Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
2 June 2017 (11:07)
29 May 2017 (16:17)
8 May 2017 (15:58)
19 April 2017 (15:03)
13 March 2017 (09:09)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ

Вазифаҳои асосии шуъба:

Мусоидат ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар соҳаи сохтори давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суд, мудофиа ва амният.

Шуъба фаъолияти худро дар чор самти асосӣ амалӣ мегардонад:
1. Асосҳои сохтори давлатӣ;
2. Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд;
3. Мудофиа;
4. Амният.

Вазифа ва равандҳои асосии фаъолияти шуъба аз инҳо иборат аст:

  • таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳуқуқи инсон, идоракунии давлатӣ, низоми интихобот, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд,  низоми ҳуқуқи ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазо, мудофиа ва амният;
  • таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани қонунгузории сохтори давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд мудофиа ва амният бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаҳои қонунҳо дар соҳаи сохтори давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суд ва мудофиа ва амният;
  • таҳияи тавсияҳо дар бораи истифодаи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи сохтори давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суд, мудофиа ва амният дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти давлатӣ;
  • тайёр намудани тафсирҳои илмӣ-амалии қонунгузорӣ дар соҳаи сохтори давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суд, мудофиа ва амният;
  • пеш бурдани фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ оид ба сатҳи баланди танзими ҳуқуқии соҳаи сохтори давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суд, мудофиа ва амният ва гузаронидани тадқиқотҳои назариявии қонунгузории соҳаҳои мазкур;
  • пешниҳод кардани таклиф ва хулосаҳои экспертӣ ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои қонунгузории амалкунанда; тарғиботи донишҳои ҳуқуқӣ, иштирок дар гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мазкур;
  • гузаронидани тадқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории ҷумҳурӣ бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо қонунгузории давлатҳои ИДМ. 

Кормандон

 

   Табаров Неъмон Амонович
Сардори шуъба
  
Соли 1995 факултети ҳуқуқшиносиии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2005 шуъбаи аспирантураи Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 1989–2010 котиби маҷлиси судии Суди халқии ноҳияи Орҷоникидзеобод, судиҷрочии Суди шаҳри Кофарниҳон (дар як вақт машваратчии халқӣ), нозири шуъба, сардори шуъбаи системакунонии қонунгузории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи ҷамъбасти таҷрибаи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, котиби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе шуда кор карда аст.
Аз моҳи майи соли 2010 то моҳи декабри соли 2012 муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи декабри соли 2012 то моҳи феврали соли 2014 иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи мазкур буд. Аз моҳи феврали соли 2014 сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомотӣ судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Дар мавзуи «Гражданско-правовое регулирование предоставление исключительных прав по договору коммерческой концессии» дар зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимов М.З. ба фаъолияти илмӣ машғул аст.
Муаллифи 15 воситаи таълимию амалӣ, 4 барномаи таълимӣ, 50 мақолаи илмӣ-амалӣ ва оммавӣ, аз он ҷумла 15 мақола оид ба мавзуи рисолаи номзадӣ мебошад.
Мушовири адлияи дараҷаи 1-ум, мушовири давлатии дараҷаи 2-ум мебошад.
 

   

                          
Носиров Дилшод Қурбоналиевич
Муовини сардори шуъба  

Соли 2013 шуъбаи рўзонаи муносибатҳои байналмилалии (ҳуқуқ) факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. 

Аз моҳи феврали соли 2014 мутахассиси шуъбаи умумӣ, масъалаҳои кадрҳо ва корҳои махсуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи августи соли 2014 то моҳи феврали соли 2016 мутахассиси пешбар ва аз 1 марти соли 2016 сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ кор кардааст.

Аз 3 январи соли 2017 то айни замон ба сифати сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодааст.

Аз 1 майи соли 2017 ба сифати муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давалатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ кор карда истодааст.

Муаллифи се мақолаи илмӣ мебошад. 

   
 

Маҳмашарифзода Абдулло Маҳмашариф 
Сармутахассис 

Соли 2009 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2014 бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналмилалӣ хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ аз 1 августи моли 2014 то 30 апрели соли 2015 дар Прокуратураи шаҳри Душанбе дар шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва маводи нашъаовар кору фаъолият кардааст.

Аз 18 майи соли 2015 дар шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватхои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мутахассис ва аз 3 майи соли 2016 мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ  кор кардааст. 

Аз 1 майи соли 2017 то инҷониб ба сифати сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ фаъолият карда истодааст.

 

 
Алямова Меҳрангез Саидғаниевна
Мутахассиси пешбар
 

Соли 2007 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудаст. Аз моҳи июни соли 2011 то моҳи августи соли 2012 мутахассиси шуъбаи конунгузорӣ оид ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, илм ва маорифи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи августи соли 2012 то моҳи феврали соли 2014 мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, масъалаҳои кадрҳо ва корҳои махсус буд.

Аз моҳи феврали соли 2014 мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ кор карда, аз 1 майи соли 2017 мутахассиси пешбари шуъбаи зиркгардида мебошад.