То кадом сатҳу дараҷа ҳуқуқбунёд будани давлат аз сатҳу сифати қонунҳои он сахт вобаста аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
14 Ноябрь 2016 (06:56)
25 Октябрь 2016 (13:31)
17 Август 2016 (07:48)
28 Июль 2016 (07:56)
18 Июль 2016 (14:09)
Такмили Конунгузории Чумхурии Точикистон

Асосҳои қонунгузорӣ
Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015

 Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015

 
 Бо мақсади иҷрои банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, №1021 «Дар бораи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д: 
1. Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорату  идораҳо дар мўҳлатҳои пешбининамудаи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия намуда, тибқи тартиби муқаррарнамуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
 
                       Раиси
            Ҳукумати Ҷумҳурии
                   Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ Раҳмон
 
                                                                Бо қарори
                                                                         Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                          аз « 1 »  марти соли 2012 № 95
                                                                       тасдиқ шудааст
 
 
Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи 
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015
 
1. Муқаррароти умумӣ
 
1. Муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нав ворид гардида, дар заминаи истиқрор ва рушди бонизоми қонунгузории миллӣ дар ҳамбастагӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба роҳ монда мешаванд.
2. Мавқеъ, сатҳ ва дурнамои ташаккули қонунгузории миллӣ вобаста ба низоми ягона ва мукаммали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муайян карда мешаванд.    
 
2. Мақсад ва вазифаҳо
 
3. Мақсади татбиқи Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015 (минбаъд-Барнома) таъминоти ҳуқуқӣ, таҳким, такмил ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ, байниминтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар заминаи ҳамкории мутақобилаи судманд, эҳтиром ба тамомияти марзӣ ва баробарҳуқуқӣ дар дастрасӣ ба арзишҳои демократии ҷаҳони муосир мебошад. 
4. Рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо муносибатҳои ҳуқуқиии оммавӣ ва хусусии байналмилалӣ чун ҷузъҳои мустақим амалӣ гардида, бо дарназардошти ҳамоҳангсозӣ ва воридсозии меъёрҳои эътирофнамудаи ҳуқуқии байналмилалӣ ба санадҳои меъёрии қонунгузории миллӣ, механизмҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар заминаи методологияҳои ҷадиди таҳлилӣ ва муқоисавӣ таъмин карда мешавад.
5. Расидан ба мақсадҳои стратегии Барнома ҳадди ақал ҳалли масъалаҳои зеринро тақозо менамояд:    
           - таъмини рушд, тақвияти сиёсати дарҳои кушода дар вобастагӣ ба принсипи ҳуқуқии байналмилалии ҳамкорӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зинаҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатии марбут ба муносибатҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳа ва дастгирии амалии таҳқиқотҳои илмӣ-амалӣ;
         - муайянсозии дурнамои истиқрор ва рушди муносибатҳои минтақавӣ, байниминтақавии ва умумиҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
         - ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ тавассути муколама ва мубодилаи афкори дуҷониба ва бисёрҷонибаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ, таҳкими тиҷорати байнисарҳадии судманд ва мутақобил;
         - ташаккул ва рушди саривақтии бахшҳои махсуси хизматрасониҳои дипломатӣ ва консулӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз кишвар;
      - дастгирии  давлатӣ ва моддию техникӣ, таъмини захираҳои  иттилоотӣ дар ҷодаи муносибатҳои байналмилалӣ, мураттабсозии Махзани ягонаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вобастагӣ ба вусъатёбии муносибатҳои байналмилалӣ ва таъмини дастрасии васеъ ва озод ба ин иттилоот тавассути истифодаи бомароми технологияҳои ҷадиди иттилоотӣ дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ;
      - дастгирии шаклҳои муосири омодасозии мутахассисони ҷавон ва болаёқат, аз ҷумлаи мутарҷимон ва кормандони пуртаҷриба ва кордон дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар заминаи вазорату идораҳои дахлдор ва муассисаҳои илмӣ - тадқиқотӣ;
      - андешидани чораҳо ҷиҳати ҳавасмандгардонии мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, ки фаъолияти худро ба таҳким ва рушди муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намудаанд.
 
3. Мўҳлати иҷрои Барнома
 
6. Барнома  дар  давраҳои татбиқи он бояд ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии  мамлакат мусоидат кунад. Барномаи мазкур солҳои 2012- 2015-ро дар бар мегирад. 
7. Омилҳои муайянкунандаи мўҳлат ва давраҳои татбиқи Барномаи мазкур инҳоянд:
           - такомули доимии низоми миллии муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, банақшагирӣ, дурнамо ва ояндабинии давлатӣ дар ин соҳа, ки бо дарназардошти пешниҳод ва таҳлилҳои муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, мутахассисон ва таҳлилгарон пешбинӣ мешаванд;
          - таъмини фазои ягонаи таъминоти ҳуқуқӣ-иттилотӣ ва истифодаи захираҳои он дар дохил ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
          - рушди муносибатҳои байналмилалӣ, пайгирӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ;
          - таҳия,  такмил ва мувофиқгардонии мунтазами санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ бо қонунгузории миллӣ.
 
4. Манбаъҳои маблағгузории Барнома
 
8. Маблағгузорӣ ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома мустақиман аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ва маблағҳое, ки барои вазорату идораҳо, пешбинӣ мешаванд, сармоягузориҳо, грантҳо, худмаблағгузориҳо ва хайрияҳо анҷом дода мешавад.
                 
                     5.    Лоиҳаҳои асосии Барнома
     
        9. Тадбирҳои татбиқи Барнома амалисозии лоиҳаҳоро дар самтҳои зерин тақозо менамоянд: 
        - муайян  намудани  вазъи воқеии қонунгузории миллӣ дар таносуб бо раванди инкишофи муносибатҳои байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ;
        - иштироки фаъоли намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ташкилот ва институтҳои байналмилалии иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва коммуникатисия ва беҳдошти муҳити зист бо мақсади ҳимоя аз манофеи ҷумҳурӣ ва амалисозии лоиҳаҳои рушд;
       - таҳияи Дурнамои фаъолияти намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва намоядагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015; 
      - таҷдиди назар ва таҳлили мунтазами санадҳои меъёрии дохилӣ ҷиҳати татбиқи ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Конфронси Исломӣ, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Иттиҳоди Аврупо; 
       - пешниҳоди таҳлили дақиқи қонунгузорӣ ҷиҳати бартарафсозии мухолифатҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, техникӣ, нақлиёт ва коммуникатсия;
        - истифодаи васеъ аз ҳуқуқи қайди тавзеҳот ва шаклҳои он дар ҷараёни ифодаи ризоият ба бастани шартномаҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ ва байниминтақавӣ, махсусан соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; 
       - танзимнамоӣ, бозомўзӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи шартномаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳуқуқии он эътироф гардидааст, тибқи талаботи ҳамин шартномаҳо аз эътибор соқит донистани онҳо;
      - сари вақт ба субут расонидани раванди ҳамоҳангсозии санадҳои қонунгузории миллӣ вобаста ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани гуфтушунидҳои зинавӣ дар ин самт, тақвияти фаъолияти вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилотҳои дахлдори соҳа, новобаста аз шакли моликияташон, батадриҷ аз байн бурдани монеаҳои қонунгузории миллӣ дар ин самт, тақвияти гуфтушунидҳо бо кишварҳои алоҳидаи аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо;
       - ба миён овардани муҳити солими рақобатпазирии ширкатҳои миллӣ дар амалисозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тавассути ташкили ширкатҳои фаромиллатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва таъминоти оби нўшокӣ;
      - вусъати муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, бо дарназардошти манфиатҳо ва хатарҳои якҷояшавии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҳамкориҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ, собит нигаҳ доштани ҳувият ва худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ;
      - ташкили низоми миллии қонунгузорӣ дар робита бо ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
      - фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати амалисозии шаклҳои муосири хадамоти дипломатӣ, аз ҷумла хадамоти алтернативӣ ва фосилавӣ тавассути шабакаи Интернет, муқаррар кардани асосҳои ҳуқуқии таъминоти он ва муайян кардани имтиёзҳо дар фаъолияти ин хадамот;
       - таъсиси Махзани ягонаи электронии иттилоотӣ оиди шарикони боэътимоди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ, бо мақсади дастгирии фаъолияти мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, муассиса, ташкилотҳо ва аҳолӣ;
         - рушди инфрасохтори захираҳои кадрӣ, бозомўзӣ ва ба таҳсилот фаро гирифтани онҳо дар вобастагӣ бо талаботи байналмилалӣ, таъсиси Академияи миллии хизмати дипломатӣ;
        - таҳияи  низоми мукаммали баҳисобгирӣ ва нигаҳдории санадҳои байналмилалии минтақавӣ, байниминтақавӣ ва универсалӣ, таҳияи санадҳои меъёрии дахлдор дар ин самт;
        - такмил ва рушди сиёсати давлатӣ вобаста ба тартиби додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ, муқаррар намудани Қоидаҳои нави додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ дар робита ба ҷараёни инкишофи муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муайян намудани ашхосе, ки аз ҳуқуқи афзалиятнок истифода аз низоми соддакардашудаи додани раводидро бархўрдоранд;
        - таҳияи Қоидаҳои миллии қабул ва гусели протоколии намояндагии сафирон ва консулҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
        - ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо навобаста аз шакли моликияташон, дар ҷараёни амалисозии сиёсати давлатии хориҷӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, омодасозии барномаҳои соҳавии рушди қонунгузории миллӣ бо дарназардошти низоми муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалии оммавӣ ва хусусӣ;
        - таҳлили Дурнамои кўтоҳмуддат ва дарозмуддат, натиҷагирӣ аз воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалии минтақавӣ ва байниминтақавӣ;
       - манзури хулоса ва пешниҳодоти экспертӣ аз ҷониби намояндагони Шўрои миллии ҳамоҳангсози муносибатҳои байналмилалӣ ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба;
       - васеъ ба роҳ мондани таҷрибаи эъломи бародаршаҳрии шаҳрдорӣ на танҳо дар доираи шаҳри Душанбе, балки тамоми шаҳрҳо ва марказҳои бузурги саноатӣ, фарҳангӣ ва таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти ривоҷу равнақи муносибатҳои байналмилалии судманд ва тақвияти ғояҳои башардўстӣ. 
  10. Дар доираи лоиҳаҳои асосии амалишавандаи Барнома бояд талаботи амнияти миллии давлатӣ,  ҷомеа ва  шахс, инкишофи низоми самараноки муносибатҳои байналмилалӣ ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи байналмилалӣ, пешбарандаи ғояи сулҳ ва ризоияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба инобат гирифта шавад.
 
6. Натиҷагирӣ аз иҷрои Барнома
 
11. Амалишавии мақсад ва ҳадафҳои асосии Барнома боиси ба вуҷуд омадани низоми мукаммали қонунгузории миллӣ гашта, мақом ва нақши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳо ва такшкилотҳои соҳавиро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам ва муайян менамояд.
12. Бо дарназардошти ҳамоҳангсозӣ ва мураттабсозии муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ, ташаккули афкори умуми ҷомеа ба миён омада, омили муайянкунанда дар ин ҷабҳа пайравӣ ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандон, аҳкоми ҳуқуқи башар ва арзишҳои эътирофгардидаи инсонӣ хоҳанд буд, ки аз моҳияти давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи байналмилалӣ далолат хоҳанд дод.
 
                            Бо қарори
                                                                         Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                       аз «1» марти соли 2012 №95 
                                      тасдиқ шудааст 
 
 
Нақшаи
чорабиниҳои Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015
 
      1. Таъсиси гурўҳи кории доимии байниидоравӣ ва муқаррар намудани тартиби фаъолияти он вобаста ба татбиқи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қайди тавзеҳот ҳангоми изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани шартномаҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ ва байниминтақавӣ мунтазам Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳифзи саривақтии манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани афзалиятҳои татбиқи мунтазами меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ 
     2. Таҳияи лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ» 2012-2013 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бо мақсади ба низом даровардани фаъолияти савдои хориҷии субъектони хоҷагидори ватанӣ ва бурунмарзӣ, тезонидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савудо
     3. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» 2012-2013 Вазорати энегетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бо мақсади ҷудо намудани намуди алоҳидаи иҷозатномадодашаванда дар соҳаи истеҳсол, муомилоти спирти этилӣ ва машрубот ҷиҳати тезонидани  раванди аъзошавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо
     4. Таҷдиди назар ва дар таҳрири нав омода намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» 2012-2013 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бо мақсади мутобиқ сохтан ва аз байн бурдани мухолифатҳои қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ 
    5. Таҷдиди назар ва дар таҳрири нав омода ва пешниҳод намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» 2012-2013 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баланд бардоштани сифати ҷараёни ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ, ҳамчунин ба тартиб даровардан ва мувофиқ кунонидан бо меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» 
    6. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» 2012-2013 Вазорати энегетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бо мақсади ягонасозии самараноки раванди таъминоти ҳуқуқии воридот ва содироти маҳсулоти спирти этилӣ ва машрубот
    7. Таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ дар таҳрири нав» 2013-2014 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ба вуҷуд овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ бо мақсади татбиқи шаклҳои умумиэътирофшудаи расонидани хизмати дипломатӣ, аз ҷумла хадамоти алтернативӣ ва фосилавиии дипломатӣ ҳамчунин фароҳам овардани шароит баҳри муқаррар кардани асосҳои мувофиқи   таъминоти ҳуқуқии он ва муайян намудани имтиёзҳо ҳангоми фаъолияти ин хадамот
 
    8. Таҷдиди назар ва дар таҳрири нав омода намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2013-2014 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутобиқсозии дохилии меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон 
    9. Бунёди Махзани ягонаи электронии иттилоотии санадҳои қонугузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ оид ба шарикони боэътимоди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор Таъмини самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатии дахлдор, муассиса, тащкилот дар соҳаи равобити байналмилалӣ 
    10. Таҳлили муқоисавии санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории миллӣ мунтазам Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Омўзиши таҷрибаи таъминоти ҳуқуқии равобити байналмилалии дар ҷаҳони муосир бавуҷудмеомада бо дарназардошти ҷараёни ҷаҳонишавӣ
 
     11. Таҳияи Дурнамои фаъолияти намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва намоядагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа 2014- 2015 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тақвияти нақш ва муайянсозии фаъолияти корпуси дипломатӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ ва субъектони хоҷагидории миллӣ дар кишварҳои хориҷаи наздик ва дур
 
    12. Таҳлили вориси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шартномаҳои байнидавлатӣ ва байналмилалии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ мунтазам Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодиҳии ҷараёнҳои татбиқи меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва байниминтақавӣ, ки аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият ба миён омадаанд
    13. Таҳияи Қоидаҳои миллии қабул ва гусели протоколии ашхоси расмӣ, сафирон ва намояндаҳои дипломатӣ, консулӣ ва тиҷоратии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2014-2015
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоҳангсозии қоидаҳои байналмилалии протколии қабул, гусел ва қоидаҳои қонунгузории миллӣ нисбат ба барасмиятдарории он
    14. Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор вобаста ба таъсиси Академияи миллии дипломатӣ 2014- 2015 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи равобити байналмилалӣ