Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар бораи Марказ
САҲИФАИ КӮҲНА --- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Консепсия ва барномаҳои давлатӣ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корҳои илмӣ ва таҳлилӣ
Маҷаллаи "Қонунгузорӣ"
Ҳамкорӣ
Сафарҳои омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ
Китобхона
Шарикон
Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012 -2015

 Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015

     
 Бо мақсади иҷрои банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 19 феврали  соли 2011, №1021 «Дар бораи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    қ а р о р  м е к у н а д:
           1. Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012 -2015 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Вазорату идораҳо дар мўҳлати пешбининамудаи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
 
               
                Раиси
     Ҳукумати Ҷумҳурии
          Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон
 
 
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии  Тоҷикистон
аз 1 марти соли  2012
№ _96_ тасдиқ шудааст
 
Барномаи давлатии 
татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012 -2015 
 
1. Муқаррароти умумӣ
 
               Дар замони муосир рушди муносибатҳои гражданӣ ва соҳибкорӣ яке аз  омилҳои пешбарандаи  иқтисодиёт ба шумор меравад. Дар ин ҷараён қабули  санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ тақозои замон мебошад. Санадҳои мазкур бояд манфиатҳои  иқтисодии давлат ва ҳар як соҳибкорро ифода карда, бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ  мувофиқ бошад. Аз ин лиҳоз,  Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ дар асоси Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011, №1021 тасдиқ шудааст, таҳия гардида,  барои мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии иқтисодиёт пешбинӣ карда шудааст.
 
2. Мақсад ва вазифаҳои барнома
    1. Мақсади асосии Барнома аз такмил ва тақвияти санадҳои қонунгузории танзимкунандаи муносибатҳои гражданӣ ва соҳибкорӣ иборат мебошад. Ноилшавӣ ба мақсадҳои асосии барнома ҳалли вазифаҳои зеринро тақозо менамояд:
            - таҳлил намудани санадҳои қонунгузории соҳаи гражданӣ ва соҳибкорӣ ҷиҳати мутобиқ намудани онҳо ба Конситутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи  Тоҷикистон;
          - таҷдиди назар намудани қонунгузории соҳаи муносибатҳои гражданӣ ва соҳибкорӣ;
          - мусоидат ба рушди муносибатҳои молумулкӣ, шахсии ғайримолумулкӣ, соҳибкорӣ ва ғайра бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдор;
          - такмили меъёрҳои ҳуқуқии граждании танзимкунандаи муносибатҳое, ки  вобаста ба моликият, ӯҳдадориҳои шартномавӣ, ғайришартномавӣ ва  моликияти зеҳнӣ ба вуҷуд меоянд;
         - ташкили  низоми  самараноки  дастгирии  давлатии соҳибкорӣ, таъмини шароити мусоиди ташкилию  ҳуқуқӣ  ҷиҳати  рушди соҳибкорӣ,  бахусус дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ;
         - таъмини   ҳамоҳангсозӣ   ва  бо  ҳам  наздикшавии  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт бо  қонунгузории  давлатҳои иштирокчиёни   Иттиҳоди   Давлатҳои  Мустақил  ва  Иттиҳоди  иқтисодии Евразия;
       - такмил   додани  санадҳои   қонунгузорӣ   дар  соҳаҳои  фаъолияти соҳибкорӣ, тиҷоратӣ, қонунгузории зиддиинҳисорӣ,  ҳимояи ҳуқуқи   истеъмолкунандагон,   бақайдгирии   давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ.
 
                                      3. Мӯҳлати татбиқи Барнома
 
  3. Татбиқи Барномаи мазкур солҳои 2012- 2015-ро дар бар мегирад. 
  4. Дар солҳои 2012-2015 вазифаҳои  зерин амалӣ карда мешаванд:
 - таҳлил намудани санадҳои қонунгузории соҳаи гражданӣ ва соҳибкорӣ ҷиҳати мутобиқ намудани онҳо ба Конситутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
 - мусоидат ба рушди муносибатҳои молумулкӣ, шахсии ғайримолумулкӣ, соҳибкорӣ ва ғайра бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳои дахлдор;
 - такмил додани Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмили меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи  муносибатҳое, ки вобаста ба моликият, ӯҳдадориҳои шартномавӣ, ғайришартномавӣ ва  моликияти зеҳнӣ ба вуҷуд меоянд;
  - мутобиқсозии меъёрҳои ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмил додани санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи маҳдуд кардани фаъолияти зиддиинҳисорӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ.
4. Манбаъҳои маблағгузории Барнома
7. Маблағгузорӣ ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барнома бевосита аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдор пешбинӣ гардидаанд, ҳамчунин аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, аз ҷумла сармоягузориҳо, грантҳо ва хайрияҳо анҷом дода мешаванд.
                                                                             
           Бо қарори Ҳукумати
                                                                                       Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                            аз "1" соли 2012, № 96
тасдиқ  шудааст
 
 
Нақшаи
чорабиниҳои Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи
пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ
барои солҳои 2012-2015
 
Номгӯи чорабиниҳо Мӯҳлати иҷро Иҷрокунандагон     Мақсад
1. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми Ι Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012-2013Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмил додани меъёрҳо бо дарназардошти рушди муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ ва молу мулкӣ 
2. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” 2012-2013 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутобиқ намудан бо Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми ΙΙΙ Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 2013-2015 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмил додани меъёрҳо, бо дарназардошти рушди моликияти зеҳнӣ ва муносибатҳои меросию ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ
4. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи   рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол” 2012-2014 Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмил додани меъёрҳо, бо дарназардошти рушди муносибатҳо вобаста ба маҳдудкунӣ ва қатъ кардани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона
5. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда -
дагон” 2012-2014   Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия,  метрология, сертификатсия ва нозироти савдо  (Тоҷикстандарт), Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Такмил додани меъёрҳо, бо дарназардошти инкишофи муносибатҳо вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунан-дагон ҳангоми фурўши мол (иҷрои    кор, хизматрасонӣ)
6. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    “Оид ба   ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” 2013-2015 Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмил додани меъёрҳо, бо дарназардошти инкишофи муносибатҳо вобаста ба бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ, азнавташкил-диҳӣ ва барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ
7. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи монополияҳои табиӣ”
2013-2015 Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмил додани меъёрҳо, бо дарназардошти инкишофи муносибатҳо вобаста ба монополияҳои табиӣ ва мутобиқ намудан бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8 Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми ΙΙ Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 2013-2014 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмил додани меъёрҳо, бо дарназардошти рушди муносибатҳои шартномавӣ
9 Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон    “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон 2014-2015 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикстон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмил додани меъёрҳо, бо дарназардошти рушди муносибатҳо вобаста ба манзил.