Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар аз заминаҳои мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
-----
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
6 Октябрь 2017 (10:33)
9 Сентябрь 2017 (11:53)
17 Август 2017 (11:03)
11 Август 2017 (15:23)
24 Июль 2017 (16:05)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015

 Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015

 
  Бо мақсади иҷрои банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 года, №1021 «Дар бораи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д :
1. Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорату идораҳо дар мўҳлатҳои пешбининамудаи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
  
                            Раиси
                Ҳукумати Ҷумҳурии
                          Тоҷикистон                                                              Эмомалӣ Раҳмон                     
 
 
    Бо қарори Ҳукумати 
     Ҷумҳурии Тоҷикистон 
   аз «1»_марти_ соли 2012
  № 97 тасдиқ шудааст
 
 
Барномаи давлатии
 татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, 
ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015
 
 1. Муқаррароти умумӣ
 
    1. Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофи ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст. Таҳияи лоиҳаи қонунҳо дақиқ муайян намудани зарурати таҳияи онҳо муқоисаи онҳо бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омўзиш ва муайян намудани мувофиқати қонунҳои қабулшаванда ба талаботи замон ва ҷомеа, инчунин аз нигоҳи илмӣ асоснок намудани онҳоро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, тақозо менамояд.
   2. Дар заминаи ин омилҳо ва бо мақсади рушду такомули санадҳои қонунгузорӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро танзим менамоянд, зарурати таҳияи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният (минбаъд – Барнома) ва Нақшаи чорабиниҳои Барнома ба миён омадааст.
   3. Мўҳлати иҷро ва давомнокии татбиқи Барнома дар алоқамандӣ бо сатҳи воқеии такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ, бо дарназардошти рушди ҷомеа, баланд бардоштани дониши касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ муайян гардида, вобаста ба маблағгузории ҳарсола амалӣ карда мешавад.
 
2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
 
    4. Мақсади татбиқи Барнома таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ тибқи принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад.
     5. Барои расидан ба мақсадҳои стратегии Барнома ҳалли масъалаҳои зерин талаб карда мешавад:
   - ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва амният;
  - таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ;
  - такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ, бо дарназардошти рушди ҷомеа, баланд бардоштани дониши касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ;
  - баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шафофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
  - пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурўши одамон ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ;
  - ҳалли масъалаи таъмини ҳамоҳангиву мувофиқати тамоми қонунҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон;
  - аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  - бо дарназардошти талаботи ҷомеа, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ такмили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабули қонунҳои нав;
  - ҷиҳати баланд бардоштани сифатнокии қонунҳо, ҳангоми такмил додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи лоиҳаи қонунҳои нав гузаронидани экспертизаи илмию ҳуқуқӣ, зиддикоррупсионӣ.
   6. Рушд ва сифатнокии қонунгузорӣ аз чунин зинаҳо иборат мебошад:
        - таҳияи лоиҳаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
   - таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  - гузаронидани экспертизаи лоиҳаи қонунҳое, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд;
  - баҳодиҳии вазъи муосири қонунгузорӣ, ошкор намудани масъалаҳои ҳалталаби асосӣ ва мухолифатҳо дар он, муайян намудани дигар масъалаҳои такмили қонунгузорӣ;
   - муайян намудани самтҳои аввалиндараҷа, ҷорӣ, асосӣ ва дурнамои такмили қонунгузорӣ ва татбиқи он.
 
3. Манбаъҳои маблағгузории Барнома
 
   7. Маблағгузорӣ ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома бевосита аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор пешбинӣ гардидаанд, ҳамчунин аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла сармоягузориҳо, грантҳо ва хайрияҳо анҷом дода мешаванд.
  
4. Лоиҳаҳои асосии Барнома
 
 8. Татбиқи Барнома амалисозии лоиҳаҳоро дар самти зерин талаб менамояд:
          
          §1. Оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
   9. Бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори конститутсионӣ анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад аст:
  а) таҳлил намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқати санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ гардонидани истилоҳоти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
   б) таҷдиди назар намудани як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла:
   - Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
   - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
   - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон»;
   - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират».
 
      §2. Оид ба такмили қонунгузорӣ дар бораи прокуратура
 
    10. Такмил додани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мустаҳкам намудани назорати прокурорӣ оид ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин бо дарназардошти масъалаҳои зерин бояд амалӣ карда шавад:
   - мустаҳкам ва мушаххас намудани функсияҳои мақомоти прокуратура дар соҳаи назорати умумӣ дар иртибот бо мақомоти назоратӣ, инчунин бо дарназардошти васеъ гаштани салоҳияти суд оид ба баррасии шикоятҳо нисбати амалҳои ғайриқонунӣ.
    - баланд бардоштани самаранокии фаъолият оид ба таъқиби ҷиноятӣ ва назорати иҷрои қонунҳо ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ.
     
§3. Оид ба такмили қонунгузорӣ дар бораи адвокатура
 
   11. Таҳия ва қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура», ки масъалаҳои зерин дар он бояд муайян карда шаванд:
   - мушаххас намудани вазъи ҳуқуқии адвокатҳо тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ;
  - аз байн бурдани номувофиқатии вазъи ҳуқуқии аъзои коллегияи адвокатҳо ва адвокатҳои ваколатдор;
   - ҷорӣ намудани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи хизматрасонии ҳуқуқӣ;
  - пешбинӣ намудани меъёрҳо ва манбаи маблағгузорӣ барои амалӣ гардонидани талаботи моддаи 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла пешбинӣ намудани низоми ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
   - баланд бардоштани нақши адвокатҳо ҳангоми мубоҳиса ва баробарии тарафҳо дар мурофиаи судӣ;
   - таҳия ва қабул намудани Кодекси одоби касбии адвокатҳо.
          
§4. Оид ба такмили қонунгузории маъмурӣ
 
   12. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо, бо дарназардошти масъалаҳои зерин бояд амалӣ карда шавад:
      - марҳила ба марҳила кам намудани субъектони татбиқкунандаи ҷазои маъмурӣ ва додани ин салоҳият ба судҳои маъмурӣ;
    - ҳалли масъалаи ҷавобгарӣ барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва шарикӣ дар содир намудани он;
    - мувофиқа кардани андозаи ҳадди болоии муҷозоти ҷаримавӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бо андозаи ҳадди ақали муҷозоти ҷаримаи пешбининамудаи қисми умумии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    - баланд бардоштани ҳадди ақали ҷарима барои амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ;
  - мувофиқа намудани сохтор ва муқаррароти қисми махсуси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
       
§5. Оид ба такмили қонунгузории мурофиавӣ
 
   13. Зимнан мувофиқи мақсад аст, ки қонунгузорӣ дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба механизми баррасии муроҷиатҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки тибқи моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба масъалаҳои эътирофи зиддиконститутсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ субъекти ташаббуси истеҳсолоти судии конститутсионӣ намебошанд, такмил дода шавад.
   14. Такмили қонунгузории мурофиаи гражданӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати:
   - дар ҳаҷми пурра танзим намудани истеҳсолоти судии гражданӣ ва иқтисодӣ ҷиҳати хориҷ намудани меъёрҳои дахлдори мурофиавӣ аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои мазкур;
    - амалӣ намудани танзими иловагии истеҳсолот оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ бармеоянд ва ҷудо намудани онҳо ба намуди алоҳидаи истеҳсолоти судӣ – истеҳсолоти судии маъмурӣ бо танзими минбаъдаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида;
   - такмили принсипи мубоҳисавӣ ва баробарии тарафҳо дар мурофиа;
  - дар амал ҷорӣ намудани воситаҳои техникӣ дар ҳама марҳилаҳои судӣ (тағйир додани ҷараёни ирсоли хабарнома, ҷорӣ намудани стенографияи ҳатмии мурофиаи судӣ ҳамчун тарзи такмили ҷараёни протоколкунӣ ва ғайра);
   - таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва дар он пешбинӣ намудани меъёрҳои танзимкунандаи тартиби соддагардонидашудаи ба савдои оммавӣ баровардани молу мулки ғайриманқули ҳабсгардида, якхелакунӣ ва ҳамоҳангсозии он бо қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
       
§6. Оид ба такмили қонунгузорӣ дар бораи мудофиа
 
     15. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа» ва «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ» мавриди таҷдиди назар қарор дода шаванд.
  
§7. Оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ
 
   16. Бо мақсади ҷорӣ намудани механизми босамари ҳифзи манбаи иттилоотӣ аз дастрасии беиҷозат, таъмини амнияти низоми иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии амалкунанда ва дар қаламрави кишвар таъсисёбанда, инчунин таъмини ҳаматарафаи ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ, қабул кардани қонунҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст:
   - оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»;
  - оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ»;
  - ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Номгўи маълумоти дорои сирри давлатӣ»;
    - таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои фаъолият оид ба пешгирии ҷиноятҳо».
 
§8.Оид ба такмили қонунгузорӣ дар бораи судҳо
 
   17. Такмили қонунгузорӣ дар бораи судҳо вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
   - таҳияи барномаи нави ислоҳоти судӣ бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақши он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат;
   - боз ҳам демократӣ гардонидани мурофиаҳои судӣ, такмил додани баробарҳуқуқии ҳамаи иштирокчиёни мурофиа дар ҳамаи зинаҳои судӣ;
  - такмили механизми тайёр намудани кадрҳои судӣ ва такмили ихтисоси судяҳо;
   - батанзимдарории масъалаҳое, ки ба интихоби (таъини) судяҳо ва қатъ гардидани ваколатҳои онҳо дар самти таъмини кафолати мустақилияти судяҳо, ки ба стандартҳои байналмилалии ин соҳа ҷавобгў мебошанд;
  - таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар иҷрои фаъолияти хизматӣ;
  - такмили механизми иштироки машваратчиён ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ.
 
§9. Оид ба такмили қонунгузории ҷиноятӣ
 
   18. Такмили қонунгузории ҷиноятӣ вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
   а) дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти масъалаҳои зерин:
   - мутобиқ намудани он ба талаботи санадҳои байналмилалӣ, ки   Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла ба конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид дар бораи мубориза бо ҷинояткории мутташакили трансмиллӣ ва мубориза бо коррупсия;
   - аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани масъалаи такрори ҷиноят;
   - пурзўр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ;
   - декриминализатсияи баъзе аз ҷиноятҳо;
   - таҷдиди назар намудани ретсидиви ҷиноят ҳамчун нишонаи банду басткунӣ;
   - сабук намудани ҷазо барои баъзе категорияҳои шахсон, аз ҷумла барои ноболиғон;
   - аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани маҳдуд кардани озодӣ ҳамчун намуди ҷазо ва ба ҷои он ҷорӣ намудани дигар намуди ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда.
 
§10. Оид ба такмили қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
 
   19. Такмили қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
   - таҷдиди назар намудани Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
   - қабул намудани механизми нави иҷрои намуди алоҳидаи ҷазои ҷиноятӣ бар ивази ҷазои маҳдуд кардани озодӣ;
   - такмили танзими ҳуқуқии низоми муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятие, ки барои беҳтар гардонидани фаъолияти онҳо ва иҷрои ҷазо равона карда шудаанд;
    - тавассути қонун муайян кардани вазъи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои кормандоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолият мекунанд.
 
§11.  Такмили қонунгузорӣ оид ба муқовимат бо коррупсия
   
       20. Такмили қонунгузорӣ оид ба муқовимат бо коррупсия вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
   а) бо мақсади пурзўр намудани муқовимат ба коррупсия ва такмили қонунгузории зиддикоррупсионии Тоҷикистон, мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ:
   б) таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар он инъикос намудани масъалаҳои зерин:
  - муайян намудани категорияҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бояд мавриди ташхиси зиддикоррупсионӣ қарор дода шаванд;
   - меъёрҳои Қонун бояд эътибори ҳуқуқии кофиро барои хулосаҳои дар натиҷаи чунин ташхис дода шуда, ба инобат нагирифтани хулоса бо шарти асосноккунии норозигии худ бо далелҳои ваҷҳнок пешбинӣ намоянд;
  - методикаи соддакардашудаи чунин баҳогузорӣ, ки асосноккунии иқтисодию молиявии лоиҳаҳоро дар бар мегирад, пешбинӣ карда шавад;
  - экспертизаи зиддикоррупсионӣ бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳоро дар бар гирад; 
  - таҳия ва қабули Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ҷамъбаст намудани ҷараёни мониторинги низоми муқовимат ба коррупсия дар кишвар то соли 2012.
   21. Бо мақсади такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав».
          
§12. Оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъадор
 
   22. Бо мақсади пурзўр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъадор дар таҳрири нав таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо».
 
5. Натиҷагирӣ аз иҷрои Барнома
 
   23. Амалишавии Барнома барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат, манфиатҳои миллӣ ва амният, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ бо дарназардошти рушди ҷомеа, баланд бардоштани дониши касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, пурзўр шудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, хариду фурўши одамон ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, ҳалли ҷиддии масъалаи таъмини ҳамоҳангиву мувофиқати тамоми қонунҳо ва мутобиқати онҳо бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон, такмили қонунҳои амалкунанда, таҳия ва қабули қонунҳои нав, гузаронидани экспертизаи илмию ҳуқуқӣ, зиддикоррупсионӣ, мураттабсозӣ ва танзими ягонаи низоми ҳуқуқии давлат, таъмини мувофиқати қонунгузорӣ ва кам кардани шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамон як муносибати ҷамъиятиро танзимкунанда мусоидат менамояд.
                                                                         
  Бо қарори
                                                                       Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                          аз " 1"   марти соли 2012, № 97
                                                                                 тасдиқ шудааст
 
Нақшаи
чорабиниҳои  Барномаи   давлатии    татбиқи 
Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ,
ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015
 
 
1. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузорӣ дар соҳаи сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  1.1. Таҷдиди назар намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2012-2013 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ 
  1.2. Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ» 2012-2013 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ 
  1.3. Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» 2013-2014 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ 
   1.4. Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» 2013-2012 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ 
 
2. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузорӣ дар бораи прокуратура
 
  2.1. Такмили  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2013-2014 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонун-гузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмил додани қонунгузорӣ бо мақсади мустаҳкам ва мушаххас намудани функсияҳои мақомоти прокуратура  дар соҳаи назорати умумӣ дар иртибот бо мақомоти назоратӣ, бо дарназардошти васеъ гаштани салоҳияти суд оид ба баррасии шикоятҳо нисбати амалҳои ғайриқонунӣ 
 
3. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузорӣ дар бораи адвокатура
 
  3.1. Таҳия ва пешниҳод намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» дар таҳрири нав 2012-2013 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мушаххас намудани вазъи ҳуқуқии адвокатҳо тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ; аз байн бурдани номувофиқатии вазъи ҳуқуқии аъзои коллегияи адвокатҳо ва адвокатҳои ваколатдор; ҷорӣ намудани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи хизматрасонии ҳуқуқӣ; пешбинӣ намудани меъёрҳо ва манбаи маблағгузорӣ барои амалӣ гардонидани талаботи моддаи 92 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла пешбинӣ намудани низоми ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; баланд бардоштани нақши адвокатҳо ҳангоми мубоҳиса ва баробарии тарафҳо дар мурофиаи судӣ; 
3.2. Таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Кодекси одоби касбии адвокатҳо 2012-2013 Раёсати ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба низом даровардани одоби касбии адвокатҳо
 
4. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузории маъмурӣ
 
   4.1. Таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайрон-
кунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2012-2013 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалли масъалаи ҷавобгарӣ барои таҳдиди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дар шарикӣ содир намудани он; мувофиқа кардани андозаи ҳадди болоии муҷозоти ҷаримавӣ  барои содир намудани ҳуқуқвай-ронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бо андозаи ҳадди ақали муҷозоти ҷаримаи қисми умумии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
 
5. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузории мурофиавӣ
 
  5.1. Такмили қонунгузорӣ дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012-2013 Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми механизми баррасии муроҷиатҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки тибқи моддаи 37 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷик-истон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  субъекти ташаббуси истеҳсолоти судии конститут-сионӣ намебошанд, оид ба масъалаҳои эътирофи зиддиконститутсионии са-надҳои меъёрии ҳуқуқӣ 
   5.2. Такмили қонунгузории мурофиаи гражданӣ 2012-2013 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа),  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузории мурофиаи гражданӣ дар қисмати: дар ҳаҷми пурра танзим намудани истеҳсолоти судии гражданӣ ҷиҳати хориҷ намудани меъёрҳои дахлдори мурофиавӣ аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои мазкур; амалӣ намудани танзими иловагии истеҳсолот оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ бармеоянд ва ҷудо намудани он ба намуди алоҳидаи истеҳсолоти судӣ; истеҳсолоти судии маъмурӣ бо танзими минбаъдаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида; такмили принсипи мубоҳисавӣ ва баробарии тарафҳо дар мурофиа; дар амал ҷорӣ намудани воситаҳои техникӣ дар марҳилаи муҳокимаи судӣ (тағйир додани ҷараёни ирсоли хабарнома, ҷорӣ намудани стенографияи ҳатмии мурофиаи судӣ ҳамчун тарзи такмили ҷараёни протоколкунӣ ва ғайра)
 
   5.3. Такмили қонунгузории мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012-2013 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузории мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати: дар ҳаҷми пурра танзими истеҳсолоти иқтисодӣ ҷиҳати хориҷ намудани меъёрҳои дахлдори мурофиавӣ аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои мазкур; амалӣ намудани танзими иловагии истеҳсолот оид ба парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии маъмурӣ бармеоянд ва ҷудо намудани он ба намуди алоҳидаи истеҳсолоти судӣ  истеҳсолоти судии маъмурӣ бо танзими минбаъдаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида; такмили принсипи мубоҳисавӣ ва баробарии тарафҳо дар мурофиа; дар амал ҷорӣ намудани воситаҳои техникӣ дар ҳама марҳилаҳои судӣ (тағйир додани ҷараёни ирсоли хабарнома, ҷорӣ намудани стенографияи ҳатмии мурофиаи судӣ ҳамчун тарзи такмили ҷараёни протоколкунӣ ва ғайра)
 
   5.4. Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» 2012-2013 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти    Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ ҷиҳати дар он пешбинӣ намудани меъёрҳои танзимкунандаи тартиби соддагардонидашудаи ба савдои оммавӣ баровардани молу мулки ғайриманқули ҳабсгардида, якхелакунӣ ва ҳамоҳангсозии он бо қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
 
6. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузорӣ дар бораи мудофиа
 
   6.1. Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» 2012-2013 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ 
   6.2. Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» 2012-2013 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ 
   6.3. Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2012-2013 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ 
   6.4. Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа» 2013-2014 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ 
   6.5. Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ» 2014-2015 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ 
 
7. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузорӣ оид ба соҳаи амнияти миллӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ
 
   7.1. Таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» 2012-2013 Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Таъмини ҳифзи ҳаматарафаи маълумоти дорои сирри давлатӣ 
   7.2. Таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ» 2012-2013 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти    Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳу-кумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷорӣ намудани механизми босамари ҳифзи манбаи иттилоотӣ аз дастрасии беиҷозат, таъмини амнияти низоми иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии амалкунанда ва дар қаламрави кишвар таъсисёбанда; таъмини ҳифзи ҳаматарафаи маълумоти дорои сирри давлатӣ
   7.3. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2013-2014 Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидан
   7.4. Ба Қонуни Ҷумҳурии То-ҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2014-2015 Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидан
   7.5. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қўшунҳои сарҳади Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2014-2015 Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидан
   7.6. Ба Қонуни Ҷумҳурии То-ҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгўи маълумоти дорои сирри давлатӣ» 2012-2013 Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мутобиқ гардонидан
   7.7. Таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои фаъолият оид ба пешгирии ҷиноятҳо» 2012-2013 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷу-мҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Танзими ҳуқуқии пурра ва бонизоми масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ
 
8. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузорӣ дар бораи судҳо
 
   8.1. Таҳияи лоиҳаи барномаи нави идомаи ислоҳоти судӣ бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақши он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат 2013-2014 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани нақ-ши он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат; боз ҳам демократӣ гардонидани мурофиаи судӣ, такмил додани баробарҳуқуқии ҳамаи иштирокчиёни мурофиа дар ҳамаи зинаҳои судӣ
   8.2. Такмили механизми тайёр намудани кадрҳои судӣ ва такмили ихтисоси судяҳо 2012-2013 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа),  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа) Такмили механизми тайёр намудани кадрҳои судӣ ва такмили ихтисоси судяҳо; батанзимдарории масъалаҳои марбут ба интихоби (таъини) судяҳо ва қатъ гардидани ваколатҳои онҳо дар самти таъмини кафолати мустақилияти судяҳо, ки ба стандартҳои байналмилалии ин соҳа ҷавобгў мебошанд
   8.3. Таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар иҷрои фаъолияти хизматӣ 2012-2013 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа),  Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа) Таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар иҷрои фаъолияти хизматӣ
 
   8.4. Такмили механизми иштироки машваратчиён ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ 2012-2013 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа) Такмили механизми иштироки машваратчиён ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ
 
9. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузории ҷиноятӣ
 
   9.1. Таҳия ва пешниҳод намудани Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав 2012-2013 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутобиқ намудани Кодекси ҷиноятӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудаанд, аз ҷумла ба Конвенсияи Созмони Милали        
Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории мутташакили тра-нсмиллӣ, Конвенсияи Созмони Милали Мут-таҳид дар бораи коррупсия; аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани масъалаи такрори ҷиноят; пурзўр намудани ҷавобгарии ҷи-ноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои кор-рупсионӣ; декриминализатсияи баъзе аз ҷиноятҳо ва муқаррар намудани ҷарима барои ҷиноятҳои иқтисодӣ; таҷдиди назар намудани ретсидиви ҷиноят ҳамчун нишонаи банду басткунӣ; сабук намудани ҷазо барои баъзе категорияҳои шаҳрвандон, аз ҷумла барои ноболиғон; аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани маҳдуд кардани озодӣ ҳамчун намуди ҷазо ва ба ҷои он ҷорӣ намудани дигар намуди ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда
 
10. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
 
   10.1 Таҷдиди назар намудани Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ 2012-2013 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа), Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷорӣ намудани механизми нави иҷрои намудҳои алоҳидаи ҷазои ҷиноятӣ бар ивази ҷазои маҳдуд кардани озодӣ; такмили танзими ҳуқуқии низоми муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани фаъолияти онҳо ва иҷрои ҷазо; тавассути қонун муайян кардани вазъи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои кормандоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ фаъолият мекунанд 
 
11. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузорӣ оид ба муқовимат ба коррупсия
 
   11.1 Таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2012-2013 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муайян намудани категорияҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бояд мавриди ташхиси зиддикоррупсионӣ қарор дода шаванд; меъёрҳои қонуни мазкур бояд эътибори ҳуқуқии кофиро барои хулосаҳо ва тавсияҳои дар натиҷаи чунин ташхис дода шуда, бо шарти асоснокии норозигии худ бо далелҳои ваҷҳнок пешбинӣ намоянд 
 
   11.2 Таҳия ва қабул карда шудани Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ҷамъбаст намудани ҷараёни мониторинги низоми муқовимат ба коррупсия дар кишвар то соли 2012 2012-2013 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муайян намудани Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ҷамъбаст намудани ҷараёни мониторинги низоми муқовимат ба коррупсия дар кишвар то соли 2012
  11.3 Таҷдиди назар намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2012-2013 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мутобиқ намудан ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  12. Чорабиниҳо дар самти такмили қонунгузорӣ дар соҳаи назорати  маводи нашъаовар
 
   12.1 Таҳия ва пешниҳод намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» дар таҳрири нав 2012-2013 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба танзим даровардани муносибатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи назорати  муомилоти маводи нашъадор ва мутобиқ гардонидан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»