Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
 
 
Шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ

         Шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ (минбаъд - Шуъба), сохтори таркибии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар самти таъмини иттилоотию ҳуқуқии фаъолияти Марказ амалӣ мегардонад.

Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Марказ ва Дастурамали Шуъбаро ба роҳбарӣ мегирад.

Вазифаҳои асосии шуъба:

- ташкил ва пешбурди феҳристи ягонаи таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмин ва пешбурди сомонаи Марказ;

- таъсиси китобхонаи электронии ҳуқуқӣ ва махзани маълумоти ҳуқуқӣ;

- иштирок дар ташкил ва амалинамоии мубодилаи байнидавлатии иттилооти ҳуқуқӣ;

- таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ;

- гузаронидани инвентаризатсияи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

- таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ;

- таҳияи самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқэҷодкунӣ;

- гузаронидани таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили он;

-мусоидат ба инкишофи илми ҳуқуқ, пешниҳоди таклифҳо ба ташкилотҳои дахлдор оид ба мавзӯъҳои таҳқиқотӣ;

- таҳияи тавсияҳо дар бораи истифодаи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва мусоидат ба татбиқи амалишавии онҳо;

- таҳия намудани лоиҳаҳои нақшаҳои мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани онҳо ба мақомоти дахлдор;

- гузаронидани таҳқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба инкишофи таҳқиқотҳои илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ;

-иштирок дар иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои илмии давлатӣ ва байнидавлатӣ, амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ба Шуъба вогузоргардида;

 -таҳия ва интишори тафсирҳои илмию амалии кодексҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин маводҳои ҳуқуқӣ, иттилоотию таҳлилӣ вобаста ба самти фаъолияти Шуъба;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро анҷом медиҳад.

Кормандон

 

Исмоилова Мадина Исмоиловна

Сардори шуъба

Соли 2013 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 2013 аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар мавзўи «Танзими гражданӣ–ҳуқуқии ҳуқуқҳои вобаста дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зери роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ У. Меликов  машғули фаъолияти илмӣ мебошад.

Аз 1 октябри соли 2014 дар вазифаҳои мутахассис ва мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Аз 3 июли соли 2017 ба сифати сармутахассиси шуъбаи зикршуда фаъолият намудааст.

Аз 15 майи соли 2018 то айни замон ба ҳайси сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда истодааст.

Муаллифи 7 мақолаи илмӣ мебошад.

 

Манучеҳр Ҳамидзод

Муовини сардори шуъба

Соли 2017 шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Солҳои 2006-2016 дар шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Пойтахт” ва “Телевизиони Тоҷикистон” ба ҳайси муаллиф ва барандаи барномаҳои телевизионӣ фаъолият кардааст.

Соли 2011 роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Ирам» интихоб шуда, то 21 феврали соли 2018 дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Аз соли 2015 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, айни замон муовини раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузорӣ»-и ҲХДТ дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба ҳайси унвонҷӯ дар мавзӯи «Танзими конститутсионӣ-ҳуқуқии мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» зери роҳбарии н. и. ҳ., дот. Ҷамшедов Ҷамшед ба таҳқиқоти илмӣ машғул аст.

Аз 21 феврали соли 2018 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ, аз 1 марти соли 2019 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист ва аз 15 майи соли 2019 то инҷониб дар вазифаи муовини сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодааст.

Муаллифи беш аз 30 мақолаҳои илмӣ, оммавӣ ва таҳлилӣ мебошад.

 

Сафарзода Нилуфар Раҳматулло

Сармутахассис

Соли 2010 шуъбаи рўзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Точикистонро хатм намудааст.

Аз 01.03.2013 сол то 10.01.2016 сол ҳамчун ҳуқуқшиноси хочагии деҳқонии «Парвиз – Х» фаъолият намудааст.

Аз 01.02.2016 сол то 11.12.2018 сол ба ҳайси ҳуқуқшиноси ҶДММ «Сардор – 2008» фаъолият намудааст.

Аз соли 2016 то соли 2018 дар кафедраи «Ҳуқуқи конститутсионӣ»–и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун омўзгори соатбайъ фаъолият намудааст.

Аз 12.12.2018 сол то инҷониб сармутахассиси шуъбаи иттилооти ҳуқуқуқӣ ва мураттабсозии Марказ мебошад.

Муаллифи як маҷмуи таълимӣ-методӣ (дар ҳаммуаллифӣ) ва 13 мақолаҳои илмӣ.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

 

Шамсидинзода Искандари Бобоназар

Мутахассиси пешбар

Соли 2016 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Аз 1 майи соли 2018 то 12 сентябри соли 2018 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати котиби директори Марказ кору фаъолият намудааст.

Аз 12 сентябри соли 2018 то 15 майи соли 2019 ҳамчун мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва коргузории Маркази миллии конунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз 15 майи соли 2019 ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозииМаркази миллии конунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то инҷониб кор ва фаъолият карда истодааст.

 

Фарангиси Сайфулло Ҳабибзода

Мутахассис

Соли 2016 шуъбаи умумии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. 

Аз 1 майи соли 2018 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамояд.