Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
1 Декабрь 2017 (11:34)
14 Ноябрь 2017 (10:18)
14 Ноябрь 2017 (09:55)
1 Ноябрь 2017 (13:50)
26 Октябрь 2017 (08:48)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

 

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «4 » октябри соли 2011,
№480 тасдиқ шудааст

Стратегияи
сиёсати давлатии ҷавонон дар 
Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020
 
1. Муқаррароти умуми
Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумхурии Точикистон то соли 2020 (минбаъд Стратегия) ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсат буда, фаъолиятеро инъикос менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар давраи миёнамӯҳлат анҷом медиҳад ва чавобгӯи афзалиятҳои асосии Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад.
Стратегия барои муайян намудани мақсад, афзалият ва тадбирҳое нигаронида шудааст, ки татбиқи онҳо ба ҳалли вазифаҳои мубрами рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд. Стратегия барои даҳ сол пешбинй шуда, то соли 2020 тахмин менамояд ба мақсадҳои худ ноил гардад. Интихоби самтҳои стратегии сиёсати давлатии ҷавонон метавонад танхо ба натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои равандҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди ҳаёти ичтимоию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлили ҳисобот ва ҳуҷчатҳои расмй ошкор гардидаанд, асос ёбад. Ғайр аз ин, Стратегия бояд дигаргуниҳоеро, ки дар соҳаи фаъолияти ҳаётан муҳими ҷамъият ва давлат руй медихад, ба инобат гирад ва пешбинй намояд.
Дар Паёми Президента Ҷумҳурин Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастй мебошад.».
Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонй, аз чумла чавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди чомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 35 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии чавонон аз нуқтаи назари сиёсй ва ичтимой аҳамияти калон дорад.
Ба сиёсати чавонон, ҳамчун бахши стратеги ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳилаҳои рушди ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зохир мегардад.
Стратегияи мазкур ба шаҳрвандони ҷавони Ҷумҳурии Точикистон аз синни 14 то 30 сола, аз чумла чавононе, ки дар вазъи душвори зиндагй карор доранд ва ба оилахои чавон нигаронида шудааст.
Бинобар он ки қисми асосии аҳолии Тоҷикистонро шаҳрвандони то 30 сола ташкил медиҳанд ва синни миёнаи аҳолӣ ба 24,7 сол баробар аст, шаҳрвандони чавони мамлакат минбаъд захираи асосии меҳнатии Точикистонро ташкил хоҳанд дод ва фаъолияти меҳнатии онҳо барои таъминоти иҷтимоии кӯдакон, маъюбон ва калонсолон манбаи асосии маблағ маҳсуб меёбад.
Стратегияи сиёсати чавонон дар Ҷумҳурии Точикистон (минбаъд-Стратегия) то соли 2020 гаҳия гардида, маҷмӯи самтҳои афзалиятнокро муайян менамояд, ки ба чавонон нигаронида шудааст ва вазифаҳоеро фаро мегирад, ки ба иштироки чавонон дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ алоқаманд мебошанд.
Барои таҳияи Стратегияи мазкур Шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис дода шуд. Ба ҳайати ин Шӯрои ҳамоҳангсоз мутахассисони Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президента Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва чамъиятӣ шомил гардиданд.
2. Зарурати қабули Стратегия
1) Ҷавонон объекти манфиатҳои миллию давлатй буда, яке аз омилхои асосии таъмини рушди давлат ва чомеа ба ҳисоб мераванд. Ояндаи наслҳои нав бояд ба таври ногусастанй ба вазифахои ҳифз,
рушд ва эҳёи кишвар алокаманд буда, вориси таърихй ва фарҳангий бошанд.
Суботи сиёсати давлатии чавонон бо роҳи татбиқи самарабахши тадбирҳои маҷмӯӣ, ки вазифа, аҳамият ва нақши сиёсати давлатиро нисбат ба насли наврас муайян менамояд, таъмин мегардад.
Сиёсати давлатии чавонон дорои хусусияти фаъоли инноватсионй ва истеҳсолй буда, нерӯи меҳнатӣ ва эчодии ҷавононро инъикос менамояд.
Татбиқи сиёсати давлатии чавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатхо барои аз чониби чавонон интихоб гардидани роҳи зиндагй, худтатбиқнамоии шахсииҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст.
2) Сиёсати давлатии ҷавонон:
-  ин сиёсати давлат дар самти танзими муносибатҳои ҷавонон ва давлат мебошад;
-  ин низоми ташаккули афзалиятҳо ва чораҳое мебошад, ки барои фароҳам овардани шароит ва имконият ҷиҳати ба иҷтимоиёт самт бахшидани ҷавонон ва худтатбиқнамоии онҳо, рушди нерӯ ба манфиати кишвар ва мутаносибан ба рушди иҷтимоию иқтиеодй ва фарҳангии мамлакат, таъмини рақобатпазирии он ва таҳкими амнияти миллй нигарокида шудааст;
- он аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатй ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятии чавонон ва кӯдакон, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар шахсони ҳуқукию воқей ташаккул ва татбиқ мегардад;
- самти стратегии давлатро ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фархангӣ, дар ҷавонон ташаккул додани ҳисси ватанпарастӣ ва муҳаббат нисбат ба таърих ва фарҳанг, риояи ҳуқук ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос менамояд.
3) Мақсади асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фароҳам овардан ва таҳкими шароитҳои ҳуқуқй, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои истиқрори шаҳрвандӣ ва худтатбиқнамоии иҷтимоии ҷавонон иборат мебошад.
4) Татбиқи мақсадҳои гузошташуда, амалй намудани чунин афзалиятҳои сиёсати ҷавононро дар"назар дорад:
- дар чавонон ташаккул додани ҳисси ватанпарастй, рушди ахлоқ ва маънавии чавонон;
- таъминк ҳуқуқхои ичтимоии ҷавонон дар соҳаи меҳнат, маориф ва ҳифзи саломатӣ;
- фароҳам овардани шароит барои худтатбиқнамоии талаботи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, рушди зеҳнӣ ва чисмонии онҳо;
- дастгирй ва хавасмандгардонип ташаббуси мусбии ҷамъиятии чавонон;
-  ҷалби ҷавонон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмй ва маърифатии байналмилалй;
- ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётй.
5) Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ бояд бо дарназардошти принсипҳои зайл амалй карда шавад:
- муносибати демократй нисбат ба чавонон, риояи ҳуқуқ ва озодихои шаҳрвандони чавон;
-  инкишоф ва навоварӣ (рушд ва инноватсия);
- мақсаднок, вокеъбинона ва самарабахшии фаъолият дар асоси доимӣ;
- оммавият фарогирии пурраи ҷавонони кишвар, сарфи назар аз ҷинс, миллат, вазъи ичтимоӣ ва мансубияти динй;
-  муносибати тафриқави бо дарназардошти масъалаҳои гурӯҳбандии иҷтимоӣ ва синнусолй;
- ҳимояи суроғавӣ ва дастгирии гурӯҳҳои ҷавонони аз ҷиҳати иҷтимой осебпазир, аз ҷумла кӯдакони маъюб, атфоли аз чиҳати саломатй дорои имкониятҳои махдуд,  бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои серфарзанд ва оилаҳои бо шароити номусоид.
6) Ин принсипҳои асосии ташаккули сиёсати ҷавонон бонд аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия ба инобат гирифта шаванд ва чун яке аз омилҳои арзёбии фаъолияти онҳо нисбат ба рушди чавонон дар кишвар хизмат кунанд.
Риояи принсипҳои мазкур имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон хусусияти муттасил. воқеӣ ва мачмӯӣ дошта бошад, ворисии таърихии заруриро таъмин намуда, дар татбиқи самтҳои асосии он методология ва самтбахшии ягонаро фароҳам орад.
Аз мавқеи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, боварй ба ояндаи дурахшон ва фаъолнокии онҳо самти рушди Тоҷикистон дар чодаи дигаргунсозиҳои демократа алоқаманд аст. Маҳз чавонон бояд муқовимат бар зидди тахдидҳои глобалй омода бошанд.
Дар шароити ҷаҳонишавй ва муҳоҷирати иҷборй ҷавонон бояд пешбарандаи ғояҳои сабурию таҳаммулпазирӣ, рушди фарҳанги тоҷик ва тахкими муносибатҳои байниҳамдигарии наслхо ва миллатҳо бошанд.
Яке аз масъалаҳои мубраме, ки дар назди чавонон истодааст, таъмин нашудан бо манзили зист мебошад, ки аз кӯҳнаю фарсуда шудани фонди манзил ва инкишоф наёфтани механизми карздиҳии ипотекӣ барои наели ҷавон вобастагӣ дорад.
Маълум аст, ки чавонон аксаран бо сатҳи баланди қобилияти сафарбарй, фаъолнокии зехнй ва саломатй аз дигар гурӯҳҳои аҳолй фарқ мекунанд. Махз ҷавонон ба шароитҳои нави зиндагй зуд мутобик мегарданд. Ҳамзамон, дар назди ҷомеа вазифа гузошта шудааст, ки норасоӣ ва талафоти вобаста ба масъалаҳои мубрамро, ки чиҳати ба ҷомеа фарогирии чавонон, ҳамгироии онҳо ба фазой ягонаи иқтисодӣ, сиёсй, иҷтимоӣ ва фархангй алоқаманданд, ба кадри имкон коҳиш диҳад.
Тахлили гузаронидашуда ва дурнамои шароити рушди Тоҷикистон, инчунин проблемаҳои ҷавонон дар даҳсолаи наздик таҳияи муносибати нави стратегиро нисбат ба сиёсати давлатии ҷавонон талаб менамояд.
З.Максад ва принсипҳои татбиқи Стратегия
7) Мақсади сиёсати давлатии чавонон аз рушд ва татбиқи нерӯи чавонон манфиатҳои Тоҷикистон иборат мебошад. Сиёсати давлатии чавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рушди ичтимоию иқтисодӣ, дар асоси принсипҳои зайл таҳия ва татбиқ мегардад:
- муайян намудани самтҳои афзалиятнок;
-  ба инобат гирифтани манфиат ва талаботи гуруҳҳои мухталифи ҷавонон;
- иштироки ҷавонон дар таҳия ва татбики самтҳои афзалиятноки сиёсати давлагии ҷавонон;
-  ҳамкории мутақобилаи давлат, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандй ва намояндагони бизнес;
-  шаффофияти иттилоот;
- мустақилият ҷиҳати баҳодиҳии натиҷаҳои Стратегия.
8) Стратегия системаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро дар Тоҷикистон баррасй менамояд.
Лоиҳаҳое, ки барои татбиқи самтҳои афзалиятнок таҳия гардидаанд, ба ҷавонони Тоҷикистон нигаронида шуда, имкон медиҳанд ҷавонон сарфи назар аз ҷинс, миллат, касб, маҳали зист ва мақоми иҷтимой дар он ба таври баробар иштирок намоянд.
4. Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон
9) Бо дарназардошти миқёси вазифаҳое, ки дар назди кишвар истодаанд ва махдудияти вокеии захираҳои рушд бояд чунин самтҳое афзалиятнок зътироф гарданд, ки метавонанд фароҳам овардани шароитро барои ба иҷтимоиёт ҷалб гардидани ҷавонон ва худтатбиқкунии самарабахши онҳоро таъмин  намояд, инчунин имконият диҳанд, ки ҷавонон проблемаҳои мавҷударо мустақилона ва судманд ҳал кунанд. Чунин муносибат ба беҳбудии сифати зиндагии насли ҷавон ва дар маҷмӯъ ба рушди кишвар мусоидат хоҳад кард, ки ба ҳам алокаи ногусастанӣ доранд. .
10) Бо дарназардошти тамоюли рушди ицтимоию иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон барои дурнамои миёнамӯҳлат дар Ҷумҳурии Точикистон сиёсати давлатии ҷавонон тибқи самтҳои афзалиятноки зайл татбиқ мегардад:
- ҷалби ҷавонон ба амалияи иҷтимой ва иттилоотонии онҳо дар мавриди имкониятҳои воқеии рушд;
- инкишофи фаъолияти эҷодкоронаи ҷавонон;
- ҳамгироии ҷавонони дар вазъи душвори зиндагй қарордошта ба ҳаёти ҷомеа.
11) Сиёсати давлатии ҷавонон барои муттаҳид сохтани захираҳои давлатй ва ғайридавлатй даъват шудааст, ки он барои мақсадҳои зайл хусусияти байниидоравии ҳамкориҳои муштаракро дар назар дорад:
- чалби босуботи ҷавонон ба хаёти ҷамъиятӣ ва инкишофи малакаи фаъолияти мустақилонаи ҳаётан муҳими шаҳрвандони ҷавони кишвар, иттилоотонй дар мавриди рушду такомули минбаъдаи онҳо ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам дар чомеаи ҷаҳонй, инчунин фарҳанги истифодаи инкишофи шахсият ва ҷомеа, ки имкон медиҳад ҷавонон нерӯи худро дар амал татбиқ намоянд, ба қувваи худ ва ояндаи худ боварй дошта бошанд;
- муайян намудан, пешбари кардан ва дастгирии фаъолнокии ҷавонон ва дастовардҳои онҳо дар соҳаи иҷтимоию иқтисодй, ҷамъиятию сиёсӣ, эҷодию варзишй, ки имконият медиҳад ҷавонон қобилияти худро зоҳир намоянд, нерӯи худро дар амал татбиқ кунанд ва дар кишвари худ шоистаи эътироф гарданд;
- ба ҳаёти комил ҷалб намудани ҷавононе, ки ҷиҳати ҳамгирой бо ҷомеа ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, маъгобон, хатмкунандагони муассисаҳои таълимй барои кӯдакони ятим, кӯдакони бесаробон, муассисаҳои махсуси таҳсилотй барои онҳое, ки дорой қобилияти махдуд мебошанд, муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявии шакли пӯшида, чабрдидагони зӯроварй, кӯчбастагон ва муҳоҷирон, шахсоне, ки аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ҷавоб шудаанд, намояндагони халқҳои маҳаллӣ ва камнуфуз, инчунин ҷавонон аз оилаҳое, ки дар вазъи ногувори ичтимой қарор доранд, бекорон, шахсони бо ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам) сироятшуда ва шахсони истеъмолкунандаи маводи сахттаъсир.
12) Чунин системаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии чавонон ба беҳбуди вазъи зиндагии насли ҷавон, афзоиши саҳми онҳо ҷиҳати рақобатпазирии кишвар мусоидат намуда, ҳамзамон окибати иштибоҳотро, ки маъмулан барои насли ҷавон хос аст, ба қадри имкон крҳиш медиҳад.
13) Барои татбики самтҳои афзалиятноке, ки ҷалби ҷавононро ба ҳаёти ҷамъиятй ва иттилоотонии онҳо дар хусуси имкониятҳои имконпазири рушд дар Тоҷикистон дар бар мегирад, лоиҳаҳои зайл пешбинй шудаанд:
- Барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»;
- Барномаи давлатии «Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Ҷумҳурии Точикистон»;
- Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Точикистон.
14) Максадҳои асосии барномаҳо мусоидат дар татбиқи самарабахшп сиёсати давлатии чавонон оид ба ташаккул ва рушди шароити ҳуқуқй, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилӣ барои амалӣ намудани имкониятҳои ҷавонон, тарбияи рӯҳию маънавӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёти солим ва инкишофи ҷисмонӣ иборат мебошад.
 
5. Тадбирҳо барои татбиқи Стратегия
15) Айни замон тачрибаи зиёди кор бо ҷавонон ба даст омадааст. Аксари онҳо вазифаҳои алоҳидаро муваффақона анчом додаанд ё ба гурӯҳҳои алоҳидаи чавонон нигаронида шудаанд, аммо дар амалияи умум истифодаи онҳо ҳамчун маҷмӯи чорабиниҳои алоҳида, ки ба ҳам алоқаманд нестанд ва аз ҷониби идораҳои мухталиф татбиқ мегардиданд, сурат мегирифт, ки самарабахшии системавии заруриро таъмин карда натавонист.
Стратегия дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муносибати лоиҳавиро ба сифати асос баррасй карда, онро мутобиқи се афзалиятҳои дар боло зикргардида муайян мекунад.Стратегия мақсад ва нишондиҳандаҳои асосии ҳар як лоиҳаро муайян менамояд. Мӯҳтавои мушаххаси онҳо аз ҷониби худи ҷавонон ва ташкилотҳое, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташкил гардида, амалй менамоянд. Ҳамин тавр, ҳар кадом лоиҳа фаъолияти лоихдвй ва инноватсионии ҳамон ташкилот ва иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон ва ташаббусҳоро муттаҳид месозад, ки метавонад намудҳои беҳтарини татбиқро пешниҳод намояд ва он усули нисбатан самарабахши ноил гардидан ба мақсадро таъмин месозад.
6. Механизми татбиқи Стратегия
16) Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Стратегияи мазкур ҷорй намудани механизмҳои таъсири мустақим ба ҷавонон талаб карда мешавад, ки самарабахшии баланд ва ба таври фаврй идоракунии равандҳои вобаста ба ҷавонон бамиёномадаро таъмин менамояд.
Аз ин рӯ, самтҳои афзалиятноки Стратегияи мазкур лоиҳаҳоеро пешбинӣ менамояд, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллй татбиқ карда мешаванд. Дар доираи лоиҳаҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ чорабиниҳое дастгирй меёбанд, ки нисбат ба тамоми ҷавонони кишвар нигаронида шудаанд, аз ҷумла маъракаҳои оммавй, барномахо, озмунхо, икдомҳои ҷавонон мебошанд. Дар доираи лоиҳаҳо дар сатҳи минтақавӣ барои ҳалли вазифаҳое, ки ҳамин Стратегия ва барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинй намудаанд, шароитҳо фароҳам оварда мешаванд.
Барои ҳар як лоиха Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мақомоти ваколатдори корҳо бо субъектхои ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон асосноксозии техникию иқтисодиро таҳия менамояд, ки он мақсадҳои самти афзалиятноки дахлдори Стратегияро дар бар гирифта, ба афзалиятҳои асосии ҷумҳуриявй ва маҳаллй, инчунин нишондиҳандаҳои сиёсати давлатии ҷавонон асос ёфтааст. Ба ин кор ташкилотҳои илмй ва созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон ҷалб карда мешаванд.
Барои ҷалби иҷрокунандагони самти афзалиятнок, қабл аз ҳама аз ҳисоби мақомоти ваколатдори кор бо субъектҳои ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи ҷавонон фаъолият менамоянд, озмун гузаронида мешавад. Матлаби интихоби озмун лоиҳа ва чорабиниҳое хоханд буд, ки ба ҳалли як ё якчанд вазифақои муайяннамудаи Старатсгия ва самти дахлдори афзалиятнок нигаронида шудаанд.
Иттилоот дар бораи лоиҳахое, ки дастгирй ёфтаанд, ташкилотҳои ғолиб, натиҷаҳои пешбинишаванда ва мӯхлатҳои татбиқи онҳо ба маълумоти ҷомеа расонида мешаванд, аз ҷумла дар доираи корҳое, ки шабакаи таъсисшавандаи иттилоотии ҷавонони Тоҷикистон дойр менамояд.
Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ барои татбиқи самтҳои афзалиятноки Стратегия мақоми ваколатдори давлатй дар соҳаи сиёсати ҷавонон
масъул мебошад, фаъолиятро дар ҳамкори бо институтҳои ҷомеаи шаҳравандй ва илмӣ анҷом медиҳад. Дар сатҳи минтақавӣ воҳидҳои сохтории дахлдори мақоми ваколатдори хокимияти давлатӣ оид ба кор бо чавонон масъул мебошад.
 
7. Шароите, ки барои татбиқи Стратегия зарур аст
17) Барои ноил шудан ба мақсадҳо ва ҳалли масъалаҳои муайяннамудаи Стратегия фароҳам овардани шароити ташкилию ҳуқуқй ва моддию молиявй талаб карда мешавад.
Мутобиқи муқаррароти Стратегияи мазкур бояд ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба такмили механизми ҳамкории мутақобилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй дар татбики самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон нигаронида шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
18) Барои татбиқи Стратегия бояд нерӯи кадрии сиёсати давлатии чавонон ва ташкилотҳои гайриҳукуматй ташаккул ёбанд, ки инҳоро дар назар дорад:
- муайян намудани стандартҳои давлатии тахсил вобаста ба номгӯи  ихтисосҳое,  ки дар системаи мақомот ва  ташкилотхои татбиқкунандаи сиёсати давлатии чавонон пешниҳод гардидаанд;
- таҷдиди талаботи тарифию тахассусӣ нисбат ба мутахассисоне, ки дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон фаъолият мекунанд;
- такмили системаи тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи гузаронидани сиёсати ягонаи давлатй дар самти тахсилот дар заминай муассисахои шабакаи амалкунандаи таълимй.
19)  Бо макеади таъмини татбики самарабахши тадбирҳои сиёсати давлатии чавонон бояд системаи омилҳо ва нишондиҳандаҳои баҳодиҳии натиҷабахши онҳо муқаррар карда шаванд, ки робитаи мутақобилаи тадбирҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва дигаргуниҳои ҳаёти ҷавононро инъикос менамоянд. Таҳияи чунин система азнавсозии омори давлатиро дар сохаи сиёсати давлатии чавонон, аз ҷумла таҳия ва таҷдиди талаботи мавҷуда ва нишондиҳандаҳои иттилоотиро талаб мекунад, ки вазъи ҷавононро дар соҳахри асосии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар тавсиф менамояд.
20) Чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегия аз сарчашмаҳои асосии зайл амалй карда мешаванд:
- бучети ҷумҳуриявй;
- буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй;
- маблағҳои ғайрибуҷетӣ.
21) Маблағгузории чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегия дар доираи маблағҳое сурат мегиранд, ки барои татбики сиёсати давлатии ҷавонон дар буҷети давлатй барои солҳои дахлдор пешбини шудаанд.
 
8. Натиҷаҳои татбиқи Стратегия, мониторинг ва баҳодиҳии самарабахшии он
22) Натиҷаи асосии татбиқи Стратегия бояд аз бехтар намудани вазъи ҷавонон дар ҷомеа иборат буда, ба афзоиши саҳми насли ҷавон дар рушди кишвар мусоидат намояд.
Ба натиҷаҳои пешбинишаванда беҳтар намудани вазъи ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи саломатӣ ва сифати хизматрасониҳои маърифатй, афзоиши даромади насли ҷавон ва даромади ахолии калонсоли ҷумҳурӣ дар муқоиса бо давраҳои гузашта вобаста мебошад.
23) Натиҷаи саҳми ҷавонон дар рушди иҷтимоию иқтисодй, ҷамъиятию сиёсй ва иҷтимоию фарҳангии кишвар аз инҳо иборатанд:
- зиёд гардидани шумораи ҷавонон,  ки соҳиби таҳсилот гардидаанд (на поёнтар аз сатҳи таҳсилоти миёнаи касбй);
- кам гардидани теъдоди насли ҷавоне, ки дорои сатҳи ниҳоят ками даромад мебошад, ки аз сатҳи ҳадди ақали рӯзгузаронй поёнтар аст;
- паст кардани сатҳи бекорй байни ҷавонон;
- паст кардани сатҳи қонуншиканӣ байни ҷавонон;
- баланд бардоштани самаранокии кор, сатҳи соҳибкорӣ, эҷодй ва варзишии ҷавонон;
- баланд бардоштани  сатҳи  худташкилӣ  ва  худидоракунии ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа;
-афзоиши шумораи ҷавононе, ки дар интихоботи мақомоти сатҳҳои мухталифи ҳокимият иштирок менамоянд.
24) Дар қатори тадбирҳои аввалиндараҷаи татбиқи Стратегия таҳияи системаи баҳодиҳии самарабахшии сиёсати давлатии ҷавонон ва вазъи ҷавонон дар Тоҷикистон баррасй мегардад, ки микдори омилҳо бо дарназардошти нишондиҳандаҳои ба он дохилгардида ҳангоми ташаккул муайян карда мешавад. Ба сифати омили асосии баҳодиҳии самарбахшии сиёсати давлатии чавонон таъсири тадбирҳои андешидашуда ба беҳтар гардидани вазъи чавонон дар ҷомеа, афзоиш ва сифати фаъолнокии чамъиятй ва иҷтимоию иқтисодии чавонон ба инобат гирифта мешавад.
Азбаски Стратегия дорои хусусияти маҷмӯй мебошад, дар он таҳияи системаи ченакҳо дар назар дошта шудааст, ки имкон медиҳад беҳтар намуданн сифати вазият ҷавонон бо нишондиҳандаҳои умумии инкишофи вазъ дар кишвар муқоиса карда шавад.
Манбаи иттилооти ибтидой аз маълумоти мониторинги вазъи чавонон дар Тоҷикистон, баҳодиҳии сифати нақш ва мавқеи сиёсати давлатии чавонон дар беҳбудии ин вазъ иборат мебошад, ки ба хамаи иштирокчиён ва намояндагони суроғавӣ пешниҳод мегардад.
Низоми ташаккулёбандаи андоза ва андозагирандагон имконияти анҷом додани тахлили фаврии тадбирҳои Стратегия, пешгӯии вазъи чавонон ва ошкор намудани вазифаҳои мубрами Стратегияи давлатии чавононро барои дурнамои кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлат таъмин менамояд.
Ба ғайр аз ин ба системаи ҷамъоварии маълумоти назорати давлатии оморй дар қисми инъикоскунандаи вазифаҳои мубрам ва афзалиятҳои сиёсати давлатии чавонон, ки бо ҳамин Стратегия асоснок шудааст, тагйирот ворид карда мешавад.
 
9. Муқаррароти хотимавй
25) Дар шароити муосири ҷомеа ва талаботи афзуншаванда нисбат ба сармояи инсони сиёсати давлатии чавонон бояд василаи рушд ва дигаргунсозиҳо дар кишвар гардад. Ин аз ҳамаи иштирокчиёни раванди истиқрори иҷтимоии чавонон таҳия ва муттасил татбиқ намудани муносибатҳоро талаб менамояд, ки ба ҷалби мустакими насли чавон ба халли проблемаи худи ва вазифахои умумимиллй нигаронида шудааст.
Доираи васеи вазифаҳои сиёсати давлатии ҷавонон метавонад танҳо тавассути истифодаи муносибатҳои лоиҳавӣ, ташаккули системаҳои лоиҳаҳои чавонон, ки ба самтхои афзалиятноки Стратегия асос ёфта, аз ҷониби чавонон ва чомеа дарк ва талаб мегарданд, ҳал карда шавад.
Он дар ниҳояти кор барои худташкилии чавонон ва тамоми аҳолй, инкишофи ташаббуси чавобгӯи миқёси вазифаҳое, ки дар назди Тоҷикистон истодаанд, рушди некӯаҳволии шаҳрвандон ва такмили муносибатҳои чамъиятй шароити устуворро фароҳам меорад.