Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон – муовини директори Марказ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

  

Соли 2002 шуъбаи рўзонаи фаъолияти ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз моҳи сентябри соли 2002 то октябри соли 2009 ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Соли 2007 хатмкардаи курси такмили ихтисоси Маркази такмили ихтисос ва азнавомодасозии кадрҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Моҳи майи соли 2012 дар мавзўи «Таъминоти ҳуқуқии соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадиро зери роҳбарии Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. ҳимоя намудааст.

Аз моҳи октябри соли 2009 то 22 январи соли 2019, сармутахассис, муовини сардори шуъба, и.в. сардори шуъба, сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2019, № 1186, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Муаллифи зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла, 1 монографияи илмӣ, мураттиби 2 маҷмўаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳаммуаллифи 1 китоби дарсӣ, ҳаммуаллифи китобҳои «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ”», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”», «Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”», китоби «Истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи байналхалқӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дар ҳайати мураттибон) мебошад.