Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ барои солҳои 2012-2015.

 

Лоиҳа Ҳукумати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Қарор

Аз 3 апрели соли 2012 №143

ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ барои солҳои 2012-2015»

Бо мақсади иҷрои банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, №1021 «Дар бораи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои ҷумҳурӣ дар мўҳлатҳои пешбининамудаи Нақшаи чорабиниҳои Барнома, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. 

 

             Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии    Тоҷикистон                                                   Эмолали Рахмон

 

Бо қарори Ҳукумати 

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз 3 апрели соли 2012

№ 143  тасдиқ шудааст.

 

Барномаи давлатии 

 татбиқи Консепсияи пешгўии рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ барои солҳои 2012-2015.

 

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Ташаккулёбии арзишҳои демократи бунёди ҷомеъаи шаҳрвандӣ, гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, инкишоф ва рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ тибқи принсипҳои давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ  талаб менамояд, ки барномаи мазкур таҳия гардида, рушд ва инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 таъмин карда шавад.

2. Сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати демократӣ, ҳўқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона карда шудааст, ки ин аз моҳияти моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз мазмуну мундариҷаи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд. Аз ин рў дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ нақш ва мавқеъи ҳуқуқ дар танзими ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва давлатию ҷамъиятӣ устувор мегардад, ки ҳамаи ин тавассути таҳия ва қабули қонунҳо ба амал бароварда мешавад.

3. Таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе пешгўӣ ва рушди қонунгузорӣ ғайри имкон аст, Барномаи давлатӣ оид ба тадбиқ ва амалӣ гардонидани консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 (минъбад Барнома) дар асоси мазмуну мундариҷаи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 № 1021 тасдиқ шудааст, қабул карда мешавад.

2. Асосҳои ҳуқуқӣ ва молиявии Барнома

4. Асосҳои ҳуқуқии Барномаро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, қонунгузории амалкунанда, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи пешгўии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ташкил менамояд. 

5 Асоси молиявии Барномаро маблағҳои аз тарафи буҷетӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошаванда, инчунин маблағҳое, ки аз ҳисоби Вазорату идораҳои дахлдори дар барнома зикршуда ҷудо карда мешаванд ташкил медиҳанд.

6. Маблағҳои ҷудошуда аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор дар доираи чорабиниҳои пешбинӣ намудаи Барномаи мазкур бо мақсади таъмини амалишавии самаранокии ин чорабиниҳои ҳуқуқӣ истифода бурда мешаванд.

3. Мақомоти татбиқкунандаи Барнома

7. Дар раванди татбиқи Барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

8. Ташкилотҳои байналмиллалӣ ва созмонҳои ҷамъиятии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда дар татбиқ намудани барнома ҳамчун ҳамоҳангсоз ҳамкорӣ менамоянд.

4. Мақсадҳои асосии Барнома

9. Мақсади асосии Барномаи мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеъа буда, ба чунин мақсадҳо равона карда шудааст: 

а) вобаста ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба талаботҳои замон мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунанда;

б) дар ҷараёни муратабсозии қонунгузорӣ ворид намудани талаботҳои санадҳои  байналмилалӣ;

в) аз байн бурдани мухолифатҳои қонунгузорӣ ва таъмини мувофиқатии фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Чорабиниҳо баҳри дар амал татбиқнамудани талаботҳои  Барнома 

10. Бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар низоми қарздиҳию молиявӣ ба ҷо овардани тадбирҳои зерин зарур аст:

а) навсозии методологияи ташаккул ва иҷрои буҷет, батартибдарории санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои буҷетӣ ва қабули Кодекси буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бонкӣ дар доираи санади ягона – Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) такмили минбаъдаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳангоми баррасӣ ва қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани ислоҳоти қонунгузории андоз дар самтҳои:

- истифодаи муносибати тафриқанок дар андозбандии объектҳои таъиноти гуногун;

- навсозии усулҳои ҳисобҳо, механизм ва принсипҳои ситонидани андозҳо аз арзиши иловашуда, барои фоида аз шахсони ҳуқуқӣ, аксизҳо, андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;

- батартибандозии меъёрҳои зиёди танзимкунандаи пасткунии андоз, пардохтҳо, боҷҳо ва озодкунӣ аз он;

- барҳам додани таҷрибаи озодкунӣ аз андозҳо бо дарназардошти ҷорӣ намудани меъёрҳои камтарин дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

г) фароҳам овардани шароит барои ташаккули минбаъдаи қонунгузорӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи аудити молиявӣ, муомилоти қоғазҳои қимматнок, аз ҷумла саҳмия, вексел, сертификати бонкӣ, коносамент, нархгузорӣ, инчунин сиёсати давлатии зиддиинҳисориро танзим мекунанд.

6. Татбиқи амалисозии талаботҳои Барнома

11. Ба мақсади иҷрои мазмун ва мундариҷаи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои барномаи мазкур Нақша чорабиниҳои рушди қоунунгузорӣ дар бораи молия, андоз ва фаъолияти бонкӣ барои солҳои 2012-2015 таҳия тасдиқ ва замима карда шавад. (замимаи 1).

 

                                                                                          Заммима 1.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

«3» апрели соли 2012 № 143  

 тасдиқ шудааст.

 

НАҚШАИ

чорабиниҳои Барномаи давлатии татбиқи консепсияи пешгўи инкишофӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ барои солҳоли 2012-2015.

 

рт Номгўи чорабиниҳо Мўҳлати иҷро Иҷрокунандагон Мақсад

1. Таҳияи ва қабули лоиҳаи Кодекси буҷетӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  2013-2014 Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вобаста ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба талаботҳои замон мутобиқ гардонидани Қонунгузории амалкунанда.

2. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгири давлатb ва кафолати давлати»2012-2013

Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вобаста ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба талаботҳои замон мутобиқ гардонидани Қонунгузории амалкунанда.

3 Таҳияи  Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатми»

2014-2015 Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вобаста ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба талаботҳои замон мутобиқ гардонидани Қонунгузории амалкунанда.

4 Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи  Қонуни ҳарсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявb». 2013-2014

Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба талаботи муосир ва стандартҳои байналмилалb мутобиқ намудан.

5 Таҳияи лоиҳаи Кодекси Бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2014-2015 Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Маркази миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои бонкӣ дар доираи санади ягона – Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.