- Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба
- Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ
- Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба
- Самтҳои афзалиятноки тадқиқотӣ дар соҳаи илми ҳуқуқ
- Тадқиқотҳои мутахассисони Марказ
- Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ
- Монографияҳои кормандон
- Дар бораи маҷалла
- Ҳайати таҳририя ва Шӯрои машваратӣ
- Талабот барои чопи мақола
- Обуна ба маҷалла
- Бойгонӣ
- Тафсири санадҳои қонунгузорӣ
- Осори интихобшудаи Раҳимзода М.З.
- Китобхонаи Марказ
- Нашрҳои мо
- Дайджести илми ҳуқуқ
- Феҳристи ягонаи таҳқиқотҳои илмии соҳаи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идизода Файзалӣ Фузайлшо (Идиев Файзалӣ Фузайлшоевич) пас аз хатми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шуъбаи полиси андоз дар гурўҳи ноҳияҳои Рашт ба ҳайси таҳқиқотчӣ фаъолияти кориашро оғоз намудааст.
5 апрели соли 2001-ум ба мақомоти прокуратура ба кор гузашта, ва то августи соли 2008-ум дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ҳарбии минтақаи Қаротегин, воқеъ дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт кор кардааст.
Моҳи сентябри соли 2008-ум ба шуъбаи рўзонаи аспирантураи Бахши ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Россия дохил шуда, то моҳи сентябри соли 2011-ум дар он ҷо таҳсили илм намудаааст.
Рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии иштироки созмонҳои байналмилалӣ дар ҳалли низоъи мусаллаҳонаи Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 12.00.10 (ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи аврупоӣ) 16 июни соли 2011-ум ҳимоя намудааст.
Пас аз хатми аспирантура аз 1 сентябри соли 2011 дар кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедра фаъолият намуда, айни замон ба донишҷуён аз фанҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи Аврупо дарс медиҳад.
Дар асоси фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2012 ба вазифаи муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба илм таъин гардида, бо фармони ректори ДМТ аз 9 апрели соли 2013 ба вазифаи муовини декани факултети мазкур оид ба таълим интиқол шуд.
Бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2013 ба вазифаи муовини ректори Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оид ба таълим таъин гардида, то 1 сентябри соли 2014 дар ин вазифа фаъолият намудааст.
Идизода Ф.Ф. аз 1 сентябри соли 2014 то 20 сентябри соли 2015 дар вазифаи муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ оид ба корҳои тарбия ва аз 24 октябри соли 2015 инҷониб дар вазифаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети мазкур кор мекунад.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 19 январи соли 2018 таҳти №966 Идизода Файзалӣ Фузайлшо (Идиев Файзалӣ Фузайлшоевич) Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Идизода Ф.Ф. зиёда аз 30 мақолаи илмӣ, 2 монография ва ду воситаи таълимиро ба нашр расонидааст.
Аз соли 2015 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд.