Пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2015

                                                                    Замима ба  қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2007

№ 543

                                                                                БАРНОМАИ

        Давлатии мубориза бар зидди ҷиноятқорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷиқистон барои солҳои 2008 - 2015
 
Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои пурзур намудани мубориза бар зидди ҷиноятқорӣ дар солҳои 2008-2015 ба мақсади иҷрои Паёми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати доҳилӣ ва ҳориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст.
Ин Барнома ба таъмин ва самаранокии пурзургардонии мубориза бо ҷинояткорӣ бо иштироки ҳамаи субъектҳои давлатӣ, мақомот ва аҳли ҷомеа, қатъиян беҳтар гардонидани системаи мубориза бо онҳо, муҳофизати воқеии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳифзи саҳти конститутсионӣ ва ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии дар ҷумҳурӣ гузаронидашаванда аз суиқасдҳои ҷиноятӣ нигаронида шудааст.
Бо назардошти тамоюлҳои ҷиноятқорӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон Барномаи мазкур аз қисмҳои зерин: ҷораҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ҷораҳои ташкилию амалӣ, ҳамкории баӣналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъминоти иттилоотӣ ва илмӣ, таъминоти кадрӣ ва моддӣ-техникӣ иборат аст. Барои давра ба давра амалӣ намудани ин Барнома Накшаи ҷорабиниҳо пешбинӣ карда шудааст (замима мегардад).  
 
                                            1.  Шархи умумии ҳолат ва тамоюлҳои
                                                        ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Барои таҳкими минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу-оромии ҷомеа бояд бар зидди ҷиноятқорӣ муборизаи қатъӣ бурд.
Бояд эътироф кард, ки нишондодҳои сифатии ҷинояткории муосир мазмун ва шакли системаи амнияти ҷаҳонишавиро тагӣир додааст ва зарурияти ташкили самти ягонаро дар муқовимат ба таҳдидҳо нисбат ба тамаддуни муосир тақозо дорад. Муқовимат ба таҳдидҳои ҷиноятқорӣ дар ҳаёт бе татбиқ, намудани принсипи ҳамқории баӣналмилалӣ, ки ба эътимоди баланд нисбат ба ҳамкорон асос ёфтааст, имконнопазир аст.
Мақсади стратегии ҳамкории баӣналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба ташқил намудани системаи ягонаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бояд равона карда шавад. Ё система бояд бо таъмини сатҳи ҳимояи ҷаҳони муосир, давлатҳои миллӣ ва шаҳрвандон бо роҳи қорқарди
ченакҳои фаъолияти якҷоя ва муқовимати дастаҷамъии фаъолона бар зидди зоҳиршавии падидаи иртиҷоӣ комилан мувофиқ бошад.
Мувофиқи маълумотҳои омории  маркази ахборотии Вазорати корҳои доҳилии Чумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои содиршуда сол аз сол кам шуда истодааст чунончӣ, дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ соли 1992 25294 адад ҷиноят ба қаӣд гирифта шуда бошад, баъди барқарор гардидани сохтори конститутсионӣ шумораи онҳо дар соли 1993 24646 ададро ташкил медод. Дар соли 1994 бошад шумораи онҳо якбора ба 14279 адад ҷиноят фаромад. ҳамин тавр, шумораи ҷиноятқорӣ сол аз сол кам гардида, дар соли 2006 11223 ҷиноят ба қаӣд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2005 теъдоди он 7 фоиз кам шудааст.
Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки дар соли 2006 ҳолати содиршавии баъзе ҷиноятҳо ташвишовар буд.
Аз ҷумла, ҷиноятҳои қасдан одам қуштан-48,6, суиқасд ба одамқушӣ-39,4, роҳзанӣ-37,1, содир намудани ҷиноятҳо бо истифода аз яроқи оташфишон-107,1 таҷовуз ба номус-3,7, суиқасди таҷовуз ба номус5,6 фоиз афзоиш ёфтаанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2007 ҷиноятқорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 8718 то 9379 ё 7,6 фоиз, дар самти кофтукови ҷиноӣ 11,6, ҷиноятҳои вазнин 7,8 фоиз, аз ҷумла таҷовуз ба номус 10,8, қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ 12,8, горатгарӣ 3,4, қаллобӣ 24,5, тамаъҷуӣ 50,0, дуздӣ 18,2, Дуздӣ аз ҳуҷраҳо 37,2, авбошӣ 6,8 фоиз зиёд гашта, фоизи кушодашавии онҳо 85,6 фоизро ташқил медиҳад.
Баланд шудани сатҳи ҷиноятқорӣ ин аз ҳисоби ба миқдори 25 фоиз ошқор намудани ҷиноятҳои солҳои қаблӣ содиршуда мебошад.
Содиршавии ҷиноятҳо ба монанди одамқушӣ 11,3, таҷовус ба номус 1,8, роҳзанӣ 33,3, бо истифодаи яроқи оташфишон 28,8 ва гардиши гаӣриқонунии яроқ, 13,3 фоиз қам гардидаанд.
Дар баробари ин, баъзе намудҳои ҷиноятқорӣ барои ҷамъият ҳавфноқтар шуда, тамоили муташаккилона ва касбӣ шуданро гирифта истодаанд.
Дар раванди рақобати шадид барои назорат ба соҳаҳои фоидаовари фаъолияти иқтисодӣ ва минтақаҳои мувофиқу мусоид, доираҳои ҷиноятқор муташаккил ва мусаллаҳ мегарданд, ба фаъолияти худ дастгоҳи давлатиро ҷалб менамоянд, ба соҳтори ҳоқимияту идора, инчунин ба мақомоти соҳибқудрат ва ҳифзи ҳуқуқ, cap медароранд. Ба ин пеш аз ҳама аз ҷониби давлат вуҷуд надоштани назорати таъсирбахш ба муомилоту ҳаракати сармоя ва захираҳои молиявӣ мусоидат меқунад.

         Дар поӣтахт ва марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ ва дигар марказҳои калони аҳолинишин ҷоӣ доштани манбаъҳои калони молию пулӣ, ба тақсимоти ҷугрофии ҷиноятқорӣ низ таъсир мерасонад. Дар ин воҳидҳои марзию маъмурӣ шароиту имконияти гаӣриқонунии гардиши фаврии захираҳои молиявӣ ва ба даст овардани фоидаҳои зиёд вуҷуд дорад, қи онҳо худ гуруҳҳои муташаккили ҷинояткорро чалб мекунанд. Тамоили дигари ҷиноятқорӣ дар минтақа вусъатёбии гаӣриқонунии маводи нашъадор дар Чумҳурии Тоҷиқистон мебошад. Ба ин ҳолат таъсири худро афзиши бошиддати истеҳсоли воситаҳои нашъадор дар давлати ҳамсоя-Афгонистон расонида истодааст. Аз ибтидои соли 2003 Афгонистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба монополиста истеҳсоли героин мубаддал шуд, ки он дар аӣни замон 92 фоизи муомилоти героинро ташкил медиҳад. Ин вазъи ногувор диққати гуруҳҳои муташаккили ҷиноятиро ба худ ҷалб намуда барои инсоният ҳатари калон аст. Содир кардани ҷиноятҳои бо воситаҳои нашъадор алоқдманд торафт бештар хусусияти муташаккилонаро паӣдо мекунанд. қоҷоқи маводи нашъаовар ва якҷояшавии гуруҳҳои ҷиноятии нашъафурушони Тоҷикистон ба системаи баӣналмилалии хариду фуруш, ки гуруҳҳои муташаккилонаи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо ва Осиё ба он шомиланд, қувват гирифта истодааст. Муҳофизати нокифояи сарҳади давлатӣ, сарҳадҳои осонгузари ИДМ. инчунин вазъи ҷугрофии ҷумҳурӣ ва роҳи нисбатан камҳатари интиқоли пинҳонии маводи нашъаовар ба Россия ва баъд аз он ҷо ба Европаи Гарбӣ маӣлу рагбати гуруҳҳои нашъафурушони баӣналмилалиро ба Тоҷикистон бештар мегардонад.

        Бо мақсади тақмили мубориза бар зидди ҷиноятҳои хавфноқи муосир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чумҳурии Тоҷикистон роҳҳои нави муборизаро бояд пеша намоянд. Зарур аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муборизаи самаранок бурдан бо ҷинояткорӣ дар ҳамоҳангии фаъолияти баӣниҳамдигарӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи дигар кишварҳо амал намоянд.
 
                                                2.Қоидаҳои ибтидоии консепсиявй
        Асоси Барнома аз қоидаҳои зерини консепсиявӣ (базавӣ) иборатанд:
        кушишҳои асосии ҷамъият ва давлат бояд барои ташкил додани системаи боэътимоди муқовимат ба ҷинояткорӣ нигаронда шавад.
       Пурзургардонии нақши давлат, ҳамчун кафили амният ташкил додани заминаи ҳуқуқии зарурӣ барои ин ва мехнизми ба амалбарории он, мустаҳкам кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷалби дигар сохторҳои давлатӣ дар пешгирӣ ва қатъ кардани фаъолияти зиддиҳуқуқӣ дар доираи салоҳияташон вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад.  
     Давлат ва ҷамъият барои ҷилавгирии тамоюлҳои номусоиди ҷинояткорӣ, таъмини поёнравии батадриҷи сатҳи онҳо ва сабуктар гардонидани оқибатҳои онҳо тамоми имкониятҳоро дар ихтиёр доранд.
      ҳангоми таҳия ва амалигардонии ҷораҳои боэътимоди муқовимат ба ҷинояткорӣ дар шароити имруза бояд дар назар дошт, қи ҷинояткорӣ ба бисёр омилҳо вобастагӣ дорад. Аз як тараф - ин раванду зуҳуроти иҷтимоию сиёсӣ, ки хоси тамоми ҷамъиятҳои ҷаҳонӣ мебошанд. Аз ҷониби дигар - раванду зуҳуроти маҳсусе, ки дар давраи ҳозираи тараққиёт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хос мебошад (таҳдиди ҷиноятҳои хавфноки муосир - терроризм, экстремизм, муомилоти гаӣриқонунии воситаҳои нашъадор, хариду фуруши одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва трансмиллӣ, сатҳи пасти маданияти ҳуқуқӣ, муҳоҷирати беназорат, низоъҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳаигоми мутобиқшавии аҳолӣ ба шароити нави гуногуни иқтисодиёт ва монанди инҳо).
Чораҳои дар Барнома пешбинишуда бояд ба таври воқеӣ бо заҳираҳои молиявӣ, моддию техники ва кадрӣ, мониторингҳо ва пешгуиҳо таъмин гарданд.
                                                                         3.Мақсад, вазифа ва принсипҳои Барнома
Мақсади ин Барнома аз пурзур намудани мубориза бар зидди ҷиноятқорӣ, ба вуҷуд овардани тагӣироти куллӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ки ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро аз суиқасдҳои ҷиноятӣ таъмин менамояд, иборат аст. Бо назардошти тамоюлҳои ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои мубориза бо он муаӣян карда шудаанд.
Чорабиниҳои дар ин Барнома пешбинишуда солҳои 2008-20) 5-ро дар бар гирифтааст. Самтҳои алоҳидаи пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ки дар ин Барнома пешбинӣ шудаанд, бояд дар нақшаҳои кутоҳмуддат ва ё стратегияҳои амалӣ сохтани сиёсати давлат бар зидди ҷинояткорӣ, ки аз тарафи субъектони пешгирии ҷинояткорӣ (иҷрокунандагони Барнома) амалӣ мегараданд, бояд нишон дода шаванд.
Вазифаҳои асосии Барнома аз такмил ва мутобиқакуноии қонунгузории миллӣ; ташкил додани системаи боэътимоди муқовимат ба ҷинояткорӣ; амалӣ намудани чорабиниҳои огоҳкунӣ, оперативӣ- ҷустуҷуӣ ва амалиётҳои махсуси мувофиқакардашудаи баӣниидоравӣ; мустаҳкам кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; ҷалби дигар сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар пешгирӣ ва қатъ гардонидани фаъолияти зиддиҳуқуқӣ; васеъ ва пурқувват намудани ҳамкории баӣналмилалӣ ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ; таъминоти иттилоотӣ ва илмӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ; омодагии кадрӣ, такмили иҳтисос ва таъминоти моддӣ- техники; таъмини пастшавии батадриҷи сатҳи ҷинояткорӣ ва минимизатсия гардонидани оқибатҳои он иборат аст.
 
                                                                              4. Назорати иҷрои Барнома
Иҷроқунандагони Барнома барои сари вақт иҷро шудани чорабиниҳо, истифодаи самараноку оқилонаи воситаҳои молиявӣ ва моддии чудогардида масъулият доранд.
Хуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи натиҷаҳои қор дар асоси Барнома барои нимсола гузоришҳои роҳбархои вазорату идораҳо - иҷрокунандагони Барномаро шунида. аз руи ҷамъбасти он қарори дахлдор қабул мскунад.
Иҷрои нақшаҳои мушаҳҳас аз чониби мақомоти дахлдор оид ба татбиқи муқаррароти Барнома дар доираи ваколаташон амалӣ карда мешавад.

                         Иҷрокукнадагон ва нхтисороту аломатхои шартии дар Барнома истифодашуда:

Суди Олин Ҷумхурии Точикистон (Суди Олй)
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Точикистон (Прокуратураи генерали)
Бонки миллим Ҷумҳурии Точикистон (Бонки милли)
Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурин Тоҷикистон (АНДММК);
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон (АНМН.)
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД)
Вазорати корҳои хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКХ)
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати маориф)
Вазорати меҳнат ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон (Вазорати меҳнат)
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати молия)
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати мудофиа)
Вазорати наклиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати наклиёт)
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати рушди иқтисод)
Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати энергетика)
Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорати тандурусти) Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон (Вазорати фарҳанг)
Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурй» Тоҷикистон (КДАМ) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кумитаи андоз) Кумитаи кор бо  занон ва оилаи назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон (Кумитаи кор бо занон ва оила)
Кумитаи чавонон. варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳй)
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кумитаи телевизион ва радио)
Кумшаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданин назди Хукумати Чумҳурии Точикистон (Кумитаи ҳолатҳои фавкулода)
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хадамоти гумрук)
Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раёсати хизмати давлатй)
Агемтии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон (Агентии стандартазатсия)
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Точикистон (Академиям илмҳо)
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МТС)
Академиям Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Академиям
ВКД)
                         5. Нақшаи Барномаи давлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2008 – 2015 ( ба барнома замима карда шудааст)