софи ҷамъият ва ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият пардохта мешавад. Дар мавриде, ки агар чунин фарқият барои пардохт ба иштирокчии ҷамъият, ки барои баромадан аз ҷамъият ариза додааст, барои арзиши ҳақиқии ҳиссаи ӯ кофӣ набошад, ҷамъият ӯҳдадор аст сармояи оинномавии худро бо маблағи норасида кам кунад.
4. Аз ҷамъият баромадани иштирокчии ҷамъият ӯро аз ӯҳдадорӣ дар назди ҷамъият оиди гузоштани саҳм ба амволи ҷамъият, ки то додани аризаи баромадан аз ҷамъият пайдо шудааст, озод намекунад.
БОБИ 4. АМВОЛИ ҶАМЪИЯТ
Моддаи 30. Ташкил кардани амволи ҷамъият
1. Амволи ҷамъият аз ҳисоби саҳми муассисони (иштирокчиёни) он, даромадҳои гирифтаи ҷамъият, инчунин дигар сарчашмаҳои манъ накардаи қонунгузорӣ ташкил карда мешавад.
2. Ҷамъият ҳақ дорад бо тартиб ва дар ҳаҷми пешбиникардаи қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои таъсисномаи ҷамъият фонди захира ва дигар фондҳо барпо намояд.
3. Амволи ҷамъият дар баланси он ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 31. Саҳм ба амволи ҷамъият
1. Иштирокчиёни ҷамъият ӯҳдадоранд, агар дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда бошад, бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ба амволи ҷамъият саҳм гузоранд.
Қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият оиди саҳмгузорӣ ба амволи ҷамъият мумкин аст бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи овозҳои умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шавад, агар зарурияти шумораи зиёди овозҳо барои қабули чунин қарор дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ карда нашуда бошад.
2. Иштирокчиёни ҷамъият ӯҳдадоранд ба амволи ҷамъият мутаносибан ба ҳиссаҳои онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият саҳм гузоранд, агар дар оиннома тартиби дигари муайян намудани ҳаҷми саҳм ба амволи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.
Дар оинномаи ҷамъият арзиши зиёдтарини саҳм дар амволи ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият ё иштирокчиёни муайяни он мегузоранд, инчунин дигар маҳудудиятҳои вобаста ба саҳмгузорӣ ба амволи ҷамъият пешбинӣ шуда метавонанд. Маҳдудиятҳое, ки вобаста ба саҳмгузорӣ ба амволи ҷамъият барои иштирокчии муайяни ҷамъият муқаррар шудааст, дар сурати бегона шудани ҳиссаи (қисми ҳиссаи) ӯ нисбати харидори ҳисса (қисми ҳисса) амал намекунад.
3. Саҳм ба амволи ҷамъият бо пул гузошта мешавад, агар дар оинномаи ҷамъият ё қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият қоидаи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Саҳм дар амволи ҷамъият ҳаҷм ва арзиши номиналии ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъиятро дар сармояи оинномавии ҷамъият тағйир намедиҳад.
Моддаи 32. Тақсими фоидаи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият
1. Ҷамъият ҳақ дорад фоидаи софи худро дар байни иштирокчиёни ҷамъият тақсим кунад. Қарор дар бораи тақсими қиcми фоидаи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият аз тарафи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул карда мешавад.
2. Як қиcми фоидаи ҷамъият, ки барои тақсим дар байни иштирокчиёни он таъин шудааст, мутаносибан ба саҳми онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда мешавад.
Дар оинномаи ҷамъият ҳангоми тасдиқи он ё бо роҳи ба оинномаи ҷамъият ворид кардани тағйирот бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул менамоянд, мумкин аст тартиби дигари тақсими фоида дар байни иштирокчиёни ҷамъият муқаррар карда шавад.
Моддаи 33. Маҳдудияти тақсими фоидаи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият. Маҳдудияти пардохти фоидаи ҷамъият ба иштирокчиёни ҷамъият
1. Ҷамъият дар мавридҳои зерин ҳақ надорад дар бораи тақсими фоидаи худ дар байни иштирокчиёни ҷамъият қарор қабул кунад:
- то пардохти пурраи ҳамаи сармояи оинномавии ҷамъият;
- то пардохти арзиши ҳақиқии ҳиссаи (қисми ҳиссаи) иштирокчиёни ҷамъият дар ҳолатҳои пешбиникардаи ин Қонун;
- агар дар вақти қабули чунин қарор ҷамъият мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо" ба аломатҳои муфлисшавӣ ҷавобгӯ бошад ё ин аломатҳо дар натиҷаи қабули чунин қарор дар ҷамъият пайдо шавад;
- агар ҳангоми қабули чунин қарор арзиши активҳои софи ҷамъият аз сармояи оинномавӣ ва фонди захира кам бошад ё дар натиҷаи қабули чунин қарор ҳаҷми онҳо кам шавад;
- дар ҳолатҳои дигари пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ҷамъият дар мавридҳои зерин ҳақ надорад ба иштирокчиёни ҷамъият фоидаро пардохт намояд, ки қарор дар бораи тақсими он дар байни иштирокчиёни ҷамъият қабул шудааст:
- агар ҳангоми пардохт ҷамъият тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо" ҷавобгӯи аломатҳои муфлисӣ бошад ё агар ин аломатҳо дар ҷамъият дар натиҷаи пардохт ба амалояд;
- агар дар лаҳзаи пардохт арзиши активҳои софи ҷамъият аз сармояи оинномавӣ ва фонди захира кам бошад ё дар натиҷаи пардохт онҳо кам шаванд;
- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Баъди қатъ ёфтани ҳолатҳои дар ин банд нишон додашуда ҷамъият ӯҳдадор аст ба иштирокчиёни ҷамъият фоидаро пардохт намояд, агар ки қарор дар бораи тақсими он дар байни иштирокчиёни ҷамъият қабул шуда бошад.
Моддаи 34. Паҳн кардани вомбаргҳо аз ҷониби ҷамъият
1. Ҷамъият ҳақ дорад вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки эмиссиониро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дар бораи қоғазҳои қиматнок паҳн намояд.
2. Ҷамъият ҳақ дорад вомбаргҳоро ба маблағе, ки аз ҳаҷми сармояи оинномавии он ё миқдори таъминоте, ки шахсони сеюм бо ин мақсад ба ҷамъият додаанд, барзиёд нест, баъди пардохти пурраи сармояи оинномавӣ паҳн намояд.
3. Дар сурати набудани таъмине, ки шахсони сеюм бо мақсади кафолатнок гардондани иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди соҳибони вомбаргҳо медиҳанд, паҳн намудани вомбаргҳо аз ҷониби ҷамъият на барвақтар аз соли сеюми мавҷудияти ҷамъият ба шарти то ин вақт дуруст тасдиқ кардани ду баланси солонаи ҷамъият роҳ дода мешавад.
БОБИ 5. ИДОРАКУНИ ДАР ҶАМЪИЯТ
Моддаи 35. Мақомоти ҷамъият
1. Мақомоти ҷамъият инҳоянд:
а) маҷлиси умумии иштирокчиёни он, ки мақоми олии ҷамъият мебошад;
б) мақоми иҷроияи ҷамъият, ки аз мақомоти яккасардорӣ (инфиродӣ) ва дастҷамъӣ иборат аст.
2. Оинномаи ҷамъият мумкин аст таъсис додани Шӯрои директорон (Шӯрои мушоҳидакорон) ва комиссияи тафтишоти (ревизори)-ро пешбинӣ намояд.
3. Салоҳияти мақомоти ҷамъият, инчунин тартиби аз тарафи онҳо қабул намудани қарор, ё аз номи ҷамъият баромад карданро ҳамин Қонун ва оинномаи ҷамъият муайян менамояд.
Моддаи 36. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият
1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мақомоти олии ҷамъият мебошад.
Ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият ҳуқуқ доранд дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият иштирок намоянд, дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома ширкат варзанд ва ҳангоми қабули қарорҳо овоз диҳанд.
Нишондодҳои ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият ё қарори мақомоти ҷамъият, ки ин ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҷамъиятро маҳдуд месозанд, эътибор надоранд.
Ҳар иштирокчии ҷамъият дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият шумораи овозҳоеро дорад, ки ба ҳиссаи ӯ дар сармояи оинномавии ҷамъият мутаносиб аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
Дар оинномаи ҷамъият ҳангоми таъсисдиҳии он ё бо роҳи ворид намудани тағйирот ба оинномаи ҷамъият бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи онҳо якдилона қабул намудаанд, мумкин аст тартиби дигари муайян намудани шумораи овозҳои иштирокчиёни ҷамъият муқаррар карда шавад.
2. Тағйирот ва хориҷ кардани нишондодҳои оинномаи ҷамъият, ки чунин тартиботро муқаррар менамояд, бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият якдилона қабул мекунанд, амалӣ гардонда мешавад.
Моддаи 37. Салохияти мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият
1. Салоҳияти маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро оинномаи ҷамъият мутобиқи ҳамин Қонун муайян менамояд.
2. Ба салоҳияти махсуси маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият инҳо дохил мешавад:
1) муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият, инчунин қабули қарорҳо оиди иштирок дар ассосиатсияҳо ва дигар идтиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ;
2) тағйир додани оинномаи ҷамъият, аз ҷумла тағйир додани ҳаҷми сармояи оинномавии ҷамъият;
3) ворид кардани тағйирот ба шартномаи таъсисотӣ;
4) таъсис додани мақомоти иҷроияи ҷамъият ва пеш аз мӯҳлат катъ намудани ваколати онҳо, инчунин қабули қарор оиди додани ваколатҳои мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият ба ташкилоти тиҷоратӣ ё соҳибкори инфродӣ (минбаъд-роҳбар), тасдиқ кардани чунин роҳбар ва шартҳои шартнома бо ӯ;
5) интихоб ва пеш аз мӯҳлат қатъ кардани ваколатҳои комиссияи тафтишотии (ревизорӣ) ҷамъият;
6) тасдиқи ҳисоботи солона ва баланснои солонаи муҳосибавӣ;
7) қабули қарор оиди тақсими фоидаи софи ҷамъият дар байни иштирокчиёни ҷамъият;
8) тасдиқи (қабули) ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти дохилии ҷамъият (ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият);
9) қабули қарор оиди вомбаргҳо ва дигар қоғазҳ,ои қиматноки эмиссиониро паҳн кардани ҷамъият;
10) таъин кардани тафтиши аудиторӣ, тасдиқи аудитор ва муайян намудани ҳаҷми пардохти ҳизмати ӯ;
11) қабули қарор оиди азнавташкилдиҳӣ ё барҳам додани ҷамъият;
12) таъин кардани комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи баланснои барҳамдиҳӣ;
13) ҳалли дигар масъалаҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун.
Масъалаҳоеро, ки ба салоҳияти истисноии махсуси маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил мешаванд, барои ҳалли Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун, инчунин барои ҳалли мақомоти иҷроияи ҷамъият додан мумкин нест.
Моддаи 38. Маҷлиси умумии навбатии иштирокчиёни ҷамъият
1. Маҷлиси умумии навбатии иштирокчиёни ҷамъият аз тарафи мақомоти иҷроияи ҷамъият дар мӯҳлати муайянкардаи оинномаи ҷамъият, вале соле на камтар аз як маротиба даъват ва гузаронида мешавад.
2. Дар оинномаи ҷамъият бояд мӯҳлати гузаронидани маҷлиси умумии навбатии иштирокчиёни ҷамъият, ки дар он натиҷаҳои солонаи фаъолияти ҷамъият тасдиқ мегардад, муайян карда шавад. Ин маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бояд на дертар аз се моҳи баъди ба охир расидани соли молиявӣ гузаронда шавад.
Моддаи 39. Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият
1. Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият дар ҳолатҳои муайянкардаи оинномаи ҷамъият, инчунин дар ҳар ҳолати дигар гузаронда мешавад, агар гузарондани чунин маҷлиси умумиро манфиати ҷамъият ва иштирокчиёни он тақозо намоянд.
2. Маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият бо ташаббуси мақомоти иҷрояи ҷамъият бо талаби Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор, инчунин иштирокчиёни ҷамъият, ки дар маҷмӯъ на камтар аз даҳ яки шумораи умумии овозҳои иштирокчиёни ҷамъиятро соҳиб мебошанд, даъват карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҷамъият ӯҳдадор аст дар давоми панҷ рӯзи санаи гирифтани талабнома оиди гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият талаби мазкурро баррасӣ намуда, оиди гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият ё оиди рад кардани он қарор қабул намояд. Қарори рад кардани гузарондани маҷлиcи умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъиятро мақомоти иҷроияи ҷамъият мумкин аст танҳо дар ҳолатҳои зерин қабул намояд:
агар тартиби муқаррар кардаи Қонуни мазкур оиди пешниҳоди талаби гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият риоя нашуда бошад;
агар ягонтаи масъалаҳое, ки барои дохил кардан ба рӯзномаи маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод шудааст, ба салоҳияти он дохил нашавад ё ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунад.
Мақомоти иҷроияи ҷамъият ҳақ надорад ба ифодаи масъалаҳое, ки барои дохил кардан ба рӯзномаи маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод шудааст, тағйирот дарорад, инчунин шакли пешниҳодшудаи гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъиятро тағйир диҳад.
Дар қатори масъалаҳое, ки барои дохил кардан ба рӯзномаи маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод шудааcт, мақомоти иҷроияи ҷамъият бо ташаббуси худ ҳақ дорад ба он масъалаҳои иловагӣ дохил кунад.
3. Дар сурати қабули қарор оиди гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёнии ҷамъият маҷлиси мазкур бояд на дертар аз чилу панҷ рӯзи гирифтани талаб оиди гузарондани он гузаронда шавад.
4. Дар ҳолате, ки дар давоми мӯҳлати муқарраркардаи ҳамин Қонун қарори гузарондани маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъият қабул нашавад ё қарори рад кардани гузарондани он қабул шавад, маҷлиси умумии ғайринавбатии ишгирокчиёни ҷамъият мумкин аст аз ҷониби мақомот ё шахсоне, ки гузарондани онро талаб менамоянд, даъват карда шавад.
Дар ин ҳолат мақомоти иҷроияи ҷамъият ӯҳдадор аст ба ин мақомот ё шахсон рӯйхати иштирокчиёни ҷамъиятро бо суроғаи онҳо диҳад.
Хароҷоти тайёрӣ, даъват ва гузарондани чунин маҷлиси умумӣ мумкин аст бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият аз ҳиcоби маблағи ҷамъият ҷуброн карда шавад.
Моддаи 40. Тартиби даъвати маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият
1. Мақомот ё шахсоне, ки маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват мекунанд, ӯҳдадоранд на дертар аз cӣ рӯзи то гузарондани он ба суроғаи дар рӯйхати иштирокчиёни ҷамъият нишондодашуда ё ба тарзи дигари пешбиникардаи оинномаи ҷамъият дар ин бора бо мактуби фармоишӣ ба ҳар кадом иштирокчии ҷамъият хабар диҳанд.
2. Дар огоҳнома бояд вақт ва ҷои гузарондани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, инчунин рӯзномаи пешниҳодшуда нишон дода шавад.
Ҳар иштирокчии ҷамъият ҳақ дорад дар бораи ба рӯзномаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил кардани масъалаҳои иловагӣ на дертар аз понздаҳ рӯзи то гузарондани он таклиф пешниҳод намояд. Масъалаҳои иловагӣ ба рӯзномаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил карда мешаванд.
Мақомот ё шахсоне, ки маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват менамоянд, ҳақ надоранд ба тавсия тағйирот оиди масъалаҳои иловагии пешниходшударо барои ба рӯзномаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дохил намоянд.
Дар ҳолате, ки бо таклифи иштирокчиёни ҷамъият ба рӯзномаи аввалаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият тағйирот дароварда шавад, мақомот ё шахсоне, ки маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват менамоянд, ӯҳдадоранд на дертар аз даҳ рӯзи то гузарондани он ҳамаи иштирокчиёни ҷамъиятро дар бораи тағйироти ба рӯзнома ворид гардида ба тарзе, ки дар банди 1 ҳамин модда нишон дода шудааст, огоҳ намоянд.
3. Ба ахборот ва маводе, ки ба иштирокчиёни ҷамъият ҳангоми тайёр кардани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият пешниҳод карда мешавад, ҳисоботи солонаи ҷамъият, хулосаи комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият ва аудитор аз рӯи натиҷаҳои тафтиши ҳисоботи солона ва балансҳои солонаи муҳосибавии ҷамъият, маълумот дар бораи номзад (номзадҳо) ба мақомоти иҷроияи ҷамъият, Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият ва комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, лоиҳаи тағйироту иловаҳои ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият воридшаванда, ё лоиҳаи ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият дар таҳрири нав, лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият, инчунин дигар ахбороти (маводҳои) пешбиникардаи оинномаи ҷамъият дохил мешаванд.
Агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигари бо мавод шиносондани иштирокчиёни ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад, мақомот ё шахсоне, ки маҷлиси умумии ғайринавбатии иштирокчиёни ҷамъиятро даъват менамоянд, ӯҳдадоранд ба онҳо ахборот ва маводро якzоя бо огоҳномаи оиди гузарондани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият фиристонанд, дар сурати тағйир ёфтани рӯзнома маводи дахлдор якҷоя бо огоҳномаи оиди чунин тағйирот фиристонда мешавад.
Ин ахбороту мавод дар давоми cӣ рӯзи то гузарондани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бояд ба ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият барои шиносои дар бинои мақомоти иҷроияи ҷамъият пешниҳод карда шавад.
4. Дар сурати вайрон кардани тартиби даъвати маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, чунин маҷлиси умумӣ салоҳиятнок шуморида мешавад, агар дар он ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият иштирок дошта бошанд.
Моддаи 41. Тартиби гузарондани маҷиси умумии иштирокчиёни ҷамъият
1. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо тартибе, ки ҳамин Қонун, оинномаи ҷамъият ва ҳуҷҷатҳои дохилии он муқаррар кардаанд, гузаронда мешавад. Дар он қиcме, ки бо ҳамин Қонун, оинномаи ҷамъият ва ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият танзим карда нашудааст, тартиби гузарондани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият муқаррар карда мешавад.
2. Пеш аз кушодашавии маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бақайдгирии иштирокчиёни омадаи ҷамъият гузаронда мешавад.
Иштирокчиёни ҷамъият ҳақ доранд дар маҷлиси умумӣ шахсан ё ба воситаи намояндагони худ иштирок намоянд.
Намояндагони иштирокчиени ҷамъият бояд ҳуҷҷатҳоеро, ки ваколати онҳоро тасдиқ мекунад, пешниҳод намоянд.
Иштирокчии бақайд нагирифтаи ҷамъият (намояндаи иштирокчии ҷамъият) ҳақ надорад дар овоздиҳӣ иштирок намояд.
3. Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъиятро шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияро амалӣ менамояд ё шахсе, ки ба мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият сардорӣ мекунад, мекушояд. Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъиятро, ки Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор ё иштирокчиени ҷамъият даъват кардаанд, раиси Шӯрои директорон (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, раиси комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор ё яке аз иштирокчиени ҷамъият, ки ин маҷлиси умумиро даъват кардаанд, мекушояд.
4. Маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият ҳақ дорад танҳо аз рӯи масъалаҳои рӯзнома, ки мутобиқи банди 1 ва 2 моддаи 40 ҳамин Қонун ба иштирокчиени ҷамъият хабар дода шудааст, қарор қабул кунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар дар ин маҷлиси умумӣ ҳамаи иштирокчиени ҷамъият иштирок дошта бошанд.
5. Қарорҳо аз рӯи масъалаҳое, ки дар зербанди 2 банди дуюми моддаи, 37 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, инчунин аз рӯи масъалаҳои дигаре, ки оинномаи ҷамъият муайян кардааст, бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии овозҳои иштирокчиени ҷамъият қабул карда мешавад, агар зарурати шумораи зиёди овозҳоро барои қабули чунин қарор ҳамин Қонун ё оинномаи ҷамъият пешбинӣ накарда бошад.
Қарорҳоро аз рӯи масъалаҳое, ки дар зербандҳои 3 ва 11 банди дуюми моддаи 37 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, ҳамаи иштирокчиени ҷамъият якдилона қабул мекунад.
Қарорҳои боқимонда бо аксарияти овозҳои шумораи умумии овозҳои иштирокчиени ҷамъият қабул карда мешаванд, агар зарурати шумораи овозҳо барои қабули чунин қарорҳо дар ҳамин Қонун ё оинномаи ҷамъият пешбинӣ нашуда бошад.
6. Қарорҳои маҷлиcи умумии иштирокчиени ҷамъият бо овоздиҳии кушод қабул карда мешавад, агар дар оинномаи ҷамъият тартиби дигари қабули қарорҳо пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 42. Қарори маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият, ки бо роҳи гузаронидани овоздиҳии ғоибона (бо роҳи пурсиш) қабул мешавад
1. Қарори маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият мумкин аст бе гузарондани маҷлис (иштироки якҷояи иштирокчиени ҷамъият барои муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома ва қабули қарорҳо аз рӯи масъалаҳои ба овоздиҳӣ гузошташуда) бо роҳи гузарондани овоздиҳии ғоибона (бо роҳи пурсиш) қабул карда шавад. Чунин овоздиҳӣ мумкин аст бо роҳи ивази ҳуҷҷатҳо тавассути поҷта, алоқаи телеграф, телетайпӣ, телефонӣ, электронӣ ва ғiайраҳо, ки cаҳеҳии хабарҳои дода ва қабулшаванда ва тасдиқи ҳуҷҷатии онҳоро таъмин менамояд, гузаронда шавад.
Қарори маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият аз рӯи масъалаҳое, ки дар зербанди 6 банди дуюми моддаи 37 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, бо роҳи гузарондани овоздиҳии ғоибона (бо роҳи пурсиш) қабул шуда наметавонад.
2. Ҳангоми қарор қабул кардани маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият бо роҳи гузарондани овоздиҳии ғоибона(бо роҳи пурсиш) бандҳои 2, 3 ва 4 моддаи 41 ҳамин Қонун, инчунин нишондодҳои бандҳои 1, 2 ва 3 моддаи 40 ҳамин Қонун дар қисми мӯҳлатҳои пешбиникардаи онҳо татбиқ карда намешавад.
3. Тартиби гузарондани овоздиҳии ғоибона бо ҳуҷҷати дохилии ҷамъият муайян карда мешавад, ки он бояд ҳатман ба ҳамаи иштирокчиени ҷамъият хабар додани рӯзномаи пешниҳодшуда, имконияти то оғози овоздиҳӣ ба ҳамаи ахбору маводи зарурӣ шинос шудани ҳамаи иштирокчиени ҷамъият, имконияти пешниҳоди таклифҳо оиди ба рӯзнома дохил кардани масъалаҳои иловагӣ, ҳатман ба ҳамаи иштирокчиени ҷамъият то оғози овоздиҳӣ хабар додани рӯзномаи тағйирёфта, инчунин мӯҳлати ба охир расидани тартиби овоздиҳиро пешбинӣ намояд.
Моддаи 43. Аз ҷониби иштирокчии ягонаи ҷамъият қабул кардани қарорҳо аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият мансубанд
Дар ҷамъияте, ки аз як нафар иштирокчӣ иборат аст, қарорҳо аз рӯи масъалаҳое, ки ба салоҳияти маҷлиcи умумии иштирокчиени ҷамъият мансубанд, аз ҷониби иштирокчии ягона шахсан қабул карда ва хаттӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар ин маврид нишондодҳои моддаҳои 38, 39, 40, 41, 42 ва 47 ҳамин Қонун татбиқ намегардад, ба истиснои нишондодҳое, ки ба мӯҳлатҳои гузарондани маҷлиси умумии солонаи иштирокчиени ҷамъият дахл доранд.
Моддаи 44. Мақомоти иҷроияи ҷамъият
1. Роҳбарӣ ба фаъолияти ҷории ҷамъият аз ҷониби мақоми яккасардории иҷроияи ҷамъият ва мақоми иҷроияи дастҷамъии ҷамъият амалӣ гардонда мешавад. Мақомоти иҷроияи ҷамъият ба маҷлиси умумии иштирокчиени ҷамъият ва Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият ҳисоботдиҳанда мебошад.
2. Додани ҳуқуқи овоз аз ҷониби аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, аъзои мақоми иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият ба шахсони дигар, аз ҷумла ба аъзои дигари Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, ба аъзои дигари мақоми иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият роҳ дода намешавад.
Моддаи 45. Мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият
1. Мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият (директори генералӣ ё директор)-ро маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ба мӯҳлати муайян кардаи оинномаи ҷамъият интихоб мекунад. Мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият мумкин аст, инчунин аз ҳисоби шахсони ғайри иштирокчии он интихоб карда шавад.
Шартномаи байни ҷамъият ва шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъиятро аз номи ҷамъият шахси раисикунандаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки дар он шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият интихоб шудааст, ё иштирокчии ҷамъият, ки бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ваколатдор гардидааст, имзо мекунанд.
2. Танҳо шахси воқеӣ ба сифати мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият баромад карда метавонад, ба истиснои ҳолате, ки моддаи 46 ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст.
3. Мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият метавонад:
1) аз номи ҷамъият бидуни ваколатнома амал намояд, аз ҷумла аз манфиатҳои он намояндагӣ ва аҳдҳоро амалӣ намояд;
2) барои ҳуқуқи намояндагӣ аз номи ҷамъият ваколатнома аз ҷумла ваколатномаи дорои ҳуқуқи боварӣ медиҳад;
3) дар бораи ба вазифа таъин кардани кормандони ҷамъият, ба кори дигар гузарондан ва хориҷ намудани онҳо фармон бароварда, чораҳои мукофотониро татбиқ намуда ва ҷазои интизомӣ медиҳад;
4) дигар ваколатҳоро, ки ҳамин Қонун ё оинномаи ҷамъият ба салоҳияти маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият ва мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият мансуб надонистааст, амалӣ мегардонад.
4. Тартиби фаъолияти мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият ва қарор қабул кардани онро оинномаи ҷамъият, ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият, инчунин шартномаи бастаи байни ҷамъият ва шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи онро иҷро менамояд, муқаррар мекунад.
Моддаи 46. Мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият
1. Агар дар оинномаи ҷамъият дар қатори мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, инчунин таъсис додани мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият (садорат, маъмурият ва ғайра) пешбинӣ шуда бошад, чунин мақомотро маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ба миқдори ва мӯҳлати муайнкардаи оинномаи ҷамъият интихоб мекунад.
Танҳо шахси воқеӣ, ки метавонад иштирокчии ҷамъият набошад, узви мақомоти иҷроияи ҷамъият буда метавонад.
Мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият ваколатҳои ба салоҳияти он додаи оинномаи ҷамъиятро амалӣ мегардонад.
Вазифаи раисии мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъиятро шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъиятро ба амал мебарорад, иҷро менамояд, ба истиснои ҳолате, ки агар ваколатҳои мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият ба роҳбар супорида шуда бошад.
2. Аъзои мақомоти иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият шуда наметавонад.
3. Тартиби фаъолияти мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият ва қарор қабул намудани онро оинномаи ҷамъият ва ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият муқаррар мекунанд.
Моддаи 47. Ба роҳбар додани ваколатҳои мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият
Ҷамъият ҳақ дорад тибқи шартнома ваколатҳои мақомоти яккасардории иҷроияи худро ба роҳбар диҳад, агар чунин имконият бевосита дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда бошад.
Шартнома ба роҳбар аз номи ҷамъият ва аз ҷониби шахси раисикунандаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки шартҳои шартномаро бо роҳбар тасдиқ намудааст ё иштирокчии ҷамъият, ки бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ваколатдор шудааст, имзо карда мешавад.
Моддаи 48. Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият
1. Оинномаи ҷамъият таъсиси Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро пешбинӣ карда метавонад.
Салоҳияти Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро оинномаи ҷамъият тибқи ҳамин Қонун муайян менамоад.
2. Тартиби таъсис ва фаъолияти Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, инчунин тартиби қатъ ёфтани ваколатҳои аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият дар оинномаи ҷамъият муайян карда мешавад.
Аъзои мақомоти иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият бештар аз чоряки ҳайати Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро ташкил дода наметавонад. Шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъиятро иҷро менамояд, дар як вақт наметавонад раиси Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият бошад.
3. Аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият ва аъзои мақомоти иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият, ки иштирокчиёни ҷамъият намебошанд, метавонанд дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо ҳуқуқи овози машваратӣ ширкат намоянд.
Моддаи 49. Шикоят оиди қарорҳои мақомоти идоракунии ҷамъият
1. Қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро, ки бо вайрон кардани талаботи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҷамъият қабул шудааст ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчии ҷамъиятро вайрон мекунад, мумкин аст суд аз рӯи аризаи иштирокчии ҷамъият, ки дар овоздиҳӣ иштирок накардааст ё муқобили қарор овоз додааст, беэътибор эътироф намояд. Чунин ариза мумкин аст дар давоми ду моҳе, ки иштирокчии ҷамъият дар бораи қарори қабулшуда огоҳ шудааст ё бояд огоҳ мешуд, дода шавад. Дар ҳолате, ки агар иштирокчии ҷамъият дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки қарори арзшавандаро қабул намудааст, иштирок карда бошад, аризаи мазкур мумкин аст дар давоми ду моҳи қабули чунин қарор дода шавад.
2. Суд ҳақ дорад бо назардошти ҳамаи ҳолатҳои парванда қарори арзшавандаро эътиборнок ҳисобад, агар овоздиҳии иштирокчии ҷамъият, ки ариза додааст, ба натиҷаҳои овоздиҳӣ таъсир нарасонда, ба вайронкунии роҳдода зид набошад ва қарор боиси ба ин иштирокчии ҷамъият расондани зарар нагардад.
3. Қарори Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият ё роҳбар, ки бо вайрон кардани талаботи ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оинномаи ҷамъият қабул шудааст ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчии ҷамъиятро вайрон мекунад, бо аризаи ҳамин иштирокчии ҷамъият мумкин аст аз ҷониби суд беэътибор дониста шавад.
Моддаи 50. Масъулияти аъзоёни Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, аъзоёни мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият ва роҳбар
1. Аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории ҷамъият, аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият, ҳамчунин роҳбар ҳангоми татбиқ намудани ҳуқуқ ва иҷрои вазифаҳояшон бояд ба манфиати ҷамъият софдилона ва оқилона амал намоянд.
2. Аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият, ҳамчунин роҳбар дар назди ҷамъият барои зараре, ки бо амали (беамалии) гунаҳкоронаи худ ба ҷамъият расонидаанд, ҷавобгаранд, агар қонунҳо дигар асосҳо ва андозаи масъулиятро муқаррар накарда бошад. Дар айни замон аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият, ки муқобили қарори боиси ба ҷамъият расидани зарар гардида овоз додаанд ё дар овоздиҳӣ иштирок накардаанд, ҷавобгар намебошанд.
3. Ҳангоми муайян кардани асосҳо ва андозаи масъулияти аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият, аъзои мақомоти дастҷамъии иҷроияи ҷамъият, ҳамчунин роҳбар бояд шароитҳои муқаррарии муомилоти кори ва дигар ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамият дорад, ба назар гирифта шавад.
4. Дар ҳолате, ки агар мутобиқи нишондоди ҳамин модда якчанд шахc масъуланд, масъулияти онҳо дар назди ҷамъият муштарак мебошад.
5. Ҷамъият ё иштирокчии он ҳақ доранд бо даъвои руёнидани зараре, ки ба ҷамъият узви Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, узви мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият ё роҳбар расондаанд, ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 51. Комиссияи тафтишотии (рсвизори) ҷамъият
1. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аcт таъсис додани комиссияи тафтишоти (интихоби ревизор) ҷамъият пешбинӣ карда шавад. Дар ҷамъиятҳое, ки бештар аз понздаҳ нафар иштирокчӣ доранд, таъсиси комиссияи тафтишотии (интихоби ревизор) ҷамъият хатмӣ мебошад. Ҳамчунин шахсе, ки иштирокчии ҷамъият намебошад, узви комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият буда метавонад. Вазифаи комисcияи тафтишотии (ревизори) ҷамъиятро, агар инро оинномаи ҷамъият пешбинӣ карда бошад, аудитори тасдиқкардаи маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки у бо манфиатҳои амволӣ бо ҷамъият, аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, бо шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, аъзои мақомоти иҷроияи даcтҷамъии ҷамъият ва иштирокчиёни ҷамъият алоқаманд намебошад, амалӣ гардонда метавонад.
2. Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъиятро маҷлиcи умумии иштирокчиёни ҷамъият ба мӯҳлати муайянкардаи оинномаи ҷамъият интихоб мекунад. Шумори аъзои комиссияи тафтишотӣ ҷамъиятро оинномаи ҷамъият муайян менамояд.
3. Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият ҳақ дорад ҳар вақт фаъолияти молиявии ҷамъиятро тафтиш кунад ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба фаъолияти ҷамъият дастраси он бошад.
Бо талаби комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъиятро иҷро менамояд, аъзои мақомоти дастҷамъии иҷроияи ҷамъият, инчунин кормандони ҷамъият ӯҳдадоранд дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ тавзеҳоти зарурӣ диҳанд.
4. Комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият бо тартиби ҳатмӣ тафтиши ҳисоботи солона ва балансҳои муҳосибавиро то онҳоро тасдиқ кардани маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият мегузаронад. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ҳақ надорад ҳисоботи солона ва балансҳои муҳосибавии ҷамъиятро дар сурати набудани хулосаи комиссияи тафтишотӣ (ревизори) ҷамъият тасдиқ кунад.
5. Тартиби кори комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъиятро оиннома ва ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият муайян менамоянд.
6. Моддаи мазкур дар ҳолатҳое татбиқ мегардад, ки агар таъсиси комиссияи тафтишотӣ ҷамъият ё интихоби ревизори ҷамъият дар оинномаи ҷамъият пешбинӣ шуда ё мутобиқи ҳамин Қонун ҳатмӣ бошад.
7. Аъзои комиссияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият наметонад аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорон) ҷамъият, шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти якасардории ҷамъият ва аъзои мақомоти дастҷамъии ҷамъият бошад.
Моддаи 52. Ҳавасмандӣ дар иҷро намудани аҳдҳо аз тарафи ҷамъият
1. Аҳдҳое, ки дар иҷро намудани он узви Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, узви мақомоти дастаҷамъии иҷроияи ҷамъият ё иштирокчии ҷамъият ҳавасманд ва якҷоя бо шахсони бонуфуз (аффилир) бист ва аз ин зиёда фоизи овозҳои шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъиятро доранд, аз ҷониби ҷамъият бидуни розигии маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият иҷро шуданаш мумкин намебошад.
Шахсони мазкур барои иҷро намудани аҳдҳо аз ҷониби ҷамъият ҳавасманд ҳисобида мешаванд, агар онҳо, зану шавҳар, падару модар, фарзандон, бародарон, хоҳарон ва шахсони бонуфузи (аффилир) онҳо бошанд:
- тарафи муомилот бошанд ё дар муносибатҳои онҳо бо ҷамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;
- дорандаи бист (ҳар кадом алоҳида ё якҷоя) ва аз ин зиёд фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳо, пайҳо) шахси ҳуқуқӣ ва тарафи аҳд бошанд, ё дар муносибатҳои онҳо бо ҷамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;
- дар мақомоти идоракунии шахcи ҳуқуқӣ, ки тарафи аҳд мебошад вазифаҳоро ишғол намуда ё дар муносибатҳои онҳо бо ҷамъият ба манфиати шахсони сеюм баромад кунанд;
- дар дигар ҳолатҳое, ки оинномаи ҷамъият муайян кардааст.
2. Шахсони дар сарсатри якуми банди якуми ҳамин модда нишон додашуда бояд ба маълумоти маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ахборотро дар ин бора расонанд:
- дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, ки дар он онҳо, ҳамсарон, волидон, фарзандон, бародарон, хоҳарон ва шахсони бонуфузи онҳо дорандаи бист ва аз ин зйёд фоизи cаҳмияҳо (ҳиссаҳо, пайҳо) мебошанд;
- дар бораи шахсони ҳуқуқӣ, ки дар он онҳо, ҳамсарон, волидон, фарзандон, бародарон, хоҳарон ва шахсони бонуфузи онҳо дар мақомоти идоракунии вазифаҳоро ишғол менамоянд;
- дар бораи аҳдҳои барояшон маълуми иҷрошаванда ё дар назар дошташуда, ки дар иҷро намудани онҳо мумкин аст ҳавасманд дониста шаванд.
3. Қарор дар барои иҷро намудани аҳдҳо аз ҷониби ҷамъият, ки дар иҷро намудани онҳо ҳавасманди мавҷуд аст, дар маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият бо аксарияти овозҳои шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки дар иҷро намудани он ҳавасманд нестанд, қабул карда мешавад.
4. Иҷро намудани аҳдҳое, ки ба онҳо ҳавасманди вуҷуд дорад, қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъиятро, ки банди сеюми ҳамин модда пешбини намудааст, талаб намекунад, ба шарте ки аҳд дар ҷараёни фаъолияти муқаррарии хоҷагидорӣ дар байни ҷамъият ва тарафи дигар иҷро карда шавад ва он то даме ҷой дошта бошад, ки шахси ҳавасманди иҷрокунандаи аҳд мутобиқи банди якуми ҳамин модда чунин шахc эътироф карда шавад (қарор то санаи гузарондани маҷлиси умумии ояндаи иштирокчиёни ҷамъият талаб карда намешавад).
5. Аҳде, ки дар иҷро намудани он ҳавасманди мавҷуд аст ва кадоме, ки бо вайронкунии талаботи пешбиникардаи ҳамин модда иҷро карда шудааст аз рӯи даъвои ҷамъият ё иштирочии он мумкин аст беъэтибор ҳиcобида шавад.
6. Моддаи мазкур нисбати ҷамъиятҳое, ки аз як иштирокчӣ иборат аст, ва он дар як вақт вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ин ҷамъиятро иҷро менамояд, татбиқ карда намешавад.
7. Дар сурати дар ҷамъият таъсис ёфтани Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият қабули қарор дар бораи иҷро намудани аҳде, ки оиди иҷро намудани он ҳавасманди мавҷуд аст, мумкин аст тибқи оинномаи ҷамъият ба салоҳияти он дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар маблағи пардохти аҳд ё арзиши амволе, ки предмети аҳд мебошад, аз ду фоизи арзиши амволи ҷамъият зиёд буда, он дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавӣ дар давраи охирини ҳисоботи муайян шуда бошад.
Моддаи 53. Аҳдҳои калон
1. Аҳди калон аҳдест ё якчанд аҳди бо ҳам алоқамандаст, ки ба бевосита ё бавосита аз ҷониби ҷамъият бадастбаровардан, бегона кардан ё имконияти бегонакунии амвол вобаста буда, арзиши он бештар аз бисту панҷ фоизи арзиши амволи ҷамъиятро ташкил дода, дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибавии давраи охирини ҳисоботии пеш аз рӯзи қабули қарор оиди иҷро намудани чунин аҳд муайян карда шудааст, агар оинномаи ҷамъият ҳаҷми бештари аҳди калонро пешбини накарда бошад. Аҳде, ки дар раванди фаъолияти муқаррарии хоҷагидорӣ иҷро карда мешавад, аҳди калон ҳиcобида намешавад.
2. Ба мақсадҳои ҳамин модда арзиши амволи бегонакунандаи ҷамъият дар натиҷаи аҳди калон дар аcоси маълумоти ҳисоби муҳосибавии он ва арзиши амволи бадастдароварандаи ҷамъият дар асоси нархи пешниҳодшуда муайян карда мешавад.
3. Қарор дар бораи иҷро кардани аҳди калонро маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият қабул мекунад.
4. Дар сурати дар ҷамъият таъсис ёфтани Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият қабули қарорҳоро оиди иҷро кардани аҳди калон вобаста ба бадастдарорӣ, бегонакунӣ ё имконияти бегонакунии амвол бевосита ё бавосита аз ҷониби ҷамъият, ки арзиши он аз бисту панҷ то панҷоҳ фоизи арзиши амволи ҷамъиятро ташкил медиҳад, мумкин аст тавассути оинномаи ҷамъият ба салоҳияти Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият дода шавад.
5. Аҳди калоне, ки бо вайрон кардани талаботи пешбиникардаи ҳамин модда иҷрокарда шудааст, мумкин аст аз рӯи даъвои ҷамъият ё иштирокчии он беэътибор дониста шавад.
6. Дар оинномаи ҷамъият мумкин аст пешбини карда шавад, ки барои иҷро кардани аҳди калон қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият ва Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият талаб карда намешавад.
Моддаи 54. Тафтиши аудиториии ҷамъият
Барои тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботҳои солона ва балансҳои муҳосибавӣ, инчунин тафтиши ҳолати корҳои ҷорӣ ҷамъият ҳақ дорад бо қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни худ аудитори касбиро, ки бо манфиатҳои амволи бо ҷамъият, аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, шахси иҷрокунандаи вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъият, аъзои мақомоти даcтҷамии иҷроияи ҷамъият ва иштирокчиёни ҷамъият алоқаманд нест, ҷалб намояд.
Бо талаби ҳар кадом иштирокчии ҷамъият тафтиши аудитори мумкин аст аз ҷониби аудитори касбии интихобкардаи онҳо гузаронда шавад, ки он бояд ба талаботи муқарраркардаи қисми якуми ҳамин модда мувофиқ бошад. Дар сурати гузарондани чунин тафтиши хизмати аудитор аз ҳисоби иштирокчии ҷамъият, ки бо талаби ӯ доир мегардад, пардохта мешавад. Хароҷоти иштирокчии ҷамъият барои пардохти хизмати аудитор мумкин аст бо қарори маҷлиси умумии иштирокчии ҷамъият аз ҳисоби маблағи ҷамъият руёнда шавад.
Ҷалб намудани аудитор барои тафтиш ва тасдиқи дурустии ҳисоботҳои солона ва балансҳои муҳосибавии ҷамъият дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмӣ мебошад.
Моддаи 55. Ҳисоботи оммавии ҷамъият
1. Ҷамъият барои чоп кардани ҳисобот оиди фаъолияти худ ӯҳдадор намебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикиcтон пешбини кардаанд.
2. Дар давоми паҳнкунии оммавии вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ ҷамъият ӯҳдадор аст ҳар сол ҳисоботи солона ва балансҳои муҳсибавиро чоп кунад, инчунин ахбороти дигарро дар бораи фаъолияташ, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии мутобиқи онҳо қабулшуда пешбинӣ кардаанд ошкор намояд.
Моддаи 56. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ҷамъият
1. Ҷамъият ӯҳдадор аст ҳуҷҷатҳои зеринро нигоҳ дорад:
- ҳуҷҷатҳои таъcисотии ҷамъият, инчунин тағйироту иловаҳои ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъият ворид гардида (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656);
- протоколи (протоколҳои) маҷлиcи муассисони ҷамъият, ки дорои қарор оиди таъсиси ҷамъият ва тасдиқи арзиши пулии саҳмҳои ғайрипулӣ ба сармояи ҷамъият мебошад, инчунин дигар қарорҳои вобаста ба таъсиси ҷамъият;
- ҳуҷҷате, ки қайди давлатии ҷамъиятро тасдиқ мекунад;
- ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқӣ ҷамъиятро ба амволи дар баланси он буда тасдиқ менамоянд;
- ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият;
- низомномаи дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои ҷамъият;
- ҳуҷҷатҳое, ки бо эмисcияи вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ вобастаанд;
- протоколҳои маҷлисхои умумии иштирокчиёни ҷамъият;
- маҷлиcҳои Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти дастҷамъии иҷроияи ҷамъият ва комиссияи тафтишоти ҷамъият;
- рӯйхати шахсони бонуфузи (аффилири) ҷамъият;
- хулосаи комисcияи тафтишотии (ревизори) ҷамъият, аудитор, мақомоти давлатӣ ва маҳаллии назорати молиявӣ;
- дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи ҷамъият, ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият, қарорҳои маҷлиcи умумии иштирокчиёни ҷамъият, Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият ва мақомоти иҷроияи ҷамъият пешбинӣ кардаанд.
2. Ҷамъият ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳамин модда пешбинӣ кардааст, дар ҷои воқеъшавии мақомоти яккасардории иҷроияи он ё ҷои дигаре, ки ба иштирокчиёни ҷамъият маълум ва дастрас аст, нигоҳ медорад.
БОБИ 6. АЗ НАВ ТАШКИЛ КАРДАН ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ҶАМЪИЯТ
Моддаи 57. Аз нав ташкил кардани ҷамъият
1. Ҷамъият метавонад бо тартиби пешбиникардаи ҳамин Қонун бо ихтиёри худ азнав ташкил карда шавад.
Дигар асосҳо ва тартиби азнавташкилдиҳии ҷамъиятро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Аз нав ташкилдиҳии ҷамъият мумкин аст дар шакли муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилшавӣ сурат гирад.
3. Ҷамъият аз вақти қайди давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ барпо мешванд азнавташкилёфта ҳисобида мешавад, ба истиснои ҳолатҳои дар шакли ҳамроҳшавӣ ва табдилдиҳӣ азнавташкил кардани он (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Дар сурати азнавташкилдиҳии ҷамъият дар шакли ба он ҳамроҳшавии ҷамъияти дигар, ҷамъиятҳое, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда дар як вақт ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. Ҷамъият аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҷамъияти ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тағйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъият ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Азнавташкилдиҳии ҷамъият дар шакли табдилдиҳӣ пас аз ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар бораи тағйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъият ба итмомрасида дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
4. Бақайдгирии давлатии ҷамъиятҳое, ки дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ барпо шудаанд ва ворид кардани сабт оиди қатъ ёфтани фаъолияти ҷамъиятҳои азнавташкилёфта, бо тартиби муқаррар кардаи қонунхои Ҷумҳурии Тоcикистон cурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
5. На дертар аз cӣ рӯзи қабули қарори азнавташкилкунии ҷамъият ва дар сурати ба шакли муттаҳидшавӣ ё ҳамроҳшавӣ азнавташкилкунии ҷамъият аз санаи қабули қарор дар ин бора ба ҷамъияти охирин, ки дар муттаҳидшавӣ ё ҳамрохшавӣ иштирок менамоянд, ҷамъият ӯҳдадор аст дар ин бораи ҳамаи кредиторҳои маълуми ҷамъиятро хаттӣ огоҳ намуда, дар нашрияе, ки дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ маълумот чоп мешавад, дар бораи қарори қабул шуда хабар нашр намояд. Дар ин маврид кредиторҳои ҷамъият дар давоми cӣ рӯзи ба онҳо фиристонидани огоҳнома ё дар давоми cӣ рӯз чоп шудани хабар дар бораи қабули қарор ҳақ доранд пеш аз мӯҳлат қатъ кардан ё иҷрои ӯҳдадориҳои дахлдори ҷамъият ва ҷуброни зарари ба онҳо расидаро хаттӣ талаб намоянд.
6. Агар баланси тақсимот барои муайян кардани вориси ҷамъияти азнавташкилёфта имконият надиҳад, шахсони ҳуқуқие, ки дар натиҷаи азнавташкилкуни барпо шудаанд, оиди ӯҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилёфта дар назди кредиторҳои он масъулияти муштарак доранд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Моддаи 58. Муттаҳидшавии ҷамъиятҳо
1. Барпо намудани ҷамъияти нав ва ба он додани ҳамаи ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои ду ё якчанд ҷамъият ва қатъ ёфтани ҷамъиятҳои охирин муттаҳидшавии ҷамъиятҳо ҳисобида мешавад.
2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар азнавташкилкуни ба шакли муттаҳидшавӣ иштирок менамояд дар бораи чунин азнавташкилкуни, тасдиқи шартномаи муттаҳидшавӣ ва оинномаи ҷамъият, ки дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпо меёбад, инчунин тасдиқи акти доду гирифт қарор қабул мекунад.
3. Шартномаи муттаҳидшавӣ, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷамъияти дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпоёфта имзо кардаанд, дар баробарии оинномаи он ҳуҷҷати таъсисотӣ буда, бо талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун нисбат ба шартномаи таъсисотӣ пешниҳод менамояд, бояд мувофиқ бошад.
4. Дар ҳолати аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар азнавташкилкуни ба шакли муттаҳидшавӣ иштирок менамоянд, қабул кардани қарор оиди чунин азнавташкилкуни ва тасдиқи шартномаи муттаҳидшавӣ, оинномаи ҷамъияти дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпогардида ва акти доду гирифти интихоби мақомоти иҷроияи ҷамъияте, ки дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпо меёбад, дар маҷлиси умумии якҷояи иштирокчиёни ҷамъият, ки дар муттаҳидшавӣ иштирок мекунанд, сурат мегирад.
Мӯҳлат ва тартиби гузаронидани чунин маҷлиси умумиро шартномаи муттаҳидшавӣ муайян менамояд.
Мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъияте, ки дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпо мегардад, амали вобаста ба қайдгирии давлатии ин ҷамъиятро ба ҷо меоварад.
5. Дар мавриди муттаҳидшавӣ ҷамъиятҳо ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадории ҳар кадоми онҳо мутобиқи акти доду гирифт ба ҷамъияте мегузарад, ки дар натиҷаи муттаҳидшавӣ барпо меёбад.
Моддаи 59. Ҳамроҳшавии ҷамъият
1. Қатъгардии як ё якчанд ҷамъият бо додани ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ба ҷамъияти дигар ҳамроҳшавии ҷамъият ҳисобида мешавад.
2. Маҷлиcи умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар азнавташкилкуни дар ба шакли ҳамроҳшавӣ иштирок менамояд, дар бораи чунин азнавташкилкуни, тасдиқи шартномаи ҳамроҳшавӣ ва оинномаи дар бораи тасдиқи акти доду гирифт қарор қабул менамояд.
3. Маҷлиcи умумии якҷояи иштирокчиёни ҷамъиятҳое, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд, ба ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъияте, ки нисбати он ҳамроҳшавӣ сурат мегирад, тағйироти вобаста ба ҳайати иштирокчиёни ҷамъият, муайян кардани ҳаҷми ҳиссаҳои онҳо, дигар тағйироти пешбиникардаи шартномаи ҳамроҳшавиро ворид менамояд, инчунин дар мавриди зарурат дигар масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи интихоби мақомоти ҷамъиятро, ки нисбати он ҳамроҳшавӣ сурат мегирад, ҳал мекунад. Мӯҳлату тартиби гузарондани чунин маҷлиси умумиро шартномаи ҳамроҳшавӣ муайян менамояд.
4. Ҳангоми ҳамроҳшавии ҷамъиятҳо ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳар яке аз онҳо ба ҷамъияте, ки дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ барпо карда мешавад, мутобиқи акти доду гирифт мегузарад.
Моддаи 60. Тақсимшавии ҷамъият
1. Қатъгардии ҷамъият ва гузаштани ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он ба ҷамъиятҳои навро тақсимшавии ҷамъият меноманд.
2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҳар як ҷамъияте, ки бо шакли тақсимот азнавташкил карда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилдиҳӣ, тартибу шартҳои тақсими ҷамъият, таъсиси ҷамъиятҳои нав ва таcдиқи баланси тақсимот қарор қабул мекунад.
3. Иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар натиҷаи тақсимот барпо меёбад, шартномаи таъсисотӣ имзо мекунанд. Маҷлиcи умумии иштирокчиёни ҳар кадом ҷамъияте, ки дар натиҷаи тақсимот барпо меёбад, оинномаро таcдиқ ва мақомоти ҷамъиятро интихоб менамояд.
4. Ҳангоми тақсими ҷамъият ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он мутобиқи баланси тақсимот ба ҷамъиятхое мегузарад, ки дар натиҷаи тақсимот барпо шудаанд.
Моддаи 61. Ҷудошавии ҷамъият
1. Барпо ёфтани як ё якчанд ҷамъият, бо додани як қисми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилшаванда бидуни қатъгардии охирон ҷудошавии ҷамъият ҳисобида мешавад.
2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияте, ки бо шакли ҷудошавӣ аз навташкилкарда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилкуни, тартибу шартҳои ҷудошавӣ, таъсиси ҷамъияти (ҷамъиятҳои) нав ва тасдиқи баланси тақсимот қарор қабул намуда, бо ҳуҷҷатҳои таъсисотии ҷамъияте, ки ба шакли ҷудошави аз нав таъсис дода мешавад, тағйироти вобаста ба ҳайати иштирокчиёни ҷамъият, муайян кардани ҳаҷми ҳиссаи онҳо ва дигар тағйироти пешбиникардаи қарори ҷудошавиро ворид месозад, инчунин дар мавриди зарурат дигар масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи интихоби мақомоти ҷамъиятро ҳал менамояд.
Иштирокчиёни ҷамъияти ҷудошаванда шартномаи таъсисотиро имзо мекунанд. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъияти ҷудошаванда оинномаи онро тасдиқ ва мақомоти ҷамъиятро интихоб менамояд.
Агар иштирокчии ягонаи ҷамъияти ҷудошаванда ҷамъияти азнавташкилёфта бошад, маҷлиси умумии ин ҷамъият дар бораи азнавташкилнамоии ҷамъият ба шакли ҷудошавӣ, тартибу шартҳои ҷудошави қарор қабул намуда, инчунин оинномаи ҷамъияти ҷудошаванда ва баланси тақсимотро тасдиқ ва мақомоти ҷамъияти ҷудошавандаро интихоб мекунад.
3. Ҳангоми аз ҷамъият ҷудо шудани як ё якчанд ҷамъият ба ҳар кадоми онҳо як қисми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилёбанда мутобиқи баланси тақсимот мегузарад.
Модда 62. Табдилшавии ҷамъият
1. Ҷамъият ҳақ дорад ба ҷамъияти саҳҳомӣ, ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ё кооперативи истеҳсолӣ табдил ёбад.
2. Маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият, ки бо шакли табдилшавӣ азнавташкил карда мешавад, дар бораи чунин азнавташкилкунӣ, тартибу шартҳои табдилшавӣ, тартиби мубодилаи ҳиссаҳои иштирокчиёни ҷамъият ба саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомӣ, ҳиссаи иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ ё ҳақи аъзои кооперативи истеҳсолӣ, тасдиқи оинномаи ҷамъияти саҳҳомии дар натиҷаи табдилсозӣ ба вуҷудоянда, ҷамъияти дорои маcъулияти иловагӣ ё кооперативи истеҳсолӣ, инчунин дар бораи тасдиқи акти доду гирифт қарор қабул мекунад.
3. Иштирокчиёни шахси ҳуқуқие, ки дар натиҷаи табдилсозӣ барпо меёбад, дар бораи интихоби мақомоти он мутобиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди чунин шахсони ҳуқуқӣ қарор қабул намуда, ба мақомоти дахлдор супориш медиҳад, ки амалҳоро вобаста ба ворид намудани маълумот оид ба тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ иҷро намояд (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
4. Ҳангоми дигаргун шудани ҷамъият ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷамъияти азнавташкилёфта мутобиқи акти доду гирифт ба шахси ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи табдилсозӣ барпо шудааст мегузарад.
Моддаи 63. Барҳам додани ҷамъият
1. Ҷамъият метавонад ихтиёрӣ бо тартиби муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти талаботи ҳамин Қонун ва оинномаи ҷамъият барҳам дода шавад. Ҷамъият метавонад инчунин бо қарори суд дар асосҳои пешбиникардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
Барҳам хурдани ҷамъият боиси қатъ ёфтани он бидуни ба шахсони дигар гузаштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо бо тартиби гузашти ҳуқуқ мегардад.
2. Қарори маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият дар бораи барҳамхурии ихтиёрии ҷамъият ва таъин кардани комисcияи барҳамдиҳӣ бо пешниҳоди Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият, мақомоти иҷроияи ё иштирокчии ҷамъият қабул карда мешавад.
3. Дар ҳолате, ки агар иштирокчии ҷамъияти барҳамхуранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба ҳайати комиcсияи барҳамдиҳӣ намояндаи мақомоти давлатии идораи амволи давлатӣ, муассисаи махсусе, ки амволи давлатиро мефурушад, фурушандаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти маҳаллӣ дохил карда мешавад. Дар мавриди иҷро накардани ин талабот мақомоте, ки ҷамъиятро ба қайди давлатӣ мегирад, ҳақ надорад ба таъин кардани комисcияи барҳамдиҳӣ розигӣ диҳад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
4. Тартиби барҳамдихии ҷамъиятро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 656).
Моддаи 64. Таксими амволи чамъияти бархамхуранда дар байни иштирокчиёни он
1. Амволи баъди ҳисобу китоби бо кредиторҳо анҷом додашудаи боқимондаи ҷамъияти барҳамхуранда аз ҷониби комисcияи барҳамдиҳӣ дар байни иштирокчиёни ҷамъият бо навбати зерин тақсим карда мешавад:
- дар навбати аввал ба иштирокчиёни ҷамъият қисми фоидаи тақсимшуда, вале пардохт карданашуда дода мешавад;
- дар навбати дуюм амволи ҷамъияти барҳамхуранда дар байни иштирокчиёни ҷамъият мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда мешавад.
2. Талаботи ҳар навбат баъди пурра қонеъ шудани талаботи навбати пешина қонеъ гардонда мешавад. Агар амволи мавҷудаи ҷамъият барои пардохти на қисми пардохтнашудаи фоида, балки пардохти фоидаи тақсимшуда нокифоя бошад, амволи ҷамъият дар байни иштирокчиёни он мутаносибан ба ҳиссаи онҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият тақсим карда мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе 
10 майи соли 2002 № 53

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИТТИЛООТ

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович... Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 10:51
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
55
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
10.05.2002

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иттилоот

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 320; с. 2012, №7, мод. 698;

Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 с., № 1164)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқиифаъолияти иттилоотӣ, мақсад, вазифа,принсип, субъект ва объектҳои муносибатҳои иттилоотиро ба танзим дароварда, сиёсати давлатии иттилоотиро дар ҷомеъа муқарар менамояд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №848)

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мегаванд:

-иттилоот - маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;

-фаъолияти иттилоотӣ - маҷмӯи амалиётест, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ равона гардидааст;

-соҳаҳои иттилоотӣ - маҷмӯи маълумоти эълоншуда оид ба соҳаҳои нисбатан мустақили ҳаёту фаъолияти ҷомеа ва давлат;

-иттилооти омории давлатӣ- иттилооти ҳуҷҷатии расмии давлатиест, ки ба воқеаҳо ва падидаҳои дар иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода тавсифоти миқдорӣ медиҳад;

-иттилооти оммавӣ - иттилоотест, ки ба таври оммавӣ тавассути нашрияҳо, воситаҳои сабти овоз ва видео паҳн карда мешавад;

-иттилооти ҳуқуқи - маҷмӯи маълумоти ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба ҳуқуқ, системам он, манбаъҳои татбиқ ва далелҳои ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, вайрон кардани ҳуқуқ ва мубориза бо он, пешгирии қонуншиканӣ ва ғайра;

-иттилоот оид ба шахсият - маҷмӯи маълумоти ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба шахсият;

-иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ -маълумоти муназзам, ҳуҷҷатӣ ё маълумоти ба таври оммавӣ эълоншуда дар бораи ҳаёти ҷамъиятӣ, давлатӣ ва муҳити табиии зист;

-иттилооти ҳуҷҷатикунонида (аснод) - иттилооти дар манбаи моддии иттилоот қайдшуда бо маълумотҳое(реквизитҳое), ки барои ҳаммонандкунии он имкон медиҳанд;

-иттилооти мақомоти системаҳои давлатии идоракунӣ - иттилооти расмии ҳуҷҷатӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти ҷории ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ташкил карда мешавад;

-иттилооти иҷтимоишиносӣ - маълумоти сотсиалогии ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншуда оид ба муносибатҳои шаҳрвандони алоҳида ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ нисбат ба воқеа ва рӯйдодҳои ҷамъиятӣ, ҷараёнҳо ва далелҳо;

-иттилоот дар бораи шаҳрвандон (маълумоти шахсӣ) - маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои зиндагии шаҳрванд, ки ба ҳаммонандкунии шахсияти ӯ имкон медиҳад;

иттилооти махфӣмаълумоти дорои сирри давлатии дар моддаҳои 13 - 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» пешбинӣ гардида, ки ифшо ё гум кардани онҳо ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад; (ҚҶТ аз 27.11.14г., №1163)

-иттилооти пинҳонӣ (конфиденсиалӣ) - маълумот дар соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдории шахсони алоҳидаи воқеӣ ё ҳуқуқӣқарордошта, ки метавонанд бо хоҳиши молик ба таркиби маълумоти давлатӣ дохил карда шаванд;

-санади ибтидоӣ - санадест, ки иттилооти аввалияро дар бар мегирад;

-Санади дуюмдараҷа - санадест, ки натиҷаҳои коркарди таҳлилӣ ё коркарди як ё якчанд манбаи дигари иттилоотиро дар бар мегирад;

-ҷараёни иттилоотӣ - ҷараёни ҷамъоварӣ, коркард, захиракунонӣ, нигоҳдорӣ, ҷустуҷӯ ва паҳн намудани иттилоот;

-системаи иттилоотӣ - маҷмӯи асноди аз нигоҳи ташкилӣ танзимшуда, ҳаҷми аснод ва технологияи иттилоотӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва алоқа, ки ҷараёни иттилоотиро татбиқ месозанд;

-захираҳои иттилоотӣ - асноди алоҳида, ҳаҷми ҷудогонаи аснод ва ҳаҷми аснод дар системаҳои иттилоотӣ (китобхонаҳо, бойгониҳо, фондҳо, махзанҳои маълумот ва дигар системаҳои иттилоотӣ);

-маҳсулоти иттилоотӣ - натиҷаи моддии фаъолияти иттилоотӣ, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти иттилоотии шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилот пешбинӣ гардидааст;

-хизматрасонии иттилоотӣ - дар шакли муайяннамудаи Қонунҳои мазкуранҷом додани фаъолияти иттилоотӣҷиҳати расонидани маҳсулоти иттилоотӣ то истифодабароадагон бо мақсади қонеъгардонии эҳтиёҷоти иттилоотии онҳо;

-ҳуқуқи моликият ба иттилоот- муносибатҳои ҷамъиятии қонунан танзимшуда оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории иттилоот;

-молики захираҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотӣ, технология ва воситаҳои таъмини онҳо - субъекте, ки объектҳои зикршударо соҳибӣ ва истифода намуда, ваколатҳои ихтиёрдории онҳоро дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ татбиқ менамояд;

-истифодабарандаи иттилоот - субъекте, ки ба системаи иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани маълумоти зарурӣ муроҷиат мекунад. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №848)

 

Моддаи 2. Мақсад ва вазифаҳоиҚонуну мазкур

 

Қонуни мазкурмеъёрҳои умумии ҳуқуқӣ гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоотро муқаррар менамояд, ҳуқуқи субъекти муносибатҳои иттилоотиро ба иттилоот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин системаи иттилоот ва манбаҳои онро таҳким бахшида, мақоми иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян мекунад, дастрас намудани иттилоотро танзим ва ҳифзи онро таъмин, шахсият ва ҷомеаро аз иттилооти бардуруғ муҳофизат менамояд.

 

Моддаи 3. ҚонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистондар бораи иттилоот

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттилоот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосии муносибатҳои иттилоотӣ

 

Принсипҳои асосии муноcибатҳои иттилоотӣ аз инҳо иборатанд:

-ҳуқуқи кафолатнок ба иттилоот;

-ошкоро ва дастрас будани иттилоот ва мубодилаи озоди он;

-Ҳақонӣ ва саҳеҳ будани иттилоот;

-мукаммалӣ, саривақтӣ ва дақиқ, будани иттилоот;

-қонунӣ будани гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот.

 

Моддаи 5. Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ

 

Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ инҳо мебошанд:

-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-шахсони ҳуқуқӣ;

-давлат.

Мувофиқи Қонуни мазкур дигар давлатҳо, шаҳрвандони онҳо, шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низ метавонанд субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ бошанд.

 

Моддаи 6. Объектҳои муносибатҳои иттилоотӣ

 

Иттилооти ошкоршаванда дар бораи шахc, воқеаҳо ва падидаҳо дар соҳаи сиёсат, иқтисод, фарҳанг, илму техника, иҷтимоиёт, экология, соҳаҳои байналмилалӣ ва дигар соҳаҳо объектҳои муносибатҳои иттилоотӣ мебошанд.

 

Моддаи 7. Сиёсати давлатии иттилоотӣ

 

Сиёсати давлатии иттилоотӣ аз маҷмӯи самтҳои асосӣ ва усулҳои фаъолияти давлат ва дигар субъектҳо оид ба гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот иборат мебошад.

Самтҳо ва усулҳои асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ аз инҳо иборатанд:

-ғамхории давлат ва дигар субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ дар бораи таъсиси саривақтӣ, фаъолияти зарурӣ ва рушди системаҳои иттилоотӣ, шабакаҳо, маҳзан ва манбаи маълумот дар тамоми самтҳои фаъолияти иттилоотӣ;

-таъмини ворид шудани саривақтии шаҳрвандон ба иттилоот;

-дар асоси ғайриинҳисорӣ таъсис додани система ва шабакаҳои миллии иттилоот;

-таҳкими асосҳои моддию техникӣ, молиявӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва илмии фаъолияти иттилоотӣ;

-таъмини истифодаи самарабахши иттилоот;

-мусоидат ба навсозӣ, ғанигардонии доимӣ ва ҳифзи захираҳои миллии иттилоотӣ;

-ташкили системаи ҳифзи иттилоот;

-мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот ва кафолат додани мустақилияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сиёсати давлатии иттилоотиро мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин идораҳои дахлдори иттилоотӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.

 

Моддаи 8. Ҳуқуқ ба иттилоот

 

Субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ ба имконияти озодона гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани маълумоте, ки ҷиҳати татбиқи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ, анҷом додани мақсад ва вазифаҳои онҳо заруранд, ҳуқуқ доранд.

Татбиқи ҳуқуқ, ба иттилоот аз ҷониби субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ набояд ҳуқуқҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтиcодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, экологӣ ва дигар ҳуқуқҳо, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро вайрон кунад ва ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар оварад.

Ба ҳар як шаҳрванд, ба иcтиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон, озодона дастрас намудани иттилоот, ки шахсан ба ӯ дахл дорад, таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 9. Кафолати ҳуқуқ ба иттилоот

 

Ҳуқуқ ба иттилоот чунин таъмин карда мешавад:

-бо баамалбарории тартиби татбиқи ҳуқуқ ба иттилоот;

-бо роҳи амалӣ намудани назорати давлатии риояи қонунгузорӣ оид ба иттилоот;

-муқаррар намудани масъулият барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба иттилоот.

 

БОБИ 2.

ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТӢ

 

Моддаи 10. Фаъолияти иттилоотӣ

 

Бо мақсади татбиқи қаноатбахши фаъолияти иттилоотӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти хадамоти иттилоотӣ системаҳо, шабакаҳо, манбаъ ва маҳзани маълумот таъсис медиҳанд.

Тартиби таъсис, сохтор, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Самтҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ

 

Самтҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ аз соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, экологӣ, илмию техникӣ, байналмилалӣ ва дигар cоҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ иборатанд.

Давлат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, озодии фаъолияти иттилоотиро дар ин самтҳо ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи ҳуқуқ ва озодӣ, вазифа ва салоҳияти онҳо кафолат медиҳад.(ҚҶТ аз 3.07.12с., №848)

 

Моддаи 12. Шаклҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ

 

Шаклҳои асосии фаъолияти иттилоотӣ инҳоянд:

- гирифтани иттилоот - ба даст овардан ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ҷамъ намудани иттилоот дар бораи шахc, ашё, далелҳо, воқеаву падидаҳо ва ғайра, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;

- истифода намудани иттилоот - конеъгардонии эҳтиёҷоти иттилоотии давлат, шахсони воқеӣва ҳуқуқӣ;

- паҳн кардани иттилоот - интишор ва мубодилаи иттилоот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳифз намудани иттилоот - таъмини ҳолати зарурии иттилоот, ифодакунандагони моддии он ва баҳисобгирии онҳо.

(ҚҶТ аз 3.07.12с., №848)

 

Моддаи 13. Маълумоти касбӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон барои гирифтани маълумоти касбӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ тавассути системаҳои муассисаҳои таълимии он шароит фароҳам оварда мешавад.

Тартиби таъсиси муассисаҳои таълимии самти иттилоотӣ (рӯзноманигорӣ, омор, корҳои китобхонавӣ ва бойгонӣ, фаъолияти илмию иттилоотӣ, информатика, техникаи ҳисоббарор ва ғайра) ва принсипҳои фаъолияти онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикиcтон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрииҳуқуқӣ муайян менамоянд.

 

Моддаи 14. Ташкили тадқиқоти илмӣ дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ

 

Барои таъмини фаъолияти самарабахш ва рушди cистемаҳои миллии иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи фаъолияти иттилоотӣ тадқиқоти ҷустуҷӯӣ, бунёдӣ ва амалии илмӣ анҷом дода мешавад.

Бо ин мақсад муассисаҳои илмӣ, сохторҳои илмию истеҳсолӣ, иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо, марказҳои технологияи нави иттилоотӣ ва дигар воҳидхо, аз ҷумла бо иштироки шарикони хориҷӣ, таъсис дода мешавад.

Маблағгузории тадқиқоти ҷустуҷӯӣ ва бунёдии илмӣ, барномаҳои илмӣ, лоиҳаҳои дорои аҳамияти давлатӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷег, маблағҳои худӣ ва фармоишгарон анҷом дода мешавад.

Маблағгузории тадқиқоти амалӣ, коркардҳо чун қоида дар асоси шартнома ё қарордод анҷом дода шуда, натиҷаи онҳо метавонад мавзӯи муносибатҳои молӣ бошад.

 

БОБИ 3.

НАМУДҲО, МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ ВА НИЗОМИ ВОРИД ШУДАН БА ОН

 

Моддаи 15. Намудҳои иттилоот

 

Намудҳои асосии иттилоот иборат аз:

-иттилооти оморӣ;

-иттилооти оммавӣ;

-иттилооти фаъолияти мақомоти давлатӣ;

-иттилооти ҳуқуқӣ;

-иттилоот оид ба шахсият;

-иттиллооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ;

-иттилооти иҷтимоишиносӣ, шиносоӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, экологӣ, хизматӣ, истеъмолӣ, бойгонӣ, илмӣ, илмӣ-техникӣ ва ғайра.

 

Моддаи 16. Иттилооти давлатии оморӣ

 

Иттилооти давлатии оморӣ бояд ба таври мунтазам ошкоро интишор гардад. Озодона ворид шудани шаҳрвандон, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои манфиатдор ба маълумоти омории интишорнашуда, ки таҳти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон қарор нагирифтаанд, таъмин карда мешавад.

Системаи иттилооти оморӣ, манбаъҳо ва низоми он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрииҳуқуқӣ оид ба ин соҳа муайян карда мешавад.

 

Моддаи 17. Иттилооти оммавӣ

 

Воcитаҳои чопии ахбори омма ин матбуоти даврӣ, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, бюллетенҳо ва нашрияҳои яквақта бо нусхаҳои муайян ба шумор мераванд.

Воситаҳои электронии ахбори омма иборатанд аз радио, телевизион, кино, сабти овоз ва сабти видео.

Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти воситаҳои алоҳидаи ахбори омма тибқи санадҳои қонунгузорӣ оид ба ин воситаҳо муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Иттилооти фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ

 

Иттилооти мақомоти фаъолияти идораи давлатӣ бо роҳҳои зерин ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида мешаванд:

-интишори онҳо дар нашрияҳои расмӣ ё паҳн намудани онҳо аз ҷониби хадамоти иттилоотии мақомот ё ташкилотҳои дахлдори давлатӣ;

-интишори онҳо дар воситаҳои чопии ахбори омма ё эълони оммавӣ, аудиоӣ ва аудиовизуалии воситаҳои ахбори омма;

-бевосита расонидани онҳо ба маълумоти шахсоне манфиатдор (ба таври шифоҳӣ, хаттӣ ё тартиби дигар);

-фароҳам овардани имконияти шиносоӣ бо маводи бойгонӣ, ҳисобот, санадҳои натиҷаҳои санҷиш ва ғайра;

-ошкор намудани онҳо тавасcути маърӯзаҳои оммавии шахсони мансабдор.

Манбаъҳо ва тартиби гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилооти расмии мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимият тибқи асноди қонунгузорӣ ба ин мақомот муайян карда мешавад.

 

Моддаи 19. Иттилооти ҳуқуқӣ

 

Манбаъҳои иттилооти ҳуқуқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрииҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, иттилооти воситаҳои ахбори омма, маърӯзаҳои оммавӣ, дигар манбаъҳои иттилоот оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошанд.

Бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо санадҳои меъёрииҳуқуқӣ давлат интишори расмии онҳоро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрииҳуқуқӣ» ба танзим медарорад.

 

Моддаи 20. Иттилоот оид ба шахсият

 

Маълумоти асосӣ ба шахсият (маълумоти инфиродӣ) иборат аст аз: миллат, маълумот, вазъи оилавӣ, вазъи моддӣ, мансубият ба дин, вазъи саломатӣ, инчунин суроға, сана ва маҳалли таваллуд.

Манбаъҳои иттилооти ҳуҷҷатӣ оид ба шахсият санадҳои ба номи ӯ додашуда, санадҳои аз ҷониби ӯ имзогардида, инчунин маълумот оид ба шахсият ба ҳисоб мераванд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳалли ҷамъ овардаанд.

Ҷамъоварӣ, ҳифз, истифода ва паҳн намудани иттилоот оид ба ҳаёти шахсӣ, ҳамчунин иттилооте, ки сирри шахсӣ ва оилавӣ, махфияти гуфтушуниди телефонӣ, муросилоти почта, телеграф ва дигар маълумоти оид ба шахсиятро бидуни розигии ӯ ошкор месозад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Ҳар як шахcҳуқуқ дорад бо иттилооти доир ба ӯҷамъовардашуда шинос шавад.

Иттилоот оид ба шахсият ба гурӯҳи иттилооти пинҳонӣ марбут буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.

 

Моддаи 21. Иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ

 

Манбаъҳои асосии ин иттилоот энсиклопедия, луғатҳо, маълумотномаҳо, иттилооти рекламавӣ, эълонҳо, роҳнамоҳо, маводи картографӣ, инчунин маълумотномаҳое ба ҳисоб мераванд, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё маҳаллии ба он ваколатдор ва иттиҳодияҳои ҷамъятии шаҳрвандон, ташкилот, муассисаҳои бойгонӣ ва кормандони онҳо, инчунин системаҳои автоматикунонидашудаи иттилоотӣ дода мешаванд.

Системаи ин иттилоот, ворид шудан ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 22. Иттилооти иҷтимоишиносӣ

 

Манбаъҳои асосии иттилооти иҷтимоишиносӣ маълумоти ҳуҷҷатӣ ё ба таври оммавӣ эълоншудае ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо натиҷаҳои пурсиши иҷтимоӣ, мушоҳидаҳо ва дигар тадқиқотҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтаанд.

Тадқиқотҳои иҷтимоишиноcӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, сурат мегиранд.

 

Моддаи 23. Манбаъҳои иттилоот

 

Манбаъҳои иттилоот аз ифодакунандаҳои моддии қайдшудаи иттилоот бо маълумотҳои (реквизитҳо), ки ба ҳаммонандкунии он имкон медиҳанд, инчунин аз хабарҳои воситаҳои ахбори омма ва маърӯзаҳои оммавӣ иборат мебошанд.

 

Моддаи 24. Низоми ворид шудан ба иттилоот

 

Низоми ворид шудан ба иттилоот ин тартиби гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот мебошад, ки санадҳои меъёрииҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.

Иттилоот аз рӯи воридшавӣ ба иттилооти ошкоро ва иттилооти воридшавии маҳдуд ҷудо карда мешавад.

Давлат низоми воридшавӣ ба иттилоотро назорат мекунад.

Вазифаи назорати низоми воридшавӣ ба иттилоот аз таъмини риояи талаботи қонунҳо дар бораи иттилот аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва.ташкилотҳо, роҳ надодан ба беасос мансуб донистани маълумот ба гурӯҳи иттилооти воридшавии маҳдуд иборат мебошад.

Назорати давлатии риояи низоми муқаррарнамуда аз ҷониби мақомоти махсусе, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, сурат мегирад.

 

Моддаи 25. Воридшавӣ ба иттилооти ошкоро

 

Воридшавӣ ба иттилооти ошкоро бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:

-нашри мунтазами он дар нашрияҳои расмӣ (бюллетенҳо, маҷмӯаҳо);

-паҳн намудани он тавассути ахбори омма;

-бевосита додани он ба шаҳрвандони манфиатдор, мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ.

Тартиб ва шартҳои мувофиқи дархост ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва намояндагони аҳли ҷомеъа додани маълумот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Маҳдуд сохтани ҳуқуқ барои гирифтани иттилооти ошкоро манъ аст. Аз ҳуқуқи гирифтани иттилоот он шаҳрвандоне истифода мебаранд, ки чунин иттилоот барои иҷрои ӯҳдадориҳои касбиашон зарур аст.

 

Моддаи 26. Иттилооти дастрасиаш маҳдуд

 

Иттилооти дастрасиаш маҳдуд тибқи низоми ҳуқуқӣ ба пинҳонӣ ва махфӣҷудо карда мешавад.

Шахсони воқеӣва ҳуқуқие, ки дорои иттилооти пинҳонии касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиҷоратӣ ва хусусияти дигар дошта мебошанд, онҳоро тавассути маблағҳои худӣ ба даст оварданд ё натиҷаи амали касбӣ, корӣ, истеҳсолӣ, бонкӣ, тиҷоратӣ ё дигар манфиатҳои онҳо буда, сирри мувофиқи қонун пешбининамударо вайрон накарда, низоми дастрасӣ ва ҳифзи онро муайян мекунанд.

Мансуб донистани иттилоот ба гурӯҳи маълумоти махфии дорои сирри давлатӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» сурат мегирад.

Тартиби муносибат бо иттилооти махфӣ ва ҳифзи он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бо шарти риояи талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Қонун муайян карда мешавад.

Тартиб ва мӯҳлати ошкор намудани иттилооти махфӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 27. Дастрасии шаҳрвандон ба маълумот дар бораи худ

 

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд:

-дар давраи ҷамъоварии иттилоот донанд, ки кадом маълумот, аз тарафи кӣ дар бораи онҳо ва бо кадом мақсад ҷамъ гардид, чӣ тавр, кай ва бо кадом мақсад мавриди истифода қарор мегирад;

-иттилооти мансуб ба худро дастрас намоянд, бо он шинос шаванд, пуррагӣ ва мувофиқии онро талаб намоянд.

Мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо (ҳукуматҳо), муассисаҳои бойгонӣ, ки системаи иттилоотии онҳо маълумотро оид ба шаҳрвандон дар бар мегирад, вазифадоранд бо талаби шахсоне, ки ин иттилоот ба онҳо дахл дорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, бидуни монеа онро пешниҳод намоянд, инчунин ҷиҳати пешгирии ғайриқонунии ба даст овардани он тадбирҳо андешанд. Дар сурати вайрон кардани ин талабот, қонун ҳифзи шаҳрвандонро аз зарари вобаста ба истифодаи чунин иттилоот расониданшуда кафолат медиҳад.

Дастрасии шахсони бегона ба маълумоти оид ба дигар шахсе, ки мутобиқи санадҳои меъёрииҳуқуқии ҷорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор ҷамъоварӣ шудааст, дар мавриди набудани розигии шахсе, ки нисбат ба ӯ чунин маълумот ҷамъоварӣ гардидааст ва агар ӯ дар қайди ҳаёт набошад, бидуни розигии ворисони ӯ манъ аст. Дар мавриди набудани ворисон дастрасӣ ба чунин иттилоот бо иҷозати мақомоти давлатӣ, ташкилот ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ки молики иттилоот мебошанд, иҷозат дода мешавад.

Ҳамаи ташкилотҳое, ки оид ба шаҳрвандон маълумот ҷамъоварӣ менамоянд, бояд то оғози кор бо онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии манбаъҳои дахлдори маълумотро анҷом диҳанд.

Теъдоди зарурии маълумот оид ба шаҳрвандон, ки онро метавон бо роҳи қонунӣ ба даcт овард, бояд то ҳадди ақал маҳдуд карда шавад ва танҳо бо мақсадҳои қонунан муқарраргардида мавриди истифода кунад.

Ради додани иҷозат дар бораи дастрасӣ ба чунин иттилоот, пинҳон кардани он, ҷамъоварии ғайриқонунӣ, истифода, ҳифз ё ғайриқонунӣ паҳн намудани он метавонад ба суд шикоят кунад.

 

Моддаи 28. Дархосг дар хусуси дастрасӣ ба санадҳои расмӣ ва додани иттилооти хаттӣ ё

шифоҳӣ

 

Таҳти мафҳуми дархости иттилоотӣ (минбаъд дархост) дар хусуси дастрасӣ ба санадҳои расмӣ дар Қонуни мазкур муроҷиат бо талаботи фароҳам овардани имконияти шиносшавӣ бо санадҳои расмӣ дар назар дошта шудааст. Дархост метавонад инфиродӣ ё умумӣ бошад. Он дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешавад.

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намуда, пешниҳоди ҳамагуна санади расмиро, сарфи назар аз мансубияти ин ҳуҷҷат ба ӯ талаб намояд, ба истиснои ҳолатҳои маҳдудияти дастрасӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Таҳти мафҳуми фароҳам овардани иттилооти хаттӣ ё шифоҳӣ дар Қонуни мазкур муроҷиат ба талаби фароҳам овардани иттилооти хаттӣ ё шифоҳи оид ба фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони мансабдори он оид ба масъалаҳои алоҳида дар назар дошта шудааст.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, мақомоти давлатӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон (минбаъд - дархосткунанда) ба мақоми дахлдори қонунгузорӣ, иҷроия, ҳокимияти судӣ ва бойгонӣ, шахсони мансабдори онҳо дархост пешниҳод менамоянд.

Дар дархост насаб, ном, номи падари дархосткунанда, ҳуҷҷат, маълумоти хаттӣ ё шифоҳие, ки ба ӯ зарур аст ва нишонии худ, ки ҷавобро мехоҳад ба даст орад, бояд зикр гардад.

Мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд оид ба иттилооти марбут ба фаъолияти онҳо ба таври хаттӣ, шифоҳи, тавассути телефон ё бо истифодаи маърӯзаҳои оммавии шахсони мансабдори худ иттилоот пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 29. Мӯҳлати баррасии дархост дар бораи дастрасӣ ба асноди расмӣ

 

Мӯҳлати барраcии дархост вобаста ба имконияти қонеъ намудани он набояд аз cӣ рӯзи тақвимӣ бештар бошад.

Дар мӯҳлати дар қисми якуми моддаи мазкурнишондодашуда муассисаи давлатӣ ба дархосткунанда оид ба ҷавоби дархости ӯ ба таври хаттӣ маълумот пешниҳод менамояд. (ҚҶТ аз 3.07.12с., №848)

 

Моддаи 30. Рад ва ба таъхир гузоштани қонеъгардонии дархост дар хусуси дастрасӣ ба

асноди расмӣ

 

Радди қонеъгардонии дархост ба маълумоти дархосткунанда дар шакли хаттӣ бо тавзеҳи тартиби шикоят намудан аз қарори қабулгардида расонида мешавад. Дар раддия бояд инҳо зикр гарданд:

1) шахси мансабдори муассиcаи давлатие, ки қонеъгардонии дархостро рад намудааст;

2) санаи раддия;

3) аcосноккунии раддия.

Ба таъхир андохтани қонеъгардонии дархост дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар санади дархостшавандаро дар мӯҳлати як моҳ барои ба шиносоӣ пешниҳод намудан имконнопазир бошад. Огоҳонӣ дар мавриди ба таъхир гузоштани дархост ба маълумоти дархосткунанда дар шакли хатти ба тавзеҳи тартиби шикоят намудан аз қарори қабулгардида расонида мешавад. Дар ахбор дар хусуси ба таъхир андохтани иҷрои дархост ин ҳолатҳо бояд зикр гарданд:

1) шахси мансабдори муаcсисаи давлатие, ки қонеъгардонии дархостро дар мӯҳлати як моҳи муқарраргардида рад намудааст;

2) санаи ирсол ё додани ахбор дар бораи ба таъхир гузошгани дархост;

3) сабабҳое, ки вобаста ба он санади дархостшавандаро наметавон дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун дод;

4)  мӯҳлате, ки дархост қонеъ гардонида хоҳад шуд. Раддия ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост оид ба додани иттилооти хаттӣ низ ба ҳамин тартиб сурат мегирад.

 

Моддаи 31. Норизоӣ аз рад ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост оид ба дастрасӣ ба

асноди расмӣ

 

Дар сурати рад намудани дархости ҳуҷҷат барои шиносшавӣ ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост дархосткунанда ҳуқуқ дорад нисбат ба раддия ё батаъхиргузорӣ ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят кунад.

Агар ба шикояти ба мақомоти болоӣ додашуда ҷавоби манфӣ ирсол гардад, дархосткунанда ҳуқуқ дорад нисбати ин раддия бо тартиби суди шикоят намояд.

Суд ҳуқуқ дорад барои таъмини пуррагӣ ва объективии баррасии парванда санадҳои расмиеро, ки имконияти шиносшавӣ бо онҳо рад шуда буд, талаб кунад ва пас аз омухтани онҳо дар мавриди асоснокии (ё беасосии) амали шахсони мансабдори муаcсисаи давлатӣқарор қабул намояд.

Агар рад ё батаъхиргузорӣ беасос бошад, суд муассиcаи давлатиро вазифадор менамояд, ки ба дархосткунанда имконияти шиносоӣ бо санадҳои расмиро фароҳам оварад ва нисбат ба шахсони мансабдоре, ки ба дархосткунанда ҷавоби рад додаанд, таъиноти хусусӣ барорад.

Радди беасос оид ба фароҳам овардани имконияти шиносоӣ бо санадҳои расмӣ ё вайрон кардани мӯҳлати муайяни фароҳам овардани он бидуни сабабҳои узрнок тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии шахсони мансабдори муассисаҳои давлатӣ мегардад.(ҚҶТ аз 3.07.12с., №848)

Шикоят нисбат ба рад ё батаъхиргузории қонеъгардонии дархост дар хусуси иттилооти хаттӣ бо тартиби дар ҳамин модда зикршуда сурат мегирад.

 

Моддаи 32. Тартиби ҷуброни хароҷот оид ба қонеъгардонии дархостҳои вобаста ба дастрасӣ

 ба асноди расмӣ ва пешниҳоди иттилооти хаттӣ

 

Дархосткунанда бояд пурра ё қисман хароҷоти вобаста ба иҷрои дархостҳо оид ба дастрасӣ ба асноди расмӣ ва пешниҳоди иттилооти хаттиро ҷуброн намояд.

Тартиби пардохти нусхаи асноди дархостшаванда аз ҷониби муаcсисаи давлатӣ муайян карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва андози пардохти корҳоро вобаста ба ҷамъоварӣ, ҷустуҷӯ, таҳия, таъсис ё пешниҳод намудани иттилооти хаттии дархостшаванда, ки набояд аз хароҷоти воқеии вобаста ба иҷрои дархост бештар бошад, муайян мекунад.

Корҳои оид ба ҷустуҷӯи асноди расмӣ пардохта намешаванд.

 

Моддаи 33. Ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки тибқи дархост барои шиносшавӣ дода намешаванд

 

Аз рӯи дархости иттилооти санадҳои расмии дорои мазмуни зайл мавриди пешниҳод барои шиноcшавӣқарор намегиранд:

-иттилооте, ки тибқи тартиби муқарраргардида дорои сирри давлатӣ эътироф гардидааст;

-иттилооти пинҳонӣ;

-иттилоот дар бораи корҳои фаврию тафтишотии мақомоти таҳқиқ ва суд дар ҳолатҳое, ки ошкор намудани онҳо метавонанд ба чорабиниҳои фаврӣ, таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ зарар расонад, ҳуқуқи инсон барои баррасии одилона ва объективии парвандаи судии ӯ вайрон гардад, ба ҳаёт ва саломатии ягон шахc таҳдид ба миён оварад;

-иттилооти марбут ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон;

-ҳуҷҷатҳое, ки муросилоти хизмати дохилиидоравиро ташкил медиҳанд (маълумотномаҳо, муросилоти байни воҳидҳои сохторӣ ва ғайра), агар онҳо бо коркарди самти фаъолияти муассиса, ҷараёни қабули қарорҳо алоқаманд буда, барои қабули онҳо замина гардидаанд;

-иттилооте, ки тибқи дигар қонунҳо ё санадҳои меъёрӣ набояд ошкор карда шававд. Муассисае, ки ба он дархост пешниҳод шудааст, метавонад ҳуҷҷати дорои иттилоотеро, ки дар асоси санади меъёрии дигар муаcсисаи давлатӣ бояд ошкор карда нашавад, барои шиносшавӣ пешниҳод накунад ва он муаcсисаи давлатие, ки дархостро баррасӣ менамояд, ҳуқуқ надорад масъалаи ошкор намудани онро арзёбӣ кунад;

-иттилооти муассисаҳои молиявӣ, ки барои идораҳои тафтишу молиявӣ таҳия гардидаанд.

 

Моддаи 34. Ҳуқуқи моликият ба иттилоот

 

Иттилоот объекти ҳуқуқи моликияти давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣмебошад. Иттилоот метавонад ҳам дар ҳаҷми пурра ва ҳам танҳо вобаста ба соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдорӣ объекти ҳуқуқи моликият бошад.

Асосҳои ба миён омадани моликият ба иттилоот аз инҳо иборатанд:

-ташаккули иттилоот бо қувваи худ ва аз ҳиcоби худ;

-шартнома дар бораи ба даст овардани иттилоот;

-шартномае, ки шартҳои ба дигар шахc гузаштани ҳуқуқи моликият ба иттилоотро дар бар мегирад.

Иттилооте, ки аз ҷониби якчанд шаҳрванд ё шахсони ҳуқуқи таъсис шудааст, моликияти умумии муассисон мебошад. Тартиб ва қоидаҳои истифодаи чунин моликият мувофиқи шартномаи байни моликон басташуда муайян карда мешавад.

Иттилооте, ки аз ҷониби ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) таъсис шудааст, ё бо роҳи дигари қонунӣ ба даст дароварда шудааст, моликияти ин ташкилотҳо мебошад.

Иттилооте, ки аз ҳиcоби маблағҳои буҷети давлатӣҳосил шудааст, моликияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Иттилооте, ки дар асоси ҳуқуқи моликияти инфиродӣҳосил шудааст, дар ҳолати дар асосҳои шартномавӣ барои нигоҳдорӣ супурдани он ба махзанҳои дахлдори маълумот, фондҳо ва бойгониҳо метавонад ба моликияти давлатӣ мансуб дониста шавад.

Молики иттилоот ҳуқуқ дорад шахси амалкунандаи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории иттилоотро таъйин намуда, қоидаи коркарди иттилоот ва дастрасӣ ба онро муайян карда, инчунин дигар шартҳоро нисбат ба иттилоот муқаррар намояд.

 

Моддаи 35. Иттилоот ҳамчуи мол

 

Маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонии иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти иттилоотӣ машғуланд, метавонад объекти муносибатҳои молӣ гардад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.(ҚҶТ аз 3.07.12с., №848)

Нарх ва нархгузорӣ ба маҳсулоти иттилоотӣ ва хизматрасонии иттилоотӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 4.

ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БА ИТТИЛООТ, РОҲ НАДОДАН БА СУИИСТИФОДА АЗ ҲУҚУҚ БА ИТТИЛООТ

 

Моддаи 36. Ҳифзи ҳуқуқ ба иттилоот

 

Ҳуқуқ ба иттилооттибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонҳифз карда мешавад. Давлат ба ҳама иштироккунандагони муносибатҳои иттилоотӣҳуқуқҳои баробар ва имконияти баробар барои дастрасӣ ба иттилоот кафолат медиҳад.

 

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 33 Қонун мазкурҳуқуқи шахсро дар интихоби шакл ва манбаи гирифтани иттилоот маҳдуд созад.(ҚҶТ аз 3.07.12с., №848)

Субъекти ҳуқуқ ба иттилоот метавонад рафъи ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳои нисбат ба ӯ рухдодаро талаб намояд.

Мусодираи нашрияҳо, нигораҳо, махзанҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷатҳои фондҳои бойгонӣ, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва несту нобуд кардани онҳо дар заминаи мавқеи идеологӣ ва сиёсӣ манъ аст.

 

Моддаи 37. Роҳ надодан ба суиистифода аз ҳуқуқ ба иттилоот

 

Истифодаи иттилоот ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ба муқобили амнияти иттилоотӣ, барои барангехтани кинаюадовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгаронӣ, динӣ, забонӣ, ҷанг, зулму зӯроворӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, хусумати иҷтимоӣ, таҷовуз ба шахсият, ҳуқуқ ва озодиҳоиинсон ва шаҳрванд, таблиғи фаҳшу фуруҷ (порнаграфия) манъ  аст.(ҚҶТ аз 3.07.12с., №848)

 

Моддаи 38. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Шахсон дар ҳолатҳои зерин барои вайрон намудани қонунгузорӣ дар бораи иттилоот ҷавобгар мебошанд:

беасос рад намудани пешниҳоди иттилоотӣ дахлдор;

пешниҳод намудани иттилооте, ки ба ҳақиқат мувофиқат намекунад;

сари вақт пешниҳод накардани иттилоот;

дидаю дониста пинҳон доштани иттилоот;

маҷбурсозӣ ба паҳн намудан ё муқобилат ба паҳн намудан, ё радди беасоси паҳн намудани иттилооти дахлдор;

паҳн намудани иттилооте, ки ба ҳақиқат мувофиқ набуда, обрую эътибори шахсро паст мезанад;

истифода ва паҳн намудани иттилоот оид ба ҳаёти шахсии шаҳрванд, бидуни розигии ӯ аз ҷониби шахсе, ки вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии шахсӣ молики иттилооти дахлдор мебошад;

ошкор намудани сирри давлатӣ ё дигар сирри қонунан ҳифзшаванда аз ҷониби шахсе, ки бояд ин сирро ҳифз намояд;

вайрон кардани тартиби нигоҳ доштани иттилоот;

дидаю дониста несту нобуд кардани иттилоот, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;

беасос ба гурӯҳи маълумотӣ воридшавии маҳдуд марбут донистани навъҳои алоҳидаи иттилоот.

Шикоят аз рӯи амали ғайриқонунии шахсони мансабдор ба мақомоти сатҳи болоие, ки ин шахсони мансабдор ба он тобеанд, пешниҳод карда мешавад.

Дар сурати ба шаҳрванд, шахси ҳуқуқӣ ва ба мақомоти давлатӣ расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ ва дар ҳолати қонеъ нагардонидани шикояте, ки ба мақоми болоӣ кардааст, шаҳрванд ва шахси ҳуқуқӣҳақ дорад нисбат ба амали ғайриқонунии шахси гунаҳкор ба суд шикоят кунад.

 

БОБИ 5.

ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТИИБАЙНАЛМИЛАЛӢ, ҲАМКОРӢ БО ДИГАР ДАВЛАТҲО, ТАШКИЛОТҲОИ ХОРИҶӢВА БАЙНАЛМИЛАЛӢДАР СОҲАИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 39. Фаъолияти иттилоотии байналмилалӣ

 

Фаъолияти иттилоотии байналмилалӣ аз таъмини шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣбо иттилооти расмӣ ё ба таври оммавӣ эълонгардида оид ба фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеа ва падидаҳое, ки дар дигар кишварҳо рух медиҳанд, инчунин мақсаднок берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн намудани иттилооти ҳамаҷониба дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои шаҳрвандон, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон иборат мебошад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодона ва бемамониат ба даст овардани иттилоот тавассути манбаъҳои хориҷӣ, аз ҷумла пахши мустақими телевизион, радио, матбуот ва системаҳои иттилоотӣҳуқуқ доранд.

Вазъи ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбии хабарнигорони хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма хориҷӣ, инчунин фаъолияти иттилоотии намояндагони дипломатмӣ, консулгарӣ ва дигар намояндагони расмии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, танзим могардад.

Таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои муштарак дар соҳаи иттилоот бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣҶумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ тибқи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, танзим мегардад.

 

Моддаи 40. Ҳамкории байналмилалӣ

 

Ҳамкории байналмилалӣ дар cоҳаи иттилоот оид ба масъалаҳои дорои манфиати муштарак дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии машғул ба фаъолияти иттилоотӣ ба имзо расонидаанд, сурат мегирад.

 

Моддаи 41. Воридот ва содироти маҳсулоти (хизматрасонии) иттилоотӣ

 

Воридот ва cодироти маҳсулоти (хизматраеонии) иттилооти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти иқтиcодии хориҷӣ анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 42. Мустақилияти иттилоотӣ

 

Асоси мустақилияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ моликият ба захираҳои миллии иттилоотӣ мебошад.

Ба захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иттилооти марбутаи он, сарфи назар аз мазмун, шакл, вақт ва макони ташаккул, дохил мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави худ захираҳои иттилоотиро мустақилона ташаккул дода, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ, онро озодона ихтиёрдорӣ менамояд.

 

Моддаи 43. Кафолатҳои истиқлоли иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Истиқлоли иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъмин мегардад:

боҳуқуқи мустаснои моликии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба захираҳои иттилоотие, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат ташаккул меёбанд;

бо ҳифзи системаҳои миллии иттилоотӣ;

бо муқаррар кардани низоми дастрасии дигар давлатҳо ба захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

бо истифодаи захираҳои иттилоотӣ дар асоси ҳамкориҳои баробарҳуқуқ бо дигар давлатҳо.

 

Моддаи 44. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 10 майи соли 2002

№ 55

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович... Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 10:55
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
71
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.12.2002

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» қабул карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

 -    дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.

 

 

Раиси Маҷлиси намояндагони                                                                                     С. ХАЙРУЛЛОЕВ

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     

  ш. Душанбе  15 майи соли 2002

№631 

 

 

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИИ

 МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»

 

Маҷлиси милии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҳифзи иттилоот» баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  12 ноябри соли 2002

№334 

 

 

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳифзи иттилоот

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №11, мод. 696; соли 2005, №12, мод.646)

 

Қонуни мазкур принсипҳои асосии таъмини ҳифзи иттилоот ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии дар ин соҳа ба вуҷуд омадаро муқаррар менамояд.

 

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

                        

 Моддаи 1. Мақсадҳои ҳифзи иттилоот

Ба мақсадхои  ҳифзи иттилоот мансубанд:

  • пешгирӣ намудани ихроҷӣ, дуздӣ, гумшавӣ, ғалат маънидодкунӣ, нусхабардорӣ ва бастани  роҳи паҳншавии иттилоот;
  • пешгирӣ намудани амалиётҳои беиҷозат оиди нобудсозӣ, тағйирдиҳи, ғалат маънидодкунӣ, нусхабардорӣ ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот;
  •  пешгирӣ намудани  амалиётхои боиҷозат ва беиҷозат, ки боиси қасдан ё бидуни қасд нобудсозӣ, бастани роҳи пахншавӣ, ғалат маънидодкунӣ (сохтакорӣ), дуздӣ, нусхабардорӣ, ихроҷӣ, дигаргунишавӣ ва тағйиребии иттилоот гардиданаш мумкин аст.                           

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зайл истифода бурда мешаванд:

  • таъмини техникии системаҳои иттилоотӣ- маҷмӯи воситаҳои техникие, ки барои кори системаи иттилоотӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин ҳуҷҷатнокгардонии дахлдори ин воситаҳо ва равандҳои технологӣ;
  • таъмини барномавии системаҳои иттилоотӣ – маҷмӯи барномаҳо барои татбиқи мақсадҳо ва вазифаҳои системаи иттилоотӣ, инчунин барои мӯътадил кор кардани маҷмӯи воситаҳои техникӣ;
  • ҳифзи иттилоот – маҷмӯи чорабиниҳо, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ихроҷӣ, дуздӣ, гумкунӣ, нобудсозии беиҷозат, ғалат маънидодкунӣ, тагйирдихӣ (сохтакорӣ), нусхабардории  беиҷозат ва бастани роҳи паҳншавии иттилоот  гузаронида мешаванд;
  •  самаранокии ҳифзи иттилоот – дараҷаи мутобиқати натиҷаҳои ба даст омадаи амалҳо оиди ҳифзи иттилоот ба мақсадҳои ҳифз;
  •  назорати самаранокии ҳифзи иттилоот – санҷиши мутобиқати самаранокии чорабиниҳои ҳифзи иттилоот ба талаботҳои муқарраршуда ё меъёрҳои самаранокии ҳифз;
  •  бехатарии иттилоот – ҳолати ҳимояшавии иттилоотӣ дар системаҳои иттилоотӣ кор карда баромада шуда аз таҳдиди дохилӣ ё берунӣ;
  •  хориҷшавии иттилоот – паҳнкунии  назоратнашавандаи иттилооти ҳифзшаванда дар натиҷаи дастрасшавии беиҷозат;
  •  дастрасшавии беиҷозат – ба даст овардани иттилооти ҳифзшаванда аз тарафи субъекти манфиатдор бо вайронкунии ҳуқуқ ё қоидаҳои дастрасшавии иттилооти ҳифзшаванда, ки хуҷҷатҳои ҳуқуқи ё молики (соҳиби) иттилоот муқаррар кардаанд;
  •  фошкунии иттилооти ҳифзшаванда – беиҷозат расонидани иттилооти ҳифзшаванда ба истеъмолкунандагоне, ки ҳуқуқи дастрас кардани ин иттилоотро надоранд;
  •  тағйирдиҳии иттилоот – дигаргун сохтани иттилоот, ки иҷозати муаллиф ё молики иттилоотро талаб менамояд;
  •  аз нав сохтани иттилоот – тағйир додани иттилоот дар натиҷаи амалиёти аз тарафи система ё технологияи иттилоотӣ амрномадодашуда;
  •  ғалат маънидодкунӣ ва сохтакории итилоот – тағйир додани иттилоот дар натиҷаи амалиётҳои гузаронидашуда оид ба махфидорӣ, рафъсозӣ, иваз ё дохил намудани ягон хел унсурҳои иттилоот дар сатҳи синтаксисӣ, семантикӣ ё прагматикӣ;
  •  бастани роҳи паҳншавии иттилоот  - амалиёте, ки натиҷаи он қатъ шудани дастрасии иттилоот мебошад;
  •  нобудсозии иттилоот – ин амали барқасдона ё беэҳтиётона мебошад, ки дар натиҷаи он мавҷудияти иттилоот барои шахси ҳуқуқӣ  ё воқеӣ дар ҳаҷми пурра ё маҳдуд қатъ мегардад;
  •  сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот – раванди муқаррар намудани мутобиқати воситаҳои истифодашавандаи ҳифзи иттилоот ба талаботи  стандартҳои давлатӣ ё хуҷҷатҳои дигари меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи иттилоот.                                  

 

Моддаи 3. Қонунгузорӣ оид ба ҳифзи иттилоот

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи иттилоот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст иборат аст.

 

Моддаи 4. Воситаҳои ҳифзи иттилоот

Ба воситаҳои ҳифзи иттилоот мансубанд:

  • ташкилӣ;
  • техникӣ;
  • барномавӣ;
  • дастгоҳӣ;
  • ҷисмонӣ;
  • криптографӣ.

 

Моддаи 5. Объекти ҳифз

Объекти ҳифз иттилооти хуҷҷатнокгардидае мебошад, ки нисбати он қоидаҳои муайян ва истифодаи маҳдуди он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи доранда ё молики чунин иттилоот муқаррар карда шудаанд.

 

Моддаи 6. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот давлат дар шахси мақомоти идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи муқарар намудани қоидаҳои муайян ва тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин маҳдудиятҳоро ҳангоми кор бо иттилоот доранд.

 

Моддаи 7. Кафолати ҳифзи ҳуқуқӣ

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот барои муҳофизат аз зарари дар натиҷаи амалиётхои қонунӣ ё ғайриқонунӣ расонидашуда, ки сабаби нобудшавӣ, бастани рохи пахншавӣ, ғалат маънидодкунӣ (сохтакорӣ), дуздӣ, нусхабардорӣ, хориҷшавӣ, тағйирёбӣ, дигаргун шудани иттилоот гардидаанд, инчунин ҳангоми вайронкунии ҳуқуқҳои муаллиф, ҳуқуқи доранда ё молики иттилоот бо тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ ҳуқуқ доранд.

   

Моддаи 8. Ба танзим даровардани муносибатҳои байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот

Муносибатҳои байни субъектҳои ҳуқуқӣ ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки категорияҳои иттилоотро аз рӯи дараҷаи дастраси ба он муайян менамоянд, тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин бо шартномаҳо ва созишномаҳое, ки байни субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ баста шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.

Субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд якдигарро оиди хусусиятҳо, усулҳо ва шаклҳои коркарди иттилоот, ҳифзи он хабардор намоянд ва розигии молик ё дорандаи иттилоотро оиди коркарди он гиранд. 

 

БОБИ II. ТАШКИЛИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 9. Танзим ва идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот

Мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иттилоотро бо роҳҳои зерин идора мекунад:

  • гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ оид ба ҳифзи иттилоот;
  • таҳияи консепсияҳо, талабот, асноди меъёрии техникӣ ва тавсияҳои илмию методии ҳифзи иттилоот;
  • тасдиқ намудани тартиби ташкил, фаъолият ва назорати иҷрои тадбирҳои ҳифзи иттилооте, ки моликияти давлат аст, инчунин тавсияҳо оид ба ҳифзи иттилооте, ки моликияти шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад;
  • ташкили озмоиш ва сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;
  • таъсиси сохторҳои идоравӣ ва соҳавии ҳамоҳангсоз ҷиҳати ҳифзи иттилоот;
  • гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомот, марказу лабораторияҳои сертификатсионӣ, додани иҷозатнома дар соҳаи ҳифзи иттилоот;
  • анҷом додани назорати иҷрои корҳо оиди ташкили ҳифзи иттилоот;
  • муайян намудани тартиби ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ дастрас будани иттилооте, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки нисбат ба паҳн намудан ва истифодаи он аз ҷониби давлат маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд.

Вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ҳалли масъалаҳои  ҳифзи иттилоотро дар доираи салоҳияти худ таъмин мекунанд.

 

Моддаи 10. Иҷозатномадињии (литсензиякунонии)  фаъолият дар соҳаи ҳифзи иттилоот

 Иљозатномадињии (литсензиякунонии) фаъолият дар соњаи њифзи иттилоот тибќи   Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият» анљом дода мешавад.

 

Моддаи 11. Умури ҳифзи иттилоот

Дар муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ мумкин аст воҳидҳо, умурҳое ташкил карда шаванд, ки кори вобаста ба ҳифзи иттилоот, дастгирии сатҳи ҳифзи иттилоотро ташкил менамоянд ва барои самаранокии ҳифзи иттилоот мутобиқи талаботи Қонуни мазкур масъул мебошанд.

 

Моддаи 12. Маблағгузории корҳо

Корҳои марбут ба иҷрои талаботи иловагӣ оид ба ҳифзи иттилоот, ки аз шакли сертификатсионӣ фарқ дорад, аз ҷониби ашхоси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки онҳоро муайян намудаанд ва ё дар асоси шартнома маблағгузори карда мешаванд.  

 

БОБИ III. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 13. Таъмини ҳифзи иттилоот

Ҳифзи иттилоот бо роҳҳои зайл таъмин карда мешаванд:

  • аз тарафи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ риоя намудани меъёрҳо, талабот ва қоидаҳои хусусияти ташкилӣ ва техникидошта оиди ҳифзи иттилоот;
  • истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор, таъмини барномавӣ ва дастгоҳӣ ва умуман воситаҳои ҳифз, ки ба талаботи муқарраршуда оиди ҳифзи иттилоот ҷавобгӯ мебошанд;
  • ба ҷо овардани назорати ҳифзи иттилоот.   

 

Моддаи 14. Муқаррар намудани талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот

Талаботу қоидаҳои ҳифзи иттилоот, ки моликияти давлат мебошад ё иттилооте, ки ҳифзи он аз тарафи давлат кафолат дода шудааст, аз тарафи мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои коркарди иттилоот бо тартиби мукаррарнамудаи низомномаи дахлдор, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ба ҷо оварда мешавад.

Ин талаботу қоидаҳо ва шартҳои ҳифзи иттилоот барои ҳамаи субъектҳои ин муносибатҳо ҳатмӣ мебошанд.

 

Моддаи 15. Вазифаҳои мақомоти давлатӣ оид ба сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот

Воситаҳои ҳифзи иттилоот бояд сертификати мақомоти давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистонро дошта бошад.

Дар рафти сертификатсияи воситаҳои ҳифз санҷиши (аттестатсияи) онҳо низ гузаронида мешавад.

Молики иттилоот ҳуқуқ дорад ба мақомоти сертификатсия бо дархост оиди гузаронидани санҷиши воситаҳои ҳифз ва гирифтани хулосаҳои дахлдор муроҷиат намояд.

Таъсис ва мутобиқати системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро оид ба талаботи бехатарии иттилоот мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад, ки он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот оид ба талаботи бехатарии иттилоот, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудаст, фаъолият мекунад.

Мақоми давлатие, ки сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро ба ҷо меорад, иҷрои вазифаҳои зайлро таъмин менамояд:

  • ташкил ва мутобиқ кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба талаботи бехатарии иттилоот;
  • ташкил ва кор кардани системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот;
  • муайян намудани феҳристи воситаҳои ҳифз, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд;
  • муқаррар намудани қоидаҳои ваколатдоршавӣ  барои гузаронидани корҳо оид ба сертификатсия;
  • таҳия ва тасдиқи ҳуҷатҳои меъёрӣ ва методии системаҳои сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ;
  • тартиб додани рӯйхати давлатии иштирокчиён ва объектҳои сертификатсия;
  • ба ҷо овардани назорати давлатӣ (аз ҷумла бозрасӣ) барои риоя намудани қоидаҳои сертификатсия ва воситаҳои сертификатсияшудаи ҳифзи иттилоот;
  • баррасии шикоятҳо оид ба масъалаҳои сертификатсия;
  • ташкили нашри давравии маълумотҳо оиди системаи сертификатсия, талабот ва қоидаҳои он, бо нишон додани феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бо параметрҳои сертификатсияшавандаи онҳо бояд  сертификатсия карда шаванд, феҳристи мақомот оиди сертификатсияи намудҳои муайяни воситаҳои ҳифзи иттилоот, феҳристи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишӣ, феҳристи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба мутобиқати талаботҳое, ки аз рӯи онҳо сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот гузаронида мешавад ва ҳуҷҷатҳои методӣ оиди гузаронидани озмоишҳои сертификатсионӣ;
  • мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти сертификатсия ва мақомоти озмоишӣ (лабораторияҳо), ки ба системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот дохиланд.

Системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот бо талаботи бехатарии  иттилоот аттестатсияи объектҳои иттилоотониро бо талаботи бехатарии иттилоот низ дар бар мегирад ва бояд бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

 

Моддаи 16. Сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот

Таҳти мафҳуми объектҳои иттилоотонӣ, ки бо талаботи бехатарии иттилоот аттестатсия мешаванд, системаҳои автоматии (АС) сатҳҳои гуногун ва таъинотҳо, системаҳои алоқа, тасвир ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо дар якҷоягӣ бо биноҳое, ки дар онҳо гузошта шудаанд, иттилооти барои коркард ва додан пешбинишудае, ки бояд ҳифз карда шаванд, инчунин худи биноҳо, ки барои бурдани гуфтугӯҳои махфӣ пешбинӣ гардидаанд, фаҳмида мешавад.

Мавриди сертификатсияи ҳатмӣ воситаҳо, аз ҷумла истеҳсоли хориҷӣ, ки барои ҳифзи иттилоот таъин шудаанд ва сирри давлатиро ташкил менамоянд, инчунин дигар иттилоот бо маҳдудияти дастрасӣ, инчунин воситаҳое, ки дар идораи объектҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок истифода мешаванд, қарор мегиранд.Феҳристи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз тарафи мақомоти давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, кор карда баромада ва тасдиқ карда мешавад.Дар ҳолатҳои боқимонда сертификатсия хусусияти ихтиёрӣ (сертификатсияи ихтиёрӣ) дорад ва бо ташаббуси таҳиягар, тайёркунанда ё истифодабарандаи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба ҷо оварда мешавад.

Озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилоот аз тарафи марказҳои (лабораторияҳои) озмоишии ваколатдор дар базаи моддию техникии онҳо ё бо мувофиқа бо мақоми давлатие, ки системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ мекунад, дар базаи аризадиҳанда гузаронида мешавад.

Асоси гузаронидани корҳо ба сертификатсияи шартномаи байни иштирокчиёни сертификатсия мебошад.

Хароҷоти гузаронидани сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба арзиши аслии он дохил карда мешавад.

Қарори боздоштан ё бекор кардани амали сертификат ва шаҳодатномаи ваколатдориро мақоми давлатие, ки фаъолияти системаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мутобиқ менамояд, қабул мекунад.

Мақомоте, ки фаъолиятро оиди сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот ба амал мебароранд ва марказҳои (лабараторияҳои) озмоишӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда,таъмини нигоҳдории сирри давлатӣ, дигар маълумотҳои махфӣ, инчунин барои риояи ҳуқуқҳои муаллифии аризадиҳандагон ҳангоми озмоиши воситаҳои ҳифзи иттилооти онҳо ҷавобгар мебошанд.

Дар бораи амалҳои гайриқонунии мақомоти сертификатсияи мумкин аст ба тариқи судӣ шикоят карда шавад.                    

 

БОБИ IV. ФАЪОЛИЯТИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ  ДАР  CОҲАИ ҲИФЗИ ИТТИЛООТ

 

Моддаи 17. Ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи иттилоот

Бо мақсади таъмини ҳамкории байнидавлатӣ, мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда кори худро оиди ҳифзи иттилоот бо мақомоти ҳифзи иттилооти дигар давлатҳо тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамоҳанг месозанд.   

 

БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Барои вайрон намудани талаботи Қонуни мазкур ҷавобгарӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Товони зарари расонидашуда дар ҳаҷми пуррааш бо роҳи ихтиёрӣ ё бо тартиби судӣ рӯёнида мешавад.

 

Моддаи 19. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз нашри расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.     

 

   

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                       Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 2 декабри соли2002

№71

 

          

                     

 

 

   

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:06
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
86
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.12.2002

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  с. 2002, №11, мод. 741; с. 2006, №3, мод. 167;

с. 2007, №7, мод. 441; с. 2011, №12, мод. 850; с. 2014, №7, ќ. 2, мод. 418;

Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 с., №1345)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи обуҳавошиносӣ муқаррар намуда, ба таъмин намудани талаботи давлат, шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба маълумоти обуҳавошиносӣ, инчунин иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист равона гардидааст.

 

Боби 1.

Муқаррароти умуЇ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– фаъолияти обуҳавошиносӣ - раванди мушоҳидаи вазъи муҳити зист, ҷамъоварӣ, коркард, таҳдил, нигоҳдорӣ, пешниҳод, баамалбарории маълумот ва пешгӯии тағйирёбии вазъи муҳити зист, инчунин корҳои таъсиррасонии фаъолона ба раванди обуҳавошиносӣ ва дигар равандҳои геофизикӣ (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

– мониторинги муҳити табиии зист – мушоҳидаи дарозмӯҳлат ба вазъи муҳити зист, ҳодисаҳои табиии дар он баамалоянда, инчунин баҳодаҳӣ ва пешгӯии вазъи он (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

– нуқтаи статсионарии мушоҳидавҳ ба вазъи муҳити зист, (мннбаъд нуқтаи статсионарии мушоидавӣ) - маҷмӯе, ки қитъаи замин ё як қисми акваторияи (қитьаи баҳр, дарё ва ғайра) дар он асбобу анҷом ва таҷҳизотҳои барои муайян кардани хусусияти муҳити зист пешбинишударо дар бар мегирад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

– нуқтаи сайёри мушоҳидавӣ ба вазъи муҳити зист (минбаъд - нуқтаи сайёри мушоҳидавӣ) - маҷмӯе, ки аз платформаи (дастгоҳи парвозкунанда ё дигар воситаҳои ҳаракат) дар он асбобу анҷоми барои муайян кардани хусусияти муҳити зист насбшуда иборат аст (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

– шабакаи мушоҳидавӣ - маҷмӯи нуқтаҳои мушоҳидавии статсионарӣ ва сайёр, аз ҷумла ҷойҳои навбатдорӣ, стансияҳо, лабораторияҳо, марказҳо, идораҳои обуҳавошиносӣ, расадхонаҳо барои мушоҳида ба равандҳои физикӣ ва кимиёвии дар муҳити зист ба амалоянда ва муайян намудани хусусиятҳои ҳавошиносӣ, иқлимӣ, аэрологӣ, обшиносӣ, яхшиносӣ гелиогеофизикию ҳавошиносии кишоварзии пешбинишуда, инчунин барои муайян кардани дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера, хок ва иншооти обӣ (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

– шабакаи давлатии мушоҳидавӣ - шабакаи мушоҳидавии мақомоти махсуси ваколатдоркарашуда дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва соҳаҳои ба он наздик (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

– иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист - маълумоте, ки дар натаҷаи мониторинги муҳити зист ба даст оварда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

– иттилооти таъҷилӣ - иттилооти таъҷилан интиқол додашаванда оид ба ҳодисаҳои хатарноки табиӣ, тағйироти ногаҳонии амалӣ ва пешбинишавандаи обу ҳаво ва ифлосшавии муҳити зист, ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ ва муҳити зист зарар расонда метавонанд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

- маводи иттилоотӣ – иттилооти ҷамъбастшудаи дар натиҷаи таҳлили маълумот бадастовардашуда, ки барои паҳнкунӣ ва истифода  пешбинӣ  шудааст (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

- иттилооти таъиноти умумӣ – иттилооти дастраси коркардшуда оид ба вазъи воқеӣ ва пешгуишавандаи муҳити зист ва сатҳи олудашавии он (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

- иттилооти махсус – иттилоот дар бораи обуҳавошиносӣ, ки дар асоси шартнома пешниҳод мешавад ва барои омодасозии он гузаронидани корҳои иловагӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилооти мазкур, зарур аст (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

– таъсиррасонии фаъолона - таъсиррасонӣ ба равандҳои ҳавопшносӣ ва дигар равандҳои геофизикӣ бо мақсади ба танзим даровардани онҳо ва кам кардани зарари эҳтимолӣ аз ин равандҳо ба аҳолӣ ва иқтисодиёт (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

– ташкилотҳои махсусгардондашудаи таъсиррасоиии фаъолона ба равандҳои ҳавошиносӣ - шахсони ҳуқуқие, ки растаниҳои кишоварзиро аз жола ҳимоя карда, боришот, парокандашавии туман ва тармафароиро ба танзим медароранд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

– стансияҳои дурдаст – стансияҳое, ки аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот дар масофаи дур ва шароити мураккаби физикию ҷугрофӣ воқеъ гардида, бо онҳо алоқаи мунтазами нақлиётӣ вуҷуд надорад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345).

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, иборат мебошад.

 

Боби 2.

Танзим ва идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиносЇ

 

Моддаи 3. Самтҳои асосии танзим ва идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Самтҳои асосии танзими давлатии фаъолияти обуҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд:

- ташаккул додан ва таъмин намудани кори шабакаи давлатии мушоҳидавӣ;

- таъмин намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳолӣ бо иттилоот дар бораи вазъи воқеӣ ва пешбинишавандаи муҳити зист, аз ҷумла ахбори таъҷилӣ;

- муайян кардани талабот ба маводи иттилоотӣ;

- муайян кардани номгӯи корҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, ташкил ва таъмини иҷрои онҳо;

- ташаккул додани захираҳои иттилооти давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, таъсис додан ва ба роҳ мондани кори фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи муҳити табиии зист;

- ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба таъсиррасонии фаъолона ба равандҳои ҳавошиносӣ ва дигар равандҳои геофизикӣ, инчунин назорати давлатӣ ба гузаронидани ин корҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмин намудани муҳофизати шабакаи мушоҳидавии давлатӣ;

- иштирок дар ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ;

- додани иҷозатномаи (литсензия) фаъолият дар соҳаи обуҳавошиносӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 4. Идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиносиро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки шарту тартиби амалӣ гардонидани фаъолияти обуҳавошиносиро муайян менамоянд;

- ба амал баровардани сиёсати тарифӣ ва кредитию молиявӣ;

- тасдиқи сохтори мақомоти ваколатдоршудаи идораи давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ;

- муайян кардани тартибу шартҳои гузаронидани мониторинги муҳити зист;

- ҳифз ва муайян кардани меъёрҳои бехатарӣ ҳангоми таҳқиқи ҳолати муҳити зист, инчунин дар раванди иҷрои он дар шароити махсус;

- муқаррар намудани тартиби ҷуброни зарар (зарари воқеӣ, фоидаи аздастдода) ва зарари расида дар раванди фаъолияти обуҳавошиносӣ;

- ташкили ҳамкории байналмилалӣ дар фаъолияти обуҳавошиносӣ ва иштирок дар шабакаи байналмилалии обуҳавошиносӣ;

- ҳалли дигар масъалаҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 6.  Ваколати иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба фаъолияти

                      обуҳавошиносӣ

                                                               (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1121; ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345)

 

Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд: (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1121)

- тасдиқи самтҳои барномаҳои маҳаллии соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ;

- тасдиқи сметаи маблағтузорӣ ба барномаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ба фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ва инкишофи инфрасохтори иҷтимоӣ, ки барои иҷрои ин барномаҳои мақомоти худудии мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ ҷалб карда шуданд;

- назорат ба фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба фаъолияти обуҳавошиносӣ дар ҳудуди тобеи онҳо машғуланд;

- бо тартиби муқаррарӣ додани қитьаҳои замин ва объектҳои об барои ташкили шабакаҳои мушоҳидакунии (нуқтаҳои алоҳидаи статсионарии мушоҳидакунӣ) ҳолати муҳити зист;

- ҳалли дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 7. Ваколати махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти

                     обуҳавошнносӣ

                                     (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345)

 

Салоҳияти мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд:

- гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ, таҳия ва ба амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ, кору чорабиниҳо оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ;

- тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули методикаи муайян намудани тартиби мушоҳидаи ҳолати муҳити зист;

- ба роҳ мондани фаъолият ва инкишофи соҳаи обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мутобиқ сохтани фаъолияти субъектҳои соҳаи обуҳавошиносӣ, ки ба мақомоти давлатии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешаванд;

- ҳамоҳангсозии пешбурд ва ҳалли масъалаҳои марбут ба таъғйирёбии иқлим (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

- ташкил ва таъмини системаи давлатии мушоҳидавӣ, ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил, маҳфуздорӣ, пешниҳод ва ба амал баровардани маълумотҳо дар бораи ҳолати муҳити табиии зист;

- таъмини истифодабарандагон бо маълумоти воқеӣ ва пешгӯӣ дар бораи ҳолати муҳити табиии зист, аз ҷумла маълумоти таъҷилӣ дар ин хусус;

- додани пешгӯиҳои расмӣ, дигар маводи иттилоотӣ оид ба арзёбии ҳолати муҳити зист;

- ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба баҳодиҳӣ ва пешгӯии ҳолати муҳити зист;

- ҳалли дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Боби 3.

Фаъолияти обуҳавошиносЇ.

Обьектҳо ва субъектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Моддаи 8. Принсипҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Фаъолияти обуҳавошиносӣ бо риоя намудани принсипҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

- мушоҳидаи ҳаматарафа ва бефосила ба вазъи муҳити зист;

- ягонагӣ ва муқоисашавандагии усулҳои мушоҳидакунӣ ба вазъи муҳити зист, инчунин усулҳои ҷамъкунӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани иттилооте, ки дар натаҷаи мушоҳидакунӣ ба даст оварда шудааст;

- бехатарии гузаронидани корҳо оиди таъсири фаъолона ба равандҳои ҳавошиносӣ ва дигар равандҳо;

- якҷоя кардани тартиби дохилидавлатӣ ва байналмилалии мониторинги муҳити зист;

- самаранокии истифодаи иттилоот дар бораи вазъи воқеӣ ва пешбинишавандаи муҳити зист;

- мутобиқати фаъолияти мақомоти обуҳавошиносӣ бо вазифаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ;

- пурра, дуруст ва сари вақт дастрас будани иттилоот дар бораи ҳолати воқеию пешбинишавандаи муҳити зист ва самарабахш истифода бурдани он.

 

Моддаи 9. Объектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Ба объектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ иқлим, шароити ҳавошиносӣ ва обшиносӣ, тағйири муҳити зист дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ, дохил мешаванд.

 

Моддаи 10. Субьектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Субъекҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ инҳо мебошанд:

- мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва ташкилотҳои минтақавии он;

- ташкилотҳои шабакаи мушоҳидакунӣ;

- дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки фаъолияти обуҳавошиносиро дар асоси иҷозатнома (литсензия) ба амал мебароранд.

 

Моддаи 101 . Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони  мақомоти обуҳавошиносӣ

 

Кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:

- пӯшидани либоси махсус ва доштани нишони фарқкунанда;

- гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи ғайринизомии намуди худмуҳофизатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

- ҳуқуқҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд.

Кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ ӯҳдадориҳои зерин доранд:

- риоя намудани интизоми хизматӣ;

- таъмини хифзи моликияти давлатӣ;

- балнд бардоштани сатҳи касбӣ ва тахассусӣ;

-ӯҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян кардаанд.

(ҚҶТ аз 26.12.11с., №786)

 

Боби 4.

Асосҳо ва тартиби анҷом додани фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Моддаи 11. Иҷозатномадиҳии  фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту равандҳои обуҳавошиносӣ ва геофизикӣ, тибқи Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 12. Намудҳои мушоҳидаи вазъи муҳити зист

 

Мушоҳидаи вазъи муҳити зист ба навъҳои зерин тақсим мешавад:

- ҳавошиносии назди заминӣ;

- обшиносӣ;

- яхшиносӣ;

- ҳавошиносии кишоварзӣ;

- актинометрӣ ва тавозуни гармӣ;

- аэрологӣ;

- ҳавошиносии радиолокатсионӣ;

- озонсанчӣ;

- дараҷаи ифлосшавии атмосфера, обҳо, хок, замин, қабати барф, олами наботот.

Мушоҳида ба вазъи муҳити зист нисбати дигар ҷузъиёти муҳити зист, инчунин дар шароити махсус ва ба мақсадҳои мудофиа низ сурат гирифта метавонад.

 

Моддаи 13. Фаъолияти мақомоти обуҳавошииосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи

                       ҳавошнносӣ

 

Фаъолияти мақомоти обуҳавошиносӣ дар соҳаи ҳавошиносӣ ба муайян кардани вазъият ва инкишофи ҳодисаҳои ҳавошиносӣ, равандаои техногенӣ, физикӣ, кимиёвӣ ва дигар равандҳо дар атмосфера ҳангоми таъсири мутақобила бо дигар объектҳои муҳити зист нигаронида шудааст.

Бо мақсади ба даст овардани маълумотҳои ҳавошиносӣ дар баландиҳои дараҷаи стандартӣ ва махсуси атмосфера мушоҳидаи аэрологӣ гузаронида мешавад.

Барои омӯхтани таъсири шароитҳои ҳавошиносӣ ба инкишофи зироатҳои кишоварзӣ ва парвариши ҳосил назорати ҳавошиносии кишоварзӣ анҷом дода мешавад.

Вазифаҳои асосии фаъолияти обуҳавошиносӣ дар соҳаи ҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмин намудани ташкилотҳои пешгӯи бо маълумотҳои зарурӣ барои тартиб додани пешгӯии ҳамаи талаботи обуҳавошиносӣ ва огоҳ намудан аз шароитҳои номусоиди дарназардошта;

- огоҳ кардани мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз ҳодисаҳои хавфнок ва табиии атмосфера ё равандҳои иқлимӣ, дигар тағйиротҳои ҳавошиносии муҳити зист;

- ҷамбасти маълумотҳои боэътимод дар бораи низоми ҳавошиносӣ ва радиатсионӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 14. Фаъолияти мақомоти обуҳавошиносӣ дар соҳаи обшиносӣ

 

Фаъолияти мақомоти обуҳавошиносӣ дар соҳаи обшиносӣ ба мақсади ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳолати дарёҳо, кулҳо, обанборҳо, каналҳо, дигар объектҳои об ва умуман дар бораи захираи оби рӯи заминӣ, ки ба мақсадҳои зерин зарур аст, анҷом дода мешавад:

- қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва хоҷагии халқ ба маълумотҳои оид ба тағйирёбии низомҳои обшиносии объектҳои об ва ҳодисаҳои хавфноки обшиносӣ;

- омӯхтани қонуниятҳои фазоию муваққатии низоми обшиносӣ, бурдани ҳисоботи давлатии обҳо, кадастри об, ҳисоби захираҳои об ва тавозуни оби ҳавзаҳо ва ҳудудҳои обӣ, баҳодиҳӣ ба таъсири фаъолияти хоҷагӣ ба низоми объектҳои об ва захираҳои об.

 

Моддаи 15. Мушоҳида ва назорати мақомоти обуҳавошиносӣ ба сатҳи ифлосшавии

                         муҳити зист

 

Мақомоти обуҳавошиносӣ ба сатҳи ифлосшавии атмосфера, обҳои рӯизаминӣ, хок, замин, олами наботот ва қабатҳои барф бо мақсади муайян намудани сарбории антропогении ин объектҳои муҳити зист аз ҳисоби партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва аз сарҳад воридшавии онҳо назорат ва мушоҳида мекунад, инчунин ба ифлосшавии радиоактивии атмосфера, об, хок, замин ва таҳшинҳои зери замин мушоҳида ва назорат мебарад.

Номгӯи моддаҳои ифлоскунандаро, ки онҳо мавриди мушоҳида ва назорат қарор мегиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 16. Фаъолияти обуҳавошиносӣ дар шароити махсус

 

Фаъолияти обуҳавошиносӣ дар шароити махсус (офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳо ва дигар вазъиятҳои фавқулодда, барҳам додани оқибатҳои онҳо) қисми таркибии амали системаи давлатии пешгирӣ ва барҳамдиҳии оқибатҳои вазъияти фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мебошад.

Ҳангоми офатҳои табиӣ, фалокатҳо ё садамаҳо, ки боиси ифлосшавии муҳити зист гардидаанд ё боиси он шуда метавонанд, мушоҳидаҳои иловагӣ ба тағйироти муҳити зист гузаронида мешавад.

 

Моддаи 17. Мониторинги ҳолати муҳити зист

Амалӣ намудани мушоҳидаҳо ва фаъолияти дигари пешбининамудаи моддаҳои 12-16 Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти обуҳавошиносӣ асоси мониторинги ҳолати муҳити зист ба ҳисоб меравад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345).

 

Моддаи 18. Нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакунӣ ва ҳифзи онҳо

 

Воҳиди ибтидоии истеҳсолии системаи миллии обуҳавошиносӣ ва шабакаи байналмилалии обуҳавошиносӣ, ки дар бораи ҳолати муҳити зист бевосита маълумот гирифта, онро кор карда, ба марказҳои обуҳавошиносӣ пешниҳод менамояд, нуқтаи шабакаи мушоҳидакунӣ мебошад.

Вайрон кардан ё ба ҷои дигар кучонидани нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакунӣ, инчунин кушодани объектҳои нав ё бастани объектҳои амалкунанда, ки ба шабакаи давлатии мушоҳидакунӣ дохил мешаванд, танҳо бо иҷозати мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1121)

Бо мақсади ба даст овардани маълумоти боэътимод дар бораи гузариши равандҳои табиӣ дар ҷойҳои гузаронидани мушоҳидаи ҳолати муҳити зист дар атрофи нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакунӣ, минтақаҳои муҳофизатӣ ҷорӣ намуда, дар онҳо фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият маҳдуд карда мешавад.

Тартиби муқарар кардани минтақаҳои муҳофизатӣ ва номгӯи маҳдудиятҳои фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолиятро дар онхо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Барои ҷойгаркунии шабакаҳои мушоҳидакунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ва акваторияи обӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад

Соҳибони заминҳо, заминистифодабарандагон ва дигар истифодабарандагони табиат, ки дар қитъаҳои замини онҳо нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакунӣ ҷойгир шудаанд, ӯҳдадоранд барои ба ин нуқтаҳо омада анҷом додани корҳои мушоҳидавӣ, интихоби намунаҳо, таъмиру барқарорсозӣ ва дигар корҳо имконият фароҳам оваранд.

 

Моддаи 19. Маблағгузорӣ ба фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Таъминоти молиявии фаъолияти давлатии обуҳавошиносӣ аз ҳисоби маблағҳои зерин сурат мегирад:

- буҷети давлатӣ;

- маблағҳои махсуси ҳифзи муҳити зист (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345);

- манбаҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фаъолияти обуҳавошиносӣ мумкин аст дар асоси шартнома аз рӯи фармоишҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ бидуни расондани зарар ба иҷрои ҳаҷми корҳое, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мегардад, низ иҷро карда шавад.

Корҳо дар соҳаи обуҳавошиносӣ ҳангоми барҳам додани оқибатҳои вазъияти фавқулода аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд.

 

Боби 5.

Иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист

 

Моддаи 20. Категорияҳои дастрасшавии иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист ва маводи

                        иттилоот

 

Иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист ва маводи иттилоотӣ ошкоро ва ба ҳама дастрас мебошад, ба истиснои иттилоот, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи дастрасшавии маҳдуд мансуб дониста шудааст.

Иттилооти таъиноти умумӣ ба гурӯҳи захираҳои ҷумҳуриявии иттилоот дар соҳаи обуҳавошиносӣ мансуб дониста мешавад.

 

Моддаи 21. Фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи вазъи муҳити зист

 

Фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи вазъи муҳити зист, дар асоси ҷамъкунӣ, коркард, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани иттилоотӣ барасмиятдаровардашуда дар бораи вазъи муҳити зист ташаккул меёбад.

Таркиб ва сохтори маълумоти барасмиятдаровардашуда дар бораи вазъи муҳити зист, инчунин тартиби ташаккул додан ва ихтиёрдорӣ кардани фонди ягонаи давлатии маълумотро дар бораи вазъи муҳити зист Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 22. Тартиби пешниҳод кардани иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист аз тарафи

                       шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ

 

Пешниҳод кардани иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист, аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 23. Шартҳои ба истифодабарандагон (истеъмолкунандагон) пешниҳод намудани

                        итталоот ва маводи иттилоотӣ дар бораи вазъи муҳити зист

 

Иттилоот ва маводи иттилоотӣ дар бораи вазъи муҳити зист ба истифодабарандагон бепул, инчунин дар асоси шартномаҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳрии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Иттилоотӣ таъиноти умумӣ ба истифодабарандагон дар шакли матнҳо ба тарзи хаттӣ, таблитсаҳо ва ҷадвалҳо ба воситаи алоқаи почта, тавассути воситаҳои ахбори умум ва алоқаи электронӣ мувофиқи тартиби иттилоотӣ доимӣ ё аз рӯи дархости истифодабарандагон расонида мешавад.

Иттилооти махсус дар бораи вазъи муҳити зист ба истифодабарандагон дар асоси шартнома расонида мешавад.

Мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ вазифадораст, ки ба истифодабарандагон ба таркиби иттилооти пешниҳодшуда оид ба вазъи муҳити зист, дар бораи шаклҳои расонидани ин иттилоот ба ташкилотҳое, ки ба истифодабарандагон хизмати ахборотӣ мерасонанд, маълумот диҳад.

Тартиби пешниҳод намудани иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ давлатҳои хориҷӣ бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 51. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР СОҲАИ ОБУҲАВОШИНОСЇ

(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345)

 

Моддаи 231. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ

Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккул ва рушди шабакаҳои байналмилалии мушоҳидавӣ ва мубодилаи иттилооти байналмилалӣ дар бораи муҳити зист васатҳи олудашавии он мусоидат менамояд.

Мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахсони воқеиро ҳангоми амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ   дар соҳаи обуҳавошиносӣ,таъмин месозад.

Тартиби иштироки мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ дар ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар мубодилаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист, дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1345).

 

Боби 6.

Муқаррароти хотимавЇ

 

Моддаи 24. Назорати давлатӣ ба амалӣ гаштани фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Вазифаи назорати давлатӣ ба амалӣ гаштани фаъолияти обуҳавошиносӣ аз ҷониби ҳамаи иштирокдорони он новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеъият иҷро намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ мебошад.

Ба амалӣ гаштани фаъолияти обуҳавошиносӣ мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ ва мақомоти ҳудудии он бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон назорати давлатӣ мебаранд.

 

Моддаи 25. Ҳалли баҳсҳо байни иштирокдорони фаъолияти обуҳавошиносӣ

 

Баҳсҳои байни истеҳсолкунандагон ва истифодабарандагони маълумот дар бораи ҳолати муҳити зист бо тартиби суди баррасӣ мешаванд.

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Конуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                      Э. РАҲМОНОВ

     

ш. Душанбе, 2 декабри соли 2002

№86

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭХТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:15
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Аз эътибор соқитшуда
Сана: 
22.04.2003

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи истеҳсол ва муносибати эхтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.131; соли 2007,  №5, мод. 368; Қонуни ҶТ аз 03.07.2012с., №873)

 

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии истеҳсол ва муносибати эҳтиёткоронаро бо пеститсидҳо, аз ҷумла бо моддаҳои таъсирбахши онҳо ва ҳамчунин бо агроқимиёҳо бо мақсади ҳифзи сиҳатии одамон ва муҳити зист, муқаррар менамояд.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

Пеститсидҳо – моддаҳои қимиёвӣ ё биологӣ мебошанд, ки барои мубориза бар зидди организмҳои зараррасон (касалиҳои растанӣ, алафҳои бегона, микроорганизмҳо, ки сабабгори талафи маҳсулоти  кишоварзӣ ва масолеҳ, паразитҳо, паҳнкунандагони касалиҳои одам ва ҳайвонот мебошанд), инчунин барои пеш аз ғунучин резонидани барги растанӣ (дефолиантҳо), барои пеш аз ғунучин хушконидани растанӣ (десикантҳо), барои дур кардан, ҷалб кардан ва тамъизкунии хашаротҳо таъин гардидаанд;

агрокимиёҳо – нуриҳо, мелиорантҳои (ғизодоруҳои) кимиёвӣ, иловаҳои ғизоӣ, ки барои сабзишу инкишофи растанӣ, танзими ҳосилхезии хок ва хӯроки чорво заруранд;

моддаи таъсирбахши пеститсид - ҷузъи аз ҷиҳати биологӣ фаъоли пеститсид, ки дар шаклҳои гуногун истифода кардани он чун заҳр ба ин ё он хели организмҳои зараровар, ё худ чун дору ба инкишоф ва нашъунамои растанӣ таъсир мерасонад;

ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо  бақадйдгирии пеститсидҳо ва агроқимиёҳо, ки дар асоси он мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро бо роҳи гузаронидани санҷишҳои қайдшавандаи лабораторӣ ва таҷрибаҳои саҳрои ба қайди давлатӣ мегирад, ба истеҳсол, истифода, фурӯш, кашонидан, нигоҳ доштан, нобуд кардан, реклама кардан, ворид намудани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба ҷумҳурӣ ва содир кардани онҳоро аз ҷумҳурӣ, иҷозат медиҳад;

дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо – талабҳои ҳатмӣ оиди шароит ва тартиби истифодабарии пеститсидҳо ва агроқимиёҳо;

таҳиякунанда - шахси вокеӣ ё ҳуқуқие, ки пеститсидҳо, ё агроқимиёҳоро кор карда мебарорад, коршоямӣ, хосиятҳои заҳрнокӣ ва ба муҳити зист таъсир доштан ё надоштани онҳоро таҳқиқ, мекунад;

тайёркунанда - шахси вокеӣ ё ҳуқуқие, ки истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро амалӣ мегардонад;

вазъи фитосанитарӣ – ҳолати замин, ҷангал ва наботот, ки бо миқдори ҳашароти зараррасони растанӣ, паҳншавии касалиҳои растанӣ ва мавҷуд будани алафи бегона, муайян карда мешавад;

мониторинги фитосанитарӣ - пешгӯӣ ва муқаррар кардани ҳадди эхтимолии паҳншавӣ, миқдор, суръати инкишоф ва зарароварии организмҳо.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Қонунгузории Ҷумҳурии   Тоҷикистон   оиди истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба он қабул карда мешаванд, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Мавриди муомилот қарор додани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳои аз кайди давлатӣ гузаштаро, ки барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона фурӯхтан ё худ бо усулҳои дигар аз як шахс  ба  шахси дигар додан, мумкин аст.

Пеститсидҳо ва агроқимиёҳое, ки ба Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда дохил нагардидаанд, мавриди муомилот қарор додан, манъ аст.

Муомилоти пеститсидҳои истифодаашон маҳдуд, ки дар натиҷаи таҳқиқоти қайдшаванда эҳтимолияти ба саломатии одамон ва муҳити зист таъсири манфӣ расонданашон муқаррар гардидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муомилот қарор дода мешаванд.

 

 

БОБИП.  САЛОҲИЯТИ  ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҚОМИ МАХСУСИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР  СОҲАИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агроқимиёҳо

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дохил мешаванд:

пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

амалӣ гардонидани назорати давлатии иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агроқимиёҳо;

муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

 ба роҳ мондани ҳамкории байналмилали дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо.

 

Моддаи 6. Салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

ташкили озмоишҳои қайдшаванда, экспертизаи натиҷаи озмоишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

ташкили корҳои стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

амали гардонидани дигар ваколатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

 

БОБИШ. ИДОРАИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО

 

Моддаи 7. Идораи давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Идораи давлатиро дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ё худ ба воситаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардонад.

Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо мутобиқи низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон фаъолият мекунад.

 

Моддаи 8. Ташкили санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ мутобиқи низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

 

Моддаи 9. Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо барои тайёр кардан ва асоснок намудани дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо гузаронида мешаванд. Дастури мазкур истифодаи самарабахши пеститсидҳо, агрокимиёҳо ва бехатарии онҳоро барои саломатии одамон ва муҳити зист таъмин менамояд.

Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро шахсони ҳуқуқие амалӣ менамоянд, ки барои ин заминаи илмӣ ва моддию техникӣ дошта, мутахасисони соҳавии дорои маълумоти дахлдор доранд ва аз тарафи макоми махсуси ваколатдори давлатӣӣ, ки ташкили санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар зиммаашон аст, ба гузаронидани ин санҷишҳо роҳ  дода шудаанд.

Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз амалҳои зерин иборатанд:

муайян кардани истифодаи самараноки пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ва тартиб додани низомномаи истифодабарии онҳо;

баҳодиҳии хавфи таъсири манфии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба саломатии одамон ва тартиб додани меъёрҳои санитарию гигиенӣ;

баҳодиҳии экологии дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;

экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо.

Шахсоне, ки барои бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дархост додаанд, вазифадоранд:

Намунаҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро барои санҷиши қайдшавандаи онҳо бепул пешниҳод намоянд;

хароҷоти санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳои дархостшударо пардохт кунанд.

 

Моддаи 10. Экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо иҷрои амалҳои зайлро дар бар мегирад:

экспертизаи экологии давлатии натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз ҷониби мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;

экспертизаи токсикологӣ - гигиенӣ, ки аз ҷониби мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ гузаронида мешавад;

экспертизаи дастури истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ ташкил карда, санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ба роҳ мемонад.

Тартиби гузаронидани эксиертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 11. Принсипҳои экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо принсипҳои зерин асос меёбад:

ҳатман гузаронидани он;

аз ҷихати илмӣ асоснок будани хулосаҳои он;

мустақилияти экспертҳо дар мавриди иҷро намудани ваколатҳои худ;

таъмини махфияти маводиба экспертизаиэкологӣ пешниҳодшаванда; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №873)

пулаки гузаронидани он.

Муҳлати гузаронидани экспертиза набояд аз дах моҳ зиёд бошад.

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқие, ки барои аз қайди давлатӣ гузаронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дархост додаанд, ҳамчунин таҳиякунанда ҳуқуқи дар экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо иштирок карданро надоранд.

Аз хулосаи экспертизаи натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Тартиб ва ташкили гузаронидани экспертизаи натиҷаи санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷиши қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, муайян мекунад.

 

Моддаи 12. Ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии онҳоро ташкил менамояд, дар асоси хулосаи экспертиза ба мӯҳлати ду сол дар мавриди зарурати гузаронидани тадқиқоти иловагӣ аз рӯи таъсири манфии онҳо ба саломатии одамон ва муҳити зист ба қайди давлатӣ мегирад. Дар ҳолатҳои дигар пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба мӯҳлати даҳ сол ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.  

Бақайдгирии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо то ба охир расидани мӯхлати нишондодашуда ҳангоми пайдо шудани маълумотхои нав дар бораи хавфнокии онҳо, бекор карда ё  боздошта  мешавад.                                                                             

Тартиби ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, муқаррар мекунад.

Ба шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ бо қарори мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дода мешавад. Шакли чунин шаҳодатномаи бақайдгириро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, муқаррар мекунад.

Пеститсид ё агрокимиёҳое, ки барои истифодабарии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, ба Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дохил карда мешаванд.

Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳои истифодаашон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додашударо. мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо на агрокимиёҳоро ба роҳ мемонад, тартиб медиҳад.

 

Моддаи 13.  (Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 12.05.07с  №263)

 

Моддаи 14. Стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо мутобиқи стандартҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии бо маққоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо мувофиқашуда, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳо оиди мутобиқ буданашон ба талаботи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ташкил менамояд, сертификатсия карда мешаванд.

 

Моддаи 15. Назорати давлатӣ оиди истеҳсол ва муносибати зҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Назорати давлатӣ оиди истеҳсол ва   муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститисидҳо ва агрокимиёҳо амалӣ мегардонад.

Тартиби ба роҳ мондани назорати давлатӣ оиди истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

 

БОБИ IV. ТАЛАБОТИ УМУМӢ ОИДИ ИСТЕҲСОЛ ВА МУНОСИБАТИ ЭҲТИЁТКОРОНА БО ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО

 

Моддаи 16. Кор карда баромадани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои нав

Ҳангоми кор карда баромадани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои нав бояд шароити меҳнат, тарзи ҳифзи саломатии одамон, муҳити зист ва усулҳои назорати дар ин соҳа истифодашаванда, ки онҳо хавфу хатари ба саломатии одамон ва мухити зист таъсири манфӣ расонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро пурра аз байн мебаранд ё худ ба ҳадди камтарин паст мекунанд,  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда шаванд.

Таҳиякунанда вазифадор аст хосиятҳои заҳрнокии пеститсидҳо ё агрокимиёҳои ҳосилшударо ҷиҳати таъсирнокиашон ба муҳити зист барои таъмини тадбирҳо оиди муносибати эҳтиёткорона бо онҳо, таҳқиқ, намояд.

 

Моддаи 17. Маълумот дар бораи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Бо мақсади истифодабарандагонро таъмин намудан бо маълумот дар бораи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо шахсоне, ки аз қайди давлатӣ гузаронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дархост кардаанд, ҳангоми ба қайди давлатӣ гирифтан дар бораи кашонидан, истифода ва нигоҳдошти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо. ҳамчунин тамғақоғази борҷомаи дорои аломату нишони огоҳонӣ, тавсияномаҳо пешниҳод мекунанд.

Талаботро нисбати шаклу тартиби тасдиқи тавсияномаҳои кашонидан, истифода ва нигоҳдошти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ҳамчунин нисбати тамғақоғази борҷома мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, ки санҷишҳои қайдшаванда ва ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агроқимиёҳоро ташкил менамояд, муқаррар мекунад.

Ҳангоми фурӯхтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо фурӯшанда вазифадор аст. ба ҳар кадом зарфи дорои пеститсидхо ё агрокимиёхо тавсияномаи истифода, кашонидан ва нигохдошти пеститсидхо ва агрокимиёхо, хамчунин тамғақогази борҷомаро таъмин намояд.

Рекламаи пеститсидҳо ва агроқимиёҳои аз қайди давлатӣ нагузашта манъ аст.

 

Моддаи 18. Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Тайёркунандаи пеститсидхо ва агрокимиёхо вазифадор аст:

истеҳсоли пеститсидхо ва агрокимиёхоро мутобики хуччатхои меъёри таъмин намояд;

пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дар халта, кутти ва зарфхои барои истифодабарандагон кулай ҷой намояд, аз он ҷумла барои савдои чакана барорад;  

асбобҳои таҳлилиро, ки ба воситаи онҳо камтарин миқдори пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар таркиби маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хоми дорувор, озуқа ва муҳити зист назорат карда мешавад, таъмин намояд;

агар истифодаи безарари пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ҳангоми иҷрои тавсияҳо оиди истифода, кашонидан ва нигоҳ доштани онҳо ё ҳангоми риояи маҳдудиятҳо ҷиҳати истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо имконнопазир бошад, фурӯш ва истифодаи онҳоро қатъ карда, партов намудани чунин пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро ба роҳ монад.

Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳои аз қайди давлатӣ нагузашта манъ аст.

 

Моддаи 19. Нигоҳ доштани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Нигоҳдории пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар анборҳои махсусе, ки танҳо барои нигоҳ доштани онҳо таъин гардидаанд, иҷозат дода мешаванд.

Пеститсидҳоро бе зарф нигоҳ доштан манъ аст.

Ҳангоми нигоҳ доштани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо қоидаҳоеро риоя кардан зарур аст, ки расонидани зарарро ба саломатии одамон ва муҳити зист пешгирӣ менамоянд.

Қоидаҳои нигоҳ доштани пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муносибати эҳтиёткорона бо пестититисидҳо ва агрокимиёҳо,   муқаррар менамояд.

 

Моддаи 20. Кашонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро танҳо бо воситаҳои наклиёти махсус таҷҳизонидашуда кашонидан мумкин аст.

Ҳангоми кашонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои аз тарафи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ мутобиқи онҳо нашршаванда, ки таъсири манфии пеститисидҳо ва агрокимиёҳоро ба саломатии одамон ва муҳити зист бартараф мекунанд, ҳатман риоя кардан зарур аст.

 

Моддаи 21. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир намудани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати мавҷуд будани шаҳодатномаи қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки мақоми махсуси ваколатдори давлатии ташкилкунандаи санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститисидҳо ва агрокимиёҳо медиҳанд, ба ҷумхурӣ ворид ва аз он содир карда мешаванд.  

Дар шартномаҳои хариду фурӯш ва кашонидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бояд шарти мавҷуд будани шаҳодатномаи қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки мақоми махсуси ваколатдори давлатии ташкилкунандаи санҷишҳои қайдшаванда ва бақайдгирии давлатии пеститисидҳо ва агрокимиёҳо медиҳанд, пешбинӣ шуда бошад.

 

Моддаи 22. Истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Тартиби истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо назардошти вазъи фитосанитарӣ, санитарию экологӣ, талаботи растаниҳо ба агрокимиёҳо, ҳолати ҳосилхезии хок ва ҳамчунин бо назардошти таркиби хӯроки ҳайвонот, муайян мекунанд.                   

Бехатарии истифодаи пеститисидҳо ва агрокимиёҳо бо риояи дастурҳои муқарраргардида ва қоидаҳои истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки таъсири манфии онҳоро ба саломатии одамон ва муҳити зист бартараф мекунанд, таъмин карда мешавад.

Пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро танҳо бо истифодаи техникаю таҷҳизоти махсус истифода бурдан мумкин аст.

 

Моддаи 23. Хариду фурӯши пеститсидҳо  ва  агрокимиёҳо

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба савдои яклухт ва чакана машғуланд, ҳуқуқ доранд пеститсидҳо ва агрокимиёҳоеро, ки аз қайди давлатӣ гузашта, дар Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дохил шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки истифодаашон дар ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозат дода шудааст, хариду фурӯш намоянд.

Пеститсидҳои истифодаашон маҳдудро танҳо шахсоне, ки маълумоти махсуси касбӣ доранд, фурӯхта метавонанд.

 

Моддаи 24. Безарар гардонидан, партов, нобуд кардан, гӯронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои корношояму истифодаашон манъшуда ва зарфҳои онҳо

Безарар гардонидан, партов, нобуд кардан, гӯронидани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои корношояму истифодаашон манъшуда, инчунин зарфҳои онҳоро кормандоне, ки маълумоти махсуси касбӣ доранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонанд.

Тарзу усулҳои нобуд кардани пеститсидҳо ва агрокимиёҳои корношояму истифодаашон манъшуда, ҳамчунин зарфҳои онҳоро тайёркунандагони пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо мувофиқаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ таҳия мекунанд.

 

Моддаи 24 Ҳифзи маҳфияти иттилооти дорои маълумот оид ба пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Бо мақсади ҳифзи иттилооти махфии дорои маълумот оид ба пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, дорандаи он ҳуқуқ дорад, ҷиҳати ҳифзи иттилооти махфӣ, инчунин тартиби ба шахсони сеюм ошкор кардани он тадбирҳо андешад.

Махфияти иттилооти махфи дорои маълумот оид ба пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дорандаи он дар сурати муқарар менамояд, ки иттилооти мазкур:

иштифодааш маҳдуд ва маълум ба умум нест;

дорои арзиши тиҷоратӣ мебошад.

Низоми махфияти иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри тиҷоркатӣ муқарар карда мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №873)

 

БОБИ V. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 25. Ҳалли баҳсҳо хангоми фаьолият дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Баҳсхое, ки ҳангоми фаъолият дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба амал меоянд, аз тарафи суд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 26.Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қонунгузориро дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                           Э. РАҲМОНОВ

             ш. Душанбе  

22 апрели соли 2003

             №1

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:18
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
9
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
22.04.2003

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)

(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2003, №4, мод.139;

Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; с. 2016, №11, мод. 891; ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580)

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии иҷораи молиявӣ (лизинг)-ро  (минбаъд - лизинг) муайян намуда, муносибатҳое, ки дар раванди фаъолияти лизингӣ ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур

Соҳаи татбиқи Қонуни мазкур лизинги  молу мулке мебошад, ки ба ашёҳои ғайриистеъмолӣ мансуб буда, бо мақсади соҳибкорӣ барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода мешаванд.  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

                  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

- лизинг – маҷмӯи муносибатҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки ба иҷрои шартномаи лизинг вобастаанд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

- лизинги молиявӣ – намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани муҳлати он ҳуқуқи моликият ба  мавзӯи лизинг метавонад тибқи шартнома ба лизинггир гузарад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

- лизинги амалиётӣ – намуди лизинг, ки баъди ба анҷом расидани муҳлати он  мавзӯи лизинг ба моликияти лизинггир намегузарад ва ба лизингдеҳ баргардонида мешавад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

- лизинги баргардонидашаванда – намуди лизинг, ки тибқи он лизинггир молу мулки худро ба лизингдеҳ бо шарте мефурӯшад, ки минбаъд лизингдеҳ ин молу мулкро ба лизинггир ба лизинг месупорад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

- фаъолияти лизингӣ – намуди фаъолияти сармоягузорӣ оид ба харидани молу мулк ва ба лизинг додани он;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

- хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ – хизматрасониҳое (корҳое), ки лизингдеҳ ё фурӯшанда то оғози истифодабарӣ ва ё дар ҷараёни истифодаи  мавзӯи лизинг ба лизинггир расонидаанд ва ба иҷрои шартномаи лизинг вобаста мебошанд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

- шартномаи лизинг – аҳди хаттие, ки мутобиқи он лизингдеҳ уҳдадор мешавад  молу мулки нишондодаи лизинггирро аз фурӯшандае, ки ҳамин лизинггир муайян кардааст, ҳамчун моликият харидорӣ намуда, онро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии бо пардохт барои мақсадҳои соҳибкорӣ ба лизинггир пешниҳод намояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг

                   (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лизинг ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 4.  Мавзӯи лизинг

                   (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 Мавзӯи лизинг  метавонад ҳама гуна ашёву анҷоми ғайриистеъмоли, аз ҷумла корхонаҳо ва дигар маҷмааи амволи, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқул ва ғайриманқуле бошанд, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд.  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 Мавзӯи лизинг наметавонад қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табии ва инчунин амволе бошад, ки гардиши озоди он маҳдуд ё манъ  карда шудааст, ё барои он тартиби махсуси муомилот муқаррар гардидааст.  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Маҳдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз ҷумла,  тартиби махсуси гардиши молу мулкро, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 5. Субъектҳои лизинг

                  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Субъектҳои лизинг инҳо мебошанд:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

- лизингдеҳ - шахси воқеӣ ё соҳибкори инфиродие, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷалбгардида ё худи дар ҷараёни татбиқи шартномаи лизинг  молу мулкро  ба моликият мехарад ва онро ба сифати  мавзӯи лизинг ба лизинггир ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ бо гузаштан ё нагузаштани ҳуқуқи моликият ба  мавзӯи лизинг  ба лизинггир  медиҳад. Ташкилотҳои тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон метавонанд ширкатҳои лизингиеро таъсис диҳанд, ки танҳо функсияи лизингдеҳро иҷро менамоянд;  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

- лизинггиршахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартномаи лизинг вазифадор аст,  мавзӯи лизингро  ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ қабул намояд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

- фурӯшанда – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартнома молу мулкеро, ки  мавзӯи лизинг ҳисоб мешавад, ба лизингдеҳ дар мӯҳлати шартгардида мефурӯшад. Фурӯшанда ҳамзамон метавонад дар доираи як муносибати ҳуқуқии лизинг  ба сифати лизинггир  баромад намояд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Субъекти лизинг метавонанд резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 51 . Намудҳои лизинг

                     (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Намудҳои лизинг инҳоянд:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

- лизинги молиявӣ(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

- лизинги амалиётӣ(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

- лизинги баргардонидашаванда.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар шартномаи лизинг бояд яке аз намудҳои лизинги дар қисми якуми моддаи мазкур муайяншуда пешбинӣ карда шавад. Бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст фурӯшандаи молу мулкро лизингдеҳ муайян намояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинге, ки дар он лизинггир ва лизингдеҳ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд лизинги дохилӣ ҳисоб мешавад ва лизинге, ки дар он яке аз субъектҳо ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, лизинги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 6. Сублизинг

                   (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Сублизинг – намуди зеркирояи  мавзӯи лизинг, ки мувофиқи он лизинггир тибқи шартномаи лизинг ба шахсони сеюм (лизинггирон аз рӯи шартномаи сублизинг) молу мулкеро, ки пештар аз лизингдеҳ тибқи шартномаи лизинг гирифтааст ва он  мавзӯи лизинг мебошад, бо пардохт ва ба муҳлати мутобиқ ба шартҳои шартномаи сублизинг барои соҳибӣ ва истифодабарӣ медиҳад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Ҳангоми ба сублизинг додани молу мулк ҳуқуқи талаб ба фурӯшанда тибқи шартномаи сублизинг ба лизинггир мегузарад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

(Хориҷ карда шуд)  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Муҳлати сублизинг набояд аз муҳлати лизинг, ки шартномаи лизинг муқаррар  намудааст, зиёд бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

 

БОБИ П. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ЛИЗИНГӣ

(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 7. Шакл ва мазмуни шартномаи лизинг

                     (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Шартномаи лизинг сарфи назар аз мӯҳлаташ дар шакли хаттӣ баста мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Барои иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз рӯи шартномаи лизинг субъектҳои лизинг  шартномаҳои ҳатмӣ ва иловагӣ мебанданд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Ба шартномаҳои ҳатмӣ шартномае мансуб мебошад, ки мутобиқи он молу мулк аз фурӯшанда ба лизингдеҳ, дода мешавад. Ба шартномаҳои иловагӣ шартномаи ҷалб намудани маблағҳои пулӣ, шартномаи гарав, шартномаи кафолат, шартномаи замонат ва ғайраҳо мансуб мебошанд.  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Шартномаи лизинг  бояд:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)                          

  •  мавзӯи шартнома (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580);                              
  •   тартиби таҳвил ва қабули амвол; (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300)                                           
  •   ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо;                                              
  •   истифодаи амвол, нигоҳубину таъмир ва таҷдиди он;

-   мӯҳлати лизинг(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

-   пардохтҳои лизинг ва муҷозотҳои ҷаримавӣ;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

-   масъулияти тарафҳо;

-   тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо;

-   шартҳои пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартнома;

-   амали тарафҳо оид ба анҷомрасонии аҳдҳо;

-   форс - мажор;

-  суроғаҳои ҳуқуқи ва реквизитҳои бонкӣ;

-  ва шартҳои дигарро муайян намояд.

Шартномаи лизинг  шартҳои расонидани хизматрасонии иловагӣ ва гузаронидани корҳои иловагиро метавонад дар бар гирад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Номгӯи, ҳаҷм ва арзиши хизматрасониҳои (корҳои) иловагӣ бо созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Бо созишномаи тарафҳо дар шартномаи лизинг мумкин аст шартҳои дигари лизинг муайян карда шаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Шартномаи лизинг  метавонад пешбинӣ намояд, ки интихоби фурӯшанда ва молу мулки харидоришаванда аз xониби лизингдеҳ анҷом дода шавад. Дар ин ҳолат лизингдеҳ барои интихоби фурӯшанда ва  мавзӯи лизинг масъулиятро ба зимма мегирад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580)

Шартномаи лизинг  метавонад ҳуқуқи лизинггирро  барои дароз намудани мӯҳлати лизинг бо нигоҳ доштан ё тағйир додани шартҳои шартномаи лизинг пешбинӣ намояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 8. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои лизингдеҳ

                 (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Иҷорадеҳ ҳуқуқ дорад:

а) пардохтҳои лизинги мӯҳлаташон гузаштаро, ки бояд ба ӯ пардохт карда шаванд ва инчунин ҷуброни зарарро талаб намояд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

б) аз болои фаъолияти лизинггир дар он қисмате, ки ба  мавзӯи лизинг ва иҷрои ӯҳдадориҳои лизинггир мутобиқи шартномаи лизинг мансуб аст, назорат барад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

в) дар ҳолати аз тарафи лизинггир вайрон гардидани ӯҳдадориҳо оиди баргардонидани  мавзӯи лизинг, ворид намудани пардохтҳоро барои мӯҳлати вайронкардашуда ва ҷуброни зарар талаб намояд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

г) аз лизинггир иттилооти заруриро ба таври хаттӣ барои анҷом додани назорат аз болои вазъияти молиявии лизинггир талаб намояд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

д) ба  мавзӯи лизинг тамғае гузорад, ки вай аз моликияти лизингдеҳ будани ин ашё ва он мутобиқи шартномаи лизинг  дар соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир қарор доштан гувоҳӣ диҳад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

е)  мавзӯи лизингро аз лизинггир дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб намояд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизингдеҳ ӯҳдадор аст:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

а)  мавзӯи лизингро, ки бо лизинггир мувофиқа шудааст, аз фурӯшанда барои моликияти худ харидори намояд ва онро бо шартҳои дар шартномаи лизинг  муайянгардида барои соҳибӣ ва истифодабарӣ ба лизинггир диҳад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

б) баъди харидорӣ намудани  мавзӯи лизинг  фурӯшандаро ба таври хаттӣ дар бораи он, ки вай барои додан ба лизинг ба шахси муайян (лизинггир) таъин гардидааст, огоҳ  намояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизингдеҳ метавонад ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи лизинг муқаррар намудааст.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои лизинггир

                 (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинггир ҳуқуқ дорад:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

а)  мавзӯи лизингро мутобиқи шартҳои шартномаи лизинг  соҳибӣ кунад ва истифода барад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

б) бевосита ба фурӯшандаи (таҳвилгари)  мавзӯи лизинг талаботро нисбати сифат ва пуррагӣ, мӯҳлати таҳвил ва талаботи дигареро, ки шартномаи хариду фурӯши байни фурӯшанда (таҳвилгар) ва лизингдеҳ муқаррар намудааст, пешниҳод намояд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

в) аз гирифтани  мавзӯи лизинг  даст кашад ё ивази  мавзӯи лизингро талаб намояд, шартномаи лизингро бекор кунад, агар  мавзӯи лизинг таҳвил нашуда бошад, аз мӯҳлат дер таҳвил шуда бошад ё бо камбудиҳои ислоҳнашавандае таҳвил шуда бошад, ки ба истифодабарии  мавзӯи лизинг мутобиқи таъиноти дар шартномаи лизинг  пешбинишуда монеъ гарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки интихоби таҳвилгар аз xониби лизинггир анҷом дода шуда бошад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

г) баъди катъ гардидани шартномаи лизинг  ҷуброни арзиши беҳгардонидашудаи  мавзӯи лизингро, ки барои  мавзӯи лизинг бидуни зарар xудонашаванда мебошад ва лизинггир, бо розигии лизингдеҳ, аз ҳисоби маблағҳои худ анҷом додааст, талаб намояд, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

д) камкунии маблағи пардохтҳои лизингро талаб намояд, агар бинобар ҳолатҳое, ки ӯ барои онҳо ҷавобгар нест, шароитҳои истифодабарӣ, ки дар шартномаи лизинг  пешбинӣ шудаанд, ба таври назаррас бад шуда бошанд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

е)  мавзӯи лизингро, ки тибқи шартномаи лизинг  гирифтааст, барои сублизинг  ба шахси сеюм диҳад ва дар назди ӯ мутобиқи шартномаи лизинг  масъул боқӣ монад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизинггир ӯҳдадор аст:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

а) дар сурати ба шартҳои шартномаи лизинг  ҷавобгӯй будани  мавзӯи лизинг онро қабул намояд ва  мавзӯи лизингро аз рӯи таъиноташ тибқи шартнома лизинг  истифода барад; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

б) аз ҳисоби худ хизматрасонии техникӣ, таъмири асосӣ ва ҷории  мавзӯи лизингро (аз ҷумла пардохтҳои коммуналии заруриро вобаста ба  мавзӯи лизинг) анҷом диҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

в) ба лизингдеҳ иттилоотӣ барои анҷом додани назорати вазъи молиявии ӯ зарурбударо пешниҳод намояд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

г) барои лизингдеҳ бемонеа дастрас буданро ба  мавзӯи лизинг таъмин намояд, инчунин тибқи дархости хаттии лизингдеҳ иттилоотро оид ба ҳолати техникии  мавзӯи лизинг ба вай пешниҳод намояд, агар шартнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

д) баъди  қатъ гардидани шартномаи лизинг  ба лизингдеҳ  мавзӯи лизингро  дар он ҳолате, ки гирифта буд, бо назардошти кӯҳнашавии мӯътадил ё дар  ҳолате, ки дар шартномаи лизинг муқаррар гардидааст, баргардонад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизинггир метавонад ҳуқуқу ўҳдадориҳои дигаре дошта бошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудаанд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшанда

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фурӯшанда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи хариду фурӯш ё таҳвил муайян карда мешаванд.                                 

Лизинггир ҳукук дорад талабҳоеро, ки аз шартномаи хариду фуруши байни фурушанда ва лизингдеҳ басташуда, аз ҷумла дар бобати сифат ва мукаммалии молу мулк, муҳлатҳои таҳвили он ва дар дигар ҳолатҳои ба таври лозима иҷро нагардидани шартнома бармеоянд, бевосита ба фурӯшандаи  мавзӯи шартномаи лизинг пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат лизинггир ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои барои харидор пешбинигардидаро бе розигии лизингдеҳ, ба ғайр аз ӯҳдадориҳои пардохти молу мулки  харидашуда ва бекор кардани шартномаи хариду фурӯшро бо фурӯшанда, дорад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)                                                                 

Фурӯшанда оиди як зарари расонидашуда набояд ҳамзамон ҳам дар назди лизингдеҳ ва ҳам  дар  назди лизинггир масъулият дошта бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Дар ҳолате, ки шартномаи лизинг  бо иштироки лизингдеҳ, лизинггир ва фурӯшанда баста шуда бошад, он гоҳ ҳуқуқ ва вазифаҳои фурӯшанда мутобиқи шартномаи лизинг  муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 11. Тағйирдиҳӣ ва бекор кардани шартномаи лизинг

                      (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Бо талаби яке аз тарафҳо шартномаи лизинг дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст тағйир дода шавад ё бо тартиби судӣ пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)                                

Дар ҳолатҳои зерин аз рӯи талаби иҷорадеҳ шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз ҷониби суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад,  мавзӯи иҷораи молиявӣ бошад, ба иҷорадеҳ аз ҳисоби лизинггир баргардонида шавад:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)                          

а) агар лизинггир  ҳолати  мавзӯи лизингро ба таври назаррас бад гардонад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

б) агар лизинггир  мавзӯи лизингро бо вайрон кардани шартҳои шартном лизинг ё шартҳои таъинотии  мавзӯи лизинг, сарфи назар аз огоҳии хаттии лизингдеҳ дар бораи хотима додани ҳамин гуна амалҳо, истифода барад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

в) агар лизинггир  баъди  ба охир расидани мӯҳлати пардохте, ки шартномаи лизинг муқаррар намудааст, ду маротиба ва ё бештар аз он паси  ҳам  пардохти номбурдаро, ворид накунад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

г) агар лизинггир  таъмири асосии  мавзӯи лизингро дар мӯҳлатҳои дар шартномаи лизинг  муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад, дар мӯҳлати муқаррарӣ анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи иҷораи мол ӯҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи лизинггир гузошта шуда бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Дар ҳолатҳои зерин бо талаби лизинггир шартномаи иҷораи молиявӣ мумкин аст бо созишномаи тарафҳо ё аз xониби суд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад,  мавзӯи иҷораи мол бошад, ба иҷорадеҳ аз ҳисоби ӯ баргардонида шавад:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

а) агар лизингдеҳ  мавзӯи лизингро надиҳад ё барои истифодаи  мавзӯи лизинг  мутобиқи шартҳои шартнома монеаҳо ба вуҷуд орад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

б) агар  мавзӯи лизинги  додашуда камбудиҳое дошта бошад, ки барои истифодаи он монеъ шаванд ва онҳо дар шартномаи лизинг зикр нашуда бошанд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

в) агар лизингдеҳ мӯҳлати таҳвили  мавзӯи лизингро вайрон карда бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки таҳвилгарро лизинггир интихоб намуда бошад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

г) агар лизингдеҳ таъмири асосии  мавзӯи лизингро  дар мӯҳлатҳои дар шартномаи лизинг муқарраргардида ва дар сурати дар шартнома набудани онҳо бошад дар мӯҳлатҳои муқаррарӣ анҷом надиҳад, дар ҳамон ҳолатҳое, ки мутобиқи қонун ё шартномаи лизинг ӯҳдадории гузаронидани таъмири асосӣ ба зиммаи лизингдеҳ гузошта шуда бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 

Моддаи 12. Ҷавобгарии субъектҳои лизинг

                    (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Ҷавобгарии лизингдеҳ, лизинггир  ва фурӯшанда мутобиқи шартномаи лизинг, шартномаи хариду фурӯш ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Соҳиби номии (титулии)  мавзӯи лизинг дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки  мавзӯи лизинг ба онҳо расонидааст ё зарари ба он вобаста ҷавобгар аст.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизинггир ва лизингдеҳ дар муносибат бо фурӯшанда ҳамчун кредиторони муштарак баромад мекунанд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 13. Ба соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ додани  мавзӯи шартномаи лизинг, хизматрасонӣ  ва баргардонидани он

                  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375;  аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизингдеҳ вазифадор аст молу мулкеро, ки  мавзӯи лизинг мебошад дар ҳолати мутобиқбуда ба шартҳои шартномаи лизинг  ва таъинотии ҳамин молу мулк  ба лизинггир пешниҳод намояд.  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 Мавзӯи лизинг  дар якҷоягӣ бо ҳамаи асбобу анҷом ва ҳуҷҷатҳо (шиносномаи техникӣ ва ғайра) ба лизинг дода мешавад, агар дар шартномаи лизинг  тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизинггир аз ҳисоби худ хизматрасонии техникии мавзӯи лизингро ба ҷо меорад, нигоҳдории онро таъмин мекунад, инчунин таъмири асосӣ ва ҷории мавзӯи лизингро анҷом медиҳад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Хизматрасонии кафолатноки мавзӯи лизинг мумкин аст аз ҷониби фурӯшанда анҷом дода шавад, агар ин дар шартномаи хариду фурӯш байни лизингдеҳ ва фурӯшандаи мавзӯи лизинг  пешбинӣ гардида бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Ҳангоми қатъ гардидани шартномаи лизинг  лизинггир вазифадор аст мавзӯи лизингро дар ҳолате, ки вай гирифта буд, бо назардошти фарсудагии миёна ё фарсудагии дар шартномаи лизинг  муқарраргардида, ба лизингдеҳ баргардонад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Агар лизинггир мавзӯи лизингро барнагардонад ё сари вақт барнагардонад, лизингдеҳ ҳуқуқ дорад барои мӯҳлати гузаронидашуда ворид намудани пардохтҳоро талаб намояд. Дар ҳолате, ки агар пардохти номбурда зарари ба лизингдеҳ расонидашударо напӯшонад, ӯ метавонад пӯшонидани онҳоро ба воситаи суд талаб намояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Дар ҳолате, ки агар лизингдеҳ барои сари вақт барнагардонидани мавзӯи лизинг ноустуворона пешбинӣ намуда бошад, мумкин аст зарар аз лизинггир дар ҳаҷми пурра илова ба ноустуворона ситонида шавад, агар дар шартномаи лизинг  тартиби дигаре пешбини нагардида бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 

Моддаи 14. Ҳуқуқи моликият ба мавзӯи лизинг

                     (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Мавзӯи лизинг, ки барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба лизинггир дода шудааст, моликияти лизингдеҳ мебошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Дар шартномаи лизинг  мумкин аст пешбинӣ гардад, ки мавзӯи лизинг баъди ба охир расидани мӯҳлати шартномаи лизинг  ё то анҷом ёфтани он ба моликияти лизинггир  гузарад, ба шарте, ки аз ҷониби лизинггир арзиши пурраи харидории дар шартномаи муқарраргардида ворид карда шавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Агар шарти харид намудани мавзӯи лизинг  дар шартномаи лизинг пешбинӣ нашуда бошад, онро метавонанд бо созишномаи иловагии тарафҳо, ки зимнан ҳуқуқ доранд дар бобати ба ҳисоби арзиши харидорӣ пардохт намудани маблағҳои истифодабарии мавзӯи лизинг ба мувофиқа омада, муқаррар кунанд. Бо қонун мумкин аст ҳолатҳои манъ намудани харидории мавзӯи лизинг пешбинӣ карда шаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Ҳуқуқи соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии мавзӯи лизинг  дар ҳаҷми пурра ба лизинггир мегузарад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Ҳуқуқи ихтиёрдории лизингдеҳ ба мавзӯи лизинг  аз ҳуқуқи гирифтани мавзӯи лизинг аз соҳибӣ ва истифодабарии лизинггир дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Ҳангоми муфлисшавии лизинггир, инчунин ҳабс ва мусодира намудан ё ба кор бурдани рӯёнидани зарар ба амволи ӯ, мавзӯи лизинг  аз молу мулки лизинггир  ҷудо карда мешавад ва бояд ба лизингдеҳ, ки метавонад онро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ намояд, баргардонида шавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Беҳсозиҳои ҷудошавандае, ки лизинггир дар мавзӯи лизинг анҷом додааст, моликияти ӯ мебошанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Дар ҳолате, ки лизинггир бо розигии хаттии лизингдеҳ аз ҳисоби маблағҳои худ беҳсозиҳои аз мавзӯи лизинг ҷудонашавандаро бидуни зарар ба мавзӯи лизинг анҷом дода бошад, лизинггир баъди қатъ гардидани шартномаи лизинг  ҳуқуқи баргардонидани арзиши ин беҳсозиҳоро дорад, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад. Дар дигар ҳолатҳо лизинггир барои талаб намудани баргардонии арзиши ин беҳсозихо ҳуқуқ надорад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 

Моддаи 15. Гузашт  намудани ҳуқуқ тибқи шартномаи лизинг ба шахси сеюм ва гаравмонии

                 мавзӯи лизинг

                (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизингдеҳ метавонад пурра ё қисман ҳуқуқҳои худро оиди мавзӯи лизинг  ба шахси сеюм гузашт намояд ё ба гарав монад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бо мақсади ҷалб намудани маблағҳои пулӣ мавзӯи лизингро ба сифати гарав истифода барад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизинггир ҳуқуқ дорад, танҳо ҳамон қисми мавзӯи лизингро, ки арзиши пардохтшудаи он аз бақияи пардохтҳои лизингӣ зиёд мебошад, фурӯшад, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580).

Лизингдеҳ вазифадор аст лизинггирро дар бораи ҳамаи ҳуқуқҳои шахсони сеюм ба мавзӯи лизинг огоҳ намояд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 

Моддаи 16. Тартиби бақайдгирии молу мулк (мавзӯи шартномаи лизинг) ва ҳуқуқ ба он

                       (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Бақайдгирии ҳуқуқ ба молу мулк  (мавзӯи шартномаи лизинг) аз рӯи шартномаи лизинг дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Мавзӯи шартномаи лизинг  аз рӯи созиши тарафҳо ба номи лизингдеҳ ё лизинггир ба қайд гирифта мешаванд. Зимнан дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ маълумот дар бораи молик ва соҳиби (истифодабарандаи) молу мулк ҳатман зикр карда мешавад. Дар ҳолати бекор карда шудани шартномаи лизинг ва аз тарафи лизингдеҳ баргардонида гирифтани мавзӯи лизинг, бо аризаи ӯ мақомоти давлатие, ки барои бақайдгирӣ ваколатдор мебошад, вазифадор аст сабти номи соҳиби (истифодабарандаи) молу мулкро  беэътибор гардонад.  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 

Моддаи 17. Суғуртаи мавзӯи лизинг ва таваккалҳо

                    (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Мавзӯи лизинг  аз таваккали гум шудан (нобуд шудан), камомад ё зарар дидан аз лаҳзаи таҳвили молу мулк ба фурӯшанда то лаҳзаи анҷом ёфтани мӯҳлати амали шартномаи лизинг мумкин аст суғурта карда шавад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375)

Суғурта намудани таваккалҳои соҳибкори (молиявӣ) бо розигии тарафҳои шартномаи лизинг анҷом дода мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизинггир  дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷавобгарии худро барои иҷрои  ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба ҳает, саломатӣ ё молу мулки шахсони дигар дар ҷараёни истифодабарии молу мулки  лизинг  ба вуҷуд меоянд, суғурта намояд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизинггир ҳуқуқ дорад таваккали ҷавобгарии худро барои вайрон кардани  шартномаи лизинг ба фоидаи лизингдеҳ суғурта намояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 18. Тақсимоти таваккал байни тарафҳои шартномаи лизинг

                     (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Ҷавобгарӣ барои ҳифзи мавзӯи лизинг  аз ҳама гуна зарари молиявӣ ва ҳамчунин барои таваккали вобаста ба нобудшавӣ, гумшавӣ, корношоямшавӣ, дуздидан, пеш аз мӯҳлат вайрон шудан, хатогиҳои ҳангоми васлкунӣ ё истифодабарӣ роҳдодашуда ва дигар хавфҳои молу мулки  аз лаҳзаи қабули аслии мавзӯи лизинг ба дӯши лизинггир мебошад, агар шартномаи лизинг  тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Таваккали аз ҷониби фурӯшанда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои шартномаи хариду фурӯши мавзӯи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба дӯши ҳамон тарафи шартномаи лизинг мебошад, ки фурӯшандаро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Таваккали мутобиқат накардани мавзӯи лизинг ба ҳадафҳои истифодабарии ҳамин предмет тибқи шартномаи лизинг ва зарарҳои вобаста ба он ба дӯши тарафе мебошад, ки мавзӯи лизингро интихоб намудааст, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 

Моддаи 19. Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580)

Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг бо тартиб ва бо шартҳои барои рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав пешбинишуда амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг, лизинггир ҳуқуқ дорад то фурӯши мавзӯи лизинг ӯҳдадориҳоро оид ба пардохтҳои лизинг ё ҳамон қисме, ки мӯҳлати иҷрои он гузаронида шудааст, иҷро намуда, рӯёнидан аз ҳисоби он ва фурӯши онро қатъ намояд. Созишномае, ки ин ҳуқуқро маҳдуд менамояд, эътибор надорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1580).

 

Моддаи 20. Баҳисобгирии мавзӯи лизинг ва татбиқи механизми истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати мавзӯи лизинг

                  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Мавзӯи лизинг, ки мутобиқи шартномаи лизинг ба лизинггир дода шудааст, бо созишномаи тарафҳо дар баланси лизингдеҳ ё лизинггир ба ҳисоб гирифта мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Тарафҳои шартномаи лизинг ҳуқуқ доранд аз рӯи мувофиқаи мутақобила истеҳлоки (амортизатсияи) босуръати мавзӯи лизингро истифода намоянд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Ҳисоб карда баровардани истеҳлокро (амортизатсияро) ҳамон тарафи шартномаи лизинг анҷом медиҳад, ки мавзӯи лизинг дар балансаш мебошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 

Моддаи 21. Кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани мавзӯи лизинг аз лизинггир

                     (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Тартиби кашида гирифтан ва баргардонида гирифтани мавзӯи лизинг аз ҷониби лизингдеҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 

Моддаи 22. Пардохтҳои лизинг

                    (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Пардохт барои соҳибӣ ва истифодабарии молу мулке, ки мутобиқи шартномаи лизинг дода шудааст, аз ҷониби лизинггир дар шакли пардохтҳои лизинг ба лизингдеҳ пардохта мешаванд. Пардохтҳо метавонанд чӣ дар шакли пулӣ ва чӣ дар шакли аслӣ, аз ҷумла кор ва хизматрасонӣ анҷом дода шаванд.  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375)

Таҳти пардохтҳои лизинг  маблағи умумии пардохтҳои шартномаи лизинг  дар тамоми мӯҳлати амал намудани шартномаи лизинг фаҳмида мешавад, ки ба онҳо баргардонидани хароҷотҳои лизингдеҳ вобаста ба харидорӣ ва таҳвили мавзӯи лизинг ба лизинггир, ҷуброни хароҷоти вобаста ба расонидани хизматрасониҳои дигари дар шартномаи лизинг  пешбинигардида, инчунин даромади лизингдеҳ дохил мешаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Ба маблағи умумии шартномаи лизинг мумкин аст нархи хариди мавзӯи лизинг дохил карда шавад, агар шартномаи лизинг  ба лизинггир гузаштани ҳуқуқи моликиятро ба мавзӯи лизинг  пешбинӣ карда бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Ҳаҷм, тарз, шакл ва давра ба давра ворид намудани пардохтҳо дар шартнома бо мувофиқаи тарафайн муқкаррар карда мешаванд. Агар лизинггир ва иҷорадеҳ ҳисоббаробаркунии пардохтҳои иҷораи молиявиро бо маҳсулоте (дар шакли молие), ки бо воситаи мавзӯи иҷораи молиявӣ истеҳсол мешавад, анҷом диҳанд, нархи ин маҳсулот бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи иҷораи молиявӣ муайян карда  мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Агар лизинггир ва лизингдеҳ ҳисоббаробаркунии пардохтҳои лизингро бо маҳсулоте (дар шакли аслие, аз ҷумла иҷрои кор ё хизматрасонӣ), ки бо воситаи мавзӯи лизинг истеҳсол мешавад, анҷом диҳанд, нархи ин маҳсулот бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи лизинг муайян карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Агар дар шартномаи лизинг  тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, андозаи пардохтҳои лизинг  метавонад бо созишномаи  тарафҳо ба мӯҳлатҳои пешбининамудаи шартнома, вале на бештар аз як маротиба дар се моҳ, тағйир дода шавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Ӯҳдадориҳои лизинггир оид ба ворид намудани пардохтҳои лизинг аз лаҳзаи аз ҷониби лизинггир истифода гардидани мавзӯи лизинг фаро мерасанд, агар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

 

Моддаи 23. Ҳуқуқ ба назорат намудани шартҳои шартнома аз рӯи аҳдҳои лизинг

                     (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад риоя гардидани шартҳои шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбутро, дар қисмате, ки ба иҷро гардидани уҳдадориҳои шартномаи лизинг аз тарафи лизинггир таъсир мерасонанд, назорат намояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Тартиби назорати шартҳои шартнома дар шартномаи лизинг ва дигар шартномаҳои ба он марбут, байни иштироккунандагони он пешакӣ қайд карда мешавад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад ба лизинггир дар шакли хаттӣ оид ба пешниҳоди иттилооте, ки барои анҷом додани чунин назорат зарур мебошад, дархост фиристонад, лизинггир вазифадор аст ҳамин гуна дархостҳоро қонеъ гардонад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

 

Моддаи 24. Хусусиятҳои амалиётҳои байналмилалие, ки субъектҳои лизинг анҷом медиҳанд

                  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон амалиёти байналмилалиро вобаста ба гардиши сармоя анҷом диҳад, воситаҳои пулиро аз ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади харидани мавзӯи лизинг ба мӯҳлати бештар аз шаш моҳ (180 рӯз), вале на бештар аз мӯҳлати амали шартномаи лизинг ҷалб намояд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Лизингдеҳ ҳуқуқ дорад бе иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Точикистон амалиёти вобастаро ба гардиши сармоя, пардохтани фоизҳо барои истифодаи маблағҳои пардохташон гузаштаро, ки фурӯшандаи мавзӯи лизинг  пешниҳод намудааст, сарфи назар аз мӯҳлати ҳақиқии гирифтани мавзӯи лизинг (амалиёти асъории ҷорӣ ва амалиёти вобаста ба гардиши сармояро) амалӣ намояд(ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Барои анҷом додани лизинги  байналмилалӣ:  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

- ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) мавзӯи лизинг бо мақсади истифодаи он тибқи шартномаи лизинг  ба мӯҳлати бештар аз шаш моҳ, инчунин пардохтани маблағи пурраи шартномаи лизинг дар давраи зиёда аз шаш моҳ, мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати асъор ва танзими асъор амалиёти вобаста ба гардиши сармоя  ҳисобида  намешаванд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

- ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани) мавзӯи лизинг ҳамаи намудҳои пардохтҳои гумрукӣ ба арзиши умумии гумрукии молу мулк ҳисоб карда мешаванд. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300;  аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

Пардохтҳои гумрукӣ ба тарики зайл ворид карда мешаванд:

- дар лаҳзаи ворид (содир) намудани мавзӯи лизинг  ба маблағи ҳамон қисм арзиши гумрукии молу мулк, ки пардохт карда шудааст ва бо ҳуҷҷатҳои бонкӣ тасдиқ карда шудааст. (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1300; аз 14.11.16 с., №1375; аз 02.01.2019 с., № 1580)

- минбаъд пардохтхои гумрукӣ баробари пардохтхои лизинг ё дар давоми 20 рӯз а лаҳзаи анҷом ёфтани пардохтҳои лизинг ворид карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1375)

Тартиби (низоми) ворид намудани пардохтҳои гумрукӣ, ки ҳамин модда муқаррар намудааст, батаъхирандозии мӯҳлати пардохтҳои гумрукӣ ё кредити инвеститсионии  андозӣ  ҳисобида намешавад.

 

БОБИ Ш. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

 

Моддаи 25. Ҷавобгарӣ  барои  вайрон  кардани  Қонуни  мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 26. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори  расмӣ  мавриди амал  қарор дода шавад.

     

 

 

        Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                            Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  22 апрели соли 2003

№ 9

 

 

 

 

ҚАРОРИ

 МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ  ОЛИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

 «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» қабул карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонуни мазкур мутобик гардонидани қонунгузории ҷорӣ таклиф пешниҳод намояд;

- Қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» мутобиқ гардонад.

 

  

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе  29 январи соли 2003                                                                          С.  ХАЙРУЛЛОЕВ

№ 766

 

 

ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ МИЛЛИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли  2003, №4, мод.181)

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» баррасӣ намуда, Қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

 

Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           М.   УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  7 апрели соли 2003

№366

 

 

Дастовардҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович... Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:22
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.5 (22 овоз)

Pages