Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Баҳриддинзода Субҳиддин Эсо – муовини аввали Директори Марказ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

 Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз соли 1991 то 1992 дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов таҷрибаомӯзӣ кардааст. Дар  солҳои 1992 - 1995 аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Соли 1996 дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Москва рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе (1990-1994)», дар зери роҳбари илмӣ д.и.ҳ., профессор Н.Ф. Кузнетсова дифоъ намудааст.

Дар солҳои  1996 -1998 муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1998 - 2006 дотсенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2006 то соли 2009 ба ҳайси муовини аввали декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон кор кардааст. Ҳамзамон узви Ассотсиатсияи криминологии Федератсияи Россия  мебошад.

Дар солҳои 2009 то 2012 дар вазифаи муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Моҳи январи соли 2012 ба вазифаи муовини якуми Директори Марказ таъин шудааст.

   Дар хориҷа курсҳои гуногуни такмили ихтисосро гузаштааст, аз ҷумла: соли 1997 дар  Будапешт (Венгрия), соли 1999 – Алма-Ато (Казоқистон),  соли 2002 – Будапешт (Венгрия), соли 2005 – Рига (Латвия), соли 2005 – Вена (Австрия), соли 2008 – Лондон (Англия), соли 2013 Остона (Қазоқистон).

 Муаллифи зиёда аз яксаду бист дастовардҳои илмию таълимӣ, аз ҷумла китоби аввалини  дарсӣ аз фанни «Криминология» ба забони давлатӣ, китобҳои дарсӣ аз фанни «Ҳуқуқи инсон» (дар ҳаммуаллифӣ), бист адад барномаҳои таълимӣ, тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳаммуалифӣ), тафсири Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳаммуалифӣ), тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (дар ҳаммуалифӣ),тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия", тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", энсиклопедияи истилоҳоти ҳуқуқӣ (дар ҳаммуаллифӣ), яке аз муаллифони «Барномаи давлатӣ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2008-2015», «Стратегияи оид ба мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2008-2012», "Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020", Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии татбиқи  Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015, Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист  барои солҳои 2012-2015 ва Барномаи давлатии татбиқи  Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012-2015 мебошад.