ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1802 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН Маҷлиси Олии ҶТ 02.07.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1794 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1783 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Январ 2020

-A A +A

ДАР БОРАИ ИСЛОҲОТИ ЗАМИН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Чшб, 22/01/2020 - 13:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
594
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
05.03.1992
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИСЛОҲОТИ ЗАМИН
 
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазифаҳо ва мақсади ислоҳоти замин
Вазифаҳои ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳайё намудани шароит барои тараққиёти баробарҳуқуқи шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин, ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳа, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи замин иборат буда, максадаш зиёд намудани маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Моддаи 1 (1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ислоҳоти замин ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 2. Мундариҷаи ислоҳоти замин
1. Ислоҳоти замин маҷмўи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилию техникӣ мебошад, ки ба муносибатҳои сифатан нави заминистафодабарӣ гузаштанро таъмин менамояд.
2. Дар ҷараёни гузаронидани ислоҳоти замин ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ва коллективи меҳнатӣ дар интихоби ихтиёрии шакли заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар замин таъмин мегардад.
Талаб кардани заминҳои бобоӣ ва вакф ба эътибор гирифта намешавад.
Қисми 3 моддаи 2 хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 3. Самтҳои асосии ислоҳоти замин
Самтҳои асосии ислоҳоти замин аз инҳо иборатанд:
рўйхатгирии тамоми заминҳо аз рўи гурўҳҳо, тарзҳои заминдорӣ, заминистифодабарӣ ва намудҳои замин (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175);
муайян кардани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ташкили фонди махсуси замини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати бо мақсади азнавтақсимкунии он баҳри самаранок истифода бурдани замин (Қонуни ҶТ аз 4.11.1995 № 134, аз 3.03.2006 № 175);
додани замин ба истифодаи якумраи мероси ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва касбҳои анъанавии мардуми, инчунин қитъаи замини назди ҳавлиги (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175);
сархати чорум хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175);
аз нав тақсимкунии замин дар ҳолатҳои таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175);
муқаррар ва аниқ кардани cарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудуди мaҳалҳои, аҳолинишин ва сохтори замину хоҷагидории онҳо (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175);
ба расмият даровардан ва аз нав ба қайд гирифтан ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 4. Марҳилаҳои гузаронидани ислоҳоти замин
Ислоҳоти замин марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.
Дар марҳалаи аввал ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ҳуқуқи ихтиёрдории замин, аниқ намудани сарҳадҳои маъмури, муайян намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба замин, ташкил кардани фонди махсуси замин барои аз нав тақсим намудани он дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Дар марҳалаи дуюм мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи барои истифодабари додани заминро амали менамоянд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 5. Мақомоте, ки ислоҳоти заминро амали мегардонанд
1. Гузаронидани ислоҳоти замин ба ўҳдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
2. Хадамоти давлатии танзими замини мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар мaҳалҳо оиди таъмини ислоҳоти замин вазифаҳои зайлро анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 20.07.1994 № 1005, аз 3.03.2006 № 175):
бақайдгирии давлатии заминистифодабари ва ба расмият даровардани ҳуқуқи истифодаи замин (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175);
баҳисобгирии давлатии замин, кадастри замин ва мониторинги замин;
амалӣ гардондани корҳои танзими замин, мураттаб сохтани нақшаҳои кулли истифодаи замин, нақшаю лоиҳахои танзими замин, баҳодиҳии замин ва ба харита даровардани гурўҳи заминҳо (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175);
назорати давлати ба истифодаи замин;
сархати панҷуми қисми 2 хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар доираи салоҳияти худ оиди масъалаҳои ислоҳоту танзими замин дар асоси маводи пешниҳодкардаи аз тарафи Хадамоти давлатии танзими замини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамоянд (Қонуни ҶТ аз 20.07.1994 № 1005, аз 4.11.1995 № 134, аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 6. Таъмини молиявии ислоҳоти замин
Ислоҳоти замин аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли, заминистифодабарандагон ва дигар манбаъҳо гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)..
ФАСЛИ II. БАҲИСОБГИРИИ ЗАМИН
Моддаи 7. Вазифаҳо ва гузаронидани баҳисобгирии замин
Баҳисобгирии замин бо мақсади аниқ кардани маълумотҳо оиди мавҷудият ва тақсимоти фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Баҳисобгирии замин аз рўи гурўҳи, заминдори, заминистифодабари ва намудҳои он гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)..
ФАСЛИ III. ФОНДИ МАХСУСИ ЗАМИНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)
Моддаи 8. Ташкили фонди махсуси замин
1. Фонди махсуси замин аз ҳисоби заминҳои зайл ташкил карда мешавад:
заминҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо мутобиқи моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
заминҳои кишоварзии аз истифода баромада ё ба қатори заминҳои
қиматашон пасттар гузаронидашуда;
заминҳои эҳтиётӣ;
заминҳoи бе дарахту буттазори фонди ҷангал, ки барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзи мувофиқанд;
заминҳое, ки ғайриоқилона истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175);
заминҳои дигари ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, ки пештар дар ислоҳоти кишоварзӣ истифода нашудаанд (Қонуни ҶТ аз 20.07.1994 № 1005, аз 3.03.2006 № 175).
2. Заминҳои фонди махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар соли ҷори пурра тақсим нашудаанд, ба фонди захираи давлатӣ дохил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)..
Моддаи 9. Таъминоти фонди махсуси замин
Фонди махсуси заминро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақсади истифодаи кишоварзӣ ва дигар мақсадҳо медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 10. Муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда
1. Заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашавандаро мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи баҳисобгирӣ, инчунин мувофиқи тартиби назорат ва риояи қонунҳои замин, тартибдиҳии нақшаю лоиҳаҳои танзими замин, бурдани кадастри замин ва мониторинги замин муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
2. Ҳуҷҷатҳо оиди муайян намудани заминҳои истифоданашаванда ва ғайриоқилона истифодашаванда барои ҳалли масъалаи мусодира ва ба фонди махсуси замин дохил намудани онҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 11. Гирифтан ва ба фонди махсус дохил намудани замин
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)
Қитъаҳои заминро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати аз заминистифодабарандагон ба фонди махсус дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Барои мусодира намудани қитъаҳои замин ва ба фонди махсус дохил намудани онҳо розигии заминистифодабарандагон талаб карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Ҳангоми ба қарори мусодираи замин розӣ набудан заминистифодабаранда метавонад ба суд ё ба суди иқтисодӣ шикоят кунад (Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 3.03.2006 № 175).
То вақти ба заминистифодабарандагони нав супурдани заминҳо онҳоро заминистифодабарандагони собиқ истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 12. Шартҳои тақсимкунии фонди махсуси замин
1. Қитъаҳои замин аз фонди махсус мувофиқи тартиби танзими замин, чун қоида, яклухт ҷудо карда мешаванд.
2. Қитъаҳои замин аз фонди махсус дар навбати аввал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи кишоварзӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
3. Шаҳрвандони дар мaҳалҳои дахлдор истиқоматдоштае, ки дорои донишу ихтисоси махсуси кишоварзӣ мебошанд ва дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи кори амалӣ доранд, барои гирифтани қитъаи замин, ҳуқуқи афзалиятнок доранд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Ба хоҷагиҳои кишоварзии ёрирасони корхонаю иттиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳои саноатӣ ва дигар корхонаю иттиҳодияҳо ва муассисаю ташкилотҳо қитъаҳои замин дар асоси озмун дода мешаванд.
ФАСЛИ IV. ТАҶДИДИ СОХТОРИ ТАШКИЛОТУ КОРХОНАҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА ИСЛОҲОТИ ЗАМИН
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)
Моддаи 13. Шаклҳои хоҷагидорӣ
Таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ новобаста аз тобеияташон бо роҳи ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, ширкати хоҷагидорӣ, кооперативи истеҳсолӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ бо розигии коллективҳои меҳнатӣ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 14. Ба расмият даровардани қитъаҳои замин ҳангоми таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)
1. Ба хоҷагии деҳқонӣ, ширкати хоҷагидорӣ, кооперативӣ, истеҳсолӣ, дигар намуди хоҷагидорӣ, ки дар ҷараёни таҷдид ташкил меёбанд, қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои таҷдидгардида дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
2. Андозаи қитъаи замине, ки барои хоҷагии деҳқонӣ, кооперативҳои кишоварзӣ, коллективҳои иҷоравӣ дода мешавад, аз рўи миқдори заминхои мавҷудаи хоҷагӣ муайян мегардад, ки он ба фонди тақсимшаванда ҷудо карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси лоиҳаи заминсозӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ба заминистифодабарандагони нав қарор қабул мекунад.
Баъди қабули қарор лоиҳаи заминсозӣ амалӣ мегардад ва ҳуқуқи истифодаи замин барои заминистифодабаранда ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 15. Ғайридавлатикунони ва хусусигардонии хоҷагиҳои муассисаҳои илмӣ
Ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии пойгоҳҳои кишоварзӣ, нуқтаҳои ёрирасони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва хоҷагиҳои ба онҳо баробар эътирофшуда, хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, растанипарварӣ ва зотпарвари танҳо бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
ФАСЛИ V. МУҚАРРАР НАМУДАНИ САРҲАДИ ВОҲИДҲОИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ ВА МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)
Моддаи 16. Аниқ ва муқаррар намудани ҳудудҳои мaҳалҳои аҳолинишин
Аниқу муқаррар намудан ва ё тағйир додани cарҳади мaҳалҳои аҳолинишин дар мавридҳои зайл сурат мегирад:
набудани cарҳадҳои мaҳали аҳолинишин;
тағйир ёфтани нақшаи генералии мaҳали аҳолинишин;
додани замини иловаги барои эҳтиёҷоти мaҳали аҳолинишин.
Барои ҳар як мaҳали аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудуди cарҳадҳоро тафсир намуда, маводи нақшаю харита тартиб дода мешавад.
Сарҳади маҳалҳои аҳолинишини деҳотро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Сарҳадҳои мaҳалҳои аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудуди, ки мувофиқи тартиби муайяншуда тасдиқ шудаанд, дар асл, бо аломатҳои марзӣ ҷудо карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 17. Додани замин дар маҳалҳои аҳолинишини деҳот
Додани замин ва дигар муносибат дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини деҳот мутобиқи моддаи 8 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
ФАСЛИ VI. БАРАСМИЯТДАРОРИ ВА ТАҶДИДИ РАСМИЯТИ ҲУҶЧАТҲОИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИН
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)
Моддаи 18. Тартиби азнавбақайдгирии ҳуҷҷатҳо
1. Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки дар истифодаашон қитъаи замин доранд, дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати бо дархост муроҷиат менамоянд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дархости воридшударо ба қайд гирифта, барои тайёр намудани пешниҳодот ба мақомоти маҳаллии заминсози мефиристад.
3. Мақоми иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати вазифадоранд дар муддати як моҳ дархости аз нав барасмиятдарории ҳуҷҷатҳоро барраси намуда, қарори дахлдор қабул намоянд.
4. Мақомоти маҳаллии заминсози оид ба муайян намудани ҳудудҳои заминистифодабари бо дарназардошти гирифтани қитъаи замин ба фонди махсус, инчунин тағйир додани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин корҳои заруриро иҷро менамояд ва ҳуҷҷатҳоро (лоиҳаи заминсозиро) барои тасдиқ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати пешниҳод менамояд. Баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳо (лоиҳаи заминсозӣ) ва дар маҳал нишон додани сарҳадҳо ба заминистифодабаранда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин дода мешавад.
5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қитъаи замин доранд, дар сурати доштани ҳуҷҷатҳои шаҳодатдиҳандаи ҳуқуқи истифодаи замин, барои бақайдгирӣ ба мақомоти маҳаллии заминсозӣ бо дархост муроҷиат менамоянд.
6. Мақоми маҳаллии заминсозӣ дархостро баррасӣ намуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи заминро ба қайд мегирад ва ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин медиҳад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 19. Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)
Моддаи 20. Ба расмият даровардани ҳуҷҷати ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии замин
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175)
1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ истиқомат мекунанду дар ихтиёри худ замин доранд ва ин замин ба онҳо ба мақсадҳои дар моддаи 12 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда дода шудааст асноди тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи якумраи меросии замин дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
2. Ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ба замине, ки барои боғдорӣ ва обчакории дастҷамъӣ ҷудо шудааст ва ба қитъаҳои замине, ки мавриди истифодаи инфиродии аъзоёни рафоқат мебошанд, санадҳои давлатии ҳуқуқи соҳибии якумрии меросӣ дода мешавад.
3. Аъзои рафоқати боғдорӣ ва обчакори ҳуқуқ дорад мувофиқи хоҳиши худ иморату дарахтони ба ў тааллуқдоштаро дар қитъаи замине, ки ба соҳибии якумрии меросӣ дода шудааст, ба шахси дигар фурушад ё ройгон диҳад. Дар ин маврид розигии рафоқат талаб карда намешавад.
Моддаи 21. Нигоҳ доштани ҳуқуқи истифодабарии замин то ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо
То барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои истифодаи замин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии қаблан муайяншуда ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои заминро нигоҳ медоранд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
Моддаи 22. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Барои вайрон кардани Қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 175).
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Р. НАБИЕВ
ш.Душанбе 
 5 марти соли 1992, № 594
 

ДАР БОРАИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Чшб, 22/01/2020 - 13:11
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
583
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.03.1992
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348)
Ҳамин Қонун шароити ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодию иҷтимоии фаъолияти кооператсияи матлуботро дар қаламрави Тоҷикистон муайян намуда, ба таҳкими асосҳои демократӣ ва таъмини мустақили кооператсияи матлубот, вусъати ташаббуси хоҷагӣ ва ибтикори ташкилоту корхонаҳои он, муҳофизати манфиатҳо ва дастгирии давлатии ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо равона карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти љайридавлатии ҷамъиятию хоҷагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онҳо бо мақсади пурратар қонеъ намудани талаботи худ ба молҳо ва хизматрасонӣ дар асоси ихтиёрӣ муттаҳид мегарданд. Дар ҳайати он ба сифати аъзои коллективӣ корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимие, ки мақсаду манфиатҳои оинномавии онро тарафдорӣ мекунанд, дохил шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Кооператсияи матлубот фаъолиятро оид ба қонеъ намудани манфиат ва талаботи саҳмдорон, муҳайё ва инкишофи инфраструктура вусъат додани кооператсияи матлубот, ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон, таъсиррасони ба сиёсати соҳаи истеъмол ва дигар масъалаҳоро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқи амали менамояд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Кооператсияи матлубот савдои чакана, яклухт ва комиссиони, хўроки умуми, хариди маҳсулоти кишоварзи, ашёи хом ва дигар маҳсулот, инкишофи бозор ва хоҷагиҳои ёрирасон, истеҳсоли молҳои сермасриф, намудҳои гуногуни хизматрасони, гузаронидани чорабиниҳои мадани ва варзиши, таъсис, инкишоф ва нигоҳ доштани муассисаҳои таълимии кооператсияи матлубот, тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси онҳо, фаъолияти иқтисодии хориҷиро ташкил менамояд. Ба ислоҳоти иҷтимоии деҳот, ташаккул ва инкишофи хоҷагиҳои деҳқони (фермери), хоҷагиҳои шахси, афзоиши захираҳои хўроквори ва дигар молҳои истеъмолии халқ, беҳтар шудани хизматрасони ба аҳоли фаъолона мусоидат мекунад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Моддаи 2. Асосҳои фаъолияти кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Фаъолияти кооператсияи матлубот мутобиқ бо асосҳои узвияти ихтиёрӣ, мустақилияти хоҷагӣ, ҳавасмандии моддӣ ва адолати иҷтимоӣ, иштироки мустақили аъзои кооператсия дар идораи корҳои он дар асоси демократия ва қонуният қарор мегирад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Ҳар гуна мудохилае, ки қодир аст ҳуқуқи кооператсияи матлуботро маҳдуд намояд ё монеи ба амал баровардани ин ҳуқуқ мегардад, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кооператсияи матлубот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348).
Моддаи 4. Системаи кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Системаи кооператсияи матлуботро ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ки аз тарафи шаҳрвандон дар деҳот, ноҳияҳо, шаҳрҳо, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ таъсис меёбанд, ташкил медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348).
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд ваколатҳои роҳбарии фаъолияти кооператсияи матлубот, эҷоди инфраструктураи умумии истеҳсолию иҷтимоӣ, муҳофизати манфиатҳои аъзои кооператсияи матлубот ва кормандони онро байни худ аз нав тақсим намоянд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Моддаи 5. Мақомоти роҳбарикунандаи кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Мақоми олии роҳбарикунанда кооператсияи матлубот дар ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилоят анҷуманҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Мақоми олии роҳбарикунанда кооператсияи матлубот дар ноҳия конференсияи иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот мебошад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Мақоми олии роҳбарикунанда ҷамъияти матлубот маҷлиси умумии саҳмдорон, (маҷлиси намояндаҳо) мебошад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Анҷуманҳою конференсияҳо Шўроро интихоб менамоянд, ки он дар давраи байни анҷуману конференсияҳо вазифаҳои онҳоро иҷро карда, ба онҳо ҳисоботдеҳ мебошад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Маҷлиси умумии саҳмдорон (маҷлиси намояндаҳо), конференсия ва анҷуман мақомоти идора ва мақомоти назоратро интихоб менамояд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Ташкилоти ибтидоии идораи корҳои кооператсияи матлубот участкаи кооперативӣ мебошад, ки аз рўи аломати ҳудудӣ ё истеҳсолотӣ ташкил мегардад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Мақомоти иҷроияву амрдиҳандаи ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо раёсатҳои ҷамъияти матлубот, иттифоқҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошанд. Тартиби интихоби раёсат ва ваколатҳои он мувофиқи оинномаи ҷамъияти матлубот ва иттифоқи он ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348).
Моддаи 6. Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон ва ваколатҳои он
(Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348)
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон - Иттифоқи Тоҷикматлуботро ташкил мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Ба ҳайати Иттифоқи Тоҷикматлубот ҳамчунин дигар ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва дигар ҷамъиятҳо (ширкатҳо) дар асоси комилан ихтиёрӣ дохил шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Иттифоқи Тоҷикматлубот ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348):
- манфиатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлуботро дар суд ва дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ ва ҳимоя мекунад;
- стратегия ва барномаи рушди кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ, роҳҳои татбиқи қарорҳои қабулнамудаи анҷуманро таҳия ва амалӣ менамояд;
- бо максади татбиқи барномаҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддати рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии соҳа фаъолияти маблаљгузориро дар ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот амалӣ месозад;
- иҷрои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои қабулкардаи худро аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои кооператсияи матлубот - аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил ва назорат менамояд;
- бо ташкилотҳои кооператсияи матлуботи дигар давлатҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалии кооператсияи матлубот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон робита барқарор месозад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти кооператсияи матлубот дахл доранд, иштирок менамояд;
- барои ташкилотҳои кооператсияи матлубот - аъзои Иттифоқи Тоҷикматлубот оиди сохтори ташкилӣ, меъёрӣ, пардохти музди меҳнат, таъсис ва истифодаи фондҳо, ки хоси соҳаи кооператсияи матлубот мебошанд, дастуру тавсияҳо ба нашр мерасонад;
- назорати иқтисодӣ ва молиявиро амалӣ месозад, фаъолияти шахсони ҳуқуқиро дар доираи кооператсияи матлубот назорат карда, ба онҳо кўмакҳои техникӣ, иқтисодӣ ва кўмакҳои дигар мерасонад;
- дар дигар давлатҳо намояндагиҳои тиҷоратӣ таъсис медиҳад, ки онҳо манфиатҳои кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро вобаста ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳимоя менамоянд;
- омўзиши тамоюлҳои рушди бозори дохилӣ ва хориҷиро ташкил намуда, тавсияҳо медиҳад;
- омўзиш ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии ҳайати кормандони кооператсияи матлуботро ташкил ва ҳамоҳанг месозад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348).
БОБИ II. ДАВЛАТ ВА КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Моддаи 7. Кафолати ҳуқуқи кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
1. Давлат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кооператсияи матлубот ва аъзои он кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофу таҳкими мустақилияти иқтисодии ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, афзоиши самаранокии фаъолият мусоидат намуда, ба ҳеҷ як маҳдудкунии фаъолияти хоҷагӣ ва ташаббуси кооператсияи матлубот, маҳдудкунии амали озод ва баробарҳуқуқи он дар бозори молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ роҳ намедиҳанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволи кооператсияи матлуботро кафолат медиҳад. Моликияти он дахлнопазир аст (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73).
2. Давлат ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки:
-барои иҷрои мақсад ва вазифаҳояшон корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидориро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348).
амволи корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳое, ки ба шаклҳои дигари моликият асос ёфтаанд, дигар амвол ва ҳуқуқи амволӣ гиранд;
ба тартиби муқарраршуда қитъаҳои заминро ба ихтиёр, ба истифода гиранд;
бо истифодаи асъори хориҷӣ амалиёт гузаронанд ва ҳамчун иштироккунандаи муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ баромад кунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73);
бо масъулияти молумулкии худ фаъолияти соҳибкорӣ ва миёнаравии тиҷоратиро инкишоф диҳанд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348);
дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъсис додани бозорҳо, фурўшгоҳҳо, ва иншоотҳои дигари савдо ва хўроки умумӣ савдои наздисарҳадиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348).
3. Ба маҳдудиятҳо дар ҷудо кардани молҳои истеъмоли халқ ва маҳсулоти таъиноти истеҳсолотӣ аз манбаҳои давлатӣ ба андозаи аз тарафи кооператсияи матлубот вусъат додани ҳаҷми захираҳое, ки аз ҳисоби харидорӣ ва истеҳсоли худ ба муомилот ҷалб мегарданд, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
4. Давлат ба назорати фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ва молиявии кооператсияи матлубот ва аз тарафи ташкилотҳои корхонаҳои он риоя шудани мавқеи оинномаҳояшон, қоидаҳои муқарраршудаи савдо ва аз адои хизмати аҳолӣ ҳақ доштани мақомоти назоратию тафтишотиро эътироф мекунад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Мақомоти давлатӣ мутобиқи вазифаҳои муқарраркардаи қонунгузории ҷорӣ ҳақ доранд ба фаъолияти кооператсияи матлубот назорат кунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
5. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо тадбирҳои масъулияти интизомии шахсони интихобӣ ва дигар кормандонро мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаҳои худ мустақилона муқаррар мекунанд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348).
Мақомоти давлатӣ дар мавриди зарурат ҳақ доранд ба раёсати ташкилоти болоӣ ариза дода, ба он таклиф намоянд, ки ба раисони раёсатҳо ва дигар кормандони интихобии ҷамъиятҳо ва иттифоқҳои матлубот ҷазои интизомӣ дода шавад.
Моддаи 8. Муносибатҳои кооператсияи матлубот бо Шўроҳои маҳаллии депутатҳои халқ
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
1. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар фаъолияти худ бо Маҷлисҳои вакилони халқ дар масъалаҳои ташкили хизматрасонии савдо ба аҳолӣ, равнақи харидории маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ, истеҳсоли молҳои истеъмоли халқ, адои хизматҳои гуногуни аҳолӣ ҳамкорӣ мекунанд, ихтиёрӣ дар кори тараққии комплексии иқтисодию иҷтимоии минтақаҳо, ки Маҷлисҳои вакилони халқ аз ҳисоби маблаљҳои буҷети маҳаллӣ анҷом медиҳанд, ширкат меварзанд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73).
Мақомоти давлати ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар фаъолияти хоҷаги, молияви ва дигар фаъолияти ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба љайр аз мавридҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, ҳуқуқи дахолат карданро надоранд. Муносибатҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар асоси созишнома муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Масъалаҳои бунёд кардани иншоотҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ба кор бурдани захираҳои табиӣ дар минтақаи дахлдор аз тарафи ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот бо ризояти Маҷлисҳои вакилони халқ ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73).
2. Давлат барои ўҳдадориҳои ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо ва ҷамъиятҳои матлуботу иттифоқҳои онҳо барои ўҳдадориҳои давлат масъулият надоранд.
Подоши зараре, ки мақомоти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар натиҷаи дахолати љайриқонуниашон ба фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияти онҳо расонидаанд, аз ин мақомот ва шахсони ҳуқуқӣ ба воситаи суди иқтисодӣ ситонда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
(Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348)
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд:
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348);
ҳуқуқ ва манфиатҳои корхонаҳои кооператсияи матлубот ва коркунони ин соҳаро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, суд ва дигар ташкилоту муассисаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ ва ҳифз намояд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348);
дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора иштирок намоянд;
дар бораи мақсадҳо ва фаъолияташон озодона хабар паҳн кунанд. Воситаҳои ахбори омма таъсис диҳанд ва фаъолияти табъу нашрро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348);
аз рўи масъалаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ ташаббус нишон диҳанд, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешниҳодҳо намоянд, ваколатҳои дигарро, ки Қонуни мазкур ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фаъолияти кооператсияи матлубот пешбинӣ кардаанд, татбиқ намоянд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348);
ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраршуда маълумотеро, ки ба фаъолияти оинномавӣ алоқаманд мебошад, пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348).
БОБИ III. МОЛИКИЯТИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Моддаи 10. Моликияти ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо
1. Моликияти кооператсияи матлубот аз моликияти ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва моликияти муштараки онҳо иборат аст (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Моликияти (амволи) кооператсияи матлуботро мақомоти он мутобиқи салоҳияти муайянкардаи оинномаҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо бо розигии иттифоқи ҷумҳуриявии онҳо бо ихтиёрдорӣ ва амалӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
2. Манбаъҳои амволи кооператсияи матлубот аз ҳисоби ҳаққи узвияти саҳмдорон, даромад аз фаъолияти соҳибкории ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва ташкилотҳои аз тарафи онҳо таъсис шуда, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
3. Мусодира ва интизоъ кардани иморатҳо, иншоот, биноҳои истиқоматӣ, молҳо, дигар амвол ва маблаљҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳамчун моликияти кооператсияи матлубот аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқ, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот манъ аст (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73).
Моликияти кооператсияи матлубот ба ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои аз тарафи ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот таъсис дода, вобаста карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Моддаи 11. Ҳамкории тарафайни ташкилотҳои кооператсияи матлубот бо ташкилоту корхонаҳои шаклҳои дигари моликият
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои онҳо ба сифати аъзо ё иштирокчӣ дар асоси саҳмдорӣ ба ассотсиатсияҳои хоҷагӣ, консернҳо, консорсиумҳо, ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд ва дигар ҷамъиятҳои (ширкатҳои) хоҷагӣ метавонанд дохил шаванд, ки ин боиси таљйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо, ҳуқуқи онҳо чун шахсони ҳуқуқӣ намегардад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
БОБИ IV. АСОСҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Моддаи 12. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар деҳот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Реҷаи кории корхонаҳои кооператсияи матлубот, ки савдо ва дигар намудҳои хизматрасониро ба аҳолӣ амалӣ месозанд, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348).
Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба тараққии соҳаи иҷтимоии деҳот мусоидат намуда, дар ҳамкории мутақобил бо ташкилоту корхонаҳои комплекси агросаноатӣ шабакаи васеи корхонаҳои таҳияю коркарди маҳсулоти ба маҳалли зисти аҳолӣ басо наздикро ташкил мекунанд. Ин корхонаҳо маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзиро харида, коркарди оддӣ ва фурўши он, ҳамчунин хизматрасониро анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Ташкилотҳои кооператсияи матлубот фаъолияти хоҷагии худро дар деҳот дар ҳамкории наздик бо иттифоқҳою ассоциацияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар истеҳсолкунандагони кишоварзӣ ба роҳ мемонанд, алоқаҳои ҷамъиятию хоҷагиро ба аъзояшон барои мусоидат ба муҳофизати манфиатҳои аҳолии деҳот, пурратар таъмин намудани он аз молҳои таъиноти истеҳсолию техникӣ ва истеъмоли халқ истифода мекунанд.
Ташкилотҳои кооператсияи матлубот якҷоя бо Маҷлисҳои вакилони халқ дар қаламрави ноҳияҳои деҳотӣ системаи комплексии хизматрасонӣ барпо мекунанд, ки он ба аҳолӣ имкон медиҳад, то ҳама чизи лозимаро дар маҳал пайдо намуда, барои буд кардани кори худ ба шаҳр наравад. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳои мавсимиро ташкил намуда, барои таъминоти аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон нигаҳдорӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 04.11.1995 № 126, аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348).
Бо қарори маҷлисҳои умумӣ (маҷлисҳои намояндагон) ҷамъиятҳои матлубот дар ташкили марказҳои савдою маишӣ ва ҷамъиятию фарҳангӣ, сохтмони манзил, муассисаҳои томактабӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ дар деҳот иштирок мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Моддаи 13. Фаъолияти кооператсияи матлубот дар шаҳрҳо
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Кооператсияи матлубот фаъолияти худро дар шаҳрҳо бо роҳи ташкил намудани ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрӣ, анборҳои фурўши яклухти молу маҳсулот, таъминкунӣ аз маҳсулот ва маҳсулоттайёркунӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмонӣ, нақлиётӣ, таъмирӣ ва дигар корхонаҳо, шабакаи савдои чаканаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шакли тару тоза ё коркардашудаи дигар молҳо, инчунии комплекси меҳмонхонаҳо, қароргоҳ барои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ривоҷ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Моддаи 14. Ташкили захираҳои молӣ ва моддию техникӣ
1. Барои қонеъ намудани талаботи аъзои худ ва аҳолие, ки ба он хизмат расонида мешавад, ташкилотҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби харидории захираҳои молӣ дар асоси шартномавӣ аз корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, истеҳсоли молҳои хўрокворӣ ва љайрихўрокворӣ дар корхонаҳои шахсии худ, аз ҳисоби инчунин ворид намудан берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ захираҳои молӣ ташкил мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348).
2. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бозорҳои мол мустақилона ва баробарҳуқуқона амал мекунанд, савдои яклухтро инкишоф медиҳанд, бидуни ҳеҷ як маҳдудият бо корхонаҳои саноат ва дигар таҳиякунандагони молу маҳсулот алоқаҳои мустақим барқарор мекунанд, дар кори биржаҳои молу ашёи хом иштирок менамоянд, ярмарка ва музоядаҳо (ауксионҳо) ташкил мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348).
3. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот хариди захираҳои моддию техникиро бевосита аз истеҳсолкунандагон, дар савдои яклухт, дар биржаҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо, аз ташкилотҳои миёнарав ва дигар ташкилотҳо, инчунин бо роҳи гирифтан аз манбаъҳои марказонидаи давлатӣ дар таркиби комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Моддаи 15. Даромадҳо, нархгузори, андозгирӣ, қарзҳо ва ҳисоббаробаркунӣ
1. Фоидаи ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот аз ҳисоби натиҷаҳои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, истеҳсолӣ ва дигар фаъолияте, ки қонун манъ накардааст ташкил мегардад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348).
2. Раёсати ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо мустақилона ё тавассути шартнома дар асоси нархгузорӣ бо назардошти арзиши воқеии ашёи хом ва материалҳо, масорифи муомилот ва истеҳсолот ва андозаи миёнаи фоидаоварии нархи (тарифи) молҳо, маҳсулот, ашёи хом, кору хизматҳоро, ки ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот ба аъзои худ, ба аҳолӣ ва дигар харидорон мефурўшанд ва кору хизматҳои онҳоро иҷро менамоянд, муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
3. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо дар ташкили буҷети давлатӣ бо роҳи пардохти андоз аз фоида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Ба ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот дар бобати андоз мутобиқи қонуни ҷории ҷумҳурӣ имтиёзҳо дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Меъёри андоз аз даромад барои ташкилоту корхонаҳои кооператсияи матлубот дар асоси шартҳои имтиёзнок бо назардошти хислату хосияти фаъолияти кооператсияи матлубот муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
4. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, метавонанд дар ҳар як банк барои нигоҳ доштани пул ва иҷрои ҳама гуна амалиёти ҳисоббаробаркунӣ, қарзӣ ва хазинавӣ ҳисобҳои пардохт ва ҳисобҳои дигар кушоянд, аз кредитҳои банкӣ ба шартҳои барои ташкилотҳо ва корхонаҳои комплекси агросаноатӣ муқарраршуда истифода намоянд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот ҳақ доранд, ки банкҳои ҳисоби хоҷагии кооперативӣ ташкил намоянд. Ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои кооператсияи матлубот ба ин банкҳо ихтёран дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот метавонанд ҳамчунин марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ташкил кунанд, ки онҳо ба сифати қарздиҳандагони ягона, инчунин пардохткунандагони ўҳдадориҳои пулии ҷамъиятҳои матлубот дар назди буҷет, банкҳо ва дигар корхонаҳою ташкилотҳо баромад кунанд. Дар муомилоти хоҷагии кооператсияи матлубот векселҳо истифода шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Моддаи 16. Фаъолияти амонатгузорӣ ва суљурта
(Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348)
1. Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркуние, ки дар кооператсияи матлубот амал мекунанд, метавонанд аз аъзои он ва дигар шаҳрвандон амонатҳоро қабул кунанд, мустақилона шартҳоеро муқаррар намоянд, ки мутобиқи онҳо амалиёти қабули амонатҳо сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Банкҳои кооперативӣ ва марказҳои молиявии ҳисоббаробаркунӣ ҳифзи маблаљҳои ҷалбшуда, истифодаи самарабахши онҳо ва дар назди амонатгузорон дар вақташ иҷро шудани ўҳдадориҳоро кафолат медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
2. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мустақилона бидуни иҷозатномаҳои мақомоти давлатӣ суљуртаи дохилисистемавии амвол ва манфиатҳои амволиро ба амал бароранд, дигар навъҳои суљуртаро ривоҷ диҳанд ҷамъиятҳои кооперативии суљурта таъсис кунанд, шароити суљуртапулиро муайян созанд.
Ҷамъиятҳои матлубот, иттифоқҳои ҷамъиятҳои матлубот, корхонаҳои онҳо метавонанд амволашон ва манфиатҳои амволиашонро дар мақомоти суљуртаи давлатӣ дар асоси ихтиёрӣ суљурта намоянд.
3. Ба мақсади сафарбар намудани маблаљҳои озоде, ки аъзои ҷамъиятҳои матлубот ва шахсони дар ташкилотҳою муассисаҳои кооператсияи матлубот аз рўи шартномаи меҳнатӣ коркунанда, дигар шаҳрвандон доранд, дар системаи кооператсияи матлубот метавонанд қабули иловагии аъзоҳаққиро дар ҳаҷми номаҳдуд дар асоси созишномаҳо бо саҳмдорон ташкил намоянд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348).
Моддаи 17. Дастгирии иҷтимоии аъзо ва кормандони кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ба таъмини шуљли аҳолӣ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷойҳои кор, васеъ намудани шабакаи корхонаҳои хурд, татбиқи реҷаи ўҳдабароёнаи меҳнат, омўзиш ва бозомўзии касб ва такмили ихтисоси кормандоне, ки дар навбати аввал аъзои ҷамъиятҳои матлубот мебошанд, мусоидат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
2. Ба манфиати аъзо ва кормандон дар системаи кооператсияи матлубот муассисаҳои таълимоти кооперативӣ, оид ба тайёр намудани мутахасисони таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, курсҳои кўтоҳмуддати тайёр намудани кормандони касбҳои оммавӣ амал мекунанд.
Сохтори омўзиши кадрҳо, навъҳои касбу ихтисос, хаҷми омўзиш дар муассисаҳои таълимиро иттифоқи Тоҷикматлубот муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 05.01.2008 № 348).
3. Ташкилотҳо ва корхонаҳои кооператсияи матлубот истифодаи самарабахшу дурусти қитъаҳои замини дар истифода ё дар ихтиёрашон бударо таъмин мекунанд, ҳангоми ҷо ба ҷо кардан ва сохтани иншоотҳои базаи моддию техникӣ тадбирҳои муҳофизати табиатро амалӣ менамоянд, ҳангоми анҷом додани фаъолияти истеҳсолӣ, маҳсулоттайёркунӣ ва дигар фаъолияти хоҷагӣ талаботи муҳофизати муҳити зистро ба назар мегиранд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
БОБИ V. АЛОҚАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ КООПЕРАТСИЯИ МАТЛУБОТ
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
Моддаи 18. Алоқаҳои байналмилалии кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348)
Иттифоқи Тоҷикматлубот кооператсияи матлуботи Тоҷикистонро дар Ассотсиатсияи Лигаи ташкилотҳои миллии (ҷумҳуриявии) кооператсияи матлуботи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ мустақилона намояндагӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73, аз 05.01.2008 № 348).
Моддаи 19. Фаъолияти иқтисодии хориҷии кооператсияи матлубот
(Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73)
1. Ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳақ доранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иқтисодии хориҷиро мустақилона татбиқ намоянд. Онҳо аз қарзҳои банкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарзҳои тиҷоратӣ дар шакли асъори хориҷӣ ва пардохти ин қарзҳо аз ҳисоби маблаљҳои асъории аз фурўши молу маҳсулоти воридотӣ ба дастомада, ё дигар маблаљҳои худӣ истифода мекунанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
Маблаљҳо дар шакли асъори хориҷӣ, ки ташкилотҳою корхонаҳои кооператсияи матлубот аз содироти молу маҳсулот, молҳо (хизматрасонӣ) ба даст меоваранд, баъд аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ба ихтиёри онҳо дохил мешаванд ва воҷиби ситондан намебошанд (Қонуни ҶТ аз 02.12.2002 № 73).
2. Ба ҷамъиятҳои матлубот ва иттифоқҳои онҳо ҳуқуқ дода мешавад, то туризми байналхалқии кооперативиро равнақ диҳанд ва дар Тоҷикистон ба воситаи шабакаи савдои махсусгардонидашуда молҳоро ба асъори хориҷӣ фурўшанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Р. НАБИЕВ
ш. Душанбе,
аз 13 марти соли 1992, № 583
ҚАРОРИ ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз лаҳзаи чоп шуданаш амалӣ гардонда шавад.
2. Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикматлубот қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои нормативии идоравиро бо Қонун "Дар бораи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутобиқ кунонанд.
Раиси
Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      С. Кенҷаев
13 марти соли 1992, шаҳри Душанбе № 584
 
 

ДАР БОРАИ ФЕҲРИСТҲОИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Чшб, 22/01/2020 - 13:16
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
564
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
11.03.1992

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

        Дар бораи Феҳристҳои давлатӣ

 

(Аҳбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992, №9, мод. 126; Аҳбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №23, мод. 356; соли 2002, №4, қ-1, мод. 221; соли 2008, №12, қисми 2, мод.993)  

 

Боби 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсади Феҳрист

 

Қонуни мазкур тартиби таъсис, корбарӣ ва барҳамдиҳии Феҳристҳои давлатиро муқаррар менамояд.

Мақсади таъсис ва корбарии  Феҳристи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва маҳфуз нигоҳ доштани маълумоти асоснок дар бораи маҷмӯи пурраи объектҳои категорияи муайян барои истифодаи он дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатию идора ва дар дигар ҳолатҳои бо Қонуни мазкур пешбинишуда мебошад.(ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 2. Таърифи Феҳристи  давлатӣ

 

Феҳристи давлатӣ аз маҷмӯи далелҳо иборат мебошад ва дар ҳудуди категорияи аниқ муайянгардида маълумотҳоро дар бораи тамоми объектҳо дар бар мегирад. Таъсис, корбарӣ ва истифодабарии Феҳристи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки регистрҳои алоҳидаро танзим мекунанд, сурат мегирад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 21 . Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатҷ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Феҳристи давлатҷ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

(ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 3. Намудҳои  Феҳрист

 

1. Феҳристи давлатӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ шуда метавонад.

2. Феҳристи ҷумҳуриявӣ объектҳои категорияҳои даҳлдорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегиранд (Феҳристи корҳонаҳо, Феҳристи аҳолӣ, Феҳристи замин, Феҳристи сарватҳои табиӣ ва ғайра).

3. Мақомоти ҳудидоракунии маҳаллӣ барои такмили феҳристи ҷумҳуриявӣ метавонанд заҳираҳои маҳаллиро, ки маҷмӯи маълумотҳоро барои худидоракунии маҳаллӣ дар бар мегиранд, таъсис диҳанд (Феҳристи қишлоқҳо, Феҳристи биноҳо ва ғайра). (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Боби 2. ТАЪСИСИ ФЕҲРИСТҲОИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 4. Муассиси Феҳрист ва корбари  Феҳрист

 

Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости мақомоти давлатӣ таъсис дода мешавад. Ҷамъоварӣ, сабту нигоҳдорӣ, назорат ва ташкили истифодабарии маълумотҳоро муассиси Феҳрист ё мақоме, ки корбари Феҳрист номида мешавад, мебарад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 5. Таъсиси Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дарҳости мақомоти давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ҳангоми таъсис додани Феҳристи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зерин зарур мебошад:

а) лоиҳаи Низомнома дар бораи Феҳрист;

б) ҳулосаи мақоми давлатии омор дар ҳусуси зарурати таркиб, ҷамъоварӣ ва истифодабарии маълумотҳо;

в) лоиҳаи  ҳарҷномаи  Феҳрист.

2. Таркиби маълумотҳои Феҳрист бо розигии муассиси он аз тарафи корбари Феҳрист васеъ карда мешавад.

3. Феҳристе, ки маълумотҳои шаҳсии шаҳрвандонро дар бар ме­гирад, бо Қонуни алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикстон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 6. Таъсиси Феҳристи маҳаллӣ

 

Феҳристи маҳаллӣ бо қарори мақомоти худидоракунии маҳаллҷ дар худуди таркиби маълумотҳое, ки дар Феҳристи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, таъсис дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар бошад, мақомоти ҳудидоракунии  маҳаллҷ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозати таъсиси Феҳрист бо таркиби маълумотҳои васеъ дарҳост, лоиҳаи Низомнома дар бораи Феҳрист ва ҳулосаи мақоми давлатии омори ҷумҳуриро дар ҳусуси мувофиқи мақсад будани васеъгардонии таркиби маълумотҳои Феҳрист пешниҳод мекунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 7. Эълон кардани тавсифи Феҳрист, мутобиқати он ба меъёрҳо

 

Таркиб ва усулҳои истифодабарии маълумотҳои Феҳрист дар матбуот чоп карда мешаванд. Тасниф ва кодгузории маълумотҳо бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат кунанд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 8. Пешниҳод намудани маълумотҳо

 

1. Маълумоте, ки ворид намудани он ба Феҳристи давлати ҳатмӣ мебошад, ба истиснои маълумоте, ки таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шаҳсони ҳуқуқи ва соҳибкорони иифиродӣ» қарор мегирад, аз тарафи шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.

2. Маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шаҳсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфиродӣ аз тарафи мақомоти анчомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шаҳсони ҳукукӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №641)

 

Моддаи 9. Барҳамдиҳии Феҳристҳои давлатӣ

 

Феҳристи давлатӣ аз тарафи мақоме, ки таъсис додааст, бо пешниҳоди корбари Феҳрист ва дар сурати мавҷуд будани ҳулосаи мақоми давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистои дар ҳусуси мувофиқи мақсад будани барҳамдиҳии Феҳрист, барҳам дода мешавад.

Маълумотҳое, ки дар Феҳристи барҳам додашаванда нигоҳ дошта мешуданд, ба бойгонӣ супурда мешаванд ё мувофиқи Низомнома дар бораи Феҳрист нобуд карда мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Боби 3. Феҳристдорӣ ва истифодаи феҳристи давлатӣ

 

         Моддаи 10. Ҳуқуқ ва вазифаҳои феҳристдор

 

1. Агар феҳристдори давлатӣ ба саҳеҳии маълумоти феҳрист шубҳа дошта бошад, ҳақ дорад дар бораи объектҳои бақайдгирифташуда ба маълумотдиҳандагон дарҳост равон намояд.

2. Феҳристдор вазифадор аст маълумотҳоро аз истифода ва интишори ғайриқонунӣ, тағйир додан ва нобуд соҳтан ҳимоя намояд.

3. Феҳристдор вазифадор аст ба талаботу дарҳостҳои дар қисми 1 моддаи 11 Қонуни мазкур зикршуда дар давоми се рўзи корӣ ҷавоб гардонад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 11. Ҳуқуқ ва вазифаҳои объекти бақайдгирифташуда

 

1. Ҳар кадом объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он ҳақ дорад аз корбари Феҳрист маълумотҳоеро, ки дар бораи объект дар Феҳристи давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, гирад, ҳамчунин ба корбари Феҳрист дар ҳусуси мавҷудият, асоснокӣ ё пуррагии он маълумотҳо равон намояд.

2. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст асоснокии маълумотҳои барои ба Феҳрист доҳил кардан пешниҳодшуда ва таҷдиди онҳоро мувофиқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида таъмин намояд.

3. Объекти бақайдгирифташуда ё соҳиби он вазифадор аст ба дарҳости дар қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур зикршуда дар да­воми даҳ рӯзи корӣ ҷавоб гардонад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 12. Истифодабарии маълумотҳои феҳрисҳо

 

1. Ҳуқуқи истифодаи ҳизматии Феҳристи давлатиро шаҳсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар низомнома дар бораи Феҳрист муайянгардида доранд.

2. Истифодаи маълумотҳои дар Феҳристи давлатӣ мавҷудбуда бо мақсадҳое, ки муҳолифи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи Феҳрист мебошанд, манъ аст.

3. Маълумотҳои дар Феҳристи давлатӣ мавҷудбуда барои истифодабарӣ дар кор ба шаҳсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд мувофиқи Низомнома дар бораи Феҳрист дода шаванд. Шаҳсе, ки ба ӯ маълумотҳои дар Феҳрист мавҷудбуда дода шудаанд, метавонад онҳоро танҳо барои мақсадҳое, ки ҳангоми додани маълумотҳо муайян гардидаанд истифода намояд. Маълумотҳо дар бораи тамоми шаҳсоне, ки ба онҳо маълумотҳои Феҳрист дода шудаанд, дар арҳиви Феҳрист маҳфуз дошта мешаванд.

4. Барои таъмини саҳеҳии маълумотҳои феҳристи давлатӣ дар панҷ сол як маротиба объектҳои феҳрист аз нав ба қайд гирифта шаванд. (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

Моддаи 13. Додани кодҳо ба объектҳои бақайдгиранда

 

Баъди бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифтани шаҳсоне, ки тахти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» қарор намегиранд, муассисаҳои бонкҳо дар сурати мавҷуд будани варақаи бақайдгирии додани кодҳои мақоми омори давлатӣ, ки феҳристи корҳонаю муассисаҳо, фирмаҳо сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, инчунин соҳибкорони инфиродиро ба қайд мегиранд, суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №641)

 

Моддаи 14. Ҷавобгарҷ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шаҳсони воқеҷ ва ҳуқуқҷ, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарҷ кашида мешаванд.  (ҚҶТ аз 31.12.08с №459).

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Р. НАБИЕВ

11 марти соли 1992  шаҳри Душанбе

 № 564

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар ҳусуси татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бо­раи Регистрҳои давлатӣ»

 

(Аҳбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992, №9, мод. 127)

 

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регистрҳои давлатӣ» аз рӯзи нашр гардиданаш дар амал татбиқ карда шавад.

2. Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар ҳусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод кунад;

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи регистрҳои давлатӣ» мувофиқ намояд.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              С. КЕНҶАЕВ.

11 марта соли 1992  шаҳри Душанбе

№ 565

ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ РЕГИСТРИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Чшб, 22/01/2020 - 13:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
563
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
11.03.1992
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Дар бораи таъсиси Регистри аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
1. Регистри аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, корбарии он ба зимаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
 
2. Муқаррар гардад, ки ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Регистри аҳолии ноҳияи маъмурӣ буда, дар хусуси дигар кардани маҳалли истиқомат ва дигар маълумотҳое, ки бояд аз назари юридикӣ ба расмият дароварда шаванд, хабар медиҳад.
 
3. Аз 1 январи соли 1993 ба ҳар шахси маскуни доимии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки барои истиқомати муваққатӣ ё таъҷилӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома доранд, ба сифати ҳаммонанди аломати рақами он коди ягонаи шаҳрванди дода шавад ва он ҳангоми таҳлили автоматикунонидашудаи маълумоти Регистри аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда шавад.
 
4. Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июни соли 1992 тартиб додани коди шаҳрвандӣ ва ба ҳуҷҷатҳо дохил кардани онро тасдиқ намояд.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Р. НАБИЕВ
 
ш.Душанбе, 11 марти соли 1992
№ 563
 

ДАР БОРАИ ИНДЕКСАТСИЯИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ БО НАЗАРДОШТИ НАРХҲОИ МОЛҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Чшб, 22/01/2020 - 14:20
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
891
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
27.12.1993

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, № 1, мод. 22; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  1997, № 9, мод. 117)

 

Ин Қонун асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва иқтисодии индексатсияи даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бинобар болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ муайян менамояд.

 

ФАСЛИ I

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳуми индексатсияи даромади аҳолӣ                      

Индексатсияи даромади аҳолӣ (минбаъд индексатсия номида мешавад) механизми зиёд кардани даромад ва пасандозҳои пулии шаҳрвандон буда, он барои қисман ё пурра ҷуброн намудани болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хиз­матрасонӣ имкон медиҳад.

Индексатсия ҷузъи системаи умумидавлатии ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон мебошад ва барои нигоҳ доштани қудрати харидории даромад ва пасандозҳои пу­лии онҳо, хусусан табақаҳои камбизоати аҳолӣ: нафақахӯрон, маъюбон ва оилаҳои серфарзанд, инчунин ҷавонони таҳсилкунанда нигаронида шудааст.

Индексатсия метавонад бо дигар усулҳои танзими давлатии даромади аҳолӣ (аз нав дида баромадани музди меҳнат, андозаи нафақа, ёрдампулиҳои иҷтимоӣ ва ғайра) тавъам гардад ва дар баъзе мавридҳо онҳоро иваз намояд.

Тағйироте, ки ба механизми нигаҳдории қудрати харидории даромади аҳолӣ дохил карда мешавад, аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тасдиқи Қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли дахлдор мавриди баррасӣ қарор мегирад.

 

Моддаи 2. Объектҳои индексатсия

Даромаде, ки шаҳрвандон онро бо асъори миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд ва он хусусияти якдафъагӣ надорад: нафақаи давлатӣ, ёрдампулии иҷтимоӣ (ба оилаҳои кӯдакдор, бинобар бекорӣ, корношоямии муваққатӣ ва ғайра), стипендия, музди меҳнат (маош, моҳона), маблағи ҷуброни зиёне, ки бинобар маъюбӣ ё дигар хел иллатманд шудани саломатӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ сурат гирифтааст.

Даромади пулии шаҳрвандон, ки аз додани амвол ба иҷора, аз саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматнок (ба истиснои коғазҳои қиматноки давлатӣ), ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ё хоҷагии ёрирасони шахсӣ, соҳибкорӣ ё дигар фаъолият, ҳамчун манбаи даромади пулӣ аз моликият, ба даст омадааст, мавриди ин­дексатсия қарор намегирад.

Ба аҳолӣ ҷуброн намудани зиёне, ки аз беқурбшавии пасандозҳои дар муассисаҳои Бонки амонатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои дигар, инчунин дар сер­тификатҳои ин бонкҳо, ӯҳдадориҳои бонкии давлатӣ, вомбарги бурдноки дохилии давлатӣ гузошташуда ва инчунин пулҳои ба ташкилотҳои суғуртаи давлатӣ додашуда расидааст, бо роҳи тағйир додани фоизи меъёрҳо ба тартибе, ки Қонун бо назардошти индекси нархҳо муқаррар кардааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 3. Муайян кардани андозаи индексатсияи даромади пулӣ

Андозаи индексатсияи даромади пулӣ бо роҳи зарб задани ҳаҷми даромади мавриди индексатсия ва индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ муайян карда мешавад. Зимнан, дар ин кор аз коэффисиентҳо, ҷадвали қиёсӣ ва меъёрҳои дигари муайянкунандаи кафолатҳои ҳадди ақаллии индексатсия дар ҷумҳурӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, инчу­нин шарту шароите, ки дар мувофиқатномаҳои коллективии байни моликон ё намояндагони онҳо аз як тараф ва иттифокҳои касаба - намояндагони манфиатҳои меҳнаткашон аз тарафи дигар, зикр ёфтаанд, истифода бурдан мумкин аст.

Дар минтақаҳое, ки ба музди меҳнат, нафақа ва ёрдампулӣ коэффисиентҳо муқаррар карда шудаанд, индексатсияи даромад бо назардошти ин коэффисиентҳо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 4. Индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ

Индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ аз рӯи методологияи ягона ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар асоси интихоби маҷмӯи муайяни молҳо ва хизматрасонӣ, ки барои ҳисобу китоби ҳадди ақаллии буҷети истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ қабул гардидааст, ҳисоб карда мешавад.

Назорат ба тағйироти нархҳои молҳои истеъмолӣ аз тарафи хидмати давлатии бақайдгирии нархҳо, ки дар Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳсоия ташкил карда мешавад ва мақомоти он дар маҳалҳо сурат мегирад.

 

Моддаи 5. Тартиб ва андозаи индексатсияи даромади аҳолӣ

Тартиб ва андозаи индексатсияи даромади пулии аҳолиро инҳо муайян мекунанд:

нисбати нафақаҳои давлатӣ, ёрдампулиҳои иҷтимоӣ, стипендия, маблағи ҷуброни зиёни расондашуда ё дигар иллатмандии саломатӣ, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста аст, - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

нисбати музди меҳнати (маош, моҳонаи) кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ҳисоби хоҷагӣ мебошанд – корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо мустақилона дар асоси мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;

нисбати музди меҳнати (маоши, моҳонаи) кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, ки дар буҷети ҷумҳурӣ мебошанд, - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

нисбати маош ва нафақаҳои давлатии хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати роҳбарӣ ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

нисбати музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, - иттиҳодияи ҷамъиятӣ мустақилона;

нисбати музди меҳнати ҳайати махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, -  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

нисбати дигар намудҳои даромади аҳолӣ индексатсия ба тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Меъёри фоизи пасандозҳои пулӣ ва сертификатҳое, ки дар Бонки амонатӣ ва дигар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, аз тарафи ин бонкҳо ва бо мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Меъёрҳои фоизи коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Аз тарафи ташкилотҳои суғуртаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ додани маблағи суғурта, нафақаи суғурта ва ёрдампулиҳо аз рӯи шартномаҳои суғуртаи дарозмӯҳлат мутаносибан тавассути ташкилотҳои дахлдори суғурта муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 6. Асосҳо барои индексатсия

Индексатсияи даромадҳои пулӣ дар сурати мавҷудияти шарту шароите, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда шудааст, сурат мегирад.

Ин шарту шароит чунин аст:

1. Ҳадди индексатсия – ҳаҷми афзоиши нархҳои молҳои истеъмолӣ (аз рӯи маҷмӯи муайяни молҳо ва хизматрасонӣ) дар моддаи 4 ин қонун пешбинӣ шуда, ки зиёд шудани он барои индексатсия асос шуда метавонад;

2. Давраи индексатсия - замони муайяни индексатсия (як маротиба дар сол, нимсола, семоҳа).

Ҳадди индексатсия ва тартиби татбиқи он ва давраи индексатсия дар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқатномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда мешавад. Ба нисбати индексатсия зиёд шудани даромади пулии шаҳрвандон баъд аз як моҳи расман нашр шудани индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 7. Манбаъҳои маблағ барои индексатсия

Манбаъҳои маблағ барои индексатсия инҳо мебошанд:

оид ба нафақаҳо ва ёрдампулӣ - фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди суғуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар фондҳои махсус, инчунин воситаҳое, ки бо таъиноти мақсаднок аз буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ҷудо карда мешаванд;

оиди ҷуброни зиёне, ки бо маъюбӣ ё дигар хел иллатманд шудани саломатӣ вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ, аз воситаҳо истифода бурда мешавад, ки пардохти музди меҳнати ин коркунон аз он сурат мегирад;

оиди стипендияҳо - аз маблағи буҷет, ки аз ҳисоби он стипендия дода ме­шавад, инчунин аз пули корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое сурат мегирад, ки хонандагонро (коркунонро) ба таҳсил фиристодаанд;

оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони корхонаҳо, ташкилотҳое, ки дар ҳисоби хоҷагӣ мебошанд, - аз воситаҳои худи корхона ва ташкилотҳо; 

оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое ки фаъолияти худро дар асоси маблағи буҷет (тандурустӣ, маорифи халқ, фарҳанг, илм ва ғайра) инчунин оиди маоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати роҳбарӣ ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ;

оиди пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои тиббӣ, солимгардонӣ, муассисаҳои томактабии кӯдакон; спорт, тарбияи фарҳангӣ, ки дар баланси корхонаҳо, ташкилотҳо ва иттифоқҳои касаба ме­бошанд, аз ҳисоби воситаҳои корхонаҳо, ташкилотҳо ва иттифоқҳои касабаи дахлдор ва буҷети маҳалли, - ҷудо кардани маблағи аз буҷетҳои дахлдор ҷудо кардашаванда;

оид ба пардохти музди меҳнати (маоши, моҳонаи) коркунони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ -буҷети ин иттиҳодияҳо, инчунин манбаъҳои дигар мувофиқи қонуни мавҷуда;

оид ба пасандозҳои аҳолӣ дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои дигар, инчунин сертификатҳои онҳо - даромади ин бонкҳо;

оиди коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо кардашаванда;

оид ба пардохтҳо ба ташкилотҳои суғуртаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши меъёрҳои фоизӣ аз рӯи маблағҳое, ки дар ҳисоби ин фондҳо гузошта шудаанд.

 

Моддаи 8. Қонунҳо дар бораи индексатсия

Афзоиши даромади пулии аҳолӣ, ки бинобар индексатсия сурат мегирад, бо ин Қонун, инчунин дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунӣ мазкур бароварда мешаванд, ки бо қаророи ҳокимияти Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

 

ФАСЛИ II

КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 9. Кафолатҳои давлатӣ барои татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба ин­дексатсия

Давлат ба шаҳрвандоне, ки нафақаи давлатӣ, ёрдампулиҳои махсус, стипен­дия, маблағи ҷуброни зиёни аз маъюбӣ ё дигар иллатмандии саломатӣ, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста мебошад, афзоиши даромади пулии онҳоро би­нобар индексатсия дар ҳаҷм ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, кафолат медиҳад.

Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Агенти давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри саривақтии маълумотро дар бораи индекси нархҳои молҳои истеъмолӣ, ҳадди индексатсия, давра ва дигар шарту шароити асосии индексатсия таъмин менамояд.

 

Моддаи 10. Аз нав дида баромадани андозаи даромаде, ки бояд индексатсия шавад

Андозаи пардохти музди меҳнат (маош, моҳона) нафақаҳои давлатӣ, ёрдампулиҳои иҷтимоӣ, стипендия ва дигар даромадҳои пулӣ ба тартибе, ки бинобар индексатсияи онҳо дар давраи гузашта муқаррар карда шудааст, зиёд мегардад.

Ба мақсади роҳ надодан ба гирифта шудани як қисми даромади аҳолӣ, ки бинобар индексатсия сурат гирифтааст, андозаи даромади ҳадди ақал, ки мавриди андоз қарор намегирад, ба тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, аз нав дида баромада мешавад.

 

ФАСЛИ III

НАЗОРАТ ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНҲО ДАР БОРАИ ИНДЕКСАТСИЯИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ

 

Моддаи 11. Мақомоте, ки ба риояи Қонунҳо дар бораи индексатсия назорат мекунанд

Назорат ба риояи қонунҳо дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи дар маҳалҳо ва инчунин аз тарафи иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, иттифоқҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои онҳо сурат мегирад.

 

Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунҳо дар бораи индексатсия

Шахсоне, ки барои вайрон кардани Қонун дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ гуннаҳкор мебошанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноӣ кашида мешаванд.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Э. РАҲМОНОВ

шаҳри Душанбе  27 декабри соли 1993

№ 891

 

 

 

ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи тартиби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ»

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, №1, мод.23)

 

 

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ» аз 1 ап­рели соли 1994 мавриди амал қарор дода шавад.

2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Тартиб ва шарту шароити индексатсияи даромади аҳолиро муайян намуда, соле на камтар аз 1 маротиба дар бораи тағйироти қисми даромади аҳолӣ, ки бояд индексатсия шавад, ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод кунад;

тартиби аз нав дида баромадани меъёрҳои хароҷоти пулро барои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, интернатҳо, мактабҳо, муассисаҳои таълимии касбӣ-техникӣ, миёнаи махсус ва олӣ, хонаҳои-махсуси пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби буҷетҳои дахлдор таъмин карда мешаванд, бо назардошти пурра ҷуброн намудани афзоиши хароҷот бинобар болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ муайян карда шавад;

дар муддати 2 моҳ оид ба индексатсия намудани даромади пулии аҳолӣ низомнома таҳия намояд;

феҳристи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониро, ки зарурати якрӯзаи зиндагӣ ҳисоб мешаванд, тасдиқ намояд ва онро мутобиқи тағйирёбии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ таҳти мушоҳида қарор диҳад;

дар муддати 2 моҳ тартиб ва шарту шароити ёрирасониро дар бобати ин­дексатсияи даромади корхонаҳое, ки аз рӯи нархҳо ва тарифҳои муайян маҳсулот ва хизматрасонӣ пешкаш мекунанд, инчунин корхонаҳои махсусгардонидашуда, ки меҳнати маъюбонро истифода мебаранд ва ҷамъияти маъюбон мувофиқи Қонун муайян кунад;

то 1 июли соли 1994 ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо на­зардошти болоравии нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ» мутобиқ сохтани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии идорӣ низ ба ин Қонун мутобиқ кунонида шаванд.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                       Э. РАҲМОНОВ

шаҳри Душанбе 27 декабри соли 1993

№ 892

ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Чшб, 22/01/2020 - 14:53
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
796
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.07.1993
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни мазкур мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқи таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоии дар ҳамин Қонун пешбинишуда кафолат медиҳад.
 
Қонун ба он равона шудааст, ки меҳнатро ҳамчун манбаи афзоиши сатҳи некўаҳволии халқ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳарчи пурратар ба назар гирифта, аз муносибати баробарҳақдиҳӣ дар таъмини нафақа сарфи назар шавад. Ин Қонун ягонагии шарту меъёрҳои таъмини нафақаи коргарон, хизматчиён, аъзоёни колхозҳо ва дигар категорияҳои меҳнаткашонро муқаррар менамояд.
 
Қонун ҳимояи иҷтимоии нафақахўронро бо роҳи муқаррар намудани нафақаҳо барои кифояти ақали зиндагӣ, инчунин мунтазам дида баромадани андозаҳои онҳоро бинобар каму зиёд шудани андозаи ҳадди ақали буҷети истеъмолӣ ва баланд шудани самаранокии иқтисодиёти ҷумҳурӣ кафолат медиҳад.
 
ФАСЛИ I.ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини нафақа
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи синну сол, аз рўи маъюбӣ, ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ва сабабҳои дигари дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба таъмини нафақа ҳуқуқ доранд. Шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шахсони бетабаае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар шарти дигаре дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 2. Намудҳои нафақа
Мувофиқи ҳамин Қонун чунин нафақаҳо таъин карда мешаванд:
а) нафақаҳои меҳнатӣ:
аз рўи синну сол (пиронсолӣ);
аз рўи маъюбӣ;
барои маҳрум шудан аз саробон;
барои хизмати дарозмуддат;
б) нафақаҳои иҷтимоӣ.
Моддаи 3. Шахсоне, ки ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд
Шахсони зерине, ки бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ машғуланд, дар сурати риояи шартҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ (контракт) дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, кооперативҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидориашон ё дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо кор мекунанд, ба шарте ки корхонаю ташкилотҳо ба мақомоти ваколатдор ҳаққи суғурта диҳанд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 333);
б) шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷоракории инфиродӣ (гурўҳӣ) ё дар хоҷагии шахсии деҳқонӣ (фермерӣ), инчунин соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома машғул мебошанд, ба шарте ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи суғурта диҳанд (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 554);
в) аъзои иттифоқҳои эҷодӣ, инчунин дигар кормандони эҷодие, ки узви иттифоқҳои эҷодӣ намебошанд, ба шарте ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи суғурта пардозанд;
г) шахсоне дигаре, ки воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мебошанд;
д) кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд, шахсони сардорикунанда ва қатории хадамоти алоқаи махсуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
е) донишҷўёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омўзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омўзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, докторантҳо;
ж) шахсоне, ки ба нисбати иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи наҷот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ, коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд;
з) шахсоне, ки маъюби гурўҳи 1 ё кудаки маъюби то 18-сола, инчунин шахси кўҳансоли ба синни 80 расидаро нигоҳубин мекунанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
и) аъзои оилаи шахсони дар ҳамин модда зикршуда ва нафақахўрон аз ҷумлаи ин шахсон, дар сурати маҳрум шудан аз саробон.
Моддаи 4. Таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаи онҳо
Шарту меъёрҳо ва тартиби таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд ва аъзои оилаи онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар карда мешаванд. Инчунин ба онҳо барои гирифтани нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳуқуқ дода мешавад. Дар чунин ҳолат пардохти нафақаи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" таъиншуда қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 4 (1). Шахсоне, ки ба нафақаи пеш аз мўҳлат ҳуқуқ доранд
Ба нафақаи пеш аз мўҳлат як сол қабл аз расидани синну соли нафақа шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки ба сабабҳои новобаста аз онҳо бекор мондаанд ва ҳаққи гирифтани ёрдампулӣ аз рўи бекорӣ дар муддати 52 ҳафтаи тақвими доранд: мардҳо - бо собиқаи кори на камтар аз 25 сол ва занон - бо собиқаи на камтар аз 20 сол.
Ба хизматчиёни давлатӣ, ки ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ, ки аз мансаби давлатӣ озод шудаанд, дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатии иборат аз 25 сол барои мардҳо ва 20 сол барои занҳо ва аз ин на кам аз 10 солаш собиқаи хизмати давлатӣ бошад, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз мўҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа бароянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 333).
Нафақае, ки барои бекорон пеш аз мўҳлат таъин шудааст, дар сурати ба кор даромадани онҳо пардохта намешавад. Баъди ба синни нафақа расидани чунин шахсон, ки дар ин маврид онҳо дар асосҳои умумӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд, ба онҳо тибқи моддаи 20-уми ҳамин Қонун нафақа дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 4 (2). Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 104)
Моддаи 5. Ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ
Тамоми шахсоне, ки қобилияти меҳнат надоранд, сарфи назар аз мансубияти иҷтимоияшон бо шартҳои муайянкардаи ҳамин Қонун ба гирифтани нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 6. Ҳуқуқи интихоби нафақа
Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани нафақаҳои гуногунро доранд, мувофиқи интихобашон як нафақа таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 7. Муроҷиат барои таъини нафақа
Баъд аз ҳуқуқ пайдо кардан ба нафақа бидуни маҳдудияти мўҳлат барои таъини нафақа муроҷиат намудан мумкин аст.
Дар айни замон нафақа аз рўи синну сол ва маъюбӣ, сарфи назар аз он, ки фаъолият пеш аз лаҳзаи муроҷиат барои нафақа қатъ гардидааст ё давом дорад, таъин карда мешавад. Нафақа барои хизмати дарозмуддат дар сурати тарк намудани коре, ки ба чунин нафақа ҳуқуқ медиҳад, таъин карда мешавад.
Моддаи 8. Маблағҳои пардохти нафақа. Аз андоз озод намудани нафақаҳо
Нафақа аз мақомоти ваколатдор пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 333).
Аз нафақа андоз ситонида намешавад.
Маблағҳои мақомоти ваколатдор ба даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар фасли алоҳидаи таснифоти буҷетӣ дохил карда мешаванд ва хислати истифодаи мақсаднок дошта, ба мақсадҳои дигар истифода намешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.12.1997 № 421, аз 30.07.2007 № 333).
Моддаи 9. Мақомоте, ки бо нафақа таъмин мекунанд
Таъмини нафақа мувофиқи ҳамин Қонун аз ҷониби мақомоти ваколатдор сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Идоракунии мақомоти ваколатдор ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат мутобиқи зарару гарониаш ба тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Истифодаи яксони ҳамин Қонунро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.12.1997 № 421, аз 30.07.2007 № 333).
Моддаи 10. Масъалаҳое, ки дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
Ба ғайр аз масъалаҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, ҳамчунин масъалаҳои вобаста бо тартиби таъин кардан ва пардохти нафақа, муайян намудани хусусиятҳои ҳисобкунии собиқаи кории категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон вобаста ба риоя намудани кафолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
ФАСЛИ II. НАФАҚАҲОИ МЕҲНАТӢ, НАФАҚА АЗ РЎИ СИННУ СОЛ
Моддаи 11. Шартҳои таъин кардани нафақа
Ба нафақа аз рўи синну сол инҳо ҳуқуқ доранд:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 61 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 56-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
аз 1 июли соли 2002:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 62 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 57-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
аз 1 июли соли 2003:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 63 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 58-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 12. Нафақаҳои имтиёзноки вобаста ба шароити махсуси меҳнат
Ба нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок, сарфи назар аз ҷои кори охиринашон, инҳо ҳуқуқ доранд:
а) кормандоне, ки тамоми рўзи корӣ дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои шароиташон басо зарарноку вазнин - истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рўйхати №1-ум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рўи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, кор мекунанд;
мардҳо - пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикршуда;
занон - пас аз расидан ба 45-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, аз он на каматр аз 7 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда.
Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кории дорои шароити басо зараровар ва басо вазнинро доранд, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамии Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар як соли пурраи чунин кори мардҳо ва занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;
б) кормандоне, ки рўзи пурраи корӣ дар дигар корҳои дорои шароити зараровар ва вазнин дар истеҳсолот, корҳо, касбу мансабҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рўйхати №2-ум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рўи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, машғул мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол, аз онҳо на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикргардида;
занон - пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз онҳо на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикргардида.
Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кориашон дорои шароити зараровар ва вазнин мебошад, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар 2 солу 6 моҳи чунин кори мардҳо ва барои ҳар 2 соли чунин кори занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;
в) тракторчиён-мошинистҳое, ки бевосита дар колхозу совхозҳо ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, - мардҳо пас аз расидан ба синни 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 20-солаш дар кори мазкур;
г) занҳое, ки ба сифати тракторчиён-мошинистҳо, мошинистҳои мошинҳои бинокорӣ, роҳсозию боркунанда ва борфарорандаи дар асоси тракторҳо ва экскаваторҳо сохташуда кор мекунанд, - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 15 солаш дар кори мазкур;
д) заноне, ки ба сифати говҷўшҳо (операторони мошинҳои говҷўшӣ), хукпарварон-операторҳо дар колхозу совхозҳо кор мекунанд - пас аз расидан ба синни 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур, бо шарти иҷро кардани нормаҳои муқарраргардидаи хизматрасонӣ.
Меъёри хизматрасонӣ барои ин мақсадҳо бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, муқаррар карда мешавад;
е) заноне, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва ҷамъоварии пахта, парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди пас аз ҷамъоварии тамоку машғул мебошанд, - баъд аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;
мардҳое, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва ҷамъоварии пахта машғул мебошанд, ба нафақа аз рўи синну сол пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори мазкур ҳуқуқ доранд. Дар айни замон то расидани мардҳо ба синни нафақа, ки дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, нафақа аз ҳисоби маблағи колхозу совхозҳо пардохта шавад;
ж) коргарзанони истеҳсолоти нассоҷӣ, ки дар дастгоҳҳою мошинҳо аз рўи рўйхати истеҳсолоту касбҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, кор мекунанд, - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;
з) ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ мувофиқи рўйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 15-солаш бевосита дар кори мазкур;
занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш бевосита дар кори мазкур;
и) коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва категорияҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ мустақиман машғул буда, амнияти ҳаракатро дар нақлиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд, аз рўи Номгўи касбу мансабҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда;
ронандагони автомобилҳои боркаш, ки дар ҷараёни технологияи шахтаҳо, конҳои маъдан ва конҳои кушода мустақиман ширкат варзида, ангишт, сланетс, маъдан ва сангу маъдан мекашонанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикршуда (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
То расидани шахсони дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба синни нафақаи дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраргардида пардохти нафақаи онҳо аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте, ки дар он корҳои ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдиҳанда иҷро гардидаанд, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ба кормандони дигари истеҳсолот, касбу вазифаҳо нафақаҳои пеш аз мўҳлат вобаста аз шароити меҳнат (вале на пештар аз расиданашон ба синни 55 барои мардҳо ва синни 50 барои занон) метавонанд аз рўи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз ҳисоби маблағи барои пардохти музди меҳнат пешбинишудаи корхонаю ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти нафақаҳо то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешаванд, муқаррар гарданд (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Тартиби таъмини нафақаи шахсоне, ки то ҷорӣ шудани ҳамин Қонун корҳоеро анҷом медоданд, ки шароиташон зиёновару вазнин буда, дар қонунгузории пештар амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, дар моддаи 117-уми Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
Назорат ба дурустии истифодаи рўйхатҳои таъмини нафақаи имтиёзнок (бандҳои "а"; "б" ва "и") ва сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ дар корхонаю ташкилотҳо, таҳияи пешниҳодҳо барои такмили ин рўйхатҳо ба зиммаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат гузошта мешавад. Низомномаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат ва тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 13. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба кормандоне, ки дар конҳои зеризаминӣ ва кушода кор мекунанд
Кормандоне, ки рўзи пурраи корӣ бевосита дар конҳои зеризаминӣ ва кушода (аз ҷумла ҳайати шахсии гурўҳҳои наҷотдиҳӣ аз фалокатҳои кон), оиди истихроҷи ангишт, сланетс, маъдан ва маъданҳои дигар, дар сохтмони шахтаю конҳо машғули кор мебошанд - аз рўи феҳристи кору касбҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, сарфи назар аз синну солашон, ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар онҳо дар ин корҳо на камтар аз 25 сол кор карда бошанд ва кормандони касбҳои пешбари ин корҳо: коргарони конҳо, коргоҳи истихроҷи маъдан, нақбканҳо, маъданканҳо бо метини маъданканӣ, мошинистҳои мошинҳои маъданбарорӣ дар сурате, ки дар ин корҳо на камтар аз 20 сол кор карда бошанд.
Дар сурати мавҷудияти собиқаи кории корҳои зеризаминӣ камтар аз 10 сол барои мардҳо ва 7 солу 6 моҳ барои занон барои ҳар як соли пурраи ин корҳо синни нафақавии дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда 1 сол кам карда мешавад.
Моддаи 14. Баҳисобгирии мутақобилаи корҳои дорои шароити гуногуни махсуси меҳнат
Фаъолияти меҳнатии дорои шароити махсуси меҳнат бо тартиби зерин ҷамъбаст мешавад:
ба кори дорои шароити вазнини меҳнат (банди "б"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур) кори зеризаминӣ, кори дорои шароити зараровар ва кор дар коргоҳҳои (сехҳои) гарм (банди "а"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) ва давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми Қонуни мазкур), илова карда мешаванд;
ба кор дар вазифаи тракторчиён-мошинистҳо дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин мошинистҳои мошинҳои сохтмонӣ, роҳсозӣ, боркунанда ва борфароранда (бандҳои "в" ва "г"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), кори зеризаминӣ, кори дорои шароити басо зараровар ва кор дар коргоҳҳои гарм (банди "а"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун), кор дар шароити вазнин (банди "б"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), инчунин давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми ҳамин Қонун) илова карда мешавад;
ба кор дар саноати бофандагӣ (банди "ж"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) тамоми дигар корҳои фавқуззикр илова карда мешаванд.
Моддаи 15. Дигар намудҳои нафақаҳои имтиёзнок
Инҳо ба нафақаҳои имтиёзнок ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд ва доимӣ дар он ҷо истиқомат мекунанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд;
мардҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
б) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на амтар аз 20 сол;
в) заноне, ки панҷ ва беш аз ин кўдак зоида, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кўдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, бо назардошти мўҳлати нигоҳубини кўдакон (бандҳои "ж" ва "з"-и моддаи 63-юми Қонуни мазкур) ё дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти мўҳлати зикргардидаи нигоҳубини кўдакон ба нафақа ҳуқуқ доранд. Дар айни замон кўдакони маъюби то синни 18-сола, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ доранд (моддаи 109-уми Қонуни мазкур), ҳамчунин ба ҷумлаи шахсони аз кўдаки маъюб мансуб мебошанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
г) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизари (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб ба нафақа аз рўи синну сол дар мавридҳои зайл ҳақ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
д) маъюбони гурўҳи 1 аз ҷиҳати биноӣ:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 10 сол;
е) иштирокдорони рафъи оқибатҳои фалокати корхонаи зappaвии барқии Чернобил дар синну соли зайл ба нафақа ҳақ доранд;
Мардҳо - баъд аз расидани ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад.
Моддаи 16. Андозаҳои нафақа
Нафақаи синну сол ба андозаи 55 фоизи маош аммо ба шахсоне, ки дар корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд (мардҳо - 25 сол ва занҳо - 20 сол), ба андозаи 60 фоиз маош (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) таъин карда мешавад. Барои ҳар як соли пурраи корӣ зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон нафақа ба андозаи 1 фоизи маош меафзояд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823).
Нафақаи кормандоне, ки бо корҳои дар банди "а"-и моддаи 12 ва моддаи 13-уми Қонуни мазкур пешбинишуда машғул мебошанд, барои ҳар як соли корӣ зиёда аз 10-солаи мардҳо ва 7 солу 6 моҳаи занон, ки барои нафақа бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, ба андозаи 1 фоизи маош зиёд мешавад.
Андозаи нафақаи шахсоне, ки собиқаи кории зарурӣ (мардҳо 25 сол ва занҳо 20 сол) доранд, наметавонад аз андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол кам бошад. Нафақаҳо аз рўи синну сол, ки ба андозаи ҳадди ақал таъин гардидаанд, барои ҳар як соли пурраи тамоми собиқаи кории зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон ба андозаи 1 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823, аз 03.07.2012 № 853).
Андозаи нафақа аз рўи синну сол, ки мутобиқи қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи мазкур ҳисоб карда шудааст, наметавонад аз 75 фоизи маош аммо ба онҳое, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд, - мардҳо - 25 сол ва занон - 20 сол, наметавонад аз 80 фоизи маош зиёд бошад зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 25.07.2005 № 104, аз 16.04.2012 № 823).
Андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар дар ҳаҷми 2,5 баробари ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Қисми шашум хориҷ карда шуд (Қонун аз 12.12.97с. № 421).
Ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва барои занҳо дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол ҳангоми пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи Қонуни мазкур ба андозаи 80 фоизи музди меҳнаташон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) нафақа таъин карда мешавад. Нафақа барои ҳар як соли узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон будан ба андозаи ду фоизи музди меҳнаташон зиёд карда мешавад, вале он аз 90 фоизи музди меҳнати онҳо зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 104, аз 16.04.2012 № 823)
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 17. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи кории нопурра
Шахсоне, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кории кофӣ надоранд (моддаи 11-уми Қонуни мазкур), дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сол ба онҳо мутаносиби собиқаи кории мавҷуда (моддаи 77-уми Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, нафақа аз рўи синну сол бо собиқаи нопурра таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ҳангоми таъин кардани нафақа бо собиқаи кории нопурра шартҳои имтиёзноки синну сол ва собиқаи кори барои таъин намудани нафақаҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, истифода намешаванд.
Ба нафақаҳо аз рўи синну сол, ки бо собиқаи кории нопурра таъин гардидаанд, иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 18 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 18. Иловапулиҳо ба нафақа
Ба нафақа аз рўи синну сол, аз ҷумла нафақае, ки ба андозаи ҳадди ақал ҳисоб карда шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
а) ба нафақахўроне, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзоёни корношоями оила доранд (модаҳои 37, 38, 39, 40-уми Қонуни мазкур), ба ҳар як узви оила, вале на ба беш аз 3 нафар - ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
б) нафакахўрони яккаю танҳо, ки ба синни 80 расидаанду ба нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷ доранд,- барои нигоҳубини онҳо ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол. Дар айни замон далели мансубият ба нафақахўрони яккаю танҳо, инчунин эҳтиёҷманди нигоҳубини каси дигар аз ҷониби мақомоти ваколатдор муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789, аз 16.04.2012 № 823).
Иловапулиҳои дар бандҳои "а" ва "б"-и ҳамин модда пешбинишуда метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд:
в) нафақаи синну соли маъюбони ҷанги гурўҳҳои I-II-150 фоиз, барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ - маъюбони гурўҳҳои I-II аз сабаби бемориҳои умумӣ ва маъюбони ҷанги гурўҳи III - 100 (фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, зиёд мегардад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
г) нафақаи синну сол барои дигар иштирокчиёни ҷанг аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони ҳайати кироя, писархондҳои (тарбиятгирандагони) полкҳо ва юнгаҳо, ки дар ҳайати армияи амалкунанда, дастаҳою қисмҳои партизанӣ хизмат кардаанд, хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок кардаанд, ба андозаи 75 фоизи нафақаи камтарини синну сол зиёд карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
д) нафақаи синну сол барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд - 50 фоиз, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи Нишони Шарафи меҳнат мукофотонида шудаанд, шахсони дар давраи аз 22 маи соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбӣ буда (ғайр аз шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар ҷойҳои муваққатан ишғолкардаи душман, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ва барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз
22.06с.1941 то 3.09 с.1945) бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд15 фоизи нафақаи камтарини синну сол меафзояд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223  аз 22.05.1998 № 622, аз 2.12.2002 № 76).
е) нафақа аз рўи синну сол барои маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2 вобаста ба рафъи садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтақаҳои олудагии радиоактивӣ1 150 фоиз зиёд мешавад;
нафақаи иштирокчиёни рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтакахои олудагии радиоактиви маъюбони гуруххои I ва II беморихои умуми ва маъюбони гурухи III, ки дар натичаи осори офатхои экологи маъюб гардидаанд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Нафака аз руи синну сол ба иштирокчиёни минтакахои офатхои экологи ба андозаи 75 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
ж) нафака аз руи синну сол ба сокинони Ленингради мусодирашуда дар давраи аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1945: зиндониёни ноболиги конслагерхои фашисти, чойхои акаллиятнишин ва нигахдории мачбури, ки аз чониби фашистони олмони ва иттифокчиёни онхо дар давраи чанги дуюми чахон сохта шуда буданд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
з) нафақа аз руи синну сол ба онхое, ки беасос аз руи акидахои сиёсиашон хабс шуда, баъдан сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди акали нафақа аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
и) нафақа аз руи синну сол ба шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
к) нафақа аз руи синну сол ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд, ба андозаи 10 фоизи нафакаи мукарраршуда зиёд мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823);
л) нафака аз руи синну сол ба шахсоне, ки дар нохияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон истикомати доими мекунанд, ба андозаи ду нафакаи хадди акали синну сол зёд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 696);
м) иловапулиҳо ба нафақаи аз рўи синну сол таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ў иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Иловапулиеро, ки дар бандҳои "в", "г" ва "д", "е", "ж", "з", "и", "к", "л" ва "м"-и ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, дар як вақт ҳисоб карда додан мумкин аст Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 19. Даврае, ки барои он нафақа таъин мегардад
Нафақаи синну сол, сарфи назар аз ҳолати қобилияти корӣ, умрбод таъин карда мешавад.
Моддаи 20. Андоза ва тартиби пардохти нафақа ба нафақахўроне, ки кор мекунанд
Андоза ва тартиби пардохти нафақаро ба нафақахўроне, ки кор мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
ФАСЛИ III. НАФАҚА A3 РЎИ МАЪЮБӢ
Моддаи 21. Шартҳо ва давраи таъини нафақаи маъюбӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199)
Нафақаи маъюбӣ дар сурати фаро расидани маъюбие, ки боиси пурра ё қисман аз даст додани қобилияти корӣ гардидааст, ба сабабҳои зайл таъин мегардад:
а) маъюб шудан дар кор ё бемории касбӣ;
б) бемории умумӣ (аз ҷумла маъюбии новобаста ба кор, маъюбӣ аз кўдакӣ);
в) осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
г) беморие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд (моддаи 24.2).
Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "а" ва "б" таъин шудаанд, новобаста аз он, ки маъюбӣ кадом вақт рўй додаст - дар давраи кор, то оғози кор (таҳсил) ё баъди анҷоми он муқаррар карда мешаванд. Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "в" ва "г" таъин шудаанд, дар он сурат муқаррар карда мешаванд, ки маъюбият дар давраи хизмати ҳарбӣ ё на дертар аз се моҳи баъди ҷавобшавӣ аз хизмати ҳарбӣ ё худ баъдтар аз ин мўҳлат, вале дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ё бемориҳои давраи хизмати ҳарбӣ рўй дода бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Нафақаи маъюбӣ барои тамоми давраи маъюбӣ, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).
Моддаи 22. Гурўҳҳои маъюбӣ
Маъюбон вобаста аз дараҷаи гум кардани қобилияти кор ба се гурўҳ тақсим мешаванд.
Тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурўҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва мўҳлати маъюбии шаҳрвандонро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар менамояд. Низомномаи Хадамоти давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).
Низомномаи ин комиссияҳоро, ки онҳо дар асоси он амал мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 23. Собиқаи корие, ки барои нафақагирӣ ҳуқуқ
Нафақаи маъюбӣ дар асари маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ (моддаи 24-уми Қонуни мазкур), сарфи назар аз собиқаи корӣ, таъин карда мешавад.
Нафақаи маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ дар сурати то вақти фаро расидани маъюбӣ мавҷуд будани собиқаи кории зерин таъин карда мешавад: Собиқаи корӣ (бо солҳо)
То расидан ба синни 23 1
аз 23-солагӣ то расидан ба синни 26 2
аз 26-солагӣ то расидан ба синни 31 3
аз 31-солагӣ то расидан ба синни 36 5
аз 36-солагӣ то расидан ба синни 41 7
аз 41-солагӣ то расидан ба синни 46 9
аз 46-солагӣ то расидан ба синни 51 11
аз 51-солагӣ то расидан ба синни 56 13
аз 56-солагӣ то расидан ба синни 61 14
аз 61-солагӣ ва зиёда аз он 15
Агар собиқаи кории барои гурўҳи синну соли дахлдор зарур ба даст оварда шуда бошад ва кор пас аз гузаштан ба гурўҳи дигари синну сол идома ёфта бошад, шарти собиқаи корӣ, сарфи назар аз талаби барои гурўҳи синну соли дигар муқарраргардида, иҷрошуда ба ҳисоб меравад.
Ба шахсоне, ки дар асари бемории умумӣ дар давраи кор ё пас аз қатъ гардидани он, то расидан ба синни 20 маъюб гаштаанд, нафақа, сарфи назар аз собиқаи корӣ, таъин карда мешавад.
Ҳангоми гузаштан аз нафақаи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ ба нафақаи маъюбӣ бар асари бемории умумӣ собиқаи кории зарурӣ аз рўи синну сол аз замони аввалаи муқаррар намудани маъюбӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 24. Маъюбӣ ба сабаби маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ
Маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор фарорасида дониста мешавад, агар ҳодисаи нохуше, ки боиси маъюбӣ гаштааст, дар мавридҳои зерин ба амал омада бошад (ба истиснои ҳолатҳои содир намудани кирдори ғайриқонунӣ):
а) ҳангоми иҷрои вазифаҳои корӣ (аз ҷумла ҳангоми сафари хизматӣ), инчунин ҳангоми иҷрои ягон хел амал бар манфиати корхона ё ташкилот, агарчи онҳо бе супориши махсус иҷро шуда бошанд;
б) дар роҳ ҳангоми ба кор рафтан ё аз кор баргаштан;
в) дар ҳудуди корхона, ташкилот ё ҷои дигари кор дар давоми вақти корӣ (аз ҷумла танаффусҳои муқарраргардида), дар давоми вақте, ки пеш аз оғози кор ё пас аз анҷоми он барои ба тартиб даровардани олоти истеҳсолот, сарулибос ва ғайра зарур мебошад;
г) дар наздикии корхона, ташкилот ё ҷои дигари кор дар давоми вақти корӣ (аз ҷумла танаффусҳои муқарраргардида), агар дар он ҷо будан ба қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ мухолиф набошад;
д) ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин иҷрои супоришҳои ташкилотҳои давлатию ҷамъиятие, ки бо тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳарчанд ки ин супоришҳо ба кори асосӣ вобаста набошад;
е) ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ.
Рўйхати бемориҳои касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 24.1 Маъюбият дар натиҷаи осеби ҳарбӣ
Маъюбияти шаҳрвандоне, ки давраи хизмати ҳарбиро адо кардаанд, вақте натиҷаи осеби ҳарбӣ ҳисоб меёбад, ки он дар асари захм, контузия, маҷрўҳшавӣ ҳангоми ҳимояи Ватан ё ҳангоми иҷрои дигар ўҳдадориҳои (вазифаҳои) хизмати ҳарбӣ ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирок дар ҷанг ё адои хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар он ҷоҳо амалиёти ҷангӣ бурда мешуд, рўй дода бошад. Ба ҷумлаи касоне, ки дар натиҷаи осеби ҳарбӣ маъюб шудаанд, ҳамчунин собиқ хизматчиёни ҳарбие тааллуқ доранд, ки дар асари захмдорӣ, контузия, ҷароҳат ё бемориҳои давраи асирӣ маъюб шудаанд, ба шарте ки асорати онҳо ихтиёри набошад ва хизматчии ҳарбӣ ҳангоми асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошад, ё дар давраи дар артиши амалкунанда ба сифати писархонди (тарбиягирандаи) полкҳо ва юнгаҳо буданаш маъюб шуда бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 24.2 Маъюбияте, ки кас дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) мубтало шудааст
Маъюбият вақте ба амаломада ҳисоб мешавад, ки агар сабабаш осеби воқеаи нохуш буда, он ба иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ (вазифаҳои хизматӣ) алоқаманд нест, ё худ бемориҳое бошанд, ки бо адои хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар он ҷоҳо амалиёти ҷангӣ бурда шудаанд ё бо иштирок дар фронт алоқаманд набошанд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 25. Нафақа ба шаҳрвандони муҳоҷире, ки аз мамлакатҳои дигар омадаанд
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷироне, ки аз мамлакатҳои дигар ворид гашта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор накардаанд нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
а) аз рўи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ сарфи назар аз собиқаи корӣ;
б) аз рўи маъюбӣ дар асари бемории умумӣ - дар сурати мавҷуд будани собиқаи корие, ки аз рўи синну сол то рўзи муқаррар намудани маъюбӣ зарур мебошад.
Ба шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кўчида омадаанд, нафақа мувофиқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад, агар чизи дигаре дар аҳдномаю созишномаҳои байни ин кишварҳо пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 26. Нафақаи донишҷўён
Ба донишҷўёни таълимгоҳҳои олию миёнаи махсус, омўзишгоҳу мактабҳо ва курси омўзиши кадрҳо, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
а) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор ё бемории касбӣ, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё машғулиятҳои амалӣ вобаста мебошанд, сарфи назар аз муддати дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ будан. Дар айни замон ба маъюбӣ бар асари маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, маъюбие баробар карда мешавад, ки бинобар иҷрои вазифаҳои давлатию ҷаъмиятӣ ё супоришҳои маъмурият, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ё бинобар иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ фаро расидааст;
б) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ - агар донишҷў, аспирант ё ординатори клиникӣ дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дар давоми мўҳлати лозимаи дар моддаи 23-юми ҳамин Қонун зикргардида таҳсил карда бошад.
Ба талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ нафақа дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, сарфи назар аз мўҳлати таҳсил, таъин карда мешавад.
Моддаи 27. Андозаи нафақа
Нафақа дар мавриди маъюбӣ, ки дар бандҳои "а", "б", "г"-и моддаи 21 дар назар дошта шудаанд ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223):
ба маъюбони гурўҳҳои I ва II - 70 фоиз, ба гурўҳи III - 50 фоизи музди меҳнат модаҳои 70-86-уми Қонуни мазкур) (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748, аз 16.04.2012 № 823).
Агар маъюбони гурўҳҳои I, II ва III барои таъин кардани нафақа аз рўи синну сол, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок, собиқаи кории зарурӣ дошта бошанд, нафақа аз рўи маъюбӣ ба андозаи нафақа аз рўи синну сол, мувофиқи собиқаи кории дахлдор таъин карда мешавад.
Ҳадди ақалли нафақа ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
барои маъюбони гурўҳҳои I ва II ба андозаи 100 фоиз, маъюби гурўҳи III - 50 фоизи нафақаи ҳадди ақалли аз рўи синну сол.
Ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
- ба маъюбони гурўҳи 1-10 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;
- ба маъюбони гурўҳи II - 8 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;
- ба маъюбони гурўҳи III - 6 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Дар ҳама ҳолат андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи маъюбӣ наметавонад аз андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 28. Нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра
Ба маъюбони гурўҳҳои I ва II ба сабаби бемории умумӣ, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кофии корӣ надоранд (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) нафақа аз рўи маъюбӣ дар сурати нопура будани собиқаи корӣ ба андозае таъин карда мешавад, ки мутаносиби собиқаи кории мавҷуда буда, вале на камтар аз 100 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол ба маъюбони гурўҳи I, маъюбони гурўҳҳои I ва II аз кўдакӣ ва 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол ба маъюбони гурўҳи II бошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ба нафақаҳо аз рўи маъюбӣ бо собиқаи кории нопурра иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 31 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 29. Андозаи нафақаи донишҷўён
Ба донишҷўёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омўзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омўзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курсҳо, аспирантура ё ординатура кор накардаанд, инчунин ба талабагони мактабҳои таълими умумӣ, ки ба сабаби маибшавӣ дар кор ё бемории касбии вобаста ба омўзиши истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё дарсҳои амалӣ маъюб гаштаанд, нафақа дар мавриди маъюбӣ ба андозаҳои дар моддаи 27-уми Қонуни мазкур муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 30. Андозаи нафақаи шахсоне, ки бар асари иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ маъюб гаштаанд
Ба шахсоне, ки бар асари иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд (шахсоне, ки дар бандҳои "а", "е" ва "з"-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикр нагардидаанд) нафақа ба андозаи дар моддаи 27-уми ҳамин Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 30.1 Нафақаҳои барои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинишуда
Дар асосҳои баробар бо хизматчиёни ҳарбӣ, мувофиқи модаҳои 24.1 ва 24.2 нафақа ба инҳо таъин карда мешавад:
ба шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ. Зимнан дар назар дошта мешавад, ки маъюбии онҳо дар асари захм, контузия ва маҷрўҳӣ, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба амал омадааст;
ба шаҳрвандоне, ки ба сабабҳои осори захм, контузия, маҷрўҳӣ ё бемориҳои дар давраи хизмат дар баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои ҳимоякунандаи халқ ба амаломада маъюб шудаанд;
ба шаҳрвандоне, ки барои таълим ва санҷиши омодагии ҳарбӣ даъват шудаанд ва дар натиҷаи захм, контузия ё маҷрўҳии ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматӣ дар давраи гузаштани ин гуна ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба амаломада маъюб шудаанд.
Шаҳрвандони иштироккунандаи ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ки дар натиҷаи осори захм, контузия ё маҷрўҳӣ дар вақти ҳимояи сохти констутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб дониста шудаанд ва маъюбии онҳо бо маъюбии дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад, аммо маъюбие, ки дар натиҷаи дигар сабабҳои дар давраи гузаштани хизмат дар мақомоти номбаршуда ҷойдошта ба амал омадааст, бо маъюбии дар натиҷаи бемориҳои дар давраи хизмати ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 30.2 Шартҳое, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро барои хизматчиёни ҳарбӣ муайян мекунанд
Нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1), ё дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (моддаи 24.2) новобаста аз муддати собиқаи умумии кор, аз он ҷумла хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 30.3 Андозаи нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ
Нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) барои гурўҳҳои I ва II ба андозаи 85 фоиз ва барои гурўҳи III 50 фоиз мувофиқи ҳаҷми таъмини пулӣ (музди меҳнат) таъин карда мешавад.
Ҳадди ақали нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- ба маъюбони гурўҳи I -3 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;
- ба маъюбони гурўҳи II -2,5 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;
- ба маъюбони гурўҳи III -2 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 31. Иловапулӣ ба нафақа
Ба нафақа аз рўи маъюбӣ, аз ҷумла нафақае, ки ба ҳадди ақал ҳисоб шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар мегарданд:
а) ба маъюбони гурўҳҳои I ва II, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзои корношоями оила доранд, ба ҳар кадом узви корношоями оила, вале на бештар аз 3 нафар нонхўр (модаҳои 36, 39, 40-уми Қонуни мазкур) - ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
б) ба маъюбони гурўҳи I (ғайр аз маъюбони гурўҳи I аз рўи нобино), ҳамчунин ба маъюбони яккаву танҳои гурўҳи II, ки ба ёрии дигарон муҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол; ба маъюбони гурўҳи I аз рўи нобиноӣ ва ба маъюбони осеби ҳарбидидаи гурўҳҳои I ва II, ки ба ёрии дигарон муҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар ҳаҷми ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол. Нафақаи маъюбони осеби ҳарбидидаи гурўҳи II (моддаи 24.1), ки барои гирифтани дигар намудҳои нафақа ва иловапулӣ барои нигоҳубин ҳуқуқ надоранд, 50 фоиз, барои маъюбони гурўҳи III дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823).
в) нафақаи аз рўи маъюбӣ барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ вa шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд, 25 фоиз, барои Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шарафи Меҳнат, барои шахсони аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбибуда (ғайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда буданд), ҳамчунин барои онҳое, ки дар давоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945), камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти корӣ дар ҷойҳои муваққатан аз тарафи душман ишғолшуда мукофотонида шудаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ё барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945) бо ордену медалҳо мукфотонида шудаанд - 15 фоизи маоши камтарин аз рўи синну сол меафзояд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
г) нафақа аз рўи маъюбӣ барои гурўҳҳои I ва II, дар натиҷаи маҷрўҳшавӣ ё бемории мансуб ба минтақаи офати экологӣ мебошад, 150 фоиз, барои гурўҳ III - дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
д) нафақа аз рўи маъюбӣ барои шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
е) нафақа аз рўи маъюбӣ ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд,ба андозаи 10 фоизи нафақаи муқарраргардида зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823);
ж) нафақа аз рўи маъюбӣ ба сокинони Ленингради муҳосирашуда аз давраи 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 ва асирони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, ҷойҳои ақаллиятнишин ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурии аз ҷониби фашистони олмонӣ ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташкилшуда ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
з) нафақа аз рўи маъюбӣ ба шахсоне, ки беасос аз рўи ангезаҳои сиёсӣ ҳабс шуда буданду баъдан онҳо сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
и) нафақа аз рўи маъюбӣ ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мургоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон истиқомати доимӣ мекунанд, ба андозаи ду нафақаи ҳадди ақали синну сол зиёд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 696);
к) иловапулиҳо ба нафақаи аз рўи маъюбӣ таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76);
Иловапулиҳои дар бандҳои "а", "б", "в", "г", "д", "е", "ж", "з", "и" в "к"-и ҳамин модда пешбинишудa метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ў иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Ба нафақа аз рўи маъюбии хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ дар қаламрави дигар давлатҳо дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардаанд ва иштирокчиёни минтақаҳои офатҳои экологӣ ба андозаи 75 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол иловапулӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 32. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199)
Моддаи 33. Мўҳлати пардохти нафақа дар сурати тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ ё барқарор гаштани қобилияти корӣ
Дар сурати тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ нафақа ба андозаи нав аз рўи тағйири гурўҳи маъюбӣ пардохта мешавад.
Дар сурати қобили кор донистани маъюбе, ки аз муоинаи такрорӣ гузаштааст, нафақа то охири моҳе, ки дар давоми он маъюб қобили кор дониста шудааст, пардохта мешавад, вале барои давраи на бештар аз он рўзе, ки маъюбӣ муқаррар гардидааст.
Моддаи 34. Шартҳои аз нав барқарор намудани пардохти нафақа дар сурати пайдоиши фосила дар давраи маъюбӣ
Агар маъюб дар мўҳлати муқарраргардида барои муоинаи такрорӣ ба комиссияи экепертии тиббию меҳнатӣ ҳозир нашуда бошад, пардохти нафақаи ў боздошта мешавад ва дар мавриди маъюб донистани ў аз рўзи боздошти нафақа, вале барои давраи на бештар аз як моҳ аз нав барқарор карда мешавад.
Дар сурати бо сабаби узрнок дар мўҳлати муқарраргардида нагузаштан аз муоинаи такрорӣ нафақа бо қарори мақомоти ваколатдор аз рўзи боздошти пардохт то рўзи муоинаи такрорӣ, вале барои давраи на бештар аз 3 сол пардохта мешавад, агар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар ин давра шахсро маъюб донад. Дар айни замон, агар дар натиҷаи муоинаи такрорӣ шахси маъюб ба гурўҳи дигари маъюбӣ (гурўҳи баландтар ё пасттари маъюбӣ) гузаронида шавад, нафақаи давраи мазкур аз рўи гурўҳи пештара пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 333, аз 26.12.2011 № 789).
Агар пардохти нафақа ба маъюбӣ бар асари бемории умумӣ қобилияти кориашро аз дастдода бо сабаби аз нав барқарор шудани қобилияти корӣ қатъ гардида бошад, ё ў бар асари ҳозир нагаштан ба муоинаи такрорӣ бе сабаби узрнок нафақаашро нагирифта бошад, дар ин ҳолат дар сурати эътирофи минбаъдаи маъюбии вай, пардохти нафақаи пештар таъингардида аз рўзи муқаррар намудани маъюбӣ аз нав барқарор карда мешавад, ба шарте ки пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа на бештар аз 5 сол гузашта бошад. Агар беш аз 5 сол гузашта бошад, нафақа аз нав дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад.
Моддаи 35. Пардохти нафақа ба маъюбоне, ки маош ё даромади дигар доранд
Нафақа аз рўи маъюбӣ, сарфи назар аз маош ё даромади дигар, бе иловапулӣ барои хўрандаҳо пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
ФАСЛИ IV. НАФАҚА БА САБАБИ МАҲРУМ ШУДАН A3 САРОБОН
Моддаи 36. Аъзои оилае, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд
Ба нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аъзоёни азкорафтодаи оилаи саробонаш фавтида, ки таҳти таъминоти ў қарор доштанд, ҳуқуқ доранд (моддаи 37). Зимнан, нафақа ба фарзандони ғайри қобили меҳнат, ба волидайн ва ҳамсари азкорафтода ва ҳамчунин ба волидайн ва ҳамсарони ғайри қобили меҳнати шаҳрвандони дар натиҷаи осеби ҳарбӣ фавтида (ҳалокгардида), ба аъзоёни оилаҳои хизматчиёни ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
ба аъзоёни оилаҳои шахсони дар вақти гузаштани хизмати ҳарбӣ фавтида (ҳалокшуда) ва ё агар сабаби марг ба иҷрои хизмати ҳарбӣ алоқаманд набошад ва агар ин аъзоёни оила баъд аз сари саробонашон манбаи даромадро барои зиндагӣ аз даст дода бошанд, ба яке аз волидон, ба ҳамсар ё дигар аъзои оилаи дар банди "в"-и ҳамин модда нишон додашуда таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Инҳо аъзои корношоями оила ба ҳисоб мераванд:
а) фарзандон, бародару хоҳарон ва набераҳои ба синни 18 нарасида, ё аз ин синну сол калонтар, агар онҳо то расидан ба синни 18 маъюб шуда бошанд, зимнан бародарону хоҳарон ва набераҳо - ба шарте, ки волидайни қобили кор надошта бошанд;
б) падар, модар, зан, шавҳар, агар онҳо ба синну соли зерини нафақавӣ расида бошанд: мардҳо - 63 сол, занҳо - 58 сол ё онҳо маъюб бошанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
в) яке аз волидайн ё ҳамсар, бобо, бибӣ, бародар ё хоҳар сарфи назар аз синну сол ва қобилияти корӣ, агар онҳо кор накунанд ва машғули нигоҳубини кўдакон, бародару хоҳарон ё набераҳое бошанд, ки ба синни 8 нарасида саробонашон фавтидааст;
г) бобою бибӣ - дар сурати набудани шахсоне, ки мувофиқи Қонун онҳоро бояд таъмин кунанд;
д) донишҷўёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (таҳсили рўзона) то вақти хатми муассисаҳои мазкур, вале на зиёда аз синни 23-солагӣ (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Тамоми қоидаҳои ҳамин Қонун, ки ба оилаҳои фавтидагон тааллуқ доранд (азбаски шарти дигаре зикр нагардидааст), мутобиқан ба оилаҳои касони беному нишон гумшуда дахл доранд, ба шарте ки гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шуда бошад. Оилаҳои хизматчиёни дар давраи амалиёти ҳарбӣ бе ному нишон гумшуда ба оилаҳои дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ҳалокшуда баробар дониста мешаванд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 36.1 Ҳуқуқ ба нафақаи имтиёзнок
Ҳамсарони шаҳрвандони дар асари осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) вафоткарда (ҳалокшуда), ки кўдаки то 8-солаи шахси фавтида (ҳалокшуда)-ро нигоҳубин мекунанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти меҳнатӣ ва аз он ки ҳамсараш кор мекунад, ё не ба нафақаи ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд.
Ба волидайн ё ҳамсарони шахсони дар натиҷаи осеби ҳарбӣ вафоткарда (ҳалокшуда) (моддаи 24.1) нафақа ба сабаби маҳрум шудан саробон ҳангоми расидан ба синни 53-солагӣ таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 37. Аъзои оила, ки хўранда дониста мешаванд
Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар сурате хўрандаи ў ҳисоб меёбанд, ки агар онҳо дар таъминоти пурраи вай буда, ё аз ў кўмаке мегирифта бошанд, ки барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки ёрии ў барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт буд ва худашон ягон хел нафақа мегирифтанд, ҳақ доранд, ки ба нафақаи нав гузаранд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 38. Додани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба кўдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Ба кўдакони ятиму бекас дар давраи таҳти таъминоти пурраи давлат буданашон нафақа пурра дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ба кўдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, 25 фоизи нафақаи таъиншуда пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Тартиби пардохти нафақаро ба кўдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 39. Ҳуқуқи нафақаи падархонду писархонд
Падархондҳо баробари волидайн, писархондҳо баробари фарзандони худи ба нафақа ҳақ доранд.
Ноболиғоне, ки барои маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқи нафақагирӣ доранд, дар сурати писархонд шуданашон ҳам аз ин ҳуқуқ маҳрум нагарданд.
Моддаи 40. Ҳуқуқи нафақаи падарандару модарандар, писарандару духтарандар
Агар падарандару модарандар писарандар ё духтарандари фавтидаро (ҳалокшударо) камаш 5 сол тарбия ё таъмин карда бошад, баробари падару модар ба нафақа ҳақ доранд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823).
Агар писарандару духтарандар аз волидайн алимент намегирифта бошанд, баробари фарзандони ҳамхуни падарандару модарандар ба нафақа ҳақ доранд.
Моддаи 41. Боқӣ мондани нафақа ҳини ақди никоҳи нав
Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақахўр ҳам бокӣ мемонад.
Моддаи 42. Собиқаи кории саробон, ки ҳуқуқи нафақагирӣ медиҳад
Ба оилаи саробоне, ки аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ вафот кардааст, инчунин ба оилаи нафақахўри марҳум, сарфи назар аз собиқаи кории саробон, нафақа таъин карда мешавад.
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробоне, ки бинобар бемории умумӣ ё маъюбии новобаста ба кор фавтидааст, дар сурате таъин карда мешавад, ки собиқаи кории саробон то рўзи вафоташ барои таъини нафақаи маъюбӣ мувофиқ бошад (моддаи 23-юми ҳамин Қонун).
Ба оилаҳои донишҷўён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникие, ки то вақти дохил шудан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа мутобиқан бо худи ҳамин асосҳо таъин карда мешавад, ки дар мавриди маъюбӣ ба ин донишҷўён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ (моддаи 26-уми Қонуни мазкур) таъин карда мешавад.
Ба оилаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони мамлакатҳои дигар, агар саробонашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор накарда бошанд, нафақа дар мавридҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба оилаҳое, ки дар мамлакатҳои дигар бинобар бесаробон монданашон нафақа мегирифтанд, сарфи назар аз собиқаи кории саробон;
б) ба оилаҳое, ки нафақа намегирифтанд, ба шарте ки саробонашон то рўзи қатъ кардани кор собиқаи кории лозима дошта бошад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) ва дар сурати фавти ў аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ - сарфи назар аз собиқаи кории саробон.
Моддаи 43. Андозаи нафақа
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар узви корношоями оила 50 фоизи маоши саробон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол, таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223 аз 14.05.1999 № 748, аз 16.04.2012 № 823).
Нафақаи кўдаконе, ки аз волидайнашон маҳрум шудаанд (ятимонн бекас) ё кўдакони модари яккаи фавтида ба ҳар як кўдак набояд камтар аз 100 фози ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 12.12.1997 № 421, аз 16.04.2012 № 823).
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба ҳар як аъзои ғайри қобили меҳнати оила баробари 60 фоизи музди меҳнат (таъминоти пулӣ), ки дар моддаи 70-уми ҳамин Қонун муқаррар шудааст, таъин карда мешавад, аммо на камтар аз андозаи ду нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 14.05.1999 № 748).
Ҳадди ниҳоии нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви корношоями оила ба андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 44. Ҳисоби нафақаи ятимони бекас
Нафақаи кўдакони ятими бекас аз маблағи умумии маоши падару модар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 45. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи нопурраи кор
Ба аъзои оилае, ки бесаробон мондааст ва ин саробон аз бемории умумӣ вафот кардаасту барои таъин кардани нафақаи пурраи маъюбӣ собиқаи кории кофӣ надорад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур), нафақаи мутаносибан ба андозаи собиқаи кории саробон таъин карда мешавад.
Ба оилаҳои нафақахўрони фавтида, ки дар сурати пурра набудани собиқаи корӣ нафақа мегирифтанд, мутаносибан ба собиқаи корие, дар асоси он ба саробони фавтида нафақа муқаррар шуда буд, таъин карда мешавад.
Дар ҳар сурат андозаи нафақа ба ҳар як узви корношоями оилаи саробони фавтида наметавонад аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 46. Андозаи нафақаи оилаҳои талабаю донишҷўён
Ба оилаҳои донишҷўёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омўзишгоҳҳо, мактабҳо ва курси омўзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, ки то вақти ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дохил шуданашон кор намекарданд, нафақа ба андозае, ки дар моддаи 43-юми Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад.
Моддаи 47. Андозаи нафақаи оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҳалок шудаанд
Ба оилаҳои шахсоне, ки бинобар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳалок шудаанд (шахсони дар бандҳои "а", "е", ва "з"-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида), нафақа ба андозаи дар моддаи 43-юми Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 47.1 Шартҳои таъин намудани нафақа барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ
Нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ (аз ҷумла партизанҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ муқарраршуда вақте таъин карда мешавад, ки агар саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ, ё худ бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ вафот карда бошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 47.2 Ҳуқуқи нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинигардида
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ё бемории давраи хизмати ҳарбӣ, сарфи назар аз давомнокии собиқаи умумии корӣ, аз ҷумла хизмати ҳарбии саробон таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 48. Андозаи нафақаи оилаҳои нафақахўрон
Ба оилаҳои нафақахўрони фавтида нафақа мутобиқан аз рўи меъёрҳое, ки барои оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми Қонуни мазкур зикргардида муқаррар шудаанд, таъин карда мешавад.
Моддаи 49. Ҳуқуқи муроҷиат барои таъини нафақа бе маҳдудияти мўҳлат
Оилае, ки бинобар бесаробон монданаш ба нафақа ҳуқуқ дорад, метавонад барои таъин кардани нафақа бе ҳеҷ маҳдудияти мўҳлат ҳар вақт пас аз фавтидан ё беному нишон дониста шудани саробон муроҷиат кунад.
Барои маҳрум шудан аз саробон ба инҳо нафақа таъин карда мешавад:
а) ба оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида, сарфи назар аз он, ки саробон чӣ вақт фавтидааст: дар давраи кор (таҳсил) ё пас аз қатъ кардани кор (таҳсил);
б) ба оилаҳои нафақахўрон, агар саробон дар давраи гирифтани нафақа ё на дертар аз 5 соли пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа фавтида бошад.
хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 50. Давраи таъин кардани нафақа. Тағйир додани андозаи нафақа
Нафақа дар мавриди маҳрум шудан аз саробон мувофиқи моддаи Қонуни мазкур барои тамоми даврае, ки дар давоми он узви оилаи марҳум корношоям ба ҳисоб меравад, таъин карда мешавад. Ба он аъзои оила, ки ба синни зерин расидаанд, ин нафақа умрбод таъин карда мешавад: мардҳо - 63-сола, занҳо - 58-сола (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Тағйири андозаи нафақа ё қатъи пардохти он ба аъзои оила аз рўзи аввали моҳи дигари рўй додани ҳодисае, ки боиси тағйир ёфтани андозаи нафақа ё қатъи пардохти он гаштааст, сурат мегирад.
Моддаи 51. Таъини як нафақа ба ҳамаи аъзои оила. Ҷудо кардани ҳиссаи нафақа
Ба ҳамаи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, як нафақаи умумӣ таъин карда мешавад.
Бо талаби узви оила ҳиссаи нафақаи ў ҷудо карда, алоҳида дода мешавад.
Ҳиссаи нафақа аз рўзи аввали моҳи дигари расидани аризаи тақсими нафақа ҷудо карда мешавад.
Моддаи 52. Андозаи нафақа дар сурати тағйири шумораи аъзои оила
Дар сурати тағйир ёфтани шумораи аъзои оила, ки барои маҳрум шудан аз саробон бо нафақа таъмин карда мешаванд, нафақа низ мутобиқан аз рўи шумораи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, кам ё зиёд карда мешавад.
Ҳамин гуна тағйири нафақа дар мавридҳое сурат мегирад, ки пардохти нафақа ба яке аз аъзои оила пас аз барҳам хўрдани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани пардохти нафақа шуда буданд, боздошта ё барқарор карда мешавад.
Моддаи 53. Тартибу мўҳлати муқаррар кардани маъюбии аъзои оила
Ба аъзои оила, ки маъюб мебошанд, қоидаҳои дар моддаҳои 21, 22, 33, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 34-уми Қонуни мазкур баён гардида мувофиқан татбиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).
Моддаи 54. Додани нафақа сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигар
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон, сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигари нафақахўр дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
ФАСЛИ V. НАФАҚА БАРОИ ХИЗМАТИ ДАРОЗМУДДАТ
Моддаи 55. Асоси таъмини нафақа барои хизмати дарозмуддат
Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони машғули корҳое муқаррар карда мешавад, ки иҷрояшон боиси аз даст додани қобилияти ихтисосии корӣ ё коршоямӣ то фаро расидани синне мешавад, ки ҳуқуқи ба нафақа баромадан медиҳад.
Моддаи 56. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи кормандони авиатсия ва ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо
Категорияҳои зерини коргарон ва хизматчиёни авиатсия, инчунин ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо, сарфи назар аз тобеияти идоравии корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар он ҷо кор мекунанд, ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд:
а) ҳайати ҳавонавардон ва озмоишгарони ҳавопаймо дар мавриди доштани собиқаи хизматии на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва на камтар аз 20 сол барои занон дар ҳамин вазифа.
Кормандони номбурда, ки аз корҳои парвоз аз сабаби вазъи саломатӣ (беморӣ) озод гардидаанд, дар сурати доштани собиқаи хизматии камаш 20 сол барои мардҳо ва камаш 15 сол барои занҳо мутаносибан ба вақти коркардаашон ба нафақа ҳуқуқ доранд.
Феҳристи мансаби кормандони ҳайати парвоз, тартиби ҳисоб кардани мўҳлати хизмати дарозмуддати таъини нафақаи онҳо, инчунин тартиби таъин кардану додани нафақа ба ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо мувофиқи тартибе тасдиқ мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
б) кормандоне, ки ҳаракати ҳавоиро идора мекунанду шаҳодатномаи диспетчерӣ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он 10 солаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо.
Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандоне, ки парвози ҳавопаймоҳоро идора мекунанд, ҳамчунин кори дар банди ,а,-и ҳамин модда зикргардида ба ҳисоб гирифта мешавад;
в) ҳайати инженерию техникӣ - аз рўи номгўи вазифаю корҳое, ки бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда тасдиқ мегардад:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на кам тар аз 20 солаш дар вазифаҳои зикргардида;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на камтар аз 15-солаш дар вазифаҳои зикргардида;
Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандони ҳайати инженерию техникӣ ҳамчунин коре, ки дар бандҳои "а" ва "б" ҳамин модда зикр гардидааст, ҳисоб карда мешавад;
г) ходимони ҳавопаймоҳо:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 15-солаш ба сифати ходими ҳавопаймо;
занҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш ба сифати ходими ҳавопаймо.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 57. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи кормандони соҳаҳои дигари хоҷагии халқ
Ба нафақаи хизмати дарозмуддат инҳо ҳуқуқ доранд:
Банди "а" кисми якуми моддаи хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
а) кормандони экспедитсияҳо, гурўҳҳо, дастаҳо, бригадаю участкаҳое, ки бевосита дар корҳои иктишофи геологӣ, пайҷўи топографию геодезӣ, геофизикӣ, гидрологӣ, ҷангалдорӣ ва корҳои таҳқиқоти машғул мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикргардида.
Зимнан кори бевоситаи нимсола ё бештар аз нимсолаи саҳроӣ як соли кор ва агар аз ним сол камтар бошад, аз рўи мўҳлати воқеӣ ва дар корҳои мавсимӣ мувофиқи моддаи 67-уми Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад;
б) чўпонҳое, ки дар чарогоҳҳои баландкўҳ (зиёда аз 2000 метр) инчунин ноҳияҳои биёбонию беоб машғули кор мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар кори зикргардида.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 58. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театр ва муассисаю коллективҳои дигари театру тамошогоҳҳо
Дар сурати доштани собиқаи фаъолияти эҷодии аз 20 то 30 сол мувофиқи рўйхате, ки бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда тасдиқ карда мешавад, категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театрҳо ва дигар муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо ба нафақаи хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 59. Шартҳои ба хизмати дарозмуддат дохил кардани хизмати ҳарбӣ
Ба собиқаи кори эҷодии ҳунарпешаҳои театрҳо ва муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо вақти хизмати ҳарбии онҳо аз рўи ихтисос дохил карда мешавад, агар камаш аз се ду ҳиссаи собиқаи корие, ки барои таъмини нафақаи хизмати дарозмуддат лозим аст, ба кор дар вазифаҳое рост ояд, ки ба гирифтани ин нафақа ҳуқуқ медиҳанд.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 60. Нафақаи хизмати дарозмуддати баъзе категорияҳои кормандони маориф ва тандурустӣ
Ба нафақаи хизмати дарозмуддат аз рўи номгўи муассисаҳою ташкилотҳо ва вазифаҳо, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
а) муаллимҳое, ки дар кори омўзгорӣ дар мактабҳо ва дигар муассисаҳои кўдакон бевосита машғул мебошанд - дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикргардида;
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50;
б) духтурҳо ва дигар кормандони тиб, ки дар корҳои муолиҷа ва пешгирӣ намудани беморӣ дар байни аҳолӣ бевосита машғул мебошанд, дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол аз рўи ихтисос дар маҳалҳои деҳот ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ ва на камтар аз 30 сол дар шаҳрҳо:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 61. Андозаи нафақа
Нафақаи хизмати дарозмуддат ва иловапулиҳо ба он ба андозаҳое, ки дар моддаҳои 16 ва 18-уми ин Қонун барои нафақа аз рўи синну сол муқаррар гардидаанд, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Нафақа аз рўи музди миёнаи меҳнати ҳармоҳаи (моддаҳои 70 - 75, 76 ва 86-уми ин Қонун) пеш аз қатъи кор, ки барои нафақаи хизмати дарозмуддат (моддаҳои 56 - 60-уми ин Қонун) ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 62. Тартиби пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат
Нафақаи хизмати дарзмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ аз маблағи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳисоби маблағи ин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешавад, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор аз рўи тартибе, ки дар моддаи 20-уми ин Қонун пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад, аммо нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор дар вазифае, ки ба таъини ин намуди нафақа ҳуқуқ медиҳад, пардохта намешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748, аз 11.12.1999 № 911).
ФАСЛИ VI. ҲИСОБИ СОБИҚАИ КОРӢ БАРОИ ТАЪИНИ НАФАҚАИ МЕҲНАТӢ
Моддаи 63. Намудҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки мавриди таъини нафақа ҳамчун собиқаи корӣ ҳисоб карда мешаванд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Фаъолияти меҳнатие, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, инчунин дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо, сарфи назар аз хусусияту давомнокии кор ва муддати танаффус, иҷро карда мешавад, собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад, ба шарте, ки аз музди меҳнат ё даромад аз чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд.
Ҳангоми ҳисоб кардани собиқаи корӣ дар колхоз барои давраи пас аз соли 1965, агар узви колхоз бе сабаби узрнок дар хоҷагии ҷамъиятӣ ба ҳадди ақали муқарраршуда кор накарда бошад, вақти кор аз рўи давомнокии воқеӣ ба назар гирифта мешавад.
Ба собиқаи корӣ чунин корҳо низ дохил карда мешаванд:
а) хизмати ҳарбии касбӣ ва хизмат дар дигар воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд;
б) фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки аз даромади чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд;
в) ҳар кори дигаре, ки зимни иҷрои он шахс мавриди суғуртаи иҷтимоӣ қарор гирифтааст;
г) фаъолияти эҷодии шахсоне, ки дар банди в) моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд. Дар ин ҳол фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи кинематографистон, Иттифоқи ходимони театр ва дигар кормандони эҷодие, ки аъзои иттифоқҳои эҷодӣ нестанду дар кумитаҳои дахлдори касбӣ муттаҳид шудаанд, то вақти мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур, сарфи назар аз пардохтан ё напардохтани саҳми суғуртаи иҷтимоӣ, собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо собиқаи фаъолияти эҷодӣ аз тарафи котиботи раёсати иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи нахустинтишор ё нахустиҷро ва ё нахустнамоиши оммавии асари ҳамин муаллиф муқаррар карда мешавад;
д) корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор ба амал омадааст;
е) вақти нигоҳубини маъюби гурўҳи I ё кўдаки маъюби то 18-сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин вақти нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида. Зимнан эҳтиёҷмандӣ ба нигоҳубини шахси дигари маъюби гурўҳи I, кўдаки маъюби то 18-сола ва пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҳангоми ҳисоби собиқаи кор дар конҳо, ки барои гирифтани нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни мазкур ҳуқуқ медиҳад, вақти маъюбӣ, ки дар натиҷаи маъюбшавии меҳнатӣ ё бемории касбӣ ҳангоми иҷрои ҳамин кор ба амал омадааст, ба собиқаи чунин кор дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 63(1). Давраҳои фаъолияте, ки дар мавриди таъини нафақа ба собиқаи кории умумӣ дохил карда мешаванд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Ба собиқаи кории умумӣ чунин давраҳои фаъолият дохил карда мешаванд:
а) давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус, дар омўзишгоҳҳо, мактабҳо ва курсҳои омўзиши кадрҳо, такмили ихтисос ва тағйири касб, дар аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ;
б) давраи хизмати ҳатмии ҳарбӣ;
в) вақти нигоҳубини кўдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кўдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол;
г) давраи истиқомати занҳои ҳайати афсарон, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати зиёда аз мўҳлат бо шавҳарашон дар маҳалҳое, ки барои кор кардан аз рўи ихтисос имконият набуд, вале на бештар аз 10 сол.
Ҳангоми зиёд намудани нафақа аз рўи синну сол барои ҳар соли корӣ (моддаи 16 Қонуни мазкур), дар баробари собиқаи корӣ инчунин давраҳое, ки дар бандҳои а) - г) ҳамин модда ва моддаҳои 64-67 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Давраи кори пас аз таъин гардидани нафақа низ ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 64. Имтиёзҳо аз рўи ҳисоби собиқаи корӣ
Ба собиқаи корӣ ба андозаи секарата инҳо ҳисоб карда мешаванд:
- хизмати ҳарбӣ дар ҳайати артиши амалкунанда дар давраи амалиётҳои ҷангӣ, аз он ҷумла ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ ва ҳамчунин иштирок дар отрядҳо ва ҷузъу томҳои партизанӣ;
- кор дар шаҳри Ленинград дар давраи муҳосираи он дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944;
- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати осори садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳоли берун бурда шуда буд) дар давраи аз 26 апрели соли 1986 то 31 декабри соли 1987;
- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигонҳои Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 25 августи соли 1949 то 3 июли соли 1963 зарар дидаанд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 65. Имтиёзҳои шаҳрвандони сафед кардашуда
Ба шаҳрвандоне, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, бедалелу асос таъқиб гаштаанд ва баъд сафед карда шудаанд, муддати дар ҳабс будан, адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва бадарға ба собиқаи корӣ сечанд ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 66. Имтиёзҳо аз рўи ҳисоби собиқаи корӣ ба андозаи дукарата ва якунимкарата
Ба андозаи дукаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:
- кор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз он ҷумла ба ҳайси командони ғайринизомии кироя дар қисмҳои ҳарбӣ ва хизмат, ғайр аз хизмати ҳарбии дар абзатси якуми моддаи 64-уми ҳамин Қонун пешбинишуда;
- давраи асорат дар конслагерҳои фашистӣ ё дар дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба шарте, ки асорат ихтиёрӣ набуда, дар вақти асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошанд;
- кор дар махавхонаҳо ва муассисаҳои муборизаи зидди тоун. Ба андозаи якунимкаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:
- кор дар Ҷумҳурии Афғонистон бо командировка ё роҳхатҳои муассисаю мақомоти дахлдор дар давраи аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989;
- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳолӣ берун бурда шуда буд) дар давраи аз 1 январи соли 1988 то 31 декабри соли 1990;
- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигони Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 6 июли соли 1963 то 1 январи соли 1992 зарар дидаанд;
- кор дар вазифаҳои духтури маразшиносӣ-колбудшиносӣ, ки бо колбудшикофии патологии ҷасадҳо ва тадқиқоти гистологӣ аз рўи Феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 67. Тартиби ба собиқаи корӣ илова кардани баъзе намудҳои ҷудогонаи корҳо
Кор дар корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои мавсимии саноат дар давоми мавсими пурра, сарфи назар аз тобеияти корхонаю ташкилотҳо, мувофиқи Рўйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ҳамчунин кор дар совхозҳо дар давоми мавсими пурра ба собиқаи корӣ ҳамчун як соли кор ҳисоб карда мешавад.
Дигар корҳои мавсимӣ ба собиқаи корӣ аз рўи давомнокии воқеиашон ҳисоб карда мешаванд.
Моддаи 68. Тартиби тасдиқи собиқаи корӣ
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҳисоб мераванд. Тартиби тасдиқи собиқаи кориро дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 69. Шартҳои ба собиқаи кории шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамроҳ кардани муддати кор дар Тоҷикистон
Тамоми давраи кори шаҳрвандони давлатҳои узви Иттиҳод дар Иттифоқи ҶШС-и собиқ ба собиқаи кории онҳо ҳисоб карда мешавад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳое, ки барои таъини нафақа собиқаи кории муайян лозим аст, нафақа бо шарте таъин карда мешавад, ки аз се ду ҳиссаи собиқаи кории лозима ба кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рост ояд, агар дар созишномаҳо (моддаи 108-уми ин Қонун) чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
ФАСЛИ VII. ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 70. Ҳисоб кардани нафақа аз рўи фоизи музди миёнаи моҳона
Нафақа аз рўи меъёрҳои муқарраршудаи фоизи музди миёнаи моҳона, ки мувофиқи моддаҳои 71-76-уми ин Қонун муайян мегардад, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 71. Тартиби умумии муайян кардани музди миёнаи моҳона
Ба шахсоне, ки дар моддаи 3-юми ин Қонун зикр гардидаанд (ғайр аз аъзои колхозҳо), музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи пайдарпайи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи пайдарпайи охири кор пеш аз муроҷиат барои нафақа, ё ин ки аз панҷ соли пайдарҳами (бо интихоби шахси барои нафақа муроҷиаткарда) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроҷиат барои нафақа гирифта мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823).
Музди миёнаи моҳонаи кори 24 моҳ бо роҳи ба 24 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи тақвимии корӣ муттасил муайян мегардад.
Музди миёнаи моҳонаи меҳнатӣ 5 сол бо роҳи ба 60 тақсим кардани маблағи умумии музди шаст моҳи тақвимии корӣ пай дар ҳам муайян карда мешавад. Дар баробари ин бо хоҳиши шахсе, ки барои нафақа муроҷиат кардааст, моҳҳои нопурраи рўзҳои кор бинобар дохил шудан ба кор ё хориҷ шудан аз кор ҳамчун моҳҳои тақвимии пурраи кор ҳисобида мешаванд.
Агар шахси барои нафақа муроҷиаткарда аз 24 моҳ камтар собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди моҳонаи миёна бо роҳи тақсими маблағи умумии музди моҳҳои тақвимии кор ба шумораи ин моҳҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Агар корманд камтар аз як моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди меҳнаташ барои тамоми давраи кор ба шумораи рўзҳои кор тақсим карда, маблағи ҳосилшуда ба шумораи рўзҳои кории моҳ, ки ба ҳисоби миёна барои як сол ҳисоб шудааст (25,4 - дар сурати ҳафтаи 6-рўзаи кор ва 21,2 - дар сурати ҳафтаи 5-рўзаи кор, зарб карда мешавад. Дар ин маврид барои ҳисоб кардани нафақа маблағи на бештар аз ду ставкаи тарифӣ (маош) ба назар гирифта мешавад. Барои ҳисоб кардани нафақаи кормандоне, ки ҳисоб кардани вақти кориашон ғайриимкон аст, музде гирифта мешавад, ки аз андозаи чоркаратаи музди камтарини кор зиёд набошад. Рўйхати чунин кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ҳангоми таъини нафақа ба кормандоне, ки машғули корҳои мавсимӣ мебошанд, музди воқеии миёнаи якмоҳа бо роҳи ба 60 тақсим кардани музди меҳнати 5 мавсими пурра ё ба 24 тақсим кардани 2 мавсими пурра муайян мешавад.
Ҳангоми муқаррар намудани андозаи нафақа ҳиссаи касрии воҳиди пулии камтар аз нисф ба ҳисоб гирифта нашуда, бештар аз нисф ба ҳисоб гирифта шуда, ба ҷониби зиёдшавӣ яклухт карда мешавад.
Моддаи 72. Навъҳои пардохти музде, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд
Барои ҳисоб кардани нафақа ҳамаи навъҳои пардохтҳои музди меҳнате, ки аз рўи он тибқи қоидаҳои ҷорӣ ҳаққи суғурта гирифта мешавад, аз ҷумла пардохти музди кори зиёда аз мўҳлат, кори рўзҳои истороҳат ва корӣ дар як вақт дар ду ҷой, ғайр аз ҳар гуна пардохтҳои якдафъаина (ҷубронпулӣ барои рухсатии истифодашуда, кумакпулӣ ҳангоми аз кор холӣ кардан ва ғайра) дохил карда мешаванд.
Кўмакпулие, ки барои давраи муваққатан аз даст додани қобилияти корӣ ва рухсатии давраи ҳомилагӣ ва зоидан пардохта шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ҳаққи қалами муаллифӣ дар баробари музди меҳнати кори дигар ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар ин ҳол он аз рўи ставкаҳои давлатие, ки дар вақти пардохти ҳаққи қалам эътибор доштанд, ҳисоб карда мешавад.
Стипендияи давраи таҳсил бо хоҳиши шахси барои нафақа муроҷиаткарда ҳамчун музди меҳнат ҳисоб карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи шахсоне, ки воҷиби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ намебошанд (банди "д"-и моддаи 3-юми ин Қонун), ба музди меҳнат барои ҳисоби нафақа он намудҳои маош дохил карда мешавад, ки аз онҳо ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ситонида мешавад.
Моддаи 73. Тартиби муайян кардани музди миёнаи якмоҳаи аъзои колхозҳо. Навъҳои пардохти музди меҳнати аъзои колхозҳо, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд
Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи охири кор пеш аз муроҷиат барои нафақа, ё ин ки аз 5 соли пайдарҳами (бо интихоби шахсе, ки барои нафақа муроҷиат кардааст) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроҷиат ба нафақа гирифта мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Музди миёнаи моҳона бо роҳи мутобиқан ба 24 ё 60 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи кор ё 60 моҳи кор муайян карда мешавад.
Агар шахси барои таъини нафақа муроҷиаткарда камтар аз 2 сол узви колхоз бошад, нафақа, аз рўи музди миёнаи моҳонаи воқеии тамоми давраи дар колхоз буданаш ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол музди миёнаи моҳона бо роҳи ба шумораи моҳҳои ҳамин давра тақсим кардани маблағи умумии музди меҳнати давраи дахлдор муайян карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо ба музди меҳнат ҳамаи навъҳои музди кор дар хоҷагии ҷамъиятии колхоз дохил карда мешаванд.
Моддаи 73(1). Тартиби ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд
(Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 554)
Ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолиятдошта аз рўи даромади панҷсолаи умумӣ дар мақомоти ваколатдори давлатии эъломияшудаи онҳо, ки аз он бо назардошти меъёрҳо, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохт намудаанд ё даромаде, ки аз рўи маблағи пардохтнамудаи андози иҷтимоии муайянгардида ҳисоб карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
Даромади миёнаи моҳона бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади 60 моҳи фаъолияти соҳибкории инфироди ба 60 моҳ муайян карда мешавад.
Дар ҳолате, ки агар шахси барои таъмини нафақа муроҷиаткунанда ба фаолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома аз панҷ сол камтар машғул шуда бошад, вале собиқаи чунин фаъолияти ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ дорад, нафақа аз рўи даромади миёнаи моҳонаи эъломияшуда муқаррар карда мешавад. Даромади миёнаи моҳона дар ин ҳолат бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади моҳҳои тақвимӣ ба шумораи воқеии ин моҳҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 554).
Моддаи 74. Ҷамъбасти музди меҳнат
Агар як қисми даврае, ки аз рўи он музди миёнаи якмоҳа ҳисоб карда мешавад, ба кори колхоз ба сифати узви колхоз ва қисмати дигар ба кори дигар рост ояд, музди кори ҳар давра аз рўи қоидаҳое ба назар гирифта мешавад, ки мутобиқан барои аъзои колхозҳо ва барои шахсони дигар муайян шудааст. Маблағи умумии музди меҳнат дар ин сурат ба бисту чор ё шаст ё мутобиқан ба миқдори воқеии моҳҳои давраҳои зикргардидаи кор тақсим мегардад, агар ин миқдори моҳҳо аз бисту чор кам бошад.
Агар қисми даврае, ки аз он музди миёнаи меҳнати моҳона ҳисоб карда мешавад, ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва қисмаш ба кори дигар рост ояд, дар он сурат даромад ва музди меҳнат барои ҳар давра аз рўи меъёрҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мутобиқан барои соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва барои дигар кормандон муқаррар гардидаанд. Дар ин маврид маблағи умумии даромад аз соҳибкорӣ ва музди меҳнат ба 60 моҳ, агар теъдоди моҳҳо аз 60 кам бошад (қисми 3 моддаи 73(1)), мутобиқан ба теъдоди моҳҳои воқеии давраи кор тақсим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 554).
Моддаи 75. Ҳисоб кардани музди меҳнати баъзе категорияҳои меҳнаткашон
Нафақаи шахсоне, ки аз рўи шартнома (контракт) дар ҳузури шаҳрвандони алоҳида кор мекунанд (хизматгорҳо, дояҳо, котиб-мошинисткаҳо, стенографистҳо, посбонон, боғбонҳо, ронандагон ва ғайра), аз музди (маоши) воқеӣ, вале на зиёдтар аз ду ставкаи (маоши) тарифии коргарону хизматчиёни касбҳои дахлдор ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи аъзои иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони эҷодӣ тибқи асосҳои умумии дар ин фасли Қонун муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 76. Имтиёзҳои ҳисоб кардани музди меҳнат ҳангоми ҳисоб кардани нафақа
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи моҳона дар асоси моддаҳои 70, 71 ва 73-юми ин Қонун бо хоҳиши шахсе, ки барои гирифтани нафақа муроҷиат кардааст, моҳҳои нопурраи корӣ ба сабаби оғоз ё қатъи кор рухсатии бемузд, рухсатӣ барои нигоҳубини кўдаки то 3-сола, инчунин давраи коре, ки дар давоми он шаҳрванд маъюб буд ё ҷуброни зарари дар натиҷаи маъюбшавӣ ё дигар зарари ба саломатӣ расидаро мегирифт, ба маъюби гурўҳи I, кўдаки маъюби то 18-сола, кўҳансоли 80-солаи мўҳтоҷи нигоҳубини дигаронро нигоҳубин мекард, дохил карда намешаванд. Дар ин ҳол моҳҳои дохил карданашуда бо моҳҳои дигаре, ки бевосита пеш ё пас аз он меоянд, иваз карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 77. Ҳисоб кардани нафақа дар сурати собиқаи нопурраи кор
Нафақа дар сурати нопурра будани собиқаи кор (моддаҳои 17, 28 ва 45-уми ин Қонун) ба андозае таъин карда мешавад, ки ба собиқаи кории мавҷуда мутаносиб бошад.
Нафақа ба таври зайл ҳисоб карда мешавад:
аввал нафақаи пурраи дахлдор муайян карда, он ба шумораи моҳҳое, ки барои собиқаи пурраи кори матлуб тақсим карда, рақами ҳосилшуда ба шумораи моҳҳои собиқаи воқеии кор зарб зада мешавад (дар собиқаи кори давраи аз 15 рўз зиёд ба моҳи пурра баробар карда, давраи аз 15 рўз камтар гирифта намешавад).
Агар нафақа дар мавриди собиқаи кории пурра ба андозаи камтарини муқарраркардаи ин Қонун (моддаҳои 16, 37, 43) таъин шуда бошад, нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра мутаносибан ба собиқаи кории мавҷуда бо назардошти андозаи камтарини нафақа, вале дар ҳамаи ҳолатҳо на камтар аз андозаи нафақаи иҷтимоие таъин мешавад, ки барои категорияи дахлдори шахсони корношоям муқаррар шудааст (моддаи 110-уми ҳамин Қонун).
Моддаи 78. Аз рўи музди зиёдтар аз нав ҳисоб кардани нафақа
Барои нафақахўроне, ки пас аз таъини нафақа аз рўи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз 2 сол бо маоши бештар аз маоше, ки аз рўи он ҳисоб шуда буд, кор кардаанд, мувофиқи аризаи нафақахўр, бо назардошти маоши зиёдтар андозаи нави нафақа муқаррар карда мешавад, ки он аз рўи 24 моҳи кории пайдарҳами пас аз таъини нафақа бо тартиби дар моддаҳои 70, 72 ва 76-уми ин Қонун муқарраршуда, муайян мегардад.
Аз рўи ҳамин шартҳо нафақае, ки ба сабаби набудани музди меҳнат ба андозаи камтарин таъин шудааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Агар музди нафаҳахўр минбаъд зиёд шавад, мувофиқи аризаи ў нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли баъди ҳисоби навбатӣ бори дигар ҳисоб карда мешавад.
Ба нафақахўроне, ки пас аз таъини нафақа аз рўи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз ду сол бо даромади баландтар аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома, назар ба оне, ки аз он нафақа ҳисоб шудааст, кор кардаанд, андозаи нави нафақа аз рўи даромади баландтар барои 24 моҳи пайдарпайи кор пас аз таъини нафақа бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 554).
Моддаи 79. Аз нав ҳисоб кардани нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра
Агар нафақахўре, ки ба вай нафақа аз рўи синну сол ё маъюбии гурўҳҳои I ва II бо собиқаи кории нопурра таъин шудааст, пас аз таъини нафақа на камтар аз ду сол кор карда бошад, мувофиқи аризааш бо назардошти собиқаи корие, ки то вақти азнавҳисобкунӣ дорад, нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли кори баъд аз таъини нафақаи нав ҳисоб карда хоҳад шуд.
Агар нафақахўр корро давом дода, соҳиби собиқаи корие шуда бошад, ки барои таъини нафақаи пурра кифоят кунад, мувофиқи аризаи нафақахўр нафақаи ў сарфи назар аз он, ки аз давраи таъини нафақаи собиқаи кории нопурра чанд вақт гузаштааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Дар ин ҳол нафақаи пурра дар мавриди маъюбӣ ба шарте муқаррар мешавад, ки нафақахўр мутобиқи синну солаш то лаҳзаи фарорасии маъюбӣ собиқаи кории барои таъини нафақаи пурра лозимро дошта бошад (моддаи 23-юми ин Қонун).
Нафақа бо интихоби нафақахўр аз маоше, ки нафақа аввал аз рўи он таъин шудааст (ё баъдан мувофиқи тартиби дар моддаи 78-уми ҳамин Қонун пешбинишуда аз нав ҳисоб шудааст) ва ё аз маоши охирин аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 80. Ба маош дохил намудани пардохти молии музди меҳнат
Барои аъзои колхозҳо, кооперативҳои дигар, кормандони совхозҳо ва корхонаю ташкилотҳои дигаре, ки дар баробари музди пулӣ ҳаққи молие мегиранд, ки аз арзиши он ҳаққи суғуртавӣ ситонида мешавад, ҳангоми муайян намудани маоши миёнаи моҳона аз рўи нархи чаканаи давлатӣ даврае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки музди меҳнат дода мешуд.
Моддаи 81. Ҳисоб кардани музди давраи кор дар хориҷа
Ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи моҳонаи кормандоне, ки барои кор ба хориҷа фиристода шудаанд (рафтаанд), аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маоше, ки пеш аз фиристодан рафтан ба хориҷа мегирифтанд (моддаҳои 70-76-уми ин Қонун) ва ё мувофиқи интихобашон маоше, ки дар асоси моддаи 82-юми ин Қонун муайян мешавад, ба назар гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 82. Ҳисоб кардани нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд
Нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, аз музди меҳнат (даромаде), ки аз он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шудаанд, ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз маблағи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтнамудаашон ҳисоб карда мешавад.
Тартиби ҳисоби нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 83. Ҳисоб кардани нафақаи мавриди маҳрум шудан аз саробон. Ҳисоби нафақаи оилаҳои нафақахўрон
Ҳангоми ҳисоб кардани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мутобиқан моддаҳои 70 - 76, 80 - 82 ва 86-и Қонун истифода мешаванд.
Нафақаи оилаҳои нафақахўрон барои маҳрум шудан аз саробон аз ҳамон музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.
Нафақаи оилаҳои нафақахўроне, ки ҳуқуқи аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи тартиби пешбиникардаи моддаи 78-уми ин Қонун доштанд, аз музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.
Моддаи 84. Хорич карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Моддаи 85. Аъзои оилае, ки барояшон иловпулӣ ҳисоб карда мешавад
Иловапулӣ ба нафақаи нафақахўроне, ки кор намекунанд ва аъзои корношоями оила доранд, барои аъзои оила, ки дар моддаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми ин Қонун зикр ёфтаанд, дода мешавад. Ин иловапулӣ барои аъзои оила, ки худ нафақаи меҳнатӣ ё иҷтимоӣ мегиранд, дода намешавад.
Дар сурати дар оила будани ду ва зиёда нафақахўри бекор ҳар узви корношоями оила, ки дар таҳти саробонии ягонаи онҳо қарор доранд, ҳангоми ҳисоб кардани иловапулӣ бо хости худи нафақахўрон фақат барои яке аз нафақахўрон муайян карда мешавад.
Моддаи 86. Ҳисоб кардани нафақаи шахсони сокини ноҳияҳое, ки барои музди меҳнат коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст
Барои шахсони сокини ноҳияҳое, ки дар он ҷо ба музди меҳнати коргарону хизматчиён коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст, ҳангоми таъини нафақа музди воқеии меҳнат бо истифодаи коэффисиенти ноҳиявӣ ба назар гирифта мешавад.
Андозаи камтарини нафақае, ки аз рўи ин Қонун барои ноҳияҳои коэффисиенти ноҳиявиашон муқарраршуда таъин мегардад, барои давраи истиқомат дар ин ноҳияҳо бо татбиқи коэффисиенте, ки дар ҳамин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ ҷорӣ аст, муайян карда мешавад.
Моддаи 87. Аз нав ҳисоб кардани нафақа бинобар тағйир ёфтани вазъи оила, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор
Агар нафақахўр баъд аз таъмини нафақа бинобар тағйир ёфтани шароити оилавӣ, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор ба гирифтани иловапулӣ барои аъзои корношоями оила ҳуқуқ пайдо кунад ё аз ин ҳуқуқ маҳрум шавад, ё андозаи ин иловапулӣ тағйир ёбад, нафақаи вай мутаносибан аз нав ҳисоб карда мешавад.
ФАСЛИ VIII. ТАЪИН КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 88. Тартиби муроҷиат барои таъин кардани нафақа
Ариза дар бораи таъин кардани нафақа ба коргарон, хизматчиён ва аъзои оилаи онҳо (дар ҳолати маҳрум шудан аз саробон) тавассути маъмурияти корхона, муассисаю ташкилоти ҷои охирини кор дода мешавад.
Ариза дар хусуси таъини нафақаи аъзои колхозҳо ва кооперативҳои дигар ва оилаҳои онҳо тавассути раёсати колхоз (кооператив) дода мешавад.
Маъмурият (раёсат) дар якҷоягӣ бо кумитаи иттифоқи касаба дар муддати даҳ рўзи баъд аз воридшавии ариза ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи собиқаи корӣ ва музди меҳнат ба расмият дароварда, якҷоя бо ариза ва дархости худ онҳоро ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори маҳалли истиқомати аризадиҳанда равон мекунад. Агар пешниҳод барои таъини нафақаи корманде, ки муроҷиат намудааст, рад карда шавад, ба ў дар ин хусус ба шакли хаттӣ хабар дода, сабабҳои он зикр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Дар ҳолатҳое, ки шахси барои нафақа муроҷиаткарда бо қарори маъмурият (раёсат) ва кумитаи иттифоқи касаба дар бораи рад карда шудани пешбариаш барои таъини нафақа розӣ набошад, метавонад дар хусуси таъини нафақа бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор ариза диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Ариза дар бораи нафақаи шаҳрвандони дигар ва аъзои оилаҳои онҳо бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори аҳолии маҳалли истиқомати аризадиҳанда супурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки аз рўи масъалаҳои таъини нафақа тавзеҳоту маълумот диҳанд ва ба аризадиҳанда дар гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мусоидат намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Шўъбаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ҳақ доранд аз корхонаю ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ҳуҷҷатҳои дахлдор талаб кунанд, ҳамчунин дар мавриди зарурат асоснок будани дода шудани онҳоро тафтиш намоянд.
Моддаи 89. Мақомоти таъинкунандаи нафақа
Нафақаро мақомоти ваколатдор таъин менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 90. Мўҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои таъини нафақа
Ҳуҷҷатҳои таъини нафақаро мақомоте, ки нафақа таъин мекунанд (моддаи 89), на дертар аз 10 рўзи расидани онҳо баррасӣ менамоянд.
Қарори рад кардани таъини нафақа ба сабабҳои мувофиқат накардани он ба шартҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар тамоми ҳолатҳо танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор қабул мешавад. Шўъбаи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ на дертар аз 5 рўзи пас аз баровардани қарори дахлдор ба корхона, ташкилот ё арзкунанда хабари рад шудани таъини нафақаро ба дасташон медиҳад ва ё мефиристад ва дар он сабабҳои радшавӣ ва тартиби шикоят карданро нишон медиҳад ва ҳамзамон тамоми ҳуҷҷатҳоро бармегардонад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 91. Шикоят аз болои қарори мақомоти ваколатдор
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789)
Аз болои қарори мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 92. Мўҳлати таъини нафақа
Нафақа аз рўзи муроҷиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад, ғайр аз ҳолатҳои зерин, ки нафақа пештар таъин карда мешавад:
а) нафақа аз рўи синну сол ва маъюбӣ аз рўзи расидан ба сини нафақа ё мутобиқан муқаррар намудани маъюбӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ таъин карда мешавад, агар барои нафақа на дертар аз 3 моҳи рўзи расидан ба синни нафақа ё муқаррар намудани маъюбӣ муроҷиат шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 333);
б) нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аз рўзи ҳуқуқ ба нафақа пайдо кардан, вале на бештар аз 12 моҳи пеш аз муроҷиат барои нафақа таъин карда мешавад.
Моддаи 93. Мўҳлати аз нав ҳисоб кардани нафақаи таъиншуда
Нафақаи таъиншуда дар мўҳлатҳои зерин аз нав ҳисоб карда мешавад:
дар мавриди фаро расидани ҳуқуқи зиёд кардани нафақа - аз рўзи якуми моҳе, ки дар он нафақахўр барои аз нав ҳисоб кардани нафақа муроҷиат кардааст, агар аризаи дахлдор бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ то рўзи 15-уми моҳ дода шуда бошад ва аз рўзи якуми моҳи оянда, агар ў ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро баъди рўзи 15-уми моҳ дода бошад;
дар мавриди рўй додани ҳолатҳое, ки боиси кам шудани нафақа мегарданд, аз рўзи якуми моҳе, ки дар он ин ҳолатҳо рўй додаанд, агар онҳо то рўзи 15-уми моҳ фаро расида бошанд ва аз рўзи якуми моҳи оянда, агар онҳо пас аз рўзи 15-уми моҳ воқеъ шуда бошанд.
Дар ҳолатҳои пешбиникардаи модаҳои 33 ва 50-уми Қонуни мазкур нафақа аз мўҳлате, ки дар ҳамин модаҳо зикр гардидааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 94. Аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронидан
Нафақахўрро аз як нафақа ба нафақаи дигар мақомоти ваколатдор мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Нафақахўр аз рўзи супурдани аризаи дахлдор ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ (агар онҳо дар парвандаи нафақа набошанд), аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронида мешавад.
Моддаи 95. Хорич карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
ФАСЛИ IХ. ДОДАНИ НАФАҚА
Моддаи 96. Пардохти нафақа
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Нафақаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори пардохткунандаи нафақа дар ҷойи қайди воқеии нафақагир, пардохт карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823, аз 18.03.2015 № 1199).
Моддаи 97. Хорич карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Моддаи 98. Вазифаи нафақахўрон ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳо дар бобати хабардор кардани сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор ва тағйироти шароите, ки ба нафақагирӣ таъсир мерасонанд
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789)
Дар ҳолатҳое, ки бинобар мавҷуд будани музди кор ё даромади дигар нафақаи таъиншуда ба андозаи камтар дода шавад ё умуман дода нашавад, нафақахўрон бояд аз хусуси музди кор ё даромади дигарашон ба сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдорро хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Нафақахўроне, ки барои маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, ҳамчунин вазифадоранд, ки аз хусуси тағйир ёфтани ҳайати аъзои оила, ки барои онҳо нафақа ё ин ки иловапулӣ ба нафақа мегиранд, шўъбаҳои таъминоти иҷтимоиро огоҳ намоянд.
Роҳбарони корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд, ки аз хусуси ба кор қабул шудани нафақахўрон ба сохторҳои маҳаллии дахлдори мақомоти ваколатдор дар мўҳлати 5 рўз хабар диҳанд. Дар акси ҳол маблағи зарари расонидашуда аз корхонаи гуннаҳкор ва нафақахўр мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 99. Додани нафақа аз рўи ваколатнома ва тартиби ба расмият даровардани он
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199)
Нафақаро ба истиснои нафақаи маъюбони гурўҳҳои II ва III аз рўи ваколатнома додан мумкин аст. Ваколатнома ба мўҳлати на бештар аз 12 моҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).
Агар дар ваколатнома мўҳлат зикр нашуда бошад, он дар давоми як соли пас аз рўзи ба расмият дароварданаш эътибор дорад. Ваколатномаро бояд идораи нотариалӣ, идораи манзил ё ташкилотҳои дигари хонагии манзили маҳалли истиқомати нафақахўр ва ё муассисаи табобатие, ки нафақахўр дар он бистарию муолиҷа мешавад, тасдиқ намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).
Моддаи 100. Додани нафақаи давраи гузашта
Пули нафақае, ки онро нафақахўр дар вақташ нагирифтааст, барои давраи гузаштаи на бештар аз 3 соли пеш аз муроҷиаташ барои гирифтани нафақа дода мешавад.
Маблағи нафақае, ки бо айби мақомоти нафақатаъинкунанда ё нафақадиҳанда сари вақт гирифта нашудааст, барои давраи гузашта бе ягон маҳдудияти мўҳлат дода мешавад.
Моддаи 101. Масъулияти дурустии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъин кардану додани нафақа оварда шудаанд ва сари вақт таъин накардану напардохтани нафақа
(Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748)
Корхона (ташкилот, шаҳрванд) барои дурустии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъин кардану додани нафақа оварда шудаанд, масъул мебошад.
Дар ҳолатҳое, ки маълумоти дар ҳуҷҷатҳо овардашуда нодуруст буда, дар асоси онҳо нафақа дода шудааст, корхона зарари расонидашударо ба мақомоти ваколатдор ҷуброн мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Шахсоне, ки барои вайрон кардани моддаи мазкур гуннаҳкоранд, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Моддаи 102. Додани нафақа ба шахсоне, ки дар хонаю интернатҳои пирону маъюбон зиндагӣ мекунанд
Ба нафақахўроне, ки дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пирону маъюбон зиндагӣ мекунанд, моҳе 10 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини пиронсолӣ дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки андозаи нафақаи онҳо аз хароҷоти парасторӣ дар ин хона-интернатҳо (пансионатҳо) зиёд бошад, фарқи нафақа ва пули парасторӣ дода мешавад, вале он ҳар моҳ на камтар аз 10 фоизи нафақаи таъингардида ва на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини пиронсолӣ бошад.
Агар нафақахўр дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пирону маъюбон зиндагӣ карда, аъзои корношоями оила дошта бошад ва онҳо нонхўри вай бошаид (модаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми Қонуни мазкур), нафақа аз рўи тартиби зерин дода мешавад: 10 фоизн нафақа, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини синну сол ба худи нафақахўр ва қисми боқимондаи нафақа, вале на бештар аз 50 фоизи нафақаи таъингардида ба ин аъзои оила дода мешавад.
Нафақаҳои иҷтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи камтарин аз рўи синну сол пардохт мешаванд.
Моддаи 103. Додани нафақа дар давраи муолиҷа дар табобатхона
Дар давраи дар табобати статсонарӣ дар беморхона, клиника, госпитал ва дигар муассисаҳои табобатӣ, инчунин махавхонаҳо будан нафақа пурра дода мешавад.
Моддаи 104. Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон
Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон дар асосҳои умумӣ ва пурра аз ҷониби сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор дар маҳали ҷойгиршавии муассисаҳои ислоҳи, бо роҳи гузаронидани нафақа ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 84, аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 105. Касри нафақа
Нафақа дар мавридҳои зерин каср карда мешавад:
а) дар асоси қарорҳо, таъиноту ҳукмҳои суд (дар қисмати ситонидани амвол), муқаррароти идораҳои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки иҷрояшон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад;
б) дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор барои ситонидани маблағе, ки ба нафақахўр бар асари суиистеъмол аз ҷониби ў зиёдатӣ пардохт шудааст (дар натиҷаи пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти қасдан ғалат, пинҳон кардани музди меҳнат ё дигар даромад, пешниҳод накардани маълумоти тағйири ҳайати аъзои оила) (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Uайр аз мавридҳои дар боло зикргардида ба ягон хел касри дигари нафақа роҳ дода намешавад.
Андозаи маблағи касри нафақа аз маблағе, ки ба нафақахўр бояд пардохт шавад, ҳисоб карда мешавад.
Барои таъмини аъзои оила (алиментҳо), товони зарари дуздии амволи ташкилоту корхонаҳо, маъюб кардан ё дигар хел осеб расонидан ба саломатӣ, инчунин бо сабаби фавти саробон, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ барои бозгардонидани маблағи зиёдгирифтаи музди меҳнат на бештар аз 50 фоизи нафақа каср шуда метавонад.
Аз рўи тамоми намудҳои дигари маблағситонӣ на бештар аз 20 фоизи нафақа каср шуда метавонад. Нафақа дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор зиёда аз касрҳои дигар ба андозаи на бештар аз 20 фоизи нафақа каср мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Дар тамоми ҳолатҳои касри нафақа барои нафақахўрон на камтар аз 50 фоизи нафақаашон мононда мешавад.
Агар пардохти нафақа пеш аз пурра кандани қарзе, ки дар натиҷаи барзиёд гирифтани нафақа каср мешаваду он дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор қатъ гардидааст (масалан, бар асари барқаpop шудани коршоямӣ), қарзи боқимонда аз тариқи судӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 106. Додани нафақаи нагирифтаи нафақахўр бинобар фавти ў ва додани ёрдампулӣ барои дафн
Маблағе, ки ба нафақахўр бояд пардохт мешуду бинобар фавтиданаш пурра гирифта нашудааст, ба мерос дохил карда намешавад ва ба он аъзои оила пардохт мешавад, ки ба ҷумлаи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансубанд (модаҳои 36, 37, 39, 40-уми Қонуни мазкур). Аммо волидайн ва ҳамсар, инчунин дигар аъзои оилаи нафақахўр, ки то рўзи фавташ бо ў якҷоя истиқомат мекарданд, новобаста аз он ки ба доираи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансуб намебошанд, ба гирифтани ин маблағ ҳуқуқ доранд.
Дар сурати муроҷиати якчанд аъзои оила маблағи нафаға, ки онҳо ба он ҳақ доранд, дар байнашон баробар тақсим карда мешавад.
Маблағи мазкур дар мавриде пардохт мешавад, ки барои гирифтани он на дертар аз 6 моҳи баъди фавти нафақахўр муроҷиат карда бошанд.
Дар сурати фавти нафақагир ба аъзои оилаи ў тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмакпулӣ барои дафн пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Агар маросими дафни нафақахўрро шахсоне анҷом диҳанд, ки аъзои оила намебошанд, кўмакпулӣ ба ин шахсон ба андозаи на зиёдтар аз маблағи хароҷоти воқеии дафн дар ҳудуди андозаи зикргардидаи ёрдампулӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 107. Додани нафақа ба шаҳрвандоне, ки ба хориҷа рафтаанд
Ба шаҳрвандоне, ки барои истиқомати доимӣ ба хориҷа рафтаанд, нафақа таъин намешавад.
Нафақае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз рафтан ба хориҷа барои истиқомати доимӣ таъин гардидааст, қабл аз рафтан ба хориҷа барои 6 моҳ пешакӣ дода мешавад. Ҳангоми дар хориҷа будани ин шаҳрвандон танҳо нафақаҳое дода мешаванд, ки ба сабаби маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ таъин шудааст.
Тартиби таҳвили нафақаҳои бар асари маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ таъингардида ба дигар кишварҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 108. Созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар оид ба муҳофизати иҷтимоӣ
Дар ҳолатҳое, ки дар созишномаҳои (шартномаҳои) ҳимояи иҷтимоии аҳолии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар қоидаҳои дигаре нисбат ба қоидаҳои дар Қонуни мвзкур зикргардида пешбинӣ шуда бошанд, мутобиқан қоидаҳои дар ин созишномаҳо (шартномаҳо) муқарраргардида истифода мешаванд.
ФАСЛИ Х. НАФАҚАҲОИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 109. Шаҳрвандоне, ки ба нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд
Нафақаҳои иҷтимоӣ ба шахсони зерине, ки кор намекунанд (ғайр аз маъюбон аз кўдакӣ), дар сурати надоштани ҳуқуқи нафақаи меҳнатӣ таъин карда ва дода мешаванд:
Маъюбони гурўҳҳои I ва II, аз ҷумла ба маъюбон аз кўдакӣ, инчунин маъюбони гурўҳи III;
шахсоне, ки ба синну соли зерин расидаанд:
мардҳо - 65 сол, занҳо - 60 сол;
кўдакон - дар сурати маҳрум шудан аз саробон (банди "а"-и моддаи 36-уми Қонуни мазкур);
кўдакони маъюби то 18-сола (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Номгўи далелҳои тиббие, ки ба кўдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд, бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршаванда муайян карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 110. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ
Нафақаи иҷтимоӣ аз рўи андозаҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба маъюбони гурўҳи I, маъбони гурўҳҳои I ва II аз кўдакӣ ва кўдакони маъюби то 18-сола - 100 фоизи андозаи камтарини нафақа аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
б) ба маъюбони гурўҳи II, ғайр аз маъюбон аз кўдакӣ, шахсони ба ин синн расида: мардҳо ба 65, занҳо ба 60, ба кўдакон барои маҳрум шудан аз саробон (банди "а"-и моддаи 36-уми Қонуни мазкур) барои ҳар як кўдак - 50 фоизи андозаи камтарини нафақа аз рўи синну сол; ба кўдакони аз волидайн маҳрумшуда (ятимони якка) - 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол;
в) ба маъюбони гурўҳи III - 30 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол.
Ба модароне, ки 10 ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия намудаанд, нафақаи иҷтимоӣ дар ҳар кадом ҳолат ба андозаи на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол таъин карда мешавад.
Моддаи 111. Татбиқи коэффисиенти ноҳиявӣ ба андозаи нафақа
Барои шахсони истиқоматкунандаи ноҳияҳое, ки дар он ҷо нисбати музди меҳнати кормандон ва хизматчиён коэффисиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидаанд, андозаи нафақаи иҷтимоӣ барои давраи истиқомати онҳо дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффисиенти дар ин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ муқарраргардида муайян карда мешавад.
Моддаи 112. Ҳуқуқи интихоби нафақаи иҷтимоӣ ё иловапулии нафақаи меҳнатӣ
Дар сурати дар як вақт мавҷуд будани ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони гирандаи нафақаи иҷтимоӣ барои аъзои корношоями оила тибқи моддаҳои 18 ва 31 Қонуни мазкур, мувофиқи интихоби муроҷиаткунанда ё нафақаи иҷтимоӣ ё иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони ў таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 113. Тартиби таъин кардан ва додани нафақаи иҷтимоӣ
Нафақаи иҷтимоӣ аз рўи муроҷиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад. Ҳангоми таъин кардан ва додани нафақаи иҷтимоӣ мутобиқан модаҳои 89 - 91, 93, 94, 96, 98 - 106 ва 108-уми Қонуни мазкур истифода мешаванд.
ФАСЛИ ХI. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ A3 НАВ ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 114. Зиёд кардани андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолии бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ
Андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолии бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Моддаи 115. Аз нав ҳисоб кардани нафақаи пештар таъингардида
Нафақа дар асоси ҳуҷҷатҳои синну сол, собиқаи корӣ, музди меҳнат ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар парвандаи нафақа то лаҳзаи азнавҳисобкунӣ мавҷуд мебошанд, инчунин ҳуҷҷатҳои иловагие, ки онҳоро нафақахўр то лаҳзаи азнавҳисобкунӣ пешниҳод кардааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Агар нафақахўр баъдтар ҳуҷҷатҳои иловагиеро (дар хусуси собиқаи корӣ, музди меҳнат, вазъи оилавӣ ва ғайра), ки ҳуқуқи минбаъдаи зиёд кардани нафақаро медиҳанд, пешниҳод намояд, нафақа бинобар татбиқи Қонуни мазкур аз нав дар асоси нормаҳои Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол нафақа аз рўи мўҳлатҳое, ки дар моддаи 93-юми Қонуни мазкур зикр гардидаанд, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 116. Музди меҳнате, ки ҳангоми аз нав ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешавад
Нафақаҳое, ки мувофиқи қонунгузории пештар амалкунанда таъин гардидаанд, бо интихоби нафақахўр аз музди миёнаи моҳонаи 5 сол ё 2 соли (модаҳои 70 - 76 ва 86-уми Қонуни мазкур) пеш аз татбиқи Қонуни мазкур барои категорияҳои дахлдори нафақахўрон ё пеш аз таъини нафақа ё аз музди маҳнате, ки пештар нафақа ҳисоб карда шуда буд, аз рўи ҳуҷҷатҳои дар парвандаи нафақа буда аз нав ҳисоб карда мешавад.
Зимни аз нав ҳисоб кардани нафақа аз музди кор маош тибқи индекси афзоиши музди миёнаи моҳонаи ҷумҳурӣ барои даврае меафзояд, ки аз лаҳзаи ҳисоб кардани нафақа гузаштааст. Тартиби аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи ҳамин модда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 117. Тартиби таъини нафақаи имтиёзнок ба шахсоне, ки то замони татбиқи Қонуни мазкур ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқ доштанд
Ба шахсоне, ки то замони татбиқи Қонуни мазкур ба кори шароити меҳнаташ зараровару вазнин машғул буданд ва ин дар қонунгузории собиқа пешбинӣ шуда буд, нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба шахсоне, ки то рўзи татбиқи Қонуни мазкур собиқаи пурраи корҳои мазкурро, ки ба нафақаи шартҳояш имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, доранд, нафақа ба андозаи пешбиникардаи Қонуни мазкур мутобиқи талаботи синну сол ва собиқаи корие, ки бо қонунгузории пештар амалкунанда муқаррар шудааст, таъин карда мешавад;
б) синни шахсоне, ки собиқаи пурраи кори дорои шароити зараровар вa вазнини меҳнат надоранд, ва ин синн мувофиқи моддаи 11-уми ҳамин Қонун барои таъини нафақа зарур аст, мутаносибан ба собиқаи кории мавҷуда бо тартиби пешбиникардаи моддаи 12-уми Қонуни мазкур дар асоси талаби собиқаи кории дар қонунгузории ҷории пештар муқарраргардида кам карда мешавад.
Моддаи 118. Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун илова ба нафақаи таъингардидаи меҳнатӣ барои мардон аз синни 63-солагӣ ва барои занҳо аз синни 58-солагӣ ё дар ҳолатҳои дигаре, ки мувофиқи Қонуни мазкур нафақаи меҳнатӣ таъин гардидааст, муқаррар карда мешавад.
Шартҳо ва тартиби таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
ФАСЛИ ХII. ҲУҚУҚИ ШЎРОҲОИ МАҲАЛЛИИ ДЕПУТАТҲОИ ХАЛҚ ВА КОЛЛЕКТИВҲОИ МЕҲНАТӢ ДАР БОБАТИ ТАЪМИНОТИ МОДДИИ НАФАҚАХЎРОН
Моддаи 119. Ҳуқуқи Шўроҳои маҳаллии депутатҳои халқ дар бобати муқаррар намудани навъҳои иловагии таъминоти моддии нафақахўрон
Бо ин Қонун сатҳи тазминшудаи таъминоти моддии иштирокдорони ҷангу меҳнат ва дигар шаҳрвандони корношоями Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шўроҳои маҳаллии депутатҳои халқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағи худ метавонанд бо назардошти буҷети ҳадди ақалли истеъмолии ин минтақа тадбирҳои иловагии таъминоти моддии нафақахўронро муқаррар намоянд.
Ба нафақахўрону маъюбон аз ҳисоби маблағи дахлдори буҷети маҳаллӣ иловапулию имтиёзҳои зайл муқаррар шуда метавонанд:
иловапулӣ ба ҳадди ақалли нафақа, ба ҳамаи намудҳои нафақаҳо мувофиқи тағйири арзиши зиндагонӣ ва афзоиши музди меҳнат дар ҷумҳурӣ (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
иловапулӣ барои нигоҳубини нафақахўрони танҳо, ки мўҳтоҷи нигоҳубини каси дигаранд;
имтиёзи адои хизмати тиббӣ ва муолиҷа дар санаторияю курортҳо;
имтиёзи додани музди хона, музди хизмати коммуналӣ ва рафтуомад дар нақлиёти ҷамъиятӣ;
имтиёзи нархи билети нафақахўрон ҳангоми рафтан ба муассисаҳои маданияту маърифат ва театру намоишгоҳҳо.
Моддаи 120. Ҳуқуқи коллективҳои меҳнатӣ
Маъмурияти корхонаю ташкилотҳо якҷоя бо кумитаҳои иттифоқҳои касаба ва Шўрои коллективи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағи худ, ки барои пaрдохти музди меҳнат пешбинӣ шудааст, масъалаҳои вобаста ба беҳдошти шароити зисти собиқадорон ва маъюбони дар ҳамин коллективҳо коркарда ва дигар нафақахўронро ҳал намояд, аз ҷумла корҳои зайлро анҷом диҳад:
бо назардошти саҳми меҳнатии корманд, давомнокии собиқаи кории умумӣ ва бефосила ба нафақаҳо иловапулӣ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
барои кормандони дар корҳои дорои шароити номусоид ё дар ноҳияҳои дорои шароити махсуси иқлимӣ машғулбуда нафақаи пеш аз мўҳлат ҷорӣ намояд, агар онҳо аз рўи шароити меҳнат мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи нафақаи имтиёзнок надошта бошанд;
хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
ба нафақахўрони яккаву танҳое, ки мўҳтоҷи нигоҳубини каси дигаранд, барои нигоҳубини онҳо иловапулӣ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
нисбати нафақаҳо иловапулиҳои (пардохтҳои иловагии) шахсӣ ҷорӣ намояд, ҳангоми ба нафақа баромадан ба кормандоне, ки дар назди ҳамин коллективи меҳнатӣ хизмати шоён кардаанд ва пеш аз ҳама барои муваффақиятҳои зиёд дар меҳнат ёрдампулии якдафъаина диҳад.
Корхонаю ташкилотҳо ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағи худ барои равнақу ривоҷи иҷтимоии пешбинишуда ба нафақахўрон дар бобати додани хонапулӣ, хароҷоти тарбияи кўдакони кўдакистонҳои тобеи корхонаю ташкилотҳо имтиёзҳо муқаррар намоянд, музди сўзишворӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, воситаҳои инфиродии ҳаракат, дигар молҳои ба нафақахўрон зарур, саҳмпулии кооперативҳои сохтмони манзил, боғдорӣ, сохтмони гараж, арзиши билетҳои ҳамаи хелҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва тамошо, муассисаҳои маданияту маърифат ва театру намоишгоҳҳоро қисман ё пурра ба зимма гиранд, ба нафақахўрон ёрии дигар расонанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд ба нафақахўрон зимни истифодаи комплексҳои варзишию солимгардонӣ, хонаҳои истироҳат, пансионатҳо, санаторияҳо, муассисаҳои маданияту маърифати тобеи ин ташкилоту корхонаҳо имтиёзҳо диҳанд.
Раиси
Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе
аз 25 июни соли 1993 № 796
 

Тафсири илмию амалии Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила"

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 22/01/2020 - 17:57
       Дар китоби мазкур меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» модда ба модда тафсири илмию амалӣ карда шудаанд. Тафсири меъёрҳои қонун дар алоқамандӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои зерқонуние, ки бо ќонуни тафсиршаванда алоқамандии зич доранд, омода гардидааст.
     Китоби мазкур барои кормандони мақомоти соҳавӣ, ҳуқуқшиносон, донишҷўёни мактабҳои олӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои пешгирии зўроварӣ дар оила таваҷҷуҳ доранд, тавсия мешавад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.3 (3 овоз)

ДАР БОРАИ ИСЛОҲОТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ТАРТИБИ ҚАБУЛ НАМУДАН ВА МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР ДОДАНИ КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 10:41
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
974
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
20.07.1994

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, №13, мод.194)

 

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мекунад, ки баъди поён ёфтани ҷанги гражданӣ, дар рафти тадриҷан бартараф намудани оқибатҳои он, дар натиҷаи меҳнати пуршиддати халқ, ҷидду ҷаҳди мақомоти ҳокимият ва идораи марказӣ ва маҳаллии давлатӣ ва бо дастгирии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналхалқӣ барои ба амал овардани дигаргуниҳои қатъӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) нави Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам оварда шуд. Ҳоло барои кушодани роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ дар Тоҷикистон, таъмини пурратари кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ва обрӯю эътибори он дар байни аҳли олам тамоми имкониятҳо мавҷуданд.

Муҳокимаи ҳалқии лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳҳои апрел-июни соли 1994 баргузор шуд ва дар рафти он лоиҳа мавриди дастгирии хеле васеъ қарор гирифт, бо камоли итминон зарурати харҷи зудтар амалӣ сохтани ислоҳоти конститутсиониро собит месозад ва дар зудтарин вақт бо роҳи овоздиҳии халқӣ (рефе­рендум) қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекунад.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин қайд мекунад, ки шакли идораи президентӣ, ки дар лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, аз тарафи аксарияти иштирокчиёни муҳокимаи он маъқул дониста шуд ва ин имконият медиҳад, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон кор вусъат дода шавад.

Бо дар назардошти фавқ ва дар асоси Изҳороти сиёсии Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов, ки Шӯрои Олӣ 28 декабри соли 1993 онро маъқул донист,

ба мақсади собитқадамона амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ, таъмини идома ва фаъолияти самарабахши ҳамаи шоҳаҳо ва савияҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ дар рафти навсозии дарпешистода, фароҳам сохтани шароит барои сари вақт амал кардани меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри таҳкими замина барои аз буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ баромадани ҷумҳурӣ, минбаъд муътадил гардидани вазъи сиёсии дохилӣ, ба даст овардани ризояти ҷамъиятӣ,

бо саъю кушиш барои муҳайё сохтани имконият ба халқ, ба шуму­ли гурезаҳо-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худашон тақдири кишвари худро муайян кунанд,

Эъломияро дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури амал қарор дода ва мувофиқи моддаҳои 1, 2, 5, 99 ва 103-юми Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

 

Моддаи 1. Лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки комиссияи оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, бо назардошти ҷамъбасти муҳокимаи халқӣ маъқул дониста ва он ба овоздиҳии халқӣ (референдум) гузошта шавад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурате қабулшуда ҳисоб мешавад, ки ба он бештар аз нисфи интихобкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар референдум иштирок кардаанд, овоз до­да бошанд.

Рӯзи овоздиҳии халқӣ (референдум) рӯзи қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ид эълон карда мешавад ва ҳар сол ҳамчун Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

 

Моддаи 2. Мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад. Дар як вақт бо референдум оид ба қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар ин иҷлосия қабул гардид, гузаронида шавад.

 

Моддаи 3. Референдум барои қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 1994 таъин карда шавад.

 

Моддаи 4. Комиссияи марказии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шавад.

Ташкил ва гузаронидани овоздиҳии халқӣ (референдум)-ро барои қабул намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Комиссияи марказии интихоботи оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои интихоботии поёнӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

ҳамаи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба комиссияҳои оид ба гузаронидани референдум ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии зарурӣ расонанд. ҳар гуна амалиётеро, ки ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон мамониат мерасонанд, пешгирӣ намоянд.

 

Моддаи 5. Хароҷоти вобаста бо гузаронидани референдум ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Буҷети ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.

 

Моддаи 6. Муқаррар карда шавад, ки то мавриди амал қарор додани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро мувофиқи Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 7. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи расман нашр шудани он мавриди амал қарор дода мешавад. Аз худи ҳамон рӯз амали Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул шудааст, бо ҳамаи тағйирот ва иловаҳои ба он дохил кардашуда қатъ мегардад.

 

Моддам 8. Қонунҳои пештар қабулкардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои  ҳуқуқии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷузъе, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надорад, амали худро ҳифз мекунанд. ҳамаи қонунҳо ва санадҳои мазкури ҳуқуқӣ бояд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду соли мавриди амал қарор гирифтани он қабул карда шаванд.

Қонунҳое, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсионӣ номида шудаанд, бояд баъди як соли мавриди амал қарор гирифтани он қабул карда шаванд.

 

Моддаи 9. Баъди мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва ваколатҳои худро то кушода шудани иҷлосияи якуми Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон ҳифз мекунанд. Ин мӯҳлат аз мӯҳлати ваколатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум зиёд буда наметавонад.

То кушода шудани аввалин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, Раёсати он ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ваколатҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати он ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад, иҷро мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурӯъ намудан ба вазифа дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум савганд ёд мекунад.                                      

 

Моддаи 10. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон то ташкили ҳукумати нав ваколатҳои ҳукуматро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро менамояд.

 

Моддаи 11. Шахсони мансабдор, ки онҳоро Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ё интихоб намудааст, мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъин ё интихоб мешаванд.

 Баъди мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати судяҳои судҳои Тоҷикистон то интихобот ё таъини нави онҳо боқӣ мемонад. Мӯҳлати ин ваколатҳо аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад.         

 

Моддаи 12. Шӯрои депутатҳои халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва кишлоқҳо, кумитаҳои иҷроияи онҳо ваколатҳои худро то ташкили мақомоти нави маҳаллии ҳокимият мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мавҷуда дар ҷузъе, ки бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, иҷро намоянд.

 

Моддаи 13. Судҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳои Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода мешаванд.

 

Моддаи 14. Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷкистон то интихоботи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

 

Моддаи 15. Ин Қонун дорои эътибори Қонуни конститутсионӣ мебошад ва аз рӯзи қабул шуданаш мавриди амал қарор мегирад. 

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                                                                Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  20 июли соли 1994

№ 974

ДАР БОРАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 10:50
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
983
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
20.07.1994

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

 

(Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 22, мод. 259; соли 2008, №1, қ- 2, мод.16, №12, қ-2, мод.1005;  соли 2010, №12, қ-1, мод.822; ҚҶТ аз 28.12.13с.№1048)

 

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии омўзиш, ҳифз ва истифодабарии сарватҳои зеризаминиро муқаррар намуда, муносибатҳоро дар ин соҳа танзим менамояд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

ФАСЛИ 1

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои танзими муносибатҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар доираи ваколатҳои муайянкардаи Қонуни мазкур санадҳо ба табъ мерасонанд. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Муносибатҳое, ки дар иртибот бо истифода ва ҳифзи замин, об, олами набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба амал меоянд, тибқи қонунгузори  марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.

 

Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

-омўзиши давлатии геологии қаъри замин – корҳои геологии вобаста ба омўзиши мониторингии ҳолати қаъри замин, сохтори геологии минтақаҳои алоҳида ва ҳавзаҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълум намудани дурнамои онҳо оид ба мавҷуд будани маъданҳои фоиданок, сохтани харитаҳои геологии давлатӣ, ки маълумотҳои асосиро оид ба истифодабарии қаъри замин ташкил медиҳанд;

-қитъаи ҷудокардашудаи геологӣ – замима ба  иҷозатнома барои омўзиши геологӣ - бо нақша ва маълумотнома муайян намудани ҳудуди қитъаи қаъри замин, ки дар он истифодабарандагон ҳуқуқи  иктишофи геологиро доранд;

-ҷудо намудани замини кўҳсор – замима ба иҷозатнома барои пешбурди корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва ё истифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба иктишоф ва истихроҷ вобастагӣ надоранд, иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки ғайриминералии маъмулӣ бо мақсади тиҷорат ва ё сохтмони иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ ва иктишоф, ки истифодабарандагони қаъри замин аз рўи нақша ва маълумоти минтақаҳои ҳудудашон муайян ба онҳо ҳуқуқ доранд;

-истихроҷ – маҷмўи корҳое, ки ба ҳосил намудани минералҳои фоиданок аз қаъри замин, ҳамчунин ба коркарди минералҳои техногении моликияти давлатӣ, аз ҷумла  ашёи минералии  ҷойҳои нигоҳдории муваққатӣ алоқаманд мебошанд; (ҚҶТ аз 31.12.08с, №471).

-истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ – истихроҷи маводе, ки дар қитъаҳои қаъри замини дорои ҳуқуқи истифодаи доимӣ ва ё муваққатӣ ҷойгир аст, бе мақсади минбаъдаи бастани аҳд нисбати маъданҳои фоиданоки ғайриминералӣ  ва обҳои зеризаминии истихроҷгардида;

- кон – қисми қитъаи қаъри замин, ки анбўҳи табиии маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;

- ашёи хоми минералӣ – қисми сарватҳои истихроҷшуда (маводи кўҳӣ, ашёи хоми кон ва ғайра), ки маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;

- истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мувофиқи Қонуни мазкур иҷозати гузаронидани корҳои геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданокро доранд;

- сарватҳои зеризаминӣ – қисми қаъри замин, ки поён аз қабати хок ва дар мавриди набудани он дар таги баҳрҳо, кўлҳо, дарёҳо ва дигар обанборҳо то умқи дастрас, ки қабати онҳо барои гузаронидани корҳои геологӣ ва истифодаи маъданҳои  фоиданок дар асоси комёбиҳои илмию  техникӣ дастрас аст;

- маъданҳои фоиданоки маъмулӣ (ғайриминералӣ) – маъданҳои фоиданок, ки  дар шакли табиӣ (рег, шағал, хок ва ғайра) ва ниҳоят кам коркард ва тоза карда шудаанд, барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои маҳаллӣ истифода карда мешаванд;

- маҷмўи корҳои истифодаи қаъри замин – корҳое, ки бо омўзиши умумии давлатии геологии қаъри замин, иктишоф ва истихроҷ, аз ҷумла корҳои вобаста ба иктишоф ва истихроҷи обҳои зеризаминӣ, лойқаҳои табобатӣ, иктишофи қаъри замин барои партови обҳои истифодашуда, инчунин корҳое, ки ба сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ алоқаманд мебошанд;

- коркарди аввалияи ашёи хоми минералӣ – коркарди маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда аз рўи нақшаҳои технологӣ, ки ҷараёни пайдарпайи ғанисозӣ ва тағйири аввалияи маъданҳои фоиданоки истихроҷшударо муайян менамояд;

- коркарди ашёи хоми минералӣ – корҳое, ки ба воситаи онҳо аз ашёи хоми минералӣ маъданҳои фоиданок  ҳосил карда мешаванд;

- маъданҳои фоиданок – маводи минералии табиӣ, ки дар қаъри замин ба шакли санг, моеъ ва газ (аз ҷумла, обҳои зеризаминӣ ва лойқаҳои табобатӣ)  мавҷуданд ва барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ муносиб мебошанд;

- канданиҳои фоиданоки пошхўрда – пайдоишҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои зинатӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхўрдашавии физикию химиявии ҷинсҳои кўҳӣ, зуҳуроту конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;

усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ – тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда, ки тибқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад; (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1048)

- истифодабарандагони муваққатии сарватҳои зеризаминӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мўҳлати маҳдуди истифодаи сарватҳои зеризаминиро доранд;

- корҳои иктишофии геологӣ – корҳое, ки ба ҷустуҷўи макони ҷойгиршавии маъданҳои фоиданок ва арзёбии онҳо алоқаманд мебошанд;

- сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба корҳои иктишофии геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок вобастагӣ надоранд – корҳои сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии таъиноти умумихоҷагӣ, ки барои нигоҳ доштани боқимондаҳои маводи радиоактивӣ, маҳсулоти зараровар ва оби партов аҳамият доранд;

- қитъаи қаъри замин– қисми ба нақша гирифташудаи қаъри замин, ки дар қаламрави маҳдуд барои истифодабарандагон ҷудо карда мешавад;

- пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ – пардохти   якбора ба молики захираи сарватҳои зеризаминӣ (ба давлат) барои додани ҳуқуқи азхудкунии онҳо;

     - ҷудо намудани маблағ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ –маблағгузории ҷорӣ ба молики захираи сарватҳои зеризаминӣ (ба давлат) барои пўшонидани хароҷотҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

 

Моддаи 2. Моликият ба сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра моликияти давлати  буда, ба моликони зерин дода мешавад:

ба мақомоти муайяни давлатӣ бо роҳи ба онҳо додани ҳуқуқи молики;

ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ бо роҳи интиқоли ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлат ё таҳқими ҳуқуқи истифодаи мӯҳлатноки сарватҳои зеризаминӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарватҳои зеризаминӣ моликияти хусусӣ шуда наметавонад. Хариду фурӯш, тӯҳфакунӣ, ба гарав мондани қитъаҳои манбаи сарватҳои зеризаминӣ ё ивазкунии худсаронаи онҳо манъ аст.

Аъмоле, ки рӯирост ё пинҳонӣ боиси вайроншавии ҳуқуқи моликияти давлат ба сарватҳои зеризаминӣ мегардад, манъ аст.

 

Моддаи 3. Фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ

Тамоми сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ мебошанд, Ба он ҳам қисми истифодашаванда ва ҳам истифоданашавандаи сарватҳои зеризаминӣ мансуб аст.

Фонди давлатии сарватҳои зеризаминиро ба манфиати тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдорӣ ва идора мекунад.

 

Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (хориҷ  карда  шуд  бо ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

 

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ масъалаҳои зерин дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд:

1) таҳияю татбиқи барномаҳои давлатии истифода, барқарорсози вусъати минбаъда ва сифатан беҳтар намудани базаи ашёи хоми минералии ҷумҳурӣ;

2) муқаррар намудани тартиби истифодаю ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, таҳияи стандартҳои (меъёру қоидаҳои) мувофиқ;

3) ихтиёрдорӣ ва идора кардани фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо шаҳру ноҳияхо ихтиёрдорӣ ва идора кардани фонди маъданҳои фоиданоки маъмулӣ;

4) муайян намудани номгӯӣ маъданҳои фоиданоки маъмулӣ, инчунин номгӯӣ маводи коллексионӣ ва маъданҳои фоиданок, ки барои заршуии косибӣ иҷозат дода шудааст;

5) додани иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва коркарди ашёи хоми минералӣ;

6) муқаррар намудани ҳиссаву андозаи истихроҷ, коркард ва фурӯши ашёи хоми минералии дороӣ аҳамияти давлатӣ барои корхонаҳо;

7) муқаррар намудани тартиби ҷалбкунии маблағҳои хориҷӣ, додани иҷозатнома ва консессияҳо ба шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва шаҳрвандон барои ҷустуҷӯ, инкишоф, истихроҷ ва коркарди ашьёи хоми минерали инчунин истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақсадҳои дигар ва назорат ба риояи он;   

8) таъсиси системаи ягонаи фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, истифодабарии ахбори аз ҳисоби маблағи давлатӣ бадастомада;

9) назорати давлатии истифодаи самараноку ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин муқаррар намудани тартиби татбиқи он;

10) тартиб додани баланси давлатии захираҳои маъданҳои фоиданок, баҳисобгирии давлатии қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва сохтмони иншоотҳои зеризаминии ба истихроҷи маъданҳои фоиданок дахлнадошта истифода мешавад, бақайдгирии давлатии корҳои омӯзиши геологи ва истифодабарии сарватҳои зе­ризаминӣ аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон;

11) экспертизаи давлатии ахбор оид ба маъданҳои фоиданоки кашфшуда, хусусиятҳои дигари сарватҳои зеризаминие, ки қимати онҳоро муайян мекунанд;

12) ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодабарии сарватҳои зеризами­нӣ дар қитъаҳои ҷудогона ба мақсади таъмин намудани амнияти миллӣ ва ҳифзи муҳити зист;

13) муайян кардани сиёсати давлатӣ амали намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи истифода ва муҳофизати сарватҳои зеризаминӣ; (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

14) тасдиқ намудани меъёрҳои пардохт барои истифодаи сарватҳои зерзаминӣ;

15) қатъи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризамини дар сурати вайронкунии талаботи ин Қонун;

16) мутобиқати корҳои тадқиқоти илмӣ ва таҷрибавию конструкторие, ки ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ алоқаманданд;

17) ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ва манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

18) ҳалли баҳсҳо дар бобати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар байни Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

19) экспертизаи давлатии лоиҳаҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминие, ки дар асоси шартномаҳои мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда ба истифодабарандагони хориҷии сарватҳои зеризаминӣ дода мешаванд;

20) танзими масъалаҳои дигари истифодаи сарватҳои зеризаминие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ҷудогонаро ба­рои танзими муносибатҳои оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатии ВАБК, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти давлатии ҷумҳурӣ дода метавонад.

 

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва вилояти дар соҳаи танзими муносибати  истифодаи сарватҳои зеризаминӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351)

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ масъалаҳои зайл дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд: (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

1) танзими муносибатҳо дар бобати истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ дар доираи ваколатҳои муқарраркардаи Қонуни мазкур;

2) ба амал баровардани ваколатҳо дар доираи салоҳияти якҷоя бо  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтиёрдорӣ кардани фонди давлатии маъданҳои маъмулии фоиданок;

3) иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, инкишофу азхудкунии базаи ашёи хоми минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии инкишоф ва истифодабарии базаи ашёи хоми минералӣ. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Ғайр аз ин корҳои зерин дар ихтиёри ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва инчунин тобеи вилоятӣ мебошад: (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

1) ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ додани иҷозат барои истифодаи замин ва қитъаҳои ҷудошудаи замин тибқи қонунгузорӣ оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) ҷудо карда додани қитъаҳои замини курсор барои истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулӣ;

3) назорат ба истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ, инчунин ҳангоми сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ, ки бо истихроҷи маъданҳои фоиданок вобаста нестанд;

4) қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди  салоҳияти худ дар сурати вайронкунии талаботи ин Қонун;

5) ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар истифодаи қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноат, нақлиёт ва алоқа дар ҳолатҳое, ки агар чунин истифодабарӣ, ба ҳаёту саломатии аҳолӣ хавфро ба вуҷуд оварда, ба объектҳои хоҷагӣ ва ё муҳити зисти табиӣ зарар расонад.

 

ФАСЛИ II

ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 7. Намудҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Сарватҳои зеризаминӣ барои мақсадҳои зайл мавриди истифода қарор мегиранд:

1) омӯзиши геологи;

2) истихроҷи маъданҳои фоиданок, аз ҷумла истифодаи партови корхонаҳои истихроҷи маъдан ва коркарди он:

3) сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, аз ҷумла иншоотҳо барои дар зери замин нигоҳ, доштани нафт, газ ва дигар моддаю масолеҳ, инчунин барои гуронидани моддаҳои зарарнок, партови саноат ва обҳои ганда;

4) ташкили объектҳои бахусус ҳифзшавандаи геологи, ки дороӣ аҳамиятӣ илмӣ, фарҳангӣ, эстетики, санитарию табобатӣ ва ғайра мебошанд (омӯзишгоҳҳои илмию таълимӣ, мамнуъгоҳҳои геологи, ёдгоризҳои та­биӣ, ғорҳо ва дигар холигиҳои зеризаминӣ).

5) ҷамъ кардани маводи минералоги, палеонтологи ва маводи дигари коллексионии геологи.

 

Моддаи 8. Барои истифода додани сарватҳои зеризаминӣ

Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Мувофиқи литсензияе, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва истифодабарии иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷи маъданҳои фоиданок, ташкили объектҳои геологии ба таври мах­сус ҳифзшаванда ҳуқуқ медиҳад, ба истифодабарандагон қитъаи зами­ни кӯҳсор ҷудо карда мешавад. Замини кӯҳсор инчунин барои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ ва ҳамзамон истихроҷ намудан ё истих­роҷи минбаъдаи бевоситаи маъданҳои фоиданок дода мешавад, аз рӯи шарту шароити озмун, қарордод ё имтиёз (консессия), инчунин дар асоси гуфтушунидҳои мустақими байни довталабони истифодаи сарватҳои  зеризаминӣ ва соҳиби сарватҳои зеризаминӣ.    

Қитъаи замини кӯҳсор бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода ва қайд карда шуда, барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ танҳо аз ҷониби мақоми назорати истихроҷи маъдан ба қайд гирифта мешавад

соҳаҳои сарватҳои зеризамини барои омӯзиши геологи ба тариқи қитъаи ҷудокардашудаи геологи дода мешаванд

Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ, ки қисми замини кӯҳсорро ё геологи соҳиб шудааст, мувофиқи иҷозатномаи гирифтааш дар ҳудуди он ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳуқуқи комил дорад. Ҳама гуна корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди замини кӯҳсор ё геологи  танҳо бо ризояти истифодабарандае, ки замини кӯҳсор ё геологи ба ӯ дода шудааст, ба ҷо оварда мешаванд.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро маблағ таъин мекунанд, дар сурати риояи талаботи ин Қонун барои истифодабарии кор  ҳуқуқи истисноӣ доранд. Ин ҳуқуқ дар сурате аз байн меравад, ки дар давоми ду соли баъди тасдиқ гардидани захираҳои маводи маъданӣ кони кашф кардашуда истифода нашуда бошад. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №471).

   

Моддаи 9. Маҳдудияти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи қитъаҳои алоҳидаи қаъри заминро бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи муҳити зист метавонад маҳдуд ва ё қатъ намояд. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои наздишаҳрӣ, объектҳои саноатӣ, нақлиёт ва алоқа дар сурати таҳдид кардани хавф ба ҳаёт ва сиҳатии мардум ё хавфи зиён додани объектҳои хоҷагӣ ва муҳити табии зист қисман ё пурра манъ карда мешавад.

Сарватҳои зеризаминии ҳудуди ба таври махсус ҳифзшаванда мувофиқи мақомашон мавриди истифода қарор мегиранд.

 

Моддаи 10. Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ

Корхонаҳои давлатӣ, кооперативӣ, муассисаҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо, субъектҳоӣ фаъолияти соҳибкорӣ сарфи назар аз шакли моликияташон ва шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони давлатҳои дигар истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ буда ме­тавонанд, агар асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

       Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминиро барои омўзиш ва истихроҷи ашёи хоми радиоактивӣ, анборкунии партовҳои онҳо танҳо шахсони ҳуқуқие доранд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома доранд. (ҚҶТ аз 31.12.08с, №471).

 

Моддаи 11. Мӯҳлатҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Сарватҳои зеризаминӣ барои истифода ба мӯҳлати муайян ё бе маҳдудияти мӯҳлат дода мешаванд.

Бе маҳдудияти мӯҳлат қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ барои сохтмону истифодаи иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷи маъданҳои фоиданок ва бунёди объектҳои махсус ҳифзшаванда ва дигар мақсадҳо дода мешаванд.

Мӯҳлати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибқи иҷозатномаҳо муқаррар шуда, бо ташаббуси истифодабарандагон дароз карда мешавад.

Мӯҳлати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз рӯзи гирифтани ҳуқуқи истифодаи он ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 12. Тартиби додани иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ 

Тартиби додани иҷозатномаро барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ Низомномаи тасдиқ кардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.     

Иҷозатномаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бояд имконияти баробарро ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон барои гирифтани литсензияҳо, кафолатҳои заруриро барои истифодаи қитъаҳои сарватҳои зери­заминӣ ва ҳимояи ҳуқуқӣ онҳо таъмин намояд.

 

Моддаи 13. Талабҳои зиддимонополӣ

Амалиёти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва идоракунӣ, инчунин ҳа­ма гуна субъектҳои хоҷагӣ (истифодабарандагони сарватҳои зеризами­нӣ) дар мавридҳое манъ ё нодуруст ҳисобида мешавад, ки агар;

1) бар хилофи шартҳои конкурс ё музояда иштироки шахсони ҳуқуқи ва воқеие, ки мувофиқи ин қонун мақсади соҳиби ҳуқуқи ис­тифодаи сарватҳои зеризаминӣ шудан доранд, маҳдуд карда шавад;

2) аз додани иҷозатномаҳо ба ғолибони конкурсҳо ва музоядаҳо саркашӣ кунанд;

3) истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки сохторҳои таъсисдодаашон бо субъектҳои хоҷагии дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мавқеи бартаринокдошта рақобат мекунанд, мавриди поймол намудани ҳуқуқ қарор гиранд;

4) истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми соҳиб шу­дан ба объектҳои нақлиёту инфраструктура мавриди поймол намудани ҳуқуқ қарор гиранд.

 

Моддаи 14. Додани манбаи сарватҳои зеризаминӣ барои истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулӣ

Тартиби додани манбаи сарватҳои зеризаминиро барои кушодани конҳои маъданҳои фоиданоки маъмулӣ, тартиби аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди қитъаҳои замине, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъму­лӣ, инчунин бо мақсадҳои новобаста аз истихроҷи маъданҳои фоиданок дода мешаванд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо мувофиқати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Агар имконияти ҳамчун манбаи ашёи хоми алтернативӣ истифода бурдани партови конҳои маъдан ва корхонаҳои дигар мавҷуд бошад, манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ барои истихроҷи маъданҳои фоидаи маъмулӣ бо мақсади истеҳсоли маводи бинокорӣ дода намешаванд.

 

Моддаи 15. Истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ аз тарафи  соҳибони қитъаҳои замин

Соҳибони қитъаҳои замин ҳуқуқ доранд бо майли худ дар ҳудуди қитъаашон, бидуни таркишгарӣ мувофиқи Қонуни мазкур истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулиро ба роҳ, монанд ва дар ҷумҳурии то 5 метр барои эҳтиёҷоташон иншоотҳои зеризаминӣ созанд.

 

Моддаи 16. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда

Дар конҳо ва зуҳуроти металлҳои асил ва дигар канданиҳои фоиданок ё қитъаҳои онҳо мувофиқи рўйхати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иҷозатнома дода мешавад.

Ба субъектҳои соҳибкорӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозат дода мешавад.

Истихроҷи канданиҳои фоиданок бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба тариқи ихтиёрӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ё гурўҳи шахсон бе бақайдгирии онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» манъ аст.

Қоидаҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 28.12.13с.№1048)

 

Моддаи 17. Истихроҷ ва ҳифзи оби ширини зеризаминӣ

Оби ширини зеризаминӣ бидуни ҷудо кардани замин бо риояи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷ карда мешавад.

Ҳифзи оби ширини зеризаминӣ аз истифодаи оқилонаи он ва андешидани тадбирҳои дахлдор барои кам ва олуда нашудани ин об иборат аст. Корхонаю ташкилотҳое, ки аз зери замин оби ширин мекашанд, бо­яд аз каму зиёдшавии оби обгирҳо ва атрофу акнофи он огоҳу бохабар бошанд. Чоҳҳои мушоҳидавӣ бо маслиҳати ташкилотҳои гидрогеологии маҳал канда мешаванд.

Агар сифату миқдори оби обгирҳо тағйир ёбад, корхонаю ташкилотҳое, ки ин обгирҳо дар ихтиёрашон мебошанд, бояд ба мақомоти назораткунандаи ҳифзи оби ширин аз ин хусус зуд хабар диҳанд.

 

Моддаи 18. Истихроҷи таҷрибавию саноатии маъданҳои фоиданок

Маъданҳои фоиданок ё қисми онҳо бидуни ҷудо кардани қитъаи замини кӯҳсор барои таҷрибаи саноатӣ истихроҷ карда мешаванд.

Ҳуқуқ барои коркарди таҷрибавию саноати дар мавридҳои истиснои дода мешавад. Иҷозатнома барои он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди экспертиза шудани лоиҳаи корҳо ба тартибе, ки ин Қoнун муқаррар кардааст, дода мешавад. Иҷозатнома барои он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351).

Ашёи хоми минералии истихроҷшуда ва маҳсулоти коркарди он бо­яд аз рӯи иҷозатнома фурӯхта, сипас аз онҳо маблағи муқарраршуда ситонида шавад.

 

Моддаи 19. Ошкор шудани маъданҳои фоиданок ҳангоми истифодаи қаъри замин (ҚҶТ аз 5.01.08с, №351)

Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ зимни кушодани конҳо дар сурати ошкор гардидани захираҳои сангҳои пурарзишу нимаарзиш, ороишӣ, кристаллҳои оптики, пьезоэлектрӣ, сангҳои музейбоб ва коллексионӣ ва дигар маъданҳои фоиданок, ки арзиши илмию амалӣ доранд, бояд корҳоро қатъ намуда, аз ошкор гардидани маъданҳои фоиданок ба фонди давлатии ахбори геологи оид ба сарватҳои зеризаминӣ хабар диҳанд.

Кори ин қитъа баъди гирифтани иҷозати фонди давлатии ахбори геологи оид ба сарватҳои зеризаминӣ давом дода мешавад.

 

Моддаи 20. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ дар сурате қатъ мегардад, ки;

1) Мӯҳлати эътибори иҷозатнома ба охир расад;

2) соҳиби иҷозатнома аз ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ даст кашад;

3) шарти муҳими дар иҷозатнома зикргардида пеш ояд, ки ба татбиқи минбаъдаи ҳуқуқиаш монеъ мешавад.

Ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминиро мақоми иҷозатномадиҳанда дар мавридҳои зайл пеш аз мӯҳлат қатъ намуда, боздошта ва ё маҳдуд карда метавонад:

1) ба ҳаёт ва саломатии одамоне, ки дар минтақаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ кор ё зиндагӣ мекунанд, хатари бевосита таҳдид кунад;                                        

2) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ шартҳои иҷозатномаро вайрон карда бошад;

3) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қоидаҳои муқарраршудаи истифодабарии манбаъҳои зеризаминиро мунтазам вайрон намояд;

4) вазъияти фавқулодда ба вуҷуд ояд (офатҳои табиӣ, ҷанг ва ғайра);

5) истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ дар мӯҳлати муқарраркардаи иҷозатнома бо сабабҳои ба ӯ вобаста корҳои истифодаи манбаъ­ҳои зеризаминиро дар ҳаҷми пешбинишуда иҷро накарда бошад;

6) корхона ё субъекти дигари фаъолияти хоҷагие, ки манбаъҳои сарватҳои зеризаминиро барои истифода гирифта буд, барҳамхурад.

Агар истифодабарандаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ бо қарори барҳамдиҳӣ, боздорӣ ва маҳдудкунии ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ розӣ набошад, метавонад ба таври маъмурӣ ё тавассути додгоҳ шикоят намояд.

 

Моддаи 21. Тартиби пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи бандҳои 1 ва 4-уми қисми дуюми моддаи 20-уми Қонуни мазкур истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пас аз қарори мақоми босалоҳият оид ба манъ кардани истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ба таври хаттӣ огоҳ кардани истифодабаранда қатъ ме­гардад.

Дар ҳолатҳои муқарраркардаи бандҳои 2, 3 ва 5-уми қисми дуюми моддаи 20-уми Қонуни мазкур қарор дар бораи қатъи ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ мумкин аст пас аз се моҳи ба таври хаттӣ дар бораи вайронкориҳо ва наандешидани тадбирҳои ислоҳкунандаи онҳо огоҳ намудани истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қабул карда шавад.   

Ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ дар сурати бекор кар­дан ё бозпас гирифтани иҷозатнома қатъ мегардад.

Агар ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад, корхона бо тартиби муқарраркардаи моддаи 27-уми қонуни мазкур барҳам дода ё муваққатан хобонда мешавад. Хароҷоти барҳамдиҳӣ ва хобондани корхонаро истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ мепардозад, агар истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо сабабҳои дар бандҳои 1 (агар корхона гуннаҳкор бошад), 2, 3 қисми дуюми моддаи 26-уми Қонуни мазкур зикргардида ё бо ташаббуси истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ қатъ шуда бошад.

Хароҷоти хобондан ва барҳамдиҳии корхонаи истифодабарандаи сарватҳои зеризаминиро давлат ба ӯҳда мегирад, агар истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо сабабҳои дар бандӣ 1 (дар сурати гуннаҳкор набудани корхона) ва банди 4 қисми дуюми моддаи 20-уми қонуни мазкур зикргардида қатъ шуда бошад.

Агар вазъияту шароити боздоштан ё маҳдуд сохтани ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ислоҳ, карда шавад, ҳуқуқи мазкур пурра барқарор хоҳад шуд. Дар сурати набудани гуноҳи истифодабаран­даи сарватҳои зеризаминӣ мӯҳлати боздоштани ҳуқуқи ӯ ба мӯҳлати эътибори иҷозатнома дохил намешавад.

 

Моддаи 22. Ҳуқуқу вазифаҳои асосии истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ

Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ ҳуқуқ дорад:

1) қитъаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминии ба ихтиёри ӯ додаро бахри шаклҳои мӯҳталифи фаъолияти соҳибкорӣ ё фаъолияти дигар, ки ба мақсадҳои дар иҷозатнома зикршуда мувофиқ аст, истифода барад;

2) шакли ин фаъолиятро, ки ба асноди қонунгузорию меъёрӣ мухолиф нест, мустақилона интихоб намояд;

3) натиҷаи фаъолияти худро, аз ҷумла ашёи хоми минералии истихроҷнамудаашро мувофиқи иҷозатнома ва қонунгузорӣ истифода барад;

4) партови корхонаи истихроҷи маъдани худ ва истеҳсолоти коркарди бо он алоқамандро, агар шартҳои дигар дар иҷозатнома зикр наёфта бошанд, истифода барад:

5) сохтмонро дар майдони маъданҳои фоиданок дар ҳудуди қитъаи замини кӯҳсори ба ӯ додашуда маҳдуд намояд;

6) бе иҷозати иловагӣ аз ҳисоби маблағи худ омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро дар ҳудуди замини кӯҳсори ҷудокардашуда доир намояд;

7) дар сурати пайдо шудани вазъияте, ки аз ҳолатҳои дигари мавриди иҷозатномагири фарқ дорад, ба мақомоти иҷозатномадиҳанда барои тағйир додани шартҳои он муроҷиат намояд;

8) фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқию воқеиро дар истифодаи замин ва сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди замини дар ихтиёрашон буда маҳдуд намояд, агар дар иҷозатнома мувофиқи қонунгузорӣ тартиби ди­гар пешбинӣ нашуда бошад.

Истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ нисбат ба довталабони дигар дар масъалаи дароз кардани мӯҳлати амали иҷозатнома бартарӣ дорад.

Ӯҳдадориҳои истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборат аст:

1) риоя намудани талаботи қонунгузорӣ, инчунин стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудаи технологияи доир намудани корҳои марбут ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;

2) риоя кардани талаботи лоиҳаҳои техники ва нақшаи тараққиёти корҳои оид ба маъдан;

3) зимни истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба роҳ, мондани ҳуҷҷатнигории геологи, маркшейдерӣ ва ғайра, инчунин таъмини нигоҳдории онҳо;

4) таъмини назорати идоравӣ ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;

5) ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризамини додани ахбору маълумотӣ геологи;

6) ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, мақомоти назорати истихроҷи маъдан ва омори давлатӣ додани маълумотҳо доир ба маъданҳои фоиданоки инкишофшуда, истихроҷшаванда ва дар қаър нопадидшаванда, таркиби онҳо ва ба мақсади бидуни истихроҷи маъданҳои фоиданок истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;

7) бехатар иҷро кардани корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

8) риоя намудани стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудае, ки шароити ҳифзи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, замин, ҷангал, об, инчунин биноҳо ва иншоотҳоро аз таъсири бади корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ танзим мекунад;

9) ба ҳолати қобили истифодаи минбаъда овардани қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиие, ки ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ хароб шудаанд;

10) ҳифзи конҳо ва чоҳҳои иқтишофии кофташуда, ки минбаъд барои мавриди истифода қарор додани онҳо ё ба мақсади дигари хоҷагӣ лозим шуда метавонанд, барҳам додани конҳо ва чоҳҳои кофташуда, ки минбаъд қобили истифода намебошанд;

11) иҷро кардани шартҳои иҷозатнома, ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ сари вақт ва дуруст пардохтани маблағҳо.

 

ФАСЛИ III

 ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА ҲИФЗИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 23. Талабҳои асосӣ дар мавриди истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Талабҳои асосӣ дар мавриди истифодаи самаранок ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборатанд;

1) риояи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ дар бобати ба ис­тифода додани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ ва роҳ, надодан ба ис­тифодаи худсаронаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ; 

2) омӯзиши пурра ва хушсифати геологи, истифодаи оқилонаи комплексӣ ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ;

3) ба роҳ мондани омӯзиши пешакии геологии сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла дар рафти кандани конҳо, ки зухуроти пурраи баҳои ҳаққонии захираи маъданҳои фоиданокро таъмин менамояд ё хусусиятҳои қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки ба мақсадҳои новобаста бо истих­роҷи маъданҳои фоиданок дода шудаанд;

4) экспертизаи давлатӣ ва муҳосибаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок, инчунин қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои мақсадҳои новобаста ба истихроҷ истифода бурда мешаванд;

5) истихроҷи пурраи захираи маъданҳои фоиданоки асосӣ ва ҳамроҳи онҳо ҷойгирифта ва унсурҳои туфайлӣ;

6) ҳисобу китоби пурраи маъданҳои фоиданоки истеҳсолшуда ва захираи маъданҳои асосӣ, маъданҳои ҳамроҳи онҳо ҷойгирифта ва унсурони фоиданоки туфайлӣ;

7) ҳифзи конҳои маъданҳои фоиданок аз обзеркунӣ, сӯхтор ва ди­гар омилҳое, ки сифати маъданҳои фоиданок ва қимати саноатии конҳоро паст карда, шароити истихроҷи онҳоро мушкил мегардонад;

8) пешгирӣ намудани манбаъҳои зеризаминӣ ва муҳити зист аз олудашавӣ ҳангоми корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, махсусан дар вақти дар зери замин захира кардани нафт, газ ва дигар моддаҳои масолеҳ, гӯр кардани моддаҳои зарарнок ва партови истеҳсолот ва оби ганда;

9) риояи тартиби муайяншудаи хобонидан ва барҳамдиҳии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминии ба ис­тихроҷи маъдан алоқаманд набуда;

10) пешгирӣ намуданӣ сохтмони худсарона дар масоҳати конҳои маъданҳои фоиданок ва риояи тартиби муқарраршудаи истифодаи ин масоҳатҳо ба мақсадҳои дигар;

11) пешгирии гуншавии партовҳои саноатию рӯзғор дар ҷойҳои ҷамъшавии об ва захираи обҳои зеризаминӣ, ки барои нӯшидан ё саноат истифода мешаванд.

Дар сурати вайрон гардидани талаботи моддаи мазкур ҳуқуқи истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризамини аз ҷониби мақомоти махсуси салоҳиятдори давлатӣ мувофиқи қонунгузорӣ маҳдуд намуда, боздошта ё қатъ карда мешавад.

 

Моддаи 24. Талаботи асосии бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Ба сохтмон ва истифодаи корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоида­нок, иншоотҳои зеризаминии таъиноти гуногун, омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар сурате иҷозат дода мешавад, ки бехатарии ҳаёт ва сиҳатии кормандони корхонаҳои мазкур ва аҳолии сокини минтақаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъмин карда шавад.

Мақомоти ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо) ва идора, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, мақомоти назорати давлатии истихроҷи маъдан дар доираи салоҳияти худ ӯҳдадоранд иҷрои талаботи қонунҳо, инчунин стандартҳои (меъёру қоидаҳои) ба тартиби муайян тасдиқшударо оид ба  бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъмин намоянд.

Масъулияти бевоситаи таъмини бехатарии шароити кори истифодаи, сарватҳои зеризаминӣ ба зиммаи роҳбарони корхонаҳо, сарфи назар аз он ки ин корхонаҳо мувофиқи иҷозатнома ё аз рӯи шартномаҳо кор мекунанд, гузошта мешавад.

Талаботи асосии таъмини бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборатанд:

1) ба корҳои ин соҳа роҳ, додани танҳо шахсони дорои тайёрию  тахассуси махсус;

2) бо сару либоси махсус ва воситаҳои бехатарии коллективию инфиродӣ таъмин намуданӣ шахсоне, ки ба корҳои маъдан ва пармакунӣ  машғуланд;

3) истифодаи мошинҳо, таҷҳизот ва маводе, ки ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва меъёрҳои санитарӣ мувофиқанд;

4) истифодаи дурусти маводи тарканда, воситаҳои таркиш, ҳисобу  китоб, нигаҳдорӣ ва ҳарчи дурусти онҳо;

5) анҷом додани маҷмӯи мушоҳидаҳои геологи, маркшейдерӣ ва  мушоҳидаҳои дигаре, ки барои таъмини сикли технологии корҳо ва пешгӯии вазъияти хавфнок лозиманд;

6) назорати доимии ҳолати ҳавои конҳо, мавҷудияти оксиген, чангу  газҳои тарканда ва зараровар;

7) таҳияю доир намуданӣ чорабиниҳои таъмини бехатарии коргарони  машғули корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва бехатарии аҳолии маскуни минтақаи таъсири зарарноки корҳои истифодаи сарватҳои  зеризаминӣ дар низоми муқаррарӣ ва ҳангоми ба амал омадани вазъияти хавфнок.

Роҳбарони корхонаҳои машғули корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва шахсони мансабдори масъули соҳаи мазкур ҳангоми бевосита таҳдид кардани хавф ба ҳает ва саломатии коргарони ин корхонаҳо ӯҳдадоранд фавран корҳоро боздоранд ва аҳолиро ба ҷойҳои безарар кӯчонанд.

Ҳангоми ба вуҷуд омадани хавфи бевосита ба ҳаёт ва саломатии аҳолии маскуни минтақаи корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ роҳбарони корхонаҳои дахлдор бояд мақомоти идораи давлатӣ ва маъмурияти маҳаллиро огоҳ созанд.

 

     Моддаи 25. Хадамоти наҷотдиҳии кўҳӣ ва зиддифавворавӣ

      Бо мақсади таъмини бехатарии гузаронидани корҳо вобаста ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, бехатарии экологӣ, бехатарии ҳаёт ва саломатии кормандон ҳангоми истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданок, инчунин ҳангоми корҳо дар иншооти зеризаминии таъиноти гуногундошта, гузаронидани омўзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият хадамоти наҷотдиҳии кўҳӣ ва зиддифавворавии ҳарбикунонидашуда ё идоравӣ ё дигар қисмҳо ва сохторҳои махсусгардонидашуда, ки ин вазифаҳоро иҷро менамоянд, таъсис дода мешаванд.

     Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки хадамоти идоравии наҷотдиҳии кўҳӣ ва зиддифавворавӣ надоранд, метавонанд дар асоси шартнома аз хизматрасонии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳӣ ва зиддифавворавӣ ё ин ки дигар сохторҳои махсусгардонидашуда, ки ин вазифаҳоро иҷро менамоянд, дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ истифода баранд.

     Дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кўҳӣ таъсис дода мешаванд, ки Низомномаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

      Ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки хадамоти наҷотдиҳии кўҳӣ ва зиддифавворавӣ надоранд ё оид ба хизматрасонӣ бо ин гуна хадамот шартнома надоранд, амалигардонии корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ манъ аст. (ҚҶТ аз 29.12.10с, №663).

  

Моддаи 26. Шартҳои сохтмон дар майдонҳои дорои маъданҳои фоиданок

Лоиҳакашӣ ва сохтмони маҳалҳои аҳолинишин, комплексҳои саноат ва дигар объектҳои хоҷагӣ танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки оиди дар қаъри қитъаҳои барои сохтмон муқарраршуда мавҷуд набудани маъданҳои фоиданок маълумот ба дастомада бошад.

Сохтмон дар майдонҳои дорои маъданҳои фоиданок, ҷойгиркунии иншоотҳои зеризаминӣ дар ҳудуди конҳои маъданҳои фоиданок бо ризояти фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва иҷозати мақомоти назорати истихроҷи маъдан роҳ дода мешавад, ба шарте ки имконияти истихроҷи маъданҳои фоиданок боқи монад ё ба мақсадҳои иқтисоди мувофиқ, будани сохтмон исбот шуда бошад.

 

Моддаи 27. Барҳам додан ва хобондани корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок марбут нестанд

Корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок марбут нестанд, баъди ба охир расидани мӯҳлати эътибори иҷозатнома ё пеш аз мӯҳлат қатъ шудани истифодаи сарватҳои зеризаминӣ барҳам дода ё хобонда мешаванд.

То ба охир расидани ҷараёни барҳамдиҳӣ ё хобондани корхона ва иншоотҳо истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ аз рӯи қонуни маз­кур масъулият ба душ дорад.

Дар сурати тамоман ё қисман барҳам додан ё хобондани корхона ё иншооти зеризаминӣ кону чоҳҳои кофташуда бояд ба ҳолате оварда шаванд, ки бехатарии ҳаёту саломатии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зисти табиӣ, биноҳо ва иншоотҳоро таъмин кунад, дар сурати хобондани корхона бо­шад, кони маъданҳои фоиданок ва чоҳҳои кофташударо дар тамоми мӯҳлати хобондани кор эҳтиёт намояд.

Ҳангоми барҳам додан ва хобондани корхонаи истихроҷи маъданҳои фоиданок ё як қисми он, инчунин иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, ҳуҷҷатҳои геологи, маркшейдерӣ ва асноди дигар дар лаҳзаи ба анҷом расидани корҳо тартиб дода, бо тартиби муқарраршуда барои ҳифз ва фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ супорида мешаванд. Барҳам додан ва хобондани корхонаи истихроҷи маъданҳои фоиданок ё иншоотҳои зеризаминие, ки ба истихроҷи маъданҳои фоиданок алоқаманд нестанд, пас аз имзои ақти барҳамхурӣ ва хобонидан аз тарафи мақомоти иҷозатнома дода ва мақоми давлатии назорати истихроҷи маъдан эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 28. Ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

Ахбор дар бораи сохти геологии манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ, маъданҳои фоиданок, миқдору сифат ва шароити истихроҷи онҳо ва дигар хусусиятҳои манбаъҳои зеризаминие, ки дар ҳисоботи геологи, харитаҳо ва маводи дигар мавҷуд аст, моли фармоишгарест, ки барои корҳои ба даст овардани ин ахбор маблағ ҷудо кардааст, агар дар иҷозатномаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ шарти дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳуқуқи моликият ба ахбори геологи ва маълумоти дигар оид ба сарватҳои зеризаминӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар объектҳоӣ моликият ҳифз карда мешавад.

Иҷрокунанда дар сурати халалдор нашудани манфиати тиҷоратии  фармоишгар, ки дар шартнома зикр ёфтааст, ҳуқуқ дорад ахбори дар натиҷаи корҳои истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ ба дастовардаашро ба мақсадҳои фаъолияти илмӣ ва таълимӣ истифода барад.

Ахбори геологи ва дигар ахборе, ки аз ҳисоби маблағи давлатӣ ба даст омадааст, бо шакли муайяншуда ба фонди давлатии ахбори геологи барои ҳифзу танзим дода мешавад.       

Тартиб ва шартҳои истифодабариӣ ахбори зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандоне, ки ахбори геологи ва дигар намудҳои ахборро оид ба сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби маблағи худ  даст меоранд, ин ахбор ё маълумотро дар бораи он ба фонди давлатии ахбори геологи месупоранд ва шартҳои истифодаи онро дар асоси қонунгузории ҷорӣ муайян менамоянд.

Шахсони мансабдор ӯҳдадоранд, ки ҳангоми ҷамъ овардан, нигоҳ, доштан ва интиқол намудан, ё истифодаи дигари ахбор махфияти онро таъмин намоянд.

 

Моддаи 29. Баҳисобгирии давлатӣ ва бақайдгирии давлатӣ

Корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, қитъаҳои манбаъҳои он, ки барои истихроҷи маъданҳои фоиданок ё ба мақсадҳои вобаста ба истихроҷ дода щудаанд, бояд аз тарафи давлат ба ҳисоб ва ба қайд гирифта шаванд. 

Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ мувофиқи системаи ягона ва тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 30. Экспертиза ва тасдиқи давлатии захираи маъданҳои фоиданок

Захираи маъданҳои фоиданоки конҳои кашфшуда бояд аз ҷониби миссияи давлатӣ оид ба захираи маъданҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди экспертизаи давлатӣ, баррасӣ ва тасдиқ қарор гирад. Номгӯи маъданҳои фоиданок ва миқёси камтарини конҳое, ки Комиссия мазкур бояд баррасӣ намояд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ барои истифода ба мақсади истихроҷи маъданҳои фоиданок танҳо пас аз экспертизаи давлатии захир онҳо иҷозат дода мешаванд.

Хулоса дар бораи экспертизаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок асоси бақайдгирии давлатии захираи кашфшудаи маъданҳои фоиданок мебошад.

Захираи маъданҳои фоиданокро дар ҳамаи мархилаҳои омӯзиши геологии кон экспертизаи давлатӣ кардан мумкин аст, ба шарте ки маводи геологии ба экспертиза пешниҳодшуда барои арзёбии холисонаи сифату миқдори захираи маъданҳои фоиданок, аҳамияти он барои хоҷагии халқ, шароити техники, гидрогеологи, экологии истихроҷи маъдан ва шартҳои дигари истихроҷи он имкон диҳад.

Ахбор оид ба қитъаҳои манбаъҳои сарватҳои зеризаминие, ки барои сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ мувофиқ буда, бо кандани конҳои маъданҳои фоиданок вобаста нестанд, низ бояд мавриди экспертизаи давлатӣ қарор гирад. Чунин қитъаҳоро барои истифодабарӣ танҳо пас аз экспертизаи давлатии ахбори геологи додан мумкин аст.

Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ дар сурати ба истифода додани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ ҳамзамон барои омӯзиши геологи ва истихроҷи маъданҳои фоиданок метавонанд аз рӯи иҷозатнома маъданро то экспертизаи давлатии захираи маъданҳои фоиданок истихроҷ намуда, баъди ин маводеро, ки натичаҳои марҳалаи босуръат кандани конҳои маъданҳои фоиданокро дар бар мегиранд, пешниҳод кунанд.

Захираи маъданҳои фоиданок ва ахбори геологи оид ба қитъаҳои барои истифодабари пешбинишударо фақат мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон экспертизаи давлатӣ мекунад.

 

Моддаи 31. Кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок

Конҳо ва зухуроти маъданҳои фоиданок бо мақсади таҳияи барномаҳои давлатӣ ва минтақавии омӯзиши геологии манбаъҳои сарватҳо зеризаминӣ, истифодаи комплексии конҳои маъданҳои фоиданок, ҷойгиронии оқилонаи корхонаҳои истихроҷи он, инчунин бо дигар мақсадҳои хоҷагии халқ мавриди кадастри давлатӣ қарор мегиранд.

Кадастри давлатии конҳо ва зухуроти маъданҳои фоиданок бояд маълумотро дар бораи ҳар кон, сифату миқдори маъданҳои асосӣ ва маъданҳои фоиданоки ҳамроҳи онҳо ҷойгир, унсурони ин маъданҳо шароити техники, гидрогеологи, экологии истихроҷи маъдан ва дигар шароити истифодаи кон ва аҳамияти геологию иқтисодии он, инчуни маълумотро оиди ҳар як зухуроти маъданҳои фоиданок дарбар гирад.

 

Моддаи 32. Баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок ва аз ҳисоб баровардани захираҳои балансӣ

Бо мақсади ба ҳисобгирии вазъи базаи ашёи хоми минералӣ баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок ҷорӣ карда мешавад. Баланс давлатӣ бояд дар бораи миқдор, сифат, дараҷаи омӯзиши захираи ҳар як намуди маъдани фоиданоки конҳои дорои аҳамияти саноатӣ, ҷойгиршавии захираҳо, дараҷаи азхудкунии саноатӣ, истихроҷу талафот ва аз захираи маъданҳои фоиданоки кашфшуда таъмин будани саноат маълумот,  дошта бошад.                          

Маъданҳои фоиданоки истихроҷгардида ва ҳамчунин захираи маъданҳои фоиданок, ки дигар аҳамияти саноатӣ надоранд ва дар рафти истихроҷи маъдан гум шудаанд ва минбаъд зимни корҳои иқтишофи геологи е худ конкушои аҳамияташон тасдиқ нагардид, бояд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҳисоб бароварда шаванд.

Захираи дар баланс будаи маъданҳои фоиданок, ки аҳамияти саноатии худро гум кардааст ва дар рафти истихроҷ, гум шудааст ё худ минбаьд зимни корҳои иктишофи геологи ё конкушои аҳамияташ тасдиқ нагардидааст, бо мувофиқаи мақомоти назорати истихроҷи маъдан аз ҳисоби корхонаи истихроҷи маъдан бароварда мешавад.

 

Моддаи 33. Ҷорӣ намудани кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок ва баланси давлатии захираҳои маъданҳои фоиданок

Кадастри давлатии конҳо ва зуҳуроти маъданҳои фоиданок ва баланси давлатии захираи маъданҳои фоиданок дар асоси ахбори геологи, ки ташкилоту корхонаҳои машғули омӯзиши геологии манбаъҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонуни мазкур ба фонди давлатии ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ мефиристанд, инчунин дар асоси ҳисоботи давлатии корхонаю ташкилотҳои кашфкунандаи конҳои маъданҳои фоиданок ва истихроҷи онҳо, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин фонд пешниҳод менамоянд, тартиб дода, ҷорӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 34. Ҳифзи қитъаҳои сарватҳои зеризаминии дорои аҳамияти махсуси илмию фарҳангӣ

Ҳар як фаъолияте, ки ҳифозати падидаҳои нодири геологи, унсурҳои минералоги, объектҳоӣ палеонтологи ва қитъаҳои дигари сарватҳои зеризаминии дорои аҳамияти махсуси илмию фарҳангӣ, мамнуъгоҳ ва ёдгориҳои геологиро халалдор мекунад, манъ карда мешавад.

Истифодабарандагон дар сурати ошкор намудани унсурҳои геологӣ-менералогӣ, шиҳобпора, объектҳоӣ палеонтологи, археологи ва объектҳои дигари дорои аҳамияти илмию фарҳангӣ ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бояд кори қитъаҳои дахлдорро боздошта, дар ин бора ба мақоми идораи фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ хабар диҳанд.

 

Моддаи 35. Нахусткашшофони конҳои маъданҳои фоиданок

Шахсоне нахусткашшофи конҳои маъданҳои фоиданок дониста мешаванд, ки кони маъданҳои фоиданоки қаблан номаълум ва хосиятҳои дигари сарватҳои зеризаминии дорои қимати саноатию илмӣ ё захираҳои иловагии маъданҳои фоиданок, инчунин хосияти қаблан номаълуми сарватҳои зеризаминӣ ва намуди нави ашёи хоми минералиро дар кони қаблан маълуме, ки аҳамияти саноатии конро афзун мекунад, кашф кардаанд.

Нахусткашшофони кони маъдани фоиданок ва хосиятҳои дигари пурқимати сарватҳои зеризаминӣ ба гирифтани мукофот ҳуқуқ доранд.

ҳуқуқи нахусткашшофон ва тартиби ба онҳо додани мукофоти пулиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

ФАСЛИ IV

ТАНЗИМӢ ДАВЛАТИИ МУНОСИБАТҲО ОИД БА ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 36. Вазифаҳои танзими давлатии муносибатҳои истифодаи манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ

Ба манфиати наслҳои имрӯзу фардои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ кардани базаи ашёи хоми минералӣ, истифодаю ҳифзи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ вазифаи асосии танзими давлатии муносибатҳо оид ба истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ мебошад.

Муносибатҳо оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тавассути идоракунӣ, иҷозатномадиҳӣ, баҳисобгирӣ ва назорат аз тарафи давлат танзим карда мешавад.

Вазифаҳои танзими давлатӣ аз инҳо иборат аст:

1) муайянкунии ҳаҷми истихроҷи намудҳои асосии маъданҳои фоиданок барои мархилаи ҷорӣ ва оянда умуман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манотиқи ҷудогонаи он;

2) тараққӣ додани базаи ашёи хоми минералӣ ва тайёр кардани захираи қитъаҳои манбаи сарватҳои зеризаминие, ки барои сохтмони иншоотҳои зеризаминии новобаста бо истихроҷи маъданҳои фоиданок истифода мешаванд;

3) муқаррар кардани ҳадду андозаи фиристодани ашёи хоми минералии истихроҷшаванда;

4) ҷорӣ намудани пардохтҳои вобаста ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва нархҳои танзимшавандаи намудҳои алоҳидаи ашёи хоми минералӣ;

5) муайян кардани стандартҳоӣ (меъёру қоидаҳоӣ) соҳаи омӯзиши геологи, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, бехатарии корҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ.

 

Моддаи 37. Идораи давлатии истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Идораи давлатиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавассути мақомоти давлатӣ (фонди ахбори геологи дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, умури назорати истихроҷи маъдан ва ғайра) ба ҷо меоранд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Идора ва ихтиёрдорӣ кардани фонди давлатии сарватҳои зеризаминиро низомномаи дахлдори тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 38. Назорати давлатӣ ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Таъмини риояи қоидаи муқарраркардаи қонунгузорӣ дар бобати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз тарафи тамоми истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян муқарраркардаи соҳаи омӯзиши геологи, истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, қоидаҳои ҷорӣ намудани ҳисобу китоб ва ҳисоботи давлатӣ вазифаи назорати давлатӣ ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ мебошанд.

Назорати давлатиро ба истифодаи оқилона ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ мақомоти давлатии назорати геологи, мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан якҷоя бо мақомоти ҳифзи табиат ва мақомоти дигари давлатӣ ба ҷо меоранд.

Ваколати мақомоти давлатии назорати геологиро низомномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 39. Назорати давлатии истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо

Аз тарафи тамоми истифодабарандагони сарватҳои зеризамини, риоя кардани қонунгузорӣ, стандартҳои (меъёру қоидаҳои) муқарраршудаи иҷрои бехатари корҳо, пешгирӣ ва бартараф кардани оқибати зараровари онҳо ба аҳолӣ, муҳити зист, биноҳо ва иншоотҳо, инчунин ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ вазифаи назорати давлатии истифодаи хатари бехатарии сарватҳои заризаминӣ ва ҳифзи онҳо ба шумор мераванд.

Назорати давлатии истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи онҳо ба зиммаи мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан гузошта мешавад. Ин мақомот фаъолияти худро якҷоя бо мақомоти давлатии назорати геологи, ҳифзи табиат ва мақомоти дигари манфиатдор амалӣ мегардонанд.

Салоҳияти мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан, ҳуқуқ, вазифаҳо ва тартиби кори онҳоро низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 40. Назорати идоравӣ ба истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ

Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, инчунин иттиҳодияҳои онҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ӯҳдадоранд ба риояи тартиби муқарраршудаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ҳифзи он назорати идоравӣ ташкил намоянд.

Назорати идоравиро хадамоти маркшейдерӣ, геологи ва хадамоти дигари корхонаҳо ва иттиҳодияҳои онҳо ё ташкилотҳои махсус дар асоси шартнома амалӣ мегардонанд.

Низомномаҳои намунавии хадамоти маркшейдерӣ ва геологиро мақоми давлатии ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Бидуни хушсифат ва сари вақт таъмин намудани корҳои геологи ва маркшейдерии истихроҷи маъдан, инчунин бидуни баҳисобгирии вазъ ва камузиёдшавии захираи маъданҳои фоиданок истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ манъ аст.

 

Моддаи 41. Лоиҳакашии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок

Лоиҳаи корхонаҳои истихроҷи маъдан, инчунин иншоотҳои зеризаминӣ новобаста ба омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданокро ташкилотҳои махсуси лоиҳакашӣ дар асоси захираи тасдиқшудаи маъданҳои фоиданок бо назардошти таъмини бехатарии экологи ва тараққиёти комплексии минтақа мекашанд.

Ҷойҳои сохтмони корхонаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба омӯзишу истихроҷи маъданҳои фоиданокро комиссияҳои махсус ташкилшуда муайян карда, бо мақомоти худидораи маҳаллӣ, мақомоти назорати давлатии истихроҷи маъдан ва мақомоти дигари манфиатдор мутобиқ менамоянд.

Дар рафти лоиҳакашии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста ба мақсадҳои омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок ташкилоти лоиҳасоз ӯҳдадор аст, ки маълумотро дар бораи хусусиятҳои таъсири объекти лоиҳавӣ ба муҳити зист интишор намояд.

Лоиҳаҳои сохтмон, васеъкунӣ ва навсозии корхонаҳои истихроҷи маъдан ва иншоотҳои зеризаминӣ то амалӣ шуданашон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд экспертизаи комплексии давлатӣ, аз ҷумла экспертизаи экологи шаванд.

Меъёрҳои лоиҳакашии технологии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва коркарди ашёи хоми минералӣ, инчунин иншоотҳои зеризаминии новобаста аз мақсадҳои омӯзиши сарватҳои зеризамини ва истихроҷи маъданҳои фоиданок истифодашаванда бояд бо мақомоти давлатии назорати истихроҷи маъдан дар доираи салоҳияти он мувофиқат карда шаванд.

Ташкилотҳое, ки лоиҳаи корхонаҳо ва технология, маҳсулот ва таҷҳизоти марбут ба истифодабарии сарватҳои зеризаминиро мекашанд, инчунин ташкилотҳое, ки чунин лоиҳаҳоро мавриди экспертиза қарор медиҳанд, бояд иҷозатномаи бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашударо дошта бошанд.

 

Моддаи 42. Талабҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок, коркарди ашёи хоми минералӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба мақсадҳои дигар

Истихроҷи маъданҳои фоиданок ва ба мақсадҳои дигар истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи қонунгузории амалкунанда лоиҳаҳои тасдиқшуда, нақшаҳои вусъати корҳои истихроҷи маъдан, лоиаҳо  ва схемаҳои истихроҷи нафт, газ, обҳои зеризаминӣ, қоидаҳои истифодаи техника, қоидаҳои ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳои экологи ва ғайра амалӣ гардонда мешавад.

Қоидаҳои истифодаи техника, қоидаҳои ҳифзи сарватҳои зеризаминиро мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда тасдиқ менамоянд.

Ҳангоми истихроҷи маъданҳои фоиданок, коркарди ашёи хоми минералӣ ва ба мақсадҳои дигар истифода бурдани сарватҳои зеризамини бояд корҳои зерин ба ҷо оварда шаванд:

1) роҳ надодан ба талафоти аз меъёр зиёд ва каммаъданшави тарошидани танаву қабати конҳои маъдан, интихобан истихроҷ кардани маъдан, ки аз ин қимати захираи ашёи хоми минералии дар конҳо боқимонда паст мешавад, инчунин захираи маъданҳои фоиданок беасос талаф меёбад;

2) дар рафти корҳои истихроҷи маъдан роҳ, надодан ба вайроншавии конҳои фаъол ва конҳои ҳамшафати онҳо, инчунин ҳифз намуд захираи маъданҳои фоиданоке, ки дар қаъри замин муваққатан нигоҳ дошта мешаванд ва конҳои маъдане, ки барои истифодаи минбаъда лозиманд;

3) баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатии камузиёдшавии захираи маъданҳои фоиданок, талаф ва камтаркибшавии маъданҳои фоиданок ба инобат гирифтани азхудкунии комплексӣ ва истифодаи ашёи хоми минералӣ, инчунин миқёси коркардшудаи кони сарватҳои зеризамини;

4) бозиқтишофи кони маъданҳои фоиданок ва иҷрои дигар корҳои геологи, корҳои маркшейдерӣ, инчунин тартиб додану ҳифз кардани ҳуҷҷатҳои геологию маркшейдерӣ;

5) баҳисобгирӣ ва назорати сифату миқдори тақсими ҷузъиёти фоиданоки ашёи хоми минералии мавриди коркард, маҳсулоти ниҳоӣ партови маъдан;

6) бехатар анҷом додани корҳое, ки бо истифодаи қаър вобастаанд;

7) ҷорӣ намудани назорати доимии ҳолати объектҳои гуронидани (дар анбор ҷой додани) моддаҳои зараровар ва ҳолати муҳити табии зист, инчунин андешидани тадбирҳои самарабахши муҳофизат ва вақт огоҳ намудани аҳолӣ ҳангоми сар задани фалокат;

8) роҳ, надодан ба ҷойгиронии моддаҳои зараровар ва партовҳои захрдор дар ҳудуди конҳои маъданҳои фоиданок, дар болои захираи маъданҳо, иншоотҳо ва объектҳои воқеи манбаъҳои зеризаминӣ;

9) роҳ, надодан ба гуронидани партовҳои басо хавфнок ва радиоактивии корхонаҳои давлатҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ дар қитъаҳои кӯҳию замини ҷудо кардашуда.

 

ФАСЛИ V

ПАРДОХТИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 43. Системаи пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пулакӣ мебошад.

Системаи пардохти ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборат аст:

— пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

— маблағҷудокунӣ барои васеъ кардани базаи ашёи хоми минералӣ;

пардохти ҳаққи иҷозатнома. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Ғайр аз ин, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ боҷу андоз ва намудҳои дигари пардохт, ки Қонун пешбинӣ намудааст, аз ҷумла ҳаққи истифодаи замин ва ахбори геологи месупоранд. Онҳо дар сурати каммаъдан шудани манбаъҳои зеризаминӣ мувофиқи моддаи 48-уми Қонуни мазкур тахфифи пардохтро гирифта метавонанд.

 

Моддаи 44. Пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми ҷустуҷӯӣ, иктишофу омӯзиши конҳои маъданҳои фоиданок, ҳангоми истихроҷ ва мақсадҳои дигари истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз тамоми истифодабарандагони сарватҳоӣ зеризаминӣ, аз ҷумла ҳангоми ба истифодаи манбаъҳои зеризаминӣ ҷалб гардидани маблағгузорони хориҷи, ситонда мешавад мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Андоза ва тартиби ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ворид гардидани пардохтро шартномаю иҷозатномаҳо, аз ҷумла консессияҳо дар бораи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин ҳуҷатҳои таъсисӣ барои барпо кардани ҷамъиятҳои ҳархелаи саҳоми, ассотсиатсияҳо ва корхонаҳои муштарак, аз ҷумла якҷоя бо ширкату корхонаҳои хориҷӣ, муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

          Ҳангоми пешниҳод намудани қитъаи замин барои истифодаи конҳои канданиҳои фоиданок, истифодабаранда хароҷоти давлатӣ ва ё шахси ҳуқуқии дигарро, ки барои ҷустуҷў, арзёбӣ ва иктишоф масраф шудааст, пардохт менамояд. Хароҷот бо тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҷуброни хароҷоти ҷустуҷў, арзёбӣ ва иктишофи канданиҳои фоиданок, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №471).

 

Моддаи 45. Шаклҳои пардохт барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Пардохт барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар шаклхои зерини муқарраркардаи иҷозатнома ситонида мешавад:

1) музди пулакӣ;

2) як қисми ашёи хоми минералии истихроҷшуда ё дигар маҳсулоте, ки истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ истеҳсол мекунад, ба истиснои маводи радиоактивӣ, металлҳои асил, алмос ва дигар маводу маҳсулоте, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд;

3) иҷрои кор ё хизматрасонӣ, ба истиснои хизмати дорои хусусият ҳарби ва ахборе, ки сирри давлатӣ ё тиҷоратии корхона мебошад;

4) ба ҳисоб гирифтани маблағе, ки ба буҷети ҷумҳурӣ ва буҷетҳо Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо чун ҳиссаи фонди ибтидоии корхона сохташавандаи истихроҷи маъдан ирсол мегардад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

Андозаи пардохт барои ҳуқуқи истихроҷ бо назардошти намудҳои маъдани фоиданок, миқдору сифати захираи он, шароити табиию географӣ, иқтисодӣ ва шароити техникии ҷустуҷӯ ва иктишоф, баҳрабардории кон, дараҷаи таҳдиди хавфу хатар муайян карда мешавад. Тартиби каму беш пардохтани андозро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 46. Маблағҷудокунӣ барои васеъ кардани базаи ашёи хом минералӣ

Пул барои васеъ кардани базаи ашёи хоми минерали аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризамини, ки бо истихроҷи ҳамаи намудҳои маводи маъдани машғуланд, мувофиқи моддаи 15 –уми ин Қонун ҷудо карда мешавад. Ин пул ба буҷети ҷумҳури дар шакли пардохти ҷуброни ҷузъии хароҷоти корҳои омӯзиши геологии дохил мешавад ва барои бо пул таъминкунии корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризамини ва арзёбӣ намудани захираҳои маъданҳои фоиданок истифода мегардад.

            Маблағҳои пардохтнамудаи истифодабарандагон, ки корҳои иктишофи геологиро мувофиқи лоиҳаи аз ҷониби мақоми ваколатдор тасдиқшуда (мувофиқашуда) маблағгузорӣ намудаанд, ба ҳаҷми маблағгузории воқеӣ баъд аз тасдиқ намудани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҷониби Комиссияи давлатии захираҳо ва тасдиқи воқеияти кашфи кон аз тарафи мақоми ваколатдор аз ҳисоби кам кардани маблағи пардохтҳои истифодабарандагони қаъри замин (роялти ва бонуси истихроҷӣ), ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҷуброн карда мешавад.(ҚҶТ аз 31.12.08с №471).

Андозаи маблақҷудокуниро барои васеъ кардани базаи ашёи хо­ми минералӣ, тартиби ситондан ва тақсиму истифодаи онро Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.       

         

Моддаи 47. Пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳӣ

Ҳаққи иҷозатномадиҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351).

 

Моддаи 48. Кам кардани пули пардохт барои каммаъдан шудани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ

Барои каммаъдан гаштани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ аз шахсони зерин барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ камтар пули пардохт ситонида мешавад:

1) аз истифодабарандаи сарватҳои зеризаминие, ки бо вуҷуди кам будани даромади иқтисодии кон шартҳои истифодаи оқилонаи захираҳои кашфшударо риоя намуда, бо сабабҳои объективӣ маъданҳои фоиданоки камеб истеҳсол мекунад;

2) аз истифодабарандаи сарватҳои зеризаминие, ки аз захираи боқимондаи пастсифат, ба истиснои ҳолатҳое, ки сифати захираи маъданҳои фоиданок дар натиҷаи интихобан истихроҷ, намудани маводи кон паст мегардад, маъданҳои фоиданок истихроҷ, менамояд.

Қарори кам кардани пули пардохтро барои каммаъдан шудани манбаъҳои сарватҳои зеризаминӣ мақоми давлатие қабул мекунад, ки барои ҳуқуқӣ истифодаи сарватҳои зеризаминӣ иҷозатнома медиҳад.

 

ФАСЛИ VI

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР БОРАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ

 

Моддаи 49. Чавобгарӣ барои вайрон кардани Қонун дар бораи сарватҳои зеризаминӣ

Шахсиятҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандоне, ки барои аъмоли зайл гунаҳкоранд:

1) риоя накардани тартиботи муқарраркардаи ҳамин Қонуни истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

2) худсарона истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ;

3) риоя накардани талаботи стандартҳои (меъёру қоидаҳои) бо тартиби муайян тасдиқшудаи истифодаи бехатари сарватҳои зеризаминӣ, ҳифзи онҳо ва муҳити табиии зист, аз ҷумла хилофкориҳое, ки манбаъҳои зеризаминиро олуда сохта, кони маъданҳои фоиданокро ғайриқобили истифода мегардонанд;

4) риоя накардани ҳуқуқӣ моликият ба ахбори геологи ва ахбори дигар ва ё ҳуқуқӣ ҳифзи махфияти он;

5) сохтмони худсарона дар масоҳати конҳои маъданҳои фоиданок;

6) эҳтиёт накардани биноҳо, иншоотҳо ва инчунин ҳудуди махсус ҳифзшаванда ва объектҳои муҳити табиии зист ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

7) нобуд кардан ё зарар расондан ба чоҳҳои мушоҳидавию режимии обҳои зеризаминӣ, инчунин аломатҳои маркшейдерӣ ва геологи;

8) мудом риоя накардани тартиби пардохти пули истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

9) иҷро накардани талабҳои барои аҳолӣ бехавф гардонидани ко­ну чоҳҳое, ки барҳам дода, ё худ хобонида мешаванд, инчунин талаб­ҳои эҳтиёт кардани манбаъҳои маъданҳои фоиданок, кону чоҳҳо дар давраи хобондани онҳо;

10) қобили истифодаи минбаъда накардани қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиие, ки дар натиҷаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ зиён дидаанд; 

11) иҷро накардани фармонҳои мақомоти назоратӣ, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷинои, маъмурӣ ва ҷавобгарии дигар кашида мешаванд.

Қонунгузорӣ метавонад барои аъмоли дигари зидди Қонуни сарватҳои зеризаминӣ низ ҷавобгарӣ муқаррар намояд.

 

         Моддаи 50. Ҳал намудани баҳсҳо

Баҳсҳо оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд. (ҚҶТ аз 5.01.08 №351)

 

Моддаи 51. Додани товони зиён

Товони зиёне ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, шаҳрвандон, мақомоти ҳокимият ва идораҳо ба истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ расидааст, аз ҳисоби маблағи худашон ва буҷетҳои дахлдор ҷуброн мешавад.

Агар қитъаи манбаъҳои зеризаминӣ мавриди истифода қарор нагирифта бошад, товони зиён ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷетҳои ноҳияю шаҳрҳо бо роҳи ҳиссагузорӣ ирсол мегардад.

Бо ризояти тарафҳои манфиатдор ҷуброни пулии зиёнро метавон бо корҳои барқарорсозии хусусиятҳои табиии харобгардидаи манбаъ­ҳои сарватҳои зеризаминӣ иваз кард.

Истифодаи худсаронаи сарватҳои зеризаминӣ ва сохтмони худсарона дар замини дорои манбаи маъданҳои фоиданок бидуни ҷуброни хароҷоти истифодаи ғайри қонунии сарватҳои зеризамини қатъ ме­гардад.

 

ФАСЛИ VII

 ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИ

 

Моддаи 52. Шартномаҳои байналхалқӣ

Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қоидаҳои муқарраркардаи Қонуни мазкур қойдаҳои дигар муайян шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ татбиқ карда мешаванд.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Э. РАҲМОНОВ

 

шаҳри Душанбе, 20 июли соли 1994,

 № 983

 

 

 

ҚАРОРИ ШӮРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар хусуси мавриди татбиқ қарор доданӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1004, №15-16, мод. 236)

 

 

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» аз лаҳзаи нашр шуданаш мавриди татбиқ қарор дода шавад.

2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамин Қонун мутобиқ намояд;

дар хусуси ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории ҷорӣ бо тартиби муқарраршуда таклифҳо тайёр намояд;

аз ҷониби вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва бекор карда шудани санадҳои меъёрӣ ва дигар санадҳояшонро, ки хилофи Қонуни мазкур мебошанд, таъмин кунад.

 

 

Раиси Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                Э. РАҲМОНОВ

 

шаҳри Душанбе,  20 июли соли 1994,

№984

 

 

ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/01/2020 - 11:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1106
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
01.12.1994
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ
 
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 1. Шахсоне, ки амали Қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ мегардад
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ мешаванд:
а) сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1151):
шахсоне, ки хамчун афсар ва прапоршик ё аз рўи қарордод ба сифати сарбоз, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кўшуни cарҳаддӣ ва дохилӣ, кўшуни мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, хизмати ҳарбиро адо кардаанд ва оилаҳои онҳо;
шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии зиёдамўҳлат, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кўшун ва мақомоти бехатарии давлатӣ, қўшунҳои дохилӣ ва роҳи оҳанӣ, дигар воҳидҳои ҳарбии собиқ Иттиҳоди ҶШС хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи ин ашхос (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264);
шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо (минбаъд - судяҳои суди ҳарбӣ) ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ва аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264);
шахсони дар моддаи 4-уми Қонуни мазкур нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо - ба шарте ки дар аҳдномаҳо (созишномаҳо) оиди таъмини иҷтимоӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё собиқ Иттиҳоди ҶШС бо он давлатҳо бастааст, ба роҳ мондани таъмини нафақаи онҳо тибқи қонунгузории давлате, ки дар қаламрави он номбаршудагон зиндагӣ мекунанд, пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
б) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати афсар, прапоршик ва мичман ё аз рўи қарордод ба сифати сарбоз, матрос, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кўшунҳои cарҳадӣ, дохилӣ ва воҳидҳои алоқаи ҳукуматӣ, кўшуни мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва кашфи хориҷӣ, дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди ҶШС, ки мувофиқи қонун ташкил шудаанд, хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи ин ашхос, ки маскуни давлатҳои собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС буда ва ин давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намебошанд, агар дар қонунгузориҳои давлатҳои мазкур таъмини нафақаи ашхоси номбурда дар асоси барои шахсони хизмати ҳарбиро баҷооварда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ нашуда бошад.
Таъмини нафақаи шахсони ҳайати кироя, кормандони техникӣ ва хизматрасони Қувваҳои Мусаллаҳ, қўшун ва мақомоти дар қисми якуми ҳамин модда номбаршуда дар асоси шароиту тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 2. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ таъин кардани нафақа ба ашхосе, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд ва аҳли оилаи онҳо
(Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 12, аз 25.12.2015 № 1264)
Таъмини нафақаи ашхосе, ки аз рўи даъват ба сифати аскар, сержант ва старшина (пештар хизмати ҳақиқии мўҳлатдори ҳарбӣ) дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбии дар банди "а"-и қисми якуми моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Бо хоҳиши шахсони дар қисми якуми моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тибқи шароит ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" мумкин аст, ки нафақа таъин карда шавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ҳамчунин ба собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дар қисми аввали моддаи 1-уми ҳамин Қонун номбаршуда, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз рутбаҳои ҳарбӣ ва махсус маҳрум карда шудаанд ва аҳли оилаи онҳо дар сурати мувофиқи Қонуни мазкур ба таъмини нафақа ҳуқуқ доштанашон нафақа таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар ташкилотҳои худмаблағгузори ҳарбикунонидашуда хизмат мекунанд ва таъминоти пулии онҳо аз ҳисоби ин ташкилот пардохт мешавад, таъин ва пардохти нафақаашон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 3. Шахсоне, ки дар таъмини нафақа ба шахсони ҳамчун афсар ё аз рўи қарордод хизмати ҳарбиро баҷооварда баробар карда шудаанд ва аҳли оилаи онҳо
Ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар отряд ва воҳидҳои партизании шуравӣ дар мансабҳои фармондеҳии ба мансабҳои аз ҷониби афсарон ишғолшаванда мувофиқбуда хизмат кардаанд ва аҳли оилаи онҳо дар асосҳое, ки ҳамин Қонун барои шахсони ба сифати афсар хизмати ҳарбиро баҷооварда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ намудааст, нафақа таъин карда мешавад.
Ба шахсоне, ки дар хизмати ҳарбии зиёда аз мўҳлат (собиқ хизматчиёни ҳарбии зиёдамўҳлат) мондаанд, занҳое, ки ба таври ихтиёрӣ дар мансабҳои сарбоз, матрос, сержант ва старшина (собиқ хизматчиёни ҳарбӣ - занон) хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, ва аҳли оилаи онҳо дар асосҳое, ки ҳамин Қонун барои шахсони аз рўи қарордод ба сифати сарбоз, матрос, сержант ва старшина хизмати ҳарбиро адокарда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ намудааст, нафақа таъин карда мешавад.
Моддаи 4. Таъмини нафақаи ашхосе, ки хизмати ҳарбиро, хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар дигар давлатҳо ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи онҳо
(Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 12)
Таъмини нафақаи шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат карда, ба сифати афсар, прапоршик, мичман, хизматчии ҳарбии зиёдамўҳлат, ё дар асоси қарордод ба ҳайси сарбоз, матрос, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳ, (артиш, кўшун), мақомоти бехатарӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбии дар асоси қонунгузорӣ ташкилшуда хизмати ҳарбиро адо кардаанд, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд, шахсоне, ки рутбаҳои махсус дошта, дар мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаанд, инчунин судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии дигар давлатҳо, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ ИҶШС дар бораи таъминоти иҷтимоӣ аҳднома (созишнома) бастаанд, инчунин аҳли оилаҳои шахсони мазкур мувофиқи тартиби пешбининамудаи ин аҳдномаҳо (созишномаҳо) ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 2, аз 22.04.2003 № 12, аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 5. Намудҳои нафақа
Шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда барои нафақаҳои зайл ҳуқуқ пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
а) барои собиқаи хизмат, агар онҳо собиқа дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) собиқа дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ ва дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264);
б) барои маъюбӣ, агар онҳо дар шароите, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, маъюб шуда бошанд.
Ҳангоми ҳалокат ё вафоти ашхоси дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур зикршуда оилаи онҳо дар сурати мавҷуд будани шароити дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба гирифтани нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ пайдо мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Оилаи нафақахўрони вафоткарда аз зумраи ашхоси дар қисми якуми моддаи 1-уми хамин Қонун зикршуда дар асосҳои умумӣ бо оилаи ашхосе, ки дар давраи адои хизмат вафот кардаанд, бо гирифтани нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ пайдо мекунанд.
Моддаи 6. Татбиқи ҳуқуқ барои таъмини нафақа
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки барои таъмини нафақа ҳуқуқ доранд, баъди ҷавоб шудан аз хизмат нафақа таъин карда ва дода мешавад. Ба ин шахсон нафақа ба сабаби маъюбӣ ва бинобар бе саробон мондан ба оилаҳои онҳо, сарфи назар аз давомнокии хизмат, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 7. Ҳуқуқи интихоби нафақа
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аҳли оилаи онҳо, ки дар як вақт ба нафақаҳои гуногуни давлатӣ ҳуқуқ доранд, бо интихоби онҳо як нафақа таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 8. Таъмини нафақаи ашхосе, ки ба таъсири радиатсионӣ ги-рифтор шудаанд ва аҳли оилаи онҳо
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки ҳангоми таркондан ва озмудани силоҳи хастаӣ (ядроӣ) ё дар натиҷаи садама дар объектҳои хастаии таъиноти гражданӣ ва низомӣ, ҳамчунин ҳангоми бартараф кардани оқибатҳои ин садамаҳо ба таъсири радиатсионӣ гирифтор шудаанд ва аҳли оилаи онҳо шартҳои иловагии имтиёзноки таъин кардани нафақа дода шуда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон ба таъсири радиатсионӣ гирифторшуда ба нафақа, ёрдампулӣ ва ҷубронпулии онҳо иловапулӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499,  аз 27.11.2014 № 1151).
Моддаи 9. Додани ёрдампулӣ
Нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, нафақахўрон - маъюбон аз зумраи ин шахсон, ки аз хизмат ҷавоб дода шудаанд ва ба аъзои оилаҳои нафақахўрони вафоткарда ёрдампулӣ аз рўи тартиб ва андозаи муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 10. Маблағҳо барои пардохти нафақа
Нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда ва аҳли оилаи онҳо (ба истиснои шахсони дар қисми чоруми моддаи 2 ҳамин Қонун зикршуда) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264)
Моддаи 11. Мақомоте, ки таъмини нафақаро амалӣ менамоянд
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда ва аҳли оилаи онҳо вобаста ба ҷои охирони хизмати онҳо аз тарафи мақомоти зерин ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 27.11.2014 № 1151):
а) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни ҳарбии аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобдодашуда, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд (ба ғайр аз сохторҳои дар бандҳои "б", "г", ва "д"-и ҳамин модда номбаршуда), шахсони дар қисми якуми моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикршуда, инчунин оилаҳои онҳо (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264);
б) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни ҳарбии аз кўшунҳои дохилӣ рухсатшуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии аз мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб додашуда, инчунин аҳли оилаи онҳо;
в) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни низомии аз мақомоти амният ва сохторҳои ҳарбии таҳти тобеъияти идоравии ин вазорат ҷавобшуда, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
г) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти гумрук ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
д) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳие, ки аз муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шудаанд, инчунин оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 12, аз 25.12.2015 № 1264);
е) аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Агентӣ ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
ж) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Агенти ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002  № 2, аз 26.03.2009 № 499).
з) аз тарафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
и) аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Таъмини нафақаи категорияҳои дахлдори хизматчиёни ҳарбии аз хизмат ҷавобшуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, мақомоти суди ҳарбӣ ва прокуратураи ҳарбии собиқ Иттиҳоди ҶШС, дигар давлатҳо ва оилаҳои онҳо, ки дар қисми якуми моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишон дода шудаанд, мувофиқи мансубияти идоравии номбаршудагони ҳамин модда амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 237, аз 3.05.2002 № 2, аз 22.04.2003 № 12, аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 12. Ёрии иҷтимоӣ ба нафақахўрон
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Дущшанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда ҳақ, доранд, ки аз ҳисоби буҷетҳои дахлдори вилояти мухтор, вилоят, шаҳр ва ноҳия ба нафақаҳои мувофиқи ҳамин Қонун таъиншаванда иловапулиҳо, ба нафақахўрон аз ҷумлаи шахсони дар банди "а"-и қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикр шуда ва ба аҳли оилаи онҳо намудҳои иловагии таъминоти моддӣ ва имтиёзот муқаррар намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 27.11.2014 № 1151).
БОБИ 2. НАФАҚА БАРОИ СОБИҚАИ ХИЗМАТӢ
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 13. Шартҳое, ки ҳуқуқи нафақаро аз рўи собиқаи хизмат муайян мекунанд
Барои аз рўи собиқаи хизмат ба нафақа баромадан шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки то рўзи аз хизмат ҷавоб шуданашон дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ 25 сол ва зиёда аз он собиқаи хизмат доранд, ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 14. Андозаи нафақа
Андозаи нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки 25 сол собиқаи хизмат доранд, 65 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст ва барои ҳар соли зиёда аз 25 сол 3 фоизи маблағи таъминоти пулӣ, вале ҷамъан на зиёда аз 80 фоизи маблағи таъминоти пулӣ, муқаррар карда мешавад.
Дар мавриди такроран ба хизмати ҳарбӣ ё ба мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва инчунин дар хизмати давлатӣ ба хизмат таъин шудани шахсони дар ҳамин модда зикршуда, ки нафақа мегиранд, нафақаи онҳо қатъ карда мешавад ва ҳангоми минбаъд аз хизмат ҷавоб додани онҳо пардохти нафақа ба онҳо дар асоси собиқаи хизмат дар рўзи охирини аз хизмат ҷавоб шуданашон аз нав барқарор карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 15. Андозаҳои ҳадди ниҳоӣ ва ҳадди ақалли нафақа
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 394)
Андозаи ҳадди ниҳоии нафақа барои собиқаи хизматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Нафақа барои собиқаи хизматӣ, ки тибқи ҳамин Қонун таъин карда мешавад, аз андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол (пиронсолӣ), ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дар қисми якуми моддаи 46 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, бояд камтар набошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 394).
Моддаи 16. Зиёд кардани андозаи нафақа аз рўи собиқаи хизмат ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюб гардидаанд
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюб гардидаанд, нафақа аз рўи собиқаи хизмат ба андозаи ҳадди ақали нафақаи маъюбӣ, ки банди "а"-и моддаи 23-юми ҳамин Қонун барои маьюбон аз ҷумлаи ин шахсон аз рўи гурўҳи дахлдори маъюбӣ пешбинӣ намудааст, зиёд карда мешавад. Зиёдкунии мазкурро дар як вақт бо афзоиши пешбининамудаи бандҳои "г"- ё "д"-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 17. Иловапулиҳо ба нафақа аз рўи собиқаи хизмат
Ба нафақа аз рўи собиқаи хизмат, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда таъин карда мешавад (аз ҷумла ба нафақаи ҳадди ақал ҳисоб кардашуда), иловапулиҳои зайл ҳамроҳ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
а) ба нафақахўрон - маъюбонӣ гурўҳи 1 ё ба синни 80-солагӣ расида, ҳамчунин ба нафақахўроне, ки аз рўи вазъи саломатӣ тибқи хулосаи "муассисаи табобатӣ ба нигоҳубини (кўмак, назорати) доимии шахси дигар эҳтиёҷ доранд, - барои нигоҳубин кардани нафақахўр ба андозаи 50 фоизи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол, ки дар банди аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст ва онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;
б) ба нафақахўрони кор намекардагии ба синни 55-солагӣ расида ё маъюб буда, ки дар таъминоташон аьзои ғайри қобили меҳнати оилаҳои дар модаҳои 29, 31, 33, 34-уми ҳамин Қонун зикршуда доранд, - ба ҳар сари онҳо, вале на зиёда ба се аъзои ғайри қобили меҳнати оила, ба андозаи 50 фоиз, ба узви ғайриқобили меҳнати оила, ки маъюбӣ гурўҳи 3 мебошад, - 30 фоизи амдозаи ҳадди ақали нафақаи пиронсолии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст. Дар сурати дар як вақт доштани ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба нафақа нисбати узви ғайри қобили меҳнати оила, ба яке аз аъзои оила нафақаи иҷтимоӣ таъин карда ё ба нафақа барои ин узви оила иловапулӣ ҳамроҳ кардан мумкин аст.
Иловапулии дар банди "а"-и ҳамин модда нишондодашуда ба нафақаҳои нафақахўроне, ки ба зиёд кардани нафақаи пешбининамудаи моддаи 16-уми ҳамин Қонун ҳуқуқ доранд, ҳисоб карда намешавад.
Моддаи 18. Ҳисоб кардани собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа
Ба собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа мувофиқи моддаи 13-уми ҳамин Қонун инҳо ҳисоб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264):
хизмати ҳарбӣ; хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ; хизмат дар отряди партизании шўравӣ; хизмат дар мақомоти гумрук, хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат дар воҳидҳои полиси андоз, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ, дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ; мўҳлати кор дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ; вазорату идораҳо ва ташкилотҳои гражданӣ ва ҳамзамон боқи мондан дар хизмати ҳарбӣ ё дар кадрҳои вазоратҳову идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон; вақти дар асирӣ будан, агар асирӣ ихтиёрӣ набошад ва хизматии харбӣ ҳангоми асир буданаш ба Ватан ҷиноят накарда бошад; мўҳлати сипарӣ кардани ҷазо ва дар ҳабс будани хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ ва муассисаю мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, воҳидҳои полиси андоз, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё табъид шуда, баъдан сафед карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 237, аз 3.05.2002 № 2, Қонун аз 22.04.2003 № 12, аз 26.03.2009 № 499, аз 27.11.2014 № 1151, аз 25.12.2015 № 1264). 
Давраи хизмат дар шароити махсус бояд ба собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа ба шахсони дар қисми аввали моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишон додашуда ба ҳисоби ймтиёзнок дохил карда шавад.
Тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон додашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Ба собиқаи хизматии умумӣ барои таъин намудани нафақа ба шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ҳисоб намудани собиқаи ғайринизомӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
БОБИ 3. НАФАҚАИ МАЪЮБӢ
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 19. Шартҳое, ки ҳуқуқи нафақаи маъюбиро муайян мекунанд
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки маъюб шудаанд, ба нафақаи маъюбӣ ҳуқуқ доранд, агар онҳо дар давраи хизмат ё то семоҳи баъди аз хизмат ҷавоб шудан ё агар онҳо баъди ин мўҳлат дар натиҷаи захм, контузия, маслуқӣ ё касалии дар давраи хизмат гирифтор шудаашон маъюб шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 20. Муқаррар кардани маъюбӣ
Гурўҳ, ва сабабҳои маъюбӣ, инчунин вақти расидани маъюбшавиро комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) муқаррар менамояд, ки он дар асоси Низомномаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда амал мекунад.
Вобаста ба дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ маъюбон ба 3 гурўҳ тақсим карда мешаванд.
Моддаи 21. Категорияҳои маьюбон
Маъюбон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда вобаста ба сабабҳои маъюбӣ ба категорияҳои зерин тақсим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
а) маъюбон дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ - шахсоне, ки дар натиҷаи захмдоршавӣ, контузия ё маслуқшавӣ ҳангоми ҳимояи Ватан ё иҷрои дигар вазифаҳои хизматӣ ҳарбӣ (вазоифи хизматӣ) ва ё дар натиҷаӣ касалии вобаста ба давраи ҷанг ё адои хизмат дар хориҷа - дар давлатҳое, ки дар онҳо амалиёти ҷангӣ сурат гирифтаанд, маъюб шудаанд. Ба маъюбон дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ ҳамчунин собиқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар натиҷаи захмдоршавӣ, контузия, маслуқшавӣ ё касалии дар давраи асирӣ (дар сурати риояи шартҳои пешбининамудаи қисми 1-уми моддаи 18-уми ҳамин Қонун) ё дар давраи ба сифати тарбиягиранда ва юнга (малоҳписар) дар артиши амалкунанда будан гирифтор шуда, маъюб гардидаанд, дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
б) маъюбон дар натиҷаи касалӣ, ки дар давраи хизматӣ ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд, - шахсоне, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуше маъюб шудаанд ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳарбӣ (вазифаҳои хизматӣ) вобаста нест ва ё дар натиҷаи касалие маъюб шудаанд, ки ба иштирок кардан дар фронт ё хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар онҳо амалиёти ҷангӣ сурат гирифтаанд, вобастагӣ надорад.
Моддаи 22. Андозаи нафақаҳо
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур нишон додашуда нафақаи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
а) ба маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2-юми дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ85 фоиз, гурўҳи 3-50 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст;
б) ба маъюбон дар натиҷаи касалии дар давраи хизматӣ ҳарбӣ гирифторшудаи гурўҳҳои 1 ва 2-75 фоиз, гурўҳи 3-30 фоизи маблағҳои дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст.
Моддаи 23. Андозаҳои ҳадди ақали нафақа
Нафақаи маъюбӣ ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда набояд аз андозаҳои зайл камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
а) барои маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2 дар натиҷаӣ ҷароҳати ҳарбӣ- 200 фоиз, гурўҳи 3-100 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи синну сол, ки дар қисми 2-юми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст;
б) барои маъюбони гурўҳи 1 ва 2 дар натиҷаи касалии дар давраи хизматӣ ҳарбӣ гирифторшуда - 100 фоиз, гурўҳи 3-80 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи синну сол, ки дар қисми 1-уми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст.
Моддаи 24. Иловапулиҳо ба нафақа бинобар маъюбӣ
Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки маъюбӣ гурўҳи 1 дониста шудаанд ё ба синни 80-солагӣ расидаанд ё мувофиқи хулосаи муассисаи табобатӣ ба нигоҳубини (кўмак, назорати) доимии шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин ба маъюбони кор намекардагии гурўҳи 1 ва 2-и дар таъминоташон аъзои ғайриқобили меҳнат дошта ба нафақаи бинобар маъюбии ба онҳо таъиншаванда (аз ҷумла ба нафақаи ҳадди ақал, ки ҳисоб шудааст) мувофиқи тартибу андозаҳое, ки моддаи 17-уми Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, иловапулӣ зам карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 25. Даврае, ки барои он нафақа аз рўи маъюбӣ таъин карда мешавад
Ба шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда нафақа аз рўи маъюбӣ барои давраи маъюбии комиссияи экспертизаи тиббию меҳнатӣ муқаррарнамуда, ба мардони маъюбӣ аз 63-сола боло ва занони маъюби аз 58-сола боло бошад, барои як умр, бо роҳи аз нав муоина кардан фақат бо аризаи шахсиашон дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Дар мавриди қобили меҳнат донистани нафақахўре, ки ба синни дар ин модда зикршуда нарасидааст, нафақа ба вай то охири моҳе дода мешавад, ки ўро қобили меҳнат донистаанд, вале на бештар аз рўзе, ки то он маъюбӣ муқаррар карда шудааст.
Моддаи 26. Тағйир додани андозаи нафақа ҳангоми аз нав дида баромадани гурўҳи маъюбӣ
Ҳангоми аз нав дида баромадани гурўҳи маъюбӣ мутаносибан андозаи нафақа низ тағйир меёбад. Агар дар натиҷаӣ ҷароҳати ҳарбӣ маъюбии шахси маъюб вобаста ба касалии умумӣ, маслукии меҳнатӣ ё бемории касбӣ авҷ гирад, нафақа аз рўи гурўҳи нави маъюбӣ бо маҳфуз доштани сабаби пештараи он аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 27. Боздоштан ва аз нав оғоз намудани пардохти нафақа ҳангоми гузаштани мўҳлати муоинаи такрорӣ
Агар маъюб аз зумраи шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда дар комиссияи экспертии тиббии меҳнатӣ (КЭТМ) сари вақт аз муоинаи такрорӣ нагузарад, пардохти нафақаи таъиншуда аз рўзе, ки то он ба вай маъюбӣ муқаррар карда шудааст, боздошта мешавад, дар мавриди аз нав маъюб донистани вай аз рўзи ба ў аз нав муқаррар намудани маъюбӣ нафақаи таъиншуда пардохта мешавад.
Дар сурати аз мўҳлати муоинаи такрорӣ бо сабаби узрнок дер кардани маъюб ва аз тарафи КЭТМ ба ў муқаррар кардани маъюбӣ барои давраи гузашта, пардохти нафақа аз он рўзе оғоз меёбад, ки вай маъюб дониста шудааст. Агар ҳангоми муоинаи такрорӣ ба маъюб дигар гурўҳи маъюбӣ (нисбатан баландтар ё пастар) муқаррар шавад, ба вай нафақа барои давраи гузаштаи пеш аз рўзи муоинаи такрорӣ аз рўи гурўҳи пештараи маъюбӣ пардохта мешавад.
БОБИ 4. НАФАҚАИ БИНОБАР БЕ САРОБОН МОНДАН
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 28. Шартҳои муайянкунандаи ҳуқуқи нафақа
Ба оилаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда нафақаи бинобар бе саробон мондан таъин карда мешавад, агар саробон дар давраи адои хизмат ё на дертар аз се моҳи баъди рўзи аз хизмат ҷавоб шудан ё аз ин мўҳлат дертар дар натиҷаи захм, контузия, маслукӣ ё касалии дар давраи адои хизмат гирифтор шудааш вафот карда (ҳалок шуда) бошад ва ба оилаи нафақахўрон, аз ҷумлаи ин ашхос - агар саробон дар давраи нафақа гирифтан вафот карда бошад, новобаста аз вақти баъди рўзи вафоти саробон гузашта. Дар айни замон оилаҳои собиқ хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар вақти асир буданашон вафот кардаанд (дар сурати риояи шартҳои дар қисми 1-уми моддаи 18-уми ҳамин Қонун нишондодашуда) ва оилаҳои хизматчиёни ҳарбии дар давраи амалиёти ҷангӣ беномунишон гумшуда, ба оилаҳои шахсони дар фронт ҳалокгардида баробар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 29. Аъзои оила, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд
Аъзои оилаи ғайри қобили меҳнати шахсони вафоткардаи (ҳалокгардидаи) дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки дар таъминоти онҳо буданд, барои нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Сарфи назар аз нонхури саробон будан, нафақа ба бачаҳои ғайри қобили меҳнат, волидони қобилияти кори надошта, ҳамсар, агар онҳо баъди фавти саробон манбаи ризқу рўзии барои зиндагиашон зарурро гум карда бошанд; волидони ғайри қобили меҳнат ва ҳамсарони шахсоне, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди "а"-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун зикршуда вафот кардаанд; ҳамсар, яке аз волидон ё дигар аъзои сила, ки дар банди "в"-и ҳамин модда нишон дода шудаанд, таъин карда мешавад.
Аъзои ғайри қобили меҳнат инҳо дониста мешаванд:
а) фарзандон, бародарон, хоҳарон ва наберагоне, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд ё аз ин синну сол калонтар мебошанд, агар онҳо то ба синни 18-солагӣ расидан маъюб шуда бошанд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд (ба ғайр аз муассисаҳои таълимие, ки таълимгирандагони онҳо дар хизмати ҳарбӣ ё хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дар муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дониста мешаванд) - то хатми таҳсил, вале на дертар ба синни 23-солагӣ расидани онҳо. Бародарон, хоҳарон ва наберагон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар онҳо волидони қобили меҳнат надошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 22.04.2003 № 12);
б) падар, модар ва ҳамсар, агар онҳо ба синну соли мардон63-сола, занон - 58-сола расида бошанд ва ё маъюб бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
в) ҳамсар ё яке аз волидон ва ё бобо, бибӣ, бародар ё хоҳар сарфи назар аз синну сол ва қобилияти кори, агар вай ба нигоҳубини бачаҳо, бародарону хоҳарон ё наберагони ба синни 8-солагӣ нарасидаи саробони вафоткарда машғул бошад ва кор накунад;
г) бобо ва бибӣ - дар сурати набудани шахсоне, ки аз рўи Қонун вазифадоранд онҳоро нигоҳубин кунанд.
Моддаи 30. Ҳуқуқи нафақа бо шартҳои имтиёзнок
Ҳамсари шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди "а"-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун номбаркардашуда вафот кардаанд, ки бо нигоҳубини фарзандони то ба синни 8-солагӣ нарасидаи шахсони вафоткарда машғул мебошанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти кори ва аз он, ки зан кор мекунад ё не, ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Ба модарон ва ҳамсари шахсони дар қисми якуми 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди "а"-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун номбаршуда вафот кардаанд, нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳангоми ба синни 50-солагӣ расидани онҳо таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 31. Аъзои оилаи шахси вафоткарда, ки нонхурӣ вай ҳисоб меёбанд
Аъзои оилаи шахси вафоткарда дар мавриде нонхурӣ вай ҳисоб меёбанд, ки агар онҳо пурра дар таъминоти ў бошанд ё аз вай ёрие мегирифта бошанд, ки он барои онҳо манбаи доими ва асосии ризқу рўзӣ барои зиндагӣ бошад.
Ба аъзои оилаи шахси вафоткарда, ки барои онҳо ёрии вай манбаи доими ва асосии ризқу рўзӣ барои зиндагӣ бошад, вале худи онҳо ягон навъи нафақа гиранд, бинобар бе саробон мондан нафақа таъин кардан мумкин аст.
Моддаи 32. Пардохти нафақаи бинобар бе саробон мондан ба фарзандоне, ки пурра дар таъминоти давлат мебошанд
Падарандар ва модарандар дар баробари падару модар ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд, агар онҳо писарандар ё духтарандари вафоткардаро на камтар аз 5 сол тарбия ё нигоҳубин карда бошанд.
Писарандар ва духтарандар дар баробари фарзандони аслӣ ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.
Моддаи 33. Ҳуқуқи нафақаи падархондҳо ва фарзандхондҳо
Падархондҳо дар баробари волидон ва фарзандхондҳо дар баробари бачаҳои аслӣ ба нафақаи бинобар бесаробон мондан ҳуқуқ доранд.
Ноболиғоне, ки бинобар бе саробон мондан ба нафақа ҳуқуқ доранд, ин ҳуқуқашонро ҳангоми фарзандхонд шуданашон нигоҳ медоранд.
Моддаи 34. Ҳуқуқи нафақаи падарандар, модарандар, писарандар ва духтарандар
Падарандар ва модарандар дар баробари падару модар ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд, агар онҳо писарандар ё духтарандари вафоткардаро на камтар аз 5 сол тарбия ё нигоҳубин карда бошанд.
Писарандар ва духтарандар дар баробари фарзандони аслӣ ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.
Моддаи 35. Гирифтани нафақа ҳангоми аз нав никоҳ кардан
Нафақаи бинобар бе саробон мондан, ки ба зани шахси фавтида таъин шуда буд, ҳангоми бори дигар шавҳар карданаш ба ў дода мешавад.
Моддам 36. Андозаи нафақа
Нафақаи бинобар бе саробон мондан ба андозаҳои зайл муқаррар карда мешавад:
а) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди "а"-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун нмшондодашуда вафот кардаанд, - 40 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулии саробон, ки моддаи 43-юми ҳамин Қонун ба ҳар як узви ғайри қобили меҳнати оила пешбинӣ намудааст. Ба оилаҳои нафақахўрони вафоткарда, ки рўзи фавт дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюб мебошанд ва ба фарзандоне, ки волидонашон вафот кардаанд, сарфи назар аз марги саробон, аз рўи ҳамин меъёр нафақа таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
б) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди "б"-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун нишондодашуда вафот кардаанд, - 30 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулии саробон, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун ба ҳар як узви ғайри қобили меҳнати оила пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 37. Андозаи ҳадди ақали нафақа
Нафақаи бинобар бе саробон мондан, ки ба оилаҳои шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда таъин карда мешавад, аз рўи ҳисоб ба ҳар як узви ғайри қобили меҳнати оила набояд аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) ҳангоми мувофиқи банди "а"-и моддаи 36-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардани нафақа 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи син-синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст;
б) ҳангоми мувофиқи банди "б"-и моддаи 36-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардани нафақа 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст.
Моддаи 38. Иловапулиҳо ба нафақаи бинобар бе саробон мондан
Ба аъзои оилаи маъюбони гурўҳи 1 ё ба синни 80-солагӣ расида, инчунин дигар аъзои оилае, ки мувофиқи хулосаи муассисаи табобатӣ аз рўи саломатӣ ба нигоҳубини (ёрӣ, назорати доимии шахси дигар эҳтиёҷ доранд, ба нафақаи бинобар бе саробон модан таъиншаванда аз ҷумла ба нафақаи ба андозаи ҳадди ақал ҳисобкардашуда барои нигоҳубини нафақахўр ба андозаи пешбининамуда банди "а"-и моддаи 17-уми ҳамин Қонун иловапулӣ ҳамроҳ, карда мешавад.
Моддаи 39. Даврае, ки барои он нафақа таъин карда мешавад
Нафақаи бинобар бе саробон мондан барои тамоми даврае, ки дар муддати он аъзои оилаи вафоткарда мувофиқи моддаи 29-уми ҳамин Қонун ғайри қобили меҳнат дониста мешавад, ба аъзои оилаи ба сини:
мардон - 63-солагӣ, занон - 58-солагӣ расида бошад, якумра таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 40. Ҷудо кардани як қисми нафақа
Дар асоси аризаи аъзои оила як қисми ба вай тааллуқдоштаи нафақаи бинобар бе саробон мондан алоҳида ҷудо карда пардохта мешавад. Қисми нафақа бо назардошти меъёрҳои ҳисоб кардани нафақа, ки ҳамин Қонун барои узви оилаи барои ҷудо кардани он муроҷиатнамуда пешбинӣ кардааст, ҷудо карда мешавад.
Як ҳиссаи нафақа аз рўзи якуми моҳи баъди моҳи ворид гаштани ариза ҷудо карда мешавад.
Моддаи 41. Қатъ гардидани пардохти нафақа ҳангоми аз даст додани ҳуқуқи он
Агар дар ҳайати оилае, ки ба он бинобар бе саробон мондан нафақа таъин шуда буд, тағйироте ба амал ояд, ки дар натиҷаи он аъзои алоҳида ё, тамоми оила ҳуқуқи нафақаро аз даст диҳанд, андозаи он аз рўзи якуми моҳи баъди мохе, ки тагйирот ба амал омадааст, кам гардида ё пардохти он катъ мегардад.
Моддаи 42. Тартиб ва мўҳлати муқаррар намудани маъюбии аъзои оилаи шахси вафоткарда
Ба он аъзои оила, ки маъюбанд, қоидаҳо дар бораи тартиб ва мўҳлатҳои муқаррар кардани маъюбӣ ва пардохти нафақа ҳангоми танаффус дар муоинаи такрории комиссияи экспертии тиббии меҳнатӣ (КЭТМ), ки дар моддаҳои 20, 25 ва 27-и ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, татбиқ мегарданд.
БОБИ 5. ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 43. Таъминоти пулӣ барои ҳисоб кардани нафақа
Нафақае, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва оилаҳои онҳо таъин карда мешавад, аз таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ шахсоне, ки дар муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ва шахсоне, ки дар мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои махсус доранд, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад. Барои он ба онҳо ҳисоб кардани нафақа мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маошҳо аз рўи мансаб, маошҳо аз рўи рутбаҳои ҳарбӣ ё махсус (бе дар назардошти баланд бардоштани маошҳо барои хизмат дар маҳалҳои дурдасти баландкўҳ, ва дигар шароитҳои махсус ва ҷубронпулиҳо бар ивази сару либоси махсус ва хўрокворӣ) ва изофапулиҳои фоизӣ барои собиқаи хизмат, аз ҷумла пардохтҳо вобаста ба индексасияи таъминоти пулӣ ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 2, аз 22.04.2003 № 12,аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 44. Ҳисоб кардани нафақа ба оилаҳои нафақахўрон
Ба оилаҳои нафақахўрон, аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон додашуда нафақаи бинобар бе саробон мондан аз ҳисоби таъминоти пулии саробон ҳисоб карда мешавад, ки аз он ба вай нафақа ҳисоб карда шуда буд (аз нав ҳисоб карда шуда буд) ё бояд аз нав ҳисоб карда мешуд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 45. Зиёд кардани нафақаи баъзе категорияҳои нафақахўрон
Нафақа барои собиқаи хизмат бинобар маъюбӣ ва бинобар бе саробон мондан, ки мувофиқи ҳамин Қонун (аз ҷумла ҳисобкунӣ ба андозаи ҳадди ақал) таъин мегардад, зиёд карда мешавад:
а) ба Каҳрамонони Иттиҳоди Шўрави ва шахсони ба ҳар се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шуда, шахсони бо унвони Каҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардида-50 фоизи нафақа, вале на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, ки дар қисми якўми моддаи 46 ҳамин Қонун зикр шудааст (Қонуни ҶТ аз 22.05.1998 № 622);
б) ба Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ - 25 фоизи андозаи нафақа, вале на камтар аз 50 Фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст;
в) ба шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнатӣ, ҳар се дараҷаи ордени Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё бо орденҳои Ситораи Президенти Тоҷикистон, Спитамен мукофотонида шудаанд ба андозаи 15 фоизи ҳадди ақали нафака аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 22.05.1998 № 622);
г) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар амалиёти ҷангӣ ҷиҳати ҳимояи Ватан, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ҳайати артишҳои амалкунанда хизмат кардаанд ва партизанке; ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумлаи ҳайати хизматгузори ғайринизомӣ, тарбиягирандагон ва юнгаҳои (малоҳписарони) қисмҳои артиши амалкунанда; ба иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар хориҷа аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда- ба андозаи 75 фоизи нафақаи ҳадди ақали аз рўи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
д) ба шахсоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 3-юми сентябри соли 1945 на камтар аз шаш моҳ дар хизмати ҳарбӣ будаанд (ба ғайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда қарор доштаанд), инчунин ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз шаш моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти кор дар маҳалҳои муваққатан аз тарафи душман ишғолшуда ё барои меҳнати фидокорона ва хизмати бенуқсон дар ақибгоҳ, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордену медалҳои ИҶШС, медали "Барои мудофиаи Ленинград" ё нишони "Сокини Ленингради дар муҳосирабуда" мукофотонидашуда - ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақали нафақаи аз рўи синну сол, ки дар қонунгузорӣ муқаррар ва дар қисми 1-уми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст;
е) собиқ маҳбусони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, гето ва дигар маҳалҳои нигоҳдории маҷбурӣ, ки фашистони немис ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷахон ташкил карда буданд - ба андозаи 100 фоизи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва дар моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр гардидааст;
ж) ба шахсоне, ки бо сабабҳои сиёсӣ беасос табъид гашта, баъд сафед карда шудаанд, - ба андозаи 50 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол, ки дар қонунгузорӣ муқаррар ва дар қисми аввали моддаи 45-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст.
Моддаи 46. Қоидаҳои татбиқи андозаҳои ҳадди ақали нафақа, ҳисоб кардани иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зиёд кардани нафақаҳо
Андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зиёд кардани нафақаҳо, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, дар асоси андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бе зиёд кардани он барои собиқаи кории зиёдтар аз собиқаи корие, ки барои таъин кардани нафақаи пурра лозим аст, муайян карда мешавад.
Нафақаҳо бо иловапулиҳо ва зиёдкуниҳо бо андозаҳои ниҳоии онҳо маҳдуд карда намешаванд.
Дар мавриди мавҷуд будани ду ва зиёда нафақахўри кор намекардагӣ барои ҳар як узви ғайриқобили меҳнати оила, ки дар таъминоти умумии онҳо мебошанд, ба нафақаи танҳо яке аз нафақахўрон, вале аз рўи интихоби худашон иловапулӣ ҳамроҳ, карда мешавад.
Зиёдкуниҳои пешбиникардаи бандҳои "а", "б", ва "в"-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун ба нафақае, ки бе иловапуливу дигар зиёдкуниҳо ҳисоб карда шудааст, ҳамроҳ карда мешавад. Ҳангоми ба якчанд узви ғайри қобили меҳнати оила таъин кардани нафақаи бинобар бе саробон мондан зиёдкуниҳои мазкур ба нафақае, ҳамроҳ карда мешавад, ки он ба ҳар як узви оилаи ба зиёд кардани нафақа ҳуқуқдошта бояд дода шавад.
Моддаи 47. Зиёд кардани андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, иловапулӣ ва андозаи ниҳоии таъминоти пулӣ
Андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зиёд кардани кафақаҳо, ки дар асоси андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст, муайян карда мешавад, инчунин андозаи ниҳоии таъминоти пулӣ, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа пурра ба ҳисоб гирифта мешавад ва дар асоси андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда зиёд кардани андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол ё андозаи ҳадди ақали музди кор, баланд бардошта мешавад.
Моддаи 48. Татбиқи коэффисиентҳои ноҳиявӣ ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва баландкўҳ ба андозаҳои нафақаҳо
(Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264)
Ба нафақахўрон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки дар маҳалҳое, ки дар он ҷо ба музди кори коргарону хизматчиён коэиффисенти ноҳиявӣ ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва баландкўҳ муқаррар карда мешавад, дар давраи дар ин маҳалҳо зиндагӣ кардани онҳо, нафақаҳо, иловапулиҳо ба ин нафақаҳо, ки мувофиқи ҳамин Қонун таъин карда мешавад ва зиёдкуниҳои пешбининамудаи моддаи 45-уми ҳамин Қонун бо татбиқи коэффисиенти дахлдори ноҳиявӣ, ки дар он маҳал барои коргарону хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ муқаррар шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 49. Аз нав дида баромадани нафақаҳо ҳангоми баландшавии арзиши знндагӣ ва музди меҳнат
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 394)
Нафақаҳои таиншудаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми баландшавии арзиши зиндагӣ ва музди меҳнат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз нав дида баромада шавад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 394).
БОБИ 6. ТАЪИН КАРДАН ВА ПАРДОХТАНИ НАФАҚАҲО
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Моддаи 50. Ташкили кор оид ба таъмини нафақа
Масъалаҳои таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур пешбинигардида ва аҳли оилаи онҳоро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби таъин кардан ва пардохтани нафақаҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар кардаанд, амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 51. Муроҷиат барои таъин намудани нафақа
Шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо (ба ғайр аз шахсони дар қисми 2-юми моддаи 2 зикргардида) дар бораи таъин кардани нафақа бо ариза бо мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 237, аз 3.05.2002 № 2, аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Шахсони дар моддаи 2-юми ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо дар бораи таъин кардани нафақа мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" бо ариза ба шуъбаҳои (раёсатҳои) ноҳиявии (шаҳрии) ҳифзи иҷтимоии ҷои истиқоматашон муроҷиат мекунанд (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Ариза дар бораи таъин кардани нафақа якҷоя бо хуҷҷатҳои дахлдори барои ҳалли масъала зарур ба мақомоти нафақавӣ (мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) пешниҳод мешаванд.
Моддаи 52. Баррасии аризаҳо дар бораи таъини нафақа
Аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳи онҳо пешниҳодшуда барои таъини нафақа ба шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда ва аҳли оилаҳои онҳо аз тарафи мақомоти нафақа на дертар аз 10 рўзи баъди расидани ариза ё на дертар аз 10 рўзи баъди расидани ҳуҷҷатҳои лозимӣ, ки ҳангоми ариза додан пешниҳод карда нашудаанд, баррасӣ мешаванд.
Моддаи 53. Мўҳлатҳои таъин кардани нафақаҳо
Нафақаҳо мувофиқи ҳамин Қонун таъин карда мешаванд:
а) ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, аз рўзи аз хизмат ҷавоб шудан, вале на барвақттар аз рўзе, ки то он ба онҳо ҳангоми ҷавоб шудан маблағи пулӣ дода шудааст, ба ғайр аз ҳолатҳои зайли дар мўҳлатҳои дертар ба онҳо таъин кардани нафақка (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499);
ҳангоми муқаррар кардани маъюбӣ баъди ба охир расидани се моҳи баъди аз хизмат ҷавоб шудан ё дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё касалӣ, ки баъди аз хизмат ҷавоб шудан ба он гирифтор шудааст, - аз рўзи муқаррар кардани маъюбӣ;
ҳангоми аз хизмат ҷавоб шудан вобаста ба маҳкум шудан ба маҳрумӣ аз озодӣ - аз рўзи барои нафақа муроҷиат кардан баъди аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ҷавоб шудан;
б) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаи нафақахўрон аз ҷумлаи ин шахсон - аз рўзи фавти саробон, вале на барвақттар аз рўзе, ки ба вай маблағи пулӣ пардохта ё нафақа дода шудааст, ба ғайр аз ҳолатҳои зайли таъин кардани нафақа ба аьзои оилаҳо аз мўҳлатҳои нисбатан дертар (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499):
ба аъзои оила, ки баъди фавти саробон нисбати расидан ба синни нафақа ё ба онҳо муқаррар кардани маъюбӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд - аз рўзи ба ин синну сол расидан ё муқаррар кардани маъюбӣ;
ба волидон ё ҳамсаре, ки бинобар аз даст додани манбаи ризқу рўзии зиндагӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо кардаанд - аз рўзи барои нафақа муроҷиат кардан.
Дар сурати сари вақт муроҷиат накардан нафақа барои вақти гузашта аз рўзи пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа, вале на зиёда аз 6 моҳи пеш аз муроҷиат кардан таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 54. Рўзи муроҷиат кардан барои таъин намудани нафақа
Рўзи муроҷиат кардан барои таъин намудани нафақа рўзи додани ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои лозима ба мақомоти дахлдори нафақа дар бораи таъин намудани нафақа ва ҳангоми ба воситаи почта фиристодани ариза ва ҳуҷҷатҳо - рўзии фиристодани онҳо ҳисоб меёбад.
Дар мавридҳое, ки ба ариза дар бораи таъин кардани нафақа на ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои ҳалли масъала зарур ҳамроҳ карда шудаанд, ба аризадиҳанда фаҳмонида мешавад, ки вай боз кадом ҳуҷҷатҳоро оварад. Агар аз рўзи гирифтани тавзеҳоти мазкур се моҳ нагузашта ин ҳуҷҷатҳо пешниҳод шаванд, рўзи барои нафақа муроҷиат кардан, рўзи ариза додан ё рўзи ба воситаи почта фиристодани ҳуҷҷатҳои дар қисми 2-юми ҳамин модда зикршуда ҳисоб меёбад.
Моддаи 55. Мўҳлати аз нав ҳисоб кардани нафақаҳои таъиншуда
Ҳангоми фаро расидани ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани андозаи нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаҳои онҳо мегарданд, нафақаҳо аз рўзи якуми моҳи баъди моҳе, ки ҳолатҳои мазкур ба миён омадаанд, аз нав ҳисоб карда мешаванд. Дар мавриде, ки нафақахўр ба баланд шудани нафақа ҳуқуқ пайдо мекунад, фарқи байни андозаҳои нав ва пештараи нафақа дар сурати сари вақт муроҷиат накардани вай ба нафақахўр барои вақти гузашта, вале барои на зиёда аз 6 моҳи пеш аз рўзи муроҷиат кардан барои аз нав ҳисоб кардани нафақа пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 56. Тартиби умумии пардохти нафақа ва мақомоте, ки нафақаро мепардозанд
Нафақае, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаҳои онҳо таъин карда мешаванд, дар ҷои истиқомати нафақахўрон аз тарафи мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаҳои (филиалҳои) дахлдори бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ба пасандозҳо гузаронидани маблағи нафақа ё ба воситаи муассисаҳои алоқа то ба хона расонидани онҳо пардохта мешаванд. Интиқоли нафақа ба воситаи почта ва ба хона бурда расонидани он аз ҳисоби давлат ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 2, аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Нафақа барои моҳи ҷорӣ дар мўҳлате пардохта мешавад, ки онро мақомоти таъини нафақа дар асоси мувофиқа бо муассисаҳои бонки амонатгузорӣ ва алоқа муайян кардааст.
Дар асоси қарори бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашудаи вазорати дахлдор нафақаҳоеро, ки мақомоти нафақаи ин вазорат таъин мекунанд, нисбат ба тартиби пешбининамудаи қисми 1-уми ҳамин модда аз рўи тартиби дигар пардохтан мумкин аст (аз ҷумла ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар асоси шартнома).
Тартиби пардохти нафақаро ба нафақахўрон аз ҷумлаи шахсони дар банди "б"-и қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикргардида ва аъзои оилаи онҳо, ки дар қаламрави давлатҳои собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС истиқомат намуда, узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нестанд, аз ҷумла бо асъори давлати марбута, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои бо ин давлатҳо басташаванда муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 57. Пардохти нафақа ба нафақахўрон зимни гирифтани музди меҳнат ё дигар даромад
Нафақае, ки мувофиқи ҳамин Қонун таъин мегардад, сарфи назар аз гирифтани музди меҳнат ё дигар навъи даромад, пурра пардохта мешавад. Ба нафақахўроне, ки ба кор дохил шудаанд ё аз фаъолияти соҳибкорӣ даромад мегиранд, фақат иловапулиҳо ба нафақа, ки барои нафақахўрони бекор дар банди "б"-и моддаи 17 ва моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, пардохта намешавад.
Моддаи 58. Пардохти нафақаҳое, ки нафақахўрон сари вақт нагирифтаанд
Маблағи нафақаи ба нафақахўр, аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо ҳисоб кардашуда, ки сари вақт нагирифтаанд, барои давраи гузашта, вале на зиёда аз 2 соли пеш аз муроҷиат барои гирифтани он, пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499, аз 25.12.2015 № 1264).
Маблағи нафақа, ки нафақахўр бо айби мақомоти таъинкунанда ё пардохткунандаи нафақа, сари вақт нагирифтааст, барои давраи гузашта бе маҳдудияти ҳама гуна мўҳлат пардохта мешавад.
Моддаи 59. Пардохти нафақа ба нафақахўроке, ки дар хона-интернатҳо (пансионатҳо) зиндагӣ мекунанд
Ба нафақахўрон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо, ки дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пиронсолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд, фарқи байни маблағи нафақаи онҳо ва арзиши зиндагӣ ҳар хона-интернат (пансионат), вале на камтар аз 20 фоиз, шахсони дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюбгардида ё иштирокчиёни ҷанг ё ашхоси аз рўи сабабҳои сиёсӣ беасос табъидшуда ва баъдан сафед кардашуда, ки дар банди "а"-и моддаи 21, бандҳои "г" ва "л"-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд - на камтар аз 25 фоизи маблағи нафақаи таъинкардашуда пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Дар мавриде, ки нафақахўри дар хона-интернати (пансионати) пиронсолон ва маъюбон зиндагикунанда дар таъминоти худ аъзои оилаи ғайри қобили меҳнат дошта бошад, нафақаи ба вай таъиншуда мувофиқи тартиби зайл пардохта мешавад:
ба як узви оилаи нафақахўр чоряк, ба ду узви оилаи вай сеяк ва ба се узв ва зиёда аз он нисфи нафақаи таъиншуда; нафақаи боқимонда бо ситонидани арзиши нигоҳубин дар хона-интернат (пансионат), вале на камтар аз 20 фоиз, аммо нисбати нафақахўре, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҷангӣ маъюб гардидааст ё иштирокчии ҷанг ва ё аз ҷумлаи ашхоси аз рўи сабабҳои сиёсӣ беасос табъидшуда ва баъдан сафедшуда мебошад, - на камтар аз 25 фоизи андозаи он ба худи нафақахўр пардохта мешавад.
Моддаи 60. Пардохти нафақа дар давраи табобати статсионарӣ
Дар давраи дар табобати статсионарӣ (дар беморхона, клиника, госпитал, махавхона ва дигар муассисаҳои табобатӣ) будани нафақахўрон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикргардида ва аъзои оилаҳои онҳо, нафақаи ба онҳо таъингардида дар асосҳои умумӣ пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 61. Кать гардидани пардохти нафақа дар давраи аз озодӣ маҳрум шудани нафақахўр
Дар сурати аз озодӣ маҳрум шудани нафақахўр пардохти нафақаи ба вай таъингардида дар давраи аз озодӣ маҳрум буданаш қагъ мегардад. Агар нафақахўр дар оилааш аъзои ғайри қобили меҳнат дошта бошад, қисми нафақа ба нонхуронаш дода мешавад, ки манбаи ризқу рузии зиндагиашонро гум кардаанд, вале на зиёдтар аз 50 фоизи нафақаи таъиншуда бо назардошти шароити моддии оила.
Моддаи 62. Нигоҳ доштан аз нафақа
Аз нафақае, ки мувофиқи ҳамин Қонун пардохта мешавад, дар асоси қарорҳо, таъинот, қарордод ва ҳукми суд (дар бобати ҷазои молу мулкӣ), навиштаҷоти иҷроияи идорахои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки иҷрои онҳо мувофиқи қонунгузорӣ аз рўи тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраршуда амалӣ мегардад, нигоҳ дошта мешавад. Маблағи нафақа ё кўмакпулиеро, ки ба нафақахўр дар натиҷаи сўистифода аз тарафи вай барзиёд пардохта шудааст, аз нафақа дар асоси қарори мақоми дахлдори нафақа ҳар моҳ ба андозаи на зиёда аз 20 фоизи нафақаи пардохташаванда илова аз маблағе, ки аз рўи дигар асосҳо нигоҳ дошта мешавад, нигоҳ доштан мумкин аст. Дар ҳамаи ҳолатҳои муқаррар кардани ҷазо нисбат ба нафақа ба нафақахўр на камтар аз 50 фоизи нафақааш пардохта мешавад.
Дар мавриди қатъ гардидани пардохти нафақа то вақти пурра пардохтани қарз аз рўи маблағи барзиёд пардохташудаи нафақа ё кўмакпули қарзи боқимонда аз тариқи суд ситонида мешавад.
Моддаи 63. Пардохти нафақа дар мавриди фавти нафақахўр
Маблағи нафақаи мутааллиқ ба нафақахўр аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки ба сабаби фавти вай пурра гирифта нашудааст, ба аъзои оилаи нафақахўри вафоткарда дода мешавад, агар онҳо маъракаи дафнро бе дохил кардани ин маблағ ба ҳисоби мерос анҷом дода бошанд. Дар дигар мавридҳо маблағи нафақа, ки бинобар фавт аз ҷониби нафақахўр пурра гирифта нашудааст, ба меросхурони вай дар асосҳои умумии муқаррарнамудаи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 64. Таъмини нафақа ҳангоми ба хориҷа рафтан
Масъалаҳои таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки барои истиқомати доими ба хориҷа рафтаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои (созишномаҳои) оид ба таъминоти иҷтимоӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ Иттиҳоди ҶШС бо дигар давлатҳо бастаанд, ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Моддаи 65. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои нафақа
Баҳсҳои оид ба масъалаҳои таъин кардан ва пардохтани нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаҳои онҳо, руёнидани маблағҳои барзиёд пардохташудаи нафақаҳо аз ҷониби мақомоти болои тибқи тартиби тобеияти мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз тариқи суд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 237, аз 3.05.2002 № 2, аз 26.03.2009 № 499, 25.12.2015 № 1264).
Моддаи 66. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
(Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.03.2009 № 499).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 
 1 декабри соли 1994 № 1106

 

Pages