Судяҳо набояд ба саҳлангорӣ, бемасъулиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ роҳ диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
3 Февраль 2017 (11:58)
23 Январь 2017 (09:37)
14 Ноябрь 2016 (06:56)
25 Октябрь 2016 (13:31)
17 Август 2016 (07:48)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ

 

Вазифаҳои асосии шуъба: 
Мусоидат ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо назардошти татбиқи санадҳои байналмилалӣ ва имплементатсияи он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шуъба фаъолияти худро дар самтҳои зерин амалӣ мегардонад:
1. Пешбурди тадқиқоти илмӣ;
2. Амалӣ гардонидани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар низоми ҳуқуқии дохилидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Масоили ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ва мурофиаи байналмилалии гражданӣ;
4. Масоили ёрии ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ;
5. Таъминоти илмӣ, таҳия ва такмили танзими қонунӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ.

Вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти шуъба аз инҳо иборат аст:

•  гузаронидани ташхиси ҳуқуқӣ ва додани хулоса оид ба мутобиқат кардани лоиҳаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
•   иштирок дар густариши алоқаҳои байналмилалии Марказ бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ; 
•    баррасии масъалаҳои оид ба бастан, иҷро намудан, тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартномаҳои байналмилалии бисёртарафа, имплементасияи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• гузаронидани тадқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишофи ҳуқуқи байналмиллалӣ ва алоқамандии он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
•  таҳияи пешниҳодот оид ба самтҳои такмили қонунгузорӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мураттабсозии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ;
•    ширкат дар конфронсҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳое, ки ба масъалаҳои актуалии илмии ҳуқуқи байналмилалии умумӣ ва хусусӣ бахшида шудаанд; 
•  ба амал баровардани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, инчунин тайёр намудани кормандони илмии баландихтисос.
 
 
Кормандон
 
 
Маҳмадшоев Фарҳод Абдураҳмонович
Сардори шуъба
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Соли 2002 шуъбаи рўзонаи фаъолияти ҳуқуқи байналхалқии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Моҳи сентябри соли 2002 то октябри соли 2009 ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Соли 2007 хатмкардаи курси такмили ихтисоси Маркази такмили ихтисос ва азнавомодасозии кадрҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Моҳи майи соли 2012 дар мавзўи «Таъминоти ҳуқуқии соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадиро зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. ҳимоя намудааст. 

Аз моҳи октябри соли 2009 то ин ҷониб, сармутахассис, муовини сардори шуъба, и.в. сардори шуъба буда, ҳоло сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муаллифи беш аз 30 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла, 1 монографияи илмӣ, мураттиби 2 маҷмўаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳаммуаллифи 1 китоби дарсӣ, Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» (дар ҳаммуаллифӣ), Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин Истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи байналхалқӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳайати мураттибон) мебошад.

Оиладор.

 

Каримова Нигора Нормаҳмадовна
Муовини сардор
 

Соли 2012 шуъбаи умумии рўзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Соли 2014 сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2015 ба ҳайси унвонҷў зери роҳбарии д.и.ҳ., профессор Раҳимзода М.З. дар мавзўи «Сервитут дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъолияти илмӣ машғул аст.

Муаллифи 2 мақолаи илмӣ. 

Оиладор.

  

Соҳибназарзода Манучеҳр Соҳибназар
Сармутахассис 

Соли 2015 шуъбаи умумии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. 

Аз моҳи октябри соли 2015 то феврали соли 2016 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 1 марти соли 2016 мутахассиси пешбар ва аз 3 январи соли 2017 сармутахассиси шуъбаи мазкур мебошад.

Муаллифи зиёда аз 10 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар рўзномаву маҷаллаҳо мебошад. 

Муҷаррад. 

 

Садиров Рустам Суҳробович
Мутахассиси пешбар
 

Соли 2013 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо муваффақият хатм намудааст.

Аз соли 2014-ум фаъолияти кориашро дар шуъбаи кадри Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Лахш оғоз намуда, то моҳи июни соли 2016-ум фаъолият намудааст.

Аз моҳи июни соли 2016-ум ба ҳайси мутахассиси шуъбаи иттилоотии ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ ва аз 3 январи соли 2017 то ҳол дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.