Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
1 Декабрь 2017 (11:34)
14 Ноябрь 2017 (10:18)
14 Ноябрь 2017 (09:55)
1 Ноябрь 2017 (13:50)
26 Октябрь 2017 (08:48)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012 - 2015

 

Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат,  ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012 - 2015 
Бо мақсади иҷрои банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 таҳти № 1021 «Дар бораи Консепсияи пешгӯии инкишофи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д:
1. Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012 - 2015 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорату идораҳо дар   мӯҳлатҳои   пешбининамудаи   Нақшаи   чорабиниҳои   Барномаи мазкур лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
 
                            
                                                                                                                        Лоиҳа
                                                                        Бо  қарори Ҳукумати
                                                                            Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                     аз  3 апрели соли 2012 № 144 
                                                                                   тасдиқ шудааст

Барномаи
давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии
инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат,  ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012 - 2015
 
1. Муқаррароти умумӣ
1.   Сиёсати иҷтимоӣ-ҳуқуқии давлат, ки соҳаҳои мухталифро дар бар гирифтааст, ба ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ равона карда шудааст. Ба онҳо масоили танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва  маориф дахл доранд.
2. Зарурати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат ба татбиқи  муқаррароти моддаи 35 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумхурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми бекориро кафолат медиҳад, равона карда шудааст. 
3. Яке аз вазифаҳои асосии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, ки он бояд  тавассути  маблағҳое,  ки  давлат барои рушди ҳифзи иҷтимоӣ пешбинӣ менамояд,  таъмин карда шавад.  Дар марҳилаи аввали рушд зарур аст, ки он тавассути маблағҳои аз буҷети давлатӣ махсус барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ҷудошаванда самаранок таъмин гардад.
 4. Ҳамчунин, яке аз ҳуқуқҳои муҳими шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ мебошад. Ин ҳамчун падидаи ҷудонопазири ба ҳар кас аз рўзи таваллуд  тааллуқдошта ба ҳисоб рафта, амалишавии он мазмуни махсус дар шароити муосири воқеии иҷтимоӣ- иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  касб мекунад.
5. Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Констиутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ тибқи принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ таҳия карда шудааст.          
  6.  Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012 – 2015 (минбаъд   Барнома) тибқи  Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 № 1021 «Дар бораи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №783, тасдиқ шудааст, Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, №94 тасдиқ шудааст, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил», «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти  одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният», «Дар бораи тибби халқӣ», «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ёрии равонпизишкӣ», «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилотӣ касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф танзим мекунанд, таҳия шудааст.
 
2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
     7.  Мақсади асосии  Барнома марҳила ба марҳила ташаккул  ва  такмили қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
     8. Барои расидан ба ин мақсад ҳалли масъалаҳои зерини дар Консепсия пешбинишуда зарур аст:
     - такмили қонунгузорӣ оид ба худиштиғолӣ, фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, хонакорон, кормандони кироя ва аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ; 
      - танзими масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ;
      - такмили қонунгузорӣ оид ба ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандон;
      - танзими фаъолияти меҳнатии кормандони соҳаи омузгорӣ, нақлиёт, кормандоне, ки тариқи вахтавӣ фаъолият менамоянд ва кормандони ташкилотҳои динӣ;
      - мутобиқ намудани сохтори низоми нафақа, асосҳои амалкунандаи молиявӣ ва ташкилии он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»;
      - таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмин намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»;
      - такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.
9. Вазифаи асосии Барнома дар самти такмили қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф аз инҳо иборат аст:
- таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати танзим намудани масъалаҳои соҳаи муносибатҳои  меҳнатию иҷтимоӣ ва такмили қонунгузории соҳаи мазкур;
- мутобиқ гардидани андозаи нафақаҳои суғуртавии ба шаҳрванд, таъиншаванда, собиқаи суғуртавӣ ва ҳаҷми даромади суғуртагардида дар низоми суғуртаи ҳатмии  нафақавӣ;
- муқаррар намудани масъулияти баробари давлат, корфармо ва шаҳрванд барои таъминоти нафақаи шаҳрванд дар пиронсолӣ, маъюбӣ ва дигар ҳолатҳо;
- мутобиқ гардонидани механизми шарикии иҷтимоӣ ва танзими бевоситаи давлатӣ дар идоракунии низоми таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ;
- таъмини нафақаи аз ҷониби давлат кафолат додашуда дар ҳолатҳои алоҳида;
- бисёрҷанбагии манбаъҳои маблағгузорӣ ва ҳавасмандии иштироки бахши ғайридавлатӣ дар таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон;
- баланд бардоштани сифати хизматрасонии фармасевтӣ ва таъмини назорат аз болои сифат, фурўш ва истифодаи маводи доруворӣ;
- тартиб додани феҳрист ва муайян намудани ҳаҷми маводи доруворӣ барои табобати касалиҳои аз ҷиҳати сироятӣ хавфнок ва барои табобат муҳим;
- кодификатсияи (мураттабсозии) қонунгузории соҳаи тандурустӣ. 
 
3. Раванди асосии такмили қонунгузории соҳаи меҳнат,  ҳифзи     иҷтимоӣ ва маориф
 
10. Қонунгузорӣ оид ба масъалаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф яке аз соҳаҳои муҳим ва рушдёбанда дониста мешавад. Барои такмил додани қонунгузорӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории  амалкунанда, қабули қонунҳои нав ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин муратабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба миён меояд. 
11. Раванди дигар такмили қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф аз байн бурдани мухолифатҳое мебошад, ки дар қонунгузории амалкунанда мавҷуд мебошад, аз ҷумла : 
- аз байн бурдани мухолифат байни меъёрҳои як санади қонунгузорӣ;   
- аз байн бурдани мухолифатҳо дар қонунгузории як соҳа;
- аз байн бурдани мухолифатҳо байни санадҳои қонунгузории соҳаҳои гуногун;
- мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф бо санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
- мутобиқ гардонии санадҳои зерқонунӣ бо санадҳои қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф;
- мутобиқсозии санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳа.
12. Раванди дигар дар такмили қонунгузории соҳаҳои мазкур ин аз байн  бурдани номувофиқиятии байни матни тоҷикӣ ва русии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
 
4. Қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф
 
13. Пеш аз ҳама такмили қонунгузории соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф дар асоси мутобиқ намудани он ба   Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.  
14. Бо мақсади амалигардонии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд ҳамаи санадҳои қонунгузории амалкунанда ба Қонуни мазкур мутобиқ карда шавад. 
15.  Бо мақсади беҳтар намудани танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ ва аз байн бурдани мухолифатҳо дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории соҳавии мавҷуда камбудиҳои ҷойдошта бо ворид намудани тағйиру иловаҳо бартараф карда шаванд.
16. Бо мақсади дуруст танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъмин намудани воридоти дорувории босифат ва ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ ва фаъолияти формасевтӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» аз нав мавриди таҳлил қарор дода шуда, мехнизми дурусти татбиқи он коркард карда шавад. 
17. Воситаи асосии таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ танзими ҳукуқии муносибатҳо дар ин соҳа мебошад, ки он бо роҳи қабул ва мавриди амал қарор додани қонунҳо амалӣ гардонида мешавад. Аз ин рў, санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бояд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ  карда, он ихтилофоте, ки байни меъёрҳои санадҳои қонунгузорӣ мавҷуданд, бартараф карда шаванд. Қабули қонунҳои нав дар ин соҳа яке аз бандҳои алоҳидаи Консепсияи пешгўии қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад.
18. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи танзими ҳуқуқии таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ масъалаи мубрами рўз мебошад. Бетафовутии аҳолӣ ба меъёрҳои санитарӣ асоси ба вуҷуд омадан ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мегардад. Аз ин ҷо зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ»  аз нав мавриди таҳлил қарор дода шуда, механизмҳои самараноки татбиқи он таҳия карда шаванд. Дар Қонуни мазкур на фақат роҳҳои таъмини меъёрҳои санитарӣ, балкӣ меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ низ дар ҳамаи корхонаҳо, муасиссаҳо ва дигар ташкилотҳо пешбинӣ карда шаванд. 
19. Бо мақсади мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ зарур аст.
20. Дар ин зимина қабули қонун ва санадҳои зерқонунии зерин пешниҳод карда  мешавад:
- таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»;
- таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кўмаки иҷтимоии унвонӣ ба аҳолӣ»;
- таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ»;
- таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ;
- таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ»;
- таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»;
-  таҳия ва қабули лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъминкунандаи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ».
         -  таҳияи лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
5. Мўҳлати иҷрои Барнома
    21.  Ҳангоми муайян   кардани  мўҳлати  иҷрои Барнома  ва  давраҳои татбиқи он сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии  мамлакат  ба назар гирифта шудааст.
   22. Омилҳои асосии муайянкунандаи мўҳлат ва давраҳои татбиқи Барномаи мазкур рушд ва такмили низоми банақшагирии давлатӣ мебошад.
    23. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда, татбиқи амалишавии Барнома  солҳои 2012-2015-ро дар бар мегирад.
 
 
6. Манъбаҳои  асосии маблағгузорӣ
     24. Манъбаҳои асосии маблағгузорӣ татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома буҷети давлатӣ, грантҳо, худмаблағгузорӣ ва хайрияҳо мебошанд.
 
7. Натиҷаи иҷрои Барнома
     25.  Дар натиҷаи иҷрои Барнома:
     - рушди устувори муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъмин мегардад;
    -  самаранокии фаъолияти  мақомоти  ҳокимияти давлатӣ  дар рушди  низоми ҳифзи иҷтимоӣ;
     - бо рушди қонунгузории меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ барои танзими  муносибатҳои  меҳнатӣ  дар  ҷомеа шароити  мусоид   муҳайё мешавад;
     -  ҳаҷми истеҳсолу фурўши маводҳои доруворӣ ва хизматрасонии тиббӣ,  зиёд мегардад;
       - сатҳи  ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ,  аз  ҷумла шахсони дорои қобилияти маҳдуди корӣ,  дар натиҷаи ҷорӣ намудани шаклҳои нави кор дар хона ва  такмили низоми тайёрии касбӣ ва бозомўзии мутахассисон баланд мегардад;
     - ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон таъмин карда мешавад;
     -ташаккули фазои ягонаи иттилоотию фарҳангӣ ҳамчун шарти зарурии ваҳдати сиёсӣ ва маънавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридшавии  кишвар ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ таъмин мегардад.
26. Вабаста ба ислоҳоти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиёт ва танзими самараноки муносибатҳои меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва мутобиқ шудан ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, қонунгузории соҳаи меҳнат, маориф ва тандурустӣ бояд таҷдиди назар карда шавад. Ҳамчунин мувофиқи мақсад аст, ки барои бартараф намудани мухолифат ва номувофиқатии дар қонунгузории соҳаҳои мазкур  вуҷуддошта ва аз байн бурдани хусусиятҳои эъломиявии як қатор меъёрҳо ва бо механизми самараноки амалишавӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳо андешида шаванд.
 
 
                                                                                                       Замимаи № 1
                                                                                Бо қарори Ҳукумати 
                                                                                Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                                 аз «3»апрели соли 2012  таҳти  № 144
                                                                                        тасдиқ шудааст.  
 
 
Нақшаи 
чорабиниҳои Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012 - 2015
 
Номгўи чорабиниҳо Мўҳлати иҷро Иҷрокунанда Мақсад
1 Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ». 2012 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мутобиқ намудани он ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; дуруст танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъмин намудани воридоти дорувории босифат ва ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ ва фаъолияти формасевтӣ. 
 
2 Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон». 2012 Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 
Такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мутобиқ намудани он ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; аз байн бурдани мухолифатҳои дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории соҳавӣ мавҷудбуда.
 
3 Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф».
 
2013 Вазорати маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазрати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мутобиқ намудани он ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
4 Таҳия ва қабули лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии таъминкунандаи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ».
2013 Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазрати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо мақсади 
Татбиқ намудани меъёрҳои   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ».
5 Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ».
2013 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мутобиқ намудани он ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; таҳияи мехнизми  татбиқи он. 
 
6 Такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти суғуртаи иҷтимоӣ. 
2014 Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазрати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Такмил  бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
 
7 Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кўмаки иҷтимоии унвонӣ ба аҳолӣ». 2014 Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазрати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳияи лоиҳаи қонун ва муайян намудани механизми татбиқи он.
 
8 Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ». 2014 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мутобиқ намудани он ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва механизими татбиқи дурусти он.
 
9 Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ».
2015 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мутобиқ намудани он ба Конститутсия (сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; таъмини ҳифзи санитарию эпидемиологии аҳолӣ. 
 
10 Таҳияи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2015 Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳия ва қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми татбиқи он: таҳияи санадхои меъёрӣ ҳуқуқӣ,   муайян намудани тарзи сифатан ба тартиб даровардани қонунгузорӣ дар ин соҳа.